Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 3-7

«Наҷибуттарафайн»

Дар ҷамоае, ки Ҳайрат бо вай дар пеши Мулло Ҳомиди Араб дарс мехонд, Аслонхоҷа (Арслонхоҷа) ном як ҷавони бухороӣ қорӣ буд. Чунонки Ҳайрат бо дӯстони ман ошно шуда буд, ман ҳам ба воситаи ӯ бо шиносҳояш ва аз ҷумла бо Аслонхоҷа шинос шуда будам. Ӯ як ҷавони миёнақади сафедрӯйи рангканда буда, бо ҳар кас хоксорона муомила мекард. Падари ӯ, ки Мухторхоҷа 187 ном дошта, аз муллоёни куҳансол ва дар мадрасае мударрис буд, — низ хеле хоксор менамуд.
____________
* Асилзодаи дутарафа.

Мухторхоҷа Абдуллохоҷа ном як писари калон дошт, ки ӯ ҳам хатми дарс кардагӣ буда, дар мадрасае мударрисӣ дошт. Ранги рӯйи ӯ низ монанди додараш сафед бошад ҳам, дар қаду қомат, дар риш ва дар дасторбандӣ аз додараш бисёр фарқ мекард: Абдуллохоҷа чунон қоматбаланд буд, ки монандаш дар Бухоро кам дида мешуд. Ин қади дарози ӯ бо шиками калони ба пеш овезон шудаистодааш ба сафедоре монанд буд, ки ба танаи вай як хуми калонро баста монда бошанд. Риши зардчатобаш он қадар калон набуд, аммо ҳамин тавр менамуд, ки он риш аз бозе ки бар рӯю манаҳи ӯ рӯйидааст, на рӯйи қайчиро дидааст ва на рӯйи шонаро: торҳояш пилта-пилта бо ҳам печида, ба печакҳо ҷудо шуда меистоданд ва он печакҳо тоб хӯрда, ба пойин овезон шуда, нӯгҳошон ба боло ҳалқа зада чунон хам хӯрда меистоданд, ки ба назари кас каловаҳои чигилшударо ҷилва медоданд.
Дастори Абдуллохоҷа бисёр калон буда, аммо басташ аз дастори дигар муллоҳои саллакалон фарқи калон дошт: печҳои дастори ӯ бо якдигар зич печида, ҳар печ аз таҳти печи дигар ҳалқавор ба пойин овезон шуда, ба ҳалқаҳои ришаш расида меистод. Баъзеҳо мегуфтанд, ки азбаски ӯ ба корҳои илмӣ ғӯта хӯрда рафтааст, ба хотираш дурусттар карда бастани саллааш ҳеҷ намерасид. Бинобар ин аз як ҷомашӯйӣ то ҷомашӯйии дигар, ки аз миёна камаш понздаҳ рӯз мегузарад, бо як бор бастани саллааш гаштан мегирад. Ҳар шаб вақти хоб салларо аз сараш гирифта, ба сари мех мемонад ва фардо боз ҳамон салларо, бе он ки вайрон карда аз сари нав бандад, аз мех гирифта, ба сари худ ниҳода, ба кӯча мебарояд. Бинобар ин рафта-рафта печҳои саллаи ӯ вайрон шуда, ба пойин овезон мегарданд.
Ин сабаб дар аввали шунидан маъқул барин менамуд. Аммо ҳеҷ кас, ҳатто худи ҳамон мудофиакунандагони вайронии саллаи ӯ ҳам, ягон бор дурусттар баста шудани дастори ӯро надида буданд.
Қиёфаи Абдуллохоҷаро чашму биниаш ҳам нафратангез карда буданд: аз чашмони ӯ кам-кам об мерафт, ки он обҳо ба рӯйи сафеди бенураш шорида фуромада, баъд аз хушкидан шӯра зада меистоданд. Аз сӯрохҳои биниаш ҳам ҳамеша об шорида, ба тарафи лабаш мерафт. Аммо ӯ ба ин ҳол парвое надошт. Фақат гоҳо аз биниаш хурросзанон ба боло ҳаво кашида, ягон сония шоридани он обро бозмедошт. Тарафдорони ӯ мегуфтанд, ки «азбаски фикри ӯ ҳамеша ба маъниҳои олӣ банд аст, афшонда пок кардани биниаш ба хотираш намерасад».
Абдуллохоҷа 188 даъвои шоирӣ дошт ва дар шеърҳояш Абдӣ тахаллус мекард. Ӯ монанди падар ва додараш хоксор ва нарммуомила набуд. Вақте ки дар кӯчаҳо мегашт, ба касе нигоҳ намекард ва бо касе (ҳарчанд шиносои дерин ҳам бошад) салом- алек наменамуд. Агар касе ба ӯ, ҳарчанд бо овози баланд салом диҳад ҳам, ӯ ҷавоб намегардонд, ҳатто ба тарафи вай бо гӯшаи чашм бошад ҳам, нигоҳ намекард. Дар роҳ рафтан ӯ чунон тез қадам мепартофт, ки гӯё аз мардум гурехта рафта истода бошад.
Дар бораи калонгарии Абдуллохоҷа аҳолии мадрасаи Кӯкалтош, ки аъзои оилаи ӯ аз ҳуҷрадорони бонуфузи он ҷо буданд, ҳикоятҳои аҷиб мекарданд: вақте ки Абдуллохоҷа дар масҷиди мадраса дар намозҳои ҷамоат бо падараш дар сафи пеш меистодааст, дар вақти шурӯъ кардан ба намоз аз падари худ як ваҷаб пештар мерафтааст.
Баъзе шӯтқариҳои (шӯхҳои) мадраса худро ба нодонӣ зада, дар сӯҳбатҳои баъдазнамозии миёнсаройи мадраса аз ӯ мепурсиданд:
— Тақсир, агар ман хато накарда бошам, ҷанобашон дар сафи намоз аз ҳазрати қиблагоҳ як ваҷаб пештар истодагӣ барин намуданд, ва ҳол он ки аз рӯйи шариат сафи намозро баробар доштан даркор буд. Албатта ҷанобашон, ки олими бузург мебошанд, ҳеҷ корро ба шариат ороста накарда намекунанд. Аммо сабаби шаръии ин кор дар пеши мо барин нодонҳо пӯшида аст. Агар сабаби шаръии ин корро мегуфтанд, аз марҳаматашон файзёб мешудем. Агар дар биниш ман саҳв карда бошаму дар ҳақиқат дар сафи намоз аз ҳазрати қиблагоҳӣ пештар наистода бошанд, умедворам, ки маро бубахшанд. Чунки Худои карим ҳам саҳви бандаро мебахшад…
Тақрири ин пурсиш ба гӯши бузургвории Абдуллохоҷа бисёр мефоридааст; қади ӯ аз будаш зиёдтар ба тарафи боло ёзида, лунҷаш аз боди хандаи мағрурона медамидааст. Аммо аз он ҷо, ки ханда ба одами калон намезебад, гоҳ худро ба зӯр аз вай нигоҳ дошта, ба ҷавоб додан медаромадааст:
— Шумо саҳв накардаед, ки ман дар ҳақиқат дар сафи намоз аз падар пештар истодам (ӯ ҳеҷ гоҳ падари худро бо унвони эҳтиромӣ — монанди қиблагоҳӣ ном намебурд. Аммо касе дар пеши ӯ падари ӯро бо унвони эҳтиромӣ ёд накунад, дар ғазаб мешуд. Чунки аз тарафи як одами дигар таҳқир ёфтани падарашро, бинобар ин ки худаш як ҷузъи падараш мебошад, таҳқири худ мешумурд). Ин кори ман мувофиқи шариат ва одат аст. Чунки илми ман аз илми падарам зиёд аст, ки дар ин ҳеҷ шакку шубҳа нест. Дар насаб ҳам аз падар бартар мебошам. Зеро ки падарам, аз як тараф, танҳо аз тарафи падараш сайид 189 ва асилзода бошад, ман ҳам аз тарафи падар сайид мебошам, ҳам аз тарафи модар. Модари ман аз авлоди Сомониён 190 мебошад, ки дар сайид будани ин сулола касе шак надорад. Бинобар ин ман наҷибуттарафайн мебошам. Дар ин сурат ман аз падар ҳам аз ҷиҳати ҳасаб (илму дониш) ва ҳам аз ҷиҳати насаб (асилзодагӣ) афзалият дорам. Маълум аст, ки бар ҳар кас ҳифзи шарафи худ лозим ва воҷиб аст. Баробар доштани сафи намоз бошад, суннат аст. Ҳар гоҳ ки суннат ва воҷиб 191 бар якдигар муқобил оянд, одами оқил ва олим албатта воҷибро риоя мекунад. Бинобар ин далелҳо ман дидаву дониста аз падар пештар истодам…
Бештарини дар он ҷо ҳозир будагон сайид (авлоди пайғамбар) набудани Сомониёнро, ҳатто авлоди араб набуда, балки тоҷикони балхӣ будани онҳоро донанд ҳам, ин маъниро дар пеши ӯ изҳор намекарданд ва намехостанд, ки як маҳалли бозии худро ранҷонда, худро аз дилхушии фаслиасрӣ (байни намози асру намози шом, ки сӯҳбати миёнсаройии 192 муллоҳои мадраса аксар дар ҳамон вақт гарм мешуд) маҳрум кунанд.
Аҳолии мадрасаи Кӯкалтош борҳо ин далелҳои наҷибуттарафайниро аз ӯ шунида буданд, бо вуҷуди ин ҳар гоҳ ки ягон дилкушояндаи ҳавасангезтар наёфтанд, ба воситаи ягон каси шӯтқарӣ ин пурсиши чандин бор такрорёфтаро ба ӯ дода, он ҷавоби обшустро (аммо дар ҳар бор бо обу ранги дигар) мешуниданду завқ мекарданд.
* * *
Намедонам ба чӣ муносибат бошад, рӯзе Абдуллохоҷа ману Ҳайратро ба ҳавлии худ ба меҳмонӣ даъват кард, мо рафтем. Дар пешгоҳи он хона Абдуллохоҷа менишаст. Дар он хона ғайр аз мо боз якчанд нафар меҳмонон буданд.
Мо бо эҳтироме, ки ба як одами калонгир хуш ояд, ба Абдуллохоҷа салом додем. Аммо ӯ дар ҷавоб базӯр лабашро ҷунбонда монд, ки садое аз вай шунида нашуд. Мо аз рафтан ба он ҷо пушаймон шуда, дар гӯшае нишастем. Азбаски мизбон додари ӯ буд, худи ӯ ҳам соҳибхона ҳисоб меёфт. Соҳибхона ҳар чӣ қадар калон ҳам бошад, ба меҳмон ин гуна муомила карданаш дуруст набуд.
Ҳама, чунонки дар ҳалқаи шайхон бошад, хомӯш менишастанд. Аслонхоҷа дар ҳар даромада баромаданаш (барои чою нон ва дигар чизҳоро овардан) «гап зада шинетон!» — гӯён ба ҳама хитоб кунад ҳам, касе даҳан во намекард.
Охир калонтарини маҷлис — Абдуллохоҷа ба Ҳайрат нигоҳ карда гап сар карда:
— Додар, шуморо шоир мегӯянд, оё рост аст?
Ин савол нисбат ба Ҳайрат саволе буд, ки ӯро бо ханҷар захм задан аз ин гуна савол додан беҳтар буд. Бо ҳамаи ин ӯ худдорӣ карда, одобро аз даст надода «тақсир!» — гуфта монд. Аммо аз ин сухани ӯ на тасдиқ кардани пурсиши пурсанда ва на инкор карданаш маълум намешуд.
Абдуллохоҷа боз ба сухан давом кард:
— Агар ҳақиқатан ин гуна ҳавас дошта бошед, аз ман ба шумо насиҳати оқилона ҳамин аст, ки ин савдоро аз сари худ дур кунед. Барои шоир шудан бисёр чизҳоро донистан ва ба устодони ин пеша чандин сол хизмат кардан лозим аст. Шумо, ки ҳанӯз қадатон аз замин нахестааст, аз пайи ин ҳавас гаштанатон бисёр номуносиб аст.
Аммо Абдуллохоҷа шояд барои фаҳмидани дараҷаи таъсири суханаш бошад, ба Ҳайрат боз савол дод:
— Магар ҳамин тавр нест, додар?
— Эҳтимол ҳамин тавр бошад, — гуфт Ҳайрат.
— Албатта ҳамин тавр аст! — гӯён Абдуллохоҷа ба саволи худ ҷавоби қатъӣ дод ва илова кард:
Такя бар ҷойи бузургон натавон зад ба газоф,
Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ!
гуфтаанд, ки бисёр дуруст аст…
Бо ҳамин сӯҳбат тамом шуд, боз маҷлис ранги маҷлиси мурдагонро гирифт. На ман ва на Ҳайрат ба ош даст дароз накардем. Ба хӯрок таклифкунии аз ҷон безоркунонаи Аслонхоҷа ҳам ба мо таъсир накард. Бо ғундошта шудани дастархон мо аз он хона баромадем. Ҳайрат ҳамроҳи ман рост ба ҳуҷраи ман омад ва қаламу коғазро дар даст гирифта, дар бадеҳа дар ҳаққи Абдуллохоҷа як ҳаҷвияи панҷоҳбайтӣ навишт, ки чанд байти аввалҳои он ҳаҷвияро ба тарзи намуна дар ин ҷо нишон додан муносиб намуд:
Эй ҳар хами дастори ту бозори калова!
Риши ту ба бозори калова-ст илова.
Рухсори ту як шиттазаминест 193 пур аз заҳ!
Бинии ту дар заҳкаши он қитъа чу нова!
Сар ҳамчу каду холию аз ҳарза даҳон пур,
Қомат чу шутур навчаю ишкам чу каҷова!
Ё қомати тӯлонии ту чӯбаи байрақ,
Дастор бар он чун ялави байрақи Кова!
Дар гӯшаи чашмони ту чиркобаи ҳаммом,
Дар тешуки бинии ту лойобаи нова!
Атвори ту чун ваҳшию андоми ту манфур!
Кирдори ту бемаънию гуфтори ту ёва!..
Ҳайрат ин шеърро тамом карда, покнависӣ намуда, дар ҳамон соат бурда, ба Аслонхоҷа дода гуфт:
— Ин шеъри шукрия аст ба муқобили меҳмондории бародаратон! Аслонхоҷа, ки аз ҳаракати бародараш дилтанг ва ғамгин шуда нишаста буд, ин шеърро ба сифати интиқомгирии худаш зуд бурда ба ӯ додааст.
Абдуллохоҷа бо дидани ин ҳаҷвия сари каловаи худро гум карда, ба додараш бо илтимосу илтиҷо часпидааст, ки чорае бинад, то ки ин шеър дар шаҳр паҳн нашавад, вагарна ӯ расвои ҷаҳон хоҳад шуд.
Фикри Абдуллохоҷа дар ин бора дуруст буд. Чунки дар он вақтҳо ба сабаби набудани матбуот дар Бухоро шеъри ҷиддӣ ба зудӣ паҳн нашавад ҳам, шеъри ҳаҷвӣ, хоҳ бамаза бошад, хоҳ бемаза, даст ба дасту даҳан ба даҳан, аз кӯчаҳо ва самоворхонаҳо гирифта то меҳмонхонаҳо, дар як-ду рӯз ҳамаи ҷойи шаҳрро гардиш карда мебаромад.
Аммо Аслонхоҷа дар аввали кор ба бародараш ҳеҷ роҳи чораву тадбирро нишон надодааст. Вақте ки илтимосу илтиҷои ӯ ба гиряву зорӣ бадал ёфтааст, Аслонхоҷа ба ӯ маслиҳат додааст, ки ба ман (ба нависандаи ин сатрҳо) муроҷиат кунад. Ман, ки дӯсти наздики Ҳайрат мебошам, шояд ба ӯ таъсир карда, он шеърро аз паҳн шудан ба шаҳр боз дорам. Фардои он рӯз пагоҳонӣ — ҳанӯз офтоб набаромада Абдуллохоҷа ба ҳуҷраи ман омад. Ин манзара бисёр аҷиб буд: бузургворе, ки ба саломи бузургворони шаҳр ҷавоб намедод ва худашро аз падараш ҳам калонтар медонист, ба як муллобачаи пойлучи саҳроӣ гирякунон зорӣ мекард, ки илоҷи кори ӯро кунад.
Ман дидам, ки бе ягон ваъда додан аз дасти ӯ халос шудан мумкин нест, ваъдаи қатъӣ додам, ки он шеърро аз паҳн шудан боздорам.
Ҳайрат ҳам, ки ба сифати шоирӣ машҳур шудани худро намехост, нусхаи он шеърро ғайр аз ман ба каси дигаре надод.
Бо ҳамин Абдуллохоҷа бо ман ошно шуда монд ва ба ҳар дидан муомилаи ҳақиронаашро аз ман дареғ намедошт. Ҳатто ба ман бо унвонҳои «пурдида» ва «таҷрибакор» хитоб карда, дар баъзе корҳояш фикр мепурсид. Аммо ба дигарон монанди пештарааш азамат ва калонгириашро фурӯхтан мегирифт.

Дӯстии ду калонгир

Абдуллохоҷа, ки ҳамеша дар кӯчаҳо танҳо мегашт ва ҳеҷ кас ӯро дар роҳ ҳамроҳи касе надида буд, дар вақтҳои охир як рафиқи аз худ ҷудонашуданӣ ёфт: ин одам хеши ман, писари Устоамак — Парвардигорхӯҷа буд, ки хонандагон бо вай дар қисми якуми «Ёддоштҳо» шиносоӣ пайдо кардаанд. 194
Саидакбархоҷа, ки ба сабаби калонгариаш аз мардум «Парвардигорхӯҷа» лақаб ёфта буд, аввалҳо ба охунди Бухоро — Орифхон кафшбардорӣ мекард, баъд аз вафоти охунди мазкур ба зиндагонии мустақилона гузашта, дар намуди зоҳириаш ҳам хеле «бузургворӣ» пайдо карда буд: қади ӯ миёна бошад ҳам, химча ва рост, рӯяш пуробила бошад ҳам, доим тару тоза, чашмаш тангтар бошад ҳам, ҳамеша бо нигоҳи пурдиққатона пур, лабаш каҷ бошад ҳам, ҳар вақт ба табассуми шафқатомез моил буда, ришаш миёнаву майгунтоб бошад ҳам, аз бисёрии собуншӯйӣ ва шоназанӣ тор-тор аз ҳам ҷудо шуда, чун лоси абрешим як навъ тобандагии ба худ махсус дошт.
Кафшу масҳӣ, саллаву ҷомаи ӯ тоза ва беғубор буда, камарчаҳои ҷомаи рӯйпӯшиашро, ки ду тӯфи сафеди абрешимӣ дар ду нӯги онҳо пайванд ёфта буданд, ба тарзе баста мемонд, ки тӯфҳо бар сари синааш ба назари бинанда ҷилва карда меистоданд. Саллаи ӯ калон бошад ҳам, бар хилофи саллаи Абдуллохоҷа суфта баста шуда буд.
Синни Парвардигорхӯҷа ҳанӯз аз сӣ нагузашта бошад ҳам, дар кӯчагардиҳояш ба даст асое мегирифт, ки қадаш аз қомати худаш чор ангушт баландӣ дошт. Ӯ дар роҳ рафтан, бар акси Абдуллохоҷа, бисёр бо оҳистагӣ вазнинона қадам мепартофт ва бар хилофи Абдуллохоҷа ба саломдиҳандагон меҳрубонона муомила мекард — ӯ ба саломдиҳанда ба қадри сонияе аз роҳ бозистода диққаткорона ва табассумомез нигоҳе карда, пас аз он бо садои бисёр паст ба саломи вай ҷавоб мегардонд ва агар саломдиҳанда сазовори илтифоти махсусе бошад, баъд аз ҷавоби саломи вай «саломат ҳастед-мӣ?» ҳам гуфта мемонд.
Саидакбархоҷа дар кӯча умуман худро чунон нишон додан мехост, ки ӯ пири солхӯрдаи ҳаштодсолаи пурдида аст ва ҳама касоне, ки дар кӯча ба ӯ дучор меоянд, ба андозаи калонию хурдии синну солашон фарзандон, наберагон ва аберагони ӯ мебошанд, ӯ гӯё аз камоли пирӣ авлоди худро намешиносад, кадоми аз онҳо, ки ба ӯ салом диҳад, бо диққати бисёр базӯр мешиносад ва ба қадри қувваи ҷисмониаш ба вай илтифот ҳам мекунад, яъне ба одамҳо нигоҳ карданаш ва пешсалом нашуданаш аз ҷиҳати бемурувватӣ ва бешафқатӣ набуда, балки аз ҷиҳати пирӣ ва ба сабаби нашинохта монданаш мебошад. Вагарна ӯ бо ҳамаи асилзодагӣ, бо ҳамаи илму фазле, ки дорад ва бо ҳамаи калонии солаш ба одамон меҳрубон ва шафқаткор мебошад.
Парвардигорхӯҷа ҳам пеш аз дӯст шудан бо Абдуллохоҷа дар кӯчаҳо танҳо мегашт ва ӯро ҳам касе дар кӯчае бо касе ҳамроҳ надида буд.
Вақте ки ин ду калонгир бо ҳам дӯст шуданд, диққаткорон пай бурданд, ки онҳо бо ҳам созиш карда, барои пойдор доштани дӯстии байни худ баъзе хислатҳои махсуси худашонро ба якдигар гузашт кардаанд. Чунончи, ҳар кадоми инҳо, ки аз ҳама шарифтар, аз ҳама фозил ва олимтар ва аз ҳама бузургвортар буданд, дар кӯчаҳо ва умуман дар пеши одамҳо бар якдигар калонгирӣ намекунанд ва азамат намефурӯшанд, дар кӯчаҳо аз якдигар пеш намегузаранд ва дар маҷлисҳо аз якдигар боло наменишинанд ва монанди инҳо.
Хислати дар кӯчаҳо тезгардии Абдуллохоҷа назар ба ақидаи Парвардигорхӯҷа мухолифи бузургворӣ буд, бинобар ин Абдуллохоҷа ин хислати худро ба хотири дӯсташ партофта, монанди ӯ ботамкинона қадам мепартофтагӣ шуд. Инчунин хислати ба саломдиҳандагон шафқаткорона муомила карда, бо ҷавоби салом онҳоро сарафроз кардани Парвардигорхӯҷаро Абдуллохоҷа зидди шарофат ва олигии насаб дарёфт. Бинобар ин Саидакбархоҷа ин хислати худро барои хотирхоҳии дӯсти худ тарк кард.
Аммо дар бораи асои Саидакбархоҷа чанд рӯз дар байни ин ду дӯст муноқиша давом кард. Абдуллохоҷа асои рафиқашро написандид:
— Ин аломати шайхӣ ва хонақоҳнишин аст ва ҳол он ки ман шайхҳоро бад мебинам. Ман шоир, файласуф ва ҳаким мебошам, бинобар ин асо ба даст гирифта гаштанро намехоҳам. Аммо дар ҳолати беасо будани ман шумо асо ба даст дар паҳлуи ман бошед, мардуми нодон шуморо шайх гумон карда, аз ман бузургвортар мешуморанд. Ин кор ба иззати нафси ман халал мерасонад!
Парвардигорхӯҷа бошад, тарк кардани асоро ҳеҷ ба гардан нагирифт ва ба рафиқи худ гуфт:
— Шумо як қомати баланди барҳавое доред, ки агар ман беасо дар паҳлуи шумо гардам, мардуми зоҳирбин ҷасади хурди маро дар пеши қомати шутурмонанди шумо дида, маро ё шогирди шумо ва ё ин ки додари шумо гумон мекунанд. Ин корро ҳеҷ гоҳ шарафи зотини ман намебардорад!
Баъд аз чанд рӯзи бо ҳам музокира карда гаштан, охир роҳи ҳалли ин масъалаи ба назар ҳалношуданиро Абдуллохоҷа ёфт. Ба хотири ӯ расид, ки «Аҳмади Калла ба сабаби худро донишманд, ҳаким ва файласуф шумурдан дар дасти худ асои русӣ (палка) гирифта мегардад. Ман, ки дар дониш, дар ҳикмат ва фалсафа аз ӯ чанд дараҷа пешдаст мебошам, чаро ба дасти худ асои русӣ нагирам? Агар як асои хушшакли моргардан ёфта гирам, ки ба хотири бинандагон асои аждаҳошавандаи Мӯсо-пайғамбарро расонад, азамат ва бузургвории ман боз чанд-чанд меафзояд».
Абдуллохоҷа чун ин фикри созишгаронаи худро ба Саидакбархоҷа гуфт, ба ӯ ҳам маъқул шуд. Бинобар ин ҳар ду қарор доданд, ки ҳар гоҳ ба кӯча бароянд, Абдуллохоҷа бо асои русӣ ва Парвардигорхӯҷа бо асои дарози шайхӣ мебароянд.
Аммо ҳар кадоми онҳо дар дили худ ба асои худ нисбат ба асои рафиқаш фазилате медид ва хурсандӣ мекард, ки хайрият рафиқаш ба ин фазилат пай набурдааст, вагарна созиш ба миён намеомад. Абдуллохоҷа дар дили худ мегуфт: «Шеър, ҳикмат ва фалсафа аз фазилатҳоеанд, ки номи одамро абадӣ зинда медоранд. Номи Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва Абӯалӣ Сино барин шоирон, файласуфон ва ҳакимонро мардум то ҳол бо ҳурмат ёд мекунанд. Дур наравем, Аҳмади Калла бо ҳамаи нотамомии шеъраш ва нуқсони ҳикмат ва фалсафааш, бо вуҷуди ин ки вай ба бединӣ шӯҳрат ёфтааст, калону хурд ӯро ҳурмат мекунанд ва ҳокимон аз вай метарсанд. Ин фазилати ӯ ба омма аз куҷо маълум шуд? Аз ҳамин асои русии моргардан. Ҳар чӣ ин саҳроии нодон (Парвардигорхӯҷа) ҳамин фазилати асои маро нафаҳмид, вагарна ин якраҳа ҳеҷ розӣ намешуд, ки ман ин асоро ба даст гирифта, ҳамроҳи ӯ ба кӯча бароям». Саидакбархоҷа дар бораи фазилати асояш дар дили худ мегуфт: «Ин асо ба болои ин ки куҳансоли сазовори ҳурмат будани маро мефаҳмонад, инчунин як шайхи хонақоҳнишин буданамро ҳам ба омма эълон мекунад. Ҳурмате, ки аз номи шайхӣ ба одам насиб мегардад, як «ҳалвои бедуд» аст. Шайхӣ дар замони мо фазилатест, кӣ на танҳо сазовори ҳурмат, ҳатто лоиқи парастиши омма гардидааст. Чор муллои пойлучи файласуфтарош шайхҳоро ҳурмат накунанд, ҳеҷ зарар надорад! Охир, ҳукуматдорон, ки ҳакиму файласуфро бад мебинанд, ба шайхҳо бандавор изҳори ихлос менамоянд. Ин асои дароз ана ҳамин фазилати шайхиро ба ман баста, маро сазовори ҳурмати омма, ҳатто ҳукуматдорон мегардонад. Хайрият ин дарози камақл (Абдуллохоҷа) аз аҳмақӣ ин фазилати асои маро пай набурд, вагарна дар ин бора бо вай созиш кардан душвор буд ва ман маҷбур мешудам, ки монанди пештара ба танҳогардии худ давом кунам».
* * *
Дар кӯчаҳо бо ҳам гаштани ин ду дӯсти калонгир бисёр тамошо дошт: ҳар ду дар паҳлуи ҳамдигар қадамҳошонро чунон баробар бардошта, баробар ба замин мегузоштанд, ки агар вазнинона қадам мондани онҳо намебуд ва дар танашон либосҳои низомӣ мебуд, бинанда онҳоро ду сарбози низомии бисёр машқида гумон мекард.
Агар дар роҳ аз пеши яке аз инҳо монеае баромада, ба бозистодан маҷбур кунад, дарҳол они дигар ҳам монанди сояи рафиқи худ баробари вай бозмеистод ва ҳар гоҳ ки он монеа бартараф шуда, он рафиқ ба роҳ дарояд, они дигар ҳам соявор баробар қадам мегузошт. Аммо, вақте ки дар кӯча аз пеши роҳашон ароба барояд, он ду дӯст ба душворӣ дучор мешуданд. Зеро, аз як тараф, кӯчаҳои шаҳри Бухоро танг бошанд, аз тарафи дигар, аробаҳои маҳаллӣ, ки барои боркашонӣ дар он кӯчаҳо сохта шуда буданд, бисёр сербар буданд, ба ҳадде ки дар вақти ҳаракат ҳар ду гупчаки онҳо ба ҳар ду канори кӯча қариб мерасиданд, бинобар ин мардуми Бухоро ба он аробаҳо «қолиби кӯча» лақаб дода буданд.
Дар ин сурат ин ду дӯст дар паҳлуи ҳам баробар қадам гузошта, аз як тарафи он аробаи қолиби кӯча гузашта наметавонистанд, Пасу пеш шуда гузаштан бошад, шаъни яке аз онҳоро шикаста, ба барҳам хӯрдани як шарти асосии дӯстӣ ва бо ин восита ба барҳам хӯрдани худи дӯстӣ сабаб мешуд.
Аммо он дӯстон, душвор ҳам бошад, ҳалли он масъаларо ёфтанд, назар ба созише, ки дар ин маврид байни худ карданд, ҳар дуи онҳо дар рӯ ба рӯйи ароба баробар аз ҳам ҷудо шуда ва баробар қадам партофта, ҳар кадомашон аз як тарафи ароба мегузаштанд ва баъд аз гузаштан, монанди оби равоне, ки дар пеши як хушкии баланд ба ду ҷудо шуда, баъд аз гузаштан аз он баландӣ ҳар ду қисм боз бо ҳам пайваста равон мешавад, инҳо ҳам баробар омада, ҳампаҳлуи якдигар шуда, кӯчагардии худро давом медоданд.
Хулоса, ин ду дӯсти калонгир шартҳои созиши байни худҳошонро чунон боэҳтиёт ва пурра риоя мекарданд, ки ҳеҷ кадомашон ба садоқати они дигар шубҳае намекард ва ҳар ду ҳам кӯшиши ҷиддӣ мекарданд, ки шубҳаи хилофи дӯстӣ ба вуҷуд наёяд. Чунки танҳогардӣ ба дили ҳар дуяшон ҳам зада буд, дар шаҳр касе ёфт намешуд, ки ба яке аз онҳо хурдвор итоаткорона ҳамроҳӣ кунад ва ҳеҷ кадоми онҳо ҳам ягон касро ҳамроҳи шойистаи баробарҳуқуқ намедонистанд. Бинобар ин ин дӯстӣ, ки маҳз барои халос кардани ҳар дуи инҳо аз танҳогардӣ «аз тарафи Худо» ба онҳо дода шуда буд, як неъмати беминнат буд. Ин неъматро бо ҳар гуна фидокории тарафайн, ки ба шаъну шарафи ҳеҷ кадоми онҳо халал нарасонад, нигоҳдорӣ кардан даркор буд ва нигоҳдорӣ мекарданд.
Дӯстӣ ва рафоқати Абдуллохоҷа ва Парвардигорхӯҷа як сол зиёдтар давом кард. Аммо рӯзе дар шаҳр якбора овоза шуд, ки дар байни он ду дӯст ихтилоф афтода, аз ҳам ҷудо шудаанд. Ин овоза, бисёр дер накашида, аз яккагардии онҳо ба зудӣ тасдиқ ёфт: Саидакбархоҷа монанди вақтҳои танҳогардии пештарааш дар кӯчаҳо вазнинона гардида, аз саломдиҳандагон ҷавоби илтифоткорона ва табассуми шафқатомезонаашро, ки ба хотири дӯсташ дар вақтҳои рафоқати вай тарк карда буд, дареғ намедошт. Абдуллохоҷа ҳам монанди пештара дар кӯчаҳо давида мегашт ва ба ҳеҷ кас нигоҳ намекард. Аммо фарқи вай аз замони танҳогардии пештарааш дар ин буд, ки дар даст асои русӣ гирифта мегашт. Албатта, ӯ ин асоро ба сифати як ёдгорӣ аз он дӯстии барҳамхӯрда намегирифт, балки инро барои ҳамин аз дасти худ намепартофт, ки вай шоирӣ, ҳакимӣ ва файласуфии ӯро ба мардум эълон мекард.
Чун мардум ин дӯстони собиқро танҳо ва бо хислати махсуси пештараашон диданд, дар ҳеҷ кас шубҳае намонд, ки дар байни онҳо ҷудоии сахте афтодааст. Аммо ҳеҷ кас сабаби ин ҷудоиро намедонист ва ҳар кас ҳамин қадарро медонист, ки ҳар дуи онҳо дӯстона бо ҳам ба Чорҷӯй барои саёҳат сафар кардаанд ва аз он ҷо ҷудо-ҷудо баргашта омадаанд.
Мани кунҷков бе фаҳмидани сабаби ин ҷудоӣ ором гирифта наметавонистам. Бинобар ин рӯзе ба хеши худ — Парвардигорхӯҷа вохӯрда, сабаби ин ҷудоиро аз вай пурсидам. Вай баъд аз сонияе ба ман бо диққат нигариста истода маро бо табассуми меҳрубононааш саршор кардан:
— Хешам! Ту ҳанӯз хурдсол мебошӣ, дар пайи кунҷковии аҳволи калонон нагард. Ин хосият надорад, кунҷкови калонон умри дароз намебинад. Ту дар пайи аз худ кардани дарси худ ва дуогирӣ аз калонон гард. Барои ту ҳамин кор фоиданоктар аст, — гӯён дар бораи сабаби ҷудоӣ қатъиян лаб накушод.
Баъд аз он ман дар ин бора ба Абдуллохоҷа муроҷиат кардам, зеро ӯ аз хавфи аз тарафи ман паҳн карда шудани шеъри ҳаҷвия ва хусусан дар ин вақт, ки мумкин буд ман он шеъри «манҳус»-ро ба дӯсти собиқ ва душмани ҳозирааш — Парвардигорхӯҷа диҳам, маро бисёр ҳурмат мекард ва ба хушнуд кардани ман мекӯшид. Дар ҳақиқат ҳам муроҷиатам ба ӯ барои ман пурнатиҷа баромад ва ӯ сабаби ҷудоиро бо тафсил гуфта дод:
— Хешатон монанди шумо одами ростқавл набудааст, — гуфт ӯ, — вай одами дарундор, бадтинат, сиёҳботин будааст. Ману ӯ, ду дӯстон, ба Чорҷӯй сафар кардем. Дар он ҷо баъд аз зиёрати «қадамгоҳи Шоҳимардон — Муртазоалӣ» дар бораи ба пеши ҳокими вилоят даромадан дар миёнаи худ дӯстона қарор додем (чунки муллоҳо ба ҳар вилоят бо кадом баҳона ки раванд, ҳокими он ҷоро надида намегарданд ва ҳоким ҳам ба онҳо харҷи роҳ ва ҳадяҳои дигар медиҳад). Мо ба пеши ҳоким даромадем. Мувофиқи созише, ки дар байни мо буд, дар хонаи ҳоким ҳар дуямон дар рӯ ба рӯйи ҳам, дар ду тарафи хона нишастем, чунки агар ҳар дуямон дар як тараф менишастем, боло нишастани яке аз дигаре лозим меомад, ки инро иззати нафс ва шарафи насаби ҳеҷ кадомамон намебардошт. Аммо дар вақти сӯҳбат ногоҳ чашмам афтод, ки хешатон оҳистекак ғежида аз рӯ ба рӯйи ман қариб як ваҷаб болотар рафтааст. Ин кори ӯ ба нафси ман бисёр сахт расид. Ман ҳам ба фикри ниқоргирӣ афтодам ва оҳиста ғежида болотар рафта, тахминан як ваҷаб аз рӯ ба рӯйи ӯ боло гузаштам. Ӯ ҳам ба навбати худ ин корро такрор карда, боз як ваҷаб аз рӯ ба рӯйи ман болотар рафт. Мо ҳар ду ҳам барои ҳифзи иззати нафси худ ин корро инодкорона давом додем. Дар охир зонуи ман рафта ба зонуи ҳоким расид, ки дигар ман боло рафта наметавонистам. Аммо ӯ боз ғежида боло рафта, дар гӯшаи пешгоҳии он тарафи хона, ки худ нишаста буд, ҷой гирифт ва дар натиҷа ҷойи нишасти ӯ аз ҷойи нишасти ман ба қадри ҷойи нишасти як одам болотар ва баробари ҷойи нишасти ҳоким шуд. Ман ба ин ҳол тоқат наоварда, ба ғазаб омадаму фарёд кардам:
— «Ӯй саҳроии нурикаш! Туро кӣ роҳ дод, ки аз ман болотар ва баробари ҳокими вилоят менишинӣ? Ва ҳол он ки ту худатро худ сайид ном ниҳода гаштаӣ! Кӣ медонад, аҷаб нест, ки ту ғуломзода бошӣ. Ҳамин қадараш ба ман маълум аст, ки падари ту дуредгар, падари ман як олими куҳансоли машҳур мебошад. Қатъи назар аз дигар фазилатҳоям, худи ҳамин фарқ ба ту роҳ намедиҳад, ки бо ман ҳамсафар ва ҳаммаҷлис бошӣ!..»
Ӯ сухани маро бурида, маро дашноми саҳроиёна дод. Ман аз ҷо хеста давидам, ки ӯро аз гиребонаш гирифта, аз пеши ҳоким барорам. Аммо ӯ пешдастӣ карда, аз маҳосини ман (аз ришам) печонда гирифт. Дар ҳолате ки гиребони ӯ дар як дасти ман ва риши ман дар як дасти ӯ буд, мо ҳар ду ба сару гардани ҳамдигар мушткӯбиро сар кардем. Ҳоким ба одамони худ фармуд, ки моро аз ҳам ҷудо карда, аз хона — аз пеши ӯ бароранд. Одамони ҳоким, ки агар ба онҳо «салла биёред» — гуфта фармон диҳад, онҳо калларо меоранд, моро аз ҳам ҷудо карда, ҳар дуямонро зада-зада аз ҳокимхона ба кӯча бароварда пеш карданд. Азбаски дар пеши оммаи мардум бо ҳам даст ба гиребон шуда, ҳамдигарро дашном додан ба шарафи ҳар дуямон ҳам бармехӯрд, мо хомӯшона аз ҳам дур шуда, ҳар кадомамон ба сари худ роҳи Бухороро пеш гирифтем. Ин буд сабаби ҷудо шудани мо аз ҳамдигар!
Дар соли 1896 дар Бухоро, дар гузари Сари Пули Равғангарон Ҳоҷӣ Зоҳид ном як бой мадрасачае бино кард. Аз он мадраса дар қатори муллобачаҳои беҳуҷра ба бародарам як ҳуҷра расид.
Дар худи ҳамон сол шарик ва дӯсти ман Абдухалил-махдум аз мадрасаи Кӯкалтош як ҳуҷра харида, дар он ҷо истиқомат карданро ба ман таклиф кард.
Азбаски бародарам калонсол буда, одамшавандатар зиндагонӣ карданаш лозим буд, ман истиқомати ҳуҷраи мадрасаи Кӯкалтошро ба ӯ вогузошта, худам дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид, дар ҳуҷрае, ки ба саҳми бародарам расида буд, истиқомат карданро муносиб дидам. (Қисми чоруми «Ёддоштҳо» аз замони истиқоматам дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид сар мешавад.)

Эзоҳот

77 Шарифҷон-махдум — Шарифҷон-махдуми Садри Зиё (1866-1932) яке аз зиёиёни замони худ буд. Ӯ дар давраи ҳукмронии ду амири охирини Бухоро баъзе мансабҳои расмӣ ва маъмуриро ишғол менамуд. Дар баробари ҳамин ӯ мухлис ва тарафдори бисёр маорифпарварон (аз қабили Аҳмади Дониш), шоир ва нависандагони пешқадами охири асри XIX ва ибтидои асри х X буд. Ҳарчанд, ки одамон аз тарафи амир ва навкарони хушомадгӯйи ӯ таъқиб карда мешуданд, лекин Садри Зиё ҳамеша бо онҳо дӯст буд ва дар маҷлисҳои онҳо иштирок мекард. Садри Зиё бо таъсири эҷодиёти Аҳмади Дониш чанд асари насрӣ таълиф кардааст, ки ҳамагӣ якҷоя «Наводири Зиёия» номида шудаанд. Аксари он асарҳо аз ёддоштҳои муаллиф иборат буда, танқиди баъзе ҷиҳатҳои тартиботи аморати Бухоро, амиру амалдорон ва уламои мутаассибро низ дар бар гирифтаанд. Хусусан дар «Тазкират-ул-ҳукамо» ва «Латоиф ва мутоибот» ҳикояҳои хурди ҳаҷвии ӯ ҷамъ оварда шудаанд, ки ҳикояҳои воқеӣ буда, бо забони сода таҳрир ёфтаанд ва аҳмақию расвоиҳои машҳуртарин мансабдорон ва муллоёни он замонро сахт ҳаҷв мекунанд. Ғайр аз ин, Садри Зиё доир ба таърихи Россия низ асаре навиштааст. Дигар асари муҳими ӯ тазкираи манзуме бо номи «Тазкори ашъор» аст.
Садри Зиё дар туманҳои гуногуни Бухоро қозигӣ мекард. Пас аз револютсияи феврал амир ӯро ҳабс карда, аввал ба Қаршӣ, баъд ба Шаҳри Сабз бадарға намуд, ки ин бадарғаи ӯ то револютсияи Бухоро (сентябри соли 1920) давом кард. Зиё чанд гоҳ дар идораҳои давлатии Республикаи Бухоро низ кор кардааст.
78 Мирзо Шамсиддини Доӣ — аз шоирони дарбории нимаи дуюми асри XIX аст, ки дар замони ҳукмронии амир Музаффар (1860-1885) дар назди писари ӯ Нуриддинхони Ҳаё муншӣ (мирзо) будааст. Ниг. С. Айнӣ, Намунаи-адабиёти тоҷик, Москва, 1926, саҳ. 285-287.
79 Мирзо Абдулвоҳид — Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1877-1934) — аз дӯстони С. Айнӣ, яке аз шоирони хуштабъ буда, дар пешаи хаттотӣ хам маҳорат дошт. Мунзим дар револютсияи Бухоро бо шеърҳои револютсионии худ, ки дар журнали «Шӯълаи инқилоб» чоп шудаанд, иштирок намудааст. Ашъори ӯ пас аз револютсия дар матбуоти тоҷик, аз ҷумла дар газетаи «Овози тоҷик» ва журнали «Раҳбари дониш» чоп мешуд.
80 Дар ин ҷо муаллиф воқеаи байтбараки худ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзимро дар назар дорад, ки дар қисми якуми «Ёддоштҳо» тасвир шудааст.
81 Домулло Абдушукури шустагар — падари Шарифҷон-махдум — қозӣ Абдушукур (соли вафот 1306-1888) аст, ки чанд муддат дар Бухоро вазифаи қозикалониро иҷро кардааст. Ғайр аз ин, ӯ дар мадрасаҳои Бухоро дарс додааст ва дар назм Оят тахаллус дошт. Ниг. С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, саҳ. 209-210.
82 Шустагарӣ — мансуб ба шустагар (шуштагар); шахсеро, ки карбос ва ё дигар матои нав бофташударо бо зарби чӯб дар об «мешуст» ва суфта мекард, шустагар (шуштагар) мегуфтанд.
83 Зикри Мулло Назруллои Лутфӣ (вафот 1918) дар охири қисми дуюми «Ёддоштҳо», дар боби «Дар рӯзҳои охирине, ки дар мадрасаи Мири Араб будам» омадааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 356-357 ва дар ҳамон ҷо эзоҳи 72.
84 Ниг. «Куллиёт», ҷилди VI, саҳ. 357-358.
85 Ниг. «Куллиёт», ҷилди VI, саҳ. 358-359.
86 Нуҷум — илми нуҷум — илме, ки нуҷум — ситорагон ва сайёрагонро меомӯзад; Дар ин ҷо астрономия ва хам астрология дар назар дошта шудааст.
87 Лаби ҳавзи Девонбегӣ — сайронгоҳе дар шаҳри Бухоро. Дар маркази ин сайронгоҳ ҳавзи калоне бо номи Девонбегӣ воқеъ аст, ки дар соли 1620 канда шудааст. Дар тарафи шарқ мадрасаи Надир-девонбегӣ ҳаст, ки дар соли 1622 андохта шудааст. Дар пештоқи бошукӯҳи он сурати симурғ ва оҳу кашида шуда буд. Аз рӯ ба рӯйи мадрасаи Девонбегӣ, тарафи ғарбии ҳавз хонақоҳи Надир-девонбегӣ сохта шудааст, ки онро масҷиди девонбегӣ ҳам мегӯянд ва намуди зебои он дар оби ҳавз аксандоз аст. Дар самти шимолии ҳавзи Девонбегӣ боз ду мадрасаи дигар ҳаст: мадрасаи Кӯкалтош ва мадрасаи Элназар-элчӣ. Мадрасаи Кӯкалтош калонтарин мадрасаи Бухоро буда, онро дар соли 1578 Қулбобо-кӯкалтош бино кардааст. Дар паҳлуи он мадрасаи Элназар-элчӣ воқеъ гардидааст. Элназар-элчӣ сафири Бухоро дар Россия буд ва ин мадрасаро бо харҷи маликаи рус — Екатеринаи I андохтааст.
Ҳавзи калон, хонақоҳ ва мадрасаҳо ба ин сайронгоҳ намуди хубе бахшидаанд. Бинобар ин лаби ҳавзи Девонбегӣ ҷойи дӯстдоштаи аҳолии шаҳр буда, ҳар бегоҳӣ дар он ҷо «бозори шаб» ташкил мешуд. Тасвири Лаби Ҳавз ва «бозори шаб» дар қисми сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» чандин бор омадааст.
88 Қозӣ Бадриддин — яке аз қозикалонҳои мутаассиб ва ҷоҳили Бухоро буд.
89 Мушоара — ҷамъомади шоирон бо мақсади мусобиқа кардан дар шеъргӯйӣ: шарти якуми мушоара ин аст, ки шоир бояд бадоҳатан байте ё қитъаеро муносиби мақсад ё мувофиқи сӯҳбати аҳли адаб гуфта тавонад.
90 Хатми дарс — ба охир расонидани таҳсил дар мадраса, тамом кардани хониш.
91 Ҳаҷҷоҷи золим — яке аз машҳуртарин намояндагони хилофати араб буд, ки ба золимӣ ном баровардааст. Ҳаҷҷоҷи золим дар замони халифаҳои араб Абдулмалик ва Валид дар охири асри VII — ибтидои асри VIII милодӣ дар Ироқ ҳоким буд.
92 Қутайба Муслим — гумоштаи Ҳаҷҷоҷи золим ном ҳокими Ироқ, ки дар охири асри VII ва ибтидои асри VIII милодӣ зиндагонӣ кардааст. Қутайба Муслим аз тарафи хилофати араб дар Хуросон сарлашкар ва ҳоким таъин гардида буд. Ӯ аввалин саркардаи араб аст, ки ба Осиёи Миёна лашкар кашидааст ва дар байни солҳои 705-715 милодӣ сарзамини водиҳои Зарафшону Амударёро забт кардааст.
93 Ҷаноби олӣ — амири Бухоро дар назар дошта шудааст.
94 Аҳмад-махдуми Дониш (1827-1897), ки ӯро Аҳмади Калла низ мегуфтанд, шоир, мутафаккир ва маорифпарвари бузурги нимаи дуюми асри XIX буд. Дар ташаккули афкори пешқадамонаи Аҳмади Дониш равияи прогрессивии адабиёти форсу тоҷик ва шиносоии ӯ бо Россия роли калоне бозидааст. Аҳмади Дониш дар асарҳои худ иллатҳои он замон ва зулму истибдоди амиронро нотарсона танқид ва фош намуда, омӯхтани илмҳои дунявӣ ва маданияти пешқадамонаи русро тарғиб мекард. Фикрҳои тараққипарваронаи Аҳмади Дониш дар байни интеллигенсияи он замон таъсири калоне дошт.
95 «Наводир-ул-вақоеъ» — бузургтарин асари Ахмад-махдуми Дониш аст, ки дар солҳои 70-ум ва 80-уми асри XIX навишта шудааст. Ин асар аз 22 боб иборат буда, аз масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии он замон, фалсафаи табиат, ахлоқ (офариниши дунё ва коинот, масъалаҳои муносибати оилавӣ, тарбияи фарзанд, сохти давлатӣ, таърифи касбу пешаҳо ва ғайра) баҳс мекунад. Қисми намоёни «Наводир-ул-вақоеъ»-ро «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ташкил мекунад, ки дар он муаллиф фикрҳои ислоҳотпарастонаи худро нисбат ба сохти давлатии аморат баён намудааст.
96 Ниг. саҳ. 272-277.
97 Амир Музаффар — аз амирони манғитияи Бухорост, ки солҳои 1860-1885 ҳукмронӣ кардааст.
98 Расӣ — Россия.
99 Ниг. қисми дуюми «Ёддоштҳо», боби «Мулло Туроб ва Мулло Қамар».
100 Хатми кутуб — ҳамон хатми дарс аст, ки маънои ба охир расонидани таҳсил дар мадраса ва тамом кардани хонишро дорад.
101 Амир Абдулаҳад — яке аз амирони манғитияи Бухоро, писари Музаффар аст, ки дар солҳои 1885-1910 ҳукм рондааст.
102 Шоҳин — Шамсиддин-махдуми Шоҳини Кӯлобӣ (1859-1894) — намояндаи барҷастаи адабиёти нимаи дуюми асри XIX тоҷик, яке аз мухлисон ва пайравони Аҳмади Дониш буд. Дар шеърҳои худ ба муқобили бедодӣ ва беадолатии замони худ далерона баромад кардааст. Шоҳин ба дарбори амир Абдулаҳад ба сифати надимӣ кашида шуда буд, Аммо ба муҳити буғзу кинаи аҳли дарбор ва амир тоқат наоварда, ба касалии сил гирифтор гардид ва дар 35-солагӣ вафот намуд. Осори асосии ӯ достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Тӯҳфаи дӯстон», инчунин асари насрии «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва як девон аст.
103 Қорӣ Каромати Дилкаши танбӯрӣ (вафот 1902) — аз ҷумлаи шоирони пешқадам ва устодони мусиқии классикии «Шашмақом», яке аз шогирдону мухлисон ва наздиктарин дӯстони Аҳмади Дониш буд, ки дар сӯҳбатҳои ӯ бисёр нишастааст. Дилкаш дар охирҳои умраш ба хизмати амир Абдулаҳад кашида шуда буд. Мисли Шоҳин ба муҳити буғзу кинаи аҳли дарбор ва амир тоқат наоварда, ба бемории сил гирифтор гардида вафот намуд.
104 Надим — наздик ва ҳамсӯҳбати подшоҳ.
105 Дар бораи ин китоби ҷуғрофияи Гулшанӣ С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфтааст: «Содиқхоҷаи Гулшанӣ аз ҳисоб ва ҷуғрофия хабардор буд, мамлакати Бухороро сар то сар масоҳат карда, ба забони форсӣ ҷуғрофияи муфассале навишта буд. Мусаввадаи ин китобро баъд аз вафоти Гулшанӣ аз ворисонаш Насруллои қушбегӣ гирифт. Ҳамоно дар соли 1918 талаф шудааст, ки ҳоло дар миён нест». («Намунаи адабиёти тоҷик», саҳ. 461).
106 Муаллиф рисолаи таърихии Аҳмади Донишро дар назар дорад, ки «Тарҷимаи холи амирони Бухорои шариф» ё «Таърихча» номида мешавад. Ниг. Аҳмади Дониш, Асарҳои мунтахаб, 1959.
107 «Таърихи амирони манғит» — асари таърихии С. Айнӣ мебошад, ки номи он «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» буда, дар соли 1923 дар Тошканд чоп шудааст.
108 Қозӣ Қурбонхони Фитрат (соли вафот 1887-88) — аз шоирони нимаи дуюми асри XIX тоҷик аст. Фитрат ба дарбори амир наздик буда, бештар ба иҷрои вазифаи қозигӣ маъмур буд. Мазмуни идеявии шеърҳои ӯ ҳарчанд баланд набошад хам, забони назмаш хеле сода аст.
109 Мирзо Содиқи Муншӣ — бародари Мирзо Азими Сомӣ, аз ҷумлаи шоирони охири асри XVIII ва аввали асри XIX мебошад. Мирзо Содиқ аз муншӣ (котиб)-ҳои дарбор буда, дар шеър пайрави Бедил буд. Баъзе асарҳои дар таърих низ дорад, ки «Дахмаи шоҳон» нотамом монда буд ва додараш Мирзо Азими Сомӣ онро ба охир расондааст.
110 Зикри қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир (1809-1885) дар қисми якуми «Ёддоштҳо» гузашт. Ниг. боби «Рӯди нави Шофирком», саҳ. 50.
111 Очор — шираи ангури пӯсида ва умуман туршӣ.
112 Дашти Карбало — номи даштест дар атрофи шаҳри Карбало, ки дар Байнаннаҳрайн (Месопотамия) воқеъ аст. Аҳли шиа Карбалоро шаҳри муқаддас ва зиёратгоҳ медонанд, зеро дар наздикии он Имом Ҳусайн кушта шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат шиаҳоеро, ки оромгоҳи Имом Ҳусайнро «зиёрат» карда бошанд, карбалоӣ мегӯянд.
113 Кеҳону меҳон — хурдону калонон, табақаи боло ва табақаи поён.
114 Насақ — роҳ, усул, тарз.
115 Шаҳррӯд — ҷӯйбори асосии шаҳри Бухоро, ки аз он ҷо об тақсим карда мешавад, ҳавзу ҷӯйҳои шаҳр ва заминҳои атроф бо об таъмин мегардад.
116 Гумоштаи сиёсии давлати Россия — «Агентии сиёсии императории Россия» дар назар дошта шудааст, ки онро аҳли Бухоро консулхона низ мегуфтанд. Ин агентӣ соли 1885дар Бухоро (дар Когони ҳозира) аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ташкил карда шуда буд. Ин агентӣ дар байни Петербург ва генерал-губернатории Туркистон, аз як тараф, ва аморати Бухоро, аз тарафи дигар, идорае буд, ки масъалаи робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ҳал мекард.
117 Воқеаи Колесов — ин воқеа бо номи Колесов, ки ӯ дар солҳои револютсия раиси Совети Комиссарони Халқии Туркистон буд, вобаста аст. Колесов дар охирҳои моҳи феврали соли 1918 қувваҳои ҳарбии худро аз Хӯқанд ва Самарқанд ба Когон оварда, 2-юми моҳи март бо ҳамроҳии ҷадидҳо барои сарнагун кардани ҳокимияти амир ба Бухоро ҳуҷум намуд. Вале дар натиҷаи хиёнати роҳбарони ҷадидҳо ин ҳуҷум бемуваффақиятона анҷом ёфт. Воқеаи Колесовро С. Айнӣ дар «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» батафсил нақл кардааст. Ниг. «Куллиёт», ҷилди I, саҳ. 88-90.
118 Регистон — номи яке аз бузургтарин майдонҳои Бухорост, ки дар назди Арк воқеъ мебошад.
119 Лакнат (лукнат) — гирифтани забон дар вақти гап задан.
120 Мутаассифона, ин нияти С. Айнӣ амалӣ нашуда монд.
121 Китобхонаҳои мадрасаҳои Бухоро — аз қадимзамон дар Бухоро мавҷуд будани китобхонаҳои гуногун (масалан, китобхонаи «Дорушшифо», ки махсуси китобҳои илми табиия буд ва ғайра) ва дар натиҷаи сиёсати ҷоҳилонаи амирони Бухоро тороҷ ва несту нобуд шудани ганҷинаи дастнависҳо дар асари С. Айнӣ «Бухоро инқилоби таърихи учун материаллар» тасвир ёфтааст (ниг. китоби мазкур, нашри Москва, 1926, саҳ. 11-16).
122 Як нусхаи ин сурати карикатуриро пайдо кардем, ки ҳоло дар фонди дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон (Тошканд) нигоҳ дошта мешавад.
123 Ниг. саҳ. 174-189.
124 Ниг. саҳ. 174-189. — .
125 Тахтабозӣ — яъне шоҳмотбозӣ
126 Ниг. қисми якуми «Ёддоштҳо», саҳ. 77-88.
127 Ниг. қисми якуми «Ёддоштҳо», боби «Баъд аз мактабхонӣ».
128 Ҳоло аксарияти ин китобҳои нодир, ки Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ҷамъ карда буд, дар ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи фанҳои РСС Ӯзбекистон (дар Тошканд) маҳфуз аст ва яке аз беҳтарин қисмҳои ин ганҷина мебошад.
129 Даҳяк — ҳазор адад мукофоти пулӣ барои муллобачагони пешқадами мадрасаҳои Бухоро буд, ки ҳар кадом 120 танга буд. Муллобачагони панҷ сол пеш аз тамом кардани мадраса, ба шарти хонда тавонистани китоби арабии «Ҳидоя», ба гирифтани даҳяк ҳақ пайдо мекарданд. Ниг. ҳамин ҷилди «Куллиёт», саҳ. 586-594.
130 Азбаски «Ёддоштҳо» нотамом мондааст, иштироки Мирқодир-махдум дар ҳаракатҳои револютсионӣ низ зикр нашудааст. Вале нависанда ӯро дар «Ҷавонӣ» ном мақолаи худ ёд кардааст. Вай дар он ҷо мегӯяд: «Ман дар хурдсолагиам як рафиқи шарикдарс доштам, ки ӯро Қодир-махдум меномиданд. Ӯ аз хама хурдсолтарини шарикдарсони мо бошад ҳам, дар ҳамаи корҳои инқилобӣ ва иҷтимоӣ аз ҳамаи онҳо фаъолтар буд. Дар замони истибдоди амирӣ, ки хар касро бо андак шубҳа ё баҳона ба зери теғи бедареғи ҷаллод месупурданд, ҳар кори хатарнокро ӯ адо мекард. Ӯ як хари лангро савор шуда, ё ин ки бо вуҷуди лангии пойи худ пиёда ҳар сол дар айёми тобистон дар қаламрави амир саёҳат мекард, баённома, китобчаҳои мухолифи «қонун»-и амириро (дар он вақтҳо яке аз онҳоро дар дасти касе ёбанд, ӯро бе пурсиш мекуштанд) беибо дар байни мардум паҳн мекард ва ба бесаводон хонда медод» (ниг. С. Айнӣ, «Ҷавонӣ», газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», 18 феврали 1936).
131 «Гулистони масаррат» — китобе, ки онро муаллиф — Абдураҳмони Шокир валади Ҳоҷӣ Муҳаммади Равшанхон ибни Муҳаммади Навозхон тазкира номидааст, намунаи ашъори шуарои форсизабонро аз қабили Носиралии Носир, Низомӣ, Хусрав, Ҷомӣ, Саъдӣ, Хоқонӣ, Низоми Ҳиравӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Шавкат, Махфӣ, Соиб, Мушфиқӣ ва дигарон дар бар мегирад. Дар ин тазкира боби махсуси таърихҳо низ ҳаст. Муаллиф «Гулистони масаррат»-ро дар соли 1267 ҳиҷрӣ (1852-53) ба итмом расонидааст.
132 Мирзо Мазҳарҷони Ҷонон — шоири тоҷикзабони Ҳиндустон, ки дар асри XVIII зиндагӣ кардааст (вафоташ соли 1781).
133 «Хизонаи омира» — тазкирае, ки дар соли 1175 ҳиҷрӣ (1762 милодӣ) аз ҷониби Ғулом Алихони Озоди Балгиромӣ таълиф шудааст.
134 Ниг. «Куллиёт», ч. I, саҳ. 191-199.
135 «Мухтасари виқоя» — китоби дарсии оид ба фиқҳ, ки аз асри Х1У-ум дар Осиёи Миёна хеле машҳур будааст. «Мухтасари виқоя» хулосаи «Ҳидоя» ном асари арабии Алии Марғелонӣ (вафоташ соли 1197) мебошад.
136 «Тарҷумон» — газетаи пантуркистӣ ва панисломие буд, ки аз соли 1883 сар карда ҳар ҳафта як бор дар Боғчасаройи Қрим чоп мешуд. Муҳаррири ин газета — Исмоили Ғаспарӣ илҳомбахши миллатчиёни буржуазии Қрим, Тотористон, Озарбойҷон ва ҷадидони Осиёи Миёна буд.
137 Ниг. Аҳмади Дониш, «Порчаҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ»», 1957, саҳ. 19-26.
138 Ниг. қисми Якуми «Ёддоштҳо» саҳ. 167-180.
139 Хоҷа Исмати Бухороӣ — аз шоирони машҳури асри XIV буда, калимаи «таммат» (дар навишти арабӣ) ба ҳисоби абҷад соли вафоти ӯро ифода мекунад (400+40+400=840 ҳиҷрӣ -1437 милодӣ). Мадҳияҳои Хоҷа Исмати Бухороӣ бештар ба султон Халили Темурӣ бахшида шудаанд.
140 Лосдон — зарфе, ки ба он лос гузошта мешуд; лос — торҳои абрешими хом, ки ба даруни сиёҳидон андохта мемонданд, то ки найқалам ба миқдори муайян сиёҳӣ гираду ба рӯйи коғаз начаконад.
141 Қаравулбегӣ — мансаби расмии дарборӣ буд, ки одатан ба посбонони дарбор назорат мекард.
142 Мулло Раҳмати сартарош дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» («Куллиёт», ч. VI) дар боби «Дар рӯдҳои охирине, ки дар мадрасаи Мири Араб будам» зикр шудааст ва қаҳрамони асосии ҳикояи ҳаҷвии «Зани мардгардида» мебошад.
143 Як пос — се соат; «вақте ки аз шаб як пос гузашта буд», яъне вақте ки аз намози хуфтан се соат гузашта буд.
144 Барги сабз — киноя аз тӯҳфаи хоксорона, савғотии камарзиш.
145 Малоикаи муаккал — малоикаи муҳофиз, муҳофизакунанда ва нигаҳдоранда.
146 Маҳдӣ — аз рӯйи афсонаҳои динӣ, хусусан мувофиқи ақоиди мазҳаби шиаи ислом, номи имоми дувоздаҳум аст, ки гӯё дар охирзамон аз осмон ба замин меояд.
147 Ҳавлии поёни амир — ҳавлии подшоҳӣ, ки берун аз Арк, дар тарафи шарқии он воқеъ шуда буд.
148 Настаълиқ — номи яке аз хатҳои ҳуруфоти арабию форсист, ки дар асоси хатҳои насх ва таълиқ ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи ривоятҳои анъанавӣ ихтироъкунандаи хати настаълиқ хаттоти номии Шарк Хоҷа Миралии Табрезӣ ҳисоб мешавад. Байтҳои пойин дар ҳамин хусус аст:
Настаълиқ, агар хафию ҷалӣ аст,
Возеъ-ул-асл Хоҷа Миралӣ аст.
Найи килкаш аз он шакаррез аст,
К-аслаш аз хоки поки Табрез аст.
149 Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823-1873) — шоири машҳури нимаи дуюми асри XIX, ҳаҷвнависи забардаст, устоди «Шашмақом» ва донишманди илми адвор — нотаи он замон) буд. Ниг. С. Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик», саҳ. 318-330, Савдо, «Мунтахабот», Душанбе, 1958.
150 Ширбадан — мавзеест ду километр дуртар аз Бухоро, дар тарафи шарқии он, ки дар он ҷо чорбоғи амир воқеъ буда, ҳар сол сайри наврӯзӣ барпо мегардид. Ниг. ҳамин ҷилд, боби «Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан».
151 Соиб — Мирзо Муҳаммадалии Соиб (1603-1677) аз шоирони машҳури адабиёти форсу тоҷик буда, пайрави сабки ҳиндӣ аст. Дар Эрон ва Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Назар ба баъзе маълумотҳо чанде дар Осиёи Миёна ҳам зистааст. Эҷодиёти Соиб дар Осиёи Миёна шӯҳрати тамом пайдо намуда, ба асарҳои баъзе шоирон таъсир гузоштааст.
152 Ситорамаҳхоса (дурусташ Ситораву Маҳи Хосса) — чорбоғи амир дар чоркилометрии тарафи Шимоли Бухоро, ки дар охири асри XIX бино ёфтааст. Қасре, ки дар чорбоғ ҳаст, бо услуби европоӣ сохта шуда бошад ҳам, оройиши онро меъморони халқӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла усто Ширин Муродов — академики фахрии АФ РСС Ӯзбекистон дар девори оинакории яке аз хонаҳои ин қаср аз рӯйи оина бо гулгаҷ гулбурӣ карда, санъати баланде нишон дода буд.
153 Амир дар ҳавлие меҳмон шавад, дар пеши ин ҳавлӣ базми умумӣ барпо мешуд, ки онро чавкӣ меномиданд.
154 Усто Ширин Муродов (1889-1957) меъмори машҳури Бухоро, Ходими Хизматнишондодаи санъат, академики фахрии Академияи фанҳои РСС Ӯзбекистон буд, ки аз санъати ӯ чандин ёдгорӣ боқӣ мондааст; яке аз онҳо дар Ситорамаҳхоса аст, ки дар рӯйи деворҳои оинакории хонаи калоне аз гаҷ гулбурӣ кардааст, дигаре Театри опера ва балети ба номи Навоӣ дар Тошканд мебошад, ки оройиши дохили он бо роҳбарии ӯ анҷом ёфтааст ва зебу зинати зали Бухоро дар фойеи ин театр амали вай аст. Усто Ширин барои иштирок карданаш дар сохтмони театри ба номи Навоӣ Мукофоти Давлатӣ гирифта буд. Ӯ дар шикастурехти бисёр осори меъмории замони гузашта роҳбарӣ намудааст.
155 Пушта — теппа, баландӣ, ки одатан қабристон ва мазорҳо воқеъ мешуданд.
156 Алиф, бе, се — номи ҳарфҳои якум, дуюм ва чоруми алифбои арабист. «Алиф, бе, то се» дар урфият ибораест, ки се бор такрор шудани кореро мефаҳмонад.
157 Вартишбоз — бедонабоз; вартиш(к) — бедона.
158 Бӯта — зарфе дар корхонаи рехтагарӣ, ки фулузотро ба он андохта мегудозанд; бӯтасоз — касе, ки ин гуна зарфро месозад.
159 Табли қаторак — нақорае, ки садояш бонги «ҳозир бош»-ро ифода мекард.
160 Ниг. қисми дуюми «Ёддоштҳо», боби «Дар мадрасаи Мири Араб».
161 «Таҳзиб-ус-сибён» («Тарбияи кӯдакон») — китоби дарсие буд, ки С. Айнӣ дар соли 1909 тартиб дода буд. Китоб бори аввал бо чопи сангӣ соли 1909 ва баъд соли 1917 бори дуюм дар Самарқанд нашр шуда буд. Достони «Ҳасан зад» дар маҷмӯаҳои ашъори С. Айнӣ «Ёдгорӣ» (1935) ва «Ашъори мунтахаб» (1958) низ дохил шудааст.
162 Саргардонӣ — дар ин ҷо ба маънои пулчаспонӣ дар базму тӯй.
163 Сӯмикор — музди кор.
164 Имоми Аъзам — имом Абӯҳанифа дар назар дошта шудааст, ки исми пуррааш Нӯъмон ибни Собит Абӯҳанифа буда, дар соли 699 таваллуд ёфта, дар соли 767 вафот кардааст. Азбаски Абӯҳанифа дар асл бофанда будааст, аҳли пеша — бофандагон уро пири худ мепиндоштанд. Дар байни бофандагони Бухоро ӯ ҳамчун Имоми Аъзам маъруф буд.
165 Тазкираи «Оташкада» — аз тазкираҳои муҳими адабиёти форсу тоҷик буда, дар соли 1174 ҳиҷрӣ — 1760 милодӣ аз тарафи Лутфалибеки Озари Бекдилӣ, мутахаллис ба Озар, таълиф ёфтааст. Муаллиф шоиронро аз рӯйи иқлим ва зодгоҳ тақсим кардааст ва шарҳи хол ва намунаи ашъори 842 шоирро додааст.
166 Тазкираи «Давлатшоҳӣ» — пас аз «Лубоб-ул-албоб»-и Авфии Бухороӣ муҳимтарин тазкираи адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Муаллифи он Давлатшоҳ ибни Алоуддавлаи Самарқандӣ буда, тазкираашро таҳти назорати Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар соли 892 ҳиҷрӣ — 1487 милодӣ ба итмом расондааст. Тазкираи Давлатшоҳӣ эҷодиёти 150 шоири форсу тоҷикро дар бар мегирад. Дар охири китоб Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ низ зикр ёфтаанд.
167 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Аловуддини Говҷигар».
168 «Саҳеҳи бухорӣ» — номи шаш ҷилд китоби хадис аст, ки онро «Саҳеҳ» ва «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ» низ мегӯянд ва аз тарафи Абӯабдулло Мухаммад ибни Исмоили Бухороӣ, ки дар солҳои 811-870 зиндагӣ кардааст, тартиб дода шудааст. Ба ин китоб аз ҷониби Бадриддин Маҳмуд ибни Ахмад ибни Мӯсо мутахаллис ба Айнӣ шарҳе навишта шудааст. Шореҳ худ фақеҳи маъруфи Миср буда, байни солҳои 1451-1458 вафот ёфтааст. Аз таълифоти ӯ «Табақот-ул-ҳанафия» ва «Табақот-уш-шуаро» ном китобҳо низ хеле машҳуранд.
169 Нозими Ҳиравӣ — шоири соҳибдевон ва муаллифи маснавиест, ки дар солҳои 1670/71 вафот ёфтааст ва «Юсуфу Зулайхо»-и Нозим хеле машҳур аст.
170 Ём — зарф, кӯза (масалан, кӯзаи дугӯшаи аз хум хурдтар)
171 Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389) — яке аз калонтарин шайхҳои мутасаввиф аст, ки дар асоси таълимоти ӯ дар тасаввуф шохае бо номи нақшбандия сар шудааст. Нақшбандия дар аввалҳои пайдоиши худ аз равияҳои нисбатан пешқадамтари тасаввуф буда, хусусан дар асри X V бештар тарафдор пайдо кард. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ пайрави таълимоти нақшбандия буданд. Вале дар асрҳои баъдина рӯҳониёни ислом онро барои истисмори халқ маккорона истифода карданд.
172 Исодам — яъне шахси дорои дами Исо. Мувофиқи афсонаи динӣ Исо гӯё мӯъҷизаҳо нишон медод ва аз дами худ мурдаро зинда мекард. — 226.
173 Аҳмадҷон-махдум — Аҳмадҷон-махдум Абӯсаидзодаи Ҳамдӣ (1884-1946) — аз нахустин намояндагони адабиёти советии тоҷик буда, чунонки С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст, «аз куҳансолони инқилобчиёни Бухоро ва аз ҷумлаи роҳбарони эшон аст». Ашъори шоир дар рӯзнома ва маҷаллаҳои солҳои 20-30 нашр ёфтаанд. «Гулдастаи дунё» ном маҷмӯаи шоир дар соли 1937 ба табъ расидааст. «Каримбой дар хонаи худо» — достончаи ҳаҷвии шоир яке аз беҳтарин асарҳои ӯст.
174 Хушбахтона, яке аз ин нусхаҳо талаф нашуда будааст, ки ба наздикӣ аз ганҷинаи дастнависҳои Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ёфт шуд ва дар ганҷинаи мазкур дар таҳти рақами 1247 маҳфуз аст.
175 Қорӣ Абдулмаҷиди Зӯфунун — ниг. ҳамин ҷилд, қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ».
176 Домулло Икромча — аз ҷумлаи мударрисони машҳури Бухорои охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX буда, доир ба баъзе аз илмҳои расмӣ, ки дар мадраса таҳсил мешуданд, чанд рисола таълиф кардааст. С. Айнӣ дар назди ӯ дарс хонда буд ва дар «Ёддоштҳо» бо номҳои «Домулло Икром», «Ҳоҷӣ Икром» ва «Ҳоҷӣ домулло Икром» низ зикр намудааст. Хусусан дар боби «Гирифтор шуданам ба доми амир Абдулаҳад ва зуд халос шуданам аз вай» ба домулло Икромча баҳои баланд додааст. (Ниг. ҳамин ҷилд, саҳ. 578-579). Вақте ки дар Бухоро мактаби усули нав кушода шуд, домулло Икромча муфтӣ буд ва ба кушодани мактаби нав фатво дод. Бо ин гуноҳ дар соли 1917 бо зану фарзандонаш ба Ғузор бадарға гардид. Писари домулло Икромча — Мирзо Насрулло бо гуноҳи ҷадидӣ дар моҳи апрели соли 1917 ҳамроҳи С. Айнӣ ба ҷазои 75 дарра гирифтор шуда, аз зарби он вафот намуд. (Ниг. С. Айнӣ, Бухоро инқилоби таърихи учун материаллар, Москва, 1926, саҳ. 183-188 ва «Куллиёт», ҷилди 1, саҳ. 73, 82-87).
177 Абдураҳмон-махдуми Рафтор — зикри ӯ дар қисми чоруми «Ёддоштҳо», дар шарҳи воқеаи аробакаш ва сангсор шудани ӯ муфассал гузаштааст. Ниг. ҳамин ҷилд, аз боби «Ҷанги муллоён бо аробакаш» то боби «Қарори маҳкама ва сангсор шудани аробакаш».
178 Қиём-махдум — ниг. қисми чоруми «Ёддоштҳо», бобҳои «Ҷанги муллоён бо аробакаш», «Интизорӣ ба сангсор шудани аробакаш», «Хабари Ҷабраил дар бораи кори аробакаш».
179 Ҷунбул-махдум — ниг. қисми чоруми «Ёддоштҳо», аз боби «Ҷанги муллоён бо аробакаш» то боби «Қарори маҳкама ва сангсор шудани аробакаш». Зикри ӯ инчунин дар повести «Ҷаллодони Бухоро», дар боби «Во шариато!» омадааст. Ниг. «Куллиёт», ҷилди 1, саҳ. 159. — 241.
180 Буқрот (Ибуқрот) — Гиппократ — ҳакими бузурги Юнони Қадим, ки дар солҳои 460-377 пеш аз милод зиндагонӣ кардааст. Буқрот яке аз саркорони илми тиб ҳисоб мешавад ва дар таърихи илми тиб таъсири фавқулоддае гузоштааст.
181 Забар, зер — аломатест дар расми навишти арабӣ, ки дар зери ҳарфи ҳамсадо мегузоранд ва ишорат бар ин аст, ки пас аз ҳамсадо як «и»-ро илова карда хондан лозим аст. Забар — аломатест, ки дар болои ҳамсадо мегузоранд ва дар хондан ба он ҳамсадо «а» илова менамоянд.
182 Тапуркулӯх бозӣ кардан — як навъи хокбозии кӯдакон аст, ки чанд нафар дар тапурхоки кӯча гирд менишинанд ва якеро дар миёнаи давра гузошта чашмашро мебанданд. Яке аз бачагон сари бачаи чашмбастаро бо ангушт черт карда, аз байни давранишастагон ҷо мегирад ва хама ба хок даст зада, чанг бароварда, кулӯх парронда, «тапуркулӯх!» гӯён фарёд мекунанд. Кӯдаки чашмбаста бояд ёбад, ки сари ӯро кӣ черт кард. Маҷози халқии «дар ҷое тапуркулӯх бозӣ кардан» аз ҳамин ҷо гирифта шудааст. «Ин фақир дар кӯчаҳои китоби «Шифо»… тапуркулӯх бозӣ кардааст» гуфтани Зарир ба ин маънист, ки аз ҷавонӣ «Шифо»-ро чандин бор сар то сар хондааст ва аз он ба хубӣ хабар дорад.
183 Илми маонӣ ва баён — илме, ки аз маънии калимаҳо ва тарзи изҳори фикр баҳс мекунад (стилистика, риторика).
184 Фиқҳ — илме, ки аз қонунҳои ҳуқуқи исломия баҳс мекунад.
185 Зарир — Мухаммад Тоҳирхоҷаи Зарири ҷӯборӣ аз шоирони Бухоро буд. Ӯ нобинои модарзод буда, дар соли 1890 вафот ёфтааст. Зарир устод ва тарбиятгари Шоҳини Кӯлобӣ аст, ки ӯро аз ёздаҳсолагӣ ба фарзандӣ кабул карда буд.
186 Қозӣ Қурбонхони шоир — ҳамон Қурбонхони Фитрат аст, ки шарҳаш дар боло гузашт; ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ», инчунин эзоҳи 108.
187 Мухторхоҷа — шарҳи аҳволи ин мударрис дар қисми чоруми «Ёддоштҳо», ба муносибати воқеаи аробакаш ва сангсор шудани ӯ пурратар гузаштааст, ниг. ҳамин ҷилд, қисми чоруми «Ёддошт ҳо», аз боби «Ҷанги муллоён бо аробакаш» то боби «Қарори маҳкама ва сангсор шудани аробакаш».
188 Абдуллохоҷаи Абдӣ (вафоташ 1922) — яке аз шоирони охири асри XIX ва ибтидои асри XX аст, ки дар ин ҳикоя ба сифати қаҳрамони ҳаҷвӣ даромадааст. Абдуллохоҷаи Абдӣ тазкирае ҳам навиштааст, ки «Тазкират-уш-шуаро»-и мутааххирини Бухоро» ном дорад. Ниг. Р. Ҳодизода, «Источники к изучению таджикской литературы второй половины XIX века», 1956, саҳ. 80-85.
189 Сайид — як гурӯҳи аҳолӣ, ки худро аз авлоди Муҳаммад пайғамбар мешуморанд.
190 Сомониён — сулолаи ҳокимони Мовароуннаҳр (875-999), ки дар ин сарзамин нахустин давлати тоҷиконро ташкил кардаанд. Саркардаи ин сулола Сомон буда, охирин намояндаи он Абу Иброҳими Исмоил мебошад, ки дар соли 1005 дар ҷанги Қарохониён кушта шудааст. Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухорост. Давраи Сомониён яке аз давраҳои барҷастатарини пешрафти маданияти тореволютсионии халқи тоҷик мебошад. Устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Наршахӣ ва дигарон дар ҳамин давра зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
191 Воҷиб ва фарз — фармонҳои маҷбурии шариати ислом; суннат — корҳое, ки пайғамбари ислом мекардааст.
192 Миёнсарой — роҳрави васеи болопӯшидаи мадраса ва саройҳои калон. (Аз шарҳи С. Айнӣ дар «Ҷаллодони Бухоро», «Куллиёт», ҷилди I, саҳ. 138.) Миёнсаройи мадрасаро миёнхона низ меноманд.
193 Шиттазамин — замини лойқа, замине, ки зери об мондааст.
194 Парвардигорхӯҷа (Саидакбархоҷа) дар қисми якуми «Ёддоштҳо», боби «Дар рӯзҳои мактабхонӣ», «Хатмашқкунӣ» ва «Парвардигорхӯҷа» тасвир шудааст. Саидакбархоҷа даъвои шоирӣ хам доштааст ва тахаллусаш Акбар будааст. Садри Зиё ӯро бо ин ному тахаллусаш дар «Тазкират-ул-ҳумақо» зикр намудааст.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.