Ашхоси номдоре, ки хоҷа бо бисёриашон шиносоӣ доштааст


Ашхоси номдоре, ки хоҷа бо бисёриашон шиносоӣ доштааст

Абӯсаид ибни Улҷойту Худобанда мулаққаб ба Алоуддин. Охирин Элхонони Эрон. Мавлиди ӯ соли 704 ҳиҷрӣ ба Озарбойҷон буд. Дар 9 солагӣ дар соли 713 ҳиҷрӣ ӯро ҳукумати Хуросон доданд ва се солу чанд мох ба ин мақом буд. Падари Абӯсаид Улҷойту дар рамазони 716 ҳиҷрӣ вафот мекунад. Абӯсаид дар ин вақт ба Мозандарон буд. Чун хабари марги падараш шунид, амир Сунҷро бихост ва ӯ ба Абӯсаид пайваст ва ба ҷониби Султония азимат кард ва ба чаҳордаҳсолагӣ дар моҳи сафари соли 717 ҳиҷрӣ бар тахти салтанат нишаст ва зимоми умур ба амир Чӯпони Сулдӯз супурд ва вазорат ба хоҷа Рашидуддин ва хоҷа Алишоҳ дод. Амир Чӯпон ба Абӯсаид бисёр хидмати хуб кард, лекин дар соли 725 султон Абӯсаид ба духтари амир Чӯпон ошиқ мешавад, духтар бошад дар соли 723 ба амир Шайх Ҳасан шавҳар карда буд, султон Абӯсаид аз амир Чӯпон дархост то духтарро аз шавҳар боз гирад ва ба султон тазвиҷ кунад ва амир Чӯпон ба ин расвоӣ розӣ нашуд, ба ин сабаб муносибаташон вайрон шуда, баъд аз кашмакашиҳои дуру дароз, амир Чӯпон дар охир ба Ҳирот назди малик Ғиёсуддини карт паноҳид ва Ғиёсуддин дар аввал ӯро ба хушӣ қабул кард баъд ӯро бо баъзе фарзандонаш ба амри султон Абӯсаид кушт.
Султон Абӯсаид Бағдодхотунро аз шавҳари ӯ амир Шайх Ҳасан ба талоқ ҷудо карда ба занӣ гирифт ва аз он пас зимоми умури мулк дар қабзаи иқтидори хеш гирифт ва то соли 736, ки таърихи вафоти ӯст, ба истиқлол фармон ронд, вай ҳамааш шуда 32 сол умр дида аз он 18 сол салтанат кардааст. Аз он ҷиҳат, ки Абӯсаид фарзанд надошт пас аз вай мамлакат парешон ва ба кишварҳои ҷудогона тақсим шуда то зуҳури Темур дар мамлакат ҳараҷу мараҷ ва кашмакаш миёни умарои ӯ давом ёфт.
Шайх Абӯисҳоқ Ҷамолиддин. Шоҳ Шайх Абӯисҳоқ бинни Шарафуддин Маҳмудшоҳи Инҷӯ, падари ӯ Маҳмудшоҳ аз амирзодагони давлати Чингизӣ аст ва ӯро Арпохони муғул ҷонишини Абӯсаид дар Табрез дар соли 736 бикушт. Абӯисҳоқ ва бародари ӯ Масъуд муддате ба Табрез дар банд буданд ва пас аз раҳоӣ монанди чанд тани дигар аз амирон дар садади таҳсили мулк ва истиқлол баромаданд чи давлати муғул дар ин ҳангом ба ғояти заъф расида буд.
Баъд аз вафоти Абӯсаид. ки соли 736 ҳиҷрӣ (1336 милодӣ) воқеъ шуда буд, Ҷамолиддин Шайх Абӯисҳоқи Инҷӯ пас аз задухӯрд ва кашмакашҳои бисёре бо душманон ва бародари худ Масъуд дар соли 743 ҳиҷрӣ (1340 м.) дар Шероз подшоҳ шуд. Шайх Абӯисҳоқи Инҷӯ марде хушмашраб ва аҳли базму сурур ва бериё ва сахӣ буд. Абӯисҳоқ ҳамин, ки дар Форс истиқлол ёфт, қасди Кирмон ма Ҳурмуз кард, чунки ин шаҳрҳоро ҳам хоки падарон мешуморид ва дар муддати чаҳордаҳ соли салтанати худ миёни ӯ ва амир Муборизуддин шаш-ҳафт бор ҷангҳо рӯй дода ва дар ҳар бор Абӯисҳоқ ба ҳазимат шуд, то дар соли 754 ҳиҷрӣ (1354 милодӣ) пас аз шикасте дар ҳаволии Шероз ба Шулистон гурехт, то дар 757 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон асир гашт ва ӯро ба Шероз бурданд ва ба касони амир Ҳоҷ Зарроб супурданд ва ба хуни Ҳоҷ Зарроби мазкур ӯро куштанд.
Амир Муборизуддин Муҳаммад бинии Музаффар. Оли Музаффар — силсилае аз фармонравоён, ки аз 713 то 795 ҳиҷрӣ дар Форс ва Кирмон ва Курдистон ба истиқлол фармонравоӣ кардаанд, сарсилсила, яъне асосгузори ин дудамон амир Муборизуддин Муҳаммад бинни Музаффар аст. Ӯ аз соли 713 подшоҳи Кирмон буда, дар соли 754 Шерозро забт карда ва онро пойтахти мамлакат қарор дод. Амир Муборизуддин Муҳаммад як подшоҳи мутаассиб ва ҷоҳил ва золим буда, бо маслиҳати рӯҳониёни реаксионӣ кор мекард Вай доираи адабии Шерозро пароканда намуд, одамони пешқадами замонро бо баҳонаи бединӣ ё тарафдори Абӯисҳоқ будан таъқиб мекард. Дар он миён Ҳофиз ва ҳамасраш Убайд ҳам буданд.
Вай нисбат ба фарзандони худ низ ситам раво дошта, дашному носазо гуфта, пайваста онҳоро ба куштан ва гӯр кардан таъкид менамуд, оқибат шоҳ Шуҷоъ ва шоҳ Маҳмуд ҳамдаст шуда, ӯро гирифта ҳабс карданд ва дар охир чашмонашро мил кашиданд ва ба ҷояш шоҳ Шуҷоъ подшоҳ мешавад. Ин ҳодиса дар соли 760 ҳиҷрӣ рӯй додааст. Чӣ хеле ки дида мешавад, Муборизуддини золим қариб панҷоҳ сол салтанат кардааст, дар худи Шероз подшоҳии ӯ шаш сол буд.
Шоҳ Шуҷоуддин. Яке аз писарони амир Муборизуддин Муҳаммад мебошад, ки бо ҳамдастии бародараш шоҳ Маҳмуд дар соли 760 ҳиҷрӣ падарашонро кӯр карданд ва шоҳ Шуҷоъ подшоҳ шуд. Чанд сол ба ин минвол гузашт, ногаҳон муносибаташон бо ҳам вайрон шуда, шоҳ Маҳмуд ба кӯмаки лашкариёни султон Увайс бинни Шайх Ҳасани Элхонӣ ба Шероз ҳуҷум карда, шоҳ Шуҷоъро мағлуб ва маҷбур сохт, ки ба Абркуруд ва баъди як сол аз он ҷо ба Кирмон равад. Дере нагузашта, аҳолии Шероз аз зулму тааддии сипоҳиёни Озарбойҷон ба ҷон омаданд ва ба шоҳ Шуҷоъ ваъда доданд, ки ӯро тарафдори хоҳанд кард, шоҳ Шуҷоъ бори дуввум дар соли 767 ба Шероз ҳуҷум карда, шоҳ Маҳмудро шикаст дода, аз сари нав бар тахти шоҳӣ менишинад ва то соли 786 ҳиҷрӣ, ки соли вафоти ӯст, подшоҳ буд.
Шоҳ Маҳмуд. Бародари шоҳ Шуҷоъ, ки аз соли 760 ҳиҷрӣ аз ҷониби шоҳ Шуҷоъ ҳокими вилоятҳои атроф буд ва тақрибан дар соли 763 ба Шероз ҳуҷум карда, чӣ хеле ки  дар боло зикр шуд, шоҳ Шуҷоъро гурезонд ва то соли 767 шоҳӣ кард, ки Шуҷоъ бори дуввум Шерозро ба тасарруф даровард ва шоҳ Маҳмуд гурехт. Дигар ба сари ҳокимият наёмадааст.
Шоҳ Нусратуддин Яҳё бинии амир Муборизуддин солҳои 762-80 ҳукмрони Язд буд Вақте ки Темур бори аввал дар соли 789 Шерозро забт мекунад, шох Яҳёро дар он ҷо подшоҳ карда худаш ба Мовароуннаҳр мешитобад, дере нагузашта шоҳ Мансур ҳуҷум мекунад ва Яҳё мегурезад.
Султон Зайнулобидин. Писари шоҳ Шуҷоъ аз соли 786 то 790 ҳиҷрӣ подшоҳӣ кардааст.
Шоҳ Мансур бинни шоҳ Музаффар бинни Муборизуддин аз 790 то 795 дар Шероз подшоҳ будааст. Темури ланг, ки бори дуввум дар соли 795 ба Шероз ҳуҷум мекунад. Мансурро мекушад ва бо ҳамин фармонфармойи оли Музаффар ба охир мерасад.
Ҳоҷӣ Қавомуддин Ҳасани тамғочӣ — надими шоҳ Шайх Абӯисҳоқ ва муҳассили девони молиёти ӯ, пас аз забт кардани Шероз амир Муборизуддин ӯро ба вазирии шоҳ Шуҷоъ таъин мекунад, дар соли 761 бо амри шоҳ Шуҷоъ кушта шуд ва Хоҷа таърихи қатли ӯро (умеди ҷуд) ёфта ва дар бисёр ҷоҳои дигар ҳам ӯро сутудааст.
Қозӣ Маҷуддин бинни Исмоил бинни Муҳаммад Худойдод. Бонии мадрасаи Маҷидияи Шероз, ки ӯро ба амри султон Улҷойту ба ҷурми тасаннун пеши сагони дарранда андохтанд. вале сагҳо ба ӯ осебе нарасонданд, ӯ дар соли 756 вафот карда ва Хоҷа таърихи вафоти ӯро сохтааст.
Аз вазирони оли Музаффар низ чанд нафар мамдӯҳи Хоҷа Ҳофиз будаанд аз ҷумла Хоҷа Бурҳонуддин Фатҳуллоҳ бинни Хоҷа Камолуддин Абулмаолӣ, ки дар соли 759 ҳиҷрӣ ба амри шоҳ Шуҷоъ ба қатл расид.
Ҷалолуддин Тӯроншоҳ. Вазири шоҳ Шуҷоъ, ки пас аз Ҳоҷӣ Қавомуддин шоири бузургро дар паноҳи хеш гирифт ва ӯ ҳам ёридиҳандаи худро ситойишҳо кард. Аз ҷумла:
Тӯроншаҳи хуҷаста, ки дар манязиди фазл,
Шуд миннати мавоҳиби ӯ тавқи гарданам.
Ту бад-ин нозукиву саркашӣ, эй шамъи Чигил,
Лоиқи бандагии Хоҷа Ҷалолуддинӣ.
Қозӣ Иззуддин Абдураҳмони Инӣ, ки дар илми калом китоби «Мувоқиф»-ро ба номи Шайх Абӯисҳоқ таълиф карда буд ва дар соли 756 вафот кардааст.
Хоҷа Ҳофиз на танҳо дар Эрони он рӯз мавриди таваҷҷӯҳи подшоҳон буда, балки дар кишварҳои порсизабони дигар ҳам монанди Ҳинд, Ироқи араб талабгорон доштааст, ки орзуманди дидори ӯ будаанд.
Яке аз онҳо Маҳмудшоҳи Баҳманӣ подшоҳи Дакан аст, ки Хоҷаро ба Ҳинд даъват намуд. Дигаре султон Ғиёсуддин бинни Искандар подшоҳи Бангола аст, ӯро даъват намуда ва Ҳофиз ҳам ғазали зайлро дар мадҳи у навиштааст:
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад,
В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад.
Тайи макон бибину замон дар сулуки шеър,
К-ин тифли якшаба раҳи яксола меравад.
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
Ҳофиз, зи шавқи маҷлиси султон Ғиёсиддин,
Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.
Султон Увайс ва султон Аҳмад бинни султон Увайси Ҷалоирӣ ҳам аз мамдӯҳони Хоҷа Ҳофиз мебошанд, султон Аҳмад ба шоир тӯҳфаҳо фиристода ӯро ба пойтахти хеш шаҳри Бағдод даъват мекунад. Хоҷа ҳам бо фиристодани ҳамин ғазал: «Аҳмадаллоҳ ало муъдалатуссултонӣ, Аҳмади Шайх Увайси Ҳасани Элхонӣ» иштиёқи худро ба мулоқоти ӯ изҳор мекунад, лекин мунтазам шунидани хабарҳои бедодгарӣ ва хунрезии султон Аҳмад Хоҷаро аз мулоқоти ӯ ва рафтан ба Бағдод тамоман дилхунук мекунад, султон Аҳмад боз нома фиристода Ҳофизро даъват мекунад, лекин Хоҷа ҳамин ғазалро ба ӯ фиристод ва ба Бағдод нарафт.
Килки мушкини ту рӯзе, ки зи мо ёд кунад,
Бибарад аҷри дусад банда, ки озод кунад.
Раҳ набурдем ба мақсуди худ андар Шероз,
Эй хуш он рӯз, ки Ҳофиз раҳи Бағдод кунад.
Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!