Ғазалиёт 351-375


351
Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил,
Ҳар к-ӯ шунид, гуфто: «Лиллоҳи дурри қоил».
Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал,
Охир бисӯхт ҷонам, дар касби ин фазоил.
Ҳаллоҷ бар сари дор ин нуқта хуш сарояд:
«Аз шофеӣ мапурсед амсоли ин масоил».
Гуфтам, ки кай бибахшӣ бар ҷони нотавонам?
Гуфт: он замон, ки набвад ҷон дар миёна ҳоил.
Дил додаам ба ёре, шӯхе, каше, нигоре,
Мурзият-ус-саҷоё, маҳмудат-ул-хасоил.
Дар айни гӯшагирӣ, будам чу чашми мастат,
В-акнун шудам чу мастон бар абруи ту моил.
Аз оби дида сад раҳ тӯфони Нӯҳ дидам,
В-аз лавҳи сина ҳаргиз нақшат нагашт зоил.
Эй дӯст, дасти Ҳофиз таъвизи захми чашм аст,
Ё Раб, бибинам онро дар гарданат ҳамоил!
352
Эй рухат чун хулду лаълат салсабил,
Салсабилат карда ҷону дил сабил.
Сабзпӯшони хатат бар гирди лаб,
Ҳамчу мӯронанд гирди Салсабил.
Новаки чашми ту дар ҳар гӯшае,
Ҳамчу ман афтода дорад сад қатил.
Ё Раб, ин оташ, ки дар ҷони ман аст,
Сард кун з-он сон, ки кардӣ бар Халил.
Ман намеёбам маҷол, эй дӯстон,
Гарчи дорад ӯ ҷамоле бас ҷамил.
Пойи мо ланг асту манзил бас дароз,
Дасти мо кӯтоҳу хурмо бар нахил.
Шоҳи оламро бақову иззу ноз
Боду ҳар чизе, ки бошад з-ин қабил.
Ҳофиз аз сарпанҷаи ишқи нигор
Ҳамчу мӯр афтода шуд дар пойи пил.
353
Ишқбозиву ҷавониву шароби лаълфом,
Маҷлиси унсу ҳарифи ҳамдаму шурби мудом,
Соқии шаккардаҳону мутриби ширинсухан,
Ҳамнишине неккирдору надиме некном,
Шоҳиде аз лутфу покӣ рашки оби зиндагӣ,
Дилбаре дар ҳусну хубӣ ғайрати моҳи тамом,
Базмгоҳи дилнишин чун қасри фирдавси барин,
Гулшане пироманаш чун равзаи доруссалом,
Сафнишинон некхоҳу пешкорон боадаб.
Дӯстдорон соҳибасрору ҳарифон дӯстком,
Бодаи гулранги талхи тези хушхори сабук,
Нуқлаш аз лаъли нигору нақлаш аз ёқути хом,
Ғамзаи соқӣ ба яғмои хирад оҳихта теғ,
Зулфи ҷонон аз барои сайди дил густурда дом,
Нуктадоне базлагӯ чун Ҳофизи ширинсухан,
Бахшишомӯзе ҷаҳонафрӯз чун Ҳоҷӣ Қавом,
Ҳар кӣ ин ишрат нахоҳад, хушдилӣ бар вай табоҳ,
В-он ки ин маҷлис наҷӯяд, зиндагӣ бар вай ҳаром.
354
Марҳабо, тоири фаррухпайи фархундапаём,
Хайра мақдам, чӣ хабар, дӯст куҷо, роҳ кадом?
Ё Раб, ин қофиларо лутфи азал бадрақа бод,
Ки аз ӯ хасм ба дом омаду маъшуқа ба ком.
Моҷарои ману маъшуқи маро поён нест,
Ҳар чӣ оғоз надорад, напазирад анҷом.
Гул зи ҳад бурд танаъум, нафасе рух бинамо,
Сарв менозаду хуш нест, Худоро, бихиром!
Зулфи дилдор чу зуннор ҳамефармояд,
Бирав, эй шайх, ки шуд бар тани мо хирқа ҳаром!
Мурғи рӯҳам, ки ҳамезад зи сари сидра сафир,
Оқибат донаи холи ту фигандаш дар дом.
Чашми бемори маро хоб на дархур бошад,
Ман лаҳу яқтулу доун данафун кайфа яном.
Ту тараҳҳум накунӣ бар мани мухлис, гуфтам:
Зока даъвои ва ҳо анта ва тилка-л-айём.
Ҳофиз ар майл ба абруи ту дорад, шояд,
Ҷой дар гӯшаи меҳроб кунанд аҳли калом.
355
Ошиқи рӯйи ҷавоне хушу навхостаам
В-аз Худо давлати ин ғам ба дуо хостаам.
Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош,
То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаам.
Шармам аз хирқаи олудаи худ меояд,
Ки бар ӯ васла ба сад шӯъбада перостаам
Хуш бисӯз аз ғамаш, эй шамъ, ки инак ман низ
Ҳам бад-ин кор камар баставу бархостаам.
Бо чунин ҳайратам аз даст бишуд сарфаи кор,
Дар ғам афзудаам он ч-аз дилу ҷон костаам.
Ҳамчу Ҳофиз ба харобот равам ҷомақабо,
Бӯ, ки дар бар кашад он дилбари навхостаам.
356
Бушро, из-ис-саломату ҳаллат би эй салам,
Лиллоҳи ҳамду мӯътарафи ғоят-ин-ниам.
Он хушхабар куҷост, ки ин фатҳи мужда дод,
То ҷон фишонамаш чу зару сим дар қадам.
Аз бозгашти шоҳ дар ин турфа манзил аст,
Оҳанги хасми ӯ ба саропардаи адам.
Паймоншикан ҳар оина гардад шикастаҳол,
Инна-л-ъуҳда инда малик-ин-наҳйӣ зимам
Меҷуст аз саҳоби амал раҳмате, вале
Ҷуз дидаам муоина берун надод нам.
Дар Нили ғам фитод, сипеҳраш ба танз гуфт:
Алона қад надамта ва мо янфаъу-н-надам.
Соқӣ, чу ёр маҳруху аз аҳли роз буд,
Ҳофиз бихӯрд бодаву шайху фақеҳ ҳам.
357
Бозой, соқиё, ки ҳавохоҳи хидматам,
Муштоқи бандагиву дуогӯйи давлатам.
З-он ҷо, ки файзи ҷоми саодатфурӯғи туст,
Берун шудӣ, намой зи зулмоти ҳайратам.
Ҳарчанд ғарқи баҳри гуноҳам зи сад ҷиҳат,
То ошнои ишқ шудам, з-аҳли раҳматам.
Айбам макун ба риндиву бадномӣ, эй ҳаким,
К-ин буд сарнавишт зи девони қисматам.
Май хӯр, ки ошиқӣ на ба касб асту ихтиёр,
Ин мавҳибат расид зи мероси фитратам.
Ман, к-аз ватан сафар нагузидам ба умри хеш,
Дар ишқи дидани ту ҳавохоҳи ғурбатам.
Дарёву кӯҳ дар раҳу ман хаставу заиф,
Эй Хизри пайхуҷаста, мадад кун ба ҳимматам!
Дурам ба сурат аз дари давлатсаройи ту,
Лекин ба ҷону дил зи муқимони ҳазратам.
Ҳофиз ба пеши чашми ту хоҳад супурд ҷон,
Дар ин хаёлам, ар бидиҳад умр мӯҳлатам.
358
Дӯш бемории чашми ту бибурд аз дастам,
Лек аз лутфи лабат сурати ҷон мебастам.
Ишқи ман бо хати мушкини ту имрӯзӣ нест,
Дергоҳест, к-аз ин ҷоми ҳилолӣ мастам.
Аз суботи худам ин нуқта хуш омад, ки ба ҷавр
Дар сари кӯйи ту аз пойи талаб наншастам.
Офият чашм мадор аз мани майхонанишин,
Ки дам аз хидмати риндон задаам, то ҳастам.
Дар раҳи ишқ аз он сӯйи фано сад хатар аст,
То нагӯйӣ, ки чу умрам ба сар омад, растам.
Баъд аз инам чӣ ғам аз тири каҷандозӣ ҳасуд,
Чун ба маҳбуби камонабруи худ пайвастам.
Бӯса бар дурҷи ақиқи ту ҳалол аст маро,
Ки ба афсӯсу ҷафо мӯҳри вафо нашкастам.
Санами лашкариям ғорати дил карду бирафт,
Оҳ, агар отифати шоҳ нагирад дастам!
Рутбати дониши Ҳофиз ба фалак бар шуда буд,
Кард ғамхории шамшоди баландат пастам.
359
Ба ғайр аз он, ки бишуд дину дониш аз дастам,
Биё, бигӯ, ки зи ишқат чӣ тарф барбастам?
Агарчи хирмани умрам ғами ту дод ба бод,
Ба хоки пойи азизат, ки аҳд нашкастам.
Чу зарра гарчи ҳақирам, бибин ба давлати ишқ.
Ки дар ҳавои рухат чун ба меҳр пайвастам.
Биёр бода, ки умрест, то ман аз сари амн,
Ба кунҷи офият аз баҳри айш наншастам.
Агар зи мардуми ҳушёрӣ, эй насиҳатгӯй,
Сухан ба хок маяфган, чаро, ки ман мастам.
Чӣ гуна сар зи хиҷолат бароварам бари дӯст,
Ки хидмате ба сазо барнаёмад аз дастам.
Бисӯхт Ҳофизу он ёри дилнавоз нагуфт,
Ки марҳаме бифиристам, чу хотираш ҳастам.
360
Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам,
Ноз бунёд макун, то наканӣ бунёдам.
Май махӯр бо ҳама кас, то нахӯрам хуни ҷигар,
Сар макаш, то накашад сар ба фалак фарёдам.
Зулфро ҳалқа макун, то накунӣ дар бандам,
Турраро тоб мадеҳ, то надиҳӣ барбодам.
Ёри бегона машав, то набурӣ аз хешам,
Ғами ағёр махӯр, то накунӣ ношодам.
Рух барафрӯз, ки фориғ кунӣ аз барги гулам,
Қад барафроз, ки аз сарв кунӣ озодам.
Шамъи ҳар ҷамъ машав варна бисӯзӣ моро,
Ёди ҳар қавм макун, то наравӣ аз ёдам.
Шӯҳраи шаҳр машав, то наниҳам сар дар кӯҳ,
Шӯри Ширин манамо, то накунӣ Фарҳодам.
Раҳм кун бар мани мискину ба фарёдам рас,
То ба хоки дари Осаф нарасад фарёдам.
Ҳофиз аз ҷаври ту ҳошо, ки бигардонад рӯй,
«Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам».
361
Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.
Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ,
Ки дар ин домгаҳи ҳодиса чун афтодам?
Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,
Одам овард дар ин дайри харобободам.
Сояи тӯбиву дилҷӯйии ҳуру лаби ҳавз,
Ба ҳавои сари кӯйи ту бирафт аз ёдам.
Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати ёр,
Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам.
Кавкаби бахти маро ҳеҷ мунаҷҷим нашинохт,
Ё Раб, аз модари гетӣ ба чӣ толеъ зодам?
То шудам ҳалқабагӯши дари майхонаи ишқ,
Ҳар дам ояд ғаме аз нав ба муборакбодам.
Мехӯрад хуни дилам мардумаки дида, сазост,
Ки чаро дил ба ҷигаргӯшаи мардум додам?
Пок кун чеҳраи Ҳофиз ба сари зулф зи ашк,
Варна ин сели дамодам бибарад бунёдам.
362
Маро мебиниву ҳар дам зиёдат мекунӣ дардам,
Туро мебинаму майлам зиёдат мешавад ҳар дам.
Зи сомонам намепурсӣ, намедонам чӣ сир дорӣ,
Ба дармонам намекӯшӣ, намедонӣ магар дардам?
На роҳ аст ин, ки бигзорӣ маро бар хоку бигрезӣ,
Гузорам ору бозам пурс, то хоки раҳат гардам.
Надорам дастат аз доман, ба ҷуз дар хоку он дам ҳам,
Чу бар хокам равон гардӣ, бигирад доманат гардам.
Фурӯ рафт аз ғами ишқат дамам, дам медиҳӣ то кай?
Димор аз ман баровардӣ, намегӯйӣ баровардам.
Шабе дилро ба торикӣ зи зулфат боз меҷустам,
Рухат медидаму ҷоми ҳилолӣ боз мехӯрдам.
Кашидам дар барат ногоҳу шуд дар тоб гесуят,
Ниҳодам бар лабат лаброву ҷону дил фидо кардам.
Ту хуш мебош бо Ҳофиз, бирав, гӯ, хасм, ҷон медеҳ,
Чу гармӣ аз ту мебинам, чӣ бок аз хасми дамсардам.
363
Солҳо пайравии мазҳаби риндон кардам,
То ба фатвои хирад ҳирс ба зиндон кардам.
Ман ба сарманзили Анқо на ба худ бурдам роҳ
Қатъи ин марҳала бо мурғи Сулаймон кардам.
Сояе бар дили решам фиган, эй ганҷи мурод,
Ки ман ин хона ба савдои ту вайрон кардам.
Тавба кардам, ки набӯсам лаби соқиву кунун,
Мегазам лаб, ки чаро гӯш ба нодон кардам?
Дар хилофомади одат биталаб ком, ки ман
Касби ҷамъият аз он зулфи парешон кардам.
Нақши мастуриву мастӣ на ба дасти ману туст.
Он чӣ султони азал гуфт: Бикун! — он кардам.
Дорам аз лутфи азал ҷаннати фирдавс тамаъ,
Гарчи дарбонии майхона фаровон кардам.
Ин, ки пиронасарам сӯҳбати Юсуф бинавохт,
Аҷри сабрест, ки дар кулбаи эҳзон кардам.
Гар ба девони ғазал садрнишинам, чӣ аҷаб?
Солҳо бандагии соҳиби девон кардам.
Субҳ хезиву саломат талабӣ, чун Ҳофиз,
Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам.
364
Дишаб ба сели ашк раҳи хоб мезадам,
Нақше ба ёди хатти ту бар об мезадам.
Абруи ёр дар назару хирқа сӯхта,
Ҷоме ба ёди гӯшаи меҳроб мезадам.
Ҳар мурғи фикр, к-аз сари шохи сухан биҷаст,
Бозаш зи турраи ту ба мизроб мезадам.
Рӯйи нигор дар назарам ҷилва менамуд
В-аз дур бӯса бар рухи маҳтоб мезадам.
Чашмам ба рӯйи соқиву гӯшам ба қавли чанг,
Фоле ба чашму гӯш дар ин боб мезадам.
Нақши хаёли рӯйи ту то вақти субҳдам
Бар коргоҳи дидаи бехоб мезадам.
Соқӣ ба савти ин ғазалам коса мегирифт,
Мегуфтам ин суруду майи ноб мезадам.
Хуш бод вақти Ҳофизу фоли муроди ком
Бар номи умру давлати аҳбоб мезадам.
365
Заррасон то дар ҳавои меҳри рухсори туам,
Нест як соат қарор аз шавқи дидори туам.
Ҷони ширин дар ғамат додам, вале бахшид боз
Тоза ҷоне, хандаи лаъли шакарбори туам.
Инчунин моил, ки бо ағёр мебинам туро,
Кай кунам бовар, агар гӯйӣ, ки: «Ман ёри туам».
Бар сари онам, ки гар афтад туро коре ба ман,
Рӯ натобам, гар шавад сар дар сари кори туам.
Ту кашӣ ҳар лаҳза теғу ман сар андозам ба пеш,
Чун кунам, шармандаи алтофи бисёри туам.
Доштам умре чу Ҳофиз бар даҳан мӯҳри сулук,
Оқибат дар гуфтугӯ овард гуфтори туам.
366
Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,
Ҳар гаҳ, ки ёди рӯйи ту кардам, ҷавон шудам.
Шукри худо, ки ҳар чӣ талаб кардам аз худо,
Бар мунтаҳои ҳиммати худ комрон шудам.
Эй гулбуни ҷавон, бари давлат бихӯр, ки ман
Дар сояи ту булбули боғи ҷинон шудам.
Аввал зи таҳту фавқи вуҷудам хабар набуд,
Дар мактаби ғами ту чунин нуктадон шудам.
Қисмат ҳаволатам ба харобот мекунад,
Ҳарчанд, к-инчунин шудаму ончунон шудам.
Он рӯз бар дилам дари маънӣ кушуда шуд,
К-аз сокинони даргаҳи пири муғон шудам.
Дар шоҳроҳи давлати сармад ба тахти бахт
Бо ҷоми май ба коми дили дӯстон шудам.
Аз он замон, ки фитнаи чашмат ба ман расид,
Эмин зи шарри фитнаи охирзамон шудам.
Ман пири солу моҳ наям, ёр бевафост,
Бар ман чу умр мегузарад, пир аз он шудам.
Дӯшам навид дод иноят, ки: Ҳофизо,
Бозо, ки ман ба афви гуноҳат замон шудам.
367
Ҳамин на қиссаи он шӯхи бевафо гӯям,
Ки боз чун бирасад, боз аз ибтидо гӯям,
Худойро, ки бубин, эй рафиқ маслиҳате,
Ки ҳоли хеш бигӯям ба ёр, то гӯям.
Шабе ба он маҳ агар сӯҳбат иттифоқ афтад,
Зи ман фасона агар бишнавад, чиҳо гӯям?
Гиреҳ-гиреҳ шуда хун дар дилам, вале зи касе
Чу кори ман накушояд, аз он чаро гӯям?
Кунам ҳикояти ӯ бо хаёли ӯ ҳама шаб,
Зи ошно сухане пеши ошно гӯям,
Ба як сухан нанавозӣ аз он лабам, Ҳофиз,
Ту худ бигӯй, ки ман ин сухан куҷо гӯям?
Магӯ: «Давои худ аз дигарон талаб, Ҳофиз!»
Куҷо равам, чӣ кунам, дарди худ киро гӯям?
368
Хаёли рӯйи ту дар коргоҳи дида кашидам.
Ба сурати ту нигоре надидаму нашунидам.
Умеди хоҷагиям буд, бандагии ту ҷустам,
Ҳавои салтанатам буд, хидмати ту гузидам.
Агарчи дар талабат ҳаминони боди шамолам,
Ба гарди сарви хиромони қоматат нарасидам.
Ба шавқи чашмаи нӯшат чӣ қатраҳо, ки фишонда
Зи лаъли бодафурӯшат, чӣ ишваҳо, ки харидам.
Зи ғамза бар дили решам чӣ тирҳо, ки кушодӣ,
Зи ғусса бар сари кӯят чӣ борҳо, ки кашидам.
Зи кӯйи ёр биёр, эй насими субҳ ғуборе,
Ки бӯйи хуни дили реш аз он туроб шунидам.
Гуноҳи чашми сиёҳи ту буду гардани дилхоҳ,
Ки ман чу оҳуи ваҳшӣ зи одамӣ бирамидам.
Чу ғунча бар сарам аз кӯйи ӯ гузашт насиме,
Ки парда бар дили хунин ба бӯйи ӯ бидаридам.
Ба хоки пойи ту савганду нури дидаи Ҳофиз,
Ки бе рухи ту фурӯғ аз чароғи дида надидам.
369
Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам,
Ки аз болобаландон шармсорам.
Магар занҷири мӯе гирадам даст
Вагарна сар ба шайдоӣ барорам.
Зи чашми ман бипурс авзои гардун,
Ки шаб то рӯз ахтар мешуморам.
Бад-ин шукрона мебӯсам лаби ҷом,
Ки кард огаҳ зи рози рӯзгорам.
Агар гуфтам дуои майфурӯшон,
Чӣ бошад, ҳаққи неъмат мегузорам.
Ман аз бозуи худ дорам басе шукр,
«Ки зӯри мардумозорӣ надорам».
Саре дорам чу Ҳофиз маст, лекин,
Ба лутфи он саре уммедворам.
370
Гарчи афтод зи зулфаш гираҳе дар корам,
Ҳамчунон чашми умед аз карамаш медорам
Ба тараб ҳамл макун сурхии рӯям, ки чу ҷом,
Хуни дил акс бурун медиҳад аз рухсорам.
Пардаи мутрибам аз даст бурун хоҳад бурд,
Оҳ, агар з-он, ки дар ин парда набошад борам
Посбони ҳарами дил шудаам шаб ҳама шаб,
То дар ин парда ҷуз андешаи ӯ нагзорам.
Манам он шоири соҳир, ки ба афсуни сухан
Аз найи килк ҳама қанду шакар меборам.
Дидаи бахт ба афсонаи ӯ шуд дар хоб,
Ку насиме зи иноят, ки кунад бедорам.
Чун туро дар гузар, эй ёр, намеёрам дид,
Бо кӣ гӯям, ки бигӯяд сухане бо ёрам?
Дӯш мегуфт, ки Ҳофиз ҳама рӯй асту риё,
Ба ҷуз аз хоки дараш бо кӣ бувад бозорам?
371
Гар даст диҳад хоки кафи пойи нигорам,
Бар лавҳи басар хатти ғуборе бинигорам.
Бар бӯйи канори ту шудам ғарқу умед аст
Аз мавҷи сиришкам, ки расонад ба канорам.
Парвонаи ӯ гар бирасад дар талаби ҷон,
Чун шамъ ҳама дам ба даме ҷон бисупорам.
Имрӯз макаш сар зи вафои ману андеш
З-он шаб, ки ман аз ғам ба дуо даст барорам.
Зулфайни сиёҳи ту ба дилдории ушшоқ
Доданд, қарореву бибурданд қарорам.
Эй бод, аз он бода насиме ба ман овар,
К-он бӯйи шифобахш бувад дафъи хуморам.
Гар қалби диламро наниҳад дӯст иёре,
Ман нақди равон дар дамаш аз дида шуморам.
Доман мафишон аз мани хокӣ, ки пас аз марг
З-ин дар натавонад, ки барад бод ғуборам.
Ҳофиз, лаби лаълаш чу маро ҷони азиз аст,
Умре бувад он лаҳза, ки ҷонро ба лаб орам.
372
Дар ниҳонхонаи ишрат санаме хуш дорам,
К-аз сари зулфу рухаш наъл дар оташ дорам.
Ошиқи риндаму майхора ба овози баланд,
В-ин ҳама мансаб аз он ҳури париваш дорам.
Гар ту з-ин даст маро бесару сомон дорӣ,
Ман ба оҳи саҳарат зулф мушавваш дорам.
Гар чунин чеҳра кушояд хати зангории дӯст,
Ман рухи зард ба хуноба мунаққаш дорам.
Гар ба кошонаи риндон қадаме хоҳӣ зад,
Нуқл шеъри шакарину майи беғаш дорам.
Новаки ғамза биёру расани зулф, ки ман
Ҷангҳо бо дили маҷрӯҳи балокаш дорам.
Ҳофизо, чун ғаму шодии ҷаҳон даргузар аст,
Беҳтар он аст, ки ман хотири худ хуш дорам.
373
Дилатро гар ҳаҷар гуфтем, гуфтем,
Қадатро гар шаҷар гуфтем, гуфтем.
Хататро мушк агар хондем, хондем.
Қадатро сарв агар гуфтем, гуфтем.
Бигуфтемат, ки дорӣ то камар мӯй,
Зи мӯят то камар гуфтем, гуфтем.
Зи бод он дам, ки зулфат гашт дарҳам,
Зи мавҷаш гар шамар гуфтем, гуфтем.
Чу гаштӣ з-он лаби ширин шакарбор,
Лабатро гар шакар гуфтем, гуфтем.
Намудӣ чун ба мо рухсору абру,
Гарат шамсу қамар гуфтем, гуфтем.
Чӣ шуд гар ту рақиберо, ки хоҳӣ,
Гадои дар ба дар гуфтем, гуфтем.
Туро дар маҷлиси риндони олам,
Агар тоҷи гуҳар гуфтем, гуфтем.
Чу Ҳофиз ҳоли худро бо даҳонат,
Ба ваҷҳи мухтасар гуфтем, гуфтем.
374
Маро аҳдест бо ҷонон, ки то ҷон дар бадан дорам,
Ҳаводорони кӯяшро чу ҷони хештан дорам.
Сафои хилвати хотир аз он шамъи Чигил ҷӯям.
Фурӯғи чашму нури дил аз он моҳи Хутан дорам.
Ба кому орзуи дил чу дорам хилвате ҳосил,
Чӣ фикр аз хубси бадгӯён миёни анҷуман дорам.
Маро дар хона сарве ҳаст, к-андар сояи қаддаш
Фароғ аз сарви бӯстониву шамшоди чаман дорам.
Гарам сад лашкар аз хубон ба қасди дил камин созанд,
Биҳамдуллоҳи-вал-минна, буте лашкаршикан дорам.
Сазад, к-аз хотами лаълаш занам лофи Сулаймонӣ,
Чу исми аъзамам бошад, чӣ бок аз аҳраман дорам.
Ало, эй пири фарзона, макун манъам зи майхона,
Ки ман дар тарки паймона дили паймоншикан дорам.
Худоро, эй рақиб, имшаб замоне дида бар ҳам неҳ,
Ки ман бо лаъли хомӯшаш ниҳонӣ сад сухан дорам.
Чу дар гулзори иқболаш хиромонам, биҳамдуллоҳ,
На майли лолаву насрин, на барги настаран дорам.
Ба риндӣ шӯҳра шуд Ҳофиз миёни ҳамдамон, лекин
Чӣ ғам дорам, ки дар олам Қавомуддин Ҳасан дорам.
375
Ман кӣ бошам, ки бар он хотири отир гузарам,
Лутфҳо мекунӣ, эй хоки дарат тоҷи сарам!
Дилбаро, банданавозит кӣ омӯхт, бигӯ,
Ки ман ин занн ба рақибони ту ҳаргиз набарам.
Ҳимматам бадрақаи роҳ кун, эй тоири қудс,
Ки дароз аст раҳи мақсаду ман навсафарам.
Эй насими саҳарӣ, бандагии ман бирасон,
Гӯ, фаромӯш макун, вақти дуои саҳарам.
Хуррам он рӯз, к-аз ин марҳала барбандам бор,
В-аз сари кӯйи ту пурсанд рафиқон хабарам.
Пояи назм баланд асту ҷаҳонгир, бигӯ:
То кунад подшаҳи баҳр даҳон пургуҳарам.
Ҳофизо, шояд агар дар талаби гавҳари васл
Дида дарё кунам аз ашку дар ӯ ғӯта хӯрам.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!