Қасоид


Қасоид

Дар ситойиши шоҳ шайх Абӯисҳоқи Инҷӯ

Сапедадам, ки сабо бӯйи лутфи ҷон гирад,
Чаман зи лутфи ҳаво нукта бар ҷинон гирад.
Ҳаво зи накҳати гул дар чаман тутуқ бандад.
Уфуқ зи акси шафақ ранги гулситон гирад,
Навои чанг бад-он сон занад салоҳи сабӯҳ.
Ки пири савмаа роҳи дари муғон гирад.
Ниҳоли шаб, ки кунад дар қадаҳ сиёҳии мушк.
Дар ӯ шарори чароғи саҳаргаҳон гирад.
Шаҳи сипеҳр чу заррин сипар кашад дар рӯй,
Ба теғи субҳу амуди уфуқ ҷаҳон гирад.
Ба рағми зоғи сияҳ шоҳбози зарринбол,
Дар ин муқарнаси зангорӣ ошён гирад.
Ба базмгоҳ чаман рав, ки хуш тамошоест,
Чу лола косаи насрину арғавон гирад.
Чу шаҳсавори фалак бингарад ба ҷоми сабӯҳ,
Ки чун ба шаъшааи меҳр Ховарон гирад.
Муҳити шамс кашад сӯйи хеш дурри хушоб,
Ки то ба қабзаи шамшери зарфишон гирад.
Сабо нигар, ки дамодам чу ринди шоҳидбоз,
Гаҳе лаби гулу гаҳ зулфи зимрон гирад.
Зи иттиҳоди ҳаюлову ихтилофи сувар
Хирад зи ҳар гули нав нақши сад бутон гирад.
Ман андар он, ки дами кист ин муборак дам,
Ки вақти субҳ дар ин тира хокдон гирад?
Чӣ ҳолат аст, ки гул дар саҳар намояд рӯй,
Чӣ оташ аст, ки дар мурғи субҳхон гирад?
Чӣ партав аст, ки нури чароғи субҳ диҳад,
Чӣ шӯъла аст, ки дар шамъи осмон гирад?
Чаро ба сад ғаму ҳасрат сипеҳри доирашакл,
Маро чу нуқтаи паргор дар миён гирад?
Замири дил накушоям ба кас маро он беҳ,
Ки рӯзгор ғаюр асту ногаҳон гирад.
Чу шамъ ҳар кӣ ба ифшои роз шуд машғул,
Басаш замона чу миқроз дар забон гирад.
Куҷост соқии маҳрӯйи ман, ки аз сари меҳр,
Чу чашми масти худаш соғари гарон гирад.
Паёме оварад аз ёру дар паяш ҷоме
Ба шодии рухи он ёри меҳрубон гирад.
Навои маҷлиси моро чу бар кашад мутриб,
Гаҳе Ироқ занад, гоҳе Исфаҳон гирад.
Фариштае ба ҳақиқат сурӯши олами ғайб,
Ки равзаи карамаш нукта бар ҷинон гирад.
Сикандаре, ки муқими ҳарими ӯ чун Хизр,
Зи файзи хоки дараш умри ҷовидон гирад.
Ҷамоли чеҳраи ислом Шайх Абӯисҳоқ,
Ки мулк дар қадамаш зеби бӯстон гирад.
Гаҳе, ки бар фалаки сарварӣ уруҷ кунад,
Нахуст пояи худ фарқи Фарқдон гирад.
Чароғи дидаи Маҳмуд он, ки душманро
Ба зери теғи вай оташ ба дудмон гирад.
Ба авҷи моҳ расад мавҷи хун, чу теғ кашад,
Ба тири чарх барад ҳамла, чун камон гирад.
Арӯси ховарӣ аз шарми ройи анвари ӯ
Ба ҷойи худ бувад ар роҳи Қирвон гирад.
Аё азим виқоре, ки ҳар кӣ бандаи туст,
Зи рафъи қадри камарбанди ту амон гирад.
Расад ба чархи Уторид ҳазор таҳниятат,
Чу фикратат сифати амри кун факон гирад.
Мудом дар пайи таън аст бар ҳасуду адӯт,
Самок ромеҳ аз он рӯзу шаб синон гирад.
Фалак чу ҷилвакунон бингарад саманди туро,
Камина пойгаҳаш авҷи Каҳкашон гирад
Малолате, ки кашидӣ, саодате диҳадат,
Ки Муштарӣ насақи кори худ аз он гирад.
Аз имтиҳони ту айёмро ғараз ин аст,
Ки аз сафои риёзат дилат нишон гирад.
В-агарна пояи иззат аз он баландтар аст,
Ки рӯзгор бар ӯ ҳарфи имтиҳон гирад.
Мазоқи ҷон-ш зи талхии ғам шавад эмин,
Касе, ки шаккари шукри ту дар даҳон гирад.
Зи умр бар хӯрад он кас, ки дар ҷамеи сифот,
Нахуст бингарад, он гаҳ тариқи он гирад.
Чу ҷойи ҷанг набинад, ба ҷом ёзад даст,
Чу вақти кор бувад теғи ҷонфишон гирад.
Зи лутфи ғайб ба сахтӣ дил аз умед матоб,
Ки мағз нағз мақом андар устухон гирад.
Шакар камоли ҳаловат пас аз риёзат ёфт,
Нахуст дар шикани тунг аз он макон гирад.
Дар он мақом, ки сели ҳаводис аз чапу рост
Чунон расад, ки амон аз миён карон гирад.
Чӣ ғам бувад ба ҳама ҳол кӯҳи собитро,
Ки мавҷҳои чунон қулзуми гарон гирад.
Агарчи хасми ту густох меравад ҳолӣ,
Ту шод бош, ки густохиаш инон гирад.
Ки ҳар чӣ дар ҳақи ин хонадону давлат кард,
Ҷазош дар зану фарзанду хонумон гирад.
Замони умри ту поянда бод, к-ин неъмат
Атияест, ки дар кори инсу ҷон гирад.
Хаёли шоҳӣ агар нест дар сари Ҳофиз,
Чаро ба теғи забон арсаи ҷаҳон гирад?

Дар ситойиши Ҷалолуддин Тӯроншоҳ

Маро дилест парешон ба дасти ғам помол,
Чунон, ки ҳеч касам нест воқифи аҳвол.
Шикастақоматаму тангдил чу ҳалқаи мим,
Хамидапушту ҷафодида гоҳи ғусса чу зол.
Танам зи мӯя чу мӯ шуд зи даври чархи дағо,
Дилам зи ғуссаи даврону нола шуд чун нол.
Бидод оби рухамро ба бод оташи ғам,
Чу хоки роҳ шудам паст то шудам помол.
Маро қаде чу алиф рост буд то ғоят,
Кунун зи ғуссаи айём шуд хамида чу дол.
Фитода сар ба каманду асиру по дар банд,
Ба дасти андаҳи даврони бевафо чу ғазол.
Манам асир шуда дар кафи ғами айём,
Чу теҳуе, ки муқайяд бувад ба михлаби дол(л).
Насибам аз ситами чарх ҷавр шуд шабу рӯз,
Нисобам аз фалаки сифла ғусса шуд маҳу сол.
Зи мулки хеш ба турбат фитодаам з-ин сон,
Ки нестам ба ҷаҳон як дирам зи молу манол.
Азимати ватани худ наметавонам дошт,
Бимонда оҷизу мискин, чу мурғи бепару бол.
Ғариби муфлису мӯҳтоҷ дар чунин шаҳре,
Ба ҳеч навъ надорам зи халқ рӯйи суол.
Зи даҳр ғайри ҷафову ситам талаб кардан.
Зиҳӣ тасаввури ботил, зиҳӣ хаёли муҳол!
Арӯси табъ ҷавобам зи ҳуҷраи дил дод,
Ки ҳаст манбаи эҳсону баҳри фазлу навол.
Ҷаноби Осафи даврон ҷалоли давлату дин.
Ки дар ҷаҳон набуду несташ назиру мисол.
Баландҳиммату олиҷанобу кайвонқадр,
Хуҷастатолеу фаррухруху ҳумоюнфол.
Ба мадҳи сарвари даврон чӣ гуна бикшоям,
Лаб аз сарочаи фикрат, чу несташ амсол?
Гаҳи сахо чу кушояд ду дасти ҷуду карам
Вуҷуди соили мискин раҳад зи зилли суол.
Фалак ғулому мутеи ту бод, эй сарвар,
Чу муқбилу фараҳу шодиву Баширу Билол.
Завол бод ҳамеша насиби аъдоят,
Мабод мансабу ҷоҳи туро нишони завол.

Дар ситойиши Ҷалолуддин Тӯроншоҳ

Хайри мақдам марҳабо, эй тоири фархундадам.
Шодмон кардӣ маро, нозам туро сар то қадам
Мекунам аз хайри ту оғоз изҳори ниёз,
З-он, ки шарҳи орзумандӣ наёяд дар қалам.
То бидонӣ, ту ки ҳиҷрон хуни ошиқ мехӯрад,
Нолаи шабгир дар кор асту оҳи субҳдам.
Сӯҳбати ушшоқ бадномат кунад, зоҳид, бирав,
Хуш нигаҳ кун бода дар давр асту маҷлис муттаҳам.
Гар чунин дар ҳалқа печад зулфи афъибанди ёр,
Мӯҳра натвон бурд осон, эй дил, афсуне бидам!
Гар ҳарими Каъба хоҳӣ в-он ҷамоли бениқоб.
Лолаву гул дон ҳама хори биёбони ҳарам.
Он гузашт, эй дил, ки хорӣ дидӣ аз дасти рақиб.
Ёр бозомад, биҳамдуллаҳ, азизу мӯҳтарам.
Соқиё, май деҳ, ки дигар бор дар риндиву ишқ
Нӯки килки Хоҷа бар маншури Ҳофиз зад рақам.
Хоҷа Тӯроншоҳи одилдил, ҷалоли мулку дин,
Бадри офоқи ало авнулваро ғавсулумам.
Сурати ҷоҳу ҷалолу мақсади фазлу камол,
Мазҳари анвори раҳмат, мубсари ҳусну шиям
Кони мардиву мурувват, маъдани сидқу сафо,
Ҷавҳари адлу сиёсат, унсури лутфу карам.
Дофеи авзои бидъат, носиби эъломи дин,
Моҳии осори туғён, қотеи дасти ситам.
Остонат мавзеи давлат на акнун асту бас,
Дорад ин қасри муалло нақши таърихи қидам.
Бахти бедорат чу меомад ба саҳрои вуҷуд
Хуфта буд гардун ҳанӯз андар шабистони адам.
Қалби бадхоҳон шикаст аҳволи пойбарҷойи ту,
Ҳар киро дил нашканад фирӯз гардад лоҷарам.
Ҳон, напиндорӣ, ки танҳо мезанӣ бар қалби хасм,
Ҳиммати арбоби дил бо тусту асҳоби карам.
Зинҳор, эй дил, макун инкори соҳибдавлатон,
К-андар ин савдои каҷ Бӯҷаҳл гардад булҳакам
Шарҳи аҳволи ту алҳақ булаҷоиб дафтарест,
Банда, ё Раб, кай тавонад кард шукри ин ниам?
То лабам маҳҷур буд аз хокбӯси даргаҳат,
Дурднӯши дард будам бо надимони надам.
Бо шумо ихлоси ҳар кас ҳоҷати тақрир нест,
Илми Осаф дида бошад ҳолҳо дар ҷоми Ҷам.
То ҷаҳон бошад, ба некӣ, дар ҷаҳонат бод ном,
Ин дуо бар инсу ҷон гашт аз дилу ҷон мултазам.
Даври ту бо даври гардун ҳаминон бодо чунон-к,
Гар муҳосиб бишмурад, ҳарфе наёяд бешу кам.

Дар ситойиши шоҳ Шоҳшуҷоъ фармуда

Шуд арсаи замин чу бисоти Ирам ҷавон,
Аз партави саодати шоҳи ҷаҳониён.
Хоқони шарқу ғарб, ки дар шарқу ғарб ӯст
Соҳибқирони Хусраву шоҳи худойгон.
Хуршеди мулкпарвару султони додгар,
Дорои додгустару Кисрои кайнишон.
Султоннишони арсаи иқлими салтанат,
Болонишини маснади айвони ломакон.
Аъзамҷалоли давлату дин он, ки рафъаташ,
Дорад ҳамеша тавсани айём зери рон.
Дорои даҳр шоҳ Шуҷоъ офтоби мулк,
Хоқони комгору шаҳаншоҳи навҷавон.
Моҳе, ки шуд ба талъатат афрӯхта замин,
Шоҳе, ки шуд ба ҳимматаш афрохта замон.
Симурғи ваҳмро набувад қуввати уруҷ
Он ҷо, ки бози ҳиммати ӯ созад ошён.
Гар дар хаёли чарх фитад акси теғи ӯ,
Аз якдигар чудо шавад аҷзои осмон.
Ҳукмаш равон чу бод дар атрофи барру баҳр,
Меҳраш ниҳон чу рух дар аъзои инсу ҷон.
Эй сурати ту мулки ҷамолу ҷамоли мулк,
В-эй талъати ту ҷони ҷаҳону ҷаҳони ҷон.
Тахти ту рашки маснади Ҷамшеду Кайқубод,
Тоҷи ту ғабни афсари Дорову Ардавон.
Ту офтоби мулкиву ҳар ҷо, ки меравӣ,
Чун соя аз қафои ту давлат бувад равон.
Аркон напарварад чу ту гавҳар ба ҳеч қарн,
Гардун наёварад чу ту ахтар ба сад қирон.
Бе талъати ту ҷон нагарояд ба колбуд,
Бе неъмати ту нағз набандад дар устухон.
Ҳар донише, ки дар дили дафтар наёмадаст,
Дорад чу об хомаи ту бар сари забон.
Дасти туро ба абр кӣ ёрад шабеҳ кард,
Чун бадра-бадра ин диҳаду қатра-қатра он?
Бо пояи ҷалоли ту афлок поймол
В-аз дасти баҳри ҷуди ту дар даҳр достон.
Бар чархи илм моҳиву бар фарқи мулк тоҷ,
Шаръ аз ту дар ҳимояту дин аз ту дар амон.
Эй хусрави манеу ҷаноби рафеъқадр,
В-эй довари азиммисоли рафеъшон!
Илм аз ту дар ҳимояту ақл аз ту бошукӯҳ.
Дар чашми фазл нуриву дар ҷисми мулк ҷон.
Эй офтоби мулк, ки дар ҷанби ҳимматат,
Чун зарраи ҳақир бувад ганҷи шойгон.
Дар ҷанби баҳри ҷуди ту аз зарра камтар аст
Сад ганҷи шойгон, ки бибахшӣ ба ройгон.
Исмат нуҳуфта рух ба саропардаат муқим,
Давлат кушода рахти бақо зери кандулон.
Гардун барои хаймаи хуршеди фалкуҳат
Аз кӯҳу абр сохта позиру соябон.
В-ин атласи муқарнаси зардӯзи зарнигор,
Чатри баланд бар сари хиргоҳи хеш дон.
Баъд аз каён ба мулки Сулаймон надошт кас,
Ин созу ин хазинаву ин лашкари гарон.
Будӣ даруни гулшану аз пурдилони ту
Дар Ҳинд буд ғул-ғулу дар Занг буд фиғон.
Дар дашти Рум хайма задиву ғиреви кӯс
Аз дашти Рум рафт ба саҳрои Систон.
То қасри зард тохтиву ларза уфтод,
Дар қасрҳои Қайсару дар хонаҳои хон.
Он кист, к-ӯ ба мулк кунад бо ту ҳамсарӣ
Аз Миср то ба Руму зи Чин то ба қайравон.
Соли дигар зи қайсарат аз Рум боҷи сар
В-аз Чинат оваранд ба даргаҳ хироҷи ҷон.
Ту шокирӣ зи холиқу халқ аз ту шокиранд,
Ту шодмон ба давлату мулк аз ту шодмон.
Инак ба тарфи гулшану бӯстон ҳамеравӣ
Бо бандагон саманди саодат ба зери рон.
Эй мулҳиме, ки дар сафи карру баёни қудс
Файзе расад ба хотири покат замон-замон.
Эй ошкор пеши дилат ҳар чӣ кирдигор
Дорад ҳаме ба пардаи ғайб андарун ниҳон.
Дода фалак инони иродат ба дасти ту,
Яъне, ки маркабам ба муроди худам бирон.
Гар кӯшишет афтад, пар додаам ба тир,
В-ар бахшишет бояд, зар додаам ба кон.
Хасмат куҷост? Дар таҳи пойи худаш фиган,
Ёри ту кист? Бар сари чашми манаш нишон!
Ҳам коми ман ба хидмати ту гашт мунтазам,
Ҳам номи ман ба мидҳати ту монда ҷовидон.

Дар ситойиши Қавомуддин Муҳаммад соҳибиёр

вазири шоҳ Шуҷоъ фармуда

Зи дилбарӣ натавон лоф зад ба осонӣ,
Ҳазор нукта дар ин кор ҳаст, то донӣ.
Ба ҷуз шакардаҳанӣ мояҳост хубиро,
Ба хотаме натавон зад дами Сулаймонӣ.
Ҳазор салтанати дилбарӣ бад-он нарасад,
Ки дар диле ба ҳунар хешро бигунҷонӣ.
Чӣ гардҳо, ки барангехтӣ зи ҳастии ман,
Мабод хаста самандат, ки тез меронӣ.
Ба ҳамнишинии риндон саре фурӯд овар,
Ки ганҷҳост дар ин бесариву сомонӣ.
Биёр бодаи рангин, ки як ҳикояти рост
Бигӯяму накунам рахна дар мусулмонӣ.
Ба хоки пойи сабӯҳикунон, ки то мани маст
Ситода бар дари майхонаам ба дарбонӣ.
Ба ҳеч зоҳиди зоҳирпараст нагзаштам,
Ки зери хирқа на зуннор дошт пинҳонӣ.
Ба номи турраи дилбанди хеш хайре кун,
Ки то Худош нигаҳ дорад аз парешонӣ
Магир чашми иноят зи ҳоли Ҳофиз боз,
В-агарна ҳол бигӯям ба Осафи сонӣ.
Вазири шоҳнишон, хоҷаи замину замон,
Ки хуррам аст бад-ӯ ҳоли инсиву ҷонӣ.
Қавоми давлату дунё Муҳаммад ибни Алӣ,
Ки медурахшадаш аз чеҳра фарри яздонӣ.
Зиҳӣ ҳамидахисоле, ки гоҳи фикри савоб,
Туро расад, ки кунӣ даъвии ҷаҳонбонӣ.
Тарози давлати бом туро ҳамезебад,
Ки ҳимматат набарад номи олами фонӣ.
Агар на ганҷи атои ту дастгир шавад,
Ҳама басити замин рӯ ниҳад ба вайронӣ.
Туӣ, ки сурати ҷисми туро ҳаюлоест,
Чу ҷавҳари малакӣ дар либоси инсонӣ.
Кадом пояи таъзим насб шояд кард,
Ки дар масолики фикрат на бартар аз онӣ.
Даруни хилвати карру баёни олами қудс,
Сарири килки ту бошад самои рӯҳонӣ.
Туро расад шакаровези хоҷагӣ гаҳи ҷуд,
Ки остин ба каримони олам афшонӣ.
Савоиқи сахтатро чӣ гуна шарҳ диҳам,
Наузубиллаҳ аз он фитнаҳои тӯфонӣ!
Савобиқи караматро баён чӣ гуна кунам,
Таборакаллаҳ аз он корсози раббонӣ!
Кунун, ки шоҳиди гулро ба ҷилвагоҳи чаман
Ба ҷуз насими сабо нест ҳамдами ҷонӣ.
Шақоиқ аз пайи султони гул супорад боз
Ба бодбони сабо киллаҳои нӯъмонӣ.
Бад-он расид зи саъй насими боди баҳор,
Ки лоф мезанад аз лутфи рӯҳи ҳайвонӣ.
Саҳаргаҳам чӣ хуш омад, ки булбуле гулбонг
Ба ғунча мезаду мегуфт дар суханронӣ,
Ки тангдил чӣ нишинӣ зи парда берун ой,
Ки дар хум аст шаробе чу лаъли руммонӣ.
Макун, ки май нахӯрӣ бе ҷамоли гул як моҳ,
Ки боз моҳи дигар мехӯрӣ пушаймонӣ.
Ба шукри тӯҳмати такфир, к-аз миён бархост,
Бикӯш, к-аз гулу мул доди айш бистонӣ.
Ҷафо на шеваи динпарварӣ бувад, ҳошо,
Ҳама каромату лутф аст шаръи яздонӣ.
Рамузи сирри аналҳақ чӣ донад он ғофил,
Ки мунҷазаб нашуд аз ҷазбаҳои субҳонӣ.
Даруни пардаи гул ғунча бин, ки месозад
Зи баҳри дидаи хасми ту лаъли пайконӣ.
Тарабсаройи вазир аст, соқиё, магузор,
Ки ғайри ҷоми май он ҷо кунад гаронҷонӣ
Ту будӣ он дами субҳи умед, к-аз сари меҳр
Баромадиву саромад шабони зулмонӣ.
Шунидаам, ки зи ман ёд мекунӣ гаҳ-гаҳ
Вале ба маҷлиси хоси худам намехонӣ.
Талаб намекунӣ аз ман сухан, ҷафо ин аст,
Вагарна бо ту чӣ баҳс аст дар сухандонӣ.
Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард,
Латоифи ҳакамӣ бо китоби Қуръонӣ
Ҳазор сол бақо бахшадат мадоеҳи ман,
Чунин нафис матое ба чун ту арзонӣ.
Сухан дароз кашидам, вале умедам ҳаст,
Ки зайли афв бад-ин моҷаро бипӯшонӣ.
Ҳамеша то ба баҳорон ҳаво ба сафҳаи боғ,
Ҳазор нақш нигорад ба хатти райҳонӣ.
Ба боғи мулк зи шохи амал ба умри дароз,
Шукуфта бод гули давлатат ба осонӣ!

Дар ситойиши шоҳ Мансур фармуда

Ҷавзо саҳар ниҳод ҳамоил ба гарданам,
Яъне ғуломи шоҳаму савганд мехӯрам.
Соқӣ, биё, ки аз мадади бахти корсоз
Коме, ки хостам зи худо, шуд муяссарам.
Ҷоме бидеҳ, ки боз ба шодии рӯйи шоҳ
Пиронасар ҳавои ҷавонист дар сарам.
Роҳам мазан ба васфи зулоли Хизир, ки ман,
Аз ҷоми шоҳ ҷуръакаши ҳавзи Кавсарам.
Шоҳо, агар ба арш расонам сарири фазл,
Мамлуки ин ҷанобаму мискини ин дарам.
Ман ҷуръанӯши базми ту будам ҳазор сол,
Кай тарки обхӯрд кунад табъи хӯгарам.
В-ар боварат намекунад аз банда ин хадис,
Аз гуфтаи Камол далеле биёварам:
«Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр,
Он меҳр бар кӣ афганам, он дил куҷо барам?»
Мансур бин Музаффари ғозист ҳирзи ман
В-аз ин хуҷаста ном бар аъдо музаффарам.
Аҳди аласти ман ҳама бо ишқи шоҳ буд
В-аз шоҳроҳи умр бад-ин аҳд бигзарам.
Гардун чу кард назми Сурайё ба номи шоҳ
Ман назми дур чаро накунам? Аз кӣ камтарам?
Шоҳинсифат чу тӯъма чашидам зи дасти шоҳ
Кай бошад илтифот ба сайди кабӯтарам?
Эй шоҳи шергир, чӣ кам гардад, ар шавад,
Дар сояи ту мулки фароғат муяссарам?
Шеърам ба юмни мадҳи ту сад мулки дил кушод,
Гӯйӣ, ки теғи туст забони суханварам.
Бар гулшане агар бигузаштам, чу боди субҳ
Не ишқи сарв буду на шавқи санавбарам.
Бӯйи ту мешунидаму бар ёди рӯйи ту
Доданд соқиёни тараб як-ду соғарам.
Мастӣ ба оби як-ду инаб вазъи банда нест,
Ман солхӯрда пири хароботпарварам.
Бо сайри ахтари фалакам доварӣ басест,
Инсофи шоҳ бод дар ин қисса ёварам
Шукри худо, ки боз дар ин авни боргоҳ
Товуси арш мешунавад сити шаҳпарам.
Номам зи корхонаи ушшоқ маҳв бод,
Гар ҷуз муҳаббати ту бувад шуғли дигарам.
Шибл-ул-асад ба сайди дилам ҳамла карду ман,
Гар лоғарам в-агар на, шикори ғазанфарам.
Эй ошиқони рӯйи ту аз зарра бештар,
Ман кай расам ба васли ту, к-аз зарра камтарам?
Бинмо ба ман, ки мункири ҳусни рухи ту кист,
То дидааш ба кизлики ғайрат бароварам.
Бар ман фитод сояи хуршеди салтанат
В-акнун фароғат аст, зи хуршеди ховарам.
Мақсуд аз ин муомила бозортезӣ аст,
Не ҷилва мефурӯшаму не ишва мехарам.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!