Ғазалиёт 276-300


276
Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор
В-аз ӯ ба ошиқи бедил хабар дареғ мадор.
Ба шукри он, ки шукуфтӣ ба коми бахт, эй гул,
Насими васл зи мурғи саҳар дареғ мадор.
Ҳарифи ишқи ту будам, чу моҳи нав будӣ,
Кунун, ки моҳи тамомӣ, назар дареғ мадор.
Ҷаҳону ҳар чӣ дар ӯ ҳаст, саҳлу мухтасар аст,
Зи аҳли маърифат ин мухтасар дареғ мадор.
Кунун, ки чашмаи қанд аст лаъли нӯшинат,
Сухан бигӯву зи тӯтӣ шакар дареғ мадор.
Макорими ту ба офоқ мебарад шоир,
Аз ӯ вазифаву зоди сафар дареғ мадор.
Чу зикри хайр талаб мекунӣ, сухан ин аст,
Ки дар баҳои сухан симу зар дареғ мадор.
Ғубори ғам биравад, ҳол хуш шавад, Ҳофиз
Ту оби дида аз ин раҳгузар дареғ мадор.
277
Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалонӣ ба ман ор,
Зору бемори ғамам, роҳати ҷоне ба ман ор!
Қалби беҳосили моро бизан иксири мурод,
Яъне аз хоки дари дӯст нишоне ба ман ор!
Дар камингоҳи назар бо дили хешам ҷанг аст,
З-абруи ғамзаи ӯ тиру камоне ба ман ор!
Дар ғарибиву фироқу ғами дил пир шудам
Соғари май зи кафи тозаҷавоне ба ман ор!
Мункиронро ҳам аз ин май ду-се соғар бичашон,
В-агар эшон наситонанд, равоне ба ман ор!
Соқиё, ишрати имрӯз ба фардо мафиган,
Ё зи девони қазо хатти амонӣ ба ман ор!
Дилам аз даст бишуд дӯш, ки Ҳофиз мегуфт,
К: — Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалонӣ ба ман ор!
278
Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир,
Ту низ, эй дида, хобе кун, муроди дил барор, охир.
Манам, ё Раб, ки ҷононро зи ораз бӯса мечинам,
Дуои субҳдам дидӣ, ки чун омад ба кор охир.
Муроди дунйиву уқбӣ ба ман бахшид рӯзибахш,
Ба гӯшам қавли чанг аввал, ба дастам зулфи ёр охир.
Чу бод аз хирмани дунон рабудан хӯшае то чанд?
Зи ҳиммат тӯшае бардору худ тухме бикор, охир.
Дило, дар мулки шабхезӣ, гар аз андӯҳ нагрезӣ,
Дами сӯҳбат башоратҳо биёрад з-он диёр охир.
Бути чун моҳ зону зад, майи чун лаъл пеш овард,
Ту гӯй тоибам, Ҳофиз, зи соқӣ шарм дор, охир.
279
Эй сабо, накҳате аз хоки дари ёр биёр,
Бибар андӯҳи дилу муждаи дилдор биёр!
Нуктаи рӯҳфазо аз даҳани дӯст бигӯ,
Номаи хушхабар аз олами асрор биёр!
То муаттар кунам аз лутфи насими ту машом,
Шаммае аз нафаҳоти нафаси ёр биёр!
Ба вафои ту, ки хоки раҳи он ёри азиз
Бе ғуборе, ки падид ояд аз ағёр, биёр!
Гарде аз раҳгузари дӯст ба кӯрии рақиб
Баҳри осойиши ин дидаи хунбор биёр!
Хомиву содадилӣ шеваи ҷонбозон нест,
Хабаре аз бари он дилбари айёр биёр!
Шукри онро, ки ту дар ишратӣ, эй мурғи чаман,
Ба асирони қафас муждаи гулзор биёр!
Коми ҷон талх шуд аз сабр, ки кардам бе дӯст,
Ишвае з-он лаби ширини шакарбор биёр!
Рӯзгорест, ки дил чеҳраи мақсуд надид,
Соқиё, он қадаҳи оинакирдор биёр!
Далқи Ҳофиз ба чӣ арзад? Ба маяш рангин кун,
В-он гаҳаш масту хароб аз сари бозор биёр!
280
Рӯй бинмову вуҷуди худам аз ёд бибар,
Хирмани сӯхтагонро ҳама, гӯ, бод бибар!
Мо чу додем дилу дида ба тӯфони бало,
Гӯ, биё сели ғаму хона зи бунёд бибар.
Зулфи чун анбари хомаш кӣ бибӯяд, ҳайҳот,
Эй дили хомтамаъ, ин сухан аз ёд бибар.
Сина, гӯ, шӯълаи оташкадаи Форс бикуш,
Дида, гӯ, оби рухи Даҷлаи Бағдод бибар!
Давлати пири муғон бод, ки боқӣ саҳл аст,
Дигаре, гӯ, бираву номи ман аз ёд бибар!
Саъй нокарда дар ин роҳ бо ҷое нарасӣ,
Музд агар металабӣ, тоати устод бибар!
Рӯзи маргам нафасе ваъдаи дидор бидеҳ
В-он гаҳам то ба лаҳад фориғу озод бибар!
Дӯш мегуфт: «Ба мижгони дарозат бикушам»,
Ё Раб, аз хотираш андешаи бедод бибар.
Ҳофиз, андеша кун аз нозукии хотири ёр,
Бирав аз даргаҳаш, ин нолаву фарёд бибар!
281
Шаби васл асту тай шуд номаи ҳаҷр,
Саломун фия ҳатто матлаъ-ул-фаҷр.
Дило, дар ошиқӣ собитқадам бош,
Ки дар ин раҳ набошад кори бе аҷр.
Ман аз риндӣ нахоҳам кард тавба,
Валав озитанӣ билҳаҷр в-алҳаҷр,
Баро, эй субҳи равшандил, Худоро,
Ки бас торик мебинам шаби ҳаҷр.
Дилам рафту надидам рӯйи дилдор,
Фиғон аз ин татовул, оҳ аз ин заҷр.
Вафо хоҳӣ, ҷафокаш бош, Ҳофиз
Фаиннал рабҳа вал ҳисрона филтаҷр.
282
Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар,
Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар.
Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам,
То занам об дари майкада як бори дигар,
Маърифат нест дар ин қавм, Худоро, сабабе,
То барам гавҳари худро ба харидори дигар.
Ёр агар рафту ҳақи сӯҳбати дерин нашинохт,
Ҳошалиллаҳ, ки равам ман зи пайи ёри дигар!
Гар мусоид шавадам доираи чархи кабуд,
Ҳам ба даст оварамаш боз ба паргори дигар.
Офият металабад хотирам, ар бигзорад
Ғамзаи шӯхашу он турраи таррои дигар.
Рози сарбастаи мо бин, ки ба дастон гуфтанд
Ҳар замон бо дафу най бар сари бозори дигар.
Ҳар дам аз дард бинолам, ки фалак ҳар соат,
Кунадам қасди дили реш ба озори дигар.
Бозгӯям: на дар ин воқиа Ҳофиз танҳост,
Ғарқа гаштанд дар ин бодия бисёри дигар.
283
Эй хуррам аз фурӯғи рухат лолазори умр,
Бозо, ки рехт бе гули рӯят баҳори умр.
Аз дида гар сиришк чу борон равад, равост,
К-андар ғамат чу барқ бишуд рӯзгори умр.
Ин як-ду дам, ки мӯҳлати дидор мумкин аст,
Дарёб кори мо ки на пайдост кори умр.
То кай майи сабӯҳу шакархоби бомдод?
Ҳушёр гард, ҳон, ки гузашт ихтиёри умр.
Дӣ дар гузор буду назар сӯйи мо накард,
Бечора дил, ки ҳеч надид аз гузори умр.
Андеша аз муҳити фано нест ҳар киро
Бар нуқтаи даҳони ту бошад мадори умр.
Дар ҳар тараф зи хайли ҳаводис камингаҳест,
З-он рӯ инон гусиста давонад савори умр.
Бе умр зиндаам ману з-ин бас аҷаб мадор,
Рӯзи фироқро кӣ ниҳад дар шумори умр?
Ҳофиз, сухан бигӯй, ки бар сафҳаи ҷаҳон.
Ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр.
284
Дигар зи шохи сарви сиҳӣ булбули сабур
Гулбонг зад, ки чашми бад аз рӯйи гул ба дур!
Эй гул, ба шукри он, ки туӣ подшоҳи ҳусн,
Бо булбулони бедили шайдо макун ғурур!
Аз дасти ғайбати ту шикоят намекунам,
То нест ғайбате, надиҳад лаззате ҳузур.
Гар дигарон ба айшу тараб хурраманду шод,
Моро ғами нигор бувад мояи сурур.
Зоҳид агар ба ҳуру қусур аст умедвор,
Моро шаробхона қусур асту ёр ҳур.
Май хӯр ба бонги чангу махӯр ғусса в-ар касе
Гӯяд туро, ки бода махӯр, гӯ: ҳувалғафур.
Ҳофиз, шикоят аз ғами ҳиҷрон чӣ мекунӣ?
Дар ҳаҷр васл бошаду дар зулмат аст нур.
285
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шӯрида бозояд ба сомон, ғам махӯр!
Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр.
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доим яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Ҳон, машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон, ғам махӯр.
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеч роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр!
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуову дарс Қуръон, ғам махӯр!
286
Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чӣ носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир,
Зи васли рӯйи ҷавонон таматтӯе бардор,
Ки дар камингаҳи умр аст макри олами пир.
Наими ҳар ду ҷаҳон пеши ошиқон ба ҷаве
Ки ин матои қалил асту он атои касир.
Муошире хушу рӯде ба соз мехоҳам,
Ки дарди хеш бигӯям ба нолаи баму зер.
Бар он сарам, ки нанӯшам маю гунаҳ накунам,
Агар мувофиқи тадбири ман шавад тақдир.
Чу қисмати азалӣ бе ҳузури мо карданд,
Гар андаке на ба вақфи ризост, хурда магир.
Чу лола дар қадаҳам рез, соқиё, маю мушк,
Ки нақши холи нигорам намеравад зи замир,
Биёр соғари дурри хушоб, эй соқӣ,
Ҳасуд гӯ: карами осафӣ бибину бимир!
Ба азми тавба ниҳодам қадаҳ зи каф сад бор,
Вале карашмаи соқӣ намекунад тақсир.
Майи дусолаву маҳбуби чордаҳсола,
Ҳамин бас аст маро сӯҳбати сағиру кабир.
Дили рамидаи моро кӣ пеш мегирад?
Хабар диҳед ба Маҷнуни хаста аз занҷир.
Ҳадиси тавба дар ин базмгаҳ магӯ, Ҳофиз,
Ки соқиёни камонабруят зананд ба тир.
287
Рӯй бинмову маро гӯ, ки дил аз ҷон баргир,
Пеши шамъ оташи парвона ба ҷон, гӯ, даргир!
Дар лаби ташнаи ман бину мадор об дареғ!
Бар сари куштаи хеш ову зи хокаш баргир.
Тарки дарвеш магир, ар набувад симу зараш,
Дар ғамат сим шумур ашку рухашро зар гир!
Чанг бинвозу бисоз, ар набувад уд, чӣ бок?
Оташам ишқу дилам уду танам маҷмар гир!
Дар самоъ ову зи сар хирқа барандозу бирақс,
Варна бо гӯша раву хирқаи мо дар сар гир!
Суф баркаш зи сару бодаи софӣ даркаш,
Сим дарбозу ба зар симбаре дар бар гир!
Дӯст, гӯ, ёр шаву ҳар ду ҷаҳон душман бош!
Бахт, гӯ, пушт макун, рӯйи замин лашкар гир!
Майли рафтан макун, эй дӯст, даме бо мо бош,
Бар лаби ҷӯй тараб ҷӯву ба каф соғар гир.
Рафта гир аз бараму з-оташу оби дилу чашм
Гунаам зарду лабам хушку канорам тар гир!
Ҳофиз, ороста кун базму бигӯ воизро,
Ки бибин маҷлисаму тарки сари минбар гир!
288
Ҳазор шукр, ки дидам ба коми хештан боз,
Зи рӯйи сидқу сафо гашта бо дилам дамсоз.
Равандагони тариқат раҳи бало сипаранд,
Рафиқи ишқ чӣ ғам дорад аз нишебу фароз?
Ғами ҳабиб ниҳон беҳ, зи гуфтугӯйи рақиб,
Ки нест синаи арбоби кина маҳрами роз.
Агарчи ҳусни ту аз ишқи ғайр мустағнист,
Ман он наям, ки аз ин ишқбозӣ оям боз.
Чӣ гӯямат, ки зи сӯзи дарун чӣ мебинам,
Зи ашк пурс ҳикоят, ки ман наям ғаммоз.
Чӣ фитна буд, ки машшотаи қазо ангехт,
Ки кард наргиси масташ сияҳ ба сурмаи ноз?
Бад-ин сипос, ки маҷлис мунаввар аст ба дӯст,
Гарат чу шамъ ҷафое расад, бисӯзу бисоз!
Ғараз карашмаи ҳусн аст варна ҳоҷат нест
Ҷамоли давлати Маҳмудро ба зулфи Аёз.
Ғазалсаройии Ноҳид сарфае набарад,
Дар он мақом, ки Ҳофиз бароварад овоз.
289
Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз,
Чӣ шукр гӯямат, эй корсози банданавоз?
Ниёзманди бало, гӯ, рух аз ғубор машӯй,
Ки кимиёи мурод аст хоки кӯйи ниёз.
Зи мушкилоти тариқат инон матоб, эй дил,
Ки марди роҳ наяндешад аз нишебу фароз.
Таҳорат ар на ба хуни ҷигар кунад ошиқ,
Ба қавли муфтии ишқаш дуруст нест намоз.
Дар ин мақоми маҷозӣ ба ҷуз пиёла магир,
Дар ин сарочаи бозича ғайри ишқ мабоз.
Ба ними бӯса дуое бихар зи аҳли диле,
Ки қайди душманат аз ҷону ҷисм дорад боз.
Фиганд замзамаи ишқ дар Ҳиҷозу Ироқ
Навои бонги ғазалҳои Ҳофиз аз Шероз.
290
Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз,
Ушшоқро ба нози ту ҳар лаҳза сад ниёз.
Фархунда бод талъати хубат, ки дар азал,
Бубридаанд бар қади сарват қабои ноз!
Онро, ки бӯйи анбари зулфи ту орзуст,
Чун уд, гӯ, бар оташи савдо бисӯзу соз.
Парвонаро зи шамъ бувад сӯзи дил, вале
Бе шамъи орази ту диламро бувад гудоз.
Сӯфӣ, ки бе ту тавба зи май карда буд дӯш,
Бишкаст аҳд, чун дари майхона дид боз.
Аз таънаи рақиб нагардад иёри ман,
Чун зар агар баранд маро дар даҳони гоз.
Дил, к-аз тавофи Каъбаи кӯят вуқуф ёфт,
Аз шавқи он ҳарим надорад сари Ҳиҷоз.
Чун бода боз бар сари хум рафт кафзанон,
Ҳофиз, ки дӯш аз лаби соқӣ шунид роз.
291
Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз,
Биё, ки дар тани мурда равон дарояд боз.
Биё, ки фурқати ту чашми ман чунон дарбаст,
Ки фатҳи боби висолат магар кушояд боз.
Ғаме, ки чун сипаҳи Занг мулки дил бигирифт,
Зи хайли шодии Руми рухат зудояд боз.
Ба пеши оинаи дил ҳар он чӣ медорам,
Ба ҷуз хаёли ҷамолат наменамояд боз.
Бад-он масал, ки шаб обастан аст, рӯз аз ту,
Ситора мешумарам, то ки шаб чӣ зояд боз?
Биё, ки булбули матбӯи хотири Ҳофиз,
Ба бӯйи гулбуни васли ту месарояд боз!
292
Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз,
В-аз фалак хуни Ҷам кӣ ҷӯяд боз?
Шармаш аз чашми майпарастон бод,
Наргиси маст агар бирӯяд боз.
Ҷуз Фалотуни хумнишини шароб,
Сирри ҳикмат ба мо кӣ гӯяд боз?
Ҳар кӣ чун лола косагардон шуд,
З-ин ҷафо рух ба хун бишӯяд боз.
Накушояд дилам чу ғунча агар,
Соғаре аз лабаш набӯяд боз.
Баски дар парда чанг гуфт сухан.
Бибураш мӯй, то намӯяд боз.
Гирди байтулҳароми хум Ҳофиз,
Гар намирад, ба сар бипӯяд боз.
293
Хуш он шабе, ки даройӣ ба сад карашмаву ноз,
Кунӣ ту ноз ба шӯхиву ман кашам ба ниёз,
Чу ғунча сирри дарунаш куҷо ниҳон монад
Дили маро, ки насими сабост маҳрами роз.
Чӣ ҳалқаҳо, ки задам бар дари дил аз сари сӯз,
Ба бӯйи субҳи висоли ту дар шабони дароз.
На ин замон мани шӯридадил ниҳодам рӯй,
Бар остони ту, к-андар азал ба сӯзу ниёз.
Дило, манол зи шоме, ки субҳ дар пайи ӯст,
Ки нешу нӯш ба ҳам бошаду нишебу фароз.
Ба як-ду қатра, ки исор кардӣ, эй хоҷа,
Басо, ки бар рухи давлат кунӣ карашмаву ноз,
Ғубори хотири мо чашми хасм кӯр кунад,
Ту рух ба хок бинеҳ, Ҳофизо, бисӯзу бисоз!
294
Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз!
Маро ба киштии бода дарафган, эй соқӣ,
Ки гуфтаанд: «накуйӣ куну дар об андоз!»
Зи кӯйи майкада баргаштаам зи роҳи хато,
Маро дигар зи карам дар раҳи савоб андоз!
Биёр з-он майи гулранги мушкбӯ ҷоме,
Шарори рашку ҳасад дар дили гулоб андоз.
Агарчи масту харобам, ту низ лутфе кун,
Назар бар ин дили саргаштаи хароб андоз!
Ба ними шаб агарат офтоб мебояд,
Зи рӯйи духтари гулчеҳри раз ниқоб андоз!
Маҳил, ки рӯзи вафотам ба хок биспоранд,
Маро ба майкада бар, дар хуми шароб андоз!
Зи ҷаври чарх чу Ҳофиз, ба ҷон расид дилат,
Ба сӯйи деви миҳан новаки шаҳоб андоз!
295
Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз
Пештар з-он, ки шавад косаи сар хокандоз.
Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз!
Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!
Ба сари сабзи ту, эй сарв, ки чун хок шавам,
Ноз аз сар бинеҳу соя бар он хок андоз!
Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,
Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!
Мулки ин мазраа донӣ, ки суботе надиҳад,
Оташе аз ҷигари ҷом дар амлок андоз!
Ғусл дар ашк задам, к-аҳли тариқат гӯянд,
Пок шав аввалу пас дида бар он пок андоз!
Ё Раб, он зоҳиди худбин, ки ба ҷуз айб надид,
Дуди оҳеш дар оинаи идрок андоз!
Чун гул аз накҳати ӯ ҷома қабо кун, Ҳофиз
В-он қабо дар раҳи он қомати чолок андоз!
296
Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз,
Бар умеди ҷоми лаълат дурдошомам ҳанӯз.
Рӯзи аввал рафт динам дар сари зулфайни ту,
То чӣ хоҳад шуд дар ин савдо саранҷомам ҳанӯз.
Соқиё, як ҷуръае з-он оби оташгун, ки ман,
Дар миёни пухтагони ишқи ӯ хомам ҳанӯз.
Аз хато гуфтам шабе зулфи туро мушки Хутан,
Мезанад ҳар лаҳза теғи мӯ бар андомам ҳанӯз.
Партави рӯйи ту то дар хилватам дид офтоб,
Медавад чун соя ҳар дам бар дару бомам ҳанӯз.
Номи ман рафтаст рӯзе бар лаби ҷонон ба саҳв,
Аҳли дилро бӯйи ҷон меояд аз номам ҳанӯз.
Дар азал додаст моро соқии лаъли лабат,
Ҷуръае ҷоме, ки ман мадҳуши он ҷомам ҳанӯз.
Эй, ки гуфтӣ ҷон бидеҳ, то бошадат ороми ҷон,
Ҷон ба ғамҳоят супурдам, нест оромам ҳанӯз.
Дар қалам овард Ҳофиз қиссаи лаъли лабат,
Оби ҳайвон меравад ҳар дам зи ақломам ҳанӯз.
297
Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез,
Дурӯғваъдаву қаттолвазъу рангомез.
Фидои пироҳани чоки моҳрӯён бод
Ҳазор ҷомаи тақвову хирқаи парҳез
Хаёли холи ту бо худ ба хок хоҳам бурд,
Ки то зи холи ту хокам шавад абиромез.
Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ,
Бихоҳ ҷому гулобе ба хоки одам рез!
Пиёла бар кафанам банд, то саҳаргаҳи ҳашр
Ба май зи дил бибарам ҳавли рӯзи растохез.
Фақиру хаста ба даргоҳат омадам, раҳме,
Ки ҷуз валои туам нест ҳеч дастовез.
Биё, ки ҳотифи майхона дӯш бо ман гуфт,
Ки дар мақоми ризо бошу аз қазо магурез!
Миёни ошиқу маъшуқ ҳеҷ ҳоил нест,
Ту худ ҳиҷоби худӣ, Ҳофиз, аз миён бархез.
298
Сабо ба мақдами гул роҳи рӯҳ бахшад боз,
Куҷост булбули хушгӯй, гӯ, барор овоз!
Дило зи ҳаҷр макун нола з-он, ки дар олам
Ғам асту шодиву хору гулу нишебу фароз.
Танам зи ҳаҷри ту чашм аз ҷаҳон фурӯ медӯхт,
Умеди давлати васли ту дод ҷонам боз.
Ба ҳеҷ дар наравам баъд аз ин зи ҳазрати дӯст,
Чу Каъба ёфтам, оям зи бутпарастӣ боз.
Маро чӣ фикр зи ҷаври туву ҷафои рақиб,
Асири ишқ надорад ғам аз балои дароз.
Шабе чунин ба саҳаргаҳ зи бахт хостаам,
Ки бо ту шарҳи саранҷоми худ кунам оғоз.
Ғубори хотири мо чашми хасм кӯр кунад,
Ту рух ба хок неҳ, эй Ҳофизу бисӯзу бисоз.
299
Эй сабо, гар бигзарӣ бар соҳили руди Арас,
Бӯса зан бар хоки он водиву мушкин кун нафас.
Манзили Салмо, ки бодаш ҳар дам аз мо сад салом,
Пурсадои сорбонон биниву бонги ҷарас.
Маҳмили ҷонон бибӯс, он гаҳ ба зорӣ арза дор,
К-аз фироқат сӯхтам, эй меҳрубон, фарёд рас!
Ман, ки қавли носеҳонро хондамӣ қавли рубоб,
Гӯшмоле дидам аз ҳиҷрон, ки инам панд бас.
Ишрати шабгир кун, май нӯш, к-андар роҳи ишқ
Шабравонро ошноиҳост бо мири асас.
Ишқбозӣ кори бозӣ нест, эй дил, сар бисоз,
З-он, ки гӯйи ишқ натвон зад ба чавгони ҳавас.
Дил ба рағбат месупорад ҷон ба чашми масти ёр,
Гарчи ҳушёрон надоранд ихтиёри худ ба кас.
Тӯтиён дар шаккаристон комронӣ мекунанд,
В-аз таҳассур даст бар сар мезанад мискин магас.
Номи Ҳофиз гар барояд бар забони килки дӯст,
Аз ҷаноби ҳазрати шоҳам бас аст ин мултамас.
300
Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,
З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас.
Ману ҳамсӯҳбатии аҳли риё? Дурам бод!
Аз гаронони ҷаҳон ратли гарон моро бас!
Касри фирдавс ба подоши амал мебахшанд,
Мо, ки риндему гадо, дайри муғон моро бас.
Бинишин бар лаби ҷӯву гузари умр бибин,
К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.
Нақди бозори ҷаҳон бингару озори ҷаҳон,
Гар шуморо на бас ин суду зиён, моро бас.
Ёр бо мост, чӣ ҳоҷат, ки зиёдат талабем?
Давлати сӯҳбати он мӯниси ҷон моро бас!
Аз дари хеш, Худоро, ба биҳиштам мафирист,
Ки сари кӯйи ту аз кавну макон моро бас.
Ҳофиз, аз машраби қисмат гила ноинсофист,
Табъи чун обу ғазалҳои равон моро бас!

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!