Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-7


shashmaqom-7

Роҳбари АМ Абдувалӣ Абдурашидов ва сароянда Озода Ашурова

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Таҳрири охирин 05.05.2024


Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан ё фарокашӣ ба кор баранд


Супориши аввалини Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред,
Тарфи доман ба миён барзаданашро нигаред.
Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз,
Ханда бар ҷониби дигар заданашро нигаред.
Шӯхи ман маст шуду соғари май зад ба сарам,
Шӯхию мастию соғар заданашро нигаред.
Чун ба он қомати раъно кунад оҳанги чаман,
Таъна бар сарву санавбар заданашро нигаред.
Мункирон, оҳи ҷаҳонсӯзи Ҳилолӣ бинед!
Ҳар дам оташ ба ҷаҳон дарзаданашро нигаред.

МАТНИ ШЕЪР:
Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред,
Тарфи доман ба миён барзаданашро нигаред.
Хилъати ҳусну камар, таркаши нозаш бинед,
Иқди дастор ба сар барзаданашро нигаред.
Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз,
Ханда бар ҷониби дигар заданашро нигаред.
Шӯхи ман мает шуду соғари май зад ба сарам,
Шӯхию мастию соғар заданашро нигаред.
Ногаҳ он шӯх дарун омаду сар зад ҳамаро,
Маст дар маҷлиси мо сар заданашро нигаред.
Чун бад-он қомати раъно кунад оҳанги чаман,
Таъна бар сарву санавбар заданашро нигаред.
Мункири оҳи ҷаҳонсӯзи Ҳилолӣ машавед,
Ҳар дам оташ ба ҷаҳон дарзаданашро нигаред.

Ғазали Ҳилолӣ

Талқини Баёт

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро,
Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро.
Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро,
Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро.
Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам,
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам,
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
Қасди ҷон кардӣ, ки яъне даст кӯтаҳ кун зи ман,
Ҷон зи каф бигзораму аз даст нагзорам туро.
Гар бурун оранд ҷонамро зи хилватгоҳи дил,
Нест мумкин, ҷони ман, к-аз дил бурун орам туро.
Як-ду рӯзе сабр кун, эй ҷони бар лаб омада,
З-он ки хоҳам дар ҳузури дӯст биспорам туро.
Инчунин, к-аз савти мутриб базми айшат бар садост,
Мушкил огоҳӣ шавад аз нолаи зорам туро.
Гуфтаӣ: «Хоҳам Ҳилолиро ба коми душманон»,
Ин сазои ман, ки бо худ дӯст медорам туро.
***
Ёр-а, дӯст, я-ла-ла лал-ло
Э во яла ла-ла-ло,
Дӯст, я-ла ла-лал-ло,
Я-лал-ло я-лал-ло

МАТНИ ШЕЪР:
Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро,
Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро.
Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам,
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
Қасди ҷон кардӣ, ки яъне даст кӯтаҳ кун зи ман,
Ҷон зи каф бигзораму аз даст нагзорам туро.
Гар бурун оранд ҷонамро зи хилватгоҳи дил,
Нест мумкин, ҷони ман, к-аз дил бурун орам туро.
Як-ду рӯзе сабр кун, эй ҷони бар лаб омада,
З-он ки хоҳам дар ҳузури дӯст биспорам туро.
Инчунин, к-аз савти мутриб базми айшат бар садост,
Мушкил огоҳӣ шавад аз нолаи зорам туро.
Гуфтӣ: «[Ме]хоҳам Ҳилолиро ба коми душманон»,
Ин сазои ман, ки бо худ дӯст медорам туро.

Ғазали Ҳилолӣ

Талқини Муҳайяр

Мақоми Ироқ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъба

Эй сабо, боде, ки дорӣ бар сар, аз ёре бигӯ,
Гар нагӯйӣ бо касе, бо ошиқон боре бигӯ.
Қисса кун дар гӯши мо, гар дигарон маҳрам наянд,
Бо дили пурхуни мо пайғоми дилдоре бигӯ.
Он Масеҳи ишқро донам, ки медонӣ, куҷост,
Бо касе, к-аз ишқ дорад баста зунноре бигӯ.
Бонг барзан ошиқеро, к-ӯ ба гул машғул шуд, 2б
Гӯ, ки шармат бод аз он рух, тарки гулзоре бигӯ.
Эй сабо, хуш омадӣ, чун бозгардӣ сӯйи дӯст,
Ҳоли ман дуздида андар гӯши айёре бигӯ.
Савсане бо сад забон гар ҳоли ман бо ӯ бигуфт,
Ту чу наргис безабон аз чашм асроре бигӯ.
Бо чунон ғайрат, ки ҷон дорад, бигуфтам пеши халқ, 2б
Шамси Табрезӣ бигӯям, гуфт: «Ҷон, оре бигӯ».

МАТНИ ШЕЪР:
Эй сабо, боде, ки дорӣ бар сар, аз ёре бигӯ,
Гар нагӯйӣ бо касе, бо ошиқон боре бигӯ.
Қисса кун дар гӯши мо, гар дигарон маҳрум наянд,
Бо дили пурхуни мо пайғоми дилдоре бигӯ.
Он Масеҳи ҳуснро донам, ки медонӣ, куҷост,
Бо касе, к-аз ишқ дорад баста зунноре бигӯ.
Бонг барзан ошиқеро, к-ӯ ба гул машғул шуд,
Гӯ, ки шармат бод аз он рух, тарки гулзоре бигӯ.
Эй сабо, хуш омадӣ, чун бозгардӣ сӯйи дӯст,
Ҳоли ман дуздида андар гӯши айёре бигӯ.
Савсане бо сад забон гар ҳоли ман бо ӯ бигуфт,
Ту чу наргис безабон аз чашм асроре бигӯ.
Бо чунон ғайрат, ки ҷон дорад, бигуфтам пеши халқ,
Шамси Табрезӣ бигӯям, гуфт: «Ҷон, оре бигӯ».

Ғазали Ҷалолиддини Балхӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Академияи Мақом. Талқини Муҳайяр.mp3

Талқини Уззол

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Соқиё, ҳамчун гули раъно дар айёми баҳор,
Ҷоми зар аз бодаи гулгун даме холӣ мадор.
Ҳаст дуде з-оташи сӯзанда қад афрохта.
Бе ниҳоли қоматат сарви сиҳӣ дар лолазор.
Ғунча хунолуди пайконе бувад бигрифта ранг,
Дида то лаъл аз даҳонат дар чаман, эй гулъузор.
Лола дар ҳован чӣ ҳоҷат мушк сояд чун сабо,
Мевазад дар гулситон аз хоки поят мушк бор.
Бар канори рӯдҳо, дар сояҳои бедгул,
Моҳиёнро ранги гул дар об бинӣ сад ҳазор.
Бар канори ҷӯ чу ханҷарҳои савсан ранг ёфт,
Бод сояд обро сӯҳонсифат дар ҷӯйбор.
Аз даруни байза тӯтибаччаҳо сар мекашанд,
Меваҳои сабз чун гашт аз шукуфа ошкор.
Боғ дебои мулавван аз гулу аз сабза сохт,
Сабза аз гулшан чароғони сипеҳри зарнигор.
***
Ёри вафодор, ҳайрони ту ман!
Мунису ғамхор, қурбони ту ман!

Ғазали Восифӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Академияи Мақом. Талқини Уззол.mp3

Талқини Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Ушшоқ)

Дӯш он маҳ бо лаби ҷӯ бо қади дилҷӯ гузашт,
Ҷӯ зи гулшан, гулшан аз гул, гул зи рангу бӯ гузашт.
Нори бӯстонро зи шарми он қади гулгуни ёр
Ҷома аз тан, тан зи бистар, бистар аз паҳлу гузашт.
Гулрухонро дар ҳавои пистаи хандони ӯ
Дил зи ханда, ханда аз лаб, лаб зи гуфтугӯ гузашт.
Дурии роҳи ту чун фаҳмид мурғи номабар,
Нома аз пар, пар зи шаҳпар, шаҳпар аз бозу гузашт.
Дӯш дар базми ҳарифон даст афшондӣ ба ноз,
Даф зи мутриб, мутриб аз най, най зи ҳову ҳӯ гузашт.
Дид чун машшота ҳусну зебу орои туро,
Ғоза аз каф, каф зи шона, шона аз гесу гузашт.
Маҳвашеро то Ҳусайнӣ хост бинад ҷилвагар,
По зи ҷунбиш, ҷунбиш аз дил, дил зи ҷустуҷӯ гузашт.
Маҳвашеро то Ҳусайнӣ хост бинад ҷилвагар,
По зи ҷунбиш, ҷунбиш аз дил, дил зи ҷустуҷӯ гузашт.

Ғазали Ҳусайнӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Академияи Мақом. Талқини Ушшоқ.mp3

Талқини Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Ҳар кӣ бошад ошиқи ҷонон пардозад ба ҷон,
Ҳар кӣ бошад толиби гавҳар, наяндешад зи об.
Ҳар кӣ бошад ошиқи ҷонон пардозад ба ҷон,
Ҳар кӣ бошад толиби гавҳар, наяндешад зи об.
Гӯши ман сӯйи самоу ҳуши ман сӯйи сабӯ,
Чашми ман сӯйи нигору дасти ман сӯйи шароб.
Зору нолонам чу булбул, дида пурхуни тазарв,
То нафирам кард он кабки дарӣ бонги ғуроб.
Наргисе дорад сиёҳу савсане дорад сафед,
Лолае дорад латифу сунбуле дорад ба тоб. 2б
Сунбули чанбарниҳоду наргиси ханҷаргузор,
Лолаи шаккарфишону савсани анбарниқоб.

Ғазали Абдулвосеи Ҷабалӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мастона Эргашева. Талқини Чоргоҳ.mp3

Талқинчаи Ироқ (Талқинчаи Ироқи Бухоро)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), Ироқи Бухоро

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо, 2б
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо. 2б
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо. 2б
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо. 2б
[Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор, арза деҳ бари ҷонон паёми мо.]
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад ки мурғи васл кунад қасди доми мо. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози саҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор, арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зи ёд ба амдан чӣ мебарӣ,
Худ ояд он ки ёд наёрӣ зи номи мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост,
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад ки мурғи васл кунад қасди доми мо.
Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол,
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қивоми мо.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҳанифа Мавлонова. Талқинчаи Ироқ.mp3

Талқинчаи Ироқи Бухоро (2)

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Ҷонро ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй маҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис.
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто, бирав, Камол, ки вақти закот нест.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

Талқинчаи Ироқи Бухоро (3)

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро,
Соқӣ, биёр он ҷоми май, мутриб, навоз ин созро.
Имшаб, ки базми ошиқон, аз шамъи рӯят равшан аст,
Оҳиста, то навбат бувад дилдори шоҳидбозро.
Дӯшина май хӯрдӣ магар, чашмат гувоҳӣ медиҳад,
Май бо ҳарифе хӯрд, к-ӯ пӯшида дорад розро.
Рӯйи хушу овози хуш, доранд ҳар як лаззате,
Бингар, чӣ хуш лаззат бувад маҳбуби хушовозро.
Саъдӣ, ту мурғи зиракӣ, ҷонат ба дом овардаанд,
Мушкил ба дом орад касе монанди ту шаҳбозро.

МАТНИ ШЕЪР:
Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро,
Соқӣ, биёр он ҷоми май, мутриб, бизан он созро.
Имшаб, ки базми орифон аз шамъи рӯят равшан аст,
Оҳиста, то набвад хабар риндони шоҳидбозро.
Дӯш, эй писар, май хӯрдаӣ, чашмат гувоҳӣ медиҳад,
Боре ҳарифе ҷӯ, ки ӯ мастур дорад розро.
Рӯйи хушу овози хуш, доранд ҳар як лаззате,
Бингар, ки лаззат чун бувад маҳбуби хушовозро.
Чашмони турку абрувон дилро ба новак мезананд,
Ё Раб, кӣ додаст ин камон он турки тирандозро?!
Шӯру ғами ишқаш чунин ҳайф аст пинҳон доштан,
Дар гӯши най рамзе бигӯ, то баркашад овозро.
Шероз пурғавғо шудаст аз фитнаи чашми хушат,
Тарсам, ки ошӯби хушат барҳам занад Шерозро.
Ман мурғаке парбастаам, з-он дар қафас биншастаам,
Гар з-он ки бишкастӣ қафас, бинмудаме парвозро.
Саъдӣ, ту мурғи зиракӣ, хубат ба дом овардаам,
Мушкил ба даст орад касе монанди ту шаҳбозро.

Ғазали Саъдӣ

Талқинчаи Мустазоди Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (Мустазоди Наво)

Гуфтӣ ба мо, ки он гули рухсор нозук аст,
Сар то ба пойи нахли қади ёр нозук аст,
Ҳарчанд гуфтугӯйи ту бисёр нозук аст,
«Кам гӯ сухан, ки хотири дилдор нозук аст,
Бори гуҳар намекашад, ин тор нозук аст».

Мутриб, садои нағмаи дерин чӣ медиҳӣ?
Таклифи ман ба боғу раёҳин чӣ медиҳӣ?
Ҳар дам навиди лолаву насрин чӣ медиҳӣ?
«Соқӣ, ту май ба ҷоми булурин чӣ медиҳӣ?
Аз гул пиёла соз, лаби ёр нозук аст!»

Мухаммаси Мулҳам бар ғазали Рофеъ

Талқинчаи Наврӯзи Сабо
(Талқини Сабо)

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Рӯзе, ки фироқ аз ту дурам созад,
Аз ҳаҷри рухи ту носабурам созад.
Гар дида ба сӯйи дигаре бикшоям,
Қанди намаки ҳусни ту кӯрам созад.

Ман бандаи он касам, ки шавқе дорад,
Бар гардани худ зи ишқ тавқе дорад.
Ту лаззати ишқу ошиқӣ кай донӣ?
Ин бода касе хӯрад, ки шавқе дорад.

?Рубоиёти Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Берта Давидова. Талқинчаи Наврӯзи Сабо.mp3

2. Академияи мақом. Талқинчаи Наврӯзи Сабо.mp3

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.