Ҳофиз. Ғазалиёт 476-500

476
Дари сарои муғон рӯфта буду обзада,
Нишаста пиру салое ба шайху шоб зада.
Сабӯкашон ҳама дар бандагиш баста камар,
Вале зи тарки кулаҳ чатр бар саҳоб зада.
Шуои ҷому қадаҳ нури моҳ пӯшида,
Узори муғбачагон роҳи офтоб зада.
Арӯси бахт дар он ҳаҷла бо ҳазорон ноз
Шикаста касмаву бар барги гул гулоб зада.
Гирифта соғари ишрат фариштаи раҳмат,
Зи ҷуръа бар рухи ҳуру парӣ гулоб зада.
Зи шӯри арбадаи шоҳидони ширинкор
Шакар шикаста, суман рехта, рубоб зада.
Салом кардаму бо ман ба рӯйи хандон гуфт,
Ки; «Эй хуморкаши муфлиси шаробзада!
Кӣ ин кунад, ки ту кардӣ ба заъфи ҳиммату рой,
Зи ганҷхона шуда, хайма бар хароб зада?
Висоли давлати бедор, тарсамат, надиҳанд,
Ки хуфтаӣ ту дар оғӯши бахти хобзада.
Фалак ҷанибакаши шоҳ Нусратуддин аст,
Биё, бибин малакаш даст дар рикобзада.
Хирад, ки мулҳими ғайб аст баҳри касби шараф,
Зи боми арш садаш бӯса бар ҷаноб зада.
Биё, ба майкада, Ҳофиз, ки бар ту арза кунам,
Ҳазор саф зи дуоҳои мустаҷоб зада».
477
Дӯш рафтам ба дари майкада хоболуда,
Хирқа тар, доману саҷҷода шароболуда.
Омад афсӯскунон муғбачаи бодафурӯш,
Гуфт: «Бедор шав, эй раҳрави хоболуда!
Шустушӯе куну в-он гаҳ ба харобот хиром,
То нагардад зи ту ин дайри хароб олуда!
Ба ҳавои лаби шириндаҳанон чанд кунӣ
Ҷавҳари рӯҳ ба ёқути музоб олуда?
Ба таҳорат гузарон манзили пириву макун
Хилъати шайб чу ташрифи шабоб олуда.
Поку софӣ шаву аз чоҳи табиат бадар ой,
Ки сафое надиҳад оби туроболуда».
Гуфтам: — Эй ҷони ҷаҳон, дафтари гул айбе нест,
Ки шавад фасли баҳор аз майи ноб олуда!
Ошноёни раҳи ишқ дар ин баҳри амиқ,
Ғарқа гаштанду нагаштанд ба об олуда.
Гуфт: «Ҳофиз, луғазу нукта ба ёрон мафурӯш!»
Оҳ аз ин лутфи ба анвои итоб олуда.
478
Доманкашон ҳамешуд дар шарби заркашида,
Сад моҳрӯ зи рашкаш ҷайби қасаб дарида.
Аз тоби оташи май бар гирди оразаш хай
Чун қатраҳои шабнам бар барги гул чакида.
Лафзи фасеҳи ширин, қадди баланди чобук,
Рӯе латифи зебо, чашми хуши кашида.
Ёқути ҷонфазояш аз оби лутф зода,
Шамшоди хушхиромаш дар ноз парварида.
Он лаъли дилкашаш бин в-он хандаи дилошӯб,
В-он рафтани хушаш бин в-он гоми орамида!
Он оҳуи сияҳчашм аз доми мо бурун шуд,
Ёрон, чӣ чора созам бо ин дили рамида?
Зинҳор, то тавонӣ, аҳли назар маёзор,
Дунё вафо надорад, эй нури ҳар ду дида!
То кай кашам итебат аз чашми дилфиребат,
Рӯзе карашмае кун, эй ёри баргузида!
Бас шукр бозгӯям дар бандагии хоҷа,
Гар уфтад ба дастам он меваи расида!
Гар хотири шарифат ранҷида шуд зи Ҳофиз,
Бозо, ки тавба кардем аз гуфтаву шунида.
479
Аз хуни дил навиштам наздики ёр нома,
Иннӣ раайту даҳран мин ҳаҷрик-ал-қиёма.
Дорам ман аз фироқаш дар дида сад аломат,
Лайсат думуу айнӣ ҳозо лан-ал-алома.
Ҳарчанд к-озмудам, аз вай набуд судам,
Ман ҷарраб-ал-муҷарраб, ҳаллат биҳи-н надома.
Пурсидам аз табибе аҳволи дӯст, гуфто:
Фӣ бӯъдиҳо азобун, фӣ қурбиҳа-с-салома!
Гуфтам маломат ояд, гар гирди дӯст гардам,
Валлоҳи мо раайно хуббан било малома.
Ҳофиз чу толиб омад, ҷоме ба ҷони ширин,
Ҳатто язуқу минҳо қаъсан мин-ал-карома.
480
Эй аз фурӯғи рӯят равшан чароғи дида,
Монанди чашми мастат, чашми ҷаҳон надида,
Ҳамчун ту нозанине сар то ба по латофат,
Гетӣ нишон надода, Эзид наёфарида
Дар қасди ҷони ушшоқ абруву чашми мастат,
Гоҳ ин камин кушода, гоҳ он камон кашида.
То кай кабӯтари дил чун мурғи нимбисмил,
Бошад зи тири ҳаҷрат дар хоку хун тапида.
Дар пой хори ҳиҷрон афтода дар кашокаш
В-аз гулшани висолат ҳаргиз гуле начида.
Аз сӯзи сина ҳар дам дудам ба сар барояд,
Чун уд чанд бошам дар оташ орамида?
Гар дасти ман нагирӣ, бо хоҷа бозгӯям,
К-аз ошиқони мискин дил бурдаӣ ба дида.
481
Чароғи рӯйи туро шамъ гашт парвона,
Маро зи ҳоли ту бо ҳоли хеш парво на.
Хирад, ки қайди маҷонини ишқ мефармуд,
Ба бӯйи сунбули зулфи ту гашт девона.
Ба бӯйи зулфи ту гар ҷон ба бод рафт, чӣ бок?
Ҳазор ҷони гиромӣ фидои ҷонона!
Мани рамида зи ғайрат зи по фитодам дӯш,
Нигори хеш чу дидам ба дасти бегона.
Чӣ нақшҳо, ки барангехтему суд надошт,
Фусуни мо бари ӯ гаштааст афсона.
Бар оташи рухи зебои ӯ ба ҷойи сипанд,
Ба ғайри холи сиёҳаш кӣ дид беҳ дона?
Ба мужда ҷон ба сабо дод шамъ дар нафасе,
Зи шамъи рӯйи туаш чун расид парвона!
Маро ба даври лаби дӯст ҳаст паймоне,
Ки бар забон набарам ҷуз ҳадиси паймона.
Ҳадиси мадрасаву хонақаҳ магӯй, ки боз
Фитод дар сари Ҳофиз ҳавои майхона.
482
Саҳаргоҳон, ки махмури шабона
Гирифтам бода бо чангу чағона.
Ниҳодам ақлро раҳтӯша аз май,
Зи шаҳри ҳастияш кардам равона
Нигори майфурӯшам ишвае дод,
Ки эмин гаштам аз макри замона
Зи соқии камонабру шунидам,
Ки: «Эй тири маломатро нишона!
Набандӣ з-он миён тарфе камарвор,
Агар худро бибинӣ дар миёна!»
Бирав ин дом бар мурғи дигар неҳ,
Ки Анқоро баланд аст ошёна!
Кӣ бандад тарфи васл аз ҳусни шоҳе,
Ки бо худ ишқ бозад ҷовидона?
Надиму мутрибу соқӣ ҳама ӯст,
Хаёли обу гил дар раҳ баҳона.
Бидеҳ киштии май, то хуш биронем
Аз ин дарёи нопайдокарона.
Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз,
Ки таҳқиқаш фусун асту фасона.
483
Ид асту мавсими гул соқӣ, биёр бода,
Ҳангоми гул кӣ дида, бе май қадаҳ ниҳода?
З-ин зӯҳду порсоӣ бигрифт хотири ман,
Соқӣ, бидеҳ шаробе, то дил шавад кушода!
Сӯфӣ, ки дӣ насиҳат мекард ошиқонро,
Имрӯз дидамаш маст тақво ба бод дода.
Ин як-ду рӯзи дигар гулро ғанимате дон,
Гар ошиқӣ, тараб ҷӯ бо соқиёни сода!
Гул рафт, эй ҳарифон, ғофил чаро нишинед
Бе бонги руду чанге, бе ёру ҷоми бода?
Дар маҷлиси сабӯҳӣ, донӣ чӣ хуш намояд?
Акси узори соқӣ дар ҷоми май фитода.
Мутриб чу парда созад, шояд агар бихонад,
Аз тарзи шеъри Ҳофиз дар базми шоҳзода.
484
Аз ман ҷудо машав, ки туам нури дидаӣ,
Ороми ҷону мӯниси қалби рамидаӣ.
Аз домани ту даст надоранд ошиқон,
Пироҳани сабурии эшон даридаӣ.
Аз захми чашми даҳр мабодат газанд аз он-к,
Дар дилбарӣ ба ғояти хубӣ расидаӣ.
Манъам кунӣ зи ишқи вай, эй муфтии замон,
Маъзур дорамат, ки ту ӯро надидаӣ.
Он сарзаниш, ки кард туро дӯст, Ҳофизо,
Беш аз гилеми хеш магар по кашидаӣ?
485
Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май,
Томот то ба чанду хурофот то ба кай?
Бигзар зи кибру ноз, ки дидаст рӯзгор
Чини қабои Қайсару тарфи кулоҳи Кай.
Ҳушёр шав, ки мурғи чаман маст гашт, ҳон!
Бедор шав, ки хоби адам дар пай аст, ҳай.
Хуш нозукона мечамӣ, эй шоҳи навбаҳор,
К-ошуфтагӣ мабодат аз ошӯби боди дай!
Бар меҳри чарху шеваи ӯ эътимод нест,
Эй вой бар касе, ки шуд эмин зи макри вай!
Фардо шароби Кавсару ҳур аз барои мост
В-имрӯз низ соқии маҳрӯву ҷоми май!
Боди сабо зи аҳди сибо ёд медиҳад,
Ҷондоруе, ки ғам бибарад, дардеҳ, эй субай.
Ҳашмат мабину салтанати гул, ки биспурад
Фарроши бод ҳар варақашро ба зери пай.
Дардеҳ ба ёди Ҳотами Тай ҷоми якманӣ,
То номаи сиёҳи бахилон кунем тай!
З-он май, ки дод ҳусну латофат ба арғавон,
Берун фиганд лутфи мизоҷ аз рухаш ба хай.
Маснад ба боғ бар, ки ба хидмат чу бандагон
Истодааст сарву камар баста аст най.
Ҳофиз, ҳадиси сеҳрфиреби хушат расид
То ҳадди Мисру Чину ба атрофи Руму Рай.
486
Ба савти булбулу қумрӣ агар нанӯшӣ май,
Илоҷ кай кунамат охир-ул-даво-ал кай?
Захирае бинеҳ аз рангу бӯйи фасли баҳор,
Ки мерасанд зи пай раҳзанони баҳману дай.
Чу гул ниқоб барафганду мурғ зад ҳу-ҳу,
Манеҳ зи даст пиёла, чӣ мекунӣ ҳай-ҳай?
Шукӯҳи салтанату ҳусн кай суботе дошт,
Зи тахти Ҷам сухане мондаасту афсари Кай.
Хазинадории меросхорагон куфр аст,
Ба қавли мутрибу соқӣ, ба фатвии дафу най.
Замона ҳеҷ набахшад, ки бознастонад,
Маҷӯ зи сифла мурувват, ки шеаи лошай.
Навиштаанд бар айвони ҷаннат-ул-маъво,
Ки ҳар кӣ ишваи дунё харид, вой ба вай!
Сахо намонд, сухан тай кунам, шароб куҷост?
Бидеҳ ба шодии рӯҳу равони Ҳотами Тай.
Бахил бӯйи Худо нашнавад, биё, Ҳофиз,
Пиёла гиру карам варз, ваззамони алай.
487
Лабаш мебӯсаму дармекашам май,
Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай.
На розаш метавонам гуфт бо кас
На касро метавонам дид бо вай.
Лабаш мебӯсаду хун мехӯрад ҷом,
Рухаш мебӯсаду гул мекунад хай.
Бидеҳ ҷоми маю аз Ҷам макун ёд,
Кӣ медонад, ки Ҷам кай буду Кай кай?
Бизан дар парда чанг, эй моҳи мутриб,
Рагаш бихрош, то бихрӯшам аз вай.
Гул аз хилват ба боғ овард маснад,
Бисоти зӯҳд ҳамчун ғунча кун тай.
Чу чашмаш мастро махмур магзор,
Ба ёди лаълаш, эй соқӣ, бидеҳ май!
Наҷӯяд ҷон аз он қолиб ҷудоӣ,
Ки бошад хуни ҷомаш дар рагу пай.
Забонат даркаш, эй Ҳофиз, замоне,
Ҳадиси безабонон бишнав аз най!
488
Махмури ҷоми ишқам, соқӣ, бидеҳ шаробе,
Пур кун қадаҳ, ки бе май маҷлис надорад обе,
Васфи рухи ҷамолаш дар парда рост н-ояд,
Мутриб, бизан навое, соқӣ, бидеҳ шаробе!
Шуд ҳалқа қомати ман, то баъд аз ин рақибат
З-ин дар дигар наронад моро ба ҳеҷ бобе.
Дар интизори рӯят мову умедворӣ,
Дар ишваи висолат мову хаёлу хобе!
Махмури он ду чашмам, оё куҷост ҷоме?
Бемори он ду лаълам, охир, к-ам аз ҷавобе!
Ҳофиз, чӣ мениҳӣ дил, ту дар хаёли хубон?
Кай ташна сер гардад аз ламъаи саробе.
489
Манам аз зулфи чун занҷири ёре
Парешонтолее, девонаворе.
Ба ғайр аз ошиқиву майпарастӣ,
Зи дастам барнаёяд ҳеҷ коре.
Нагардад гирди ӯ ғам, ҳар кӣ бигрифт
Чу чашмаш гӯшаеву кунҷи ғоре.
Зи борони сиришк аз чашми пурхун
Ҳарими кӯйи ӯ шуд лолазоре.
Дар ин саҳрои ғам чун гирдбодам,
Ҳамеша беқароре, хоксоре
Дар ин гулшан надидам ҷониби гул,
К-аз ӯ дар пойи дил нашкаста хоре.
Набошад ҳеҷ ошиқ ҳамчу Ҳофиз,
Фақире, бекасе, беэътиборе.
490
Манам, ки аз ту ҳамин қонеам ба як назаре,
Туӣ, ки меравиву сӯйи мо наменигарӣ.
Зи ҳаҷру васли ту дар ҳайратам, чӣ чора кунам?
Ки дар даруни дилу ҷону ғоиб аз назарӣ,
Маро дар ин зуламот он, ки раҳнамунӣ кард,
Ниёзи нимишабӣ буду гиряи саҳарӣ.
Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом
Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми дарӣ:
Кулоҳи сарварият каҷ мабод бар сари ҳусн,
Ки зеби бахту сазовори тахту тоҷи сарӣ.
Мудом Ҳофизи дилхаста бандаи дари туст,
Чаро зи роҳи талаттуф дар ӯ наменигарӣ?
491
Эй, ки бар моҳ аз хати мушкин ниқоб андохтӣ,
Лутф кардӣ, сояе бар офтоб андохтӣ.
То чӣ хоҳад кард бар мо обу ранги оразат,
Ҳолиё найранги нақши худ бар об андохтӣ.
Гӯйи хубӣ бурдӣ аз хубони Халлух, шод бош,
Ҷоми Кайхусрав талаб, к-Афросиёб андохтӣ.
Ҳар касе бар шамъи рухсорат ба ваҷҳе ишқ бохт,
З-он миён парвонаро дар изтироб андохтӣ.
Ганҷи ишқи худ ниҳодӣ дар дили вайрони мо,
Сояи давлат бар ин кунҷи хароб андохтӣ.
Зинҳор аз оби он ораз, ки шеронро аз он
Ташналаб кардиву гурдонро дар об андохтӣ.
Хоби бедорон бибастӣ в-он гаҳ аз нақши хаёл,
Тӯҳмате бар шабравони хели хоб андохтӣ.
Парда аз рух барфигандӣ, як назар дар ҷилвагоҳ
В-аз ҳаё ҳуру париро дар ҳиҷоб андохтӣ.
Бода нӯш аз ҷоми оламбин, ки бар авранги Ҷам
Шоҳиди мақсудро аз рух ниқоб андохтӣ.
Аз фиреби наргиси махмуру лаъли майпараст,
Ҳофизи хилватнишинро дар шароб андохтӣ.
Аз барои сайди дил дар гарданам занҷири зулф,
Чун каманди хусрави моликрикоб андохтӣ.
Довари Дорошукӯҳ, эй он, ки тоҷи офтоб
Аз сари таъзим бар хоки ҷаноб андохтӣ.
Нусратуддин шоҳ Яҳё, он, ки хасми мулкро
Аз дами шамшери чун оташ дар об андохтӣ.
492
Эй дил, мабош як дам холӣ зи ишқу мастӣ,
В-он гаҳ бирав, ки растӣ аз нестиву ҳастӣ.
Гар ҷон ба тан бибинӣ, машғули кори ӯ шав,
Ҳар қиблае, ки бинӣ, беҳтар зи худпарастӣ.
Бо заъфу нотавонӣ ҳамчун насим хуш бош,
Беморӣ андар ин раҳ беҳтар зи тандурустӣ.
Дар мазҳаби тариқат хомӣ нишони куфр аст,
Оре, тариқи давлат, чолокӣ асту чустӣ.
То фазлу ақл бинӣ, бе маърифат нишинӣ,
Як нуктаат бигӯям, худро мабин, ки растӣ.
Дар остони ҷонон аз осмон бияндеш,
Қ-аз авҷи сарбаландӣ афтӣ ба хоки пастӣ.
Хор арчи ҷон бикоҳад, гул узри он бихоҳад,
Саҳл аст талхии май дар ҷанби завқи мастӣ.
Сӯфӣ, пиёла паймо, Ҳофиз, қароба парҳез,
Эй кӯтаҳостинон, то кай дароздастӣ?
493
Эй зи шарми оразат гул карда хай,
Пурарақ пеши ақиқат ҷоми май.
Жола бар лоласт ё бар гул гулоб,
Ё бар оташ об ё бар рӯт хай?
Мешуд аз чашм он камонабруву дил,
Аз паяш мерафту гум мекард пай.
Имшаб аз зулфаш нахоҳам дошт даст,
Рав, муаззин, бонг мезан, гӯ, ки ҳай!
Чангро бар дасти мутриб неҳ даме,
Гӯ, рагаш бихрошу бихрӯшаш зи пай!
Уд бар оташ неҳу манқал бисӯз,
Ғам мадор аз шиддати сармои дай.
Бо ту з-ин пас гар фалак хорӣ кунад,
Боз гӯ дар ҳазрати дорои Рай.
Хусрави офоқбахшиш, к-аз сахо
Номаи Ҳотам зи номаш гашт тай.
Он, ки баҳри ҷуръае ҷон медиҳад,
Ҷома з-ӯ бистону ҷоме деҳ ба вай.
Дар бани Омир басе Маҷнун шаванд,
Гар бурун ояд дигар Лайлӣ зи ҳай.
Най даме лаб бар лаби мутриб ниҳод,
Чангро дар зери нохун кард най.
Ҷоми май пеш ору чун Ҳофиз махӯр
Ғам, ки Ҷам кай буд ё Ковус кай?
494
Бо муддаӣ магӯед асрори ишқу мастӣ,
То бехабар бимирад, дар дарди худпарастӣ.
Ошиқ шав, ар на рӯзе, кори ҷаҳон сарояд,
Нохонда нақши мақсуд аз коргоҳи ҳастӣ.
Дӯш он санам чӣ хуш гуфт дар маҷлиси муғонам:
«Бо кофирон чӣ корат, гар бут намепарастӣ?»
Султони ман, Худоро, зулфат шикаст моро,
То кай кунад сиёҳе чандин дароздастӣ?
Дар гӯшаи саломат мастур чун тавон буд,
То наргиси ту бо мо гӯяд рамузи мастӣ?
Он рӯз дида будам, ин фитнаҳо, ки бархост,
К-аз саркашӣ замоне бо мо наменишастӣ.
Ишқат ба дасти тӯфон хоҳад супурд, Ҳофиз,
Чун барқ аз ин кашокаш пиндоштӣ, ки ҷастӣ?
495
Он ғолияхат гар сӯйи мо нома навиштӣ,
Гардун варақи ҳастии мо дарнанавиштӣ.
Ҳарчанд, ки ҳиҷрон самари васл бар орад,
Деҳқони ҷаҳон кош ки ин тухм накиштӣ!
Омурзиши нақд аст касеро, ки дар ин ҷо
Ёрест чу ҳуреву сарое чу биҳиште.
Дар мастабаи ишқ танаъум натавон кард,
Чун болиши зар нест, бисозем ба хиште.
Мафрӯш ба боғи Ираму нахвати Шаддод,
Як шиша маю нӯшлабеву лаби киште!
То кай ғами дунёи данӣ, эй дили доно
Ҳайф аст зи хубе, ки шавад ошиқи зиште!
Олудагии хирқа харобии ҷаҳон аст,
Ку роҳраве, аҳли диле, поксириште?
Аз даст чаро ҳишт сари зулфи ту Ҳофиз,
Тақдир чунин буд, чӣ кардӣ, ки наҳиштӣ?
496
Эй қиссаи биҳишт зи кӯят ҳикояте,
Шарҳи ҷамоли ҳур зи рӯят ривояте.
Анфоси Исӣ аз лаби лаълат латифае,
Оби Хизир зи нӯши лабонат кинояте.
Ҳар пора аз дили ману аз ғусса қиссае,
Ҳар сатре аз хисоли ту в-аз раҳмат ояте.
Кай атрсойи маҷлиси рӯҳониён шудӣ,
Гулро агар на бӯйи ту кардӣ риояте?
Дар орзуи хоки дари ёр сӯхтем,
Ёд овар, эй сабо, ки накардӣ ҳимояте!
Эй дил, ба ҳарза донишу умрат ба бод рафт,
Сад моя доштиву накардӣ кифояте.
Бӯйи дили кабоби ман офоқро гирифт,
Ин оташи дарун бикунад ҳам сирояте.
Дар оташ ар хаёли рухаш даст медиҳад,
Соқӣ, биё, ки нест зи дӯзах шикояте.
Донӣ муроди Ҳофиз аз ин дарду ғусса чист?
Аз ту карашмаеву зи Хусрав инояте!
497
Эй, ки бо силсилаи зулфи дароз омадаӣ,
Фурсатат бод, ки девонанавоз омадаӣ!
Соате ноз мафармову бигардон одат,
Чун ба пурсидани арбоби ниёз омадаӣ.
Пеши болои ту мирам чи ба сулҳу чи ба ҷанг,
Чун ба ҳар ҳол барозандаи ноз омадаӣ.
Обу оташ ба ҳам омехтаӣ аз лаби лаъл,
Чашми бад дур, ки бас шӯъбадабоз омадаӣ.
Офарин бар дили нарми ту, ки аз баҳри савоб,
Куштаи ғамзаи худро ба намоз омадаӣ.
Зӯҳди ман бо ту чӣ санҷад, ки ба яғмои дилам
Масту ошуфта ба хилватгаҳи роз омадаӣ.
Гуфт: «Ҳофиз, дигарат хирқа шароболуд аст,
Магар аз мазҳаби ин тоифа бозомадаӣ?»
498
Сабат Салмо бисуд ғайҳо фуодӣ,
Ва рӯҳӣ кулла явмин лӣ юнодӣ.
Нигоро, бар мани бедил бибахшой,
Ва восилнӣ ало рағм-ил-аодӣ.
Ҳабибо дар ғами савдои ишқат,
Таваккално ало раббил-ибодӣ.
А ман анкартанӣ ан ишқи Салмо,
Ту з-аввал он рухи неҳкӯ биводӣ,
Ки ҳамчун мут бибутан дил ва эй раҳ,
Ғариқ-ул-ишқи фӣ баҳр-ил-видодӣ.
Бипай мочон ғаромат биспариман,
Ғарат як вай раваштӣ аз амодӣ.
Ғами ин дил бивотат хӯрд ночор,
Вағар на ӯ бинӣ он чат нашодӣ,
Дили Ҳофиз шуд андар чини зулфат,
Би лайлин музлимин валлоҳу ҳодӣ.
499
Дидам ба хоб дӯш, ки моҳе баромадӣ,
К-аз акси рӯйи ӯ шаби ҳиҷрон саромадӣ.
Таъбир рафт ёри сафаркарда мерасад,
Эй кош, ҳарчи зудтар аз дар даромадӣ.
Зикраш ба хайр, соқии фархундафоли ман,
К-аз дар мудом бо қадаҳу соғар омадӣ.
Хуш будӣ, ар ба хоб бидидӣ диёри хеш,
То ёди сӯҳбаташ сӯйи мо раҳбар омадӣ.
Файзи азал ба зӯру зар ар омадӣ ба даст,
Оби Хизир насибаи Искандар омадӣ.
Он аҳд ёд бод, ки аз бому дар маро,
Ҳар дам паёми ёру хати дилбар омадӣ.
Кай ёфтӣ рақиби ту чандин маҷоли зулм,
Мазлуме ар шабе ба дари довар омадӣ.
Хомони раҳнарафта чӣ донанд завқи ишқ?
Дарёдилӣ биҷӯй, далерӣ саромадӣ,
Он, к-ӯ туро ба сангдилӣ кард раҳнамун,
Эй кошки, ки пош ба санге баромадӣ.
Гар дигаре ба шеваи Ҳофиз задӣ рақам,
Мақбули табъи шоҳи ҳунарпарвар омадӣ.
500
Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ,
Ҷавоб омад, ки восиқ шав ба алтофи худовандӣ,
Дуои субҳу оҳи шаб калиди ганҷи мақсуд аст,
Бад-ин роҳу равиш мерав, ки бо дилдор пайвандӣ.
Қаламро он забон набвад, ки сирри ишқ гӯяд боз,
Варои ҳадди тақрир аст шарҳи орзумандӣ.
Ало, эй Юсуфи Мисрӣ, ки кардат салтанат мағрур,
Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?
Ҷаҳони пири раъноро тараҳҳум дар ҷибиллат нест.
Зи меҳри ӯ чӣ мепурсӣ, дар ӯ ҳиммат чӣ мебандӣ?
Ҳумое чун ту олиқадр, ҳирси устухон то кай?
Дареғ он сояи ҳиммат, ки бар ноаҳл афгандӣ!
Дар ин бозор агар судест бо дарвеш, хурсанд аст,
Худоё, мунъимам гардон ба дарвешиву хурсандӣ!
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд,
Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.