Чанд ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ

Абдуҳамид Тағоев / Июн.1.2014. / Гузориш нест

Jomi
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки 600 сол муқаддам чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст, аз адибон охирин абармардест, ки як бахши рӯзгори адабиву фарҳангии садаҳои миёна бо номи ӯ оғоз ва фарҷом мепазирад. Чунки пас аз садаи понздаҳи исавии хуршедӣ шоиру донишманде ба чунин тавоноӣ ва ҳашамати осор дигар ба майдони ҳунар наомадааст.
Ғазалҳои Ҷомӣ дар барномаи сарояндагони «Шашмақом» ва устодон-классикони ҳунари тоҷик ҷойгоҳе шойиста доранд ва чун муште аз хирвор чанде аз онҳо барои Шумо, хонандагони нуктасанҷ, пешкаш мешавад.

Ғазал

Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро,
Ки вораҳонад ба пиронасар зи мо моро.
Карашмаҳои ғизолони маст мебахшанд
Фароғат аз ду ҷаҳон ошиқони шайдоро.
Чӣ суд панди касон, чун намебарад зи дилам
Ҳавои қадди дилорову рӯйи зеборо.
Шарори синаи Маҷнуну оташи Лайлӣ
Кабоб сохт ҳама оҳувони саҳроро.
Суҷуди хоки раҳат бурданам таманно буд,
Ба хок мебарам имрӯз ин таманноро.
Ба дида сӯйи ту оям, ки аз сари покон
Ба раҳгузори ту ҷо нест бар замин, ёро!
Ҳалоки Ҷомии дилхаста хост он, к-орост
Ба шаклу шева саворони сарвболоро.

Ушшоқи Содирхон бар ин ғазал бунёд ёфтааст

 

Ғазал

Гузашт аз ҳад хурӯшу гиря абри навбаҳоронро,
Куҷо донист, ё раб, доғу дарди дилфигоронро.
Мабор, эй абр, рӯзи гашти он чобуксавор, охир,
Ки дида дар раҳ аст аз дер гаҳ уммедворонро.
Аз ин ишқи ҷигархора чӣ дорам чашми беҳуда,
Ки бардода ба боди нестӣ чун ман ҳазоронро.
Зи ҷоми нимхӯрди ӯ куҷо як ҷуръа, то бинӣ,
Чу аҳди ман шикаста тавбаи парҳезгоронро.
Чунин к-аз бодаи ишрат ба хоби мастиӣ шабҳо,
Чӣ донӣ меҳнати бехобии шабзиндадоронро?!
Сазад, к-аз бекасии чун мани бедӯсте печад,
Шабе, к-ӯ бастаи фитрок бинад шаҳриёронро.
Саманди ноз ҷавлон деҳ ба раҳ, к-ӯ куштаи Ҷомӣ,
Агар зоеъ шавад мӯре, чӣ нуқсон шаҳсаворонро.

 

Ғазал

Боз ҳавои чаманам орзуст,
Ҷилваи сарву суманам орзуст.
Накҳати гулро чӣ кунам, э насим,
Бӯе аз он пираҳанам орзуст.
Тавба зи май кардаму омад баҳор,
Соқии тавбашиканам орзуст.
Ман кияму базми ту, лекин зи дур,
Дидани он анҷуманам орзуст.
Зистанам бе ту муяссар мабод!
Бе ту агар зистанам орзуст!
Беш магӯ, Ҷомӣ, аз он лаб сухан,
К-ин суханон з-он даҳанам орзуст.

 

Ғазал

Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист,
Ашки ман з-ин гуна гулгун аз гули рухсори кист.
Зери девори ту ҳар шаб зор нолам то саҳар,
Бар лаби бом о шабе, к-ин нолаҳои зори кист.
Чашм медоранд халқе дидани рӯят ба хоб,
То худ ин давлат насиби дидаи бедори кист.
Ман намегӯям, ту кардӣ чокҳо дар ҷони ман,
Ҳар ки бинад ҷони ман, донад, ки инҳо кори кист.
Кӯйи ту сад ҷо ба хун оғушта шуд, охир бипурс,
К-ин ҳама аз синаи решу дили афгори кист.
Гаштаам бемор чун чашмат, чӣ бошад гар гаҳе,
Гӯшаи чашм афканӣ сӯям, ки ин бемори кист.
Номи Ҷомӣ тай кун ин мутриб, Худоро, з-ин ғазал,
Тарсам, он маҳ нашнавад, гар донад ин гуфтори кист.

 

Ғазал

Пиронасар кашидам сар дар раҳи сагонат,
Мӯйи сафед кардам ҷорӯби остонат.
Эй аз ҳилоли абру бар офтоби тобон,
Мушкин камон кашида, ман чун кашам камонат.
Кам зан гиреҳ миёнро бар қасди ман, ки тарсам,
Тоби гиреҳ наёрад аз нозукӣ миёнат.
Лаъли ту ҷону ман ҳам дорам рамида ҷоне,
Биншин даме, ки бодо ҷонам фидои ҷонат.
Судам ҷабин ба роҳат, гуфтӣ маҷӯ зиёнам,
Ё раб, Худо бубахшад ҷабре бад-ин зиёнат.
Ман кистам, ки чинам барге зи гулбуни ту,
Кошам халад ба сина хоре зи бӯстонат.
Як бӯса ваъда кардӣ, лаъли лабат замон шуд,
Худ лутф кун, вагарна биншонам аз замонат.
Хай пок кун, Худоро, аз рух, ки шуст моро,
Лавҳи сабурӣ аз дил рухсори хунчаконат.
Дашноме аз забонат бошад муроди Ҷомӣ,
Ё аз забони он кас, к-ӯ гӯяд аз забонат.

Оҳанги Зафар Нозимов

 

Ғазал

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.
Ҳар ки мегӯяд ҳадиси салсабил,
З-он лаби нӯшин киноят мекунад.
Дур аз он лаб ҷони кӣ нолон нест,
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад».
З-он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».
Аз рақибон мекунад паҳлу тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.
Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.
Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ,
Ғамзае ӯро кифоят мекунад.

Оҳанги Боймуҳаммад Ниёзов

 

Ғазал

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд,
Ин пешаи нав муборакат бод.
Фарёди касе намекунӣ гӯш,
Пеши кӣ кунем аз ту фарёд.
Он сӯхта ёфт лаззати ишқ,
К-аз васл нишон надиду ҷон дод.
Бо давлати бандагият ҳастам,
Аз хоҷагии ду олам озод.
Шояд ки туро фаришта хонанд,
К-ин лутф надорад одамизод.
Аз шаккари ҷонфазойи Ширин,
Парвез наёфт завқи Фарҳод.
Мурғи чамани вафост, Ҷомӣ
Дар доми ғаму бало чӣ афтод

Мухаммаси шоири номаълум бар ин ғазал матни
Уфари Содирхон (ё Савти Панҷгоҳи Содирхон) аст

 

Уфари Баёт

Эй даҳонат зи лабу лаб зи даҳон ширинтар,
Ханда ширину сухан гуфтан аз он ширинтар.
Нарасад бо лаби ту лофи сухан тӯтиро,
Гарчи ҳаст аз ҳама ширинсуханон ширинтар.
Дар дили танг лабат ҳам чу шакар ширин аст,
Лек дар дидаи хунобанишон ширинтар.
Килки тасвир, агар худ зи найи қанд бувад,
Сурате аз ту кашидан натавон ширинтар.
Найшакар гарчи зи сар то ба қадам ширин аст,
Нест аз қадди ту, эй сарви равон ширинтар.
Ҷомӣ аз васфи лабат гар бишикебад, чӣ аҷаб,
Нуктае н-ояд аз оташ ба забон ширинтар.

 

Ғазал

Халқе чу гул шукуфтаву хандон ба тарфи боғ,
Мову диле зи ҳаҷри ту чун лола доғ-доғ.
Дар боғ агар на бӯйи ту ёбам ба ҳар гуле,
Оҳе барорам аз дилу оташ занам ба боғ.
Пӯшида дор ғунчасифат пираҳан зи бод,
То бӯйи ӯ чу гул нашавад атри ҳар димоғ.
Ҳоҷат мабар ба хонаи ҳамсоя, эй рафиқ,
К-имшаб шарори синаи ман бас бувад чароғ.
Дар чобукӣ тариқи ту дар зинда некувон,
Лекин хироми кабки дарӣ нест кори зоғ.
Кай соя бар сарам фиканад он ҳумои қудс,
Чун бар кулӯх менанишинад маро калоғ.
Фасли баҳору баста ҷаҳоне ба айш дил,
Ҷомиву дарди ишқу зи айши даҳон фароғ.

Оҳанги Зафар Нозимов

 

Ғазал

Ҳар ҷо ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам,
Ҳаргиз наравам ҷое, к-он ҷо на туро ёбам.
Гар хоб кунам шабҳо, дар хона равам танҳо,
Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам.
Дар базми қадаҳнӯшон, дар чашми вафокӯшон,
Маъшуқа туро донам, ҷонона туро ёбам.
Дар сӯҳбати ҳар ҷамъе, к-афрӯхта шуд шамъе,
Гирди сари ӯ гардон, парвона туро ёбам.
Гар ҷониби майхона оям пайи паймона,
Дар дасти майошомон паймона туро ёбам.
Аз сар бикашам хирқа, дар баҳр шавам ғарқа,
Дар ҳар садафе пинҳон, дурдона, туро ёбам.
Аз худ бигусил, Ҷомӣ, мезан дари гумномӣ,
К-андар тутуқи ишрат бегона туро ёбам.

Оҳанги Зафар Нозимов

 

Ғазал

Нодида рухат умре, савдои ту варзидам,
Фориғ зи ту чун бошам, акнун, ки рухат дидам.
То сохт маро дар дил меҳри рухи ту манзил,
Дил аз ҳама баркандам, меҳр аз ҳама бубридам.
Ҳар ҷо ки бигирам май, бархост навои най,
Дамсоз шудам бо вай, аз шавқи ту болидам.
Ҳар хори ғаме, к-аз дил хоҳам кашам, эй гулрух,
З-он хор кунам сӯзан, к-аз хоки дарат чидам.
Аз заъф шудам мӯе, нагзашт даме бар ман,
К-аз оташи ишқи ту бар хеш напечидам.
Ту Каъбаи мақсудӣ, айбе набувад бар ман,
Гар рӯ ба ту овардам, ё гирди ту гардидам.
Завқе дигар аст анбор, ашъори туро, Ҷомӣ,
Ҳаргиз зи найи килкат ин замзама нашнидам.

Оҳанги Зафар Нозимов

 

Ғазал

Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.
Надорам меҳрубоне, то кунад бар ҳоли ман гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.
Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.
Мадад фармо ба хун, эй дил, чу дар чашмам намонд обе,
Чу хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.
Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.

 

Ғазал

Ҳама як сӯ бувад нодидани он гулбадан як сӯ,
Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватан як сӯ.
Саҳар бар ҷониби гулзор рафтам баҳри гул чидан,
Фиғони булбулон як сӯ бувад, сайри чаман як сӯ.
Ки ҳайфи одамизод аст дар ин умри ду – серӯза,
Ба зери хок меафтад, кафан як сӯву тан як сӯ.
Зи кӯҳи Бесутун ногаҳ садо омад ба гӯши ман,
Ки зарби теша як сӯ, зарби дасти Кӯҳкан як сӯ.
Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар,
Ҳама як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ.

 

Ғазал

Аҷаб матбӯъу мавзунӣ, аҷаб зебову раъноӣ,
Аҷаб шӯхи дилоромӣ, аҷаб моҳи дилороӣ.
Ба ғамза офати ҷонӣ, ба қомат сарви бӯстонӣ,
Ба рух шамъи шабистонӣ, ба лаб лаъли шакархойӣ.
Диле дорам зи ғам пурхун, ғаме дорам зи ҳад берун,
Дареғо, гар ту бар ҳоли мани бедил набахшойӣ.
Аҷал наздик шуд, дур аз туам, охир, чӣ кам гардад,
Агар рӯзе қадам дар пурсиши ман ранҷа фармойӣ.
Лаболаб шуд зи хун бе ҷоми лаълат соғари чашмам,
Лаби ширин чӣ бошад гар ба шаккарханда бикшойӣ.
Қадат, ё раб, чӣ мавзун аст, к-аз рафтори ширинаш,
Қиёмат хезад андар шаҳр, агар ногаҳ бурун ойӣ.
Асоси ишқ маҳкам гашту бунёди хирад вайрон,
Ағисунӣ ахлолӣ ахинунӣ аҳбоӣ.
Дилам бас хилвати торик танг омад, биё ҷонам,
Даруни манзари чашмам нишин як дам, чу биноӣ.
Рав, эй ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон, хуш зӣ,
Раҳо кун, то бимирад Ҷомӣ андар кунҷи танҳоӣ..

 

Ғазал

Аз сабза бар гул хат мефазойӣ,
Дил мефиребӣ, ҷон мерабойӣ.
Ҳар дам чу ойӣ аз дида дар дил,
Худро ба мардум то кай намойӣ.
Шуд умрам охир дар ҷустуҷӯят,
Эй умри рафта, охир, куҷоӣ?
Дур аз ту ҷонам аз тан ҷудо шуд,
Афғон, зи дурӣ, оҳ, аз ҷудоӣ.
Сад шӯъла аз дил, барзад забона,
То бо ғами ту кард ошноӣ.
Шуд равшани ин бар ман, ки бошад,
Дар ошноӣ сад рӯшноӣ.
Ҷомӣ, макун бас аз меҳри хубон,
Чун бо дили худ басменаойӣ.

Оҳанги Боймуҳаммад Ниёзов

 

Ғазал

Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,
Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ?
Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ.
Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ?
Эй фохта, парвозкунон бар сари сарве
Дарди дили мурғони гирифтор чӣ донӣ!
Ҷомӣ, туву беҳушию ҷоми маю мастӣ
Роҳу равиши мардуми ҳушёр чӣ донӣ.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


4 − = 2


error: Content is protected !!