Чанд ғазал аз Камоли Хуҷандӣ

kamol

Таҳрири охирин 26.10.2020

Ин гулчини ғазалҳои Шайх Камоли Хуҷандӣ (1318 — 1401)-ро аз девони шоир (нашри соли 2015) виростаем. Нашри мазкур аз рӯйи қадимтарин нусха ‒ дастнависи маҳфуз дар Остони Қудси Разавии Машҳад, ки оғози китобаташ соли 800 ҳ.қ. мутобиқ ба соли 1397 исавӣ, яъне замони зиндагии шоир аст, сурат гирифтааст.

Муҳтавои нашри номбурда аз рӯйи ин дастнавис дар муқоиса бо дастнависҳои дигар, матншиносӣ, интиқод ва таҳия бо заҳмати д. и. ф., проф. Бадриддин Мақсудов, донишманди варзидаи мактаби устод Ш. Ҳусейнзода, анҷом ёфтааст.

***
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.
Гӯйиям: Рав з-ин дару султони вақти хеш бош,
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситойӣ хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: Дар оби ораз акси рӯятро намо,
Гуфт: Ҳар дам худнамойӣ хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Мункири зуҳдам, ба рӯят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.
Сӯфиён гӯянд: Чун мо хезу дар рақс о, Камол,
Ҳолати ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.
***
Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо,
Умри боқӣ, рухи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо.
Давлате, к-аз ҳама бигзашт, аз ин дар нагузашт,
Шодие, к-аз ҳама бигрехт, ғулом аст ин ҷо.
Чун даройӣ ба тарабхонаи мо бо ғами дил,
Ҳама гӯянд, махӯр ғам, ки ҳаром аст ин ҷо.
Мо ба боми фалакем, аз бари мо гар биравӣ,
Бирав оҳиста, ки ҷому лаби бом аст ин ҷо.
Нест дар маҷлиси мо пешгаҳу саффи ниол*,
Шоҳу дарвеш надонанд кадом аст ин ҷо.
Сифати уд ҳама сӯхтаву гармравем,
Ба ҷуз аз зоҳиди афсурда, ки хом аст ин ҷо.
Чанд пурсӣ, чӣ мақом аст, Камол, ин ки турост,
Ин мақоме, ки на манзил, на мақом аст ин ҷо.
_______________________
*Саффи ниол ‒ кафшкан, пойгаҳи хона
***
Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро,
Аз ту чун пӯшам, нигоро, дӯст медорам туро.
Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,
Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.
Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷон шав муқим,
То бад-он рухсору боло дӯст медорам туро.
Гар набошӣ дӯстдорам, дӯст дорам ҳамчунон,
З-он ки ман бе ин таманно дӯст медорам туро.
Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дӯст,
Худ мани бедил на танҳо дӯст медорам туро.
Гуфтаӣ: Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.
***
Каъбаи кӯяш мурод аст ин дили овораро,
Бо муроди дил расон, ё Раб, мани бечораро.
Дил дар он кӯ рафту шуд овора ман ҳам меравам,
То аз он оворатар созам дили овораро.
Дар миёни хору хоро, гар ту ҳамроҳи манӣ,
Гул шиносам хорро, дебо шуморам хораро.
Гар аз он доман бад-ин дарвеш васле мерасад,
Порае медӯхтам ин далқи пора-пораро.
Сӯйи зулфаш рафтаму дидам, ки ин банди дил аст,
Ҷуз мани шабрав кӣ донад макри ин айёраро?!
Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро?
***
Дил муқими кӯйи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб?
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли ман?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло, ғариб.
Ҳаргиз аз рӯйи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб?
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли худ,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб!
***
Гӯ, халқ, бидонед, ки дилдори ман ин аст,
Дилдори ҷафоҷӯйи ситамкори ман ин аст.
Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман,
Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст.
Бӯйи сари зулфаш ба ман орад ҳама шаб бод,
Аз ҳамнафасон ёри вафодори ман ин аст.
Ман хоки раҳам, балки басе камтар аз он низ,
Дар ҳазрати ӯ қимату миқдори ман ин аст.
Нанвохт ба тири дигаре хастаи худро
Бо ғамзаи сайдафканаш, озори ман ин аст.
Бо он, ки табиб аст, шавад шод ба дардам,
Донад, ки давои дили бемори ман ин аст.
Гӯянд: Камол, аз пайи ӯ чанд канӣ ҷон?
То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст.
***
Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис.
Гуфто: Даво-т чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафо-т бимирам, вафот нест.
Бар даври оразат хати сабзе, ки шуд падид,
Мазмуни хат ҳамин, ки ба ошиқ наҷот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав, Камол, ки вақти закот нест.
***
Нест ғайр аз ту дастгир, эй дӯст!
Дасти афтодагон бигир, эй дӯст!
Офтобӣ ту, мо чу зарра ҳама,
Ту бузургию мо ҳақир, эй дуст!
Аз каримон шавад фақир ғанӣ,
Ту каримию мо фақир, эй дӯст!
Ҳар дилеро хабар куҷо з-ин роз,
Ки туӣ воқифи замир, эй дӯст!
Гарчи қалб аст нақди дил, бипазир,
Ки туӣ ёри дилпазир, эй дӯст!
Бо кӣ гӯям туро, ки монандӣ,
Чун намебинамат назир, эй дӯст!
Дар ҳама мулк подшо-ст Камол,
То ки дар дасти туст асир, эй дӯст!
***
Аҷаб, он дилбари ҷоду куҷо рафт?
Аз ин сӯ дил рабуд, он сӯ куҷо рафт?
Рамид аз мо ‒ сагони кӯ чу оҳу,
Наёбад кас паяш, оҳ, ӯ куҷо рафт?
Ниҳода дар камон тир аз пайи сайд,
Ба он чашму ба он абру куҷо рафт?
Ба раҳ, гӯйӣ, ба ганҷе мор рафтаст,
Чунин дар по кашон гесу куҷо рафт?
Дилу ақлат бибурдам гӯяду ҷон,
Бале, ҳаст ин яке, он ду куҷо рафт?
Рақибо, одамийят ёрпурсист,
Рафиқу ёри ҳамзону куҷо рафт?
Камол аз ғам чу зулфаш сар ба зонуст,
Бипурсед, он парирух ку, куҷо рафт?
***
Бо суруду оҳу нола меравад ашкам чу рӯд,
Пеши мастони муҳаббат ин бувад рӯд, он суруд.
Ошиқонро дар маҷолис нола созад сарбаланд,
Мутрибонро дар маҳофил обрӯ бошад зи рӯд.
Бо сиришкам Даҷлаву Ҷайҳун ду ёри ошност,
Аз ду рӯди дидаи мо бод бар ёрон дуруд!
То чаро теғи туро хӯду зиреҳ гардад сипар,
Ҷангҳо шуд гоҳ моро бо зиреҳ, гоҳе ба хӯд.
Шавқи болои ту хун аз чашми мо бар хок рехт,
Ҳар куҷо сел омад, омад об аз боло фуруд.
Гуфтам: Аз себи самарқандӣ беҳу нори Хуҷанд,
Бо занахдону лаби чун қанд. Гуфто: Беҳ набуд.
Гар нагирӣ чусту чобук себи симинаш, Камол,
Пеши аҳли ишқ бошӣ коҳилу зеру фуруд.
***
Хабаре зи ҳеч қосид зи диёри ман наёмад,
Чӣ сиёҳнома пайке, ки зи ёри ман наёмад.
Зи азал, ки рафт қисмат, ғаму шодие ба ҳар кас,
Ғами ёр ҷуз насиби дили зори ман наёмад.
Ҳама рӯз бар рух аз гиря чӣ суд дурри ғалтон,
Ки шаб он дуре, ки ғалтад, ба канори ман наёмад.
Ба шумори зулф, гуфтам, зи лаби ту бӯса гирам,
Чӣ кунам, ки иқди зулфат ба шумори ман наёмад.
Қалами мусаввири Чин чу кашид нақшҳо, бин,
Ки чиҳо кашиду нақше ба нигори ман наёмад.
Ба фариштагони раҳмат барам аз ғамат шикоят,
Ки маро ҳабиб кушту ба мазори ман наёмад.
Чӣ аҷаб, Камол, агар ҷон ба лаб орад аз фироқат,
Чу лаби ту марҳами ҷони фигори ман наёмад.
***
Шабе к-аз оташи ишқи ту ҷонам сӯхтан гирад,
Чароғи давлатам он шаб зи сар афрӯхтан гирад.
Чу зулфат боядаш умри дарозу риштаи афзун,
Гар ин чоки гиребонҳо рафиқе дӯхтан гирад.
Зи шодӣ барҷаҳам ҳар дам, чу гандум бар сари тоба,
Гар он хат донаи дилҳо чу мӯр андухтан гирад.
Ба лаб бояд магас бигрифт ширинифурӯшонро,
Чу лабҳои ту дар ханда шакар бифрӯхтан гирад.
Зиёдат мекунӣ сӯзи дили мо аз шакарханда,
Намак бар реш агар резӣ, ҷароҳат сӯхтан гирад.
Зи роҳи Рум, гуфт, овард зулфам аз Ҳабаш лашкар,
Ба Чин арзон шавад нофа, гар он ҳинду Хутан гирад.
Камол, ин нукта гар мурғе барад бар пар ба Ҳиндустон,
Биёяд тӯтию аз ту сухан омӯхтан гирад.
***
Сабо зи дӯст паёме ба сӯйи мо овард,
Ба ҳамдамони куҳан дӯстӣ ба ҷо овард.
Расид боди масеҳодам, эй дили бемор,
«Барор сар, ки табиб омаду даво овард».
Барои чашми заифи рамадгирифтаи мо
Зи хоки мақдами маҳбуб тӯтиё овард.
Хаёли ёр, ки бар сар табиби ҳозиқ буд,
Ба ҷони хастадилон муждаи шифо овард.
Шаби фироқ шуд абри ду дида дурборон,
Чу дар хаёли худ он лаъли ҷонфазо овард.
Ҳамеша мардуми чашмам бараҳна бармегашт,
Надонам, ин ҳама борон худ аз куҷо овард?
Камол, донаи дил бо кабӯтаре дарбоз,
Ки номае ба ту аз ёри ошно овард.
***
Акси рӯят чун фитад дар об, об аз худ равад,
Гар фишонӣ зулфи мушкин, мушки ноб аз худ равад.
Бод ҳоҷат нест, к-аз рӯят барандозад ниқоб,
Бо ту худ чун рӯбарӯ ояд ниқоб, аз худ равад.
Остинафшон даро гаҳ-гаҳ хиромон дар самоъ,
То дарояд маҳ ба чарху офтоб аз худ равад.
Ашки ман дурри хушоб аст он лаби хомӯш лаъл,
Лаъл чун гӯё кунӣ, дурри хушоб аз худ равад.
Ман на танҳо рафтаам дар ҳайрати он чашми маст,
Ҳар кӣ бинад ончунон масте ба хоб, аз худ равад.
Сина бар оташ кабоб асту зи сӯзи ӯ дилам
Бар мисоли қатраи хун, к-аз кабоб аз худ равад.
Бо хаёли он ду лаб ҳар дам равад аз худ Камол,
Ҳар киро дар сар бувад чандин шароб, аз худ равад.
***
Навбаҳорон зи гулам бӯйи ту хуш меояд,
Ҳамаро боғу маро рӯйи ту хуш меояд.
Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯй,
Ки маро қомати дилҷӯйи ту хуш меояд.
З-он ҳама ҳалқа, ки шамшод занад бар сари гул,
Бандаро ҳалқаи гесуйи ту хуш меояд.
Бӯйи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро
Накҳати хоки сари кӯйи ту хуш меояд.
Печи сунбул ба чаман ҳеҷ намеояд хуш,
Пеши рӯйи ту хами мӯйи ту хуш меояд.
Шеваи чашми ту наргис чӣ кунад ишваву ноз?
Шева аз наргиси ҷодуйи ту хуш меояд.
Чашм накшуд ба рӯйи гул аз он рӯй, Камол,
Ки назар бар гули худрӯйи ту хуш меояд.
***
Ёри мо сарви баланд аст, бигӯем, баланд,
Паст гуфтан сухан аз бими рақибон то чанд?
Доманаш дер ба дастам фитаду ҳалқаи зулф,
Натавон зуд гирифт оҳуи мушкин ба каманд.
Тирҳои дигараш бар дил агар ояд, ҳайф,
З-он ки хокист, чаро бар мани хокӣ нафиканд?
Дили садпора ба марҳам нашавад чорапазир,
Ҷоми нозук чу шикастанд, нагирад пайванд.
Баъд аз он, к-оташи дил синаи парвона бисӯхт,
Шамъ, хоҳӣ ба ҳалокаш бигирй, хоҳ биханд.
Гуфтаӣ: Кори дилат баста аз он зулфи дутост,
Кори туст ин ҳама, бар зулфи диловез мабанд.
Гар биҷӯянд, ба сад қарн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушалҳон ба чаманҳои Хуҷанд.
***
Дардо, ки умр рафту накардем ҳеч кор,
Соқӣ, биё, ки кор ту дорӣ, шароб дор!
Эй чашмасори чоҳи ҷавонӣ, ба ташнае
Обе бидеҳ, ки пир шавӣ, эй умедвор!
Ту шаҳриёри ҳусниву шаҳри қадими туст
Дилҳои беқарор, ки кардӣ дар ӯ қарор.
Чашми рамадгирифтаи мо бар ту гар фитад,
Аз мардуми заиф фитодан аҷаб мадор.
З-он дам, ки суҳбати ту маро ихтиёр шуд,
Карданд ақлу ҳуш зи ман дурӣ ихтиёр.
Пирони кордида шиносанд қадри ҳусн,
Дар рӯзгори ҳусни ту моем пири кор,
Покизарӯй чун гулу покизадоманӣ,
Шойистаи ту ошиқи покизарӯзгор.
Дар дил нишон муҳаббати холаш ба бӯйи зулф,
То хӯшаҳо ба даст кунӣ, донае бикор.
Гар бингарад равонии оби сухан, Камол,
Аз чашмасори хеш равад Хизр шармсор.
Хоки Хуҷандро, ки зи Шероз кам ниҳанд,
Омад ба рӯзгори ту обе ба рӯйи кор.
***
Туро гар бевафо гуфтам, чӣ гуфтам?
Ғалат кардам, хато гуфтам, чӣ гуфтам?
Агар гуфтам, ситам, чандон раво нест,
Ҳадиси нораво гуфтам, чӣ гуфтам?
Саҳар дашноми ман гуфтию рафтӣ,
Якеро сад дуо гуфтам, чӣ гуфтам?
Мани хокӣ ба хоки остонат
Ҳадиси тӯтиё гуфтам, чӣ гуфтам?
Мани бедил давои дидаи хеш
Бурун з-он хоки по гуфтам, чӣ гуфтам?
Дили ман бо чунин бегонахӯйӣ
Куҷо шуд ошно гуфтам, чӣ гуфтам?
Камол, оҳиста мегӯйӣ, чӣ гӯйӣ?
Намепурсӣ маро, гуфтам, чӣ гуфтам?
***
Дӯш орзуе шикаста будам,
Бо зулфи кажаш нишаста будам.
Пайванд бад-он таноб карда,
Аз риштаи ҷон гусаста будам.
Дасти ману зулфи ёр? Ҳошо!
Бар хеш дурӯғ баста будам.
Хуш буд дилам ба нози он чашм,
Аз ғамза агарчи хаста будам.
То бар кафи по-ш молам ин рӯй,
Сад бор ба ашк шуста будам.
Аз оташи ҳаҷр чашми бад дур,
К-он шаб чу сипанд ҷаста будам.
Филҷумла ба давлати рухи дӯст
Аз нанг, Камол, раста будам.
***
Рухат рашки қамар гуфтем, гуфтем.
Даҳонатро шакар гуфтем, гуфтем.
Чу ширинтар зи ҷонӣ дӯстонро,
Зи ҷонат дӯсттар гуфтем, гуфтем.
Чу сирри ишқи мо донист ағёр,
Ба ёрон ин хабар гуфтем, гуфтем.
Ғамат гуфто: Бигӯед андар ин роҳ
Ба тарки ҷону сар гуфтем, гуфтем.
Рақибатро, ки саг бисёр аз ӯ беҳ,
Чӣ шуд, гар з-он батар гуфтем, гуфтем.
Маро номеҳрубон гуфтанд, гуфтӣ,
Нагуфтем ин, агар гуфтем, гуфтем.
Чӣ ранҷӣ, гар Камол они манат гуфт?
Дурӯғе ин қадар гуфтем, гуфтем.
***
Сар бар дари туам, бинигар сарбаландиям,
Эй ман саги ту, афв кун ин худписандиям.
Гӯ, ҳиндуи ду чашми ту баркаш зи ғамза теғ,
Ман он наям, ки аз ту бурад теғи ҳиндиям.
Хуш гуфт зулф бо лаби ҷонбахши ту шабе,
Хунӣ туӣ, чаро мани афтода бандиям?
Гуфтӣ, ба пурсиши ту чу оям, чӣ орамат?
Раҳме биёр бар ману бар мустамандиям!
Хез, эй табиб, марҳаму дармон зиён макун,
К-ин дарди ӯст, доғ кунад судмандиям.
Аз ман бибаст чашму ба ҳангоми ноз гуфт:
Ҳорут, гӯ, биёву бибин чашмбандиям.
Дар лутфи табъ Саъдии Шерозиӣ, Камол,
Бовар намекунанд, ки гӯйӣ хуҷандиям.
***
Гар коми худ аз лабат бигирам,
Чун Хизр ба солҳо намирам.
З-он дам ки ту омадӣ ба хотир,
Фикри ҳама рафт аз замирам.
Дорам зи ғами ту бар дили реш
Дарде, ки даво намепазирам.
Чун зулфи ту гар дароям аз пой,
Ҳам зулфи ту бод дастгирам!
Эй боди баҳор, к-аз ту хушбӯст,
Маҷлис ба равоиҳи абирам,
Бигзар ба Хуҷанду гӯ ба ёрон
Аз ман, ки ба фалон замин асирам.
З-он бурд Камол ҷавр аз он шӯх,
К-ӯ муҳташам асту ман фақирам.
***
Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар! Гуфтам: Ба чашм.
В-он гаҳе дуздида бар мо менигар. Гуфтам: Ба чашм.
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар! Гуфтам: Ба чашм.
Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бибар! Гуфтам: Ба чашм.
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар! Гуфтам: Ба чашм.
Гуфт: Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар! Гуфтам: Ба чашм.
Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯйи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар! Гуфтам: Ба чашм.
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар! Гуфтам: Ба чашм.
***
Гуфтам: Малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Кони намакӣ ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Ба латофат гулӣ, эй сарви қабопӯш,
Ё найшакаре дар камарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Ба лаби лаълу хати сабзи равонбахш
Оби Хизирӣ ё хазарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Ба ҷабине, ки ба он рӯй тавон дид,
Ё оинаӣ ё қамарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: Дили моӣ, ки надонем, куҷоӣ,
Ё дидаи аҳли назарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам, ки ба як ишва рабойӣ зи сарам ақл,
Ё ҳуши ман аз тан бибарӣ? Гуфт, ки ҳар ду,
Гуфтам: Зи Камолӣ ту чунин бехабару бас,
Ё худ зи ҷаҳон бехабарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
***
Ошӯби ҷонӣ, шӯхи ҷаҳонӣ,
Беэътиқодӣ, номеҳрубонӣ.
Аз пеши хешам то чанд ронӣ?
Заҳри фироқаш то кай чашонӣ?
Ман меҳрварзам, оре, ман инам,
Ту кинаварзӣ, оре, ту онӣ.
Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,
Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.
Бе ҷурм куштан хар дам якеро
Натвон, валекин ту метавонӣ.
3-ин сон, ки дорӣ аз хеш дурам,
Гар мирам аз ғам, аз ман надонӣ!
Гуфтам: Нисорат созам дури ашк,
Гуфто: Чӣ гӯям? Дур мечаконӣ.
Бо ту чӣ монад Хизру Масеҳо,
Умре ту ҳаргиз бо кас намонӣ.
Гар аз Камол, эй мунис, малулӣ,
Рафтам зи кӯят, бурдам гаронӣ.
***
Эй дил, ин бечорагию мустамандӣ то ба кай?
Чун надорӣ рӯйи дармон, дардмандӣ то ба кай?
Бар дили пурхуни ман бигрист имшаб чашми ҷом,
Шамъи маҷлисро бигӯ, к-ин хирахандӣ то ба кай?
Аз ҳаводории мову ту чу мустағнист ёр,
Эй рақиб, ин чоплусиву лавандӣ то ба кай?
Пеши қадди ёрам, эй сарви саҳӣ, шарме бидор,
Дар чаман бо пойи чӯбин сарбаландӣ то ба кай?
Бо ту худро кард монандӣ гул аз боди ҳаво,
Гуфт дар рӯяш сабо, к-ин худписандӣ то ба кай?
Ғамзаи ҷодуят аз мо чанд пӯшонад назар?
Оламе кардӣ мусаххар, чашмбандӣ то ба кай?
Гӯйиям ҳар дам, ки берун шав зи шаҳри мо, Камол!
Ин самарқандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай?
***
Чашми шӯху дили сангин, бари симин дорӣ,
Холи мушкин, рухи рангин, лаби ширин дорӣ.
Ту чӣ донӣ зи ману холи ман, эй шамъи Чигил,
Ки чу ман ошиқи дилсӯхта чандин дорӣ.
Бениёзию ниёзат ба мани бедил нест,
Подшоҳию фароғ аз мани мискин дорӣ.
Гуфтаӣ: Расми вафо дораму оини ҷафо.
Он надорӣ сари як мӯй, вале ин дорӣ.
Эй сабо, накҳати он зулф магар нашнидӣ,
Ки ҳавои чаману барги раёҳин дорӣ?
Даъвии зиндадилӣ аз ту на некуст, Камол,
Гар шаби фурқати ҷонон сари болин дорӣ.
***
Гуфтам: Эй симзақан! Гуфт: Киро мегӯйӣ?
Гуфтам: Эй аҳдшикан! Гуфт: Чиҳо мегӯйӣ?
Гуфтам: Эй он, ки надорӣ сари як мӯй вафо!
Гуфт: Маълум шуд акнун, ки маро мегӯйӣ.
Гуфтам: Эй ҷон, зи дили сахти ту фарёд маро!
Гуфт: бо ман сухани сахт чаро мегӯйӣ?
Гуфтам: Аз бод насими ту шунидан чӣ хуш аст!
Гуфт: То кай сухан аз боди ҳаво мегӯйӣ?
Гуфтам: Он зулфи парешони ту ё мушки Хатост?
Гуфт: То чанд парешону хато мегӯйӣ?
Гуфтам: Аз дасти дили худ ба ҳалокам розӣ.
Гуфт: Ин худ зи забони дили мо мегӯйӣ.
Гуфтамаш: Кай расад аз бахт паёме ба Камол?
Гуфт: Он лаҳза, ки аз мо-ш саломе гӯйӣ.
***
Эй рехта савдои ту хуни дили моро
бе ҳеч гуноҳе.
Бинвоз даме хастаи шамшери ҷафоро
боре ба нигоҳе.
Боди сахар аз равзаи ризвон хабар овард
имрӯз ба гулзор,
Эй сарви равон, ҳаст магар пайки саборо
дар кӯйи ту роҳе?
Кас нест, ки бар бӯйи гулистони ҷамолат
дар боғи тараб нест,
Чун лола зи ғам чок зада ҷайби қаборо
афканда кулоҳе.
Занҷири сари зулфи туро бо ҳама хубӣ
сунбул натавон гуфт,
Ҳаргиз накунад ҳеч касе мушки Хиторо
нисбат ба гиёҳе.
Бишкаст хама лашкари султони кавокиб
бар ҳар тараф имрӯз,
К-он зулфи зиреҳпӯши ту аз анбари соро
оварда сипоҳе.
Дар доираи хушназарон боз ба сад сол
ҳаққо, ки наёвард
Дар даври қамар модари айём, нигоро,
монанда ту моҳе.
Ҳайҳот, ки дар даври Қамар занг барорад
оинаи рухсор,
Он дам, ки барорам зи дили сӯхта, ёро,
з-ин воқиа оҳе.
Аз ҳоли парешони Камолат хабаре нест,
ҳайҳот! Чӣ тадбир?!
Он кист, ки тақрир кунад ҳоли гадоро
дар ҳазрати шоҳе?
***

Азбаски дар нусхаи нашркардаи Б. Мақсудов ғазалҳо бо қофияи «нун» ва «ҳо»-и ҳавваз мавҷуд нестанд, ғазалҳои зеринро аз нашри Хуҷанд (таҳия ва тасҳеҳи А. Шоаҳмадов ва С. Саидов, 2011) дарёфт кардаем:

***
Чашм агар ин асту абру ину нозу шева ин,
Алвидоъ, эй зуҳду тақво, алфироқ, эй ақлу дин!
Мекашӣ новак зи мижгон дар камони абрувон,
Гаҳ бад-онам мекушӣ, эй номусалмон, гаҳ бад-ин.
Гар парӣ мегӯядат, ман бо ту мемонам, маранҷ,
Беадаб гар одамӣ будӣ, нагуфтӣ инчунин.
Дӯш андак бурқае аз пеши рӯ бардоштӣ,
Дошт моҳи осмон пеши ту рӯе бар замин.
Гар малулӣ аз дилам, к-он ҷойи торик асту танг,
Дида маъвоест равшан, баъд аз ин ин ҷо нишин.
Камтарин иқболи ман, бингар, ки худро бар дарат
Аз дари ихлос медорам ғуломи камтарин.
Баъд аз ин кам ҷӯй озори дили реши Камол,
Он чӣ дар дил доштам, гуфтам, ту донӣ баъд аз ин.
***
Хоки поят дӯст дорад рӯйи ман,
Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулватан.
Хок гаштам, ин сухан чанд, эй рақиб?
Дар даҳан дорӣ, ки: Хокат дар даҳан!
Орзуи мост зулфат, бишканаш,
Дар ҷаҳон як орзуи мо шикан.
Гуфтаӣ: Дигар насӯзам ҷони ту.
Ҷони ман, дигар чӣ бошад сӯхтан?
Ман хасам, ту оташӣ, чанд интизор?
Дар дили ман з-интизор оташ мазан.
Эй рақиб, ар чашмам аз сар барканӣ,
Чашм агар з-ӯ барканам, чашмам бикан!
Ақлу дил, гуфтам, кӣ дуздид аз Камол?
Зери лаб хандон «Чӣ донам, — гуфт, — ман».
***
Дӯстон, марҳамате бар дили бечораи ман,
Ки бирафт аз бари ман ёри ситамкораи ман.
Дил ниҳодам мани мискин ба ҳалоки тани хеш,
Чӣ кунам, дар ғами ӯ нест ҷуз ин чораи ман?!
Вой бар ҷони ману бекасиву танҳоӣ,
Ки набудӣ ғами ӯ мунису ғамхораи ман.
Ҳаваси лаъли лаби ӯ ба хароботи муғон
Кард садбора гарав хирқаи садпораи ман.
Эй сабо, гар гузар аз кӯйи дилором кунӣ,
Бозпурсӣ хабаре з-ин дили овораи ман.
Дорам имрӯз сари он, ки кунам ҷонбозӣ,
Гар қадам ранҷа кунад дӯст ба наззораи ман.
Гар наёрад ба забон сӯзи ту чун шамъ, Камол,
Худ гувоҳ аст бар ӯ гунаи рухсораи ман.
***
Эй шишаи дили мо дар зери по шикаста,
Сангиндилӣ гузида, аҳду вафо шикаста.
Бо гӯшаҳои абру дилҳо шикаста ҳар сӯ,
Бисёр шиша дидам аз тоқҳо шикаста.
Буд орзуи зулфат дилҳои ошиқонро,
Он орзуи дилҳо боди сабо шикаста.
Бо қомати ту Тӯбо дар лутф карда даъво,
Шарти адаб надонист он шохи пошикаста.
Номат забони хома чун бурд пеши нома,
Аз ғуссаи ҷудоӣ ҳар як ҷудо шикаста.
Чун ғунча дарнагунҷам дар пераҳан зи шодӣ,
З-он дам ки баҳри қатлам атфи қабо шикаста.
Дӣ гуфт, хоки поям хуни Камол арзад,
Бар одати бузургон худро баҳо шикаста.
***
Хоҳам, ки кунам бори дигар бар ту назора,
Умрест, ки дорам ҳаваси умри дубора.
Гуфтӣ: Дили решат ба даво чора бисозам.
Садпора шудаст ин дили бечора, чӣ чора?
Мо ғарқаи баҳри ғаму он холи баногӯш
Биншаста чу наззорагиён хуш ба назора.
Аз шавқи руху ғамзаи шӯхат гулу наргис
Ин дидаи тар дораду он ҷомаи пора.
Ҳар гаҳ равӣ, эй бод, ба хоки сари он кӯй,
Ҳамроҳи ту бод ин дили овора ҳамора!
Ҷуз ашкфишон ҷон наравад дар сари он зулф,
Шаб роҳ буридан натавон ҷуз ба ситора.
Бардӯхт назар бе ту Камол аз ҳама хубон,
То дида набошад, натавон кард назора.
***
Гуфтам: Шакар аст он, на даҳон. Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Чӣ намакҳост дар он? Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Даҳани танги туро дар лаби хомӯш
Лутфест, ки гуфтан натавон. Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Ба хушӣ гар лаби ширини ту ҷон аст,
Қад низ равон аст, равон. Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Ту на ҷониву басе дӯсттар аз ҷон,
Ҳам ҷониву ҳам шӯхи ҷаҳон. Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Рухи ту барги гул аст, омада бар рӯй,
Холат хушу хат хуштар аз он. Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Чӣ камандафкану дилбанд фитодаст
Он гесуи дар пой кашон. Гуфт: Туро чӣ?
Гуфтам: Зи малоҳат ҳама чизат ба Камол аст,
Хандон шуду афсункунон гуфт: Туро чӣ?
***

Дар таҳияи Б. Мақсудов ин ғазалҳо ёфт нашуданд ва онҳоро низ аз нашри Хуҷанд гирифтем:

***
Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро,
Занҷир маҷунбон дили девонаи моро!
Он шамъи Чигил, гӯ, ки ба рақс ораду парвоз
Ин сӯхтадилҳои чу парвонаи моро.
Диданд зиён он, ки ба сад ганҷи Фаридун
Карданд баҳо гавҳари якдонаи моро.
Диданд сиришкам ҳама ҳамсояву гуфтанд:
Ин сел, аҷаб, гар набарад хонаи моро.
Дил гарчи хароб аст зи ғам, чун ту даройӣ,
Обод кунӣ кулбаи вайронаи моро.
Хоби хуши субҳат барад аз дидаи махмур,
Шаб гар шунавӣ наъраи мастонаи моро.
Хоҳад гилаҳо кард Камол имшаб аз он зулф,
Шабҳое чунин гӯш кун афсонаи моро.
***
Боз ин дили ғамдида ба доми ту дарафтод,
Бас мурғи ҳумоюн, ки ба тири назар афтод.
Ин турфа, ки рози ту ба худ низ нагуфтем,
То шуд хабарам, дар ҳама шаҳр ин хабар афтод.
Лутфе куну тири дигарам сӯйи дил андоз,
К-он тири нахустин, ки задӣ, бар ҷигар афтод.
Пурсидани ёрони куҳан расми қадим аст,
Чун аст, ки дар аҳди ту ин расм барафтод?!
Маъзур бувад ёрам, агар дер напурсид,
К-аз кӯйи вафо хонаи ӯ дуртар афтод.
Шояд, ки бирӯяд ҳама раҳ сарви хиромон
З-он соя, ки аз қадди ту бар раҳгузар афтод.
Гуфтем ҷавобе на кам аз гуфтаи Саъдӣ,
Бал-к ин ду ғазал хубтар аз якдигар афтод.
Ин лоф на дархурди Камол аст, валекин
«Бо Рустами Дастон бизанад, ҳар кӣ дарафтод».
***
Ё Раб, ин дарди дилу фурқати ҷонон то кай?
Дар дилам бори фироқу ғами хубон то кай?
Ҳар нафас ҷон ба лаб омад зи ғами ҳаҷр маро,
Бар ман ин ғуссаи чарху ғами ҳиҷрон то кай?
Худ нагардад дилам аз даври фалак рӯзе шод,
Зиндагонӣ ба мани хаста бад-ин сон то кай?
Ҳар касе дар пайи кореву сару сомонест,
Мани саргашта чунин бесарусомон то кай?
Охир, эй бахт, маро роҳ ба манзил бинамо,
Ки ба ҷон омадам, ин ранҷи биёбон то кай?
Эй табиби дили ушшоқ, даво соз маро,
Ҷонам ояд ба лаб аз ҳасрати ҷонон то кай?
Дилбаро, кори дили хастаи ғамгини Камол
Ҳамчу ҳоли сари зулфи ту парешон то кай?

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.