Лоиқ Шералӣ. Модарнома

Абдуҳамид Тағоев / Сен.15.2013. / Гузориш нест

    Зани кӯҳистон, модари тоҷик. Барояш ҳазор модарнома нависанд, кам аст. Чӣ вуҷуди ҷафокашу дили пурмеҳр, ки сахтиҳои кӯҳистон ормонҳои зебояшро набурдаанд. Ҷонсупори хонавода, ҷонсупори фарзандони раҳдур… Аз ӯ танҳо ёдҳо мемонанд, ёдҳо…
   Хонандаи бисёр дардошнои ман! Бароят «Модарнома»-и Устод Лоиқро  дар намуди пурра пешкаш мекунам.
Сарчашма:
Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. Ашъор. Мураттибон: Баҳриддини Алавӣ ва Ромиши Лоиқзода. – Душанбе:  Адиб, 2008. – 564 саҳ.

modarnoma

НАСИҲАТИ МОДАР

Модарам мегуфт доим вақти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост!
Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
Нонро доим ба дасти рост гир,
Пӯш аввал остини ростро,
Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».
Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:
Фарқ байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.
Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.
1960

БА МОДАРАМ

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо,модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пойи худ…
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯйӣ,
Аё модар, аё модар!
Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯйи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯйӣ часпида
Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!
Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон ғунҷад даруни синаи кӯчак…
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро биғунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!
Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!
Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахӯрдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.
Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯйӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамойӣ кун,
Аё модар, аё модар!
Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!
Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯйи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!
Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
6.12.1964

НОНУ НАСИБ

Куҷо рафтанд, эй модар,
Куҷо рафтанд кафтарҳои навболу парат, модар,
Куҷо рафтанд фарзандони навдилдодаат, модар?
Бисоти тӯй меандӯхтӣ,
Баҳри арӯсонат
Садаф меҷустию гарди хазина, шаддаи марҷон.
Чӣ шуд?
Бемодарии зумраи манҳус боис шуд,
Ки рафт аз дасти ту ногаҳ асои пирият, ҷонат.
Ба китфи ҳар яке ту орд пошидӣ, гуселондӣ,
Дуо кардӣ, ки мисли орд бошад роҳашон испед.
Ба ёдат ҳаст, аз нони тамоме порае додӣ
Ба онон, то ки ними дигараш бо ҷазбаи худ бозгардонад
Ба наздат рафтагонатро,
Кушоӣ боз хони ид.
Куҷо рафтанд, эй модар,
Куҷо рафтанд он шаҳбозҳои дурпарвозат,
Калиду қуфли тиллоят, дари бозат,
Сад оғози як оғозат?
Ба ёдат ҳаст он нони насиби рафтагонатро
Ба рӯзи бенавоиҳо ба ман додӣ,
Ки чун заҳри ҳалоҳил буд дар комам…
Ва омад навбати ман ҳам…
Маро ҳам дар раҳи хидмат гуселондӣ.
Марезон ашк, эй модар,
Ҷаҳон дар бистари чун парниён нарме
Нафас осуда мегирад.
Пайи ин сон ҳаёти пурнишоте ҳар каси дилсӯз
Агар мирад, намемирад.
Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними нон додӣ,
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хӯрд.
Машав маъюс, эй модар,
Кунун нону насибамро каси дигар нахоҳад бурд.
Чу дар он орзуи синаҳои доғ-доғи модарон дарҷ аст,
Чу дар он меҳру ёди ҷумлаи қурбониён дарҷ аст.
Чу дар он хуни поки қаҳрамонон,
Номҳои тобноки ҷовидон дарҷ аст!
1965

ҚАРЗ

Ҷавониро ба ту ман қарз хоҳам дод,
Ба уммеде, ки баргардонӣ бозаш,
Ба рӯзи бекасиҳо дар ғуруби зору танҳоӣ.
Ба рӯзи шодмонӣ ҷом деҳ онро,
Ба рӯзи талхкомӣ бесухан, бедаст бинвозаш.
Ба поям чанги роҳе не,
Зи рӯйи барфи навборида пешат омадам аз дур,
Зи рӯйи сабзаи навруста пешат омадам аз дур,
Раҳораҳ худ ба худ афсонаи номи туро хонда,
Нахустин нақши пои хешро бо номи ту монда,
Зи байни кӯҳҳое, ки сукути ҷовидон доранд,
Зи мавҷи рӯдҳое, ки бас асрори ниҳон доранд,
Ба пешат омадам аз дур.
Зи дарё омадам, аммо вуҷудам ташнаю тафта,
Бидеҳ як косаи обам,
Ки ман чун раҳгузар як лаҳзае истода, хоҳам рафт,
Ба ту аз кӯҳҳо, аз рӯдҳо асрор хоҳам гуфт,
Китоби кӯҳҳо бо ман, суруди рӯдҳо бо ман.
Ба ту аз баччагиям, бекасиям, хорузориям,
Зи ашки модарам,
Аз он ба дарҳо рафта нон пурсиданаш,
Аз он калиди баста андар нӯги мӯҳояш,
Зи чарху дук,
Зи тӯри чашмбанд,
Аз тӯдаи хокистари гармаш,
Ки авлотар зи сад зартӯдаю ганҷи падар гӯянд,
Зи пои лухту урёни кафида, чарм гардида,
Зи дастони дурушташ, дар навозиш нозуку нармаш,
Зи кӯҳистон,
Зи тарма,
Аз танини найкашии боди саргардон,
Сухан бисёр хоҳам гуфт.
Бимон, то дар булӯри чашми ман монад нишони ту,
Ва онро чун раҳоварде барам,
Бикшода, чашмамро нишон бидҳам,
Ки то донанд як вақте ҷавони ошиқе будам…
Лабонат хандаомӯзанд,
Аз шодӣ нишон доранд,
Шукуфтанҳои рухсорат баҳори бехазон доранд.
Ҷилои зарҳалии мӯйҳоятро
Бимон бар ёди худ гирам,
Бимон аз он ба рӯйи ман расад акси шафақ як дам!
Ба роҳ!..
Эй ҷилваҳои якдамӣ бо ман напардозед,
Ки ман аз хеш баҳри хеш тобути тило дорам!
Ту ҳам, эй хайрхоҳи ман,
Бихон аз ҳар нигоҳи ман диламро,
Дили бозе чу дастархони марди бенаво дорам!
Дар ӯ як достоне ҳаст, гиру хону ёдаш кун,
Дар ӯ чизи гароне нест, аммо ёдгори туст!
18.3.1965

ФАРЗАНДОН

Ту ҳайрон мешавӣ, модар,
Ки ман, фарзанди ту ҳар сол як бор
Дурӯза меҳмонӣ мебиёям.
Пас аз сайру сафар аз шаҳрҳои номию зебо,
Харида баҳри ту савғо,
Ба пешат ҷомадонро мекушоям.
Ту ҳайрон мешавӣ, аммо дар ин дунё,
Ба ҳар кас қисматею навбате ҳаст.
Ту дар як гӯшаи хомӯши кӯҳистон,
Ки ғайри тундари фасли баҳорон
Намесозад хамӯшии варо дигар садо вайрон,
Фақат бо пирзанҳамсоя ҳасрат мекунию бас.
Вале ман одами роҳам,
Ба дӯш анбон чу аскарбаччае омодаи роҳам –
Дар ӯ хоки Ватан, савганди покию вафодорӣ,
Дар ӯ нону насиби баркашида, гарду чанги раҳ,
Дар ӯ роҳи дарозе, ки барад то манзили ёре.
Дар ӯ ҳам сангару ҳам хирмани пахта,
Дар ӯ ҳам эҳтимоли мурдану ҳам ҳайкали ҷовид.
Дар ӯ ҳам зиндагии кӯчии аскар,
Дар ӯ ҳам қаҳрамонии ниҳон андар дилу уммед.
Дар ӯ ҳам шири ту, мӯйи сафеди ту, сиришки ту,
Ки ҳар фарзанд бо он сӯйи фардо пой мемонад.
Дар ӯ ҳам сурати ёре, ки чашмаш роҳ мебинад,
Хатамро чун суруди тӯй ҳарфоҳарф медонад.
Дар ӯ бонги қатору дастафшонии модарҳо,
Дар ӯ парвозгоҳи мурғи симинболи кайҳонгард,
Дар ӯ ҳам кӯзаи Хайём,
Ҳам турке, ки Ҳофиз бӯсаҳо мекард.
Бале, ман одами роҳам,
Ба дастам ҷузвдон, дар он
Кашида тарҳи шаҳре, к-одамони пир бишморанд
Маҳалли сохтмонашро батар аз барзаху дӯзах.
Дар ӯ ҳам тарҳи қасру хонаю кошонаҳо бинӣ,
Ки соҳибҳояшон дар батни модар зиндагӣ доранд.
… Зимистон. Барф то зону,
Зи чашма кӯза бар сар об меорӣ,
Зи рӯйи барфи лағжон хастаю нотоб меорӣ.
Ба зери дегдон оташ ниҳода,
Ту дар ҳар шӯълаи рақсони он чун фолбинон
Маро бинӣ, маро андар ҳузури хеш пиндорӣ.
Баройӣ рӯйи бому пок созӣ барфҳояшро,
Ба ёд орӣ ҷавонию бинои бебақояшро,
Ҷудо гаштам ман аз он кӯҳҳо чун маъдани хоме,
К-аз он созанд ханҷар, ҳам сипар, ҳам гӯшвори зар.
Маро акнун ҳавои дигаре кардаст дунёгард.
Дигар ман дар фарози қуллаҳои зодгоҳи худ
Сабукболона рӯйи сабзаҳо беғам наметозам.
Дигар ман дар қатори баччаҳои ҳамдиёри худ
Гули кӯҳӣ намечинам, дигар чиллик*намебозам.
________________________________________________
* Чилликбозӣ – аз бозиҳои кӯдакони кӯҳистон.
Ман аз он олами зебо бурун афтодаму рафтам.
Ман акнун одами роҳам,
Ҷаҳон хӯрдан нахоҳам ман,
Ҷаҳон дидан бихоҳам ман,
Ки то хонам ба гӯши мардумони хушгили дунё
Сурудеро, ки мехондӣ сари гаҳвораам шабҳо.
Адои ҳаққи шири туст ҳар як лаҳзаи умрам,
Аз он саргаштаам, модар,
Аз он дар ҷомадон шуд хонумонам,
Ки дар ҳар гӯшаи дунё туро ҳамду сано хонам,
Ҷавонии туро кобам,
Бузургии туро ёбам!
11.1.1966

МОДАР

Бӯйи ҷону бӯйи нону бӯйи пистон,
Бӯйи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯйи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.
Пир гаштӣ, шӯълаи ҳуснат парид,
Офтоби зиндагият бар сари кӯҳе расид.
Панҷаҳои нарму печони ту ногиро шуданд,
Чашмҳои барқафшони ту нобино шуданд.
Мӯйҳоят ранги хокистар шуданд,
Пойҳоят аз сафар шалпар шуданд,
На,
Макун бо зиндагонӣ хайрбод,
Оҳ модар!
Оҳ модар!
Гул буду гулдастабандӣ айб буд
Дар замони навҷавониҳои ту.
Лек акнун зиндагӣ ранге гирифт
Аз талошу ҷонфишониҳои ту.
Кӯдакони хору зорат чун кабӯтарҳои ром
Аз сари дастат ба дуриҳо париданд.
Ҳар куҷое, ки ту дар дунё надидӣ,
Рафта бо чашми ту диданд.
Омаданд онҳо туро пазмон шуда,
Боз бар он лонаи эъҷозкор.
Мебаройӣ пешвоз аз кулбаат,
Рехта аз шодӣ ашки шашқатор.
Баъди роҳи дур чун хобанд шабҳо,
Менишинӣ бар сари болинашон.
То бубинӣ дар ҷабину дар сару рӯҳояшон
Аз сафар, аз роҳҳо ному нишон.
Ногаҳон бинӣ ту як мӯйи сафед,
Бар сари фарзанд тобад ними шаб.
Оҳ гӯйӣ дар дили шаб бо алам,
«Ин қадар новақт?» – гӯйӣ зери лаб.
Зиндагӣ, модар, ҳамин аст…
Мисли ту мо ҳам пурармон мешавем,
Мисли ту мо ҳам ба пирӣ мерасем,
Чун расад навбат, зи дунё меравем.
Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд, модар,
Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд дар дунёи зебо,
Ту фақат бо ёди фарзандони раҳдур
Мешуморӣ бо ғаму талвоса рӯзу моҳҳоро.
Аз миёни шӯру ғавғои ҷаҳони баччагӣ
Аллагӯйиҳои ту ояд ба гӯши ман ҳанӯз,
Лек акнун он садо талқин намесозад ба хоб,
Балки аз хоби гарон даъват намояд сӯйи рӯз…
Бо васият, бо дуою орзуҳои муқаддас
Боз ҳам омӯзгорӣ кун маро.
Ҳар кӣ раҳ гардад ба рӯйи хок, пояш гард дорад,
Боз ҳам омурзгорӣ кун маро!
1.5.1966

* * *

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандони ту
Барои ҳамдигар тақдим карданд,
Вале як рӯз донистанд –
Замин қисмат нахоҳад шуд.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ
Мисли дили ту,
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар!
Ту монанди замин яктоӣ, модар!
10.5.1966

ДОМОНИ МОДАР

Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан,
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту.
То намонад дасту пойи баста дар гаҳвора танҳо,
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту.
Боз медорад зи домони ту, модар,
Гарчи акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо.
Гарчи натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш,
Гарчи натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро.
Боз медорад зи домони ту, модар,
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту.
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт,
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту.
Боз медорад зи домони ту, модар,
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар…
20.6.1966

ДАР САРИ ГӮР

Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам,
Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам.
Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал ба даст
Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам.
Ном мемондӣ ба ният бар ҳама навзодҳо,
Рахт меоростӣ дар тӯйи навдомодҳо.
Тоҷи тиллои арӯсонро ту мебастӣ мудом,
Атр меомехтӣ бар накҳати гулбодҳо.
Дар раҳи фарзандҳо обу адо гаштӣ ба меҳр,
Дар ҷидоли модарӣ бо ҷон фидо гаштӣ ба меҳр.
Ту сиришти меҳру ишқу зиндагӣ будию боз
Оқибат аз зиндагонӣ ҳам ҷудо гаштӣ ба меҳр.
Бе гулу гулдаста мактабхона мебурдӣ маро,
Дошта аз дасти ман, шодона мебурдӣ маро.
Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин
Бар ҷаҳони қиссаю афсона мебурдӣ маро.
Хотирам дарди дили пиронаи ту мебарад,
Як ҷаҳони қиссаю афсонаи ту мебарад.
Ту дигар бар хонаи ман худ намеойӣ, вале
Бандагӣ охир маро бар хонаи ту мебарад.
Атласи рангинкамон пироҳанат ёд оварад,
Тундар аз фарёдату аз шеванат ёд оварад.
Занги мактаб ҳар саҳар чун занги субҳи баччагӣ
Аз маро то пеши мактаб бурданат ёд оварад.
Бориши борон зи ашки дидаат ёд оварад,
Баргрезон аз гули ночидаат ёд оварад.
Офтоби кӯри зери абр дар фасли баҳор
Як-як аз рӯзи хуши нодидаат ёд оварад.
Модарам, имрӯз бо Модар-замин якто шудӣ,
Бо замин, бо чархи гардон ҳамраҳу ҳампо шудӣ.
Бӯйи ашку бӯйи доғи сина дорад мадфанат,
Гарчи худ бо ашку доғи сина нопайдо шудӣ.
Дидагони хирабину ашкборат – зиндагист.
Раъшаи дастони хушку бемадорат – зиндагист.
Омадӣ танҳою танҳо рафтӣ аз дунё, вале
Тору пуди бошу буду ёдгорат – зиндагист!
Зиндагии шоирона аз ту мероси ман аст,
Ин замину ин замона аз ту мероси ман аст.
Дар деҳи танге агарчи халқ кардӣ ту маро,
Ин ҷаҳони бекарона аз ту мероси ман аст.
Гарчи аз он ҳавлии деворбаста рафтаӣ,
Дар дилу дар дидаю дар хотири ман зиндаӣ.
Дигар аз дарбачча сар берун наёзӣ сӯйи ман,
Лек дар даргоҳи ҷони шокири ман зиндаӣ.
Зиндаӣ, эй модари ошуфтаҷонам, зиндаӣ,
Дар равонам, дар ғазалҳои равонам зиндаӣ.
То мани аз шири покат покбозу покҷон
Зинда дар байни замину осмонам, зиндаӣ.
Кист розӣ буд аз дунёву меҳнатҳои он,
То ту розӣ хуспӣ андар синаи сарди замин?
Мехӯрад гарчи заминат, мехӯрад беэътибор,
Ҳамчу модар мекашӣ андар замин дарди замин.
Дастҳои ту бурун аз хок сӯйи офтоб,
Чашмҳоят боз бо ҳасрат ба рӯйи офтоб.
Шишаро бар чашмҳои обрав бигзошта,
Мебаройӣ гӯйиё бар ҷустуҷӯйи офтоб.
Мебаройӣ пешвозам синакӯбон, модарам,
Бесиришку бесадо гирёну хандон, модарам.
Мебаройӣ бар гуселам то сари роҳи калон,
Аз қафо бо сад хаёле дастафшон, модарам.
Модари хушбахту бадбахтам, замин ёри ту бод!
Гирдгардон рӯҳбони покрафтори ту бод!
Пайраҳе, ки бар мазори хоксорат мебарад,
Пойгоҳи зодагони номбардори ту бод!
7.5.1967

* * *

Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Маро дар гоҳвора баста буданд.
Сари гаҳвораам биншаста ёрон,
Бароям номи лоиқ ҷуста буданд.
Ду дасту пойи ман муҳкам бубастанд,
Ки донам қадри дасту пойи озод.
Дилам мисли асир озодӣ ҷӯяд,
Биҷӯяд дар ҷаҳон паҳнои обод.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки аз баҳри халосӣ ёбам имкон,
Ки то дар ҷунбиши гаҳвораи хеш
Барои худ шавам тақдирҷунбон.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки қадри хонаободӣ бидонам.
Кушоям худ гиреҳ аз мушкили худ,
Зи хурдӣ қадри озодӣ бидонам.
1970

МУНОҶОТ БА МОДАР

Мӯйҳо даққиву рӯмоли сиёҳ,
Ғабғаби пурчину абруи дуранг,
Эй дареғ, ангуштҳо чангак шуда,
Зиндагӣ аммо раҳо гашта зи чанг…
Об меояд зи чашми обрав –
Обҳое, ки гузашта аз сарат.
Раъшаи дасту сару абрую лаб –
Ларзаҳое, ки гузашт аз пайкарат.
Боли абруят шикаста, модарам,
Гӯйӣ аз парвозҳо зер омада.
Пеши дар истодаӣ ҳайрону лол,
Оҳ мегӯӣ, ки рӯзат пур шуда…
Рӯзу шаб варзидӣ фарзандони худ,
То ҳама бошанд ҷонбози Ватан.
Хурдӣ якумре ғами рӯйи замин,
Мехӯрӣ акнун ғами гӯру кафан…
Ин мабодо, ки бибандӣ рахти умр,
Шаҳсутуни рӯзгорам, модарам.
Ин мабодо, ки гузориям сағир,
Раҳнамуни рӯзгорам, модарам.
Модари пирам, худо умрат диҳад,
Зинда бошӣ бар сари шӯридаам.
Пеши ту то ҳол баски кӯдакам –
Кӯдаки нодону новарзидаам.
Пеши ту он кӯдаки деринаам,
Кӯдаки гарданшаху гапнодаро,
Кӯдаке, ки мезадӣ бо химчааш,
То надуздад сабча аз полезҳо…
Модари пирам, худо умрат диҳад!
Ин мабодо, ки бимирӣ ногаҳон,
Бо ту мирад давлату дунёи ман,
Баъди ту дигар набошам ман ҷавон…
Модари ҷонам! Ба пирӣ тан мадеҳ,
Пеши пирӣ аз ҷавонӣ ёд кун.
Ҳар нафас бо ёди тифли шоират
Хотири ошуфтаатро шод кун.
Чашми сар гарчи набинад дурро,
Чашми дил пур аз зиёи зиндагист.
Гӯши ту гар нашнавад овозҳо,
Гӯши дил пур аз садои зиндагист.
Зинда бошӣ, зиндагии ман хуш аст,
Бо ту ман бошам музаффар, модарам!
Гар бибандӣ рахт… (он соат мабод!)
Бо ту мемирам баробар, модарам!
1.12.1973

* * *

То ту будӣ, модарам,
Хона пур буд.
Сад ҷаҳон аз ҳикмати пирона пур буд.
То ту будӣ, модарам,
Мурғи диламро
Ошёни меҳр з-обу дона пур буд.
То ту будӣ,
Ман ҷавони комрон будам.
Бениёз аз буду нобуди ҷаҳон будам.
То ту будӣ, дӯстон ғамхор буданд,
Зиндагӣ осону раҳҳояш ҳама ҳамвор буданд.
Дасти ту то бар сарам буд,
Будам эмин аз қазои осмонӣ.
Ҷойи дасти ту кунун, эй модарам,
Осмон афтода гӯйӣ бар сарам.
Эй шигифто!
Ин тазоди зиндагонист –
Ту маро зодӣ,
Туро ман гӯр кардам.
Ту маро пайванд кардӣ бо ҷаҳони обу гил,
Ман туро бар хоки бепарво супурдам…
Алвидоъ, эй модари ҷонам, ба шират розӣ шав!
Зиндагии ман агарчи аз каму ғам эмин аст,
Баъди ту мебинам онро бешукӯҳу бефурӯғ,
Гӯйиё
Марги ту оғози пирии ман аст…
20.2.1974

ҶАВҲАРИ ҲАСТӢ

Аз сари пистони ту сар мешавад шӯри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле,
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Ҷунбиши гаҳвора ёд аз чархи даввор оварад,
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил басомон аст аз сомони ту.
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст.
Рӯйи нуронии ту аз рӯйи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷойи ту холӣ намонад дар ҷаҳон…
1976

ДАР ШАБИ БОРОН

Ин шаби туршрӯйи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.
Дар чунин кулбаи фақирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
Монда дар кунҷи хонае танҳост.
Шояд ӯ бо умеди афви гуноҳ
Рамазон асту рӯза медорад?
Вақти ифтор чак-чаки шибдор*
—————————————————————-
*Шибдор – шифт-дор, яъне чӯби шифти хона, саҳеҳтараш шифти хона, сақфи хона.
Ҳеҷ бар гӯши ӯ намефорад?
Ё ки дар ҷонамози фарсуда
Зикри Аллоҳ мекунад дар дил?
Ё зи Парвардигор мехоҳад,
Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?…
Буд вақте ки модари пирам
Тозарӯ буд, милаи тар дошт.
Милааш дошт бӯйи ҷурғотӣ,
Ҳайдарии хазинаи зар дошт.
Остини фарох то оринҷ
Барзада бо ҳазору як тадбир,
Гӯйиё ҳаққи кӯдаконашро
Меситонд аз қаламкаши тақдир.
Субҳгоҳон чу гов медӯшид
Пушти ӯро ба меҳр молида,
Дохили ширдӯша меафтод,
Милаҳояш зи шона лағжида.
Ҳар гаҳе дар танӯри бозудор
Кулчаҳои башир мечаспонд,
Сари мижгону абрувонашро
Лахчаҳои танӯр месӯзонд.
Ширбӯ дастҳои ӯ шабҳо
Ба сарам нарм-нарм мелағжид.
Бесухан пилкҳои чашми маро
Ба сари панҷаҳош мемолид.
Чи қадар дар дилам таманно буд,
Лек аз содагӣ намегуфтам.
Ҳамчунон дасти ӯ ба рӯи дилам
Вассаҳоро шумурда мехуфтам.
Боз дар ин шабони боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Чак-чаки шифт… шиддати борон…
Дар дилам оламе ба дод омад.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Ҷойи ту дар биҳишт таъин аст,
Лек ҳоло, ки мечакад бомат,
Ман надонам, чӣ рӯзи сангин аст.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Нестӣ ту аз он пушаймонҳо.
Тирборон накушт агар моро,
Нест боке зи барфу боронҳо!
Модарам! Модари биҳиштиям!
Зиндагӣ гаҳ ба хеш мегиряд.
Бар замин осмони бепоя
Гаҳ ба ҳоли пареш мегиряд.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Осмон боиси чӣ гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..
1978

ҶОМАИ ГАДОӢ

Чу ман бар арсаи ҳастӣ қадам мондам,
Ту бо уммеди бисёре
Дари ҳар хонае рафтӣ.
Гадоӣ кардӣ аз ҳар хонае як пора газворе –
Нахуст аз модарони серфарзанде,
Сипас аз пири ботадбиру солоре.
Нахуст аз тоқивори* мурдаи бодавлату бонанг,
—————————————————————————-
*Тоқивор – тоҷикии «иртиш».
Сипас аз махзани бори арӯси бахтбедоре.
Ба рӯйи марзае в-онгаҳ
Миёни пирзанҳои худоҷӯе,
Малофа бар малофа
Пораҳои чанд алвонро
Ба ният дӯхтӣ бо ҳам.
Тамоми халқ гӯйӣ бар қади ман ҷома пӯшонид.
Тамоми халқ гӯйӣ қисматам бахшид.
Ту гӯйӣ, ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гӯйӣ, пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.
Ман аз он рӯз, эй модар,
Ман аз он рӯз то имрӯзу то ҳастам
Зи мардум қарздорастам.
Ман аз он ҷомаи садпораву садранг
Тамоми рангҳои зиндагиро хуб санҷидам,
Ва андар хидмати мардум камар бастам.
Кунун ман ҳам ба сони ту
Ба ҳар як хона рӯй орам
Барои порае тақдир,
Барои порае тадбир.
Барои порае аз саргузашти халқ,
Барои порае аз сарнавишти халқ,
Ки бо ашъори девонам
Тамоми қарзҳоро пора-пора бозгардонам.
Ба ҷои пораи талбидаат ҳар бор
Орам порае ашъор,
Ки дар ҳар пораи ашъор
Бошад порае иқбол…
1979

* * *

Дар қиёси гӯри мардон пештар
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
Гӯйӣ ӯ дорад гуноҳони азим –
Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд.
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад.
То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае –
Боиси маъсияти покон шавад.
Бехабар аз он ки зан модар бувад,
Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.
Бар чунон одатшиносони дурушт
Ӯ насиби зиндагонӣ додааст.
Бехабар аз он, ки модар холиқ аст,
Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо.
Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ
Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо…
Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон
Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст.
Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад,
К-он чунон ноқадрдонон зодааст…
1979

ЧОРДАРД

Яке дарди бимонӣ зинда ё на,
Яке дарди чӣ пеш ояд сари зо.
Яке дарди чӣ хоҳад буд имрӯз,
Яке дарди чӣ хоҳад буд фардо;
Яке дарди кӣ меорӣ ба дунё,
Варо рӯзӣ чию қисмат чӣ ранг аст;
Яке дарди чӣ ояд пеши роҳаш,
Ки одам моҳию дунё наҳанг аст.
Барои кӯдакат ҳам дому ҳам ком
Бубинӣ чор девори азалро.
Миёни чор самти курраи арз
Бубинӣ ҳам амалро, ҳам аҷалро.
Пас аз зодан ба банди синаи гарм
Бияфшорӣ, бимолӣ рӯй бар рӯ.
Миёни чордевори пур аз меҳр
Ба ҳар дардаш биҷӯйӣ чордору.
Бисозӣ чор афзораш муҳайё
Ба ҳукми чор фасли зиндагонӣ,
Ки андар чорроҳи ҷустуҷӯҳо
Намонад нобалад ё бенишоне.
Намедонӣ, ки дар он чорроҳа
Кадомин роҳ ӯро ихтиёр аст.
Ба ҳар роҳе, ки бошад омадушуд,
Тамоми умр чашмони ту чор аст.
Умедат ин бувад аз фоли қисмат,
Ки фарзандат дилозоре набошад.
Чӣ коре ҳам кунад, бошад саломат,
Валекин чорбозорӣ набошад.
Аё модар, бимирам дар нафасҳот,
Ки дунё бо дуоҳои ту боқист.
Намирад ҳеҷ гаҳ дунё зи офат,
Дар ин дунё чу дунёи ту боқист!
Аё модар, бимирам дар қадамҳот,
Ки бар ҳар бори ту сарбор дард аст.
На танҳо чордардат вақти зодан,
Тамоми зиндагият чордард аст!
Ба он як дил, ба он як ҷону як тан
Кашӣ ҳар лаҳза, ғампарварди олам,
На танҳо чордард, аз он гаронтар –
Тамоми дарди одам, дарди олам!
18.11.1979

* * *

Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.
Дилам хоҳад дуоятро –
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,
Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гиристаӣ дар худ фурӯ монда…
Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.
Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хӯрд…
1980

* * *

Дилам парвоз мехоҳад,
Ба ҳар ҷое, ки раҳ дорад хаёли ман,
Дилам парвоз мехоҳад.
Дилам, дар ҳар чӣ мебинам ба чашми дил,
Зи нав оғоз мехоҳад.
Дилам бисёр мехоҳад, ки ман бо ақли имрӯзӣ
Ҳама он шеърҳои гуфтаамро аз дигар гӯям.
Ҳар он роҳе, ки сӯйи манзилам бурдаст,
Зи нав ёбам, зи нав ҷӯям.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки бар ҳар ваъдагаҳ бори дигар оям.
Ва он дилбар саропо ғарқ андар хандаи саршори мастона
Ба сӯям болафшон чун малак аз осмон ояд,
Ҳарири болҳояш бар дарахту бомҳои шаҳр дармонад,
Вале ӯ аз фазои пурғубори шаҳр
Чунон ки дар ҷавонӣ буд,
Ба сӯям ногаҳон ояд,
Ҷавон ояд…
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки ҳар ишқе, ки варзидам,
Зи нав варзида бошам бо дили дардошнои хеш.
Зи нав шӯрида бошам ман,
Зи нав аз шодии дидорҳо ларзида бошам ман,
Зи нав андар гуноҳи ошиқӣ жӯлида бошам ман.
Ба он азме, ки дигар дар муҳаббат бехато бошам,
Зи нав такрор созам он ҳама саҳву хатои хеш.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони бесариҳоям,
Равам бар хонаи он ҳамдеҳони худ,
Ки бо санги камонғӯлак шикастам шишаҳошонро,
Равам, то маъзарат хоҳам,
Равам, то мағфират хоҳам.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Равам бар лонаи он мурғакони бепаноҳи пуштаю шахҳо,
Барам он байзаҳои аз хато дуздидаи худро,
Ки зери боли модарҳояшон тарканд,
Ки рӯяд болашон дар зери боли шафқати модар,
Вагарна иттифоқо чун шикасте оядам дар раҳ,
Вагарна дар куҷо уммеди парвозам шавад кӯтаҳ,
Ба ёдам лонаи он мурғакони бепаноҳ ояд…
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Ки аз нав модарамро хандарӯ бинам,
Ба ӯ гӯям, ки эй модар, ба ёдат ҳаст,
Замони кӯдакӣ гоҳе ба беморӣ задам худро,
Ки то донам дилат бар кӯдаки бемор месӯзад, намесӯзад?
Ба рӯйи бистарам гириста будӣ,
Худоёнро тавалло карда будӣ…
Кунун аз ростӣ беморам, эй модар,
Куҷоӣ ту, куҷоӣ ту.
Ман аз ту розиям, то зиндагонӣ ҳаст,
Магар аз ман ризоӣ ту?
Дилам дар ҳар чӣ кардам дар мурури умри кӯтоҳам,
Зи нав оғоз мехоҳад.
Дилам андар фазои зиндагии рафта аз дастам
Зи нав парвоз мехоҳад,
Чунон парвоз мехоҳад,
Ки гӯйӣ ман на дар рӯйи замини пургунаҳ бошам,
Ки гӯйӣ ман шабаҳ бошам…
1980

* * *

Шеър гуфтам ба ҳаққи ту, модар,
Ҳамдеҳон хондаву нафаҳмида,
Хонда кӯри намакҳаром маро,
Пеши ту омаданд шӯрида,
Ки туро Лоиқат – ҷигарбандат
Бахудо, дар газет баровардаст.
Бо ҳама ояте, ки омӯхтӣ
Радду расвои оламат кардаст,
Ки туӣ мӯъмину мусулмоне,
Ҳолия мардумон камунистанд.
Ҳеҷ донӣ, ки исму ҷисматро
Мардуми даҳр ҷумла донистанд.
Модарам, эй зани беҳ аз мардон!
Машнав ин гуна доду фарёде.
Ба мани бегуноҳ бовар кун,
Он чунон, ки маро ту худ зодӣ.
Он чӣ дар шеър васфи ту гуфтам,
Ба ҷаве ростӣ, намеарзад.
Ба ҳаққи шири хештан аз ман
Он чӣ мехостӣ, намеарзад.
Ман туро шукр гуфтаму миннат,
Баски худ ибтидои ман будӣ.
Ман туро бо ҷаҳон шиносондам
Он чунон ки барои ман будӣ.
Лек афсӯс, сад ҳазор афсӯс,
Ки ҳама ҳамдеҳон мусулмонанд.
Кеши ман одамист, ин мардум
Қасди ман чист, аз куҷо донанд…
Баҳри онҳо намозу рӯза бас аст,
Лоиқаш кист? Аз куҷо донанд…
Ростӣ, шеърҳои Лоиқро
Дар Мазори Шариф намехонанд…
1982

СУРУДИ МОДАР

Тифли гирёнам, калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав!
Достон шав!
Ганҷи шаҳворам ту бошӣ,
Бахти бедорам ту бошӣ,
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ.
Тифли гирёнам, калон шав,
Ҷойгири рафтагон шав!
Ахтари тобони модар,
Мӯҳраи паймони модар,
Ҳосили худкоҳии дил,
Давлату даврони модар –
Тифли гирёнам калон шав,
Вориси озодагон шав!
Кӯдаки ширину лоло,
Кӯдаки маъсуму зебо,
Дастовезам ту бошӣ
Баҳри фардо, баҳри дунё.
Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав,
Достон шав!
1982

МОДАРИ БЕЧОРА

Дар миёни кӯҳсорон
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон
Ҷон ато кардӣ маро,
Ҷон ато кардию худро костӣ
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз пайи рӯзӣ давида,
Хӯшаҳоро чида-чида,
Талху шӯриҳо чашида,
Ранҷи дунёро кашида,
Ганҷи дунёро надида,
Дил ато кардӣ маро,
Дил ато кардию худро костӣ
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Мадари ман, модари бечораи ман.
Бо дуои осмонӣ
Додӣ меросам ҷавонӣ,
Ошиқию дилситонӣ,
Шоирию ҷонфишонӣ,
Ҳам давоми зиндагонӣ.
Умр бахшидӣ маро,
Умр бахшидию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
17.1.1984

* * *

Зинда бошад модари гулпарварат,
То ки бахти мову ту гул оварад.
Бар сари мову ту гул резад мудом,
Завқи гул дар сина ангезад мудом.
То навое бишнавем аз барги гул,
Ишқи мо пояд ба рағми марги гул.
Гул занад бар мӯю кокулҳои ту,
Ғарқи гул созад зи сар то пойи ту.
Зиндагимон гул кунад дар боғи ишқ,
Орзумон гул кунад бе доғи ишқ.
Аз лабонат ханда гулрезӣ кунад,
Бар сарат Наврӯз гулбезӣ кунад.
Табъи ман ҳам гул кунад аз рӯйи ту,
Шеъри ман овезад андар мӯйи ту.
Гул ба гул печему гул рӯяд зи мо,
Гул бақои умри худ ҷӯяд зи мо…
Эй ки андар боғи гулҳо рустаӣ,
Бо мани гулчин чунин пайвастаӣ,
Баҳри ман то кинаҷӯе бас кас аст,
Мисли гул бепуштурӯ бошӣ, бас аст.
Чун ту аз гулҳои боғи модарӣ,
Қадри гул медониву гулпарварӣ.
Зинда бошад, зинда бошад модарат,
Зинда бошад модари гулпарварат!
5.2.1984

КАТИБАЕ ДАР ПУШТИ 
ВОПАСИН АКСИ МОДАРАМ, КИ
МУҲИДДИН ОЛИМПУР БАРДОШТААСТ

Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодастӣ ҳанӯз.
Аз дару даргоҳи ман ҳарчанд рафтӣ зери хок,
Ҳамчунон тимсоли меҳру эътиқодастӣ ҳанӯз.
Пеши дар истодаӣ, эй модари чашминтизорам,
Эй сари сабзам, умеди зиндаам, субҳи баҳорам.
Пеши дар истодаӣ, гӯё саропо зиндаӣ,
Бо ҳамон наззораиву бо ҳамон лабхандаӣ.
Модароне будаанд афзун ба олам, тифлаконе зодаанд,
Лек волотар зи модар будаӣ,
Будаӣ ҳам модару ҳам офаринанда,
Баски бо навзод тавъам шоире ҳам зодаӣ,
Шоире дилдодае, озодае.
Маншаи шеъри сафедам буда аз шири сафедат,
Модарам, баски сафедиҳо ҳама аз орзуҳои сафеди туст.
Одамӣ гар орзуи зиндагӣ дорад,
Зиндагонӣ гар умеди боз ҳам пояндагӣ дорад,
Пояаш бар орзую бар умеди туст.
Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар,
Дар сарат қарси сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодаӣ.
Пеши дар истодаӣ,
Гӯйиё дар пешвози меҳмон омодаӣ.
Гӯйиё дар остона,
Роҳпойӣ ҷовидона
Ҳам маро,
Ҳам аз тамоми рӯйи дунё меҳмонҳои маро…
12.12.1985

ҲАСРАТ

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».
Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо
Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».
Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш,
Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш,
Ки диҳӣ дуои иқбол,
Ки бибахшӣ неруи пару бол.
Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ,
Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ,
Шудӣ ёди ҷовидонӣ
Ба мадори бемадори зиндагонӣ.
Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯйи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят.
Шунавам фиғони шабҳот
Зи баҳамфишурда лабҳот.
Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат,
Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат,
Қаламам фалаҷ шавад зуд,
Ҳама ҳастиям кунад дуд…
Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад,
Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост модари диловари ман?
Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд,
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост давлати сари ман?
Ту куҷоӣ модари ҷон? Паси дар намебаройӣ,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад…»
15.12.1985

ХАЗОН

Хазон мерӯфтӣ он рӯз, эй модар,
Хазон мерӯфтӣ аз пешгоҳи кулбаи фартут.
Хазони умр аз аҷзои ту мерехт,
Хазон мерӯфтӣ…
Гарчи хазонрези ҳаётат буд.
Хазонҳо рӯйи роҳ афтода буданд –
Хазонҳои дарахтони ҳаёти дастпарвардат.
Ту меруфтӣ хазонҳорову гӯйӣ бехабар будӣ
Зи рангу рӯйи монанди хазон зардат
Хазонҳо зери по афтода буданд.
Хазон мерӯфтӣ бо шохҷорӯби хазонрӯбӣ,
Вале аз дасти ногирои ту ҷорӯб меафтод.
Зи бедоди фалак, эй модари ҷон, сад фиғону дод,
Забонам оҷизу гуфтан наметонам,
Хазони умрро рӯфтан наметонам…
29.1.1986

ҲАҚҚИ МОДАРӢ

Эй дарахте, ки ман зи шохаи ту
Гоҳу бегоҳ мевае хӯрдам,
Ҳам зи чӯби туву зи сояи ту
Баҳри ҳоҷот баҳрае бурдам,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй чашмаи зулолу соф,
Ки пас аз шири модарам бар ман
Додӣ неруву ҳам биёмухтӣ
Мисли худ софу софдил будан,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй рӯдаки шитобзада,
Ки намедонӣ ибтидои хеш;
Ки зи худ меравӣ барои ҳама,
Ҳам намедонӣ интиҳои хеш,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй осиёи чанбаршох*,
—————————————————————
*Ишора ба мақоли «гов – осиёи дари хона».
Хӯрда шири туро, расидам ман;
Аз паси ту давида дар саҳро,
Аз паси зиндагӣ давидам ман,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй дони хӯшаи гандум,
К-аз сафедит рӯсафедам ман,
Шираи туст шираи шеърам,
Бо умеди ту боумедам ман;
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Модарам даргузашту фаҳмидам,
Ки аз ӯ дар ҷаҳон нишон боқист.
Эй нишонҳои модарам дар даҳр,
То барои ман ин ҷаҳон боқист,
Баҳри ман ҳаққи модарӣ доред.
Модарам даргузашту донистам,
Холӣ шуд гӯйӣ чор сӯйи ҷаҳон.
Эй шумо модарони сарзинда,
Эй шумо модарони рӯйи ҷаҳон,
Баҳри ман ҳаққи модарӣ доред!
26.1.1987

СУОЛ АЗ МОДАРИ ТОҶИК

Модари тоҷики ман,
Эй модари бисёрфазанд,
Дар мақоми аввалӣ дар силки зодан,
Дар мақоми аввалӣ ҳам низ дар фарзанд мурдан…
Зоданат оё барои оҳу афғон кардан аст?
Зоданат оё барои доғи қисмат бурдан аст?
Зоданат оё барои хешро афсурдан аст?
Зоданат оё барои мурдан аст?
Шод будам ман агар
Кӯдаконат аз туфулиййат ба улвиййат расанд.
Шод будам ман агар
Кӯдаконат то ба мурдан бар улуҳиййат расанд.
Чашм накшуда ба рӯйи ин ҷаҳон,
Чашм мепӯшанд бар рӯйи ҷаҳон…
Зодани одам агар иди ҷаҳон нест,
Пас ҷаҳон чист?
Пас ҷаҳон нест!
Ё ҷаҳони одамон нест!!!
2.1.1987

ГУНБАДИ САБЗИ МАЗОРИ МОДАРАМ

Дар баҳорон бо ҳазорон мавҷи сабз –
Гунбади сабзи мазори модарам,
Зери боми гунбади ҳафт осмон
Ҳар куҷо бошам, туро ёд оварам.
Ёд орад майсаҳои сабзи ту
Аз ҷавониҳои сабзи модарам.
Пеши дидорам падид ояд ҳама
Зиндагониҳои сабзи модарам.
Сабз андар сабз мебинам туро,
Хоки сабзи модари сабзинаам.
Сабзаи армони сабзи модарам
Сабз хоҳад буд андар синаам.
Модарам, дар хоки тар хобидаӣ,
Зинда ҳастӣ лек андар шеъри ман.
Аз тамоми зиндаҳо сарзиндатар,
Пири ман, имони ман, тадбири ман.
Сабзаҳои хоки ту нарму таранд
Мисли кулли орзуи модарон.
Кош дунёи пур аз ҷангу ҷидол
Рӯй орад, рӯй сӯйи модарон.
Кошки сайёраи сабзи замин
Сабз монад чун рухи пурнури ту.
Сабз агар монад замин дар чор фасл,
Сабз монад сабзаҳои гӯри ту.
Модарам, модар-замин ларзад гаҳе,
Ларзаи хоки ту меояд ба ёд.
Роҳати рӯҳ аст агар хоки лаҳад,
Рӯҳи ту дар хок нороҳат мабод!
30.3.1987

ТУ ОЗОДӢ МАГАР, ЭЙ ЗАН?

Ту озодӣ магар, эй зан?
Зи худ шодӣ магар, эй зан?
Туро озод кард Уктабр
Зи банди ҷаҳлу зулму ҷабр,
Вале аз зулм вораста,
Шудӣ озоди вобаста.
Асири осмонӣ ту.
Асири бадсиголиҳои пайдову ниҳонӣ ту.
Асири тӯҳмату бӯҳтон,
Асири ҳирси номардон,
Асири таъну зуъму рашки худхоҳону худкомон,
Асири ҳукми шавҳарҳо,
Асири хонаву дарҳо,
Асири нафси бедардону болинҳову бистарҳо,
Асири дину имону худоҳову паямбарҳо,
Асири расму одатҳо,
Асири фарзу суннатҳо,
Асири қолаби ахлоқу найрангу ҷаҳолатҳо,
Асири хонабандӣ ту,
Асири макру фандӣ ту,
Асири фахру нози мардҳои худписандӣ ту.
Туӣ якумр обастан,
Туӣ озоди побаста.
Туӣ обастани «фардо»,
Вале «фардо»-и ту имрӯз мемирад,
Надида рӯз мемирад.
Ту чун ҳар сол шаш милён кунӣ исқот,
Чӣ сон афзоядат авлод?
Агарчи зодагони ту барои рӯзгори саъду бобарганд,
Вале, афсӯс, ағлаб тӯъмаи марганд…
Пилони кори ту ҳар рӯз афзояд,
Чӣ сон заҳдони ту «фахри замон» зояд,
Чӣ гуна қаҳрамон зояд?
Нишони қаҳрамонмодар ба рӯйи сина дорӣ ту,
Ҷаҳони қаҳрамонмодар надорӣ ту!
Миёни раддаи бадбӯйи танбоку
Зи худ мепурсӣ «фардо» ту?
Чу мемиранд фарзандони масмумат,
Чу мемиранд дар заҳдони ту тифлони маъсумат.
Миёни пунбазорон
Ба дӯшат тубра мегардӣ
ба сони хонабардӯшон.
Вале дарди миёнатро
Куҷо ҳис мекунанд он пунбадаргӯшон?
Чӣ дунёе, намедонам,
Ки аввал обҳои софро бар пунбаҳо бидҳанд,
Сипас бошад насиби ту пасоби заҳролуда.
Валекин боз бешармона мегӯянд:
Ҳалолат бод, эй озодаи даврон, ба комат қанд…
Миёни ҷӯяи пунба,
Ки ҳатто шери нарро мекунад ахта,
Нафасгардонӣ аз «дору»
Дилат меларзад аз сакта.
Зи «тиллои сафед» эй бас шуда бахтат сиёҳ, афсӯс,
Зи «тиллои сафед»-ат нест як пироҳани олампаноҳ, афсӯс.
Дар айёме, ки бояд худкушоӣ кард,
Ту гоҳо худкушӣ ҳам мекунӣ, дардо!
Дар он аҳде, ки бояд даъвии модархудоӣ кард,
Ту бунёди ҷаҳонро меканӣ, дардо!
Дар он давре, ки оинаш худафрӯзист,
Худафрӯзит худсӯзист.
Гуноҳи мост, медонам,
Гуноҳи чанд имрӯзигаройи кӯри бефардост, медонам,
Ки ҳукмаш гӯйӣ ҳукми давлати Шӯрост, медонам,
Ки аз баҳри пилон пур карданат он қадр бахшиданд озодӣ,
Ки ту дар ҷойи тифлон «тифли иҷрои пилон» зодӣ.
Нагуфтандат, ки бар ҷойи пилони пунба
Инсон зой,
Нагуфтандат, ки Дунё зой, Кайҳон зой!
Ту бояд роҳи миллат бошӣ, афсӯс,
Чи гӯям, оҳи миллат ҳастӣ имрӯз.
Ту бояд марди миллат бошӣ, афсӯс,
Чи гӯям, дарди миллат ҳастӣ, имрӯз.
Вале ман, зодаи ту, хуб медонам,
Ки бо бадбахтият бисёр ҷонсахтӣ.
Ҳамеша чашмаи нурӣ,
Ҳамеша маншаи бахтӣ.
Ту улёҳазратӣ, эй зан,
Ниҳоди давлатӣ, эй зан.
Туӣ фарру ҷалоли умр,
Худои қисматӣ, эй зан.
Туӣ сарманшаи хилқат,
Туӣ сатват, туӣ нузҳат.
Шавӣ озод то аз нав,
Ҷаҳонро бояд аз нав кард!
Бибояд инқилобе боз
Дар фикру шуури мо.
Бибояд инқилобе боз
Дар мазмуни умри мо.
Бибояд инқилобе боз
Андар ишқи кӯри мо!
Ба ин зудӣ
Туро озод бояд кард аз ин турфа озодӣ –
Зи меҳнатҳои озодӣ,
Зи миннатҳои озодӣ!
21.10.1988

РОҲНИШИН

Дар сари роҳ аст гӯрат,
модари ғамкуштаи ман,
Шеъри дарду оҳи ҷонам,
байти хуноғуштаи ман.
Бигзаранд аз паҳлуи ту мардумон
Гоҳ боло, гоҳ поён,
Гаҳ савора, гаҳ пиёда
Бо такопӯйи зиёда.
Он яке омин кунад сӯйи мазорат,
Модараш гуфтӣ, ки бошад ҳамҷаворат.
Дигаре парвои сад маҳшар надорад,
Гӯйиё модар надорад…
Он яке гардунааш гардуннавард аст,
Сар ба гардун судааст.
Дигаре байни замину осмон
Будаи нобуда аст.
Бигзарад аз паҳлуи ту
Ҳар касе, ки бехабар аз захми носури дил аст.
Бехабар аз он, ки гӯрат гӯри як мушт устухон нест,
Гӯри ту гӯри тапишҳо, гӯри ту гӯри Дил аст…
Ҳар гаҳе оям тавофи хоки ту,
Чашмҳоят аз даруни гӯр сӯям бингаранд.
Хонда печонхатти ожанги ҷабин,
Аз ҷаҳон суду зиёнам бишмаранд.
Чашм пӯшидӣ агар аз зиндагонӣ,
Сӯйи ман боз аст чашми интизорат.
Сӯйи ман гирёну пазмон боз бошад
Чашми чорат аз мазорат…
Модари ғамкуштаи ман, гарчи дар зери заминӣ,
Боз ҳам дар зери гардун роҳпою раҳнишинӣ…
9.11.1988

МОДАРАМ, ЭЙ МОДАРИ ДУНЁНАДИДА

Рӯзҳои шоду беосебамон буд.
Як дарахти себамон буд.
Зери боли шохҳояш ҷойгоҳи хобамон буд,
Нонамон буд, обамон буд.
Модарам дар ҷода мегашт,
Хушқаду озода мегашт.
Аз таҳи рӯмоли гардӣ
Миларо сар дода мегашт.
Як дарахти тутамон буд,
Моядори будамон буд.
Донамон буд бо ҳама бедонагӣ,
Шиннияш* сармоядори қутамон буд.
—————————————————————-
*Шиннӣ – ширинии тут.
Тут мехушконд модар,
Баҳри кирмак барг мечид.
Ҷони мо ҳам барги ларзон буд,
Ҷони моро аз даҳони марг мечид.
Кулии пургандуме ҳам доштем,
Рангу рӯйи мардумӣ ҳам доштем.
Нони рӯйи хонамон буд,
Хунамон буд, ҷонамон буд.
Модарам чанголӣ мекард,
Кай заифинолӣ мекард?
То ки мо бошем ҳамболи замона,
Бо замон ҳамболӣ мекард.
Чашмае болои деҳ буд,
Гӯйиё Мавлои деҳ буд.
Пурсахотар аз ҳама дарёи олам,
Давлату дунёи деҳ буд.
Модарам з-он чашма меовард об,
Рӯйи моро ҳар саҳар мешуст.
Гӯйӣ бо нури сабоҳӣ
Баҳри фардои башар мешуст…
Модарам, эй модари покизаҷон дигар чӣ гӯям?
То кунун з-он оби чашма тозарӯям.
Тозарӯ дар пеши ту, дар пеши фардо,
Тозарӯю тозадил дар пеши дунё…
Ҳар гаҳе бар зодгоҳам раҳ бигирам,
Дар сари хоки ту мехоҳам бимирам.
Модарам, эй модари дунёнадида,
Мисли ту покизадил дунё надида!
9.1.1989

ҒАЗАЛҲО
* * *
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст.
Эй ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,
Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.
Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,
Моҳи шаб шӯълае аз дидаи бедори зан аст.
Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.
Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
8.3.1979

ВОЛОТАР АЗ ҲАМА

Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шӯълавари модарон
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Як асари маслиҳати модарон
Беҳ зи ҳама доварии доварон.
Як ҳунари ҳамдамии модарон
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.
Як нафаси сӯхтани модарон
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.
Як табусӯзи ҷигари модарон
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.
Як мадади фотиҳаи модарон
Беҳ зи мададгории соҳибсарон.
Як қадами беалами модарон
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон.
Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,
Хок шаванд аз ҳама волотарон.
Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!
25.4.1982

ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.
Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.
Аз сатвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.
Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷойи модар.
Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.
Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.
Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.
Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.
Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.
Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шӯълаи нигоҳи толеънамойи модар.
Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯйи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.
Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.
Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.
Ғамхору ғамшарикон аз мӯйи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар.
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.
Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.
Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.
Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.
Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.
Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.
Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.
Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.
То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.
Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?
6.1.1983

* * *

Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам.
Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё, модарам.
Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавонӣ хандарӯст,
Гирярӯям дар ғамат дар боғи гулҳо, модарам.
Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардоштӣ,
Бекасам бигзоштӣ дар роҳи фардо, модарам.
Рӯхарошон сохтӣ, гесӯпарешон сохтӣ,
Қоматам кардӣ дуто, эй ганҷи якто, модарам.
Меҳрубониҳои дунё бо ту зери хок рафт,
Кас наёзад сӯйи ман дасти тасалло, модарам.
Пасту болои ҷаҳон болои ҳам ғам медиҳад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.
Ҳамчу гӯри ту дилам аз орзуҳо сард шуд,
Эй ҷаҳони содаи ишқу таманно, модарам.
Зуд рафтӣ, зуд рафтӣ аз ҷаҳони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.
Рафт дар тобути ту ҳам буд, ҳам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.
Бурдӣ аз лаб хандаам, эй шӯълаи ояндаам,
Водареғо, модарам, сад водареғо, модарам!
8.4.1983

* * *

Бо ду чашми хирабин нури кӯҳистон, модарам,
Шӯълае аз оташи оташпарастон, модарам.
Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,
Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, модарам.
Рӯзу шаб хобат намеояд зи сӯзишҳои дил,
Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.
Бингарӣ ҳар бор бар гаҳвораи холии ман,
Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.
Аз заминларза сутуни хонаат тарқидааст,
Эй сутуни рӯзгори нобасомон, модарам.
Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,
Сӯйи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам…
25.1.1984

* * *

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.
1.7.1984

* * *

Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадият паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯйи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷойи туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.
12.12.1984

* * *

Ба кӯйи охират рафтӣ, сари кӯйи ту менолам,
Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.
Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯйи замин холист,
Ба рӯйи ин замин дар ҳасрати рӯйи ту менолам.
Ду дастат бо ҳама раъша мададгори ҳаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададҷӯйи ту менолам.
Чӣ суд аз кӯҳи Чилмеҳроб* бе меҳроби абруят,
Ман аз маҳрумии меҳроби абруи ту менолам.
Зи кӯҳи Осиё* гар нолаҳои обшор ояд,
Фузун аз ӯ чу фарзанди ғазалгӯйи ту менолам.
————————————————————————-
*Чилмеҳроб ва Осиё – номи кӯҳҳо дар зодгоҳи гӯянда.
Такопӯ кардӣ баҳри ман тамоми умр роҳи бахт,
Ман акнун рӯзу шаб андар такопӯйи ту менолам.
Зи ман шоиртаре будӣ, ки лафзи нобам омухтӣ,
Ба ёди он ҳама алфози дилҷӯйи ту менолам.
Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,
Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.
8.7.1985

* * *

Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯйи мазори ту,
Гуле аз орзуҳои ҷавонию баҳори ту.
Намегунҷад ягон дар гӯшаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгоҳи тусту хатми рӯзгори ту.
Қарореро намедонистӣ дар рӯйи замин умре,
Чӣ сон дар зери хок осуд ҷони беқарори ту?
Чӣ дунёе, ҳамин дирӯз бар ман фотиҳа додӣ,
Ки ҳар ҷое равам, бошам ба ҷойи ёдгори ту,
Кунун имрӯз гӯратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар раҳам чашмони чори ту.
Ба пойи турбатат биншаста, ҷӯйи ашк сар додам,
Ки рӯяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.
Бихондам сурае ҳам, то ки рӯҳат шод гардонам,
Ки шояд бишнавад оҳи маро Парвардгори ту.
Ту азбаски малак будӣ дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандаҳо он ҷо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рӯзе бар канори ту…
8.7.1985

* * *

Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро.
Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардаам
Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.
Чун ту ҳам бигзаштиву умри ҷавонӣ ҳам гузашт,
Ҳамчу даврони ҷавонӣ ёд меорам туро.
Дар ҷаҳони танги кӯҳистон гузаштӣ аз ҷаҳон,
Дар сафарҳои ҷаҳонӣ ёд меорам туро.
Ҳар гаҳе дар худ фурӯ монам ва ё худ лаҳзае
Сахт гирад зиндагонӣ, ёд меорам туро.
Ёд меорам туро, чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли ҷонӣ, ёд меорам туро.
14.11.1985

* * *

Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ,
Зери лаб гап мезадӣ, бо сад дуо гап мезадӣ.
Гиря мекардӣ ниҳон дар пушти девори алам,
Бо алам аз марги хешу ақрабо гап мезадӣ.
Камсухан будӣ, вале то пур бубинӣ бахташон,
Баҳри фарзандон паи радду бало гап мезадӣ.
Тоза мекардӣ барои хеш роҳи охират,
Рӯ ба кӯйи охират бо илтиҷо гап мезадӣ.
Нимаҷону ниматан мерафтӣ сӯйи ломакон,
Бо макони охиринат бесадо гап мезадӣ.
Дар танат хушкида буд завқи тапишҳо, лек боз
Бо умеди зиндагӣ бо зиндаҳо гап мезадӣ.
Шири покат буд позаҳри ҳама носурҳо,
Боз ҳам аз дарди дарди бедаво гап мезадӣ.
Пеши худ то ҳол ҳайронам, ки бо лабҳои хушк
Худ ба худ гап мезадӣ ё бо Худо гап мезадӣ…
11.12.1985

РӮБОИЁТ

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
Ман мӯйи сафеди хешро бишморам.
Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам –
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

Модар, модар, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

Модар, модар! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

ДУБАЙТИҲО

Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу мӯҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯйи дастони ту мирам.

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

Ҷаҳонсозу ҷаҳоноройӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Дилам хоҳад, равам бар кӯйи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯйи модар,
Тамоми рӯйи дунёро бигаштам,
Надидам рӯйи хуш ҷуз рӯйи модар.

Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигиристам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз,
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


− 7 = 2


error: Content is protected !!