Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 4-4

Рустами Ашкии ғиждувонӣ

Дар баҳорони соли 1897 ман ба саҳро — ба деҳаи худамон дар тумани Ғиждувон рафтам ва бадану димоғи аз ҳавои бадбӯйи шаҳр кӯфташудаи худро бо ҳавои тозаи киштзорҳо ва соҳили Зарафшон қуввати тоза додан хостам.
Дар ҳамон рӯзҳо амир Абдулаҳад барои тӯйи яке аз дарбориёнаш аз Кармина ба шаҳри Бухоро омада буд ва овоза шуд, ки ӯ ба нияти «зиёрати мазори Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ» 234 ба он ҷо омада истода будааст.
Деҳқонбачагон, ки дар умри худ амир ва «тантанаи» ӯро надида буданд, саҳари барвақт пиёдаву савора ба маркази тумани Ғиждувон раҳсипор гаштанд. Ман, ки чандин бор амирро дар раҳгузарҳои шаҳр дида будам, барои ин «тамошо» он қадар шитоб накардам. Аммо аз он ҷо, ки амир дар ҳар ҷо ки бошад, дар пеши дарбори ӯ чавкӣ (базми умумӣ) мешуд, барои тамошои рақсу суруди умумӣ чоштгоҳ хари яке аз ҳамсоягонамро талабида гирифта савор шуда, ба роҳ даромадам.
Чун ба деҳаи Намадгарон, ки дар байни деҳаи мо ва қалъаи Ғиждувон аст, расидам, ҷавонони ҳамдеҳаамон аз пеш баромаданд ва онҳо аз Ғиждувон — аз тамошои амир баргашта меомаданд. Вақте ки ману онҳо бо ҳам рӯ ба рӯ расидем, онҳо ҳам, ман ҳам савориҳои худро нигоҳ доштем.
Онҳо хандиданд ва ман тааҷҷуб мекардам. Тааҷҷуби ман, аввал, аз он ҷо буд, ки як гурӯҳ ҷавонон гӯё бе сабаб баробар механдиданд; дуюм, аз он ҷиҳат тааҷҷуб мекардам, ки онҳо чаро тамошои амир ва чавкии ӯро партофта, зуд аз Ғиждувон баргаштаанд?
Охир сабаби ханда ва боиси зуд баргаштанашонро пурсидам:
— Амир пагоҳонӣ ба Ғиждувон омада, ба амлокдорхона фуромада ва аз Рустами ашкӣ тарсида зуд гурехта ба тарафи шаҳр рафтааст, — гуфт яке аз ҷавонон, ва хандаи умумӣ боз ҳам баландтар шуд.
— Бо ин тарсончакӣ амир нашуда мур-е, — гӯён илова кард дигаре ва хандаи умумӣ давом мекард.
— Хуб, — гӯён ба пурсиши худ давом кардам ман, — тарсончакии амир маълум аст. Умуман ҳар касе, ки ба мардум бисёр бадӣ карда бошад, аз сояи худ ҳам метарсад. Аммо сабаби махсусан аз Рустами ашкӣ тарсида гурехтани ӯ чист?
— Мо сабаби инро намедонем ва нафаҳмидем, — гуфт яке аз он ҷавонон. — Мо ҳамин қадарро фаҳмидем, ки амир бо ҳамаи сарбозу тӯпу туфангу дору манораш аз Рустами ашкии пойбараҳна, ки ба зӯрӣ машҳур аст, гурехта рафтааст.
— Агар шумо сабаби инро нафаҳмида бошетон, ман хоҳам фаҳмид, — гӯён хари худро ба тарафи Ғиждувон рондам ва ҷавонон ҳам ба тарафи деҳа равон шуданд.
* * *
Ман дар сари бозори Ғиждувон хари худро дар як сарои хархона баста, рост ба Чорсӯ, ба сари дӯкони Файзибойи ҳалвогар рафта нишастам, ки ӯ бо ман ошно ва дӯкони ӯ маркази ҷамъ шуда паҳн шудани ҳар хабарҳо буд. То нӯшида шудани як чойник чой сабаби аз Рустами ашкӣ тарсида гурехта рафтани амирро аз соҳиби дӯкон фаҳмидам.
Назар ба нақли Файзибой, «нияти зиёрати мазори Хоҷа Абдулхолиқи ғиждувонӣ» доштани амирро аҳли дарбор ба Мирзо Абдулқодирбек, ки амлокдори Ғиждувон буд, пешакӣ фаҳмонда будаанд. Амлокдор бо шунидани ин хабари «хуш» дар таҳияи пешкаш афтода, ҳама чизи даркориро омода кардааст, аммо барои ба даст даровардани писар ва духтар, ки одатан рӯйкаши пешкаши ба амир тақдим кардашуданӣ мебошанд, хеле душворӣ рӯй додааст. Зеро даст дароз кардан ба фарзандони аҳолии Ғиждувон, ки ба соҳибномусӣ ва ба қавли амир ва дарбориёнаш ба «шӯрапуштӣ (хулиганӣ)» ва «гушнапурзӯрӣ» машҳур буданд, мумкин набуд. Аз он ҷо чунон духтар ва писареро ёфтан даркор буд, ки касе ва ҳимоякунандае надошта бошад. Аммо ин гуна духтар ва писари бекас ёфт нашудааст.
Аммо дар он миён миёнаравони амлокдор писарбачаеро ёфтаанд, ки ба даст даровардани он ба назарашон нисбатан осон намудааст.
Ин писарбача 16 — 17-сола буда, Маҳмудҷон ном дошт, ки ресмон (арғамчин)-фурӯшӣ мекард. Падари Маҳмудҷон бошандаи яке аз деҳаҳои Ғиждувон буда, пештар деҳқони миёнаҳол ба шумор мерафт. Аммо, аз як тараф, аз ваҷҳи вазнинии андози замин ва, аз тарафи дигар, ба сабаби қарздор шуданаш аз судхӯрони деҳа аз заминҳояш тамоман маҳрум гардида, хонанишин шуда монда буд ва дар вақтҳои осудаҳол буданаш ягона фарзандаш — Махмудҷонро хононда соҳиби хату савод карда буд, ки дар вақти пирӣ ва нобудагиаш он писар падару модари худро сер мекард.
Падару модари Маҳмудҷон дар хона нишаста чилликресӣ ва арғамчинтобӣ мекарданд ва писарашон Маҳмудҷон шохбанд ва арғамчинҳои онҳо тайёркардаро ҳафтае ду рӯз — шанбе ва чоршанбе — ба бозори Ғиждувон бурда, дар майдони чорпофурӯшӣ, дар замин палос паҳн карда, молҳояшро ба харидорон мефурӯхт ва пули аз ин кор ба даст даромадаро нафақаи падару модар мекард.
Азбаски падари Маҳмудҷон дар вақтҳои қарздорӣ ва аз даст рафтани заминҳояш бо калоншавандагони деҳа, ки онҳо сабаби бевоситаи хонавайрон шудани ӯ буданд, носоз буд, бинобар ин дар мавриди фалокат ба ӯ ёрӣ расондани онҳо маълум набуд.
Миёнаравони амлокдор аз ҳамин аҳвол фоида бурда, як рӯз, гашти бозор, вақте ки Маҳмудҷон палоси худро ба хар бор карда ба хонаи худ мерафт, ӯро дар байни роҳи бозор ва ҳавлиаш дар як ҷойи хилват дастгир карда, ба амлокдорхона бурдаанд ва аз ин воқеа, ки хеле пинҳонӣ ва баъд аз торик шудани шаб рӯй дода буд, оммаи мардум бехабар мондаанд.
Чун Маҳмудҷон то як поси шаб ба хонааш нарафтааст, падараш ба ҷустуҷӯйи ӯ баромада, ба Ғиждувон омадааст ва дар он ҷо баъд аз пурсукови бисёре оқибат аз як касе, ки ба амлокдорхона алоқаманд будааст, ба он ҷо афтодани писари худро фаҳмидааст.
Мӯйсафеди солхӯрдаи пурдида, ки ҳамаи бозиҳои ҳокимони замони худро ва ба онҳо дар кадом маврид бо кадом роҳ муқобилат карданро медонист, ба кадом мақсад дастгир карда шудани писарашро пай бурдааст ва барои чораҷӯйӣ ва ёрмандипурсӣ рост ба пеши Рустами ашкӣ рафтааст.
Рустами ашкӣ дар ҳамон вақтҳо яке аз олуфтагони машҳури Ғиждувон буда, дар роҳи муҳофизат кардани номуси одамоне, ки ба худаш илтиҷо бурдаанд, ҷони худро дареғ намедошт. Ӯ падари Маҳмудҷонро хуш қабул карда, халос кардани писарашро ба ӯ ваъда додааст, аммо то расидани рӯзи халосӣ ба амал овардани тадбири зеринро ба мӯйсафед супурдааст:
Аз рӯйи маслиҳати Рустами ашкӣ мебоист модари Маҳмудҷон ба амлокдорхона рафта, ба воситаи занони амлокдор писари худро медид ва ба ӯ маслиҳат медод, ки «худро дар пеши амлокдор ва одамони ӯ чунон вонамояд, ки вай аз афтоданаш ба дасти амлокдор бисёр хурсанд ва розӣ мебошад ва агар бахташ тозад ва ба дарбори амир афтад, боз ҳам хурсандтар мешавад, аз арғамчинфурӯшӣ ба дараҷаи маҳрамии ҷаноби олӣ расидан давлати ноёб аст». Рустами ашкӣ дар охири сӯҳбати худ гуфтааст:
— Овоза аст, ки амир дар ҳамин наздикиҳо ба Ғиждувон меояд. Маҳмудчон, ки бо тадбири баёнёфта боварӣ ва эътимоди амлокдор ва одамони ӯро ба худ гирад, аз амлокдорхона озодона баромада метавонад. Дар шабе, ки фардои он омадани амир муайян мешавад, баъд аз торик шудани шаб ӯ аз амлокдорхона баромада, рост ба дарвозаи Намозгоҳи қалъаи Ғиждувон равад ва дар он ҷо маро бо аспи тайёр меёбад, ман ӯро ба пушти худ савор карда, бо роҳи биёбон аз қаламрави Бухоро бароварда ба хоки рус медарорам ва ӯро дар он ҷо — дар Каттақӯрғон ё дар Самарқанд раияи давлати рус кунонда паспорт гирифта медиҳам ва ӯ бозгашт ба хизмати шумо меояд, ки дар он вақт ба ӯ на амир гап зада метавонад ва на вазир.
Маслиҳат ва тадбирҳои Рустами ашкӣ ба амал омада, дар шаби омад-омади амир Маҳмудҷон аз амлокдорхона баромада, бо Рустами ашкӣ гурехта рафтааст.
Ҳарчанд амлокдор ва одамони ӯ ин хабарро «барои дар ташвиш наандохтани хотири муборак» ба амир нарасонда бошанд ҳам, воқеанависон (ҷосусон) дар қатори дигар хабарҳо ин воқеаро ба ӯ навишта додаанд. Ӯ баъд аз фуромаданаш ба амлокдорхона барои воқиф шудан ба аҳвол аз ҳама кор пештар навиштаҷоти ҷосусонро хонда, хабари бо Рустами ашкӣ гурехтани Маҳмудҷонро фаҳмида, ҳуш аз сараш паридааст.
Албатта, амир аз Рустами ашкӣ, ки гурехта рафтааст, наметарсид, аммо ба сабаби ин воқеа нотарсӣ, нофармонбардорӣ ва шӯрангезии аҳолии Ғиждувон, ки дар ин бора аз будаш зиёд ва бо муболиға хабарҳо шунида буд, ба ёдаш омада, аз ҳад зиёд тарсидааст ва ҳатто қозӣ, амлокдор, раис ва миршабро ба саломаш надароварда ва пешкаши онҳоро қабул накарда ва зиёфатҳошонро нахӯрда, шитобкорона гурехта рафтааст 235.

Хабари вафоти Аҳмади Дониш

Файзибойи ҳалвогар дар поёни нақли сабаби тарсида гурехтани амир Абдулаҳад аз Ғиждувон, хабареро ба ман расонд, ки лаззати нақли мазкурро тамоман аз ман рабуда авқотамро талх намуд. Ин хабари вафоти Аҳмади Дониш буд, ки ӯ як ҳафта аз он пештар аз Бухоро гирифта будааст.
Чунонки дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» зикр ёфтааст, Аҳмади Дониш ҳар сол дар охирҳои тобистон ба сайру гашти саҳро баромада, як қисми рӯзҳои ин саёҳатро дар Ғиждувон мегузаронид 236. Дар он рӯзҳо якчанд нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба манзили ӯ рафтуой мекарданд, ки яке аз ҷавонтарини онҳо ҳамин Файзибой буд ва Файзибой бо касби худ — ҳалвогарӣ ба ӯ хизмат мекард ва ҳар рӯз дар вақти таоми пешинӣ ба ӯ яхмос (мороженое) тайёр карда медод.
Файзибой соҳиби хату саводи оддӣ буд, ки танҳо нақду насияҳои худро ба дафтари дӯконаш қайд карда метавонист ва он қадар дониши васеи илмӣ надошт, ки фазлу камоли Аҳмад- махдумро тақдир карда тавонад. Аммо ӯ ба Аҳмади Дониш баҳои содаи соддалавҳона ва дар айни замон баҳои хеле калон дод. Ӯ гуфт:
— Аҳмад-махдум одами бисёр бузург буд, бузургии ӯ на аз ҷиҳати муллоиаш, на аз ҷиҳати синну солаш ва на аз ҷиҳати ҷуссааш буд, балки бузургии ӯ дар ин буд, ки ҳар бинанда дар зери салобат ва маҳобати ӯ мемонд ва дар айни
____________
* Дар замони амир аҳолии Ғиждувонро «аробасавору занбарнишин» мегуфтанд. Маънии ин сухан он аст, ки ҳар сол якчанд нафар аз онҳо ба ҳокимон муқобил мебаромаданд, онҳоро ба ароба савор карда Бухоро мебурданд. зиндон мекарданд ва баъзан мекуштанд ва кушташудагонро мурдакашон ба занбар андохта мебурданд. Аммо ин гуна ҷазоҳо ба ахолии Ғиждувон ибрат намешуд ва агар лозим шавад, боз ба ҳокимон муқобил мебаромаданд.

замон ӯро бо муҳаббати тамом (на аз тарс) ҳурмат мекард. Ӯ бо ин ҳама бузургӣ ва маҳобат ва салобат ба ҳар кас, ҳарчанд хурд бошад ҳам, бародарвор муомила мекард.
Файзибой ба ин суханони худ илова кард:
— Дар дунё муллоҳои мӯйсафеди ҷуссакалон хеле ҳастанд, аммо касе онҳоро аз таҳти дил ва бо муҳаббат ҳурмат намекунад» ва он гуна муллоёнро одамон барои ин ва аз тарси ин «ҳурмат мекунанд», ки мабодо баҳонае ёфта «таҳқири уламо кардӣ»- гӯён ба қозихона кашола кунанд.
Магар дар ин вақт Файзибойро раги лофгӯйӣ ва мағрурии ғиждувонигиаш ба ҳаракат омад, ки гуфт:
— Ба мо, ғиждувониён, мақбул ва писанд шуда тавонистан кори ҳар кас нест. Охир, калонтарини одамони Бухоро амир аст, ки ҳамаи мардуми қаламрави худро ғуломи худ мешуморад. Аммо мо, ғиждувониён, ӯро на ин ки ҳурмат намекунем, балки масхара медорем. Ман гумон мекунам, ки, — гӯён давом кард Файзибой, — Аҳмад-махдумро як қувваи ба назар нонамоён буд ва ҳамсӯҳбатони худро бо он қувва ва бо риштаҳои ба назар нонамоён ба худ баста мегирифт.
Дар он вақт Файзибойро ақидаи хурофотпарастии авомонааш даста дода гуфт:
— Ман гумон мекунам, ки ӯ дуохони пурзӯр буд ва касонеро, ки хоҳад, тамоман тасхир карда мегирифт. Аммо дуохониро ба худ касб карда нагирифта буд ва дуохононро «фиребгар»- гӯён ҳақорат медод.
Файзибой дар охири ин таассуроти худ аз таҳти дил ва самимона дар вафоти Аҳмади Дониш афсӯс хӯрда гуфт:
— Ҳай дареғ, сад дареғ, ки ин гуна одами бузург вафот кард, — ва илова намуд: — Бо шунидани хабари вафоти ӯ мо, чанд нафар ғиждувониён, ки ба ӯ ихлосманд будем, се рӯз ҳар бегоҳӣ ба хонае, ки ӯ дар вақти сайри саҳро карданаш манзил менамуд, ҷамъ шуда таъзиядорӣ ва фотиҳахонӣ кардем.
Ман бошишгоҳи дар Ғиждувон доштаи Аҳмад-махдумро донам ҳам, то он вақт он ҷоро надида будам, бинобар ин аз Файзибой илтимос кардам, ки маро бурда он хонаро нишон диҳад.
Он хона, чунонки дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» тасвир намудаам, дар тарафи шарқии қалъаи Ғиждувон, дар боғчаи рӯйидаричагии Назрулло-бойбача ном касе бино ёфта буд ва он хонаро як шохоби рӯди Пирмаст ва як кӯча аз қалъа ҷудо мекард.
Хона нӯҳболори кабзафурӯмон 237 буда, гаҷкорӣ ва деворҳояш бо нақшҳои кандакорӣ ва гулҳои гуногун зебу зинат дода шуда буд, нақши гулҳояш чунон табиӣ менамуд, ки канда гирифтан ва бӯйидани кас меомад.
Дар девори пешгоҳи хона, дар зери сақф, дар китеба 238 байти зерин бо ҳалли заррин нақш ёфта буд: ;
Бинанда, ёд ор аз ин нақши дилпазир
Килки шикастарафтаи Мир Аҳмади фақир.
Аз ин байт ва ҳам аз нақли Файзибой маълум шуд, ки наққошӣ ва гулкории он хонаро худи Аҳмад-махдум бо дасти худ ба анҷом расонда будааст..
* * *
Дар мақол «қадри неъмат баъд аз завол» — гуфта шудааст, ки бисёр дуруст аст. Ман, ки дар айёми ҳаёти Ахмад-махдум он қадар дар пайи ҷустуҷӯйи ӯ набудам ва дар бораи ӯ бо шунидани нақлҳои ҳамсӯҳбатонаш қаноат мекардам, бо шунидани хабари вафоти ӯ оташи афсӯсу надомат дар ниҳоди ман шӯълавар гашт. Ман худро сарзаниш кардан гирифтам, ки чаро дар айёми зинда будани ӯ роҳе ёфта ба ӯ наздик нашудам ва чаро фикру мулоҳизаҳои ӯро дар ҳаққи замон ва ҳамзамонон бевосита аз забони ӯ нашунидам? Дар аснои ин афсӯсу надомат суханони самимонаи Файзибойро беихтиёр такрор мекардам: «Афсӯс, ҳай дареғ, сад дареғ!» Дар шаҳри Бухоро дӯстон ва қадршиносони Аҳмади Дониш бисёр бошанд ҳам, ман бо ҳеҷ кадоми онҳо шиносои наздик набудам. Яке аз дӯстдорони ӯ, ки ба ақидаи ман, аз ҳама бештар ба ӯ баҳои баланд медод, Шарифҷон-махдум буд ва ӯ дар ҳамон рӯзҳо дар тумани Пешкӯҳ қозӣ буд. Ман бо ӯ шиносои наздик ва хизматгори пештарааш будам, ки ба пеши ӯ рафта, рӯзе чанд дар бораи марҳум бо ӯ ҳамдардӣ карданро қарор додам ва дар байни ду-се рӯз бо ҳамдеҳагони худ видоъ карда, аз болои Ғиждувон ва Вобканд гузашта ба Пешкӯҳ рафтам.
Пешкӯҳ яке аз туман (район)-ҳои канории вилояти Бухоро буда, дар самти ғарбии шимолии шаҳр ва 32 километр дуртар аз он (деҳаҳои канории ин район аз шаҳр то 40 — 50 километр дурӣ доранд) дар домани регзори биёбони Хоразм воқеъ шудааст.
Дар замонҳои пеш ин туман дар дами тохтутози урганҷиён будааст ва бинобар ин дар байни ҳар якчанд деҳа як тали қалъамонанд буд, ки дар вақти ҳуҷуми берунаҳо аҳолӣ бо молу ашёашон дар он ҷо паноҳ бурда, худро мудофиа мекарданд. Маркази қадимии ин район қалъаи Зандане буда, ҳозир тамоман дар канори реги равон аст. (Карбоси занданегӣ, ки дар адабиёти араб «занданеҷӣ» навишта мешавад, пеш аз истилои араб ва дар аввалҳои ин истило машҳури ҷаҳон буд.)
Баъд аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна он гуна тохтутозҳои худсарона ва ғоратгарона тамоман барҳам хӯрда бошанд ҳам, ҳанӯз баъзе аз он қалъаҳо (монанди қалъаи Зандане ва қалъаи Пешкӯҳ) аҳолинишин буданд.
Кохи Иштивон, ки дар замони истилои араб бошишгоҳи тобистонаи Бухорхудот 239 буд, ҳоло бо номи Қоқиштивон машҳур буда, тамоман дар байни регзор мондааст.
Азбаски ин туман камоб ва бо вуҷуди ҳосилхезии заминҳояш аҳолиаш қашшоқ буда, аҳолии шаҳри Бухоро ба ин ҷо кам омадурафт дошта ва савдогарони чорбозоргарди шаҳр бошанд, ҳеҷ намеомаданд, ба ин сабаб қозӣ, ки дар шаҳр ҳамеша дар байни гурӯҳи ҳамсӯҳбатон ва шоирон рӯз мегузаронид, дар ин ҷо бисёр дилтанг шуда будааст, бинобар ин маро на монанди хизматгори пештараи худ ва на монанди як талабаи ҳаваскори шеър ва адабиёт, балки монанди бародар ва хешованди наздики худ гарму ҷӯшон қабул намуд.
Ғайр аз он мусоҳибаи дуру дароз, ки ҳар рӯз дар байни ману қозӣ дар бораи Аҳмади Дониш мерафт, як дафтари калони мусаввадаҳои ӯро, ки бо дасти худи Дониш навишта шуда буд, дар ин ҷо дида, сар то по мутолаа карда баромадам.
Ин дафтар дар муқоваи мешии сурхи қадаш тахминан ду ваҷаб ва бараш яку ним ваҷаб буда, аз коғази китобатии ҷойдории хӯқандӣ сохта шуда буд.
Ин дафтар дар дасти Қорӣ Неъмат ном ошпази қозӣ буд, ки ӯ дар вақти зиндагии Аҳмад- махдум ба ӯ ошпазӣ мекард. Қорӣ Неъмат аз хурдсолагиаш то вафоти Аҳмади Дониш ҳамеша дар хизмати ӯ буда, баъд аз вафоти ӯ ва гузаронидани рӯзҳои азодорӣ бо талаби Шарифҷон- махдум ба хизмати ӯ омада, вазифаи ошпазиро адо мекард.
Назар ба қавли Қорӣ Неъмат, Аҳмад-махдум он дафтарро ба ӯ «ёдгорӣ» гӯён дода будааст. Аммо дар ин бора дар дафтар чизе навишта нашуда буд. Дар ҳар ҳол барои ман он рӯзҳо мутолаа карда баромадани он дафтар баробари тасодуфан дарёфтани як гавҳари ноёб буд. Дар он дафтар баъзе хотираҳо, ҳикояҳо ва таассуроти муаллиф аз баъзе воқеаҳо ба тарзи парешон ва каҷу килеб ва умуман на бо сатрҳои рост, балки уреб навишта шуда буданд. Баъд аз он ки ман, чунонки дар боби оянда меояд, бо калонтарин асари марҳум ошно шудам, маълум шуд, ки бештарини чизҳои дар ин дафтар навишташуда материалҳои дар он китоб дохил кардашуданӣ будааст. Маълум мешуд, ки муаллиф аввал ва пеш-пеш ҳар чизи ба хотираш расидаро дар ин дафтар ба тарзи парешон навиштааст ва баъд аз он онҳоро дубора кор карда, ба як тартиб андохта ва ба бобҳо ҷудо намуда, «Наводир-ул вақоеъ»-ро ба вуҷуд овардааст.
Албатта, дар ин дафтар порчаҳое ҳам буданд, ки ба «Наводир-ул-вақоеъ» дароварда нашуда буданд ва инчунин чизҳое ҳам буданд, ки баъд аз тамом шудани таълифи ин китоб навишта шуда буданд.
Яке аз он порчаҳое, ки ба «Наводир-ул-вақоеъ» дохил карда нашуда буданд, сабаби машғул шудани муаллиф ба илми нуҷум буд. Ӯ дар ин бора дар он дафтар навишта буд (албатта, ман ин ҷо навиштаҳои ӯро мазмунан нақл мекунам, зеро чунонки ҳоло он дафтар дар дастам нест, инчунин ибораҳои муаллиф айнан дар ёдам ҳам нестанд):
«Ман дар айёми хурдсолӣ дар фаҳмидани ояндаи худ ва оқибати корам бисёр ҳарис будам ва ақида доштам, ки ин мақсадамро ба воситаи илми нуҷум ба даст дароварда метавонам». (Маълум мешавад, ки Аҳмад-махдум ба нуҷум дар аввали кораш на ба сифати астроном, балки ба сифати астролог машғул шуда будааст.) «Бинобар ин дар пеши устодони ин фан ба умеди омӯхтани он давомат кардам. Лекин он устодон ҳамагӣ хасис ва бахил буданд, бо вуҷуди хизматҳои ба назар намоёни моддӣ ва маънавиям ба ман чизеро ёд намедоданд ё чизеро ёд медоданд, ки ба дарди ман ба кор намерафт. Бинобар ин ман ба ёфтан ва мутолаа кардани китобҳои ин фан ва ба таҷриба карда дидани чизҳое, ки аз он китобҳо омӯхтаам, машғул гардидам ва дар натиҷа ба ин илм вуқуф пайдо кардам».
Муаллиф дар поёни ин хотироти худ дар он дафтар илова карда буд (мазмунан): «Дар вақтҳое, ки ман дар омӯхтани илми нуҷум машғулӣ мекардам ва дар ин роҳ ташвиш ва азобу машаққати аз ҳад зиёд мекашидам, дар дили худ аҳд карда будам, ки «агар ман ин илмро ба даст дарорам, ҳар касе, ки ба пеши ман барои омӯхтани ин фан ояд, маҷҷонан (ройгон) ва ба хушии хотир хоҳам ёд дод». Чун ба ин илм вуқуф пайдо кардам, ба аҳди худ вафо намудам. Аммо афсӯс, ки дар муддати умри худ ягон мунаҷҷим расонда натавонистам, лекин фолбини бисёреро ба вуҷуд овардам: ҳар касе, ки пеши ман омада ин илмро мехонд, ҳанӯз чизе наёмӯхта, баъд аз шаш моҳ ё як сол, мутаассифона, медидам, ки дар ба дари савдогарон гашта, дар соли нави оянда аз арзон шудани кадом як молу матоъ ва гарон гардидани кадоми аз онҳо хабар медод ва бо ин роҳи разилона кисаву косаи худро пур мекард».
Порчаи дигаре, ки дар он дафтар дидам, таассуроти рӯзҳои бемории муаллиф буд. Маълум аст, ки ӯ дар охири умраш дуру дароз бемори барҷомонда шуда хобида буд ва аз он навиштаҷот маълум шуд, ки бемориаш қабзият будааст. Ӯ дар ин хусус навишта буд (мазмунан):
«Ман аз бозе, ки худро медонам, худро озод нигоҳ доштам, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ маврид асоратро ба гардан нагирифтам. Дар вақтҳое ки ман ба дарбор мансуб будам, маъмур ва ротиба (маош)-хӯри подшоҳӣ будам, низ озодиамро аз даст надодаам ва асоратро ба гардан нагирифтаам. Мактуб ва аризаҳоям ба подшоҳ ҳам аз ҳар гуна алқоб, тамаллуқ ва хушомад холӣ буд».
«Аммо дар охири умри худ фаҳмидам, ки озодии мутлақ дар дунё набудааст, дар ҳолате ки пир, бемор ва барҷомонда шудаам, барои адои пасттарин ҳоҷати инсонии худ ҳар рӯз маҷбурам, ки аз тарафи шарқии шаҳри Бухоро (ҳавлии муаллиф — С. А.) ба ғарбии он (беморхона — С. А.) бо ёрмандии одамон равам ва дар он ҷо худро ба асорати доктор ва одамони ӯ супорам» .
Мирзо (котиб)-и қозӣ Мирзо Абдураҳим ном ҳамонҷойӣ буд. Чун ӯ дар бораи Аҳмад-махдум ҳарисона маълумот ҷуста гаштани маро дид, рӯзе ба ҳавлиаш ба меҳмонӣ даъват кард ва дар он ҷо «Юсуф ва Зулайхо» ном асари Нозими Ҳиротиро ба ман нишон дод, ки бо хати Аҳмад-махдум навишта шуда буд ва инчунин дар бораи воқеаҳои он достон дар он китоб расмҳо кашида шуда буд, ки онҳо ҳам кори Аҳмади Дониш буд 242.
Азбаски ман ба санъатшиносӣ вуқуф надорам, ба он ҳунари Аҳмад-махдум баҳо дода наметавонам. Аммо Мирзо Абдураҳим як расми дигари ӯро нишон дод, ки вай диққати маро ба худ ҷалб кард. Ин дар мавзӯи «Мирзо Анвари миршаб ва косаи кӯкнори ӯ» як кори карикатурамонанди он санъаткор буд.
Назар ба эзоҳи Мирзо Абдураҳим, амир Музаффар Мирзо Анвар ном кӯкнориро дар Бухоро миршаб карда будааст. Азбаски кӯкнориҳо тарсончак мешаванд ва вазифаи миршаб бошад, нотарсона бо дуздон мубориза бурдан аст, Аҳмади Дониш ин кори амирро ҳаҷв карда, он расмро кашида будааст.
Он расм дар як тахта коғази ҷойдорӣ ба тарзи зерин кашида шуда буд: дар рақами якум Мирзо Анвар бар рӯйи кӯрпачае, ки бар болои гилем паҳн карда шуда буд, чорзону менишаст ва дар пешаш косаи калони дӯғобӣ буд, ки ӯ чашмонашро пӯшонда дар он коса кӯкнор ғиҷим мекард.
Дар рақами дуюм як одами миршаб омада хабареро ба ӯ расонда истода буд ва Мирзо Анвар, бе он ки дасташро аз косаи кӯкнор бардорад, чашмонашро калон кушода бо ҳаяҷон ва ташвиш он хабарро мешунид.
Дар рақами сеюм Мирзо Анвар беҳуш дароз кашида мехобид ва дар вақти аз ҳуш рафта афтоданаш пояш ба косаи кӯкнор расида будааст, ки вай ғелида рафта ба канорае якпаҳлу меистод ва кӯкнори ғиҷим кардашуда бар рӯйи гилем пош хӯрда рафта буд.
Дар зери ин расми рақами сеюм аз забони одами миршаб навишта шуда буд: «Мегӯянд, дар кадом гӯшае як одам ба дуздӣ шубҳанок будааст». Ва аз забони миршаб навишта шуда буд: «Вой мурдам!» (миршаб гӯё бо шунидани калимаи «дузд» «вой мурдам!» гӯён аз ҳуш рафта афтода, косаи кӯкнори худро зада ғелонда резонда будааст)243.

Аввалин шиносоии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-Вақоеъ»

Ҳарчанд шиносоии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш — «Наводир-ул-вақоеъ» баъд аз се-чор соли вафоти ӯ даст дода бошад ҳам, барои бо ҳам марбут доштани воқеаҳо ман хостам ин ҳодисаро бевосита баъд аз қайди вафоти муаллиф ёдоварӣ намоям.
Одамони ба илму адабиёт дахлдор медонистанд, ки Аҳмад-махдум «Наводир-ул-вақоеъ» ном асари калоне дорад, аммо нусхаи ӯ дар дасти ҳеҷ кадом аз одамони маълум набуд. Фақат ин китобро касоне медонистанд, ки бо муаллифи он рафтуомад доштанд ва онро дар дасти ӯ дида буданд ва дар маҷлисҳои дӯстона аз мундариҷоти он ба сад гуна тағйиру табдил порчаҳо нақл мекарданд.
Сонитарҳо маълум шуд, ки Аҳмади Дониш дар замони ҳаёти худ як нусхаи бо дасти худаш навишташудаи ин китобро ба Сиддиқхони Ҳашмат 244 тақдим карда будааст.
Сиддиқхони Ҳашмат додари амир Абдулаҳад будааст, дар замони падараш — Музаффар дар Чорҷӯй ҳоким буд. Ӯ дар вақти бемории Музаффар бе рухсати падар ба баҳонаи дидани ӯ ба Бухоро омад. Аммо дар он вақт падараш мурда буд ва дарбориён мурдани ӯро пинҳон дошта, Абдулаҳадро, ки валиаҳд буд, барои супурдани тахту тоҷ аз Кармина оварда, Сиддиқхонро, ки аз вафоти падар бехабар буд, ба ҳабс гирифтанд.
Сиддиқхон, ки аз корҳои сиёсӣ дур карда шуда, дар як ҳавлии дуртар аз арки Бухоро маҳбус ва аз ҷамъият берун карда шуда буд, ба илму адабиёт шуғл намуд ва маоши аз подшоҳӣ ба худаш додашавандаро ба китобхарӣ сарф карда, вақти худро тамоман ба мутолаа дод. Ӯ дар байни се-чор сол ба донишмандӣ шӯҳрат ёфт ва шоир шуда, ба худ Ҳашмат тахаллус гузошт. Аҳмад-махдум, ки сардори норозиёни дарбор буд, бо Сиддиқхон алоқаи махфӣ баста, китоби худро маҷҷонан ва бе ҳеҷ манфиати моддӣ ва маънавӣ ба ӯ тақдим карда будааст.
Шарифҷон-махдум, ки ошиқи асарҳои Аҳмад-махдум буд, бо Сиддиқхон алоқаи махфӣ баста, барои нусха бардоштан он китобро аз ӯ ба тарзи орият гирифтааст ва нусхабардориро ба Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, ки зикраш дар «Ёддоштҳо» борҳо гузашт ва хушнавис ва пухтакор буд, супурдааст.
Мирзо Абдулвоҳид ҳам то тамом кардани китобат ин сирро ба ҳеҷ кас, ҳатто ба ман ҳам маълум накард. Аммо баъд аз тамомияти китобат Шарифҷон-махдум маро ҷеғ зада оварда, воқеаро (махфӣ будани онро қайд карда) ба ман ҳикоя намуд ва илтимос кард, ки дар тасҳеҳ ва татбиқи нусхаи Мирзо Абдулвоҳид бо нусхаи аслии дастнависи муаллиф иштирок намоям ва ин корро бо ҳамроҳии Мирзо Абдулвоҳид ба анҷом расонам.
Чунонки мегӯянд, «кӯр чӣ мехоҳад? — ду дидаи бино!» Ман ин хизматро бо ҷону дил ва бо хурсандии тасвир карданошуданӣ қабул кардам ва дар худи ҳамон рӯз корро сар кардем. Кор дар ҳуҷраи Мирзо Абдулвоҳид, ки ба болои дарвозахонаи мадрасаи Мулло Муҳаммадшариф (дар гузари Ғозиён) воқеъ шуда буд (дар бобҳои болоии ҳамин қисми «Ёддоштҳо» ин ҳуҷра тасвир ёфтааст), сар шуда давом кард 245.
Дар рафти кор ман нусхаи дастнависи Аҳмад-махдумро ба даст гирифта нигоҳ мекардам, Мирзо Абдулвоҳид нусхаеро, ки худ навишта буд, бо овози баланд мехонд ва дар ҳар ҷо, ки хато рафта бошад, ман луқма медодам ва Мирзо Абдулвоҳид аз хондан бозистода, нусхаи худро бо қалами худ тасҳеҳ мекард. Ҳар гоҳ ки ӯ аз хондан монда мешуд, ман бо овози баланд аз нусхаи аслӣ мехондам ва ӯ аз рӯйи хониши ман ба нусхаи худ ғалате ёбад, маро аз хондан боздошта, нусхаашро дуруст мекард.
Мо дари ҳуҷраро баста, ин сирро ба касе нафаҳмонда, корро давом медодем. Аммо рӯзе шоир Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат омад ва мо аз ӯ ин сирро пинҳон надоштем, чунки ӯ монанди худи мо дар ҷое намепӯкид ва сирро ифшо намекард.
Баъд аз он ки Ҳайрат дар рӯзи аввал бо шунидани ин китоб таассуроти хуб гирифт, аз мо илтимос кард, ки ҳар рӯз омада, ба тарзи сомеъ (шунаванда) ба кор иштирок кунад. Мо қабул намудем ва ба ҳамин тариқ тасҳеҳ ва татбиқ гӯё аз дасти сеи мо гузашт 246.
Доираи назар ва мутолиаи ман он вақтҳо бисёр танг буд. Бисёр ҷоҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-ро, ки ба нуҷум, ба фалсафа ва тасаввуф оид буданд, намефаҳмидам, аммо он ҷоҳое, ки мефаҳмидам, ба ман таъсири аҷибе мекарданд.
Ҷоҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вақоеъ» он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки «дунё ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?» Ва худро бо ин байти Бедил, ки ҳамон вақт забонзадаи ҳамаи аз дунё дилтангшудагон буд, тасаллӣ медодам:
Зиндагӣ дар гардан афтодааст, Бедил, чора чист?
Шод — бояд зистан, ношод — бояд зистан.
Аммо, вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ — бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст» (инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод).
Яке аз ҷоҳои «Наводир-ул-вақоеъ», ки дар ҳамон вақт ба ман таъсири калон бахшид, аҳволи оилавӣ буд. Аҳмади Дониши донишманд аҳволи оилавии замони худро нағз омӯхта, сабабҳои ҷанги арӯсу модаршӯй ва иғвогариҳои оилавайронкунии модарарӯс ва хоҳарарӯсонро дар хонаи домод, чунонки ман борҳо дида ва шунида будам, тасвир кардааст ва сабаби он ҷангу ҷидолро низ ба хубӣ нишон додааст.
Ман дар ин ҷо ба тарзи мисол баъзе фиқраҳои он боберо, ки ба ҷанги келину модаршӯй бахшида шудааст, аз ҳар ҷо-ҳар ҷо чида, бо иборати худи муаллиф нақл мекунам. Дар вақти зарурат баъзе калимаҳои муаллифро дар байни қавсайн шарҳ медиҳам. Аммо барои осон кардани мутолаа сари сатр, вергул, нуқта, нохунак ва қавсайн барин расми хати ҳозираро илова менамоям. Дар он боб дар бораи сабаби ҷанги арӯсу модаршӯй мегӯяд:
«…Агар хусумати гурбаву сагро ташхис тавонӣ кард, ваҷҳи низои зану модаршӯ туро маълум шавад, яъне саг ин гумон дорад, ки «гурба устухон аз ман мебарад» ва гурба дар ин ҳасад, ки «саг нонмайда аз чанги ман бирабояд», фалоҷарам (ночор) назди мулоқот изҳори адоват… кунанд. Дар ин ҷо (яъне дар оила) низ… ин ҳар ду (яъне арӯсу модаршӯй) даъвӣ доранд ва забуни ҳамдигарро мехоҳанд: модар муддаии ин аст, ки «фарзанд қитъаи гӯште заиф ва оҷиз буд, ки ба саъю… тарбияти ман… камол ёфта ва басе… шабҳо ба рӯз ва рӯзҳо ба шаб овардаам ва дар тарбияташ хунҳо ошомида… Ҷазои ин эҳсон (мукофоти ин некӣ) ҷуз ин нест, ки саранҷоми… муҳиммоти (корҳои) фарзанд ба дасти ихтиёри ман бошад ва ӯ бе савобдид ва маслиҳати ман набояд, ки дами об биёшомад».
«Ва зан муддаии ин, ки «домани ин мард ба чанг овардаам, худро ба забунӣ ва ходимӣ ба хизмати вай дода, ва аз ҳама хешу ақрабо ҷудо гашта… Сазои ин тафвиз ва таслим ғайр аз ин нест, ки калиди… абвоби (дарҳои) дахлу харҷи мард дар қабзаи ихтиёри ман бувад».
«Чун ин ду даъвӣ ба ҳамдигар муориз (зид) аст, асли хусумат аз ин ҷост… Модар мебинад, ки дар садри хона зани бегона нишаста… ва дар манзили фарзанд қаҳрамон ҳодис (пайдо) гардида, ва ҳол он ки худ муддаии ин маънӣ буд, ки дар манзили фарзанд қаҳрамон бошад ва фармонгузор…» «Зан мебинад, ки золи… чин бар ҷабин дар канори бисоти шавҳар нишаста, мухилли (халалрасони) оройиш ва монеи фармойиши ӯ мешавад ва дар амри маоши (корҳои рӯзгории)… хона мушоракат (шарикӣ) меҷӯяд, ва ҳол он ки худ ӯ муддаии истиқлол буд… пас аз ин ваҷҳ гарди малол… бар носия (пешона)-аш бинишинад».
«Чун мард ба хона дарояд, осори ғаму кудурат бар ҷабҳаи кадбону (занаш) мушоҳида кунад, ба воситаи ҳубби (муҳаббати) заношӯйӣ тафтиши сурати ҳол кунад. Баъд аз чандин қаҳру ноз (аз тарафи зан) ба лобаву ниёз таҳқиқ кунад, ки ин гарди балоангехтаи муҳаббат бадтар аз адовати модар аст. Аз ҷиҳати ҳурмати модарӣ илтиҷо ба модар барад, ки «ту дар амри саранҷоми… хона кулфат мабар ва ба як ҷо бинишин ва осуда бош ва ба тоату ибодат шуғл гир ва шукр ба ҷо ор, ки як фарзанд ду кардӣ. Акнун вазифа ба як ҷо нишастан аст ва ибодату дуо кардан ва маҳоми хона (корҳои хона) ба кадбону (арӯс) гузор ва худро ранҷа мадор».
«Ин талқини мард… аз таъзим ва тавозӯи модар аст…, чӣ (зеро) аксар издивоҷи мард (хонадорӣ) ба саъй ва тараддуди модар ба вуқӯъ меанҷомад…»
«Майдони амал (орзу)-и модар то он ҷо вусъат дорад, ки… чун фарзанд аз ӯст, зани ӯ низ аз ӯ ва ходими ӯ… Агар хоҳад, ин ходимро пеши фарзанд мефиристад ва агар на — не, ва агар хоҳад, ин нон ба ӯ медиҳад ва илло — на».
«Гумони фарзанд ин аст, ки «ин муҳаббат, ки модар ба ман дорад ва маро ба тазвиҷ (зандорӣ) оварда, албатта, ин муҳаббатро дар ҳаққи зани ман ҳам дорад барои хотири ман…» Аз ин ҷиҳат аз роҳи шафқат салоҳи ҳоли модарро талқин мекунад».
«Модар аз ин сухан… гумон мебарад, ки зан писари ӯро аз роҳ бурда (баровардааст), шааф (ғавғо) мебардорад, ки «ман туро ба ин умед бузург кардаам, ки ба гуфти зан даройӣ ва маро аз косаву навола (таом) манъ фармойӣ… ва зердасти зан бикунӣ ва бадаста нон диҳӣ? Ва дар ҳар кӯю манзил модарон бар сари хони (дастархони) фарзандон соҳибихтиёранд ва занон ва ходимони эшон чокарон ва мутеон».
«Марди бечора мутаҳайир (ҳайрон) гардад, ки ин ғавғо аз куҷо афтода, ва гӯяд: «Шояд роҳ ин бошад ва қоида… ҳамин». Пеши зан равад ва ба насоеҳи… дилфиреб ӯро аз роҳи шафқат ва муҳаббат талқин кунад, ки «Ту аз ин ваҷҳ ғамгин мабош, ба Худо шукр ор, ки модарам ба саранҷоми муҳоми хона аз пухту сохт мутакаффил (мутасаддӣ) бошад, ту осуда бинишинӣ ва ба зебу зинати худ бипардозӣ ва обу таом назди ту тайёр ояд ва ту аз ҳама ташвиши нишасту бархост фориғ бошӣ».
«Зан, ки ҳолӣ ин ғавғо шунида буд ва кинаи зол (модаршӯй) ба дил гирифта, агар лаима (пасттинат) бувад, шӯру низоъ бунёд ниҳад ва гӯяд: «Ман бо модарат нанишинам ва ӯро аз ман ҷудо кун… чун аз модари худ метарсидӣ, чаро зан кардӣ? Дар хонадони мардон хизмати занонро ҷаворӣ ва хадама (канизон ва ходимон) кунанд, на золони залама» 247. Ва агар карима (олитабиат) бувад, бо ин ки мухолифи муддаои ӯст, аз ҷиҳати ҳубби (муҳаббати) шавҳар марратан (якбора) дил аз тасарруфи том (соҳибихтиёрӣ) бардорад ва низ медонад, ки агар ин сурат мутаҳаққиқ гардад (ба амал ояд), оромиш ва осойиши ӯ дар он бошад, ба фароғи бол (хотирҷамъона) дар саҳнаи хона биёсояд ва зимоми муҳиммот (ихтиёри корҳо) ба дасти модаршӯ гузорад ва ба кинаи пӯшида… бинам чӣ кор мекунад? (гӯён) ба ҳеҷ кори хона даст назанад».
«Модар, ки аз фарти (ғояти) нодонии худ бало ба сари худ хоста буд, имрӯз ё дар рӯзи дигар, ниҳоят то се рӯз таҳияи пазу соз ва (кор)-и беруну даруни хонаи фарзанд мекунад, дар рӯзи аввал ё дуввум ва албатта дар саввум назди ҳар таом, ки пеши зан ва писар ниҳад, менолад ва мегӯяд, ки: «Ман пир шудаам ва аз кор монда ва дар умури (корҳои) саранҷоми хона касе ба ҳоли ман намепардозад ва нигоҳ намекунад ва ҳама ба ҳузур хоб мекунанд ва ман аз пагоҳ то бегоҳ метапам…» Ин сухан, ки мегӯяд, мушорун илайҳ (ҷойи ишорат) зани писар бошад, зеро дар хона ғайри ӯ кас не, ки ба ҳузур бихобад. Ва (модар) таоми латифтар ва оростатарро пеши фарзанд мениҳад ва муболаға (зӯр) мекунад, ки: «Шумо инро тановул фармоед, чунки ба раставу бозор тараддуд доред, дигарҳо ҳар замон дар кунҷи хона ва даҳлез чиз мехӯранд». «Дар ин тақрир низ мушорун илайҳ зани писар бувад… Зан дар ин ҳол аждаҳои ҳазорзабонгашта бувад ва аз он таом ангушт наёлояд ва лаб тар накунад. Фалобуд (ночор) ба сари ин хон (дастархон) ғавғо ва фиғон бархоста бувад».
«Пас мард ба ғазаб равад ва ихтиёри… умури манзил (корҳои хона) ба қабзаи зан ниҳад ва модарро ба қаҳр (бо зӯрӣ) нишонад…»
«Модар мебинад, ки қисми ӯ ба коса медиҳанд, ҳамчунон ғавғову шӯр мекунад ва айши зану фарзанд талх гардонад… То вақте ки офаридагор (Худо) кор осон гардонад: якеро ё хар дуро бардорад, балки ҳар серо…» (Аз саҳифаҳои 391 то 397 «Наводир-ул-вақоеъ», ки фонди китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ [Душанбе] буда, дар он ҷо бо рақами 1409 қайд шудааст, фиқраҳои алоҳида чида гирифта шуд)248.
Муаллиф баъд аз он, ки ҳуқуқи зану модарро мувофиқи замони худ ва қоидаи шариат ва урфу одати феодалӣ баён мекунад, боз ба болои модаршӯй омада мегӯяд:
«…Мард агар ба ризои модар равад, бояд ки доим дар изои зан кӯшад. Ҳатто (бисёр модарон) ба талоқ розианд ва аз ғояти ҳасад ва рашк, агар мусир бошанд (яъне модарони доро бошанд), ҳамаи амволи худро сарф кунанд, то фарзанд ин занро талоқ диҳад ва зани дигар хоҳад ва ҳамчунин ба вай кунад (яъне модаршӯй ба зани нав) ва ҳамчунин баъд аз вай. То панҷу ҳафт тағйиру табдил дар амри никоҳи фарзандон карданд (яъне модарон), ки шунудем ва ҳеҷ хусумат аз ин ки гуфтем, кам нашуд, балки дар ҳар мартаба зиёдатар гашт…»
Баъд аз он муаллиф дар баёни шарти хонадорӣ гузашта, мегӯяд: «…Пас шарт бувад, ки марди кадхудо (кадхудошаванда) модар надорад ва агар дорад, дар иёли худ надорад…» Муаллиф барои хонадор шудан шартҳои дигарро ҳам: монанди даромади муайян доштан, хонаву ҷой доштан ва дигарҳоро, ки дар замони феодалӣ бе инҳо хонадорӣ ва зиндагонӣ кардан мумкин набуд, мешуморад.
Ва яке аз шартҳое, ки дар ҷониби арӯс мемонад, хешу табори сарватманд надоштани ӯст ва дар ин бора мегӯяд (мазмунан); рӯзгор бе талху шӯр намешавад ва мумкин аст, ки дар байни зану шӯй низое афтад, дар ин сурат хешовандони зан (айнан): «каф бар даҳон оранд ва дасту остин барчинанд ва бар сари мард гирд оянд ва гӯянд: «Ту кистӣ бад-ин мусоҳарат (домодӣ) розӣ ва шокир набошӣ? Ба фарзанди мо (ё) ба хоҳари мо чунин ва чунон гӯйӣ!.. Бад-ин ҳол, ки дорӣ, чаро зан кардӣ ва обрӯйи мардон ба хок рехтӣ?»»
«Ва чун аксари мардум аз ин таҳқиқот ва тадқиқот, ки ишора кардем, ғофиланд, ба таассуб (асабият) бо мард уфтанд (дарафтанд) ва рӯзгори вай тира гардонанд, бо он ки медонанд ё намедонанд, ки хусумати занон бо мардон аз шабу рӯз таҷовуз намекунад ва ба як хор-хор… ҳазор падару модар ва фарзандонро дар тоқи нисён мениҳанд (фаромӯш мекунанд)…»
Муаллиф дар бораи хонадорӣ модар надоштани занро низ шарт мекунад ва агар арӯс модар дошта бошад, бояд он дар хонаи шавҳари худ бошад, на дар хонаи домод. Чунки ба ақидаи муаллиф модарарӯс (модари зан) ба вайронии миёни духтар ва домодаш кӯшиш мекунад ва мегӯяд: «Ҳон, ҳозир бош, ки либоси шавҳарат мутааддид нашавад ва ин коло, ки дорӣ, манамо, ки бифурӯшад ва ба болои ту зан оварад ва магзор, ки аз хона берун бихусбад (бихобад), то шоҳид (маҳбуб) орад ва манъаш кун, ки ба халқ рафтуомад накунад, ки аз он бало хезад ва меҳмон орад, исроф… кунад ва ту лабхушк бинишинӣ ё талоқат диҳад, ки урён ойӣ ва аз барои он рӯзе, ки ҷудоӣ афтад, иззихор (захира)-куниро лозим гир, ки бар муҳаббати мардон эътимод нест ва улфати эшон на бар сидқу садод (ростӣ)» (аст). «Ин талқиноти ӯ (модари зан) ҳам аз он муҳаббати зотӣ ва даъвии ноҳақ бошад, ки исбот кардем, яъне чунонки модари фарзанди нарина (модаршӯй) он даъвӣ дорад ва дар модина (яъне модарарӯс) ҳамчунон ки чун духтар аз ӯст, шавҳари духтар аз ӯ ва ғуломи ӯ… модари зан то он ҷо, ки духтарро ирс (мерос)… нарасонад, мабод, ки ба шавҳараш диҳад».
Муаллиф дар охиртари ин боб мегӯяд: «Бинои ин муқаддимот бар аксар ва ағлаб (аксарият) аст… Вагарна дар миён мардон бошанд, ки дар ҳубс ва ҳасорат (дар палидӣ ва гумроҳӣ) аз занон бадтар бошанд ва занон ҳастанд, ки ба иффат ва таҳорат (дар покдоманӣ) аз мардон беҳтар. Агар модарзан ва модаршӯй аз онҳо (аз покон)-анд…, ҳеҷ макрӯҳе (ногуворие) нисбат ба домод оид нашавад, магар рафоҳият (фаровонӣ) ва утуфат (меҳрубонӣ) ва агар ба ҷуз ин бошанд, нестанд, магар балои замон ва аждаҳои кушодадаҳон…»
«Лекин ба иллати адами вуқуф (ба сабаби воқиф набудан) ба муқаддимае, ки собиқан ишора кардем, мардон гумон кардаанд, ки ин ҳама бадиҳо аз зан аст, на (аз) модаршӯй ва модарзан… Аз ин ҷиҳат аст, ки ҷуҳало…249 хосса касоне, ки зан надоранд, ё доранду модар надоранд, ё инҳо дар иёл (дар оила) надоранд, эътирозоти номуваҷҷаҳ (беасос) расонанд ва гӯянд:
«Фалон забуни зан аст ва маҳкуми модарзан ва ба модари худ осӣ ва оқ аст. Охир, зан чӣ қадр дошта, ки ӯро назананд ва ё накушанд, ё тарк ва талоқаш нагӯянд?» Эшон надонанд, ки зан (ҳам) мисли эшон нафсе дорад ва худро адил (баробар)-и мард мепиндорад…»
«Талоқро шореъ (соҳиби шариат) мизоне ниҳода… ба иғвои ноҳақи модаршӯ занро натавон ранҷонид ва дар ин боб уқоқ ва шиқоқ мутасаввар нест» (яъне агар модар талаб кунад аз фарзанд, ки занашро талоқ кунад ва ӯ талабро иҷро нанамояд ва модар норозӣ шавад, дар ин сурат фарзанд оқи модар намешавад). (Ҳамон китоб, аз саҳифаҳои 398 то 410 чида гирифта шуд.)
Муаллиф дар бораи муомилаи мардон бо занонашон ва ба масъалаи талоқ мегӯяд: «Аммо одоби маош (муошират) бо эшон яке хӯйи нек бо занон пеш гирифтан аст, маънии ин он бувад, ки эшонро наранҷонад ва бар маҳолот (талабҳои аз имкон берун) ва носипосии (ношукрии) онҳо сабр кунад ва ранҷи эшон бикашад…»
«Ва дигар то тавонад, талоқ накунад. Вақте ки кор ба гуфтугӯ ва ҷидол расида бувад ва вақоҳат (шаттоҳӣ)-и зан аз ҳад гузашта, мард бояд ки дар ин ҳол ҳам аз ҷо наравад (худдорӣ кунад) ва ба хашм ва истихфоф (беҳурматкунӣ) талоқ надиҳад, балки ба талаттуф (забони хуш) узре оварад, ва агар зан қабул накунад (узрашро)…, он гоҳ ба талоқаш гӯяд ва агар худ толиби фуркат (ҷудоӣ) бошад, аввалан ба ҳадя дили зан хуш кунад ва узре гӯяд, ки «ман ногузир аз ту ҷудоӣ металабам бинобар маслиҳате», то зан сокит шавад, он гоҳ ифтироқ (ҷудоӣ) ҷӯяд».
«Мард бояд ки сирри зан бо ҳеҷ кас нагӯяд ва зоҳир накунад, ки ба чӣ айб ва иллат талоқ медиҳад. Якеро пурсиданд, ки: «занро чаро талоқ медиҳӣ?», гуфт: «сирри зани хеш ошкоро натавон кард», ва чун талоқ дод, гуфтандаш: «чаро (занро) талоқ додӣ?», гуфт: «маро бо зани мардум чӣ кор, то ҳадиси вай кунам? (яъне гапи вайро гӯям)».
(Аз ҳамон китоб, аз саҳифаи 414 то 419 чида гирифта шуд.) —
* * *
Аҳмад-махдум дар қисми дуюми «Васияти фарзандон» ном боби «Наводир-ул-вақоеъ» дар боби касбу пешаҳо гап задан хоста, аввал бар болои дарсхонӣ ва дарсгӯйӣ меистад ва дар ин хусус аз ёддоштҳо ва таассуроти худ порчаҳо меорад: «…Ман аз улуми русум (расмӣ) ба қадри вуқуф ба арабият (забони араб)… иктифо… намудам ва дарс ва тадрис ва гирд овардани шогирдонро билмарра (тамоман) кореҳ будам (ногувор мешумурдам) ва ба ҳоли устодоне, ки пеши онҳо таламмуз мекардам (дарс мехондам), тараҳҳум меовардам (раҳмам меомад), ки «инҳоро чӣ доия (сабаб) бар ин ташвиш ва ғавғо розӣ дошта? «Манофеи дунявӣ ва ухравии 250 эшонро аз китобҳо меҷустам, ҳамаро дар хусрон (гумроҳӣ) ва зиён медидам ва дар ташхиси маонии ваъдаҳо, ки дар фазилати илм ва аҳли он омадааст, мутараддид мешудам (дар шак меафтодам), ки «ал-илму иззу-д-дунё ва шараф-ул-охира» (илм иззати дунё ва шарафи охират аст) гуфтаанд, мурод аз ин илм кадом илм бошад? Ҷамъ омадани мӯҳмале чанд нодон, беадабона ва нофаҳмида ғавғо бардоштан ва ҳар сари чанд гоҳе чанд табақ мавиз ва ҳалво ва танга, ки аз толибилми фақир (қашшоқ) ситонанд ва ба устоз диҳанд ва вай ба шодӣ ва фараҳ дар киса кунад, устоз аз бисёрии сухан кардан ва ҳарф задан дилмурда бошад ва қуввати ҳозима 251 ва дандонҳо суст шуда, ба дандон шикастан натавонад ва ба хӯрдан ҳазм кардан, (шаб) ба ҷойи хоб китоб бинад ва рӯз аз пагоҳ то бегоҳ ғавғо орад ва ғулғула шунавад ва сайри беруну дарун (кардан) натвонад ва ба таом хӯрдан ва ҳаракат кардан фурсат наёбад ва дар даруни гунбази фарохи васеъ (дарсхона) дар сармо ва гармо маҳбус ва масҷун (зиндонӣ) бошад…»
«…Чун азми хона кунад, ду мӯҳмал (ҷилавдор ва кафшбардори муллоҳои калон — С.А.) рикобашро бигиранд ва ҳаминонашон (дар ҷилави аспаш) бидаванд, то устоз аз асп наяфтад ва гарданаш нашиканад, дар ин ва моюшобиҳи он (монанди инҳо) чӣ иззат таҳсил тавон кард 252, ки басе аз авонони малик (сарҳангони подшоҳ) монанди асас (миршаб) ва эшикоқобошӣ дар давондани аблаҳон дар рикоб бо ин иззати ҳазрати домулло шарик… анд… Бо мулозамати абвоби султон (дарбори подшоҳ) ва ризо ба зулм ва удвони (душманӣ бо ситами) ӯ… шарафи охират чӣ навъ даст диҳад?»
Муаллиф дар ин ҷо дар бораи талабагони мадраса аз пайғамбар ҳадисе нақл мекунад, ки мазмунаш ин аст: «Касе, ки ғуборолуд гардонад қадамҳояшро дар талаби илм, ҳаром (маҳфуз) мегардонад Худо ҷасади ӯро аз оташи дӯзах». Муаллиф баъд аз нақли асли ин ҳадис мегӯяд: «Ғуборолуд гардондани қадам дар хондани хутбаҳои китоб ва шаб фисқу фасод кардан… чӣ гуна ҷасадро аз оташи дӯзах маҳфуз дорад?..»
«Билҷумла (хулоса) ин андешаҳо маро аз ҳифзи дарс… монеъ меомад… Чун чашми ман бар зоҳир боз буд, ҳамаи аҳли зоҳирро аз машоих (шайху эшонҳо) фиребгар медидам ва уламоро ришватхор…» (Аз ҳамон китоб, аз саҳифаи 706 то 711 чида гирифта шуд.)
Аҳмади Дониш дар «Рисолаи назми тамаддун ва таовун» ном асараш, ки дар аввали «Наводир-ул-вақоеъ» дарҷ шудааст, бетартибиҳои дарбори амири Бухороро ягон-ягон шумурда ислоҳи онро талаб мекунад, ба подшоҳ ва ба кадом мансабдорони ӯ вазифаҳо таъин мекунад. Масалан, подшоҳро муздур ва ходими аҳолӣ мешуморад ва дар ин бора мегӯяд:
«Подшоҳ филҳақиқат муздур ва ходими фуқарост, чунонки агар дар қаря (деҳа)-е аз ғалабаи дуздон ва шарирон (бадкирдорон) хавф бувад ва мардум шахсеро ба қаровулӣ ва нигаҳбонӣ иттихоз кунанд (гиранд) ва мутасаддии обу нонаш шаванд, то шабро пос дорад ва бедор нишинад ва мутасаддии дафъаи хасм гардад, инчунин раоё (раияҳо), ки тафвиз ва таслими ушру хироҷ ва закот ба султон мекунанд, барои он аст, ки «нигаҳбонии мо кун ва оби моро бирасон ва роҳҳои моро аз ашрор (роҳзанон) пок дор, то моро фароғат бошад ва агар ту фориғ нишинӣ, бо мо фароғат куҷо даст диҳад», пас касе, ки мутасаддии машғалаи ҷамъе бошад, ӯро куҷо ҷойи оромиш ва осойиш то ба кибру ғурур пардозад? Филҳақиқат султонро аз давлат он миқдор ҳақ аст, ки… моякфии садди рамақ (ба қадри зарури зиндагӣ) бошад ва бармозода бар он (ва барзиёда бар он) молик нест, аз они касон аст ва аз дигарон». (Аз ҳамон китоб, саҳифаи 102.)
Ва дар ҷойи дигари ҳамин рисола дар бораи аҳли дарбори амир мегӯяд: «…Ҷамъияти ин табақа дар даргоҳи мулук (подшоҳон) ҳам аз он аст, ки эшон аз камоли коҳилӣ (танбалӣ) ва касолат (сустӣ) диданд, ки аз саранҷоми ҳеҷ касбу кор барнамеоянд ва дар гузориши… пешаҳо аз нақли ҷузвии андак чора нест ва он (ақл) дар зоти эшон мафқудуласар аст (асари ақл ҳам дар онҳо нест), гумон карданд, ки нони муфт… дар хизмати султон аст, чунки хизмати султон мунзабит нест (бетартиб аст), ва ҳар кас он ҷо равад, соҳиби аспу ҷома хоҳад шуд ва асперо савор шудан ва ба доруламоро (ба даргоҳи амир) рафта саломе доданро ҳар лояъқиле (ҳар беақл) саранҷом тавонад дод, ё ҳамроҳи муддаӣ (даъвогар) ва муддаоалайҳ (ҷавобгар) ба деҳе баромадан, ки қатъи низои ҳасмайн (тарафайн) ғолибо (аксар) ба воситаи амин ва арбоб бувад, коре саъб (сахт) ва душвор набувад…»
«Давлатхоҳӣ ва ҷонсӯзии ин табақаи ҷоҳил то он ҷост, ки агар шаҳр оташ гирад ва хонаҳо барафтад, султон аз ҳарамсарой тафаррус кунад (пай барад), ки дар шаҳр ғавғое афтода бӯйи дуд ба машом мерасад, арз кунанд, ки: «ҳеҷ ғоилае (фалокате) нест, кулолон оташ дар хумдон ниҳоданд ва ин шӯълаи онҳост».
«Ва агар дар шаб ҳаромиён (дуздон) ба ҳарами мусулмонон дарраванд ва молаш бибаранд ва хунҳо бирезанд ва бонги бедод масмӯи султон шавад 253, расонанд, ки: «ҳеҷ боке нест, зане бо шавҳар арбада карда».
«Ва ҳамчунин дар саҳроҳо дар обе, ки ба масорифи шаҳр кифоя накунад, гӯянд ки: «ҳамаи заминҳои музориин (деҳқонон) сероб гашта, зиёдатии об ба дангиз (ба баҳр) меравад; ва инчунин дар бозорҳо ба сабаби тафовути нархҳо ғаллаҳо ва матоъҳо рӯ ба нуқсон оварда (камёб шуда), гӯянд: «ҳамаи аҷнос арзон аст, ки касе чизе намехарад». Алҳақ рост гуфта бошанд, ки аз ҷиҳати гаронӣ касе чизе нахарида».
«Ва дар диёре, ки аз рафтани султон ва аскария ба сутӯҳ омада (танг шуда) ва поймол гашта, гӯянд: «чашми мардуми он диёр дар роҳ аст ва интизори мақдами (қадамгузории) султонӣ мебаранд». (Аз ҳамон китоб, аз саҳифаи 94 то 96 чида гирифта шуд.)
Аҳмад-махдум дар он вақт ҳеҷ гоҳ мамлакати беподшоҳро тасаввур наме-кард ва тасаввур карда ҳам наметавонист. Ниҳояти орзуи вай мамлакатдории подшоҳноки боинтизом буда, дар ин хусус сармашқи ӯ давлати Россия буд, ки вай дар тамаддун, дар интизом ва дар тараққӣ ҳазор дараҷа болотар аз мамлакатдории амири Бухоро буд.
Ҳатто хаёл ва орзуҳои ӯ дар ин бора як дараҷа болотар рафта, подшоҳро ходими халқ ва нафақахӯри ба қадри зарури хазинаи халқ мешуморид. Ин фикр дар шароити амирии онвақтаи Бухоро, ки на танҳо дороии мамлакат, балки марду зани тамоми аҳолӣ ҳам ғулом ва канизи шахси амир шумурда мешуд, хеле фикри олӣ буд.
Ин фикрҳои Аҳмади Дониш ба ман, ки он вақтҳо бетартибиҳои мамлакат ва дарбори амирро «ҳамин тарз омадааст ва ҳамин тарз ҳам хоҳад рафт, чӣ бояд кард?» гӯён фикр мекардам, бе таъсир намонда буд.
Дигар як ҷойи «Наводир-ул-вақоеъ», ки дар он вақтҳо ба ман таъсир бахшид, тасвири ҳирси аҳли бозор дар роҳи сарватғундорӣ буд. Дар ин бора ба ман тасвири баққоле, ки ҳамсояи муаллиф буда, ҳирси сарватҷамъкунии худро бо диндорӣ омехта пеш мебурд, таъсири аҷибе бахшида буд.
Ман дар ин ҷо ҳамон порчаро ҳам бо забони муаллиф, аммо кӯтоҳ карда ва баъзе луғатҳояшро дар байни қавсайн шарҳ дода ва аломатҳои китобати имрӯзаро зиёда намуда нақл кардан мехоҳам.
Муаллиф дар як ҷойи боби «Васият ба фарзандон ва ҳақиқати касбҳо ва пешаҳо»-и «Наводир- ул-вақоеъ» фарзандони худро тавсия мекунад, ки албатта ба касбу коре машғул шаванд. Эҳтиёҷи зиндагии худро бо дастранҷи худ таъмин намоянд, аммо дар ҳирси молғундорӣ ва захиракунӣ наафтанд.
Муаллиф дар бораи аҳволи бади ба ҳирси молғундорӣ афтодагон баққолеро мисол оварда, ба фарзандонаш хитобан мегӯяд: «…Медонед, ки дар ҷавори (ҳамсоягии) шумо баққолакест соҳиби зиёъ ва ақор (замину обу боғу бӯстон) ва асбобу молу мавошӣ (чорпоён) ва дӯконе ороста дорад пур ҳалвою шира, ки чун чашми шумо дар онҳо афтад, об дар даҳонатон гирд ояд ва маро аз тасаввури холи ӯ об дар дида».
«Ва ин дӯкон ду дар дорад ва ҳамаи мойӯҳтоҷи мардум (ҳамаи он чизҳоро, ки мардум доранд) дар (он) дӯкон ҷамъ намуда ва худ дар миёни анору ангур ва ҳуҷуми магасу занбӯр биншаста ва худ пир ва хазаф (фартут), ки агар ба фароғат бинишинад ва ба… исрофи амвол сарфи маишати худ кунад, аз бақиятулумри ӯ (аз умри боқимондааш) зиёдатӣ кунад».
«Мебинед, ки дар ин дӯкони дудар тобистону зимистон (умр) ба сар мебарад, дар зимистон ин дӯкон сард бувад ва сабаби убури (гузаштани) боду барф ва дар тобистон гарм ба воситаи мурури самум (тафбод)».
«Дар сармо табақе сафоли пуроташ дар пеши худ ниҳода, ламҳа ба ламҳа (лаҳза ба лаҳза) даст ба кайл (манак) ва тарозу ва сабзиву шалғам мезанад, сард мегардад ва бар оташ медорад ва ҳанӯз тоби оташ ба дасти ӯ нарасида, яке меояд, ки «маро фалон чиз мебояд», алалфавр (фавран) бархезад ва нонишаста, боз дигаре ояд ва чизе хоҳад ва нонишаста, боз дигаре ояд ва (оташ) ҳамчунон хокистар шавад ва дасту пойи ӯ ҳамчунон яхбаста».
«Ва чун таомаш аз хона ояд, дасте ба коса ва луқмае ба даҳон яке ояд, луқма фурӯ набурда ва даст набардошта дигаре ояд, дастолуда ва нон дар даҳон чанд тавоф (гардиш) ба гирди дӯкон кунад, то он чӣ он кас хоста, ёфта диҳад».
«Дар ин асно вақти намоз даррасад ва чун мард мансиф (диндор) аст, саросема ба як кунҷи дӯкон болои сангу тарозую сабзию пиёз намозе сар кунад. Такбири аввал ногуфта, яке ояд ва чизе хоҳад, фотиҳа ва қироат нокарда, дигаре расад… Ба ҳар кадом ба даст ё ба сар ишорат мекунад, ки «бинишин, то намоз тамом кунам», ва гоҳе ки ба масҷиди ҷамоат ҳозир шавад, такбир ва қироаташ ин ки «мабодо гурба аз сих гӯштро бирабояд» ва зикру тасбеҳ он ки мабодо бачагон ҷавз (чормағз)-ро аз зери зағома барчинанд».
«Дар айёми тобистон, бо вуҷуди он ки соҳиби боғу чорбоғ бошад, аз он таматтӯъ (баҳра) натавон гирифт ва самари фавокеҳи он (меваҳои он) натавонад дид ва дар ин дӯкони гарм, ки аз таффи самум чун ғурфае (ҳуҷрае) аз ғурфаҳош ҷаҳаннам мешавад, фурсати дами оби сард ошомидан наёфта, монанди аспи ҷувоз ва харос (осиёи аспӣ) гирди дӯкон ҳазор бор тавоф мекунад ва ҷомаҳо аз арақ пӯсида ва худ гаргин 254 ва мутааффин (бадбӯй) гашта. Вақти хоб, агар сар ба болин ниҳад, зону дар оғӯш бошад, чунки ҷойи холӣ наёбад, ки пой афрозад (дароз кунад)».
«Ва чун асбоб ва адавоти баққолӣ рӯ ба камӣ ва нуқсон ниҳад, гоҳе савора ва гоҳе пиёда ҷуволе бар дӯш ба бозор меравад ва нафаскашон дона ва бақла 255 ба дӯкон меорад гармии ҳангомаи дӯконро (барои гарм кардани савдои дӯкони худ)». (Аз ҳамон китоб, аз саҳифаҳои 695 ва 697 гирифта шуд.)
Ин тасвири Аҳмад-махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт ва ман хостам дар зиндагӣ монанди он баққолро ёфта тамошо кунам. Баққолонеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи кӯча дар дӯконҳошон нишаста молҳошонро мефурӯхтанд, дуру дароз пешашон истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд.
Охир дар рӯ ба рӯйи гӯшаи ҷануби ғарбии саҳни мадрасаи Кӯкалтош баққолеро ёфтам, ки аз ҷиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади Дониш монандӣ дошт: ӯ ҳам пири фартут буд. Агар баққоли Дониш диндори намозхон бошад, ин ширинкори хушзабон буд, ба ҳар кас хитоб кунад, албатта дар аввали суханаш «гардам аз саратон!» мегуфт. Дӯконаш ҳам гузаргоҳи тафбоди тобистонӣ ва тундбоди зимистонӣ буда, пешаш тамоман кушода меистод ба ҳадде, ки дар вақти бориши гирдбоднок рӯйи кори молу колояш бо ҳамроҳии худаш дар зери барф мемонданд. Дар пеши ӯ ба ҷойи табақи оташ тағорачаи оташ буд, ки агар фурсат ёбад, дасту пояшро бар вай гарм мекард.
Азбаски дар рӯйи саҳни мадраса ба кӯча нигоҳ карда нишастан одати умумии талабагони мадрасаҳои Бухоро буд, ба нишастани ман дар рӯ ба рӯйи он баққол ҳеҷ кас тааҷҷуб намекард ва ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯшаи саҳн нишаста, кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат мегирифтам ва ҳама кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад-махдум меёфтам ва дар ин ҳол ба назари зиндагибин ва ба қалами ҳақиқатнигори муаллифи «Наводир-ул-вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам меафзуд.
Рӯзе ин баққол ҷуволеро ба бағал гирифта ва пеши дӯконашро парда кашида, бозор рафт. Ман баргашта омадани ӯро мунтазир шуда ҳамчунон дар гӯшаи саҳн нишаста мондам. Баққол баъд аз соате омад. Ӯ як ҷуволча биринҷро пуштора карда бардошта овард ва ҳамроҳи ӯ як деҳқон ҳам буд, ки як ҷувол сабзии ба ӯ фурӯхтаашро ба хари худ бор карда меовард. Баққол баъд аз ҷо ба ҷо кардани биринҷ сабзии деҳқонро ба зағомаҳои сабзидори пеши дӯконаш холӣ кардан гирифт. Дар рӯйи ҷувол сабзиҳои калон-калон бошанд ҳам, сабзиҳои зери ҷувол майдатар ва резатар баромаданд. Баққол ин ҳолро дида ғур-ғуркунон сабзиро ҷо ба ҷо кард ва дар вақти пул додан аз маблағи дар бозор ба деҳқон ваъдакардааш камтар дод ва он камиро барои пур кардани ҷойи сабзиҳои реза баромадаи зери ҷувол ҳисоб кард. Деҳқон розӣ нашуд ва гуфт:
— Одат ҳамин аст, ки дар рӯйкаши ҷувол сабзӣ ва пиёзи калонтарро мегузоранд ва дар зери ҷувол резаҳояшро. Агар шумо дар бозор мегуфтед, ки «агар зери ҷувол майда барояд, молатро намегирам ё пулатро кам медиҳам», ман сабзии худро ба шумо намефурӯхтам. Ҳатто баъд аз ин ҷо омадан ҳам ҳамин шартро мекардед, ман моли худро гардонда бозор мебурдам. Акнун ки сабзии маро бо сабзиҳои кӯҳнаатон омехта роҳи иқола (баргардондани савдо)-ро бастед, ман пули худро пурра талаб мекунам.
Баққол бошад, ба ин суханҳо гӯш намедод ва «гардам аз саратон, инсоф кунед, ноинсофӣ хосият надорад, гардам аз саратон! Пуле ки бо фиребгарӣ ба кисаи кас дарояд, вафо намекунад…» — гӯён фарёд мекард.
Охир кор аз ҷанҷоли забонӣ ба ҷангу ҷидоли дастбагиребонӣ гузашт ва баққол оташин шуда, «гардам аз саратон» гӯён аз дӯкон ба кӯча фуромад ва аз гиребони деҳқон бо як даст гирифта «гардам аз саратон» — гӯён бо дасти дигараш ба сари ӯ мушт монд.
Деҳқон ҳам бо дасти чапаш аз гиребони баққол гирифта, бо дасти росташ ба гӯшхонаи ӯ шапалоқ задан гирифт ва шапалоқҳои деҳқон чунон бозарба буданд, ки гӯшу рӯйи баққол, чунонки ба лаълии мис зада бошанд, садо медод ва ранги рӯяш монанди миси дар оташ тафтонда суп-сурх шуд.
Баққол мӯйсафеди фартут ва деҳқон ҷавонтари тануманд буд. Оқибат, пиракӣ ба зарбаҳои деҳқон тоб наёварда, «гардам аз саратон, ба ҳоли мани по ба лаби гӯр расида раҳм кунед» — гӯён худро аз дасти деҳқон халос карда ба дӯкон ҷаста баромад. Аммо дар пулдиҳӣ инодкориаш заррае кам нашуда, боз ҳам пули камро ба деҳқон додан хост ва «гардам аз саратон, агар гиред, ҳамин, агар нагиред, додатонро ба қозӣ, ба амир ё ба Худо гӯед! Гардам аз саратон, ман фиреби шуморо намехӯрам» — мегуфт.
Деҳқон мехост баққолро аз рӯйи кори дӯконаш кашола карда фуроварда, дубора мушткорӣ кунад. Аммо одамоне, ки ба сари ҷанҷол расида омада буданд, ба ин кор роҳ надоданд ва ба деҳқон:
— Ин мӯйсафедро кушӣ ҳам, як пули дигар намедиҳад. Биё, ба Худо ҳавола кун, Худо ба киштат барака диҳад! — гӯён ӯро насиҳат ва тасаллӣ доданд.
Деҳқон ночор ҷувол ва пули ба ризои худ додаи баққолро гирифта ва ба хараш савор шуда рафт.
Баққол баъд аз дур шудани деҳқон, гӯё ҳеҷ коре нашуда бошад ё ягон кори оддие ба вуқӯъ омада бошад, хандакунон ба одамон нигоҳ карда:
— Гардам аз сарҳотон, одам бо як фоидае, ки аз харидуфурӯш ба даст медарояд, бой намешавад. Барои бой шудан аз сангу тарозу, аз ҳисоби харидору фурӯшгор канда гирифтанаш ва бо қатӣ кардани молҳои паст ба молҳои нағз ҳам фоида бурданаш лозим аст.
Ӯ ин суханҳоро чунон бо хушзабонӣ мегуфт, ки гӯё ҳазлу ширинкорӣ мекарда бошад. Баъзе шунавандагон ба ин суханони ӯ ханда мекарданд ва баъзеҳо ба ӯ дашном ва нафрин дода аз пеши дӯкони ӯ дур мешуданд. Худи ӯ ҳам «гардам аз сарҳотон, пеши дӯконро холӣ кунетон, аз савдо намонам!» — гӯён мардуми ҷамъшударо пароканда кардан мехост.
(Ду воқеаеро, ки дар як мавзӯъ бошанд, дар як ҷо ба тарзи ҳикоя овардан, хусусан ки дуюмӣ аз нахустин аз ҷиҳати бадеият паст бошад, кори бисёр бад аст. Аммо ман дар ин ҷо бо нақли аҳволи «баққоли Аҳмади Дониш» ва «баққоли худ» ин кори бадро кардам. Ман ин корро барои он кардам, ки хонандагон бо андоза карда дидани тасвири аҳволи ин ду баққол қувваи қалами Аҳмади Донишро ба хубӣ равшан дарёбанд.)
* * *
Ҷойи дигари «Наводир-ул-вақоеъ», ки дар он вақтҳо ба ман таъсир кардааст, назари хурдабини муаллиф буд ба ҷамъияти дворянӣ ва аристократии Россия. Чунки ман ба андозаи бисёр хурд бошад ҳам, ин аҳволро дар байни бойҳо ва калонони Бухоро медидам.
Муаллиф дар нақли яке аз сафарҳои дар Россия кардааш, баъд аз он ки маҷлиси бал (базм)-и дар ҳузури император ташкил кардашударо тасвир мекунад ва тантанаҳои ақлхиракунандаро бо қалам ва сухан ба пеши назари хонанда таҷассум кунонда нишон медиҳад, ба маънии ботинии он ҷамъият гузашта мегӯяд:
«…Баъзе табоеъ (касон)-ро гумон афтад, ки онҳо (яъне табақаи олии Рос-сия) дар дунё бағоят маҳзуз (баҳраёб) ва масрур бошанд ва ҳеҷ ғам… гирди хотири эшон нагардад ва доим ба рафоҳ (фаровонӣ) ва танаум (бо нозу неъмат) зист доранд…»
(Дар ҳақиқат) «инчунин нест… Роқими ҳуруф (муаллиф) дар сафари аввал дар бодиюрраъй (дар назари аввал) дарёфтам (ҳақиқати ҳолро), чунки назари ман бештар ба ибрат боз буд, ҳузн (маҳзунӣ) ва яъсе (ноумедие), ки дар акобири… он диёр (Россия) мулоҳиза кардам (аз ҳад берун буд)… Ҳар кадоми онҳо ба мофавқи худ мутаассиб бошанд ва ба мотаҳт мубоҳӣ (яъне ҳар кадоми онҳо ба касе, ки дар шаъну шавкат аз худашон боло буд, ҳасад мебурданд ва монанди у шуданро мехостанд ва ба касе, ки аз худашон пасттар бошад, фахр мекарданд ва ғурур нишон медоданд)».
«Касе дар дунё набувад, ки ба ҳамаи муродот ва муштаҳаёт (талаботи нафсонӣ) комёб бошад, албатта (ҳар кас) аз яке дун (паст) ва аз дигаре фавқ (боло) бошад. Пас доим ба ҳасад ва таассуб маъюс ва маҳзун гардад. Масалан, дар базми маҷлиси импиротур, дар ҷашне, ки ба тасаввур овардани ӯ аз маҳолот менамуд ва тавон гуфт, ки ҳеҷ як аз салотини гузашта ва ояндаро инчунин дастгоҳ камтар даст дода бошад (ва камтар даст диҳад) ва дар ҳеҷ ҷузв ва рукни ин маҷлис қусуре (камбудие) ва футуре боздид намегардид, биҳиште муҷассам ба ҳур ва музайян ба қусур (қасрҳо) меомад».
(Аммо) «ман дар ин маҷлис ҳамаро медидам, ки малул ва маъюс буданд, ба воситаи ин ки дар ин маҷлис асбоби нишот ба камол буд ва зану мард маст буданд, ҳар марде мехост, ки ба ҳамаи занон ояд ва ҳар зане вола буд, ки ба ҳар марде равад. (Аммо) аз ин ҷиҳат, ки маҷлиси султон (император) буд, алония (рӯйрост) роҳи комҷӯйӣ ба ҳар кас масдуд (баста) менамуд. Илло он ки ҳар кадом оҳи сард мекашиданд: зани Зайд (номи одами шартӣ — С. А.) медид, ки зани Амр (ин ҳам номи одами шартӣ) ба қимати як ҳазор динор ҳулӣ ва ҳулал (либос, асбоби оройишу зинат) пӯшида ва ҳамроҳи марде ваҷеҳ (хушрӯй) аз аозим (калонон) даст ба гардан ва камар рақс мекунад, либоси ӯ дун (паст) ва адили ӯ (ҳамрақсаш) бадманзар (баднамо), маҳзун ва малул чархе меовард ва рақсе ба карҳ (зӯрбазӯракӣ) мекард; ва Башир (ин низ номи одами шартӣ) медид, ки зани боҷамоли ӯ бо ҳамроҳии Холид даст ба гардан рақс меравад ва зани бадшакли Холид бо вай адил (ҳамрақс) шуда, ба икроҳ (зӯрбазӯракӣ) пой мекӯфт».
«Заноне, ки пиртар буданд, мардон ба онҳо илтифот намекарданд ва мардоне, ки куҳансолтар буданд, занон эшонро (илтифот намекарданд). Пирон аз ҷавонон ва хубтарон аз адами дастгоҳ ва қудрат ба ҳасад ва ғайрат (рашк)-и ҳамдигар гирифтори ҳузн ва алам буданд… Худи подшоҳ низ ба воситаи ин ки аз фуқароёни вилоёт истимтоъ (комёбӣ) натвонад кард, магар ба хуфя (пинҳонӣ), оби ҳавас ҳар замон аз даҳонаш мерехт; зани подшоҳ низ аз ҷиҳати куҳансолӣ ва пирӣ аз ҷавонони маҷлис бешуур қадаме дар миён мениҳод». «Ва билҷумла (хулоса), ҳеҷ касеро надидам, ки ғаме домангираш набувад ва дуди оҳи кабуд аз димоғаш барнамеояд».
Муаллиф ин ҳолро дар кӯчаҳо ва тамошохонаҳои Петербург низ дидааст, ки ба таассуроти базми подшоҳӣ илова карда ба тарзи зерин нақл менамояд:
«Ва ҳамчунин дар раставу бозор ва тамошохонаҳо ҳеҷ тане осуда ва бегам ба назар дарнаёмад. Масалан, дар растаи бузург (муаллиф дар ин ҷо як кӯчаи бузурги Петербургро, ки дар ду тарафаш иморатҳои олии боҳашамат ва магазинҳои пурсарват бино ёфта будааст, ба тафсил тасвир мекунад ва дар охир мегӯяд:)… ҳамаи мардумро… мағмум (ғамгин) ва маҳзун медидам: аз он ки зани Зайдро медидам, ки бар аробаи шашаспа савор ва миқдори даҳ ҳазор динор ҳулӣ ва ҳулал пӯшида ва қимати ароба низ наздик ба ҳазор танга бо радифе (ҳамсаворе) матбӯъ (дилкаш) нишаста. Зани Амр дар либос ва ароба ва радиф дуни ӯ 256, ё ин ки бо вуҷуди камоли асбоб бо радифи номатбӯъ нишаста ва дигаре бо камасбобӣ бо ҳамроҳии радифи матбӯъ афтода. Ҳар кадом (онҳо) ба асп, ароба ва либоси ҳамдигар рашку ҳасад мебурданд ва ба ҳолате ки доштанд, ҳеҷ кадом розӣ ва шокир набуданд. Аз ин ҷиҳат ҳар рӯз дар асп, ароба ва либос ва оройиш такаллуф ба кор мебурданд, ки мофавқаш (болотар аз он) мутасаввар нашавад».
«Боз рӯзи дигар ба навъе ҷилва мекарданд, ки оройиши рӯзи гузашта (дар пеши он) ночиз менамуд. Аз камоли таассуб ва такаллуф бо ҳамаи рангу зебу зинат доим ранги занон ва мардонашон зард ва кабуд метофт, чунки аз ҳасад ва ғайрати (рашки) ҳамдигар …бисёр ғам мехӯрданд. Ҳамчунин дар базмхонаҳо мудом дар рафтор ва гуфтор ва кирдори ҳамдигар нозир буданд ва дар садади (пайи) айб ва қадҳи (хурдагирии) ҳамдигар» (меафтоданд). (Аз саҳифаҳои 542 -547 ҳамон китоб чида гирифта шуд.)
Дар нахустин бор дидан ва хондани «Наводир-ул-вақоеъ» ҷоҳои ба ман таъсиркардааш хеле бисёр буд, аммо ба нақли порчаҳои дар боло зикршуда (ба тарзи мисол) қаноат кардан муносиб дида шуд. Дар охири ин ёддошти худ ҳаминро ҳам бояд ман қайд кунам, ки шиносоии ман ба «Наводир-ул-вақоеъ» дар ман танҳо инқилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависшавиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад-махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода муҷассам кунонда нишон дода тавонад». (Ин орзуи ман танҳо баъд аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад ва бо шинос шуданам бо асарҳои нависандагони классик ва советии рус савдои дар соданависӣ аз Аҳмад-махдум гузаштан ба сарам афтод.)
Оре, фикри соданависӣ ҳам дар ман баъд аз шинос шуданам ба «Наводир-ул-вақоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони ҳозира хеле душвор намояд ҳам ва дар ҳақиқат хеле душвор ҳам ҳаст, дар он замонҳо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобҳо ва аз он чизҳо, ки иншонависони ҳамон замон менавиштанд, хеле осон буд.
Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, ки дар кори тасҳеҳ ва татбиқ кардани «Наводир-ул-вақоеъ» ба тарзи сомеӣ иштирок мекард, низ аз ин китоб бе таъсир ва таассур намонд. Ӯ афсӯс мехӯрд, ки чаро дар зиндагии муаллиф бо вай алоқа баста файзёб ва фоидабардор нашудааст. Ӯ ин афсӯси худро дар қитъаи таърихие, ки дар ҳамон рӯзҳо — дар рӯзҳое, ки ба «Наводир-ул- вақоеъ» ошно шуд, яъне баъд аз 3-4 соли аз дунё чашм пӯшидани муаллиф бахшида ба вафоти ӯ навишта буд, изҳор кардааст.
Он қитъа ин аст:
Фарёд, к-аз самуми бановақти рӯзгор
Аз боғи сина ғунчаи олом 257 вошукуфт.
Яъне ба даҳри фазлу ҳунар он ки тоқ буд,
Даҳре зи марги ӯ ба ғаму дард гашт ҷуфт.
Мир-Аҳмади мунаҷҷими ӯроқ, он ки з-ӯ
Рамзи фунуни фазл набудеш дар нуҳуфт.
Сард аз баҳори олами ошӯб кард дил,
Ҳам дар ҳамал ба маҳмили танги лаҳад бихуфт.
Гар з-ин фироқ чок занам пираҳан, сазост,
Ғофил шудему доманаш аз даст рафт муфт.
Кардам савол соли вафоташ зи пири ақл,
«Гӯё бирафт равнақи илми нуҷум»-гуфт.
1314 ҳиҷрӣ (1897 милодӣ).
Аҳмад-махдум дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар мавриди тасвир намудани тӯйи духтари подшоҳи Россия дар он тӯй Патти 258 ном як франсуззани сурудхон иштирок карданашро ва дар ҳамон вақт ба Америка даъват карда шудани он сурудхонро нақл карда, дар таъриф ва тавсифи ӯ муболиғаҳо мекунад ва дар бораи ӯ як қитъа шеъри лирикӣ ҳам менависад. Дар ҳамон вақт ҳамон шеър дар пеши мо рафиқони сегона — Ҳайрат, Мунзим ва ман муаллифашро монанди як шоири лирик ҷилва кунонда буд. Дар охири ин боб ёдоварӣ кардани ҳамон шеър муносиб дида шуд.
Он қитъа ин аст:
Потии порисӣ*, он сарвқади зӯҳраҷабин
Дар табассум сӯйи доман зи даҳан гул мерехт.
Зулфи пурчини хам андар хами ӯ дар буни гӯш,
Обрӯйи тарӣ** аз ҷабҳаи сунбул мерехт.
Диданаш он ҳама кайфияти ҳайрат медод,
К-ӯ зи саҳбои нигаҳ дар кафи ҷон мул*** мерехт.
Лаҳну овози вай он сон ки ба гӯши ушшоқ,
Гаҳ ҳуши**** саъваву гаҳ чаҳ-чаҳи***** булбул мерехт,
Аз Питирбурх****** азимат чу ба Амрико******* кард,
Нолаҳо аз сару пойи ҳама ғулғул мерехт. (Ҳамон китоб, саҳ. 520.)

Кӯчидани ман ба мадрасаи Кӯкалтош

Чунонки дар охири қисми III-и «Ёддоштҳо» нақл шудааст 259, шарикдарси ман Абдухалил- махдум аз мадрасаи Кӯкалтош ҳуҷрае харида, истиқоматашро ба ман дода буд, аммо истиқомати он ҳуҷраро бинобар ҳурмат ба бародари калони худ дода, ҳуҷраеро, ки аз мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид ба саҳми ӯ афтода буд, ба худ гирифта будам.
Чун бародарам хонадор шуда, ба ҳавлии иҷора кӯчид, ман ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчидам. Ин воқеа дар аввалҳои соли 1899 рост омада буд.
Мадрасаи Кӯкалтош калонтарини мадрасаҳои Бухоро буда, дуошёна ва дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ аст ва ҳуҷраҳои ӯ ҳам нисбат ба ҳуҷраҳои мадрасаҳои дигар дар истиқомат бобтар буданд. Бештарини ҳуҷраҳои ошёнаи якумаш яккаравоқ буда, дар пушти ҷойи нишаст ганҷина дошта, дар вай аз як равзани зерисақфиаш рӯшноӣ медаромад.
Бештарини ҳуҷраҳои ошёнаи дуюмаш дуравоқа буда, равоқи даруни мадрасагиашон гузаргоҳи ҳамсоягон ва равоқи берунии ҳар ҳуҷра махсуси худи он буд.
Ҳуҷрае, ки ман дар аввали ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчиданам истиқомат
____________
Порисӣ — парижӣ. Тарӣ — дар ин ҷо ба маънои тозагӣ ва ботароватӣ.
*Мул — шароб.
**Ҳуш — садои махсуси саъва ном парранда.
***Чаҳ-чаҳ — садои махсуси булбул.
**** Питирбурх — Петербург.
***** Амрико — Америка.

мекардам, дар гӯшаи шарқи ҷанубӣ, дар ошёнаи дуюм буда, беравоқ, аммо се нишастгоҳ дошт: нишастгоҳи якум дар зери гунбази фарохи баланде буда, аз даричае, ки ба тарафи шарқ, ба пушти мадраса кушода мешуд, рӯшноӣ мегирифт; дуюм бар болои роҳрави умумии гӯшаи даромад воқеъ шуда буд, ки сақфи пастак дошт ва аз даричае, ки ба даруни мадраса кушода мешуд, рӯшноӣ мегирифт ва ба вай аз нишастгоҳи якум бо чанд поғунда зина баромада мешуд; сеюм дар паҳлуи ҷанубии нишастгоҳи якум бино ёфта буд, ки ба вай ҳам бо зина баромада мешуд ва ин нишастгоҳ асосан бар болои ангишту ҳезумхонаи он ҳуҷра воқеъ шуда буд, ки аз тарафи шарқи мадраса аз даричае рӯшноӣ мегирифт.
Ман, ки палос кам доштам, нишастгоҳи якумро бошишгоҳи худ қарор дода, дар ду нишастгоҳи
дигар бӯрёи сафеди нав паҳн карда мондам.
Мадрасаи Кӯкалтошро бародари ширхӯра ва амалдори аз ҳама калонтари Абдуллохони Шайбонӣ 260 — Қулбобо Кӯкалтош дар вақтҳои дар Ҳирот ҳукумат доштанаш, дар соли 986 ҳиҷрӣ (1578 милодӣ) бино карда, якчанд сарой ва бозорҳоро аз даруни шаҳри Бухоро ва як райони гандумкории дашти Қарширо ба вай вақф кардааст 261.
Баъд аз он ки Абдуллохон дар низои байни худ ва писараш Абдулмӯъмин 262 ғуссамарг шуда, дар соли 1006 ҳиҷрӣ (1597) вафот кард, Абдулмӯъмин дар қатори амалдорони калони падараш Қулбобо Кӯкалтошро ҳам бо азобу уқубатҳои ваҳшиёна кушт. Ба ин сабаб дар байни мардум бо талқини рӯҳониён афсонае пайдо шуд, ки гӯё «ҳар касе, ки дар мадрасаи Кӯкалтош истиқомат кунад, ё муллои бузург, ё бойи калон, ё шаҳид ва ё ҳамаи инҳо мешудааст, чунки бинокунандаи ин мадраса Қулбобо Кӯкалтош ҳам донишманд, ҳам бойи калон буда ва ҳам дар охири умраш шаҳид шудааст».
Азбаски мадрасаи Кӯкалтош сервақф ва ҳуҷраҳояш хам барои истиқомат боб буд, қариб ҳамаи ҳуҷраҳояш моли хусусии бойбачагон, махдумони калон ва қозизодагон шуда буд. Ҳатто бойбачагони аз деҳот ва аз вилоятҳои дур барои таҳсили илм (ё палавхӯрӣ ва айшу нӯш) ба Бухоро оянда ҳам кӯшиш мекарданд, ки аз мадрасаи Кӯкалтош ҳуҷрадор шаванд. Баъзе соддалавҳон ё риёкорон афсонаи болоиро ҳам ба ин кӯшиши худ сабаб нишон медоданд.
Баъзе аз бойбачагони шаҳри Бухоро ҳам, ки ба дарсхонӣ ва мадраса ҳеҷ алоқа надоштанд, як ҳуҷраро аз ин мадраса соҳибӣ карда, таъмир ва зинат дода ва ҳамаи асбоби айшу нӯшро муҳайё карда монда буданд. Дар вақтҳои дилгир шуданашон аз корҳои харидуфурӯхт ва айшу нӯши хонагӣ шаберо ин ҷо бе ташвиши зану фарзанд бо дӯстони хосашон гузаронида айш мекарданд. Соҳиби пештараи ҳуҷраи ман ҳам Расулқул-бойбача ном касе буд, ки бо вуҷуди дар шаҳр ҳавлии дуошёнаи пурзебу зинат доштанаш ин ҳуҷраро харида гирифта, нишастгоҳи сеюмашро шаҳнишиндор ва наққошию гулкорӣ карда будааст ва ҳар ҳафта як шаб-ду шаб он ҷо омада шабнишинӣ мекардааст. Чун ба корҳои тиҷоратиаш шикаст рӯй додааст, ба фурӯхтани ин ҳуҷра маҷбур шудааст.
Ана бо ҳамин сабабҳо нархи ҳуҷраҳои ин мадраса нисбат ба сервақфиаш гаронтар буда, ба толибони пулмасти айшталаб ба даст даровардани онҳо хеле душвор буд ва бештарин бо ришва додан ба калонони ин ҷо матлаб ба дасти онҳо медаромад.
Дар мадрасаи Кӯкалтош фисқу фасоду айшу нӯш қариб айб ба шумор намерафт ва ҳуҷрадорони айшталаби он ҷо қариб рӯйрост ба он гуна корҳои нолоиқ, ки оммаи мардум ҳеҷ гумон намекард, машғулӣ менамуданд. Дар бештарини ганҷинаҳо ва миёнбастҳои 263 ҳуҷраҳои вай хумҳои шароби мавизӣ ҷӯшида меистод.
Дар он ҷо кордкашӣ ва одамкушӣ ҳам гоҳ-гоҳ рӯй медод, ки ба он кор на калонони мадраса ва на ҳокимони шаҳр аҳамият намедоданд. Як воқеаи одамкушии дар он мадраса рӯйдодаро ман дар қисми II-и «Ёддоштҳо» нақл карда будам 264. Аммо дар вақтҳое, ки ман дар он ҷо будам, як «талабаи» бойбачаи туркманро, ки аз ҷамоаи Эрсарӣ буд, яке ва ё якчанд нафари худи ҳамон туркманон куштанд. Тарафҳои мақтул ба ҳокимон «хунпулӣ» дода, «мо дар дашти Туркман ҳисоби худро бо ҳам баробар мекунем ва шумо ба кори мо тадохул накунед» гӯён ҳокимонро, ки зотан ғайр аз пулгирӣ кори дигар надоштанд, сокит карданд ва калонони мадраса бошанд, оши ба мақтул бахшида додашударо бо лаззати тамом «пасту расо» хӯрда, «ба лабашон кулӯх молиданд».
Ба якдигар ҳуҷуми хасмонаи ваҳшиёна кардан, дар ҳуҷрае ҷамъ шуда қартабозӣ намудан, дар шабҳои дарсхонӣ ошӯбҳои мастона барпо намуда одоби умумии мадрасаҳои Бухороро вайрон кардан ва монанди инҳо дар ин мадраса аз корҳои оддӣ ба шумор мерафт.
Ҳарчанд дар Бухорои амирӣ муллоён ва «норезагони» онҳо (муллобачагон) ба эътибори аксарият аз ҳамаи аҳолӣ озодтар ва ба оммаи мардум ғолибтар бошанд ҳам, «озодии мадрасаи Кӯкалтош дар корҳои бемаънӣ» озодии мутлақ буд.
Албатта, ин чизҳое, ки дар ин ҷо дар бораи ахлоқ ва кирдори аҳолии мадрасаи Кӯкалтош навишта шуд, ба эътибори аксарият аст. Вагарна дар ин ҷо муллоён ва талабагоне ҳам ёфт мешуданд, ки дар байни ҳамин қадар шӯру ғавғо ба илмҷӯйии худ машғулӣ мекарданд.
Дар ин мадраса ориятнишин (касе, ки худ ҳуҷрадор набуда, дар ҳуҷраи каси дигар менишинад) кам буд ва онҳое ҳам, ки ҳуҷраи худ надоштанд, ё ба яке аз ҳуҷрадорони бой хизматгор, ё ба яке аз муллоҳои калони ин ҷой шогирд ва ё ин ки монанди ман ба яке аз калонзодагон алоқа пайдо карда ба ин ҷо роҳ меёфтанд. Бинобар ин ориятнишинони ин мадраса ҳам дар зери ҳимояти ҳомиёни худ дар ин ҷо озод буданд.
Аммо ҳимояти он ҳомии ҳуҷрадор ба ориятнишин вақте нафъ мекард, ки дар миёнаи он ҳомӣ ва «каллаҷунбонони» ин мадраса алоқаи дӯстӣ, ҳеҷ набошад, алоқаи бетарафӣ бошад. Аммо агар дар миёнаи ҳомӣ ва «каллаҷунбоне» кудурат пайдо шавад, хусусан баъзе кирдорҳои ориятнишин ба он «каллаҷунбон» писанд наяфтад, албатта, он ориятнишин дар зери ҳуҷум ва сӯиқасд мемонд. Монанди ҳамин воқеа дар вақтҳои зиндагонӣ кардани ман дар он мадраса рӯй дода буд. Дар ҳамон вақтҳо дар Бухоро Ғиёс-махдум ном як муллои калон ба мансаби аъламӣ мансуб буд. Маънии ин унвони фахрӣ «донотарини уламо» гуфтан аст. Натиҷаи амалии ин мансаб ҳамин буд, ки агар дар байни муфтиён дар масъалаи ҳуқуқӣ ихтилоф афтода, тарафе ба даъвогар ва тарафи дигар ба ҷавобгар фатвоҳои зидди ҳамдигар диҳанд, қозӣ маҷбур буд ба қавли тарафе ҳукм кунад, ки аълам дар ҳамон тараф бошад.
Ғиёс-махдуми аълам пеш аз ба мансаби аъламӣ расиданаш чанде дар Ғиждувон қозӣ шуда буд ва дар вақти қозигиаш яке аз маддоҳзодагони он ҷоро ба худ ром карда гирифта ва дар вақти аз қозигӣ ба аъламӣ гузаштанаш он маддоҳзодаро ба «нияти хононда мулло кардан» ба худ маҳрам қарор дода, ҳамроҳи худ ба шаҳр оварда буд.
Ин кори Ғиёс-махдум ба ғиждувониён сахт расид. Ҳарчанд маддоҳон ва маддоҳзодагони Ғиждувон ба беномусӣ машҳур бошанд ҳам, маҳз ба сабаби ғиждувонӣ будани он маддоҳзода ғиждувониён аз ин кори аълам ор карда, ҳам ба ӯ ва ҳам ба он маддоҳзода душманӣ пайдо карданд.
Аълам мувофиқи ваъдаи худ аз мадрасаи Кӯкалтош ҳуҷраеро харида, он маддоҳзодаро дар он ҷо истиқомат кунонид ва яке аз шогирдони мӯътамади худашро, ки бухороӣ ва бо он маддоҳзода шарикдарс буд, таъин кард, ки ҳар шаб ба ҳуҷраи маддоҳзода рафта бо ӯ дарс тайёр намояд, ҳам дар он ҷо хобида ба ӯ саровонӣ ва нигаҳбонӣ кунад.
Ин кори аълам ба ғиждувониёни орталаб боз ҳам сахттар расид ва онҳо дар байни худ мегуфтанд: «Бинем-канӣ, аълам маҳрами худро бо ҳимояти як бухороӣ чӣ гуна муҳофизат мекунад?»
Дар ин вақтҳо дар мадрасаи Кӯкалтош аз «каллаҷунбонони» ғиждувонӣ Мулло Файзӣ ном позарез 265 зиндагонӣ мекард. Ӯ хост, ки ба он маддоҳзода бадқасдӣ кунад. Ҳарчанд дигар ғиждувониёни бошандаи он мадраса ба кори қасдкардаи Мулло Файзӣ шарик нашуданд, аммо мамониат ҳам накарданд, зеро ба ақидаи онҳо «ба он кор монеъ шудан — ба номуси ғиждувониён рахна задан» мешуд.
Мулло Файзӣ барои ба амал овардани бадқасдии худ ду муллобачаи бебоки ғиждувонии дигарро, ки дар мадрасаҳои дигар зиндагонӣ мекарданд, пеш кашид ва Ҳоҷӣ Манон ном муллобачаи қаршигиро, ки ба худаш шарикдарс буда, ба болои ҳоҷӣ буданаш муриди эшони Шояхсӣ ҳам буд, ба ин кор ҳамроҳ кард. Чунки ҳуҷраи Ҳоҷӣ Манон ба гузаргоҳи маддоҳзода буда, дар он ҷо нишаста ӯро таъқиб кардан осон буд.
Шабе ки ба амал овардани сӯиқасдро муқаррар кардаанд, Мулло Файзӣ бо ду нафар рафиқони бебоки худ дар ҳуҷраи Ҳоҷӣ Манон, ки дар ошёнаи якум буд, нишаста, чароғро хомӯш карда дарро кушода монда, роҳи маддоҳзодаро пойидаанд. Баъд аз нимаи шаб маддоҳзода бо нигаҳбони худ аз ҳуҷрааш, ки дар ошёнаи дуюм буд, фуромада, фонус дар даст мехостаанд ба тарафи хало раванд. Он се нафар аз дунбол монанди балои ногаҳонӣ бар сари онҳо рехта, ду нафарашон ҳар дуи онҳоро аз пушт бағал карда бардошта, бо як даст даҳони онҳоро маҳкам доштаанд, то ки фарёд накашанд ва сеюмӣ шамъи фонусро хомӯш карда, шикорҳошонро ба ҳуҷраи Ҳоҷӣ Манон даровардаанд.
Дар он ҷо он се нафар бо Ҳоҷӣ Манон чор нафар шуда, дар ҳақи дастгиршудагон чӣ кор карданашонро ҳеҷ кас бо чашми худ надидааст. Аммо ҳамин қадар маълум буд, ки дар вақти озод кардани асирон ба дасти маддоҳзода як мактуб додаанд ва дар он мактуб навишта шуда буд:
«Ба аъламат гӯй, агар бо мо «шох ба шох мондан хоҳад» (мубориза кардан хоҳад), худ ба майдон барояд. Як талабаи бухороиро, ки ҳанӯз бӯйи шир аз даҳонаш нарафтааст, беҳуда ба майдон андохта, ба беобрӯй шудани ин гуна ҷавонон сабаб нашавад. Каллаҷунбонони ғиждувонӣ».
Албатта, аълам аз ин кор ба қозикалон, ба қушбегӣ ва ба амир шикоят накард ва шикоят ҳам карда наметавонист, зеро ҳар коре кунад, сабаби беобрӯйии худаш мешуд. Ночор фардои ҳамон шаб маддоҳзодаро аз мадрасаи Кӯкалтош кӯчонда бурд ва баъд аз чанд рӯз аз мадрасаи Мири Араб, ки нисбатан оромтар буд, ҳуҷрае харида, ӯро дар он ҷо истиқомат кунонид. Аммо ин кор дар шаҳр аз будаш зиёдатар овоза шуда, беобрӯйии аълам ҳам аз чашмдошти худи ӯ зиёдатар гардид.
Дар охири таассуроти худ аз аҳволи маишии мадрасаи Кӯкалтош воқеаи зеринро, ҳарчанд ҷузъист, аммо хислати умумии аксарияти бошандагони он ҷоро нишон медиҳад, бояд қайд кунам.
Падарам дар вақти истиқомат карданаш дар мадрасаҳои Бухоро барои равғандон кардан хумчаи сафолине харида будааст. Дар вақти вафоти ӯ он хумча дар деҳа дар хонаи мо буд. Вақте ки ман ба мадраса омадам, хумчаро барои равғандон кардан аз саҳро ба шаҳр овардам. Дар вақти ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчиданам, маро муяссар шуд, ки барои равған андохта мондан зарфи тунукаи сафед харам. Чун он хумча бекор шуд, сӯфӣ (муаззин)-и мадраса аз ман хоҳиш кард, ки онро ба ӯ диҳам, то ки равғандон кунад. Ман додам.
Сонитар фаҳмидам, ки як талабаи бошандаи он мадраса аз муаззин барои шароб андохтан як хумчаи равғанхӯрдаи сафолин ёфта доданашро пурсида будааст ва муаззин он хумчаро аз ман талабида гирифта, ба ӯ бо нархи тамом фурӯхтааст.
Дар бораи ин воқеа қитъаи зеринро навишта будам:
Мероси ман зи моли падар буд хумчае,
Он ҳам, бубин, ба мадраса вақфи шароб шуд.
Ин ҳам шуниданист, ки сӯфии мадраса
Дар хидмати шаробпазон зарфёб шуд.
Абдухалил-махдум, ки аз ин аҳволи он мадраса хабардор буд, баъд аз ман ба ҳуҷрааш кӯчида омадан, худ омада дар бошишгоҳи ман якчанд нафар калонони ин ҷоро зиёфат кард ва маро ба онҳо шиносонда гуфт:
— Ин касро ориятнишин нашуморанд ва ин ҳуҷраро ман барои ӯ харидаам ва ба ӯ супурдаам. Бинобар ин бояд ин кас яке аз ҳуҷрадорони ин ҷо ҳисоб ёбад.
Аз ғайри ин якчанд нафар ҳуҷрадорони «каллаҷунбони» ин ҷо ғиждувониҳо буданд, ки онҳо ҳам маро ҳурмат ва ҳимоят мекарданд. Ба ҳамин тариқа, ман дар ин мадрасаи пуршӯру ошӯб озод ва осуда зиндагонӣ мекардам.
Дарсхонии ман дар вақтҳои дар ин мадраса буданам, хусусан баъд аз шиносоиам ба «Наводир-ул- вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, хеле суст шуд ва дарсҳои дарсхонагиро чизҳои бефоида ва вақтҳои ба онҳо сарфшударо барабасрафта мешумурдам. Аммо аз рӯйи расмият китобе мебардоштам ва ба дарсхонаҳо рафтуой мекардам ва дар байни дӯстони худ аз лузуми ислоҳи программаи дарсхонаҳои Бухоро гап мезадам. Ин талқиноти ман ба Ҳайрат, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Абдухалил-махдум, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ва ҳатто ба Мирқодир-махдум барин шарикдарсонам, ки ба девонагӣ машҳур буд, мақбул меафтод ва ин фикри маро қувват медоданд, лекин ба амал овардани ин фикрро дар Бухорои онрӯза ғайри мумкин мешумориданд.
Аммо як қисм аз шарикдарсонам, ки мақсади асосиашон зудтар хатм карда қозӣ шудан, раис шудан, мударрис шудан ва ҳеҷ набошад, дар гузаре имом шудан ё ин ки ба деҳаи худ рафта дар байни оммаи деҳқонони бесавод «соҳиби шариат» гардидан буд, ба ин гуна суханон гӯш намедоданд ва масхара медоштанд.
Дар мадрасаи Кӯкалтош машғулоти асосии ман мутолаа намудани китобҳои адабӣ ва таърихӣ буд ва ҳарчанд худам ба ин гуна китобҳо молик набудам, дӯстони серкитобам китобҳошонро бемалол ба ман орият дода, маро дар ин хусус «ташнашикан» карда меистоданд. Вақте ки аз мутолаа дилгир шавам, пеши дӯстони дар боло номбурдашуда рафта, ба шабнишиниҳои адабиашон иштирок мекардам, ё онҳо пеши ман меомаданд.
Базмгардиам, ки чанд гоҳ боз кам шуда буд, баъд аз дилсард шуданам аз дарсҳои мадраса боз зиёд шуд, бо шунидани овози дойра ё хабари барпо шудани базме дар ҷое «дойрахабар» шуда рафта, дилкушоӣ мекардам.
Ин одати ман, ки назар ба ақидаи муллоёни одамшаванда як кори паст ба шумор мерафт, ба дӯстони наздикам бе таъсир намонд: онҳо аввалҳо ба хотири ман ва ба ман ҳамроҳ шуда базм мерафта бошанд, кам-кам худҳошон ҳам одат карданд ва дар шароити Бухорои амирӣ, ки ҳеҷ сайронгоҳе ва тамошохонае надошт, барои дилкушоӣ ин корро лозим мешумурдагӣ шуданд. Ҳатто мо ба базмҳои саҳроҳои атрофи шаҳр, ки яке аз мо бо деҳқонони он ҷо шиносоӣ дошта бошад, мерафтем ва шабро дар он ҷо гузаронида меомадем.

Ҷанги Ҳоҷӣ-махдум бо аълами Бухоро

Дар муҳити вайрони Бухорои амирӣ писарбачагони бекас дар саломатӣ зиндагӣ карда наметавонистанд. Он гуна бачагон аз шӯрапуштон (хулиганон)-и шаҳр ва аз бебокони мадраса саломат монанд ҳам, аз дасти миршаб ва амир маҳфуз намемонданд. Балки худи миршаб шӯрапуштонро бармеангехт, ки ба болои он гуна ҷавонони бекас ҳуҷуме карда ҷанҷоле бароранд, то ки ба ин баҳона ӯ он ҷавононро дастгир карда, барои «тарбия» ба амир пешкаш кунад. Чунончи, Сиддиқҷон ном ҷавоне бе падар монд ва тағоиҳояш одамони бечораи лабпаст буданд. Чанд бор бо баҳонаи гуногун одамони миршаб ӯро дастгир кардан хостанд, тағоиҳояш пора дода халос карданд. Аммо онҳо диданд, ки ин кор давом хоҳад кард ва дар роҳи порадиҳӣ сарвати онҳо тамом хоҳад шуд, ва дар охир боз миршаб хоҳарзодаи онҳоро дастгир карда ба амир хоҳад фиристод, бинобар ин онҳо дар пайи ҳомиёбӣ афтоданд.
Дар ҳамон вақтҳо ба миршаб ғолиб омадани Ҳоҷӣ-махдум, ки як қисми саргузашти вай дар бобҳои болоии ҳамин қисми «Ёддоштҳо» гузашт, шӯҳрат ёфта буд. Тағоиҳои Сиддиқҷон аз ин ғалабаи Ҳоҷӣ-махдум фоида бурдан хоста, хоҳарзодаашонро ба ҳимояти ӯ супурданд. Ҳоҷӣ-махдум хост, ки он ҷавонро тарбия намояд. Азбаски дар он вақтҳо ягона роҳи тарбия дарс хонондан буд, ӯро ба дарсхонӣ мондан хост ва худаш, ки ба Ғиёс-махдуми аълам шогирд буд, ӯро ҳам бурда ба вай шогирд кард.
Аълам ба баҳонаи ин ки он ҷавон дар хонаи Ҳоҷӣ-махдум «вайрон мешавад», ӯро аз равуой кардан ба он ҷо манъ намуд ва ба тағоиҳои ӯ маъқул кард, ки «дар хонаи худам истад ва ман ӯро аз ҳар гуна ҳуҷумҳо муҳофизат хоҳам кард».
Азбаски мартаба ва шаъну шавкати аълам аз Ҳоҷӣ-махдум чанд дараҷа баланд буд ва маълум буд, ки ҳеҷ гоҳ миршаб ҷуръат нахоҳад кард, ки хоҳарзодаи онҳоро аз хонаи аълам дастгир кунад, таклифи аъламро қабул карданд ва Сиддиқҷонро ба ҳимояти ӯ супурданд.
Ҳоҷӣ-махдум, ки аз олуфтаҳои кӯҳна буд, ин кори аълам ба ӯ алам кард ва хост, ки аз вай ниқор гирифта ӯро дар миёнаи халқ беобрӯ намояд ва барои ба амал овардани ин кор дар пайи рост овардани фурсати муносиб афтод ва ба зудӣ чунин фурсат ҳам ёфт шуд.
Як рӯзи иди қурбон буд. Мо чанд нафар дӯстон одат доштем, ки рӯзҳои ид пагоҳонӣ аз дарвозаи Намозгоҳи Бухоро берун шуда, дар он ҷо ба суффачаи чорбоғи подшоҳӣ менишастем. Азбаски шаҳр нисбат ба берунаш хеле баландӣ дошт, ба идгоҳ равандагон аз дарвозаи шаҳр баромада, аз фароз ба нишеб ҳаракат мекарданд ва мо, ки дар нишебӣ нишаста будем, карру фарри ба ид равандагонро ягон-ягон тамошо мекардем.
Дар рӯ ба рӯйи мо, аммо панҷоҳ қадам пойинтар аз мо, ҳавзе буд ва дар суффачаи он ҳавз ҳам гурӯҳе менишастанд, ки онҳо ҳам монанди мо тамошоталабони карру фарру шаъну шавкати рӯзи ид буданд. Азбаски сарҳавз аз ҷойи нишасти мо боз ҳам дар нишебтар буд, мо нишинандагони он ҷоро дида метавонистем ва медидем, ки Ҳоҷӣ-махдум ҳам дар байни он гурӯҳ нишастааст.
Қаторҳои равандагони идгоҳ канда нашуда пай дар ҳам аз шаҳр баромада, аз пеши мо гузашта ба тарафи Намозгоҳ мерафтанд. Дар ҳақиқат ҳам, дидани онҳо тамошое дошт. Боён ва бойбачагон аз қабат ба қабат пӯшидани либосҳои рангоранги қиматбаҳо дар зери обу арақ монда, ба зӯр роҳ мегаштанд ва бо ҳамаи ин ҳамсафони худ — боён ва бойбачагони дигарро кунҷковона аз назар мегузарониданд. Агар либоси онҳоро нисбат ба либоси худ пурқиматтар, зеботар ва бисёртар ёбанд, осори кудурат дар ҷабҳаашон пайдо мешуд ва агар аз они онҳо пасттар бошад, ба либоси худ то зеҳ ва фаровезаш боз як бори дигар нигоҳ карда (шояд бори садум бошад), ба пурқиматӣ ва зебоии худ қаноат ҳосил карда, шодикунон аз ифтихор ва ғурур гул-гул мешукуфтанд.
Мансабдорони калони амир, ки ғайр аз онҳо дигар касе дар роҳи идгоҳ ба асп савор шудан ҳақ надошт, боз тамошогоҳи дигар буданд; зинати онҳо зинати расмӣ буда, ҳамаи пӯшокҳошон зарбафт, зардор ва зардӯзӣ буд, инчунин ҳамаи асбоб ва абзоли аспҳошон низ заррин ва нигинакорӣ буда, дар тобиши офтоб чашми бинандагонро мебурд.
Вақте ки ягон мансабдори калон аз дур намоён шавад, роҳдорон роҳро холӣ мекарданд, ки тамошоталабони дар ду тарафи кӯча нишаста ӯро ва ӯ тамошобинонро ба хубӣ медиданд. Мансабдор, ки худро бо он карру фар ягона одами соҳибэҳтиром мепиндошт, ба умеди қабули салом ва ҳурмати одамон ба ҳар тарафи роҳ нигоҳ мекард.
Аммо тамошобинон, ки «фазилати» он мансабдорро аз одамони оддӣ танҳо дар ҳамон либосҳои пуркарру фар медонистанд, ба шахси ӯ аҳамият надода, пӯшок ва абзоли аспи ӯро аз назар мегузарониданд.
Мансабдор, ки аз мардум муомилаи чашмдоштаашро намедид, «шояд дар карру фарри ман ягон камбудӣ бошад» — гӯён барҳо ва остинҳои ҷомаашро бо диққат аз назар мегузаронид, Баъзе тамошобинони рамузфаҳм аз ин ҳол ба сирри дарунии мансабдор пай бурда механдиданд ва мансабдор бошад, бо дидани он ханда боз ҳам саросематар шуда, ба сари худ даст бурда, дастори худро даст-даст карда медид, ки мабодо ягон печи вай каҷ афтода ё нӯги зерини он кушода шуда, ба тарафи пушт монанди думи бодбараки бачагон овезон гардида, хандаовар шуда бошад.
Ана дар ҳамин гуна вақти гармии тамошо аз тарафи шаҳр се кас дар як саф намудор шуданд, ки дар ду паҳлу ду шогирди олуфтатароши аълами Бухоро ва дар миёна Сиддиқҷон буд ва ҳар кадоми онҳо бо либосҳои идона ороста буданд ва дар камарбанди онҳо дуҷуфтӣ корд ҳам овезон буд, ки ғилофҳои нигинакорӣ дошта, аз таги ҷомаҳои рӯяшон намуда меистод. Он се нафар аз пеши мо гузашта ба рӯ ба рӯйи сарҳавз расида буданд, ки Ҳоҷӣ-махдум аз байни гурӯҳ рост хеста, дар як ҷастухез ба миёнаи кӯча расида, аз гиребони ҷомаҳо, курта ва камзӯли олуфтатароше, ки аз паҳлуи рост мерафт, гирифта, ҳақораткунон пеш кашид. Зоҳиран дар дасти ӯ кордчаи каҷнӯги каҷкордмонанд будааст, ки бо ҳамин кашидан гиребонҳои ҷомаҳо, камзӯл ва куртаи олуфтатарош то ба миён чок шуда рафт.
Бо сар шудани ҷанҷол мо давон-давон ба сари машмаша расида рафтем. Тамошобинон ва роҳгузарон ҳам гирд омада, дар сари роҳ анбӯҳи калони мардум пайдо шуд. Олуфтатароши дигар, ки аз паҳлуи чап мерафт, таҳқир дидан ва либосҳояш даридани рафиқашро дида, кордашро аз ғилофаш бароварда, ба ҳаво баланд карда, намойишкорона ба Махдум нишон дод, аммо барои задан пеш наомад.
Ҳоҷӣ-махдум, ки корд кашида, лекин ба пеш омадан ҷасорат накардани олуфтатарошро дид, худ сари синаи худро кушода, «биё, зан!»- гӯён пеш рафт. Олуфтатарош ин ҳолро дида, аз корд задан ва аз наздик шудан ба душман тарсида, боз ҳам пастар рафт.
Ҳоҷӣ-махдум бо алфози қабеҳи кӯчагӣ он олуфтатарошро ҳақорат дода:
— Модом ки бо корд зада наметавонӣ, чаро корд меовезӣ, чаро корд мекашӣ? Уй номард, ё бо кордат маро зан, ё ба ман деҳ, ки чӣ гуна корд заданро ба ту ёд диҳам! — гӯён боз ҳам пештар рафт.
Олуфтатарош пасравии худро ба гурези шитобкорона табдил намуда зӯр мезад, ки дар байни одамон даромада пинҳон шавад. Аммо гурӯҳи анбӯҳи мардум ба нияти ӯ роҳ намедод.
Дар ҳамин вақт одамони қозикалон ва қушбегӣ, ки дар рӯзҳои ҷамъомади аҳолӣ барои нигоҳдории тартиб дар кӯчаҳо мегаштанд, ба сари ҷанҷол расида омаданд ва Ҳоҷӣ-махдумро, ки дар вазъияти ҳуҷум буд, нигоҳ дошта:
— Махдум, айб аст, Махдум, айб аст! Ором шавед! Гардани шайтон шиканад, — гӯён ҷанҷолро пасанда кардан мехостанд…
Дар вақти Ҳоҷӣ-махдумро нигоҳ дошта ба ӯ насиҳат дода истодани одамони қозикалон ва қушбегӣ аз тарафи шаҳр садои «пӯшт-пӯшт, ба канори кӯча бароед, роҳро кушоед!..» — гӯён ба гурӯҳи мардуми ба сари ҷанҷол ғуншуда хитоб кардани роҳдорон баромад. Одамон ба қадри имкон худро канора кашида, роҳро ба қадре ки як савор гузашта метавонист, кушоданд. Аз рахнаи кушодашудаи гурӯҳи анбӯҳ Ғиёс-махдуми аълам намоён шуд: дар тани ӯ ҷомаи кундал (зарбафти аъло), ба сараш дастор ва кулоҳи зардӯзӣ, ба пояш кафшу масҳии зардӯзӣ буд. Зинати аспи савории ӯ ҳам аз худаш камӣ надошт: гарданбанд, қутос ва қуюшқуни вай тиллокӯби ақиқ шинондашуда, давриаш зардӯзии заминдӯзӣ, зинпӯшаш махмали аълои гулдӯзӣ, лаҷомаш тиллокӯби дувоздаҳзулфа буда, зулфҳои тиллокӯби он ҳамроҳи мӯйи ёли шоназадааш ба гардани вай зеби наварӯсона медод.
Аълам ба болои ҷанҷол дар вақте расида омад, ки одамони қозикалон ва қушбегӣ «айб аст, айб аст!» гӯён Ҳоҷӣ-махдумро насиҳат медоданд. Чун Ҳоҷӣ-махдум аз роҳи кушодашуда расида омада истодани аъламро дид, дар вазъияте, ки худашро одамони ҳокимон нигоҳ дошта меистоданд, дасти росташро ба тарафи аълам ёзонда:
— Айб ба ин одам аст, ки, — гуфт ӯ, — сару танашро бо даҳ сер (ду пуд) тилло пӯшонда, аспашро ҳам дар зери панҷ сер (як пуд) тилло кашида, худро аълами Бухоро ва соҳиби шариат шумурда, шогирдони худро ба шӯрапуштӣ меомӯзад ва бо ин кори худ одамони баномусро водор мекунад, ки ба шӯрапуштони ӯ бо шӯрапуштӣ муқобилат намоянд.
Аълам, ки барои ба мардум нишон додани карру фарри идонаи худ то ин ҷо оҳиста-оҳиста асп ронда ботамкинона меомад, ба тарафи худаш даст ёзонда ба гап даромадани Ҳоҷӣ-махдумро дида, сари худро хам карда, ба сағрии аспаш тозиёна зада, шитобкорона ба тарафи Намозгоҳ асп давонд.
Гурӯҳи мардум гапҳои заҳролуди обдори Махдумро шунида ва ҳолати хандазор ва фирори аъламро дида, қаҳқосзанон хандида пароканда шуданд 266.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.