Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик


namoz_hotamov

Китоби доктори илми таърих, профессор Намоз Ҳотамов (з. 1946) «Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924) мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳи таърихи халқамон (каме бештар аз ним аср)-ро равшан мекунад. Вале ин рӯзгори кӯтоҳ ниҳоят ҳассос ва пуршӯру пурфоҷиа буд ва аз ин рӯ барои ҳастию нестии миллати тоҷик нақши бунёдӣ бозид.

Профессор Н. Ҳотамов бори нахуст бо таври содда ва бо камсуханӣ рӯйдодҳои ин замонро таҳлил карда, ҳамчун ватандор ба дӯстону душманони миллат ва фарзандони сазовору носазовораш баҳои муносиб додааст.
Китоб аз рӯйи чопи соли 2007 (Душанбе) бо каме ихтисорот (бидуни ҳошия ва замимаҳо) нашр мегардад.

Мундариҷа

Сарсухан

Боби I. Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

Боби II. Халқи тоҷик дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917)

Боби III. Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)

Боби IV. Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX)

Боби V. Сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳӣ дар Русия ва натиҷаҳои он барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна

Боби VI. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон (солҳои 1917-1919)

Боби VII. Халқи тоҷик дар замони мавҷудияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (солҳои 1918—1924)

Боби VIII. Тайёрӣ барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (октябри соли 1917 — августи соли 1920)

Боби IX. Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (августи соли 1920 — апрели соли 1921)

Боби X. Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920 — 1924)

Боби XI. Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Сарсухан

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
(Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Таърих гузашти рӯзгор аст. Ҳар як халқ онро ба тарзи гуногун, бо пастию баландиҳои зиёд аз сар гузаронидааст. Халқи тоҷик ҳам ин раванди таърихиро дар муборизаҳо бо аҷнабиён ва дар набардҳо сипарӣ намудааст.
Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қахрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад.
Мо саҳифаҳои дурахшони таърихи аҷдодони хешро дар муборизаи онҳо баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни юнону мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва Русияи подшоҳӣ мебинем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидолҳо, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот, офаридани фарзандони барӯманд, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсию Умари Хайём, Саъдии Шерозию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомию Камолиддин Беҳзод, Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, ки сафҳояшон садҳо, ҳазорҳо нафаранд, ном баровардааст.
Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул, таҳдидҳои сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд. Туркпарастони аввали асри XX низ тоҷиконро аз ҷиҳати маънавӣ нест карданӣ шуданд. Вале халқи тоҷик нест нашуд, ҳар бор ба захмҳои бадани худ даво ёфта, қувват гирифт.
Миллати мо ба муқобили душман на сипар, балки фарҳанги худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистию ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиёни кӯчӣ бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт.
Тоҷикон тавонистанд нисбат ба ҳамсоягони худ хеле пештар, дар тӯли аз аҳди Сосон то Оли Сомон нишонаҳои қабилавиро паси сар карда, ба халқи ягона муттаҳид гарданд. Вале онҳо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар — маҳалгаройӣ гирифтор шуданд. Фоҷиаи ин беморӣ дар он буд, ки вай халқи моро ҳеҷ нагузошт ва ҳанӯз ҳам намегузорад, то худро миллати ягонаи тоҷик ҳисобад. Ҳамин беморӣ халқи тоҷикро нагузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба ҷуз давлатҳои нисбатан хурди Ғуриён, Куртҳои Ҳирот ва ғайра дигар давлати бузурги мутамарказонидашудаи худро бунёд кунад. Зеро, ин беморӣ дар ҳар гуна ҳолат халқи тоҷикро пароканда нигоҳ медошт. Баръакс он ба халқҳои дигар, аз ҷумла қабилаҳои кӯчиёни аҷнабӣ, ки нисбат ба тоҷикон иттифоқтар буданд, имконият дод дар ин сарзамин давлатдории худро барқарор намоянд.
Халқи тоҷик ба монанди амир Исмоили Сомонӣ сарвари бузургро офарид, ки пойдории давлати худро на дар ҷангҳои ғоратгаронаю зулму исгибдод, балки дар ақлу заковат, раҳму шафқат медид. Вале давлати пойдорнамудаи ӯро бемории дигар — рақобати мансабии ворисони Сомонӣ заиф гардонид ва ниҳоят барои аз байн рафтанаш яке аз сабабҳои асосӣ шуд.
Бемории рақобати мансабӣ танҳо мансуби мардуми мо нест. Баръакс дар арсаи таърихӣ бисёр давлатҳои ҷаҳонӣ маҳз дар натиҷаи авҷ гирифтани чунин рақобат заиф гардида, ниҳоят мулкашон луқмаи давлатҳои пурқуввати давр гардидааст.
Пеш аз забт гардидани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ, дар дохили давлатҳои соҳибихтиёри ин кишвар: аморати Бухоро ва хонигариҳои Қӯқанду Хева низ чунин рақобат дар авҷ буд. Илова бар ин ҷангҳои байнихудии давлатҳои номбурда, махсусан, байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ин сарзаминро ба яке аз гӯшаҳои қафомондаи ҷаҳонӣ табдил дода, онро чун луқмаи хом ба коми Русияи нисбатан пуриқтидор омода карда буд.
Давре, ки мо дар ин китоб таваҷҷӯҳи хонандаро ҷалб карданием маҳз замони ба мустамликаи Русияи подшоҳӣ табдил ёфтани Осиёи Миёна, бунёди тартиботи шӯравӣ дар ин сарзамин ва ниҳоят ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ба тарзи муфассал омӯхтани ин масъалаҳо, махсусан дар шароити имрӯза, барои фаҳмиши нозукиҳои истиқлолияти миллӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ аҳамияти махсус дорад.
Муаллиф кӯшидааст, ки бисёр бобҳоро дар асоси маводҳои тоза ва аз нигоҳи нав ба қалам диҳад. Вале то ҳол оиди на ҳамаи воқеаҳо ба дараҷаи кофӣ чунин маводҳои тоза дастрас гардидаанд. Аз ҷумла оиди дар кишварҳои Туркистон бунёд гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ, ки ба фаъолияти ҳизбҳои эсерҳо, меншевикҳо ва ғайра низ сахт вобастагӣ дорад, ҳанӯз бо нигоҳи тоза ба кадри кофӣ омӯхта нашудааст. Оиди сиѐсати ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро ҳам то ҳоло баъзе норавшаниҳо вуҷуд доранд. Дар чунин ҳолат, мо ба қадри имкон дастовардҳои адабиёти мавҷударо истифода намудем.
Дар тайёр намудани ин асар як қатор ҳамкасбон, ба монанди: академикҳо Р. М. Масов, А. М. Мухторов, докторҳои илмҳои таърих, профессорон: М. Б. Бобохонов, Р. А. Набиева, Ф. Б. Зикриёев, Р. А. Абулҳаев, М. Н. Наимов, Ҳ. П. Пирумшоев, А. М. Мухторов, А. Ш. Розиқзода, С. Р. Раҳимов, Н. С. Сафаров докторҳои илмҳои фалсафа, профессорон Н. Арабзода, Ҳ. Ҳ. Муъминҷонов, номзадҳои илмҳои таърих Ш. С. Саъдиев, А. Н. Ғафуров, Ҳ. Д. Дӯстов, Р. А. Ахмедов, доктори илмҳои педагогӣ Ҳ. Қ. Хоҷаев, номзади илмҳои филологӣ М. О. Солеҳов, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ш. Ҷ. Ҷабборов ва дигарон бо маслиҳатҳои худ ҳиссаи босазое гузоштаанд. Муаллиф ба ҳамаи онҳо миннатдории худро баён мекунад.
Ҳангоми нашри тозаи ин китоб қисме аз таклифи дӯстон ба инобат гирифта шуд. Барои чунин таклифҳои холисона, ба дӯстон, аз ҷумла ба нависандаи номӣ Ӯрун Кӯҳзод ва рӯзноманигори хушқалам Дорои Дӯст миннатдории худро баён менамоям.
Асар бешубҳа ҳоло ҳам аз камбудиҳо орӣ нест, бинобар ин муаллифи ин сатрҳо интизори он аст, ки хонандагони мӯҳтарам фикру андешаҳои судманди хешро барои такмили минбаъдаи он дареғ намедоранд.
Дар охир муаллиф ба онҳое, ки барои нашри ин асар кӯмак расонидаанд, аз таҳти дил ташаккур изҳор менамояд!


Навиштаҳои дигар

Э. Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ... Китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006) н...
Акбар Турсон. Самандар и Зулкарнайн: к историоcофи... Акбар Турсон Жизненная задача всякого — познать строение и форму своего рода, его задачу, закон его роста, критические точки, соотнош...
Таджики и башкиры: страницы истории...     Таджики и башкиры далеко живут друг от друга и по историко-племенному происхождению тоже различны. Таджики происходят от арийских племен и разгова...
Тоҷикон дар шимолу шарқи Қафқоз. ТАРИХИ КЫЗЛАРКАЛА... Нависанда, асосгузори романи қумиқ Абдулҳусайн Иброҳимов, ки ба гуфти худаш аз тоҷикон аст, дар солҳои 1915 – 1916 асари таърихии худ «Таърихи Қиз...

Гузоришҳо: 5

  1. Ҷумлаи нахустини гузориш ислоҳ карда шуд: Чанд саҳифаи китоби дарсии » Таърихи
    халқи тоҷик » — ро хондам.

  2. Ман бо Ансор Ниёзӣ мувофиқам. Дар воқеъ, китоб ба таҳрири сартосарӣ ниёз дорад. Аз ин хотир, аз
    мутолиа боздошта шавад.
    Саъдии Шерозӣ сарсухани » Гулистон » -ро 80 маротиба кор кардааст, баъдан мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Аз ин маълум мешавад, ки Шайх Саъдӣ ба қадри сухан, забон мерасидааст. Кори Саъдӣ таърихнигоронро панд нашудааст. Мумкин гумон кунанд, ки барои таърихнигор донистани грамматика, хосса риояи меъери навишт муҳим нест. Таърихнигори муҳтарам, Шумо бо забон сару кор доред, риояи меъёр барои ҳамаи аҳли илм ҳатмист.

  3. Дар гузориш ҷумлаи «Рушан аст, ки муаллифи китоби дарсӣ пеш аз нашр назари донандаи илми наҳвро нагирифтааст» ин гуна навишта мешуд.

  4. Чанд саҳифаи ки китоби дарсии » Таърихи халқи тоҷик «- ро хондам. Ман дар бораи мазмуни китоб чизе намегӯям. Ман дар бораи забони китоби дарсӣ чанд ҳарф гуфтаниам. Рости гап, забони китоб маро ба ташвиш овард. Қариб аксари ҷумлаҳо аз доираи меъёри услуб берунанд. Ба ибораи дигар, меъёри забони навиштор риоя нашудааст. Метавонам чандин ғалатҳои услубиро барои намуна ин ҷо биёрам. Ғалат — ҳои имлоӣ низ ба чашм мехӯранд.
    Рӯшан аст, ки китоби дарсӣ пеш аз нашр назари донанди илми наҳвро нагирифтааст. Дар сарсухан аз нависандагон Ӯрун Кӯҳзод ва Дорои Дӯст ёд кардааст ва дар вақти таҳияи китоб таклифҳои эшонро ба инобат гирифтааст. Ин хуб аст. Лекин барои риояи забони навиштор, ки хонанда ба иштибоҳ наравад, бояд аз пеши забоншиносони ҳирфаӣ мегузашт. Забони китоб маро қонеъ накард. Бовар надоред, китобро як бор пеши наҳвшиносон баред.

  5. Чанд мушоҳидаи руякии як раҳгузар барои муаллифи китоб:
    1. Китоб саросар хатогиҳои дағали орфографӣ, грамматикӣ ва услубӣ дорад. Баҳри Араб, Туркисгон,
    2. Забони (услуби) китоб на илмист, на таълимӣ, на маълумотӣ. Умуман забони хеле хароб. «Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин», «халқи бечорамондаи тоҷик», «халқи тоҷик мисли замонҳои пеш бадани худро қисман табобат намуд», «Боварии комил дорем, он захмҳо пурра шифо меёбанд, ҷумҳурии харобу абгоргаштаи мо рӯ ба тараққӣ мениҳад… зисту зиндагонии мардуми бечора рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. … миллати тоҷикро минбаъд дар миқёси ҷаҳонӣ на ҳамчун миллати худкушу нашъафурӯш, чуноне, ки ҳамин тавр дар солҳои 90-уми асри ХХ — остонаи асри XXI шиносондаанд, балки чун гузаштагон: илмдӯсту маорифпарвар, меҳнатдӯсту бунёдкор мешиносанд» ва ғ. Ин дар соли 2 0 0 7 !
    3. Муаллиф чун «ҳамкасбон» — аз таърихчиён то файласуфу филологҳо қариб ҳамаи олимони маъруфро номбар кардааст. Чаро қабл аз чоп китобро «ҳамкасбон» аз назар нагузаронидаанд?
    4. Музаффархон — амири фаҳш чун қаҳрамон тасвир шудааст!? Россияи давраи Петри 1, аввали солҳои 60-уми асри XIX подшоҳӣ будааст!? Дар асри XIII Муғулистон будааст!? Забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русия сабаб доштааст!?
    5. Принсипи асосӣ — таърих ин сиёсатест ба гузашта нигаронидашуда дағалона шикаста шуда. Бинобар ин «китоб» маҷмуи ҳарзаҳою хаёлоти илммонанд шудааст.

    Хуб мешуд, ки китоб муваққатан аз мутолиа гирифта таҳрири ҳамаҷониба шавад.

    Бо таманнои ҷиҳоди ғурур,
    Ансор Ниёзӣ

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>