Рубоиёт


Рубоиёт

1
Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро,
Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро.
Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида
Ҳаққо, ки ба чашм дарнаёмад моро.
2
Баргир шароби тарабангезу биё,
Пинҳон зи рақиби сифла бистезу биё!
Машнав сухани хасм, ки биншину марав,
Бишнав зи ман ин нукта, ки бархезу биё!
3
Гуфтем, ки: «Лабат». Гуфт: «Лабам оби ҳаёт».
Гуфтам: «Даҳанат». Гуфт: «Зиҳӣ ҳабби набот!»
Гуфтам: «Сухани ту?» Гуфт: «Ҳофиз гуфто:
Шодии ҳама латифагӯён, салавот!»
4
Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост,
Оина ба дасту рӯйи худ меорост.
Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт:
«Васлам талабӣ? Зиҳӣ хаёле, ки турост!»
5
Ман бо камари ту дар миён кардам даст,
Пиндоштамаш, ки дар миён чизе ҳаст?
Пайдост аз он миён, чу барбаст камар,
То ман зи камар чӣ тарф хоҳам барбаст!
6
Ту бадриву хуршед туро банда шудаст,
То бандаи ту шудаст, тобанда шудаст.
З-он рӯй, ки аз шуои нури рухи ту
Хуршеди муниру моҳ тобанда шудаст.
7
Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст.
Дар дидаи ман зи ҳаҷр хоре дигар аст.
Ман ҷаҳд ҳамекунам, қазо мегӯяд:
«Берун зи кифояти ту коре дигар аст!»
8
Моҳам, ки рухаш равшании хур бигирифт,
Гирди хати у чашмаи Кавсар бигирифт.
Дилҳо ҳама дар чоҳи занахдон андохт
В-он гаҳ сари чоҳро ба анбар бигирифт
9
Имшаб зи ғамат миёни хун хоҳам хуфт,
В-аз бистари офият бурун хоҳам хуфт.
Бовар накунӣ, хаёли худро бифирист,
То дарнигарад, ки бе ту чун хоҳам хуфт.
10
Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт,
Не ҳоли дили сӯхтадил битвон гуфт.
Ғам дар дили танги ман аз он аст, ки нест,
Як дӯст, ки бо ӯ ғами дил битвон гуфт.
11
Аввал ба вафо майи висолам дардод,
Чун маст шудам, ҷоми вафоро сар дод.
Пуроб ду дидаву пур аз оташ дил,
Хоки раҳи ӯ шудаи, ба бодам дардод.
12
Не давлати дунё ба ситам меарзад,
Не лаззати мастияш алам меарзад.
На ҳафтҳазорсола шодии ҷаҳон
Ин меҳнати ҳафтрӯза ғам меарзад
13
Ҳар дӯст, ки дам зад зи вафо, душман шуд,
Ҳар покраве, ки буд, тардоман шуд.
Гӯянд шаб обистану ин аст аҷаб,
К-ӯ мард надид, аз чӣ обистан шуд?
14
Чун ғунчаи гул қаробапардоз шавад,
Наргис ба ҳавои май қадаҳсоз шавад.
Фориғ дили он касе, ки монанди ҳубоб,
Ҳам дар сари майхона сарандоз шавад.
15
Бо май ба канори ҷӯй мебояд буд,
В-аз ғусса канораҷӯй мебояд буд.
Ин муддати умри мо чу гул даҳ рӯз аст,
Хандонлабу тозарӯй мебояд буд.
16
Ин гул зи бари ҳамнафасе меояд,
Шодӣ ба дилам аз ӯ басе меояд.
Пайваста аз он рӯй кунам ҳамдамиаш,
К-аз ранги ваям бӯйи касе меояд.
17
Аз чарх ба ҳар гуна ҳамедор умед,
В-аз гардиши рӯзгор меларз чу бед.
Гуфтӣ, ки: «Пас аз сиёҳ ранге набувад!»
Пас мӯйи сиёҳи ман чаро гашт сафед?
18
Айёми шабоб аст, шароб авлотар,
Бо сабзхатон бодаи ноб авлотар.
Олам ҳама сар ба сар работест хароб,
Дар ҷойи хароб ҳам хароб авлотар.
19
Хубони ҷаҳон сайд тавон кард ба зар.
Хуш-хуш бар аз эшон битавон хӯрд ба зар.
Наргис, ки кулаҳдори ҷаҳон аст, бибин,
К-ӯ низ чӣ гуна сар даровард ба зар.
20
Селоб гирифт гирди вайронаи умр
В-оғози пурӣ ниҳод паймонаи умр.
Бедор шав, эй хоҷа, ки хуш-хуш бикашад,
Ҳаммоли замона рахт аз хонаи умр.
21
Ишқи рухи ёр бар мани зор магир,
Бар хастадилони ринди хаммор магир.
Сӯфӣ, чу ту расми раҳравон медонӣ,
Бар мардуми ринд нукта бисёр магир!
22
Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз,
Гуфтам: — Мани савдозадаро кор бисоз!
Гуфто, ки: — Лабам бигиру зулфам бигузор,
Дар айши хуш овез, на дар умри дароз.
23
Мардӣ зи канандаи дари Хайбар пурс,
Асрори карам зи хоҷаи Қанбар пурс.
Гар толиби файзи ҳақ ба сидқӣ, Ҳофиз,
Сарчашмаи он зи соқии Кавсар пурс!
24
Чашми ту, ки сеҳри Бобул аст устодаш,
Ё раб, ки фусунҳо биравод аз ёдаш!
Он гӯш, ки ҳалқа кард дар гӯши ҷамол,
Овезаи дур зи назми Ҳофиз бодаш!
25
Эй дӯст, дил аз ҷафои душман даркаш,
Бо рӯйи наку шароби равшан даркаш!
Бо аҳли ҳунар гӯйи гиребон бикушо,
В-аз ноаҳлон тамом доман даркаш!
26
Моҳе, ки назири худ надорад ба ҷамол,
Чун ҷома зи тан баркашад он мушкинхол,
Дар сина дилаш зи нозукӣ битвон дид.
Монандаи сангреза дар оби зулол.
27
Дар боғ чу шуд боди сабо дояи гул
Барбаст машотавор пирояи гул.
Аз соя ба хуршед агарат ҳаст амон,
Хуршедрухе талаб куну сояи гул.
28
Лаб боз магир як замон аз лаби ҷом,
То бистонӣ коми ҷаҳон аз лаби ҷом.
Дар ҷоми ҷаҳон чу талху ширин ба ҳам аст,
Ин аз лаби ёр хоҳу он аз лаби ҷом.
29
Дар орзуи бӯсу канорат мурдам,
В-аз ҳасрати лаъли обдорат мурдам,
Қисса накунам дароз, кӯтоҳ кунам,
Бозо, бозо, к-аз интизорат мурдам!
30
Умре зи пайи мурод зоеъ дорам
В-аз даври фалак чист, ки нофеъ дорам?
Бо ҳар кӣ бигуфтам, ки туро дӯст шудам,
Шуд душмани ман, ваҳ, ки чӣ толеъ дорам!
31
Ман ҳосили умри худ надорам ҷуз ғам,
Дар ишқ зи неку бад надорам ҷуз ғам.
Як ҳамдами бовафо надидам ҷуз дард,
Як мӯниси номзад надорам ҷуз ғам.
32
Чун бода зи ғам чӣ боядат ҷӯшидан?
Бо лашкари ғам чӣ боядат кӯшидан?
Сабз аст лабат, соғар аз ӯ дур мадор,
Май бар лаби сабза хуш бувад нӯшидан!
33
Эй шармзада ғунчаи мастур аз ту,
Ҳайрону хиҷил наргиси махмур аз ту!
Гул бо ту баробарӣ куҷо ёрад кард,
К-ӯ нур зи маҳ дораду маҳ нур аз ту!
34
Чашмат, ки фусуну ранг меборад аз ӯ,
Афсӯс, ки тири чанг меборад аз ӯ.
Бас зуд малул гаштӣ аз ҳамнафасон,
Оҳ аз дили ту, ки санг меборад аз ӯ.
35
Эй бод, ҳадиси ман ниҳонаш мегӯ!
Сирри дили ман ба сад забонаш мегӯ!
Мегӯ на бад-он сон, ки малолаш гирад.
Мегӯ суханеву дар миёнаш мегӯ!
36
Эй сояи сунбулат суманпарварда,
Ёқути лабат дурри Адан парварда!
Ҳамчун лаби худ мудом ҷон мепарвар
З-он роҳ, ки рӯҳест ба тан парварда.
37
Гуфтӣ, ки «Туро шавам мадор андеша,
Дил хуш куну бар сабр гумор андеша!»
Ку сабру чӣ дил? К-он чӣ дилаш мехонанд,
Як қатраи хун асту ҳазор андеша!
38
Он ҷоми тарабшикор бар дастам неҳ
В-он соғари чун нигор бар дастам неҳ.
Он май, ки чу занҷир бипечад бар худ.
Девона шудам, биёр бар дастам неҳ!
39
Бо шоҳиди шӯху шангу бо барбату най,
Кунҷеву фароғатеву як шишаи май.
Чун гарм шавад зи бода моро рагу пай,
Миннат набарем як ҷав аз Хотами Тай!
40
Қассоми биҳишту дӯзах, он уқдакушой,
Моро нагузорад, ки дароем зи пой.
То кай бувад ин гурграбойӣ, бинамой,
Сарпанҷаи душман афган, эй шери худой!
41
Эй кош, ки бахт созгорӣ кардӣ,
Бо ҷаври замона ёр ёрӣ кардӣ,
Аз дасти ҷавониям чу бирбуд инон,
Пири чу рикоб пойдорӣ кардӣ!
42
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ,
Эй бас, ки хароби бодаву ҷом шавӣ,
Мо ошиқу ринду масту оламсӯзем,
Бо мо манишин вагарна бадном шавӣ!

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!