Ҳофиз. Ғазалиёт 526-550

526
Катубту қиссата шавқӣ ва мадмаъӣ бокӣ
Биё, ки бе ту ба ҷон омадам зи ғамнокӣ.
Басо, ки гуфтаам аз шавқ бо ду дидаи худ:
«Аё манозила Салмо, фа айна сомокӣ»
Аҷиб воқеаеву ғариб ҳодисае,
Ана-с табарту қатилан ва қотилӣ шокӣ.
Киро расад, ки кунад айби домани покат,
Ки ҳамчу қатра, ки бар барги гул чакад, покӣ?
Зи хоки пойи ту дод обрӯйи лолаву гул,
Чу килки сунъ рақам зад ба обиву хокӣ,
Сабо абирфишон гашт, соқиё, бархез,
Ва ҳоти шамсата кармин мутаййибин зокӣ.
Даъ-ит-такосула тағним, фа қад ҷаро масалун,
Ки зоди роҳравон чустӣ асту чолокӣ.
Асар намонд зи ман бе шамоилат, оре,
Аро маосира маҳёя мин муҳайёкӣ.
Зи васфи ҳусни ту Ҳофиз чӣ гуна нутқ занад,
Ки ҳамчу сунъи худоиву ройи идрокӣ.
527
Ё мабсиман юҳокӣ дурҷан мина-л-лаолӣ,
Ё Раб чӣ дархур омад гирдаш хати ҳилолӣ.
Ҳоле хаёли васлат хуш медиҳад фиребам,
То худ чӣ нақш бозад ин сурати хаёлӣ.
Май деҳ, агарчи гаштам номасиёҳи олам,
Навмед кай тавон буд аз лутфи лоязолӣ?
Соқӣ, биёр ҷоме в-аз хилватам бурун каш,
То дар ба дар бигардам қаллошу лоуболӣ.
Аз чор чиз магзар, гар оқиливу зирак,
Амну шароби беғаш, маъшуқу ҷойи холӣ.
Чун нест нақши даврон дар ҳеҷ ҳол собит,
Ҳофиз, макун шикоят, то май хӯрем ҳолӣ.
Софест ҷоми хотир дар даври Осафи аҳд,
Қум фа-сқӣ раҳиқан асфо мина-з-зулолӣ,
Ал-мулку қад табоҳо мин ҷаддиҳӣ ва ҷаддиҳ,
Ё Раб, ки ҷовидон бод ин қадру ин маолӣ!
Маснадфурӯзи давлат, кони шукӯҳу шавкат,
Бурҳони мулку миллат, Бӯнасри Булмаолӣ.
528
Саломуллоҳи мо карра-л-лаёлӣ,
Ва ҷоватти-л-масонӣ ва-л-масолӣ.
Ало водӣ-л-арокӣ ва ман алайҳо,
Ва доран би-л-ливо фавқа-р-римолӣ.
Дуогӯйи ғарибони ҷаҳонам,
Ва адъу би-т-тавотур ва-т-таволӣ.
Ба ҳар манзил, ки рӯ орад, Худоро,
Нигаҳ дораш ба лутфи лоязолӣ!
Манол, эй дил, ки дар занҷири зулфаш
Ҳама ҷамъият аст ошуфтаҳолӣ.
Зи хаттат сад ҷамоли дигар афзуд,
Ки умрат бод сад соли ҷалолӣ.
Ту мебояд, ки бошӣ варна саҳл аст
Зиёни мояи ҷоҳиву молӣ.
Бар он наққоши қудрат офарин бод,
Ки гирди маҳ кашад хатти ҳилолӣ!
Фа ҳуббука роҳатӣ фӣ кулли ҳайнин,
Ва зикрук мӯнисӣ фӣ кулли ҳолӣ.
Сувайдои дили ман то қиёмат
Мабод аз ишқу савдои ту холӣ.
Куҷо ёбам висоли чун ту шоҳе
Мани бадноми ринди лоуболӣ.
Худо донад, ки Ҳофизро ғараз чист?
Ва илмуллоҳи ҳасбӣ мин суолӣ.
529
Бигрифт кори ҳуснат, чун ишқи ман камоле,
Хуш бош з-он, ки набвад ин ҳар дуро заволе.
Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл,
Ояд ба ҳеҷ маънӣ з-ин хубтар мисоле.
Шуд хатти умр ҳосил, гар з-он ки бо ту моро
Ҳаргиз ба умр рӯзе рӯзӣ шавад висоле.
Он дам, ки бо ту бошам, як сол ҳаст рӯзе,
В-он дам, ки бе ту бошам як лаҳза ҳаст соле.
Чун ман хаёли рӯят, ҷоно, ба хоб бинам,
К-аз хоб менабинад чашмам ба ҷуз хаёле.
Раҳм ор бар дили ман, к-аз меҳри рӯйи хубат
Шуд шахси нотавонам борик чун ҳилоле,
Ҳофиз макун шикоят, гар васли дӯст хоҳӣ,
З-ин бештар бибояд бар ҳиҷрат эҳтимоле.
530
Рафтам ба боғ субҳдаме, то чинам гуле,
Омад ба гӯш ногаҳам овози булбуле.
Мискин чу ман ба ишқи гуле гашта мубтало,
В-андар чаман фиганда зи фарёд ғулғуле.
Мегаштам андар он чаману боғ дам ба дам,
Мекардам андар он гулу булбул тааммуле.
Гул ёри ҳусн гаштаву булбул қарини ишқ,
Онро тафаззуле наву инро табаддуле.
Чун кард дар дилам асар овози андалеб,
Гаштам чунон, ки ҳеҷ намондам таҳаммуле.
Бас гул шукуфта мешавад ин боғро, вале
Кас бе балои хор начидаст аз ӯ гуле.
Ҳофиз, мадор умеди фараҳ аз мадори чарх,
Дорад ҳазор айбу надорад тафаззуле.
531
Ин хирқа, ки ман дорам, дар раҳни шароб авло
В-ин дафтари бемаънӣ ғарқи майи ноб авло.
Чун умр табаҳ кардам, чандон, ки нигаҳ кардам,
Дар кунҷи хароботе афтода хароб авло.
Чун маслиҳатандешӣ, дур аст зи дарвешӣ,
Ҳам сина пур аз оташ, ҳам дида пуроб авло.
Ман ҳолати зоҳидро бо халқ нахоҳам гуфт,
Ин қисса агар гӯям, бо чангу рубоб авло.
То бе сару по бошад авзои фалак з-ин даст,
Дар сар ҳаваси соқӣ, дар даст шароб авло.
Аз ҳамчу ту дилдоре, дил барнаканам, оре,
Чун тоб кашам, боре з-он зулфи батоб, авло,
Чун пир шудӣ, Ҳофиз, аз майкада берун ой,
Риндиву ҳаваснокӣ, дар аҳди шабоб авло.
532
З-он майи ишқ, к-аз ӯ пухта шавад ҳар хоме,
Гарчи моҳи рамазон аст, биёвар ҷоме!
Рӯзҳо рафт, ки дасти мани мискин нагирифт,
Зулфи шамшодқаде соиди симандоме.
Рӯза ҳарчанд, ки меҳмони азиз, аст, эй дил,
Сӯҳбаташ мавҳибате дону шудан инъоме.
Мурғи зирак ба дари хонақаҳ акнун напарад,
Ки ниҳодаст ба ҳар маҷлиси ваъзе доме.
Гила аз зоҳиди бадхӯ накунам, расм ин аст,
Ки чу субҳе бидамад, дар паяш афтад шоме.
Ёри ман чун бихиромад ба тамошои чаман,
Бирасонаш зи ман, эй пайки сабо, пайғоме!
Он ҳарифе, ки шабу рӯз майи соф кашад,
Бувад оё, ки кунад ёд зи дурдошоме?
Ҳофизо, гар надиҳад доди дилат Осафи аҳд,
Ком душвор ба даст оварӣ аз худкоме.
533
Кӣ барад ба назди шоҳон зи мани гадо паёме,
Ки ба кӯйи майфурӯшон ду ҳазор Ҷам ба ҷоме!
Шудаам харобу бадному ҳанӯз умедворам,
Ки ба ҳиммати азизон бирасам ба некномӣ.
Ту, ки кимиёфурӯшӣ, назаре ба қалби мо кун,
Ки бизоате надорему фигандаем доме.
Аҷаб аз вафои ҷонон, ки инояте нафармуд,
На ба номае паёме, на ба хомае саломе.
Агар ин шароб хом аст, агар он ҳариф пухта,
Ба ҳазор бор беҳтар зи ҳазор пухта хоме.
Зи раҳам маяфган, эй шайх, ба донаҳои тасбеҳ,
Ки чу мурғ зирак афтад, нафитад ба ҳеҷ доме.
Сари хидмати ту дорам, бихарам ба лутфу мафрӯш,
Ки чу банда камтар афтад ба муборакӣ ғуломе.
Ба куҷо барам шикоят, ба кӣ гӯям ин ҳикоят,
Ки лабат ҳаёти мо буду надоштӣ давоме.
Бикушой тири мижгону бирез хуни Ҳофиз,
Ки чунон кушандаеро накунад кас интиқоме.
534
Гар аз ин оби тарабнок на хушдил бошӣ,
Хуштар он аст ба ҳар ҳол, ки дар гил бошӣ.
Бандаи пири муғон бошу зи зоҳид бигурез,
Роҳ ин аст, агар зираку оқил бошӣ.
Нури меҳри рухаш ар тофт ба дарёи дилат,
Худ ба сарчашмаи хуршед муқобил бошӣ.
Даст аз он зулфи дуто доштаӣ, зоҳид, боз,
Дар пайи нашъати ағлолу салосил бошӣ.
Ҷоми мастона фарогиру ба ҳуш ой, эй дил,
То ба кай бехабар афтодаву ғофил бошӣ?
Ҳамчу Ҳофиз агарат ёр зи ғам бозхарад,
Сайди он шоҳиди матбӯъшамоил бошӣ.
535
Атат равоеҳу ранд-ил-ҳимо ва зода ғаромӣ,
Фидои хоки дари дӯст бод ҷони гиромӣ!
Паёми дӯст шунидан саодат асту саломат,
Мани-л-мубаллеғу аннӣ ало суода саломӣ.
Биё ба шоми ғарибону оби дидаи ман бин,
Ба сони бодаи софӣ дар обгинаи шомӣ.
Изо тағаррада ан зӣ-л-ароки тоиру хайрин,
Фа ло тафаррада ан равзиҳо анину ҳамомӣ.
Басе намонд, ки рӯзи фироқи ёр сар ояд,
Раайту мин ҳазабот-ил-ҳимо қибоба хиёмӣ.
Хушо даме, ки даройиву гӯямат ба саломат:
Қадимта хайра қудумин, назалта хайра мақомӣ.
Баидту минка ва қад сирту зоибан каҳилолин,
Агарчи рӯйи чу моҳат надидаам ба тамомӣ.
Ва ин дуийту би хулдин ва сирту ноқиза аҳдин,
Фа мо татайяба нафсӣ ва мастатоба маномӣ.
Умед ҳаст, ки зудат ба бахти нек бибинам,
Ту шод гашта ба фармондиҳиву ман ба ғуломӣ.
Чу силки дурри хушоб аст назми хуби ту, Ҳофиз,
Ки гоҳи лутф сабақ мебарад зи назми Низомӣ.
536
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме!
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме!
Чашми осойиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав?
Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биёсоям даме!
Зиракеро гуфтам: «Ин аҳвол бин!» Хандиду гуфт;
«Саъб рӯзе, булаҷаб коре, парешон оламе!»
Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил,
Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?
Дар тариқи ишқбозӣ амну осойиш балост,
Реш бод он дил, ки бо дарди ту хоҳад марҳаме!
Аҳли кому нозро дар кӯйи риндӣ роҳ нест,
Раҳраве бояд ҷаҳонсӯзе, на хоме, беғаме.
Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст,
Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме.
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш: «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».
Гиряи Ҳофиз чӣ санҷад пеши истиғнои ишқ,
Қ-андар ин дарё намояд ҳафт дарё шабнаме.
537
Шуд баҳору гузашт мавсими дай,
Метавон кард фикри шоҳиду май.
Магзарон умр бе маю соқӣ,
Огаҳӣ гар зи чарху гардиши вай.
Сӯйи ман ёр омаду бигузашт,
Рафт бар бод умри ман ҳай-ҳай.
Зери ин қаср сад ҳазор гузашт
Ҳамчу Ковусу Қайсару Ҷаму Кай.
Дил ба дунё мабанд, агар мардӣ,
З-он, ки дунёст шеаи лошай.
Ёр бо мост рӯзу шаб, Ҳофиз,
Ҳамчу ҷоне, ки ҳаст дар рагу пай.
538
Зи дилбарам кӣ расонад навозиши қаламе?
Куҷост пайки сабо, гар ҳамекунад караме?
Қиёс кардаму тадбири ақл дар раҳи ишқ.
Чу шабнамест, ки бар баҳр мекашад рақаме.
Биё, ки хирқаи ман гарчи раҳни майкадаҳост,
Зи моли вақф набинӣ ба номи ман дираме.
Ҳадиси чуну чаро дарди сар диҳад, эй дил,
Пиёла гиру биёсо зи умри хеш даме.
Табиби роҳнишин дарди ишқ нашносад,
Бирав ба даст кун, эй мурдадил, масеҳдаме!
Дилам гирифт зи солусу табъи зери гилем,
Беҳ он, ки бар дари майхона баркашам аламе.
Биё, ки вақтшиносон ду кавн бифрӯшанд
Ба як пиёла майи софу сӯҳбати санаме.
Давоми айшу танаъум на шеваи ишқ аст,
Агар муошири моӣ, бинӯш неши ғаме.
Намекунам гилае, лек абри раҳмати дӯст
Ба киштзори ҷигарташнагон надод наме.
Чаро ба як найи қандаш намехаранд он кас,
Ки кард сад шакарафшонӣ аз найи қаламе?
Сазои қадри ту, шоҳо, ба дасти Ҳофиз нест,
Ҷуз аз дуои шабиву ниёзи субҳдамӣ.
539
Аҳмадаллоҳ ало мӯъдалатуссултонӣ,
Аҳмади Шайх Увайси Ҳасани Элхонӣ.
Хони бин хону шаҳаншоҳи шаҳаншоҳнажод,
Он, ки мезебад, агар ҷони ҷаҳонаш хонӣ.
Дида нодида ба иқболи ту имон овард,
Марҳабо, эй ба чунин лутфи Худо арзонӣ!
Маҳ агар бе ту барояд ба ду нимаш бизананд
Давлати аҳмадиву мӯъҷизаи субҳонӣ.
Ҷилваи бахти ту дил мебарад аз шоҳу гадо,
Чашми бад дур, ки ҳам ҷониву ҳам ҷононӣ.
Баршикан кокули туркона, ки дар толеи туст
Бахшишу кӯшиши хоқониву чингизхонӣ.
Гарчи дурем, ба ёди ту қадаҳ мегирем,
Бӯъди манзил набувад дар сафари рӯҳонӣ.
Аз гили порсиям ғунчаи айше нашукуфт,
Ҳаббазо Даҷлаи Бағдоду майи райҳонӣ.
Сари ошиқ, ки на хоки дари маъшуқ бувад,
Кай халосаш бувад аз меҳнати саргардонӣ?
Эй насими саҳарӣ, хоки дари ёр биёр,
Ки кунад Ҳофиз аз ӯ дидаи дил нуронӣ.
540
Акнун, ки зи гул боз чаман шуд чу биҳиште,
Соқӣ, майи гулранг талаб бар лаби киште!
Занги ғамат аз дил майи гулранг зудояд,
Бишнав, ки чунин гуфт маро поксириште:
Килки ту марезоду ҷавоби шакаринаш,
Меҳр аз ту надид, арна ҷавобе бинавиштӣ.
Меъмори вуҷуд ар назадӣ ранги ту аз ишқ,
Дар оби муҳаббат гили Одам насириштӣ.
Ҷаҳли ману илми ту фалакро чӣ тафовут,
Он ҷо, ки басар нест, чи хубиву чи зиштӣ.
Бар хоки дари хоҷа, ки айвони ҷалол аст,
Гар болиши зар нест, бисозем ба хиште.
Тарсобачае дӯш ҳамегуфт, ки Ҳофиз
Ҳайф аст, ки ҳар дам кунад оҳанги куниште.
541
Эй боди сабо, бигзар з-он ҷо, ки ту медонӣ,
Аҳволи дилам баргӯ онҳо, ки ту медонӣ.
Дар пардаи асрораш ҳар гаҳ ки шавам маҳрам,
Сарбаста бигӯ аз мо онро, ки ту медонӣ.
Чун ҷавру ҷафояшро дидӣ, ки зи ҳад бигзашт,
Биншину баён фармо з-он ҷо, ки ту медонӣ.
Дарди дили решамро, чун нест даво пайдо,
Лутфе куну дармонаш фармо, ки ту медонӣ.
Чун сурмаи биноӣ дар дида кашам гарде,
Гар боди сабо орад з-он ҷо, ки ту медонӣ.
Гуфтам: «Зи лабат бӯсе, в-аз Ҳофизи мискин ҷон!
Ҳастӣ ту бад-ин розӣ?» Гуфто, ки: «Ту медонӣ!».
542
Эй боди насим ёр дорӣ,
Он нафҳаи мушкбор дорӣ.
Зинҳор макун дароздастӣ,
Бо турраи ӯ чӣ кор дорӣ?
Эй гул, ту куҷову рӯйи зебош?
Ӯ мушку ту хор бор дорӣ.
Райҳон ту куҷову хатти сабзаш,
Ӯ тозаву ту ғубор дорӣ.
Наргис ту куҷову чашми масташ,
Ӯ сархушу ту хумор дорӣ.
Эй сарв, ту бо қади баландаш,
Дар боғ чӣ эътибор дорӣ?
Эй ақл, ту бо вуҷуди ишқаш
Дар даст чӣ ихтиёр дорӣ?
Рӯзе бирасӣ ба васл, Ҳофиз,
Гар тоқати интизор дорӣ.
543
Эй бо ғами ту моро пайванди лоязолӣ,
Қад зоъа фӣ ҳавокум умрӣ ва лоуболӣ.
Айши сагони кӯят ҳар бехабар чӣ донад?
Ё лайта лӣ маҷолан фӣ золика-л-хаволӣ.
Аз оби дида, ёро, шуд розам ошкоро,
Ирҳам ало думӯъӣ, ё ман алимта ҳолӣ.
Хубон вафо надоранд, эй ҷамъи покбозон,
Ло таркубу вафоан ан соҳиб-ил-ҷамолӣ.
Мо ташналаб гузаштем бар оби зиндагонӣ,
Ё соқиё, ағашнӣ мин шарбат-ул-зулолӣ.
Ман тарки дину дунё кардам, зи орзуят,
Ҷовазту фӣ ҳавокум ан ҳубби ҷоҳу молӣ.
Ҳофиз агар бимирад бар хоки остонат,
Қад сора зо ҳаётин конат било заволӣ.
544
Вақтро ғанимат дон, он қадар, ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ.
Комбахшии гардун умр дар иваз дорад,
Ҷаҳд кун, ки аз давлат доди айш бистонӣ!
Боғбон, чу ман з-ин ҷо бигзарам, ҳаромат бод,
Гар ба ҷойи ман сарве ғайри дӯст биншонӣ.
Зоҳиди пушаймонро завқи бода хоҳад кушт,
Оқило, макун коре, к-оварад пушаймонӣ.
Мӯҳтасиб намедонад ин қадар, ки сӯфиро
Ҷинси хонагӣ бошад ҳамчу лаъли руммонӣ.
Бо дуои шабхезон, эй шакардаҳон мастез,
Дар паноҳи як исм аст хотами Сулаймонӣ.
Панди ошиқон бишнав в-аз дари тараб боз о,
К-ин ҳама намеарзад шуғли олами фонӣ.
Юсуфи азизам рафт, эй бародарон, раҳме,
К-аз ғамаш аҷаб бинам ҳоли пири канъонӣ!
Пеши зоҳид аз риндӣ дам мазан, ки натвон гуфт,
Бо табиби номаҳрам ҳоли дарди пинҳонӣ.
Меравиву мижгонат, хуни халқ мерезад,
Тез меравӣ, ҷоно, тарсамат, фурӯ монӣ.
Дил зи новаки чашмат гӯш доштам, лекин
Абруи камондорат мебарад ба пешонӣ.
Гар ту фориғӣ аз мо. эй нигори сангиндил,
Ҳоли худ бихоҳам гуфт пеши Осафи сонӣ.
Ҷамъ кун ба эҳсоне Ҳофизи парешонро,
Эй шиканҷи гесуят, маҷмаи парешонӣ.
545
Ҳавохоҳи туам, чонову нолонам, ки медонӣ.
Ки ҳам нодида мебиниву ҳам нашнида мехонӣ.
Маломатгӯ чӣ меёбад миёни ошиқу маъшуқ,
Набинад чашми нобино хусус асрори пинҳонӣ.
Бияфшон зулфу сӯфиро ба бозиву ба рақс овар,
Ки аз ҳар руқъаи далқаш ҳазорон бут бияфшонӣ.
Кушоди кори муштоқон дар он абруи дилбанд аст,
Худоро, як нафас биншин, гиреҳ бикшо зи пешонӣ.
Малак дар саҷдаи Одам заминбӯси ту ният кард,
Ки дар ҳусни ту лутфе дид беш аз ҳадди инсонӣ.
Чароғафрӯзи чашми мо насими зулфи ҷонон аст,
Мабод ин ҷамъро, ё Раб, ғам аз боди парешонӣ.
Дареғо айши шабгире, ки дар хоби саҳар бигзашт,
Надонӣ қадри вақт, эй дил, магар вақте, ки дармонӣ.
Малул аз ҳамраҳон будан тариқи корвонӣ нест,
Бикаш душвории манзил ба ёди аҳди осонӣ.
Хаёли чанбари зулфаш фиребат медиҳад, Ҳофиз,
«Нигар, то ҳалқаи иқболи номумкин наҷунбонӣ!»
546
Гуфтанд  халоиқ, ки  туӣ  Юсуфи  сонӣ,
Чун нек бидидам, ба ҳақиқат, беҳ аз онӣ.
Ширинтар аз онӣ ба шакарханда, ки гӯям:
Эй Хусрави хубон, ки ту Ширини замонӣ!
Ташбеҳи даҳонат натавон кард ба ғунча,
Ҳаргиз набувад ғунча бад-ин тангдаҳонӣ.
Сад бор бигуфтӣ, ки диҳам з-он даҳанат ком
Чун савсани озода чаро ҷумла забонӣ?
Гӯйӣ бидиҳам комату ҷонат биситонам,
Тарсам надиҳӣ комаму ҷонам биситонӣ.
Чашми ту хаданг аз сипари ҷон гузаронад,
Бемор кӣ дидаст бад-ин сахткамонӣ?
Чун ашк бияндозияш аз дидаи мардум,
Онро ки даме аз назари хеш биронӣ.
547
Насими субҳи саодат бад он нишон, ки ту донӣ,
Гузар ба кӯйи фалон кун, дар он замон, ки ту донӣ.
Ту пайки хилвати розиву дида бар сари роҳат,
Ба мардумӣ, на ба фармон, чунон бирон, ки ту донӣ.
Бигӯ, ки ҷони азизам зи даст рафт, Худоро,
Зи лаъли рӯҳфазоят бибахш он, ки ту донӣ.
Ман ин ҳуруф навиштам, чунон, ки ғайр надонист,
Ту ҳам зи рӯйи каромат чунон бихон, ки ту донӣ.
Хаёли теғи ту бо мо ҳадиси ташнаву об аст,
Асири хеш гирифтӣ, бикуш чунон, ки ту донӣ.
Умед дар камари заркашат чӣ гуна бибандам,
Дақиқаест, нигоро, дар он миён, ки ту донӣ.
Якест туркиву този дар ин муомила, Ҳофиз,
Ҳадиси ишқ баён кун, бад он забон, ки ту донӣ.
548
Ду ёри зираку аз бодаи куҳан ду мане,
Фароғатеву китобеву гӯшаи чамане.
Ман ин мақом ба дунёву охират надиҳам,
Агарчи дар паям афтанд халқи анҷумане.
Ҳар он, ки кунҷи қаноат ба ганҷи дунё дод,
Фурӯхт Юсуфи Мисрӣ ба камтарин самане,
Биё, ки равнақи ин корхона кам нашавад.
Ба зӯҳди ҳамчу туе ё ба фисқи ҳамчу мане.
Зи тундбоди ҳаводис наметавон дидан
Дар ин чаман, ки гуле будааст ё сумане.
Бибин дар оинаи ҷом нақшбандии ғайб,
Ки кас ба ёд надорад чунин аҷаб замане.
Аз ин самум, ки бар тарфи бӯстон бигузашт,
Аҷаб, ки бӯйи гуле ҳасту ранги настаране.
Ба сабр кӯш ту, эй дил, ки ҳақ раҳо накунад,
Чунин азиз нигине ба дасти аҳрамане.
Мизони даҳр табаҳ шуд дар ин бало, Ҳофиз,
Куҷост фикри ҳакимеву ройи барҳамане?
549
Нӯш кун ҷоми шароби якманӣ,
То бад-он бехи ғам аз дил барканӣ.
Дил кушода дор чун номи шароб.
Сар гирифта чанд чун хумми данӣ?
Чун зи ҷоми бехудӣ ратле кашӣ.
Кам занӣ аз хештан лофи манӣ.
Сангсон шав дар қадам, не ҳамчу об,
Ҷумла рангомезиву тардоманӣ.
Дил ба май дарбанд, то мардонавор
Гардани солусу тақво бишканӣ.
Хезу нахле кун чу Ҳофиз, то магар
Хешро дар пойи маъшуқ афганӣ.
550
Субҳ асту жола мечакад аз абри баҳманӣ,
Барги сабӯҳ созу бидеҳ ҷоми якманӣ.
Дар баҳри моиву манӣ афтодаам, биёр,
Май то халос бахшадам аз моиву манӣ.
Хуни пиёла хӯр, ки ҳалол аст хуни ӯ,
Дар кори ёр бош, ки корест карданӣ.
Соқӣ, ба даст бош, ки ғам дар камини мост,
Мутриб, нигоҳ дор ҳамин раҳ, ки мезанӣ.
Ман деҳ, ки сар ба гӯши ман овард чангу гуфт:
Хуш бигзарону бишнав аз ин пири мунҳанӣ.
Соқӣ, ба бениёзии риндон, ки ман бидеҳ,
То бишнавӣ зи савти муғаннӣ ҳувалғанӣ.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.