Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-4


shashmaqom-4

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Таҳрири охирин 05.05.2024


Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан ё фарокашӣ ба кор баранд


Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро, 2б
Қадди сарву лаби чун лаъли Бадахшони туро. 2б
То бар он чоки гиребон набарам дасти умед, 2б
Ҳаргиз аз каф надиҳам гӯшаи домони туро. 2б
Дил баякбор бипардохтам аз фикри бутон,
То бидидам рӯйи ҳамчун маҳи тобони туро.
Як ҷаҳон дил фитад аз ҳар хами мӯйи ту ба хок,
Доя гар шона занад зулфи парешони туро.
Қурси хуршеду қамар гар биниҳандаш ба канор, 2б
Илтифоте набувад резахӯри хони туро. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро,
Қади сарву лаби лаълу хати райҳони туро.
То бар он чоки гиребон набарам дасти умед,
Ҳаргиз аз каф наниҳам гӯшаи домони туро.
Дил ба як бор бипардохтам аз фикри китоб,
Дидам он дам, ки хати ғолияафшони туро.
Бо рақибон макун эҳсон, ки аз ин тирадилон
Шиканад, он ки намак хӯрд, намакдони туро.
Як ҷаҳон дил фитад аз ҳар хами зулфи ту ба хок,
Доя, ки шона кунад зулфи парешони туро.
Қурси хуршеду қамар гар биниҳандаш ба канор,
Илтифоте набувад резахӯри хони туро.
Ғайри алтофи ту, шоҳо, кӣ тавонад хуш кард
Табъи Шоҳини дуогӯйи санохони туро?

Ғазали Шоҳин

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷумъабой Қӯзиев. Рок.mp3

Савти Калон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Зи ишқат, эй парӣ, гаштам хароб оҳиста-оҳиста,
Ҳамеояд ба чашми ноз хоб оҳиста-оҳиста.
Шудам моил ба рухсораш валекин менадонистам,
Ки хоҳад кард ошиқро кабоб оҳиста-оҳиста.
Шабе рафтам чу дуздон, дидаме хуспида он дилбар,
Гирифтам аз рухи зебо ниқоб оҳиста-оҳиста.
Гирифтам бар канори худ, макидам лаъли майгунаш,
Бишуд бедору гуфт: эй беҳаё, оҳиста-оҳиста.
Агар дар ишқ, Соиб, нестам, дорам тақозое,
Ки тифли хурд мехонад, китоб оҳиста-оҳиста.

Ғазали Соиб

Савти Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам, 2б
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам. 2б
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон, 2б
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб бути таррор мебастам. 2б
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам. 2б
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Ба танҳоӣ гирифтам хӯ чунон дар кунҷи танҳоӣ,
Ки дар бар рӯйи акси сояи девор мебастам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунон дидӣ,
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон,
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб таби бемор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Ба танҳоӣ гирифтам хӯ чунон дар кунҷи танҳоӣ,
Ки дар бар рӯйи акси сояи девор мебастам.
Зи якдигар ҷудо шуд иқди дил, тасбеҳ мекардам,
Камар як раҳ агар дар хидмати зуннор мекардам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунин дидӣ,
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам.

Ғазали Махфӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Малоҳат Абдушукурова. Савти Наво.mp3

Савти Сабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро зи нав дар кор меовард.
Зи рашки тори зулфи ёр бар боди саҳар медод,
Сабо ҳар нофаи мушке, ки аз Тотор меовард
Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯ аз шарми он хуршед бар девор меовард.
Ман он шакли санавбарро зи боғи сина баркандам,
Ки ҳар гул к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.
Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегаҳ,
К-аз ин роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.
Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, сӯфивор меовард.

МАТНИ ШЕЪР:
Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро зи нав дар кор меовард.
Ман он шакли санавбарро зи боғи сина баркандам,
Ки ҳар гул к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.
Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯ аз шарми он хуршед бар девор меовард.
Зи бими ғорати ишқаш дили пурхун раҳо кардам,
Вале мерехт хуну раҳ бад-он ҳинҷор меовард.
Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегоҳ,
К-аз ин роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.
Саросар бахшиши ҷонон тариқи лутфу эҳсон буд,
Агар тасбеҳ мефармуд, агар зуннор меовард.
Афаллаҳ, чини абруяш агарчи нотавонам кард,
Ба ишва ҳам паёме бар сари бемор меовард.
Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, сӯфивор меовард.

Ғазали Ҳофиз

Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ту аз ҳар дар, ки бозойӣ бад-ин хубиву раъноӣ,
Даре бошад, ки аз раҳмат ба рӯйи халқ бикшоӣ.
Ба зеварҳо биёроянд вақте хубрӯёнро, 2б
Ту, симинтан, чунон хубӣ, ки зеварҳо биёроӣ.
Чу булбул рӯйи гул бинад, забонаш дар ҳадис ояд,
Маро дар рӯят аз ҳайрат фурӯбаста-ст гӯёӣ.
Гирифтам, сарви озодиву аз моъи маин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чунин донӣ, ки аз моӣ.
Гирифтам, сарви озодиву аз моъи маин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чунин донӣ, ки аз моӣ.
Дуое гар намегӯйӣ, ба дашноме азизам кун,
Ки гар талх аст, ширин аст, аз он лаб ҳар чӣ фармоӣ.
Гумон аз ташнагӣ бурдам, ки дарё то камар бошад,
Чу поёнам бирафт аз дард, донистам, ки дарёӣ.
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.

МАТНИ ШЕЪР:
Ту аз ҳар дар, ки бозоӣ бад-ин хубиву зебоӣ,
Даре бошад, ки аз раҳмат ба рӯйи халқ бикшоӣ.
Маломатгӯйи беҳосил турунҷ аз даст нашносад,
Дар он маъраз, ки чун Юсуф ҷамол аз парда бинмоӣ.
Ба зеварҳо биёроянд вақте хубрӯёнро,
Ту, симинтан, чунон хубӣ, ки зеварҳо биёроӣ.
Чу булбул рӯйи гул бинад, забонаш дар ҳадис ояд,
Маро дар рӯят аз ҳайрат фурӯбаста-ст гӯёӣ.
Ту бо ин ҳусн натвонӣ, ки рӯй аз халқ дарпӯшӣ,
Ки ҳамчун офтоб аз ҷому ҳур аз ҷома пайдоӣ.
Ту соҳибмансабӣ, ҷоно, зи мискинон наяндешӣ,
Ту хоболудаӣ, бар чашми бедорон набахшоӣ.
Гирифтам, сарви озодӣ, на аз моъи маин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чу донистӣ, ки аз моӣ.
Дуое гар намегӯйӣ, ба дашноме азизам кун,
Ки гар талх аст, ширин аст, аз он лаб ҳар чӣ фармоӣ.
Гумон аз ташнагӣ бурдам, ки дарё то камар бошад,
Чу поёнам бирафт акнун, бидонистам, ки дарёӣ.
Ту хоҳӣ остин афшону хоҳӣ рӯй дарҳам каш,
Магас ҷое нахоҳад рафтан аз дӯкони ҳалвоӣ.
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.

Ғазали Саъдӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ансамбл. Савти Сарвиноз.mp3

Савти Сарвиноз (2)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Чу дар дил орзуи суҳбати ширинкалом омад,
Зи номи ӯ забонро лаззати шаккар ба ком омад,
Ба базми майпарастон духтари раз дар хиром омад,
Аруси бода маст аз пардаи мино ба ҷом омад,
Тарабро муждаи домодии айши мудом омад.

Ба гулзоре, ки сарви қоматат аз бод мерақсад,
Зи хубии ниҳоли қоматат шамшод мерақсад,
Чу он сайде, ки шуд аз банду ғам озод мерақсад,
Лаби чоки қафас механдаду сайёд мерақсад,
Намедонам, кадомин сайди озоде ба дом омад.

Ҳаё, доим маро бо нуктасанҷон аст дамсозӣ,
Забони хиҷлатам аз ман наёбад ҳарфи ғаммозӣ,
Расид аз суҳбати соҳибдилонам гар сарафрозӣ,
Зи файзи хоксорӣ буд, не аз нуктапардозӣ,
Агар Нозим ба базми аҳли ирфон дӯстком омад.

Мухаммаси Ҳаё бар ғазали Нозим

Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Гирифторам ба доми чини зулфи анбаринмӯе
Зулайхоталъате, лайливаше, ширин сухангӯе.
Яке холе сияҳ ҷо карда бар кунҷи лаби лаълаш,
Ки гӯё бар лаби оби бақо биншаста ҳиндуе.
Ду пистонаш зи чоки пираҳан дидам, ба дил гуфтам,
Тамошо кун, ки сарви ноз бар оварда лимуе.
[Расида гӯшаи абру ба чашми сурмасои ӯ,
Ту пиндорӣ, оварда дар дунболи оҳуе.]
Ба рӯ чун маҳ, ба бӯ чун гул, маозаллоҳ, ғалат гуфтам,
Надорад маҳ чунин рӯе, надорад гул чунин бӯе.
Миёни хубрӯён сарбаландӣ месазад ӯро,
Ки дорад чун Заҳирӣ ошиқи зори дуогӯе.

Ғазали Заҳирӣ

Самандарӣ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ду чашмат масту махмур аст,
Ду рухсорат пур аз нур аст,

Қадат чун сими танбӯр аст,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Дувоздаҳ химчаи кокул,
Дувоздаҳ дастаи сунбул,

Маро кардӣ ту доғ, эй гул,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Камар чун химчаи борик,
Мижа чун наргиси нозик,

Ту шамъӣ дар шаби торик,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Асират ман, асират ман,
Асири чашми ҷодуят.

Харобат ман, харобат ман,
Хароби чашму гесуят.

Лабон лаълу садаф дандон,
Даҳон чун ғунчаи хандон,

Чароғи чашми махмурон,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Надорам чораи дигар,
Тарозу пур кунам аз зар,

Ба вазнат баркашам, дилбар,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Манам Абдулазиз номам,
Макун хор, эй дилоромам,

Занад дарди ту бар ҷонам,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Шеъри Абдулазизи Кӯҳистонӣ ё Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фазлиддин Шаҳобов. Самандарӣ.mp3

2. Барно Исҳоқова. Самандарии Дугоҳ.mp3

Сарахбори Бузрук

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Эй аз камоли ҳусни ту шавқе дар офтоб,
Хатат кашида доираи шаб бар офтоб.
Он ҷо ки зулфи туст, ҳама яксара шаб аст,
В-он ҷо ки рӯйи туст, ҳама яксар офтоб.
Боғест орази ту, ки дорад ситора бор,
Сарвест қомати ту, ки дорад бар офтоб.
Бар моҳ мушк дориву бар сарв бӯстон,
Дар лола нӯш дориву дар анбар ‒ офтоб.
Аз чеҳра офтобиву аз бӯса шаккарӣ,
Бас лоиқ аст аз шакарат ҳамбар офтоб.
Холест бар рухи ту ба ном эзид он чунон-к
Хоҳад ҳаме ба хубии ӯ зевар офтоб.
На-шгифт, агар нависад аз ин шеъри Анварӣ,
Бар рӯйи рӯзгор ба оби зар офтоб.

МАТНИ ШЕЪР:
Эй аз камоли ҳусни ту шавқе дар офтоб,
Мӯят кашида доираи шаб бар офтоб.
Он ҷо ки зулфи туст, ҳама сар ба сар шаб аст,
В-он ҷо ки рӯйи туст, ҳама яксар офтоб.
Боғест орази ту, ки дорад ситора бор,
Сарвест қомати ту, ки дорад бар офтоб.
Бар моҳ мушк дориву бар сарв гулситон,
Дар лола нӯш дориву дар анбар — офтоб.
Аз чеҳра офтобиву аз бӯса шаккарӣ,
Бас лоиқ аст бо шакарат ҳамсар офтоб.
Холест бар рухи ту ба ном эзид он чунон-к
Хоҳад ҳаме зи хубии ӯ зевар офтоб.
На-шгифт, агар нависадӣ ин шеъри Анварӣ,
Бар рӯйи рӯзгор ба оби зар офтоб.

Ғазали Анварӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Академияи Мақом. Сарахбори Бузрук.mp3

Сарахбори Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Шод зӣ бо сияҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳарчи бодобод!
Он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт.
Ҳар ду як ҷавҳаранд, лек ба табъ,
Ин бияфшурду он дигар бигудохт.
То бисуда ду даст рангин кард,
То чашида ба торак андар тохт.

Шеъри Рӯдакӣ

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 3

  1. Устод таронахоро илтимос ба ин почта равон намоед.

  2. Братчон салом. Чаро аз Мирсалим Ашуров ва Афзалшо ягон суруд нест ???

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.