Чанд суруду таронаи «Шашмақом» -1

shashmaqom-1

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Бебокча

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Дар чаман то рахти ноз он қадди дилҷӯ мекашад,
Сарв худро аз хиҷолат бар лаби ҷӯ мекашад,
Булбули шӯрида аз гулзор паҳлу мекашад,
Ҳар куҷо наққош нақши он парирӯ мекашад,
Гар ба зулфи анбараш навбат расад, мӯ мекашад.

Он қадар дорад ниҳоли қадди ҷонон нозукӣ,
Бас латофат маҳви ӯ гардиду ҳайрон нозукӣ,
Марҳабо мӯйи миён, чун риштаи ҷон нозукӣ,
Гирди он мӯйи миён гардам, ки бо он нозукӣ,
Ин ҳама бори латофатро ба як мӯ мекашад.

Эй қадат сарву даҳонат ғунчаву рӯят гул аст,
Накҳати зулфи парешони ту рашки сунбул аст,
Ин мухаммас чун зи мазмуни навои булбул аст,
Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,
Шона ҷабри арраро аз баҳри гесу мекашад.

Мухаммаси Сипандӣ бар ғазали Шавкат

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Фирдавс Неъматов. Бебокча.mp3

Гиря

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.
Надорам меҳрубоне, то кунад бар ҳоли ман гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.
Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.
Мадад фармо ба хун, эй дил, чу дар чашмам намонд обе,
Чу хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.
Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.
Матни шеър:
Биё, эй ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.
Надорам меҳрубоне, то ба ҳоли ман кунад гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.
Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.
Набошад дар баҳорон дур аз абри чаман гиря,
Ман он абрам, ки дур аз навбаҳори хештан гирям.
Мадад фармо, ба хун, эй дил, чу дар чашмам намонд обе,
Ки хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.
Зи ҳиҷрон буд гиря бештар аз ваъдаи васлат,
Кунун аз дарду доғи интизори хештан гирям.
Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.

Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷӯрабек Муродов. Гиря.mp3

Ироқи Бухоро

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Чу дар даст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Шароби арғувониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Биё, ҷоно, мунаввар кун зи рӯят маҷлиси моро,
Ки дар пешат ғазал хонему дар поят сар андозем.
Биё, ҷоно, мунаввар кун зи рӯят маҷлиси моро,
Ки дар пешат ғазал хонему дар поят сар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем.
Матни шеър:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Шароби арғувониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Чу дар даст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Яке аз ақл мелофад, дигар томот мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.
Биҳишти адн, агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,
Ки аз пойи хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷӯрабек Муродов. Ироқи Бухоро.mp3

Қашқарчаи Муғулчаи Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Дугоҳ

Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,
Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам.
Соғарам аз акси рӯйи ёр дорад мавҷи май,
Мавҷ меҷӯшад, таҷаллӣ мезанад дар соғарам.
Дилбарам ҳаргиз намеояд ба хобам дар бағал,
Дар бағал ояд ба бедорӣ зи мастӣ дилбарам.
Гавҳарам олист аз гарди ятимӣ дар назар,
Дар назар оинаи ҳусни маонӣ гавҳарам.
Камтарам донад, Парӣ, аз зарра ҳуснаш, месазад,
Месазад, гӯям, ки ман аз камтари ӯ камтарам.
Матни шеър:
Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,
Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам.
Соғарам аз акси рӯйи ёр дорад мавҷи май,
Мавҷ меҷӯшад, таҷаллӣ мезанад дар соғарам.
Пайкарам аз захми шамшери ту дорад обрӯ,
Обрӯ то субҳи маҳшар кам мабод аз пайкарам.
Дилбарам ҳаргиз намеояд ба хобам дар бағал,
Дар бағал ояд ба бедорӣ зи мастӣ дилбарам.
Гавҳарам олист аз гарди ятимӣ дар назар,
Дар назар оинаи ҳусни маонӣ гавҳарам.
Ҷавҳарам арзи камоли хеш дорад дар шикаст,
Дар шикаст оинаи сад обрӯ шуд ҷавҳарам.
Парварам танро зи ишқи лоларӯён то абад,
То абад ин пунба дар тӯфони оташ парварам.
Бар сарам неҳ пой, монад то қиёмат, эй парӣ,
Эй парӣ, аз нақши поят тоҷи шоҳӣ бар сарам.
Камтарам донад, Парӣ, аз зарра ҳуснаш, месазад,
Месазад, гӯям, ки ман аз камтари ӯ камтарам.

Ғазали Парии Ҳисорӣ

Қашқарчаи Мустазоди Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Мустазоди Наво

Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост,
Ғунчахуспони чаманро ғунчаи гул муттакост.
Нозбӯро аз бунафша нозболин зери cap,
Шохи гулро бистаре аз барги ҳин дар зери пост.
Бӯйи гулро мебарад аз боғ пинҳонӣ насим,
Боғбон пай бурдааст: ин кори дузди ошност.
Аз пайи ҳам корвони гул ба бозор омада
Метавон гуфт, ки боғ аз бӯйи гул бӯстонсарост.
Сайри боғ имрӯз дилҳои ҳарифон бурдааст,
Хоки гулшан чун гулистони Ирам одамрабост.

Ғазали Сайидо

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷумъабой Қӯзиев. Қашқарчаи Мустазоди Наво.mp3

Қашқарчаи Савти Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 , Савти Наво

Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман
В-ар бигӯям дил магардон, рӯ бигардонад зи ман.
Гар чу шамъаш пеш мирам, бар ғамам хандон шавад,
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман.
Орази рангин ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул,
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман.
Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман.
Чашми худро гуфтам, охир, як назар сераш бубин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?»
Гарчи Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, айб нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.
Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам,
Халқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.
Матни шеър:
Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман
В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман.
Рӯйи рангинро ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул,
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман.
Чашми худро гуфтам, охир, як назар сераш бубин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?»
Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман.
Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, бок нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.
Гар чу шамъаш пеш мирам, бар ғамам хандон шавад,
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман.
Дӯстон, ҷон додаам баҳри даҳонаш, бингаред,
К-ӯ ба чизе мухтасар чун боз мемонад зи ман.
Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам,
Ишқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.

Ғазали Ҳофиз

Қашқарчаи Савти Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Он сияҳ холест, ки бар рухсори ҷонони ман аст,
Ханҷари мижгони ӯ пайваста бар ҷони ман аст.
Носеҳо, беҳуда мегӯйӣ, ки дил бардор аз ӯ,
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст.*
Гуфтам: «Эй нозукбадан, аз ту меояд бӯйи мушк»,
Гуфт: «Кай ин бӯйи мушк? Он гарди домони ман аст».
(Гуфт: «Кай он бӯйи мушк? Аз зулфи печони ман аст». Б. Исҳоқова)
Гуфтам: «Эй нозукбадан, ошиқ макуш, кам ноз кун».
Гуфт: «Ошиқ мекушам, имрӯз даврони ман аст».
Гуфтам: «Эй нозукбадан, дар гарданат мори сияҳ».
(Гуфтам: «Эй ширинсухан, дар гарданат мори сияҳ». Б.Исҳоқова)
Гуфт: «Кай мор аст он, кокул парешони ман аст».
Аҳмади Ҷомӣ зи ишқат сӯхта монанди шамъ,
Гуфт: «Кай шамъ аст он, ин моҳи тобони ман аст».

____________________
* Ин байт аз Ҳилолист.

Ғазали Аҳмади Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Исҳоқ Катаев. Қашқарчаи Савти Ушшоқ.mp3
Малоҳат Абдушукурова. Қашқарчаи Савти Ушшоқ.mp3

Қашқарчаи Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Чоргоҳ

То нафас боқист, гарми барқи ҷавлони туам,
Хок гардам ҳам, ғубори гарди домони туам.
Шонасон гар устухоне аз танам бошад ҳанӯз,
Синачоки ҳасрати зулфи парешони туам.
Чанд майли хонаи оина? Гоҳе метавон,
Рӯй сӯйи хонаи ман ҳам, ки меҳмони туам.
Тирабахтӣ ваҳшатандӯзи бисоти қурб нест,
Сояам гар, сояи сарви хиромони туам.
Гарчи хондам аз муҳаббат фасл-фаслу боб-боб,
Ҳолиё тифли навомӯзи дабистони туам.
Шӯҳра гардидам ба олам з-он ки, Роҷӣ, ҳамчу меҳр,
Меҳрубоно, резачини хони эҳсони туам.
Матни шеър:
То нафас боқист, гарми барқи ҷавлони туам,
Хок гардам ҳам, ғубори гарди домони туам.
Шонасон гар устухоне аз танам бошад ҳанӯз,
Синачоки ҳасрати зулфи парешони туам.
Чанд майли хонаи оина? Гоҳе метавон,
Рӯй сӯйи хонаи ман ҳам, ки меҳмони туам.
Тирабахтӣ ваҳшатандузи бисоти қурб нест,
Сояам гар, сояи сарви хиромони туам.
Мири даҳрам, то мутеи холи ҳиндуи туам,
Пири дайрам, то муриди чашми фаттони туам.
Гарчи хондам аз муҳаббат фасл-фаслу боб-боб,
Ҳолиё тифли навомӯзи дабистони туам.
Шуҳра гардидам ба олам з-он ки, Роҷӣ, ҳамчу меҳр,
Меҳрубоно, резачини хони эҳсони туам.

Ғазали Роҷӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷумъабой Қӯзиев. Қашқарчаи Савти Чоргоҳ.mp3

Муғулчаи Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Як шаб, охир, домани оҳи саҳар хоҳам гирифт,
Доди худ аз он маҳи бедодгар хоҳам гирифт.
Чашми гирёнро ба тӯфони бало хоҳам супурд,
Нӯки мижгонро ба хуноби ҷигар хоҳам гирифт.
Интиқомамро зи зулфаш мӯ ба мӯ хохам кашид,
Орзуямро зи лаълаш cap ба cap хоҳам гирифт.
Ё ба зиндони фироқаш бенишон хоҳам шудан,
Ё гиребони висолаш бехабар хоҳам гирифт.
Ё лабонашро ба лаб ҳамчун шакар хоҳам макид,
Ё миёнашро ба бар ҳамчу камар хоҳам гирифт.
Гар, Фурӯғӣ, моҳи ман бурқаъ зи рӯ хоҳад фиканд,
Ман зи шавқаш айб бар шамсу қамар хоҳам гирифт.

Ғазали Фурӯғӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Исҳоқ Катаев. Муғулчаи Дугоҳ.mp3
Малоҳат Абдушукурова. Муғулчаи Дугоҳ.mp3

Муғулчаи Сегоҳ

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Оҳ, аз даври фалак як лаҳза бар комам нашуд,
Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд.
Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам,
Ҳеҷ амре мӯҷиби таскини оромам нашуд.
Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо,
Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд.
Баски нӯшидам басе паймонаҳои заҳри ғам,
Аз майи ишрат, вале, як ҷуръа дар ҷомам нашуд.
То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед,
Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд.
Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар,
Як тулӯи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд.
Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш,
Як илоҷи хушкии савдо зи бодомаш нашуд.

Ғазали Туғрал

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷумъабой Қӯзиев. Муғулчаи Сегоҳ.mp3

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 20

  1. Салом алекум аввалан ба шумо саломативу сарбаланди хохонам бигзор дастатон дардро набинад бенихоят як икдоми хубро пеша кардаед.Худованд аз шумо рози бошад бори дигар ташуккур.

  2. Дуруду сипос бар Шумо. Бехтарин тарчумахоро аз адабиёти чахон дар ин чо мегузоштед, боз хам миннатдор мешудем.

  3. Салом, бародари гироми! Мехостам шеърхои Фуруги Фаррухзодро низ инчо нашр кунед, зеро китобхояш дар марказхои фуруши китоб дастраси хонанда нест. Ташаккури зиёд!

  4. салом ташакур барои чунин икдоми нек як мушкили вучуд дорад, шеърхоро гуш карда намешавад чаро?

    • Ташаккур, Бобочон. Мегуфтед, кадом суруди фарокашидаатон гуш карда намешавад?

  5. Дар ягон чо газали Туграл «эй акси рухат» ро наефтам. Агар имконият мешуд дар инчо чойгир мекардед. Бори дигар рахмат.

    • Салом, Aziz!
      Чанде пас намунаи пурратари ашъори Туғрал дар сомона нашр хоҳад гардид. Вале барои Шумо ҳамаи қоидаҳоро пушти сар карда, матни мустазоди шоирро ин ҷо меорам:
      Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро
      Чун мӯъҷизи Исо,
      Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно
      Бо он лаби гӯё.
      То бо қади шамшод гузаштӣ сӯйи гулшан
      Қумрӣ ба фиғон шуд,
      Наргис пайи наззора шавад дида саропо
      Аз баҳри тамошо.
      Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи Мисрӣ
      Дар зовияи чоҳ,
      Савдои ту доранд ба сар Вомиқу Узро
      Танҳо на Зулайхо.
      Пироҳани гул дар чаман аз дасти ту чок аст
      Аз фурқати рӯят,
      Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно
      Чун бода ба мино.
      Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон
      Овард насиме,
      Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо
      З-он рафт ба саҳро.
      Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст
      Растан натавонад,
      Занҷир бувад ҳар сари мӯ пойи ҷунунро
      З-он зулфи мутарро.

      • Ташаккур барои матни суруд аз шумо минусокаи суруди хамин шерро хохтш мекардам ки дар сомонаи худ гузоред чун ба он ниёз дорем бо эхтиром Зебо аз ш.Душанбе ДМТ донишчу

        • Эй акси рухат ҷонди ҳадойинаи дилро чун мўъҷизи Исо!…
          сароянда Абдулло Султон

          //tugral.tj/index.php/suruda-o

  6. Salom

  7. Бародар, хаста набошед — кори олиро анчом додед. Худо подоши захматхоятонро дихад!!!

  8. Иқдом, ибтикори бемисл. Кулли мардум Шашмақомро бо суруди классикӣ як медонанд. Хуб мешуд, ки схемаи Шашмақом (масалан, аз китоби Ф.Азизӣ) замима мегардид, то донанд чи ба куҷо мутааллиқ. Ин дарку ҳифзи Шашмақомро осон мекунад.

    • Ташаккури беандоза аз Шумо. Бо мадади мисли Шумо корвандони фаъол торнамо беҳтар хоҳад шуд.

  9. мавригӣ аз Бухоро барин сурудҳоро даровардан даркор.
    *********
    Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам чӣ чора?
    Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора.
    *********
    Дарди дили ман даво надорад,
    Танбӯри дилам садо надорад.
    *********
    Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
    Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме.
    *********

  10. офарин! Ждем продолжения текстов шашмакомов, включая такие известные народные песни как :
    «Ҷасти-Ҷасти ёр» («Шасту-шасти-чор»), «Юсуфи ман, Юсуфи ман-е…», «Ханда Ханда»

    • Сипосгузорам, farid samarkandi! Худо хоҳад!

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.