Ҳофиз. Ғазалиёт 201-225

201
Эй пистаи ту ханда зада бар ҳадиси қанд,
Муштоқам, аз барои Худо, як шакар биханд!
Тӯбӣ зи қомати ту наёрад, ки дам занад,
З-ин қисса бигзарам, ки сухан мешавад баланд.
Хоҳӣ, ки барнахезадат аз дида рӯди хун,
Дил дар ҳавои сӯҳбати рӯди касон мабанд.
Гар ҷилва менамойӣ в-ар таъна мезанӣ,
Мо нестем мӯътақиди шайхи худписанд.
З-ошуфтагии ҳоли ман огоҳ кай шавад.
Онро, ки дил нагашт гирифтори ин каманд?
Бозори шавқ гарм шуд, он сарвқад куҷост?
То ҷони худ бар оташи рӯяш кунам сипанд.
Ҷое, ки ёри мо ба шакарханда дам занад,
Эй писта, кистӣ ту? Худоро, ба худ маханд!
Ҳофиз, чу тарки ғамзаи туркон намекунӣ,
Донӣ куҷост ҷойи ту? Хоразм ё Хуҷанд.
202
Баъд аз ин дасти ману домани он сарви баланд,
Ки ба болои чаман аз буну бехам барканд.
Ҳоҷати мутрибу май нест, ту бурқаъ бикушо,
Ки ба рақс оварадам оташи рӯят чу сипанд.
Ҳеҷ рӯе нашавад оинаи ҳаҷлаи бахт,
Магар он рӯй, ки моланд бар он сумми саманд,
Гуфтам: «Асрори ғамат ҳар чӣ бувад, гӯ: мебош!,
Сабр аз ин беш надорам, чӣ кунам то каю чанд?»
Макуш он оҳуи мушкини маро, эй сайёд,
Шарм аз он чашми сияҳ дору мабандаш ба каманд.
Мани хокӣ, ки аз ин дар натавонам бархост,
Аз куҷо бӯса занам бар лаби он қасри баланд,
Бозмастон дил аз он гесуи мушкин, Ҳофиз,
З-он, ки девона ҳамон беҳ, ки бувад андар банд.
203
Ҳасби ҳоле нанавиштиву шуд айёме чанд,
Маҳраме ку, ки фиристам ба ту пайғоме чанд?
Мо бад-он мақсади олӣ натавонем расид,
Ҳам магар пеш ниҳад лутфи шумо гоме чанд.
Чун май аз хум ба сабӯ рафту гул афганд ниқоб,
Фурсати айш нигаҳ дору бизан ҷоме чанд.
Қанди омехта бо гул на илоҷи дили мост,
Бӯсае чанд баромез ба дашноме чанд.
Зоҳид, аз кӯчаи риндон ба саломат бигузар,
То харобат накунад сӯҳбати бадноме чанд.
Айби май ҷумла чу гуфтӣ, ҳунараш низ бигӯй,
Нафйи ҳикмат макун аз баҳри дили оме чанд.
Эй гадоёни харобот, Худо ёри шумост,
Чашми инъом мадоред зи анъоме чанд.
Пири майхона чӣ хуш гуфт ба дурдикаши хеш,
Ки: «Магӯ ҳоли дили сӯхта бо хоме чанд».
Ҳофиз аз шавқи рухи меҳрфурӯғи ту бисӯхт,
Комгоро, назаре кун сӯйи нокоме чанд.
204
Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
Бехуд аз шаъшааи партави зотам карданд,
Бода аз ҷоми таҷаллӣ ба сифотам доданд.
Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе
Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.
Баъд аз ин рӯйи ману оинаи васфи ҷамол,
Ки дар он ҷо хабар аз ҷилваи зотам доданд.
Ман агар комраво гаштаму хушдил, чӣ аҷаб?
Мустаҳиқ, будаму инҳо ба закотам доданд.
Ҳотиф он рӯз ба ман муждаи ин давлат дод,
Ки бад-он ҷавру ҷафо сабру суботам доданд.
Ин ҳама шаҳду шакар, к-аз суханам мерезад,
Аҷри сабрест, к-аз он шохи наботам доданд.
Ҳиммати Ҳофизу анфоси саҳархезон буд,
Ки зи банди ғами айём наҷотам доданд.
205
Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.
Сокинони ҳарами сатру афофи малакут,
Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Шукри Эзид, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,
Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.
Оташ он нест, ки аз шӯълаи ӯ хандад шамъ,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.
Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.
206
Нақдҳоро бувад оё, ки иёре гиранд,
То ҳама савмаадорон пайи коре гиранд.
Маслиҳатдиди ман он аст, ки ёрон ҳама кор
Бигузоранду хами турраи ёре гиранд.
Хуш гирифтанд ҳарифон сари зулфи соқӣ,
Гар фалакшон бигузорад, ки қароре гиранд
Қуввати бозуи парҳез ба хубон мафурӯш,
К-андар ин хайл ҳисоре ба саворе гиранд.
Ё Раб, ин баччаи туркон, чӣ далеранд ба хун,
Ки ба тири мижа ҳар лаҳза шикоре гиранд.
Рақс бар шеъри тару нолаи най хуш бошад,
Хоса рақсе, ки дар он дасти нигоре гиранд.
Ҳофиз, абнои замонро ғами мискинон нест,
З-ин миён гар битавон беҳ, ки каноре гиранд.
207
Гар майфурӯш ҳоҷати риндон раво кунад,
Эзид гунаҳ бибахшаду дафъи бало кунад.
Соқӣ, ба ҷоми адл бидеҳ бода, то гадо
Ғайрат наёварад, ки ҷаҳон пурмало кунад.
Ҳаққо, к-аз ин ғамон бирасад муждаи амон,
Гар солике ба аҳди амонат вафо кунад.
Гар ранҷ пеш ояду гар роҳат, эй ҳаким,
Нисбат макун ба ғайр, ки инҳо Худо кунад.
Дар корхонае, ки раҳи ақлу фазл нест,
Фаҳми заиф ройи фузулӣ чаро кунад?
Мутриб, бисоз парда, ки кас беаҷал намурд,
В-он к-ӯ на ин тарона сарояд, хато кунад.
Моро, ки дарди ишқу балои хумор кушт,
Ё васли дӯст ё майи софӣ даво кунад.
Ҷон рафт дар сари маю Ҳофиз ба ишқ сӯхт,
Исодаме куҷост, ки эҳёи мо кунад?
208
Дило, бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,
Ниёзи нимшабӣ дафъи сад бало бикунад.
Итоби ёри паричеҳра ошиқона бикаш,
Ки як карашма талофии сад ҷафо бикунад.
Зи мулк то малакуташ ҳиҷоб бардоранд,
Ҳар он, ки хидмати ҷоми ҷаҳоннамо бикунад.
Табиби ишқ масеҳодам асту мушфиқ, лек
Чу дард дар ту набинад, киро даво бикунад?
Ту бо Худои худ андоз кору дил хуш дор,
Ки раҳм агар накунад, муддаӣ, Худо бикунад.
Зи бахти хуфта малулам, бувад, ки бедоре,
Ба вақти фотиҳаи субҳ як дуо бикунад.
Бисӯхт Ҳофизу бӯе ба зулфи ёр набурд,
Магар далолати ин давлаташ сабо бикунад.
209
Маро ба риндиву ишқ он фузул айб кунад,
Ки эътироз бар асрори илми ғайб кунад.
Камоли сирри муҳаббат бибин, на нуқси гуноҳ,
Ки ҳар кӣ беҳунар афтад, назар ба айб кунад.
Зи атри ҳури биҳишт он нафас барояд бӯй,
Ки хоки майкадаи мо абири ҷайб кунад.
Калиди ганҷи саодат қабули аҳли дил аст,
Мабод он, ки дар ин нукта шакку райб кунад.
Шубони водии эмин гаҳе расад ба мурод,
Ки чанд сол ба ҷон хидмати Шуайб кунад.
Зи дида хун бичаконад фасонаи Ҳофиз,
Чу ёди вақти шабобу замони шайб кунад.
210
Маро ба васли ту гар з-он, ки дастрас бошад,
Дигар зи толеи хешам чӣ мултамас бошад?
Агар ба ҳар ду ҷаҳон як нафас занам бо дӯст,
Маро зи ҳар ду ҷаҳон ҳосил он нафас бошад.
Бар остони ту ғавғои ошиқон чӣ аҷаб?
Ки ҳар куҷо шакаристон бувад, магас бошад.
Чӣ ҳоҷат аст ба шамшери қатл ошиқро,
Ки ним ҷони маро як карашма бас бошад.
Аз ин сабаб, ки маро дасти бахт кӯтоҳ аст,
Каям ба сарви баланди ту дастрас бошад?
Раҳи халос куҷо бошад он ғариқеро,
Ки сели меҳнати ишқаш зи пешу пас бошад?
Ҳазор бор шавам ошнову дигар бор
Маро бибинаду гӯяд, ки ин чӣ кас бошад?
Хуш аст бодаи рангину сӯҳбати ҷонон,
Мудом Ҳофизи мискин дар ин ҳавас бошад.
211
Тоири давлат агар боз гузоре бикунад,
Ёр боз ояду бо васл қароре бикунад.
Дидаро дастгаҳи дурру гуҳар гарчи намонд,
Бихӯрад хуневу тадбири нисоре бикунад.
Дӯш гуфтам: «Бикунад лаъли лабаш чораи ман»
Ҳотифи ғайб нидо дод, ки: «Оре бикунад».
Кас наёрад бари ӯ дам занад аз қиссаи мо,
Магараш боди сабо гӯшгузоре бикунад.
Додаам боз назарро ба тазарве парвоз,
Бозхонад магараш нақшу шикоре бикунад.
Шаҳр холист зи ушшоқ, бувад к-аз тарафе,
Марде аз хеш бурун ояду коре бикунад.
Ку кариме, ки зи базми тарабаш ғамзадае
Ҷуръае даркашаду дафъи хуморе бикунад?
Ё вафо, ё хабари васли ту, ё марги рақиб,
Бувад оё, ки фалак з-ин ду-се коре бикунад?
Ҳофизо, гар наравӣ аз дари ӯ, ҳам рӯзе
Гузаре бар сарат аз гӯша каноре бикунад.
212
Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷойи дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намойӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлок бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришк фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор
Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «не!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехӯрӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пойи шумо пайсипар шавад.
213
Килки мушкини ту рӯзе, ки зи мо ёд кунад,
Бибарад аҷри дусад банда, ки озод кунад,
Қосиди манзили Салмо, ки саломат бодаш,
Чӣ шавад гар ба саломе дили мо шод кунад?
Имтиҳон кун, ки басе ганҷи муродат бидиҳанд,
Гар харобе чу маро лутфи ту обод кунад.
Ё Раб, андар дили он Хусрави Ширин андоз,
Ки ба раҳмат назаре ҷониби Фарҳод кунад.
Шоҳро беҳ бувад аз тоати садсолаву зӯҳд
Қадри яксоата умре, ки дар ӯ дод кунад.
Ҳолиё шеваи нози ту зи бунёдам бурд,
То дигарбора ҳакимона чӣ бунёд кунад.
Гавҳари поки ту аз мидҳати мо мустағнист,
Фикри машшота чӣ бо ҳусни худодод кунад?
Раҳ набурдем ба мақсуди худ андар Шероз,
Хуррам он рӯз, ки Ҳофиз раҳи Бағдод кунад.
214
Он кист к-аз рӯйи карам бо мо вафодорӣ кунад,
Бар ҷойи бадкоре, чу ман, як дам накукорӣ кунад.
Аввал ба бонги ною най орад ба дил пайғоми вай,
В-он гаҳ ба як паймона май бо ман вафодорӣ кунад.
Дилбар, ки ҷон фарсуд аз ӯ, коми дилам накшуд аз ӯ,
Навмед натвон буд аз ӯ, бошад, ки дилдорӣ кунад,
Гуфтам: «Гиреҳ накшудаам з-он турра то ман будаам».
Гуфто: «Манаш фармудаам, то бо ту таррорӣ кунад».
Пашминапӯши тундхӯ, к-аз ишқ нашнидаст бӯ,
Аз мастияш рамзе бигӯ, то тарки ҳушёрӣ кунад.
Чун ман гадои бенишон, мушкил бувад ёре чунон,
Султон куҷо айши ниҳон бо ринди бозорӣ кунад.
З-он турраи пурпечу ҳам, саҳл аст, агар бинам ситам,
Аз банду занҷираш чӣ ғам, ҳар кас, ки айёрӣ кунад?
Шуд лашкари ғам беадад, аз бахт мехоҳам мадад,
То фахри дин Абдуссамад, бошад, ки ғамхорӣ кунад.
Бо чашми пурнайранги ӯ, Ҳофиз, макун оҳанги ӯ,
К-он турраи шабранги ӯ бисёр таррорӣ кунад.
215
Он май, ки дӯш соқии мо дар пиёла кард,
Тадбири зӯҳди зоҳиди ҳафтодсола кард.
Бо ҷони ташнагони ғамат бодаи сабӯҳ
Кард он чӣ дӯш бо гули сероб жола кард.
Дар боғи даҳр ғунчаи рӯйи ту то шукуфт
Бас хуни дил, ки дар дили хунини лола кард.
Ҳаргиз ба сӯйи мо нанавиштӣ ту номае
Бо он, ки дил ба номи ту чандин рисола кард.
Туғронависи ҳусн ба дорулқазои ишқ
Бе май нарафт, номи ту андар пиёла кард.
Бар ях навишт котиби девони оразат
Ҳар бӯсае, ки чашми ту моро ҳавола кард.
Хун гашт ҷони Ҳофизи мискини хастадил,
Азбаски дар фироқи лабат оҳу нола кард.
216
Сарви чамони ман чаро майли чаман намекунад,
Ҳамдами гул намешавад, ёди суман намекунад?
Дӣ гилае зи туррааш кардаму аз сари фусӯс
Гуфт, ки: «Ин сиёҳи каҷ гӯш ба ман намекунад».
То дили ҳарзагарди ман, рафт ба чини зулфи ӯ,
З-он сафари дарози худ азми ватан намекунад.
Пеши камони абруяш лоба ҳамекунам, вале
Гӯшкашида аст, аз он гӯш ба ман намекунад.
Бо ҳама атфи доманат оядам аз сабо аҷаб,
К-аз гузари ту хокро мушки Хутан намекунад.
Чун зи насим мешавад зулфи бунафша пуршикан,
Ваҳ, ки дилам чӣ ёд аз он аҳдшикан намекунад.
Дил ба умеди рӯйи ӯ ҳамдами ҷон намешавад,
Ҷон ба ҳавои кӯйи ӯ хидмати тан намекунад.
Соқии симсоқи ман гар ҳама дурд медиҳад,
Кист, ки тан чу ҷоми май ҷумла даҳан намекунад.
Дастхуши ҷафо макун оби рухаш, ки файзи абр,
Бе мадади сиришки ман, дурри Адан намекунад.
Куштаи ғамзаи ту шуд Ҳофизи ношунидапанд,
Теғ сазост ҳар киро дарки сухан намекунад.
217
Дар назарбозии мо бехабарон ҳайронанд.
Ман чунинам, ки намудам, дигар эшон донанд.
Оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд, вале
Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.
Ҷилвагоҳи рухи ӯ дидаи ман танҳо нест,
Моҳу хуршед ҳамин оина мегардонанд.
Аҳди мо бо лаби шириндаҳанон баст Худо,
Мо ҳама бандаву ин қавм худовандонанд.
Муфлисонему ҳавои маю мутриб дорем,
Оҳ, агар хирқаи пашмин ба гарав настонанд.
Васфи рухсораи хуршед зи хаффош мапурс,
Ки дар ин оина соҳибназарон ҳайронанд.
Лофи ишқу гила аз ёр, — зиҳӣ лофи дурӯғ,
Ишқбозони чунин мустаҳиқи ҳиҷронанд.
Магарам чашми сиёҳи ту биёмӯзад кор,
Варна мастуриву мастӣ ҳама кас натвонанд.
Гар ба нузҳатгаҳи арвоҳ барад бӯйи ту бод,
Ақлу ҷон гавҳари ҳастӣ ба нисор афшонанд.
Гар шаванд огаҳ аз андешаи мо муғбачагон,
Баъд аз ин хирқаи сӯфӣ ба гарав настонанд.
Зоҳид ар риндии Ҳофиз накунад фаҳм, чӣ бок?
Дев бигрезад аз он қавм, ки қуръонхонанд.
218
Суманбӯён ғубори ғам, чу биншинанд, биншонанд,
Парирӯён қарор аз дил, чу бистезанд, бистонанд.
Ба фитроки ҷафо дилҳо чу барбанданд, барбанданд.
Зи зулфи анбарин ҷонҳо, чу бикшоянд, бифшонанд.
Ба умре як нафас, бо мо, чу биншинанд, бархезанд,
Ниҳоли шавқ дар хотир, чу бархезанд, биншонанд.
Сиришки гӯшагиронро чу дарёбанд, дур ёбанд,
Рухи меҳр аз саҳархезон нагардонанд, агар донанд.
Зи чашмам лаъли руммонӣ, чу механданд, меборанд
Зи рӯям рози пинҳонӣ, чу мебинанд, мехонанд.
Давои дарди ошиқро касе, к-ӯ саҳл пиндорад,
Зи фикр онон, ки дар тадбири дармонанд, дар монанд.
Дар ин ҳазрат чу муштоқон, ниёз оранд, ноз оранд,
Ки бо ин дард агар дар банд дармонанд, дармонанд.
Чу Мансур, аз мурод онон, ки бар доранд, бардоранд,
Бад-ин даргоҳ Ҳофизро чу мехонанд, меронанд.
219
Ғуломи наргиси масти ту тоҷдоронанд,
Хароби бодаи лаъли ту ҳушёронанд.
Туро сабову маро оби дида шуд ғаммоз
Вагарна ошиқу маъшуқ роздоронанд.
Зи зери зулфи дуто чун гузар кунӣ, бинигар,
Ки аз ямину ясорат чӣ беқароронанд.
Гузор кун чу сабо бар бунафшазору бибин,
Ки аз татовули зулфат чӣ сӯгворонанд.
Насиби мост биҳишт, эй худошинос, бирав,
Ки мустаҳиққи каромат гунаҳгоронанд.
На ман бар он гули ораз ғазал сарояму бас,
Ки андалеби ту аз ҳар тараф ҳазоронанд.
Ту дастгир шав, эй Хизри пайхуҷаста, ки ман
Пиёда мераваму ҳамроҳон саворонанд.
Биё ба майкадаву чеҳра арғавонӣ кун,
Марав ба савмаа, к-он ҷо сиёҳкоронанд.
Халос Ҳофиз аз он зулфи тобдор мабод,
Ки бастагони каманди ту растагоронанд.
220
Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,
Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд?
Дардам ниҳуфта беҳ зи табибони муддаӣ,
Бошад, ки аз хазонаи ғайбам даво кунанд.
Маъшуқ чун ниқоб зи рух дарнамекашад,
Ҳар кас ҳикояте ба тасаввур чаро кунанд?
Чун ҳусни оқибат на ба риндиву зоҳидист,
Он беҳ, ки кори худ ба иноят раҳо кунанд.
Бе маърифат мабош, ки дар манязиди ишқ,
Аҳли назар муомила бо ошно кунанд.
Ҳоле даруни парда басе фитна меравад,
То он замон, ки парда барафтад, чиҳо кунанд?
Гар санг аз ин ҳадис бинолад, аҷаб мадор,
Соҳибдилон ҳикояти дил хуш адо кунанд.
Май хӯр, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб,
Беҳтар зи тоате, ки ба рӯву риё кунанд.
Пироҳане, ки ояд аз ӯ бӯйи Юсуфам,
Тарсам, бародарони ғаюраш қабо кунанд.
Бигзар ба кӯйи майкада, то зумраи ҳузур
Авқоти худ зи баҳри ту сарфи дуо кунанд.
Пинҳон зи ҳосидон ба худам хон, ки мунъимон,
Хайри ниҳон барои ризои Худо кунанд.
Ҳофиз, давоми васл муяссар намешавад,
Шоҳон кам илтифот ба ҳоли гадо кунанд.
221
Онро, ки ҷоми софии саҳбош медиҳанд,
Медон, ки дар ҳарими ҳарам ҷош медиҳанд.
Сӯфӣ, мабош мункири риндон, ки нақди ишқ,
Рӯзи азал ба мардуми қаллош медиҳанд.
Соқӣ, биёр бодаи гулранги мушкбӯй,
К-арбоби ақл заҳмати авбош медиҳанд.
Аз лаззати ҳаёт надорад таматтӯе
Имрӯз ҳар кӣ ваъда ба фардош медиҳанд.
Мутриб бисоз пардаи ушшоқи бенаво,
К-онро, ки бенавост, навоҳош медиҳанд.
Ҳофиз ба тарки ҷаннату фирдавс мекунад,
Гар дар ҳарими васли ту маъвош медиҳанд.
222
Шоҳидон гар дилбарӣ з-ин сон кунанд,
Зоҳидонро рахна дар имон кунанд.
Ҳар куҷо он шохи наргис бишкуфад,
Гулрухонаш дида наргисдон кунанд.
Эй ҷавони сарвқад, гӯё бизан,
Пеш аз он, к-аз қоматат чавгон кунанд.
Ошиқонро бар сари худ ҳукм нест,
Ҳар чӣ фармони ту бошад, он кунанд.
Пеши чашмам камтар аст аз қатрае
Он ҳикоятҳо, ки аз тӯфон кунанд.
Ёри мо чун гирад оғози самоъ,
Қудсиён бар арш дастафшон кунанд.
Мардуми чашмам ба хун оғушта шуд,
Дар куҷо ин зулм бар инсон кунанд?
Хуш баро бо ғусса, эй дил, к-аҳли роз
Айши хуш дар бӯтаи ҳиҷрон кунанд.
Сар макаш, Ҳофиз, зи оҳи ними шаб,
То чу субҳат оина рахшон кунанд,
223
Гуфтам: «Каям даҳону лабат комрон кунанд?»
Гуфто: «Ба чашм, ҳар чӣ ту гӯйӣ, чунон кунанд».
Гуфтам: «Хироҷи Миср талаб мекунад лабат».
Гуфто: «Дар ин муомила камтар зиён кунанд».
Гуфтам: «Ба нуқтаи даҳанат худ кӣ бурд роҳ?»
Гуфт: «Ин ҳикоятест, ки бо нуктадон кунанд».
Гуфтам: «Санампараст машав, бо самад нишин».
Гуфто: «Ба кӯйи ишқ ҳам ину ҳам он кунанд».
Гуфтам: «Ҳавои майкада ғам мебарад зи дил».
Гуфто: «Хуш он касон, ки диле шодмон кунанд».
Гуфтам: «Шаробу хирқа на оини мазҳаб аст».
Гуфт: «Ин амал ба мазҳаби пири муғон кунанд».
Гуфтам: «Зи лаъли нӯшлабон пирро чӣ суд?»
Гуфто: «Ба бӯсаи шакаринаш ҷавон кунанд».
Гуфтам, ки: «Хоҷа кай ба сари ҳаҷла меравад?»
Гуфт: «Он замон, ки Муштариву Маҳ қирон кунанд».
Гуфтам: «Дуои давлати ту вирди Ҳофиз аст»,
Гуфт: «Ин дуо малоики ҳафт осмон кунанд».
224
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Гӯйиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
Ё Раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон
Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.
Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гӯй,
К-андар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд.
Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:
«Қудсиён гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».
225
Донӣ, ки чангу уд чӣ тақрир мекунанд?
Пинҳон хӯред бода, ки таъзир мекунанд.
Номуси ишқу равнақи ушшоқ мебаранд,
Айби ҷавону сарзаниши пир мекунанд.
Ҷуз қалби тира ҳеҷ нашуд ҳосилу ҳанӯз,
Ботин дар ин хаёл, ки иксир мекунанд.
Гӯянд рамзи ишқ магӯеду машнавед,
Мушкил ҳикоятест, ки тақрир мекунанд.
Мо аз буруни дар шуда мағрури сад фиреб,
То худ даруни парда чӣ тадбир мекунанд.
Ташвиши вақти пири муғон медиҳанд боз,
Ин соликон нигар, ки чӣ бо пир мекунанд.
Сад мулки дил ба ними назар метавон харид,
Хубон дар ин муомила тақсир мекунанд.
Қавме ба ҷидду ҷаҳд ниҳоданд васли дӯст,
Қавме дигар ҳавола ба тақдир мекунанд.
Филҷумла эътимод макун бар суботи даҳр,
К-ин корхонаест, ки тағйир мекунанд.
Май хӯр, ки шайху Ҳофизу муфтиву мӯҳтасиб,
Чун нек бингарӣ, ҳама тазвир мекунанд.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.