Ҳофиз. Ғазалиёт 126-150

126
Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад,
Агар туро гузаре бар мақоми мо афтад.
Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ,
Агар зи рӯйи ту аксе ба ҷоми мо афтад.
Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ,
Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад.
Ба боргоҳи ту чун бодро набошад бор,
Кай иттифоқи маҷоли саломи мо афтад?
Чу ҷон фидои лабаш шуд, хаёл мебастам,
Ки қатрае зи зулолаш ба коми мо афтад.
Хаёли зулфи ту гуфто: «Ки ҷон васила масоз,
К-аз ин шикор фаровон ба доми мо афтад!»
Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле,
Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад.
Зи хоки кӯйи ту ҳар гаҳ, ки дам занад Ҳофиз,
Насими гулшани ҷон дар машоми мо афтад.
127
Ҳаваси боди баҳорам ба раҳи саҳро бурд,
Бод бӯйи ту биёварду қарор аз мо бурд.
Ҳар куҷо буд диле, чашми ту бурд аз роҳаш,
На дили хаставу бемори маро танҳо бурд.
Дили сангини туро ашки ман овард ба роҳ,
Сангро сел тавонад ба лаби дарё бурд.
Дӯш дасти тарабам силсилаи шавқ бибаст,
Пойи хели хирадам лашкари ғам аз ҷо бурд.
Роҳи мо ғамзаи он турки камонабру зад,
Рахти мо сунбули он сарви сиҳиболо бурд.
Ҷоми май дӣ зи лабат дам зи равонбахшӣ зад,
Оби май з-он лаби ҷонбахши равонафзо бурд.
Баҳс, булбул, бари Ҳофиз макун аз хушнафасӣ,
Пеши тӯтӣ натавон номи ҳазорово бурд.
128
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро, дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузор орад.
Баҳори умр хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад бар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.
129
Касе, ки ҳусни рухи дӯст дар назар дорад,
Муҳаққақ аст, ки ӯ ҳосили басар дорад.
Чу хома дар раҳи фармони ӯ сари тоат
Ниҳодаем, магар ӯ ба теғ бардорад.
Касе ба васли ту чун шамъ ёфт, парвона,
Ки зери теғи ту ҳар дам сари дигар дорад.
Ба пойбӯси ту дасти касе расид, ки ӯ
Чу остона бад-ин дар ҳамеша сар дорад.
Зи зӯҳди хушк малулам, куҷост бодаи ноб,
Ки бӯйи бода мудомам димоғ тар дорад.
Зи бода ҳеҷат агар нест, ин на бас, ки туро
Даме зи васвасаи ақл бехабар дорад.
Касе, ки аз раҳи тақвӣ қадам бурун наниҳод,
Ба азми майкада акнун сари сафар дорад.
Дили шикастаи Ҳофиз ба хок хоҳад бурд
Чу лола доғи ҳавое, ки бар ҷигар дорад.
130
Дили мо ба даври рӯят зи чаман фароғ дорад,
Ки чу сарв пойбанд асту чу лола доғ дорад.
Сари мо фурӯ наёяд ба камони абруи кас,
Ки даруни гӯшагирон зи чаман фароғ дорад.
Зи бунафша тоб дорам, ки зи зулфи ӯ занад дам,
Ту сиёҳи камбаҳо бин, ки чӣ дар димоғ дорад!
Ба чаман хирому бингар бари тахти гул, ки лола
Ба надими шоҳ монад, ки ба каф аёғ дорад.
Шаби зулмату биёбон, ба куҷо тавон расидан?
Магар он, ки шамъи рӯят ба раҳам чароғ дорад.
Ману шамъи субҳгоҳӣ, сазад, ар ба ҳам бигирем,
Ки бисӯхтему аз мо бути мо фароғ дорад.
Сазадам чу абри баҳман, ки бар ин чаман бигирям
Тарабошёни булбул бинигар, ки зоғ дорад.
Сари дарси ишқ дорад дили дардманди Ҳофиз,
Ки на хотири тамошо, на ҳавои боғ дорад.
131
Дилам бе ҷамолат сафое надорад,
Чу бегонае, к-ошное надорад.
Матои дили поки ушшоқи мискин
Ба бозори ҳуснат баҳое надорад.
Дило, ҷоми соқии гулрух талаб кун,
Ки чун гул замона бақое надорад.
Агарчи дилам рафт, лекин ғамаш нест,
Ба ҷуз он хами зулф ҷое надорад.
Аз ин синаи танг тарсам, ки тираш,
Равад ҷое, он гаҳ давое надорад.
Ҳама чиз дорад дилором, лекин
Дареғо, ки бо мо вафое надорад.
Чу моҳ аст равшан, ки бе меҳри рӯят
Дилу ҷони Ҳофиз сафое надорад.
132
Он кас, ки ба даст ҷом дорад,
Султонии Ҷам мудом дорад.
Обе, ки Хизир ҳаёт аз ӯ ёфт,
Дар майкада ҷӯ, ки ҷом дорад.
Сарриштаи ҷон ба ҷом бигзор,
К-ин ришта аз ӯ низом дорад.
Мову маю зоҳидону тақвӣ,
То ёр сари кадом дорад.
Берун зи лаби ту соқие нест
Дар давр касе, ки ком дорад.
Наргис ҳама шеваҳои мастӣ
Аз чашми хушат ба вом дорад.
Зикри руху зулфи ту диламро
Вирдест, ки субҳу шом дорад.
Бар синаи реши дардмандон
Лаълат намаке тамом дорад.
Дар чоҳи зақан, чу Ҳофиз, эй ҷон,
Ҳусни ту дусад ғулом дорад.
133
Диле, ки ғайбнамой асту ҷоми Ҷам дорад,
Зи хотаме, ки даме гум шавад, чӣ ғам дорад?
Ба хатту холи гадоён мадеҳ хазинаи дил,
Ба дасти шоҳваше деҳ, ки мӯҳтарам дорад.
На ҳар дарахт таҳаммул кунад ҷафои хазон,
Ғуломи ҳиммати сарвам, ки ин қадам дорад.
Расид мавсими он, к-аз тараб чу наргиси маст,
Ниҳад ба пой қадаҳ ҳар кӣ шаш дирам дорад.
Зар аз баҳои май акнун чу гул дареғ мадор,
Ки ақли кул ба садат айб муттаҳам дорад.
Зи сирри ғайб кас огоҳ нест, қисса махон,
Кадом маҳрами дил раҳ дар ин ҳарам дорад?
Дилам, ки лофи таҷарруд задӣ, кунун сад шуғл
Ба бӯйи зулфи ту бо боди субҳдам дорад.
Муроди дил зи кӣ пурсам, ки нест дилдоре,
Ки ҷилваи назару шеваи карам дорад?
Зи ҷайби ҳирқаи Ҳофиз чӣ тарф битвон баст,
Ки мо самад талабидему ӯ санам дорад.
134
Буте дорам, ки гирди гул зи сунбул соябон дорад,
Баҳори оразаш хатте ба хуни арғавон дорад.
Ғубори хат бипӯшонид хуршеди рухаш, ё Раб
Бақои ҷовидонаш деҳ, ки умри ҷовидон дорад.
Чу ошиқ мешудам, гуфтам, ки: «Бурдам гавҳари мақсуд»,
Надонистам, ки ин дарёча мавҷи хунфишон дорад.
Зи чашмат ҷон нашояд бурд, к-аз ҳар сӯ, ки мебинам,
Камин аз гӯшае кардасту тир андар камон дорад.
Чу доми турра афшонад зи гарди хотири ушшоқ,
Ба ғаммози сабо гӯяд, ки рози мо ниҳон дорад.
Бияфшон ҷуръае бар хоку ҳоли аҳли дил бишнав,
Ки аз Ҷамшеду Кайхусрав фаровон достон дорад.
Чу дар рӯят бихандад гул, машав дар домаш, эй булбул,
Ки бар гул эътимоде нест, гар ҳусни ҷаҳон дорад.
Худоро, доди ман бистон аз ӯ, эй шаҳнаи маҷлис,
Ки май бо дигарон хӯрдасту бо ман сар гарон дорад.
Ба фитрок ар ҳамебандӣ, Худоро, зуд сайдам кун,
Ки офатҳост дар таъхиру толибро зиён дорад.
Зи сарви қадди дилҷӯят макун маҳрум чашмамро,
Бад-ин сарчашмааш биншон, ки хуш обе равон дорад
Зи хавфи ҳаҷрам эмин кун, агар уммеди он дорӣ,
Ки аз чашми бадандешон Худоят дар амон дорад.
Чӣ узри бахти худ гӯям, ки он айёри шаҳрошӯб
Ба талхӣ кушт Ҳофизрову шаккар дар даҳон дорад.
135
Ба ҷоми васли ҷонон чашмаи Кавсар намеарзад,
Ки олам пеши сармастон ба як соғар намеарзад.
Зи баҳри чашмаи ҳайвон марав чандин ба торикӣ,
Бад-ин саргашта будан мулки Искандар намеарзад.
Ба ҷоми май гарав кун хирқаи пашминаи сӯфӣ,
К-аз он кас қалби рӯйандуд аз ин беҳтар намеарзад,
Магӯ ҳоли дили мастон ту бо ёрони суратбин,
Масал бошад, ки гӯши хар ба симу зар намеарзад.
Манеҳ ҷону дили худро хатар, эй раҳрави дарё,
Ки бо чандин зиён суди дуру гавҳар намеарзад.
Хуморафзо шароб аз соғари заррин макаш, Ҳофиз,
Ки як дам сархушии ӯ ба дарди сар намеарзад.
136
Ҳар он, к-ӯ хотири маҷмӯву ёри нозанин дорад,
Саодат ҳамдами ӯ гашту давлат ҳамнишин дорад.
Ҳарими ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст,
Касе он остон бӯсад, ки ҷон дар остин дорад.
Даҳони танги ширинаш магар мулки Сулаймон аст,
Ки нақши хотами лаълаш ҷаҳон зери нигин дорад.
Лаби лаълу хати мушкин, чу онаш ҳасту инаш нест,
Бинозам дилбари худро, ки ҳуснаш ону ин дорад.
Бо хорӣ мангар, эй мунъим, заифону наҳифонро,
Ки садри маҷлиси ишрат гадои раҳнишин дорад.
Чу бар рӯйи замин бошӣ, тавоноӣ ғанимат дон,
Ки даврон нотавониҳо басе зери замин дорад.
Балогардони ҷону тан дуои мустамандон аст,
Ки бинад хайр аз он хирман, ки нанг аз хӯшачин дорад?
Сабо аз ишқи ман рамзе бигӯ бо он шаҳи хубон,
Ки сад Ҷамшеду Кайхусрав ғуломи камтарин дорад.
В-агар гӯяд намехоҳам чу Ҳофиз ошиқи муфлис,
Бигӯедаш, ки султоне гадое ҳамнишин дорад.
137
Ҳар он ки ҷониби аҳли вафо нигаҳ дорад,
Худош дар ҳама ҳол аз бало нигаҳ дорад.
Ҳадиси дӯст нагӯям, магар ба ҳазрати дӯст,
Ки ошно сухани ошно нигаҳ дорад.
Дило, маош чунон кун, ки гар билағзад пой,
Фариштаат ба ду дасти дуо нигаҳ дорад.
Гарат ҳавост, ки маъшуқ нагсалад паймон,
Нигоҳ дор сари ришта, то нигаҳ дорад.
Сабо, бар он сари зулф ар дили маро бинӣ,
Зи рӯйи лутф бигӯяш, ки ҷо нигаҳ дорад.
Чу гуфтамаш, ки диламро нигоҳ дор, чӣ гуфт?
— Зи дасти банда чӣ хезад, Худо нигаҳ дорад.
Сару зару дилу ҷонам фидои он ёре,
Ки ҳаққи сӯҳбати меҳру вафо нигаҳ дорад.
Ғубори роҳгузорат куҷост, то Ҳофиз,
Ба ёдгори насими сабо нигаҳ дорад.
138
Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,
Нақши ҳар нағма, ки зад, роҳ ба ҷое дорад.
Олам аз нолаи ушшоқ мабодо холӣ,
Ки хуш оҳангу фараҳбахш ҳавое дорад!
Пири дурдикаши мо, гарчи надорад зару зӯр
Хуш атобахшу хатопӯш Худое дорад.
Мӯҳтарам дор дилам, к-ин магаси қандпараст
То ҳавохоҳи ту шуд, фарри ҳумое дорад.
Аз адолат набувад дур, гараш пурсад ҳол,
Подшоҳе, ки ба ҳамсоя гадое дорад.
Ашки хунин бинамудам ба табибон, гуфтанд:
«Дарди ишқ асту ҷигарсӯз давое дорад».
Ситам аз ғамза маёмӯз, ки дар мазҳаби ишқ
Ҳар амал аҷреву ҳар карда ҷазое дорад.
Нағз гуфт он бути тарсобачаи бодапараст:
«Шодии рӯйи касе хӯр, ки сафое дорад».
Хусраво, Ҳофизи даргоҳнишин фотиҳа хонд
В-аз забони ту таманнои дуое дорад.
139
Он, ки аз сунбули ӯ ғолия тобе дорад,
Боз бо дилшудагон нозу итобе дорад.
Аз сари куштаи худ мегузарад ҳамчун бод,
Чӣ тавон кард, ки умр асту шитобе дорад.
Моҳи хуршеднамояш зи паси пардаи зулф
Офтобест, ки дар пеш саҳобе дорад.
Чашми ман кард ба ҳар гӯша равон сели сиришк,
То сиҳисарви туро тозатар обе дорад.
Ғамзаи шӯхи ту хунам ба хато мерезад,
Фурсаташ бод, ки хуш фикри савобе дорад.
Оби ҳайвон агар ин аст, ки дорад лаби дӯст,
Равшан аст ин, ки Хизир баҳра саробе дорад.
Чашми махмури ту дорад зи дилам қасди ҷигар,
Турки маст аст, магар майли кабобе дорад?
Ҷони бемори маро нест зи ту рӯйи суол,
Эй хуш он хаста, ки аз дӯст ҷавобе дорад!
Кай кунад сӯйи дили хастаи Ҳофиз назаре
Чашми масташ, ки ба ҳар гӯша харобе дорад.
140
Шоҳид он нест, ки мӯеву миёне дорад,
Бандаи талъати он бош, ки оне дорад.
Шеваи ҳуру парӣ гарчи латиф аст, вале
Хубӣ он асту латофат, ки фалонӣ дорад.
Чашмаи чашми маро, эй гули хандон, дарёб,
Ки ба уммеди ту хуш оби равоне дорад.
Гӯйи хубӣ кӣ барад аз ту, ки хуршед он ҷо
На саворест, ки дар даст иноне дорад.
Дилнишон шуд суханам, то ту қабулаш кардӣ,
Оре-оре, сухани ишқ нишоне дорад.
Хами абруи ту дар санъати тирандозӣ
Бурда аз даст ҳар он кас, ки камоне дорад.
Дар раҳи ишқ нашуд кас ба яқин маҳрами роз,
Ҳар касе бар ҳасаби хеш гумоне дорад.
Бо хароботнишинон зи каромот малоф,
Ҳар сухан вақтеву ҳар нуқта маконе дорад.
Мурғи зирак нашавад дар чаманаш нағмасарой
Ҳар баҳоре, ки зи дунбол хазоне дорад.
Муддаӣ, гӯ, луғазу нукта ба Ҳофиз мафурӯш,
Килки мо низ забоневу баёне дорад.
141
Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад.
Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидам,
Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад.
Ҳар шабнаме дар ин роҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.
Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй сорбон, фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад.
Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,
Бишнав, ки панди пирон ҳеҷат зиён надорад.
Эй дил, тариқи риндӣ аз мӯҳтасиб биёмӯз,
Маст асту дар ҳақи ӯ кас ин гумон надорад,
Аҳволи ганҷи Қорун, к-айём дод бар бод,
Дар гӯши дил фурӯ хон, то зар ниҳон надорад.
Гар худ рақиб шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон,
К-он шӯхи сарбурида банди забон надорад.
Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз,
Зеро ки чун ту шоҳе кас дар ҷаҳон надорад.
142
Равшании талъати ту моҳ надорад,
Пеши ту гул равнақи гиёҳ надорад.
Гӯшаи абруи туст манзили ҷонам,
Хуштар аз он гӯша подшоҳ надорад.
То чӣ кунад бо рухи ту дуди дили ман,
Оина донӣ, ки тоби оҳ надорад,
Шӯхии наргис нигар, ки пеши ту бишкуфт,
Чашмдарида адаб нигоҳ надорад.
Дидаму он чашми дилсияҳ, ки ту дорӣ,
Ҷониби ҳеҷ ошно нигоҳ надорад.
Ратли гаронам деҳ, эй муриди харобот,
Шодии шайхе, ки хонақоҳ надорад.
Хун хӯру хамӯш нишин, ки он дили нозук
Тоқати фарёди додхоҳ надорад.
Гӯ: бираву остин ба хуни ҷигар шӯй,
Ҳар кӣ дар ин остона роҳ надорад.
Не мани танҳо кашам татовули зулфат,
Кист, ки ӯ доғи он сиёҳ надорад.
Ҳофиз агар саҷдаи ту кард, макун айб,
Кофири ишқ, эй санам, гуноҳ надорад.
143
Нест дар шаҳр нигоре, ки дили мо бибарад,
Бахтам ар ёр шавад, рахтам аз ин ҷо бибарад.
Ку ҳарифе, к-аш сармаст, ки пеши карамаш,
Ошиқи сӯхтадил номи таманно бибарад.
Боғбоно, зи хазон бехабарат мебинам,
Оҳ аз он рӯз, ки бодат гули раъно бибарад.
Раҳзани даҳр нахуфтаст, машав эмин аз ӯ,
Агар имрӯз набурдаст, ки фардо бибарад.
Дар хаёл ин ҳама лӯъбат ба ҳавас мебозам,
Бӯ, ки соҳибназаре номи тамошо бибарад.
Илму фазле, ки ба чил сол дилам ҷамъ овард,
Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад.
Бонги гове чӣ садо боздиҳад ишва, махар,
Сомирӣ кист, ки даст аз яди байзо бибарад?
Ҷоми миноии май садди раҳи тангдилист,
Манеҳ аз даст, ки сели ғамат аз ҷо бибарад.
Роҳи ишқ арчи камингоҳи камондорон аст,
Ҳар кӣ дониста равад, сарфа зи аъдо бибарад.
Ҳофиз, ар ҷон талабад ғамзаи мастонаи ёр,
Хона аз ғайр бипардозу биҳил, то бибарад.
144
Агар на бода ғами дил зи ёди мо бибарад,
Ниҳеби ҳодиса бунёди мо зи ҷо бибарад.
Агар на ақл ба мастӣ фурӯ кашад лангар,
Чӣ гуна киштӣ аз ин вартаи бало бибарад.
Фиғон, ки бо ҳама кас ғоибона бохт фалак,
Ки кас набуд, ки дасте аз ин дағо бибарад.
Гузор бар зуламот аст, Хизри роҳе ку?
Мабод, к-оташи маҳрумӣ оби мо бибарад.
Дили заифам аз он мекашад ба тарфи чаман,
Ки ҷон зи марг ба бемории сабо бибарад.
Табиби ишқ манам, бода деҳ, ки ин маъҷун
Фароғат ораду андешаи хато бибарад.
Бисӯхт Ҳофизу кас ҳоли ӯ ба ёр нагуфт,
Магар насим паёме Худойро бибарад.
145
Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард,
Ки ишқи рӯйи гул бо мо чиҳо кард?
Аз он ранги рухам хун дар дил афтод
В-аз ин гулшан ба хорам мубтало кард.
Ғуломи ҳиммати он нозанинам,
Ки кори хайр бе рӯву риё кард.
Ман аз бегонагон дигар нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.
Гар аз султон тамаъ кардам, хато буд
В-ар аз дилбар вафо ҷустам, ҷафо кард.
Хушаш бод он насими субҳгоҳӣ,
Ки дарди шабнишинонро даво кард.
Ниқоби гул кашид аз зулфи сунбул,
Гиреҳбанди қабои ғунча во кард.
Ба ҳар сӯ булбули ошиқ дар афғон,
Танаъум аз миён боди сабо кард.
Башорат бар ба кӯйи майфурӯшон,
Ки Ҳофиз тавба аз зӯҳду риё кард,
Вафо аз хоҷагони шаҳр бо ман,
Камоли давлату дин булвафо кард.
146
Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард,
Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.
Савоби рӯзаву ҳаҷҷи қабул он кас бурд,
Ки хоки майкадаи ишқро зиёрат кард.
Мақоми аслии мо гӯшаи харобот аст,
Худош хайр диҳод, он ки ин иморат кард.
Баҳои бодаи чун лаъл чист? Ҷавҳари ақл!
Биё, ки суд касе бурд, к-ин тиҷорат кард.
Намоз дар хами он абрувони меҳробӣ
Касе кунад, ки ба хуни ҷигар таҳорат кард.
Фиғон, ки наргиси ҷаммоши шайхи шаҳр имрӯз,
Назар ба дурдкашон аз сари ҳақорат кард.
Ба рӯйи ёр назар кун, зи дида миннат дор,
Ки кордида назар аз сари басорат кард.
Ҳадиси ишқ зи Ҳофиз шунав, на аз воиз,
Агарчи санъати бисёр дар иборат кард.
147
Ба оби равшани май орифе таҳорат кард,
Алассабоҳ, ки майхонаро зиёрат кард.
Ҳамин, ки соғари заррини хур ниҳон гардид,
Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.
Хушо намозу ниёзи касе, ки аз сари дард
Ба оби дидаву хуни ҷигар таҳорат кард.
Имоми хоҷа, ки будаш сари намози дароз,
Ба хуни духтари раз хирқаро қасорат кард.
Дилам зи ҳалқаи зулфаш ба ҷон харид ошӯб,
Чӣ суд дид, надонам, ки ин тиҷорат кард?
Агар имоми ҷамоат талаб кунад имрӯз,
Хабар диҳед, ки Ҳофиз ба май таҳорат кард.
148
Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,
Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.
Бозии чарх бишканадаш байза дар кулоҳ,
Зеро ки арзи шӯъбада бо аҳли роз кард.
Соқӣ, биё, ки шоҳиди раънои сӯфиён,
Дигар ба ҷилва омаду оғози ноз кард.
Ин мутриб аз куҷост, ки сози Ироқ сохт
В-оҳанги бозгашт ба роҳи Ҳиҷоз кард.
Эй дил, биё, ки мо ба паноҳи Худо равем,
Онч-остини кӯтаҳу дасти дароз кард.
Санъат макун, ки ҳар кӣ муҳаббат на рост бохт,
Ишқаш ба рӯйи дил дари маънӣ фароз кард.
Фардо, ки пешгоҳи ҳақиқат шавад падид,
Шарманда раҳраве, ки амал бар маҷоз кард.
Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!
Ғарра машав, ки гурбаи зоҳид намоз кард.
Ҳофиз, макун маломати риндон, ки дар азал
Моро Худо зи зӯҳду риё бениёз кард.
149
Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард,
Боди ғайрат ба садаш хор парешондил кард.
Тӯтиеро ба хаёли шакаре дил хуш буд,
Ногаҳаш сели фано нақши амал ботил кард.
Қурратулайни ман, он меваи дил ёдаш бод,
Ки чӣ осон бишуду кори маро мушкил кард.
Сорбон, бори ман афтод, Худоро, мададе,
Ки умеди карамам ҳамраҳи ин маҳмил кард.
Рӯйи хокиву нами чашми маро хор мадор,
Чархи фирӯза тарабхона аз ин каҳгил кард.
Оҳу фарёд, ки аз чашми ҳасуди маҳу меҳр,
Дар лаҳад моҳи камонабруи ман манзил кард.
Назадӣ шоҳруху фавт шуд имкон, Ҳофиз,
Чӣ кунам, бозии айём маро ғофил кард.
150
Чу бод, азми сари кӯйи ёр хоҳам кард,
Нафас ба бӯйи хушаш мушкбор хоҳам кард.
Ба ҳарза, бе маю маъшуқ, умр мегузарад,
Батолатам бас, аз имрӯз кор хоҳам кард.
Ҳар обрӯй, ки андӯхтам зи донишу дин,
Нисори хоки раҳи он нигор хоҳам кард.
Чу шамъи субҳдамам шуд зи меҳри ӯ равшан,
Ки умр дар сари ин кору бор хоҳам кард.
Ба ёди чашми ту худро хароб хоҳам сохт,
Бинои аҳди қадим устувор хоҳам кард.
Сабо куҷост, ки ин ҷони хунгирифта чу гул,
Фидои накҳати гесуи ёр хоҳам кард.
Нифоқу зарқ набахшад сафои дил, Ҳофиз,
Тариқи риндиву ишқ ихтиёр хоҳам кард.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.