Китобҳо
Ахтарони адаб
Таҳрири охирин 25.03.2024
«Осори 50-ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик, ки аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр хоҳад расид, дар тарғиби адабиёти ғании мо бояд саҳми шойиста бигирад», — гуфтааст Сарвари кишвар
Бояд гуфт, ки иқдом дар таърихи фарҳангии мардуми тоҷик рӯйдоди беназир ва фаромӯшношуданӣ аст. Нашри ин асарҳо аз соли 2007 оғоз гардида, то имрӯз бештари онҳо ба чоп расиданд. Дар ин саҳифа, он чӣ аз ин китобҳо ба рехти электронӣ дарёфт намудаем, ба шумо, хонандагони фарҳангдӯст, пешкаш менамоем.
Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ганҷинаи бегазанд
Дар ҷаҳони фарҳангу тамаддун ҳар миллату халқиятро ба воситаи адабиёту фарҳанги он мешиносанд ва қадр мекунанд. Башарият аз замонҳои қадим то ба имрӯз шоҳиди пешравию шукуфоии тамаддунҳову фарҳангҳои гуногуне будааст, ки дар ин миён тамаддуни пешрафтаи мардуми форсизабон мақому манзалати сазовори ситойиш дорад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки гузаштагони ояндабину дурандеши мо ҳамеша ба адабу фарҳанг ҳамчун зарурати муҳимми зиндагии инсонӣ таваҷҷуҳи бештаре доштаанд ва дар ин арса бо мардумони фарҳангпарвару адабдӯсти замони худ паҳлу ба паҳлу будаанд. Асарҳои баландпояи ниёгонамон, ки ифодагари идеалҳои олии инсоният мебошад, барои мо, ворисони сипосгузор, мояи ифтихор буда, дар айни замон ба зиммаи мо масъулияти бузурги қадршиносию ҳифзи ин сарвати бузурги маънавиро мегузорад.
Адабиёти беш аз даҳасраи мо, ки як шохаи фарҳанги пояндаву пойдори мост, аз осори қадими мардуми тоҷик ҳамчун «Авасто», «Дарахти Асурик», «Корномаи Ардашер», «Панднома»-ҳо сарчашма мегирад ва чун дарахти азими пурборе ба мо расидаасту манбаи илҳому дониши фарҳангдӯстону адабпарварон қарор гирифта, аз файзу баракати худ шодком мегардонад.
Ба бахти миллати мо дар асри IX шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ба сари қудрат омаданд ва бо омехтани фарҳанги гузаштагону навҷӯйиҳои адибони замони худ бо фарҳангу тамаддуни исломӣ забону адабиёти наверо ба майдон оварданд, ки сабаби бақои миллати тоҷик гашт. Дар ин давра дар шакли комил адабиёте ба вуҷуд омад, ки дар садаҳои баъдӣ тамоми мардумони ҳамсояро, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон зиндагӣ мекарданд, зери таъсири худ қарор дод ва боиси ба вуҷуд омадани адабиёти онҳо гашт, ки ин ҷойи сарафрозии мост.
Ташаккул ва тараққии ин адабиёт ба номи сулолаи Сомониён (875-999) марбут мебошад. Аввалин шоирони форсигӯ ба замони ҳукуматҳои тоҷикии Тоҳириён (821-873) ва Саффориён (873-901) сар боло карда бошанд, амирони фарҳангдӯсти Сомонӣ буданд, ки барои рушду нумуи иҷтимоию иқтисодии давлати худ, бо заҳмату фидокориҳо омодагӣ нишон доданд. Таҳаввулоти адабиву фарҳангии замони Сомониён як адабиёти оламшумулеро бо сарварии устод Рӯдакӣ ба миён овард, ки фурӯғи ҷовидони он то рӯзҳои мо нурпошӣ мекунад. Ба шеъру шоирӣ ғайр аз шоирону олимони касбӣ вазирон, амирзодаҳо, соҳибмансабон низ машғул мешуданд. Бузургтарин шоирону намояндагони адабу фарҳанги асри Х, ки дарбори шоҳони Сомониро нуру зиё мебахшиданд, Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Имораи Марвазӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ, Мантиқии Розӣ, Абутайиби Мусъабӣ, Шокири Бухороӣ, Кисоӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Дақиқӣ, Хусравонӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Абдулфатҳи Бустӣ, Қамарии Бустӣ, Қамарии Ҷурҷонӣ, Робиаи Қаздорӣ будаанд, ки осори то имрӯз расидаи онҳо аз табъи баланди шоириашон шаҳодат дода, намунаи беҳтарини шеъру ҳунари адабӣ мебошанд.
Дар аҳди Сомониён адабиёт бо анвои шеърии маснавӣ, қасида, қитъа, рубоӣ, мусаммат, ғазал ороста гардид.
Дурахшонтарин чеҳраи адабиву фарҳангии ин даврон, ки бо эҷодиёташ таъсири амиқе ба адабиёти асрҳои баъдӣ гузошт, роҳи асосии инкишофи ин адабиётро муайян сохт, ҳамон тавре ки сарчашмаҳои адабӣ зикр кардаанд, Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ буд, ки соли оянда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО дар кишварҳои ҷаҳон 1150-солагии зодрӯзаш ҷашн гирифта мешавад. Хидмати устод Рӯдакӣ дар поягузории ин адабиёти оламшумул беназир аст, ки тамоми сарчашмаҳо ва адибони баъдӣ онро таъкид кардаанд. Дар манбаъҳои адабӣ осори ӯро хеле зиёд нишон додаанд, вале аз он то имрӯз дар ҳудуди беш аз 1100 байт боқӣ мондааст. Ҳамин ашъори боқимонда нишон медиҳад, ки ӯ шоири тавоно ва забардаст, сарояндаи ахлоқи неки инсонӣ, тарғибгари илму дониш ва эҳсоси ватандӯстӣ будааст. Беҳуда нест, ки ӯро сардафтари адабиёти форсизабонони ҷаҳон хондаанд. Дар осори ӯ мо тамоми навъҳои адабии имрӯзаро мебинем. Содагии забон, кам истифода шудани калимаҳои арабӣ хоси услуб ё сабке мебошад, ки бо номи сабки Рӯдакӣ машҳур аст.
Асри Х-ро метавон давраи тиллоии адабиёту фарҳанги тоҷикон номид. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти илмӣ ва адабӣ асарҳои бузурги ҷовидонӣ офарида шуданд. Таълифи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»-и Абуалии Балъамӣ, тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», китобҳои «Ҳудудулолам», «Ҳидоятулмутааллимин», асарҳои тиббиву фалсафии Ибни Сино, асарҳои Абурайҳони Берунӣ, ки аз инкишофи босуръати илму фарҳанг гувоҳӣ медиҳанд, нишонаи ҳаёти осуда ва сиёсати бохирадонаи Сомониён мебошад.
Дар асрҳои баъдӣ ин адабиёт аз ҳавзаҳои Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон фаротар рафта, ба Қафқозу Осиёи Хурд, нимҷазираи Ҳиндустону Ироқ доман паҳн кард.
Вале, мутаассифона, дар асари тохтутозҳо ва забткориҳои бегонагон миқдори зиёди ин осори гаронбаҳо аз байн рафт. Бо вуҷуди ин андешамандон ва муҳаққиқони дақиқназар аз ҳамон ибтидои ташаккули адабиёт ба забони тоҷикӣ ба нақду баррасии асрору омилҳои рушди он пардохтанд. Дар тӯли асрҳо муаллифони тазкираву рисолаҳои адабиётшиносӣ, амсоли «Тарҷумонулбалоға»-ву «Алмуъҷам», «Лубобулалбоб»-у «Намунаи адабиёти тоҷик» ба заҳмат ва саъю кӯшиши гарон осори нависандагон ва донишмандонро дона-дона ҷамъоварӣ карда, андеша ва назари худро дар бораи осори онҳо баён намуданд.
Ба тавассути заҳмат ва хидмати чунин шахсони ҷонфидои миллат ному осори аксари бузургонамон то замони мо расидааст.
Пас аз интишори нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои аврупоӣ дар Шарқ, аз ҷумла Эрон ва Осиёи Миёна шарқшиносони ғарбӣ ба мутолиа ва тадқиқи осори бостон ва асрҳои миёнаи халқи мо низ пардохтанд ва дар таҳқиқи таърих, забон ва адабиёти ин кишварҳо хидмати муҳим анҷом доданд. Донишмандони бузург, аз ҷумла Ҳ. Бартоломе, Ҳ. Эте, П. Ҳорн, Т. Нёлдеке, Э. Браун, С. Сайкс, Р. Николсон, А. Арберӣ, А. Кристенсен, Р. Фрай, Ян Рипка, Иржи Бечка, В. Кубичкова ва дигарон дар ин амр саҳми хеле муфид гузоштанд.
Дар садаи ХХ олимони рус барои баррасӣ ва муаррифии адабиёти форс-тоҷик хизмати шоён карданд. Махсусан, асарҳои В. В. Бартолд, А. Н. Кримский, Е. Э. Бертелс, А. Н. Болдирев, М. Н. Усмонов, И. С. Брагинский ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар таҳқиқи осори устод Рӯдакӣ низ хидмати арзанда маҳсуб мешавад.
Дар замони шӯравӣ бо роҳбарии устод Айнӣ як зумра муҳаққиқони адабиёт тарбия ёфта, тадқиқоти илмиро пеш бурданд.
Дар асари саъю талоши онҳо теъдоди зиёди китобҳои арзишманди гузашта, чун осори устод Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо адибони дигар ба алифбои муосири тоҷикӣ баргардонида шуда, садҳо рисолаву китобҳо дар бораи забон ва адабиёти гузаштаву нави тоҷик ва намояндагони барҷастаи он таълиф гардиданд. Аммо, бо вуҷуди арзишу аҳамияти мусаллами ин корҳо садҳо дафтару девон ва даҳҳо рисолаи илмиву бадеӣ аз назари хонандагон дур мондаанд ва садҳо адибону шоирони гузаштаи мо ҳанӯз ҳам интизори муҳаққиқони хешанд.
Аз ҷониби дигар, дар даврони шӯравӣ нашр ва таҳқиқи осори динӣ ва ирфону тасаввуф маҳдуд буд.
Бинобар ин муҳаққиқон аз баррасии чунин осор бештар сарфи назар мекарданд. Бо фаро расидани даврони Истиқлол ин маҳдудияту мамониатҳо аз байн рафтанд.
Бидуни шак, чоп ва дар дастраси муҳаққиқону мардум гузоштани онҳо барои дарки масъалаҳои худшиносӣ ва боло рафтани он мусоидат хоҳад кард.
Дар миёни анбуҳи мероси гузаштагони мо, чи наср ва чи назм афкори ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва истиқлолталабиву озодихоҳӣ фароҳам омадааст, ки имрӯз аз онҳо барои устувории давлати соҳибистиқлол ва ташаккули тафаккуру идеалҳои миллӣ ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки имрӯз дар назди адабиётшиносии тоҷик қарор дорад, таҳияи китоби ҷомеъ ва академии таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Таърихи адабиёти мо муфассал ва ба дараҷаи баланди илмӣ бояд таълиф шавад.
Яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки дар таърихи адабиёти мо вуҷуд дорад ва бояд бо ниҳояти диққат ва назокат ҳал шавад, масъалаи саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигаҳ доштан ва парвариши забону адабиёти форс-тоҷик аст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор барҳақ сарвати миллии тамоми форсизабонон аст.
Зеро имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки мутобиқи онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забони форсии дариро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд. Далелҳои илмие низ мавҷуданд, ки ҳанӯз 100 сол аз тасарруфи араб нагузашта буд, ки аввалин қиёмҳои сиёсӣ ба муқобили ҳукумати неруманди араб дар ҳамин сарзаминҳо оғоз гардидаанд ва саранҷом мардоне чун Абумуслим ва Яъқуби Лайс ва Исмоили Сомонӣ нахустин давлатҳои маҳаллиро аз қабили Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар ҳамин ҳавза барпо кардаанд. Гузашта аз ин, заминаҳои миллӣ ва пояҳои фарҳангии ин забон дар ин диёр чунон қавӣ буд, ки нахустин шеърҳо ба забони форсии дарӣ дар ҳамин ҷо пайдо шуданд ва нахустин шоирон, аз ҷумла қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамосасаройи беназири ҷаҳон Абулқосими Фирдавсӣ аз ин диёр бархостанд ва аввалин осори илмӣ ва тарҷумаҳо ҳам дар ҳамин ҷо ба вуҷуд омаданд. Ин нуктаро олимони бузурги Эрон низ тасдиқ кардаанд.
Адабиёти ғанӣ, пурмуҳтаво ва беш аз ҳазорсолаи мо барои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ вазифаи муҳимро метавонад иҷро кунад. Ва пеш аз ҳама худи моро бо таърихи пурифтихорамон шинос намуда, саҳми адибонамонро дар инкишофи тамаддуни башарӣ нишон медиҳад.
Ин осори гаронбаҳо дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосе дошта, барои пешрафти фарҳангу маънавиёти халқҳои дигари олам хизмати шойиста намудааст. Аз «Авасто»-ву пандномаҳои паҳлавӣ шурӯъ карда, то ашъори Рӯдакиву «Шоҳнома»-и Фирдавсиву «Гулистон»-и
Саъдӣ, рубоиёти Умари Хайёму қасидаҳои Носири Хусрав, ғазалиёти Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхиву «Хамса»-и Низомӣ, маснавиҳои Аттору «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, осори Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва садҳо асарҳои дигар ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва нашр шудаанд.
Ин мероси пурбаҳои адабӣ имрӯз барои кишвари соҳибистиқлоли мо, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодааст, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав тарбияи инсони худшиносу худогоҳ, дорои ахлоқи неку маънавиёти баландро тақозо менамояд. Осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд.
Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиш ва таҳияву нашри осори адабии ниёгон аз вазифаҳои муҳимми аҳли илму адаб ба шумор меравад.
Устод Садриддин Айнӣ бо асари маъруфи «Намунаи адабиёти тоҷик» марҳалаи наверо дар тадқиқи мероси адабии мардуми тоҷик оғоз намуда, муҳаққиқонро ба омӯзиши осори гаронбаҳои гузаштагон роҳнамойӣ карда буд. Ӯ дар бораи аҳволу осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Восифӣ, Бедил, Аҳмади Дониш таҳқиқоти пурарзиш анҷом дода, бо кашфиёту бозёфтҳои илмиаш адабиётшиносии тоҷикро ғанӣ гардонид.
Кори устод Айниро олимону матншиносони варзидаи тоҷик идома доданд ва дар нашри осори адабӣ намунаҳои хуб ва таҷрибаи кофӣ низ ба даст омадааст.
Мероси адабии мардуми тоҷик ҳоло дар марказҳои илмии кишварҳои гуногуни олам, амсоли Русия, Амрико, Англия, Франсия, Олмон, Чехия, Ҳоланд, Австрия, Ҳиндустон, Покистон, Япония, Чин низ тадқиқ мешавад. Вале марказҳои асосии таҳқиқ муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки ин марказҳо дар тадқиқи осори адибони классик ва муосир, хусусан, таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси бузургмардони адаб, пайваста саъй намоянд. Зеро мероси ниҳоят пурбаракати адабии мо чунон зиёд аст, ки танҳо теъдоди шуарои соҳибдевон беш аз панҷ ҳазор мебошад. Осори насри бадеии мо низ дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳон ҷойгоҳи хос дорад.
Имрӯз мардуми дунё моро ба шарофати адибони машҳур ва олимони ҷаҳониамон мешиносанд. Таҷлили ҷашнҳои адибону олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ далели раднопазири ин суханҳост. Чунончи, бо қарори ЮНЕСКО имсол 800–солагии Мавлавии Балхӣ ва соли оянда 1150–солагии поягузори адабиёти форс-тоҷик Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо тантана таҷлил хоҳад гашт. Ба ин муносибат дар саросари кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон тадбирҳои муфиду мушаххас андешида мешаванд.
Ба мақсади дар хидмати насли замони истиқлол вогузор кардани осори ниёгони бузургамон мо тасмим гирифтем, ки осори беҳтарин ва арзишмандтарини онҳоро зери унвони «Ахтарони адаб» чун ганҷинаи бегазанд ва манбаи саршори панду ҳикмат ба хонандаи тоҷик ва ниёзмандони дигар пешкаш намоем. Ин кори хайр дар роҳи зинда нигоҳ доштану ба ҳаводорони адабиёти асил дастрас намудани шоҳкорҳои адабиамон амрест зарурӣ ва саривақтӣ.
Дастраси мардум намудани осори беҳтарини адибони гузашта ва муосир вазифаи муҳимми матншиносону муҳаққиқон ба шумор меравад. Дар ин кори муҳим низ ховаршиносони аврупоӣ хидмати шойиста анҷом додаанд. Анкетил Дюперони фаронсавӣ тамоми умри худро ба ҷамъоварӣ ва тарҷумаву нашри «Авасто» бахшид, ховаршиноси дигари фаронсавӣ Жул Мол чил соли ҳаёташро ба таҳияи матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ сарф намуд. Садҳо ховаршиносони аврупоӣ дар таҳияву тарҷума ва нашри осори адибони маъруфи тоҷик саҳми калон гузоштанд.
Аз олимони Эрон Саид Нафисӣ, Забеҳуллоҳ Сафо, Муҳаммад Муин, аз Афғонистон Халилуллоҳ Халилӣ ва дигарон дар ин самт хидмати хеле заҳматталабро анҷом доданд.
Осори адабии ниёгон дар Тоҷикистон низ бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ дар замони шӯравӣ ба табъ расида буд.
Вале қисме аз онҳо ноқис буданд ва ё бинобар маҳдудиятҳои идеологӣ қисме аз осори гаронбаҳо ба табъ нарасидааст. Имрӯз хонандаи тоҷик имкон дорад, ки озодона бо осори ғании ниёгон ошно шавад ва аз ганҷинаи беинтиҳои хиради миллатамон баҳравар гардад.
Як қисми асарҳои мазкурро осори маорифпарварон ва адибони асри XIX-XX ташкил медиҳад. Маорифпарварони мо таҳти сарварии Аҳмад махдуми Дониш барои аз хоби ғафлат бедор кардани мардуми тоҷик ва халқҳои дигари Осиёи Миёна кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Онҳо ҷидду ҷаҳд доштанд, ки мардум аз таассуб ва хурофот озод гардад, ислоҳоти куллӣ дар соҳаи давлатдорӣ, саноат, иқтисод, маориф гузаронда шавад. Ҷомеае бунёд гардад, ки бар пояи адолату хирад ва истиқлолу маърифат устувор бошад.
Мероси адабии гузаштаи мо на танҳо барои мардуми тоҷик ва эронӣ, ки вориси ҳақиқӣ ва шойистаи он мебошанд, балки барои ҳамаи ҷаҳониён низ судманд аст. Аз ин рӯ, муҳаққиқону мутарҷимони моро зарур аст, ки дар шинохти арзишҳои волои ин мероси гаронбаҳо ва дастраси мардумони кишварҳои гуногуни олам кардани он саҳмгузор бошанд.
Маорифпарварӣ ҷараёни фикрию адабие буд, ки таассубро қабул надошт. Намояндагони он мехостанд илму маърифат, муносибатҳои нави иҷтимоӣ ба вуҷуд оянд.
Онҳо мехостанд ҷомеа аз илмҳои дунявӣ баҳравар шуда, кишвари мо ба роҳи тараққиву тамаддун ва таовун ворид гардад.
Барои афкори маорифпарварӣ шиносоӣ бо мамлакатҳои мутамаддини Аврупо, хусусан Русия такони муҳим шуд. Адибони пешқадами давр қалами худро ба танқиди низоми карахтшудаи аморати манғития, тарзи асримиёнагии таълим, таассуби динӣ равона мекарданд. Адибони маорифпарвар таълиму тадриси мадрасаҳои Бухороро танқид менамуданд, таълиму тадрис, пешрафти илму маорифро асоси рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳисоб мекарданд, омӯзиши илмҳои дунявиро тарғиб менамуданд.
Намояндагони адабиёти маорифпарварӣ ба тарғиби илму дониш, кушодани мактабу синфхонаҳои нав, таълифи китобҳои дарсӣ, таъсиси рӯзномаву маҷаллаҳои нав машғул шуданд.
Шеърҳо ва осори насрии онҳо дар тағйири тафаккури иҷтимоии миллӣ хидмати шоёни қадр буда, моҳияти амиқи иҷтимоӣ дорад.
Адибони тоҷик бештар ба дастовардҳои эстетикии адабиёти русию аврупоӣ ва дигар халқҳои пешқадам ошно шуда, дар заминаи адабиёти классикӣ ва шифоҳии мардумамон адабиёти навини моро офариданд.
Наср дар адабиёти классикии форс-тоҷик аз ҷиҳати шаклу мазмун гуногун буда, баъди инқилоб дар адабиёт мақоми хоса пайдо кард, ба қувваи амалии иҷтимоиву эстетикии муҳимме табдил ёфт. Инкишофи насри тоҷик аз повесту романҳои С. Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда» шуруъ шуд.
Тафаккури эпикии халқ дар адабиёти мо ба дараҷаи баланд тараққӣ карда, як силсила ҷангномаҳо, қиссаҳои ишқии маишӣ, асарҳои нав, ки дар пайвандгоҳи адабиёти китобиву лафзӣ қарор доштанд, навишта мешуд.
Замони бедории инқилобии омма, замони дигаргунсозиҳои бузурги иҷтимоӣ боиси ба вуҷуд омадани асарҳои бузургҳаҷми нав гардид. Романи «Ғуломон»-и устод Айнӣ зиндагии халқро беш аз сад сол фаро гирифт, он дар адабиёти Мовароуннаҳру Шарқи наздик биниши нави адабию эстетикӣ овард.
Адабиёти тоҷик дар замони нав ба мазмуни ҳаёти нав бештар таваҷҷуҳ намуд. Он дар солҳои бистуму сиюми асри бистум сифатҳои беҳтарини зебоиписандӣ гирифта, маҷрои тоза касб кард. Бузургони шеъри оламшумули форсии тоҷикӣ (дарӣ) бо тасвири ҳиссиётангезу ҳаяҷономез моҳияти рӯйдодҳоро кушода, дар мавзуъҳои ватанпарастӣ, садоқат, боварӣ ба ғалабаи некӣ бар бадӣ, ишқи поку эҳтироми самимона ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ асарҳои сазовори замон офариданд. Адибони давраи шӯравии мо махсусан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хидмати ватанпарваронаро иҷро карданд.
Адибони муосири тоҷик дар асарҳои худ ҳанӯз дар даҳсолаҳои ахири асри бистум мушкилиҳо ва тазодҳои ҷомеаро дарк намуда, тавассути офаридани симои бадеии шахсиятҳои хирадманд ва андешапарвару ояндабин руҳи замони навро тасвир мекарданд. Адабиёти давраи соҳибистиқлолӣ низ тазоду душвориҳои ин даврро инъикос мекард. Ҷанги шаҳрвандӣ барои муайян кардани мавқеи адибон ва асарҳои ба созандагӣ ва сулҳу ваҳдат даъваткунанда санҷиши ҷиддӣ гардид. Хушбахтона, аксари адибони мо аз мавқеи солими ватандӯстона ва давлатдории миллӣ, сулҳи комилу пойдор асар эҷод карда, адабиёти ин давраро ғанӣ гардонданд.
Адабиёт оинаи зиндагии ҳар халқ, ифодагари орзую омол, фикру андеша, ахлоқу ҳунари ӯст. Вале дар айни замон адабиёт инъикоскунандаи андешаҳои умумибашарӣ, инсонпарварона ва созанда мебошад.
Вақте аз осори устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ сар карда то адибони муосир мурур мекунем, қудрати сухан, эъҷози каломи баландпарвоз, ки ба дили инсон қувва ва руҳи тоза мебахшад, баръалоина маълум мегардад.
Асари ҳақиқӣ завқи хонандаро такомул бахшида, барои ташаккули тафаккури ахлоқию зебоипарастӣ ва умуман тарзи зиндагии ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Таъсири шеъри сода, вале устодонаю руҳнавоз ва ҳаяҷонбахши «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» ба Амир Насри Сомонӣ намунаи эҷоди сеҳрофарини сухани бадеъ мебошад.
Шеъру насри тоҷик аз манбаъҳои файзбахши зиндагӣ сарчашма гирифта, ҳам шодмонибахш дар рӯзи нек ва ҳам таскину тасаллибахш ҳангоми рӯзҳои вазнину маҳзунӣ аст. Бешак, шеъри тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) худ асари мусиқӣ аст. Оҳангҳои Шашмақом, ки ба ашъори классикон пайванд ёфтаанд, ҳам шеър ва ҳам мусиқии тоҷикро ҷовидона гардондаанд.
Нашри ин осорро аз мероси гаронбаҳои Одамушшуаро ба ҳукми фотиҳаи неки ин кори хайр оғоз кардем, то руҳи поки гузаштагон ба ҳаводорон ва посдорони адабиёти форс-тоҷик мададгор бошад. Ва чӣ хуб гуфтааст устоди бузургвор:
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!
Осори 50-ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик, ки аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр хоҳад расид, дар тарғиби адабиёти ғании мо бояд саҳми шойиста бигирад.
Вазифаи пурифтихор ва масъулиятшиносонаи ҳар фарди давлати озоду соҳибистиқлоли мост, ки мероси гаронбаҳои илмию адабии халқамонро ҳамчун ганҷи бебаҳои нотакрор ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол диҳем. Бо истифодаи дастовардҳои адабӣ ин меросро ғанӣ гардонем, робитаи адабиётро бо халқ қавӣ сохта, барои дар сатҳи баланди маърифат қарор гирифтани мардум, боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ, ташаккули завқи баланди эстетикӣ ва адабӣ хидмати шоистаро анҷом диҳем. Оғози нашри ин хазинаи бузурги маърифатро барои аҳли адаб, ҳаводорони адабиёти оламшумули форс-тоҷик табрик гуфта, ба онҳое, ки дар ин кори наҷиб ширкат доранд, барори кор мехоҳам.
Нашри осори 50-ҷилда туҳфаест ба миллати арҷманду соҳибмаърифати тоҷик, миллати соҳибзавқ ва соҳибфарҳанг, ки офарандаи чунин сарвати маънавии пурқимат ва пурҳикмати ҷаҳонист!
Китобҳо аз силсилаи «Ахтарони адаб»
Рӯдакӣ. Ашъор / Таҳияву тадвини матн ва муқаддима аз Р. Ҳодизода ва Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ. — Д.: Адиб, 2007. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 1. — 416 с.
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2007. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 2. – 480 с
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди I / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2007. – 480 с. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 3.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди II / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2007. – 480 с. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 4.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди III / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2008. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 5. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди IV / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2008. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 6. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди V / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2008. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 7. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди VI / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2008. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 8. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди VII / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2009. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 9. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди VIII / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2009. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 10. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди IX / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2009. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 11. – 480 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди X / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2010. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 12. – 416 с.
Ашъори ҳакимон ва орифон / Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2010. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 13. – 480 с.
Носири Хусрав. Девони ашъор / Таҳияи матн ва шарҳи луғот аз Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2010. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 14. – 480 с.
Асадии Тӯсӣ. Гаршоспнома / Таҳияи матн ва шарҳи луғот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2011. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 15. – 480 с.
Дар партави хуршед (Мунтахаби ашъори шоирони нимаи аввали асри XI) / Таҳияи Мирзо Муллоаҳмад ва М. Шарофова; Муҳаррир Гулназар. – Д.: Адиб, 2011. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 16. – 480 с.
Ҳаким Саноӣ. Мунтахаби ашъор / Мураттиб, муаллифи пешгуфтор, тавзеҳот ва луғату таркибот Кароматулло Олимов; Муҳаррир Сайидалӣ Маъмур. – Д.: Адиб, 2011. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 17. – 480 с.
Анварӣ. Ғазалиёт. Мунтахаби ашъори шоирони нимаи аввали асри XI: Анварӣ: Ғазалиёт; Хоқонии Шарвонӣ; Адиб Собири Тирмизӣ: Осори мунтахаб / Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадов ва Ширинбону Ҳаитова. – Д.: Адиб, 2011. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 18. – 480 с.
Низомии Ганҷавӣ. Хамса: Махзан-ул-асрор. Хусраву Ширин / Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Зоҳир Аҳрорӣ, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д: Адиб, 2012. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 19. ‒ 480 с.
Ин файл аз дӯсти сомона Мирзоалӣ Азимов ба мо расид.
Низомии Ганҷавӣ. Хамса: Лайлию Маҷнун. Ҳафт пайкар / Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Аълохон Афсаҳзод, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2012. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 20. ‒ 480 с.
Ин файл аз дӯсти сомона Мирзоалӣ Азимов ба мо расид.
Низомии Ганҷавӣ. Хамса: Искандарнома [Шарафнома, Иқболнома] / Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Ҷобулқо Додалишоев, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2012. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 21. ‒ 480 с.
Ин файл аз дӯсти сомона Мирзоалӣ Азимов ба мо расид.
Фаридуддини Аттор. Мантиқ-ут-тайр ва Асрорнома / Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2013. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 22. ‒ 480 с.
Ин файл аз дӯсти сомона Мирзоалӣ Азимов ба мо расид.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ: Дафтари аввал ва дувум / Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар; Таҳия, танзим ва баргардони матн: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2013. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 23. – 480 с.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ: Дафтари севум ва чорум / Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар; Таҳия, танзим ва баргардони матн: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2013. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 24. – 480 с.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ: Дафтари панҷум ва шашум / Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар; Таҳия, танзим ва баргардони матн: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2013. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 25. – 480 с.
Ин файл аз дӯсти сомона Мирзоалӣ Азимов ба мо расид.
Амир Хусрави Деҳлавӣ. Ғазалиёт / Таҳияву тадвини матн аз Муҳаммадвафо Бақоев; Муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ; Муҳаррир Сайидалӣ Маъмур. – Д.: Адиб, 2014. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 26. – 480 с.
Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт / Таҳияву тадвин, муқаддима ва шарҳи луғот аз Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Гурез Сафар. – Д.: Адиб, 2014. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 27. — 480 с.
Убайди Зоконӣ. Мунтахаби осор. Носири Бухороӣ. Мунтахаби ашъор / Таҳияву тадвини матн аз Музаффар Холов ва Шариф Исрофилниё; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. – Д.: Адиб, 2016. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 28. – 480 с.
Ҳофизи Шерозӣ. Девон / Таҳияи матн аз Шарифмурод Исрофилниё; Бо муқаддимаи муфассали проф. А. Сатторзода; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2015. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 29. – 480 с.
Камоли Хуҷандӣ. Девон / Бо муқаддима, таҳия ва тасҳеҳи Бадриддин Мақсудов; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2015. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 30. – 480 с.
Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт / Мураттибони матн ва луғату тавзеҳот Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Холида Давлатова; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. – Д.: Адиб, 2016. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 31. – 480 с.
Бадриддин Ҳилолӣ. Девон / Таҳияву тадвини матн аз Мубашшир Акбарзод; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. – Д.: Адиб, 2016. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 32. – 480 с.
Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ / Таҳияву тадвини матн аз М. Диловаров; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2017. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 33. – 480 с.
Соиби Табрезӣ. Девон (Мунтахаби ғазал) / Мураттибон Зоҳир Аҳрорӣ ва Лоиқ Шералӣ; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. – Д.: Адиб, 2017. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 34. – 480 с.
Сайидои Насафӣ. Девон (мунтахабот) / Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. – Д.: Адиб, 2017. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 35. – 480 с.
Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал / Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. – Д.: Адиб, 2018. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 36. – 480 с.
Абдулқодири Бедил. Мунтахабот / Бо саъю кӯшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти Бобобек Раҳимӣ; Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. – Д.: Адиб, 2018. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 37. ‒ 480 с.
Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ. Ғазалистон / Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. ‒ Д.: Адиб, 2018. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 38. ‒ 480 с.
Аҳмади Дониш. Наводиру-л-вақоеъ (мунтахаб) / Зери назари узви воб. АИ ҶТ Ҷӯрабек Назриев; Таҳия, тавзеҳот, луғатномаи Баҳриддин Мирзоев ва Иззатулло Мирзоев; Муҳаррир Раҳматуллоҳи Раҳмон. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 39. ‒ 480 с.
Садриддин Айнӣ. Мунтахабот / Мураттиб ва муаллифи сарсухан Аламхон Кӯчарзода; Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 40. ‒ 480 с.
Абулқосим Лоҳутӣ. Ашъори мунтахаб / Зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода; Мураттиб Муҳтарам Ҳотам; Муҳаррир Абдураҳмони Абдуманнон. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 41. ‒ 480 с.
Муҳаммад Иқбол. Чароғи лола. Халилуллоҳ Халилӣ. Ошёни хор. Нодири Нодирпур. Шеъри ангур / Таҳияву танзим ва тасҳеҳу тавзеҳи Низом Қосим; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 42. ‒ 480 с.
Мирзо Турсунзода. Баро, Ситораи ман (Осори мунтахаб) / Мураттибон Давлат Сафар ва Муҳтарам Ҳотам; Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 43. ‒ 480 с.
Ҷалол Икромӣ. Тахти вожгун (роман) / Муҳаррири масъул Ҳабиба Қурбонова; Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 44. ‒ 480 с.
Сотим Улуғзода. Восеъ (Роман) / Муҳаррир Раҳматуллоҳи Раҳмон; Муҳаррири масъул Давлат Сафар. ‒ Д.: Адиб, 2020. ‒ Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 45. ‒ 480 с.
Ташаккури зиëда баро захматхоятон. Мехостам китобхои шуаро ва уломохои классикиамонро бештар хонам, вале дар пайдо кардани онхо мушкили мекашам.
💚💙💚💙💚💙
Салом. Ҷилди 23-юми «Ахтарони адаб»-ро дарёфт накардед?
Пайрав, афсӯс, ки не.
23.10.21. Гузоштам.