Ғазалиёт 551-569


551
Эй, ки дар куштани мо ҳеч мадоро накунӣ,
Суду сармоя бисӯзиву муҳобо накунӣ.
Дардмандони бало заҳри ҳалоҳил доранд,
Қасди ин қавм хато бошад ҳон, то накунӣ.
Ранҷи моро, ки тавон бурд ба як гӯшаи чашм,
Шарти инсоф набошад, ки мудово накунӣ.
Дидаи мо чу ба уммеди ту дарёст, чаро
Ба тафарруҷ гузаре бар лаби дарё накунӣ?
Нақли ҳар ҷавр, ки аз хулқи каримат карданд,
Қавли соҳибғаразон аст, чу онҳо накунӣ.
Бар ту гар ҷилва кунад шоҳиди мо, эй зоҳид,
Аз Худо ҷуз маю маъшуқ таманно накунӣ!
Ҳофизо, саҷда ба абруи чу меҳробаш бар,
Ки дуое зи сари сидқ ҷуз он ҷо накунӣ.
552
Бишнав ин нукта, ки худро зи ғам озода кунӣ,
Хун хӯрӣ, гар талаби рӯзии нанҳода кунӣ.
Охируламр гили кӯзагарон хоҳӣ шуд,
Ҳолиё фикри сабу кун, ки пур аз бода кунӣ.
Гар аз он одамиёнӣ, ки биҳиштат ҳавас аст,
Айш бо одамие чанд паризода кунӣ?
Такя бар ҷойи бузургон натавон зад ба газоф,
Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ.
Аҷрҳо бошадат, эй хусрави шириндаҳанон,
Гар нигоҳе сӯйи Фарҳоди дилафтода кунӣ.
Эй сабо, бандагии хоҷа Ҷалолуддин кун,
Ки ҷаҳон пур суману савсани озода кунӣ!
Хотират кай рақами файз пазирад? Ҳайҳот!
Магар аз нақши пароганда варақ сода кунӣ!
Кори худ гар ба карам бозгузорӣ, Ҳофиз,
Эй басо айш, ки бо бахти худодода кунӣ!
553
Эй дил, ба кӯйи ишқ гузоре намекунӣ,
Асбоби ҷамъ дориву коре намекунӣ.
Чавгони ҳукм дар кафу гӯе намезанӣ,
Бози зафар ба дасту шикоре намекунӣ.
Ин хун, ки мавҷ мезанад андар ҷигар туро,
Дар кор рангу бӯйи нигоре намекунӣ.
Мушкин аз он нашуд дами хулқат, ки чун, сабо,
Бар хоки кӯйи дуст гузоре намекунӣ.
Тарсам, к-аз ин чаман набарӣ остини гул,
К-аз гулшанаш таҳаммули хоре намекунӣ.
Дар остини ҷони ту сад нома мудраҷ аст,
В-онро фидои турраи ёре намекунӣ.
Соғар латифу дилкашу меафганӣ ба хок
В-андеша аз балои хуморе намекунӣ.
Ҳофиз, бирав, ки бандагии подшоҳи вақт,
Гар ҷумла мекунанд, ту боре намекунӣ.
554
Саҳаргаҳ раҳраве дар сарзамине,
Ҳамегуфт ин муаммо бо қарине,
Ки: — Эй сӯфӣ шароб он гаҳ шавад соф,
Ки дар шиша барорад арбаине.
Худо з-он хирқа безор аст сад бор,
Ки сад бут бошадаш дар остине.
Мурувват гарчи исме бенишон аст,
Ниёзе арза кун бар нозанине.
Савобат бошад, эй дорои хирман,
Агар раҳме кунӣ бар хӯшачине.
Намебинам нишоту айш дар кас,
На дармони диле, на дарди дине.
Дарунҳо тира шуд. бошад, ки аз ғайб
Чароғе бар кунад хилватнишине.
Гар ангушти Сулаймонӣ, набошад,
Чӣ хосият диҳад нақши нигине?
Агарчи расми хубон тундхӯйист,
Чӣ бошад, гар бисозад бо ғамине?
Раҳи майхона бинмо, то бипурсам,
Маоли хешро аз пешбине,
На Ҳофизро ҳузури дарси хилват.
На донишмандро илмуляқине!
555
Ту магар дар лаби обе ба ҳавас биншинӣ,
Варна ҳар фитна, ки бинӣ, ҳама аз худ бинӣ.
Ба худое, ки туӣ бандаи бигзидаи ӯ,
Ки бар ин чокари дерина касе нагзинӣ.
Гар амонат ба саломат бибарам, боке нест,
Бедилӣ саҳл бувад, гар набувад бединӣ.
Адабу шарм туро хусрави маҳрӯён кард,
Офарин бар ту, ки шойистаи сад чандинӣ!
Аҷаб аз лутфи ту, эй гул, ки нишастӣ бо хор,
Зоҳиран маслиҳати вақт дар он мебинӣ.
Сабр бар ҷаври рақибат чӣ кунам, гар накунам,
Ошиқонро набувад чора ба ҷуз мискинӣ.
Боди субҳе ба давоят зи гулистон бархост,
Ки ту хуштар зи гулу тозатар аз насринӣ.
Шишабозии сиришкам бинигар аз чапу рост,
Гар бар ин манзари биниш нафасе биншинӣ?
Сухане беғараз аз бандаи мухлис бишунав,
Эй, ки манзури бузургони ҳақиқатбинӣ!
Нозанине чу ту покизадилу покниҳод,
Беҳтар он аст, ки бо мардуми бад наншинӣ.
Ту бад-ин нозукиву саркашӣ, эй шамъи Чигил,
Лоиқи бандагии Хоҷа Ҷалолуддинӣ.
Сели ин ашки равон сабру дили Ҳофиз бурд,
Балағалтоқату ё мақлата айнӣ бинӣ.
556
Ҷон фидои ту, ки ҳам ҷониву ҳам ҷононӣ,
Ҳар кӣ шуд хоки дарат, раст зи саргардонӣ.
Сарсарӣ аз сари кӯйи ту наёрам бархост,
Кори душвор нагиранд бад-ин осонӣ.
Хомро тоқати парвонаи парсӯхта нест,
Нозуконро набувад шеваи ҷонафшонӣ.
Бе ту ором гирифтан бувад аз нокомӣ,
Бо ту густох нишастан бувад аз ҳайронӣ.
Фош карданд рақибони ту сирри дили ман,
Чанд пӯшида бимонад сухани пинҳонӣ?
То бимонад тару шодоб ниҳоли қади ту,
Воҷиб он аст, ки бар чашми манаш биншонӣ.
Дар хами зулфи ту дидам дили худро рӯзе,
Гуфтамаш: «Чуниву чун мекунӣ, эй зиндонӣ?»
Гуфт: «Оре, чӣ кунӣ, гар набарӣ рашк ба ман,
Ҳар гадоро набувад мартабаи султонӣ!
Ростӣ ҳадди ту, Ҳофиз, набувад сӯҳбати мо,
Бас, агар бар сари ин кӯй кунӣ дарбонӣ!»
557
Ҷойи ҳузуру гулшани амн аст ин сарой,
З-ин дар ба шодмониву айшу тараб дарой!
Эй кохи давлатӣ, зи чӣ хокӣ, ки мудраҷ аст,
Дар шохсори гулшани ту сояи ҳумой?
Ҳар субҳ дар ҳавои дарат мекунад сабӯҳ
Ҷамшеди тахти чарх ба ҷоми ҷаҳоннамой.
Боди ту ҳамчу оташи Мӯсо хуҷастапай,
Хоки ту ҳамчу оби Хизир зиндагифазой,
Фархунда навгули ту чаманро ҳаётдеҳ,
Ҷаъди бунафшаи ту саборо гиреҳкушой.
Марғули сунбул аз дами кӯйи ту хушнасим,
Зулфи сабо зи хоки ҷаноби ту мушксой.
Хуршед дар ҳавои ту чун зарра пойкӯб,
Ҷамшед дар ҳарими ту чун бандагон ба пой.
Ҳофиз, муқими даргаҳи ӯ бошу айш кун,
К-андар биҳишт беҳтар аз ин гӯша нест ҷой.
558
Соқиё, сояи абр асту баҳору лаби ҷӯй,
Ман нагӯям, чӣ кун, ар аҳли дилӣ, худ ту бигӯй!
Бӯйи якрангӣ аз ин нақш намеояд, хез,
Далқи олудан сӯфӣ ба майи ноб бишӯй!
Сифлатабъ аст ҷаҳон, бар карамаш такя макун,
Эй ҷаҳондида, суботи қадам аз сифла маҷӯй!
Ду насиҳат кунамат, бишнаву сад ганҷ бибар,
Аз дари айш дарову ба раҳи айб мапӯй!
Шукри он рӯз, ки дигар бирасидӣ ба баҳор,
Бехи некӣ бинишону гули тавфиқ бибӯй!
Рӯйи ҷонон талабӣ, оинаро қобил соз,
Варна ҳаргиз гулу насрин надамад з-оҳану рӯй.
Гӯш бикшой, ки булбул ба фиғон мегӯяд:
«Хоҷа, тақсир мафармо, гули тавфиқ бибӯй!»
Гуфтӣ: «Аз Ҳофизи мо бӯйи риё меояд».
Офарин бар нафасат бод, ки хуш бурдӣ бӯй!
559
Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.
Яъне: биё, ки оташи Мӯсо намуд гул,
То аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ.
Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯй,
То хоҷа май хӯрад ба ғазалҳои паҳлавӣ.
Ҷамшед ҷуз ҳикояти ҷом аз ҷаҳон набурд,
Зинҳор дил мабанд бар асбоби дунявӣ.
Ин қиссаи аҷаб шунав аз бахти вожгун,
Моро бикушт ёр ба анфоси исавӣ.
Хуш вақти бӯрёву гадоиву хоби амн,
К-ин айш нест дархури авранги хусравӣ.
Чашмат ба ғамза хонаи мардум хароб кард,
Махмурият мабод, ки хуш маст меравӣ.
Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К: «Эй нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ!»
Соқӣ магар вазифаи Ҳофиз зиёда дод,
К-ошуфта гашт турраи дастори мавлавӣ.
560
Эй бехабар, бикӯш. ки соҳибхабар шавӣ,
То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?
Дар мактаби ҳақоиқ пеши адиби ишқ
Ҳон, эй писар, бикуш ки рӯзе падар шавӣ.
Даст аз миси вуҷуд чу мардони раҳ бишӯй,
То кимиёи ишқ биёбиву зар шавӣ.
Хобу хӯрат зи мартабаи хеш дур кард,
Он гаҳ расӣ ба хеш, ки бе хобу хӯр шавӣ.
Гар нури ишқи ҳақ ба дилу ҷонат уфтад,
Биллаҳ к-аз офтоби фалак хубтар шавӣ.
Як дам ғариқи баҳри Худо шав, гумон мабар,
К-аз оби ҳафт баҳр ба як мӯй тар шавӣ.
Аз пой то сарат ҳама нури Худо шавад,
Дар роҳи зулҷалол чу бепову сар шавӣ.
Ваҷҳи Худо агар шавадат манзари назар,
3-ин пас шаке намояд, ки соҳибназар шавӣ.
Бунёди ҳастии ту чу зеру забар шавад,
Дар дил мадор ҳеч ки зеру хабар шавӣ.
Гар дар сарат ҳавои висол аст, Ҳофизо,
Бояд, ки хоки даргаҳи аҳли ҳунар шавӣ.
561
Саҳарам ҳотифи майхона ба давлатхоҳӣ
Гуфт: «Бозой, ки деринаи ин даргоҳӣ.
Ҳамчу Ҷам ҷуръаи май каш, ки зи сирри ду ҷаҳон
Партави ҷоми ҷаҳонбин диҳадат огоҳӣ».
Бар дари майкада риндони қаландар бошанд,
Ки ситонанду диҳанд афсари шоҳаншоҳӣ.
Хишт зери сару бар тораки ҳафт ахтар пой
Дасти қудрат нигару мансаби соҳибҷоҳӣ.
Сари мову дари майхона, ки тарфи бомаш,
Ба фалак бар шуду девор бад-ин кӯтоҳӣ.
Қатъи ин марҳала бе ҳамраҳии Хизр макун,
Зуламот аст, битарс аз хатари гумроҳӣ.
Агарат салтанати фақр бибахшанд, эй дил,
Камтарин мулки ту аз моҳ бувад то моҳӣ.
Ту дари фақр надонӣ задан, аз даст мадеҳ
Маснади хоҷагиву мансаби Тӯроншоҳӣ.
Ҳофизи хомтамаъ, шарме аз ин қисса бидор,
Амалат чист, ки фирдавси барин мехоҳӣ?
562
Эй дар рухи ту пайдо анвори подшоҳӣ,
Дар фикрати ту риндон сад ҳикмати илоҳӣ.
Килки ту боракаллоҳ, бар мулку дин кушода,
Сад чашма оби ҳайвон аз қатраи сиёҳӣ.
Бар аҳраман натобад анвори исми аъзам,
Мулк они тусту хотам, фармой ҳар чӣ хоҳӣ.
Дар ҳикмати Сулаймон ҳар кас, ки шак намояд,
Бар ақлу дониши ӯ ханданд мурғу моҳӣ.
Боз арчи гоҳ-гоҳе бар сар ниҳад кулоҳе,
Мурғони қоф донанд оини подшоҳӣ.
Теғе, ки осмонаш аз файзи худ диҳад об,
Танҳо ҷаҳон бигирад, бе миннати сипоҳе,
Килки ту хуш нависад, дар шони ёру ағёр,
Таъвизи ҷонфизойӣ, афсуни умркоҳӣ.
Эй унсури ту махлуқ аз кимиёи иззат,
В-эй давлати ту амин аз васмати табоҳӣ.
Соқӣ, биёр обе аз чашмаи харобот,
То хирқаҳо бишӯем, оз уҷби хонақоҳӣ.
Умрест, подшоҳо, к-аз май тиҳист ҷомам,
Инак зи банда даъвӣ в-аз мӯҳтасиб гувоҳӣ.
Гар партаве зи теғат бар кону маъдан афтад,
Ёқути сурхрӯро бахшанд ранги коҳӣ.
Донам дилат бибахшад бар аҷзи шабнишинон,
Гар ҳоли банда пурсӣ аз боди субҳгоҳӣ.
Ҷое, ки барқи исён бар Одами сафӣ зад,
Моро чӣ гуна зебад даъвии бегуноҳӣ.
Ҳофиз чу подшоҳат гаҳ-гоҳ мебарад ном,
Ранҷиш зи бахт манмо, бозо ба узрхоҳӣ.
563
Дар ҳама дайри муғон нест чу ман шайдое,
Хирқа ҷое гарави бодаву дафтар ҷое.
Дил, ки оинаи софест, ғуборе дорад,
Аз Худо металабам сӯҳбати равшанрое.
Кардаам тавба ба дасти санами бодафурӯш.
Ки дигар май нахӯрам бе рухи базморое.
Наргис ар лоф зад аз шеваи чашми ту, маранҷ,
Нараванд аҳли назар аз пайи нобиное.
Шарҳи ин қисса магар шамъ барорад ба забон,
Варна парвона надорад ба сухан парвое.
Ҷӯйҳо бастаам аз дида ба домон, ки магар
Дар канорам бинишонанд сиҳиболое.
Киштии бода биёвар, ки маро бе рухи дӯст,
Гашт ҳар гӯшаи чашм аз ғами дил дарёе.
Сухани ғайр магӯ бо мани маъшуқапараст,
К-аз ваю ҷоми маям нест ба кас парвое.
Ин ҳадисам чӣ хуш омад, ки саҳаргаҳ мегуфт,
Бар дари майкадае бо дафу най тарсое:
«Гар мусулмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ агар аз паси имрӯз бувад фардое!»
564
Ба чашм кардаам абруи моҳсимое,
Хаёли сабзхате нақш бастаам ҷое.
Умед ҳаст, ки маншури ишқбозии ман,
Аз он камончаи абру расад ба туғрое.
Сарам зи даст бишуд, чашм аз интизор бисӯхт,
Дар орзуи сару чашми маҷлисорое.
Мукаддар аст дил, оташ ба хирқа хоҳам зад,
Биё, бубин, ки киро мекунад тамошое.
Ба рӯзи воқеа тобути мо зи сарв кунед,
Ки меравем ба доғи баландболое.
Зимоми дил ба касе додаам мани дарвеш,
Ки несташ ба кас аз тоҷу тахт парвое.
Дар он мақом, ки хубон зи ғамза теғ зананд,
Аҷаб мадор, саре уфтода дар пое.
Маро, ки аз рухи ӯ моҳ дар шабистон аст,
Куҷо бувад бар фурӯғи ситора парвое?!
Фироқу васл чӣ бошад? Ризои дӯст талаб,
Ки ҳайф бошад аз ӯ ғайри ӯ таманное.
Дурар зи шавқ бароранд моҳиён ба нисор,
Агар сафинаи Ҳофиз расад ба дарёе.
565
Бирав, зоҳид, ба уммеде, ки дорӣ,
Ки дорам ҳамчунон уммедворӣ.
Ба ҷуз соғар чӣ дорад лола дар даст?
Биё, соқӣ, биёвар он чӣ дорӣ.
Маро дар риштаи девонагон каш,
Ки мастӣ хуштар аст аз ҳушёрӣ.
Бипарҳез аз ман, эй сӯфӣ, бипарҳез,
Ки кардам тавба аз парҳезгорӣ!
Биё, дил дар хами гесуи ӯ банд,
Агар хоҳӣ халосу растагорӣ.
Ба даври гул Худоро, тавба бишкан,
Ки аҳди гул надорад устуворӣ.
Азизо, навбаҳори умр бигзашт,
Чу аз тарфи чаман боди баҳорӣ.
Биё, Ҳофиз, шароби лаъл кун нӯш,
Чаро умре ба ғафлат мегузорӣ?
566
Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ,
Бад он мардуми дидаи равшаноӣ.
Дуруде чу нури дили порсоён,
Бад-он шамъи хилватгаҳи порсоӣ.
Намебинам аз ҳамдамон ҳеч барҷой
Дилам хун шуд аз ғусса, соқӣ, куҷоӣ?
Зи кӯйи муғон рух магардон, ки он ҷо
Фурӯшанд мифтоҳи мушкилкушоӣ.
Арӯси ҷаҳон гарчи дар ҳадди ҳусн аст,
Зи ҳад мебарад шеваи бевафоӣ.
Дили хастаи ман гараш ҳиммате ҳаст,
Нахоҳад зи сангиндилон мӯмиёӣ.
Майи сӯфиафган куҷо мефурӯшанд,
Ки дар тобам аз дасти зӯҳди риёӣ?
Рафиқон чунон аҳди сӯҳбат шикастанд,
Ки гӯйӣ набудаст худ ошноӣ.
Маро гар ту бигзорӣ, эй нафси томеъ,
Басе подшоҳӣ кунам дар гадоӣ.
Биёмӯзамат кимиёи саодат,
Зи ҳамсӯҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ!
Макун, Ҳофиз, аз ҷаври даврон шикоят,
Чӣ донӣ ту, эй банда, кори худоӣ?
567
Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозойӣ!
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: «Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ».
Сад боди сабо ин ҷо бо силсила мерақсанд,
Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймойӣ.
Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст бихоҳад шуд поёби шикебоӣ.
Ё Раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ.
Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то боғ биёройӣ.
Эй дарди туам дармон, дар бистари нокомӣ,
В-ай ёди туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар доираи қисмат мо нуқтаи таслимем,
Лутф — он чӣ ту андешӣ, ҳукм – он чӣ ту фармойӣ.
Фикри худу ройи худ дар олами риндӣ нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбиниву худройӣ.
З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад,
Шодӣ-т муборак бод, эй ошиқи шайдоӣ.
568
Эй дил, гар аз он чоҳи занахдон бадар ойӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, зуд пушаймон бадар ойӣ.
Ҳуш дор, ки гар васвасаи ақл кунӣ гӯш,
Одамсифат аз равзаи ризвон бадар ойӣ.
Шояд, ки ба обе фалакат даст нагирад,
Гар ташналаб аз чашмаи ҳайвон бадар ойӣ.
Ҷон медиҳам аз ҳасрати дидори ту чун субҳ
Бошад, ки чу хуршеди дурахшон бадар ойӣ.
Чандон чу сабо бар ту гуморам дами ҳиммат,
К-аз ғунча чу гул хурраму хандон бадар ойӣ.
Дар тирашаби ҳаҷри ту ҷонам ба лаб омад,
Вақт аст, ки ҳамчун маҳи тобон бадар ойӣ.
Бар раҳгузарат бастаам аз дида дусад ҷӯй,
То бӯ, ки ту чун сарви хиромон бадар ойӣ.
Ҳофиз, макун андеша, ки он Юсуфи маҳрӯ,
Бозояду аз кулбаи эҳзон бадар ойӣ.
569
Май хоҳу гулафшон кун, аз даҳр чӣ меҷӯйӣ?
Ин гуфт саҳаргаҳ гул, булбул, ту чӣ мегӯйӣ?
Маснад ба гулистон бар, то шоҳиду соқиро
Лаб гириву рух бӯсӣ, май нӯшиву гул бӯйӣ.
Шамшод хиромон кун в-оҳанги гулистон кун,
То сарв биомӯзад аз қадди ту дилҷӯйӣ.
То ғунчаи хандонат давлат ба кӣ хоҳад дод,
Эй шохи гули раъно, аз баҳри кӣ мерӯйӣ?
Имрӯз, ки бозорат пурҷӯши харидор аст,
Дарёбу бинеҳ ганҷе аз мояи некӯйӣ.
Чун шамъи накурӯйӣ дар раҳгузари бод аст,
Тарфи ҳунаре барбанд аз шамъи накурӯйӣ.
Он турра, ки ҳар ҷаъдаш сад нофаи чин дорад,
Хуш будӣ агар будӣ бӯеш зи хушхӯйӣ.
Ҳар мурғ ба дастоне дар гулшани шох омад,
Булбул ба навосозӣ, Ҳофиз ба ғазалгӯйӣ.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!