Ҳофиз. Ғазалиёт 176-200

176
Ману салоҳу саломат? Кас ин гумон набарад,
Ки кас ба ринди харобот занни он набарад.
Ман ин мураққаи пашмина баҳри он дорам,
Ки зери хирқа кашам май, кас ин гумон набарад.
Мабош ғарра ба илму амал, фақеҳ, мудом,
Ки ҳеҷ кас зи қазои Худой ҷон набарад.
Машав фирефтаи рангу бӯ, қадаҳ даркаш,
Ки занги ғам зи дилат ҷуз майи муғон набарад.
Агарчи дида бувад посбони ту, эй дил,
Ба ҳуш бош, ки нақди ту посбон набарад.
Сухан ба назди сухандон адо макун, Ҳофиз,
Ки тӯҳфа кас дуру гавҳар ба баҳру кон набарад.
177
Нақди сӯфӣ на ҳама софии беғаш бошад,
Эй басо хирқа, ки муставҷиби оташ бошад.
Сӯфии мо, ки зи вирди саҳарӣ маст шудӣ,
Шомгоҳаш нигарон бош, ки сархуш бошад.
Хуш бувад, гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,
То сияҳрӯй шавад ҳар кӣ дар ӯ ғаш бошад.
Хати соқӣ гар аз ин гуна занад нақш бар об,
Эй басо рух, ки ба хуноба мунаққаш бошад.
Нозпарварди танаъум набарад роҳ ба дӯст,
Ошиқӣ шеваи риндони балокаш бошад.
Ғами дунёи данӣ чанд хӯрӣ, бода бихӯр,
Ҳайф бошад дили доно, ки мушавваш бошад.
Далқу саҷҷодаи Ҳофиз бибарад бодафурӯш,
Гар шаробаш зи кафи соқии маҳваш бошад.
178
Хуш аст хилват агар ёр ёри ман бошад,
На ман бисӯзаму ӯ шамъи анҷуман бошад.
Ман он нигини Сулаймон ба ҳеҷ настонам,
Ки гоҳ-гоҳ бар ӯ дасти аҳриман бошад.
Раво мадор, Худоро, ки дар ҳарими висол,
Рақиб маҳраму ҳирмон насиби ман бошад.
Ҳумой, гӯ, мафиган сояи шараф ҳаргиз,
Дар он диёр, ки тӯтӣ кам аз заған бошад.
Баёни шавқ чӣ ҳоҷат, ки сӯзи оташи дил,
Тавон шинохт зи сӯзе, ки дар сухан бошад.
Ҳавои кӯйи ту аз сар намеравад, оре,
Ғарибро дили саргашта бо ватан бошад.
Ба сони савсан агар даҳзабон шавад Ҳофиз,
Чу ғунча пеши туаш мӯҳр бар даҳан бошад.
179
Додгаро, фалак туро ҷуръакаши пиёла бод!
Душмани дилсиёҳи ту ғарқа ба хун чу лола бод!
Зулфи сиёҳи пурхамат чашми чароғи олам аст,
Ҷон зи насими давлаташ дар шикани кулола бод!
Эй маҳи бурҷи маъдалат, чашми чароғи оламӣ,
Бодаи соф доимат дар қадаҳу пиёла бод!
Чун ба ҳавои мидҳатат Зӯҳра шавад таронахон,
Ҳосидат аз симои он ҳамдами оҳу нола бод!
Нӯҳ табақи сипеҳру он қурсаи симу зар, ки ҳаст,
Бар лаби хони қисматат саҳлтарин навола бод!
Духтари фикри бикри ман маҳрами хилвати ту шуд,
Маҳр чунин арӯсро ҳам ба кафат ҳавола бод!
Зурваи кохи рафъатат рост зи фарти иртифоъ
Роҳравони ваҳмро роҳи ҳазорсола бод!
Ҳофиз, агар ба васли ту шод нашуд зи ҳар ғаме,
Дар ғами ҳаҷри рӯйи ту мӯниси ғам чу лола бод!
180
Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад,
Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.
Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор,
Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад.
Ғамнок набояд буд аз таъни ҳасуд, эй дил,
Шояд, ки чу вобинӣ, хайри ту дар ин бошад.
Ҳар, к-ӯ накунад фаҳме з-ин килки хаёлангез,
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари Чин бошад.
Ҷоми маю хуни дил ҳар як ба касе доданд,
Дар доираи қисмат, авзоъ чунин бошад.
Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
К-ин шоҳиди бозорӣ в-он парданишин бошад.
Он нест, ки Ҳофизро риндӣ бишуд аз хотир,
К-ин собиқаи пешин то рӯзи пасин бошад.
181
Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад.
Замони хушдилӣ дарёбу дарёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.
Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.
Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,
Бибахшо бар касе, к-аш зар набошад.
Биё, эй шайху аз хумхонаи мо,
Шаробе хӯр, ки дар Кавсар набошад.
Бишӯй авроқ агар ҳамдарси моӣ,
Ки илми ишқ дар дафтар набошад.
Зи ман бинюшу дил дар шоҳиде банд,
Ки ҳуснаш бастаи зевар набошад.
Шаробе бехуморам бахш, ё Раб,
Ки бо вай ҳеч дарди сар набошад.
Ман аз ҷон бандаи султон Увайсам,
Агарчи ёдаш аз чокар набошад.
Ба тоҷи оламорояш, ки хуршед
Чунин зебандаи афсар набошад.
Касе гирад хато дар назми Ҳофиз,
Ки ҳечаш лутф дар гавҳар набошад.
182
Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи чаману тавофи бӯстон
Бе лолаузор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул
Бе савти ҳазор хуш набошад.
Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,
Ҷуз нақши нигор хуш набошад.
Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.
183
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Арғавон ҷоми ақиқӣ ба суман хоҳад дод,
Чашми наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад шуд.
Ин татовул, ки кашид аз ғами ҳиҷрон булбул,
То саропардаи гул наъразанон хоҳад шуд.
Гар зи масҷид ба харобот шудам, хурда магир,
Маҷлиси ваъз дароз асту замон хоҳад шуд.
Эй дил, ар ишрати имрӯз ба фардо фиганӣ,
Мояи нақди бақоро кӣ замон хоҳад шуд?
Моҳи шаъбон манеҳ аз даст қадаҳ, к-ин хуршед,
Аз назар то шаби иди рамазон хоҳад шуд.
Гул азиз аст ғанимат шумуредаш сӯҳбат,
Ки ба боғ омад аз ин роҳу аз он хоҳад шуд.
Мутрибо, маҷлиси унс аст ғазалхону суруд,
Чанд гӯй, ки чунин рафту чунон хоҳад шуд.
Ҳофиз аз баҳри ту омад сӯйи иқлими вуҷуд,
Қадаме неҳ ба видоаш, ки равон хоҳад шуд.
184
Маро меҳри сиёҳчашмон зи сар берун нахоҳад шуд,
Қазои осмон аст ину дигаргун нахоҳад шуд.
Рақиб озорҳо фармуду ҷойи оштӣ нагзошт,
Магар оҳи саҳархезон сӯйи гардун нахоҳад шуд?
Маро рӯзи азал коре ба ҷуз риндӣ нафармуданд,
Ҳар он қисмат, ки он ҷо рафт, аз он афзун нахоҳад шуд.
Худоро, мӯҳтасиб, моро ба фарёди дафу най бахш,
Ки сози шаръ аз ин афсона беқонун нахоҳад шуд.
Маҷоли ман ҳамин бошад, ки пинҳон меҳри ӯ варзам.
Канори бӯсу оғӯшаш чӣ гӯям, чун нахоҳад шуд?
Шароби лаълу ҷойи амну ёри меҳрубон соқӣ,
Дило, кай беҳ шавад корат, агар акнун нахоҳад шуд?
Машӯй, эй дида, нақши ғам зи лавҳи синаи Ҳофиз,
Ки захми теғи дилдор асту ранги хун нахоҳад шуд.
185
Рӯзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд,
Задам ин фолу гузашт ахтару кор охир шуд,
Он ҳама нозу танаъум, ки хазон мефармуд,
Оқибат дар қадами боди баҳор охир шуд.
Шукри Эзид, ки ба иқболи кулаҳгӯшаи гул
Навбати боди даю шавкати хор охир шуд.
Субҳи уммед, ки буд мӯътакифи пардаи ғайб,
Гӯ: бурун ой, ки кори шаби тор охир шуд.
Он парешонии шабҳои дарозу ғами дил,
Ҳама дар сояи гесуи нигор охир шуд.
Боварам нест зи бадаҳдии айём ҳанӯз
Қиссаи ғусса, ки дар давлати ёр охир шуд.
Соқиё, лутф намудӣ, қадаҳат пурмай бод,
Ки ба тадбири ту ташвиши хумор охир шуд.
Дар шумор арчи наёвард касе Ҳофизро,
Шукр, к-он меҳнати беҳадду шумор охир шуд.
186
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мӯнис шуд.
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.
Ба бӯйи ӯ дили бемори ошиқон чу сабо,
Фидои орази насрину чашми наргис шуд.
Ба садри мастабаам менишонад акнун дӯст,
Гадои шаҳр нигаҳ кун, ки мири маҷлис шуд.
Хаёли оби Хизир басту ҷоми Искандар,
Ба ҷуръанӯшии Султон Абулфаворис шуд.
Тарабсаройи муҳаббат кунун шавад маъмур,
Ки тоқи абруи ёри манаш муҳандис шуд.
Лаб аз тарашшуҳи май пок кун, барои Худо,
Ки хотирам ба ҳазорон гунаҳ мувасвис шуд.
Карашмаи ту шаробе ба ошиқон паймуд,
Ки илм бехабар афтоду ақл беҳис шуд,
Чу зар азизвуҷуд аст назми ман, оре,
Қабули давлатиён кимиёи ин мис шуд,
Зи роҳи майкада, ёрон, инон бигардонед,
Чаро ки Ҳофиз аз ин роҳ рафту муфлис шуд.
187
Гудохт ҷон, ки шавад кори дил тамому нашуд,
Бисӯхтаму дар ин орзуи хому нашуд.
Ба лоба гуфт шабе: «Мири маҷлиси ту шавам»
Шудам ба рағбати хешаш камин ғулому нашуд.
Паём дод, ки «Хоҳам нишаст бо риндон».
Бишуд ба риндиву дурдикашем ному нашуд.
Равост, дар бар агар метапад кабӯтари дил,
Ки дида дар раҳи худ печутоби дому нашуд.
Бад-он ҳавас, ки ба мастӣ бибӯсам он лаби лаъл
Чӣ хун, ки дар дилам афтод ҳамчу ҷому нашуд.
Ба кӯйи ишқ манеҳ бе далели роҳ қадам,
Ки ман ба хеш намудам сад эҳтимому нашуд.
Фиғон, ки дар талаби ганҷномаи мақсуд,
Шудам хароби ҷаҳоне зи ғам тамому нашуд.
Дареғу дард, ки дар ҷустуҷӯйи ганҷи ҳузур
Басе шудам ба гадоӣ бари кирому нашуд.
Ҳазор ҳила барангехт Ҳофиз аз сари фикр
Дар он ҳавас, ки шавад он нигор рому нашуд.
188
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз кони мурувват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай саромад, шаҳриёнро чӣ шуд?
Гӯйи тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
Зӯҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисӯхт,
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?
189
Зоҳиди хилватнишин дӯш ба майхона шуд,
Аз сари паймон бирафт, бо сари паймона шуд.
Сӯфии маҷлис, ки дӣ ҷому қадаҳ мешикаст,
Боз ба як ҷуръа май оқилу фарзона шуд.
Шоҳиди аҳди шабоб, омада будаш ба хоб,
Боз ба пиронасар ошиқу девона шуд.
Муғбачае мегузашт роҳзани дину дил,
Дар пайи он ошно аз ҳама бегона шуд.
Оташи рухсори гул хирмани булбул бисӯхт,
Чеҳраи хандони шамъ офати парвона шуд.
Гиряи шому саҳар, шукр, ки зоеъ нагашт,
Қатраи борони мо гавҳари якдона шуд.
Наргиси соқӣ бихонд ояти афсунгарӣ,
Ҳалқаи авроди мо маҷлиси афсона шуд.
Манзили Ҳофиз кунун боргаҳи подшост,
Дил бари дилдор рафт, ҷон бари ҷонона шуд.
190
Дӯш аз ҷаноби Осаф пайки башорат омад,
К-аз ҳазрати Сулаймон ишрат ишорат омад.
Хоки вуҷуди моро аз оби бода гил кун,
Вайронсаройи дилро гоҳи иморат омад.
Ин шарҳи бениҳоят, к-аз зулфи ёр гуфтанд,
Ҳарфест аз ҳазорон, к-андар иборат омад.
Айбаш бипӯш зинҳор, эй хирқаи майолуд,
К-он ёри покдоман баҳри зиёрат омад.
Имрӯз ҷойи ҳар кас пайдо шавад зи хубон,
К-он моҳи маҷлисафрӯз андар садорат омад.
Бар тахти Ҷам, ки тоҷаш меъроҷи осмон аст,
Ҳиммат нигар, ки мӯре бо он ҳақорат омад.
Аз чашми шӯхаш, эй дил, имони худ нигаҳ дор,
К-он ҷодуи камонкаш бар азми ғорат омад.
Дарёст маҷлиси ӯ, дарёб вақт, дарёб,
Ҳон, эй зиёнрасида, вақти тиҷорат омад.
Олудаӣ ту, Ҳофиз, файзе зи шоҳ дархоҳ
К-он унсури самоҳат баҳри таҳорат омад.
191
Ишқи ту ниҳоли ҳайрат омад,
Васли ту камоли ҳайрат омад.
Бас ғарқаи ҳоли васл, к-охир,
Ҳам бар сари ҳоли ҳайрат омад,
На васл бимонаду на восил
Он ҷо, ки хаёли ҳайрат омад.
Аз ҳар тарафе, ки гӯш кардам,
Овози суоли ҳайрат омад.
Шуд мунҳазим аз камоли иззат
Онро, ки ҷалоли ҳайрат омад.
Сар то қадами вуҷуди Ҳофиз
Дар ишқ ниҳоли ҳайрат омад.
192
Дар намозам хами абруи ту бо ёд омад,
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.
Аз ман акнун тамаи сабру дилу ҳуш мадор,
К-он таҷаммул, ки ту дидӣ, ҳама бар бод омад.
Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд,
Мавсими ошиқиву кор ба бунёд омад.
Бӯйи беҳбуд зи авзои ҷаҳон мешунавам,
Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.
Эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят манамой,
Ҳаҷлаи ҳусн биёрой, ки домод омад.
Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,
Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад.
Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,
Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.
Мутриб, аз гуфтаи Ҳофиз ғазале нағз бихон,
То бигӯям, ки зи аҳди тарабам ёд омад.
193
Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо бозомад,
Ҳудҳуди хушхабар аз тарфи Сабо бозомад.
Баркаш эй мурғи саҳар, нағмаи Довудӣ боз,
Ки Сулаймони гул аз боди сабо бозомад.
Орифе ку, ки кунад фаҳм забони савсан,
То бипурсад, ки чаро рафту чаро бозомад?
Мардумӣ карду карам бахти худодод ба ман,
К-он бути сангдил аз роҳи вафо бозомад.
Лола бӯйи майи нӯшин бишунид аз булбул,
Доғдил буду ба уммеди даво бозомад.
Чашми ман дар раҳи ин қофилаи роҳ бимонд,
То ба гӯши дилам овози «даро» бозомад.
Гарчи Ҳофиз дари ранҷиш заду паймон бишикаст,
Лутфи ӯ бин, ки ба сулҳ аз дари мо бозомад.
194
Мужда, эй дил, ки масеҳонафасе меояд,
Ки зи анфоси хушаш бӯйи касе меояд.
Аз ғами ҳиҷр макун нолаву фарёд, ки ман
Задаам фолеву фарёдрасе меояд.
З-оташи водии Айман на манам хурраму бас,
Мӯсӣ он ҷо ба умеди қабасе меояд.
Ҳеҷ кас нест, ки дар кӯйи туаш коре нест,
Ҳар кас он ҷо ба тариқи ҳавасе меояд.
Кас надонист, ки манзилгаҳи мақсуд куҷост,
Ин қадар ҳаст, ки бонги ҷарасе меояд.
Ҷуръае деҳ, ки ба майхонаи арбоби карам,
Ҳар ҳарифе зи пайи мултамасе меояд.
Дӯстро гар сари пурсидани бемори ғам аст,
Гӯ, биё хуш, ки ҳанӯзаш нафасе меояд.
Хабар аз булбули ин боғ бипурсед, ки ман
Нолае мешунавам, к-аз қафасе меояд.
Ёр дорад сари сайди дили Ҳофиз, ёрон,
Шоҳбозе ба шикори магасе меояд.
195
Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад,
Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад.
Ҳаво масеҳнафас гашту бод нофакушой,
Дарахт сабз шуду мурғ дар хурӯш омад.
Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор,
Ки ғунча ғарқи арақ гашту гул ба ҷӯш омад.
Ба гӯши ҳуш ниюш аз ману ба ишрат кӯш,
Ки ин сухан саҳар аз ҳотифам ба гӯш омад;
«Зи фикри тафриқа боз ой, то шавӣ, маҷмӯъ,
Ба ҳукми он, ки чу шуд аҳраман, сурӯш омад».
Зи мурғи субҳ надонам, ки савсани озод,
Чӣ гӯш кард, ки бо даҳ забон хамӯш омад?
Чӣ ҷойи сӯҳбати номаҳрам аст маҷлиси унс,
Сари пиёла бипӯшон, ки хирқапӯш омад.
Зи хонақоҳ ба майхона меравад Ҳофиз,
Магар зи мастии зӯҳду риё ба ҳуш омад?
196
Саҳарам давлати бедор ба болин омад,
Гуфт: «Бархез, ки он Хусрави Ширин омад.
Қадаҳе даркашу сархуш ба тамошо бихиром,
То бибинӣ, ки нигорат ба чӣ оин омад?
Муждагонӣ бидеҳ, эй хилватии нофакушой,
Ки зи саҳрои Хутан оҳуи мушкин омад».
Гиря обе ба рухи сӯхтагон бозовард,
Нола фарёдраси ошиқи мискин омад.
Мурғи дил боз ҳаводори камонабруест,
Эй кабӯтар, нигарон бош, ки шоҳин омад.
Соқиё, май бидеҳу ғам махӯр аз душману дӯст,
Ки ба коми дили мо он бишуду ин омад.
Расми бадаҳдии айём чу дид абри баҳор,
Гиряаш бар суману сунбулу насрин омад.
Чун сабо гуфтаи Ҳофиз бишунид аз булбул,
Анбарафшон ба тамошои раёҳин омад.
197
Сари савдои ту андар сари мо мегардад,
Бин, ки андар сари шӯрида чиҳо мегардад!
Ҳар кӣ дил дар хами чавгони сари зулфи ту баст,
Лоҷарам гӯйсифат бе сару по мегардад.
Гарчи бедоду ҷафо мекунад он дилбари мо,
Ҳамчунон дар пайи ӯ дил ба вафо мегардад.
Аз ҷафои фалаку ғуссаи даврон сад бор,
Бар танам пираҳани сабр қабо мегардад.
Дар заифиву низорӣ тани бечораи ман
Чун ҳилолест, ки ангуштнамо мегардад.
Булбули табъи ман аз фурқати гулзори рухаш
Дергоҳест, ки бе баргу наво мегардад.
Ба ҳаводории он сарвқади лолаузор
Басе ошуфтаву саргашта чу мо мегардад.
Дили Ҳофиз чу сабо бар сари кӯйи ту муқим,
Дардмандест ба уммеди даво мегардад.
198
На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,
На ҳар кӣ оина созад, Сикандарӣ донад.
На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдориву оини сарварӣ донад.
Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,
Ки дӯст худ равиши бандарпарварӣ донад.
Ғуломи ҳиммати он ринди офиятсӯзам,
Ки дар гадосифатӣ кимиёгарӣ донад.
Вафову аҳд наку бошад, ар биёмӯзӣ,
Вагарна ҳар кӣ ту бинӣ, ситамгарӣ донад.
Бибохтам дили девонаву надонистам,
Ки одамибачае шеваи парӣ донад.
Ҳазор нуктаи бориктар зи мӯ ин ҷост,
На ҳар кӣ сар битарошад, қаландарӣ донад.
Мадори нуқтаи биниш зи холи туст маро,
Ки қадри гавҳари якдона гавҳарӣ донад.
Ба қадду чеҳра ҳар он кас, ки шоҳи хубон шуд,
Ҷаҳон бигирад, агар додгустарӣ донад.
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
199
Ҳар кӣ шуд маҳрами дил, дар ҳарами ёр бимонд,
В-он кӣ ин кор надонист, дар инкор бимонд.
Агар аз парда бурун шуд дили ман, айб макун,
Шукри Эзид, ки на дар пардаи пиндор бимонд.
Сӯфиён воситаданд аз гарави май ҳама рахт,
Далқи мо буд, ки дар хонаи хаммор бимонд.
Мӯҳтасиб шайх шуду фисқи худ аз ёд бибурд,
Қиссаи мост, ки дар ҳар сари бозор бимонд.
Ҳар майи лаъл, к-аз он дасти булӯрин ситадем,
Оби ҳасрат шуду дар чашми гуҳарбор бимонд.
Ҷуз дили ман, к-аз азал то ба абад ошиқи ӯст,
Ҷовидон кас, нашунидам, ки дар ин кор бимонд.
Гашт бемор, ки чун чашми ту гардад наргис,
Шеваи ту нашудаш ҳосилу бемор бимонд.
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
Доштам далқеву сад айби маро мепӯшид,
Хирқа раҳни маю мутриб шуду зуннор бимонд.
Бар ҷамоли ту чунон сурати Чин ҳайрон шуд,
Ки ҳадисаш ҳама ҷо бар дару девор бимонд.
Ба тамошогаҳи зулфаш дили Ҳофиз рӯзе
Шуд, ки бозояду ҷовид гирифтор бимонд.
200
Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.
Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Рақиб низ чунин мӯҳтарам нахоҳад монд.
Чу пардадор ба шамшер мезанад ҳамаро,
Касе муқими ҳарими ҳарам нахоҳад монд.
Чӣ ҷойи шукру шикоят зи нақши неку бад аст,
Чу бар саҳифаи ҳастӣ рақам нахоҳад монд.
Суруди маҷлиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.
Ғанимате шумур, эй шамъ, васли парвона,
Ки ин муомила то субҳдам нахоҳад монд.
Тавонгаро, дили дарвеши худ ба даст овар,
Ки махзани зару ганҷи дирам нахоҳад монд.
Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накуии аҳли карам нахоҳад монд.
Зи меҳрубонии ҷонон тамаъ мабур, Ҳофиз,
Ки нақши ҷавру нишони ситам нахоҳад монд.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.