Айнӣ С. Ёддоштҳо

Абдуҳамид Тағоев / Ноя.13.2013. / Гузориш нест

ayni

«Ёддоштҳо» — охирин асари калони нависанда аст, ки нотамом монда, фақат чор ҷилдаш навишта шудааст.
Қисми якуми он дар соли 1948 навишта шуда буд ва аввалин бор дар журнали «Шарқи Сурх», шумораҳои 8-9, 11-12 соли 1948 ва шумораҳои 1-4 соли 1949 чоп шудааст. Порчаҳои қисми дуюми асар дар ҳамон журнал соли 1949 (шумораҳои 7-8) дарҷ шудаанд. Ин ду қисм ба шакли китобҳои алоҳида дар соли 1949 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ табъ гардид. «Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки қисми якум ва дуюми он ба бисёр забонҳои халқҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа тарҷима ва чоп шудааст.
Ду қисми аввал ба забони тоҷикӣ бори дуюм дар соли 1955 дар як ҷилд ва бо хати арабӣ дар соли 1958 дар ду ҷилд ба табъ расида буд. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ва Нашриёти «Советский писатель» (Москва) онро чандин бор ба забони русӣ хам нашр кардаанд.
Қисми сеюми «Ёддоштҳо» аввал дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1949, № 11-12; соли 1950, № 2-5, 7-10 чоп шуда, дар соли 1950 ба шакли китоб нашр гардид. Қисми чорум дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1953, № 1-2,4—5, соли 1954, № 6-9 чоп шуда, ба шакли китоби алоҳида ҳамагӣ 11 рӯз пеш аз вафоти нависанда ба чоп имзо шуда буд.
Қисми сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» боз дар соли 1955 дар як ҷилд табъ ёфт ва дар солҳои 1958-1959 чор китоби ин асар бо хати арабӣ ҳам баромад. Нашри пурраи «Ёддоштҳо»-ро ба забони русӣ дар соли 1960 ба унвони «Воспоминания» нашриёти Академияи Фанҳои СССР баровард, ки онро шарқшиносони маъруфи советӣ А. Розенфелд, А. А. Семёнов, Н. А. Кисляков ва А. Н. Болдирев тайёр кардаанд.
Тарҷимаи мухтасари чор қисми «Ёддоштҳо» ба забони русӣ бори охир бо унвони «Бухара» дар ҷилди сеюми чорҷилдаи асарҳои С. Айнӣ соли 1960 дар нашриёти «Известия» ба табъ расидааст.
«Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки ба бисёр забонҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа чоп шудааст.
Дар вақти ба чоп тайёр кардани матни асар қайдҳои дар нашри якум кардаи муаллиф низ ба назар гирифта шуданд.

Як-ду сухан ба ҷои сарсухан

Аз бозе, ки ман ба даст қалам гирифта ба қатори нависандагони советӣ даромадаам, ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда, ба хонандагон, хусусан ба бачагон ва ҷавонон, пешкаш намоям. Азбаски ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷоҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун ба фикри ман ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоя- нависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам. Зеро, чунон ки кас то зиндагонии гузаштаро покиза ба тарзи воқеӣ-реалӣ надонад, қимати зиндагонии имрӯза – зиндагонии советии сотсиалистиро ба хубӣ тасаввур карда наметавонад, инчунин то касе дар сохтмони советӣ-сотсиалистӣ, хусусан дар адабиёти вай дуруст таҷриба пайдо накунад ва ин сохти зиндагиро комилан аз худ нанамояд, зиндагонии гузашта – зиндагонии феодалиро пурра ва ба тарзи воқеӣ-реалӣ тасвир карда наметавонад.
Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас дар ҳар кор дар охирҳои умраш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор, ки назар ба дарёфти худам хеле муҳим буд, расидааст ва бинобар ин фурсати танги ин зиндагии боқимондаро ғанимат шумурда ба ин вазифа шурӯъ намудам.
yak-du
Тартиби таҳрири ёддоштҳоям тахминан ба тарзи зерин мешавад: дар саҳро; дар шаҳр, ки вай ҳаёти мадрасаи кӯҳна, программаи дарсҳои вай, табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳри Бухоро ва машғулоти онҳоро дар бар мегирад; рӯзҳои ҳаракат ба муқобили сохтмони амирӣ ва саргузаштҳои худ; муҳоҷират ба Самарқанд ва воқеаҳое, ки дар байни револютсияҳои феврал ва октябри соли 1917 ва дар рӯзҳои Октябр дар ин ҷо – дар Самарқанд рӯй додаанд, – инҳоянд программаи иҷмолии ёддоштҳои ман.

Садриддин Айнӣ

Ёддоштҳо, қ. 1 – Дар саҳро

 

Сарлавҳаро пахш кунед! Дар саҳро
Сарлавҳаро пахш кунед! Даромади сухан
Сарлавҳаро пахш кунед! Тӯй
Сарлавҳаро пахш кунед! Баъд аз тӯй
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳалвогархона
Сарлавҳаро пахш кунед! Регкӯчӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Мубориза бо реги равон
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар Соктаре
Сарлавҳаро пахш кунед! Ятими доно ва бойи фиребгари нодон
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳар кор як вақт дорад
Сарлавҳаро пахш кунед! «Дев» ва «аждаҳо»
Сарлавҳаро пахш кунед! Хайбар
Сарлавҳаро пахш кунед! Усто амак
Сарлавҳаро пахш кунед! Лутфулло-Гӯппон
Сарлавҳаро пахш кунед! Рӯди нави Шофирком
Сарлавҳаро пахш кунед! Аҳволи тумани Шофирком баъд аз ҷорӣ шудани рӯди нав
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар рӯзҳои мактабхонӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Баъд аз мактабхонӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Хатмашқкунӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Рӯзадорӣ ва рӯзафурӯшӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Сайри Дарвешобод
Сарлавҳаро пахш кунед! «Парвардигорхӯҷа»
Сарлавҳаро пахш кунед! Падарам
Сарлавҳаро пахш кунед! Аввалин ёддоштҳоям дар бораи Бухоро ва мадраса
Сарлавҳаро пахш кунед! Тӯйравии хоҷагони мираконӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Деҳқонӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Вафоти падару модар дар вабои умумӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳосилғундорӣ ва сарфи маҳсулот
Сарлавҳаро пахш кунед! Сардор ва дастёри оила
Сарлавҳаро пахш кунед! Аҳволи деҳаи мо дар он солҳо
Сарлавҳаро пахш кунед! Тайёрӣ ба сафари Бухоро барои таҳсил
Сарлавҳаро пахш кунед! Эзоҳот

 

Ёддоштҳо, қ. 2 – Дар шаҳр

 

Сарлавҳаро пахш кунед! Дар шаҳр
Сарлавҳаро пахш кунед! Даромади сухан
Сарлавҳаро пахш кунед! Биноҳои мадрасаҳои Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Таърихи мулки хусусӣ шудани ҳуҷраҳои мадрасаҳои Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Роҳи ҳуҷраёбии талаба дар мадрасаҳои Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Программаи дарсҳои мадрасаҳои Бухоро ва мударрисон
Сарлавҳаро пахш кунед! Айёми таҳсил ва тартиби дарсхонӣ дар мадрасаҳои Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳосили таҳсили 19-сола
Сарлавҳаро пахш кунед! Муносибати моддии талабаҳо бо устодони худ дар мадраса
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар мадрасаи Мири Араб
Сарлавҳаро пахш кунед! Махдуми Гав ва Пирак
Сарлавҳаро пахш кунед! Паҳлавони фавқулодда
Сарлавҳаро пахш кунед! Сайри Файзобод
Сарлавҳаро пахш кунед! Мулло Туроб ва Мулло Қамар
Сарлавҳаро пахш кунед! Одами аҷиб
Сарлавҳаро пахш кунед! Саёҳати саҳро
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар роҳи шаҳр ва Маҷиди каҳкашонӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Соли дуюм дар мадрасаи Мири Араб
Сарлавҳаро пахш кунед! Тамошои Регистон – «дарихона», 75 чӯб. Машқи сарбоз ва кушишхонаи одам
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳоҷӣ Зокирбойи ғӯзаҷаллоб ва кампири ҳафтодсола
Сарлавҳаро пахш кунед! Одамкушӣ ва «бойбачаҳои ҷаноби олӣ»
Сарлавҳаро пахш кунед! Майдони машқи сарбоз
Сарлавҳаро пахш кунед! Одами бадбашара
Сарлавҳаро пахш кунед! Кафангадоии «бойбачаҳои ҷаноби олӣ»
Сарлавҳаро пахш кунед! Ба ҷойи як бечора бечораи дигар
Сарлавҳаро пахш кунед! Сабаби кушта шудани Мулло Бозор ва Мулло Туроб
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар рӯзҳои охирине, ки дар мадрасаи Мири Араб будам
Сарлавҳаро пахш кунед! «Кафшпешмонии ҳазрати Хоҷа Ӯбон»
Сарлавҳаро пахш кунед! Духтари ноком
Сарлавҳаро пахш кунед! Ба офтоби оламтоб
Сарлавҳаро пахш кунед! Саргузашти саросар дарду алами духтари ноком
Сарлавҳаро пахш кунед! Бадбахтии пурфоҷиаи духтари ноком
Сарлавҳаро пахш кунед! «Зани мардгардида»
Сарлавҳаро пахш кунед! Эзоҳот

 

Ёддоштҳо, қ. 3 – Дар шаҳр

 

Сарлавҳаро пахш кунед! Дар шаҳр
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳавлии Шарифҷон-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ
Сарлавҳаро пахш кунед! Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмад-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! «Оби ганда ба хандақ»
Сарлавҳаро пахш кунед! Саёҳати солонаи Аҳмад-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмад-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! Хислатҳои хусусии Шарифҷон-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! Аҳволи ман дар ҳавлии Шарифҷон-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар мадрасаи Олимҷон
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳиндуҳои судхӯр
Сарлавҳаро пахш кунед! Машғулиятҳои илмӣ ва адабии ман дар мадрасаи Олимҷон
Сарлавҳаро пахш кунед! Шариф-махдуми Мӯътасим ва Шукурбеки «дузд»
Сарлавҳаро пахш кунед! Никоҳи духтари нӯҳсола
Сарлавҳаро пахш кунед! Вабо
Сарлавҳаро пахш кунед! Гирифтор шуданам ба бемории вабоӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Махдумони байтал
Сарлавҳаро пахш кунед! Страхованияи бойҳо
Сарлавҳаро пахш кунед! «Маҳдии охирзамон»
Сарлавҳаро пахш кунед! Дар Мадрасаи Бадалбек
Сарлавҳаро пахш кунед! Машғулиятҳои илмӣ ва адабии ман дар Мадрасаи Бадалбек
Сарлавҳаро пахш кунед! Базмҳои Бухоро ва базмгардӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Олуфтаҳои Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҷанги Махдуми Муҳаммадӣ ва Барно-тайёр
Сарлавҳаро пахш кунед! Шайхи рехтагар ва корхонаи ӯ
Сарлавҳаро пахш кунед! Сӯхтор
Сарлавҳаро пахш кунед! Хонадории шоир
Сарлавҳаро пахш кунед! Дуздӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Саёҳати саҳро
Сарлавҳаро пахш кунед! Аловуддини Говҷигар
Сарлавҳаро пахш кунед! Мардикорӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Устохонаи кафшдӯзӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Бобои пойафзолдӯзон
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҷамъиятҳои пешравон дар Бухорои амирӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Тахаллусинтихобкунӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Хари кирокаш ва беморӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Доши шиннипазӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Шиносоиям бо Ҳайрат
Сарлавҳаро пахш кунед! Тарҷимаи ҳоли Ҳайрат
Сарлавҳаро пахш кунед! Мероси адабии Ҳайрат
Сарлавҳаро пахш кунед! «Микробҳои одамшакл»
Сарлавҳаро пахш кунед! Донишманди нобино
Сарлавҳаро пахш кунед! «Наҷибуттарафайн»
Сарлавҳаро пахш кунед! Дӯстии ду калонгир
Сарлавҳаро пахш кунед! Эзоҳот

 

Ёддоштҳо, қ. 4 – Дар шаҳр

 

Сарлавҳаро пахш кунед! Дар шаҳр
Сарлавҳаро пахш кунед! Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид
Сарлавҳаро пахш кунед! Соҳиби мадраса
Сарлавҳаро пахш кунед! Зиндагонӣ ва машғулияти ман дар Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҳалвоисобунпазии Мирзо Абдулвоҳид
Сарлавҳаро пахш кунед! Водопроводсозии Мирзо Абдулвоҳид
Сарлавҳаро пахш кунед! Обкашак сохтани худам
Сарлавҳаро пахш кунед! Қорӣ Нурулло
Сарлавҳаро пахш кунед! Чамадони Қорӣ Нурулло
Сарлавҳаро пахш кунед! Шоҳзодаи раммол
Сарлавҳаро пахш кунед! Аҳволи умумиам ва машғулиятҳои илмӣ ва адабиам дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид
Сарлавҳаро пахш кунед! Мадрасаи Лаби Ҳавзи Арбоб ва бошандагони он ҷо
Сарлавҳаро пахш кунед! Аввалин мулоқоти ман бо Ҳоҷӣ Абдулазизи санъатгари самарқандӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Ғайбатхона
Сарлавҳаро пахш кунед! «Раияи Русия»
Сарлавҳаро пахш кунед! «Дуздии» Ҳоҷӣ-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! «Набераи Файзӣ-авлиё»
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҷанги муллоён бо аробакаш
Сарлавҳаро пахш кунед! Интизорӣ ба сангсор карда шудани аробакаш
Сарлавҳаро пахш кунед! Хабари «Ҷабраил» дар бораи кори аробакаш
Сарлавҳаро пахш кунед! Қарори «Маҳкама» ва сангсор карда шудани аробакаш
Сарлавҳаро пахш кунед! Таассуроти Мулло Амон аз сангсор шудани аробакаш
Сарлавҳаро пахш кунед! Зиндагии шахсии Мулло Амон ва аҳволи ӯ баъд аз воқеаи аробакаш
Сарлавҳаро пахш кунед! Воқеаи «намадисиёҳпӯшон» ва оқибати кори Мулло Амон
Сарлавҳаро пахш кунед! Рустами Ашкии ғиждувонӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! Хабари вафоти Аҳмади Дониш
Сарлавҳаро пахш кунед! Аввалин шиносоии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ»
Сарлавҳаро пахш кунед! Кӯчидани ман ба Мадрасаи Кӯкалтош
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҷанги Ҳоҷӣ-махдум бо аълами Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Театрбозии Ҳоҷӣ-махдум
Сарлавҳаро пахш кунед! Моҳи рамазони Бухоро ва бозори шаб
Сарлавҳаро пахш кунед! Ҷанги ҷойнамозпаҳнкунӣ дар рамазони Бухоро
Сарлавҳаро пахш кунед! Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан
Сарлавҳаро пахш кунед! Достони сайри Ширбадан
Сарлавҳаро пахш кунед! Оқибати кори Махдуми Гав
Сарлавҳаро пахш кунед! Кушта шудани пурфоҷиаи Рустамча, вафоти Махдуми Гав ва Пирак
Сарлавҳаро пахш кунед! Бемории ришта
Сарлавҳаро пахш кунед! Сабаб ва тарзи пайдо шудани ришта ва «илоҷе», ки ҳукумати амир ба муқобили он дида буд
Сарлавҳаро пахш кунед! Савияи маҳорати доктор ва табибони Бухорои амирӣ ва вафоти Мулло Ҳомиди савтӣ
Сарлавҳаро пахш кунед! «Истиқомати даруникуртагӣ»
Сарлавҳаро пахш кунед! Хулоса
Сарлавҳаро пахш кунед! Гирифтор шуданам ба доми Амир Абдулаҳад ва зуд халос шуданам аз вай
Сарлавҳаро пахш кунед! Даҳякгирии талабагони мадраса
Сарлавҳаро пахш кунед! Харгургон ва «рӯбоҳон»
Сарлавҳаро пахш кунед! Саёҳати махдумони сохта
Сарлавҳаро пахш кунед! Эзоҳот

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


3 − = 1


error: Content is protected !!