ТВ моҳворавии тоҷикӣ

Абдуҳамид Тағоев / Дек.1.2017. / Гузориш нест

Имрӯз дар моҳвораҳо бастаи барномаҳои ТВ ва радиои тоҷикро дарёфтан мумкин аст, ки таркибаш чунин аст:

Tojikiston, Safina, Bahoriston, Jahonnamo, TV-Varzish, Sinamo, Radio Tojik, Ovozy Tojik, Sadoi Dushanbe, Radio farhang.

Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон, ки имрӯз ТВ Тоҷикистон ном дорад, 03.10.1959 ҳамчун Телевизиони тоҷик арзи ҳастӣ кард ва аз соли 2006 дар тамоми ҷумҳурӣ интишор ёфт.

ТВ Сафина намойишҳои худро 03.09.2005 оғоз кард.

Телевизиони наврасону кӯдакон ТВ Баҳористон барномаи нахустинашро 04.09.2006 пахш намуд.

ТВ Ҷаҳоннамо, ки 31.10.2008 бо қарори Ҳукумати ҶТ таъсис гардидааст, аз 05.11.2008 инҷониб амал мекунад.

ТВ Варзиш HD ва ТВ Синамо HD баробар 01.03.2016 ба кор сар карданд.

ТВ Футбол HD 21.02.2017 ифтитоҳ ёфт. Ба тарзи онлайн ба воситаи сомонаи varzishtv.tj пахш мегардад.

ТВ Шаҳнавоз 13.11.2017 ба кор даромад.

Аз замони шӯравӣ то истиқлолият кӯҳсор будани сатҳи Тоҷикистон барои интишори мавҷҳои абаркӯтоҳ, ё худ мавҷҳои басомадашон фавқулбаланд (СВЧ)-и шабакаҳои миллии телевизион монеаи ҷиддӣ буданд. Аз ин рӯ мардуми ҷумҳурӣ, бавижа кӯҳистониён агар аз дидани телевизор бенасиб бошанд, баръакс аҳли ноҳияҳои ҳамвори дурдаст ва сарҳадӣ ба барномаҳои кишварҳои ҳамсоя одат карда буданд.

Роҳбарияти Тоҷикистони мустақил ин печидагиҳоро таҳлил намуда, барномаи вижаи насби ретрансляторҳоро дар тамоми хоки ҷумҳурӣ, минҷумла дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздисарҳадӣ ба амал баровард ва дар соли 2006 қариб тамоми кишвар бо барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони ҶТ фаро гирифта шуд.

Бо ба кор даромадани шабакаҳои нави телевизионӣ барои фарогирии пурраи ҳудуди ҷумҳурӣ ва барои шаҳрвандони дархориҷабуда, инчунин ҳамватанони бурунмарзӣ иқдом гирифта шуд, ки ТВ моҳворавии тоҷик созмон дода шавад. Ва Тоҷикистон нахустин кишварест, ки дар ҳудуди собиқ Осиёи Миёна ба ТВ моҳворавӣ рӯй овардааст.

Лозим меояд, ки каме аз таърихчаи ин иқдом ёд кунем.

Моҳвораи ABS 1 (LM1-1) — ABS 2 / 2A, 75° т.ш.

То 22.05.2006. Баста бо канали ТВ Сафина дар 12732 V.

Аз 22.05.2006. Баста бо канали ТВ Сафина дар 12742 V, кушода, sr 4400, fec ¾.

02.09.2006. Шабакаи якуми ТВТ ва ТВ Сафина дар 12740 V, кушода, sr 7408, fec 3/4.

17.12.2006 — 28.12.2006. Намойиши озмойишии Шабакаи якуми ТВТ ва ТВ Сафина дар 3426V, кушода, sr 7410, fec ¾

06.02.2008. Оғози намойишҳои ТВ Баҳористон дар 12740 V, sr 7408, fec 3/4, кушода.

11.02.2008 – 15.04.2009. Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12742 V, sr 7247, fec 7/8, кушода.

15.04.2009. Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12694 V, sr 10750, fec 3/4, кушода.

19.10.2011. Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12695 V, sr 9300, fec 3/4, кушода.

04.02.2012. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12690 V, sr 4650, fec 2/3, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4, кушода.

29.03.2014-02.04.2014. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12690 V, sr 4696, fec 2/3, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4, кушода.

31.03.2014-30.03.2017. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 11491 V, sr 4650, fec 2/3, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4, кушода.

Моҳвораи AzerSpace 1, 46° т.ш

03.08.2016. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 11057 V, sr 22710, fec 5/6, DVB-S2 / QPSK, MPEG-4, кушода.

Моҳвораи Intelsat-15 / Horizons 2, 85.2° т.ш.

07.01.2017-12.01.2017. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, Синамо, ТВ Баҳористон, ТВ Сафина ва TV Varzish дар 12180 V, sr 15000, fec 3/4, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4, кушода.

Моҳвораи Экспресс AM6, Yahsat-1A, 53° т.ш.

09.02.2017. TV Varzish HD дар 11785 H, sr 27500, fec 5/6, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4 / HD, BISS, пӯшида (рамзи шартӣ — BISS).

30.03.2017. Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон, Ҷаҳоннамо, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг дар 11785 H, sr 27500, fec 5/6, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4 / HD, кушода. TV Varzish HD низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS). (ТВ Сафина 05.10.2017 ба стандарти HD гузашт).

Вақтҳои охир барномаҳои мазкур дар Yahsat-1A 11938, H, sr 27500, fec 5/6 (бо ҳосилаи 11933H27499 низ) дастрасанд

Моҳвораи NSS 12 (NSS 703), 57° т.ш.

09.02.2017. TV Varzish HD дар 11545 V, sr 10000, fec 3/4, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4 / HD, BISS, пӯшида (рамзи шартӣ — BISS).

24.10.2017. Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон, Ҷаҳоннамо, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг дар 11566 H, sr 10750, fec 3/4, DVB-S2 / 8PSK, MPEG-4 / HD, кушода. TV Varzish HD низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS).

(Ҳамаи ин барномаҳо бо ҳосилаи 11565H10742 низ дастрасанд).

Оиди ҳамин мавзӯъ:

1. ТВ моҳвораҳо дар тӯли шарқӣ

2. ТВ моҳвораҳо дар тӯли ғарбӣ

3. Транспондерҳо (ройгон фаро кашидан)


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: