Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-3

Аҳволи тумани Шофирком баъд аз ҷорӣ шудани рӯди нав

Дар ҳамон тирамоҳе, ки рӯди нав бароварда шуд, деҳқонони тумани Шофирком аз ин комёбии худ рӯҳи нав ёфта кор сар карданд. Гандуми тирамоҳиро кишта гирифтанд, шоҳҷӯйҳоро кофта тоза карда барои кишти баҳорӣ тайёрӣ диданд. Азбаски сари рӯди нави Шофирком соз шуда, аз дарёи Зарафшон нисбат ба пештарааш зиёдтар об мегирифтагӣ шуда буд, деҳқонон бо меҳнати худ ва аз ғайри роҳбарии ҳукумати амир рӯди кӯҳнаи Шофиркомро ҳам аз рег тоза карда, дар вай ҳам аз рӯди нав об гирифтанд ва қисми калони заминҳои регпахшкардаро кушода ва обёрӣ намуда, аз сари нав ба қатори заминҳои корам дароварданд ва ба ин восита деҳқононе ҳам, ки пас аз регпахшкунӣ ба тарафҳои ҷануб кӯчида рафта буданд, баргашта ба ҷоҳои аслии худҳошон омада ба киштукор даромаданд.
Илова бар ин, деҳқонони безамин рӯди Ҷилвонро, ки дар домани чӯл буда, солҳои бисёр боз ботил ва «хушкрӯд» шуда монда буд, бо ташаббуси худ кофта, дар вай ҳам аз оби фаровони рӯди нави Шофирком об ҷорӣ карданд ва заминҳои канори Ҷилвонро, ки «чарогоҳи бегиёҳ» шуда рафта буданд, обёрӣ карда ба кор дароварданд.
Ҳамин тариқа шуда дар соли дуюми ба кор даромадани рӯди нав тумани Шофирком монанди як бӯстон обод гардид. Аммо ба ин бӯстон аз ҳама пештар чашми чуғзмонанди амир Музаффар дӯхта шуд: ӯ дар он туман Муродбек ном касеро, ки дар золимӣ ном бароварда буд, амлокдор ва Сафӣ ном муллоеро, ки бо «кордонии» худ дили амирро бурда буд, қозӣ таъин кард.
Ин ду тороҷгар бо гурӯҳи малахон — мулозимон ва шогирдпешагони худ он бӯстони навободро ба чӯлистон гардониданд: онҳо ба баҳонаи ин, ки «аҳли тумани Шофирком якчанд сол боз андози замин надодаанд» (бинобар регпахшкунӣ ва беобӣ) баъди. бо номи андоз гирифтани тамоми ҳосилоти онсола, деҳқононро қарздор ҳам карда монданд, ки бояд онҳо дар солҳои оянда аз ҳосилоти замин аз ҳама пештар он «қарз»-ро адо менамуданд.
Қозӣ Сафӣ, ки вазифаи асосиаш қозигӣ буда, бо сифати «шариатпаноҳӣ» мардумро тороҷ мекард, барои боз ҳам мақбултар гардидан дар пеши амири худ ёридиҳандаи амлокдор ҳам шуда ба майдон баромад: дар тартиби андозғундории амир одат ин буд, ки амлокдор дар мавсими ҳосилпазӣ ба сари замин рафта, андози маҳсулоти деҳқониро ба номи деҳқонон ҷинсан менавишт. Дар охири тирамоҳ — баъд аз тамом шудани мавсими ҳосилғундорӣ — қозӣ нархи хар маҳсулро аз рӯйи бозор ба амир арз мекард ва амир дар бораи бо ҳамон нархи қозӣ арз карда, аз деҳқонон рӯёнда гирифтани пули андозҳои ҷинсӣ ба амлокдор фармон мефиристод.
Қозӣ Сафӣ ана дар ҳамин маврид ёрии худро ба амлокдор ва ба он восита ба хазинаи амир нишон дод: ӯ дар вақти нархарзкунии худ ба тарзи сунъӣ нархи бозорро гарон кард, масалан, нархи як ман гандум 20 танга бошад, ба 25 танга баровард ва ҳамон нархи сохта баровардаи худро ба амир арз кард. Амир ҳам мувофиқи аризаи қозӣ дар бораи рӯёнда гирифтани пулҳои андоз фармон дод (ин кор бо намуна гирифтани аз қозӣ Сафӣ ба ҳамаи қозиҳои музофотҳои Бухоро одати умумӣ шуда рафт). Аҷобат дар ин ҷо буд, ки амир сохта будани он гуна нархҳоро равшан медонист. Бинобар ин дар ин гуна мавридҳо бешармона ба надимон ва ҳамсӯҳбатони худ мегуфтааст: «Ман дар ин гуна корҳо дар пеши худо худро гунаҳкор намедонам, ба ин корҳо рӯзи қиёмат қозиҳо ҷавоб хоҳанд дод».
Дар натиҷаи ин гуна андозғундорӣ деҳқононе, ки дар асл дар вақти андозандозӣ як бор тороҷ дида буданд, дар вақти пардохтани пули андоз тамоман хонавайрон шуданд ва маҷбур гардиданд, ки баъзеҳошон заминҳошонро бо нархи арзон ба бойҳо фурӯхта, баъзеҳошон ҳайвоноти корӣ ва асбоби хонаашонро фурӯхта пули андозро диҳанд. Ҳатто баъзе деҳқонон маҷбур шуданд, ки писару духтарҳояшонро ба бойҳо фурӯхта «қарзи ҳукумат»-ро адо намоянд, ё ин ки духтарҳояшонро бо номи «духтархона» ва писарҳояшонро бо номи «ғуломбача» ба ҳукумат ба ҷойи андоз баҳо карда диҳанд (амир Музаффар дар охирҳои умри худ аз ҳамон деҳқонбачагони ба андоз баҳо карда додашуда бо номи «ғуломбача» як дастаи сарбози махсус ташкил карда буд) ва касоне, ки бо ҳеҷ кадоми ин роҳҳо аз андози ҳукуматӣ халос шуда наметавонистанд, ба зиндон мерафтанд, ё ин ки рӯй пинҳон карда ба дуздӣ кардан маҷбур мешуданд ва ё ин ки гурехта ба Туркистони русӣ рафта дар он ҷо сарсарӣ мегаштанд.
Муродбек ва қозӣ Сафӣ канори рӯди Ҷилвони навободро ҳам ором нагузоштанд: деҳқонони дар он ҷо киштукоркунанда тамоман бе ҳайвоноти корӣ буда ва фақат бо каланду бел заминҳои маита (мурда)-ро кор карда гашта буданд. Амлокдор ба онҳо ҳам баробари заминҳои кӯҳнаобод андоз андохт. Онҳо он андозро дода натавониста аз ҳукумат қарздор шуда монданд ва маҷбур шуданд бо ҳезумкашӣ, ки касби асосии онҳо буд, «қарзи ҳукумат»- ро пеш-пеш адо кунанд. (Ман ин аҳволро дар қисми дуюми романи «Ғуломон» тасвир кардаам.) 23
Қозиҳо мувофиқи қонуни нонавиштаи амири Бухоро молҳои бесоҳибмондаро бо номи «луқата» (дар роҳ афтода монда) ба даст дароварда подшоҳӣ мекарданд. Қозӣ Сафӣ ана аз ҳамин «қонун» фоида бурда, сагони шикории худ — мулозимонашро ба канори рӯди Ҷилвон баровард, ки онҳо аз он ҷо молҳои луқата ёфта ба даст дароранд. Мулозимон бузу гӯсфанди ҳезумкашони канори Ҷилвонро, ки худ ба ҳезумкашӣ рафтанд, бо номи «моли бесоҳиб» ба қозихона ронда бурдан гирифтанд ва қозӣ он ҳайвонотро луқата мекард. Агар соҳиби он ҳайвон дар вақти ронда истодани мулозим расида меомад ҳам, моли худро аз дасти вай гирифта наметавонист, мулозим: «ман ба қозихона мебарам, ту аз дунбол гувоҳ бурда, ба шариат ороста карда, аз дасти ман мегирӣ» гӯён талаби соҳиби молро рад мекард.
Албатта, соҳиби ҳайвон ба қозихона гувоҳ бурда, ба мулозим даъвогар шуда аз вай моли худро гирифта наметавонист, чунки гувоҳҳои ӯ дар пеши қозӣ, бинобар надонистанашон фарзи айн (зарурияти динӣ)-ро, ё ин ки бо тӯҳмати «шарик буданашон бо соҳиби мол» дар сурати ҳамдеҳа ва ҳамсояи ӯ буданашон, ё худ бинобар сохта ва харида буданашон дар сурате аз деҳаи бегона буданашон аз тарафи қозии ислом рад карда мешуданд, аммо агар соҳиби мол баъд аз ба қозихона супурда шудани ҳайвонаш хабардор шавад, ба талаб кардан ва лаб кушодан ҳам ҳақ надошт, чунки дар ин сурат бояд ӯ ба қозӣ даъвогар мешуд, ки ин қатъиян мамнӯъ буд.
Дар натиҷаи ин корҳо рӯди кӯҳнаи Шофиком ва рӯди Ҷилвон дубора «хушкрӯд» шуда монданд; аз киштзорҳои рӯди нав ҳам он заминҳое, ки дар дасти деҳқонони камзамин ва миёнаҳол буданд, аз кишт монда нокорам гардиданд, ё ин ки ба дасти бойҳои серзамин гузаштанд ва оби барзиёди рӯди нави Шофирком бошад, ба кӯлҳо ва нишебиҳо рехта, он ҷоҳоро вараҷахона кард. (Рӯди кӯҳнаи Шофирком ва рӯди Ҷилвон то замонҳои охир ботил буданд, аммо баъд аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр — дар давраи ислоҳоти замин ин ду рӯд дубора кофта шуда, заминҳои атрофи худро обёрӣ карданд.) 24
Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, ки худро сабаби аз сари нав обод шудани тумани Шофирком медонист ва он ободиро аз ёдгориҳои айёми пирии худ мешумурд, ба ин ҳол тоқат карда натавонист — ӯ ба боғбоне монанд шуда монд, ки дар пеши назараш ниҳолҳои навсабзашро бурида баранд, гулбунҳояшро шикаста партоянд ва бӯстонашро подахона кунанд.
Ӯ дар натиҷаи ин корҳо на танҳо аз қозӣ Сафӣ ва Муродбек нафрат кард, балки аз амир ва мансабдории ӯ ҳам нафрат карда, бе он ки ба амир аризаи истеъфо диҳад, намойишкорона қозигии Ғиждувонро партофта ба Бухоро — ба хонаи худ рафт ва дар он ҷо якчанд рӯз хобида ғуссамарг шуда вафот намуд (Қозӣ Абдулвоҳиди Сарир аз ҳамфикрони Аҳмад Махдуми Дониш буд, аммо ӯ ғайрифаъол буда, ғазаби иҷтимоии худро изҳор карда натавонист ва монанди каҳдуд дарун-дарун сӯхта мурд).

Дар рӯзҳои мактабхонӣ

Ман воқеаи мактабхонии худро дар «Мактаби кӯҳна» ном асари худ батафсил зикр кардаам. Дар ин ҷо танҳо он воқеаҳоро ёд мекунам, ки дар он асар баён наёфтаанд, ё ин ки ба тарзи кӯтоҳ қайд шудаанд.
Чунон ки дар «Мактаби кӯҳна» гуфтаам, падарам маро дар шашсолагӣ дар мактаби пеши масҷид гузошт. Чун дар он ҷо кори ман пеш нарафт, маро ба мактаби духтаракона дод. Ин мактаб дар ҳавлии даруни хатиби 25 деҳа буда, вайро зани ӯ идора мекард. Дар он ҷо аз писарбачагон ман ва боз Абдулло ном як бачаи ғиждувонӣ буд. Азбаски Абдулло калонсолтар ва ҳам як дараҷа дағалтар буд, духтарон вайро намефоронданд ва аз муомилаҳои ӯ мекебиданд. Аммо ба ман бисёр нармона муомила мекарданд ва монанди бародари худ дӯстдорӣ менамуданд.
Дар соли дуюм, ки ман дар он ҷо мехондам, аз Работи Қазоқ ном деҳа Ҳабиба ном духтаре ба он мактаб омад. Работи Қазоқ дар ҷануби ғарбии деҳаи мо буда, дар байни ин ду деҳа тахминан як километр роҳ буд. Бинобар ин он духтарак ба хонаи худ нарафта шабу рӯз дар хонаи хатиб меистод ва бо духтари хатиб дар як хона зиндагонӣ мекард.
Ҳабиба бо духтари хатиб, ки Қутбия ном дошт, ҳамқад буда, ҳар дуи онҳо калонсолтарини духтарони он мактаб буданд. Аммо Ҳабиба аз духтари хатиб донотар, гапзантар, дар китобхонӣ устотар буд. Ӯ хат ҳам навишта метавонист. Падарам мегуфт, ки «падари Ҳабиба имоми деҳаи худ буда, аз хушсаводтарин имомҳои он давру пеш аст ва духтарашро худ савод хононда, соҳиби хату савод кардааст», аммо ӯ ҳайрон буд, ки чаро падараш вайро дар он ҷо барои хондан фиристодааст ва дар пеши зани хатиб ӯ чӣ чизи барзиёд меомӯзад? Ва инчунин падар тааҷҷуб мекард, ки бо вуҷуди ба бист даромадани ин духтар чаро падараш ӯро то ҳол ба шавҳар намедиҳад.
Ҳабиба аз ҳамаи духтарони дигар ба ман меҳрубонтар буд, ӯ сабақҳои маро ба ман ёд медод ва ба ман зочаҳо (бозичаҳо)-и хушрӯй сохта медод. Ҳарчанд ман он вақтҳо маънии шеърҳои ишқиро намефаҳмида бошам ҳам, ҳар гоҳ, ки ба ман ғазалҳои Ҳофизро меомӯхт, маъниҳои ишқии онҳоро шарҳ мекард. Сухан ба болои «ёр», «дилдор», «маъшуқа» ё «шоҳид» равад, мисол карда духтари хатибро нишон медод, агар дар байт калимаи «ошиқ», «ошуфта», «дилдода» ё «дилшуда» дида шавад, худашро мисоли он калимаҳо мешуморид.
Духтари хатиб аз ин кори ӯ зоҳиран дар хашм мешуд, пешонаи худро турш, абрувонашро чин ва чашмонашро хашмгиннамо мекард, лекин дар ҳамон вазъият дар зери лаб механдид ва «ту ҳоло нигоҳ карда ист, ин коратро ба модарам мегӯям, туро чунон зананд, ки падарат ҳаргиз туро ончунон назада бошад. Аҷаб нест, ки туро ба ин корат аз мактаб ҳам пеш кунанд» — мегуфт.
Ҳабиба дар ҷавоби ин суханони ӯ «кошки пеш кунанд» гӯён оҳе мекашид ва ин сухани ӯ ба назари кас на шӯхӣ, балки ҷиддӣ барин менамуд.
Духтарони дигар дар байни худ аз хушрӯйии Ҳабиба ва Қутбия гап мезаданд, баъзеи онҳо Ҳабибаро хушрӯйтар медонистанд ва баъзеашон Қутбияро. Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадомашон ҳеҷ кадоми инҳоро дӯст намедоштанд. Ва дар ғайби онҳо аз онҳо шикоят мекарданд: дар ҳаққи Қутбия «бадмуомила, бадгап, калонгир ва аз болои падару модараш калонӣ мекунад» — мегуфтанд. Дар ҳаққи Ҳабиба бошад, «сабук, сергап, созандаҳо барин ғазал мехонад, ба хушрӯйии худ ғарқа» — мегуфтанд.
Аммо ин гапҳои онҳо ба ман маъқул намешуд, ман ба ягон духтар бадмуомилагӣ, бадгапӣ кардани Қутбияро надида будам ва калонгариашро ҳам ҳис намекардам. Монанди созандагон ғазалхонӣ кардани Ҳабиба, ки бештар сабаби шикояти духтарони дигар мешуд, ба ман бисёр хуш меомад.
Дар вақте ки ман дар мактаб як ғазали Ҳофизро, ки бо байти зерин сар мешавад:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
мехондам, бибихалифа ба ман такрор кунонидани он ғазалро ба Ҳабиба фармуд ва худаш ба хонааш барои корҳои хонагиаш рафт.
Ҳабиба баъд аз ба ман ду-се бор хондани он ғазал, китобро ба дасташ бардошта он ғазалро чунон дилсӯзона хонд, ки дар чашмон худаш об чарх зад ва ба ман ҳам оҳанги ҳазинонаи ӯ чунон таъсир кард, ки пуштам ваҷаррос задан гирифт. Хусусан вақте ки байти зеринро мехонд:
Ҳар дам чу бевафоён натвон гирифт ёре,
Моему остонаш, то ҷон зи тан барояд.
аҳволи ӯ чунон дигаргун шуд, ки ман гумон кардам ҳамин замон беҳуш гардида бар замин хоҳад афтод. Чашмонашро пӯшид, қадаре хомӯш монд. Обе, ки дар даруни чашмаш дар вақти суруд чарх мезад, чакра-чакра шорида ба рӯяш фуромад. Баъд чашмонашро кушода ба тарафи ман як нигоҳи табассумомези шармгинонае кард. Ҳарчанд ман он вақтҳо аз ишқу муҳаббат тамоман бехабар бошам ҳам, ин ҳолати ӯ ба ман бисёр хуш омад. Инчунин инро ҳам ҳис кардам, ки ӯ дар дили худ дарде дорад ва орзу мекардам, ки «чӣ мешуд, ягон кор карда он дардро аз дили ӯ мебаровардам, ё ин ки сабуктар менамудам». Албатта, ҳеҷ кор кардан наметавонистам ва чӣ будани дарди ӯро ҳам намедонистам.
Ҳоло дар ёдам намондааст, ки ҳамон рӯз буд ё рӯзи дигар, Ҳабиба баъд аз тамомияти мактаб аз ман пурсид:
— Дар хонаҳотон гул ҳаст?
— Ҳаст! — гуфтам дар ҷавоб.
— Ба ман пагоҳонӣ як дона гули навшукуфтаи хушбӯй биёр!
— Бисёр хуб, — гуфтам ман ва ба хона равон шудам. Бо ин супориши он духтар дар дили ман хурсандие пайдо шуда буд ва худ ба худ фикр мекардам: «Шояд бо он гуле, ки ман хоҳам овард, дарди дили ӯ бартараф шавад, ё сабук гардад ва он орзуе, ки дар вақти ғазалхонии ӯ дар дили ман гузашта буд, ба вуҷуд ояд».
Дар рӯйидаричаи мо ду гулбутта буд, ки яке гули сафед мекушод, дигаре гули гулобӣ. Ман рӯзи дигар пеш аз баромади офтоб ба пеши он гулбуттаҳо рафтам, ки барои Ҳабиба гул чинам. Ҳар дуи онҳо ҳам пур аз гулҳои навшукуфта буданд ва гули ҳар дуи онҳо ҳам хушбӯй буд. Ман дар андеша афтодам, ки аз кадоми инҳо чида барам, то ки ба ӯ хуш ояд ва барои интихоб кардани яке аз он гулҳо гулҳои ҳар дуяшро бо диққат тамошо кардам: ранги гули гулобӣ ба ранги рӯйи Ҳабиба сахт монандӣ дошт, хусусан дар он вақт, ки донаҳои шабнам ҳанӯз аз рӯйи баргҳои вай напарида буданд, ба назарам бисёр хуш ва дилкаш намуд, вай дар он вақт чунон зебо менамуд, ки рӯйи ашколуди Ҳабиба дар вақти суруди мазкур бад-он зебоӣ намуда буд.
Ман гули гулобиро барои он духтар муносиб дида, се дона аз вай чида гирифтам. Бо ҳамин «аҷаб нест, ки ба ӯ гули сафед хуш ояд» гӯён се дона аз вай ҳам гирифтам ва ба тарафи мактаб давидам. Вақте ки ба дарвозаи хатиб расидам, аз тарси он ки мабодо гулҳоро аз дастам духтарон чанг зада нагиранд, онҳоро дар зери бағалам пинҳон намудам. Чун аз дарвоза даромадам, Қутбия дар роҳрав ба ман рӯ ба рӯ омада:- Дар бағалат чист? — гуфта пурсид.
Барои сирри гулҳоро ба ӯ фош накардан:
— Китоб! — гӯён ҷавоб додам.
Лекин аз ин ҷавоби бардурӯғи худ худ тарсидам, чунки китобам дар ҷилд ва дар дастам овезон буд, ин дурӯғи тамоман рӯйрост буд. Агар ӯ ба ин дурӯғи ман пай мебурд, бағаламро кофта дида, гулҳоро гирифтанаш муқаррар буд. Ман ба фикри он ки «ӯ фаҳмид ё не» бори якум ба рӯйи вай бо диққат нигоҳ кардам. Рӯйи ӯ аз рӯйи Ҳабиба бисёр фарқ дошт: агар рӯйи Ҳабиба ба гули гулобӣ монанд бошад, рӯйи ӯ монанди гули сафед намуд. Падарам маро бисёрҳо манъ карда буд, ки аз гули гулобӣ наканам, то ки ӯ вайро ғундошта ба аттор бурда дар бадалаш гулоб гирад. Аммо ман ҳар гоҳ, ки чашми падару модарро хато мекардам, аз гулбуттаи гулобӣ гул мечидам.
Ҳар чӣ ӯ пай набурда будааст, бе он ки ба бағали ман диққат кунад, ба як даре, ки дар он тарафи вай гов мебастанд, гузашта рафт. Ман рафта ба мактабхона даромадам. Ҳанӯз ягон бача ҳам наёмада будааст ва Ҳабиба он хонаро мерӯфт.
Ман дар ду дастам ду хел гулро гирифта ба ӯ такдим кардам. Ӯ «боракалло» гӯён гулҳои гулобиро зуд аз дастам гирифта аввал бӯйид, баъд аз он ду донаи онҳоро аз пеши гӯшаш якдонагӣ аз ду тараф дар зери каллапӯшаш гузаронида монда ба оина нигоҳ кард ва як дона гули дигарро ба сари синааш бо сӯзан банд кард.
Пас аз он гулҳои сафедро аз дастам гирифта бӯйид ва чашмашро қадаре хашмолуд карда ва дасти росташро, ки дар вай гулҳои сафед буд, ба тарафи ман ҷунбиш дода бо як оҳанги норозиёна:
— Инро барои чӣ овардӣ? — гуфт.
— Шояд ба шумо ҳамин хуш ояд гуфта фикр кардам, — гуфтам дар ҷавоб.
— Ба худат кадомаш нағз менамояд — гулобиаш ё сафедаш?
— Гулобиаш!
— Чаро?
— Сабабашро намедонам, ба назарам нағз менамояд. Ҳабиба гули сафедро ба рухсорааш ниҳода аз ман пурсид: — Ба ман кадомаш мезебад — гулобиаш ё сафедаш?
— Гулобиаш, — гуфтам ман.
— Чаро?
— Чунки гулобиаш ба рӯятон ҳамранг аст.
Ӯ бо шунидани ин ҷавоби ман «о, балоча!» гӯён хандид ва маро дар бағал сахт кашида аз рӯҳоям бӯсид. Баъд аз он гули сафедро ба ман нишон дода:
— Ин ба рӯйи кӣ ҳамранг аст? — гуфта пурсид.
Ман бе ҳеҷ мулоҳиза ва бо содагии кӯдакона бо илҳоми он фикре, ки ду дақиқа пеш аз он сӯҳбат дар вақти рӯ ба рӯ омаданам бо Қутбия дар дилам гузашта буд:
— Сафедаш ба рӯйи Қутбия ойтӯтем ҳамранг аст, — гуфтам дар ҷавоб. Ин ҷавоби ман ба ӯ магар аз ҷавоби аввалиам ҳам хуштар омад, ки қаҳқосзанон хандид ва маро дубора ба оғӯш кашида сару рӯямро аз бӯсаи сероб тар кард. Баъд аз он маро сар дода:
— Ба ман нигоҳ кун, ба ягон кас ин гапҳоро нагӯй, гули гулобӣ ба рӯйи Ҳабиба ойтӯтем, гули сафед ба рӯйи Қутбия ойтӯтем ҳамранг аст, нагӯй. Агар гӯйӣ, ман аз ту бисёр хафа мешавам, — гуфт ва илова кард: — рав, дар ҷоят нишаста сабақатро хондан гир. (Ман образи Қутбияро бо номаш дар охири романи «Ғуломон» тасвир кардаам.) 26
* * *
Айёми баҳорон, вақти тутпазӣ буд, акаам бо Сайид Акбархоҷа аз Бухоро омаданд. Онҳо баъд аз якчанд рӯзи дамгирӣ монанди ҳарсола ба пеши хатиб дарс сар карданд. Сайид Акбархоҷа, ки аз калонгирӣ ба одамҳои калон базӯр гап мезад, бо ман ёри «бозӣ» шуда монд. Ӯ дар меҳмонхонаи падараш, ки ду дари вай ба тарафи чорбоғи масҷид кушода мешуд, менишаст.
Ҳар вақт, ки ман аз мактаби духтарон баромада ба тарафи ҳавлӣ меомадам, ҷеғ мезад, ба ман бозичаҳо сохта медод ва аз аҳволи мактаб ва аз чӣ гуна хондани баъзе духтарони ҳамсоя гап мепурсид. Дар ин миён аз аҳволи Ҳабиба ҳам мепурсид. Ман бо софдилии кӯдакона ба ҳамаи саволҳои ӯ ба қадри дониши худ ҷавоб медодам.
Як пагоҳонӣ, ки ман аз ҳавлӣ баромада аз пеши меҳмонхонаи Усто амак гузашта ба мактаб рафта истода будам, Сайид Акбар маро ҷеғ зад. Ӯ одатан маро дар бозгашти мактаб ҷеғ мезад, имрӯз бар хилофи одати худ дар вақти рафт ҷеғ зад. Ман ба ӯ як нигоҳ карда:
— Ба мактаб дер мешавад, — гӯён дар роҳи худ давом кардам. Аммо ӯ такрор ҷеғ зад:
— Дер намемонӣ, як даҳан гап мешунавӣ, меравӣ, — гуфт. Ман ба бозгаштан маҷбур шуда пеши ӯ омадам. Ӯ ба дастам як мактуби сарбаста дода гуфт:
— Ин хатро ба Ҳабиба деҳ ва ҷавобашро гирифта биёр. Эҳтиёт кун, ки ба ӯ хат доданатро ҳеҷ кас набинад.
Ман хатро гирифта бурдам. Албатта, ман он вақт маънӣ ва мақсади он хатро намедонистам.
Ҳамон рӯз фурсате ёфта мактубро ба Ҳабиба супурдам. Ӯ мактубро аз дастам гирифта ба тарафе рафт ва баъд аз фурсате баргашта омад. Чашмонаш аз оташи ғазаб медурахшиданд, лабонаш монанди вараҷагирифтагон меларзиданд, пӯстҳои рӯй ва атрофи чашмонаш мепариданд. Ба ман нигоҳ намекард. Лекин ман ҳанӯз чӣ будани масъаларо нафаҳмида будам ва бо нияти ӯро ба ягон кори дигар машғул карда аз фикре, ки ӯро ба ин аҳвол андохтааст, баровардан:
— Ҷавоби хатро кай навишта медиҳед? — гуфта пурсидам. Ӯ дар ҳолате, ки оташи хашми чашмонаш аз аввалӣ ҳам зиёдтар гардида буд, ба ман нигоҳ карда аз ҷояш хест ва:
— Ин ҷо биё! — гӯён маро аз дунболи худ гирифта бурд. Ӯ рост ба роҳрави ҳавлӣ рафта, аз он ҷо ба тарафи ҳавлии говбандӣ гузашт, ман ҳам аз дунболи ӯ ба он тараф гузаштам. Ӯ дар он ҷо кафшашро аз по кашида, ба саргини гов олонда ба пеши ман бо ғазаб партофт ва:
— Ана ҳамин кафшро бурда ба даҳони нависандаи ин хат зан ва «ҷавоби хататон ҳамин будааст» гӯй! — гуфт.
Албатта, ман он кафшро гирифта набурдам. Лекин дар бозгашти мактаб, дар вақте ки Сайид Акбар маро ҷеғ зада чӣ шудани хаташ ва ҷавобашро пурсид, ҳикояти «кафш»-ро гуфта додам. Сайид Акбар оташин шуд, вақте ки ӯ барои гап задан даҳон кушод, аз даҳонаш пеш аз сухан кафк мепарид. Ӯ аз шиддати ғазаб забонаш гирифта-гирифта:
— Ҳабиба-ку як духтари аҳмақи сабукпо будааст. Ту бо қиттӣ ҷонат ҳар… ки ӯ хӯрдааст, шарм накарда начакконда оварда ба рӯйи ман мезанӣ, — гӯён кашидаву кушода як торсакӣ ба рӯйи ман зад.
Ман аввал тааҷҷуб кардам, баъд оташин шудам ва баъд аз он хандаам гирифт: тааҷҷуб кардам барои ин ки ман ба бадали хизмати хатбардории худ ин гуна «музд» мегирам гуфта ҳеҷ наандешида будам; оташин шудам чунки он ҷазо тамоман ноҳақона буд: хандаам омад- чунки ӯ дар сухани худ «….ҳар фалоне, ки ӯ хӯрдааст, ту шарм накарда-начакконда оварда ба рӯйи ман мезанӣ» -гӯён худаш худашро ҳақорат карда буд.
Албатта, ман аз ӯ кинаи сахте дар дили худ гирифтам. Лекин ман аз вай ниқор гирифта наметавонистам, чунки ман як бачаи хурдсол, ӯ як ҷавони пурқуввати калонсол буд. Ночор сабр кардам, то фурсати интиқомгирӣ расад. Ин фурсат ҳам ба зудӣ расид.
* * *
Писари амаки падарам — Иброҳимхоҷа пас аз вафоти падараш дуохонӣ ва «девбандӣ»-ро дар меҳмонхонаи худ — дар хонае, ки падараш менишаст, сар карда буд.
Рӯзе ба пеши ӯ аз деҳае девонаеро оварданд. Ин девона як одами қадбаланди тануманди ришкалон буд. Умраш дар миёнаҳои 30 — 40 менамуд.
Иброҳимхоҷа ба пойи он девона ишкел андохта қуфл кард ва нӯги занҷири ишкелро аз таги синҷи меҳмонхона гузаронда ба сутуне, ки дар миёнаи он хона буд, баст. Девона дар рӯйи суффаи меҳмонхона менишаст, ё рост меистод, ба ҷойи дигаре ҳаракат карда наметавонист.
Усули дуохонии Иброҳимхоҷа барои девонаҳо, монанди усули эшонони дигар, бисёр сода буд: ӯ ба девона дар як шабу рӯз ғайр аз як порча нони қоқ, ки баробари кафи дасти одам меомад, дигар чизе барои хӯрок намедод, ғайр аз ин, ҳар рӯз ду бор — пагоҳонӣ ва бегоҳонӣ пушти девонаро бараҳна карда қамчин-корӣ мекард. Қамчинзании Иброҳимхоҷа ҳам монанди эшонони дигар ношумур ва то монда шудани дасти худаш буд.
Девона ба ҳар касе, ки ба назараш аз дур менамуд, ё аз пешаш мегузашт, зорикунон: «чӣ мешавад, ки барои худо ба ман як даҳан нон диҳетон, охир, ман ҳам бандаи худо, як ҷонзодро аз гушнагӣ куштан дуруст нест, ба ҳоли ман раҳм кунетон…» — мегуфт ва гиря мекард. Дили ман ба ҳоли ӯ бисёр месӯхт, ҳар вақт нон хӯрам, як парчаашро ба ӯ медодам, ҳар рӯз як каф ғӯлунг ё тутмавизро аз вай дареғ намедоштам.
Кам-кам девона ба ман унс гирифт. Ман аз ӯ натарсида дар пешаш менишастагӣ шудам. Ман аз ӯ ҳаракатҳои девонаворона намедидам. Фақат ӯ баъзе гапҳои ғалатӣ мезад, ки он суханони вайро аз девонагӣ зиёдтар ба шӯтқаригӣ ҳамл кардан беҳтар буд. Масалан, ӯ бисёртар рост истода ба офтоб гап мезад, халос кардани худро аз вай мепурсид ва аз ӯ зорӣ карда мепурсид, ки вайро халос карда ба пеши худ барад, то ки ин ҳам мисли ӯ дар осмон озод парида ҳамаи рӯйи заминро тамошо карда гардад. Девона як рӯз ба ман гуфт:
— Чӣ мешавад, ки ба амаки эшонат гӯйӣ, ҳеҷ набошад, рӯзе як бор маро сар диҳад. Ман чорбоғи масҷидро як гардиш карда оям. Ман қавл медиҳам, ки намегурезам ва худам омада ишкелро бо дасти худ ба поям андохта мехобам. Агар ту ҳамин некиро дар ҳаққи ман кунӣ, ман офтобро гирифта ба ту медиҳам, ки гирифта савор шуда ҳама ҷоро тамошо карда мегардӣ.
Дар ҳамин вақт назарам афтид, ки Сайид Акбархоҷа аз мадрасача баромада ба тарафи ҳавлиаш меояд. Ман дар дили худ гуфтам: «фурсати интиқом расид» ва ба девона ӯро нишон дода гуфтам:
— Эшон туро сар додан хост, аммо ҳамин одам намонд, агар ман ишкели туро кушода сар диҳам, ту рафта ҳамин одамро занӣ, чашмаш ба ҷояш меафтад, минбаъд ба баста мондани ту далолат намекунад.
— Сар деҳ, — гуфт девона дар ҳолате, ки чашмонаш монанди чашмони гурги гӯсфанддида аз оташи ғазаб шӯълавар гардида буд.
Ман ба меҳмонхона даромада нӯги занҷири ишкелро аз сутун кушода сар додам. Девона занҷирро аз таги синҷи хона кашида лӯнда карда ба даст гирифта аз ҷо хест. Ба тарафи чорбоғи масҷид нигоҳ карда қадам монд. Бо ишкел қадам мондан душвор буд ва ишкел ба тарзе зада шуда буд, ки дар қадам мондан як пой аз пойи дигар аз як ваҷаб зиёда пеш намеравад. Агар суст монад, аз назар ғоиб шуда рафтани «душман» мумкин аст. Шояд ба ҳамин мулоҳиза бошад, девона ба ҷойи қадаммонии оддӣ ҷуфтак рост кард ва дар ҳар ҷаҳидан ҳар ду пояш аз замин баробар ҷудо шуда, ду-се қадам масофаро тай кардан гирифт ва Сайид Акбар ҳанӯз ба хонаи худ нарасида ба ӯ бархӯрда ӯро бо ду дасташ аз замин баланд бардошта бар замин зад ва худаш бар синаи ӯ нишаста ӯро бо кундазону задан гирифт.
Сайид Акбархоҷа дар аввали бархӯрда аз замин бардоштани девона фарёди ҷонкоҳе бароварда:
— Девона маро кушт, халос кунетон, — гуфт ва магар беҳуш шуд, ё нафасаш ба дарун афтид, ки дигар садое набаровард. Аммо бо фарёди аввалини ӯ падараш аз ҳавлӣ ва одамони дигар аз мадрасача ва масҷид давон омада ӯро аз дасти девона халос карданд ва девонаро бурда дар ҷояш бастанд.
Ман дар он вақт хатои худро фаҳмидам, чунки агар халоскорон якчанд дақиқаи дигар дер мемонданд, Сайид Акбарро куштани девона муайян буд. Дар он вақт ниқоргирии ман ниқоргирии золимонае мешуд, ҳоло ҳам интиқом аз ҳад зиёд гирифта шуда буд. Чунонки ман аз тарси падар зарбаи аз Сайид Акбар хӯрдаамро ба касе нагуфта будам (зеро агар падарам мефаҳмид, ки дар натиҷаи хатбарӣ он зарба ба ман расидааст, аввал маро танбеҳ мекард, ки чаро мактуби як ҷавонро ба як духтари қадрас бурдаам), инчунин ҳам аз тарси падар ва ҳам аз тарси Сайид Акбар воқеаи ниқоргирии худро ҳам ба касе нагуфтам…
* * *
Усто амак ғайр аз кандакории худ, ба устохонаҳои дигар ҳам нақшҳои шинам кашида медод, аз ин ҷумла косагарон, читгарон ва гилкорон барои кори худ ба ӯ нақшаҳо фармуда мегирифтанд. Ӯ барои косагар ё читгар дар коғаз нақшаҳо мекашид ва атрофи ҳар гул ва нақшаро сӯзан мезад. Онҳо он нақшаро бурда ба рӯйи кори худ монда, аз рӯйи коғаз хокаи ангишт мезаданд ва баъд аз он коғазро аз рӯйи кор бардошта гирифта, ҷойи хокаи ангишт нишонкардаро ба тарзе, ки дар коғази нақша ишора шудааст, бо рангҳои гуногун нақш мекарданд.
Аз ҷумлаи косагарон дар деҳаи Қазокработ устое буд, ки коса ва табақҳои нақшини хеле хуб мебаровард. Ӯ барои ҳар хумдон ба Усто амак супориш дода нақшаҳои тоза ба тоза мегирифт.
Он устои косагар писаре дошт, ки тахминан 24 — 25-сола буд. Ӯ дар вақти хурдсолиаш аз дарахт ғалтида як пояш шикаста будааст ва дар натиҷаи нодуруст бастани шикастабанд пойи чапаш аз пойи росташ ду ангушт кӯтоҳ шуда монда буд. Ӯ ҳар ҳафта як бор ба пеши Усто амак омада нақшаҳо супориш карда, рӯзи дигар омада нақшаҳои тайёршударо гирифта мебурд.
Аммо дар рӯзҳои охир нақшасупоришкунии ӯ зиёд шуд, ҳар рӯз омада супориши нав медод ва баъзан шабона ин ҷо монда нақшаро тайёр кунонда саҳарӣ мебурд ва бозгашт омада боз нақшаи дигар супориш мекард.
Ҳама аз бисёр нақшасупоришкунии ӯ дар ҳайрат буданд. Усто амак мегуфт:
— Косагарони муқаррарӣ дар ҳар сол як бор барои коса як нақша ва барои табақ як нақша — ҳамагӣ ду нақшаи нав мегиранд. Косагарони номдор дар ҳар хумдон барои коса ё табақ як нақша мегиранд. Аммо ин косагари қазоқработӣ дар рӯзҳои охир чунон нақшаи нави бисёре аз ман бурд, ки қариб дар ҳар дона табақ ва ҳар дона коса як нақшаи нав мерасад. Дар ин сурат коса ва табақи сафолини ӯ аз косаву табақи чинӣ даҳ чанд қимат меафтад. Намедонам, ин усто барои чӣ ин корро мекарда бошад?
Лекин дар он рӯзҳо воқеа рӯй дод, ки аз ҳама пештар сабаби бисёр нақша супориш кардани писари косагари қазоқработиро фаҳмидам. Он воқеа ба ин тариқа рӯй дода буд: баъд аз ҳашари рӯди нави Шофирком Қурбонниёз тағоиям ба қозии Ғиждувон — қозӣ Абдулвоҳид ба кори мулозимӣ даромада буд. Дар он миён тағоии чорбозоргардам — Алихон аз Ғиждувон духтари як косагарро ба худ номзад кард. Модаркалонам ба муносибати писараш мулозими қозӣ будан хост, ки оилаи вайро ба тӯй хабар кунад. Ман ҳам, ки аз қозии мазкур илтифот дида будам, хоҳиш кардам, ки бо модаркалонам равам. Падарам розӣ шуд. Мо ба Ғиждувон рафта, дар хонаи косагар хобидем. Нимишабӣ «дузд омад» гӯён ғалоғула шуда зуд хомӯш гардид. Хурду калон ҳама аз хоб хестанд. Ҳамаи занон тарсону ларзон паст-паст бо ҳам гап мезаданд. Мардон дар ҳавлии берун буданд. Писари косагар хабар овард, ки «омадагон дузд набуда меҳмон будаанд» ва бо ин хабари худ занонро осуда кард. Пагоҳонӣ барвақт модаркалонам дастархонашро бардоронда ба қозихона рафт. Ман ҳам ба умеди дубора дидани он мӯйсафеди хушзабон аз дунболи ӯ овезон шудам. Вақте ки ба қозихона даромадем, маҳрамон дастархони модаркалонамро бардошта, ба худаш роҳбарӣ карда ӯро ба ҳавлии даруни қозӣ дароварданд. Аммо маро, бинобар писарбача буданам (ҳарчанд хурдсол бошам ҳам), «номаҳрам» гӯён ба ҳавлии дарун роҳ надоданд. Ман дар ҳавлии берун дар пеши саисхона ба девори вай пушт дода сари дупо нишаста мондам. Аз ҷое, ки ман нишаста будам, қозии пиракӣ менамуд. Ӯ дар пеши дари меҳмонхонааш нишаста мурофиа мепурсид. Аммо ӯ маро надид, ё дида бошад хам, нашинохт, агар шинохта бошад, он илтифоте, ки ман аз вай чашм доштам, ба ман накард.
Дар ин миён ба қозихона писари косагари қазоқработӣ лангон-лангон даромада омад. Дар паҳлуи ӯ як духтарак буд, ки ба сараш ҷомача дошт, ӯ домани ҷомаи косагарзодаи лангро бо дасташ маҳкам дошта мерафт. Мулозимони қозӣ ва тамошобинони кӯчагӣ ҳама ҷамъ шуда даруни қозихонаро пур карданд. Ҳама «духтари гуреза, никоҳи қозихонагӣ» гӯён бо якдигар завқкунон гап мезаданд. Ман аз ҷойи нишастагиам хеста аз қафои гурӯҳи мардум ба рӯйи суффаи пеши меҳмонхонаи қозӣ баромада бошам ҳам, чизеро дида наметавонистам, Як вақт овози қозӣ баромад:
— Духтарам, туро кӣ аз роҳ баровард?
— Маро ҳеҷ кас аз роҳ набаровардааст, ман ба ихтиёри худ ҳамин ҷавонро ба шавҳарӣ хостам, — ин овози духтар буд, ки бо ҳаяҷони гиряолуд мебаромад.
— Агар падару модарат ин коратро шунаванд, чӣ мегӯянд? Магар онҳо ба ин кори ту розӣ мешаванд? — Ин саволи дуюми қозӣ буд?
— Ҳозир падарам ҳам ҳамин ҷавон аст, модарам ҳам. Ман ба розӣ ва норозӣ шудани падару модарам кор надорам, — ин овози духтар буд, ки бо оҳанги аз аввал ҳам ҷиддитар мебаромад.
Қозӣ хутба ва никоҳ сар кард. Баъд аз хондани қисми арабии хутба ва иловаи тоҷикии он, бо забони тоҷикӣ ба писари косагар хитоб карда гуфт:
— Шумо, ки дар ҳолати оқил ва болиғ будан дар ин маҷлиси хайр ҳозир мебошед, ин духтари ҳозир истодаро бо никоҳи мусулмонӣ қабул кардед ба занӣ?
— Қабул кардам. — Ин овози писари косагари қазоқработӣ буд. Баъд аз он қозӣ ба духтар хитоб карда пурсид:
— Шумо, ки дар ҳолати оқила ва болиға будан дар ин маҷлиси хайр ҳозир мебошед, ба ин ҷавони ҳозир истода бо никоҳи мусулмонӣ тани худро ба занӣ бахшидед?
— Ҳазор бор бахшидам! — Ин овози духтар буд, ки акнун ором мебаромад ва ба гӯши ман шинос мерасид. Аммо намедонистам ин овозро аз кӣ ва дар куҷо шунидаам.
Гурӯҳи мардум ба болои косаи обе, ки одатан дар маҷлиси никоҳ мегузоранд, дар талош афтоданд. Писари косагар бо духтар аз суффаи қозӣ фуромада ба тарафи дарвоза рафтанд.
Духтар ба тарзе, ки дар вақти қозихона даромадан буд, ҳоло ҳам домани писари косагарро дошта дар паҳлуи ӯ мерафт. Ман бо ду хез аз онҳо пештар аз дарвозаи қозихона ба кӯча баромадам, то бинам, ки ин овози шинос овози кӣ буд.
Аз кӯча дубора ба тарафи дарвозаи қозихона рӯ овардам. Аммо ба чашмони худ бовар намекардам: духтаре, ки дар паҳлуи писари косагар аз қозихона мебаромад, Ҳабиба буд. Ман бо дидани ин ҳол дар ҳайрат афтода рост истода мондам, ҳатто ба Ҳабиба, ки рост аз рӯ ба рӯйи ман баромада буд, роҳ ҳам надода будам.
Ҳабиба ҳам маро дид, аммо у монанди ман дар ҳайрат наафтод — табассумкунон ба ман наздик шуда, бо сарангуштонаш ба сари ман дӯстдорона зада ба роҳ додан ишора кард, ва:
— Ҳа, балоча! Ту дар ин ҷоҳо чӣ кор мекунӣ? Аз ҳама пештар ту фаҳмидӣ-дия, ба ҳама салом гӯй, — гуфт ва арӯсу домод хушбахтона аз пеши ман гузашта ба аспе, ки дар пеши қозихона дар кӯча бастагӣ буд, савор шуда рафтанд.
Акнун ба ман маълум шуда буд, ки Ҳабиба чаро он ғазали Ҳофизро, ки бо байти зерин сар мешавад:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд… бо овози ҳазин суруда гиря мекардааст. Он духтари қаҳрамон дар шароити истибдоди феодалии асримиёнагӣ маҳз бо сахтиродагии худ ба ҳамаи монеаҳо пуштипо зада ба ҷонони худ расида буд. Аммо, ростӣ, «ҷонони» Ҳабиба ба ман мақбул нашуда буд, чунки ӯ ба замми сахт ланг будан баднамо ҳам буд, лекин ин ҳоли домод дараҷаи муҳаббат, ғайрат, вафодорӣ ва сахтиродагии духтарро боз ҳам баландтар карда нишон медод (Ман баъд аз калонсолтар шуданам никоҳи духтарони гурезаро дар қозихонаҳои Вобканд, Зандане, Ҷондор ва Қароқӯл чандин бор дидам. Бинобар ин Ҳабиба дар ин ёддошт, чунонки як номи реалӣ шуда даромад, дар айни замон ин духтар типи он духтаронест, ки ба муқобили истибдод ва шиканҷаҳои аз ҳад зиёди замони амирӣ исён ва қаҳрамонӣ нишон дода, бо дилдодагони худ мегурехтанд ва ба қозихонаҳо рафта бо овози баланд никоҳи худро талаб мекарданд).
Акнун ба ман маълум шуда буд, ки чаро писари косагар дар ҳафтаҳои охирин он қадар бисёр нақша супориш карда будааст ва албатта, барои бо духтар алоқаи пинҳонӣ бастан ба баҳонаи «нақшасупоришкунӣ» ба он ҷо бисёртар рафтуой мекардааст.
Акнун ба ман маълум шуда буд, ки дар ҳавлии падарарӯси тағоиям касоне, ки дар нимишабӣ омада аввал «дузд» гумон карда шуда, баъд аз он «меҳмон» шумурда шуданд, ҳамин домоду арӯс будаанд, ки аз Соктаре гурехта омада ба алоқаи ҳамкасабагӣ шаб ба он ҷо фуромада, баъд аз рӯз шудан ба қозихона рафта будаанд.
Инчунин акнун ба ман маълум шуда буд, ки бо вуҷуди хату саводи хуб доштани Ҳабиба чаро падараш ӯро ба мактаби бибихалифаи мо фиристода будааст. Албатта, ин кор барои бастани роҳи ишқбозии Ҳабиба бо писари косагар будааст (Ман образи Ҳабибаро дар «Дохунда» бо номи Гулнор тасвир кардаам).

Баъд аз мактабхонӣ

Ман мактабро тамом кардам. Лекин ҳанӯз савод надоштам, чизҳоеро, ки дар мактаб хонда будам ва аз ҳамон китобе, ки аз вай хонда будам, хонда метавонистам, аммо китоби нахондаамро ва чизҳои хондаамро аз китоби дигар хонда наметавонистам. Бо вуҷуди ин падарам маро дар пеши имоми деҳа ба дарсхонӣ монд. Ман дар пеши хатиби деҳа «Аввали илм» 27 ном як китобчаи тоҷикӣ, ки дар вай чизҳои динӣ ба тарзи саволу ҷавоб баён ёфтааст, сар кардам ва баъд аз тамом кардани он ки тахминан дар як моҳ ба анҷом расида буд, «Бидон» ном китобчаро сар кардам. «Бидон» дар забони тоҷикӣ буда, дар вай сарфи арабӣ баён меёфт.
Лекин ман аз ёд менамудам. Барои аз дарсе ба дарсе гузаштан шарт ҳамин буд, ки ман бояд бе ҳеҷ сактахонӣ ва забонгирӣ дарси гузаштаро дар пеши домулло хонда диҳам. Аммо аз он ибораҳои тоҷикӣ, ки бо мисолҳои арабӣ омехта буданд, чӣ фаҳмидани маро на домулло мепурсид ва на худ фаҳмидани маънии онҳоро лозим медонистам ва хол он ки аввали китобчаи «Бидон» бо калимаи «бидон!» сар мешавад. Дар рӯзи аввали сар кардани ин китоб домулло якчанд суолу ҷавобро, ки ба аввали ин дарс оид аст, ёд кунонда буд. Суоли аввал ин буд: «мусанниф чаро «бидон» гуфтаасту «бихон» нагуфтааст?» ҷавоб: «Зеро хондан лозим надорад донистанро, аммо донистан лозим дорад хонданро. Бинобар ин мусанниф «бидон» гуфтаасту «бихон» нагуфтааст».
Албатта, ман дар он вақт маънии ин суолу ҷавобро намефаҳмидам, аҷобат дар ин аст, ки он домуллои ман ҳам мақсади амалии ин суолу ҷавобро намефаҳмид, ё фаҳмад ҳам, он мақсадро ба дарсҳои ман татбиқ намуда аз «донистан» ва «надонистан»-и ман чизе намепурсид. Аз ин ҳам аҷибтар ин буд, ки падарам бо ҳамаи он диққаткориаш аз «донистан» ва «надонистан»-и он дарсҳо намепурсид. Фақат ҳар шаб маро таъкид мекард, ки дарсҳоямро шарросӣ аз ёд кунам, то ки фардо ба пеши домулло шарманда нашавам. Баъзан падар дарсҳоямро аз ёд хононда гӯш мекард. Агар бурро ва бе ғалат хонам «боракалло, дарсҳоятро ҳамеша ана ҳамин тарз аз ёд кун!», мегуфт.
Дар ҳамаи он дарсхониҳо ва мактабхониҳо танҳо ду чиз ба ман хуб таъсир карда буд: яке аз инҳо «ҳисоби абҷад» 28 буд, ки чунончи дар «Мактаби кӯҳна» 29 тафсил додаам, он ҳисобро падарам ба ман дар вақти абҷадхониам ёд дода буд. Ман ба асоси он қоида ҳарфҳои арабиро такрор ба такрор ҳисоб мекардам ва бо рақамҳои нӯҳгонаи ҳиндӣ (арабӣ) ва сифр (нол) навишта ҷамъ менамудам ва аз ин кор завқ мегирифтам.
Дуюм, аз хондани шеърҳои тоҷикӣ завқ мегирифтам, ҳарчанд дар он вақтҳо маънии он шеърҳоро пурра нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман бисёр маъқул шуда буд ва ғазалҳоеро, ки аз ёд карда будам, дар танҳоӣ замзама мекардам ва завқам боло мерафт. Хусусан он шеърҳое, ки Ҳабиба маънии ишқии онҳоро ба ман фаҳмонда ва махсусан он ғазалҳое, ки он духтар дар мактаб бо овози ҳазин «монанди созандагон» хонда буд, ба ман бисёр таъсир мекарданд. Дар вақте ки ман он ғазалҳоро дубора мехондам, ҳамон ҳолати Ҳабиба ба пеши чашмам омада маро ба як кайфияти маҳзунонаи гуворо меандохт ва дар паси он воқеаи ба «ҷонон расидани ҷони Ҳабиба» ба ёдам меомад, ҳайкали он духтари парипайкари нозукандом ба назарам ба шакли як қаҳрамони афсонавӣ муҷассам мегардид ва ин ҳолат ба дилам чунон таъсир мекард, ки дар сарам савдои он гуна қаҳрамон шудан, «даст аз талаб надоштан» меафтод.
Ман мехостам, ки маънии пурраи ҳамаи байтҳоеро, ки медонистам ё мешунидам, фаҳмида гирам. Дар ин бора ягона ёрирасони ман падарам буд, падарам дар ин хусус ба суолҳои ман пурра ва фаҳмонда ҷавоб медод. Аммо, вақте ки суол дар бораи маъниҳои ишқии шеърҳо мерафт, пешонаашро турш карда, ба абрувонаш чин оварда: «ҳоло ба ту барои фаҳмидани ин гуна чизҳо вақт нарасидааст, калонтар шавӣ, мефаҳмӣ, меравӣ» мегуфт.
Ман он вақтҳо намедонистам, ки дар диёри мо шоирҳо ҳастанд, ақидаи ман ин буд, ки «барои шеър гуфтан «валӣ» будан лозим аст, дар замони мо, ки «охирзамон» аст, «валӣ» шудан мумкин нест, бинобар ин шеър гуфтан ҳам мумкин нест».
Ин ақида ба ман аз бибихалифа — муаллимаи мактаби духтарон талқин шуда буд. Аммо дар он вақтҳо ҳодисае рӯй дод, ки ин ақидаи ман зеру забар шуд ва ман дар замони мо ҳам мумкин будани шеъргӯйиро фаҳмидам.
Он ҳодиса ба ин тариқа рӯй дода буд: рӯзе падарам барои намози пешин ба масҷид рафт ва зуд баргашта омада дар роҳрави ҳавлӣ истода маро ҷеғ зад ва «зуд биё» гӯён шитобкорона баргашта рафт. Ман ҳам аз дунболи ӯ давидам. Ӯ дар ҳавлии берун маро бардошта ба болои девори похсаи пастак, ки ҳавлии моро аз чорбоғи масҷид ҷудо мекард, гузошта ва худ ба паси девор истода ба ман гуфт:
— Ҳозир аз мадрасача домуллои акаат мебарояд, нигоҳ карда исто, ман ӯро ба ту нишон медиҳам.
Дере нагузашта аз мадрасача ду кас баромад, яке аз онҳо хатиби деҳа буд, ки ман дар пеши ӯ дарс мехондам ва дар паҳлуи ӯ як одами миёнақади хушкбадани сабзиначеҳрае меомад, ки риши миёнаи сафедшуда дошт, ба сараш як саллачаи сафеди хурд ва ба танаш як яктаҳи сафед буд.
Падар ана ҳамин одамро ба ман нишон дода:
— Ҳамин кас аст домуллои акаат, — гуфт ва илова намуд, ки одами бисёр калон, олими гузаро, донишманди бузург ва шоири забардаст аст. Ман ба ин тавсифи падарам шубҳа карда пурсидам:
— Шумо ин касро «одами бисёр калон ва олими гузаро» гуфтед ва ҳол он ки қади ин кас он қадар баланд не ва саллаашон ҳам аз саллаи имоми мо хурд аст-ку?
— Калонии одам бо қаду қоматаш ва олимии ӯ бо саллааш муайян намешавад, — гуфт падарам дар ҷавоб ва илова намуд: — бисёртарини муллоҳои камилм саллаҳошонро калон мебанданд, ки авом онҳоро дида фиреб хӯрад ва муллои калон донад. Аммо одами доно ва муллои дуруст саллаашро хурд мебандад ва калонии ин гуна олимро илму донишаш нишон медиҳад.
Ман то он вақт «шеър» ва маънии вайро донам ҳам, калимаи «шоир»-ро нахустин бор мешунидам. Бинобар ин аз падар пурсидам:
— Шумо ин касро «шоир» гуфтед, ин чӣ маънӣ дорад?
— Шоир касеро мегӯянд, ки, — гуфт падарам, — аз дили худ шеър бароварда гӯяд.
Ман мехостам чӣ гуна шеър гуфтани он касро пурсам, лекин ин муяссар нашуд — магар вақти намози пешин расида будааст, ки падарам маро аз девор фуроварда монд ва шояд ӯ суоли дар дили ман омадаро ҳис карда бошад, ки:
— Ҳоло хона рав. Ман баъди аз намоз омаданам шеърҳои он касро ба ту хонда медиҳам, — гуфт ва худ ба тарафи масҷид нигоҳ карда давон рафт.
Падарам аз масҷид омада маро ба хона даровард ва аз тоқчаи хона як китобро гирифт, ки дар вай бо хати худаш чизҳои гуногун навиштагӣ буд. Дар пушти он китоб дар пасу пеши якчанд варақ ба шакли уреб ду-се ғазал навишта шуда будааст.
Онҳоро ба ман нишон дода:
— Ана ҳаминҳо ғазалҳои домуллои акаат, — гуфт ва ба хондани онҳо даромад. Он ғазалҳоро ягон-ягон хонда маънии баъзе байтҳои онҳоро (ки назар ба ақидаи худаш шояд фаҳмидани онҳо барои ман фоиданок ё безарар бошад) шарҳ дод. Дар охири ҳар кадоми он ғазалҳо калимаи «Исо» буд. Падарам он калимаро ба ман нишон дода:
— Исо номи ҳамин кас аст ва номи худро тахаллус қарор додааст, — гуфт ва дар радифи яке аз он ғазалҳо калимаи «қашшоқӣ» буд, аз он ғазал байти зеринро:
Зи умрам сӣ гузашту ман ҳамон дар қайди ифлосам,
Ба панҷоҳу чиҳил шояд раҳам аз шасти қашшоқӣ такрор хонда:
— Исо ин ғазали худро дар вақти сисолагиаш гуфтааст ва умед кардааст, ки «дар чиҳилу панҷоҳсолагӣ шояд аз шасти қашшоқӣ раҳоӣ ёбад». Лекин афсӯс, ки дар чиҳилу панҷоҳсолагӣ он тараф истад, ҳоло, ки умраш аз шаст гузаштааст, ҳанӯз ҳам «аз шасти қашшоқӣ раҳоӣ наёфт», бо дарсгӯйии бемадраса, бо китобати китобҳо умр мегузаронад, — гуфт ва сухани худро ранги умумӣ дода илова намуд:
— Зотан, одамони донишманд аз байни қашшоқон мебароянд, афсӯс, ки қашшоқзодагон барои хондан имконият надоранд, бойбачагон, хусусан махдумон (писарони муллоҳои калон), бештарин аҳмақ, ё ин ки нобакор мешаванд, инҳо хонанд ҳам, бисёртаринашон ягон чиз намешаванд, агар шаванд ҳам, аксарашон одамони бад мешаванд. Бесабаб нест, ки дар китобҳо гуфтаанд: «илм дар дасти одами бад шамшери буррандаест дар дасти одами маст…».
Падарам хомӯш монда дар хаёл фурӯ рафт ва дар ҳолате, ки дар пешонааш осори андӯҳ пайдо гардида буд, оҳе кашида гуфт:
— Ман ҳам мадрасаро агар тамом мекардам, аҷаб набуд, ки ягон чиз мешудам. Афсӯс, ки ҳамин қашшоқии сабилмонда ба ман имкон надод. Ту хон, бо ҳар гуна душворӣ бошад ҳам, хон. Умедворам, ки ягон чиз шавӣ, «Мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ».
Падарам аз як ғазали дигари Исо ин байтро:
То ба кай зи бекорӣ бо фасурдагӣ мурдан?
Нусхае ба каф дорӣ, ҷамъ созу аҷзо кун хонда шарҳ дода ва илова намуд:
— Дидӣ, ки ин одам чӣ қадар доност: бекориро баробари мурдан мешуморад, ҳар чӣ бошад, ягон кор кун мегӯяд. Баъд аз он падарам аз тоқчаи хона ду-се варақ коғази парешонро кашида гирифта, онҳоро такурӯй карда байти зеринро ёфта хонд:
Ба дӯши таваккул манеҳ бори худро!
Валинеъмати хеш дон кори худро!
— Мебинӣ, ки одамони калон чӣ гуна ба якдигар ҳамфикранд. Бобо Соиб (падарам Соиби Исфаҳониро бисёр дӯст медошт, шеърҳои ӯро, чунонки бачагон наботро макида мазакунон мехӯрда бошанд, лаззат гирифта мехонд ва аз рӯйи эҳтиром ӯро «Бобо Соиб» мегуфт), ки 250 сол пеш аз замони мо гузаштааст ва Исо, ки одами замони мост, ба як мазмун гап мезананд ва мардумро аз таваккул ва аз бекорӣ ба тарафи кор мекашанд. (Ин сӯҳбат барои ҳаёт ва фикри ман таъсири бузург кард, чунонки саллаҳои калони олимтарошонро бад медидагӣ шудам, инчунин аз бекорӣ ҳам нафрат мекардагӣ гардидам.)
Ман дар натиҷаи ин сӯҳбат донистам, ки дар замони мо ҳам шоир шудан мумкин будааст.
Акнун як шубҳаи дигар монда буд: «оё барои шоир шудан валӣ — соҳибкаромот будан шарт набудааст, ё ин ки Исо валӣ будааст».
Барои ҳалли ин шубҳа аз падар пурсидам:
— Магар барои шоир шудан валӣ будан шарт нест?
— Албатта шарт нест, — гуфт ӯ ва илова кард: — Ман ҳам дар таърихи айвони масҷидамон, ки ҳамин сол Усто амакат (Ҳидоятхоҷа) сохт, як таърихи шеърӣ гуфтаам, — гуфта порчаи зеринро хонд:
Ҳидоятхоҷа — он устои моҳир,
Ки бошад дар ҳунармандӣ ягона.
Ба соли «мурғ» ин айвон бино кард,
Бидеҳ бар мурғи ӯ ту обу дона? — ва эзоҳ дод: — «мурғ» дар ҳисоби абҷад 1240 мебарояд, агар ба вай «обу дона», ки 63 мебошад, дода шавад, 1303 мебарояд, ки таърихи ҳичрии ҳамин сол аст. Ман, ки ҳисоби абҷадро медонистам, ҳисоб карда дидам, ҳақиқатан 1303 баромад.
Ман дар натиҷаи ин сӯҳбат на танҳо аз ин хурсанд шудам, ки падарам шеър гуфта метавонистааст, инчунин ман аз ин ҷиҳат ҳам хурсанд шудам, ки дар бораи имконияти шоир шудан бе «валӣ» будан дар дили ман ҳеҷ шубҳае намонда буд, чунки «валӣ» набудани падари худро медонистам.
Ман хостам, ки шеърҳои дигари падарамро ҳам шунавам ва илтимос кардам, ки байтҳои дигарашро ҳам барои ман хонад. Ӯ гуфт:
— Ман шоир нестам. Одам бо як байт-ду байт гуфтан шоир намешавад, ҳар касе, ки андаке шуур дорад, метавонад як байт-ду байт гӯяд. Дар асл решаи калимаи «шеър» ва «шуур» як аст.
Аммо барои шоир шудан инҳо кифоя намекунад. Шоир бояд Исо барин, Бобо Соиб барин, Ҳофиз барин дар ҳар маврид шеърҳои хуб гуфта тавонад.
Азбаски падарам аз шоирони замон ғайр аз Исо каси дигарро ном нагирифт, ман гумон кардам, ки ӯ бояд ягона шоири замони мо бошад. Барои фаҳмидани дуруст ё нодуруст будани ин гумони худ пурсидам:
— Дар замони мо ғайр аз Исо шоир ҳаст?
— Албатта, ҳаст, — гуфт падарам, — ва бисёр аст. Яке аз шоирони хуби замони мо қозии Ғиждувон аст. Ман бо шунидани ин сухан афсӯс хӯрдам, ки чанд сол пеш ба сӯҳбати ӯ расида аз ӯ илтифот дида бошам ҳам, дар он вақт шоир будани ӯро намедонистам, дар ин вақт дар дилам гузашт, ки ман ҳам шоир шуда метавониста бошам ё не? Албатта, ба ин суоли дарунии худ худам ҷавоб дода наметавонистам, бинобар ин ин суолро ба падар додам.
Ӯ гуфт:
— Шоир шуданат .мумкин аст, лекин барои ин шеърҳои шоирони калонро бисёртар хонданат, ёд карданат ва навишта гирифтанат ва бо шоирҳои калон ҳамсӯҳбат шуда, аз онҳо омӯхтанат лозим аст. Ҳоло ки ту хурдсол ҳастӣ, вазифаи ту дарс хондан, шеър хондан, шеър ёд кардан ва шеър навишта гирифтан аст. Ҳоло ба фикри шеъргӯйӣ худро овора накун.
Аз ғайри тавсияи падарам ҳам ман шеър хонданро дӯст медоштам, аммо китобҳоро дуруст хонда наметавонистам. Аммо навиштан барои ман ҳеҷ мумкин набуд, чунки ман ғайр аз рақами нӯҳгонаи ҳисоб, ки дар абҷадхонӣ аз падар омӯхта будам, ягон ҳарфро навишта наметавонистам ва ночор роҳи омӯзиши хатнависиро аз падар пурсидам ва ӯ ҳам мутасаддӣ шуд, ки маро хатнавис кунад ва илова кард:
— Ҳар гоҳ хатнависиро ёд гирӣ, саводат ҳам пухта мешавад ва ҳар чизро хонда метавонистагӣ мешавӣ.
Ман дар худи ҳамон маҷлис аз шеърҳои Исо якчанд байтро, ки ба худам хуш омада буданд, ёд карда гирифтам. Ду байт аз онҳо ин буд:
…Дил ба як адо шокир, ҷон ба сад ҷафо собир,
Эй ғурури ноз охир, андаке мадоро кун!
Он баҳори ноз омад, дидаи тараб бикшо!
Барг-барги ин гулшан назри он кафи по кун!
(Ман дар саҳифаҳои 418 — 428 «Намунаи адабиёти тоҷик» намунаҳои шеъри Исоро бо мухтасари тарҷимаи ҳолаш нақл кардаам).

Хатмашқкунӣ

Вақте ки ман аз падар илтимос намудам, ки хатнависиро ба ман омӯзад, ӯ гуфт:
— Хати ман бад аст, агар дар пеши ман хат машқ кунӣ, бадхат мешавӣ. Сабр кун, Сайид Акбар аз шаҳр ояд (ин кас дар Бухоро бо акаи ман мехонд), ӯ хушхат аст, дар пеши ӯ машқ хоҳӣ кард…
Асари зарбаи торсакии Сайид Акбар аз гӯшу рӯям кайҳо рафта бошад хам, таъсири он зарба ҳанӯз аз дилам нарафта буд. Дар пеши чунин одам хат машқкуниро дилам намехост. Лекин ман фикр кардам: «аввал он ки барои омӯхтани ягон ҳунар баъзе ногувориҳоро бардоштан лозим аст; дуюм он ки ҳарчанд ба воситаи девона ҳам бошад, ман аз вай интиқоми худро барзиёд гирифтаам. Боз барои чӣ кинаи ӯро дар дил нигоҳ дорам?» Ман бо ҳамин мулоҳиза таклифи падарро бо хурсандӣ қабул кардам.
Падарам дар бораи тайёр намудани асбоби хатнависии ман гуфт:
«Қалам — чӯбу сиёҳӣ — обу коғаз — хоку мистар — хас,
Ба ин асбоби нолоиқ чӣ гуна хат нависад кас?» гуфтаанд. Бинобар ин пеш аз сар кардани хатмашқкунӣ асбоби хатнависии туро тайёр кардан зарур аст.
Падарам ба ҳамин мақсад як рӯзи бозори Ғиждувон, ки худ ба Маҳаллаи Боло рафтагор буд, маро ҳамроҳи худ то бозор гирифта бурд ва дар он ҷо ба ман як қаламдон, ду найқалам, як қаламтарош, як қаламқат 30, як ҷузъгири мешигӣ, як бандча лос 31 ва чор тахта коғази машқии хӯқандӣ харида дод ва маро ба тарафи Соктаре гусел карда, худ ба тарафи Маҳаллаи Боло рафт.
Ман ба хари бехӯрҷин савор шуда, қаламдонро, ки ҳамаи асбобҳояш дар дарунаш буд, ба ҷузъгир ва коғаз ба тарзи лӯла печонда, ба пеши худ гирифта аз бозор баромадам ва дар ҳолате, ки хурсандии маро поёне набуд, ба роҳ даромадам.
Аммо ин хурсандии ман дароз накашид.
Вақте ки ман аз даҳанаи бозори Ғиждувон баромадам, тӯқуми хар пеш рафт. Дар он ҷо барои дуруст кардани тӯқум аз хар фуромадан даркор шуд. Дар он ҷо ба тарафи дасти чапи роҳ як деворчаи пастак буд, дар пеши вай аз хар фуромада, бастаи асбоби хатнависиро бар болои он деворча монда барои кушодани айил даст дароз карда будам, ки қаламдон аз даруни баста шорида баромада шилтӣ карда ба он тарафи деворча, ба даруни ҷӯй афтод.
Ман бедиққатона бастаро каҷ монда будаам, ки қаламдони шаффоф аз байни коғази лӯлапеч кардашудаи шаффоф ғежида баромада ба тарафи ҷӯй шорида рафтааст.
Ман тӯқуми харро ба ҳоли худаш гузошта аз болои деворча сар хам карда нигоҳ кардам. Дар ҷӯй об набуд ва қаламдон ҳам дар он ҷо наменамуд. Лекин дар он ҷо дар даруни ҷӯй як чоҳи хандақмонанди дарозшакл канда будаанд, ки қаламдонам — қаламдони ҷоноҷонам дар даруни он чоҳ ғалтидааст.
Ман ҳеҷ имконе надоштам, ки даруни чоҳ даромада қаламдони худро гирифта барорам, ночор монанди модарони фарзандмурда, ки дар сари қабри ӯ нишаста зор-зор мегирянд, бар лаби чоҳ нишаста бо «ҳой-ҳой» ба гиря даромадам.
Як роҳгузар пешам омада сабаби гиряамро пурсид. Ман ҳиққосзанон воқеаи қаламдонро гуфта додам. Ӯ либосашро кашидан гирифта:
— Гиря накун! Бо гиряи ту қаламдон аз чоҳ намебарояд, ман бароварда медиҳам, — гуфт.
Ман қадаре ором гирифтам. Ӯ ҷома, салла ва кафшашро кашида бар болои деворча монда тани бакурта ба сари чоҳ рафт ва ба пиллапояҳое, ки дар вақти кандани чоҳ дар ду тарафи деворааш шикофта монда будаанд, по ниҳода ба даруни чоҳ фуромад ва дар як дақиқа қаламдонро ба нифаи эзораш банд карда бароварда дод.
Акнун хурсандии маро поёне набуд. Дар як рӯз, балки дар як соат як қаламдон маро ду бор аз ҳад зиёд хурсанд карда буд. Ман аз падарам ба сабаби ба як танга (15 тин) харида додани ин қаламдон чӣ қадар хурсанд шуда бошам, аз ин одами ношинос аз вай зиёдтар хурсанд ва миннатдор шуда будам. Зеро касе, ки ба ман ин қаламдонро харида дода буд, падари ман буд.
Ман ҳақ доштам, ки ҳар чизро ва аз ин ҷумла қаламдонро аз вай талаб кунам. Аммо ин одам ба ман ҳеҷ алоқа надошт, ҳатто як шиноси кӯчагӣ ҳам набуд. Бо вуҷуди ин, ин хама некиро кард.
Ман бо вуҷуди хурдсолӣ инҳоро мефаҳмидам ва бо ҳиссиёти миннатдорӣ ба ҳаяҷон омада будам. Ҳайфо, аз хурдсолӣ намедонистам, ки ба ӯ чӣ гуна изҳори миннатдорӣ кардан даркор аст ва намедонистам, ки ин ҳиссиёти худро баён намоям. Танҳо чашмони навакак бо андӯҳи бепоён гиристаистодаи худро бо остин пок карда, ба он одам табассумкунон менигаристам ва ҳис мекардам, ки на танҳо лабонам, ҳатто чашмонам ҳам бо ҳиссиёти миннатдорӣ табассумкунон медурахшанд.
Қаламдон дар даруни об зарари ҷиддие надида буд, танҳо аз як тарафаш рӯйи нохун барин ҷояш пӯстмол рафта буд, ҳатто ба дарунаш ҳам об надаромада буд. Вақте ки ба падари худ ин воқеаро нақл карда ба зарар надидани қаламдон тааҷҷуби худро изҳор намудам, ӯ гуфт:
— Ин қаламдон кори Миродили саҳҳоф аст (Миродил падари Қорӣ Ибод буд, ки қории мазкур дар шӯъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи Давлатии Ӯзбекистон дар Тошканд кор мекард ва дар соли 1944 вафот намуд). Миродил аз ҳунармандтарини саҳҳофон аст. Ӯ ҳарчанд коғазпорчаҳоро бо ширеш бо ҳам часпонда қаламдон месозад, чунон ҳунар ба кор мебарад, ки монанди чӯб сахт ва обногузар мешавад. Коғази рӯяшро аз коғази равғании Самарқанд мекунад, ки ин коғаз обу намро ба худ намегирад. Он пӯстмоле ҳам, ки бар рӯйи вай рафтааст, аз об нест, маълум мешавад, ки дар даруни чоҳ дар лаби оби вай чӯб ё санги нӯгтезе будааст, ки қаламдон дар вақти дар чоҳ афтодан аввал ба вай бархӯрда зада шудааст.
Сайид Акбар аз Бухоро омад. Ман дар пеши ӯ хатмашқкуниро сар кардам. Ӯ мувофиқи одати муаллимони хат якчанд ҳарфи арабиро бо қалами ҷалӣ 32 дар як коғаз калон-калон навишта дод. Дар вақти навиштани ин ҳарфҳо маълум шуд, ки ӯ дар майданависӣ хати хоное дошта бошад ҳам, дар ҷалинависӣ бадхат будааст. Ва ҳол он ки барои навмашқон сармашқҳои хушхати ҷалӣ-калон лозим аст ва низ муаллим бояд тарзи навиштани он ҳарфро ба шогирд амалан нишон диҳад.
Муаллими ман кашиш ва доманаҳои ҳарфҳои калонро каҷу килеб карда навишт ва баъд аз он ҷоҳои аз қоида берун баромадани онҳоро ба нӯги қаламтарош аз дандонҳояш оҳор тарошида гирифта молид, пас аз он бо нӯги қаламтарош онҳоро аз рӯйи коғаз тарошида гирифт, ки бо он оҳор ҷоҳои барзиёди ҳарфҳо ҳам тарошида шуданд. Баъд аз он бо нӯги қалам аз рӯйи қоида ҷоҳои холимондаи ҳарфҳоро сиёҳӣ пур кард. Ба ҳамин тариқа як сархате ба вуҷуд омад, ки вайро ҳар кас бинад, муаллимро айб карда наметавонист.
Сайид Акбар он сархатро ба ман супурда фармуд:
— Ба хона рафта ин ҳарфҳоро чунон машқ кун, ки хатат монанди хати ман шавад. Баъд аз он дар коғази ҷудогона мисли ҳамин сархат навишта фардо пеши ман биёр, ман мебинам, агар дуруст навишта бошӣ, боз машқ мефармоям.
Ман сархатро гирифта ба хона омадам. Бе ҳеҷ гуна машқ ба даст қалам гирифта бо дастҳои ларзон он ҳарфҳоро дар коғазе сархатвор навиштам. Аммо он ҳарфҳо чунон каҷу килеб ва баднамо буданд, ки аз «ҳарф» зиёдтар ба сиёҳии ба рӯйи коғаз пошхӯрда монандӣ доштанд.
Лекин ман барои ин ҳеҷ гам нахӯрдам ва монанди муаллими худ бо нӯги қаламтарош аз дандонам оҳор тарошида гирифтам ва пас аз он ҷоҳои холимондаи ҳарфҳоро монанди муаллими худ сиёҳӣ пур кардам. Дар натиҷа ҳарфҳои шинохташуданӣ ба вуҷуд омаданд.
Вақте ки ман ин машқи аввалини худро ба падар нишон додам, ӯ таҳсин кард, чунки ӯ аз сохтакории ман бехабар буд. Тааҷҷуб дар он ҷост, ки чун фардо хати худро бурда ба муаллим нишон додам, ӯ ҳам таҳсин кард; ҳеҷ гумон накард, ки ман аз вай пеш аз омӯхтани хатнависӣ сохтакориро омӯхтаам ва ӯ маро дар рӯзи дуюм ба сархати дуюм гузаронид. Ба ҳамин тариқа ман дар андак вақт муфрадот (танҳо-танҳо) навиштани ҳарфҳоро тамом карда, ба мураккабот (пайваста)-нависӣ гузаштам.
Дар вақти сар кардани мураккаботнависӣ муаллим байти зеринро ба тарзи сармашқ навишта дод:
Чун фароғат зи муфрадот омад,
Вақти машки мураккабот омад.
Азбаски муаллим мураккаботро бо қалами майда навишт, ба чирки дандон корфармойӣ эҳтиёҷ пайдо накард. Аммо ман, ки дастам ҳеҷ машқ надида буд, маҷбур шудам, ки дар мураккаботнависӣ хам ҳамон сохтакориро кор фармоям.
Ман машқи хатро тамом кардам, мақсади асосӣ ва аввалинам аз хатнависӣ, ки навишта гирифта тавонистани баъзе шеърҳо буд, ба даст даромад. Лекин ман чунон бад менавиштам, ки хати маро ба ғайр аз худам ҳеҷ кас хонда наметавонист, ҳатто баъзе калимаҳои худ навиштаамро баъд аз чанд рӯз худам хам хонда наметавонистам.
Ҳарчанд бо гузаштани вақтҳои бисёр дар натиҷаи бисёр навиштан хатам як андоза дуруст шуда бошад ҳам, то ҳол ман бадхати гузаро ҳастам. Ин натиҷаи сохтакории муаллим аст, ки бо кирдори худ ба ман омӯхта буд.

Рӯзадорӣ ва рӯзафурӯшӣ

Моҳи рамазон дар вақти зардолупазӣ, ки ба моҳи июн рост меояд, омада буд. Рӯзҳо ба ниҳояти дарозӣ расида буданд. Дар ҳамон рӯзҳои дароз ва гарм модарам маро ба рӯза гирифтан далолат кард. Ман қабул намудам, аммо рӯз соат 10 нашуда ҳам ташнагӣ ва ҳам гушнагӣ ба ман зӯр оварданд. Аз модарам пурсидам, ки рухсат диҳад, то ки ман обе нӯшида ва ноне хӯрда осуда шавам. Қабул накард:
— Ҳар кас рӯзаро хӯрад, гунаҳгор мешавад ва дар дӯзах месӯзад, — гуфт.
— Чанд рӯзи рамазон гузашт, ки ман рӯза нагирифтаам. Пас маълум мешавад, ки ман дар оташи дӯзах хоҳам сӯхт. Модом ки месӯхта бошам, сӯхтан гирам. Як рӯз аз дӯзах халос шуда чӣ кор мекунам, — гӯён ман дубора талаб кардам, ки барои рӯзахӯрӣ рухсат диҳад.
— Вақте ки ту дар саҳар нияти рӯзадорӣ накарда бошӣ, азбаски хурдсол ҳастӣ, рӯза хӯрда гардӣ, зарар намекунад. Ин саҳар, ки нияти рӯза доштан кардӣ, агар рӯзаро хӯрда ниятатро шиканӣ, гунаҳкор мешавӣ, — гуфт модарам дар ҷавоби баҳсрасонии ман.
Ман боз як соати дигар сабр кардам, аммо ҳеҷ тоқатам намонд. Кому забонам то лабонам карахш бастанд, дар меъдаам як нооромии ногуворе пайдо шуд, гӯё дар он ҷо як кирми оташини гуруснае бошад, ки обу нон мехоҳад ва агар талаби ӯро бар ҷо наёрам, гӯё маро сӯхта маҳв мекарда бошад.
Дар ҳамин ҳолати тангии ман буд, ки падарам аз сари дӯкони бофандагии худ хеста пеши модарам омада аз вай нойча талаб кард ва рангу рӯйи беморонаи маро дида аз ман ҳолпурсӣ намуд.
Ман ба ӯ қиссаи рӯзадории худро ҳикоя карда, суханҳои модарамро нақл намудам. Ӯ хандид ва ба модарам нигоҳ карда гуфт:
— Ҳоло ки ин ба балоғат нарасидааст, ягон таклифи шаръӣ ба гарданаш бор намешавад. Шариатро ки намедонӣ, чаро бачаро аз номи шариат азоб медиҳӣ, зуд ба ӯ ягон чиз деҳ, ки хӯрад!
Ман ҳамон рӯз аз ҳаррӯза зиёдтар чиз хӯрдам, чунки баробари шикам чашмам ҳам гушна монда буд. Дар натиҷаи бисёр чиз хӯрдан ва хусусан ба сабаби зардолуро аз ҳад зиёд хӯрдан ҳамон шаб бемор шудам. Аммо модарам ин бемориро аз «касофати рӯзахӯрӣ» медонист, лекин ин ақидаи худро аз тарс ба падарам изҳор намекард.
Бо ин қадар модарам аз ман даст накашид ва кӯшиш мекард, ки ҳеҷ набошад, се рӯз маро рӯза доронад, то ки одат кунам ва дар калонсолӣ рӯзахӯр нашавам. Аммо ман дигар ба гапи ӯ гӯш надодам.
Охир модарам ҳилае ёфт, ки ман ба рӯзадорӣ гардан додам. ин ҳила сайри Дарвешобод буд: он вақтҳо ҳар сол дар моҳи мизон (аз 23-юми сентябр то 23-юми октябр) дар Дарвешобод ном маҳаллаи Ғиждувон ҳафтае якрӯзӣ чор щабу рӯз сайр мешуд. Ҳикояти ин сайр ба касоне, ки вайро надидаанд, монанди ҳикояҳои ҳазору як шаб дилкаш ва аҷиб менамуд. Ҳикоятҳое, ки дар бораи тарфбозӣ, мушакбозӣ, хартозӣ ва тагал ҷангандозии он ҷо мекарданд, монанди ҳикоятҳои деву парӣ ҳам даҳшатовар ва ҳам ҳавасангез буданд. Дар райони Ғиждувон кам кас ёфт мешуд, ки ҳеҷ набошад соле як бор рафта он сайрро тамошо накунад.
Деҳқонбачагони камбағал ҳам, ки падарҳошон барои сайр харҷӣ дода наметавонистанд, кӯшиш мекарданд, ки коре карда ду-се танга пул ёбанд, то ки ба он сайр рафта тамошо карда тавонанд: вақти сайр ки наздик шудан гирифт, пахта ва ғӯзачинӣ мекарданд, ба харбузакашонии деҳқонони бой ба мардикорӣ медаромаданд ва агар ҳеҷ кор наёбанд, аз киштзорҳо дуздӣ мекарданд ва монанди инҳо.
Ман ҳам ҳар сол ба дидани ин сайр ҳавас карда аз падар мепурсидам. Аввал ӯ он сайрро бад карда нишон медод, албатта, ӯ медонист, ки ин сухани ӯро ман бовар намекардам, баъд аз он хурдсолии маро баҳона мекард ва мегуфт:
— Ту ба танҳоӣ рафта наметавонӣ, ман бошам, намеравам, агар туро ба касе ҳамроҳ карда фиристонам, харҷ зиёд мешавад. Сабр кун, калонтар шавӣ, меравӣ, мебинӣ, орзуят мешиканад.
Модарам ана аз ҳамин ҳаваси аз ҳад зиёди ман барои рӯза дорондани ман фоида бурдан хоста ба ман гуфт:
— Агар ту се рӯз рӯза дорӣ, ба ҳар рӯз яктангагӣ ба ту медиҳам, ки се танга мешавад, бо ин пул ба Дарвешобод рафта тамошо карда омада метавонӣ.
Ман ин таклифро қабул кардам ва барои рӯзадорӣ азми ҷазме намудам. Модарам ҳамон рӯз маро ба хобидан маҷбур кард, ки шаб бедор нишаста тавонам, то ки саҳар хӯрокро дуруст хӯрам ва рӯзи ояндаро дар хоб гузаронам, ки гузаштани рӯз номаълум шавад. Азбаски худам розӣ шудам, падарам ҳам монеъ нашуд:
— Рӯза дошта тавонӣ, доштан гир, ман чӣ кор дорам, — гуфт. Шаб нахобида саҳарӣ бо падару модар хуб чиз хӯрдам. Рӯзона ҳам то гарм шудани ҳаво бо бачагони кӯча бозӣ карда гашта бедор мондам. Чун хоб ғалаба кард, ба хона омадам, ки бихобам.
Модарам дар зери зардолузор ба худаш, ҳам ба ман ҷой андохта монда будааст. Аммо ман хонаи холиро маъқул дониста ҷоямро ба хона бардошта овардам. Падарам бошад, дар рӯзҳои рамазон дар дӯконхонааш мехобид.
Ман дарҳои хонаро баста хобидам, зуд хобам бурд. Як вақт бедор шудам, ки шикамам гурусна мондааст. Боз чашмамро пӯшонда хобидан хостам, то ки гузаштани рӯзро нафаҳмам. Аммо шиками гуруснаи сабилмонда ба хобидан роҳ намедод. Хӯроки шабонаро, ки дар вақти ифтор хоҳем хӯрд, ба ёд овардам: фатири гарми равғанизардӣ, ки модарам пухтани онро ваъда карда буд ва шиннии тутӣ, ки инро модарам дар вақти тутпазӣ махсусан барои рамазон пухта монда буд, ба назарам хеле дилкаш менамуданд. Ман ин хӯрданиҳои балаззатро ба ёд меовардам, ки шиками гуруснаам шояд тасаллӣ ёбад. Лекин натиҷа баръакс шуд ва иштиҳо талаб мекард, ки ҳозир аз он чизҳо хӯрам. Аз бетоқатӣ чашмам кушода шуд ва ба девори хона назар андохтам, ки оё хурмаи шиннӣ дар ҷояш ҳаст ё не. Хурма дар ҷояш буд. Бо дидани вай иштиҳоям боз хам зиёдтар шуд. Модарам одатан хурмаи шиннии рамазонро ба девори хона ба мехи қадрас овехта мемонд, ки мӯрча зер накунад ва ҳар шаб аз вай ба қадри даркорӣ гирифта боз ба ҷояш меовехт.
Ман аз ҷо хеста ба зери хурма рафтам, аммо қадам нарасид. Ҷойи хоби худро ба он ҷо бурда, кӯрпачаҳо ва болиштро ба девор такя дода болои ҳам гузоштам ва ба болои онҳо баромада дидам, ки қадам мерасад. Баъд нондонро кушода як порча нонро бурда-бурда карда гирифтам.
Миёнамро аз рӯй баста нонпораҳоро дар бағал ҷо кардам, пас аз он ба болои кӯрпачаҳо баромада даҳанбанди хурмаро кушода бо як дастам аз мех нигоҳ дошта ва бо дасти дигарам аз бағал нон бароварда ба шиннӣ ғӯтонда хӯрдан гирифтам. Баробари холӣ шудани бағал аз нон шикам пур шуд. Даҳони хурмаро монанди аввалааш латтабанд карда, ба лаби пойгаҳ рафта бо офтоба дасту даҳонамро шустам ва ба қадри даркорӣ об ҳам нӯшидам. Пас аз он дубора ба худ ҷо паҳн карда хобидам. Маро модарам вақте бедор кард, ки қариб шом шуда буд ва ӯ дастархони ифториашро бо фатир ва шиннӣ меорост.
Ба ҳамин тариқа ман се рӯз «рӯза дошта», соҳиби се танга шудам, ки вай хароҷоти сайри Дарвешободи оянда буд.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.