Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-5

shashmaqom-5

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Ироқи Бухоро-2

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Агар ба зулфи ту машшота печутоб диҳад,
Сазад, ки шона ба офоқ мушки ноб диҳад.
Умеди васли ту, мумкин бувад, наметарсам,
Ба теғи ҳаҷр маро ҳар қадар азоб диҳад.
Яқин, ки ҳусну ҷамолат зи меҳру моҳ накуст,
Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
Маҳи ҷабини ту оромгоҳи нуру сафост,
Сафову нур ба хуршеду моҳтоб диҳад.
Ба пирӣ гар зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Ба пирӣ ар зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Карашмаи ту кунад ишқро ба дил бедор,
Ба чашми наргису бодом бӯйи хоб диҳад.
Гирифтам аз лаби ту бӯсае, ба ҳукми хаёл,
Закотро ба фақир соҳиби нисоб диҳад
Агар ба ваъз баройӣ ба вақти субҳи видоъ,
Бурида бод забоне, туро ҷавоб диҳад.
Нигоҳи наргиси мастат зи Васлӣ ҳуш рабуд,
Ба ҳар кӣ вонигарӣ, наргисат шароб диҳад.

Ғазали Саидаҳмади Васлӣ

Қашқарчаи Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Аз ҷустуҷӯят, эй ҷон, ҷонам ба лаб расида,
Во ҳасрато, ки мурдам, рӯйи маҳат надида.
Гоҳи сухан зи лаълат шаҳду шакар бирезад,
Эй кошки бигирам ман аз лабат макида.
То чанд меситезӣ, то чанд мегурезӣ?
Оё бувад, ки гирам аз доманат кашида.
Хуш он шабе, ки ойӣ, банди қабо кушоӣ,
Истодаам ба роҳат, рангам зи рӯ парида.
Матни шеър:
Аз ҷустуҷӯят, эй ҷон, ҷонам ба лаб расида,
Во ҳасрато, ки мурдам рӯйи маҳат надида.
Гоҳи сухан зи лаълат шаҳду шакар бирезад,
Эй кошки, ки гирам ман аз лабат макида.
То чанд меситезӣ, то чанд мегурезӣ?
Оё бувад, ки гирам аз доманат давида.
Эй шоҳи мулки хубӣ, баҳри Худо, тараҳҳум,
Истодаам ба роҳат, рангам зи рӯ парида.
Хуш он шабе, ки ойӣ, банди қабо кушоӣ,
Гирам ба вақти оғӯш аз ғабғабат газида.
Вақте шавад, ки афтӣ танҳо шабе ба дастам?
Доди дилам ситонам, андар бағал кашида!
Авзаҳ шабону рӯзон андар суроғи кӯят
Бар сар калобадастор, кафш аз чакак дарида.

Ғазали Авзаҳ

Қашқарчаи Савти Калон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Калон

То зи рӯйи оташини ӯ ниқоб афтодааст,
Раъшаи ғайрат ба ҷони офтоб афтодааст.
Хун арақ кардаст аз шарми узораш офтоб.
Ё зи рӯяш акс дар ҷоми шароб афтодааст.
Дуздро дунбол рафтан ҷон ба ғорат додан аст,
Дил абас дунболи он холи сиёб афтодааст
Фурсати хоридани сар нест, мижгони маро
То сару корам ба он ошиқниқоб афтодааст
Огаҳ аст аз печутоби ошиқон дар айни васл,
Мавҷаи хушке, ки дар баҳри сароб афтодааст.
Аз дили садпораам ҳар пора дорад нолае,
То маро аз даст минои шароб афтодааст.

Ғазали Соиб

Қашқарчаи Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сарвиноз

Агар ба гулшан зи ноз гардад қади баланди ту ҷилвафармо,
Зи пайкари сарв мавҷи хиҷлат шавад намоён чу май зи мино.
Зи чашми масти ту гар биёбад қабули кайфияти нигоҳе,
Тапад зи мастӣ ба рӯйи оина нақши ҷавҳар чу мавҷи саҳбо.
Рамида аз дида бетааммул, гузаштӣ охир ба сад тағофул,
Агар надидӣ тапидани дил, шуниданӣ дошт нолаи мо.
Ба ҳар куҷо ноз сар барорад, ниёз ҳам по каме надорад,
Туву хиромеву сад тағофул, ману нигоҳеву сад таманно.
Зи ғунчаи ӯ дамид, Бедил, баҳорхатте, назарфиребе,
Ба мӯъҷизи ҳусн гашт охир раги зумуррад зи лаъл пайдо.
Матни шеър:
Агар ба гулшан зи ноз гардад қади баланди ту ҷилвафармо,
Зи пайкари сарв мавҷи хиҷлат шавад намоён чу май зи мино.
Зи чашми мастӣ ту гар биёбад қабули кайфияти нигоҳе,
Тапад зи мастӣ ба рӯйи ойина нақши ҷавҳар чу мавҷи саҳбо.
Ба ҳеч сурат зи даври гардун насиби мо нест сарбаландӣ,
Зи баъди мурдан магар насиме ғубори моро барад ба боло.
На шоми моро саҳар навиде, на субҳи моро дами сафедӣ,
Чу ҳосили мост ноумедӣ, ғубори дунё ба фарқи уқбо.
Расида аз дида бетааммул,гузаштӣ охир ба сад тағофул,
Агар надидӣ тапидани дил, шуниданӣ дошт нолаи мо.
Ба аввалин ҷилваат зи дилҳо рамид сабру гудохт тоқат
Куҷост ойина, то бигирад ғубори ҳайрат дар ин тамошо?
Ба даври паймонаи нигоҳат агар занад лофи майфурӯшӣ,
Нафас ба ранги каманд печад зи мавҷи май дар гулӯи мино.
Ба ҳар куҷо ноз сар барорад, ниёз ҳам пой камӣ надорад,
Туву хиромею сад тағофул, ману нигоҳею сад таманно.
Зи ғунчаи ӯ дамид, Бедил, ғубори хатти назарфиребе,
Ба муъҷизи ҳусн гашт охир раги зумуррад зи лаъл пайдо.

Ғазали Бедил

Қашқарчаи Савти Ушшоқ-2

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Баски дар дил ҳасрати чашми сиёҳаш доштам,
Оҳуе дидам, туфайли ӯ нигоҳаш доштам.
Дар дили шаб рӯ ба меҳнатхонаи ман дошт ғам,
Шӯъла зад оҳам чароғе пеши роҳаш доштам.
Қадри он шабҳо надонистам, ки то маҳ менишаст,
Чашми худ равшан ба рӯйи ҳамчу моҳаш доштам.
Шоми ҳиҷрон бар дили худ раҳм меомад маро,
Гарчи рӯйи худ сиёҳ аз дуди оҳаш доштам.
Умр бигзашту сарам болини осойиш надид,
Солҳо аз зонуи худ такягоҳаш доштам.
Мушфиқӣ, рӯзе, ки бояд чашм пӯшид аз ҷаҳон,
Орзуи дидани шавқи ҷамолаш доштам.
Матни шеър:
Баски дар дил ҳасрати чашми сиёҳаш доштам,
Оҳуе дидам, туфайли ӯ нигоҳаш доштам.
Дар дили шаб рӯ ба меҳнатхонаи ман дошт ғам,
Шуъла зад оҳам чароғе пеши роҳаш доштам.
Қадри он шабҳо надонистам, ки то маҳ менишаст,
Чашми худ равшан ба рӯйи ҳамчу моҳаш доштам.
Зери девораш хуш он рӯзе, ки чашмам мепарид,
Миннати болои ӯ аз барги коҳаш доштам.
Шоми ҳиҷрон бар дили худ раҳм меомад маро,
Гарчи рӯйи худ сиёҳ аз дуди оҳаш доштам.
Умр бигзашту сарам болини осойиш надид,
Солҳо аз зонуи худ такягоҳаш доштам.
Мушфиқӣ, рӯзе, ки бояд чашм пӯшид аз ҷаҳон,
Орзуи дидани чашми сиёҳаш доштам.

Ғазали Мушфиқӣ

Муғулчаи Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Рангомези хаёлам, хона рангин кардаам,
Дурдошоми ғамам, паймона рангин кардаам.
Панҷаи шона наям дар панҷаи занҷири зулф,
Даст рангин, панҷа рангин, шона рангин кардаам.
Барниҳад шояд, ки по бар дида, баҳри мақдамаш
Базм рангин, фарш рангин, хона рангин кардаам.
То кунад қасди шикоре гоҳ-гоҳе дар чаман,
Боғ рангин, об рангин, дона рангин кардаам.
Баҳри тифли орзу, Махфӣ, зи хуноби ҷигар,
Бар дари ҳар хонае афсона рангин кардам.

Ғазали Махфӣ

Муғулчаи Сегоҳ -1

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Оҳ, аз даври фалак як лаҳза бар комам нашуд,
Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд.
Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам,
Ҳеҷ амре мӯҷиби таскини оромам нашуд.
Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо,
Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд.
Баски нӯшидам басе паймонаҳои заҳри ғам,
Аз майи ишрат, вале, як ҷуръа дар ҷомам нашуд.
То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед,
Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд.
Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар,
Як тулӯи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд.
Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш,
Як илоҷи хушкии савдо зи бодомаш нашуд.

Ғазали Туғрал

Муғулчаи Сегоҳ -2

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Тарзи 1
Ҳайф аз он умре, ки сарфи лоларухсоре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ки бо сад печутоб,
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.
Ёр, агар бо ғайр бинӣ ҳамнишин, эй дил, маранҷ,
Ғунчае нашкуфт дар гулшан, ки бе хоре нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.
Тарзи 2
Оҳ аз он умре, ки сарфи лоларухсоре нашуд,
Дод аз он дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи боғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Солҳо хун шуд гиреҳ дар нофи оҳуи Хутан,
Мушки тоторӣ шуд, аммо холи рухсоре нашуд.
Ёр, агар бо муддаӣ шуд ҳамнишин, эй дил, маранҷ,
Ғунчае нашкуфт дар гулшан, ки бе хоре нашуд.
Беҳ нагардад доғи сартопойи барги шохи гул,
Дар назар то ҷилваи товусрафторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.
Матни шеър:
Дур бод аз тан саре, к-оройиши доре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Дар қиёмат сар чӣ сон берун кунад аз ҷайби хок,
Синаи он кас, ки доғи лоларухсоре нашуд.
Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипӯш,
Кӯр беҳ чашме, ки лаззатгири дидоре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ба чандин печутоб,
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.

Ғазали Зебуннисо

Мустазоди Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, аз силсилаи Бухороии Бузрук, Рок

Наргис ба чаман мунтазири чашми сиёҳат,
Бихром ба гулзор,
Гулҳо ҳама тан гӯш ниҳода ба паёмат,
Бинвоз ба гуфтор!
Аз гарди хироми ту, ки шамшоду санавбар
Афрохта қомат,
Бархост бас ошӯб, ки гардам зи хиромат,
Рӯ ҷониби ман ор.
Ҳар ҷо, ки хиромӣ ту аз он пойи ҳиноӣ,
Нақше, ки барафтад,
Гул бишкуфаду сабза дамад, ин чӣ аломат?
Сеҳрест падидор.
Хун гашт дил аз ҳасрати рӯят, чӣ тавон кард
Маҳрум зи рӯят?
Аз субҳи баногӯши туву пардаи шомат,
В-аз лаъли шакарбор.

Мустазоди Исо Махдуми Кӯлобӣ

Насри Сегоҳ

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фурӯд о, ки хона — хонаи туст.
Ба лутфи холу хат аз орифон рабудӣ дил,
Латифаҳое аҷаб зери дому донаи туст.
Дилат ба васли гул, эй булбули чаман, хуш бод,
Ки дар чаман ҳама гулбонги ошиқонаи туст.
Илоҷи заъфи дили мо ба лаб ҳаволат кун,
Ки он муфарреҳи ёқут дар хазонаи туст.
Ба тан муқассирам аз давлати мулозиматат,
Вале хулосаи ҷон хоки остонаи туст.
Ман он наям, ки диҳам нақди дил ба ҳар шӯхе,
Дари хазона ба мӯҳри туву нишонаи туст.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки тавсане чу фалак роми тозиёнаи туст.
Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,
Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст.
Матни шеър:
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фурӯд о, ки хона — хонаи туст.
Ба лутфи холу хат аз орифон рабудӣ дил,
Латифаҳои аҷаб зери дому донаи туст.
Дилат ба васли гул, эй булбули саҳар, хуш бод,
Ки дар чаман ҳама гулбонги ошиқонаи туст.
Илоҷи заъфи дили мо ба лаб ҳаволат кун,
Ки ин муфарреҳи ёқут дар хазонаи туст.
Ба тан муқассирам аз давлати мулозиматат,
Вале хулосаи ҷон хоки остонаи туст.
Ман он наям, ки диҳам нақди дил ба ҳар шӯхе,
Дари хазона ба мӯҳри туву нишонаи туст.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки тавсане чу фалак роми тозиёнаи туст.
Чӣ ҷойи ман, ки билағзад сипеҳри шуъбадабоз,
Аз ин ҳиял, ки дар анбонаи баҳонаи туст.
Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,
Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст.

Ғазали Ҳофиз

Насри Уззол

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор,
В-аз ӯ ба ошиқи мискин хабар дареғ мадор.
Ба шукри он ки шукуфтӣ ба коми бахт, эй гул,
Насими васл зи мурғи саҳар дареғ мадор.
Ҳарифи базми ту будам, чу моҳи нав будӣ,
Кунун ки моҳи тамомӣ, назар дареғ мадор.
Макорими ту ба офоқ мебарад шоир,
Аз ӯ вазифаву зоди сафар дареғ мадор.
Чу зикри хайр талаб мекунӣ, сухан ин аст,
Ки дар баҳои сухан симу зар дареғ мадор.
Ғубори ғам биравад, ҳол беҳ шавад, Ҳофиз,
Ту оби дида аз ин раҳгузар дареғ мадор.
Матни шеър:
Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор,
В-аз ӯ ба ошиқи бедил хабар дареғ мадор.
Ба шукри он ки шукуфтӣ ба коми бахт, эй гул,
Насими васл зи мурғи саҳар дареғ мадор.
Ҳарифи ишқи ту будам, чу моҳи нав будӣ,
Кунун ки моҳи тамомӣ, назар дареғ мадор.
Ҷаҳону ҳар чӣ дар ӯ ҳаст, саҳлу мухтасар аст,
Зи ақли маърифат ин мухтасар дареғ мадор.
Кунун, ки чашмаи қанд аст лаъли нӯшинат,
Сухан бигӯву зи тӯтӣ шакар дареғ мадор.
Макорими ту ба офоқ мебарад шоир,
Аз ӯ вазифаву зоди сафар дареғ мадор. (ФЗТ-1-221)
Чу зикри хайр талаб мекунӣ, сухан ин аст,
Ки дар баҳои сухан симу зар дареғ мадор.
Ғубори ғам биравад, ҳол хуш шавад, Ҳофиз,
Ту оби дида аз як раҳгузар дареғ мадор.

Ғазали Ҳофиз

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.