Аҳмад Зоҳир. А. Чиҳилу як суруд

Абдуҳамид Тағоев / Дек.14.2013. / 22 гузориш

ahmad_zohir_A
Аҳмад Зоҳир
Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
То зи паймонаи чашмони ту сармаст шудам,
Дигар андар назарам дидаи бино танг аст…
Гуфта будӣ, ки ба дидори ман ойӣ зи вафо,
Фурсат аз даст мадеҳ, вақти тамошо танг аст.
Сар ба домони ту зин пас ниҳаму нола кунам,
Баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст…

 
 
 

01

Аввалин ишқам

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ,
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.

Дарду андӯҳам фузудӣ, дар сукути нимашабҳо,
Бо худам танҳо нишастам, нағмаи маргам сурудам.
Кош, ҳаргиз ман набудам! Кош, ҳаргиз ман набудам!

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ.
Худ бигӯ, бо ман чӣ ҳастӣ, саркашу мағруру мастӣ,

Ишқ, яъне нима мурдан, риштаи ҳастӣ буридан.
Кош, ҳаргиз ман набудам! Кош, ҳаргиз ман набудам!

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ,
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.
Оҳ, ай ишқ, аз куҷоӣ, аз ҷаҳони ҳуснҳоӣ,
Бо дили афсурдаи ман солҳо шуд ошноӣ.
Кош, ҳаргиз ман набудам! Кош, ҳаргиз ман набудам!

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ,
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.

Агар зи халқ маломат в-агар зи карда надомат — ниг. 42/83

02

Агар баҳор биёяд

Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд.

Кушуда лонаи ишқу фишонда донаи меҳр,
Туро, паррандаи ғамгин, ба ошёна хоҳам хонд.

Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд.

Ба гаҳвораи оғӯши ман чу хоҳӣ боз,
Ба гӯши хотири ту ман фасонаҳо хоҳам хонд.

Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд.

03

Агар ин осмон

Агар ин осмон ситора надошт,
Чашми худро ситора мекардам.
То биёвезад аз бару дӯшаш
Ашкро гӯшвора мекардам.
Агар ин осмон ситора надошт…

Дар чаман лола гар намехандид,
Аз шафақ барги лола мечидам.

Агар ин осмон ситора надошт,
Чашми худро ситора мекардам.
То биёвезад аз бару дӯшаш
Ашкро гӯшвора мекардам.
Агар ин осмон ситора надошт…

Бо ҳазорон шақоиқи ваҳшӣ,
Гирди чашмат пиёла мекардам.

Агар ин осмон ситора надошт,
Чашми худро ситора мекардам.
То биёвезад аз бару дӯшаш
Ашкро гӯшвора мекардам.
Агар ин осмон ситора надошт…

04

Агар ишқ бошад

Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.

Нишон деҳ раҳи Каъбаи ошиқонро,
Ба Маҷнуни гумкардароҳе, Илоҳӣ.

Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.

Ба майхона ҳам роҳ надоданд моро
Куҷо рӯ кунад бепаноҳе, Илоҳӣ.

Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.

Маро субҳи рухсори оинарӯе,
Нишонда ба рӯзи сиёҳе, Илоҳӣ.

Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.

Агар овораву мастам — ниг. 4/45 Ба кас чӣ, ба кас чӣ
Агар пинҳон — ниг. 43/84

05

Агар сабза будам

Агар сабза будам ба домони саҳро,
Суроғи туро аз сабо мегирифтам.
Агар об будам ба оғӯши дарё,
Суроғи туро то Худо мегирифтам.
Агар сабза будам.

Агар чанг будам, ба сад нозу афсун,
Ба домони пурмеҳри ту меғунудам.

Агар сабза будам ба домони саҳро,
Суроғи туро аз сабо мегирифтам.
Агар об будам ба оғӯши дарё,
Суроғи туро то Худо мегирифтам.
Агар сабза будам.

Агар меҳрубон будӣ, ай нозанинам,
Зи хубон турову туро месутудам.
Агар чанг будам, ба сад нозу афсун,
Ба домони пурмеҳри ту меғунудам.

Агар сабза будам ба домони саҳро,
Суроғи туро аз сабо мегирифтам.
Агар об будам ба оғӯши дарё,
Суроғи туро то Худо мегирифтам.
Агар сабза будам.

06

Агар ту ёраки ман бошӣ

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.

Агар як шаб ту ойӣ ба барам, ҳама гулҳо ба сарат мепошам.
Агар ту ёд намойӣ аз ман, аз хушӣ то ба саҳар мегӯям,
Ки ту дилдори манӣ, ки ту ҷонони манӣ,
Ки ту ғамхори манӣ, дӯстат дорам.

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.

Агар як шаб меҳрубон шавӣ, аз рӯйи лутф бигирӣ хабарам,
Агар бо ноз ба сӯям хандӣ, бикашам дардеро ба чашми сарам.
Ки ту дилдори манӣ, ки ту ҷонони манӣ,
Ки ту ғамхори манӣ, дӯстат дорам.

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.

07

Аё сайёд, раҳме кун

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам,
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро.

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Хабар кун, ай сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро.

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Зи танҳоӣ дилам хун шуд, надорам марҳами розе,
Ки бинвисад барои дӯстдорон достонамро.

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

МАТНИ ШЕЪР:
Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.
Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам,
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро.
Ба перомуни гул азбас халида хор бар поям,
Бувад хунин ба ҳар ҷойи чаман бинӣ нишонамро.
Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Хабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро.
Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,
Ки дидам, тоза бо гург улфате бошад шубонамро.
Чу Лоҳутӣ ба ҷон миннат пазирам то абад онро,
Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.

Шеър аз Абулқосими Лоҳутӣ

08

Аз барои ғами ман

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.

Сар ба домони ту з-ин пас ниҳаму нола кунам,
Баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст.

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст.

То зи паймонаи чашмони ту сармаст шудам,
Дигар андар назарам дидаи мино танг аст.

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.

МАТНИ ШЕЪР:
Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
То зи паймонаи чашмони ту сармаст шудам,
Дигар андар назарам дидаи мино танг аст.
Баски дил дар сари гесуи ту овехта аст,
Аз барои дили ошуфтаи мо ҷо танг аст.
Гуфта будӣ, ки ба дидори ман ойӣ зи вафо,
Фурсат аз даст мадеҳ, вақти тамошо танг аст.
Сар ба домони ту з-ин пас ниҳаму нола кунам,
Баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст.
Магар имрӯз ба болини ман ойӣ, ки дигар
Умри кӯтоҳи маро ваъдаи фардо танг аст.
Хандаи ғунча фурӯ мурд зи бедоди хазон,
Чӣ тавон кард, ки чашму дили дунё танг аст.

Шеър аз Баҳодури Ягона

09

Аз ғамат, ай нозанин

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам.

Мераваму мебарам доғи ҷафоят ба хеш,
Ҳаҷру висоли туро хок ба сар мекунам.

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам.

То нахӯрад дигаре боз фиреби туро,
Дар ҳама ҷо аз ғамат ғулғула сар мекунам.

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам.

Қиссаи ҷаври туро, ай бути ноошно,
Бо дили пурғуссаву дидаи тар мекунам.

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам.

Азизам, ба ёдат шабҳои зулмат — ниг. 4/91

10

Аз дастат фиғон-фиғон дорам

Аз дастат фиғон-фиғон дорам,
Қалби хунчакон-чакон дорам.

Фарҳатамро надида баҳоре,
Ман бинолам чу булбули зоре.
Сад тири ишқи ту, ай дилбар,
Ман ба дил ниҳон-ниҳон дорам.

Аз дастат фиғон-фиғон дорам,
Қалби хунчакон-чакон дорам.

Ай парирӯ, ту бишнав фиғонам,
Гарчи пирам, ба ишқат ҷавонам.
Сад тири ишқи ту, ай дилбар,
Ман ба дил ниҳон-ниҳон дорам.

Аз дастат фиғон-фиғон дорам,
Қалби хунчакон-чакон дорам.

11

Аз ноз чӣ механдӣ

Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд.

Танҳо на аз ин мардум, сад рӯю риё дида,
Аз мардумаки худ ҳам бад дида, ки мегиряд.

Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд.

Сад доғи ниҳон дорад, ин сина, ки механдад,
Сад гуна бало дидаст, ин дида, ки мегиряд.

Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд.

МАТНИ ШЕЪР:
Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд.
Чун дида туро сармаст, аз бодаи ағёре,
Дар хуни худ аз ғайрат ғалтида, ки мегиряд.
Танҳо на аз ин мардум, сад рӯю риё дида,
Аз мардумаки худ ҳам бад дида, ки мегиряд.
Лаб, неку бади дунё нохонда, ки механдад,
Чашм охири ҳар коре пойида, ки мегиряд.
Сад доғи ниҳон дорад, ин сина, ки механдад,
Сад гуна бало дидаст, ин дида, ки мегиряд.

Шеър аз Алии Аштарӣ

12

Аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам

Аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигарро шикастам.

Барои он ки танҳо аз ту бошам,
Зи ҳар маҳрӯйи дигар дил гусастам.
Дусад паймони дигарро шикастам.

Аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигарро шикастам.

Ба ҷому соғарам коре набошад,
Ки ман паймонаи дигар шикастам.
Дусад паймони дигарро шикастам.

Аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигарро шикастам.

13

Аз пеши ман бирав

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам.
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ман нокомам, нокоми ишқам,
Ман бадномам, бадноми ишқам.

Оҳ, ай Худо, чӣ гуна туро гӯям,
К-аз ҷисми хеш хаставу безорам.
Ҳар шаб бар остони ҷалоли ту
Гӯйӣ, умеди ҷисми дигар дорам.

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ман нокомам, нокоми ишқам,
Ман бадномам, бадноми ишқам.

Дил нест, он диле, ки ба ман додӣ,
Дар хун тапида, оҳ, раҳояш кун,
Ё холӣ аз ҳавову ҳавас дораш,
Ё пойбанди меҳру вафояш кун.

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ман нокомам, нокоми ишқам,
Ман бадномам, бадноми ишқам.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

14

Аз сафар хуш омадӣ

Хабар овардаанд, омадаӣ,
Аз сафар баъди солҳои дароз,
Боз ҳам дил ҳавои ишқи ту кард,
Чун кабӯтар, ки мекунад парвоз.

Аз сафар хуш омадӣ,
Аз сафар хуш омадӣ,
Аз сафар хуш омадӣ!

Қалами орзу ба лавҳи дилам,
Нақши дигар ба ёдгор кашид.
Дили ман мурда буд аз ғами ту,
Баски як умр интизор кашид.

Аз сафар хуш омадӣ,
Аз сафар хуш омадӣ,
Аз сафар хуш омадӣ!

Хабар овардаанд, омадаӣ,
Аз сафар баъди солҳои дароз,
Боз ҳам дил ҳавои ишқи ту кард,
Чун кабӯтар, ки мекунад парвоз.

Ту, ки рафтиву тарки ман кардӣ,
Бо чӣ пое ба диданат оям?!
Ай, ки бо дигарон ҳамоғӯшӣ,
Бе ту ман солҳост, танҳоям.

Аз сафар хуш омадӣ,
Аз сафар хуш омадӣ,
Аз сафар хуш омадӣ!

Аз тангнои маҳбаси торикӣ — ниг. 44/85

15

Аз ту дурам

Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…

Аз ту дурам ману девонаю мадҳуши туам,
Ончунон маҳви ту гаштам, ки дар оғӯши туам.

Як дам аз дил набарам ёди диловези туро
Гарчи чун ишқи зи дил рафта фаромӯши туам.
Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…

Нигаҳи гармаму дар чашми сухангӯйи туам,
Ҳаваси бӯсааму дар лаби хомӯши туам.
Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…

Гарчи дар ҳасратам аз дурии барқи нигаҳат,
Зинда бо ёди туву гармии оғӯши туам.
Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…

МАТНИ ШЕЪР:
Аз ту дурам ману девонаю мадҳуши туам,
Ончунон маҳви ту гаштам, ки дар оғӯши туам.
Як дам аз дил набарам ёди диловези туро
Гарчи чун ишқи зи дил рафта фаромӯши туам.
Нигаҳи гармаму дар чашми сухангӯйи туам,
Ҳаваси бӯсааму дар лаби хомӯши туам.
Ҳамчу ашке, ки зи ҷон рехта дар домани ту,
Чун садое, ки зи дил хоста, дар гӯши туам.
Пой то сар ҳама тӯфонаму ошуфтагиям,
Баҳри дар мавҷаму умрест, ки дар ҷӯши туам.
Гарчи дар ҳасратам аз дурии барқи нигаҳат,
Зинда бо ёди туву гармии оғӯши туам.
Дар дили ин шаби торик, ки чун бахти ман аст,
То саҳар мунтазири субҳи баногӯши туам.
Хотири нозукат озурда шуд аз меҳнати ман,
Бори сангинаму овехта аз дӯши туам.

Шеър аз Абулҳасани Варазӣ

16

Аз чашми ту

Аз чашми ту чун ашк сафар кардаму рафтам,
Афсонаи ҳиҷрони ту сар кардаму рафтам.
Дар шоми ғамангези видоъ аз садафи чашм,
Домони туро ғарқи гуҳар кардаму рафтам.
Чун бод барошуфтаму гулҳои чаманро
Бо ёди рухат зеру забар кардаму рафтам.
Ай соҳили уммед, пайи васли ту чун мавҷ,
Дар баҳри ғамат сина сипар кардаму рафтам.
Чун шамъ ба болини хаёлат шаби худро
Бо сӯзи дилу ашки саҳар кардаму рафтам.
Чун мурғи шабоҳанг ҳама халқи ҷаҳонро
Аз рози дили хеш хабар кардаму рафтам.
Чун шамъ ҳадиси ғами дил гуфтаму хуфтам,
Пироҳане аз ашк ба бар кардаму рафтам.

Шеър аз Низомиддини Бақо

>

17

Аз ҷаҳон бе рухи ӯ

Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам,
Булбулу гулро ҳамагӣ хок ба сар мекунам.
Хуш наям, дурии ӯ карда маро хун ҷигар,
З-он ҳаме нола ба ҳар кӯҳу камар мекунам.
Ранҷи ман, ғуссаи ман ҳеҷ, магар оқибат,
Ноласон бар дили санги ту асар мекунам.
Гул ба ту, лола ба ту, сарв ба ту, ноз Адо,
Баҳри ту ман васфи чаман ин ҳама сар мекунам.

Шеър аз Адо

18

Ай ба дидаам торик

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Шишаҳоҳо ҳама холӣ, созҳо ҳама хомӯш,
Бенамак бувад имшаб базми ошиқон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Лола хуни дил нӯшад, настаран кафан пӯшад,
Сахт мотамангез аст сайри бӯстон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Ғунчаҳои умедам ношукуфта як рӯзе,
Раҳм кун, ки мемирад қалби як ҷавон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

19

Ай бехабар аз дарди ман

Ай бехабар аз дарди ман, бар осмон шуд гарди ман,
Дидӣ чу ранги зарди ман, моро раҳо кардиву рафтӣ.

Ишқи маро нашнохтӣ, бо дигарон пардохтӣ,
Моро парешон сохтӣ, дил бохтӣ, дил бохтӣ,
Рӯзам сиёҳ кардиву рафтӣ.

Ай бехабар аз дарди ман, бар осмон шуд гарди ман,
Дидӣ чу ранги зарди ман, моро раҳо кардиву рафтӣ.

Бе ту ба танҳо сохтам, бо ранҷи шабҳо сохтам,
Бо чашми дарё сохтам, яъне саропо сохтам,
Ту тарки мо кардиву рафтӣ.

Ай бехабар аз дарди ман, бар осмон шуд гарди ман,
Дидӣ чу ранги зарди ман, моро раҳо кардиву рафтӣ.

20

Ай булбули хушилҳон

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.

Ай булбули шӯрангез, шӯри ту шарарбор аст,
Бархез, баҳор омад, кишвар зи ту гулзор аст.

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.

Ай булбули шӯрангез, ман ишқи туро нозам,
Бархез, баҳор омад, бар ишқи ту ҷон бозам.

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.

21

Ай бути бераҳм

Ай бути бераҳм, шикорафганам,
Ришта бияндоз, ту дар гарданам.

Тир бияндоз, ки ман аз ҳаво
Гираму дар сина кунам ҷо ба ҷо.
Тири туро бар дилу ҷон ҷо диҳам,
То тасаллии дили шайдо диҳам.
Чашми фатонат, ки фусун мекунад,
Ин дилакам ғарқаи хун мекунад.
Он лаби лаълат, ки зи майхонаҳо
Мега ба гӯшам дусад афсонаҳо.
Ҷони манӣ, пеши рақибон нарав,
Яккаву танҳо ба гулистон нарав,
Пеши ман о, то ки фидоят шавам,
Куштаи як лаҳза нигоят шавам.

Ай бути бераҳм, шикорафганам,
Ришта бияндоз, ту дар гарданам.

22

Ай гулъузори ман

Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.

Оташи ишқи ту сӯзад тани ман,
Ман ҳалоки туву ту душмани ман.
Ҳамчу парвона ба умеди васлат,
Сӯхтам, ай шамъи равшани ман.
Ай нозанинам, ёри ширинам,
Туӣ Парвинам, биё, биё.

Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.

Чашми сиёҳу рухи ҳамчу моҳат,
Бурда аз хешам, ба мастӣ нигоҳат.
Рӯз овораам дар пайи ту,
То бубинам, магар, бар сари роҳат.

Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.

23

Ай дили девона

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!

Туро аз дур мебинам, чӣ ҳосил?
Ба паҳлуят намешинам, чӣ ҳосил?
Дарахти ҳусни ту гулзор карда,
Аз он гулҳо намечинам, чӣ ҳосил?

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!

Биё, ки дар бағал тангат бигирам,
Балои кокули чангат бигирам,
Маро, ки сесаду шаст бӯса додӣ,
Биё, ки аз лаби қандат бигирам.

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!

Сияҳчашмак, ба дил банди ту бошад,
Ба пойи ҷон зи пайванди ту бошад.
Сафар кардам ба гулшанҳои дунё,
Надидам кас, ки монанди ту бошад.

Ай дил, ай дил, дили девона,
Бар ишқаш шудӣ афсона,
Бар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!

24

Ай дил, ту гиря кам кун

Ай дил, ту гиря кам кун, то чашми тар набошад,
Хунобаҳо бубандед, то кас хабар набошад.

Коре бикун, дили ман, то азмати тапишҳо,
Дар пеши маҳрӯён дил бесамар набошад.

Ай дил, ту гиря кам кун, то чашми тар набошад,
Хунобаҳо бубандед, то кас хабар набошад.

Умре ба хоксорӣ бигзашт дар харобот,
Аз умри рафтаи ман шояд асар набошад.

Ай дил, ту гиря кам кун, то чашми тар набошад,
Хунобаҳо бубандед, то кас хабар набошад.

Ай дом, мар Худоро, раҳме ба ҳоли дил кун,
Мурғест бебизоат, беболу пар набошад.

Ай дил, ту гиря кам кун, то чашми тар набошад,
Хунобаҳо бубандед, то кас хабар набошад.

25

Ай дуздида чашм аз оҳу

Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омехта афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ, вафо ку?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Дил шикастан кардӣ пеша
Рух пеш оварӣ чу шиша.
Хоҳам чун бӯсам, ҳамеша,
Хандиву гӯйӣ «Намеша».
Оҳ, чӣ бераҳмӣ ту маро,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омехта афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ, вафо ку?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ

Ман бо ту намеситезам,
Аз ду дида хун мерезам.
Вақте мехоҳам гурезам,
Мегӯйӣ: «Нарав азизам!»
Оҳ, чӣ бераҳмӣ ту маро,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омехта афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ, вафо ку?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

МАТНИ ШЕЪР:
Тобида каманд аз гесу,
Сад ваъда додӣ вафо ку?
Мефиребӣ, чӯҷаи теҳу?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!
Дил шикастан кардӣ пеша,
Рух пеш оварӣ чу шиша,
Чун хоҳам бӯсам, ҳамеша,
Хандию гӯйӣ: «Намеша!»
Ин адо чист, бачаи ҷоду?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!
Ман бо ту намеситезам,
Аз ду дида хун мерезам,
Вақте мехоҳам гурезам,
Мегӯйӣ: «Нарав, азизам!»
Ваҳ, чӣ бераҳмӣ ту, маҳрӯ,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ бо андак дигаргунӣ

Ай дур, ай маҳол — ниг. 19/244 Ту бо манӣ

26

Ай ишқ

Ай ишқ! Ай ишқ! Ай ишқ!
Зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта.
Ай ёр! Ай ёр! Ай ёр!
Ба роҳи ту чашми ман дӯхта, дӯхта.

Зи роҳи дида дар дил хона кардӣ,
Сипас ин хонаро вайрона кардӣ.
Нагӯям з-он чӣ кардӣ ё накардӣ,
Фақат як гап: «маро девона кардӣ».

Ай ишқ! Ай ишқ! Ай ишқ!
Зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта.
Ай ёр! Ай ёр! Ай ёр!
Ба роҳи ту чашми ман дӯхта, дӯхта.

Нигори нозанини аҳли дардам!
Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардам.
Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон зада даврат бигардам.

Ай ишқ! Ай ишқ! Ай ишқ!
Зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта.
Ай ёр! Ай ёр! Ай ёр!
Ба роҳи ту чашми ман дӯхта, дӯхта.

27

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?

То напурсанд, ба хубон ғами дил натвон гуфт,
В-ар бипурсанд, бигӯ: «қуввати гуфтор куҷост?»

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?

Дар хароботи муғон ҳуш маҷӯед, ки мо
Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост!

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?

Ай ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худоӣ — ниг. 11/175 Ман надонистам аз аввал-1

28

Ай қавми баҳаҷрафта

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.

Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта Шумо дар чӣ ҳавоед?

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.

Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷон аст,
Аввал рухи оина ба сайқал бизудоед.

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.

МАТНИ ШЕЪР:
Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.
Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,
Ҳам ҳоҷию ҳам Каъбаву ҳам хона шумоед.
Сад бор аз ин хона бад-он хона бирафтед,
Як бор аз ин хона бар ин бом бароед.
Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷон аст,
Аввал рухи оина ба сайқал бизудоед.
Он хона латиф аст, нишонҳош бигуфтед,
Аз хоҷаи он хона нишона бинамоед.
Ку дастае аз гул, агар он боғ бидидед,
Ку гавҳаре аз ҷон, агар аз баҳри Худоед?
Бо ин ҳама он ранҷи Шумо ганҷи Шумо бод,
Афсӯс, ки бар ганҷи Шумо парда Шумоед.
Ганҷед, ниҳон гашта дар ин тӯдаи пурхок,
Чун қурси қамар з-абри сияҳ боз бароед.
Султони ҷаҳон мафхари Табрез намояд,
Ашколи аҷоиб, ки Шумо рӯҳи фазоед.

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

Ай насими ҷонпарвар — ниг. 22/282 Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам
Ай нилгун дарёи ман — ниг. 1/125

29

Ай моҳи канъонии ман

Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ, боздеҳ,
Мурғи диламро аз қафас парвоз деҳ, парвоз деҳ.

Ай ахтари тобандаам, ай кавкаби пояндаам,
Ё нур афшон бар дилам, ё дил, ки бурдӣ, боздеҳ.
Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ, боздеҳ

Аз қавли ман бо ӯ бигӯ, ай бурда аз хотир маро,
Ё пой бинеҳ бар дидаам, ё дил, ки бурдӣ, боздеҳ.

Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ, боздеҳ,
Мурғи диламро аз қафас парвоз деҳ, парвоз деҳ.

30

Ай нозанин, аз ишқи ту

Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Ҳар лаҳзае бинвозамат в-аз ҷон нисоре созамат,
Донӣ, ки ман дар ошиқӣ ҷононаам, ҷононаам.

Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Дар достонҳои куҳан, ҷойи ту бошад назди ман,
Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам.

Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Наздики хешат хондаам, дар интизорат мондаам,
Дигар чаро дар мезанӣ, дар хонаам, дар хонаам.

Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

МАТНИ ШЕЪР:
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.
Ин мардуми оқилнамо бигзору пеши ман биё,
Ман бо ҳама девонагӣ фарзонаам, фарзонаам.
Дунболи доноён марав, ёри ҷаҳонҷӯён машав,
Ман аз ҳақиқат хуштарам, афсонаам, афсонаам.
Аз атру лутфу ранги ту, дил мекунад оҳанги ту,
То ҷилва чун гул кардаӣ, парвонаам, парвонаам.
Дар достонҳои куҳан, ҷойи ту бошад назди ман,
Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам.
Ҳар лаҳзае бинвозамат в-аз ҷон нисоре созамат,
Донӣ, ки ман дар ошиқӣ ҷононаам, ҷононаам.
Наздики хешат хондаам, дар интизорат мондаам,
Дигар чаро дар мезанӣ, дар хонаам, дар хонаам.

Шеър аз Муҳамад Ҳусайни Алиободӣ

31

Ай, номи ғамат — таронаи ман

Ай, номи ғамат – таронаи ман,
Ишқи ту ҳама баҳонаи ман.

Ай мурғи сафеди ошноӣ,
Бозой ба ошёнаи ман.

Ай, номи ғамат – таронаи ман,
Ишқи ту ҳама баҳонаи ман.

Ишқи ту ҷунуни дигар омехт,
Бо нағмаву бо таронаи ман.

Ай, номи ғамат – таронаи ман,
Ишқи ту ҳама баҳонаи ман.

Ай оҳи саҳаргоҳ — ниг. 2/126

32

Ай подшаҳи хубон

Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ.
Ай подшаҳи хубон…

Ай дарди туам дармон, дар бистари нокомӣ,
В-эй ёди туам мӯнис дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар гӯшаи танҳоӣ…

Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ.
Ай подшаҳи хубон…

Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Дар вақти тавоноӣ…

Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ.
Ай подшаҳи хубон…

МАТНИ ШЕЪР:
Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ!
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: «Ғалате, бигзор з-ин фикрати савдоӣ».
Сад боди сабо ин ҷо бо силсила мерақсанд,
Ин аст ҳариф, ай дил, то бод напаймойӣ.
Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.
Ё раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ.
Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то боғ биёройӣ.
Ай дарди туам дармон, дар бистари нокомӣ,
В-ай ёди туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар доираи қисмат мо нуқтаи паргорем,
Лутф — он чӣ ту андешӣ, ҳукм – он чӣ ту фармойӣ.
Фикри худу ройи худ дар олами риндӣ нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбиниву худройӣ.
З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад,
Шоди-т муборак бод, ай ошиқи шайдоӣ.

Шеър аз Ҳофизи Шерозӣ

33

Ай рашки гулҳо

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам.

Умрест хоҳам як бӯса з-он лаб,
Имрӯзу фардо додӣ фиребам.

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам.

Гуфтам, ки номат дигар нагирам,
Кардӣ дилосо, додӣ фиребам.

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам.

Гуфтӣ: «Ба ишқат бепову сар ман»,
Дидам, саропо додӣ фиребам.

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам.

34

Ай сорбон

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Маҳмил бидор, ай сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯйӣ, равонам меравад.

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Бозову бар чашмам нишин, ай дилфиреби нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

МАТНИ ШЕЪР:
Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯйӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам, ки бо найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, ай сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯйӣ, равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.
Бо он ҳама бедоди ӯ, в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ ё бар забонам меравад.
Бозою дар чашмам нишин, ай дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.
Шаб то саҳар менағнавам, в-андарзи кас менашнавам,
В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.
Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил,
В-ин низ напӯшонам, ки дил бо корвонам меравад.
Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад .
Саъдӣ фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, ай бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

Шеър аз Саъдии Шерозӣ

35

Ай суруди вопасинам

Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзуи охирин, ҷуз ту оғӯше надорам.

Оташи ишқи ту ҳамчун, мекушад маро чу Маҷнун,
Дар оғӯшат паноҳи ман, дар нигоҳат умеди ман.

Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзуи охирин, ҷуз ту оғӯше надорам.

Ситораи ишқи ман мурд, умеди ҳастии ман рафт,
Ай нолаи шабҳои ман, ай ёри беҳамтои ман!

Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзуи охирин, ҷуз ту оғӯше надорам.

36

Ай тири ғаматро

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ мӯътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ, ту,
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ мӯътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Яъне ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ мӯътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

МАТНИ ШЕЪР:
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ мӯътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.
Ҳар кас ба забоне сухани ишқи ту донад,
Ошиқ ба суруди ғаму мутриб ба тарона.
Афсуни дил афсонаи ишқ аст, дигар на,
Боқӣ ба ҷамолат, ки фусун асту фасона.
Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами туст,
Боре чу гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

Шеър аз Хаёлии Бухороӣ

Ай ту моҳи осмон — ниг. 11/236 Сӯзи қалбам ҷовидонӣ

37

Ай Худо, модари ман

Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ,
Модари ман, ахтари ман, гавҳари ман, боз ба ман деҳ,
Модари нозпарвари ман боз ба ман деҳ.

Ҷудо зи рӯйи модарам, қасам ба остони ту,
Ҳалқа шуда ба гарданам моҳи ту, осмони ту,
Шӯъла занад ба ҷони ман нури ситорагони ту.
Ай Худо, ай Худо, ай Худо,

Қасам ба номи поки ту, бузургии Қуръони ту,
Хор бувад ба чашми ман, баҳори ту, хазони ту,
Танг бувад ба чашми ман замини ту, замони ту.
Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ.

38

Ай ҳамватан

Ай ҳамватан, ай неруи боландаи ҷовид,
Хуш бош, ки боз ахтари аъмоли ту тобид.
Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

Бархе, ки бо мавҷи қавипанҷа кунад разм,
Қавме, ки зи тӯфони ҳаводис наҳаросид.
Хуш бош, ки боз ахтари аъмоли ту тобид.

Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

З-ин гуна далерона амал кардани бебок,
Бояд ба туву ҳиммати волои ту нозид.
Хуш бош, ки боз ахтари аъмоли ту тобид

Ай ҳамватан, ай неруи боландаи ҷовид,
Хуш бош, ки боз ахтари аъмоли ту тобид.
Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

39

Ай ҷони ман асират

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.

Ту меравӣ хиромон, ман бо ду чашми гирён,
Ошуфтаву парешон, чун кокул аз қафоят.

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.

Не бахти он, ки як шаб, дастам кашад ба зулфат,
Не пойи он, ки рӯзе бигрезам аз ҷафоят.

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.

40

Ай шӯълаи ҳазин

Ай шӯълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!
Ин шеъри туст, ё ки ҷунуни сиришкҳо,
Ё шеъри ман, ки медиҳадат сӯзи ҷовидон.
Ай шӯълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!
Дигар наҷӯямат,
Шабҳо напӯямат,
Розе нагӯямат.
Ай шӯълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!
Шабҳои бешумор,
Паҳлуи ҷӯйбор,
Дар саҳни кӯҳсор.

41

Афсӯс, ки ишқи поки ту

Афсӯс, ки ишқи поки ту ранги ҳавас гирифт,
Оташ ба ҷони ин қамари зудрас гирифт.
Донӣ, умеду зиндагиям буд ишқи ту,
Рафтию ишқ, он чӣ ба ман дод, пас гирифт.
То кай худо-худо кунам, ин дил зи дасти ту,
Шуд ноумеду домани он додрас гирифт.

Аҳд кардам, ки дигар май нахӯрам дар Рамазон – ниг. 9/173 Ман масту ту девона
Аҷаб сабре Худо дорад — ниг. 45/86
Ашкҳои ман ҳамчун — ниг. 46/87

22 гузориш Андешаатонро баён кунед

  • Дар як гузориши ББС форсӣ омада ки Аҳмад Зоҳир аз Сутон Шоҳзода ҳам шеъре хонда? Кадом шеърашро? Сипос.

    • Бародар Asli!
      Дар Торкада оиди аз ҷониби Аҳмад сурудани ашъори Лоҳутӣ, Турсунзода, Қодирӣ, Шоҳзода борҳо зикр шуда. Фақат аз Султон Шоҳзода то имрӯз маро чизе дастрас нагардид. Умед дорам, бо ҳам ҷустуҷӯ хоҳем кард!?

  • Ассалом алайкум!
    Аввало арзи сипос барои чунин кори мушкиле ки Шумо (Шумоён) кардетон. Лоқи ташаккурҳои беохир мебошед!

    Мехостам ба шумоён илтимос ва таклиф кунам, ки он аз ин иборт аст:

    1. Магар тавонед ҳамаи ин шеърҳоро дар як саҳифа ҷамъ кунед.

    оё

    2. Як китобе бо ном (мисол):»Таронаҳои Аҳмад Зоир» сохта дар он ҳаммаи шеърҳоро ҷам карда дар саҳифаи «Китобхона» ҷойгир мекардед бисёр хуб мешуд!

    Ташаккури зиёд!

    • Далер, соли 2015 барориши якуми китобро дар сомона ҷойгир карда будам, тарзи дастрасии он дар гӯшаи Китобхона ҳаст. Дар ин китоб чизҳое мавҷуданд, ки дар сомона дарҷ наёфтаанд. Ин китоб ба онҳое бояд тӯҳфа мешуд, ба сомона ҳамёрӣ (ёрдами пулӣ) кардаанд ва инчунин барои ноширон. Вале то имрӯз касе нагирифтааст.
      Ҳоло барориши дуюми китоб дар дастам аст, ки боз васеътару фарогиртар аст.
      Касоне, ки мехоҳанд, китобҳои гӯшаи Китобхонаро дастрас кунанд, бояд дар пойини сутуни рост тугмаҳои Sпасибо ва Поддержать-ро пахш карда маблағи муайянеро гузаронанд.

  • Бародарони гиромӣ!Ҳамин сурудҳоро аз куҷо метавонам дастрас кунам?!Агар донед,ёриатонро дареғ надоред.
    musiqi.tj,muzmo.ru,yandex.ru,google…
    баъзе сурудҳоро ёфта наметавонад.
    Пешакӣ муташаккирам…

    • Комронбек, аз ҳамин сомона дарёфта метавонед. Нақшаи ман низ ҳамин буд. Сурудҳои бо ҳарфи А саршавандаро дар ин ҷо гузоштаам. Вале аз сабаби набудани маблағ алҳол сомона ба душворӣ фаъолият дорад ва ман ин корро давом дода натавонистам. Суруди даркориатонро номбар кунед ва ман мувофиқи имкон дар сомона ҷо мекунам.

  • Хеле ва хеле шодам,ки то ба ҳанӯз мухлисони ашаддии ин Ситораи натакрори Шарқ зиёданд ва ман ҳам аз ҷумлаи онҳоям.Ба муаллиф барои гирд овардани чунин ганҷинаҳо сипоси худро мерасонам…

  • …рахмат -рахмати калон…?! -бисёр кори хайру савобангез карди.., ташаккури беканор…!?

  • Бародар кори хеле хуб ва савоб,илохо барака ёби.

  • Дастатон дард набинад. Бисёр кори хуб.

  • Ташаккури зиёд,бародари азиз,ки моро дуруст фахмидаед,эродхои мо бегаразона буданд.Мо хам хануз пеши дигарон шогирдему меомузем ва шояд дар навиштахои мо хам хатохо бошанд.Мутаасифона,имруз он китобхое,ки мавриди матни сурудхои Ахмад Зохир дар Точикистон нашр шудаанд,хеч як аз хатохо ори нестанд ва мо як маколаи ночизе хам дар ин мавзуъ навишта будем.Дар сомонаи Фейсбук низ аксар афгонхо дар навиштани матнхо галат кардаанд.Дар хамин сахифа хануз чанд хатои ночизи дигаре хаст.Агар хохиш бошад,мо андешахои худро хохем навишт,казоваташ аз Шумост!Ба хар хол медонам,ки захмати сангине кашидаед,кори осоне нест,ташаккури зиёд,хамеша ободу муваффак бошед!

  • Ташаккур,бародари азиз,хеле захмат кашидаед,аммо шуморо мебояд пеш аз нашр матни сурудхоро бори дигар аз назар гузаронед,зеро хатохои зиёде рох ёфтаанд.Аз чумла,Ба домони пурмехри ту МЕСУРУДАМ,дурусташ,албатта МЕГУНУДАМ аст;Гул ба ту,лола ба ту,сарв ба ту нозадо,дурусташ:Гул ба ту,лола ба ту,сарв ба ту,ноз Адо (шеъри шоир Адо аст),Бурда аз хешам ба масъум?нигохат,дурусташ»ба масти»,Ба пойи чон зи пайванди ту бошад,дурусташ «Бакои чон…»Зи пасти? хонаро вайрона карди,дурусташ «Сипас ин хонаро…»ва амсоли инхо.Хамин гуна хатохо дар сахифахои дигар низ ахён ба чашм мерасанд.Аз чумла газали Рахии Муййири «На дил мафтуни дилбанде…»(на махзуни)-ро саропо хато навистаед.Дар натичаи хатонависи баъзан маъно низ хароб шудааст.Бахшиш,агар малол расида бошад,аммо тахкикгар бояд матни дурустро пешниход кунад,имкон бошад,асли шеърро пайдо кунад,то дигарон аз паси у ба иштибох рох надиханд.Чун хатохо зиёданд,навиштани ин сатрхоро лозим донистем,боки казоват ба Шумо.

    • Бародари гиромӣ, Аҳроров Комилҷон! Хеле шодам, ки ниҳоят бо мардони шеърфаҳму мухлиси Аҳмади Зоҳири ҷовидонӣ ҳамсӯҳбат мешавам ва аз онҳо барои навиштаҳои шогирдонаи худ маслиҳат мегирам. Сипоси беандоза аз Шумо! Боварӣ дорам, ки ин сӯҳбати нахустину охирин нест… Эродҳои Шумо қабул ва ғалатҳо ислоҳ шуданд.

  • Нисбати шеъри «Аз ғамат ай нозанин» савол доштам. Инҷо «кулбаи худ… ҷойи дигар мекунам» омадааст. Дар назарам А. Зоҳир «қиблаи худ…. сӯи дигар мекунам» мехонд

    • Бале, ҳамин тавр аст. Ин саҳви ман аст. Дар вақти навиштан ба маънии шеър диққат додаам, зеро дар шеър «кулба» дар ҷойи худ аст, аммо «қибла» на он қадар. Вале фаромӯш кардаам, ки Аҳмад Зоҳири бузург «қибла» гуфтааст. Дурусттараш:
      «Қиблаи худ баъд аз ин ёри дигар мекунам»
      Сипоси беандоза, Фаридунҷон, ки ёдрасон кардед. Ислоҳ шуд.

  • Ҳазорон ҳазор раҳмат барои ин мавод! Ин маҳз он чизест, ки ман орзу мекардам. Худованд кӯшишҳои шуморо баракат диҳад! Дар меҳнати худ хаста набошед!

    • Саломат бошед, бародар!

  • Ай нилагун дарёи ман, боз омадам, боз омадам.
    Ай ҷому, ай минои ман, боз омадам, боз омадам.

    Инак садои пои ман, боз омадам боз омадам.
    боз омадам боз омадам.

    Як лаҳза соз, ки гӯш кун.
    В-он гаҳ боз зи оғуш кун.

    Инак садои пои ман, боз омадам боз омадам.
    боз омадам боз омадам.

    Чун булбуле парпар занам.
    Сӯи ту оям з-осмон.

    Ай булбули зебои ман, боз омадам, боз омадам.

    Инак садои пои ман, боз омадам боз омадам.
    боз омадам боз омадам.

    Ай нилагун дарёи ман, боз омадам, боз омадам.
    Ай ҷому, ай минои ман, боз омадам, боз омадам.

    • Барӯманд аст миллате, ки чунин фарзандон дорад, ки хотири ҳаммиллатони бузурги худро пос медоранд ва ба дасти фаромӯшӣ намедиҳанд. Садои Аҳмади Зоҳир ҷовидона хоҳад монд. Сипоси бемар, бародари арҷманд, барои ҳамовозиатон!

  • Дигар сурудхои Ахмад Зохир хам чоп мешаванд?

    • Бале. Рӯзҳои наздик сурудҳо бо ҳарфи «Б» интишор хоҳанд шуд. Ман тасмим гирифтаам, ки агар умр вафо кунад, матнҳои тамоми сурудаҳои Аҳмадро гирд оварам, интишор кунам ва дар намуди як китобчаи электронӣ ба хонандагон пешкаш кунам.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


4 − = 1


error: Content is protected !!