Ғазалиёт 301-325


301
Дило, рафиқи сафар бахти некхоҳат бас,
Насими равзаи Шероз пайки роҳат бас.
Дигар зи манзили ҷонон сафар макун, дарвеш,
Ки сайри маънавиву кунҷи хонақоҳат бас.
В-агар камин бикушояд ғаме зи гӯшаи дил,
Ҳарими даргаҳи пири муғон паноҳат бас.
Ба садри мастаба биншину соғари май нӯш,
Ки ин қадар зи ҷаҳон касби молу ҷоҳат бас.
Зиёдатӣ маталаб, кор бар худ осон кун,
Суроҳии майи лаълу бути чу моҳат бас.
Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли фазливу дониш, ҳамин гуноҳат бас.
Ҳавои маскани маълуфу аҳди ёри қадим,
Зи роҳравони сафаркарда узрхоҳат бас.
Ба миннати дигарон хӯ макун, ки дар ду ҷаҳон
Ризои Эзиду инъоми подшоҳат бас.
Ба ҳеҷ вирди дигар нест ҳоҷат, эй Ҳофиз,
Дуои ними шабу дарси субҳгоҳат бас.
302
Дарди ишқе кашидаам, ки мапурс,
Заҳри ҳаҷре чашидаам, ки мапурс.
Гаштаам дар ҷаҳону охири кор
Дилбаре баргузидаам, ки мапурс.
Он чунон дар ҳавои хоки дараш
Меравад оби дидаам, ки мапурс.
Ман ба гӯши худ аз даҳонаш дӯш
Суханоне шунидаам, ки мапурс.
Сӯйи ман лаб чӣ мегазӣ, ки магӯй?
Лаби лаъле газидаам, ки мапурс!
Бе ту дар кулбаи гадоии хеш
Ранҷҳое кашидаам, ки мапурс.
Ҳамчу Ҳофиз ғариб дар раҳи ишқ.
Ба мақоме расидаам, ки мапурс!
303
Дорам аз зулфи сиёҳаш гила чандон, ки мапурс.
Ки чунон з-ӯ шудаам бе сару сомон, ки мапурс.
Кас ба уммеди вафо тарки дилу дин макунод,
Ки чунонам ман аз ин карда пушаймон, ки мапурс!
Ба яке ҷуръа, ки озори касаш дар пай нест,
Заҳмате мекашам аз мардуми нодон, ки мапурс.
Зоҳид, аз мо ба саломат бигузар к-ин майи лаъл,
Дилу дин мебарад аз даст бад-он сон, ки мапурс.
Гуфтугӯҳост дар ин роҳ ки ҷон бигдозад,
Ҳар касе арбадае ин, ки мабин, он, ки мапурс.
Порсоиву саломат ҳавасам буд, вале
Шевае мекунад он наргиси фаттон, ки мапурс.
Гуфтам: «Аз гӯйи фалак сурати ҳолаш пурсам»
Гуфт: «Он мекашам андар хами чавгон, ки мапурс!»
Гуфтамаш: «Зулф ба хуни кӣ шикастӣ?» Гуфто:
«Ҳофиз, ин қисса дароз аст, ба Қуръон, ки мапурс!»
304
Бозову дили танги маро мӯниси ҷон бош
В-ин сӯхтаро маҳрами асрори ниҳон бош!
З-он бода, ки дар майкадаи ишқ фурӯшанд,
Моро ду-се соғар бидеҳу гӯ: рамазон бош!
Дар хирқа чу оташ задӣ, эй орифи солик,
Ҷаҳде куну сарҳалқаи риндони ҷаҳон бош!
Дилдор, ки гуфто: ба туам дил нигарон аст.
Гӯ, мерасам инак ба саломат, нигарон бош!
Хун шуд дилам аз ҳасрати он лаъли равонбахш,
Эй дурҷи муҳаббат, ба ҳамон мӯҳру нишон бош!
То дар дилаш аз ғусса ғуборе нанишинад,
Эй сели сиришк, аз ақиби нома равон бош!
Ҳофиз, ки ҳавас мекунадаш ҷоми ҷаҳонбин,
Гӯ: дар назари Осафи Ҷамшед макон бош!
305
Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош!
Ҳарифи хонаву гармобаву гулистон бош!
Шиканҷи зулфи парешон ба дасти бод мадеҳ,
Магӯ, ки хотири ушшоқ, гӯ, парешон бош!
Гарат ҳавост, ки бо Хизр ҳамнишин бошӣ,
Ниҳон зи чашми Сикандар чу оби ҳайвон бош!
Румузи ишқнавозӣ на кори ҳар мурғест,
Биёву навгули ин булбули ғазалхон бош!
Тариқи хидмату оини бандагӣ кардан,
Худойро, ки раҳо кун ба мову султон бош!
Дигар ба сайди ҳарам теғ бармакаш, зинҳор,
В-аз он чӣ бо дили мо кардаӣ, пушаймон бош!
Ту шамъи анҷуманӣ, якзабону якдил шав,
Хаёлу кӯшиши парвона бину хандон бош!
Камоли дилбариву ҳусн дар назарбозист,
Ба шеваи назар аз нозирони даврон бош!
Хамӯш, Ҳофизу аз ҷаври ёр нола макун,
Туро кӣ гуфт, ки дар рӯйи хуб ҳайрон бош?
306
Эй дил, ғуломи шоҳи ҷаҳон бошу шоҳ бош,
Пайваста дар ҳимояти лутфи Илоҳ бош!
Аз хориҷӣ ҳазор ба як ҷав намехаранд,
Гӯ кӯҳ то ба кӯҳи мунофиқ сипоҳ бош!
Чун Аҳмадам шафеъ бувад рӯзи растахез,
Гӯ, ин тани балокаши ман пургуноҳ бош!
Онро, ки дӯстии Алӣ нест, кофир аст,
Гӯ, зоҳиди замонаву гӯ, шайхи роҳ бош!
Имрӯз зиндаам ба валои ту, ё Алӣ,
Фардо ба рӯҳи поки имомон гувоҳ бош!
Қабри имоми ҳаштуми султони дин Ризо,
Аз ҷон бибӯсу бар дари он боргоҳ бош!
Дастат намерасад, ки бичинӣ гуле зи шох,
Боре ба пойи гулбуни эшон гиёҳ бош!
Марди худошинос, ки тақво талаб кунад,
Хоҳӣ сапедҷомаву хоҳӣ сиёҳ бош!
Ҳофиз, тариқи бандагии шоҳ пеша кун,
В-он гоҳ дар тариқ чу мардони роҳ бош!
307
Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебош!
Ба бӯйи гул нафасе ҳамдами сабо мебош!
Нагӯямат, ки ҳамасола майпарастӣ кун,
Се моҳ май хӯру нӯҳ моҳ порсо мебош!
Чу пири солики ишқат ба май ҳавола кунад,
Бинӯшу мунтазири раҳмати Худо мебош!
Гарат ҳавост, ки чун Ҷам ба сирри ғайб расӣ,
Биёву ҳамдами ҷоми ҷаҳоннамо мебош!
Чу ғунча гарчи фурӯбастагист кори ҷаҳон,
Ту ҳамчу боди баҳорӣ гиреҳкушо мебош!
Вафо маҷӯй зи кас, в-ар сухан намешунавӣ,
Ба ҳарза толиби симурғу кимиё мебош!
Муриди тоати бегонагон машав, Ҳофиз,
Вале муошири риндони порсо мабош!
308
Бас харобам зи ғами ёри хароботии хеш,
Мезанад ғамзаи ӯ новаки ғам бар дили реш.
Ба ту пайвастаму аз ғайри ту дил бибридам,
Ошнои ту надорад сари бегонаву хеш.
Ба иноят назаре кун, ки мани дилшударо
Наравад бе мадади лутфи ту коре аз пеш.
Охир, эй подшаҳи мулки ваҷоҳат, чӣ шавад,
Гар лаби лаъли ту резад намаке бар дили реш.
Хирмани сабри мани сӯхтадил дода ба бод,
Чашми масти ту, ки бикшод камин аз пасу пеш.
Гар чалипои сари зулф зи ҳам бикшой.
Бас мусулмон, ки шавад куштаи он кофаркеш.
Паси зону манишину ғами беҳуда махӯр,
Ки зи ғам хӯрдани ту ризқ нагардад каму беш.
Чунки ин кӯшиши бефоида суде надиҳад,
Пас, маёзор дили худ зи ғам, эй дурандеш,
Пурсиши Ҳофизи дилсӯхта кун, баҳри худо,
Нест аз шоҳ аҷаб, гар бинавозад дарвеш.
309
Сӯфӣ, гуле бичину мураққаъ ба хор бахш
В-ин зӯҳди хушкро ба майи хушгувор бахш!
Томоту шатҳ дар раҳи оҳанги ҷанг неҳ,
Тасбеҳу тайласон ба маю майгусор бахш!
Зӯҳди гарон, ки шоҳиду соқӣ намехаранд,
Дар ҳалқаи чаман ба насими баҳор бахш!
Роҳам шароби лаъл зад, эй мири ошиқон,
Хуни маро ба чоҳи занахдони ёр бахш!
Ё Раб, ба вақти гул гунаҳи банда афв кун
В-ин моҷаро ба сарви лаби ҷӯйбор бахш!
Эй он, ки раҳ ба машраби мақсуд бурдаӣ,
З-ин баҳр қатрае ба мани хоксор бахш!
Шукронаро, ки чашми ту рӯйи бутон надид,
Моро ба афву лутфи худовандгор бахш!
Соқӣ, чу шоҳ нӯш кунад бодаи сабӯҳ,
Гӯ: ҷоми зар ба Ҳофизи шабзиндадор бахш!
310
Боғбон гар панҷ рӯзе сӯҳбати гул боядаш,
Бар ҷафои хори ҳиҷрон сабри булбул боядаш.
Эй дил, андар банди зулфаш аз парешонӣ манол,
Мурғи зирак чун ба дом афтад, таҳаммул боядаш.
Ринди оламсӯзро бо маслиҳатбинӣ чӣ кор?
Кори мулк аст он, ки тадбиру тааммул боядаш,
Такя бар тақвиву дониш дар тариқат кофирист,
Роҳрав гар сад ҳунар дорад, таваккул боядаш.
Бо чунин зулфу рухаш бодо назарбозӣ ҳаром,
Ҳар кӣ рӯйи ёсамину ҷаъди сунбул боядаш.
Нозҳо з-он наргиси мастонааш бояд кашид,
Ин дили шӯрида то он ҷаъди кокул боядаш.
Соқиё, дар гардиши соғар тааллул то ба чанд?
Давр чун бо ошиқон афтад, тасалсул боядаш!
Кист, Ҳофиз, то нанӯшад бода бе овози рӯд,
Ошиқи мискин чаро чандин таҷаммул боядаш?
311
Фикри булбул ҳама он аст, ки гул шуд ёраш,
Гул дар андеша, ки чун ишва кунад дар кораш.
Дилрабойӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд,
Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматгораш.
Ҷойи он аст, ки хун мавҷ занад дар дили лаъл,
Ин тағобун, ки хазаф мешиканад бозораш.
Булбул аз файзи гул омӯхт сухан варна набуд,
Ин ҳама қавлу ғазал таъбия дар минқораш.
Эй, ки дар кӯчаи маъшуқаи мо мегузарӣ,
Барҳазар бош, ки сар мешиканад девораш!
Он сафаркарда, ки сад қофила дил ҳамраҳи ӯст.
Ҳар куҷо ҳаст, Худоё, ба саломат дораш!
Сӯҳбати офиятат гарчи хуш афтод, эй дил,
Ҷониби ишқ азиз аст, фурӯ магзораш!
Сӯфии сархуш аз ин даст, ки каҷ кард кулоҳ
Ба ду ҷоми дигар ошуфта шавад дастораш.
Дили Ҳофиз, ки ба дидори ту хӯгар шуда буд,
Нозпарварди висол аст, маҷӯ озораш!
312
Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,
Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш.
Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осойиш,
Мазоқи ҳирсу оз, эй дил, бишӯй аз талху аз шӯраш.
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин
Зи лаъби Зӯҳраи чангиву Миррихи силаҳшӯраш.
Каманди сайди Баҳромӣ бияфган, ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро, на Баҳром асту на гӯраш.
Биё, то дар майи софит рози даҳр бинмоям,
Ба шарти он, ки нанмойӣ ба каҷтабъони дилкӯраш.
Назар кардан ба дарвешон, мунофии бузургӣ нест,
Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.
Камони абруи ҷонон намепечад сар аз Ҳофиз,
Валекин ханда меояд бад-ин бозуи безӯраш.
313
Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,
Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш.
Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ
Ки умри Хизр мебахшад зулолаш.
Миёни Ҷаъфарободу Мусалло,
Абиромез меояд шамолаш.
Ба Шероз ову файзи рӯҳи қудсӣ
Биҷӯй аз мардуми соҳибкамолаш.
Кӣ номи қанди мисрӣ бурд он ҷо,
Ки ширинон надоданд инфиолаш?.
Сабо з-он лӯлии шангули сармаст,
Чӣ дорӣ огаҳӣ, чун аст, ҳолаш?
Гар он ширинписар хунам бирезад,
Дило, чун шири модар кун ҳалолаш!
Макун аз хоб бедорам, Худоро,
Ки дорам хилвате хуш бо хаёлаш.
Чаро, Ҳофиз, ту метарсидӣ аз ҳаҷр,
Накардӣ шукри айёми висолаш?
314
Чу баршикаст сабо зулфи анбарафшонаш,
Ба ҳар шикаста, ки пайваст, тоза шуд ҷонаш.
Куҷост ҳамнафасе, то ба шарҳ арза диҳам,
Ки дил чӣ мекашад аз рӯзгори ҳиҷронаш?
Замона аз варақи гул мисоли рӯйи ту баст,
Вале зи шарми ту дар ғунча кард пинҳонаш.
Ту хуфтаиву нашуд ишқро карона падид,
Таборакаллаҳ аз ин раҳ, ки нест поёнаш.
Ҷамоли Каъба магар узри раҳравон хоҳад,
Ки ҷони зиндадилон сӯхт дар биёбонаш?
Бад-ин шикастаи байтулҳазан кӣ меорад,
Нишони Юсуфи дил аз чаҳи занахдонаш?
Бигирам он сари зулфу ба дасти хоҷа диҳам,
Ки сӯхт Ҳофизи бедил зи макру дастонаш.
315
Ё Раб, ин навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш,
Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш.
Гарчи аз кӯйи вафо гашт ба сад марҳала дур,
Дур бод офати даври фалак аз ҷону танаш!
Гар ба манзилгаҳи Салмо расӣ, эй боди сабо,
Чашмдорам, ки саломе бирасонӣ зи манаш.
Ба адаб нофакушоӣ кун аз он зулфи сиёҳ,
Ҷойи дилҳои азиз аст, ба ҳам бармазанаш!
Гӯ, дилам ҳаққи вафо бо хату холат дорад,
Мӯҳтарам дор дар он турраи анбаршиканаш.
Дар мақоме, ки ба ёди лаби ӯ май нӯшанд,
Сифла он маст, ки бошад хабар аз хештанаш.
Ирзу мол аз дари майхона нашояд андӯхт,
Ҳар кӣ ин об хӯрад, рахт ба дарё фиганаш.
Ҳар кӣ тарсад зи малол, андӯҳи ишқаш на ҳалол,
Сари мову қадамаш ё лаби мову даҳанаш.
Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!
316
Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш
Бути сангиндили симинбаногӯш.
Нигоре, чобуке, шанге, кулаҳдор.
Зарифе, маҳваше, турке, қабопӯш.
Зи тоби оташи савдои ишқаш
Ба сони дег доим мезанам ҷӯш.
Чу пироҳан шавам осудахотир
Гараш ҳамчун қабо гирам дар оғӯш.
Агар пӯсида гардад устухонам,
Нагардад меҳраш аз ҷонам фаромӯш.
Дилу динам, дилу динам бибурдаст
Бару дӯшаш, бару дӯшаш, бару дӯш.
Давои ту, давои туст, Ҳофиз,
Лаби нӯшаш, лаби нӯшаш, лаби нӯш.
317
Ба ҷидду ҷаҳд чу коре намеравад аз пеш,
Ба кирдигор раҳокарда беҳ масолеҳи хеш.
Ба подшоҳии олам фурӯ наёрад сар,
Агар зи сирри қаноат хабар шавад дарвеш.
Зи санги тафриқа хоҳӣ, ки мунҳанӣ нашавӣ,
Машав ба сони тарозу ту дар пайи каму беш.
Риёи зоҳиди солус ҷони ман фарсуд,
Қадаҳ биёру бинеҳ марҳаме бар ин дили реш!
Бинӯш бода, ки қассоми сунъ қисмат кард,
Дар офариниш аз анвоъ нӯшдоруву неш.
Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром.
Зиҳӣ тариқату миллат, зиҳӣ шариату кеш!
Ба дилрабойӣ агар худ саромадӣ, чӣ аҷаб,
Ки нури ҳусни ту буд аз асоси олам беш.
Даҳони танги ту дилхоҳи ҷони Ҳофиз шуд,
Ба ҷон бувад хатарам з-ин дили муҳоландеш.
318
Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш,
Ки даври шоҳ Шуҷоъ аст, май далер бинӯш.
Шуд он, ки аҳли назар бар канора мерафтанд,
Ҳазор гуна сухан дар даҳону лаб хомӯш.
Ба савти чанг бигӯем он ҳикоятҳо
Ки аз нуҳуфтани он деги сина мезад ҷӯш.
Шароби хонагии тарси мӯҳтасиб хӯрда
Ба рӯйи ёр бинӯшему бонги нӯшонӯш.
Зи кӯйи майкада дӯшаш ба дӯш мебурданд,
Имоми шаҳр, ки саҷҷода мекашид ба дӯш.
Дило, далолати хайрат кунам ба роҳи наҷот,
Макун ба фисқ мубоҳоту зӯҳд ҳам мафурӯш.
Маҳалли нури таҷаллист ройи анвари шоҳ,
Чу қурби ӯ талабӣ, дар сафои ният кӯш!
Ба ҷуз санои ҷалолаш масоз вирди замир
Ки ҳаст гӯши дилаш маҳрами паёми сурӯш.
Румузи маслиҳати мулк хусравон донанд,
Гадои гӯшанишинӣ ту, Ҳофизо, махурӯш!
319
Ҳотифе аз гӯшаи майхона дӯш,
Гуфт: «Бибахшанд гунаҳ, май бинӯш!»
Лутфи илоҳӣ бикунад кори хеш,
Муждаи раҳмат бирасонад сурӯш.
Ин хиради хом ба майхона бар,
То майи лаъл оварадаш хун ба ҷӯш,
Гарчи висолаш на ба кӯшиш диҳанд,
Ҳар қадар, эй дил, ки тавонӣ бикӯш.
Лутфи Худо бештар аз ҷурми мост,
Нуктаи сарбаста чӣ донӣ, хамӯш!
Гӯши ману ҳалқаи гесуи ёр,
Рӯйи ману хоки дари майфурӯш!
Риндии Ҳофиз на гуноҳест саъб
Бо карами подшаҳи айбпӯш.
Довари дин шоҳ Шуҷоъ, он, ки кард,
Рӯҳқудус ҳалқаи амраш ба гӯш.
Эй малик-ул-арш муродаш бидеҳ
В-аз хатари чашми бадаш дор гӯш.
320
Дар аҳди подшоҳи хатобахши ҷурмпӯш
Ҳофиз қаробакаш шуду муфтӣ пиёланӯш.
Сӯфӣ зи кунҷи савмаа бо пойи хум нишаст,
То дид мӯҳтасиб, ки сабӯ мекашад ба дӯш.
Аҳволи шайху қозиву шарб-ал-яҳудашон,
Кардам суол субҳдам аз пири майфурӯш,
Гуфто: — Нагуфтанист сухан, гарчи маҳрамӣ,
Даркаш забону парда нигаҳ дору май бинӯш!
Соқӣ, баҳор мерасаду ваҷҳи май намонд,
Фикре бикун, ки хуни дил омад зи ғам ба ҷӯш,
Ишқ асту муфлисиву ҷавониву навбаҳор,
Узрам пазиру ҷурм ба зайли карам бипӯш!
То чанд ҳамчу шамъ забоноварӣ кунӣ?
Парвонаи мурод расад, эй муҳиб, хамӯш!
Эй подшоҳи сурату маънӣ, ки мисли ту,
Нодида ҳеҷ дидаву нашнида ҳеҷ гӯш,
Чандон бимон, ки хирқаи азрақ кунад қабул,
Бахти ҷавонат аз фалаки пири жандапӯш!
321
Дӯш бо ман гуфт пинҳон роздоне тезҳуш,
Аз шумо пинҳон нашояд кард сирри майфурӯш.
Гуфт: — Осон гир бар худ корҳо, к-аз рӯйи табъ
Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш.
В-он гаҳам дардод ҷоме, к-аз фурӯғаш бар фалак
Зӯҳра дар рақс омаду барбатзанон мегуфт: — нӯш!
Бо дили хунин лаби хандон биёвар ҳамчу ҷом,
Не гарат захме расад, ой чу чанг андар хурӯш.
То нагардӣ ошно, з-ин парда рамзе нашнавӣ,
Гӯши номаҳрам набошад ҷойи пайғоми сурӯш.
Гӯш кун панд, эй писар, в-аз баҳри дунё ғам махӯр,
Гуфтамат чун дур ҳадисе, гар тавонӣ, дор гӯш,
Дар ҳарими ишқ натвон зад дам аз гуфтушунид,
З-он, ки он ҷо ҷумла аъзо чашм бояд буду гӯш,
Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш!
Соқиё, май деҳ, ки риндиҳои Ҳофиз, фаҳм кард
Хусрави соҳибқирони ҷурмбахши айбпӯш.
322
Эй ҳама шакли ту матбӯу ҳама ҷойи ту хуш,
Дилам аз ишваи ширини шакарҳои ту хуш.
Ҳамчу гулбарги таре ҳаст вуҷуди ту латиф,
Ҳамчу сарви чамани хулд саропойи ту хуш.
Шеваву нози ту ширин, хату холи ту малеҳ,
Чашму абруи ту зебо, қаду болои ту хуш.
Ҳам гулистони хаёлам зи ту пурнақшу нигор,
Ҳам машоми дилам аз зулфи сумансои ту хуш.
Дар раҳи ишқ, ки аз сели бало нест гузор,
Кардаам хотири худро ба таманнои ту хуш.
Шукри чашми ту чӣ гӯям, ки бад-он беморӣ,
Мекунад дарди маро аз рухи зебои ту хуш.
Дар биёбони талаб гарчи зи ҳар сӯ хатар аст,
Меравад Ҳофизи бедил ба таваллои ту хуш.
323
Канори обу пойи беду табъи шеъру ёре хуш,
Муошир дилбаре ширину соқӣ гулъузоре хуш.
Ало, эй давлати толеъ, ки қадри вақт медонӣ,
Гуворо бодат ин ишрат, ки дорӣ рӯзгоре хуш.
Ҳар он касро, ки дар хотир зи ишқи дилбаре борест,
Сипанде, гӯ бар оташ неҳ, ки дорад кору боре хуш.
Арӯси табъро зевар зи фикри бикр мебандам,
Бувад, к-аз дасти айёмам ба даст афтад нигоре хуш.
Шаби сӯҳбат ғанимат дону доди хушдилӣ бистон,
Ки маҳтобе дилафрӯз асту тарфи лолазоре хуш.
Мае дар косаи чашм аст соқиро, баномэзид,
Ки мастӣ мекунад бо ақлу мебахшад хуморе хуш.
Ба ғафлат умр шуд, Ҳофиз, биё бо мо ба майхона,
Ки шангулони сармастат биёмӯзанд коре хуш.
324
Гарам қабул кунӣ в-ар биронӣ аз дари хеш,
Нагардам аз ту ҷудо в-ар фидо кунам сари хеш.
Ба ишқи рӯйи ту гуфтам, ки ҷон барафшонам,
Дигар ба шарм дарафтодам аз муҳаққари хеш.
Ту донӣ, ар бинавозӣ в-агар биранҷонӣ,
Чунон, ки дар дилат ояд, ба ройи анвари хеш.
Маро насиҳати бегона манфиат накунад,
Чу розиям, ки ҷафо бинам аз ситамгари хеш.
Агар баробари хешам ба ҳукм бигзорӣ,
Хаёли рӯйи ту нагзорам аз баробари хеш.
Ҳадиси сабри ман аз рӯйи ту ҳамон масал аст,
Ки сабри тифл ба шир аз канори модари хеш.
Назар ба ҷониби мо кун, ки миннат асту савоб,
Ки ҳеҷ халқ набинӣ ба ҳусни манзари хеш.
Чӣ бар сар омадам аз шавқ, ғолибо, донӣ,
Ҳамон, ки мӯрчаро бар сар омад аз пари хеш.
Ту сар ба сӯҳбати Ҳофиз дароварӣ, ҳайҳот,
Зиҳӣ хаёл, ки ман кардаам мусаввари хеш!
325
Маҷмаи хубиву лутф аст узори чу маҳаш,
Лекинаш меҳру вафо нест, Худоё, бидеҳаш!
Дилбарам шоҳиди тифл асту ба бозӣ рӯзе
Бикушад зораму дар шаръ набошад гунаҳаш.
Ман ҳамон беҳ, ки аз ӯ нек нигаҳ дорам дил,
Ки баду нек надидасту надорад нигаҳаш.
Бӯйи шир аз лаби ҳамчун шакараш меояд,
Гарчи хун мечакад аз шеваи чашми сияҳаш.
Чордаҳсола буте чобуки ширин дорам,
Ки ба ҷон ҳалқа ба гӯш аст маҳи чордаҳаш.
Аз пайи он гули навруста дили ман, ё Раб,
Худ куҷо шуд, ки надидем дар ин чанд гаҳаш?
Ёри дилдори ман ар қалб бад-ин сон шиканад,
Бибарад зуд ба ҷондории худ подшаҳаш.
Ҷон ба шукрона кунам сарф, гар он донаи дур
Садафи синаи Ҳофиз бувад оромгаҳаш.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!