Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 2-4

Одамкушӣ ва «бойбачаҳои ҷаноби олӣ»

Мо дар торикии рӯз ба Регистон расидем, азбаски ҳанӯз тамошобинон ғун нашуда буданд, ҷойи хуберо ба даст дароварда нишастем. Дар Регистон «тамошо» монанди дафъаи пештара сар шуд. Фақат соат 8 шуда бошад ҳам, занҷири болои тахтапулро намебардоштанд. Маълум буд, ки имрӯз «дарихона» намешуд. «Дарихоначиён» ҳам, ки ба давру пеши Регистон ғун шуда нигарони бар-дошта шудани занҷир буданд, умедашонро барканда ягон-ягон пароканда гар- дида ба хонаи худҳошон баргаштанд.
Ман аз Пирак пурсидам:
— Модом ки ин қадар сипоҳӣ ба даруни арк роҳ наёфта баргашта рафтанд, имрӯз дар арк хизмати инҳоро кӣ адо мекунад? ‘ Пирак хандида ҷавоб дод:
— Инҳо дар арк ҳеҷ хизмате надоранд.
— Пас чаро инҳо ба арк бо он шитоб, чобукӣ ва задухӯрд мебаромаданд? Ё магар дар ҳар бори ба арк баромадан аз амир инъоме мегиранд, ки барои вай медаванд?
— Ҳеҷ кадоми инҳо не!
— Ман намефаҳмам, — гуфтам тааҷҷубкунон, — охир, инҳо дар арк чӣ кор мекунанд ва амир ба’ инҳо чӣ кор дорад? Пирак зери лаб хандакунон гуфт:
— Чунонки он одами миёнсоли ношинос дар он дафъае, ки дар Регистон будем, гуфта буд, «ин корро ҳикмати подшоҳӣ мегӯянд» ва ақли мову ту ба маънии ин гуна «ҳикматҳо» намерасад. Чизе ки ман пурсуков карда фаҳмида гирифтам, ин аст, ки — гӯён Пирак ба эзоҳ даромад, — инҳо ба арк мебароянд. Удайчӣ ва шиғовул (ноиби удайчӣ) инҳоро мувофиқи амалашон пасу пеш карда дар роҳрави дарози саломхона то масҷиди арк нигоҳ медорад. Амир, ки ба саломхона даромада дар пеши остонаи дари болои вай нишаст, ба дарбон як ишорат мекунад. Дарбони «рамузфаҳм» ҳам маънии ишорати амирро фаҳмида «хӯш, тақсир» гӯён ба тарафи раҳрав медавад ва дар он ҷо ба удайчӣ нигоҳ карда бо овози баланд мегӯяд:
— Салом!
Удайчӣ бо шиғовул «дарихоначиён»-ро мувофиқи амалҳошон даста-даста карда бо навбат ба ҳавлии саломхона медароранд. Дар вақти ба ҳавлӣ даровардани ҳар даста удайчӣ ба тарафи дасти рости он даста ва шиғовул ба тарафи чапаш мераванд. Вақте ки даста ба ҳавлӣ даромада ба дари хонае, ки амир нишастааст, рӯ ба рӯ шуд, удайчӣ бо овози баланд ном ва амалҳои иштироккунандагони он дастаро як-як гуфта барои салом ва дуо омадани онҳоро изҳор мекунад ва удайчӣ ва шиғовул бо дастони худ аз паси сари аҳли даста зер карда онҳоро ба таъзим намудан ишорат мекунанд. Аҳли даста аввал хам шуда ва баъд аз он нишаста, чунонки намоз мехонда бошанд, ба амир бо овози баланд «Ваалайкумуссалом!» мегӯянд. Шиғовул аз ҷониби аҳли даста бо овози баланд амирро дуо мекунад ва ба ӯ муваффақият ва зафар металабад. Баъд аз он удайчӣ ба аҳли даста бо овози баланд хитоб карда: «Акнун баргаштан гиред!» — мегӯяд. Даста аз ҷо хеста пуштнокӣ роҳ рафта аз дарвозаи ҳавлии саломхона мебарояд.
Вақте ки ҳамаи дастаҳо ба ҳамин тариқа салом дода баромаданд, удайчӣ онҳоро ба ҳавлии васее, ки тахти амир дар пешгоҳи вай барпо карда шудааст, мегузаронад ва бар суффаи хиштфарши бепалос мувофиқи амалҳошон болову пойин мешинонад ва фаррошҳо бо табақҳои сафоли бесир оши палав овардан мегиранд, «дарихоначиён» ба гирифтани он табақҳои ош аз дасти фаррошон бо якдигар талош мекунанд ва ҳар кас аз ҷояш нимхез шуда, аз як лаби табақ дошта вайро ба тарафи худ мекашад ва басо мешавад, ки дар он миён табақ шикаста ва ё чаппа шуда ош ба замин мерезад…
— Магар онҳо дар умрашон ош надидаанд, ки ин қадар чашмгуруснагӣ мекунанд? — гӯён ман сухани Пиракро буридам.
— Эҳтимол таомҳое, ки ҳар рӯз дар хонаи онҳо пухта мешаванд, аз таомҳои оммавии ошхонаи амир бамаззатар бошанд, — гуфт Пирак ва давом кард, — онҳо ин корро барои ин мекунанд, ки назар ба қавли онҳо, «оши амир табаррук» будааст ва ин гуна талош карда гирифтани вай ба амир хуш меомадааст. Лекин баъд аз ба даст овардани ин оши «табаррук» касе аз вай намехӯрад, қисме аз вай дар вақти талош карда гирифтани «дарихоначиён» ба замин мерезад ва қисми дигараш ба ошхонаи подшоҳӣ баргашта рафта дар он ҷо нобуд мешавад.
Пирак дар охири сухани худ гуфт:
— «Дарихоначиён» баъд аз ошхӯрӣ ба раҳрав баромада ба лаби суффачаҳои зердеворӣ менишинанд ва агар барфу борон борад ҳам, дар хестан аз он ҷо ва ба ҷойи болопӯшидае рафтан ҳақ надоранд ва ҳар вақт ки «рухсати олӣ шуд», ба хонаи худ бармегарданд ва басо мешавад, ки ин рухсат то қариби вақти шом дер мекашад. Хуб аст, ки бо фурӯ рафтани офтоб дарвозаи арк баста шуда дигар «бе рухсати махсуси олӣ» касе ба арк на даромада метавонад ва на баромада. Вагарна мумкин буд, ки рухсати ба хонаи худҳошон баргаштани аҳди «дарихона» то нимаҳои шаб, балки то саҳар дер мекашид. Баъд аз ба Регистон саф кашидани сарбозони пиёда се касро аз раҳрави арк ба дарвоза бароварданд, ки дастони ҳамаашон ба пеш бастагӣ буд. Дар байни тамошобинон як ҳаяҷон, як ҷунбиш ва як шуввосзанӣ сар шуд. Баъзеҳо бо сарҷунбонӣ ва бо ним садои комузабонй аломати афсӯс нишон медоданд. Баъзеҳо дар ҷойи худ бесаброна ҷунбида, гоҳ ба тарафи арк ва гоҳо ба тарафи бозори ресмон нигоҳ мекарданд, маълум буд, ки инҳо ба як тамошои фавқулоддае мунтазиранд ва зудтар ба вуқӯъ омадани вайро хоҳонанд, баъзе дигарон бо ҳампаҳлуи худҳо дар бораи пешбандшудагон хунсардона гап мезаданд ва маълум буд, ки он кори шуданӣ дар назари онҳо як кори оддие барин менамуд. Аммо ба ҳама ин маълум буд, ки он се нафар дастҳошон ба пеш басташуда дар ҳамин 5-6 дақиқаи наздик кушта хоҳанд шуд. Қушбегӣ бо одати муқаррарии ҷазодиҳӣ номҳои он се нафарро ягон-ягон ба забон гирифта ва дар ҳақиқат соҳиби ҳамон номҳо ҳамон одамҳо буданро аз ҳозиристодагон пурсида ва тасдиқ кунонда ҳукми кушро ба дасти миршаб дод. Миршаб он ҳукмномаро гирифта аввал бӯсид, баъд аз он аз сараш болотар бардошт, пас аз он ба чашмонаш молид ва дар охир бӯсида ба бағали худ андохт ва бо ишорат ба одамони худ фармон дод.
Дар паҳлуи ҳар як аз кушташавандагон ду ҷаллод гузошт. Ҷаллодон одамони кӯтоҳқомат, кӯтоҳҷома буда, миёнашон аз рӯй бастагӣ, дар пояшон мӯзаи оддӣ ва бар сарашон телпакҳои ҷойдории оддӣ буд. Рангу рӯйи ин ҷаллодон гуногун бошад ҳам, чашмони ҳамаашон монанди чашмони сагони девона даҳшатангез буд ва гӯё ки дар он чашмҳо ба ҷойи сафедӣ ва сиёҳӣ хун шӯълаварӣ мекард.
Дар дасти яке аз ҳар ду нафар ҷаллод як калтакчаи сарлӯндаи кӯтохдаста буда, дар миёни дигаре корди бо банду ғилофе менамуд.
Атрофи бандиён ва ҷаллодонро шабгардони себанддор иҳота карда гирифтанд ва аз ду тарафи ин даста шогирдпешагони шамшердори қушбегӣ ва миршаб ва ясавулони чӯбдастдори амир саф кашиданд. Миршаб табарзини худро ба даст гирифта ба пеши даста гузашт ва ӯ баъди аз Тахтапул ба майдони Регистон фуромадан, гӯё ки ба пиёдагардӣ оби шикамаш кам мешуда бошад, ба асп савор шуд. Ва ҳол он ки аз Тахтапул то кушишгоҳ аз сесад қадам зиёдтар роҳ набуд.
Даста аз байни сафи сарбозон — аз ҷое, ки махсусан барои гузаштани вай кушода мондагӣ будааст, равон шуд. Мо аз байни тамошобинон як навъ карда пеш рафтем, то ки чӣ гуна шудани чеҳраи кушташавандагонро дар наздикии марг бинем. Чун ба гузаргоҳи даста наздик расида чашмамон ба рӯйи кушташавандагон афтод, ман ва Пирак қариб буд аз даҳшат беҳуш гардида ба замин ғалтем. Зеро яке аз он бандиён, ки пешопеш мебурданд, Мулло Туроб буд, дуюм Мулло Бозор ном касе буд, ки Пирак ӯро мешинохт ва ман ӯро шахсан нашиносам ҳам, кӣ будани ӯро аз Пирак шунида будам. Бандии сеюмро, ки аз ҳама қафотар мебурданд, мо шахсан намешинохтем. Лекин аз ҳикояи дирӯз аз Муроди пахтакаш шунидаам тахмин кардан мумкин буд, ки бандии сеюм Насими Хархӯр аст.
Мулло Туроб ва Мулло Бозор ба тарафи кушишхона мардона мерафтанд. Албатта, ранги рӯйи онҳо ва феълу атворашон оддӣ набуд. Рангашон парида, гунаи хокистарӣ пайдо кардагӣ буд, аммо ҳаракат ва қадаммониашон мастона менамуд. Онҳо гӯё одамони пурзӯри дарёдаркаш буданд, ки бо нӯшидани шароби бисёр аз худ нарафта ва нағалтида буданд, аммо бо зӯрии ҳамон шароб аз сар чӣ гузаронида истоданашонро муайян карда наметавонистанд ва ё монанди касоне буданд, ки воқеаҳои даҳшатангези дар хоб дидаашонро дар бедорӣ ба ёд меоранд, лекин аз вай наметарсанд, инҳо ҳам воқеаи даҳшатангези аз сар гузаронидаистодаашонро аранг-аранг мефаҳмиданд, аммо наметарсиданд, ё ин ки худро нотарс нишон додан мехостанд.
Аммо бандии сеюм, ки мо ӯро Насими Хархӯри бозорчагӣ гуфта муқаррар карда будем, пештар аз хӯрдани корди ҷаллод мурда барин шуда буд, ранги ӯ хокистарии бунафштоб менамуд ва ӯ қуввати ҳаракат ва рафтор надошт, ӯро аз ду паҳлуяш ду ҷаллод гирифта гӯё бардошта мебурда бошанд, базӯр ҳаракат мекунонданд ва қадамҳояш ба замин гоҳ мерасид ва гоҳ намерасид.
Даста ба кушишгоҳ расид. Одамони миршабу қушбегиву амир гирдогирди лойдони бозори ресмони Регистонро ҳалқавор фаро гирифтанд. Миршаб ба даруни ҳалқа даромада савора меистод. Ӯ фармони ба воситаи қушбегӣ аз амир гирифтаашро аз бағал бароварда, як бори дигар ба сараш бардошта, ба чашмонаш молида, ба лабонаш оварда бӯсида боз ба бағалаш андохт. Баъд аз он ба тарафи арк ба он даричае, ки бояд амир дар он ҷо ин манзараро тамошо карда нишаста бошад, нигоҳ карда, як таъзиме кард, ки даҳонаш ба ёли асп расид. Баъд аз он даст бардошта аз бандиён ва аз тамошобинон «дар ҳаққи ҷаноби олӣ дуо» талабид. Сарҷаллод кафи дастонашро кушода ба ҳаво бардошт, дигар ҷаллодон ва посбонон ҳам дастҳошонро ба ҳаво бардоштанд. Сарҷаллод бо овози баланд дуо кард. «Илоҳӣ ҷаноби олӣ ҷаҳонгир шаванд, теғашон бурро ва сафарашон бехатар шавад, ҳар душмане, ки ба зоти олӣ қасд кунад, паст шавад, пирҳо ёр, чорёрон мададгор, ҳазрати шоҳи мардон камарашонро банданд, омин» дастбардоштагон «омин» гӯён дастҳошонро ба рӯяшон молиданд. Баъд аз он миршаб ба тарафи ҷаллодон ишорат кард. Аввал Мулло Бозорро ба лаби чуқурӣ оварданд. Ҷаллоди калтакчадор пеш гузашта бо калтакчаи худ аз пеш ба соқҳои пойи бандӣ чунон сахт зад, ки шиқиррос зада шикастани устухонҳои по ба ҳозиристодагон шунида шуд. Бандӣ рӯ ба замин ба рӯйи лойҳои сиёҳи аз лойдон канда баровардашуда афтид. Ҷаллоди калтакчадор ба шонаи бандӣ савор шуда сари вайро ба лой сахт зер карда истод. Шабгардони себанддор бо дастони худ аз миён то пойи бандӣ зер карда истоданд.
Ҷаллоди дигар аз ғилофи ба миёнаш овехташуда кордро кашида баровард. Корд он қадар калон набуд, аз гулбанд то нӯгаш як ваҷаб дарозӣ дошт, ҳам камбари дудамаи нӯгтез буд. Ҷаллод кордашро ба гулӯгоҳи бандӣ — ба ҷое, ки ба гӯшхонааш наздик буд, халонид ва баъд аз то гулбанд фурӯ рафтани корд як бор вайро тофт ва кашида бароварда ба ҷомаи бандӣ молида пок карда ба ғилофаш тиққонид. Хун аз гулӯи мақтул фавворазанон баромада ба замин рехта ба даруни чуқурии лойдон мешорид.
Ду бандии дигарро ҳам ба ҳамин тариқа куштанд. Фақат аз гулӯи бандии сеюм, ки мо ӯро «Насими Хархӯр» мегуфтем, хун камтар баромад ва зуд бозистод.
Миршаб дар ҳаққи «ҷаноби олӣ»-аш боз як бори дигар дуо гирифта бо дастаи посбонон ва ҷаллодони худ баргашт. Тамошобинон ба ҷойи хобидаи кушташудагон наздик шуданд. Ҷасадҳои Мулло Бозор ва Мулло Туроб ҳанӯз бо шиддат ҷастухез мекарданд ва танаи Насими Хархӯр суст меҷунбид.
Дар ҳамин вақт аз тарафи ҷануби Регистон — аз тарафи Тоқи Тиргарон гурӯҳи калбачагон пайдо шуданд, ки дар дасти онҳо се дона занбар буд. Сарҳои онҳо чунон кал буданд, ки шухҳои сафедашон аз теппа то гирдогирди сарҳошонро то пеши абру ва паси сар фурӯ гирифта буданд ва бо таъбири шоири он замон — Музтариб «сари онҳо чағбут (пахтакӯҳнаи обшуста) барин менамуд».
Дар тани ин калбачагон куртаву лозимӣ набуд, фақат ба ҷойи лозимӣ як латтаи ҷиғда-ҷиғда даридаро лӯнгивор ба миёнашон печонда буданд. Дар тани ҳар кадоми онҳо як ҷомаи пора- пора дарида буд, ки аз рӯйи вай миёнашонро бо ресмон баста буданд. Ранги рӯйи тамоми баданашон номаълум буд. Азбаски ба бадани онҳо аз нӯги пой то пеши чашм хокистар часпида монда буд, чӣ ранг доштани пӯсташон маълум намешуд.
Бо намудор шудани калбачаҳо аз даҳони мардум садо баромадан гирифт.
— Бойбачаҳои ҷаноби олӣ, бойбачаҳои ҷаноби олӣ, — мегуфтанд одамони бисёре.
Онҳо ба лаби лойдони кушишгоҳ расиданд ва то ором гирифтани ҷасади кушташудагон бесаброна нигоҳ карда истоданд ва баъди аз ҷунбиш бозистодани танаи мақтулон «бойбачаҳои ҷаноби олӣ» ҳар кадом мурдаро ба занбаре андохта бардошта бурданд.
Ман сабаби «бойбачаҳои ҷаноби олӣ» номида шудани ин калбачагонро аз Пирак пурсидам.
— Сабаб ин аст, ки, — гуфт у, — амири ҳозира Абдулаҳад шоир аст. У мазмуни аз тарафи калбачагон бо занбар бардошта бурда шудани ҷасади «душманони кушташудааш»-ро дар як байти худ даровардааст ва дар он байт ба калбачагони мурдакаш изҳори муҳаббат карда аз онҳо ёрӣ хостааст. Ба ҳамин муносибат мардуми Бухоро ба ин калбачагон «бойбачагони ҷаноби олӣ» ном додаанд.
Пирак сухани худро давом дода гуфт:
— Мардумони Бухоро одамони зираканд, ҳар корро мефаҳманд ва ба ҳар чиз номи муносиб медиҳанд. Айбашон фақат дар ин аст, ки ба муқобили ин зулмҳо ҳаракате намекунанд ва ба сабаби бисёр зулм кашидан ситамкашӣ ба онҳо одат шуда мондааст, чунонки ба бангкашон ва тарёккашон кашидани ин чизҳои одамхаробкун одат шуда мемонад.
Пирак дар охири суханаш байти мазкури амир Абдулаҳадро ба тарзи зерин хонд:
.. Ба роҳат гар дучор афтад рақиби шуми бадкирдор,
Сараш аз тан чудо гардон, ҷасад болои занбар бар.
(Ин байт дар тазкираи Афзал 68, ҳам дар тазкираи Садри Зиё 69 ба номи амир навишта шудааст.)

Майдони машқи сарбоз

Мо дар зери бори гарони даҳшатовари манзари одамкушӣ ва ҷасади ҳақоратдидаи инсон монда будем. Бо маслиҳати Пирак барои қадре сабук шудан беруни шаҳр баромаданро салоҳ дидем. Пирак ба майдони берунишаҳрии машқи сарбоз рафтанро муносиб дид.
— Дар он ҷо шояд бо дидани машқҳои хандаовар ва аз шунидани «лапле-чу» ба ҷойи «на плечо» ва «наме-истӣ» ба ҷойи «на Месте» шояд дил кушода шавад, — гуфт ва илова кард, — ҳавои беруни шаҳр ҳам аз дарун бояд сабуктар бошад.
То кушта шудани одамон сарбози сешанбегӣ ҳам машқи регистонии худро тамом намуда ба майдони берун рафта буд. Мо аз Регистон бо кӯчае, ки ба дарвозаи Имом мебарояд, ба тарафи шимол равон шуда, аз гузари Мирзо Ғафур ба тарафи дасти рост — ба шарқ нигоҳ кард баргаштем. Аз чорбаққолии бозори чӯб боз ба тарафи шимол баргашта ба девори қалъа расидем. Аз он ҷо боз ба тарафи шарқ баргаштем.
Дар ин ҷо акнун ба тарафи дасти чапамон девори фарсудаи шаҳр ва дар тарафи ростамон кӯл буд. Азбаски он ҷо ҷойи чуқуртари шаҳр буд, обҳои барфу борон ва заҳобҳои шаҳр дар он ҷо ғун шуда, дар муддати чандин сол ин обгурез гандида, ранги сабзи сиёҳтоб пайдо кардааст. Ба болои ин мардум сагҳо, гурбаҳо ва харҳои мурдаро дар ин ҷо оварда партофтаанд, ки лошаҳои ин ҳайвонот ҳам ранг, ҳам бӯй ва ҳам манзараи он кӯлро нафратовартар кардаанд. Мо ба ҳамаи душвориҳо тоқат карда, ба қадри имкон чобукона роҳ рафта ба дарвозаи Самарқанд расидем. Ин дарвоза ба тарафи шимоли шаҳр нигоҳ карда кушода мешуд. Аз дарвоза баромадем. Аз он ҷо рост ба тарафи шимол як роҳи калон мерафт, ки бо вай ба Вобканду Ғиждувон рафтан мумкин буд. Ба тарафи шарқи дарвоза як роҳи калони дигар буд, ки вай равандаро ба Файзобод, Дилкушо, Ғурбун ва аз он ҷо ба Самарқанд мерасонид. Майдони Машқи Сарбоз дар байни ҳамин ду роҳ воқеъ шуда буд, ки дар тарафи шарқи ин майдон як роҳи хурдтари деҳотӣ ва дар тарафи шимолаш чорбоғҳои хусусӣ буданд.
Дар се тарафи ин майдон — дар ғарбу ҷанубу шарқаш заҳкашҳои калон кашида шуда буданд, ки бино бар ботил шуда рафтани обгурезашон дар бадбӯйӣ ва бадрангии обашон аз кӯли даруни дарвозаи Самарқанд монданӣ надоштанд. Дар тарафи ғарби майдон — баъд аз заҳкаш ва роҳ як ҳавлии амир ва дар тарафи шарқаш баъд аз заҳкаш ва роҳ Дилкушо ном чорбоғи амир воқеъ шуда буд. «Дилкушо» будани номи ин чорбоғ, ки дар чунин ҷойи бадбӯй воқеъ шуда буд, аҷиб менамуд.
Дар вақте ки мо ба майдон расидем, сарбозҳо панҷ-панҷ, даҳ-даҳ дар ҳар гӯшаи майдон мехобиданд. Саркарда ва юзбошиҳо дар тарафи шимоли майдон бар рӯйи суффае гилем паҳн карда дар он ҷо чой нӯшида, таом хӯрда, чилим кашида ва чақ-чақ карда менишастанд. Аммо аз машқ ҳеҷ дарак набуд. Зоҳиран барои ин ки сарбозҳо дар машқи Регистон ва дар роҳ рафтани дар байни Регистон ва майдон хеле монда шуда буданд, саркарда онҳоро ба дамгирӣ озод кардааст.
Мо аз ин фурсат истифода бурда ҷоҳоеро, ки сарбозон ёзида хобида буданд, гардиш карда баромадем. Дар ин гардиш диққати моро аз ҳар чиз зиёда ҳайати ин дастаи сарбозон ба худ кашид — дар ҳайати сарбозон аз бачагони даҳсола гирифта то пирони ҳафтодсола ёфт мешуданд. Дар байни онҳо пирсолони бемор ҳам буданд, ки милтиқ бардошта наметавонистанд, бинобар ин онҳо сунбаи милтиқпоккуниро ба ҷойи милтиқ бардошта ба машқ омада буданд ва дар айни замон он сунба ба он пирони бемор дар роҳ рафтан вазифаи асоиро низ адо менамуд.
Дидем, ки машқ ба зудӣ сар намешавад, мо ҳам ба тарафи шимоли майдон, ки бадбӯйиаш камтар буд, ба як девори боғ такя карда саридупо нишаста дам гирифтем. Баъд аз соате овози карнай баромад ва сарбозон аз ҷо хеста милтиқҳоро ба даст гирифта ба тарафе, ки саркарда ва командирон менишастанд, давиданд, пирон ва беморони сунбабардор ҳам аз дунболи онҳо барои чобуктар роҳ рафтан кӯшиш мекарданд. Мо ҳам ба он ҷо наздиктар рафтем.
Командирҳо сафҳои сарбозонро рост карданд ва он сафҳоро аз чор тараф рӯ ба рӯйи ҳам сохта аз одамон «чор девори» ба ҳам пайвастае оростанд, ки дар натиҷа як майдончаи чоркунҷа ба вуҷуд омад. Дастаи музикаи миллӣ-сарбозӣ дар миёнаҷойи ин майдон қарор гирифт.
Як одами баландқомати фарбеҳи ғафс, ки синнаш аз панҷоҳ болотар буда, риши ғафси зардчаи шоҳи таппонмонанд дошт, аз рӯйи суффа бархост. Дар тани ин одам кулӯчаи (китель) моҳути сурмагии бисёр аъло, бар болои китфҳояш погонҳои тилло, ба сараш телпаки савсори қиматбаҳо ва дар пояш аз рӯйи мӯзаи амрикоии локӣ чалвори моҳути сурмагии канораисурхдор буд ва бар тарафи чапи сари синааш «нишони давлатии доруссалтанаи Бухорои шариф» дурахшон менамуд. Ин одам саркардаи ҳамин дастаи шанбегӣ буд. Саркарда ба тарафи «чор девори аз одам сохташуда» равона гардид. Аз паси ӯ гурӯҳи юзбошиён (офитсерон), ки ҳама хушлибос ва погондор буданд, ба роҳ даромаданд. Аз дунболи онҳо як гурӯҳ сарбозони бе милтиқи чӯбдастдор афтоданд. Як сарбозбача, ки тахминан 16-сола менамуд, лекин либосҳои озодаи юзбошигӣ дошт, як курсиро (табуретка) гирифта давида аз саркарда пеш гузашта ба даруни «чордевор» даромад ва курсиро дар канортари он майдонча монда, худ аз майдон баромада рафт.
Саркарда ба майдонча даромада болои курсӣ нишаст, юзбошиён дар ду паҳлуи ӯ саф кашида рост истоданд, тӯдаи чӯбдастдорон дар паси сари саркарда қатор шуданд. Дар ин вақт як одами салла-ҷоманоки ришсиёҳи тахминан 40-сола, ки чинҳои рӯяш аз шастсола боло будани ӯро нишон медоданд, аз куҷо буд омада, ба майдонча даромада ба наздикии саркарда рост истод. Ин одам ҳамеша чашмонашро пӯшида, сарашро ба замин хам карда меистод. Ҷомаи рӯйи ӯ чунон дароз буд, ки ба замин мерасид ва дар вақти роҳ рафтанаш бари ҷома чунон ба поҳояш мепечид, ки бими дар роҳ ғалтида мондани ин одами мурдамонанд пайдо мешуд.
Аз рӯйи ҷомаи зерини сатини пахтадори васеъ ва дарози ин одам миёнаш бо фӯтаи сафед бастагӣ буд. Дар зери миёнбанди ин одам як қаламдон халондагӣ буда, дар дасташ як коғази лӯла печондагӣ менамуд.
Саркарда ба ин одам нигоҳ карда аз ӯ пурсид:
— Мирзо (котиб), чаро дер мондед?
Он одам, бе он ки чашмашро кушояд ва ба тарафи саркарда нигоҳ кунад, баъд аз лабони болову пойинашро ду-се бор лесидан гуфт:
— Имрӯз кӯкнорхонаи пеши ҳавлии мо бастагӣ буд, ман маҷбур шудам, ки ба кӯкнорхонаи гузари мурдашӯён равам. Дар он ҷо аз давлататон мувофиқи табъ бо ҳалқосаи (ҳалқосои) бомазза як коса оби ҳаётро нӯшида дар ҳаққи шумо ва ҷаноби олӣ дуо карда омадам. Дар роҳ чунон давидам, ки кайфи он оби ҳаёт аз сар парида рафт. Баъд аз машқ маҷбурам, ки ба кӯкнорхонаи таги дарвоза даромада боз як воя бардорам. Вагарна барои ба хона баргаштан мадор намерасад. Лекин барои ин, — нимнигохл соҳибдавлатам даркор аст.
— Хуб, — гуфт табассумкунон саркарда ба ӯ, — зудтар сар кунед! Мирзо коғази лӯламонанд печондашудаеро, ки дар даст дошт, кушода ба хондан сар кард:
— Нурбойи вағонзегӣ — гуноҳаш ин аст, ки як ҳафта ба машқ наомадааст. Як юзбошии ҷавон, ки тахминан 25-сола буда, дар тан кулӯчаи моҳути осмониранг ва аз ҳамин моҳут чалвори канораи борикдор пӯшида буд ва дар по мӯзаи локӣ ва бар сар телпаки сарбозии аз пӯсти аълои қарокӯлӣ дӯхташуда дошт ва дар китфҳояш погони калобатундӯзӣ менамуд, ба як командири худ хитоб карда: ,
— Ҷевачӣ, Нурбойро ҷеғ зан, — гуфт.
Ҷевачӣ «хӯш, тақсир» гӯён рафта аз қисми худ Нурбой ном сарбозро гирифта овард. Нурбой як одами рангкандаи миёнсол буд, ки қариб панҷоҳсола менамуд ва дар дасташ сунбаи милтиқро дошта ба вай такя карда базӯр роҳ мерафт. Ӯ омада дар рӯ ба рӯйи саркарда рост истод.
Саркарда чашмонашро калон кушода ва ба Нурбой тез-тез ваҳшиёна нигоҳ карда:
— Падарлаънат! Чаро як ҳафта ба машқ набаромадӣ? — гуфт.
— Тақсир, балои саратонро гирам. Бемор будам. Ҳанӯз беморам… Ҷевачӣ кас фиристода буданд. Аз тарс ба омадан маҷбур шудам ва базӯр омадам.
— Бисёр хуб, — гуфт саркарда бо оҳанги пичинг, — ин баҳонаат мувофиқи закун. Лекин ба бахти ту ин ҷо мамлакати урусҳо не, ки ту аз духтур испрафка гирифта аз машқ озод шудан гирӣ. Ин ҷоро «Бухорои шариф» мегӯянд. Дар ин ҷо ҷаноби олӣ ва шариат ҳукмронанд. Дар ин ҷо испрафкаи духтур ва дурӯғ ба кор намеравад.
— Каромат карданд, тақсир, — гуфт юзбошӣ ба саркарда таъзимкунон ва давом кард, — ин шӯрапушт (хулиган) дурӯғ мегӯяд. Ҳамсароёнаш «мардикорӣ карда гаштааст» — гуфтанд. Нурбой чашмашро аз саркарда канда ба чашмони юзбошӣ дӯхт. Аммо юзбошӣ ба замин нигоҳ карда монд.
— Ҷони ҷавон доред, Худоро ҳозир бинед, юзбошӣ бек, — гуфт Нурбой ба юзбошӣ. — Шумо ҳатто дар кадом сарой нишастани маро намедонед.
Саркарда ба Нурбой нигоҳ карда ба гап даромад:
— Ба ман нигоҳ карда гап зан. Дар кадом сарой менишинӣ…
— Дар саройи Таги Пушта, дар саройе, ки он ҷо гаҷкӯбӣ мекунанд, — гуфт Нурбой ва илова кард, — дар он ҷо ғайр аз ман сарбозони дигар ҳам ҳастанд. Агар сухани маро бовар накунед, аз онҳо пурсед.
Дар вақти пурсиши Нурбой дар сафи пас як сарбоз ба сарбози дигар оҳиста мегуфт: «Нурбой рост мегӯяд, бемор буд. Аммо гулӯи юзбошӣ хорид (аз вай як чиз хӯрданӣ шуд). Аммо Нурбой, ки чанд вақт боз бекор буд ва дар охир бемор шуд, ба ӯ чизе дода натавонист. Ба ин сабаб ба сари вай ин балоро овард».
Саркарда бо қӯрчии (адъютанти) худ фармуд, ки аз ҳамсароёни Нурбой ду нафарро ёфта орад. Қӯрчӣ он сарбозеро, ки дар наздикии мо суханҳои Нурбойро тасдиқ мекард ва аз қисми дигар боз як сарбози дигарро ёфта пеши саркарда овард. Он ду сарбоз дар ҷавоби пурсиши саркарда гуфтаҳои Нурбойро тасдиқ карданд.
Юзбошӣ гувоҳии он сарбозро рад карда, ба саркарда гуфт:
— Инҳо гуноҳи якдигарро мепӯшонанд. Имрӯз инҳо Нурбойро бемор ни-шон диҳанд, фардо, ки инҳо аз машқ гурехтанд, вай инҳоро бемор нишон медиҳад, забони инҳо як аст.
Яке аз он ду гувоҳ ғазаболудона ба саркарда гуфт:
— Агар мо забонамонро як карда дурӯғ гуфта бошем, дар саройи Таги Пушта гаҷкӯбҳо ҳам ҳастанд, онҳо сарбоз нестанд ва бо мо забон як накардаанд. Аз онҳо пурсед, тақсир!
Бар рӯйи саркарда оташи ғазаб пайдо шуд, сари худро қадаре хам карда истод ва баъд аз он ба юзбошӣ нигоҳ карда гуфт:
— Дар ин ҷо ғайр аз гуноҳи аз машқ гурехтани Нурбойи падарбезор, боз як гуноҳи дигар пайдо шуд, ки бо вай ҳар сеяшон баробар гунаҳгоранд…
— Каромат карданд, тақсир, — гуфт юзбошии Нурбой, бе он ки гуноҳи нави «гунаҳкорон»-ро фаҳмида бошад. Бо шунидани ин суханҳои юзбошӣ рӯйи саркарда кушода шуда, ба ӯ бо табассум нигоҳ кард ва дарҳол ба рӯяш оташи ғазаби аввалӣ давида суханашро давом дод:
— Ин се нафар забон як карда юзбошии дастаро «дурӯғгӯй» гуфтанд ва ба ман беодобона тунду тез шуда гап заданд. Бояд ҳар сеи инҳо баробар ҷазо бинанд. Саркарда, баъд аз он ки «гуноҳи он се нафар сарбозро исбот кард», сари худро пас гардонда ба сарбозони бемилтиқи чӯбдастдор ишорате намуд.
Чӯбдастдорон давида пеш гузаштанд. Ду нафар аз онҳо аввал либосҳои низомӣ — сарбозӣ, дар тани ӯ як ҷомаи чиркини даридаи серпахта ва як куртаи қаламӣ буд, ки онҳоро ҳам кашиданд. Баъд аз он ӯро бо шикамаш бар рӯйи як дуҳули (дӯли) бочкамонанд, ки дар ҳар ду тарафаш пӯст даркашида шуда буд, хобонда зер карданд.
Ду сарбози чӯбдастдор дар ду тарафи Нурбой чӯбҳошонро ба задан муҳайё карда рост истоданд. Дирижёри дастаи музика ба навохтан ишора карда, овози наю сурнаю санҷу нақора (дуҳул) ба ҳам ҷӯр шуда баланд шуд. Чӯбдастдорон ҳам ба пушти бараҳнаи Нурбой баробари баромадани садои музика ва ба вай ҳамоҳанг шуда задан гирифтанд. Садои музика гоҳо авҷ гирифта фарёди «вой, дод! Тавба кардам! Ба ҳоли беморам раҳм кунетон!» гуфтанҳои Нурбойро зер мекард ва гоҳо фарёдҳои вай боз ҳам баландтар шуда садои музикаро зер мекард. Дар ҳар ҳол ин ду садои бо ҳам мухолиф монанди ҳавои «мухолиф» ба ҳам ҷӯр шуда давом мекарданд ва усули инҳоро садои «шартошурт»-и зарбаи чӯбдастдорон нигоҳ медошт.
Ғазаби саркарда паст шудан гирифт ва барои боз ҳам чоқтар кардани димоғаш бояд бошад ба қӯрчии худ:
— Гӯй, чилим ва чой биёранд, — гуфт.
Баъд аз ду дақиқа ҳамон сарбозбачаи хушлибоси курсибардор чилим ва як сарбозбачаи дигар, ки бо ӯ ҳамқад буд ва дар хушлибосӣ ҳам бо вай баробар меомад, чойник ва пиёла бардошта ҳар ду баробар омаданд. Саркарда ва юзбошиҳо чилимкашӣ ва чойнӯширо сар карданд. Садои музика, зарбаҳои пайдарҳами чӯбҳо ва фарёди Нурбой давом мекард, фарқи ҷазодиҳии майдони Машқи Сарбоз аз ҷазодиҳии дари арк аввал дар ин буд, ки дар он ҷо агар «гунаҳгор»-ро ба болои одам хобонда зананд, дар ин ҷо бар болои дуҳули музикаи сарбозӣ хобонда мезаданд. Дуюм, агар дар он ҷо мирғазабҳо зарбаҳои худро бо овози баланд «як-ду» гӯён шумурда зананд, дар ин ҷо ношумур мезананд.
Пушти Нурбой хуншор шуд. Аммо ин хуншоршавии пӯсташ ба ӯ фоида дод: вақте ки чӯбдастдор барои боз хам сахттар кардани зарбаи худ чӯбро бо шиддат баланд мебардошт ,аз нӯги чӯб як чакра хун парида бар рӯйи зонуи саркарда афтод. Саркарда ин ҳолро дида ба занандагон:
— Бас кунед! Хуни ин касофатӣ либосамро аз кор баровард!- гуфт.
Баъд аз Нурбой ду гувоҳи ӯро ҳам ба ҳамин тартиб заданд. Мувофиқи рӯйхати мирзои кӯкнорӣ боз чанд сарбозро бо тарзи боло ҷазо доданд — баъзеи онҳо ба сабаби нарафтанашон ба бегории саркарда ё юзбошӣ, баъзеҳошон барои гапи сахт заданашон ба саркори саркарда дар вақти иҷрои бегорӣ ва монанди инҳо ҷазо диданд.
Дар охир як касро ҷазо доданд, ки «гуноҳи» ӯ диққати маро ба худ бисёр кашид. Ин Нормурод ном сарбози ҷондорӣ буд, «гуноҳи» ӯ аз рӯйи чизе, ки мирзои кӯкнорӣ дар коғази лӯлагии худ навишта монда будааст, он буд, ки у се рӯзи ҳафтаи гузашта ба бегорӣ нарафта будааст. Дар вақти пурсиш Нормурод ҷавоб дод:
— Дуруст аст, ки ман се рӯзи ҳафтаи гузашта ба бегорӣ нарафтам, чунки навбати ман набуд. Он Нормуроди ҷондорие, ки ба сабаби нарафтанаш дар бегорӣ дар дафтари мирзо номаш даромада мондааст, Нормуроди ҷондории дигар аст, на ман, гуноҳи ман ин аст, ки ман бо ӯ ҳамном ва ҳамтуман шудаам.
Саркарда аз мирзои кӯкнорӣ пурсид:
— Ба бегорӣ нарафтагӣ ин Нормуроди ҷондорӣ аст ё он?
Мирзо аввал ду-се бор сабук-сабук сурфа кард ва баъд аз он бо дастонаш гиребони ҷомаашро дуруст карда истода бо ҳамон вазъияти одатиаш чашмонашро пӯшида сарашро ба замин хам карда ҷавоб дод:
— Ман на ин Нормуродро мешиносам ва на онро, саркори чорбоғи шумо гуфт, ки «Нормуроди ҷондорӣ ном сарбоз ба бегорӣ се рӯз наомад», ман ҳам аз забони ӯ навишта мондам.
— Вай Нормуроди ҷондорӣ дар куҷост? — фарёд кард саркарда дар ҳолате, ки ин пурсишро ба кӣ доданаш маълум набуд.
Юзбошии қисм пеш омада ба саркарда ҷавоб дод:
— Ман он Нормуроди ҷондориро ба сабаби як «узри шаръӣ» (қонунӣ)-аш дар ҳафтаи гузашта 15-рӯза барои ба хонааш рафта омадан ҷавоб дода будам.
Дар сафи пас, сарбозе, вақте ки аз забони юзбошӣ «узри шаръӣ»-ро шунид, ба сарбози ҳампаҳлуи худ гуфт: «юзбошӣ агар пора гирифта ҷавоб додам» мегуфт, гапаш рост мешуд. Саркарда ба Нормурод гуфт:
— Модом, ки ҳамномат бо рухсати юзбошиаш ба хонааш рафта будааст, он Нормуроде, ки «бе узри шаръӣ» ба бегорӣ нарафтааст, худат ҳастӣ — ва ба чӯбдастон ишора кард, ки ҷазо диҳанд.
Чӯбдастон либосҳои Нурмуродро мекашиданд ва ӯ фарёд мекард, ки «Ман нестам, вай Нормурод дигар аст, номи падари ман Нуриддин аст, номи падари ӯ Шермуҳаммад аст. Агар номи тумани мо фарқ накунад ҳам, аз номи падарҳомон каси дигар будани ҳар кадоми мо маълум аст». Аммо касе ба фарёдҳои ҷонгудози ӯ гӯш надод ва ҷазо иҷро шуд. (Дар дафтарҳои подшоҳии Бухоро номи ҳар касро бе номи падараш ва бо қайд кардани туман (район)-и таваллуд ёфтааш менавиштанд.)
«Машқи сарбоз» бо ҳамин ҷазодиҳӣ тамом шуд. Мо ҳам роҳи шаҳрро пеш гирифтем. (Ман манзараи сарбозҷазодиҳии саркардагони амирро дар қисми дуюми «Дохунда», дар боби «Мусиқаи навбаромад» акс кунондаам.) Пирак дар роҳ гуфт:
— «Ман омадам ба дилхушӣ, аз пешам баромад ғӯзакашӣ» — мегӯянд, ки бисёр дуруст аст. Мо барои ин ба майдони Машқи Сарбоз омада будем, ки дар ин ҷо дилхушӣ кунем. Ҳайфо, ки ғаму кулфати ин ҷо ба болои ғаму кулфате, ки аз «бозори ресмон» гирифта будем, «болои мурда сад чӯб» шуд.

Одами бадбашара

Мо дар бозгаштан ба шаҳр бо роҳи дарвозаи Самарқанд, ки аз болои кӯли бадбӯй гузаштанамон даркор мешуд, нарафта бо роҳи дарвозаи Имом рафтагор шудем. Бинобар ин мо аз пешгоҳи тарафи шимолии майдони Машқии Сарбоз — аз пеши чорбоғи Ашӯрихонаи эрониҳои Бухоро гузашта, ба роҳи калони ғарбии майдон даромадем ва аз он ҷо бо он роҳ рӯ ба шимоли ғарбӣ рафтем, ки ба роҳи калони дарвозаи Имом ҳамроҳ мешуд. Чун ба наздики Галаҷӯй расида ба он роҳи калон баромадем, аз он ҷо ба тарафи шаҳр — ба тарафи ҷануб пас гаштем.
Дар ин роҳ тарафи дасти ростамон — тарафи ғарби роҳ, аз роҳ тахминан яку ним метр баландӣ дошта, он ҷоҳо киштзор ва бештаринаш заминҳои сабзавоткорӣ буд, тарафи дасти чапамон аз роҳ ним метр чуқуртар буда, дар он ҷо заҳкаши бадбӯе ва пайваста ба заҳкаш кӯли лойдоне ҷо гирифта буд, ки дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи он кӯл найҳои қадпасти сербарге рӯйида буданд ва дар байни бехҳои найҳо ғукҳо (қурбоққаҳо) хона монда буданд, ки дар обҳои чалчиқи кӯл «вараққосзанон» шино мекарданд.
Чун чанд дақиқаи дигар роҳ рафтем, он кӯл ба ҳавлие пайваст, ки байни онҳоро асари як девори похсаи нав, ки ба он наздикиҳо фурӯ ғалтида будааст, ҷудо мекард. Аммо дар ҳақиқат ва аз ҷиҳати хусусияти замин он ҳавлӣ давоми он кӯл менамуд. Фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки ба сабаби бисёртар ҳаракат кардани одам дар ҳавлӣ дар байни чалчикҳо ва кӯлмакҳо пайраҳаҳо пайдо шуда, нақши қадамҳои одамро нишон медоданд.
Байни заҳкаши канори роҳ ва ҳавлиро ҳам ҳамон гуна асари як девори похсаи нав ба тозагӣ аз по афтода аз ҳам ҷудо мекард, дар ин ҷо ҳам чиркобҳои заҳкаш ба тарафи ҳавлӣ заҳида рафтагӣ буданд ва рӯйи он чиркобҳо ва кӯлмакҳои ҳавлиро монанди заҳкаш гиёҳҳои обии сабзранг, ки мардум «ҷули қурбоққа»-аш меномиданд, фурӯ гирифта буданд.
Баъд аз чанд қадами дигар роҳ рафтанамон ба ҷое расидем, ки ҳавлиро аз заҳкаш баъзе биноҳо ва деворҳои чӯбкории ба дарун ё берун хамхӯрдаистода ҷудо мекарданд ва он биноҳо ва деворҳои чӯбкориро тиргакҳои бақувват, ки ба ҷойи хамхӯрдаашон гузошта шуда буданд, муваққатан аз ғалтидан нигоҳ медоштанд. Бо вуҷуди ин дар байн баъзе рахнаҳо буданд, ки онҳо аз фурӯ ғалтидани як қисм биноҳо ва деворҳо пайдо шуда буданд ва аз он рахнаҳо рӯйи ҳавлӣ ба равандагони роҳ тамоман намуда меистод.
Чун пештар рафтем, ба рахнаи дарозе вохӯрдем, ки вай то дарвозаи даромади он ҳавлӣ давом мекард ва дар он рахна тагкурсии девори похсае ба тозагӣ кашида шуда буд, ки аз лаби заҳкаш як газ баландӣ дошт.
Дар рӯ ба рӯйи ин рахнаи дароз аввал як қатор аспҳои гуногунранг намудор шуданд ва онҳо ба яккамехҳои баланди чӯбин, ки дар рӯйи ҳавлӣ кӯфта шуда буданд, бастагӣ буданд ва ба он аспҳо ду одами пирсоли побараҳнаи ҷомадарида, ки аз бемадорӣ базӯр роҳ мерафтанд, нигоҳубин мекарданд. Дар ин ҷо дар рӯйи ҳавлӣ кӯлмак ва чиркоб наменамуд, аммо ба ҷойи онҳо чиркоб ва саргини аспон рӯйи ҳавлиро олуда карда буданд. Баъд аз қатори аспон боз як қатор яккамехҳо намудор шуданд, ки дар онҳо ба ҷойи асп одамҳо баста шуда буданд. Дастони ин одамҳо ба пушт бо ресмонҳо бастагӣ буда, гарданҳошон бо занҷир ба мех бастагӣ буданд.
Ду нафар аз ин одамҳо туркман буда, синнашон наздик ба панҷоҳ менамуд. Дар тани инҳо ҷомаи сурхи майдалагандаи кӯҳнаи туркманӣ ва бар сарашон телпакҳои калони дегмонанди сиёҳи пӯстигӯсфандӣ буд.
Дигари онҳо шаш нафар буда, одамони сарупобараҳнаи деҳотӣ- саҳроии бухороӣ буданд, ки синни онҳоро аз 30-сола то 45-сола тахмин кардан мумкин буд.
Дар охири он рахна дарвозаи ҳавлӣ буда, тарафи ба рахна пайвастаи дарвозахона ба ду тиргаки зӯр, ки аз даруну берун, муқобили ҳамдигар гузошта шуда буданд, банд шуда меистод ва тарафи дигари дарвозахона ба девори похсагии баланде такя мекард ва он девор дар давоми худ қисми даруни (ҳарамсаройи) ин ҳавлиро иҳота менамуд.
Дар рӯ ба рӯйи охири рахна ва дарвозахона як суффаи дароз менамуд, ки аз рӯйи ҳавлӣ ним метр баландӣ дошта бо се поғунда зина бар рӯйи вай баромада мешуд. Дар тарафи ҷануби суффа ва пайваста ба вай як хонаи рӯй ба боло 70 буд, ки дарҳояш ба рӯйи суффа кушода мешуданд.
Бар рӯйи суффа як қолини дарози сербар, ки ҳама ҷойи он суффаро мегирифт, паҳн буда, бар рӯйи вай — дар миёнҷойи суффа, бар болои се қабат кӯрпачаи шоҳӣ як одами аҷиб рӯ ба дарвозахона менишаст. Дар пеши ин одам дастархон паҳн буда, бар рӯйи дастархон як табақи калони пур аз гӯшти яхнӣ ва якчанд дона нони калони тафтон меистод ва он одам бо як дасташ як парча нонро дошта ва бо дасти дигараш як бурда гӯштро гирифта, он гӯштро дар он нон печонда ба даҳонаш мезад ва дар вақти хойидани он бо дастҳояш боз ба шикастани нон ва пора кардани гӯшт машғул мешуд. Дар охири суффа — дар пеши зина ва дар рӯ ба рӯйи он одам як ҷавони 16-17-сола менамуд, ки миёнаш аз рӯйи яктак бо фӯтаи сафед бастагӣ ва дар сар саллачаи хурде дошт, ки фашаш халондагӣ буд. Дар паҳлуи ин ҷавон, ки дузону менишаст, як чойник чой ва бар рӯйи як лаълича як пиёла буд. Ин ҷавон чашмашро аз он одами гӯштхӯр ҳеҷ намеканд ва гӯё мунтазири он буд, ки агар он одам бо ишора чой талаб кунад ё гӯшт дар гулӯяш банд шавад, дар пиёла чой кашида чобукона бурда бо лаълича пеши ӯ хоҳад гузошт. Аҷобати он одам танҳо дар тарзи хӯрокхӯриаш набуда, афту башара ва либосаш зиёдтар тааҷҷубовар буданд — қомати ин одам аз миёна пасттар, рангаш сиёҳча, биниаш нӯгпаст ва паҳн, чашмонаш танги бемижгон, аммо сиёҳ, сараш он қадар калон не, аммо дарозрӯятар, пешонааш дунг ва ноҳамвор, рӯяш борик, аммо ду устухони ду ҷоғи болоиаш берун дамида баромадагӣ буда, онҳо бо дунгии пешонааш намуди се мехи чӯбини калладори ба шакли секунҷа дар замин то гулӯ кӯфташударо ба назари бинанда намоён мекарданд.
Аз ҳама зиёдтар тарафи даҳон ва зери бинии ӯ аҷиб буд: ҷоғи зерини ӯ гӯё нӯг надошт, ё он қисми ҷоғашро, ки манаҳ ва дар забони адабӣ «занах» меноманд, гӯё аз пеши лаби зеринаш тамоман бурида гирифта ба ҷойи буридашуда як порча чарми сиёҳеро дӯхта ё часпонда монда буданд. Он чарми сиёҳ ҳам аз пӯсти буз буда, гӯё дар вақти ош дода чарм пухтан якчанд тора пашм боқӣ монда будааст, ки он торҳо дар ин одам ба ҷойи риш хизмат мекард.
Ба сари ин одам як арақчини сафед, дар пояш як эзори васеи суф буд. Аммо курта надошт ва аз рӯй як яктак (ҷомаи беостар), ки аз чити тунук (гардӣ) дӯхта шуда буд, пӯшида менишаст. Ӯ чорзону нишаста буд ва аз таги гулӯяш бо сари сина ва шикамаш то зери нофаш — ҳама ҷойи аъзои пешинааш ба назар намоён буданд, хусусан шикамаш, ки ба сабаби калониаш аз барҳои яктак берун баромада ба сари зонуҳояш овезон шуда меистод, ба назар хеле баднамо менамуд.
Азбаски қисми пешинаи ба назар намоёни баданаш монанди бадани ҳайвонот бо пашми ҷингилаи мӯймонанд пӯшида шуда буд, чӣ ранг доштани пӯсти баданаш ба кас маълум намешуд,
Синну соли ин одамро ҳам тахмин кардан мумкин набуд — нону гӯштро бо як ҳирси сагона тез-тез ва мӯл хӯрданаш, ҳам кам будани торҳои сафеди мӯйи баданаш далолат мекард, ки он одам миёнсол аст, аммо аз чинҳои рӯяш ва аз бенурии чашмаш ӯро аз ҳафтод боло тахмин кардан ҳам мумкин буд.
Дар ҳар ҳол — хоҳ пир бошад, хоҳ миёнсол, қиёфаи ин одам ба назари кас он қадар дилкаш наменамуд ва аз бепарвоёна нишаста ва хотирҷамъона таом хӯрдани ӯ, дар вазъияте, ки дар пеши назараш одамон монанди ҳайвонот ба яккамех бастагӣ меистоданд, хеле хислатҳои нафратовар доштани ӯро тахмин кардан ҳам мумкин буд.
Ман кӣ будани он одам ва чӣ будани он аҳволро аз Пирак пурсидам. Ӯ ҷавоб дод:
— Ин одамро Ҳайдарқул Чӯчқа мегӯянд, ки аз ҳамқабилагони амир ва як одами бисёр мӯътабари ӯ мебошад ва дар дарбори амир дигар касе нест, ки дар мартаба ва эътибор ба вай баробар ояд. Ӯ дар замони амир Музаффар ба сабаби «корнома нишон доданаш» дар ҷангҳои Хӯқанд, аз амир ярлиғи тархонӣ 71 гирифта будааст, Ӯ мувофиқи он ярлиғ аз ҳар гуна бозхостҳо озод аст. Ӯ ҳар коре кунад, ҳатто одамонро кушад ҳам, на амир, на вазир, на қозикалон ба ӯ чизе гуфта наметавонистаанд. Ӯ дар Қаршӣ, дар атрофи Бухоро ва дар туманҳо бисёр деҳаҳоро ба тарзи танхоҳ соҳиб аст, ки молиёти он деҳаҳоро бо дилхоҳи худаш худ ғундошта мегирифтааст.
Пирак баъд аз гуфтани аҳволи таърихӣ ва мансаби Ҳайдарқул Чӯчқа дар бораи одамони дар пеши мех басташуда илова карда гуфт:
— Ман шунида будам, ки «Агар Ҳайдарқул Чӯчқа одамонро дар иморати худ ва ё дар ягон кори дигари худ кор фармояд, музд намедиҳад ва агар онҳо музд талаб карда «нинакшахӣ» намоянд, аз хонааш зада пеш мекунад ва агар бо задан ҳам нараванд, дар яккамех баста монда чанд рӯз гурусна даст мегирад, ки дар он вақт худи онҳо «хушу хурсандона» аз даъвои муздгирӣ гузашта халос шуда мерафтаанд», аммо намедонам, ки ин одамҳоро ба чӣ сабаб баста монда бошад.
Ман ҳарчанд он рӯз якум бор Ҳайдарқул Чӯчқа ва ҳавлии ӯро дида бошам ҳам, хоҳ дар шаҳр бошад, хоҳ дар саҳро дар бораи ӯ бисёр чизҳоро шунида будам. Ман дар ин ҷо он чизҳои худам шунидаамро хулоса карда ба маълумоти аз Пирак гирифтаам илова мекунам, то ки тарҷимаи ҳоли он одам як дараҷа пурратар шавад:
Аз рӯйи шунидаам, падари Ҳайдарқул Чӯчқа аз Қаршӣ, аз қабилаи манғит буда, чунонки Пирак гуфт, ба амирони Бухоро ҳамқабила будааст. Ӯ (яъне падари Ҳайдарқул Чӯчқа) чорводори бисёр калон буда, чорвои ӯ дар айёми тобистон дар байни Қаршӣ ва Шаҳри Сабз, дар канорҳои Қашқадарё, дар заҳкашҳо, кӯлҳо ва умуман дар ҷоҳои серобу алаф мечаридааст. Аъзои оилаи ӯ ҳам бо одати қадимии чорводорӣ аз паси галаву рамаи худ кӯчида гашта, дар канори заҳкашҳо ва кӯлҳо манзил мекардаанд.
Ҳайдарқул Чӯчқа ана дар ҳамин оила таваллуд ёфта, дар ҳамон зиндагонии «кӯлнишинӣ» одат карда ба воя расидааст. Аммо аз он ҷо, ки ӯ аз ҳамон вақти ҷавониаш сар карда бадмуомила, вайронкор ва харобкунандаи зироатҳои мардум бо чорвоҳои худ будааст, ҳамқабилагони худаш лақаби «хуки»-ро ба ӯ муносиб дида, дар забони худ ӯро «Ҳайдарқул Чӯчқа» гуфтаанд, ки «Ҳайдарқули Хук» гуфтан аст.
Ҳайдарқул Чӯчқа баъд аз ба камол расондани бадкирдориҳои худ ба дарбори амир ҷалб гардида, ба сафарҳои ҳарбии Хӯқанд иштирок кунонда шудааст. Дар он сафарҳои ҳарбӣ, назар ба қавли баъзеҳо (чунонки аз Пирак нақл шуд), «корномаҳо нишон дода» ва назар ба ақидаи баъзе ҳақиқатбинон, кирдорҳои хуконаи ӯ ба амир Музаффар хуш омада, ӯро бо ярлиғи тархонӣ сарфароз кардааст.
Чун дар истиқомати Бухоро маҷбур шудааст, одати пештараи кӯлнишинии худро тарк карда натавониста барои бошишгоҳи доимии худ ҳамон кӯли беруни дарвозаи Имомро интихоб намуда, дар он ҷо барои худ «қасре» бино кардааст. Азбаски он ҷо кӯл ва заминаш сусти обчилоқ аст, иморати он ҷо дер намепойидааст. Аммо аз он ҷо, ки Ҳайдарқули Чӯчқа ба устову мардикорон музд надода кор мефармудааст, аз ваҷҳи зуд-зуд хароб шудани иморатҳояш ғам намехӯрдааст.
Мо аз пеши ҳавлии Ҳайдарқул Чучқа гузашта ба бозори аспи Бухоро, ки дар беруни дарвозаи Имом ва дар ҳамон роҳи калон буд, расидем. Азбаски мо пагоҳонӣ дар ҳуҷраамон чизе нахӯрда ба «тамошо» баромада будем, мадори роҳ рафтан дар мо намонда буд. Бинобар ин ман дар он ҷо дуто нон харидам ва пули як чойник чойро Пирак мутасаддӣ шуд — мо ҳар ду дар самоворхонаи бозори асп барои чойнӯшӣ нишастем.
Дар вақти чойнӯшӣ ҳам сухани мо бар болои Ҳайдарқул Чӯчқа мерафт. Вақте ки ман дар бораи сабаби барои ҳавлӣ бино кардан кӯлзаминро интихоб намудани ӯ ба тарзи дар боло навишташуда фикри худро гуфтам, самоворчӣ ба гап ҳамроҳ шуда:
— Мумкин аст, ки, — гуфт, — сабабаш дар одати ӯ бошад, лекин, ба фаҳми ман, барои кӯли дарвозаи Имомро хоста гирифтан танҳо одати ӯ сабаб шуда наметавонад. Зеро дар беруни ҳар дарвозаи Бухоро кӯлҳои аз ин калонтар ва обҳояшон аз заҳкаши ин ҷо фаровонтар ҳастанд. Ҳатто дар даруни шаҳр ҳам кӯл ва лойдон бисёр аст. Махсусан кӯли ин ҷоро хоста гирифтани ӯ сабаби дигар ҳам дорад (ин заҳкашҳо ва кӯлҳои вараҷа ва риштахона баъд аз инқилоби Бухоро кофта ва хушконида шуданд ва дар натиҷа вараҷаву ришта ҳам аз Бухоро барҳам хӯрд).
— Пас он сабаб кадом аст?
— Сабаб ин аст, ки, — гӯён самоворчӣ ба эзоҳ додан, сар кард, — ӯ ба аспҷаллобӣ ҳавас дорад ва аз ин кор бисёр фоида ҳам мебарад. Азбаски ӯ «одами калон аст», даллолон ба ӯ аспҳои берунаро арзон харида дода, аспи ӯро ба харидорҳои беруна аз арзишаш зиёдтар мефурӯшанд. Аз ғайри ин, савдои аспҳои дуздӣ ва то вақти фурӯш бошишгоҳи он гуна аспҳо ҳам дар хонаи ӯст. Маълум аст, ки фурӯхта пул кардани аспони дуздӣ бисёр душвор аст ва ҳар замон ба даст афтодани фурӯшгори он гуна аспҳо мумкин аст. Аммо аспи дуздие, ки дар ҳавлии Ҳайдарқул Чӯчқа бошад ва дар он ҷо савдо шавад, агар соҳибаш ба болои савдо бошад ҳам, коре карда наметавонад, Ҳатто «ин асп аз они ман буд» гуфта лаб кушода ҳам наметавонад. Кадом соҳиби аслии асп, ки ин гуна «беэҳтиётӣ кунад», ҷазои вай дар яккамех баста то як ҳафта гурусна даст гирифтан, ё ба зиндони амир фиристодан аст. Дар ин гуна савдоҳо, албатта, нимаи пули асп ба Ҳайдаркул Чӯчқа мерасад. Ба ҷаллобу даллоли аспидуздифурӯш ҳам ин кор фоиданок аст, нимаи пули асп аз дасташон равад ҳам, аз дастгир шудан эмин мебошанд.
Ман дидам, ки самоворчӣ аз сирҳои дарунии Ҳайдаркул Чӯчқа хабардор аст, аз вай дар бораи он одамҳое, ки он рӯз дар яккамехҳои вай бастагӣ буданд, маълумот пурсидам:
— Шояд инҳо ҳам устову мардикороне бошанд, ки дар вай кор карда аз вай музд талаб карда бошанд, — гуфта фикр баён намудам. Самоворчӣ гуфт:
— Дуруст аст, ки инҳо ҳам аз ҷумлаи ҳамон касоне мебошанд, ки дар вай кор кардаанд. Лекин инҳо на барои музд талаб карданашон баста шудаанд, чунки онҳо аз музди кори худ кайҳо гузаштаанд. Балки Ҳайдаркул Чӯчқа аз инҳо товони деворҳои похсаи харобшудаашро металабад ва онҳо дода наметавонанд. Бинобар ин як ҳафта боз дар яккамех баста шуда хобидаанд.
— Магар он деворҳои харобшударо онҳо ғалтонданд? — ман тааҷҷубкунон пурсидам.
— Не, — гуфт самоворчӣ ва эзоҳ дод, — он ду нафар туркман устои деворзан мебошанд, ки устоҳои туркман дар похсазанӣ машҳуранд. Он шаш нафар мардикорони саҳроианд, ки ҳамин тобистони озод бо он устоҳо дар деворзаниҳои деҳқонони атрофи шаҳр кор кардаанд. Онҳо дар мобайни кӯл ва ҳавлии ӯ се похса девор зада додаанд ва дар байни ҳавлӣ ва заҳкаш ҳам як похса девор кашидаанд. Азбаски девори поҳса ба ҷойи заҳ кашида шудааст, таҳкурсиаш нам кашида суст гардида, бори вазнини болои худро бардошта натавониста ғалтидааст. Соҳибкор дар вақти ин кор аз он бадбахтон фаҳмида гирифта будааст, ки ин тобистон ҳар кадоми онҳо аз меҳнати сиёҳи худ сад танга-дусад танга ёфтаанд. Ӯ дар фикри он афтодааст, ки он пулро аз дасти инҳо гирифта сар диҳад. Вақте ки девор ғалтидааст, барои ба даст даровардани пули кори онҳо баҳонаи хубе пайдо шудааст. Ҳайдаркул Чӯчқа барои девори ғалтида онҳоро «айбдор» карда товон талабидааст, чун онҳо надодаанд, ба яккамехашон баста мондааст. Ҳар рӯз ду бор онҳоро қамчинкорӣ мекунад.
Самоворчӣ дар охири суханаш гуфт:
— Бояд он бадбахтон пули кори яксолаашонро аз ҷое, ки барои харҷи зимистониашон захира карда мондаанд, ёфта ба ӯ дода аз дасти ӯ раҳоӣ ёбанд, ё ин ки дар пеши яккамехи ӯ, ё дар зиндони амираш бимиранд. Ғайр аз ин ду кор чораи дигаре надоранд.

Кафангадоии «бойбачаҳои ҷаноби олӣ»

Мо аз бозори асп гузашта аз дарвозаи Имом ба шаҳр даромадем ва рост ба тарафи ҷануб равон шуда аз Регистон ва Тоқи Тиргарон гузашта ба растаи Наддофӣ расидем. Дар он ҷо аз дур гурӯҳи одамонро дидем, ки дар пеши ҳаммоми тӯқумдӯзӣ, дар кӯчаи калон ғун шуда буданд ва бо ҳам низоъ, муноқиша ва ҷанҷол мекарданд.
Мо қадами худро чобуктар гузошта ба он гурӯҳ наздик шудем. Дар он ҷо «бойбачаҳои ҷаноби олӣ» аз ду тараф кӯчаро банд карда буданд ва ҳар яке аз онҳо бо як дасти худ аз домани яке аз роҳгузарон печонда гирифта буд ва дасти дигарашро ба сари кали бараҳнааш зада гирифта, ба ҷомаву дасту гардани он роҳгузар молида истода фарёд мекард:
— Зуд бош, барои се мурда се танга кафанпулӣ бидеҳ! Вагарна ҳамин дастам-ро ба даҳонат меандозам.
Раванда агар пул дошта бошад, дарҳол талаби он калбачаро ба ҷо меовард, агар пулаш кам бошад, бо талошу ҷанҷоли бисёр бо ду танга, ё як танга ва ҳеҷ набошад, бо ним танга ӯро розӣ карда аз дасти ӯ раҳоӣ меёфт. Агар раванда дар ҷайби худ ҳеҷ пул надошта бошад, «бойбачча» дасти худро боз як бори дигар ба сари худ сахт зада он дастро ба лабу даҳони раванда мемолид ва пас аз он ӯро сар медод ва мунтазири омадани равандаи нав шуда меистод.
Мо ба он гурӯҳ наздик расида аз байни одамон ба майдончае, ки «бойбачаҳои ҷаноби олӣ» ду тарафи кӯчаро бо сафи худ баста дар пеши гӯлах (гулхан)-и ҳаммом ба вуҷуд оварда буданд, чашм андохтем. Дар он ҷо бар рӯйи се занбар се мурдаи хунолуд мехобид. Инҳо мурдаҳои Мулло Бозор, Мулло Туроб ва Насими Хархӯр буданд, ки ҳамин пагоҳ дар бозори ресмони Регистон барои «саломатии зоти олӣ» кушта шуда буданд.
Мо дигар дар он ҷо зиёд истоданро ва низ аз он кӯча аз пеши ҳаммом гузаштанро барои худ салоҳ надидем ва ба дасти чап — ба тарафи шарқ ба паскӯчае гашта аз он ҷо ба гузари Кӯчаи Сангин баромада, ба воситаи гузарҳои Хоҷа Зайниддин, Ҳаммоми Кунҷак, Сиддиқиён ва Таги Манор рафта ба мадрасаи Мири Араб даромадем.
Аз рӯйи эзоҳе, ки Пирак дар роҳ ба ман дод, «бойбачаҳои ҷаноби олӣ» ба тариқи доимӣ дар гӯлахи ҳаммоми тӯқумдӯзӣ дар байни хокистарҳо зиндагонӣ мекардаанд. Ҳар касе, ки аз тарафи амир дар бозори ресмон кушта шавад, мурдаи ӯро бо занбар бардошта дар пеши бошишгоҳи худ дар кӯча мегузоштаанд. Ва аз мардум ба баҳонаи гӯрондани вай пул мегирифтаанд. Агар он мурда соҳиб ва хешовандон дошта бошад, онҳо омада ба он «бойбачагон» пули бисёре дода мурдаи худро харида гирифта бурда мегӯронидаанд. Аммо агар он кушташуда бесоҳиб бошад, то ду-се рӯз — то аз ҳад зиёд бӯй пайдо кардан, воситаи тороҷгарии «бойбачаҳои ҷаноби олӣ» шуда, дар он ҷо мемондааст ва баъд аз он «бойбачаҳо» он мурдаро бардошта бурда, аз шаҳр бароварда дар ягон кӯли найзор ё чуқурӣ партофта аз назари шаҳриён дур мекардаанд.

Ба ҷойи як бечора бечораи дигар

Маро, бо вуҷуди он ҳама мондагӣ, на рӯзона ва на шабона ҳеҷ хоб набурд ва манзараҳои даҳшатангези онрӯза аз назарам ҳаргиз дур намешуданд. Дар рӯйи саҳн — дар ҳавои кушода гузаронидани шабро муносиб дида ба он ҷо баромадам. Дар он ҷо ба лаби ғарбии саҳн рафта дар рӯ ба рӯйи дарвозаи Масҷиди Калон нишастам.
Аз болои қанорҳои пурғӯза аввал садои сурфаи касе баромад ва баъд аз он овози он кас шунида шуд:
— Кист дар он ҷо? — ин овози қаровул буд.
— Ман! Ошно! Муллобачаи ҳамин мадраса, — гуфтам дар ҷавоб ва илова намудам, — Бобомурод, ин ҷо биёед, чорта гап занем.
Мурод пахтакаши бозорчагӣ чӯбдасти қаровулии худро ба ҷойи асо кор фармуда ба замину зинапоя тӯқ-тӯқзанон ба саҳн баромада пеши ман омад. Дар дасташ як пӯстакчаи пӯстибузӣ буд, ки вайро дар паҳлуи ман ба лаби саҳн паҳн карда бар рӯйи вай нишаста ва гуфт:
— Пир шудаам, сардии сангу нами замин ба миёнам таъсир мекунад ва дардаш зиёд мешавад. Ба ҳамин сабаб ҳар ҷо нишинам, бар рӯйи ҳамин пӯстакчаам менишинам.
Ман баъд аз пурсупоси аҳволи ӯ пурсидам:
— Барои охирин бор дидани ҳамдеҳаатон — Насими Хархӯр ва видоъ кардан бо ӯ чаро ин пагоҳ ба Регистон нарафтед?
— Магар ту рафта будӣ?
— Рафта будам!
— Кушта шудани ӯро дидӣ?
— Дидам!
— Магар ӯро мешинохтӣ? — пиракӣ суолҳои охирини худро ба ман бо ҳаяҷон медод.
— Не, намешинохтам. Аммо дирӯз, вақте ки шумо дар бораи кушташуданӣ будани Насими Хархӯр ном ҳамдеҳаатон ба Ҳошими паллабардор гап мезадед, ман шунида будам. Имрӯз, ки дар Регистон кушта шудани як одами ношиносро дидам, «ин ҳамон Насим бояд бошад» гуфта дар дили худ муқаррар кардам.
Ҳаяҷони мӯйсафед як андоза паст шуд ва нафасашро рост гирифта бо оҳанги оҳистатар гуфт:
— Он каси ношинос, ки ту кушта шудани ӯро дидӣ, Насими Хархӯр набуда, як бечораи дигари ношинос аст, ки ба ҷойи Насим кушта шуд,..
Пиракиро сурфа гирифта суханаш бурида шуд ва баъд аз ором гирифтани сурфа боз сухани худро давом дод:
— Чунонки дирӯз ба Ҳошим гуфта будам, миршаб барои аз куштан халос кардани Насими Хархӯр аз бародари ӯ ду ҳазор тангаи нақд талаб кардааст. Ӯ зуд ба деҳа рафта ҳавлӣ, замин, ҷуфти гов ва гови чӯшоиашро бо ҳамаи асбоби хонааш, ки ҳама якҷоя камаш ба даҳ ҳазор танга меарзанд, ба бойи деҳа ба ду ҳазор тангаи нақд фурӯхта оварда ба миршаб додаст. Миршаб ба ӯ гуфтааст: «ҳукми Насим аз тарафи ҷаноби олӣ мӯҳр шуда ба дасти мири қушбегӣ расид.
Акнун ӯро рӯйрост сар додан мумкин нест. Ман имрӯз мефармоям, ки рӯзона ягон бандии кӯҳнаи бекасро ба ҷойи ӯ ва бо номи ӯ аз зиндон ба обхона барои кушта шудан фиристонанд ва ту баъд аз шом пеши зиндон рав. Зиндонбон дар торикӣ додаратро бароварда ба дасти ту медиҳад ва саломат гирифта ба хонаат бар». Миршаб баъд аз он ба бародари Насим таъкид кардааст, ки озод шудани Насим дар миёнаи мардум овоза нашавад, то шаш моҳ ӯ рӯй пинҳон карда гардад. Баъд аз кӯҳна шудани ин воқеа рӯйрост гардад, зарар надорад. Дар он вақт ҳеҷ кас аз паси вай кофтуков карда намегардад.
Мурод пахтакаш дар охири суханаш гуфт:
— Ҳамин тарз шуда Насим аз Куштан халос шуд. Аммо афсӯс, ки дар ҷойи вай як бечораи бекаси дигар кушта шуд. Ман орзу доштам, ки ба ҷойи вай Ҳоҷӣ Зокирбойи ғӯзаҷаллоб кушта шавад.
Ман аз мӯйсафед ба Ҳоҷӣ Зокирбой чӣ душманӣ доштанашро пурсидам. Ӯ оҳе кашида замонҳои пахтакашӣ кардани худашро, аз дасти Ҳоҷӣ Зокирбой ва дигар пахтаҷаллобон чӣ азобҳо кашиданашро, охир дар бозори ғӯза қаровул шуда монданашро, дар ин ҷо ҳам дар ҳаққи одамҳо бадкирдорӣ карда гаштани Зокирбойро ягон-ягон ҳикоя кард.
Ҳикояҳои Мурод пахтакаш дар бораи пахтакашии худ ва пахтаҷаллобон такрори он воқеаҳое буд, ки ман дар деҳаи Маҳаллаи Боло қисман худ дида будам ва қисми дигарашро аз тағоии пахтакаши худ — аз Қурбонниёз шунида будам. Инҳо тафсили ҳамон ҳикоятҳо буданд, ки мухтасари онҳо аз тарафи нависандаи ин сатрҳо дар бобҳои 9-10 ва 12 қисми якуми романи «Ғуломон» тасвир ёфтаанд.

Сабаби кушта шудани Мулло Бозор ва Мулло Туроб

Дар аввалҳои соли 1891 дар мадрасаи Кӯкалтош Қорӣ Зоҳид ном касе аз тарафи як кас ё касони номаълум кушта шуда буд, ки ин ба ҳама маълум буд. Аз рӯйи қавли мардум Қорӣ Зоҳид аз ҷумлаи ҳуҷраҷаллобон ва судхӯрони машҳури он мадраса буда, бошишгоҳи доимии ӯ ҳам дар он ҷо будааст. Ӯ дар Бухоро ҳавлӣ дошта бошад ҳам, хонадор нашуда умри худро муҷаррадона дар мадраса гузарониданро беҳтар медонистааст.
Инчунин мардум ӯро аз бераҳмтарин ҳуҷраҷаллобон ва судхӯрон медонистанд ва мегуфтанд, ки «ӯ бисёр муллобачагони осудаҳоли ҳуҷрадорро бо ҳилаву найранг қарздор карда, ҳуҷраи онҳоро ба дасти худ дароварда, онҳоро дар ба дар карда мондааст»…
Мардум дар бораи ахлоқи шахсии Қорӣ Зоҳид ҳам ҳикоятҳои нафратовар нақл мекарданд ва мегуфтанд: «Ҳеҷ шабе нест, ки дар ҳуҷраи ӯ ягон ҳодисаи бадахлоқӣ нашавад».
Мардум сабаби кушта шудани Қорӣ Зоҳидро ҳам дар ҳамин ду хислати ӯ медонистанд: «Ё бояд ӯро ягон қарздори хонавайроншудааш кушта бошад ё ягон рақиби бадахлоқаш» — мегуфтанд.
Вақте ки Қорӣ Зоҳид кушта шуд, бинобар ворис надоштанаш, ё ягон вориси дур дошта бошад ҳам, ба сабаби исбот карда натавонистанаш хешии худро ба ӯ, ҳамаи мулку асбоби ӯ аз тарафи қозикалон подшоҳӣ карда шуд. Барои ёфтани қарздорони ӯ ва рӯёнда гирифтани қарзҳои ӯ аз он қарздорон, ҳамаи дафтар ва коғазпораҳояш аз ҳуҷрааш ба қозихона кашонда шуданд. Барои хароҷоти гӯру кафани ӯ аз тарафи қозикалон фақат 20 танга дода шуд, ки бақияи харҷро аҳолии мадраса аз байни худ ба тариқи садақа ҷамъ карда ӯро гӯрониданд.
Азбаски ӯ вориси наздик ва муддаие надошт, ҳукумат барои ёфтани кушандаи ӯ кӯшише накард. Гӯё Қорӣ Зоҳид барои пул ҷамъ карда ба қозикалон додан ба дунё омада буд ва ӯ ин вазифаи худро ба хубӣ адо карду рафт. Дигар касеро ба ӯ ва барои ӯ чӣ кор?
* * *
Мулло Бозор аз тумани Зандане ва аз ҳамдеҳаҳои Мулло Туроб буда, чандин сол ба Қорӣ Зоҳид ошпазӣ карда будааст. Мулло Туроб бошад, баъд аз гурехтанаш аз мадрасаи Кӯкалтош, аз мадрасаи Ҷинон як ҳуҷра гирифта дар он ҷо мардумгурезона зиндагӣ мекардааст ва ғайр аз он ки дар ҳар сари чанд гоҳ ба Самарқанд рафта ояд, дигар ба ҷое намерафтааст ва ба кӯча ҳам намебаромадааст.
Мулло Бозор, ки бе ҳуҷра будааст ва дар вақтҳои охир аз хизмати Қорӣ Зоҳид баромада бе бошишгоҳ мондааст, ба муносибати ҳамдеҳагӣ ба ҳуҷраи Мулло Туроб рафта, бо ӯ якҷоя зиндагонӣ сар кардааст.
Қозикалон барои ёфтани қарздорони Қорӣ Зоҳид дафтар ва рӯйхатҳои ӯро зиёда бо диққат мутолаа мекардааст. Дар ин миён дар байни дафтарҳои номгӯйи қарздорон дафтари дигаре ба назари қозикалон вохӯрдааст, ки дар вай корҳои хусусӣ ва харҷҳои хусусии Қорӣ Зоҳид навишта шуда будааст.
Дар миёнаи он рӯйхатҳои харҷҳо ва корҳои хусусии Қорӣ Зоҳид як воқеа диққати қозикалонро бештар ба худ ҷалб карда сабаби ташвиши ӯ шудааст. Ин воқеаи бо Қорӣ Зоҳид махфиёна рафтуой карда гаштани писари калонии ӯ будааст. Дар вақти хурдсолии худ Қорӣ Зоҳид, ки ба навишта мондани корҳои бадахлоқии худ ҳавас доштааст, ҳодисаҳои бо писари қозикалон аз сар гузарондаашро бо тафсил ва таъбирҳои шармовар навишта монда будааст. Қозикалон, ки он воқеаро дар дафтари Қорӣ Зоҳид хондааст, ҳуш аз сараш паридааст ва ӯ дар дили худ фикр кардааст: «агар ин воқеа дар байни мардум овоза шавад, на танҳо писарам, балки худи ман ҳам беобрӯй мешавам. Ва ҳол он ки ман умедвор будам, ки ин писарам баъд аз сари ман қозикалон хоҳад шуд».
Қозикалон аз ин ваҷҳ хотирҷамъ буд, ки Қорӣ Зоҳид кушта шуд ва дафтарҳои ӯ хам ба дасти худаш афтид. Агар ин воқеаро дар дафтари Қорӣ Зоҳид таракачии қозихона, ки ин чизҳоро аз ҳуҷраи вай оварда буд, хонда дида бошад ҳам, барои қозикалон он қадар ҷойи хавф набуд. Зеро бастани даҳони одамони худ, ки «обрӯйи соҳибдавлати худро мехоҳанд», осон аст. Аммо касони дигар, ки бо Қорӣ Зоҳид ошно бошанд ва аз ин сир хабар дошта бошанд ва ягон вақт он сирро дар байни мардум овоза кунанд — дар он сурат ҳоли ӯ ва ҳоли писари ӯ чӣ мешавад? Қозикалон ин мулоҳизаро ба хотир оварда ба худ ларзидааст ва дар пайи ёфтани касоне, ки дар вақтҳои рафтуой кардани писараш бо Қорӣ Зоҳид бо вай рафтуомад дошта бошанд — афтодааст. То ки онҳоро нест карда ба ин восита он сирри шармоварро ҳам ба тарзи абадӣ дар зери хок пинҳон кунад.
Баъд аз тафтиши махфиёна ба қозикалон маълум шудааст, ки дар солҳои рафтуой доштани писараш бо Қорӣ Зоҳид, Мулло Бозор ном як муллобачаи занданегӣ дар вай ошпаз буда, бо ӯ сирдон ва хобу хезаш ҳам дар ҳуҷраи ӯ будааст.
Баъд аз пурсукови дар куҷо будани Мулло Бозор, дар мадрасаи хиёбон бо Мулло Туроб ном ҳамдеҳаи худ истиқомат кардани ӯ маълум шудааст.
Қозикалон бо гирифтани ин маълумот фикр кардааст, ки агар Мулло Бозор ин сирҳоро ба ҳамҳуҷраи худ гуфта бошад, бо нест кардани ӯ мақсад ба даст намедарояд. Дурбинӣ ва дурандешӣ ҳаминро талаб мекунад, ки ҳар дуи онҳо якҷоя ва якбора нест карда шаванд, то ки ин «пай абадулобод гум шавад».
Ана, воқеа ин гуна будааст, ки Мулло Бозор ва Мулло Туроб дар як ҷо ва якбора дастгир карда шуда, «ба сифати кушандагони Қорӣ Зоҳид ва дуздандагони пулҳои нақди ӯ, ки баъд аз сари вай ба сабаби беворисиаш ба хазинаи ҷаноби олӣ оид мешуд», дар се рӯз ҳукми куши онҳо аз амир гирифта шуда, ба тарзе, ки дар боби боло дида шуд, ба куштан дода шудаанд.

Дар рӯзҳои охирине, ки дар мадрасаи Мири Араб будам

Таҳсили соли 1891-1892 сар шуд. Дар рӯзҳои аввали сар шудани дарсҳо домуллои кунҷакиам — Мулло Абдусалом қории ҷамоаи худ Шарифҷон-махдум-ро бо баъзе шарикдарсони дигараш, ки бо Махдуми мазкур ошно ва қӯрчбуро буданд, ба меҳмонӣ хабар кард. Ошпаз ва ходими он зиёфат, албатта, ман будам.
Ҳуҷраи Мулло Абдусалом аз ҳуҷраҳои хуби он мадраса буда, қадре васеътар ва яккаравоқ бошад ҳам, монанди аксари ҳуҷраҳои мадрасаҳои Бухоро ҷойи ошпазӣ ва дастурӯйшӯйиаш дар пойгаҳаш буд.
Бинобар ин меҳмонон, соҳиби ҳуҷра ва ман, ки ошпаз будам, дар он ҷо ва ба ҳам наздик будем ва ман дар вақти ошпазӣ ҳам, самовормонӣ ҳам яке аз иштироккунандагони он сӯҳбат ва шунавандаи чақ-чақҳои аҳли маҷлис будам.
Шарифҷон-махдум, вақте ки бо гурӯҳи худ омад, маро дида шинохт ва аз Мулло Абдусалом:
— Ин ҳамон бача нест, ки дар ҳавлии шумо маҳмаддонои маро (Мирзо Абдувоҳидро) дар байтбарак банд карда буд, — гуфта пурсид.
— Ҳамон аст! — гуфт домулло дар ҷавоб.
— Хуб шудааст, ки барои хондан омадааст, — гуфт Махдум.
Ман аз ин зиёфат бисёр хурсанд шудам. Чунки дар он маҷлис бисёртар сухан бар болои шеъру адабиёт мерафт ва бештарин меҳмонон ё шоир буданд, ё шеършинос. Агар баъзеашон аз адабиёт хабардор набошанд ҳам, хушгап, ширинсухан, зариф ва бамавқеъгӯй буданд, ки дар рафти сӯҳбат латифаҳои ширин мегуфтанд ва мувофиқи мақом воқеаҳои намакин нақл менамуданд: шоирон ба тарзи мушоира ва бадеҳа мисраъҳои ногаҳонӣ гуфта мисраъҳои якдигарро тазмин мекарданд, шеършиносон аз шеърҳои гузаштагон ба тарзи мисол байтҳои баланд мехонданд ва тақлиди бемуваффақиятонаи он мазмунҳо будани шеърҳои шоирони замони худашонро исбот карда танқид менамуданд; гоҳо мешуд, ки ин мушоираҳо ва шеърхониҳо ба ҳаҷв ё мадҳи якдигар, ё ба масхара кардани касони ғоиб оид мешуд.
Дар миёнаи аҳли маҷлис Мулло Назруллои саҳҳофи Лутфӣ 72 ном касе буд, ки диққати маро ба худ бештар ҷалб намуд. Назар ба маълумоте, ки ман баъд аз чанд гоҳ гирифтам, ӯ дар замони хурдсолиаш саҳҳоф (муқовасоз) буда, баъд аз он ба дарсхонӣ даромадааст ва аз дарсҳои расмӣ зиёдтар ба адабиёт шуғл кардааст. Дар он вақте, ки ман ӯро дидам, вай тахминан 27-28-сола буда, давраҳои охирини айёми таҳсили мадрасагии худро мегузаронид. Ӯ чунонки пурмаъно менамуд, сару сурати зебое ҳам дошт: ӯ сурхчарӯй, мешчашм, хурмоириш, баландабру ва дарозмижгон буд; қомати аз миёна баландтар, бадани миёнгӯшт, дасту пойи озодаи ба он қомату бадан мутаносиб — қиёфаи ӯро ба назари бинанда ба шакли як шеъри мавзун ҷилва мекунонданд. Лутфӣ хушхат ва хушнавис буда, бесаводон ҳам, чунонки як лавҳаи рассоми санъаткоронаро тамошо мекарда бошанд, аз дидани хати ӯ лаззат мебурданд. Мадори маишати Лутфӣ он вақтҳо аз китобат ва нусхабардории китобҳо буд.
Шеърҳои Лутфӣ оддӣ ва мазмунҳои онҳо обшуста буданд. Аммо ӯ маҷлисоро, гапзан (оратор), суханвар, ҳозирҷавоб, ширинсухан ва хандонрӯ буда — ин сифатҳояш ӯро ба шакли як шеъри муҷассами пурмаъно ороста буданд.
Лутфӣ дар гап задан бештар суханҳои думаънидорро кор мефармуд, ки маънии якуми онҳо мақсуди аввалӣ ва зоҳирии гӯянда буда, аз маънии дуюмашон ҳаҷв ё мадҳи касе мебаромад. Ӯ аз суханони ҳамсӯҳбатонаш ҳам он гуна маъниҳоро ёфта мебаровард, ки онҳо мутлақан ба хотири гӯянда нагузашта буданд.
Яке аз иштироккунандагони он маҷлисро Мулло Раҳмати сартарош меномиданд. Ӯ дар хурдсолиаш ба пешаи сартарошӣ машғулӣ кардааст. Дарсҳои ибтидоии мадрасагиро ҳам дар зимни сартарошӣ хондааст ва баъд аз пешқадамтар шудан (баъди соли таҳсилаш болотар рафтан) ӯ аз дӯкони сартарошӣ ба мадраса кӯчида дарсхонии худро давом кунондааст. Ӯ барои таъмини маишат дар айёми таътил (тобистонҳо) ба баъзе бойҳо мирзоӣ (рӯйхатнависӣ) мекард. Мулло Раҳмат тахминан 30-сола буда, аз шарикдарсони Лутфӣ ва Шарифҷон-махдум буд. Ӯ дар дарсҳои расмии мадраса миёна ва дар дарсҳои ғайрирасмӣ ва адабиёт шуғл надоштааст. Аммо ӯ одами нарммуомала буда, дағдағаи муллоӣ надошт. Ӯ шайх ва эшонҳоро бисёр бад медид ва «оши палав пири ман аст» мегуфт ва дар гирдогирди табақи палав давра нишаста хӯрдани онро ба ҳалқаи шайхони хонақоҳӣ муқобил мегузошт.
Мулло Раҳмат ба ҳар ҷо, ки дар айёми тобистон барои хизмат ё саёҳат равад, воқеаҳои аҷибу ғариб ёфта, ё аз сари худ гузаронида омада, он воқеаҳоро ‘ба дӯстон ва шарикдарсони худ нақл карда онҳоро механдонд. Шарифҷон-махдум баъзе воқеаҳои ӯ нақл кардаро ба дурӯғӣ ҳамл карда, ба ӯ «шарик, шумо аз сартарошӣ ба воқеатарошӣ гузаштаед» — мегуфт.
Дар он маҷлис Мулло Оқил ном касе буд, ки Мулло Назруллои Лутфӣ ӯро «дар миёнаи мурдаҳо шаҳид» меномид (Лутфӣ оммаи шарикдарсонашро, аз ин ҷумла домуллои кунҷакии ман ва ҳамошони ӯро «мурдаҳо» мешумурд). Мулло Оқил кӯрсавод буда, аз чизҳои илмӣ ва адабӣ чизеро намефаҳмид ва ҳатто аз суханҳои оддии ширин ҳам ҳеҷ лаззат намебурд. Ягона фазилати ӯ ин буд, ки ӯ одами сода, мулоимгап, хандонрӯй ва гапбардор буд ва агар шариконаш ӯро дар рӯяш ҳақорат кунанд ҳам, хандида меистод ва мутлақан қаҳраш намеомад. Гапбардорӣ ва оташиннашавии ӯро шариконаш ба кундфаҳмии ӯ ҳамл мекарданд, «азбаски маънии гапҳои сахт ва ҳақоратомезро намефаҳмад, намеранҷад ва мебардорад» — мегуфтанд. Ба фаҳми ман ӯ асбоби бозии аҳли маҷлис буд, ки ба ӯ ҳар гуна гапҳо зада дилашонро хуш мекарданд.
Яке аз иштироккунандагони он маҷлис Мулло Бурҳон ном кӯлобӣ буд. Синни ӯ тахминан 30- сола буда, қомати баланд, бадани ғафс, рӯйи гандумгуни сафедчатоби калони пурра дошт, риши ӯ сиёҳ ва калон буда, тамоми рӯяшро фурӯ гирифтагӣ буд. Чашмонаш шӯълавар буда, нигоҳаш дар вақтҳои оддӣ ҳам оташинона менамуд. Ӯ хушгап ва ҳикоябоф буда, дуруштмуомилагии кӯҳистонигиро бо ширинсухании бухорогӣ дар худ ғун карда буд.
Шеърҳои Мулло Бурҳон оддӣ буда, пештар Муштоқӣ тахаллус мекардааст. Аммо, вақте ки Назруллои Лутфӣ тахаллуси ӯро бо таҳриф хонда ва бо маънии ҳаҷвӣ ӯро «муши тоқӣ» (муши кӯҳӣ) гуфтааст, ӯ он тахаллусро партофта калимаи «бисмил»-ро ба худ тахаллус қарор додааст. Ӯ «ман бисмили (кушташудаи) захми забони Лутфиам» мегуфт.
Ӯ ду сол дарсхониро тарк карда ба кӯҳистон рафта будааст, ки боз ҳамин сол омада ба шарикдарсони пештарааш ҳамроҳ шуда хондани худро давом додаст. (Чунонки дар боло қайд карда шуда буд, дар мадрасаҳои Бухоро аздарсмонӣ чанд соле ҳам ки бошад, сабаби пасмонии аз ҳамдарсон намешуд.)
Мулло Бурҳон сабаби ду сол дар кӯҳистон мондани худро дар зимни саргузаштҳои романмонанди худ ҳикоя кард. Ман дар ин ҷо он воқеаҳоро аз тарафи худ сарлавҳа гузошта аз забони ӯ, аммо бо таҳрири худам, нақл мекунам:

«Кафшпешмонии ҳазрати Хоҷа Ӯбон»

Мулло Бурҳон гуфт: «Ман боре дар айёми тобистон хостам, ки ба ҷое рафта «чилла нишаста» (аз одамон алоқаи худро канда) дарсҳои гузаштаи худро дубора аз назар гузаронам ва дарсҳои ояндаамро тайёр намоям. Барои ман ҷое лозим буд, ки дар он ҷо ошу нони муфт ҳам бошад. Бар ман дар ин бора сари мазори Хоҷа Ӯбонро «ҷойи муносиб» — гӯён нишон доданд.
Ба ҳамаи шумоён маълум аст, ки мазори Хоҷа Ӯбон дар тарафи ғарби шимолии шаҳри Бухоро буда, 5 фарсах (40 километр) дуртар аз шаҳр ва дар даруни чӯлистони регзор мебошад. Нимаи ин роҳро дар ободонӣ рафта, нимаи дигарашро дар биёбони регзори бе обу алаф тай кардан лозим аст. Ба кадом душворие ки бошад, ман ба он мазор рафта расидам. Дар он ҷо на об буд, на алаф, на деҳ буд, на дарахт. Аз биноҳо дар он ҷо як мазор буд, ки дар дохили вай ғайр аз қабри Хоҷа Ӯбон як ҳуҷра буд, ки чиллахонааш меномиданд, як чоҳи чуқур буд, ки оби вай шӯр буда, фақат барои давои беморҳои гуногун, хусусан, ба беморони пес (барасшуда) кор мефармуданд. Оби нӯшоиро аз ободонии дур бо машку кӯзаҳо ба воситаи хару асп мекашонданд. Дар беруни мазор як хонақоҳ барои намозхонӣ, як айвони он хонақоҳ ва як меҳмонхонаи умумии ошхӯрӣ, ки вайро «Меҳмонхонаи ҳазрати бузургвор» меномиданд, бино ёфта буд. Дар тарафи шимоли он мазор ва хонақоҳ як работи бисёр калони деворбаланд сохта шуда буд, ки вай ба мутаваллии 73 он даргоҳ тааллуқ дошт.
Мутаваллӣ як одами қадпасти тахминан 70-сола буда, бадани ғафси фарбеҳ, рӯйи рафидамонанди сергӯшти монанди рӯйи мурғи дутазой суп-сурх, риши калони сафед ва гардани ғафси ӯғуршакл дошт. Ин одам ба замми мутаваллигӣ ҳам имом, ҳам шайх, ҳам хатиби он мазор ва хонақоҳ ба шумор рафта, ҳама корҳои он ҷо дар дасти вай буд. Дар он ҷо якчанд хизматгорони мардина ҳам буданд, ки онҳоро фаррош (рӯфтурӯбкунанда) меномиданд.
Ғайр аз биноҳои мазкур дар он давру пеш ҳеҷ як нишонаи ободӣ набуд. Ҳамаи атрофро хомаҳои кӯҳмонанди реги сурх фурӯ гирифта буданд. Як тарафи ин регзор ба Чорҷӯй, тарафи дигараш ба Хоразм ва тарафи шимолаш ба дашти Қизил рафта мепайваст.
Аммо дар он ҷо хӯрокворӣ хеле фаровон буда, меҳмонхонаи умумӣ субҳу шом бо таомҳои болаззат пур буд. Он хӯроквориҳоро зиёратчиён ва беморон, ки онҳо ҳам ихлосманди бузургвор ва ҳам муриди мутаваллӣ буданд, меоварданд.
Мегуфтанд, ки аз он назрҳо, ҳадяҳо ва садақаҳои бепоён анбори мутаваллӣ пур аз орду гандуму биринҷу ҷав, хумҳояш пур аз равған буда, чарогоҳҳо пур аз галаву рамаи ӯ мебошанд. Ғайр аз инҳо, мутаваллӣ аз заминҳои ободонии атроф замини бисёреро ба дасти худ даровардааст, ки даҳҳо муридони ӯ дар он заминҳо бе музд кор мекунанд.
Ман он неъматҳои алвонро дида худро дар миёнаи ҷаннате ҳис кардам, ки дар даруни дӯзах бино ёфта бошад. Аммо сонитар фаҳмидам, ки ҳеҷ мусофир, ҳеҷ гадо дар он «ҷаннат» аз се рӯз зиёдтар истода натавониста, дар ҳолате, ки чашмаш ба он таомҳои лазиз тофта, даҳонаш об кушода, дилаш ба онҳо кашол мемондааст, монанди ҳазрати Одам ва шайтон маҷбур мешудааст, ки аз он ҷо биравад. Сабаби ин, нахостани бузургвор он мусофир, ғариб ва гадоёнро будааст. Аммо деҳқонони назрбиёр ва ҳадядеҳ, ки ихлосмандони он даргоҳ мебошанд, ба сабаби одамони корнок буданашон дар он ҷо зиёда истода наметавонистаанд — бештарини онҳо назру ҳадяҳои худро супурда ва аз он «чоҳи шифо» чанд шиша ё чанд кӯза оби шӯр бардошта дар ҳамон рӯзи омадагиашон мерафтаанд.
Баъзеҳошон бинобар гаронии бемориашон як шаб хобида, «сабук шуда» (ҳар чӣ дар ҷайби худ дошта бошанд, дар он ҷо партофта) аз пайи кори бечорагии худ мерафтаанд. Ман ба хостан ва нахостани ҳазрати бузургвор аҳамият надода, дар он ҷо 40 рӯз монданро дар дили худ қарор додам ва дар ҳуҷраи чиллахона, ки дар даруни мазор буд, «чилла нишастам»: фақат рӯзе се бор аз чиллахона баромада ба меҳмонхонаи умумӣ рафта дар қатори муридон ва мусофирон нишаста аз он неъматҳои фаровон баҳраёб мешудам.
Дар шаби сеюм, ки саҳарӣ аз хоб хеста баромадам, дидам, ки кафши ман дар пеши остонаи дари чиллахона пеш гузошта (муҳайёи пӯшидан карда ниҳода) шудааст. Ман дар бори аввал ба ин кор аҳамият надодам ва инро яке аз эҳтиромҳои ба ман нишондодаи фарроши он ҷо донистам. Чун чанд бори дигар ин кор такрор ёфт, худ ба худ хиҷолатманд шудам ва фаррошро дида ба ӯ гуфтам:
— Бародар, ту ҳам монанди ман як одам мебошӣ ва ба муносибати ҷорӯбкаши ин даргоҳ буданат эҳтимол шараф ва ҳурмати ту аз ман зиёдтар бошад. Баъд аз ин кафши маро пеш намон, ки ман шарм медорам.
— Ман кафши шуморо пеш намондаам, — гуфт он фаррош.
— Пас кӣ пеш мондааст? — гӯён ман тааҷҷубкунон пурсидам.
— Бузургвор! — гуфт фаррош дар ҷавоб.
— Кадом бузургвор? — боз тааҷҷуби ман зиёдтар шуд.
— Ҳазрати Хоҷа Ӯбон, ки дар ин мазор хобидаанд! — гуфт фаррош бо қатъияте, ки гӯё кафши маро пеш мондани он «бузургвор»-ро ба чашми худ дида бошад»
Аз ин ҷавоб тааҷҷуби ман боз ҳам зиёдтар шуда дар ин кор як сир буданро пай бурдам. Аммо барои дуруст фаҳмида гирифтани он «сир» нахандида ва ҷиддиёна аз фаррош пурсидам:
— Ҳазрати бузургвор чаро кафши маро пеш мондаанд? Магар дар ҳаққи ман ягон илтифоти алоҳида доранд?
— Ин кори ҳазрати бузургвор барои илтифоти ҷудогона ба одамони ҷудогона набуда, балки аломати норизоии он кас аст! — гуфт фаррош ва эзоҳ дод: -Агар ҳазрати Хоҷа дар ин ҷо будани касеро нахоҳанд, кафши ӯро пеш мемонанд, ки ин «зудтар аз ин ҷо дур шав!» гуфтани он кас аст. Ин яке аз каромотҳои Хоҷа мебошад, ки дар ҳаққи бисёр шаккокон зоҳир мешавад.
— Агар ягон шаккок бо кафшпешмонии ҳазрат аз ин ҷо наравад-чӣ?
— Дар он вақт он одами шаккок пес (барас) мешавад, — гуфт фаррош бо оҳанге, ки гӯё пес шудани ин гуна шаккоконро ба чашми худ чандин бор дида бошад.
Ман сирри «кафшпешмонии» Хоҷа Ӯбонро фаҳмидам ва сабаби аз се рӯз зиёдтар дар ин ҷо монда натавонистани мусофирон, ғарибон ва гадоёнро ҳам дониста гирифтам ва дарун-дарун хандида дар дили худ гуфтам: «Ман аҳмақ нестам, ки бо ин гуна ҳилаҳои аҳмақона ин ҳама неъматҳои алвонро партофта равам ва то ба воситаи фаррошонаш мутаваллӣ маро аз ин ҷо зада пеш накунад, нахоҳам рафт» ва дар фикри масхара кардани он «каромот» афтодам ва ҳамон шаб баъд аз нимаи шаб — баъд аз ин, ки ҳама мурда барин хобиданд, берун баромада ҳамаи кафшҳои меҳмонон ва ихлосмандони назр овардаро, ки дар айвони хонақоҳ, дар суффаи меҳмонхона ва дар ҳар гӯшаву канор хобида буданд, пеш мондам ва худ ба чиллахона омада бо оромӣ хобидам.
«Чун субҳ — баъд аз сафед шудани рӯз аз хоб хеста берун баромадам, ҳамаи он меҳмонон ва муриду мухлисон ба рафтан омодагӣ медиданд ва чеҳраи ҳамаашонро ғаму андӯҳ монанди як пардаи сиёҳ пӯшонда буд. Чунки ҳазрати бузургвор дар он ҷо будани онҳоро нахоста буданд, кӣ медонад «баъд аз он бар сари онҳо чӣ балоҳо меомада бошад».
Ман ин корро ҳар шаб кардан гирифтам. Кор ба ҷое расид, ки ғайр аз мутаваллӣ, фаррошон ва ман, «ҳамаи одамҳоро нахостани Хоҷа Ӯбон» дар ободонии атроф овоза шуд ва пойи назрдеҳон ва ҳадябиёрон гӯё аз мазор тамоман канда гардид.
Дар он миён рӯзе мутаваллӣ ба пеши ман — ба чиллахона даромад. Рӯйи ӯ аз аввалӣ ҳам сурхтар ва чашмонаш беҷо буд. Ман гумон кардам, ки ҳозир ӯ маро аз ин ҷо хоҳад ронд ва агар наравам, ба воситаи фаррошон маро бо зӯрӣ дур хоҳад кард, ман бо эҳтироми мунофиқона аз ҷо ҷаста хестам. Ӯ бо дастонаш маро ба нишастан ишора карда худ чобукона пеш омад ва маро бо зӯрии тамом дар ҷойи аввалиам шинонд ва худ монанди муридоне, ки дар пеши пиронашон нишинанд, бо эҳтироми тамом дар пеши ман зону ба зону дузону нишаст ва гӯё ки ягон сухани махфиро ба ман мегуфта бошад, сарашро пеш оварда ба гап даромад. Аз даҳони ӯ бӯе омад, ки то он вақт ман он гуна бӯйҳоро дар он гуна даргоҳҳо бегона медонистам — ин бӯйи шароб буд. Ман пай бурдам, ки пири ҳафтодсолаи ман монанди баъзе муллоҳои пирсоли Бухоро «барои дар тоати илоҳӣ қувват ёфтан» мусалласи шаръӣ — майи дастӣ менӯшидааст. Аммо маълум буд, ки дар он вақт он пирсол он шаробро на барои «дар тоати илоҳӣ қувват ёфтан», балки барои омадан дар пеши ман барин одами худонотарс ҷуръат ёфтан нӯшидааст.
Мутаваллӣ гап сар кард:
— Маълум мешавад, ки шумо аз «кафшпешмонии ҳазрати бузургвор» наметарсидаед?
— Албатта! — гуфтам ман бо шиддат ва ғазаболудона, бо нияти ин ки, агар маро бо зӯрӣ рондан хоҳад, сирри ӯро ба рӯйи ӯ, дар пеши фаррошони ӯ ва дар байни муриду мухлисони ӯ кушода дода, баъд аз он хоҳам рафт. Аммо мутаваллӣ бо оҳанги дигар ба ман ҷавоб дод:
— Ин тавр бошад, ин ҷо даргоҳи бузургвор не, балки хонаи худи шумост. Фақат аз шумо истимос он ки хизмати кафшпешмониро аз дасти бузургвор гирифта ба ояндаву равандагон ва ба муриду мухлисони ин даргоҳ халал нарасонед ва илтимоси дигар он ки ин сирро фош накунед, чунки «сирри мардон пӯшида беҳ» — гуфтаанд.
Аз ин гуфтаҳои мутаваллӣ маълум буд, ки ӯ бо ман бозӣ карданро салоҳи кори худ надониста, балки ҳамкорӣ карданро лозим шумурдааст, бинобар ин ӯ баъд аз баёни илтимосҳои худ, аз кисааш як коғазпеч бароварда пеши ман гузошта:
— Ин «аз нӯги хамир фатир» барин ҳаққи қадами шумост. То вақти ба шаҳр баргаштанатон аз ҷониби ин дуогӯй барои шумо сару по (ҷомаву салла) ҳам тайёр карда мешавад, — гуфт ва зуд аз пеши ман баромада рафт. Баъд аз рафтани ӯ ман коғазпечро кушода шумурдам, ки сад тангаи бухорӣ (15 сӯм) будааст.
Баъд аз ин мулоқот барои таомхӯрӣ ба дастархони умумӣ рафтани ман лозим нашуд: таомҳои гуногуни болаззат аз ҳама пештар ба чиллахона, ба пеши ман меомадагӣ шуданд, ба оммаи меҳмонон нони хонагӣ медода бошанд, ба ман кулчаи ширмоли дубеза (ордаш ду бор бехташуда) меоварданд, духтархона (хизматгордухтар) ҳар вақт омада либосҳои маро бурда шуста меовард. Ман дар он ҷо на меҳмон, балки як аъзои оилаи мутаваллӣ барин шуда мондам. Ҳамаи фаррошон ва хизматгорон маро ҳурмат мекарданд. Агар кӯтоҳ карда гӯям, ман дар он ҷо «гурги хонадон» шуда будам ва баъзе воқеаҳои ишқро ҳам аз сар гузаронидам». Мулло Бурҳон дар ин ҷойи суханаш бо духтари мутаваллӣ алоқа бастанашро ва оқибати пурфоҷиаи он духтарро ҳикоя кард, ки ман ин саргузашти вайро ҳам бо унвони «Духтари ноком» аз забони ӯ, аммо бо таҳрири худам нақл намуданро муносиб дидам.

Духтари ноком

«Дар вақтҳое, ки мутаваллӣ ба ҷое мерафт, ҳамроҳи духтархона як духтари баландқомати дигар ҳам меомадагӣ шуд. Ин духтар ба сари худ фаранҷии шоҳии паритовусӣ гирифта (дар Бухоро духтарони давлатмандон пеш аз ба шавҳар рафтанашон, дар вақти дӯшизагиашон ба сарашон фаранҷии шоҳии паритовусӣ ва духтарони одамони оддӣ фаранҷии ресмонии сурхи оддӣ мегирифтанд), ба рӯяш ба ҷойи чашмбанд як латтаи докаи сафед партофта меомад. Аз хишир-хишир кардани либоси ин духтар бар тан куртаи шоҳии бухории оҳорӣ доштанаш ҳам маълум мешуд ва аз либоси он духтар бӯйи хуши атри аъло вазида димоғи маро чоқ ва диламро бетоқат мекард.
Дар вақте, ки духтархона ба чиллахона даромада, масалан ба ман либосҳои шуста овардаашро медод, ё ин ки ҷомашӯйиҳои ношустаамро мегирифт, он духтари хушлибоси хушбӯй аз таги докаи рӯйбанди худ ба ман менигарист. Аммо ман на рӯйи ӯро ва на мӯйи ӯро — дида наметавонистам. Дар вақтҳои дар сари мазор набудани мутаваллӣ ин ҳол рӯзе чанд бор такрор меёфт, ман дар ҳар бор аз бори аввал бетоқаттар мешудам, аммо ба гап партофтан, хусусан дар пеши духтархона, ҷасорат намекардам.
Рӯзе духтархона ба чиллахона даромада ҷомашӯиҳои шусташудаи маро дар пешам гузошт ва духтари ношинос монанди пештара дар беруни дар меистод.
Духтархона ба ман гуфт:
— Пошшохоним шунидаанд, ки шумо бисёр ғазал медонистаед, барои он кас ягон байт навишта диҳед будааст.
Духтари ношинос дар зери фаранҷӣ қиққос зада хандид ва ба духтархона хитоб кард:
— Ситораи ҷувонимарг. Ман ба ту ҳеҷ чиз нагуфта будам. Ту аз забони ман як гапи дурӯғ зада маро дар пеши акамуллом шарм дорондӣ!
Ман бо шунидани овози он духтар қариб буд мадҳуш гардам. Мегӯянд, ки овози булбул бисёр хуб аст! Оре, овози булбул хуб аст! Ман дар кӯҳистон овози булбулро бисёр шунидаам. Дар ҳақиқат ҳам он овоз ба ман бисёр таъсир мекард. Аммо, вақте ки ман овози он духтари ношиносро шунидам, дар пеши овози вай овози булбул ба дараҷаи овози зоғ фуромада монд. Ин овоз ҳарчанд маро ба беҳушӣ наздик карда бошад ҳам, ба ман як рӯҳи тоза ва як ҷасорати беандоза ҳам дод, ки гуфтам:
— Э ҷони азиз! Агар ман пештар бо қалам ва бар рӯйи коғаз шеър менавишта бошам, акнун барои ту бо мижгонам ва дар пардаи чашмонам менависам. Агар ту, офтоби оламтоби ман, бегоҳонӣ Ситораатро пеши ман фиристонӣ, он навиштаи маро ба хоки поят, барои пойандозат мебарад.
Бо шунидани ин суханони ман он духтар як хамёза кашида ва боз қиққосзанон хандид ва хандаашро бо зӯрӣ нигоҳ дошта бо оҳанги итоб:
— Ситора, зудтар баро, меравем, маро расво кардӣ!- гуфт.
Аммо ман пай бурдам, ки он суханони ман ба он духтари ҷавон чунон форид, ки молиши даруни ҳаммом ба пирони солхӯрдаи коркӯфта ба он дараҷа намефорад.
Ҳар ду духтар бо ҳам рафтанд. Ман ҳам аз паси онҳо аз чиллахона баромада ба дари партави мазор рафтам, ки аз он дар баромада ба работи мутаваллӣ рафтори он духтарро тамошо кардам. Ҳамон рӯз шамол аз тарафи шимол мевазид. Намедонам, худаш дастони худро бо бозӣ ҷунбише дода дар даруни фаранҷӣ баланд мекард, ё бод фаранҷии паритовусии ӯро ба ҳаво мебардошт, дар ҳар ҳол ӯ дар он вақт монанди товусе ба назар ҷилва менамуд, ки болҳои рангоранги худро чодир карда мехиромида бошад…
Ман ҳанӯз аз лаззати ин тамошо сер нашуда будам, ки духтар нохост ба қафо нигоҳ кард ва дид, ки ман дар пеши дари партав истода рафтори ӯро тамошо мекунам, намедонам, аз ноз бошад ё шарм, монанди оҳуи рамида рафтори худро чобуктар гардонид. Дар он вақт ман байти зерини Хусрави Деҳлавиро мувофиқи мақом замзама кардан гирифтам:
Рафтан ба чӣ монад? Ба хиромидани товус!
Баргашта нигаҳ карданаш оҳуи рамида!
Ӯ рафта ба работ даромад. Ман дар ҳолате, ки масту мустағрақи он рафтору қомат шуда будам, баргашта ба чиллахона омадам ва ба навиштани ғазали супоришӣ даромадам ва дар он ғазал «ба офтоби оламтоб» сарлавҳа гузоштам».
Мулло Бурҳон дар он маҷлис он шеърашро, ки ба ҳамон духтар бахшида навишта будааст, хонда буд. Аммо он шеър ба сабаби он ки аз ҷиҳати шеърият паст буд, дар ёди ман намондааст ва дар он вақт навишта гирифтани он шеърро ҳам лозим надида будам. Бинобар ин дар ин ҷо мазмуни он шеърро аз забони шоири мазкур ба тарзи мансур бо таҳрири худам менависам:

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.