Ҳофиз. Ғазалиёт 51-75

51
Кунун, ки бар кафи гул ҷоми бодаи соф аст,
Ба сад ҳазор забон булбулаш дар авсоф аст.
Бихоҳ дафтари ашъору роҳи саҳро гир,
Чӣ вақти мадрасаву баҳси кашфи «Кашшоф» аст.
Фақеҳи мадраса дӣ маст буду фатво дод,
Ки май ҳаром, вале беҳ зи моли авқоф аст.
Ба дурду соф туро ҳукм нест, хуш даркаш,
Ки ҳар чӣ соқии мо кард, айни алтоф аст.
Бибур зи халқу чу Анқо қиёси кор бигир,
Ки сити гӯшанишинон зи Қоф то Қоф аст.
Ҳадиси муддаиёну хаёли ҳамкорон,
Ҳамон ҳикояти зардӯзу бӯрёбоф аст,
Хамӯш Ҳофизу ин нуктаҳои чун зари сурх
Нигоҳ дор, ки қаллоби шаҳр сарроф аст.
52
Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст,
Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст.
Ҷарида, рав, ки гузаргоҳи офият танг аст,
Пиёла гир, ки умри азиз бебадал аст.
На ман зи беамалӣ дар ҷаҳон малуламу бас,
Малолати уламо ҳам зи илми беамал аст.
Ба чашми ақл дар ин раҳгузори пурошӯб
Ҷаҳону кори ҷаҳон бесуботу бемаҳал аст.
Бигир турраи маҳчеҳраеву қисса махон,
Ки саъду наҳс зи таъсири Зӯҳраву Зуҳал аст!
Дилам умеди фаровон ба васли рӯйи ту дошт,
Вале аҷал ба раҳи умр раҳзани амал аст.
Ба ҳеҷ давр нахоҳанд ёфт ҳушёраш,
Чунин, ки Ҳофизи мо масти бодаи азал аст.
53
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.
Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб
Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст.
Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин
Бе рӯйи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст.
Гӯшам ҳама бар қавли наю нағмаи чанг аст,
Чашмам ҳама бар лаъли лабу гардиши ҷом аст.
Дар маҷлиси мо атр маёмез, ки моро
Ҳар лаҳза зи гесуи ту хушбӯй машом аст.
Аз чошнии қанд магӯ ҳеҷу зи шаккар
З-он рӯ, ки маро аз лаби ширини ту ком аст.
То ганҷи ғамат дар дили вайрона муқим аст,
Ҳамвора маро кӯйи харобот мақом аст.
Аз нанг чӣ гӯйӣ, ки маро ном зи нанг аст
В-аз ном чӣ пурсӣ, ки маро нанг зи ном аст.
Майхораву саргаштаву риндему назарбоз,
В-он кас, ки чу мо нест дар ин шаҳр, кадом аст?
Бо мӯҳтасибам айб магӯед, ки ӯ низ
Пайваста чу мо дар талаби айши мудом аст.
Ҳофиз, манишин бе маю маъшуқ замоне,
К-айёми гулу ёсуману иди сиём аст.
54
Ба кӯйи майкада ҳар солике ки раҳ донист,
Дари дигар задан андешаи табаҳ донист.
Замона афсари риндӣ надод ҷуз ба касе,
Ки сарфарозии олам дар ин кулаҳ донист.
Бар остонаи майхона ҳар кӣ ёфт раҳе,
Зи файзи ҷоми май асрори хонақаҳ донист.
Ҳар он, ки рози ду олам зи хатти соғар хонд,
Румузи ҷоми Ҷам аз нақши хоки раҳ донист,
Варои тоати девонагон зи мо маталаб,
Ки шайхи мазҳаби мо оқилӣ гунаҳ донист.
Дилам зи наргиси соқӣ амон нахост ба ҷон,
Чаро, ки шеваи он турки дилсияҳ донист,
Зи ҷаври кавкаби толеъ саҳаргаҳон чашмам,
Чунон гирист, ки Ноҳид диду маҳ донист.
Ҳадиси Ҳофизу соғар, ки мезанад пинҳон,
Чӣ ҷойи мӯҳтасибу шаҳна, подшаҳ донист.
Баландмартаба шоҳе, ки нӯҳ равоқи сипеҳр,
Намунае зи хами тоқи боргаҳ донист.
55
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,
Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист.
Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,
Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маонӣ донист.
Арза кардам ду ҷаҳон бар дили корафтода,
Ба ҷуз аз ишқи ту боқӣ ҳама фонӣ донист.
Он шуд акнун, ки зи абнои авом андешам,
Мӯҳтасиб низ дар ин айши ниҳонӣ донист.
Дилбар осойиши мо маслиҳати вақт надид,
Варна аз ҷониби мо дилнигаронӣ донист.
Сангу гилро кунад аз юмни назар лаълу ақиқ,
Ҳар кӣ қадри нафаси боди ямонӣ донист.
Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,
Тарсам ин нукта ба таҳқиқ надонӣ донист.
Май биёвар, ки нанозад ба гули боғи ҷаҳон
Ҳар кӣ ғоратгарии боди хазонӣ донист.
Ҳофиз ин гавҳари манзум, ки аз табъ ангехт,
З-асари тарбияти Осафи сонӣ донист.
56
Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст,
Мояи мӯҳташамӣ хидмати дарвешон аст.
Ганҷи узлат, ки тилисмоти аҷоиб дорад,
Фатҳи он дар назари раҳмати дарвешон аст.
Қасри фирдавс, ки ризвонш ба дарбонӣ рафт,
Манзаре аз чамани нузҳати дарвешон аст.
Он чӣ зар мешавад аз партави он қалби сиёҳ
Кимиёест, ки дар сӯҳбати дарвешон аст.
Он, ки пешаш биниҳад тоҷи такаббур хуршед,
Кибриёест ки дар ҳашмати дарвешон аст.
Давлатеро, ки набошад ғам аз осеби завол,
Бетакаллуф бишунав, давлати дарвешон аст.
Хусравон қиблаи ҳоҷоти ҷаҳонанд, вале
Сабабаш бандагии ҳазрати дарвешон аст.
Рӯйи мақсуд, ки шоҳон ба дуо металабанд,
Мазҳараш оинаи талъати дарвешон аст.
Аз карон то ба карон лашкари зулм аст, вале
Аз азал то ба абад фурсати дарвешон аст.
Эй тавонгар, мафурӯш ин ҳама нахват, ки туро,
Сару зар дар канафи ҳиммати дарвешон аст.
Ганҷи Қорун, ки фурӯ меравад аз қаҳр ҳанӯз,
Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст.
Ҳофиз, ар оби ҳаёти абадӣ мехоҳӣ,
Манбааш хоки дари хилвати дарвешон аст.
Ман ғуломи назари Осафи аҳдам к-ӯро
Сурати хоҷагиву сирати дарвешон аст.
57
Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст,
Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст.
Гарат зи даст барояд муроди хотири мо,
Ба даст бош, ки хайре ба ҷойи хештан аст.
Ба ҷонат, эй бути шириндаҳан, ки ҳамчун шамъ
Шабони тира муродам фанои хештан аст.
Чу ройи ишқ задӣ, бо ту гуфтам, эй булбул,
Макун, ки он гули хандон барои хештан аст.
Ба мушки Чину Чигил нест бӯйи гул мӯҳтоҷ,
Ки нофаҳош зи банди қабои хештан аст.
Марав ба хонаи арбоби бемуруввати даҳр,
Ки ганҷи офиятат дар саройи хештан аст.
Бисӯхт Ҳофизу дар шарти ишқбозӣ ӯ
Ҳанӯз бар сари аҳду вафои хештан аст.
58
Бирав, эй зоҳиду даъват макунам сӯйи биҳишт,
Ки Худо дар азал аз баҳри биҳиштам бисиришт,
Туву тасбеҳу мусаллову раҳи зӯҳду салоҳ,
Ману майхонаву зуннору раҳи дайру куништ.
Манъам аз май макун, эй сӯфии софӣ, ки ҳаким
Дар азал тинати моро ба майи ноб сиришт.
Сӯфии софи биҳиштӣ набувад ҳар кӣ чу ман,
Хирқа дар майкадаҳо дар гарави бода наҳишт.
Роҳат аз айши биҳишту лаби ҳураш набувад,
Ҳар кӣ ӯ домани дилдори худ аз даст биҳишт.
Як ҷав аз хирмани ҳастӣ натавонад бардошт,
Ҳар кӣ дар мулки фано дар раҳи ҳақ дона накишт.
Ҳофизо, лутфи ҳақ ар бо ту иноят дорад,
Бош фориғ зи ғами дӯзаху шодии биҳишт.
59
Лаъли сероби ба хун ташна лаби ёри ман аст,
В-аз пайи дидани ӯ додани ҷон кори ман аст.
Шарм аз он чашми сияҳ бодашу мижгони дароз,
Ҳар кӣ дил бурдани ӯ диду дар инкори ман аст.
Сорбон рахт ба дарвоза мабар, к-он сари кӯ
Шоҳроҳест, ки манзилгаҳи дилдори ман аст.
Бандаи толеи хешам, ки дар ин қаҳти вафо
Ишқи он лӯлии сармаст харидори ман аст.
Таблаи атри гулу зулфи абирафшонаш
Файзи як шамма зи бӯйи хуши аттори ман аст.
Боғбон, ҳамчу насимам зи дари хеш марон,
К-оби гулзори ту аз ашки чу гулнори ман аст.
Шарбати қанду гулоб аз лаби ёрам фармуд,
Наргиси ӯ, ки табиби дили бемори ман аст.
Он, ки дар тарзи ғазал нукта ба Ҳофиз омӯхт,
Ёри ширинсухани нодирагуфтори ман аст.
60
Моро зи орзуи ту парвои хоб нест,
Бе рӯйи дилфиреби ту будан савоб нест.
Дар даври чашми масти ту ҳушёр кас надид,
Ку дида, к-аз тасаввури чашмат хароб нест?
Дар ҳар кӣ бингарӣ, ба ғаме аз ту мубталост,
Як дил надидаам, ки зи ишқат кабоб нест.
Ҳар к-ӯ ба теғи ишқи ту шуд кушта рӯзи ҳашр,
Ӯро дар он ҷаноб суолу ҷавоб нест.
Ҳофиз, чу зар ба бӯта дарафтоду тоб ёфт,
Ошиқ набошад он, ки чу зар ӯ ба тоб нест.
61
Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст,
Ғами ин кор нишоти дили ғамгини ман аст.
Дидани рӯйи туро дидаи ҷонбин бояд
В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст?
Ёри ман бош, ки зеби фалаку зинати даҳр
Аз маҳи рӯйи туву ашки чу Парвини ман аст.
То маро ишқи ту таълими сухан гуфтан кард,
Халқро вирди забон мидҳату таҳсини ман аст.
Давлати фақр, Худоё, ба ман арзонӣ дор,
К-ин каромат сабаби ҳашмату тамкини ман аст.
Воизи шаҳнашинос ин азамат, гӯ, мафурӯш,
З-он, ки манзилгаҳи султон дили мискини ман аст.
Ё Раб, ин Каъбаи мақсуд тамошогаҳи кист?
Ки муғелони тариқаш гулу насрини ман аст?
Ҳофиз, аз ҳашмати Парвез дигар қисса махон,
Ки лабаш ҷуръакаши Хусрави Ширини ман аст.
62
Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст,
Дуои пири муғон вирди субҳгоҳи ман аст.
Гарам таронаи чанги сабӯҳ нест, чӣ бок?
Навои ман ба саҳар оҳи узрхоҳи ман аст!
Зи подшоҳу гадо фориғам, биҳамдуллоҳ,
Гадои хоки дари дӯст подшоҳи ман аст.
Ғараз зи масҷиду майхонаам висоли шумост,
Ҷуз ин хаёл надорам, Худо гувоҳи ман аст.
Магар ба теғи аҷал хайма барканам в-ар не,
Рамидан аз дари давлат на расму роҳи ман аст.
Аз он замон, ки бар ин остон ниҳодам рӯй,
Фарози маснади хуршед такягоҳи ман аст.
Гуноҳ агарчи набуд ихтиёри мо, Ҳофиз,
Ту дар тариқи адаб бош, гӯ: «Гуноҳи ман аст».
63
Зи гиря мардуми чашмам нишаста дар хун аст,
Бубин, ки дар талабат ҳоли мардумон чун аст.
Ба ёди лаъли лабу чашми масти майгунат
Зи ҷоми ғам майи лаъле, ки мехӯрам хун аст.
Зи машриқи сари кӯй офтоби талъати ту
Агар тулӯъ кунад, толеам ҳумоюн аст.
Ҳикояти лаби Ширин каломи Фарҳод аст,
Шиканҷи турраи Лайлӣ мақоми Маҷнун аст.
Дилам биҷӯ, ки қадат ҳамчу сарв дилҷӯй аст,
Сухан бигӯ, ки каломат латифу мавзун аст.
Зи даври бода ба ҷон роҳате расон, соқӣ,
Ки ранҷи хотирам аз ҷаври даври гардун аст.
Аз он даме, ки зи чашмам бирафт рӯди азиз,
Канори домани ман ҳамчу рӯди Ҷайҳун аст.
Чӣ гуна шод шавад андаруни ғамгинам
Ба ихтиёр, ки аз ихтиёр берун аст.
Зи бехудӣ талаби ёр мекунад Ҳофиз,
Чу муфлисе, ки талабгор-и ганҷи Қорун аст.
64
Хами зулфи ту доми куфру дин аст,
Зи користони ӯ як шамма ин аст.
Ҷамолат мӯъҷизи ҳусн аст, лекин
Ҳадиси ғамзаат сеҳри мубин аст.
Зи чашми шӯхи ту ҷон кай тавон бурд?
Ки доим бо камон андар камин аст.
Бар он чашми сияҳ сад офарин бод,
Ки дар ошиқкушӣ сеҳрофарин аст.
Аҷаб илмест илми ҳайати ишқ,
Ки чархи ҳаштумаш ҳафтум замин аст.
Ту пиндорӣ, ки бадгӯ рафту ҷон бурд,
Ҳисобаш, бо киромулкотибин аст.
Машав, Ҳофиз, зи қайди зулфаш эмин,
Ки дил бурду кунун дар банди дин аст.
65
Дил саропардаи муҳаббати ӯст,
Дида оинадори талъати ӯст.
Ман, ки сар дарнаёварам ба ду кавн,
Гарданам зери бори миннати ӯст.
Туву тӯбиву мову қомати ёр,
Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст.
Гар ман олудадоманам, чӣ аҷаб,
Ҳама олам гувоҳи исмати ӯст.
Ман кӣ бошам дар он ҳарам, ки сабо
Пардадори ҳарими ҳурмати ӯст.
Бе хаёлаш мабод манзари чашм,
Он, ки ин гӯша ҷойи хилвати ӯст.
Ҳар гули нав, ки шуд чаманорой,
Асари рангу бӯйи сӯҳбати ӯст.
Даври Маҷнун гузашту навбати мост,
Ҳар касе панҷ рӯз навбати ӯст.
Мулкати ошиқиву чанги тараб, —
Ҳар чӣ дорам зи юмни давлати ӯст.
Ману дил гар фидо шудем, чӣ бок,
Ғараз андар миён саломати ӯст.
Фақри зоҳир мабин, ки Ҳофизро
Сина ганҷинаи муҳаббати ӯст.
66
Он сияҳҷарда, ки ширинии олам бо ӯст,
Чашми майгун, лаби хандон, дили хуррам бо ӯст,
Гарчи шириндаҳанон подшаҳонанд, вале
Ӯ Сулаймони замон аст, ки хотам бо ӯст.
Рӯйи хуб асту камоли ҳунару домани пок,
Лоҷарам, ҳиммати покони ду олам бо ӯст.
Ҳоли мушкин, ки бад-он орази гандумгун аст,
Сирри он дона, ки шуд раҳзани Одам, бо ӯст.
Дилбарам азми сафар кард, Худоро, ёрон,
Чӣ кунам бо дили маҷрӯҳ, ки марҳам бо ӯст?
Бо кӣ ин нукта тавон гуфт, ки он сангиндил
Кушт морову дами Исии Марям бо ӯст.
Ҳофиз аз мӯътақидон аст, гиромӣ дораш,
З-он, ки бахшойиши бас рӯҳи мукаррам бо ӯст.
67
Сари иродаи мо в-остони ҳазрати дӯст,
Ки ҳар чӣ бар сари мо меравад, иродати ӯст.
Назири дӯст надидам, агарчи аз маҳу меҳр
Ниҳодам оинаҳо дар муқобили рухи дӯст.
Сабо зи ҳоли дили танги мо чӣ шарҳ диҳад?
Ки чун шиканҷи варақҳои ғунча тӯ бар тӯст.
На ман сабӯкаши ин дайри риндсӯзаму бас,
Басо саро, ки дар ин корхона сангу сабӯст.
Магар ту шона задӣ зулфи анбарафшонро
Ки бод ғолиясо гашту хок анбарбӯст.
Нисори рӯйи ту ҳар барги гул, ки дар чаман аст,
Фидои қадди ту ҳар сарвбун, ки бар лаби ҷӯст,
Забони нотиқа дар васфи шавқ нолон аст,
Чӣ ҷойи килки буридазабони беҳудагӯст.
Рухи ту дар дилам омад, мурод хоҳам ёфт,
Чаро, ки ҳоли наку дар қафои фоли накуст,
На ин замон дили Ҳофиз дар оташи ҳавас аст,
Ки доғдори азал ҳамчу лолаи худрӯст.
68
Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст,
Кардам ҷиноятеву умедам ба афви ӯст.
Донам, ки бигзарад зи сари ҷурми ман, ки ӯ
Гарчи париваш аст валекин фариштахӯст.
Чандон гиристам, ки ҳар кас, ки баргузашт,
Дар ашки мо чу дид равон, гуфт, к-ин чӣ ҷӯст?
Ҳеҷ аст он даҳону набинам аз ӯ нишон,
Мӯй аст он миёну надонам, ки он чӣ мӯст?
Дорам аҷаб зи нақши хаёлаш, ки чун нарафт
Аз дидаам, ки дам ба дамаш кор шустушӯст,
Бе гуфтугӯй зулфи ту дилро ҳамекашад,
Бо зулфи дилкаши ту киро рӯйи гуфтугӯст?
Умрест, то зи зулфи ту бӯе шунидаам,
З-он бӯй дар машоми дили ман ҳанӯз бӯст.
Ҳофиз, бад аст ҳоли парешони ту, вале
Бар бӯйи зулфи ёр парешоният накуст.
69
Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст,
Овард ҳирзи ҷон зи хати мушкбори дӯст.
Хуш медиҳад нишони ҷалолу ҷамоли ёр,
Хуш мекунад ҳикояти иззу виқори дӯст.
Дил додамаш ба муждаву ҳиҷлат ҳамебарам
З-ин нақди қалби хеш, ки кардам нисори дӯст.
Шукри Худо, ки аз мадади бахти корсоз,
Бар ҳасби орзуст ҳама кору бори дӯст.
Сайри сипеҳру даври қамарро чӣ ихтиёр?
Дар гардишанд бар ҳасаби ихтиёри дӯст.
Гар боди фитна ҳар ду ҷаҳонро ба ҳам занад,
Мову чароғи чашму раҳи интизори дӯст!
Кӯҳл-ул-ҷавоҳире, ба ман ор, эй насими субҳ
Он хоки некбахт, ки шуд раҳгузори дӯст.
Моему остонаи ишқу сари ниёз,
То хоби хуш киро барад андар канори дӯст.
Душман ба қасди Ҳофиз агар дам занад, чӣ бок?
Миннат Худойро, ки наям шармсори дӯст.
70
Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст,
Биёр нафҳае аз гесуи муанбари дӯст.
Ба ҷони ӯ, ки ба шукрона ҷон барафшонам,
Агар ба сӯйи ман орӣ паёме аз бари дӯст,
В-агар чунон, ки дар он ҳазратат набошад бор,
Барои дида биёвар ғуборе аз дари дӯст.
Мани гадову таманнои васли ӯ? Ҳайҳот!
Магар ба хоб бубинам хаёли манзари дӯст!
Дили санавбариям ҳамчу бед ларзон аст
Зи ҳасрати қаду болои чун санавбари дӯст.
Агарчи дӯст ба чизе намехарад моро,
Ба оламе нафурӯшем мӯе аз сари дӯст.
Чӣ бошад, ар шавад аз банди ғам дилаш озод,
Чу ҳаст Ҳофизи мискин ғулому чокари дӯст.
71
Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст
То кунам ҷон аз сари рағбат фидои номи дӯст.
Волаву шайдост доим ҳамчу булбул дар қафас.
Тӯтии табъам зи ишқи шаккару бодоми дӯст.
Зулфи ӯ дом асту холаш донаи он дому ман,
Бар умеди донае афтодаам дар доми дӯст!
Сар зи мастӣ барнагирад то ба субҳи рӯзи ҳашр,
Ҳар кӣ чун ман дар азал як ҷуръа хӯрд аз ҷоми дӯст.
Бас нагӯям шаммае аз шарҳи шавқи худ аз он-к,
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми дӯст.
Гар диҳад дастам, кашам дар дида ҳамчун тӯтиё
Хоки роҳе, к-он мушарраф гардад аз иқдоми дӯст.
Майли ман сӯйи висолу қасди ӯ сӯйи фироқ,
Тарки коми худ гирифтам, то барояд коми дӯст,
Ҳофиз, андар дарди ӯ месӯзу бедармон бисоз,
З-он, ки дармоне надорад дарди беороми дӯст.
72
Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст,
Дар ғунчаӣ ҳанӯзу садат андалеб ҳаст.
Гар омадам ба кӯйи ту, чандон ғариб нест,
Чун ман дар ин диёр ҳазорон ғариб ҳаст.
Дар ишқ хонақоҳу харобот фарқ нест,
Ҳар ҷо, ки ҳаст, партави рӯйи ҳабиб ҳаст.
Он ҷо, ки кори савмааро ҷилва медиҳанд,
Ноқуси дайри роҳибу номи салиб ҳаст.
Ошиқ кӣ шуд, ки ёр ба холаш назар накард,
Эй хоҷа, дард нест вагарна табиб ҳаст.
Фарёди Ҳофиз ин ҳама охир ба ҳарза нест,
Ҳам қиссае ғарибу ҳадисе аҷиб ҳаст.
73
Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист,
Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист.
Парӣ нуҳуфта руху дев дар карашмаи ҳусн,
Бисӯхт дида зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷабист.
Дар ин чаман гули бехор кас начид, оре,
Чароғи Мустафавӣ бо шарори Бӯлаҳабист.
Сабаб мапурс, ки чарх аз чӣ сифлапарвар шуд,
Ки комбахшии ӯро баҳона бесабабист.
Ба ними ҷав нахарам тоқи хонақоҳу работ,
Маро, ки мастаба айвону пойи хум танабист.
Ҷамоли духтари раз нури чашми мост магар,
Ки дар ниқоби зуҷоҷиву пардаи инабист.
Ҳазор ақлу адаб доштам ман, эй хоҷа,
Кунун, ки масту харобам, салоҳи беадабист.
Биёр май, ки чу Ҳофиз ҳазорам истизҳор,
Ба гиряи саҳариву ниёзи нимишабист.
74
Хуштар зи айши сӯҳбату боғи баҳор чист?
Соқӣ куҷост, гӯ, сабаби интизор чист?
Ҳар вақти хуш, ки даст диҳад, муғтанам шумор,
Касро вуқуф нест, ки анҷоми кор чист?
Пайванди умр баста ба мӯест, ҳуш дор,
Ғамхори хеш бош, ғами рӯзгор чист?
Маънии оби зиндагиву равзаи Ирам.
Ҷуз тарфи ҷӯйбору майи хушгувор чист?
Мастуру маст ҳар ду чу аз як қабилаанд,
Мо дил ба ишваи кӣ диҳем, ихтиёр чист?
Рози даруни парда чӣ донад фалак, хамӯш!
Эй муддаӣ, низои ту бо пардадор чист?
Саҳву хатои банда гараш эътибор нест,
Маънии афву раҳмати омурзгор чист?
Зоҳид шароби Кавсару Ҳофиз пиёла хост,
То дар миёна хостаи кирдигор чист?
75
Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист,
Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист.
Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст,
Чӣ ҷойи дам задани нофаҳои тоторист?
Биёр бода, ки рангин кунем ҷомаи зарқ,
Ки масти ҷоми ғурурему ном ҳушёрист.
Хаёли зулфи ту пухтан на кори ҳар хомест,
Ки зери силсила рафтан тариқи айёрист.
Латифаест ниҳонӣ, ки ишқ аз ӯ хезад,
Ки номи он на лаби лаълу хатти зангорист.
Ҷамоли шахс на чашм асту зулфу оразу хол,
Ҳазор нукта дар ин кору бори дилдорист.
Қаландарони ҳақиқат ба ними ҷав нахаранд
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Бар остони ту мушкил тавон расид, оре
Уруҷ бар фалаки сарварӣ ба душворист.
Саҳар карашмаи чашмат ба хоб медидам,
Зиҳӣ маротиби хобе, ки беҳ зи бедорист.
Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,
Ки растагории ҷовид дар камозорист.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.