Ғазалиёт 501-525


501
Чӣ буд, ар дили он моҳ меҳрубон будӣ,
Ки ҳоли мо на чунин будӣ, ар чунон будӣ.
Бигуфтамӣ, ки чӣ арзад насими турраи дӯст,
Гарам ба ҳар сари мӯе ҳазор ҷон будӣ.
Бароти хушдилии мо чӣ кам шудӣ, ё Раб,
Гараш нишони амон аз бади замон будӣ?
Гарам замона сарафроз доштиву азиз,
Сарири иззатам он хоки остон будӣ.
Зи парда кош бурун омадӣ, чу қатраи ашк,
Ки бар ду дидаи мо ҳукми ӯ равон будӣ.
Агар на доираи ишқ роҳ барбастӣ,
Чу нуқта Ҳофизи саргашта дар миён будӣ.
502
Чӣ қоматӣ, ки зи сар то қадам ҳама ҷонӣ,
Чӣ суратӣ, ки ба ҳеҷ одамӣ намемонӣ?
На суратӣ, ки гули гулситони фирдавсӣ,
На қоматӣ, ки сиҳисарви бори ризвонӣ.
Басе ҳикояти ҳуснат шунидаам, ҷоно,
Кунун, ки дидамат, алҳақ, ҳазор чандонӣ.
Танам чу чашми ту дорад нишони беморӣ,
Дилам чу зулфи ту дорад сари парешонӣ.
Зи хоки пойи азизи ту рӯ нагардонам,
Гарам ба дасти фироқат ба сар бигардонӣ.
Зи ҷустуҷӯйи ту наншинам, арчи ҳар нафасам
Миёни хуни дилу оби дида биншонӣ.
Ту чун сипеҳр ҷафопешаиву аҳволам
Чу рӯзгор ниҳодаст рӯ ба вайронӣ.
Зи рӯйи лутфу тараҳҳум чаро набахшойӣ?
Чу дарду меҳнати Ҳофиз яқин ҳамедонӣ.
503
Ба ҷони ӯ, ки гарам дастрас ба ҷон будӣ,
Камина пешкаши бандагонаш он будӣ!
Бигуфтамӣ, ки баҳо чист хоки пояшро,
Агар ҳаёти гаронмоя ҷовидон будӣ!
Ба бандагии қадаш сарв мӯътариф гаштӣ,
Гараш чу савсани озода даҳзабон будӣ!
Ба хоб низ намебинамаш, чӣ ҷойи висол,
Чу ин набуду надидем, боре он будӣ!
Агар дилам нашудӣ пойбанди турраи ӯ,
Каяш қарор дар ин тира хокдон будӣ?
Ба рух чу меҳри фалак беназири офоқ аст,
Ба дил дареғ, ки як зарра меҳрубон будӣ.
Даромадӣ зи дарам кошки чу ламъаи нур,
Ки бар ду дидаи мо ҳукми ӯ равон будӣ!
Зи парда нолаи Ҳофиз бурун кай афтодӣ,
Агар на ҳамдами мурғони субҳхон будӣ?
504
Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре,
Хӯрад зи ғайрати рӯйи ту ҳар гуле хоре.
Зи куфри зулфи ту ҳар ҳалқаеву ошӯбе,
Зи сеҳри чашми ту ҳар гӯшаеву беморе.
Марав чу бахти ман, эй чашми масти ёр, ба хоб.
Ки дар пай аст зи ҳар сӯят оҳи бедоре.
Нисори хоки раҳат нақди ҷони ман, ҳарчанд
Ки нест нақди равонро бари ту миқдоре.
Дило, ҳамеша мазан лофи зулфи дилбандон,
Чу тирарой шавӣ, кай кушоядат коре?
Сарам бирафту замоне ба сар нарафт ин кор,
Дилам гирифту набудат ғами гирифторе,
Чу нуқта, гуфтамаш, андар миёни доира ой,
Ба ханда гуфт, к: «Эй Ҳофиз, ин чӣ паргоре?»
505
Чун дар ҷаҳони хубӣ имрӯз комгорӣ,
Шояд, ки ошиқонро коме зи лаб барорӣ?
Бо ошиқони бедил то чанд нозу ишва?
Бар бедилони мискин то кай ҷафову хорӣ?
То чанд ҳамчу чашмат дар айни нотавонӣ?
То чанд ҳамчу зулфат дар тобу беқарорӣ?
Дарде, ки аз ту дорам, ҷавре, ки аз ту бинам,
Гар шаммае бидонӣ, шояд, ки раҳмат орӣ.
Асбоби ошиқиро бисёр моя бояд,
Дилҳои ҳамчу оташ, чашмони рӯдборӣ.
Дар ҳаҷр монда будам, боди сабо расонид,
Аз бӯстони васлат бӯйи умедворӣ.
Гарчи ба бӯйи васлат дар ҳашр зинда гардам,
Сар барнаёрам аз хок аз рӯйи шармсорӣ.
Аз бодаи висолат, гар ҷуръае бинӯшам,
То зиндаам, наварзам, оини ҳушёрӣ.
Мо бандаему оҷиз, ту ҳокимиву қодир,
Гар мекашӣ ба зӯрам в-ар мекушӣ ба зорӣ.
Охир, тараҳҳуме кун бар ҳоли зори Ҳофиз,
То чанд ноумедӣ, то чанд хоксорӣ?
506
Хуштар аз кӯйи харобот набошад ҷое,
Гар ба пиронасарам даст диҳад маъвое.
Орзу мекунадам, — аз ту чӣ пинҳон дорам?
Шишае бодаву кунҷеву рухи зебое.
Ҷойи ман дайри муғон аст, мураввеҳ ватане.
Ройи ман ройи бутон аст, муборак рое!
Чӣ кунӣ гӯш, ки дар даҳр чу ман шайдо нест,
Нест ин ҷуз сухани булҳаваси раъное.
Боадаб бош, ки ҳар кас натавонад гуфтан,
Сухани пир магар барҳамане доное.
Санамо, ғайри ту дар хотири мо кай ғунҷад,
Ки маро нест ба ғайр аз ту ба кас парвое!
Раҳм кун бар дили маҷрӯҳу хароби Ҳофиз,
З-он, ки ҳаст аз пайи имрӯз яқин фардое.
507
Шаҳрест пурзарифон в-аз ҳар тараф нигоре,
Ёрон, салои ишқ аст, гар мекунед коре.
Чашми фалак набинад з-ин турфатар ҷавоне,
Дар дасти кас наяфтад з-ин хубтар шикоре.
Ҳаргиз, кӣ дида бошад ҷисме зи ҷон мураккаб?
Бар доманаш мабодо з-ин хокиён ғуборе!
Чун ман шикастаеро аз пеши худ чӣ ронӣ,
К-ам ғояти таваққӯъ бӯсест ё каноре.
Май беғаш аст, биштоб, вақте хуш аст, дарёб,
Соли дигар кӣ дорад уммеди навбаҳоре?
Дар бӯстон ҳарифон монанди лолаву гул,
Ҳар як гирифта ҷоме бар ёди рӯйи ёре.
Чун ин гиреҳ кушоям в-ин роз чун намоям?
Дардеву сахт дарде, кореву саъб коре!
Ҳар тори мӯйи Ҳофиз дар дасти зулфи шӯхе,
Мушкил тавон нишастан дар инчунин диёре
508
Туро, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ,
Чӣ ғам зи ҳоли заифони нотавон дорӣ?
Бихоҳ ҷону дил аз бандаву равон биситон,
Ки ҳукм бар сари озодагон равон дорӣ.
Миён надориву дорам аҷаб, ки ҳар соат
Миёни маҷмаи хубон кунӣ миёндорӣ.
Баёзи рӯйи туро нест нақш дархур аз он-к,
Саводе аз хати мушкин бар арғавон дорӣ.
Бинӯш май, ки сабукрӯҳиву латиф мудом,
Алалхусус дар он дам, ки сар гарон дорӣ.
Макун итоб аз ин бешу ҷавр бар дили мо,
Макун ҳар он чӣ тавонӣ, ки ҷойи он дорӣ.
Ба ихтиёрат агар сад ҳазор тири ҷафост,
Ба қасди ҷони мани хаста дар камон дорӣ.
Бикаш ҷафои рақибон мудому ҷаври ҳасуд,
Ки саҳл бошад, агар ёри меҳрубон дорӣ.
Ба васли дӯст гарат даст медиҳад як дам,
Бирав, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ.
Чу гул ба доман аз ин боғ мебарӣ, Ҳофиз,
Чӣ ғам зи нолаву фарёди боғбон дорӣ?
509
Сабо, ту накҳати он зулфи мушкбӯ дорӣ,
Ба ёдгор бимонӣ, ки бӯйи ӯ дорӣ.
Дилам, ки гавҳари асрори ҳусну ишқ, дар ӯст,
Тавон ба дасти ту додан, гараш наку дорӣ.
Дар он шамоили матбӯъ ҳеҷ натвон гуфт,
Ҷуз ин қадар, ки рақибони тундхӯ дорӣ.
Навои булбулат, эй гул, куҷо писанд афтад,
Ки гӯшу ҳуш ба мурғони ҳарзагӯ дорӣ?
Ба ҷуръаи ту сарам маст гашт нӯшат бод,
Худ аз кадом хум аст ин, ки дар сабӯ дорӣ?
Ба саркашии худ, эй сарви ҷӯйбор, маноз,
Ки гар бад-ӯ расӣ, аз шарм сар фурӯ дорӣ.
Дам аз мамолики хубӣ чу офтоб задан
Туро расад, ки ғуломони моҳрӯ дорӣ!
Қабои ҳуснфурӯшӣ туро барозаду бас,
Ки ҳамчу гул ҳама оини рангу бӯ дорӣ.
Зи кунҷи савмаа, Ҳофиз, маҷӯй гавҳари ишқ,
Қадам бурун неҳ, агар майли ҷустуҷӯ дорӣ.
510
Биё, бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи сӯҳбати дерина дорӣ.
Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басе беҳ,
Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.
Валекин кай намойӣ рух ба риндон
Ту, к-аз хуршеду маҳ оина дорӣ.
Бади риндон магӯ, эй шайху ҳуш дор,
Ки бо ҳукми худоӣ кина дорӣ.
Наметарсӣ зи оҳи оташинам,
Ту донӣ хирқаи пашмина дорӣ.
Ба фарёди хумори муфлисон рас,
Худоро, гар майи дӯшина дорӣ.
Надидам хуштар аз шеъри ту, Ҳофиз,
Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ.
511
Биёр бодаву бозам раҳон зи махмурӣ,
Ки ҳам ба бода тавон кард дафъи ранҷурӣ.
Ба як фиреб бидодам салоҳи хеш аз даст,
Дареғ аз он ҳама зӯҳду салоҳу мастурӣ!
Адиб чанд насиҳат кунӣ, ки ишқ мабоз,
Агарчи нест адаб ин сухан ба дастурӣ.
Ба ишқ зинда бувад ҷони марди соҳибдил,
Агар ту ишқ наорӣ, бирав, ки маъзурӣ.
Расид давлати васлу гузашт меҳнати ҳаҷр,
Ниҳод кишвари дил боз рӯ ба маъмурӣ.
Ба ҳеч ваҷҳ набошад фурӯғи маҷлиси унс,
Магар ба рӯйи нигору шароби ангурӣ.
Зи сеҳри ғамзаи фаттони хеш ғарра мабош,
Ки озмудаму суде надошт мағрурӣ.
Ба ҳар касе натавон гуфт рози худ, Ҳофиз,
Магар бад-он, ки кашидаст меҳнати дурӣ.
512
Падид омад русуми бевафоӣ,
Намонд аз кас нишони ошноӣ.
Баранд аз фоқа назди ҳар хасисе
Кунун аҳли ҳунар дасти гадоӣ.
Касе, к-у фозил аст имрӯз дар даҳр.
Намебинад зи ғам як дам раҳоӣ,
Валекин ҷоҳил аст андар танаъум,
Матои ӯ чу ҳаст ин дам баҳоӣ.
В-агар шоир бигӯяд шеъри чун об,
Ки дилро з-он фазояд равшаноӣ,
Набахшандаш ҷаве аз бухлу имсок,
Агар худ филмасал бошад Саной.
Хирад дар гӯши ҳушам дӣ ҳамегуфт:
«Бирав, сабре бикун дар бенавоӣ!
Қаноатро бизоат созу месӯз,
Дар ин дарду ано чун най навоӣ».
Биё, Ҳофиз, ба ҷон ин панд бишнав,
Ки гар аз по дарафтӣ бо сар ойӣ.
513
Эй, ки дар кӯйи харобот мақоме дорӣ,
Ҷами вақти худӣ, ар даст ба ҷоме дорӣ.
Эй, ки бо зулфу рухи ёр гузорӣ, шабу рӯз
Фурсатат бод, ки хуш субҳеву шоме дорӣ.
Эй сабо, сӯхтагон бар сари раҳ мунтазиранд,
Гар аз он ёри сафаркарда паёме дорӣ.
Холи сарсабзи ту хуш донаи айшест, вале
Бар канори чаманаш ваҳ, ки чӣ доме дорӣ.
Бӯйи ҷон аз лаби хандони қадаҳ мешунавам,
Бишнав, эй хоҷа, агар з-он, ки машоме дорӣ.
Чун ба ҳангоми вафо ҳеч суботет набуд,
Мекунам шукр, ки бар ҷавр давоме дорӣ.
Номи нек ар талабад аз ту ғарибе, чӣ шавад?
Туӣ имрӯз дар ин шаҳр, ки номе дорӣ.
Бас дуои саҳарат мӯниси ҷон хоҳад буд,
Ту, ки чун Ҳофизи шабхез ғуломе дорӣ.
514
Эй. ки маҳҷурии ушшоқ раво медорӣ,
Ошиқонро зи бари хеш ҷудо медорӣ.
Ташнаи бодияро ҳам ба зулоле дарёб,
Ба умеде, ки дар ин раҳ ба Худо медорӣ.
Дил бибурдиву биҳил кардамат. эй ҷон, лекин
Беҳ аз ин дор нигоҳаш, ки маро медорӣ.
Соғари мо, ки ҳарифони дигар менӯшанд,
Мо таҳаммул накунем, ар ту раво медорӣ.
Эй магас, арсаи Симурғ на ҷавлонгаҳи туст,
Ирзи худ мебариву заҳмати мо медорӣ.
Ту ба тақсири худ афтодӣ аз ин дар маҳрум,
Аз кӣ меноливу фарёд чаро медорӣ?
Ҳофиз, аз подшаҳон поя ба хидмат талабанд,
Саъй нокарда чӣ уммеди ато медорӣ?
515
Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ,
Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ.
Гӯшаи чашми ризое ба манат боз нашуд,
Ин чунин иззати соҳибназарон медорӣ?
Соид он беҳ, ки бипӯшӣ ту чу аз баҳри нигор
Даст дар хуни дили пурҳунарон медорӣ.
На гул аз дасти ғамат расту на булбул дар боғ,
Ҳамаро наъразанон, ҷомадарон медорӣ.
Эй, ки дар далқи муламмаъ талабӣ нақди ҳузур
Чашми сирре аҷаб аз бехабарон медорӣ.
Чун туӣ наргиси боғи назар, эй чашму чароғ,
Сар чаро бар мани дилхаста гарон медорӣ?
Гавҳари ҷоми Ҷам аз кони ҷаҳоне дигар аст,
Ту таманно зи гили кӯзагарон медорӣ.
Падари таҷриба, эй дил, туӣ , охир, зи чӣ рӯй
Тамаи меҳру вафо з-ин писарон медорӣ?
Кисаи симу зарат пок бибояд пардохт
Ин тамаъҳо, ки ту аз симбарон медорӣ.
Гарчи риндиву харобӣ гунаҳи мост, вале
Ошиқе гуфт, ки ту банда бар он медорӣ.
Магзарон рӯзи саломат ба маломат, Ҳофиз,
Чӣ таваққӯъ зи ҷаҳони гузарон медорӣ?
516
Хуш кард ёварӣ фалакат, рӯзи доварӣ,
То шукр чун куниву чӣ шукрона оварӣ?
Он кас, ки уфтод, Худояш гирифт даст,
Гӯ: «Бар ту бод то ғами афтодагон хӯрӣ?»
Дар кӯйи ишқ шавкати шоҳӣ намехаранд,
Иқрори бандагӣ куну изҳори чокарӣ.
Соқӣ, ба муждагонии айш аз дарам дарой,
То як дам аз дилам ғами дунё бадар барӣ.
Дар шоҳроҳи ҷоҳу бузургӣ хатар басест,
Он беҳ, к-аз ин гарева сабукбор бигзарӣ.
Султону фикри лашкару савдои тоҷу ганҷ,
Дарвешу амни хотиру кунҷи қаландарӣ
Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷозат аст,
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!
Найли мурод бар ҳасаби фикру ҳиммат аст,
Аз шоҳ назри хайру зи тавфиқ ёварӣ.
Ҳофиз, ғубори фақру қаноат зи рух машӯй,
К-ин хок беҳтар аз амали кимиёгарӣ.
517
Туфайли ҳастии ишқанд одамиву парӣ,
Иродате бинамо, то саодате бибарӣ.
Бикӯш хоҷаву аз ишқ бенасиб мабош,
Ки бандаро нахарад кас ба айби беҳунарӣ.
Майи сабӯҳу шакархоби субҳдам то чанд?
Ба узри нимишабӣ бошу гиряи саҳарӣ.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки дар баробари чашмиву ғоиб аз назарӣ?
Ҳазор ҷони муқаддас бисӯхт з-ин ғайрат,
Ки ҳар сабоҳу масо шамъи маҷлиси дигарӣ.
Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом,
Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми дарӣ:
Биё, ки вазъи ҷаҳонро чунон, ки ман дидам,
Гар имтиҳон бикунӣ, май хӯриву ғам нахӯрӣ.
Кулоҳи сарварият каҷ мабод бар сари ҳусн,
Ки зеби тахту сазовори мулку тоҷи сарӣ.
Ба бӯйи зулфу рухат мераванду меоянд,
Сабо ба ғолиясойиву гул ба ҷилвагарӣ.
Чу мустаиди назар нестӣ, висол маҷӯй,
Ки ҷоми Ҷам накунад суд вақти бебасарӣ.
Дуои гӯшанишинон бало бигардонад,
Чаро ба гӯшаи чашме ба мо наменигарӣ?
Биёву салтанат аз мо бихар ба мояи ҳусн,
В-аз ин муомила ғофил машав, ки ҳайф хӯрӣ.
Тариқи ишқ тариқи аҷаб хатарнок аст,
Наузубиллаҳ, агар раҳ ба мақсаде набарӣ.
Ба юмни хидмати Ҳофиз умед ҳаст, ки боз,
«Арӣ усомиру Лайлоя лайлатул қамарӣ».
518
Эй, ки доим ба хеш мағрурӣ,
Гар туро ишқ нест, маъзурӣ
Гирди девонагони ишқ мегард,
Ки ба ақлу ақила машҳурӣ.
Мастии ишқ нест дар сари ту,
Рав, ки ту масти оби ангурӣ.
Рӯйи зард асту оҳи дардолуд,
Ошиқонро давои ранҷурӣ.
Бигзар аз ному нанги худ, Ҳофиз,
Соғари май талаб, ки махмурӣ.
519
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,
Ки зад бар чархи фирӯза сафири бахти фирӯзӣ.
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.
Чу имкони хулуд, эй дил, дар ин фирӯза айвон нест,
Маҷоли айшу фурсат дон ба фирӯзиву беҳрӯзӣ.
Тариқи комбахшӣ чист — тарки коми худ кардан,
Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк бардӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист,
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?
Мае дорам чу ҷон софиву сӯфӣ мекунад айбаш,
Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!
Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, э шамъ,
Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ в-агар сӯзӣ.
Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,
Биё, соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзӣ.
Май андар маҷлиси Осаф ба наврӯзи ҷалолӣ нӯш,
Ки бахшад ҷуръае ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.
Ҷанобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,
Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу фирӯзӣ.
На Ҳофиз мекунад танҳо дуои хоҷа Тӯроншоҳ,
Зи мадҳи осафӣ хоҳад идиву наврӯзӣ.
520
Умр бигзашт ба беҳосиливу булҳавасӣ,
Эй писар, ҷоми маям деҳ, ки ба пирӣ бирасӣ.
Чӣ шакарҳост дар ин шаҳр, ки қонеъ шудаанд,
Шоҳбозони тариқат ба мақоми магасӣ.
Дӯш дар хайли ғуломони дараш мерафтам,
Гуфт: — Эй ошиқи бечора, ту боре чӣ касӣ?
Бо дили хуншуда чун нофа хушаш бояд буд,
Ҳар кӣ машҳури ҷаҳон гашт ба мушкиннафасӣ.
Ламаа-л-барқу мин-ат-Тури ва онасту биҳӣ
Фа лааллӣ лака отин би шиҳобин қабасӣ.
Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш,
Ваҳ, ки бас бехабар аз ғулғули чандин ҷарасӣ!
Бол бикшову сафир аз шаҷари Тӯбо зан,
Ҳайф бошад чу ту мурғе, ки асири қафасӣ!
То чу миҷмар нафасе домани ҷонон гирам,
Ҷон ниҳодем бар оташ зи пайи хушнафасӣ.
Чанд пӯяд ба ҳавои ту зи ҳар сӯ Ҳофиз,
Яссаруллоҳу тариқан бика ё мултамасӣ.
521
Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,
Ки басе гул бидамад бозу ту дар гил бошӣ!
Ман нагӯям, ки кунун бо кӣ нишину чӣ бинӯш?
Ки ту худ донӣ, агар зираку оқил бошӣ.
Чанг дар парда ҳамин медиҳадат панд, вале
Ваъзат он гоҳ кунад суд, ки қобил бошӣ.
Дар чаман ҳар варақе дафтари ҳоле дигар аст,
Ҳайф бошад, ки зи кори ҳама ғофил бошӣ.
Нақди умрат бибарад ғуссаи дунё ба газоф,
Гар шабу рӯз дар ин қиссаи мушкил бошӣ.
Гарчи роҳест пур аз бим зи мо то бари дӯст,
Рафтан осон бувад, ар воқифи манзил бошӣ.
Ҳофизо, гар мадад аз бахти баландат бошад,
Сайди он шоҳиди матбӯъшамоил бошӣ.
522
Ҳазор ҷаҳд бикардам ки ёри ман бошӣ,
Муродбахши дили беқарори ман бошӣ.
Чароғи дидаи шабзиндадори ман гардӣ,
Аниси хотири уммедвори ман бошӣ.
Чу хусравони малоҳат ба бандагон нозанд,
Ту дар миёна худовандгори ман бошӣ.
Аз он ақиқ, ки хунин дилам зи ишваи ӯст,
Агар кунам гилае, ғамгусори ман бошӣ.
Дар он чаман, ки бутон дасти ошиқон гиранд,
Гарат зи даст барояд, нигори ман бошӣ.
Шабе ба кулбаи эҳзони ошиқон ойӣ,
Даме аниси дили сӯгвори ман бошӣ.
Шавад ғазолаи хуршед сайди лоғари ман,
Гар оҳуе чу ту як дам шикори ман бошӣ.
Се бӯса, к-аз ду лабат кардаӣ вазифаи ман,
Агар адо накунӣ, қарздори ман бошӣ.
Ман ин мурод бибинам ба худ, ки ними шабе
Ба ҷойи ашки равон дар канори ман бошӣ.
Ман арчи Ҳофизи шаҳрам, ҷаве намеарзам,
Магар ту аз карами хеш ёри ман бошӣ.
523
Эй дил, он дам, ки хароб аз майи гулгун бошӣ,
Бе зару ганҷ ба сад ҳашмати Қорун бошӣ.
Дар мақоме, ки садорат ба фақирон бахшанд,
Чашмдорам, ки ба ҷо аз ҳама афзун бошӣ.
Дар раҳи манзили Лайлӣ, ки хатарҳост дар он,
Шарти аввал қадам он аст, ки Маҷнун бошӣ.
Нуқтаи ишқ намудам ба ту, ҳон, саҳв макун,
Варна чун бингарӣ, аз доира берун бошӣ.
Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш.
Кай равӣ? Раҳ зи кӣ пурсӣ? Чӣ кунӣ? Чун бошӣ?
Тоҷи шоҳӣ талабӣ, гавҳари зотӣ бинамой,
В-ар худ аз тухмаи Ҷамшеду Фаридун бошӣ.
Соғаре нӯш куну ҷуръа бар афлок фишон,
Чанду чанд аз ғами айём ҷигархун бошӣ?
Ҳофиз, аз фақр макун нола, ки гар шеър ин аст,
Ҳеҷ хушдил написандад, ки ту маҳзун бошӣ.
524
З-ин хуш рақам, ки бар гули рухсор мекашӣ,
Хат бар саҳифаи гулу гулзор мекашӣ.
Ашки ҳарамнишини ниҳонхонаи маро
З-он сӯйи ҳафт парда ба бозор мекашӣ.
Коҳил равӣ, чу боди саборо ба бӯйи зулф
Ҳар дам ба қайди силсила дар кор мекашӣ.
Ҳар дам ба ёди он лаби майгуну чашми маст
Аз хилватам ба хонаи хаммор мекашӣ.
Гуфтӣ: — Сари ту бастаи фитроки мо шавад,
Саҳл аст, агар ту заҳмати ин бор мекашӣ.
Бо чашму абруи ту чӣ тадбири дил кунам?
Ваҳ, з-ин камон, ки бар мани бемор мекашӣ.
Боз о, ки чашми бад зи рухат дафъ мекунад,
Эй тоза гул, ки доман аз ин хор мекашӣ.
Ҳофиз, дигар чӣ металабӣ аз наими даҳр?
Май мехӯриву турраи дилдор мекашӣ.
525
Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ
Улоқӣ ман навоҳо мо улоқӣ.
Ало, эй сорбони маҳмили дӯст,
Ило рукбоникум тола-штиёқӣ.
Хирад дар Зиндарӯд андозу май нӯш,
Ба гулбонги ҷавонони ироқӣ.
Рабиъ-ул-умри фӣ маръо ҳимокум,
Ҳамокаллоҳу ё аҳд-ат-талоқӣ.
Биё, соқӣ, бидеҳ ратли гаронам,
Сақокаллоҳу мин каъс-ид-диҳоқӣ.
Ҷавонӣ боз меорад ба ёдам
Самои чангу дастафшони соқӣ.
Майи боқӣ бидеҳ то масту хушдил,
Ба ёрон барфишонам умри боқӣ.
Дарунам хун шуд аз нодидани дӯст,
Ало таъсан ли айём-ил-фироқӣ.
Думуъӣ баъдукум лотаҳқируҳо,
Фа кам баҳрин амиқин мин савоқӣ.
Даме бо некхоҳон муттафиқ бош,
Ғанимат дон умури иттифоқӣ.
Бисоз, эй мутриби хушхону хушгӯ
Ба шеъри форсӣ савти ироқӣ.
Арӯси бас хушӣ, эй духтари раз,
Вале гаҳ-гаҳ сазовори талоқӣ.
Масеҳои муҷаррадро барозад,
Ки бо хуршед созад ҳамвисоқӣ,
Висоли дӯстон рӯзии мо нест,
Бихон Ҳофиз, ғазалҳои фироқӣ.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!