Бемории ришта
Яке аз бемориҳое, ки дар замони амирҳо давое наёфт, бемории ришта буд. Нависандаи ин сатрҳо, ман, аз соли чоруми истиқоматам дар Бухоро ба ин дарди «бедаво» гирифтор шуда бошам ҳам, ёд кардани вайро то ин қисми «Ёддоштҳо» мавқуф гузоштам, чунки тамоман халос шуданам аз ин бало то солҳои 1901 давом намуда буд. Қайд кардани ин азоби пураламе, ки ман ёздаҳ-дувоздаҳ сол гирифтори вай будам, дар ин ҷойи «Ёддоштҳо» чӣ будан ва аз чӣ пайдо шудани ин дардро (ки ҳоло асари вай дар Бухорои советӣ нест) ва илоҷи қатъии вайро ба хонанда ба хубӣ нишон медиҳад.
Ғафсии он риштае, ки аввалин бор аз бадани ман баромад, монанди ғафсии таноби миёнаи чархи ресмонресии тахминан қутраш ду миллиметр буд. Таҷрибаҳои охирин ба ман нишон дод, ки қутри ришта аз як миллиметр то се миллиметр мешудааст.
Ман дар яке аз рӯзҳои тобистон, ки дар мадрасаи Бадалбек истиқомат доштам, дар як ҷойи бемушак ва берагу пайи аз миён поёни бадани худ хорише ҳис кардам. Чун кушода дидам, дар он ҷо ба қадри донаи арзан доначаи сафедчатобе намудор аст ва гумон кардам, ки реши хурдтаракест пухта, бинобар ин барои пок карда гирифтани риму фасоди вай пахтае ба даст гирифта, он доначаро кандам.
Аммо аз ҷойи кандашудаи донача чизи сафеде намудор шуд, ки ба сари кирми лойхӯрак монандӣ дошт, танҳо фарқ дар ранг буд. Чунонки маълум аст, кирми лойхӯрак сурхча мешавад ва он чиз сафед буд.
Ман гумон кардам, ки «ягон ғадудчае дар ин ҷо пайдо шуда будааст ва бо кашида гирифтани вай ҷояш пок мешавад», ва кашидам. Чун ба қадри се-чор сантиметр аз бадан баромад, ғафсиаш ба ғафсии таноби чархи ресмонресии* дастӣ расид, аммо бо вуҷуди аз мағзи бадани гарм баромада истоданаш сардиаш қариб ба дараҷаи ях буд. Лекин на дар вақти кашидан ва на дар вақти истодан, на аз худи вай ва на аз ҷойи баромади вай озоре ҳис карда намешуд ва он хорише ҳам, ки пеш аз канда шудани донача ҳис карда мешуд, тамоман барҳам хӯрда буд. Ман кашида баровардани он «таноб»-ро давом додам, дар охир ҳамааш аз бадан баромад ва нӯги охиринаш ҳам монанди сари кирми лойхӯрак борик буд, дарозиаш аз як оршин зиёдтар меомад. Ман гумон кардам он кирмест, ки аз бадани ман баромадааст ва тарсидам, ки натиҷаи ояндаи вай чӣ мешуда бошад?
Ман он чизи кирммонандро ба дасти худ гирифта аз ҳуҷра баромадам, то ки ба одамон нишон дода, чӣ будан ва чӣ шудани оқибати онро донам. Дар рӯйи мадраса дар канори гулзор Мулло Рӯзӣ бо муаззини мадраса Мулло Сулаймон менишастанд. Ман он чизро ба онҳо нишон дода, чӣ будани вайро пурсидам. Гуфтанд:
— Ришта аст! Аз куҷо ёфтӣ?
Бо шунидани ин ҷавоб ман сахт тарсидам, чунки аз ин дарди пуразоб чӣ гуна азоб кашидани аҳолии шаҳри Бухороро шунида будам ва медонистам, ки касони ба ин беморӣ гирифторшуда як моҳ-ду моҳ, то се моҳ бистарии барҷомонда шуда мехобанд, баъзан ланг, ҳатто баъзан бепой шуда саломатӣ меёбанд. Ман тарсидам, ки дар ин бекасӣ ва бепарасторӣ, ки ғайр аз ду дасту ду пойи худ ёрирасоне надорам, агар як моҳ-ду моҳ барҷомонда шуда бихобам, ҳолам чӣ мешавад?
Маро тарси оқибати ин дард чунон аз худ бурда буд, ки ба саволи «аз куҷо ёфтӣ?»-и Мулло Рӯзӣ ва Мулло Сулаймон ҷавоб доданро фаромӯш кардаам. Аҳволи пурташвиш ва парешони маро дида, Мулло Рӯзӣ пурсиши худро такрор кард:
— Охир, ин риштаи тозаи нав азбаданбаромада аст, аз куҷо ёфтӣ?
— Азо чӣ тарз кашида гирифтани он тафсилоти дар боло қайдшударо ба онҳо баён кардам.
Онҳо маро муборакбод намуданд, ки ба он осонӣ аз он бемории пуразоб халос шудаам ва
Мулло Рӯзӣ илова кард:
— Дигар баромадгоҳи- вай на фасод мекунад, на дард мекунад ва на туро озор медиҳад. Заҳри ришта оби ширмонандест, ки аз даруни бадани ришта мебарояд ва ҳар бало аз ҳамин об мехезад: агар дар вақти кашида гирифтан, ришта дар даруни бадан канад ё ин ки ба сабаби бадии ҷойи баромадаш кашида гирифтанаш мумкин нашуда, дар даруни бадан пӯсад, дар ҳар сурате ки ҳамин об ба гӯшти бадан паҳн шавад, азоби тоқатнопазир медиҳад — ду моҳ-се моҳ мехобонад, гоҳо ланг ва ё бепо мекунад.
Мулло Рӯзӣ дид, ки аз ин тафсилоти ӯ ман тарсидам, илова кард:
— Лекин ришта ҳеҷ гоҳ одамро намекушад. Бинобар ин дарди риштаро «дарди бахайр» мегӯянд.
Бо ин тасаллии Мулло Рӯзӣ тарси ман кам нашуд, чунки ман аз мурдан наметарсидам, аммо аз як моҳ-ду мох барҷомонда шудан ва аз бепой шудан метарсидам.
* * *
Баъд аз чанд рӯзи кашида гирифта шудани риштаи аввалин ҳаракати чизеро дар миёни худ ҳис намудам ва даст-даст карда дидам, ки дар мағзи гӯшт чизе танобмонанд дар вақти молиши бадан ба дастам маълум мешуд. Аммо он чиз дар як ҷо ҳалқа-ҳалқа ва ба ҳам печида меистод ва гоҳо ҷунбише мекард.
Ман ин ҳолро ба Мулло Рӯзӣ гуфта, аз вай маслиҳат пурсидам.
— Ман дар умри худ ягон бор ҳам ришта набаровардаам, — гуфт ӯ, — бинобар ин ман муайян карда гуфта наметавонам, ки вай ришта аст ё не ва чӣ кор кардан лозим аст. Аммо сартарошони Бухоро ҳамагӣ риштакаш мебошанд. Беҳтар он аст, ки ту ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ рафта, ба яке аз онҳо нишон диҳӣ, вай ришта будан ё набудани чизи дар мағзи баданат пайдошударо ва, агар ришта бошад, вақти муносиби кашида гирифтанашро ба ту маълум мекунад…
Мулло Рӯзӣ сонияе фикр карда, илова намуд:
— Агар дар ҳақиқат он чизи дар баданат пайдошуда ришта бошад, беҳтар он аст, ки ба ягон сартароши риштакаши ҳунарманд кашонда гиронӣ. Ту хаёл накун, ки ин бор ҳам кашида мегирӣ. Он тасодуфест, ки барои бегӯшту берагу пай будани ҷойи баромади ришта ба ту як бор рост омадааст.
— Ман ҳунармандтарини сартарошони риштакашро аз кӣ мепурсам ва аз куҷо меёбам?
— Бештарини сартарошони Лаби Ҳавзи Девонбегӣ риштакаш ва ҷарроҳ мебошанд ва дараҷаи ҳунари онҳо дар риштакашӣ аз бисёрию камии он риштаҳое маълум мешавад, ки ба як мехи даруни дӯконашон овехта мемонанд. Ту ба суффачаи берунидӯконии ҳар сартарош нишаста ба даруни дӯконаш ба мехҳои дар девор задамондааш чашм дӯз. Дар кадом дӯкон, ки дар мехи он риштаи кашидашуда бисёртар бошад, соҳиби он дӯкон дар ин кор ҳунармандтар аст…
Мулло Рӯзӣ қадаре сукут карда, боз давом намуд:
— Мегӯянд, ки Усто Ҳаким беҳтарини риштакашон аст, аммо ман на шахсан худи ӯро медонам ва на дар куҷо будани дӯконашро. Дар кадом дукон, ки риштаи кашида бисёртар овехта шуда бошад, соҳиби вай бояд Усто Ҳаким бошад. Лекин аз ҳеҷ сартарош кӣ будани Усто Ҳакимро напурс, чунки ҳар кадоми онҳо барои риштаи туро кашида ё кашида натавониста як танга гирифтан худашро «Усто Ҳаким» мегӯяд.
* * *
Баъд аз чанд рӯз чизе, ки ришта будани вайро гумон мекардам, оҳиста-оҳиста пойин фуромада ба рон расид. Акнун ҳалқаҳои вай кушода шуда, ҷойи исташ дарозтар гардида ва ба рӯйтари гӯшт баромада буд. Бо дидани ин ҳол дар ман шак намонд, ки вай ришта аст.
Баъд аз чанд рӯзи дигар сари он бар рӯйи айнаки зонуи пои чап расида нӯг дод. Азбаски устухони зону бегӯшт аст, ман гумон кардам, ки ба осонӣ кашида гирифта мешавад. Бинобар ин таҷрибаи тасодуфии дафъаи аввалии худро ба кор бурда, доначаро канда гирифта, нӯги риштаро ба даст дароварда кашидам. Баъд аз ду се сантиметр ба дастам даромадан ришта дигар набаромад.
Аз таълимоти Усто Ҳаким ба одами риштадор илҳом гирифта шамъи ҷойдорӣ тайёр карда монда будам. (Ман рӯзе ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ рафта, аз рӯйи аломатҳое, ки Мулло Рӯзӣ ба ман гуфта буд, дӯкони Усто Ҳакимро ёфта, амалиёти риштакашии ӯро дида будам. Усто Ҳаким, баъд аз он ки пӯсти рони як одами риштадорро ба қадри ним нахӯд бо ҷустак газонда боло бардошта, бо поку бурида, гӯшти он ҷойро бо дандонхилол (дандонковак) кофт ва он одами риштадорро хеле азоб дода, ин амалиётро се бор такрор карда бошад ҳам, таноби риштаро ба даст дароварда натавонист, ба ӯ гуфта буд, ки то фардо ҳамин вақт хуб пиёда гардад ва дар ҷое, ки ҳаракати ришта маълум шавад, равғани шамъ молида хуб молиш диҳад. Агар то фардо аз ягон ҷойи дигар ришта ба рӯйтари бадан барояд, ӯ онро кашида мегирад.) Дар ҳолате, ки нӯги ришта дар байни ангуштони дасти ростам буд, ба дасти чап ба ҷоҳое, ки ҳаракати ришта маълум мешуд, равғани шамъ молида молиш дода истода боз кашидам ва гумон кардам, ки як сантиметри дигар баромад. Аммо баъд аз диққат карда диданам маълум шуд, ки дигар ришта аз бадан набаромада, ҳамон миқдори аввалӣ кашиш ёфта дароз шуда будааст, чунки риштаи ба даст даровардашуда аз аввалааш бориктар шуда буд.
Аммо ман аз кашида гирифтани он умедамро наканда, амалиёти риштакашии худро давом додам. Дар ҳамин вақт ба қадри ду сантиметр ришта дар байни ангуштонам монда, дигараш канда ба даруни бадан даромада ғоиб шуд. Ҳамон замон ҳис кардам, ки чизи обакии сард ба даруни гӯшт паҳн шуда рафт ва баъд аз дақиқае дар сар то пойи даруни бадан оташ даргиронд ва баъд аз панҷ дақиқа дар тамоми рӯйи пӯсти бадан хориши сахте пайдо шуда, на донача, балки порчаҳое, ки паҳниашон ба қадри рӯйи нохуни ангушти даст меомад, ба сар то пойи баданам дамида баромаданд, ранги ин чизҳои дамидагӣ сурхи баланд буда, хориданро талаб мекарданд.
Ҳар чӣ қадар ки ман мехоридам, талаби хориш ҳамон қадар зиёдатар мегардид. Рафта-рафта шиддати хориш ба дараҷае расид, ки нафасам ба дарун афтид ва сӯзиши дарунӣ ҳам шиддат карда, худро дар даруни танӯри пуроташи хоришангез ҳис мекардам. Озодона нафас кашидан тамоман барҳам хӯрд ва дар сари ҳар як дақиқа ё чанд сония фарёди ҷонкоҳе мекашидам, ки ин ба ҷойи нафаскашӣ мегузашт.
Дар он вақт ман фаҳмидам, ки чаро одамони риштадор дидаву дониста худро ба дасти Усто Ҳакими қассобона бераҳм месупурдаанд ва ӯ дар натиҷаи тан ба тақдир додани онҳо дар аввали мавсими риштабарорӣ садҳо риштаҳои саломат кашида гирифтаашро дар мехҳои дӯконаш намойиш дода овехта мондааст.
Охир фарёдҳои ҷонгудози маро Мулло Рӯзӣ ва муаззини мадраса шунида омада, ба пеши ман даромаданд (ба сабаби тобистон будан, дар мадраса кас кам монда буд ва онҳое ҳам, ки ҳанӯз дар мадраса буданд, дар он вақт дар ҳуҷраҳои худ набуданд).
Мулло Рӯзӣ хориши бадани маро дида:
— Ин испарма аст, — гуфт. — Ин дамидагиҳои хоришдор дар вақти вайрон шудани хун пайдо мешаванд ва вақте ки ришта гирад, яъне оби вай ба гӯшту хун омезад, сахттарин испарма медамад ва хориши он ҳам тоқатгудоз мешавад. Чораи аввалини ин дард нахоридан аст. Касе ки монанди ту хоридан гирад, ба рӯзи ту меафтад. Чораи дуюм ва таскиндиҳандаи хориш равған молидан аст.
Пас аз он Мулло Рӯзӣ муаззинро фармуд, ки равғани шамъи ман барои риштакашӣ тайёркардаамро ба баданам молида, молиш диҳад. Дар вақти молиш бо гармии таби бадан равғани шамъ об шуда, ба даруни пӯст фурӯ рафтан гирифт ва бо ин амалиёт хориш қадаре таскин ёфта, нафаскашӣ осудатар шуд.
Аммо сӯзиши дарунӣ ва баландии таб ба дараҷае расид, ки кому забонам хушкида бо ҳам мечаспиданд ва ташнагӣ чунон зиёд шуд, ки оби хоми сардро бо офтоба бардошта аз нӯлаш менӯшидам ва тоқат надоштам, ки то ба пиёла рехтан интизорӣ кашам.
Мулло Рӯзӣ аз обихомнӯшӣ ҳам маро манъ кард:
— Дар шиддати таб нӯшидани оби хом, хусусан оби ҳавзҳои Бухоро, мумкин аст, ки сабаби ҳалок шавад, — гуфт ва муаззини мадрасаро фармуд, ки аз самоворхона оби ҷӯш оварда диҳад. Мулло Рӯзӣ баъд аз он дар пайи даво кардани испарма афтод, то ки вай тамоман барҳам хӯрда, бими дубора сар шудани хориш бартараф шавад. Барои ин муаззинро фармуд, ки аз атторӣ чанд мисқол гули маҳзар* ва аз баққолӣ як коса ҷуғрот ё чакка биёрад.
Баъд аз тайёр шудани ин чизҳо Мулло Рӯзӣ гули маҳзарро ба як коса ҷуғрот омехта, ҳамаашро якбора ба ман хӯронид ва аз болои вай оби ҷӯш нӯшида истоданро фармуд. Баъд аз ин муолиҷа Мулло Рӯзӣ ва муаззин ба болои ман ду қабат кӯрпаи серпахта пӯшонданд ва дар вақти омадани арақ шамол надоданро ба ман фармуда баромада рафтанд.
Баъд аз як соат хориш тамоман барҳам хӯрд ва дамидагиҳои испарма ҳам пасту кам шудан гирифтанд. Аммо баданам чунон арақ карда буд, ки гӯё ман дар даруни об хобида будам, лекин ин об оби сард набуда, оби ҷӯшон буд.
Бегоҳонӣ Мулло Рӯзӣ ва Мулло Сулаймон омада баданамро аз арақ пок карда хушконда, либоси тоза пӯшонданд. Таби тоқатгудоз ва ташнагӣ беандоза зиёд буд. Оби ҷӯш дар вақти нӯшидан ҳалқро тар мекард, аммо ташнагиро намешикаст. Чойи кабуди талх тайёр карда доданд, ки ин аз оби ҷӯш беҳтар намуд.
____________
* Гули маҳзар — барги гулест тор-тори заъфармонанд, ки аз заъфар сурхтар ва бӯяш пасттар аст (ман тари ин гулро надидаам).
Ин тасвири хушкидаи он аст. ки атторонн Бухоро мефурӯхтанд). Шиддати таб ба дараҷае буд, ки ман гоҳ-гоҳ аз ҳуш мерафтам, хобҳои парешони аҷибу ғариб медидам, ба ҷоҳои пурхавф мерафтам, гоҳо дар дарёи хурӯшон ғарқ мешудам, гоҳо дар миёнаи оташи шӯълавари сӯзон меафтодам. Барои халос кардани худ ҷандала намуда ҳаракат мекардам ва дар вақти шиддати ҳаракат ба ҳуш меомадам, ки дар ҷоям хобидаам ва чӣ қадар вақт боз хобидани худро аз ёридиҳандагон мепурсидам.
— Ҳеҷ вақт нагузаштааст, ягон дақиқа чашм пӯшида кушодӣ, аммо дар хо-бат шояд сахт тарсида бошӣ, ки бисёр ҷастухез кардӣ ва фарёд кашидӣ, — мегуфтанд.
Дар он вақтҳо на ман ва на он касоне, ки ман мешинохтам, термометр ва санҷидани ҳарорати баданро намедонистем, бинобар ин ман муайян карда гуфта наметавонам, ки дар он вақт дараҷаи ҳарорати бадани ман ба чанд расида буд. Аммо ба табҳои замонҳои шинос шуданам ба санҷиши ҳарорат қиёс карда гуфтан мумкин аст, ки дар он шабу рӯзи шум ҳарорати ман ба он дараҷа расида будааст, ки ба болотар аз он дараҷа зинда мондани бемори табдор мумкин нест.
Он шаб, ки дарозтар аз сол буд, дар ҳамон таби сӯзон гузашт. Баъд аз рӯз сафед шудан чашми маро бе дидани хоби парешон гармӣ бурдааст. Чашм кушодам, ки офтоб баромадааст ва ҷое, ки аз он ҷо ришта нӯг дода буд, монанди он ки бо корд зада истода бошанд, дард мекунад. Кушода дидам, ки зонуи чапам аз боло то нимаи рон ва аз поён то нимаи соқи пой варами сурхи сӯзоне пайдо кардааст. Ҳанӯз бадан ва дарунам аз шиддати ҳарорат месӯхтанд, аммо беҳушӣ монанди дишаба бисёр рӯй намедод.
Мулло Сулаймони муаззин аз сартарошони риштакаш марҳам оварда, ба ҷойи варамидаи пой молида, аз рӯйи он латта ва як порча пахтаи ғафсеро гузошта баст. Баъд аз соате озори «кордхалонӣ» ба луқ-луқи «гӯшткӯбӣ» бадал ёфт, гӯё ки зонуямро бар рӯйи гӯшткӯбак гирифта бо чандин корди ош аз чанд ҷой баробар мекӯфтанд.
Марҳам дар ҳар шабу рӯз як бор тоза карда мешуд, дар рӯзи ёздаҳум рӯйи пӯсти ҷойи ришта зардӣ пайдо кард. Гуфтанд: «пухтааст, агар ба кафидани худ ба худи ҷароҳат интизорӣ бурда шавад, бисёр вақт мегузарад ва зиёда азоб мекашӣ. Беҳтар он аст, ки ҷарроҳ оварда нештар занонем».
Ман қабул кардам, ҳамон сартарошеро, ки марҳам дода буд, оварданд. Ӯ аз ду ҷойи омоскардаи пой нештар зада шикофт.
Дар муддати ёздаҳ рӯзи гузашта ман ғайр аз оби тарбуз чизи дигаре на-хӯрда будам. Аз рӯзи кафондани ҷароҳат хӯрокхӯрӣ сар шуд, аввал нонро дар чой тар карда хӯрдам ва баъдҳо дигар чизҳоро ҳам хӯрдан гирифтам. Ҳарорат хеле паст шуда, қариб ба эътидол расида буд, ҷароҳат камтар озор медод ва варамҳои болою пойини ҷароҳат фуромад. Аммо аз ҷо ҷунбида наметавонистам, аз рӯзи гирифтани ришта сар карда ман барҷомонда шуда будам ва ҳанӯз барҷомонда будам.
Дар даҳ рӯзи дигар ҷароҳат тамоман тоза шуд, аммо ҳанӯз пӯст надавида буд ва ман имкон ёфтам, ки баъд аз сию як рӯз барҷомонда шуда хобидан, ба асо такя карда беруну дарун баромада-даромада тавонам ва баъд аз даҳ рӯзи дигар ба асо такя карда лангон-лангон ба кӯча баромадам. Чунки дар он вақт ҷароҳат тамоман ба ҳам омада пӯст давонда бошад ҳам, ҳанӯз пойи чапамро қуввати озодона ҳаракат кардан набуд. (Ҳанӯз парчаи доғи он ҷароҳат бар рӯйи айнаки пойи чапам намоён аст.)
Соли дигар аз пои ростам ришта баромад. Ман дар бадани худ пайдо шуда-ни риштаро дар вақте ки вай дар сари синаам буд, ҳис кардам. Аммо хеле дар мағзи гӯшт ва дар байни устухонҳо буд, ки дар молиш додани пӯсти бадан ба даст маълум намешуд, лекин ҷунбиш ва ҳаракаташро пай мебурдам.
Ин ришта, бе он ки бар рӯйтари гӯшт барояд, то рон фуромад ва дар он ҷо дар мағзи мушакҳои рон тамоман ғоиб шуда рафт, дигар ҳаракаташро ҳам ҳис намекардам ва баъд аз чанд рӯзи дигар дар гирдогирди айнаки зону намоён гардид ва ба зудӣ — дар як рӯзи дигар сари он бар рӯйи соки пой фуромада аз он ҷо нӯг дод.
Ин дафъа ман (бо таҷрибаи порсола) вазифаи риштакаширо ба гардани худ нагирифта, ба пеши Усто Ҳакими риштакаш рафтам. Ӯ:
— Дар вақташ омадед! — гӯён маро пушт ба замин дар суффача ба ёзида хобидан амр фармуд, чунки ришта дар тарафи пеши зону ва соқ буд. Аммо ман ёзиданро қабул накардам:
— Поямро ёзонда менишинам, ҳар коре, ки мекарда бошед, кардан гиред! — гуфтам.
— Метарсед, — гуфт.
— Ман наметарсам, — гуфтам.
Мақсади ман аз ин якраҳагӣ ва лофзанӣ амалиёти риштакаширо аз наздик дар бадани худ дида таҷриба омӯхтан буд. Албатта, озор хоҳ дароз кашида хобам, хоҳ нишинам, баробар буд. Ман поямро ёзонда нишастам. Усто кор сар карда, аз паҳлуи берунии айнаки пои рост ҷоеро буридан хост. Ман аз ӯ:
— Чаро аз ҷойи нӯгдодаи ришта (рӯйи соқи поямро нишон дода) набурида, ин ҷойи баданамро буридан мехоҳед? — гуфта пурсидам.
— Дар рӯйи соқи пой чоряки ришта ҳам нарафтааст, қисми бисёри вай дар атрофи айнаки зону печида хобидааст. Агар аз ҷойи нӯгдодааш кашидан хоҳам, ба қадри як ангушт ҳам намебарояд, чунки дунболаш дар ин ҷо банд аст. — Усто ҳунарнамойӣ карда илова намуд: — Устоҳои нодон ё риштадорҳои камтаҷриба дар куҷо банд будани дунболи риштаро ба назар нагирифта, вайро аз ҷойи нӯгдодааш ба осонӣ кашида гирифтан хоста, доначаро канда нӯгашро ба даст дароварда ба қадри қувваташон мекашанд, ришта меканаду риштадор ду-се моҳ азоб мекашад.
Ман, ки бо таҷрибаи порсола ин ҳолро аз сар гузаронида будам, дар дили худ гуфтаҳои усторо тасдиқ кардам, дигар ба кори вай тадохул накарда, ба ӯ таслим шуда нишастам.
Усто аз ҷойи мазкур — аз паҳлуи берунии айнаки зону ҷоеро бо чустак бардошта бурид, ришта нанамуд. Дубора бурид, ришта намудор гардид. Усто дандонхилолро гирифта аз таги ришта ба мағзи гӯшт халонда боло бардошт. Азоб ҷонгудоз буд, аммо ман шарм доштам, ки ба назди усто ва ба пеши тамошобинони бедард, ки дари дӯконро иҳота карда истода буданд, фарёду фиғон барорам ва гиря кунам. Ночор дандон ба дандон монда сабр кардам.
Усто ҳалқаи ба дандонхилол андармон шуда берун баромадаи риштаро ба дасти худ гирифта, аввал қисми ба тарафи соқи пой дароз шуда рафтаи вайро кашид ва он ба осонӣ тамоман баромад. Аммо ӯ ҳарчанд кӯшиш карда кашид ва равғани шамъ молида молиш дод, аз қисми ба тарафи айнаки пой печидаи он чизе набаромад.
— «Зӯри беҳуда миён мешиканад» — гуфтаанд, кандани ришта аз шикастани миён ҳам бадтар аст, — гӯён усто дасташро ёзонда аз рӯйи рафчаи дукон қайчии мӯйлабгириро ба даст гирифт. Ӯ аз тарафи ба бадан банд шудаистодаи ришта ба қадри ним ангушташро дар байни ангуштони дасти худ маҳкам дошта истода, боқимондаашро бо он қайчӣ бурида партофт.
Усто қисми дар байни ангуштони худ нигоҳ доштаистодаи риштаро бо пахта пок карда, оби сафедашро покиза кашида гирифта, ҷойи буридашударо бо абрешими сафеди сахт баста сар дод. Ришта дарҳол ба дарун рафт.
Ман аз ин ҳол «мабодо азоби порсола рӯй диҳад» — гӯён дар дили худ бисёр тарсидам. Усто ин тарси маро пай бурда:
— Натарсед, — гуфт. — Риштаи канда ё буридашудаи ба даруни-бадан рафта вақте хавфнок аст, ки обаш ба гӯшту хун паҳн шавад. Оби ҷойи буридашударо покиза карда гирифтам ва аз ҷойи басташуда оби ришта берун заҳида наметавонад.
Ӯ бар рӯйи пӯсти айнаки пой ва атрофи он равғани шамъ молид ва чуқурчаи баданро бо сӯхта пур карда бо латтаи сафеди тозае, ки худ бурда будам, баст. Усто тавсия кард, ки то фардо чанд бор равғани шамъ молида, пиёда бисёр гардиш кунам ва фардо дар ҳамон вақт пеши ӯ оям.
Ман ба ӯ як танга музд додам, нагирифт:
— Агар фардо риштаро тамоман кашида гирифта тавонам, баъд аз он назри шуморо мегирам, агар ришта худо накарда набарояд, шумо бисёр азоб мекашед. Азоб дода музд гирифтан айб ва ноинсофии гузарост, — гуфт.
Тавсияи усторо ба амал оварда, рӯзи дигар дар вақти муайянкардашуда пешаш омадам. Риштаро дида, аз тарафи паҳлуи дарунии айнаки зону ҷоеро бурида, ҳалқаи риштаро ба даст дароварда кашид. Ҳарчанд азоб тоқатнопазир ва аз дирӯза сахттар буд, ришта тамоман баромад ва ман аз азоби риштагирӣ халос шудам.
* * *
Дар солҳои ояндаи дигар ҳам ҳар сол ду-се ришта бароварда, гоҳо кашонда, гоҳо худ кашида гирифта, гоҳо бинобар бад будани ҷойи баромадаш ба кашондан ва кашидан муваффақ нашуда, як моҳ-ду моҳ бистарӣ гардида, азоби ин дарди бедавои даври амириро чандин сол кашидам. Охир сабаби пайдо шудани он дардро фаҳмида, ба дафъи он сабаб кӯшида, худро аз он бало раҳонидам.
Сабаб ва тарзи пайдо шудани ришта ва «илоҷе», ки ҳукумати амир ба муқобили он дида буд
Он азобу уқубати ба сари худам аз ришта омада, ки дар боби боло тасвир ёфт, ҳар сол камаш ба сари нимаи аҳолии шаҳри Бухоро ва истиқоматкунандагони он ҷо меомад. Албатта, сабаби ин гуна дарди умумиро ҳар кас кофтуков ва ҷустуҷӯ мекард. Одамоне, ки андак ҳуше дар сар доштанд, сабаби инро дар оби ҳавзҳои шаҳр медонистанд. Дар ҳақиқат, оби ҳавзҳои Бухоро, хусусан дар айёми баҳорон, ки ҳамаи табиат ба ҳаракат меомад, пур аз киҷҷа мешуд. Киҷҷаи оби ҳавзҳои Бухоро иборат аз кирмчаҳои сурхчаранги ҳалқачашакл буд ва гоҳо кирмчаҳои ростбадани дарозрӯя ҳам ба назар менамуд.
Бинобар ин баъзе одамҳо он обҳоро аз дока гузаронида софкорӣ карда, баъд аз он кор мефармуданд, лекин бо ҳамаи ин ба он гуна одамҳо ришта мебаромад. Касоне, ки ба тақдир сахт ақида доштанд, аз ин ҳолат фоида бурда мегуфтанд:
— Аз об пайдо шудани ришта гапи бекор аст, мо обро софкорӣ карда нӯшидем, бо вуҷуди ин ришта баровардем. Пас маълум мешавад, ки агар Худо ба касе аз ришта азоб кашиданро тақдир карда бошад, ба ин дарди бедаво гирифтор мешавад ва агар на, не! Тақдирчиён ба даъвои худ ба тарзи зерин низ далел меоварданд:
— Дар як хонадон, — мегуфтанд онҳо, — баъзе кас ришта мебарорад ва баъзе кас не, инчунин аъзои оилаи баъзе хонадон ҳамагӣ ришта мебароранд ва дар хонадони дигар ягон кас ҳам ин дардро намебинад ва намедонад.
Такдирчиён боз ҳам пештар рафта мегуфтанд:
— Фалонӣ тобистони гузашта бо вуҷуди ҳамеша дар саҳро буданаш ва ягон бор ҳам оби ҳавзи Бухороро нанӯшида, ду моҳ азоби риштаро кашид ва билъакс фалон саҳроӣ, ки тамоми тобистонро дар шаҳр гузаронид ва ҳамеша аз ҳамин ҳавзҳо об нӯшид, ягонта ҳам ришта набаровард.
Ҳатто аз ин ақидаи мардуми содадил баъзе касони фиребгари беруна фоида бурда, як сол кисаи худро бо тангаҳои муфт хуб пур карданд. Зотан, мардуми Бухоро, ки аз бемориҳои гуногун бисёр азоб кашида аз табибон ва дуохонони худӣ (бухороӣ) фоидае намедиданд, ба атрофи касе, ки аз берун, аз ҷоҳои дурдаст ва мамлакатҳои беруна омада худро табиб ё дуохон эълон кунад, зуд ғун мешуданд. Бинобар ин аз савдогарони чойфурӯш ва нилфурӯши Пишовур 278 баъзеашон худро табиб ва баъзе дигарашон худро дуохон вонамуда, бо ин роҳ ҳам меҳнаткашони бесаводи Бухороро тороҷ мекарданд.
Як тобистон, дар вақте ки қариб нимаи аҳолии шаҳр гирифтори бемории ришта буд, яке аз ҳамин қабил савдогарони чойфурӯши Бухоро худро дуохони риштахон эълон кард. Бошишгоҳи он савдогар дар сарои Сайфиддин буд, ки дар тарафи ҷануби Лаби Ҳавзи Девонбегӣ — дар ҷануби кӯчаи Калон бино ёфта буд. Одамони риштадор саҳари барвақт, пеш аз он ки дари сарой кушода шавад, дар пеши дарвозаи он ғун шуда, кӯчаи Калонро пур мекарданд, то ки дар навбати аввал ва, ҳеҷ набошад, пештар ба пеши дуохон даромада риштаи худро хононанд.
Чун ин дуохон овозаи бисёр пайдо карда, аз ҳад зиёд фоидаи муфт ба даст даровард, дар сарои Рашид низ як савдогари нилфурӯши пишовурӣ дӯкони риштахонӣ кушод. Харидорони «дӯкони» вай ҳам аз «харидорони» дуохони нахустин кам нашуд.
Одамони ҳангоматалаби беришта ҳам ба пеши он риштахонон рафта, тартиби дуохонии онҳоро дида ё надида ба тарзҳои гуногун нақл намуда, сабаби гармии бозори онҳо мегардиданд. Ин ҳангоматалабони бекор муболиғаро ба ҷое расонданд, ки яке аз онҳо мегуфт:
— Ман ба чашми худ дидам, ки дуохон дуо хонда бар рӯйи пӯсти ҷойи риштаноки одами риштадор «куф-суф» мекард, ришта монанди кирми лойхӯраки аз лой бароянда сарашро боло карда аз таги пӯсти бадан мебаромад ва дуохон риштаи аз бадан баромадаро пеш-пеш бурида ба коғазе мепартофт. Вақте ки тамоми ришта бо зӯрии дуо бароварда бурида шуд, риштаҳои буридащударо ба коғаз печонда ба дасти риштадор медод ва назри дуои худро ба ҳамин тариқа ҳалол карда мегирифт.
Ман, ки табиатан кунҷков ва шаккок буда, ин гуна корҳои аз одат берунро то ба чашми худ набинам, бовар намекардам, рӯзе дар қатори риштадорон (бо вуҷуди ин ки он вақт ришта надоштам) ба саройи Сайфиддин, ба пеши дуохони нахустин рафтам. Дар навбат ман дар мартабаи чорум будам.
Дастёри дуохон беморонро чорнафарӣ ба ҳуҷра медаровард. Ман бо се нафари дар пеши худам истода нафари чорум шуда ба пеши савдогари риштахон даромадам. Ӯ дар миёнаҷойи ҳуҷра бар рӯйи қолинчае чорзону менишаст. Дар пеши ӯ дар як табақи тунукаи калони сирдор, ки дар Бухоро «қарабоӣ» меномиданд, ба қадри чор завола хамир лойи сақич (лойи часпаки аз хоки сурх тайёр кардашуда) буд.
Дуохон одами риштадори дар пеш истодаро ба пеши худ хонда фармуд, ки ҷойи риштаноки баданашро кушода ба ӯ нишон дода, дароз кашида бихобад. Риштадор ин фармонро ба амал овард. Риштаи ӯ дар рони пояш будааст.
Дуохон аз лой як лӯндаашро канда гирифта, дар ду кафи дасти худ молиш дода, монанди пилта тофта дарози лӯлашакл кард ва онро бар рӯйи пӯсти ҷойи аломати ришта маълумшудаи бадани бемор гузошт ва корди кунди теғакмонандеро* ба даст гирифта, ба дуо хондан даромад. Забони дуои ӯ на арабӣ буд ва на тоҷикӣ, шояд забони урду ё ягон забони дигари Ҳиндустон бошад, ки дар байни ҷумлаҳояш гоҳ-гоҳ баъзе суханони ба тоҷикӣ монанд ҳам шунида мешуд.
Дуохон дар ҳар банди дуои хонда истодааш аз хондан бозистода, бар рӯйи бадан як «куф» ва «суф» мекард ва бо кордаш аз лойи пилтамонанди тофташуда андакашро бурида, бар рӯйи коғаз мениҳод ва боз дуо хонданро давом медод.
Дуохон ба ҳамин тариқа дуо хонда лойро тамоман бурида ба рӯйи коғаз партофт, беморро ба хеста нишастан фармуд ва бемор ки хеста нишаст, лойҳои буридашударо ба он коғаз печонда ба дасти ӯ дод ва гуфт:
— Инро аз шаҳр бароварда ба ягон ҷӯйи калони пуроб партоед, ки нест шуда равад, — ва бо оҳанги таъкид илова кард: — эҳтиёт кунед, ки ягон гард ҳам аз ин лой дар шаҳр ва дар байни мардум наафтад, зеро бо зӯри дуо тухми ришта аз баданатон баромада ба ин лой омехтааст, агар дар байни мардум афтад, аҷаб нест, ки ягон мусулмони дигар ба ин дард гирифтор шавад.
____________
* Теғак — корди кӯҳнаи дасташикастаи аз кор баромада.
Бемор коғазпечро гирифта, дар кисаи худ ниҳода ва аз он ҷо тангаҳои сафедро бароварда ба дуохон пешкаш кард. Дуохон пулро ба даст нагирифта, рӯймолеро, ки дар паҳлуяш паҳн карда шуда буд, нишон дода, ба он ҷо партофтанашро ишора кард. Бемор ин ишоратро ба амал овард. Дар вақте ки ман дар он ҷо будам, бар рӯйи рӯймол қариб дусад танга барин «тангаҳои нуқраи зарби Бухорои шариф» паҳн шуда хобида буд.
Ман дуо хондани риштадори дуюмро хам аз назар гузаронидам, ки дуохон ба ин бемор низ ҳамон муомиларо кард, ки ба риштадори якум карда буд. Ин бемор шояд аз бемори якум доротар бошад, ки садои ҷарангосзании тангаҳои ба рӯйи рӯймол партофтаи ӯ аз аввалӣ баландтар ба гӯш расида, бисёртар назр додани ӯро ба беморон маълум кард.
Чун навбат ба бемори сеюм расида ба ман наздик омада буд, ман худро монанди одами тангшуда ба назар вонамуда, печу тоб хӯрда аз ҳуҷра баромада рафтам.
Вақте ки мавсими риштабарорӣ ба охир расида, ин беморӣ дар байни мардум камтар шудан гирифт, ҳар ду дуохони савдогари пишовурӣ якбора аз Бухоро гум шуданд. Онҳо, ки ба риштаи касе фоида нарасондани дуои худро аз ҳама хубтар медонистанд, шояд бо айби фиребгариашон аз ҳуҷуми мардуми аламдида ба худашон тарсида, кори тиҷорати худро ғундошта ё ба ҳампешагони худашон супурда, аз шаҳр бадар канда рафта бошанд.
* *
Дар ду-се соли охирии айёми риштабарории ман аз Петербург ва Москва олимони микробшиноси рус дар мавсими риштабарорӣ ба Бухоро пай дар пай омада, риштаҳои тоза кашидашударо аз дасти сартарошони риштакаш гирифта бурда, дар лабораторияҳои худ таҳлил карда диданд. Ҳарчанд натиҷаи тадқиқоти он донишмандон ба аҳолии шаҳри Бухоро расман маълум карда нашуда бошад ҳам, ба воситаи касони мӯътамад ба ман маълум шуд, ки онҳо сабаби асосии риштаро дар оби ҳавзҳои Бухоро ёфтаанд ва ин ҳам маълум шудааст, ки баъд аз софкорӣ карда аз дока гузаронидани об ҳам тухмҳои ба назар нонамоёни ришта мемондааст.
Чун ман ин натиҷаро бовар кардам, хостам ин фикрро ба он ҳодисаҳое, ки дар гирифтории ин дард аз сар гузаронидаам, татбиқ карда дида, он боварии худро мустаҳкам намоям ва ба он ақида амал намуда, аз ин дард тамоман халосӣ ёбам.
Аз рӯйи таҷрибаи худам ба ман маълум шуд, ки оби ҳавзҳои Бухоро дар вақте сабаби баровардани ришта мешавад, ки агар мизоҷи одам қобили расидани ин кирм бошад. Дар мизоҷи касе, ки ба муқобили тухми вай мубориза намуда ба вай ғолиб омада тавонад, ба воя намерасад, мурда меравад ва он кас ришта намебарорад. Сабаб ҳамин аст, ки аз нӯшандагони оби ҳавзҳои Бухоро баъзеҳо ришта мебароварданд, баъзе дигарон — не.
Инчунин оби зимистонии ҳавзҳои Бухоро (шояд дар сармо ва дар яхоб тухмҳои кирми ришта мурда мерафта бошанд) сабаби риштабарорӣ намешуд, бинобар ин касоне, ки зимистон дар Бухоро истиқомат карда, аз он об менӯшиданд ва дар аввали баҳор аз шаҳр баромада рафта тобистонро дар саҳро ё дар ягон шаҳри дигар мегузарониданд, ришта намебароварданд. Нӯшандагони оби тобистонии ҳавзҳои шаҳри Бухоро дар худи ҳамон тобистон ришта намебароварданд, балки касе, ки оби тобистонии ҳавзҳои Бухороро нӯшад ва мизоҷаш ба расидани тухми кирми ришта қобил бошад, дар тобистони оянда ришта мебаровард. Дар он вақт, хоҳ ӯ дар шаҳри Бухоро бошад, хоҳ дар саҳро ва хоҳ дар шаҳрҳои дигар, аз ин дард халосӣ намеёфт.
Аз рӯйи таҷрибаи худам рафти пайдо шудан, расидан ва баромадани ришта ба тарзи зерин буд: касе, ки мизоҷаш қобили расидани кирми ришта буда, дар тобистон оби ҳавзҳои шаҳри Бухороро нӯшад, дар соли оянда аз аввали баҳор -дар вақте ки ҳамаи растаниҳо аз замин ба рӯйидан сар мекунанд, кирми ришта низ ба ҳаракат меояд. Аз таҷрибаи худам ҳамин маълум шуд, ки аввал ин кирм дар қисми аз миён болои бадани одамӣ, бештар дар сина ва атрофи он ба ҳаракат меояд. Аммо дар он вақт дар зери пӯст чизе ҳис карда намешавад, ки ба даст ва молиш маълум шавад. Ман, ки бисёр ришта баровардам ва ҳамеша амалиёти кирми онро аз зери назари диққати худ намегурезондам, пай мебурдам, ки чизе дар дарунтарини мағзи гӯшт ҷунбиш дорад ва аз боло ба пойини бадан нигоҳ карда ҳаракат мекунад.
Вақте ки ин кирм аз миён поёнтар фурояд, ҷунбиши он зиёдатар ва ҳаракаташ маълумтар мегардад, лекин бисёр кам рост омадааст, ки аз зери ноф то расиданаш ба қадкашаки пой аз таги пӯст ба даст маълум шавад. Агар дар ин қисми бадан ба рӯй баромада нӯг диҳад, кашида гирифтанаш бисёр осон, ҳатто худи одами риштадор ҳам бе ёрии риштакаш кашида гирифта метавонист. Аммо ришта бештарин вақт дар ин соҳаи бадан бар рӯй намебаромад ва аксар баъд аз гузаштанаш ба тарафи рон, то расиданаш ба айнак ва хамгашти зону ҳаракати барӯйбаройӣ ва нӯгдиҳӣ мекард. Дар ин соҳаи бадан бошад, буридани бадан ва кашида гирифтани ришта бисёр хавфнок, душвор ва пуразоб буд.
Агар ришта аз хамгашти зону тамоман гузашта дар соқи пой то буҷулак ҳаракати рӯйбаройӣ кунад, боз кор як дараҷа бо осонӣ ба анҷом мерасид. Аммо дар худи буҷулаки пой ва атрофи он печ хӯрда ҳаракати барӯйбаройӣ кунад, боз кор ба душворӣ меанҷомид.
Дар ин ҷо бояд ҳаминро қайд кунам, ки як ришта дар пои ростам баромад, аз зону, аз соқи пой ва аз буҷулак гузашта ба кафи пой расид, аммо бар рӯй набаромад ва нӯг надод. Пеши риштакаш рафта нишон додам, ӯ баъд аз даст-даст карда дидан гуфт:
— Дар ҷойи чуқуртарини мағзи гӯшт аст, пӯсту гӯшти кафи пой бисёр сахт аст, ин ҷоро бурида риштаро саломат кашида гирифтан мумкин нест. Акнун ба тақдир тан дода сабр кардан лозим аст, агар бар рӯйтар барояд ё нӯг диҳад, биёед. Барои кашида гирифтан як кӯшиш карда мебинам, агар дар ҷойи исташ амал кунад, гӯштро пӯсонда ва худ пӯсида фасод шуда мебарояд, дар он вақт як моҳ-ду моҳ барҷомонда шуда азоб мекашед, аммо чӣ чора?
Ин ҳодиса моҳҳои июл буд. То сар шудани сардиҳои рӯзҳои тирамоҳ ришта ҷунбиш кард, ҳаракат намуд, аммо бар рӯй набаромад ва баъд аз сар шудани сармо ором гирифт. Дар соли оянда аз аввали баҳор боз ба ҷунбиш ва ҳаракат даромад, аммо то тирамоҳ ба рӯй набаромад ва дар зимистон боз ором гирифт. Ба ҳамин тариқа, то даҳ сол ҳар тобистон ҳаракат ва ҷунбиши пурқувват мекард, аммо бар рӯй намебаромад ва нӯг намедод. Баъд аз он ҳаракат ва ҷунбиши он сол то сол камтар шудан гирифт, аммо дар вақти молиш ба даст маълум мешуд, ки ҳалқа зада хобидааст.
Хулоса, то понздаҳ сол пеш аз ин (яъне тахминан чил сол) ҳар тобистон он ришта суст ҳам бошад, ҷунбиш ва ҳаракат мекард ва баъд аз он тамоман ором гирифт ва то даҳ сол пеш аз ин ба даст маълум мешуд, баъд аз он тамоман номаълум шуда рафт. Шояд бе он ки кафида оби заҳролуди худро ба гӯшту хун омезад, мурда ва як ҷузъи гӯшти кафи пой шуда рафта бошад.
* * *
Чун ман боварии қатъӣ ҳосил кардам, ки ришта аз нӯшидани оби ҳавзҳои Бухоро пайдо мешудааст, обихомнӯширо тамоман тарк кардам ва аз ин дард тамоман халосӣ ёфтам. Ин ҳодиса дар соли 1903 буд. Дуруст аст, ки баъд аз ҳафт соли дигар, дар соли 1910, ман боз як дона ришта баровардам. Аммо сониҳо бо иқрори як дӯстам маълум шуд, ки ӯ барои озмойиш як тобистон ба ман ду ё се бор оби хомро «оби ҷӯшондашуда» гуфта нӯшондааст. Ӯ худ ришта намебаровард ва ба ақидаи пайдо шудани ришта аз оби ҳавзҳои Бухоро бовар ҳам надошт, дар ин хусус ҳамеша бо ман мунозира мекард. Ӯ хостааст, ки ба ман оби хом нӯшонад ва ба ақидаи ӯ албатта ман ришта намебаровардам, баъд аз он ин ҳодисаро ба рӯйи ман зада маро дар мунозира мағлуб мекард.
Аммо, бо як бори дигар азоб кашидани ман ҳам бошад, маҷбур шуд, ки аз ақидаи худ баргардад ва дар мунозира мағлуби ман шавад.
Албатта, бояд донишмандони рус дар натиҷаи тадқиқоти илмии худ аз оби ҳавзҳои Бухоро пайдо шудани риштаро ба ҳукумати амир фаҳмонда, тоза нигоҳ доштани ҳавзҳоро ба ӯ тавсия карда бошанд. Лекин ҳукумати амир на ин ки ба тоза нигоҳ доштани ҳавзҳо ҳеҷ кӯшиш накард, ҳатто ба воситаи одамони бонуфуз дар байни аҳолӣ ташвиқот ҳам набурд, ки оби хомро нанӯшанд, то ки аз ин дарди беамон эмин монанд.
Ягона «чорае», ки ҳукумати амир ба муқобили ришта медид, ин буд, ки ҳар сол дар мавсими шиддати риштабарорӣ аз хазина ҳазор ё ду ҳазор танга (150 300 сӯм) тахсис карда мешуд, то ки ба талабаҳои қашшоқи мадрасаҳо, ки аз дарди ришта барҷомонда шудаанд, даҳтангагӣ (як сӯму панҷоҳтинӣ) тақсим карда диҳанд.
Як одами қушбегӣ бо як нафар котиб он маблағро бардошта мадраса ба мадраса мегаштанд.
Муаззини мадраса ё ки ягон бошандаи «мӯътабари» он ҷо хар касро, ки «талабаи қашшоқи аз дарди ришта барҷомондашуда» гуфта нишон медоданд, даҳ танга ба номи ӯ навишта дода мешуд. Он муаззин ё он бошандаи «мӯътабар» ва ё ин ки он «талабаи қашшоқи аз дарди ришта барҷомондашуда» ҳам дар навбати худ аз он даҳ танга яктангагӣ ба одами қушбегӣ ва котиб «хизматона» ва «котибона» гӯён дода, ҳашт тангаи боқимондаро дар байни худ тақсим мекарданд.
Барои мисол як воқеаеро, ки дар муддати даҳ-дувоздаҳ соли риштабарориам дар ман дар бораи «тақсими пули ришта» рӯй дод, нақл мекунам: бори аввале, ки ман дар оташи таби ришта сӯхта гоҳо ҳушёр ва гоҳо беҳуш дар ҳуҷраи худ хобида будам, муаззин Мулло Сулаймон ба пеши ман даромад ва дар дасти ӯ якчанд танга менамуд. Ӯ ба ман гуфт:
— Ба мадраса риштапулӣ омад, ғайр аз шумо дар ин ҷо риштадор хам набуд, ҳатто ягон талабаи дигар ҳам набуд. Дар вақти шиддати таб ба пеши шумо даровардани одамони ҳукуматро муносиб надида, худро дар қатори «талабагони қашшоқи аз дарди ришта барҷомондашуда» ба рӯйхат гузаронида, даҳ танга гирифтам, аз ин маблағ ду тангаашро ба одамони ҳукумат додам. Аз ҳашт тангаи боқимонда чӣ қадарашро шумо хоҳед, ба шумо медиҳам ва боқиаш пеши ман мемонад.
— Ҳамааш пеши шумо монад, — гуфтам ман, — чунки шумо ба ман дар ин беморӣ бисёр ёрӣ додед ва ёрӣ дода истодаед. Ман, ки чизе надорам ба шумо хизмат (ҳадя) кунам, ҳеҷ гоҳ пули аз ҳаво худатон ба даст даровардаро аз дасти шумо нахоҳам гирифт. Дигар ин ки ҳозир ман ба чизе эҳтиёҷ надорам, чунки дилам чизе наметалабад, ҳаққи марҳамро Шарофҷон ба тариқи қарз дода истодааст. Дишаб Мулло Рӯзӣ аз чароғвораҳои масҷиди калон, ки одамон барои арвоҳҳои гузаштагон даргиронда монда буданд, шаш дона шамъ чида овард, ки агар ман як сол дар бемории ришта хобам ҳам, барои молидан ҳамин шамъҳо кифоя мекунанд.
Муаззин дар бораи зуд саломатӣ ёфтанам дуо карда хурсанд шуда рафт. Аммо сонӣ Шарофҷон (зикраш дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» гузаштааст 279), ки гоҳо барои аҳволпурсӣ пешам меомад, ба ман гуфт:
— Муаззин ғайр аз шумо боз се талабаи ғоибро «талабагони қашшоқи аз дарди ришта барҷомондашуда» — гӯён ба рӯйхати ҳукумат гузаронида, барои чор нафар чил танга гирифт. Одамони ҳукумат ҳам, ки «хизматона» ва «котибона» гирифтанд, дар пайи тафтиш наафтода, гуфтаҳои муаззинро тасдиқ карданд.
Дар солҳои дигар, ки ман дар даруни ҳуҷра аз дарди ришта азоб кашида мехобидам, мешунидам, ки бар болои тақсими пули ришта дар байни «талабагони қашшоқи аз дарди ришта барҷомондашуда» ва муаззину бошандагони мӯътабари мадраса ҷанҷолу хархашаҳо мехест ва якдигарро дашномҳо медоданд, аммо маро касе ба ёд ҳам намеовард, ки «фалонӣ аз дарди ришта азоб кашида хобидааст».
Ин буд «чораи ягонаи» ҳукумати амир ба муқобили дарди «бедавои» ришта (Ахолии Бухоро аз дарди ришта баъд аз револютсияи Бухоро, вақте ки ҳавзҳо хушконида шуда, оби нӯшоӣ бо водопровод дода шуд, тамоман халос шуданд. Ҳоло ҷавонон чӣ будани риштаро ҳеҷ намедонанд ва пирони куҳансол монанди хоби парешони ҳавлангез гоҳо ба ёд меоранд).
* * *
Дар охири ин боб як воқеаи вобаста ба риштабарориамро, ки аз сар гузарондаам, мехоҳам ёд кунам.
Боре як ришта дар соқи поям нӯг дод. Усто Ҳаким барои бемор буданаш ба дӯконаш намеомад, ночор ман барои кашондани риштаам ба пеши сартароши риштакаши дигар рафтам. Ӯ баъди аз назар гузаронидани ҷойи ришта:
— Барои кашида гирифтани ришта буридани бадан лозим нест, Усто Ҳаким беҳуда одамонро азоб дода гаштааст, — гуфт ва илова намуд: — Ман барои набурида кашида гирифтани ришта марҳаме ёфтаам, ки ба сабаби ду-се бор молидан ришта худ ба худ аз бадан баромада меравад. Бе ёрии риштакаш худатон ҳам кашида гирифта метавонед.
Усто баъд аз гуфтани ин суханҳо ба кори дӯконаш машғул шуд, оби мундии шуллукдонро тоза кард, шохи ҳиҷомат (аз бадан хункашӣ)-ро бо рӯймолчаи бинипоккунии худ пок кард… Аммо ба тарафи ман ва риштаам дигар нигоҳе ҳам накард.
Охир ман дилтанг шуда ба сухан даромадам:
— Магар аз он марҳами озмудашудаатон ба ман намедиҳед?
— Додани вай мумкин нест, — гуфт усто, — чунки дар як шабу рӯз кӯҳна, ҳатто зарарнок мешавад. Аммо ҳар рӯз як бор молидани худам мумкин аст.
Усто боз ба корҳои дӯконаш, ки дар назари ман хеле беаҳамият буданд, машғул шуд ва ба ҷойи риштаам марҳаме намолид.
Боз ман сухан сар кардам:
— Хуб, ин тавр бошад, худатон молед! — гуфтам.
— Ба чашм, — гуфт усто, — аммо нархаш қадаре қимат аст.
— Чанд пул меистад?
— Ба дигарон ҳар молишаш ду танга меистад, аммо шумо, ки муллобача мебошед, як танга гузашт карда; дар ҳар молиш як танга мегирам. (Ва ҳол он ки дар он вақт як тангая марҳам ба як риштадор дар як моҳ мерасид.)
Ман розӣ шудам, усто ба қадри донаки зардолу марҳамеро ба соқи пои ман молида молиш дод ва як танга гирифта, маро гусел кард.
Намедонам, ба сабаби марҳам буд ё соз будани ҷояш, дар ҳар ҳол, дар рӯзи сеюми марҳаммолӣ риштаро худ кашида гирифтам ва усто барои зудтар пур кардани ҷойи холикардаи ришта боз ду бор марҳам молида ду тангаи дигар гирифт, ки ман ҳамагӣ бо панҷ танга харҷ кардан аз он ришта халос шудам.
* * *
Дар худи ҳамон сол, дар вақте ки ман таҳияи саҳроравӣ доштам, дар рони поям ришта маълум шуд. Ман дар дили худ фикр кардам: «Дар саҳро на устои риштакаш ҳаст ва на марҳами ришта, ҳарчанд ҳозир дар шаҳр ҳам монанди Усто Ҳаким риштакаши моҳир нест, аммо марҳами аз таҷриба баромада ҳаст. Модом ки «тайёри он марҳам дар як рӯз кӯҳна ва зарарнок мешудааст», беҳтар он аст, ки барои фоида бурдан аз он марҳам дар шаҳр монам». Аммо сонӣ ба хотирам расид, ки «рӯйхати марҳамро аз усто гирифта, аҷзои хоми вайро аз бозор харида ба саҳро бурдан мумкин аст ва дар вақти даркорӣ дар саҳро кам-кам пухта кор мефармоям. Барои ин кор дар вақти ҳозира, ки мавсими харбуза ва ангурпазӣ аст, дар шаҳр монда, бадани мондашударо аз захираи шираи яксола маҳрум кардан дуруст нест».
Пеши усто рафта рӯйхати аҷзои марҳамашро пурсидам. Ба сад нозу нуз баъд аз панҷ танга гирифтан, рӯйхати марҳамашро дод, ки нусха бардошта гирифтам/дар он рӯйхат тарзи таркиб ва пухтани вай ҳам нишон дода шуда буд.
Баъд аз харидани аҷзои марҳам аз атторӣ, ки ҳамагӣ як танга қимат дошт, саҳро рафтам.
Дар он ҷо дер накашида ришта ба ҳаракат даромад, ман ҳам марҳамро пухта молидан гирифтам. Дар вақти кор фармудани марҳам ҳис кардам, ки ин ғайри он марҳам аст. ки усто ба поям молида буд, чунки вай пӯсти поямро нарм мекард, ин бошад, сӯзонда пӯстро сахт карда истодагӣ барин мешуд,
Ҳар чӣ бошад, марҳаммолиро давом додам, баъд аз чанд рӯз ришта нӯг дод, аммо бо кашидан аз ҷояш намеҷунбид ва ба гӯшти бадан як шуда мондагӣ барин менамуд.
Оқибат дар як вақте ки барои кашидан сахттар ва асабиёна кӯшиш кардам, ришта канда, ман дар ҳолате афтодам, ки дар соли аввали риштабарориам афтода будам.
Охир, баъд аз ду моҳ бистарӣ шуда хобидан имкон ёфтам, ки ба шаҳр баргардам.
Савияи маҳорати доктор ва табибони Бухорои амирӣ ва вафоти Мулло Ҳомиди Савтӣ
Чунонки дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» дар боби «Вабо» баён карда шудааст, дар Бухоро як беморхона буд, ки дар айни замон вазифаи амбулаторияро ҳам ҳамон муассиса адо мекард. Дараҷаи ҳазоқат (маҳорати тиббӣ)-и доктори он ҷо, ки дар айни замон ҳам сарврач ва ҳам ягона врачи он муассиса буд, низ дар асоси дидаву шунидаҳоям дар қисми мазкур тафсил дода шуда буд.
Ҳаминро қайд карда гузаштан даркор аст, ки ҳукумати амир ва уламо аз тарси он ки мабодо ба пояи расму одатҳои динӣ ягон зарбае расад, дар Бухоро будани донишмандон ва докторҳои моҳирро намехостанд ва онҳоро қасдан роҳ намедоданд. Доктори ин беморхона барин докторҳои бесавод, ки аз нодонӣ обрӯйи доктор ва докториро дар пеши назари мардум мерехтанд, аз як тараф, дар назари уламо. «хавфнок» набошанд, аз тарафи дигар, ҳатто барои ташвиқоту кирдорҳои зиддиилмии онҳо баҳона ва дастак мешуданд. Бинобар ин ин гуна докторҳои нодон баъзан дар Бухоро афтода мемонданд. Дар ин ҷо дар асоси он муолиҷаҳое, ки доктор худамро кардааст, мехоҳам «маҳорати тиббии» ӯро ба пеши хонандагон равшантар карда нишон диҳам. Чунонки дар аввали ҳамин қисм ёд карда шуд, ман дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид дар соли аввали бино ёфтанаш (яъне дар вақти наму тар будани деворҳояш) истиқомат сар кардам. Дар соли дуюми истиқоматам дар он ҷо маро озори пойи пуршиддате пайдо шуд, ки ба душворӣ қадам мегузоштам.
Азбаски ба олимон ва донишмандони рус боварии калон доштам, барои муолаҷа пеши табиб нарафта, пеши он доктор рафтам ва ба воситаи тарҷумон дарди худро ба ӯ- фаҳмондам. Ӯ, бе он ки поямро, набзам ва ҳарорати баданамро бинад ё ба шушу дил гӯш дода ҳаракати онҳоро муайян кунад (он вақтҳо барои муолиҷа лузуми ин корҳоро худам ҳам намедонистам), фелдшери худро, ки як одами бадмасти бадҷаҳли қачкарӣ буд, фармуд то ба поҳои ман йод молад.
Он фелдшер дар ҳамон вақт ҷароҳати касеро мебаст. Барои муайян намудани савияи ахлоқии он фелдшер ҳаминро нагуфта гузаштан дуруст нест, ки ӯ дар вақти тоза кардан ва бастани ҷароҳати бемор, агар он бемор нолише кунад, дашномҳои қабеҳи кӯчагӣ ба забони туркӣ дода, ба пушти гардан ва шонааш як-ду мушт зада ба ором истодан амр мефармуд.
Фелдшер баъд аз фориғ шуданаш аз он бемор маро дӯғ зада фармуд, ки поҳои озордорамро бараҳна карда, дар ҷойи он бемор ба он тахтакати хуну чирколуд бихобам. Ман аз дашному шаллоқи он бадмаст тарсида, ба хуну фасодолуда шудани либосҳоям нигоҳ накарда, ба ҷое, ки ӯ нишон дода буд, дароз кашидам. Фелдшер аз қадкашак то буҷулак ҳар ду поямро йод молид.
Ман аз ҷоям хеста аз доктор ба воситаи тарҷумон пурсидам:
— Боз кай оям?
— То бартараф шудани озор ҳар рӯз як бор омадан даркор аст, — гуфт доктор трубкаи тамокукашиашро аз даҳон нагирифта дар ҷавоб ба воситаи тарҷумон.
Ман шаш рӯз давом кардам, ҳаррӯза муолиҷа ҳамон йодмолӣ буд. Шояд йод камоб ва зӯр бошад, ки дар ин рӯзҳо поҳоям пӯст партофтан гирифтанд. Бинобар ин ҳаррӯза таъсири йод аз рӯзи гузашта зӯртар, шиддат ва сӯзишаш зиёдатар мешуд, дар ҷоҳои нармтари бадан — дар наздикиҳои қадкашак ҷароҳатҳо ҳам пайдо шуданд. Аммо озори асосии поҳоям монанди пештара ба замми сӯзиши аз йод пайдошуда давом мекард.
Ночор ман пеши докторравиро тарк карда, пеши Мулло Қурбон ном табиб рафтам. Ӯ ба ман фармуд, ки аз лой ба шакли чароғҳои сиёҳи қадимӣ чилиме созам. Одатан ҷойи равғану пилтадони чароғи сиёҳ новамонанд кушода меистад, ман бояд ҳамон ҷойи чилимамро бо лой пӯшонда, дар нӯгаш нойчаеро шинонам.
Табиб баъд аз таълим додани сохтани чилими лойин як халтаи коғазиро аз хасу хошоки кӯфта пур карда ба ман дода, гуфт:
— Бояд ҳар рӯз се бор як каф аз ин дору ба сархонаи чилими лойин андохта, ба болояш ду чӯғ оташи навшукуфтаи дарахти зардолуро гузошта, ба замин хобида, аз нойча дудашро ба дарун фурӯ кашида аз бинӣ барорӣ. Баъд аз чил рӯз дарди по тамоман бартараф мешавад. Ман фармудаҳои табибро ба ҷо овардам, аммо баъд аз чил рӯз на танҳо озори по бартараф нашуд, балки ба замми ин тангии нафас ва сурфаи шадид пайдо шуд, ки ба зина баромада наметавонистам (зоҳиран, дуди ғализи дору роҳи нафаскашӣ ва шушро монанди мӯрии дудкаш банд карда буд).
Баъд аз он ба пеши як табиби дигари машҳури Бухоро, ки Ҳакимча лақаб дошт, рафтам. Ӯ Мулло Қурбони табибро ба нодонӣ айб кард ва фармуд, ки тамокуи муқаррариро дар чилими кадугии обии муқаррарӣ кашидан гирам, дар як моҳ ду моҳ ва агар дер монад, дар се моҳ озор тамоман барҳам мехӯрад.
Ман як сол чилимкашӣ кардам, аммо дарди по бо шиддати аввалиаш давом кардан гирифт (дар ин миён ман аз мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчидам, дар он ҷо ҳам чилимкаширо давом додам). Баъд аз шаш моҳи дигар озори по бартараф шуд. (Ман аввалҳо инро аз таъсири тамоку медонистам. Аммо сониҳо аз докторҳо фаҳмидам, ки озори пой дар ман дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид, бинобар нам ва тар будани бино пайдо шуда будааст, баъд аз кӯчиданам ба мадрасаи Кӯкалтош ва бошишгоҳи хушк худ ба худ барҳам хӯрда рафтааст.) Дар вақтҳои шиддати риштабарориам боз як бори дигар ба пеши ҳамон доктор рафтан ба ман рост омад: ин воқеа баъд аз ба Бухоро омада рафтани экспедитсияи фаннии донишмандони Петербург ва Москва рӯй дод. Чун ба ман маълум шуд, ки донишмандони мазкур сабаби пайдо шудани риштаро муайян кардаанд, ман дар дили худ фикр кардам, ки «шояд он донишмандон барои риштаи дар бадани одамӣ пайдошуда давое ҳам ёфта ба доктори беморхона таълимот дода рафта бошанд».
Бинобар ин дар вақте ки дар ронам аломати будани ришта маълум шуд, ба докторхона рафтам ва ба воситаи тарҷумон дарди худро ба доктор фаҳмондам.
Доктор монанди пештара, бе он ки ҷойи риштаи маро бинад, ба фелдшери худ фармуд, ки бар ронам йод молад. Ман ба ришта дар вақти ҳанӯз дар даруни бадан будани он нафъ накардани йодро медонистам, бо вуҷуди ин аз тарси дашному шаллоқи фелдшери бадмаст розӣ шудам, ки йод молад. Аммо дигар бор нарафтам.
Дар ҳамон вақтҳо дар шаҳри Бухоро як докторзан пайдо шуд, ки ӯро русҳо докторша ва тоҷикон духтуршоҳ мегуфтанд. Ӯ тахминан панҷоҳсола буд, аммо худро чунон оро дода ва бар рӯяш сурхию сафедӣ молида мегашт, ки бинандагон ӯро як зани сӣ-сиюпанҷсола гумон мекарданд.
Ӯ дар гузари Говкушон хонаеро иҷора гирифта, аз нав ба тарзи европагӣ сохт, аммо дар хонаи худ бемор қабул намекард. Ӯро бойҳо ва бойбачаҳо фойтун фиристода, бештарин шабҳо бурда худро муолиҷа мекунонданд.
Ҷӯра-корвон ном касе буд, ки даҳ-дувоздаҳ фойтун ва панҷ-шаш аробаро соҳиб буда, ба воситаи одамон асбоби нақлиёти худро кор мефармуд ва худ хӯҷаин шуда мегашт. Як бемори ба духтуршоҳ худро муолиҷакунанда ҳамин Ҷӯра-корвон буд. Чун дӯстии инҳо мустаҳкам шуд, духтуршоҳ ду аспи бидав (даванда) харида, онҳоро бо зину абзори англисӣ ороста, дар саисхонаи Ҷӯра-корвон баст ва саисҳои Корвон ба он аспҳо нигоҳубин мекарданд. Ҷӯра-корвон ҳар рӯз соатҳои се то чор (кадом соате ки духтуршоҳ таъин карда бошад) яке аз он аспонро худ савор шуда, саисбачаро ба дигараш савор карда ба дари хонаи доктор меовард.
Духтуршоҳ бо Ҷӯра-корвон он ду аспро савор шуда, ҳар ду дар беруни шаҳр ба гардиш мерафтанд. Шабона, дар вақте ки соати ба духтуршоҳ фойтун фиристодани бойҳо ва бойбачаҳо наздик мерасид, аз саҳро баргашта меомаданд.
Рӯзҳои моҳи рамазон буд. Ман бозоришабгардӣ карда ва ба боздиди дӯстон рафта дер омада будам. Хобам набурд. Баъд аз нӯг додани офтоб аз ҳуҷраи худ бар рӯйи ҳавлии мадраса фуромадам, ки қадаре гардиш кунам, шояд хобам ояд.
Дар вақти гардиш чашмам ба пеши равоқи ҳуҷрае, ки дар вай Мулло Ҳомиди Савтни ғиждувонӣ истиқомат дошт, афтод. Ба назарам замини он ҷо хунолуд намуд. Дуруст диққат кардам: ин хун аз дари ҳуҷра, даруни равоқ то ба канори қисми якуми саҳни дарунии мадраса рехта рафта буд. Дар қисми дуюми саҳни дарунӣ, ки аз якум чуқуртар аст, дар масоҳаи ду метри мураббаъ хуни сиёҳи баста лахта-лахта меистод.
Дари ҳуҷраи бошишгоҳи Мулло Ҳомид кушода ва дарпардааш пӯшондагӣ буд. Ба он ҷо рафта дарро тиқ-тиқ кардам, садое ва ҷавобе нашунидам, ночор бе рухсат дарпардаро кушода ба даруни ҳуҷра даромадам: пойгаҳи ҳуҷра ҳам хунолуд буд ва Мулло Ҳомид дар канори пойгаҳ ба девори ҳуҷра такя карда чорзону менишаст, аз ду сӯрохи биниаш ба канор ва либоси ӯ хун мерехт ва чашмонаш, чунонки хобида бошад, пӯшида буданд.
Сурфа кардам, чашм кушод, аҳвол пурсидам, гуфт:
— Намедонам, чӣ вақти шаб буд, ки аз биниам хун омад, ба канори тағораи парҳезӣ (дастурӯйшӯйӣ) нишастам, тағора ки об дошт, зуд бо хун пур шуд, фаррошро ҷеғ задам, тағораро берун бурда, хунашро рехта оварда гузошт. Хунойӣ давом кард, фаррош чандин бор аз сарам оби сард рехт, омади хун таскин наёфт ва кам нашуд. Баъд аз чандин бор тағораро холӣ кардан ва ба сарам об рехтан фаррош рафт. Ман суст шуда дар канори тағора ва пойгаҳ нишаста натавонистам. Ночор ба девор такя карда интизори мурданро кашида нишастаам.
Ман аз яке лӯлаболишҳои Мулло Ҳомид пахта бароварда, ба сӯрохи биниҳояш ҷой кардам ва ба ӯ гуфтам:
— Ман рафта аз доктор даво ё ки худашро меорам, то ки хунравӣ нигоҳ дош-та шавад. Ҳамин ки омади хун бозистад, шумо зуд ба қувват меоед, натарсед.
Ӯ дар ҳаққи ман дуо кард. Ман ба ҳуҷраи худ баромада либос пӯшидам. Ман аз доктори беморхона умеде надоштам, зеро аз таҷрибаи гуногуни одамони «докторбоз» (он вақтҳо бо доктор бовар доштагонро дар Бухоро «докторбоз» мегуфтанд) ва ба худам ҳам маълум шуда буд, ки ӯ ҷоҳили маҳз аст. Бинобар ин ягона умеди ман ба духтуршоҳ буд.
Ман бисёрҳо шунида будам ва медонистам, ки дар Самарқанд ва Тошканд докторони рус барои нигоҳдории ҳаёти касе, ки дар хавф монда бошад, ҳеҷ гуна ёриро дареғ намедоранд. Ман дар дили худ гуфтам: «Модом ки докторони мард барои ёрии дар хавф мондагон ҳамин қадар фидокорӣ кунанд, духтуршоҳ, ки зан аст ва табиатан занон нисбат ба мардон нармдилтаранд, бояд ӯ бо дилхушӣ ба ин бемори ба мурдан расида ёрӣ расонад».
Ман бо ҳамин ақида ба хонаи духтуршоҳ рафтам. Дарвозааш кушодагӣ буд. Ба роҳрав даромадам ва қуббачаи занги дари даҳлези хонаашро, ки бастагӣ буд, зер кардам. Баъд аз дақиқае духтуршоҳ аз хонаи дарунаш ба даҳлез баромада, ба таги дар омада дарро нимкушо кард. Бо вуҷуди он қадар гарм набудани ҳаво ва аввали пагоҳ будани рӯз дар дасти ӯ бодбезаки хитойӣ буд, ки худро бе ист бод карда меистод. Ӯ тоҷикидон буд ва ба ман бо забони тоҷикӣ «ту-ту» гӯён хитоб карда бо оҳанги дурушти дағалона гуфт:
— Чӣ мегӯйӣ ва аз ман чӣ талаб дорӣ?
Ман аҳволи беморро ба тарзи кӯтоҳ нақл карда, аз ӯ пурсидам, ки ё давои хунро нигохдоранда нависад, ё агар розӣ бошад, ман фойтун орам, ба сари бемор рафта, ӯро бинад. Духтуршох ба ҳамон оҳанги дуруштонаи аввалиаш:
— Ман ба ин гуна корҳо ва беморҳо машғул намешавам ва фурсати машғулшавӣ ҳам надорам, — гуфт ва дари даҳлезро сахт пӯшонда, аз дарун калидро тофта қуфл кард.
Ман баргаштам ва ҳанӯз ба дарвозааш нарасида будам, ки дубора дари даҳ-лезро нимкушо карда, аз дарун овоз дод:
— Ба сабаби омада даромадани ту ба даҳлез ду-се дона магас даромадааст, ман бояд барои баровардани онҳо хеле заҳмат кашам, ин аст фоидае, ки ту ба ман расондӣ!
Ман дарвозаи ҳавлиро кушода баромада, монанди соҳиби вай дарро тараққосзанон садо диҳонда пӯшонда, ба кӯча фуромадам. Аммо маро рӯйи он набуд, ки ба пеши бемор дастхолӣ равам, зеро дар он сурат ӯ ба маъюсӣ афтода аҷаб набуд, ки аз вақти муқаррариаш чанд соат пештар бимирад. Бо ҳамин андеша дар кӯча хеле рост истодам…
Дар ин миён фикре ба хотирам расид ва дар пайи иҷрои он афтодам: дар ҳамон вақтҳо дар Бухоро табибе шӯҳрат пайдо карда буд, ки ӯро Мулло Муҳаммадамини ҳаким мегуфтанд. Падари ин одам аз савдогарони пишовурӣ ва модараш бухороӣ буда, дар Бухоро таваллуд ва нашъунамо ёфта буд.
Ӯ дар вақти зиндагии падараш чандин бор бо вай Ҳиндустон рафта, дар он ҷо шаш моҳ — як сол истода омада буд. Ӯ дар сафарҳои худ гӯё дар Ҳиндустон илми тибро хонда, ҳам усули табобати юнонӣ (қадимӣ) ва хам фарангиро «ба даст дароварда буд». Баъд аз вафоти падараш, ки аз вай сармояи калоне намонд, ӯ дар растаи аттории Бухоро дӯконе кушода, беморонро ба хоҳиши онҳо нигоҳ карда, баъзеро бо усули юнонӣ ва баъзе дигарро бо усули фарангӣ табобат мекард. Азбаски номи давоҳоро бо алифбои лотинӣ навишта метавонист, мувофиқи созише, ки бо аптекаи шаҳри Бухоро дошт, ресептҳои ӯ дар он ҷо қабул меёфт.
Аммо таҷрибаҳои гуногуни беморон нишон медод, ки ӯ на усули табобати юнониро дуруст медонист ва на фарангиро. Бо вуҷуди ин барои аз ӯ давое гирифта беморро тасаллӣ додан ба ҳавлии ӯ рафта, дарашро кӯфтам. Ӯ баромад ва ман воқеаи бемории Мулло Ҳомидро нақл намуда, аз ӯ даво пурсидам.
Ӯ Мулло Ҳомидро хуб мешинохт, чунки ба замми «илм дугонаи тиб» шоириро ҳам ба даст дароварда буд. Ӯ ғазале гуфта ба Мулло Ҳомид дода буд, ки он ғазалро ёд карда, ба вай ҳавое баста, дар маҷлисҳои шабнишинӣ хонад.
Азбаски ғазали ӯ бемаза буд ва ба оҳанги музика ҳам ҳеҷ рост намеомад, Мулло Ҳомид ин хоҳиши ӯро «имрӯз-фардо» гӯён, бе он ки вайро ранҷонад дер мононда меомад. Ба ҳамин муносибат ба табиби шоиртарош фурсати муносибе ёфт шуда буд, ки аз бемори санъаткор фоида бурда, шеъри худро ба гӯши сурудшунавандагон расонад. Бинобар он пурсиши ёрии маро хуш қабул карда:
— Давои ин дардро дар Бухоро танҳо ман медонам. Шумо андак мунтазир шуда истед, ман ҳозир даворо тайёр карда мебарорам, — гуфт ва ба ҳавлии дарунаш даромада рафт.
Табиб баъд аз чанд дақиқа дар як шишача тахминан бисту панҷ грамм равған (чӣ гуна равған будани онро ман намедонистам) ва ду нӯкчаи дар нӯгҳошон пахта печондашударо гирифта баровард. Нӯкчаҳо аз гӯгирди ҷойдорӣ, ки аз чӯби бурс (арча) тайёр карда ба нӯгҳошон олтингӯгирд молида мешуд, суфта тарошида, қисми дорудори чӯбчаҳо бурида партофта шуда буданд.
Табиб шишаи равғандор ва нӯкчаҳои пахтадорро ба ман дода гуфт:
— Ҳар дуи нӯкчаҳоро ба ин равған тар карда даргиронед ва ҳар кадомашро ба як даст гирифта, ҳар дуяшро баробар дар наздикии ду сӯрохи бинии бемор нигоҳ доред, ки дудаш ба димоғ равад. Ҳар вақт ки равғани нӯкча сӯхта тамом шавад, дубора дар равғани шиша тар карда гирифта даргиронед. Ин корро то вақте давом диҳед, ки ҷараёни хуни бинӣ бозистад. Бисёр дер кашад, то сӯзонда тамом кардани равғани шиша бозмеистад.
Ман хостам ба доруи табиб пул диҳам, ӯ кабул накард ва гуфт:
— Ҳар вақт бемор саломатӣ ёфта бархезад, пули доруро аз худаш мегирам. Лекин ман барои дар маҷлисҳо сурудан ба ӯ як ғазали худро додаам, агар ба он ғазал ҳавои муносибе баста, дар шабнишиниҳо сарояд, пули доруро намегирам, ҳатто ба ӯ доруҳои ба қувват орандаро ҳам бе пул медиҳам, чунки ӯ албатта аз ин беморӣ дар натиҷаи зоеъ шудани хуни бисёр беқувват шуда хоҳад хест ва ба доруи қувват эҳтиёҷ хоҳад пайдо кард.
Ман аз ҷониби бемор ба табиб ташаккур гӯён аз пешаш баромада, давон-давон ба мадраса расида, ба пеши бемор даромадам. Ӯ ҳанӯз ба девор такя карда менишаст ва омадани хун ҳам давом дошт. Аммо азбаски сӯрохҳои биниашро бо пахта банд карда рафта будам, хун аз даҳонаш меомад.
Бемор ҳаракати маро пай бурда чашм кушод. Ман ӯро бо ёфт шудани давои озмудашуда табрик намуда, кор сар кардам. Ман, ки шаб ҳеҷ нахобида ва рӯз дар кӯчаҳо аз пайи доктору табибу даво давида бисёр монда шуда будам, баъд аз ду-се бор равғани нӯкчаҳоро тоза карда сӯзондан хоб талаба карда, онҳо аз дастам афтодан гирифтанд. Пас ночор корро хобонда, аз ҳуҷра баромада, фаррошро ёфта омада, кори нӯкчадаргирониро ба ӯ супурда, худ ба ҳуҷра рафта хобидам.
Тахминан баъд аз ягон соат аз хоб бедор шуда зуд пойин фуромада, ба ҳуҷраи бемор рафтам, ки аз вай хабар гирам. Ба пойгаҳи ҳуҷра даромадам, ки фаррош аз бемор дуртар ва дар рӯ ба рӯйи ӯ нишастааст. Аз ӯ бо ишорат аҳволи беморро пурсидам. Ӯ бо овози паст ҷавоб дод:
— Баъд аз ним соат нӯкчаҳоро сӯхтанам хун бозистод ва хоби бемор ҳам бурд. Ман корро хобонда, хабардор нишастаам, ки агар мабодо боз хун ояд, боз нӯкчасӯзиро сар кунам.
Ман хурсанд шуда бар рӯйи ҳуҷра гузашта, ба бемор наздик шудам: беморе, ки аз сустӣ ҳамеша чашмашро пӯшида менишаст, ҳоло чашмашро кушодааст ва гӯё ба ман тег кашида нигоҳ мекунад. Ӯ мурда буд, аммо бо вазъияти аввалӣ ба девор такя карда монда будааст.
«Истиқомати даруникуртагӣ»
Баъд аз чор сол дар мадрасаи Кӯкалтош, дар яке аз беҳтарин ҳуҷраҳояш зиндагонӣ карданам маро боз лозим омад, ки тамоман беҳуҷра монда хонабардӯш гардам.
Абдухалил-махдум, ки шарикдарс ва соҳиби ҳуҷраи ман буд, падараш дар музофотҳои Бухоро қозӣ шуда мегашт. Ӯ аз қозигӣ маъзул шуда, чанд гоҳ бекор хобид. Баъд аз он ӯро дар як мадраса мударрис карданд, ки умедашро аз қозигӣ тамоман канд. Вақфи мударрисии он мадраса ба харҷи рӯзгораш, ки оилааш бисёр калон буд, намерасид. Бинобар ин Абдухалил- махдум маҷбур шуд, ки ҳуҷраро фурӯхта, ба харҷи рӯзгор сарф намояд.
Фурӯши ҳуҷра дар миёнаҳои зимистон воқеъ шуда буд. Дар он вақт аз ҳеҷ мадраса ҳуҷра ёфтан мумкин набуд. Аммо соҳиби нави ҳуҷра маро маҷбур кард, ки дар ҳамон вақти сол ҳуҷраро холӣ карда, ба ӯ супорам.
Сироҷ-махдум ном як талабаи ғиждувонӣ буд, ки дарсаш аз ман ду-се сол болотар буда, дар мадрасаи Кӯкалтош дар ҳуҷраи яке аз дӯстонаш истиқомат дошт. Бошишгоҳи ӯ аз ҳуҷраҳои рӯйисаҳнӣ буда, дар ошёнаи якум ва бисёр танг ҳам буд. Он ҳуҷра миёнбаст дошт, яъне баландии ҳуҷра ду тақсим карда шуда, дар миёнаи болору васса як пӯшиши дигар ба вуҷуд оварда шуда буд. Қисми зерини он миёнбаст монанди таҳхона буда, дар он ҷо ҳезум, ангишт, хуми об, дегу оташдон, зарфҳои ошпазӣ ва ошхӯрӣ ва дигар колаҳо меистоданд. Қисми болоӣ истиқоматгоҳ буда, ба вай бо як зинаи чандпоғундагӣ баромада мешуд ва рӯшноиро аз як даричаи ба рӯйи саҳни беруни мадраса кушода мешудагӣ мегирифт.
Як қисми бошишгоҳ барои гузоштани кӯрпа-болишҳо, пӯшокиҳо, хӯрокиҳо ва китобҳо махсус буда, қисми зеридаричагиаш барои нишастан ва хобидан муайян карда шуда буд. Сироҷ-махдум дар он ҳуҷра бо додараш ва бо додари хоҳардомодаш секаса зиндагонӣ мекарданд. Тангии ҷойи хоби ҳуҷра ба дараҷае буд, ки агар он се нафар ҷойи хобашонро паҳлуи ҳам карда, ёзида по дароз карда бихобанд, барои каси чорум ҷойи нишастан ҳам ёфт намешуд.
Бо вуҷуди ин Сироҷ-махдум тангии аҳволи маро дида, таклиф кард, ки чизҳоямро дар ҳуҷраи ӯ монам ва шабе, ки яке аз додаронаш ё худаш набошад, дар он ҳуҷра бихобам ва агар ҳар сеяшон ҳам бошанд, ба ҳуҷраи яке аз шариконам рафта шаб гузаронам.
Чораи дигаре ки набуд, ман ин таклифро қабул кардам: парча-палос ва дигар чизҳои барзиёдро бурда дар зери миёнбаст, дар қатори ангишту ҳезум гузоштам. Кӯрпа-болиш, пӯшокиҳо ва китобҳоро дар қисми боло, дар қатори чизҳои соҳибони ҳуҷра ниҳодам ва худ дар кӯчаҳо гаштан гирифтам.
Азбаски он вақт аз дарсҳои мадраса дилсард шуда будам ва ба дарсхонаҳо фақат барои расмият мерафтам, барои ман китоббинӣ ва дарстайёркунӣ лозим набуд, вақти дарс ки наздик расид, ба ҳуҷраи Сироҷ-махдум рафта, китоби даркориамро мегирифтам ва баъд аз дарс бурда боз ба ҷояш мегузоштам ва боз ба кӯча мебаромадам. Ҳамаи шиносҳоям тамоман бе ҳуҷра мондани маро шунида буданд, бинобар ин ҳар кадоми онҳо, ки дар кӯчае ба ман рост оянд, баъд аз ҳолпурсӣ:
— Ҳуҷра ёфтед? — гуфта мепурсиданд.
— Не!
— Ҳоло истиқомататон дар куҷост?
— Дар даруни куртаам! — мегуфтам.
Аз ин ҷост, ки он вақтҳо дар байни дӯстон ва шиносҳоям таъбири «истиқоматгоҳи даруникуртагӣ» шӯҳрат ёфта буд.
Ман он вақтҳо шабҳоро гоҳо дар мадрасаи Ғозиён — дар ҳуҷраи Абдухалил-махдум, ки бинобар банд шудани меҳмонхонааш аз ҷониби падараш ҳамеша бо додаронаш дар ҳуҷра меистод, гоҳо дар мадрасаи Мулло Муҳаммадшариф -дар ҳуҷраи Мирзо Абдулвоҳид, гоҳо дар мадрасаи Турсунҷон — дар ҳуҷраи Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ё Мирабдулқодири Байтал мегузаронидам. Агар базме ёфт шавад, ба базм рафта, дар вақти бозгаштан дар бошишгоҳи яке аз базмгардони «қадрдони ҳампешаам» (дар базмгардӣ) мемондам.
Дар баҳорони ҳамон сол додарони Сироҷ-махдум ба саҳро рафтанд, ҳуҷра танҳо ба ман ва соҳиби асосиаш — Сироҷ-махдум монд. Аммо бо расидани моҳи май он ҳуҷра қобили истиқомат будани худро гум кард, чунки вай рӯ ба ҷануб буда, ҳам аз дари даромадаш ва ҳам аз даричааш офтоб медаромад. Дари даромадашро баста мондан мумкин буд, аммо агар даричааш баста шавад, ҳам дам медод ва ҳам сиёҳу торик мешуд. Аз таъсири офтоб ва тафтоби беамони Бухоро деворҳояш мис барин тафсида, то нимаҳои шаб нафаси касро мегардонд ва ба он ҷо даромада нишастан аз имкон берун буд.
Бинобар ин ман бештарини шабҳо базме ёфта мерафтам ё то нимаҳои шаб дар саҳн нишаста, баъд аз қадаре серун шудани ҳавои ҳуҷра ба он ҷо даромада мехобидам. Сироҷ-махдум ҳам гармии шабро дар хонаҳои дӯстонаш, ё бо ман дар базм ва ё ин ки дар саҳни мадраса гузаронида, баъд аз нимаи шаб ба ҳуҷра медаромад.
Дар яке аз ҳамон шабҳо, ки ман дар саҳни мадраса нишаста будам, Сироҷ-махдум базме ёфта омада таклиф кард, ки «ҳамроҳ биравем» (дар Бухоро дар айёми тобистон, хусусан дар даруни шаҳр, тӯю базм кам мешуд). Ман қабул кардам. Ҳар ду ба базмхона рафтем. Дар он ҷо дойраву нақораву сурнай менавохтанд, аммо на сурудхон буд, на раққос. Лекин ҳавлӣ тоза иморат кардашудаи бисёр зебо буд.
Пас маълум шуд, ки се бародарон аз бойҳои Бухоро ҳамон сол ҳавлиҳошонро таъмири хеле аъло кардаанд. Зотан, бойҳои Бухоро дар иморати ҳавлӣ пули бисёр сарф мекарданд, на барои он ки дар он ҷо осуда зиндагонӣ намоянд, балки барои ин он хароҷоти калонро ба гардан мегирифтанд, ки иморатҳошонро ба мардум нишон дода фахру ғурур кунанд. Воситаи хуби ба мардум нишон додани иморат ҳам тӯй ва базм буд. Бинобар ин ҳар бой баъд аз иморати нави ҳавлиаш албатта баҳонае ёфта, базму тӯй мекард.
Ин се бародар, ки дар иморати ҳавли маблағи калоне сарф кардаанд ва дидаанд, ки агар тӯю базм кунанд, аҷаб нест ҳамаи сармояашон сарф шавад ва ҳол он ки ба мардум нишон додани иморат ҳам зарур аст, вагарна он ҳама хароҷот бефоида меравад, барои онҳоро ба мардум нишон дода фахр кардан роҳи осоне ёфтаанд: ҳавлиро бо асбобу палос зинат дода, ду-се ёру дӯстонашонро даъват намуда, як дойрадаст, як нақорачй ва як сурнайчиро ҳам овардаанд, ки дар ҳамаи инҳо аз даҳ танга зиёд харҷ намешавад ва бо ҳамин созҳо садои «базм»-ро баланд кардаанд. Оммаи мардум бо шунидани овози дойра ба он ҷо омада ҳарчанд базм набошад ҳам, биноро аз назар гузаронида, хумори фахру ғурури хӯҷаинҳоро шикаста рафтаанд.
Сироҷ-махдум ана ҳамин «базм»-ро аз куҷо бошад, шунида, маро ҳамроҳ бурд ва мо зуд баргашта омадем ва ман дар тасвири ҳаёти оншабаам ва биною «базми бой» шеъри зеринро навиштам:
Шаби дӯшина, ки дар гӯшаи саҳнам ҷо буд,
Сар пур аз ғулғулаву сина пур аз ғавғо буд.
Дар бари ман бинишаст омада Махдуми Сироҷ,
Он ки дар хар бадию некии ман ҳамро буд.
Гуфт: «Бархез, агар толиби базмӣ, биравем,
Ба маконе, ки ҳама аҳли тараб он ҷо буд»…
Алғараз ҳар дуямон хеста ҷое рафтем,
Ки ҳама хона мусаффо, хама ҷо зебо буд,
Вусъате дошт фазояш, ки чу саҳро хуррам,
Рифъате дошт бинояш. ки басе аъло буд.
«Ҷаннате» буд ба таъмиру валекин «бе ҳур»,
Лек якчанд гаву хар ивази «ҳуро» 280 буд.
На зи хонанда нишоне, на зи раққос асаре,
Фақат овози наю сурнаю даф боло буд.
Сад-дусад устулу кат буд мураттаб он ҷо,
Ғайри асбоби тараб ҳар чӣ бувад, пайдо буд.
Гӯлаке чанд нишаста ҳама бар устулҳо –
«Ин читу базми наку» гуфта даҳоншон во буд.
Хуб ҷо буд, валекин зи тараб холӣ буд,
Базмаке буд хунук ё кураи сармо буд.
Баъди як чойник аз чой ба Махдум гуфтам:
«Ҳуҷраи танги ту сад бор аз ин авло буд…»
(Дар назари аввали хонанда ин ёддошт ва ин шеъри ман монанди мавзӯи худашон хеле хунук менамояд, аммо агар дуруст диққат карда шавад, онҳо рӯҳ ва маънои ҷамъияти даври амириро ба хубӣ нишон медиҳанд: дар сурате, ки ману монанди ман ҳазорҳо талабагон ва меҳнаткашони бесарпаноҳ дар «истиқоматгоҳи даруникуртагӣ» зиндагӣ мекарданд, бойҳо биноҳои сар ба фалак расидаи худро ба мардум ба тариқаи «ҷиз-ҷизак» нишон дода, аз ғурур ва ифтихор завқ мекарданд.)
* * *
Дар айёми тобистон бисёр такудаву ҷустуҷӯ кардам, аммо ҳуҷраи муносибе барои истиқомати худ наёфтам. Дуруст аст, ки аз канортари шаҳр ва аз мадрасаҳои харобтар ҳуҷра ёфтан мумкин буд, лекин ман дар он гуна ҷоҳо зиндагонӣ карданро намехостам, зеро ман чандин сол боз дар .маркази шаҳр будам ва дар ин ҷоҳо одат карда будам, акнун ба канори шаҳр рафтан ба назарам ба як ҷойи бегона афтодагӣ барин менамуд. Дигар ин ки дар он вақт кори асосии илмию адабии ман мутолаа буд. Худ, ки китобҳои короие надоштам, дастнависҳои қиматбаҳоро аз дӯстони худ ба орият (барои истифодаи муваққатӣ) мегирифтам. Дар канортари шаҳр ва дар мадрасаҳои харобтар он гуна китобҳоро дуздонданам мумкин буд. Аз воқеаи дуздии мадрасаи Бадалбек (қисми Ш-и «Ёддоштҳо»)281 ибрат гирифта, дар ин роҳ ҳушёрона ва эҳтиёткорона қадам монданро лозим медонистам.
Ана дар ҳамон сол — дар соли 1901 — рубоии зеринро дар ҳасби ҳоли беҳуҷрагии худ навишта будам.
Он рубоӣ ин аст:
Дар мадраса ҳуҷраи қулай нест маро,
Дар майкада ваҷҳи нуқлу май нест маро.
То кай гӯям, ки ину вай нест маро,
Билҷумла ба даҳр ҳеҷ шай нест маро.
Моҳи сентябр расид. Додарони Сироҷ-махдум аз саҳро омаданд. Маро боз «истиқомати даруникуртагӣ» сар шуд. Дар нимаҳои зимистон аз мадрасаи Домулло Шер, ки дар гӯшаи шарқи шимолии мадрасаи Кӯкалтош воқеъ буд, ҳуҷрае ёфт шуд. Аммо он мадраса ҳам аз ҷиҳати дуздӣ эмин набуд. Бинобар ин либосҳои барзиёд ва китобҳои касонаро дар ҳуҷраи Сироҷ-махдум гузошта, фақат парча-палосе бурда, дар он ҷо барои худ ҷойи мутолиа ва хобгоҳе тайёр намудам. Кадом китобе, ки дар мутолиаи вай машғул бошам, он ҷо бурда мехондам ва шабона барои эҳтиёт дар зери сари худ гузошта мехобидам.
Он ҳуҷра танг, заминаш аз замини кӯчае, ки аз пушташ мегузашт, қариб як метр чуқур буд. Азбаски он кӯча монанди бисёр кӯчаҳои Бухорои амирӣ обгурез надошт, оби барфу борон дар вай ҷамъшуда ба ин ҳуҷра ва ба ҳуҷраҳои ҳамқатори вай заҳида мегузашт. Бинобар ин замини он ҳуҷра пурнам буда, аз девори пушташ ҳам ба ҷойи нам ба шакли чакраҳои арақи бадан об заҳида меистод.
Дар истиқомати он ҳуҷра ба ман сустие рӯй дод, ки аз хоб сар бардошта наметавонистам ва кам-кам иштиҳо ҳам баста шуда, аломати беморӣ рӯй додан гирифт. Бадӣ дар ин буд, ки он ҳуҷраро шабона холӣ гузошта ба манзили дӯстон ҳам рафта хобида наметавонистам, чунки дар он сурат парча-палосҳоямро дуздиданашон мумкин буд.
Дар он ҷо аз тарси дузд аз базмгардӣ ҳам маҳрум монда, «гушнанишин» гардидам. Як шаб дар пушти ҳамон ҳуҷра, дар ҳавлии яке аз шиносҳоям базм шуд. Ман, ки дар базмҳои бегона «дойрахабар» шуда мерафтам, бо вуҷуди даъвати махсуси соҳиби базм ба он ҷо нарафтам. Баъд аз як поси шаб соҳиби ҳавлӣ аз пушти ҳуҷра, ки равзани танге ба тарафи кӯча кушода мешуд, маро ҷеғ зада илтимос намуд, ки як сари қадам ба базми ӯ биравам. Ман рафтам. Тахминан як соат нишаста зуд баргашта омадам, ки кайҳо қуфли ҳуҷраро тофта самоворчаамро бурдаанд. Шояд фурсат наёфта бошанд ё аз базм зуд баргаштани маро хабардор шудаанд, ки ба парча-палос даст нарасондаанд.
Баъд аз ин ҳодиса ман ба сурати қатъӣ дар фикри табдили макон афтодам. Дар вақти такудаву ҷустуҷӯ яке аз дӯстонам, ки ҳавлинишин буд, болохонаи худро муваққатан ба ман дод.
Хулоса
Ин болохона дар дохили ҳавлӣ набуда, дар пушташ буд. Зери он болохона ба ҳавли дохил буда, ба худи вай аз паскӯчаи пешбастае бо зина баромада мешуд. Ин болохона рӯшноиро аз ҳавлии масҷидчае мегирифт, ки рӯйи ҳавлии он анбори кулолгарон ва ҷойи танӯру офтобаву кӯзаву хумчагузории онҳо буд.
Ин ҷо ҳам аз хавфи дуздон эмин набуд, аммо хушк ва офтобрӯя буда, барои нигоҳдории тандурустӣ хеле мувофиқ буд. Ин манзил дар гӯшаи ғарби шимолии мадрасаи Кӯкалтош воқеъ буда, расман дар гузари Пойи Остона дохил бошад ҳам, номи халқии ҳамон гӯша Такишӯр-Кулолгарӣ буд.
Ин манзили навам як дараҷа боб бошад ҳам, ман дар он ҷо аз ду кор танг омадам: яке аз инҳо ҳуҷуми мушон буд. Намедонам, дар наздикиҳои он болохона анбори ғаллаи ягон кас ё ягон чизи дӯстдоштаи мушон будааст, ки онҳо дар он ҷо бисёр шудаанд ва як қисми онҳо дар миёнаи деворҳои он болохона, ки як тарафаш дусинҷа буд, хона мондаанд. Китобҳои ман, ки ҳамагӣ дар муқоваи маҳаллӣ буда, ҷузъбандиҳошон бо ширеш буд, мушон ба задан ва хӯрдан сар карданд. Ман дидам, ки мушон китобҳоро нобуд хоҳанд кард, ҳар чор-панҷ китобро дар як рӯймол баста ба мехҳое, ки дар наздикии шифти болохона зада будам, овехта мондам. Инчунин нонҳои қоқе, ки аз саҳро, аз хонаи акаам меомад, аз дасти онҳо эмин намемонд. Ин ҷонварони берӯй, ки «ваҳшиёни хонагӣ» номида шуданашон сазовор аст, дар рӯйи хона дар пеши назарам давида гашта китоб ва нони қоқ меҷустанд, баъзе берӯйтаринашон ба китобе, ки дар дастам буда, ба мутолиаи вай машғул будам, чашм дӯхта истода, гӯё мақсадашон ин буд, ки чашми маро хато карда ба он китоб ҳуҷум оранд ва ширешашро бихӯранд.
Чун баҳорон сар шуд, он мушон бача оварда ба гурӯҳи калоне расиданд ва бар рӯйи хона оча- бача гурӯҳ-гурӯҳ давида гашта, ҳама ҷоро бӯй гиронданд ва хонаро аз қобилияти истиқоматиаш бароварданд.
Кори дигаре, ки маро танг овард, валитарошии як мулло буд: соҳиби хона як бародари аз худ калонсол дошт, ки дар мадрасае мударрис буда, даъвои кашфу каромот мекард ва ҳар рӯз пеши ман баромада, аз «кашфу каромоти» авлиёҳои гузашта нақлҳо карда, дар охир суханро ба болои худ оварда, чанд «кашфу каромот»-ро ба худ нисбат медод.
Аввалҳо суханони ӯро мисли афсонаҳои хобовар гӯш медодам ва дар аснои ҳикояшунавӣ хоб ғалаба карда, гоҳо пинак мерафтам. Аммо рафта-рафта ин кор ба дилам бисёр зад. Дар ҳақиқат, ҳар рӯз соатҳо суханҳои беҳударо шунида нишастан ва аз мутолааи китобҳои дилчасп маҳрум мондан дилгир ва тангкунанда аст.
Бинобар ин ман боз дар пайи ҳуҷраковӣ афтодам. Дар аснои ҳамин гуна ҳуҷраковӣ яке аз дӯстонам ба ман маслиҳат дод, ки ба номи аълами Бухоро Ғиёс-махдум қасидае навишта аз вай ҳуҷра пурсам, чунки ӯ дар мадрасаи Кӯкалтош ҳуҷрае дошт ва баъд аз ҷанҷоле, ки дар болои бошандаи он ҳуҷра — маддоҳзодаи ғиждувонӣ баромад ва дар натиҷа ӯро аз он ҳуҷра кӯчонда ба мадрасаи Мири Араб фиристод (тафсилоташ дар ҳамин қисми «Ёддоштҳо» дар боби «Кӯчидани ман ба мадрасаи Кӯкалтош» зикр ёфтааст), то ҳол чор-панҷ сол боз он ҳуҷра холӣ ва дараш қуфл меистод.
Ман, ки то он вақт ба касе қасидае навишта аз вай чизе напурсида будам, ба ин кор гарданам ёрӣ надод. Аммо талаб ва далолати дӯстонам бисёр шуд. Охир ман мазмуне ёфтам, ки дар ташбиб — даромадгоҳи қасида беҳуҷра буданамро мефаҳмонад ва қарор додам, ки қасидае нависам, аммо дар охири қасида, ки қасидагӯёни касбӣ дар он ҷо талаби худро изҳор мекунанд, чизе нагӯям ва охири қасидаро, ки қисми дуоияи он аст, бо як дуои вобаста ба тарзи мунозираҳои мадраса тамом намоям.
Ман дар дили худ гуфтам: «Худам, ки шогирди аълам мебошам, аҷаб нест, ки ба муносибати ин қасида истиқомати он ҳуҷраи бекор ва холиистодаро ба ман диҳад. Агар надиҳад ҳам, зарар надорад, зеро ман аз ӯ ҳуҷра талаб накардаам, ки ба сабаби он ё ба сабаби рад шудани он ба ман хорие оид шавад.
Он қасида ин аст:
Беҳуҷраву бекӯяму беҷомаву дастор,
Бенуқлу маю чангаму бемӯнису ғамхор.
Пас чун бувад андар назари халқ маро қадр?
Пас чун шавад он шӯхи ҷафокор маро ёр?
Гирам, ки агар ҳуҷра маро гашт муяссар,
Асбоби тараб нест, пас он ҳуҷра чӣ даркор?
Асбоби тараб гар хама тайёр маро гашт,
Аз ноз нахоҳад расад он дилбари айёр;
Аз нозу ғурур ар гузарад, пой гузорад
Дар ҳуҷраам, ағёр бигӯянд, ки: «магзор!»
Гар гуфтаи ағёр ба гӯшаш надарояд,
Ояд ба дари мадраса бе заҳмати ағёр.
Хобонда хама ғулғули «такрор»* бигӯянд:
«Оё ба куҷо меравад ин давлати бедор?».
Алқисса ки ояд, зи дари ҳуҷра дарояд,
Якбора зи по афтаму аз даст равад кор;
Дар ман на хирад монаду на ҳушу на ором,
На тоби рухаш дидану на тоқати гуфтор.
Аз ғамзаи пурфитнаи чашми ҳама нозаш
Тороҷ шавад дину дилу хуш ба як бор,
Барбод равад хар чӣ ки омӯхтам аз илм,
Дар хидмати устоди замон, ашрафи ахёр**…
Ба ҳамин тариқа, ин қасида давом намуда дар охир дар мавриди дуои анъанавӣ гуфта мешавад:
…Дар рӯйи замин то асари баҳсу ҷадал ҳаст,
Бодо зи ту ҳал уқдаи хар маънии душвор.
Ин қасидаро тамом кардам, аммо худ ба ҳузури аълам набурда, ба Иқбол ном хизматгораш дода, ба ӯ расонданашро пурсидам.
Лекин аз миён шаш моҳ гузашта бошад ҳам, ин қасида натиҷае надод ва ҳуҷраи аълам дар мадрасаи Кӯкалтош холӣ ва дарбаста монд ва ман ҳам ҳамчунон бе ҳуҷра ва дар ба дар гаштам. Лекин аълам он қасидаро ба ҳар касе, ки аз шеър хабаре доштааст, фахркунон хондааст ва шунавандагон пай бурдаанд, ки мақсади ман аз он қасида талаби ҳуҷра аст ва баъзеашон мақсади маро, ки аз он шеър пай бурдаанд, ба аълам фаҳмондаанд. Бо вуҷуди ин ба ӯ таъсире накардааст ва дар фикри додани ҳуҷра наафтодааст.
____________
* Такрор — такрори дарс аст. ки талабагони мадрасаҳои Бухоро ҳама дар як ҷо дар миёнсаройи мадраса дарсҳои гузаштаашонро аз ёд мехонданд.
** Ахёр — одамони нек
Қасидаи дар мадҳи аълам навишташуда аз тарафи у бенатиҷа гузошта шуда бошад ҳам, умуман бенатиҷа намонд; яке аз шеършиносони ҳамон замон 282, ки дар яке аз вилоятҳои тобеи Бухоро қозӣ буд, ин қасидаро шунидааст ва ба ман хати махсус навишта, нусхаи қасидаи мазкурро талаб карда гирифт.
Баъд аз хондани он қасида дар фикри он афтодааст, ки аз ягон мадрасаи Бухоро ҳуҷрае харида истиқоматашро ба ман диҳад. Дар ҳамон рӯзҳо воқеае рӯй додааст, ки қозӣ он фикри худро бо осонӣ ба амал овардааст: дар ҳамон вилоят савдогаре будааст, ки дар мадрасаи Кӯкалтош ҳуҷрае доштааст ва дар кори тиҷораташ шикаст афтода, маҷбур шудааст, ки он ҳуҷраро бо нархи маълум баҳо карда диҳад. Аммо қарзхоҳ бе васиқаи қозихонагӣ ин корро қабул накардааст. Ҳар ду барои васиқа кардан ба қозихона омадаанд ва дар вақти мӯҳр кунондани васиқа қозӣ аз воқеа хабардор шуда, аз қарзхоҳ пурсидааст, ки ба ҷойи ҳуҷра пули нақд гирад. Қарзхоҳ ҳам, ки аз ҷиҳати пули нақд надоштани қарздор ночор гардида будааст, пурсиши қозиро хуш қабул карда, ба ҷойи ҳуҷра аз қозӣ пули нақд гирифтааст ва ҳуҷра аз они қозӣ шудааст.
Он қозӣ истиқомати он ҳуҷраро ба ман дод, ки понздаҳ сол, то дастгир шуданам аз тарафи одамони амир, ман дар вай хотирҷамъона зиндагӣ кардам ва ҳол он ки ман дар ҳаққи он қозии шеърдӯст на пеш аз ба ман ҳуҷра доданаш ва на баъд аз он мадҳияе нанавиштаам.
(Ин ҳуҷра дар гӯшаи шимоли ғарбии мадрасаи Кӯкалтош буда, дар вай аз як доираи болопӯшида даромада мешавад. Дар он доира чор дар ҳуҷра буда, ҳуҷраи ман аз дасти рост дуюм буд ва дар .кӯчаи аз шимоли мадраса гузаранда дарича — тиреза ҳам дорад.)