Ғазалиёт 76-100


76
Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?
Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист?
Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст,
То дар оғӯши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кист?
Бодаи лаъли лабаш, к-аз лаби ман дур мабод,
Роҳи рӯҳи киву паймондеҳи паймонаи кист?
Давлати сӯҳбати он шамъи саодатпартав
Бозпурсед, Худоро, ки ба парвонаи кист?
Медиҳад ҳар касаш афсуневу маълум нашуд,
Ки дили нозуки ӯ моили афсонаи кист?
Ё Раб, он шоҳваши моҳрухи зӯҳраҷабин,
Дурри яктои киву гавҳари якдонаи кист?
Гуфтам: — Оҳ аз дили девонаи Ҳофиз бе ту!
Зери лаб хандазанон гуфт, ки: — Девонаи кист?
77
Моҳам ин ҳафта бурун рафту ба чашмам солест,
Ҳоли ҳиҷрон ту чӣ донӣ, ки чӣ мушкил ҳолест.
Мардуми дида зи лутфи рухи ӯ дар рухи ӯ
Акси худ диду гумон бурд, ки мушкин холест.
Мечакад шир ҳанӯз аз лаби ҳамчун шакараш,
Гарчи дар шевагарӣ ҳар мижааш қаттолест.
Эй, ки ангуштнамойӣ ба карам дар ҳама шаҳр,
Ваҳ, ки дар кори ғарибон аҷабат эҳмолест.
Баъд аз инам набувад шоиба дар ҷавҳари фард,
Ки даҳони ту дар ин нуқта хуш истидлолест.
Мужда доданд, ки бар мо гузаре хоҳӣ кард,
Нияти хайр магардон, ки муборак фолест.
Кӯҳи андӯҳи фироқат ба чӣ ҳолат бикашад
Ҳофизи хаста, ки аз нола танаш чун нолест.
78
Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест,
Дар раҳгузаре нест, ки доме зи бало нест.
Чун чашми ту дил мебарад аз гӯшанишинон,
Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо нест.
Рӯйи ту магар оинаи лутфи илоҳист?
Ҳаққо, ки чунин асту дар ин рӯву риё нест.
Наргис талабад шеваи чашми ту, зиҳӣ чашм!
Мискин хабараш аз сару дар дида ҳаё нест.
Аз баҳри Худо, зулф маперой, ки моро,
Шаб нест, ки сад арбада бо боди сабо нест.
Боз ой, ки бе рӯйи ту, эй шамъи дилафрӯз,
Дар базми ҳарифон асари нуру сафо нест.
Тимори ғарибон асари зикри ҷамил аст,
Ҷоно, магар ин қоида дар шаҳри шумо нест?
Дӣ мешуду гуфтам: «Санамо, аҳд ба ҷо ор!»
Гуфто: «Ғалате, хоҷа, дар ин аҳд вафо нест?»
Гар пири муғон муршиди ман шуд, чӣ тафовут?
Дар ҳеҷ саре нест, ки сирре зи Худо нест.
Ошиқ чӣ кунад, гар накашад бори маломат,
Бо ҳеҷ диловар сипари тири қазо нест.
Дар савмааи зоҳиду дар хилвати сӯфӣ,
Ҷуз гӯшаи абруи ту меҳроби дуо нест.
Эй чанг фурӯ бурда ба хуни дили Ҳофиз,
Фикрат магар аз ғайрати Қуръони Худо нест?
79
Мардуми дидаи мо ҷуз ба рухат нозир нест,
Дили саргаштаи мо ғайри туро зокир нест.
Ашкам эҳроми тавофи ҳарамат мебандад,
Гарчи аз хуни дили реш даме тоҳир нест.
Бастаи дому қафас бод чу мурғи ваҳшӣ,
Тоири сидра агар дар талабат тоир нест.
Ошиқи муфлис агар, қалби дилаш кард нисор,
Макунаш айб, ки бар нақди равон қодир нест.
Оқибат даст бад-он сарви баландаш бирасад,
Ҳар киро дар талабат ҳиммати ӯ қосир нест.
Аз равонбахшии Исо назанам дам ҳаргиз,
Он, ки дар рӯҳфазойӣ чу лабат моҳир нест.
Ман, ки дар оташи савдои ту оҳе назанам,
Кай тавон гуфт, ки бар доғ дилам собир нест.
Рӯзи аввал, ки сари зулфи ту дидам, гуфтам,
Ки парешонии ин силсиларо охир нест.
Сари пайванди ту танҳо на дили Ҳофизрост,
«Кист он, к-аш сари пайванди ту дар хотир нест».
80
Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷойи ҳеҷ икроҳ нест.
Дар тариқат ҳар чӣ пеши солик ояд, хайри ӯст,
Дар сироти мустақим, эй дил, касе гумроҳ нест.
То чӣ бозӣ рух намояд, байдақе хоҳем ронд,
Арсаи шатранҷи риндонро маҷоли шоҳ нест.
Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш?
З-ин муаммо ҳеҷ доно дар ҷаҳон огоҳ нест.
Соҳиби девони мо, гӯйӣ, намедонад ҳисоб,
К-андар ин туғро нишони ҳасбатан лиллоҳ нест.
Ҳар кӣ хоҳад, гӯ, биёву ҳар чӣ хоҳад, гӯ, бигӯ,
Кибру нозу ҳоҷибу дарбон бад-ин даргоҳ нест.
Бар дари майхона рафтан кори якрангон бувад,
Худфурӯшонро ба кӯйи майфурӯшон роҳ нест.
Ҳар чӣ ҳаст, аз қомати носози беандоми мост,
Варна ташрифи ту бар болои кас кӯтоҳ нест.
Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доим аст,
Варна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест.
Ҳофиз ар бар садр наншинад, зи олимашрабист,
Ошиқи дурдикаш андар банди молу ҷоҳ нест.
81
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест,
Он ҷо, ҷуз он, ки ҷон бисупоранд, чора нест.
Ҳар гаҳ ки дил ба ишқ диҳӣ, хуш даме бувад,
Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест.
Моро зи манъи ақл матарсону май биёр,
К-он шаҳна дар вилояти мо ҳечкора нест.
Аз чашми худ бипурс, ки моро кӣ мекушад?
Ҷоно, гуноҳи толеу ҷурми ситора нест.
Ӯро ба чашми пок тавон дид чун ҳилол,
Ҳар дида ҷойи ҷилваи он моҳпора нест.
Фурсат шумур тариқаи риндӣ, ки ин нишон
Чун роҳи ганҷ бар ҳама кас ошкора нест.
Нагрифт дар ту гиряи Ҳофиз ба ҳеҷ рӯ,
Ҳайрони он дилам, ки кам аз санги хора нест.
82
Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест,
Миннати хоки дарат бар басаре нест, ки нест.
Нозири рӯйи ту соҳибназаронанд, оре,
Сирри гесуи ту дар ҳеҷ саре нест, ки нест.
Ашки ғаммози ман ар сурх барояд, чӣ аҷаб?
Хиҷил аз кардаи худ пардадаре нест, ки нест.
То ба доман нанишинад зи насимаш гарде,
Селхез аз назарам раҳгузаре нест, ки нест.
То дам аз шоми сари зулфи ту ҳар ҷо назанад,
Бо сабо гуфтушунидам саҳаре нест, ки нест.
Ман аз ин толеи шӯрида ба ранҷам варна
Баҳраманд аз сари кӯят дигаре нест, ки нест.
Аз ҳаёи лаби ширини ту, эй чашмаи нӯш,
Ғарқи обу арақ акнун шакаре нест, ки нест.
Маслиҳат нест, ки аз парда бурун афтад роз
Варна дар маҷлиси риндон хабаре нест, ки нест.
Шер дар бодияи ишқи ту рӯбоҳ шавад,
Оҳ аз ин роҳ, ки дар вай хатаре нест, ки нест.
Оби чашмам, ки бар ӯ миннати хоки дари туст,
Зери сад миннати ӯ хоки даре нест, ки нест.
Аз вуҷудам қадаре ному нишон ҳаст, ки ҳаст
Варна аз заъф дар он ҷо асаре нест, ки нест.
Ғайр аз ин нукта, ки Ҳофиз зи ту нохушнуд аст,
Дар саропойи вуҷудат ҳунаре нест, ки нест.
83
Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,
Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест.
Аз дилу ҷон шарафи сӯҳбати ҷонон ғараз аст,
Ғараз ин аст вагарна дилу ҷон ин ҳама нест.
Миннати Сидраву Тӯбо зи пайи соя макаш,
Ки чу хуш бингарӣ, эй сарви равон, ин ҳама нест.
Давлат он аст, ки бе хуни дил ояд ба канор,
Варна бо саъю амал боғи ҷинон ин ҳама нест.
Панҷ рӯзе, ки дар ин марҳала мӯҳлат дорӣ,
Хуш биёсой замоне, ки замон ин ҳама нест.
Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест.
Зоҳид, эмин машав аз бодаи ғайрат зинҳор,
Ки раҳ аз савмаа то дайри муғон ин ҳама нест.
Дардмандии мани сӯхтаи зору низор
Зоҳиран ҳоҷати тақриру баён ин ҳама нест.
Номи Ҳофиз рақами нек пазируфт, вале
Пеши риндон рақами суду зиён ин ҳама нест.
84
Хоби он наргиси фаттони ту бечизе нест,
Тоби он зулфи парешони ту бечизе нест.
Аз лабат шир равон буд, ки ман мегуфтам,
Ин шакар гирди намакдони ту бечизе нест.
Ҷондарозии ту бодо, ки яқин медонам,
Дар камон новаки мижгони ту бечизе нест.
Мубталоӣ ба ғами меҳнату андӯҳи фироқ,
Эй дил, ин нолаву афғони ту бечизе нест.
Дӯш бод аз сари кӯяш ба гулистон бигузашт,
Эй гул, ин чоки гиребони ту бечизе нест.
Дарди ишқ арчи дил аз халқ ниҳон медорад,
Ҳофиз, ин дидаи гирёни ту бечизе нест.
85
Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест,
Сари маро ба ҷуз ин дар ҳаволагоҳе нест.
Аду чу теғ кашад, ман сипар бияндозам,
Ки теғи мо ба ҷуз аз нолаеву оҳе нест.
Чаро зи кӯйи харобот рӯй бартобам,
К-аз ин беҳам ба ҷаҳон ҳеҷ расму роҳе нест.
Замона гар бизанад оташам ба хирмани умр,
Бигӯ: бисӯз, ки бар ман ба барги коҳе нест.
Ғуломи наргиси ҷаммоши он сиҳисарвам,
Ки аз шароби ғурураш ба кас нигоҳе нест.
Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ кун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.
Инон кашида рав, эй подшоҳи кишвари ҳусн,
Ки нест бар сари роҳе, ки додхоҳе нест.
Чунин, ки аз ҳама сӯ доми роҳ мебинам,
Беҳ аз ҳимояти зулфаш маро паноҳе нест.
Хазинаи дили Ҳофиз ба зулфу хол мадеҳ,
Ки корҳои чунин ҳадди ҳар сиёҳе нест.
86
Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт,
В-андар он баргу наво хуш нолаҳои зор дошт.
Гуфтамаш: «Дар айни васл ин нолаву фарёд чист?»
Гуфт: «Моро ҷилваи маъшуқ дар ин кор дошт».
Ёр агар наншаст бо мо, нест ҷойи эътироз,
Подшоҳи комрон буд, аз гадое ор дошт.
Дарнамегирад ниёзу нози мо бо ҳусни дӯст,
Хуррам он, к-аз нозанинон бахти бархурдор дошт.
Хез, то бар килки он наққош ҷонафшон кунем,
К-ин ҳама нақши аҷаб дар гардиши паргор дошт.
Гар муриди роҳи ишқӣ, фикри бадномӣ макун,
Шайхи Санъон хирқа раҳни хонаи хаммор дошт.
Вақти он ширин қаландар хуш, ки дар атвори сайр
Зикри тасбеҳи малак дар ҳалқаи зуннор дошт.
Чашми Ҳофиз зери боми қасри он ҳурисиришт,
Шеваи ҷанноти таҷрӣ таҳтаҳуланҳор дошт.
87
Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт,
Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеҷ ғам надошт.
Ё Раб, магираш, ар дили ҳамчун кабӯтарам
Афканду кушту иззати сайди ҳарам надошт.
Бар ман ҷафо зи бахти ман омад, вагарна ёр.
Ҳошо, ки расми лутфу тариқи ситам надошт.
Бо ин ҳама ҳар он кӣ на хорӣ кашид аз ӯ,
Ҳар ҷо, ки рафт, ҳеҷ касаш мӯҳтарам надошт.
Соқӣ, биёр бодаву бо мӯҳтасиб бигӯ:
«Инкори мо макун, ки чунин ҷом Ҷам надошт».
Ҳар роҳрав, ки раҳ ба ҳарими дараш набурд,
Мискин бурид водиву раҳ дар ҳарам надошт.
Ҳофиз, бибар ту гӯйи фасоҳат, ки муддаӣ,
Ҳеҷаш ҳунар набуду хабар низ ҳам надошт.
88
Кунун, ки медамад аз бӯстон насими биҳишт,
Ману шароби фараҳбахшу ёри ҳурсиришт,
Гадо чаро назанад лофи салтанат имрӯз,
Ки хайма сояи абр асту базмгаҳ лаби кишт.
Чаман ҳикояти урдибиҳишт мегӯяд,
На оқил аст, ки нася хариду нақд биҳишт.
Ба май иморати дил кун, ки ин ҷаҳони хароб
Бар он сар аст, ки аз хоки мо бисозад хишт.
Вафо маҷӯй зи душман, ки партаве надиҳад
Чу шамъи савмаа афрӯзӣ аз чароғи куништ.
Макун ба номасиёҳӣ маломати мани маст,
Кӣ огаҳ аст, ки тақдир бар сараш чӣ навишт?
Қадам дареғ мадор аз ҷанозаи Ҳофиз,
Ки гарчи ғарқи гуноҳ аст, меравад ба биҳишт.
89
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин, зинҳор,
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт.
90
Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»
Гул бихандид, ки: «Аз рост наранҷем, вале
Ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт».
Гар тамаъ дорӣ аз он ҷоми мурассаъ майи лаъл,
Эй басо дур, ки ба нӯки мижаат бояд суфт.
То абад бӯйи муҳаббат ба машомаш нарасад,
Ҳар кӣ хоки дари майхона ба рухсор нарӯфт.
Дар гулистони Ирам дӯш чу аз лутфи ҳаво
Зулфи сунбул ба насими саҳарӣ меошуфт,
Гуфтам: «Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат ку?»
Гуфт: «Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт».
Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,
Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт
Ашки Ҳофиз хираду сабр ба дарё андохт,
Чӣ кунад? Сӯзи ғами ишқ наёрист нуҳуфт.
91
Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт,
Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт?
То рафт маро аз назар он чашми ҷаҳонбин,
Кас воқифи мо нест, ки аз дида чиҳо рафт.
Бар шамъ нарафт аз гузари оташи дил дӯш
Он дуд, ки аз сӯзи ҷигар бар сари мо рафт.
Дур аз рухи ту дам ба дам аз гӯшаи чашмам
Селоби сиришк омаду тӯфони бало рафт.
Аз пой фитодем, чу омад ғами ҳиҷрон,
Дар дард бимурдем, чу аз даст даво рафт.
Дил гуфт: «Висолаш ба дуо боз тавон ёфт».
Умрест, ки умрам ҳама дар кори дуо рафт.
Эҳром чӣ бандем, чу он қибла на ин ҷост,
Дар саъй чӣ кӯшем, чу аз Марва Сафо рафт.
Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат, чу маро дид:
«Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи Қонуни Шифо рафт».
Эй дӯст, ба пурсидани Ҳофиз қадаме неҳ,
З-он пеш, ки гӯянд, ки аз дори фано рафт.
92
Гар зи дасти зулфи мушкинат хатое рафт, рафт,
В-ар зи ҳиндуи шумо бар мо ҷафое рафт, рафт.
Барқи ишқ ар хирмани пашминапӯше сӯхт, сӯхт,
Ҷаври шоҳи комрон гар бар гадое рафт, рафт.
Дар тариқат ранҷиши хотир набошад, май биёр,
Ҳар кудуратро, ки бинӣ, чун сафое рафт, рафт.
Ишқбозиро таҳаммул бояд, эй дил, пой дор,
Гар малоле буд, буду гар хатое рафт, рафт.
Гар диле аз ғамзаи дилдор боре бурд, бурд,
В-ар миёни ҷону ҷонон моҷарое рафт, рафт.
Аз суханчинон малолатҳо падид омад, вале
Гар миёни ҳамнишинон носазое рафт, рафт.
Айби Ҳофиз, гӯ, макун, воиз, ки рафт аз хонақоҳ
Пойи озоде чӣ бандӣ? Гар ба ҷое рафт, рафт.
93
Соқӣ, биёр бода, ки моҳи сиём рафт,
Дардеҳ қадаҳ, ки мавсими номусу ном рафт.
Вақти азиз рафт, биё, то қазо кунем,
Умре, ки бе ҳузури суроҳиву ҷом рафт.
Мастам кун ончунон, ки надонам зи бехудӣ,
Дар арсаи хаёл кӣ омад, кадом рафт?
Бар бӯйи он, ки ҷуръаи ҷомат ба мо расад,
Дар мастаба дуои ту ҳар субҳу шом рафт.
Дилро, ки мурда буд, ҳаёте ба ҷон расид,
То бӯе аз насими маяш дар машом рафт.
Зоҳид ғурур дошт, саломат набурд роҳ,
Ринд аз раҳи ниёз ба доруссалом рафт.
Нақди диле, ки буд маро, сарфи бода шуд
Қалби сиёҳ буд аз он дар ҳаром рафт.
Дар тоби тавба чанд тавон сӯхт ҳамчу уд,
Май деҳ, ки умр дар сари савдои хом рафт.
Дигар макун насиҳати Ҳофиз, ки раҳ наёфт
Гумгаштае, ки бодаи нобаш ба ком рафт.
94
Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт,
Рӯйи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт.
Гӯйӣ аз сӯҳбати мо нек ба танг омада буд,
Бор барбасту ба гардаш нарасидему бирафт.
Баски мо фотиҳаву ҳирзи ямонӣ хондем
В-аз паяш сураи ихлос дамидему бирафт.
Ишва доданд, ки бар мо гузаре хоҳӣ кард,
Дидӣ охир, ки чунин ишва харидему бирафт,
Шуд чамон дар чамани ҳусну латофат, лекин
Дар гулистони висолаш начамидему бирафт.
Ҳамчу Ҳофиз ҳама шаб нолаву зорӣ кардем,
К-эй дареғо, ба видоаш нарасидему бирафт.
95
Соқӣ, биё, ки ёр зи рух парда баргирифт,
Кори чароғи хилватиён боз даргирифт.
Он шамъи саргирифта дигар чеҳра барфурӯхт
В-он пири солхӯрда ҷавонӣ зи сар гирифт.
Он ишва дод ишқ, ки муфтӣ зи раҳ бирафт,
В-он лутф кард дӯст, ки душман ҳазар гирифт.
Зинҳор, аз он иборати ширини дилфиреб
Гӯйӣ, ки пистаи ту сухан дар шакар гирифт.
Бори ғаме, ки хотири мо хаста карда буд,
Исодаме Худо бифиристоду баргирифт.
Ҳар сарвқад, ки бар маҳу хур ҳусн мефурӯхт,
Чун ту даромадӣ, пайи кори дигар гирифт.
З-ин қисса ҳафт гунбади афлок пурсадост,
Кӯтаҳназар бубин, ки сухан мухтасар гирифт,
Ҳофиз, ту ин дуо зи кӣ омӯхтӣ, ки ёр,
Таъвиз кард шеъри турову ба зар гирифт?
96
Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.
Ифшои рози хилватиён хост кард шамъ,
Шукри Худо, ки сирри дилаш дар забон гирифт.
З-ин оташи нуҳуфта, ки дар синаи ман аст,
Хуршед шӯълаест, ки дар осмон гирифт,
Мехост дил, ки дам занад аз рангу бӯйи дӯст,
Аз ғайрати сабо нафасаш дар даҳон гирифт.
Осуда бар канор чу паргор мешудам,
Даврон чу нуқта оқибатам дар миён гирифт.
Он рӯз шавқи соғари май хирманам бисӯхт,
К-оташ зи акси орази соқӣ дар он гирифт.
Хоҳам шудан ба кӯйи муғон остинфишон
З-ин фитнаҳо, ки домани охирзамон гирифт.
Май хӯр, ки ҳар кӣ охири кори ҷаҳон бидид,
Аз ғам сабук баромаду ратли гарон гирифт.
Бар барги гул ба хуни шақоиқ навиштаанд,
К-он кас, ки пухта шуд, майи чун арғавон гирифт.
Ҳофиз, чу оби лутф зи назми ту мечакад,
Ҳосид чӣ гуна нукта тавонад бар он гирифт.
97
Шунидаам cухане хуш, ки пири Канъон гуфт,
Фироқи дӯст на он мекунад, ки битвон гуфт.
Ҳадиси ҳавли қиёмат, ки гуфт воизи шаҳр,
Киноятест, ки аз рӯзгори ҳиҷрон гуфт.
Нишони ёри сафаркарда аз кӣ пурсам боз,
Ки ҳар чӣ гуфт бариди сабо, парешон гуфт.
Фиғон, ки он маҳи номеҳрубони меҳргусил,
Ба тарки сӯҳбати ёрони худ чӣ осон гуфт.
Ману мақоми ризо баъд аз ину шукри рақиб,
Ки дил ба дарди ту хӯ карду тарки дармон гуфт.
Ғами куҳан ба майи солхӯрда дафъ кунед,
Ки тухми хушдилӣ ин асту пири деҳқон гуфт.
Гиреҳ ба бод мазан, гарчи бар мурод равад.
Ки ин сухан ба масал мӯр бо Сулаймон гуфт:
«Ба ишвае, ки сипеҳрат диҳад, зи роҳ марав,
Туро кӣ гуфт, ки ин Зол тарки Дастон гуфт».
Мазан зи чуну чаро дам, ки бандаи муқбил,
Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт.
Кӣ гуфт Ҳофиз аз андешаи ту омад боз,
Ман ин нагуфтаам, он кас, ки гуфт, бӯҳтон гуфт.
98
Ё Раб, сабабе соз, ки ёрам ба саломат
Бозояду бирҳонадам аз чанги маломат.
Хоки раҳи он ёри сафаркарда биёред,
То чашми ҷаҳонбин кунамаш ҷойи иқомат.
Фарёд, ки аз шаш ҷиҳатам роҳ бибастанд
Он холу хату зулфу руху оразу қомат.
Имрӯз, ки дар дасти туам, марҳамате кун,
Фардо, ки шавам хок, чӣ суд ашки надомат.
Эй он, ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ,
Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат.
Дарвеш, макун нола зи шамшери аҳиббо,
К-ин тоифа аз кушта ситонанд ғаромат.
Дар хирқа зан оташ, ки хами абруи соқӣ,
Бармешиканад гӯшаи меҳроби имомат.
Ҳошо, ки ман аз ҷавру ҷафои ту бинолам,
Бедоди латифон ҳама лутф асту каромат.
Кӯтаҳ накунад баҳси сари зулфи ту, Ҳофиз,
Пайваста шуд ин силсила то рӯзи қиёмат.
99
Эй ҳудҳуди сабо, ба Сабо мефиристамат,
Бингар, ки аз куҷо ба куҷо мефиристамат.
Ҳайф аст тоире чу ту дар хокдони ғам,
З-ин ҷо ба ошёни вафо мефиристамат.
Дар роҳи ишқ марҳалаи қурбу бӯъд нест,
Дар сӯҳбати шамолу сабо мефиристамат.
То лашкари ғамат накунад мулки дил хароб,
Ҷони азизи худ ба наво мефиристамат.
Эй ғоиб аз назар, ки шудӣ ҳамнишини дил,
Мегӯямат дуову сано мефиристамат.
Дар рӯйи худ тафарруҷи сунъи худой бин,
К-оинаи худойнамо мефиристамат.
То мутрибон зи шавқи манат огаҳӣ диҳанд,
Қавлу ғазал ба созу наво мефиристамат.
Соқӣ, биё, ки ҳотифи ғайбам ба мужда гуфт:
«Бо дард сабр кун, ки даво мефиристамат».
Ҳофиз, суруди маҷлиси мо зикри хайри туст,
Биштоб, ҳон, ки асбу қабо мефиристамат.
100
Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат,
Ҷонам бисӯхтиву ба дил дӯст дорамат.
То домани кафан накашам зери пойи хок,
Бовар макун, ки даст зи доман бидорамат.
Меҳроби абруят бинамо, то саҳаргаҳӣ,
Дасти дуо барораму дар гардан орамат.
Гар боядам шудан сӯйи Ҳорути Бобулӣ,
Сад гуна ҷодуӣ бикунам, то биёрамат.
Хоҳам, ки пеш мирамат, эй бевафо табиб,
Бемор бозпурс, ки дар интизорамат.
Сад ҷӯй об бастаам аз дида дар канор,
Бар бӯйи тухми меҳр, ки дар дил бикорамат.
Хунам бирехт в-аз ғами ишқам халос дод,
Миннатпазири ғамзаи ханҷаргузорамат.
Мегиряму муродам аз ин сели ашкбор
Тухми муҳаббат аст, ки дар дил бикорамат.
Борам деҳ аз карам сӯйи худ, то ба сӯзи дил
Дар пой дам ба дам гуҳар аз дида борамат.
Ҳофиз, шаробу шоҳиду риндӣ, на вазъи туст,
Филҷумла мекуниву фурӯ мегузорамат.



error: Content is protected !!