Тоҷиддин Раҳимов
«Шашмақом» ганҷинаи бебаҳоест, ки аз ниёгонамон бозмондааст. Дар заминаи «Дувоздаҳмақом»-и бостонӣ ва оҳангҳои мардумии Осиёи Марказӣ дар поёни асрҳои миёна фароҳам омадааст.
Аз 6 мақом иборат аст, ки 252 оҳангу тарона доранд: Бузрук (Бузург), Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ.
Мақоми 1. БУЗРУК
Мушкилот (созӣ)
Таснифи Бузрук, Тарҷеи Бузрук, Гардуни Бузрук, Мухаммаси Бузрук, Мухаммаси Насруллоҳӣ, Сақили Ислимӣ, Сақили Султон
Наср (овозӣ)
Шӯъбаи I:
Сарахбори Бузрук бо 6 тарона (Бузрук-1, Бузрук-2, Бузрук-3, Бузрук-4, Бузрук-5, Бузрук-6
Талқини Уззол — 2 тарона
Насруллоӣ — 4 тарона
Насри Уззол
Супориши Аввалин
Уфар
Супориши Охирин
Шӯъбаи II:
Савти Сарвиноз бо Талқинчаи Савти Сарвиноз, Қашқарчаи Савти Сарвиноз, Соқиномаи Савти Сарвиноз, Уфари Савти Сарвиноз
Муғулчаи Бузрук бо Талқинчаи Муғулчаи Бузрук, Қашқарчаи Муғулчаи Бузрук, Соқиномаи Муғулчаи Бузрук, Уфари Муғулчаи Бузрук
Ироқи Бухоро бо Талқинчаи Ироқи Бухоро, Чапандози Ироқи Бухоро (Қашқарчаи Ироқи Бухоро), Соқиномаи Ироқи Бухоро, Уфари Ироқи Бухоро
Рок бо Мустазоди Рок, Қашқарчаи Рок, Соқиномаи Рок, Уфари Рок, Супориши Рок
Мақоми 2. РОСТ
Мушкилот (созӣ)
Таснифи Рост, Тарҷеи Рост, Гардуни Рост, Мухаммаси Рост, Мухаммаси Ушшоқ, Мухаммаси Панҷгоҳ, Сақили вазнин, Сақили рок-рок
Наср (овозӣ)
Шӯъбаи I:
Сарахбори Рост бо 5 тарона
Талқини Ушшоқ бо 1 тарона
Насри Ушшоқ бо 2 тарона (Даромади Сабо)
Уфар
Супориши Охирини Наво
Шӯъбаи II:
Савти Ушшоқ бо Талқинчаи Савти Ушшоқ (?Чапандози Савти Ушшоқ) , Қашқарчаи Савти Ушшоқ, Соқиномаи Савти Ушшоқ, Уфари Савти Ушшоқ
Савти Сабо бо Талқинчаи Савти Сабо, Қашқарчаи Савти Сабо, Соқиномаи Савти Сабо, Уфари Савти Сабо
Мақоми 3. НАВО
Мушкилот (созӣ)
Таснифи Наво, Тарҷеи Наво, Гардуни Наво, Нағмаи Ораз, Мухаммаси Наво, Мухаммаси Баёт, Мухаммаси Ҳусайнӣ, Сақили Наво
Наср (овозӣ)
Шӯъбаи I:
Сарахбори Наво бо 4 тарона
Талқини Баёт бо 2 тарона
Насри Баёт бо 4 тарона
Орази Наво бо 4 тарона
Ҳусайнии Наво
Уфари Баёт
Супориши Охирини Наво
Шӯъбаи II:
Савти Наво бо Чапандози Савти Наво (Талқинчаи Савти Наво), Қашқарчаи Савти Наво, Соқиномаи Савти наво, Уфари Савти Наво
Муғулчаи Наво бо Талқинчаи Муғулчаи Наво, Қашқарчаи Муғулчаи Наво, Соқиномаи Муғулчаи Наво, Уфари Муғулчаи Наво
Мустазоди Наво бо Чапандози Мустазоди Наво, Қашқарчаи Мустазоди Наво, Соқиномаи Мустазоди Наво, Уфари Мустазоди Наво
Мақоми 4. ДУГОҲ
Мушкилот (созӣ)
Таснифи Дугоҳ, Тарҷеи Дугоҳ, Гардуни Дугоҳ, Пешрави Дугоҳ, Самои Дугоҳ, Мухаммаси Дугоҳ, Мухаммаси Чоргоҳ, Мухаммаси Ҳоҷихӯҷа, Мухаммаси Чорсархона, Сақили Ашқуллоҳ
Наср (овозӣ)
Шӯъбаи I:
Сарахбори Дугоҳ — 8 тарона (Сарахбори Дугоҳ, Таронаи 1 (Савораи Дугоҳ), Таронаи 4, Таронаи 5, Таронаи 6, Таронаи 7, Таронаи 8, Таронаи 9 (Таронаи Талқини Дугоҳ))
Талқини Чоргоҳ — 2 тарона (тарона ва супориш)
Насри Чоргоҳ — 6 тарона
Орази Дугоҳ — 4 тарона (се тарона ва супориш)
Ҳусайнии Дугоҳ
Уфари Чоргоҳ
Шӯъбаи II:
Савти Калон бо Талқинчаи Савти Калон, Қашқарчаи Савти Калон, Соқиномаи Савти Калон, Уфари Савти Калон
Савти Чоргоҳ бо Талқинчаи Савти Чоргоҳ, Қашқарчаи Савти Чоргоҳ, Соқиномаи Савти Чоргоҳ, Уфари Савти Чоргоҳ
Муғулчаи Дугоҳ бо Талқинчаи Муғулчаи Дугоҳ, Қашқарчаи Муғулчаи Дугоҳ, Соқиномаи Муғулчаи Дугоҳ, Уфари Муғулчаи Дугоҳ
Қаландарии Дугоҳ
Оромиҷон бо Сарахбори Оромиҷон, Уфари Оромиҷон
Мақоми 5. СЕГОҲ
Мушкилот (созӣ)
Таснифи Сегоҳ, Тарҷеи Сегоҳ, Хафифи Сегоҳ, Гардун, Мухаммаси Сегоҳ , Мухаммаси Аҷам, Мухаммаси Мирзоҳаким, Сақили Бастанигор
Наср (овозӣ)
Шӯъбаи I:
Сарахбори Сегоҳ бо 7 тарона
Талқини Сегоҳ бо 2 тарона
Насри Сегоҳ (бе тарона)
Хоро бо 5 тарона
Аҷам бо 2 тарона
Супориши Аввалини Сегоҳ
Супориши Охирини Сегоҳ
Шӯъбаи II:
Муғулчаи Сегоҳ бо Талқинчаи Муғулчаи Сегоҳ , Нимчӯпонӣ, Уфари Муғулчаи Сегоҳ
Гиря бо Савти Гиря, Уфари Гиря
Мақоми 6. ИРОҚ
Мушкилот (созӣ)
Таснифи Ироқ, Тарҷеи Ироқ, Чанбар, Фарфар, Мухаммаси Ироқ, Сақили Ироқ, Нимсақил, Сақили Калон
Наср (овозӣ)
Шӯъба:
Сарахбори Ироқ бо 8 тарона
Муҳайяри Ироқ бо 4 тарона
Уфари Ироқ
Супориши Ироқ