Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 4-3

Хабари «Ҷабраил» дар бораи кори аробакаш

Пеш аз он ки хабари «Ҷабраил» 217 дар бораи аробакаш баён карда шавад, лозим аст, ки шахсияти «Ҷабраил»-ро ба хонандагони азиз шиносонам: «Ҷабраил» писари калони Мулло Ҳомиди Араб буд, ки ӯ ба «файласуфӣ ва ҳакимӣ» машҳур буда, чунонки дар яке аз бобҳои гузашта шарҳ ёфт, Мулло Амони розмозӣ ба умеди омӯхтани ҳикмат ва фалсафа ба ӯ шогирд шуда буд 218.
Писари калони ин «файласуф» бошад, на барои шӯҳрат додани худ ба «фалсафадонии» падари худ тақлид кард ва на барои машҳур шудан бо унвони «олими динӣ» пайрави уламои динӣ гардид, балки ӯ бо роҳи дигаре номи худро «ягонаи даврон» сохтан хост. Он роҳ ҳамин буд, ки ӯ хабарҳоеро, ки табақаи уламо ва сипоҳи он замон ба онҳо манфиатдор буда, ба шунидани онҳо ҳавасманд буданд, аз куҷо бошад, ёфта ба толибонаш мерасонид. Ӯ дар ин роҳ як қисми даромади падарашро, ки аз роҳи мударрисӣ, дарсгӯйӣ ва муфтигӣ меомад, сарф намуда, бо дарбориёни амир ва наздикони қушбегӣ ва қозикалон алоқа баст ва ба воситаи онҳо хабарҳоеро, ки дар бораи аз кор гирифтан ва ба мансабе мансуб шудани уламо ва сипоҳҳо пешакӣ мешунид, дар ба дари уламо ва сипоҳиён гашта он хабарҳоро ба онҳо мерасонид. Ба ин муносибат толибони хабарҳояш ӯро «Ҷабраил» номиданд.
Албатта, ҳамаи хабарҳое, ки ӯ ёфта ба толибонашон мерасонид, рост намебаромаданд — қисман рост бароянд ҳам, қисман бенатиҷа мемонданд, бинобар ин баъзе «забондонҳо» танҳо калимаи «Ҷабраил»-ро муносиб надида, ӯро бо унвони «Ҷабраили дурӯғгӯй» ёд мекарданд. Азбаски қаду қомат ва шаклу шамоили ӯ аз одамони дигар фарқ дошт, чунонки мегуфтанд, «монанди шабҳои зимистон дарозу сиёҳу хунук буд» ва як чашмаш кӯр буда, чашми дигари калони арабонааш қувваи чашми кӯршудаашро ҳам ба худ гирифта, чашми гови кушта шудаистода барин дар дили кас ҳарос ва нафрат меангехт, баъзеҳо ба ӯ унвони «шайтони якчашма»-ро муносиб медиданд.
Агар бетарафона ва холисона гап занем, ин ду унвони охирии ба ӯ додашуда аз тақозои ҳисси душманӣ ва бадбинӣ холӣ набуда, унвони маълум ва машҳури аз тарафи уламо ва сипоҳиён қабулёфтаи ӯ «Ҷабраил» буд.
«Ҷабраил» дид, ки афкори омма, хусусан фикру зикри уламо, ба масъалаи аробакаш банд аст, ӯ хост як қисми вақт ва маблағи худро дар ин кор сарф намуда, дар ин бора хабарҳои ҳақиқиро ва ҳеҷ набошад ба ҳақиқат наздикро ёфта дар шаҳр овоза карда, диққати умумро ба тарафи худ ҷалб намояд.
Хулосаи хабаре, ки «Ҷабраил» баъд аз кӯшиши чандрӯза аз манбаъҳои мӯътабар ба даст дароварда дар шаҳр паҳн карда буд, иборат аз ин буд, ки амир баъд аз гирифтани аризаи қозикалон ва ривояти уламо дар бораи кори аробакаш ба воситаи қушбегӣ ба консули ҳукумати Россия муроҷиат карда, аз вай маслиҳат пурсидааст.
Консул ба ин масъалаи муҳим аз тарафи худ маслиҳат доданро муносиб надида, дар ин хусус маслиҳат пурсида, ба генерал-губернатори Туркистон муроҷиат намудааст. Назар ба қавли «Ҷабраил», генерал-губернатор дар ҷавоби консул гуфтааст, ки: «сангсор кардани як гунаҳгори дин аз рӯйи шариат лозим бошад ҳам, дар замони падару бобоҳои ҷаноби олӣ дар Бухорои шариф ба амал оварда шудани ин гуна ҷазоро касе нақл намекунад ва инчунин дар дигар вилоятҳои Шарқи исломӣ ҳам дар ин наздикиҳо ба вуқӯъ пайвастани ин гуна ҷазо шунида нашудааст. Бинобар ин дар иҷрои ин кор бисёр эҳтиёт кардан лозим аст: ба ин тариқа, ки танҳо ба муроҷиати муллоёни даъвогар ва ривояти уламо қаноат накарда, маҳкамае ташкил кардан даркор аст, ки ба маҳкамаҳои мамлакатҳои мутамаддин монандӣ дошта бошад. Барои ташкил кардани ин гуна маҳкама касе аз тарафи давлати ҷаноби олӣ прокурор таъин карда шавад, яке аз иштироккунандагони воқеа даъвогар шуда, дигарҳошон вазифаи шоҳидиро ба ҷо оранд ва аз тарафи гунаҳгор ҳам касе вакил шуда ҳуқуқи ӯро мудофаа намояд, ҷаноби шариатпаноҳӣ — қозикалон раёсати ин маҳкамаро дар зиммаи худ гиранд ва дар айни замон ба сифати қозиюлқуззотӣ ривояти уламо ва аҳкоми шариатро ҳам иҷро намоянд.
Гуноҳи гунаҳгор дар ин гуна маҳкамае, ки қувваи қонунӣ дорад ва ҳам қувваи динӣ, ба субут расида, ӯ ба ҷазои сангсорӣ гирифтор гардад, барои бастани дасту даҳони мухбирони газетаҳо ва ҳар гуна беҳудагӯён, ки баъд аз иҷрои ин ҷазо ба зоти олӣ ва ба ҳукумати ҳазрати император тӯҳматҳо хоҳанд кард, дар дасти мо дастак хоҳад шуд».
Вақте ки ин хабар на ба тартибе, ки дар ин ҷо таҳрир карда шуд, балки ба як тарзи бесару буне, ки ҳамин мазмунро мекард, аз тарафи «Ҷабраил» дар шаҳр паҳн гардид, дигарбора кӯчаҳо ба ҷӯш даромаданд, дигарбора майдонҳое, ки иҷрои ҷазои сангсорӣ дар он ҷоҳо тахмин карда мешуд, аз гурӯҳҳои тамошодӯстони ҳангоматалаб пур гардиданд; дигарбора давутози Ҷунбул-махдум дар кӯчаҳои шаҳр сар шуд; дигарбора «санодиди Қурайш» (муллоёни даъвогар) дар миёнсаройи мадрасаи Кӯкалтош ба гапфурӯшӣ даромаданд.
Мулло Амони розмозӣ хабарҳои дар бораи кори аробакаш аз тарафи «Ҷабраил» паҳн кардашударо шунида ба ғазаб омада, аммо ин ғазаби пурзӯри худро бо заҳрхандае омехта, чунонки ширинкорӣ карда истода бошад, мегуфт: «Генерал-губернатори Туркистон дар корҳои Бухоро вазифаи «худоӣ»-ро адо мекунад, гумоштаи сиёсии ӯ (консул) ба ҷойи пайғамбари ӯст, дар корҳои Бухоро «Ҷабраил»-и мо, ки мухобараи байни он Худо ва ин пайғамбарро медонад, ҳақ дорад, ки унвони «Ҷабраили ҳақиқӣ»-ро ба худ гирад, на чунонки баъзеҳо мегӯянд, «Ҷабраили дурӯғгӯй» ва на чунонки баъзе дигарҳо мегӯянд, «шайтони якчашма». Лекин ман аз корҳои «худои Бухоро» (генерал-губернатори Туркистон) он қадар хушнуд нестам, зеро бо он ки Худои мусулмонон ва умуман Илоҳи умуми диндорон бо «арҳамурроҳимин» (бо раҳмдилтарини раҳмдилон) будан шӯҳрат дорад, «худои мамлакати мо» азламуззолимин (золимтарини золимон) шуда баромад. Ӯ дар сурате, ки метавонист бо номи «ҷорикунандаи маданият дар байни ваҳшиён», ки ҳамеша худро бо ҳамин ном ба дунё шиносондан мехоҳад, ин ваҳшонияти муллоён ва ҳукумати Бухороро манъ ва бартараф кунад, барои ба амал овардани ин ваҳшонияти золимона роҳи «қонунӣ» ва «маданӣ» ёфта дод.
* * *
Баъд аз ду ё се рӯзи дар шаҳр паҳн шудани хабари «Ҷабраил» ин хабар бо кори расмии қозикалон тасдиқ ёфт: Ӯ муллоёни даъвогарро шабона пеши худ даъват карда бурда, Ҷунбул- махдумро «муддаии умумии давлатӣ» таъин кард, ки ин таъбирро мамлакатҳои Шарқи исломии бо Европа алоқаманд ба ҷойи «прокурор» қабул кардаанд; Мухторхоҷаро даъвогар қарор дод, ки ӯ мебоист ба маҳкама ариза дода даъво мекард, ки «аробакаш бо гуфтори ин калима ва он калимаи куфр кофир шуд»; Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-махдум шоҳид қарор дода шуданд, ки мебоист онҳо монанди «одамони холисе», ки ба аробакаш ва Мухторхоҷа ҳеҷ алоқа надоранд, «холисона» гувоҳӣ медоданд, ки даъвои Мухторхоҷа ҳақ ва рост аст.
Акнун аз ҷониби аробакаш вакил (адвокат) таъин кардан даркор буд, ки ӯ «ҳуқуқи ҷавобгар»- ро мудофиа намояд. Дар ин масъала муллоён қабул накарданд, ки бо аробакаш дар як маҷлис барои муҳокима нишинанд, «чунки, — гуфтанд онҳо, — он аробакаш дар асл куфрӣ буд ва дар ҳар куҷо ҳар касро бо алфозҳои қабеҳ бе ибо дашном медод, акнун ки ӯ аз зинда мондан умедашро кандааст, дар вақти мурофиа ва муҳокима аз мо гирифта то ҷаноби шариатпаноҳӣ ва амиру вазир ҳамаро дашномҳои қабеҳ хоҳад дод. Дар он сурат дар пеши оммаи мардум, ки дар мурофиаи кушода албатта ҳозир хоҳанд шуд, ҳамаи мо беобрӯй мешавем. Беҳтар он аст, ки ӯ дар маҷлиси муҳокима ҳозир нашавад ва дар ғайби ӯ дар ҳаққаш ҳукм бароварда шавад». Қозикалон бо як ҳилаи шаръӣ ва қонунӣ ин талаби муллоёнро ба амал овардан хост, ӯ гуфт: «Ин тавр бошад, ӯро бемори барҷомонда қарор медиҳем ва касе, ки аз ҷониби ӯ вакил мешавад, ҳам вакили шахсии ӯ дар мурофиа ва ҳам вакили ҳуқуқии ӯ дар мудофиа кардани ҳуқуқи ӯ ба шумор меравад».
Ин фикр аз тарафи муллоён ҳам писандида шуд ва аз одамони миршаб разилтарин, золимтарин ва дар айни замон гапдонтарини онҳо — Кали Қурбонро, ки хонандагони мо қисме аз аҳволи ӯро дар бобҳои боло хондаанд 219, вакили «боэътибори» аробакаш қарор доданд. Фардои ҳамон шаб ноиби .қозикалон Кали Қурбонро ҳамроҳи худ ба обхонаи арки Бухоро гирифта бурд, ки аробакаш он ҷо маҳбус буд.
Ноиби қозикалон ба аробакаш маъқул кард, ки Кали Қурбонро вакили мурофиаи худ гардонад: «Агар худат ҳозир шавӣ, аҷаб нест, ки шогирдони муллоён балвое барпо кунанд, — гуфт ноиб ба аробакаш, — дар он аст, ки ин одами гапдонро, ки аз шариат ҳам ба хубӣ хабардор аст, вакили худ қарор диҳӣ».
Ноиб барои бовар кунондани аробакаш ба вакилаш илова карда гуфт: «Албатта, ин одам туро аз тӯҳмати муллоён халос мекунад, лекин баъд аз озод шуда баромадан, хизматонаи ӯ ва маро ба хубӣ адо мекунӣ».
Аробакаш дар аввал дар шубҳа бошад ҳам, бо шунидани ин суханони иловагӣ дар дили худ қарор додааст, ки «албатта инҳо барои маблағи калоне аз ман рӯёндан маро халос хоҳанд кард» ва бо умедвории калон он шайтонро вакили худ қарор додааст. Ба ӯ ҷанҷоли бар болои пули кирошударо тамоман гуфтааст, ки инҳоро дар вақти мурофиа нақл карда, дурӯғ будани даъвои муллоёнро исбот намояд.
Вакилшаванда ҳам барои дили ӯро ба худ пур кардан аз ӯ баъзе ҷойҳои дуруст фаҳмиданашудаи ҷанҷолро такрор пурсида гирифтааст, то ки «дар вақти мурофиа ҳақиқатро ошкор карда тавонад». Ноиби қозикалон хати ваколатро ба тарзе, ки дар қозихонаҳои Бухоро одат буд, навиштааст. Дар ваколатномаҳои қозихонагӣ имзо кардани вакилкунанда одат набуда, фақат бо мӯҳри худ тасдиқ кардани қозӣ кифоя кунад ҳам, дар копияи ин ваколатнома, ки ба консулхона мерафт, нарангушти аробакашро ба сиёҳӣ ғӯтонда бар коғаз пахш кунонда, дасти аробакаш будани он нақшро худ тасдиқ кардааст.
Бо ҳамин ҳайати таркибии маҳкама муайян гардида, дар шаҳр овоза шуд. Оммаи мардуми шаҳр ба ҳеҷ кадом аъзоёни ин ҳайат аҳамият надиҳанд ҳам, аз ду аъзои он механдиданд: вакили аробакаш шудани Кали Қурбонро «гург вакили гӯсфанд шудааст»- гуфта ханданд, аз муддаии умумӣ таъин карда шудани Ҷунбул-махдум «судхӯр исботкунандаи ҳуқуқи Худою расул шудааст»- гуфта механдиданд.
Аз лабиҳавзиарбобиён Қорӣ Усмон, ки шӯхтарин ва озодфикртарини онҳо буд, муддаии умумӣ таъин карда шудани махдуми Ҷунбулро шунида , «агар исботкунанда ва мудофиакунандаи ҳуқуқи Худою расул, ба иборати дигар, агар ҳомии Худою расул махдуми Ҷунбул бошад, аз Худою расул ҳам даст шустан даркор мешавад, — мегуфт, — аз Худою расуле, ки ҳаққи худро худ талаб карда натавониста, ихтиёри худҳошонро ба дасти Ҷунбул-махдум барин разил супоранд, чӣ умед карда мешавад?».

Қарори «Маҳкама» ва сангсор карда шудани аробакаш

Ташкил карда шудани «маҳкамаи шаръӣ ва қонунӣ», яъне «маҳкамае, ки ҳам қувваи шаръӣ дошта бошад, ҳам қувваи қонунӣ», хеле аҷобат дошт: қозикалон ба одати муқаррариаш дар даруни меҳмонхона дар пеши дари боло менишаст; дар беруни он дар монанди пештара, чунонки дар вақти мурофиаҳои ҳаррӯзаи шаръӣ мекарданд, бӯрёеро паҳн карда буданд, фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки бӯрёи ҳаррӯза хурдтар ва ин бӯрё калонтар ва васеътар буд; бар рӯйи ин бӯрё Ҷунбул- махдум, Мухторхоҷа, Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони рафтор ва Қиём-махдум менишастанд; Кали Қурбон, ки «вакили аробакаш» буд, аз ҳама канортар ҷой гирифта буд.
Мулозим ба тартиби ҳаррӯза аризаи даъво, яъне маҳзари шаръиро аз дасти Мухторхоҷа гирифта ба қозикалон дод. Қозикалон баъди аз назар гузаронидани маҳзар хулосаи онро, ки Мухторхоҷа «кофир шудани аробакашро ба сабаби дашном доданаш Худою расул»-ро даъво мекард, ба даъвогар — Мухторхоҷа нигоҳ карда гуфта, аз вай пурсид:
— Шумо дар ин даъвои худ шоҳид доред?
— Шоҳид дорам! — гӯён ӯ Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-мах-думро, ки дар паҳлуи чапаш нишаста буданд, нишон дод. Қозикалон ба шоҳидон нигоҳ карда:
— Гувоҳӣ диҳетон! — гуфт. Ҳар кадоми он шоҳидҳо:
— Гувоҳӣ медиҳам, аз барои Худо, на аз бораи риё, ки аробакаш фалон, фалон алфозро бар забон ронда кофир шуд, — гуфтанд.
Қозикалон аз вакили аробакаш — аз Кали Қурбон пурсид:
— Ту чӣ мегӯйӣ?
— Ман ба гуноҳи вакилкунандаи худ иқрор мекунам, ки, — гӯён гап сар карда алфозҳои қабеҳро, ки на дар маҳзар буд ва на шоҳидон он алфозро ба аробакаш нисбат дода буданд, ба забон оварда, ҳамаро ба вакилкунандаи худ нисбат дода, гӯё аробакаш бо ҳамон алфоз Худою расулро дашном дода бошад, аз забони ӯ нақл намуда, таъкид ва тасдиқ кард. Аммо аз ҷанҷоли муллоён бо аробакаш бар болои пули киро лаб накушод.
Баъд аз он қозикалон ривояти уламоро ба даст гирифта, мазмуни онро ба «вакили гунаҳгор», ба даъвогар ва шоҳидон ва ба ҳамаи тамошобинон шунавонид. Аз рӯйи нақли қозикалон уламо бо далелҳои шаръӣ сангсор кардани аробакашро лозим шумурдаанд. Сонӣ қозикалон ба Ҷунбул-махдум нигоҳ карда пурсид:
— Шумо, ки муддаии умумии давлатӣ мебошед, ба ин ҳукми шариат, ки муфтиёни ислом дар ривоят нишон додаанд, розӣ ҳастед ё не?
— Ман ба ин ҳукми шариат розӣ нестам… — гӯён Ҷунбул-махдум гап сар кард.
Қозикалон бо шунидани ин сухани Ҷунбул-махдум табассуме карда худро ба нофаҳмӣ зад; шоҳидон ва даъвогар ҳам ба якдигар нигоҳ карда писханд намуда, лаби зеринашонро бар рӯйи лаби болоӣ кашида, шояд аз шармиданашон бошад, ба замин чашм дӯхтанд. Аммо тамошобиноне, ки бар болои мурофиакунандагон рост истода буданд, бо ғурунг-ғурунге, ки диққаткунандагон шунида метавонистанд ба якдигар мегуфтанд:
— Худаш бо гуфтани «ман ба ин ҳукми шариат розӣ нестам» кофир шуд, чунки ҳукми шариатро рад кард.
Ҷунбул дар зери ғурунг-ғурунги мардум суханашро давом дода, бисёр алфозҳои қабеҳро, ки аз суханони Кали Қурбон дошта гирифта буд ва ба онҳо боз чанд калимаҳои дашномиро, ки худ аз кӯчаҳо шунида буд, зам карда, ба аробакаш нисбат дода, дар натиҷа гуфт, ки:
— Аробакашро ҳам «ташҳир»* ва ҳам сангсор кардан лозим аст.
Бо ҳамин қадар гуфтушунид мурофиа ва муҳокима тамом шуд. Дар тавсияи гумоштаи сиёсии ҳукумати Россия дар рафти мурофиа айнан навишта рафтани гуфтаҳои ҳар кас дар зери номи худаш ва дар охири мурофиа имзо кунондани ҳар кас дар зери гуфтаҳои худ бошад ҳам, қозикалон ба амал овардани ин қисми тавсияномаро лозим надонист ва гуфтаҳои ҳар кас ба ҳаво рафт.
Назар ба нақли маҳрамони қозикалон, ӯ ин корро барои аз одат берун буданаш ба амал наовардааст ва агар ӯ ин корро ба амал меовардааст, мумкин будааст мардум гӯянд, ки «қозикалон маҳкамаи шаръиро ба шакли маҳкамаи судҳои Русия даровард». Аммо қозикалон баъд аз тамом шудани мурофиа мирзои худро ба пеши худ дароварда, суханони касонеро, ки дар вақти мурофиа гуфта буданд, аз забони онҳо худ имло кунонда нависондааст. Баъд аз он иштироккунандагони мурофиаро ҷеғ зада, ҳар касро ба зери он коғазе, ки аз номи ӯ навишта шуда будааст, имзо кунондааст.
Лекин қозикалон дар имло кунонидани суханони Кали Қурбон ба душворӣ дучор шудааст, чунки суханони дашномии ӯро ва монанди онҳоро худ намедонистааст, ки нависонад, бинобар ин дар ин бора бо мирзои худ машварат кардан хоста ба ӯ гуфтааст:
— Ман на суханони ин кали шум (Кали Қурбон)-ро, на монанди онҳоро ҳеҷ намедонам. Аммо барои гунаҳгор кардани аробакаш суханони ӯ хеле муҳим аст. Он худобехабар чунон дашномҳои болохонадорро аз забони аробакаш гуфт, ки ман монанди онҳоро дар хоби шабам ҳам нашунидаам. Дар ин хусус чӣ бояд кард?
Мирзо (котиб) ба ин саволи қозикалон ҷавобе надода, фақат «тақсир!»- гӯён қалам ба даст мунтазири имлои ӯ шуда нигоҳ карда истодааст.
— Худатон магар он гуна алфозро намедонед, ки аз забони Кали Қурбон ба аробакаш нисбат дода нависед? — қозикалон боз аз мирзо пурсидааст:
— Ман намедонам, — гуфтааст мирзо, — лекин мирохурбошӣ 220 хуб медонад.
— Кадом мирохурбошӣ? Ҳамин мирохурбошии нави мо, ки Ҳикмати Буз ном дорад?
— Ҳо, ҳамин Ҳикмати Буз, — мирзо тасдиқ кардааст, — вақте ки Мулло Мирзо 221 бо саисҳо, ки ҳама шӯрапушт мебошанд, муомила карда натавонист, маҷбур шуд, ки ҳамин Ҳикмати Бузро оварда дар саисхона мирохурбошӣ карда монад. Чунки худи ин ҳам шӯрапушт ва қиморбози гузарост, бо саисҳо ба чӣ забон гап заданро медонад. Дар дашномҳои кӯчагӣ ҳам аз Кали Қурбон монданӣ надорад.
— Хуб, ин тавр бошад, ӯро ҷеғ зада биёред.
_____________
* Ташҳир — маънии луғавии ин калима «ба расвоӣ шӯҳрат додани касе» буда, дар истилоҳи шариат гунаҳгори диниро дар шаҳр гардонда, гуноҳи ӯ ва ҷазои барои он гуноҳ ба ӯ додашударо ба омма маълум кардан аст.

Мирзо Ҳикмати Бузро ҷеғ зада овардааст. Ӯ аз забони Кали Қурбон дашномҳои кӯчагии болохонадорро ба аробакаш нисбат дода гуфтан гирифтааст, мирзо ҳам гуфтаҳои ӯро дар зери номи Кали Қурбон, ки бо унвони вакили ҷавобгар навишта шуда буд, навиштан гирифтааст.
Ҳикмати Буз чунон калимаҳои дашномии қабеҳи кӯчагӣ ёфта мегуфтааст, ки қозикалон аз ханда худдорӣ карда наметавонистааст. Дар охир қозикалон бо панҷаи дасти худ ба китфи ӯ бо аломати таҳсин тип-тип зада истода:
— Акнун бас кун, Ҳикмати Буз! — гуфтааст. — Ҳоло ҳам дар шумора ду баробари суханони дашномии Кали Қурбон ва дар ғалатигӣ даҳ баробари он ёфта гуфтӣ. Офарин ба ту!
Азбаски Ҳикмати Буз ҳам монанди Кали Қурбон бесавод буд, дар зери суханҳое, ки аз номи Кали Қурбон навишта шудааст, нарангушти худро ба сиёҳӣ тар карда аз ҷониби ӯ дар ҷойи имзо пахш кардааст.
***
Баъд аз мурофиа ва овоза шудани он дар байни аҳолӣ ғулғулае дар шаҳр афтод: акнун на танҳо бекормондагони ҳангоматалаб, балки қариб ҳамаи касоне, ки қувваи рафтор доштанд, ба умеди тамошо кардани сангсоркунӣ пагоҳонӣ ба Регистон медавиданд, дар он ҷо, ки аз сангсоркунӣ асаре намеёфтанд, ба майдони бозори хар ва аз он ҷо ба майдони машқи сарбоз. Ба ҳамин тариқа, мардум ҳар рӯз то соатҳои даҳ-ёздаҳ аз кору бори худ монда аз майдон ба майдон метохтанд ва дар охир ташнаву гушна ва монда шуда ба хонаи худ ё ба дӯкон ва сари кори худ бармегаштанд.
Аз рӯзи мурофиа понздаҳ рӯз гузашта бошад ҳам, анбӯҳи гурӯҳи тамошоталабон аз кӯчаву майдон кам намешуд, чунки ҳама яқин медонистанд, ки аробакаш сангсор карда хоҳад шуд, аммо сабаби дермонӣ ва саргумии рӯзи вуқӯи ин корро надониста, дар оташи интизор метапиданд. Онҳо намедонистанд, ки барои иҷрои ҳукми маҳкамаи «шаръӣ ва қонунӣ» натиҷаи мурофиа ва муҳокимаи ин корро ба амир арза карда, фармони ӯро гирифтан ва нусхаҳои «ҳуҷҷатҳо»-ро, ки бо сохтакориҳо ба сад хуни ҷигар тайёр намудаанд, ба воситаи қушбегӣ ба консулхона фиристода ризои гумоштаи сиёсии давлати императориро ба даст даровардан лозим аст…
Аммо «чист ки нагузарад?» Ба ҳазор душворӣ бошад ҳам, рӯзҳои интизории тамошоталабон гузашт: як шаб шабона аз тарафи «Ҷабраил» хабари баъд аз
____________
* Баъд аз ҳамин ҳикоят Ҳикмати Буз ба қозикалон Бадриддин бисёр маъқул ва наздик шуд, дере нагузашта, қозикалон ба амир арз карда ӯро амалдор кунонид. Кам-кам ӯ амиршинос шуда, дар охирҳои салтанати амир Олим дар Бухоро миршаб буд ва дар рӯзҳои револютсияи Бухоро дар пеши дарвозаи Шайхҷалол бо тири деҳқоне кушта шуд. (Ҳикмати Буз ба сифати як шахси таърихии реалӣ дар «Дохунда» дар саҳифаҳои 230 — 252 ва 253 (дар ин ҷо бо Кали Қурбон) — 261 ва 262 зикр ёфтааст: «Дохунда», нашри тоҷикӣ, соли 1949) 222
содир шудани фармони амир ба даст дароварда шудани ризои гумоштаи сиёсии ҳукумати Россия ба муштоқони ин хабар расонида шуд.
Акнун ҳама медонистанд, ки фардо пагоҳонӣ ҳукм иҷро хоҳад шуд, аммо намедонистанд, ки дар куҷо иҷро хоҳад шуд. Бинобар ин ҳавасмандони ин «тамошои нодир», ки имшабро бедор гузаронида буданд, бо шунидани азони бомдод, ки баъд аз он дар кӯчаҳои Бухоро озод гаштан мумкин буд, аз хонаҳошон баромада, ба тарафи Регистон давиданд.
Аммо то ба Регистон расидани тамошоталабоне, ки бошишгоҳашон дуртар буд, «тамошогоҳ» аз тарафи касоне, ки хонаҳошон ба он ҷо наздиктар аст, пур шуда буд. Ночор касоне, ки аз чор тараф аз кӯчаҳои тангу тори Бухоро монанди селҳои айёми баҳорон мавҷзанон шорида меомаданд, ба шакли оби зимистонии дарёи Зарафшон паси ҳамдигар гӯё ях баста, танба зада, торафт паснокӣ дамида мерафтанд.
Ба ҳамин тариқа, то сафед шудани рӯз анбӯҳи мардум, ки марказаш дар Регистон буд, аз тарафи ҷануб аз тоқи Тиргарон гузашта ба растаи Наддофон ва Мисгарон расид, аз тарафи ҷануби ғарбӣ аз бозори Коҳ ва тоқи Аллофон гузашта ба гузари Мурдашӯён ва Сари Пули Ошиқон танба зад, аз тарафи ғарб аз гузари Усторуҳӣ ва Нақорачиён гузашта ба тахти дарвозаи Ӯғлон баромад ва аз тарафи шимол аз гузари Мирзо Ғафур ба дарвозаи Имом ва гузари Арабон дарпайваст…
Аркони давлати амир — қозикалон, раиси калон ва миршаб дар ҳузури қушбегӣ барои иҷрои фармони соҳибдавлати худ дар хусуси аробакаш ҷамъ шуданд. Мувофиқи қарори «маҳкамаи шаръӣ ва қонунӣ», ки ба иҷрои он амир фармон дода ва гумоштаи сиёсии ҳукумати подшоҳии Россия ризоӣ дода буд, бояд ба аробакаш ду навъ ҷазо дода мешуд: якум — «ташҳир», яъне гунаҳгорро дар шаҳр гардонда ба расвоӣ шӯҳрат додан, дуюм — сангсор кардан.
«Аркони давлат» қарор доданд, ки ин ду ҷазо якбора иҷро карда шавад, то ки иҷрои онро дар кӯчаҳои шаҳр дар вақти гардиш додани гунаҳгор ҳамаи аҳолӣ дида тавонад. Вагарна ташҳирро, ки дар шаҳр гардондан аст, ҳар кас дида тавонад ҳам, сангсориро, ки ҳар кас ба дидани он толиб аст, бештарини аҳолӣ дида наметавонанд, зеро дар Бухоро майдоне нест, ки ҳамаи аҳолиро, ҳеҷ набошад, бештарини онҳоро ғунҷонад. Ба болои ин дар вақти иҷрои сангсоркунӣ дар як майдон ба сабаби бисёр ғун шудани одамон ва зер карданашон якдигарро талаф шудани каси бисёре мумкин аст. Бинобар ин якбора иҷро кардани ду ҷазо муносиб аст. Барои якбора иҷро кардани ду ҷазо қарор дода шуд, ки гунаҳгор ба шутуре савор карда шуда, дар шаҳр гардонда шавад ва дар айни замон «савобталабон» ӯро бо сангҳо зада рафтан гиранд. Аммо дар ҳолате ки Регистон ва атрофи он аз тамошоталабон пур буда, дар он ҷоҳо ҷойи сӯзан задан ҳам набуд, ҳатто ҳамон рӯз машкобҳо ба арк об ҳам бароварда натавониста буданд, на шутурро ба арк баровардан мумкин буд, на гунаҳгорро пойин фуроварда ба шутур савор кардан. Бинобар ин қарор дода шуд, ки аҳолӣ бо фиребе аз Регистон дур карда шаванд, чунки онҳоро бо чӯбдасти ясавулон ва себанди шабгардон дуртар рондан мумкин набуд.
Ин корро Кали Қурбон ба гардан гирифта, себанди шабгардиашро ба даст дошта давон аз арк фуромад ва ба гурӯҳи одамон расида, «ба ман роҳ диҳетон!»- гӯён хост, ки аз байни одамон гузашта равад.
Аҳолӣ, ки Кали Қурбонро мешинохтанд ва ба сабаби одами мӯътабари миршаб буданаш дар ҷазодиҳӣ иштирок карданашро медонистанд, аз ҳар тараф ба ӯ савол додан гирифтанд:
— Ака Қурбон, аробакашро кай сангсор мекунанд?
— Дар ҳамин ҷо сангсор мекунанд ё дар ягон ҷои дигар?
— Ҳозир гунаҳгор дар куҷост?
— Аробакаш дар майдони машқи сарбоз, ки аз ҳамаи майдонҳо васеътар аст, сангсор карда мешавад, — гуфт Кали Қурбон дар ҷавоб, — ҳозир ӯ дар зиндон аст. Ман рафта истодаам, ки ӯро аз зиндон гирифта бурда ба он майдон расонам. Барои гӯронидани гунаҳгор то миён дар миёнҷойи он майдон чоҳча ҳам канда шудааст, барои кор фармудан дар сангсоркунӣ дар ҳар тарафи он майдон санг ҳам тӯда-тӯда карда монда шудааст. Шумоҳо ҳар қадар ки ба ман зудтар роҳ диҳетон, ман ҳамон қадар зудтар рафта гунаҳгорро ба майдони ҷазо мерасонам…
Бо шунидани ин хабари «пухта» аз забони одами мӯътабари миршаб, ҳатто ба суханони охириаш гӯш надода, ҳама ба якбора аз дами арк ва майдони Регистон пас гашта, ба тарафи майдони машқи сарбоз давиданд. Кали Қурбон ҳам аз майдони холишудаистодаи Регистон давида гузашта, Ҷомеи Пояндаро як гардиш карда, аз тарафи қӯрхонаи нав омада, аз зинаи паҳлуии ҷанубии тахтапул ба арк баромад.
Дар майдони Регистон танҳо он касоне монда буданд, ки на дар зиндон, балки дар обхона — дар роҳрави арк маҳбус будани аробакашро медонистанд. Аз ин ҷумла гурӯҳи лабиҳавзиарбобиён буданд, ки ман ҳам дар қатори онҳо будам.
* * *
Баъд аз холӣ шудани Регистон аз гурӯҳи тамошоталабон шутуреро, ки аз гузари Сорбонон оварда дар қӯрхона монда будаанд, ба болои арк бароварда, дар рӯ ба рӯйи дари обхонае, ки аробакаш он ҷо маҳбус буд, чӯкониданд.
Маҳбусро аз обхона бароварда, дасташро ба пеш бастанд; баъд аз он ӯро ба болои шутур савор карда, поҳояшро ба зери шиками шутур кашида, аз бандҳои по аз пеши буҷулак ресмонҳои сахти канаби собунзадаро ҳалқадавак карда гузаронида, ҳар ду нӯги ин ду ресмонро ба ҳам бо гиреҳҳои кушоданошуданӣ пайванд доданд; инчунин аз миён ва бозуҳои гунаҳгор ресмонҳои канабро ҳалқадавак карда гузаронида, нӯгҳои он ресмонҳоро ба чӯбҳои ҷағози шутур аз пасу пеш гузаронида чорбанд карданд ва баъд аз он шутурро аз ҷояш хезонданд.
Кали Қурбон маҳори шутурро дар даст гирифт. Аввалин сангро Ҷунбул-махдум ба тарафи аробакаш андохта, аввалин дашноми болохонадори аробакашро ӯ ба тарзи «мукофот» гирифт; баъд аз он он чор нафар муллои даъвогар ҳам як-як санг андохта, «мукофоти» муносиби худро ёфтанд; баъд аз он қозикалон як санг зад, ки ба аробакаш нарасид, ҳамин тавр бошад ҳам, аробакаш ӯро ҳам низ аз «мукофоти» обдори худ бенасиб нагузошт, баъд аз он қушбегӣ, раиси калон ва миршаб ҳам санг андохта, ҳар як ба «мукофоте» сарфароз гардиданд.
Баъд аз он «аркони давлат» амр фармуданд, ки гунаҳгорро аз арк фуроварда, ба кӯчаҳои шаҳр гардонанд, то ки мусулмонон санг андохта ба савоб дохил шаванд.
Дар сафи пеш Мухторхоҷа, Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-махдум даромаданд; аз паси онҳо як-ду қадам дуртар аз онҳо Ҷунбул, ки «муддаии умумии давлатӣ» ва ба қавли ахолии Бухоро «вакили Худою расул» буд, ба роҳ даромад ва аз паси ӯ Кали Қурбон, ки вакили боваринишондодаи аробакаш буд, маҳори шутурро кашида роҳӣ шуд.
Атрофи онҳо ва шутурро як сад нафар одамони себанддори миршаб иҳота-кунон равон шуданд. Аз дунболи ин даста як дастаи қариб панҷсаднафарӣ, ки аз мулозимони қозикалон ва раис, аз шогирдпешагони қушбегӣ ва миршаб, аз мерганон, мириғазабон ва ҷаллодони дарвозаи арк ташкил ёфта буд ва дар дасти ҳар кадоми онҳо тӯрбаи емхӯрии асп, ки пур аз санг менамуд, ба роҳ афтоданд.
Вақте ки вакилони муллоён бо тартиб ва «тантанае», ки дар боло тасвир ёфт, бо «гунаҳгори шутурсавор» аз арк бо тахтапул ба майдони Регистон фуромаданд, ҷаллодони сангдаст атрофи шутурро иҳота карда гирифта ба сангпарронӣ даромаданд. Аробакаши мазлум дар ин ҷо фурсат ва қувват наёфт, ки ҳеҷ набошад, ба ин золимони хунхор ҷавоби дашномӣ диҳад, зеро бо аввалин санге, ки баробари мушти одам буда, аз тарафи ҷаллоди сангзане андохта шуда буд, сари ӯ, кафида, майнаи хунолудаш ба ҳар тараф пош хӯрда, аз ҳуш рафта буд…
Сангзанӣ давом мекард. Ҳарчанд гурӯҳҳои калони тамошоталабон бо фиреби Кали Қурбон Регистонро холӣ карда ба тарафи майдони машқи сарбоз рафта бошанд ҳам, бо фуромадани намойиши ҷазо аз арк ба Регистон майдон аз одам пур шуд. Лекин ҳеҷ кадоми онҳо ба тарафи аробакаш санг ҳаво надоданд ва афсӯсхӯрон нигоҳ карда меистоданд, ҳатто баъзе тамошобинон бо андохта шудани санге, ки сару рӯйи аробакашро мекафонд, чашми худро бо дасти худ пӯшонда аз миёнаи тӯда пастар мерафтанд ва баъзеҳо тамоман худро ба канор мекашиданд.
Аз байни тамошобинон танҳо бист-бисту панҷ нафар муллобачаи девонамонанд буданд, ки яке аз онҳо муаззини мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид буд, ба сангпарронӣ иштирок доштанд, аммо азбаски дар дасти онҳо санг набуд, сангҳои ҷаллодони амирӣ паррондаро аз замин чида гирифта ба тарафи аробакаш ҳаво медоданд. Хоҳ ҷаллодони амир бошанд, хоҳ он муллобачаҳои девонамонанд, ин кори ваҳшиёнаро бо шавқу завқ иҷро мекарданд, ки гӯё шикор ё футболбозӣ мекарда бошанд. Касеро, ки сангаш ба нишон нарасад, масхара дошта ба ӯ механдиданд, сангдастҳои нишонзанро таҳсину офарин мекарданд.
Ман дар умри худ якум бор дар он ҷо дидам, ки одам бо тарбияи бад ва одатҳои ваҳшиёна чӣ навъ аз ҷилди одамгарӣ баромада, аз ҳайвоноти дарранда ҳам бадтар мешудааст.
Оре, онҳо аз ҳайвоноти дарранда ҳам бадтар шуда буданд, зеро ҳайвони дарранда барои сер кардани шикам ё мудофиаи ҳаёти худ ба одам ё ба ягон ҳайвони дигар ҳуҷум кунад ҳам, аз ин кори худ шодмон шуда намехандад ва ҳатто аломати хурсандӣ нишон намедиҳад. Аммо ин одамони бадтар аз ҳайвон, дар вақте ки бо ваҳшонияти тамом як одами дасту по бастаро зада кушта, дасту пою сару рӯю гӯшту пӯсти ӯро пора-пора карда истода буданд, чунонки дар маросими домодбарӣ ё арӯсбиёрӣ иштирок карда истода бошанд, шодмонӣ мекарданд…
То ба таҳти тоқи Тиргарон расидани намойиши ҷазодиҳӣ дар аробакаш дигар асари ҳаёт намонда буд, ӯ ба сабаби сахт баста буданаш аз болои шутур нағалтида бошад ҳам, ба як тараф овезон шуда монда буд, ки дар сару сурати вай на гӯшу бинӣ менамуд ва на даҳану чашму абрую пешонӣ — ҳамаи ин аъзоҳои ӯ дар зери сангҳои бедод кафида пош хӯрда барбод рафта буданд; устухонҳои сари аз чанд ҷой кафидааш аз байни пӯсти кӯфта ва порагардида ба шакли чӯбкадуи шикастаи ба хун оғушташуда менамуданд. Аммо сангзанӣ ҳамчунон давом мекард…
Дигар моро тоқат намонда буд, ки барои фаҳмидани оқибати кор боз бо он гурӯҳи ваҳшиён пештар равем, бинобар ин аз он ҷо, аз он «намойиши» фоҷиабор ҷудо шуда, бо паскӯчае роҳи манзили худ пеш гирифтем ва бе он ки ба якдигар сухане гӯем, ҳар кадомамон ба ҳуҷраи худ рафтем.
* * *
Фардои он рӯзи фоҷиаандӯзи тоқатсӯз аз Абдузоҳир ном ҷавони лабиҳавзиарбобӣ, ки писари мулозими қозикалон буда, бо падараш дар он маросими ҷазо ба он гургони одамнамо ҳамроҳӣ карда будааст, хабарҳои охиринро шунидем:
Назар ба қавли ӯ, сангсоркунандагон мурдаи бар болои шутур овезоншудаи аробакашро ҳамчунон сангзанон бо кӯчаи калони Наддофон ва Тӯқумдӯзӣ бурда, аз Бозори Нав ба кӯчаи калони Лаби Рӯд гузашта, аз байни масҷиди Хоҷа Калон ва мадрасаи Нав ба кӯчаи Сесӯ даромада, бо растаи Баззозӣ аз тоқи Саррофон ва Чорсӯйи Бухоро гузаронида, бо гузари Ҳуллабофон ва кӯйи Мурғкушон то дарвозаи Қавола рафтаанд.
Аз дарвозаи Қавола аз шаҳр баромада, ба дасти чап гашта, таг-таги қалъа ба дарвозаи Мазор расида, аз он ҷо боз ба шаҳр даромада, ба дасти рост гашта. бо кӯчаи калони гузари Ҷаъфархоҷа, Мехчагарон, Дегрезон ва тоқи Заргарон расида, аз он ҷо ба дасти рост гашта, бо кӯчаи калони гузари Тӯпхона ба Чорбаққолии бозори чӯб расида, аз он ҷо ба дасти чап — ба тарафи ғарб гашта, бо гузарҳои Маддоҳон ва Арабон то гузари Мирзо Ғафур рафта, аз он ҷо ба кӯчаи калони дарвозаи Имом гузашта, ба дасти чап баргашта ба Регистон расидаанд ва аз он ҷо ҷаллодон ба арк баромада, «ба хубӣ адо кардани» вазифаи ҷаллодиашонро ба аркони давлати амир арз намуда, барои чӣ кор кардани устухонпораҳои аробакаш супориши нав пурсидаанд.
Мувофиқи фармойиши аркони давлат як панҷ нафар ҷаллодони дараҷаи поёнӣ бе маросими сангпарронӣ шутурро кашида аз дарвозаи Ӯғлон ба беруни шаҳр баровардаанд, ки мурдаи аробакашро дар қатори лошаҳои ҳайвоноти худмурда барои хӯроки сагон партоянд. Дар вақте ки ҷаллодон дар «лошазори ҳайвонот» шутурро чӯконида, ресмонҳои аробакаш басташударо бурида, мурдаи ӯро аз шутур фуроварданд, панҷ нафар одами мусаллаҳ, ки сару рӯяшон бо рӯмолҳои сиёҳ бастагӣ буда, танҳо сӯрохе дар пеши чашмашон кушодагӣ будааст, аз найзори пеши девори қалъа барқвор баромада, ба ҷаллодон ҳуҷум кардаанд. Дар натиҷаи ҳуҷум як ҷаллод кушта шуда, дигаре маҷрӯҳ гардида, се на-фари дигарашон гурехта рафтаанд ва одамони мусаллаҳи номаълум мурдаи пора-порашудаи аробакашро ба намаде печонда, ба даруни найзор даромада рафтаанд.
Аз рӯйи қавли Абдузоҳир, аҳолии шаҳр, ки як моҳ боз дар орзуи дидани сангсоркунӣ аз кӯча ба кӯча ва аз майдон ба майдон медавидаанд, вақте ки дар кӯчаҳо маросими ҷазоро медидаанд, ба дидани ин манзараи нафратангези фоҷиаомез тоб наоварда, аз сари роҳ мегурехтаанд ё бо дасти худ чашмонашонро то дур шуда рафтани он манзара пӯшонда меистодаанд.

Таассуроти Мулло Амон аз сангсор шудани аробакаш

Баъд аз ягон ҳафта гузаштан аз тамомияти кори аробакаш як шаб Мулло Амони розмозӣ ба мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб омад. Дар аввали дидан қариб буд мо ӯро нашиносем, чунки ӯ либоси муллоёнаро партофта, монанди аробакашон пӯшок пӯшида буд: либоси зеринаш як яктаҳкуртаи* қаламии кабуд буд. ки аз рӯй миёнашро бо як фӯтаи кабуди дастӣ бофташуда баста, дар паҳлуи чапаш як яккакорди устухондастаи дароз овехта буд: ба сараш як саллаи кабуди чорхонаи ресмонии дастӣ бофташударо печонда, фашашро думимушй, яъне кӯтоҳ гузошта буд, либоси рӯяш як ҷомаи серпахтаи ғиждувонӣ буд. Танҳо пойафзолаш аробакашона — чапанона набуда, ҳамон кафшу масҳии фартути муллоёна буд.
Бо дидани ин қиёфаи ӯ ба хотири ман тағйири либос карда, либоси муллоёнаро партофта, пӯшоки қиморбозона пӯшидани Яҳёхоҷа, ки дар саҳифаҳои 12 -13 қисми III-и «Ёддоштҳо» (нашри соли 1950-и тоҷикӣ) қайд шудааст, расид 223.
Яҳёхоҷа ин гуна корҳояшро ба тарзи ҳазлу шӯхӣ мекард, аз вай сабаби ин гуна ҳаракаташро пурсидан мумкин буд ва пурсида буданд ҳам. Ӯ дар ҷавоби он гуна пурсишҳо гоҳо худро ба девонагӣ зада, гоҳо бо оҳанги ҳазлу шӯхӣ, лекин дар ҳақиқат ҷиддиёна одамонеро, ки дар ҷамъият зарарнок медонист, расво карда фош менамуд.
Аммо Мулло Амон бо ин либоси чапанонааш чунон бо ҷиддият ва хашмгинона омада пеши мо нишаст, ки касе ҳам аз рафиқон ба пурсидани сабаби тағйир додани либосаш ҷуръат накард. Дар ҳар ҳол ба ҳама маълум буд, ки ӯ бо ин кори худ кори дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» қайдёфтаи Яҳёхоҷаро тақлид кардааст, лекин на ба тарзи ҳазлу шӯхӣ, балки ба тарзи ҷиддӣ ва қатъӣ тақлид кардааст.
Мулло Амон бо ҳамон вазъияти ҷиддӣ хашмгинона якчанд дақиқа хомӯш нишаст, аҳли сӯҳбат ҳам бо омадани ӯ хомӯш гардиданд, вазъияти пурсалобати
____________
* Яктаҳкурта — яктаҳест, ки ба пеши вай як парчаи нимгиребонвор илова мекунанд. Агар тугмаи он парча гузаронида шавад, чунон менамояд, ки пӯшандаи он курта пӯшида, аз рӯйи вай яктаҳ пӯшидааст; агар тугмааш кушодагӣ бошад, монанди яктаҳи оддӣ менамояд, ки одам дар тани бараҳна пӯшида бошад ва сари синааш намуда исгад.

ӯ ҳамаро ба хомӯш истодан маҷбур карда буд. Баъд аз фурсате ӯ гап сар карда гуфт:
— Шумоён маро дар зери ин либоси чапанона дида, бояд тааҷҷуб карда бошетон, баъзеатон шояд дар дили худ гузаронед, ки «набераи Файзӣ-авлиё» ба Яҳёхоҷаи мираконии девонаи масхарабоз тақлид кардааст». Аммо ман на хоҷаи миракониам, на девона ва на масхарабоз, умуман ман масхарабозӣ ва ҳазлу шӯхиро бад мебинам. Ман, ки саҳроии деҳқонзода мебошам ва ба болои ин, ба қавли муллоён, «набераи Файзӣ-авлиёи дузд» ҳастам, агар ҳазлу шӯхӣ мекардам ҳам, касе намебардошт… Як чой фармо, ҳалқам қоқ шуд, — гуфт Мулло Амон ба Қорӣ Усмон аз сухани асосиаш бозистода.
Қорӣ Усмон ба чойник чой андохта, ба Қорӣ Шарифи кордгар дода фар-муд, ки аз самовори гузар дам карда орад. Мулло Амон давом кард:
— Ман ҳазлу шӯхӣ намекунам, ҳама кори ман ҷиддист, — гуфта дубора таъкид карда, баъд аз он ба аҳли маҷлис нигоҳ карда пурсид: — Шумоён, ки «ғайбатчиёни Бухоро» мебошетон, магар фикр кардаетон, ки дар ин рӯзҳои охир чӣ корҳо шуда гузашт?
Касе ба ин саволи ӯ ҷавоб надод ва ӯ боз давом намуд:
— Ҳамаатон медонед, ки Ҷунбули мурдор, Мухторхоҷаи мор, Қорӣ Самеи нобакор, Абдураҳмони Рафтор (ман ба ин марди фоҳишамонанд дигар сифат намедиҳам, худи ҳамин калимаи «рафтор», ки аз тарафи мардум ба номи ӯ ҳамроҳ карда шудааст, нишон медиҳад, ки ӯ хурдсолиашро бо кадом машғулият гузарондааст), — гуфт Мулло Амон дар байни сухани асосии худ ба тарзи ҷумлаи мӯътариза — скобкагӣ ва давом намуд: — ва Қиём-махдуми ҳарзагарди бадкирдор — ин панҷ нафар ғаддори мурдоркор барои халос шудан аз ним танга пули киро бешармона ҳамон қадар моҷароро барпо кардаанд, он бас набуд, ки берӯйӣ, бешармӣ, беинсофӣ, бераҳмӣ ва бедиёнатиро ба ҷое расонданд, ки аз номи дин як одамро бо ваҳшонияти чашмнадида ва бо азобу уқубати гӯшношунида нобуд карданд…
— Ҳамаи мо Ҷунбул, Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-махдумро медонем ва аз инҳо умеди одамгарӣ кардан хато буд. Аммо Мухторхоҷаро чӣ шуд, ки ӯ ба ин кор ҳамроҳ шуд? Ман ӯро одами нармдили хоксор медонистам, ман гумон надоштам, ки ӯ ба ҳамин қадар расвоии пурфоҷиа ҳамроҳӣ кунад, -гуфтам ман сухани Мулло Амонро бурида ба ӯ. Ӯ, баъд аз он ки қадаре ба ман бо диққат нигоҳ карда истод, гуфт:
— Ман туро теззеҳни гапфаҳм гумон карда будам, аммо аз ҷойи гуфтаам набаромадӣ! Магар диққат накардӣ, ки дар вақти ном бурдани ин панҷ нафар ман ба ҳар кадоми онҳо як сифати муносиб додам ва аз он ҷумла Мухторхоҷаро «мор» гуфтам. Мор ҳам нарм аст, нармии ӯ ба дараҷаест, ки агар аз заҳр заданаш натарсида ба баданаш даст расонӣ нармиаш ба даст мефорад, аммо кори ӯ одамонро заҳр зада куштан аст. Охир арабҳо бе сабаб нагуфтаанд, ки «аузу бил-лоҳи мин ғазабил ҳалим» (паноҳ мебарам ба худо аз ғазаби одами нарммуомила). Мақоли халқ, кадом халқ бошад, натиҷаи таҷрибаи солҳои бисёри одамони донишманд аст… Қорӣ Шариф чойро овард, Қорӣ Усмон баъд аз гардондани он пиёлаи якумро ба Мулло Амон дод, Мулло Амон аз чойи гарми ҷӯшон ба тарзе, ки гӯё мазаашро чашида медида бошад, қатрае чанд ба даҳон гирифта, ҳалқи худро тар карда, пиёлаи пурчойро дар пеши худ гузошта, сухани асосии худро давом кунонид:
— Шояд шумоён гумон мекарда бошетон, ки ин ҳама бедодгарии ваҳшиёнаро ҳамин «панҷ сар гургони ваҳшии дупо» кардаанд. Аммо дар ҳақиқат ин тавр нест. Ман дар вақти ин моҷаро ба пеши ҳар кадоми муллоҳои машҳур даромадам, бештарини онҳо ин кори ваҳшиёнаи он панҷ нафарро «ҳамияти динӣ» меномиданд ва ба онҳо таҳсинҳо, офаринҳо мехонданд. Ҳатто устоди худам — домулло Ҳомиди Араб, ки худро «файласуф» ва «ҳаким» метарошид, бадкирдориҳои ин панҷ нафарро шунида хурсандӣ мекард, ки «дар вақтҳои охир уламои моро дар пеши авом ҳеҷ эътиборе намонда буд, бо кори инҳо оммаи мардум маҷбур мешаванд, ки уламоро ҳурмат кунанд ва дар ҳар кори худ аввал ризои онҳоро ба назар гиранд». Охир дар ин фикри устоди фалсафаи ман чӣ мегӯетон? Магар барои ҳурмати худ ва ҳурмати ҳамюғони* худ одамонро куштан лозим будааст-дия? Ин «файласуфи» нодон намедонист, ки ҳурмати маҷбурӣ ба ғайр аз зарар дигар боре нахоҳад овард. Касе, ки касеро маҷбуран ҳурмат мекунад, хусусан он маҷбурият аз бими кушта шудан омада бошад, ҳурмати маҷбурикунанда, агар фурсат ёбад, он шахси «мӯҳтарам»-ро хоҳад кушт, ҳеҷ набошад, таҳқир хоҳад кард… Мулло Амон чойи сардшудамондаро нӯшида, пиёларо ба тарафи Қорӣ Усмон ғелонда фиристода, боз давом намуд:
— Ҳамаи ин чизҳое, ки ман гуфтам, ҳаминро нишон медиҳад, ки он панҷ нафар нобакор дар ин кори худ танҳо набудаанд ва дар вақти ҳуҷум карданашон ба «рама» ба гургони пешгард пасистодагонашон ёрӣ медодаанд. Бинобар ин ман ҳамеша мегӯям, ки ин галаи гургони даррандаро «тавбаи гургӣ» додан лозим аст…
Мулло Амон аз чойи гарме, ки дар пешаш гузошта шуда буд, як лаб тар намуда, ба Мирзо Иброҳими Субҳӣ нигоҳ карда гуфт:
— Он шеъри ҳачвияатро, ки дар ҳаққи миршаб гуфта будӣ, хон (Мулло Амон гумон мекард, ки он шеърро Субҳӣ гуфтааст, чунки рафиқон ҳамеша ба ӯ «Субҳӣ» гӯён бо тахаллусаш хитоб мекарданд. Бинобар ин Мулло Амон ӯро дар ин ҷамъ-омад шоири ягона медонист).
Субҳӣ қитъаеро, ки дар ҳаҷви миршаб коллективона гуфта шуда буд, хонд. Мулло Амон аз он қитъа байти зеринро (шояд барои ёд гирифтан бошад) худ ба худ ду-се бор такрор кард:
Хоҳ бошӣ хук, хоҳӣ гург, моро шуд яқин:
Хукбони гургтабъе зишт пуштибони туст.
Мулло Амон баъд аз такрор кардани ин байт:
— Афсӯс ки ман шоир нестам, — гуфт, — ва агар ин шеърро, ки дар ҳаққи шахси миршаб гуфта шудааст, ба шакли ҷамъ медаровардам, то ки дар вай муллоҳои гургтабиат ва дигарҳо ҳам дароянд, инчунин калимаи «хукбон»-ро ҳам ҷамъ мекардам, зеро хукбононе, ки пуштибони ин гургон мебошанд, низ бисёранд…
____________
*Дар заминронӣ ду говро ҷуфт карда дар зери юғ мегиранд, хар кадоми онҳо нисбат ба они дигар ҳамюғ ҳисоб меёбад. Мулло Амон бо ин таъбири худ уламои замони худро ба говон монанд карда буд.

Мулло Амон баъд аз ин муқаддима як қулт чой нӯшида ҳалқи худро тар карда, нафаси худро рост гирифт ва ба ҳамин муқаддимача пайванд дода сухани аслии худро давом кунонид:
— Агар мо ин шеърро ба шакли ҷамъ гирифта дар ҳаққи гургон ё хукони ваҳшӣ, ки аробакаш дар чанголи онҳо гӯсфандвор афтида дарронда шуд, татбиқ кунем, пуштибонони онҳо муфтиҳо, қозикалон ва амир шуда мебароянд. Магар муфтиҳо намедонистанд, ки он дарунсиёҳон барои рӯсиёҳии сию ду пули сиёҳ (ним танга) аробакашро ба куштан тайёрӣ дидаанд? Не, медонистанд ва дидаву дониста истода ривояти одамкуширо, ки дар дасти ин гургони дарранда ва хукони ваҳшӣ вазифаи чанголӣ ва дандониашкигиро адо мекард, тайёр карда супурданд, чунки инҳо ба онҳо пуштибон (ҳомӣ) буданд. Магар қозикалон намедонист, ки гургонаш ба аробакаш тӯҳмат карда истодаанд?.. Медонист ва дидаву дониста истода онҳоро ба ин даъво ҳақдор шумурд, чунки худаш пуштибони он гургон буд. Магар амир сабаби ҳуҷуми он панҷ сар гургро ба аробакаш намедонист? Албатта медонист, чунки воқеанависонаш (ҷосусонаш) аз ҳама пештар ҳақиқати ҳолро ба ӯ навишта буданд. Лекин ӯ ҳам дидаву дониста истода мувофиқи хоҳиши онҳо фармон додан хост, фақат ба ӯ лозим буд, ки аз пуштибони худ рухсат гирад, бинобар ин чанд рӯз ин корро дер кашонид. Ман мехоҳам акнун дар бораи кӣ будан ва чӣ будани пуштибони амир, ки ба воситаи ӯ ва баъзан бевосита пуштибони ҳамаи аркони давлати амир аст, ду-се калима гап занам. Аммо барои ин аввал як пиёла чойи гарм нӯшида ҳалқи худро тар карда ва нафаси худро рост гирифтанам даркор аст…
Қорӣ Усмон ба Мулло Амон зуд як пиёла чойи гарм кашида дод. Ӯ, дар ҳолате ки чойи гармро оҳиста-оҳиста менӯшид, фикр мекард. Магар ӯ аз фурсати чойнӯшии худ фоида бурда, суханони дар ин мавзӯи нав гуфтаниашро дар зеҳни худ тартиб медод.
Мулло Амон баъд аз пиёларо холӣ карда ба тарафи Қорӣ Усмон дароз кардан ба гап даромад:
— Ман мехоҳам пеш аз гап заданам дар бораи пуштибони амир як ёддошти худро ба шумоён нақл намоям, — гуфт Мулло Амон. — Ман як рӯзе бо як ҳамроҳи худ аз Когон ба шаҳр омадан мехостам. Ба кирокашхонаи пеши вагзол рафтем, ки дар он ҷо танҳо як фойтуни якаспа истодааст, дар даруни он як раванда ҳам нишастааст. Ман баъд аз муайян кардани пули киро дар даруни фойтун дар паҳлуи он раванда ҷой гирифтам ва аз фойтунчӣ илтимос кардам, ки бо нархи муайяне ҳамроҳи маро ҳам дар паҳлуи худ гирад.
Аммо фойтунчӣ ин илтимоси маро рад кард ва гуфт, ки аз рӯйи қонун ба фойтуни якаспа зиёда аз ду кас савор кардан мумкин нест, чунки ба асп ҷабр мешудааст. «Агар ман ин қонунро вайрон кунам, маро ҷазои нақдӣ (штраф) хоҳанд кард, ки ба адои он якрӯза музди меҳнати ман намерасад»- гуфт.
Мулло Амон баъд аз нақли ин ёддошти худ ба сухани асосиаш гузашта гуфт:
— Вакили давлати импиротури «муаззам», ки ба сифати кӯнсулӣ дар ин ҷо нишастааст, дар ҳақиқат амир ва аркони давлаташ бе рухсати ӯ як пиёла чойро нӯшида наметавонанд. Ӯ, ки бо даъвои «раҳмдилӣ ва шафқаткорӣ» ба аспон зулм карданро роҳ намедиҳад, на танҳо барои бо ваҳшоният кушта шудани як одам рухсат дод, балки ин ваҳшониятро мувофиқи қонун карда дод, то ки ба худаш ва ба импиротураш, ки пуштибони амир ва корҳои аркони давлаташ мебошад, аз мухбирони газетаҳо ва аз русҳои «даҳонбефаровез» (яъне аз русҳое, ки бе ибо айби ҳукуматдоронро фош мекунанд) гап нарасад… Мулло Амон чой нӯшида ҳалқашро тар карда боз давом кард:
— Ана дар ин аҳвол одам ба кӣ дод мегӯяд ва аз кӣ мадад меҷӯяд? Чун ман аз ҳамаи ин табақаҳо, хусусан аз табақаи муллоён, ки худам ҳам бо пӯшоки худ дар қатори инҳо будам, нафрат кардам, аз ҷиҳати либос ҳам бошад, ба аробакашон, ба саисон, ба қиморбозон, ки назар ба дарёфти худам беҳтарини одамони замони мо мебошанд, монанд кардани худро беҳтар донистам…
Мулло Амон сонияе соқит монда нафас рост кард ва боз давом намуда гуфт:
— Оре, ин номбурдагон беҳтарини одамони замони мо мебошанд. Шумо ба тарзи мисол аз ҷиҳати машғулият пасттарини ин номбурдагонро, ки қиморбозон мебошанд, гирифта мулоҳиза кунед: ӯ дар қимор бой медиҳад ва ори ба ҳарифи худ «банда» шуданро мебардорад ва то ёфта додани пули бойдодагиаш аз «бандагии» ӯ намебарояд ва «ҳаққи ҳарифаш»-ро, ки буҷули бешуур ба гардани ӯ бор кардааст, мункир намешавад. Албатта, мақсади ман аз қиморбозон ҳамон қиморбозони буҷулбозанд, ки худро «бандагони зарбози Худо мешуморанд», дороии онҳо аз «шаш нор пул», яъне сию шаш пули сиёҳ, ниҳоят то «шаш нор танга», яъне сию шаш танга мебошад. Аммо он бойбачагоне, ки аз пулмастӣ қиморбозӣ ва хулусбозӣ мекунанд ва агар ягон маблағи калонтарро бой диҳанд, аз «бӯ» гуфтан, яъне аз мункир шудани «ҳаққи ҳарифи худ» рӯ намегардонанд, дар мақсади ман дохил нестанд…
Мулло Амон қадаре ба фикр фурӯ рафта ба тарзи эзоҳ додани гуфтаҳои болоии худ давом намуд:
— Шумо гумон накунед, ки ман қиморбозиро як кори хуб медониста бошам, балки бадтарини бозиҳо қиморбозист, чунки як бечора як рӯзи дароз меҳнати сиёҳ карда шаш нор пул меёбад, азбаски дар ин кӯйи бад (қиморбозӣ) афтодааст, бо вуҷуди гушна буданаш он пулро нахӯрда ба як ҳариф бой медиҳад, агар «бахташ тохта» бой надиҳад, он пул кам-кам ба номи чӯтал ба кисаи одамони миршаб меравад. Ана ҳамин аст натиҷаи қиморбозӣ, ки ин корро миршаб барои фоидаи худ ривоҷ медиҳад. — Мулло Амон баъд аз додани ин эзоҳ: — Аз мақсад дур афтодем, — гӯён сухани аслиашро давом дод. — Ҷони гап дар ин ҷост, ки як қиморбоз якрӯза музди меҳнаташро, ки як танга ё ду танга аст, бой медиҳад, аммо ҳаққи ҳарифашро инкор намекунад ва «бӯ» намегӯяд. «Соҳибони шариати» мо, ки аз вақфи мадраса, аз судхӯрӣ ва аз тӯю маъракаи одамҳо, кӯтоҳ карда гӯем, бо роҳҳои нодуруст ҳазорҳо тангаро соҳиб шудаанд, сию ду пули сиёҳи аробакашеро, ки гӯё онҳоро ба пушти худ бардошта аз Мазор то шаҳр оварда-аст, намедиҳанд. Кошки он пули ба чизе наарзандаро надода, монанди қиморбози номард «бӯ» мегуфтанд, дар он вақт аробакаш ҳам ба онҳо чизе намегуфт, балки намедиҳанд ва бар болои надодан ҷанҷол бароварда, як одамро бо камоли ваҳшоният мекушанд. Акнун худатон он қиморбозон ва ин муллоёнро рӯ ба рӯ монда фарқро бинед. Онҳо аз ҷиҳати одамгарӣ ба осмон мебароянд ва инҳо аз ноодамӣ ва разилӣ дар асфалассофилин 224 даромада мераванд…
Мулло Амон сухани худро аз болои қиморбозон ба болои аробакашон гузаронида гуфт:
— Аробакашон дар одамгарӣ албатта аз ин муллоён пешанд. Ман то ҳол муллоеро надидаам, ки бо вуҷуди доро буданаш, ба нодоре ва ба бенавое ёрмандӣ карда бошад ва ӯ ҳар чӣ қадар бой бошад ҳам, боз мурдаи худро ба болои мардум партофта, чашми тамаи худро ба кисаи одамон (он одамон ҳар чӣ қадар қашшоқ бошанд ҳам) дӯхта меистад. Аммо ман бисёр аробакашони кирокашро дидаам, ки дар роҳи Вобканд ва Ғиждувон одамони аз бенавоӣ пиёда баромада дар роҳ мондаро ба аробаи худ гирифта ба манзил расондаанд ва аз онҳо ҳеҷ чиз, ҳатто миннатдорӣ ҳам тамаъ накардаанд…
Мулло Амон боз сухани худро дар бораи аробакашон давом кунонда гуфт:
— Ба болои ин, аробакашон бисёр мард мебошанд, дар мардонагӣ ва ёрӣ додан ба ҳампешагони худ ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Лекин афсӯс ки бисёр соддаанд ва ҳанӯз одамонро, хусусан қозикалон ва муфтиёнро тамом шинохта нагирифтаанд. Мисоли содагии онҳоро ман дар ҳамин аробакаши мазлуми марҳум дидам: вақте ки муллоҳо аз муфтиҳо ривоят гирифта, ба дастгир кардани ӯ тайёрӣ медиданд, ба ӯ хабар дода шуд, ки гурезад ва ба шаҳрҳои дигар рафта, чанде ба назари муллоён нанамояд. Аммо ӯ қабул накард:
«Маро ба қозихона кашанд — кашидан гиранд, ман дар он ҷо воқеаро бо ростӣ гуфта медиҳам, барои надодани ним танга ҳамин қадар моҷаро ҷунбондани он гушначашмонро дар пеши қозикалон ба рӯяшон мезанам. Ҳеҷ гоҳ қозикалон бо тӯҳмати хушки пурғаразона маро ҳабс намекунад».
Ҳарчанд ба ӯ гуфтанд, ки ба қозикалон бовар накунад, «ӯ барои беобрӯ накардани муллоҳои худ аз ҳабс кардан ва ҷазо додани ту барин касон рӯй намегардонад», ӯ аз соддадилӣ боз қабул накард. «Ман аз дӯғҳо тарсида монанди номардон гурехтанро ба гардан намегирам», — гуфт ва оқибат ба сараш омад он чӣ ки дидед…
Мулло Амон боз қадаре фикр карда истода, сухани худро давом дод:
— Афсӯс ки, — гуфт ӯ, — ман ба мардонагии аробакашон ҳам аз будаш зиёдтар баҳо дода будаам. Ин ҳам аз ҳамин воқеаи аробакаши мазлум маълум шуд: вақте ки ӯро одамони миршаб ва қозикалон дастгир карда ба қозихона бурданд, ба аробакашони Файзобод маслиҳат дода шуд, ки якчанд нафарашон тайёр шуда, дар роҳи байни қозихона ва зиндону обхона истанд ва дар вақти аз қозихона бароварда ба ҳабсхона бурда истодани аробакаш дар роҳ дар ягон ҷойи муносиб ӯро аз дасти одамони қозӣ ва миршаб раҳонида гурезонанд. Аммо аробакашони Файзобод ба ин маслиҳат амал накарданд.
«Одам бо ҳабс шудан дарҳол мурдан намегирад, — гуфтанд, — аммо агар мо ба гурезондани ӯ кӯшиш кунем, дар натиҷа ё ба даст афтода талаф мешавем, ё ба Туркистони Русия гуреза шуда меравем. Дар ҳар ду сурат ҳам зану фарзандонамон бекас монда, дар хорию зорӣ нобуд хоҳанд шуд. Худамон аз талаф шудан ва аз гуреза шудан парвое надошта бошем ҳам, дар нобуд шудани аҳлу аёл тоб овардан душвор аст. Аммо агар ӯро ҳабс кунанд, мо метавонем, ки пул харҷ карда, ӯро халос кунем».
Онҳо аз содагӣ нафаҳмиданд, ки масъалаи он аробакаш дар пеши муллоён ва ҳукумат монанди масъалаи дуздон ё одамони оддии тӯхматзада нест, ки бо пул ҳал шавад. Дар ин ҷо гап бар болои обрӯйи муллоён ва дину шариат мерафт, ки ин айнан обрӯйи ҳукумати ҳозираи Бухорост. Дар ин маврид миршаб ҳам, мириғазабон ҳам, одамони қушбегӣ ва зиндонбонон ҳам дар пул гирифта гунаҳгорро озод кардан аз ҳукумат ва аз муллоён метарсиданд… Афсӯс, ки аробакашони Файзобод,
— Мулло Амон баъд аз қадаре фикри андӯҳгинона карда истодан, — дар вақти кор аз даст рафтан — дар вақте ки он мазлумро ба шутур савор карда барои сангсор кардан аз арк фуроварданд, натиҷаи дилхункунандаи корро фаҳмиданд. Аммо дар он вақт на танҳо аробакашони Файзобод, балки ҳамаи аробакашони Бухоро ҳам ҳаракат мекарданд, ӯро аз ин фоҷиа халос карда наметавонистанд ва барои зинда халос кардани ӯ фурсат ҳам намонда буд, чунки ӯ бар болои шутур дар ҳамон пеши тахтапули арк кушта шуда буд ва барои халос карда гирифтани мурдаи ӯ бошад, назар ба қавли аробакашони Файзобод, ҳеҷ ҳаракат лозим набуд, чунки аз рӯйи одат мебоист мурдаи ӯро дар шаҳр гардонда оварда, дар бозори ресмони Регистон мепартофтанд, аз он ҷо мурдакашони ҳаммоми Тӯқумдӯзӣ он мурдаро дар занбар андохта ба гӯлахи ҳаммом мебурданд ва наздиконаш ба он ҷо омада, мурдаро аз онҳо харида мебурданд… Аммо баъзе дурбинҳо, — гуфт Мулло Амон баъд аз лаҳзае хомӯш мондан, — оқибати мурдаи кушандаи Муҳаммадшариф девонбегиро ба ёд оварданд, ки он мурдаро ба мурдакашон надода, ба беруни дарвоза барои хӯроки сагон партофта буданд ва яке аз он дурбинҳо худ пеш даромада, чор нафари дигарро интихоб карда гирифта, ҳар панҷ нафар мусаллаҳ шуда, дар даруни найзори дарвозаи Ӯғлон ба ҳар эҳтимол нигарон шуда истоданд ва мурдаи он мазлумро халос карда гирифтанд.
— Баъд аз он мазлум бо он ҳама ваҳшоният ва азобу уқубат кушта шудан, -гуфт Мулло Амон дар охири таассуроти худ, — албатта, барои ӯ фарқ надошт, ки мурдааш дар хок пӯсад ё хӯроки сагон шавад, лекин барои ба қадри имкон нигоҳ доштани шарафи инсоният халос кардани мурдаи ӯ лозим буд. Охир мурдаи инсон лошаи ҳайвони худмурда нест, ки ба пеши сагон партофта шавад!
Ин корро фақат касе карда метавонад, ки тамоман аз инсоният дур шуда табиати сагона пайдо карда бошад.
Аз гуфтаҳои Мулло Амон иштироккунандагони сӯҳбат ба хубӣ пай бурданд, ки маслиҳатдиҳандаи аробакашони Файзобод дар бораи гурезондани аробакаши маҳбус дар роҳи ҳабсхона ва инчунин он дурбине, ки гирифта гурехтани мурдаи он мазлумро ташкил кардааст, худи ӯст. Аммо ҳеҷ кадомашон на дар пеши ӯ ва на дар ғайби ӯ аз ин хусус лаб накушоданд, то ки муллоён ва ё ҳукумат ин маъниро фаҳмида, ӯро ҳам ба як бало гирифтор накунанд.

Зиндагии шахсии Мулло Амон ва аҳволи ӯ баъд аз воқеаи аробакаш

Мо дар бобҳои боло аз саҳро ба шаҳр ба чӣ мақсад омадани Мулло Амонро ва дар шаҳр ба таҳсили илм чӣ гуна ва ба чӣ восита машғул шудани ӯро, ҳам дар мадрасаи Турсунҷон зиндагонӣ карданашро қайд карда будем.
Ӯ дар мадрасаи Турсунҷон дар ҳуҷраи яке аз дӯстонаш, ки ба тариқаи орият дода буд, истиқомат мекард. Зиндагониаш қашшоқона буд, чунки бо вуҷуди кӯҳнахатм буданаш ӯ дар мадрасае мударрис набуд, ки аз вай даромаде дошта бошад ва инчунин бо вуҷуди нисбат ба замон ва ҳамсолони худ маълумоти дуруст доштанаш ва дарсҳои расмиро азхуд карданаш, дарсгӯйиро низ пеша накарда буд, ки аз шогирдони доништалаб ба худаш манфиати моддие расад.
Аз роҳи муллоӣ пеш аз хатм ба ӯ «даҳяк» дода буданд, ки дар як сол як саду бист танга (18 сӯм) мешуд. Ғайр аз ин, бародаронаш ба ӯ ёрмандӣ мекарданд, асоси рӯзгузаронии ӯро ҳамин ёрмандӣ ташкил мекард: бародаронаш дар деҳаи Розмоз дар замине, ки аз падарашон мерос монда буд, деҳқонӣ мекарданд ва аз гандуми деҳқонӣ дар ҳар моҳ ду ё се бор нон пухта, барои ӯ меоварданд ё мефиристоданд, дар зимистон, ки барои рӯзгори худ гӯсфанди парвоии худро мекуштанд, аз вай барои ӯ ҳам ҳисса медоданд; пӯшоки ӯро ҳам онҳо таъмин менамуданд. Баъд аз воқеаи аробакаш ба ӯ як ҳолати баде рӯй дод, ки он ҳолати ӯро «мардумгурезӣ» таъбир кардан мумкин аст: ӯ рафтуояшро бо одамон қариб тамоман қатъ кард, ба хонаи дӯстонаш ҳеҷ намерафт ва касеро дар ҳуҷрааш ҳам роҳ намедод, ба мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб ҳам намеомад, ҳар рӯз баъд аз пешин ҷомаи чапанонаашро пӯшида, саллаи кабудашро «думимушӣ» баста, аз ҳуҷрааш баромада, аз Чорсӯйи Бухоро гузашта, лаби ҳавзи Девонбегиро як давр зада баромада, рост бо роҳи дарвозаи Мазор рафта ба беруни шаҳр мебаромад.
Дар беруни шаҳр дар яке аз гулзорҳои гулфурӯшон нишаста чой менӯшид ва фикр карда ба андеша фурӯ мерафт. Албатта, касе намедонист, ки ӯ дар чӣ хусус фикр мекунад ва чӣ андеша дорад. Ӯ ба касе гап намезад, ки аз суханони ӯ ба ҳолати даруниаш пай бурда шавад. Чун гашти рӯз шуда, ба гулзорҳо гулхарон ё саёҳаткунандагон омадан гиранд, аз он ҷо хеста, ба болои пуштаи Биҳиштиён, ки қабристони бисёр васеи шаҳри Бухоро буд, баромада мерафт ва баъд аз торик шудани рӯз, пештар аз он ки дарвозаи шаҳр баста шавад, ба шаҳр даромада рост ба ҳуҷрааш мерафт…
Рӯзе ман барои аҳволпурсӣ ва ба умеди фаҳмидани ҳолати даруниаш ӯро дунболагирӣ карда дар гулзори беруни шаҳр дарёфтам. Ӯ дар ҷое менишаст, ки аввалин шиносоии шахсии ман бо ӯ дар ҳамон ҷо рӯй дода буд.
Ман ба ӯ салом додам, ҷавоби саломро дод ва ҳолпурсӣ ҳам кард. Ман баъд аз ҷавоби аҳволпурсии ӯ саломатиашро пурсидам.
— Шукр, аз хок берун гаштаам, — гуфт ва дар андеша фурӯ рафт. Ман як қадам дуртар аз ӯ нишастам ва гулзорбонро овоз дода, барои худ чой пурсидам.
— Чой лозим нест, чойники ман пур аст, фақат як пиёла нӯшидаам, дигар намехоҳам. Аввал инро нӯшида тамом кун, агар ташнагиат бо ин нашиканад, баъд аз он чойи тоза мефармойӣ, — гуфт ӯ ва чойникро бо пиёла ба тарафи ман тела дод.
Ман чойнику пиёларо ба наздиктари худ кашида мондам ва ба мақсади пай бурдан ба аҳволаш ба тарафи ӯ нигоҳ кардам. Ӯ ба чашмони ман чашм дӯхта истод, ман нигарони сухани ӯ шудам, чунки ӯ ҳар гоҳ ки ба касе чизи муҳиме гуфтан хоҳад, аввал қадаре ба он кас бо диққат чашм дӯхта меистод ва баъд аз он гап сар мекард. Ӯ, мувофиқи ҳамон одати муқаррариаш, баъд аз қадаре чашм дӯхта истодан гап сар кард:
— Акнун маро ба ҳоли худам монетон беҳтар аст, аз гап-гапи хушк ҳеҷ мурод ҳосил намешавад, — гуфт.
Як даста нозбӯй (райҳон), ки дар байни он як дона гули садбарги гулобии хушбӯй ҳам буд, дар пеши ӯ меистод. Ӯ он гулдастаро аз замин бардошта, пеши биниаш бурда, ду-се бор сахт-сахт бӯйид ва ба тарафи ман дароз кард. Ман он дастаи гулро гирифта бӯйида, пас аз он ба тарафи ӯ баргардондам, ӯ нагирифт:
— Дар ту бошад, — гуфт ва баъд аз он худ ба худ чор мисраи зерини Саъдиро хонд:
Дареғо, ки бе мо басе рӯзгор
Бирӯяд гулу бишкуфад лолазор,
Басе тиру 225 даймоҳу 226 урдибиҳишт 227
Биёяд, ки мо хок бошему хишт.
Баъд аз хондани ин байтҳо аз ҷояш хест:
— Хуб, саломат бошӣ! Умри дароз бинӣ! «Мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ», — гӯён аз миёни гулзор ба тарафи киштзори Файзобод нигоҳ карда рафт.
Пештар, ки ӯ ин гуна одати мардумгурезӣ надошт, ҳар гоҳ ки ман ба ӯ дар лолазор вохӯрам, маро ҳамроҳи худ гирифта мебурд, ин дафъа маро ба ҳамроҳии худ таклиф накард. Ба ҳамроҳии худ таклиф накарданӣ буданаш аз чойро ба пеши ман гузоштанаш ва аз «акнун маро ба ҳоли худ монетон» гуфтанаш маълум буд. Лекин ман аз илтифотҳои баъдинааш умедвор шуда будам, ки маро ҳамроҳи худ хоҳад бурд ва дар дили худ мегуфтам: «Дар сайри дуру дарози киштзорҳо ҳолати даруниашро хоҳам фаҳмид». Аммо ин тавр накард. Лекин ман аз ҳамин сӯҳбати кӯтоҳ пай бурдам, ки ӯ ба маъюсӣ ва ноумедии сахт гирифтор гардида, на танҳо аз душманонаш, ҳатто аз дӯстонаш ҳам дилгир шудааст.
Мавсими «даҳякдиҳӣ» расид. Одатан «даҳяк»-ро дар охирҳои соли таҳсили мадрасаҳои Бухоро — дар аввалҳои моҳи март, дар як рӯзи муайян дар арки амир медоданд: ҳамаи даҳякро, ки ҳазор адад буд, ба ҳазор порча латтаи карбос баста, дар яхдонҳо (дар сандуқҳои чармини сафарӣ) андохта, дар пеши дарвозаи арк мегузоштанд; қозикалону қушбегӣ бар рӯйи суффачаи дарвозаи арк менишастанд, хазиначии қушбегӣ дар пеши яхдонҳо рост меистод, дар паҳлуи ӯ ясавули уламо 228, ки «оламиён» мегуфтанд, ба асои ҷавбедии худ такя карда вай ҳам рост меистод, дар паҳлуи ӯ мирзои дафтардори қушбегӣ бар рӯйи як шолча менишаст, дар сари зинаи тарафи ҷануби тахтапули арк пешхизмати оламиён рост меистод.
Дар тарафи ҷануби тахтапул даҳякгирон, ки асосан ҳазор нафар буданд, ҷамъ шуда, дар замин сари дупо менишастанд. Ба ин тарз нишастани онҳо лой будани замин ва боришнок будани ҳаво ҳам монеъ намешуд. Инҳо даҳякхӯроне буданд, ки аз даруни шаҳр, аз музофотҳои Бухоро ва аз Туркистони русӣ дар ҳамон рӯзи муайян кардашуда расида меомаданд. Аммо аз даҳякгирон онҳое, ки даромади расмии муллоиашон аз ҳазор танга гузашта бошад, намеомаданд, чунки онҳо ҳақ надоштанд, ки даҳяк гиранд, инчунин баъзе касон аз ҷиҳати беморӣ омада наметавонистанд ва баъзе касон аз вилоятҳои дурдаст омада як саду бист танга гирифтанро бефоида дониста, ба ихтиёри худ намеомаданд.
Агар ба болои ин ҳозирнашудагон дар муддати як сол вафот кардагонро ҳам зам кунем, аз сад то як саду панҷоҳ нафар намеомаданд ва боқимондагон, ки ҳаштсаду панҷоҳ то нӯҳсад нафар буданд, дар рӯзи муайян дар соати ҳафти пагоҳонӣ ҳозир шуда, дар он ҷо менишастанд.
Дар шароити Бухорои амирӣ, ки ҳеҷ як тамошогоҳе надошт, маросими даҳякдиҳӣ нисбат ба маросими одамкушӣ тамошои «маданӣ» ба шумор рафта, бештарини аҳолии Бухоро то вақти кору борашон ва талабагони мадраса то охири ин маросим дар Регистон ғун шуда, даҳякдиҳиро тамошо мекарданд. Як қисми ин тамошобинон ба атрофи муллоёни даҳякгир — дар тарафи ҷануби тахтапул, ки даҳякгирандагон дар он ҷо менишастанд, қисми дигарашон дар тарафи шимоли тахтапул, ки даҳякгирифтагон аз зинаи дар он тараф будаи тахтапул фуромада мерафтанд, меистоданд ва пасмондагон дар куҷое, ки ҷое ёбанд, майдони Регистонро пур карда менишастанд. Қисми асосии тамошобинон, ки саҳари барвақт меомаданд, бар болои боми мадрасаи Дорушшифо ва боми Ҷомеи Поянда пасу пеши якдигар менишастанд. Инҳо «хушбахттарини» тамошобинон буданд, ки ҳам ҳамаи даҳякгирандагонро, ҳам ба тахтапул баромада чӣ гуна даҳяк гирифта ба қозикалон ва қушбегӣ чӣ навъ таъзим кардани онҳоро, ҳам дар вақти гирифтани даҳяк ба ҳаяҷон омада ё саросема шуда ба кадом кас салом дода таъзим карданашонро надониста ба ҳар тараф хам шуда ҳамаро хандондани баъзе даҳякгиронро, ҳам аз зинаи тарафи шимоли тахтапул чӣ навъ бо шодмонӣ фуромада ва аз тамошобинон нигарони салом ва таъзиму табрик шуда аз байни одамон гузашта рафтани даҳякгирифтагонро ба хубӣ медиданд.
Соатҳои ҳашт бо сарҷунбонии қозикалон ва қушбегӣ, ки ин фармони ишоратии онҳо буд, маросими даҳякдиҳӣ сар мешуд: мирзои дафтардор «дафтаре»-ро, ки иборат аз коғази дароз буда, бозубандвор лӯла печонда шуда буд, кушода, номгӯйҳои дар он коғаз навишташударо аз як сар ба хондан сар мекард. Мирзо ҳар номро, ки аз коғаз бо овози баланд мехонд, пешхизмати оламиён ба тарафи пойин — ба ҷое, ки даҳякгирон дар он ҷой менишастанд, нигоҳ карда, он номро бо овози бисёр баланд такрор мекард.
Агар соҳиби он ном дар он ҷо ҳозир набошад ва сабаби ҳозир нашуданаш ба ҳозиршудагон маълум бошад, онҳо, масалан, «вафот намуда», ё «даромадаш калон шуда», ё ин ки «бемор» гуфта ҷавоб медоданд; агар соҳиби ном ҳозир набошад ва сабаби ҳозир нашуданаш маълум ҳам набошад, ҳозиршудагон «назар» гӯён ҷавоб медоданд, ки маънии ин сухан назар ба истилоҳи маросими даҳякдиҳии ҳукумати Бухоро «ғоиб ва сабаби ғоиб буданаш номаълум» гуфтан буд.
Пешхизмати оламиён ҳар ҷавоберо, ки дар бораи соҳиби он ном аз поён шунавад, ба мирзои дафтардор нигоҳ карда бо овози баланд такрор мекард ва мирзо он ҷавобро дар пеши он ном дар он коғаз қайд менамуд ва дигарашро мехонд.
Агар соҳиби ном ҳозир бошад, «ҳозир» гӯён аз ҷояш мехест, ҷомаи дар сари дупо нишастаи ғиҷимшудаашро ҳамвор намуда, камарчаашро баста, ришашро бо панҷаи дасти худ хилол карда ба «тартиб андохта», аз зина бар рӯйи тахтапул мебаромад, дар он ҷо ба тарафи қозикалон ва қушбегӣ нигоҳ карда салом дода таъзим мекард. Дар ин вақт хазиначӣ як латтаи дар вай як саду бист танга басташударо аз яхдон (сандуқи чармин) гирифта ба дасти оламиён медод, оламиён он бастаро ба дасти пешхизмати худ медод ва ӯ ба дасти муллои даҳякгир супурда, бо овози баланд номи ӯро гирифта: «гирифтанд» мегуфт. Мирзои дафтардор дар пеши номи он мулло дар он коғаз калимаи «гирифтанд»-ро дар шакли «гирифт» қайд мекард.
Муллои даҳякгир баъд аз гирифтани он бастаи яксадубисттангагӣ ба тарафи қушбегӣ ва қозикалон нигоҳ карда боз таъзим намуда, аз зинаи рӯ ба рӯ ба тарафи шимоли тахтапул фуромада мерафт. Баъзе муллоёне, ки хушомадгӯйӣ ва назарпастиро ба дараҷаи аъло расонда бошанд, аз дасти пешхизмати оламиён он бастаи яксадубисттангагиро гирифта, аввал ба лабони худ бурда мебӯсиданд, баъд аз он ба чашмони худ бурда мемолиданд, баъд аз он такрор ба лабони худ бурда бӯсида дар бағали худ меандохтанд ва баъд аз он ба тарафи қушбегӣ ва қозикалон таъзимкунон аз зинаи рӯ ба рӯ фуромада мерафтанд.
Ин маросими бӯсидан, ба чашм молидан, такрор бӯсидан ва дар бағал гузоштани он бастаи яксадубисттангагӣ ҳам бо шакли зоҳириаш, ҳам бо ифодаи самимияташ ба назари диққаткунандагон монанди маросими салибкашии диндорони насоро ҷилва мекард*.
Мулло Амон аз кӯҳна даҳякхӯрон буда, панҷ сол пеш аз он ки дарсҳои мадрасагиро хатм кунад, устоди «файласуфаш» домулло Ҳомиди Араб ин «мукофоти илмӣ»-ро ба ӯ дода буд. Агар дар вақти шиносо шудани мо бо ӯ аз хатми дарсаш понздаҳ сол гузашта бошад, ӯ бистсола даҳякхӯр ба шумор мерафт. Баъд аз воқеаи аробакаш, ки ӯ ба ин муносибат тағйири либос карда, аз зери либоси муллой баромада буд, ҳеҷ кас гумон намекард, ки ӯ боз ба маросими даҳякдиҳӣ ҳозир мешавад. Аммо бар хилофи чашмдошти ҳамаи касоне, ки ӯро мешинохтанд, боз ба маросими даҳякдиҳӣ ҳозир шуд.
Дар маросими даҳякдиҳии он сол ман, монанди солҳои пештара, барои тамошои ин маросим бо ду-се шарикдарсонам ба болои боми Ҷомеи Поянда баромада, аз ҳама пештар бар лаби бом ҷойгир шуда тавонистам. Маросими даҳякдиҳӣ сар шуда, ба тарзе ки дар боло тасвир ёфт, мирзои дафтардор номҳои даҳякгиронро хондан гирифт ва ҳар кадоми мирзо номбурдагон ба тахтапул баромада. бастаи яксадубисттангагиро гирифтан гирифтанд.
Дар ин миён пешхизмати оламиён «Мулло Амони розмозӣ»- гӯён фарёд кард. Аз паҳлунишинони Мулло Амон як кас «ҳозир!» гуфта ҷавоб дод. Аммо худи ӯ чизе нагуфта аз ҷояш хеста ба тарафи зинаи тахтапул равон шуд. Касоне, ки ӯро мешинохтанд ва тағйири либос кардани ӯро медонистанд, ба қиёфаи ӯ тааҷҷуб накарда бошанд ҳам, бо намуди ҷомаи чапанона ва саллаи кабуди «думимушӣ»
____________
*Дар ин ҷо маросими даҳякдиҳӣ ва тарзи даҳякгирии муллоёне, ки ба дахякхӯрӣ ҳақ пайдо кардаанд, тасвир карда шуд. Аммо чӣ будани даҳяк, шарти расмии ба даст даровардани он тарзи тайёрӣ барои мувофиқ гардидан ба он шарти расмӣ ва чӣ гуна ба даст дароварда шудани даҳяк дар Бухорои амирӣ ва монанди инхо дар ояндаи «Ёддоштҳо» дар ягон ҷойи муносиб нақл хоҳад ёфт. 229

бастааш дар миёнаи оммаи тамошобинон ва талабагоне, ки ӯро намешинохтанд, «чӣ тавр шуда ин чапани аробакашмонанд даҳяк гирифтааст?» — гӯён ғудур-ғудуркунон гуфтугузор сар шуд.
Мулло Амон ба сари зина баромад, ба тарафи қозикалон ва қушбегӣ нигоҳ карда ба тарзи оддӣ салом дод, аммо таъзиме накарда, баъд аз гирифтани он баста ба тарафи зинаи муқобил рафта, аз он ҷо пойин фуромад.
Баъд аз ба тарафи зина рафтани Мулло Амон қозикалон бо ишорати даст одами оламиёнро пеши худ ҷеғ зад. Вақте ки ӯ ба пешаш рафт, чиҳо буд ба ӯ гуфт. Ӯ бо овози баланд «хӯш, тақсир» гӯён давон-давон аз дунболи Мулло Амон аз зина фуромада рафт ва баъд аз фурсате Мулло Амон пеш-пешу одами оламиён аз паси ӯ аз сари зина намоён шуданд. Одами одамиён ба ҷойи худаш ва Мулло Амон ба пеши қушбегӣ ва қозикалон рафта ва бастаи даҳякро дар пеши қозикалон гузошта, якчанд калима сухан ба ӯ гуфт, баъд аз он, на аз он зинае, ки даҳякгирон мефуромаданд, балки рост ба тарафи ғарб нигоҳ карда рафта аз тахтапул ба Регистон фуромада, дар байни гурӯҳи одамон гум шуда аз назарҳо пинҳон гардид.
Маросими даҳякдиҳӣ, ки бо рафтани пешхизмати оламиён ба пеши қозикалон бозистода буд, бо ишорати калонон боз давом кард. Аммо мирзо, пеш аз он ки номгӯйи дигареро ном барад, дар коғази даҳякгирон чизеро қайд кард. Зоҳиран, ӯ аввал дар пеши номи Мулло Амони розмозӣ калимаи «гирифт»-ро навишта буд, баъд аз оварда додани Мулло Амон бастаи яксадубисттангагиро шояд калимаи «гирифт»-ро хат зада, ҷумлаи «аз даҳяк маҳрум карда шуд»-ро навишта бошад…
Баъд аз тамом шудани тамошои маросими даҳякдиҳӣ мо пароканда шуда, ҳар кадомамон ба манзили худ рафтем ва шабона дар мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб, дар ҳуҷраи Қорӣ Усмон ҷамъ шудем. Мавзӯи сӯҳбат аҳволи Мулло Амон буд, зеро мо аз тағйири либос кардани ӯ, яъне аз баромадани ӯ аз либоси муллоёна ва аз даромадани ӯ ба либоси чапанона (чунонки дар боло қайд карда шуд) гумон доштем, ки ӯ ин навбат дар қатори муллоён барои даҳякгирӣ нахоҳад рафт ва зиндагонии мардумгурезонаи ӯ ҳам ҳаминро нишон медод, ки дигар ӯ бо ҷамъияти муллоён дар ҷое ҳозир нахоҳад шуд.
Чун бар хилофи пиндошт ва чашмдошти худамон ӯро дар миёнаи ҷамоаи даҳякгирон бо либоси чапанона дидем, дар ҳайрат афтодем ва дар байни худ мегуфтем: «Модом ки ӯ бо вуҷуди мардумгурезиаш дар қатори муллоён даҳяк гирифтанро лозим донистааст, бояд либоси муллоёна мепӯшид, чунки дар зери либоси чапанона ба ӯ даҳяк нахоҳанд дод ва ӯ дар миёнаи муллоён ва оммаи тамошобинон дар аҳволи ногуворе хоҳад афтод».
Вақте ки ба ӯ бе ҳеҷ нуктагирӣ ва айбҷӯйӣ даҳякро доданд, тааҷҷуб ва ҳайрати мо боз афзуд. Чунки ин кори кордорони ҳукумати Бухоро бар хилофи одати онҳо буд.
Чун баъд аз додани даҳяк ӯро аз роҳ баргардонда оварда, аз дасташ он бас-таи яксадубисттангагиро гирифтанд, мо ба аҳволи ӯ таассуф мекардем ва ба ӯ ҳайфамон меомад, ки бар хилофи ақидаи мо бо як кори ба шаъни худаш номуносиб, қадру эътибори худро дар пеши ҳама, ҳатто дар назари мо ҳам, гум кард; ба ӯ аз ҳад зиёд таъсир кардани ҳодисаи имрӯзаро мулоҳиза карда ба ҳоли ӯ раҳмамон меомад, ки дар ин вазъияти душвор чӣ гуна тоқат карда метавониста бошад?..
Мо дар ҳуҷраи Қорӣ Усмон дар вақте ки таассуроти онрӯзаи худро дар бораи Мулло Амон ба ҳамин тариқа бо ҳам гуфтугузор карда нишаста будем, ӯ ба он ҷо даромада омад. Омадани ногаҳонии ӯ, ки баъд аз воқеаи аробакаш ҳафт-ҳашт моҳ боз наомада буд, моро чӣ қадар дар тааҷҷуб андохта бошад, бар хилофи пиндошт ва тахмини мо хурсанд ва рӯҳбаланд будани ӯ моро зиёдатар дар тааҷҷуб андохт.
Ӯ омада нишастан ҳамон гап сар кард:
— Албатта, шумо, дӯстони азиз, маро дар қатори муллоён бо ин либоси чапанона, боз ҳам барои даҳякгирӣ нишастанамро дида, бояд тааҷҷуб карда бошетон, ман барои аз тааҷҷуб баровардани шумоён мехоҳам ду-се калима гап занам, — гуфт ӯ ва баъд аз ин муқаддимача сухани худро давом дод: — Ман вақте ки барои изҳори нафрати худ аз муллоён тағйири либос кардам, дар худ муқаррар карда будам, ки дигар даҳяк ҳам нахоҳам гирифт, то ки нишонаи муллоӣ тамоман аз ман нест шавад. Лекин, вақте ки рӯзи даҳякдиҳӣ расид, дар дили худ гуфтам, ки: «агар ман ба даҳяк наравам, чунонки ҳоло ба сабаби тағйири либос карданам маро «девона» гуфта гаштаанд, ба ихтиёри худ тарки даҳякгирӣ карданам ҳам ба ақидаи он одамони манфур як далели дигари девонагии ман хоҳад шуд». Бинобар ин дар дили худ қарор додам, ки ман бо ҳамин либоси чапанонаам ба баҳонаи даҳяк гирифтан ба дарвозаи арк мебароям. Албатта, дар зери ин либос ба ман даҳяк нахоҳанд дод. Ба ҳамин муносибат шахсан ба қозикалон рӯ ба рӯ шуда чанд калима гап мезанам, то ки ӯ ва дигарон донанд, ки ман на ба тақозои девонагӣ, балки бошуурона барои нафрат карданам аз ҷамоаи муллоён тағйири либос кардаам…
Мулло Амон лаҳзае хомӯш монда, боз давом кард:
— Афсӯс ки, — гуфт ӯ, — ба ин либоси ман нигоҳ накарда, бар хилофи чашмдошти ҳамаи муллоён ва тамошобинон, ки шумоён ҳам дар қатори онҳо ҳастетон, ба ман даҳяк доданд. Қозикалон, ки ба салом ва таъзими ғуломворонаи муллоёни даҳякгир ба зӯр сари худро меҷунбонид, ба саломи оддии ман овоз бароварда ҷавоб дод ва ҳатто он гурги рӯбоҳтабиат ба ман нигоҳ карда як табассуми меҳрубононаи риёкорона ҳам кард. Ман дар он вақт саҳв кардани худро дониста, аз баромаданам ба қатори даҳякгирон пушаймон хӯрдам. Зеро барои ман сабабе набуд, ки ба қозикалон рӯ ба рӯ шуда, маддаи дили худро кафонам, ночор даҳякро гирифта аз тахтапул фуромадам…- Мулло Амон нафасашро рост гирифта боз сухани худро давом дод: — Вақте ки аз зинаи тахтапул фуромадам, одами оламиён аз дунболи ман расида рафта, он «сиёҳгӯш»* ба ман гуфт:
— Ҷаноби шариатпаноҳӣ (яъне қозикалон) ба шумо салом гуфтанд ва марҳамат
__________
*Сиёҳгӯш — як ҳайвони ваҳшии хурдест, ки худ ба сари худ аз ӯҳдаи шикор кардан намебарояд ва бо пасхӯрдаи ҳайвоноти дарранда рӯз мегузаронад. (Мулло Амон одами оламиёнро бо сиёҳгӯш тавсиф карда, бо ин таъбир қозикалон ва муллоёни дигарро ба ҳайвоноти дарранда монанд кардан мехост).
карданд, ки «мо ба чӣ гуна либос пӯшида гаштани домулло Амон коре надорем, лекин вақте ки барои даҳякгирӣ дар қатори муллоён ба арки олӣ мебароянд, либоси муллоёна пӯшида баромаданашон беҳтар аст, то ки сабаби гапу ҳарфи мардум нашаванд».
Мулло Амон баъд аз нақли ин тавсияи қозикалон сухани худро давом дода гуфт:
— Ман бо шунидани ин «марҳамати» қозикалон чунон хурсанд шудам, ки поён надорад, чунки дер ҳам бошад, барои ба ду-се калима гап заданам баҳона ёфт шуда буд. Бинобар ин дар ҷавоби суханҳои аз қозикалон ба ман расондаи одами оламиён «бисёр хуб!» гуфтам ва бозгашта, аз ҳамон зина ба тахтапул баромада пеши қозикалон рафта, бастаи даҳякро пеши ӯ гузошта гуфтам: «Агар барои гирифтани ин «матоъ», ки дар назари ман баробари як каф хок қадру эътиборе надорад, либоси муллоёна пӯшидан шарт бошад, ман инро намегирам. Чунки ман аз муллоён нафрат кардам ва бештарини онҳоро одамони ра-зил, худписанд, мунофиқ, дар ҳаққи мардум золим ва бераҳм медонам, бинобар ин либоси муллоиро тарк кардаам ва намехоҳам барои яксаду бист танга он либоси шармоварро дар бар кунам». Ҳарчанд қозикалон ба ман ҷавоб додан хоста: «мо ҳамин тарз як маслиҳат дода будем, агар ба шумо маъқул нашуда бошад, ихтиёр доред, аммо ин даҳяк ҳаққи худатон аст, гирифта баред»- гуфта бошад ҳам, ман сухани ӯро гӯш накарда ва ба ӯ ҷавоб надода, аз тахтапул фуромада рафтам, чунки ман хуб медонистам, ки он муомилаҳои ӯ дурӯғ аст ва ӯ мехоҳад бо ин муомилаи мунофиқона то расидани фурсати ба ҷазо дучор кардани ман аз забони ман эмин бошад, — гуфт Мулло Амон дар охири ин ҳикояи худ.
Ӯ дигар дар пеши мо нанишаста:
— Кам ҳам бошад, дилам андак холӣ шуд, — гӯён аз ҳуҷраи Қорӣ Усмон баромада рафт.

Воқеаи «намадисиёҳпӯшон» ва оқибати кори Мулло Амон

Дар вилояти Қачқадарёи ҳозира Чироқчӣ ном районе ҳаст, ки дар замони амир ҳукумати он ҷо ба вилоятҳои атроф (масалан, ба Қаршӣ ва Шаҳри Сабз) тобеъ набуда, бевосита ба амир нигоҳ мекард.
Ҳарчанд дар ҳамаи музофотҳои Бухоро зулми амир, ҳоким, қозӣ, раис ва амлокдорони ӯ аз ҳад зиёд бошад ҳам, боре зулми ҳукуматдорони Чироқчӣ ба дараҷае расид, ки дигар ба аҳолии он ҷо тоқати зиндагонӣ намонд,
То он вақт зулмдидагони ҳар музофот, ки ба ҳукуматдорони маҳаллӣ муқобил баромада аломатҳои шӯриш ва исён нишон медоданд, ҳокимони маҳаллӣ чандеро ба зиндон андохта ва чанде саркаштаринашонро ба зиндони Бухоро фиристода, бо ин тадбири золимона ҳаракати исёнкоронаи мазлумонро пасанда мекарданд.
Агар аз зулмдидагон касе барои арзи шикоят кардан аз дасти ҳокимони маҳаллӣ ба дарбори амир равад, аввалан аризаи худро ба амир расонда наметавонист, агар «бахташ тохта» (дурусттараш, бадбахтияш рӯй дода), аризааш ба амир расад, ба номи он ҳокиме, ки мазлум аз вай шикоят кардааст, аз амир ба мазмуни «фалонӣ чунин гуфта шикоят кард, тафтиш намуда бинед, агар ҳақиқатан ба ӯ зулм расида бошад, ба додаш расед» — муборакномае мебаромад. Вақте ки он мазлум он муборакномаро ба он золим оварда диҳад, дар натиҷаи «тафтиш», албатта шикояти он мазлум «ноҳақ» мебаромад, чунонки мардум дар бораи зулми ҳукуматдорони Бухоро мақоли «ба болои мурда сад чӯб»-ро бароварданд, ба он мазлум ба болои зулму ситами пештар кашидааш ба сабаби «ноҳақ шикоят карданаш» ҷазои зарбу лат ва зиндони бемуддат ҳам зам мешуд.
Аҳолии Чироқчиро, ки «кор ба ҷону корд ба устухон расид», хостанд, ки шӯриши умумие барпо карда, аз ҳукуматдорони маҳаллӣ ниқор гиранд ва баъд аз он ба Туркистони русӣ ё ба ягон мамлакати дигар кӯчида рафта, аз зулми амир ва ҳукуматдорони ӯ тамоман халос шаванд.
Дар он вақт ба онҳо маслиҳатдиҳандае пайдо шуда, ё аз роҳи душманӣ ва ё ба сифати дӯсти нодон маслиҳат дод, ки ин корро накунанд, вагарна ёғӣ ба шумор рафта, ҳамаашон кушта хоҳанд шуд. Беҳтар он-аст, ки ба амир ба тарзи умумӣ шикоят баранд, ӯ ин ҳукуматдорони золимро ҷазои басазо хоҳад дод.
— Ҳеҷ подшоҳ намехоҳад, ки, — гуфт он маслиҳатгӯй, — бо дасти одамони золимаш мамлакат хароб ва аҳолӣ, ки хазинаи ӯро бо хироҷ, андоз ва закот пур мекунанд, хонавайрон шуда саргурез шаванд. Дар он вақт хироҷ ва андозро кӣ медиҳад?
Аҳолии Чироқчӣ сухани он «маслиҳатдиҳанда»-ро қабул намуда, аз байни худ дусад нафар одамони боҷуръат, лекин бисёртар зулмдидаро ҷудо карданд, ки аризаи шикояти умуми аҳолиро ба амир расонанд ва дар вақти пурсукови дарбориён аҳволи пурмалоли аҳолиро забонӣ гуфта диҳанд.
Намояндагони аҳолии зулмдида дусад адад намади сиёҳ тайёр карда, миёнаи ҳар кадоми онҳоро сӯрох намуда, ҳар як аз онҳо як намадро ба сар кашида сари худро аз сӯрохи вай берун карданд, ки танашон тамоман бо намади сиёҳ печонда шуда, танҳо сару гарданашон берун меистод. Аз рӯйи анъанаи гузашта-гони қадимӣ, ин ҳол нишонаи аз ҳад зиёд зулм дидани онҳо буд.
Намояндагон, ба тарзе ки намуди зоҳирии онҳо дар дили ҳар бинанда воҳимаи андӯҳомезе меангехт, пиёда ба роҳ даромада, аз болои кӯҳи Қарнаб рост ба Кармина рафтанд, ки бошишгоҳи доимии амир Абдулаҳад он ҷо буд…
Кармина як шаҳрчаи танг буд, бо даромадани он намадисиёҳпӯшон ба он ҷо аҳолӣ дар воҳима афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Инҳо киҳо бошанд ва ин чӣ ҳодиса бошад?»
Аз ҳама пештар хабари омад-омади он сиёҳпӯшон ба амир ва дарбориёни ӯ расида буд. Амир ба амалдорони худ фармуд, ки онҳоро бо забони хуш ва суханҳои нағз пешвоз гиранд, аммо нагузоранд, ки бо аҳолии Кармина ҳамсӯҳбат шуда дарди дили худро ба пеши онҳо кушоянд. Ясавулони дарбор мувофиқи фармойиши амир намадисиёҳпӯшонро ба хубӣ пешвоз гирифта, онҳоро бурда ба дари чорбоғе, ки амир дар он ҷо зиндагонӣ мекард, ҷой доданд. Дар он ҷо аризаи шикояти онҳоро ба амир расонда, дар ҷавоб аз забони ӯ «марҳамати бисёре» ҳам ба онҳо нақл карданд. Дар вақти аҳволпурсӣ ҳар чизе, ки аз онҳо дар бораи зулму бедоди ҳукуматдорони маҳалли мешуниданд, «афсӯс мехӯрданд» ва «ҳамин тарз ки будааст, чаро пештар омада ба ҷаноби олӣ арзу дод накардетон?» — гӯён онҳоро сарзаниши «дӯстона» мекарданд. Боз худашон ба ин сарзаниши худ ҷавоб дода, «хуб зарар надорад, -мегуфтанд, — «дер ояд — дуруст ояд» — гуфтаанд. Дер омада бошетон ҳам, аризаатонро пурра дуруст карда овардаетон. Ҷаноби олӣ ба қушбегӣ мефармояд, ки линги он золимро аз осмон оварда, ба ҷойи онҳо ҳукуматдорони одил мефиристонад» — гӯён ба онҳо «башорат» медоданд.
Хулоса, дарбориён гӯшу кисаи онҳоро бо суханҳои хуби хушк ва «чормағзҳои пучи бемағз» пур карда, рӯзро ба шаб расонданд ва бо таъбири мақоли халқ ба онҳо «аз анбори холӣ сад ман шолӣ» инъом намуданд.
Вақте ки шаб торик шуд, ба дасти онҳо «муборакнома»-и амирро ба номи қушбегӣ дода, онҳоро барои ҳамсӯҳбат ношудан бо ягон каси карминагӣ иҳота карда гирифта, аз ҷоҳои аҳолинишин гузаронида ба чӯли Малик 230 сар доданд, ки ба Бухоро пеши қушбегӣ бираванд ва қушбегӣ «кори онҳоро мувофиқи талабашон дуруст хоҳад кард».
Воқеаи омад-омади намадисиёҳпӯшон аз будаш чандин бор зиёд ва бо муболиғаҳои аз ақл берун дар шаҳри Бухоро овоза шуд: гӯё тамоми аҳолии шарқӣ -аз Қаршӣ гирифта то Дарвозу Ғарм — аз зулму бедоди ҳокимон намади сиёҳ пӯшида, ба Кармина — ба дарбори амир омадаанд ва онҳо ба ҳар куҷо ки расанд, он ҷоро толону тороҷ мекардаанд ва монанди инҳо…
Вақте ки хабари онҳоро аз Кармина ба шаҳри Бухоро — ба пеши қушбегӣ фиристодани амир овоза шуд, аҳолии шаҳрро воҳима пахш кард, хусусан савдогарони дӯконнишин дари дӯконҳошонро нимкушо карда ва молҳои фурӯшиашонро намойиш надода, дар лаби суффачаҳои дӯкон ду ба ду, се ба се нишаста хабарҳои дар бораи намадисиёҳпӯшон шунидаашонро бо ҳам гуфтугузор ва муҳокима мекарданд, аммо аз он ҷо ки онҳо паст-паст ва бо пичир-пичир гап мезаданд, роҳгузарон намешуниданд, ки чӣ мегӯянд. Савдогарони саройнишин бошанд, дарвозаҳои калони саройҳошонро баста, фақат даричаи дар як табақаи он дарвозаҳо шинондашударо барои даромад-баромад кушода монда худҳошон дар даруни сарой нишаста дар бораи намадисиёҳпӯшон сӯҳбат мекарданд. Дар пеши даричаи сарой ҳамеша саройбон посбонӣ карда, одамони ношинос ва «шубҳанок»-ро намегузошт, ки ба сарой дароянд.
Дар рӯзи дуюми ба шаҳр рӯ овардани намадисиёҳпӯшон ин хабар қадаре хурдтар шуд: овозаандозон хабари пештараро «тасҳеҳ карда» мегуфтанд, ки «дар байни намадисиёҳпӯшон аз ҷониби Шеробод, Ҳисор ва кӯҳистон касе набудааст, инҳо танҳо аҳолии Қаршӣ, Чироқчӣ, Яккабоғ, Бойсун, Шаҳри Сабз ва Китоб будаанд». Дар рӯзи сеюм хабар боз ҳам хурдтар шуда, мардум мегуфтанд, ки «дар байни онҳо қаршигиҳо набуда, танҳо аҳолии кенагас 231 (шаҳрисабзиён) будаанд, ки кенагасҳо аз қадим боз ба амирони манғит душман мебошанд».
Бо овоза шудани ин хабар «кенагасҳо дар пеши манғитҳо чӣ кор карда метавонанд? Агар ҷаноби олӣ Ҳайдарқул-чӯчқаро* фармоянд, дар як соат ҳамаи
____________
* Кӣ будан ва чикора будани Ҳайдаркул Чӯчқа дар қисми II-и «Ёддоштҳо» дар боби «Одами бадбашара» (саҳ. 225) дар саҳифаҳои 227 — 229 тасвир ёфтааст 232.

онҳоро несту нобуд мекунад»- гӯён савдогарони дӯконнишин хотирҷамъ шуда, дӯконҳошонро кушода, молҳошонро ба назари харидорон оро доданд ва бойҳои калони саройнишин ҳам дарвозаҳои саройҳошонро калон кушода, нафасҳошонро рост гирифтанд.
Дере нагузашта, овоза шуд, ки намадисиёҳпӯшон чанд нафар гадоёни чироқчигӣ будаанд, ки аз бепӯшокӣ намади сиёҳро ба танашон пӯшида ба гадоӣ баромадаанд, онҳо гадоикунон то Кармина рафта, аз он ҷо ба тарафи Бухоро омада истода будаанд. Ин хабарро шунида, яке аз савдогарони дӯконнишини Чорсӯйи Бухоро хурсандона ва бо оҳанги истеҳзо мегуфт:
— Бисёр хуб, «хуш омадаанд, ҳар қадам ки монанд, болои дида», як пули сиёҳро аз онҳо дареғ намедорем.
Рӯзи дигар ин хабар тамоман дар шакли дигар овоза шуд: гӯё чанд нафар аз калоншавандагони Чироқчӣ бо орзуи дидани «ҷамоли ҷаҳоноройи ҷаноби олӣ» бо пешкашҳои муносиб ба дарбори «ҳумоюнӣ», ба Кармина омада будаанд. Ҷаноби олӣ онҳоро баъд аз «ба ҳузури пурнур» дароварда зиёфат кардан, хоҳиш кардаанд, ки меҳмонон шаҳри Бухороро ҳам тамошо карда, ба арки олӣ баромада, он ҷоро ҳам дида, баъд аз он ба вилояти худ баргарданд. Мувофиқи супориши олӣ одамони қушбегӣ то Хонработ 233 ба пешвози меҳмонон баромада, онҳоро оварда, ба арк бароварда, зиёфат кардаанд. Ҳоло меҳмонон ҳар тарафи шаҳрро тамошо карда гашта будаанд.
Аз оҳанг ва ибораҳои тантанадори ин хабари охирӣ маълум буд, ки онро одамони қушбегӣ дар меҳмонхонаи ӯ сохтаву бофта бароварда овоза карда буданд.
Аммо аҳолии Бухоро, чунонки «намадисиёҳпӯшони ошӯбгар»-ро надиданд, инчунин «гадоёни аз белибосӣ ба тани худ намад печонда»-ро ҳам, «меҳмонони азизи амир ва қушбегӣ»-ро ҳам надиданд. Ин хабар монанди абри сиёҳи беборише баҳорон бо гулдур-гулдури худ оламеро ба даҳшат андохта, оқибат бе натиҷаи маълуме гузашта рафт.
Баъд аз ду-се рӯзи аз хотирҳо фаромӯш гардида рафтани хабари намадисиёҳпӯшон шабона Мулло Амон дар мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб ба ҳуҷраи Қорӣ Усмон омад. Охирин омадани ӯ дар ин ҷо баъд аз маросими даҳякдиҳӣ буд, ки дар боби боло нақл ёфт, аз он вақт то ин дам, ки шаш-ҳафт моҳ гузашта буд, дигар ӯ ин ҷо наёмада буд. Аз ин гуна ногаҳонӣ омадани ӯ ҳар кадоми мо ҳис мекардем, ки ягон хабари фавқулоддае дорад.
Ӯ бе ҳеҷ аҳволпурсӣ гап сар кард:
— Дар мадрасаи Мирзо Убайд «Модари Гетӣ» ном як мулло ҳаст, ки, — гуфт, ӯ, — номи аслиаш Мулло Маҳмуд аст. Умри ӯ аз шаст гузаштааст, аммо ӯ кӯсаи тамом бемӯй аст, ки рӯяш монанди рӯйи аҷузони куҳансол аз пурчинӣ пур аз ҷӯйчаҳои каҷу килеб шуда мондааст. Ба ин муносиб хуштабъони Бухоро ба ӯ Модари Гетӣ ном додаанд, ки бисёр муносиб афтодааст. Ӯ бо ин ном чунон машҳур шудааст, ки номи аслиаш аз хотирҳо фаромӯш гардида рафтааст. Мулло Амон дар бораи тарҷимаи аҳвол ва хислатҳои хусусии Модари Гетӣ гуфт:
— Модари Гетӣ бойсунист. Назар ба қавли худаш, дар ҷангҳои амир Музаффар бо кӯҳистониён ва шаҳрисабзиён ӯ аз ҷониби кӯҳистониён ва шаҳрисабзиён ба муқобили лашкари амир ҷангида, хеле қаҳрамониҳо нишон дода будааст. Ӯ аз кордориҳои амир ва ҳокимони ӯ бар болои раия, хусусан ҳаққи кӯҳистониён ва шаҳрисабзиён, изҳори норозигӣ карда, золимонро сахт дашном медиҳад… — Мулло Амон нафасашро як рост гирифта сухани худро давом дод: — Ман бо ӯ ба ҳамин муносибат шинос ва ошно шуда будам, ки ӯ худро аз ҳукуматдорон ва муллоён норозӣ нишон медод. Аммо сониҳо фаҳмидам, ки ҳамаи лофу боди адолатпарварии ӯ дар хонаи торик буда, дар пеши одамон ва кӯчаҳо дигар гуна рафтор мекунад.
— «Хонашери майдонғариб» — гӯед, — гуфт Қорӣ Усмон сухани Мулло Амонро бурида, ки дар ҳар маврид як мақол овардан одати ӯ буд.
— Ин кам аст, гуфт Мулло Амон, — ӯро мунофиқи гузарои беҳаё гуфтан дурусттар меояд. Ӯ дар ҳуҷраи торик, дар сӯҳбатҳои якка ба якка ба касе, ки ӯро аз кирдорҳои ҳукуматдорон ва муллоён норозӣ донад, аз онҳо шикоят карда дашномҳои қабеҳ дода, бар хоки сиёҳ мезанад, аммо дар кӯча ё дар дигар ҷоҳо ба ягон мулло ё сипоҳ вохӯрад, чунон тамаллуқ ва таъзими бешармона ва хушомадгӯёна мекунад, ки қариб аст, ки кафши мурдори онҳоро лесида пок карда диҳад…
Мулло Амон як лаҳза хомӯш монда, боз давом кард:
— Вақте ки ман ҳамаи хислати мунофиқонаи ӯро фаҳмидам, худро аз вай дур кашидам. Аммо дар рӯзҳои овоза шудани. хабари омад-омади намадисиёҳпӯшон боре ӯ дар кӯчае ба ман рост омада, маро ба ҳолам намонда кашолакунон ба ҳуҷраи худ бурд ва дар он ҷо ба ман ин тобистон то Шаҳрисабз саёҳат карданашро ҳикоят карда, дар зимни нақли сайру сафараш гуфт, ки: «аҳволи аҳолии Чироқчиро бисёр хароб ва тоқатнопазир дидам, ба онҳо маслиҳат додам, ки намади сиёҳ пӯшида рафта, ба амир аз дасти ҳукуматдорон аризаи шикоят диҳанд. Онҳо ба маслиҳати ман даромада, аз байни худ дусад нафарро чудо карда, ба онҳо намадҳои сиёҳ пӯшонда, ба Кармина, ба дарбори амир фиристоданд…»
Мулло Амон дар ин ҷо аз забони Модари Гетӣ он чизеро, ки мо дар аввали ин боб навиштем, нақл намуда, сухани худро давом дод:
— Чун ман аз нақли Модари Гетӣ донистам, ки амир он мазлумонро фиреб дода ба тарафи Бухоро фиристодааст, хостам онҳоро аз роҳи Бухоро баргардонам, то ки дар ин ҷо дар зиндон ва дар дасти ҷаллодони амир беному нишон мурда нараванд.
Аз рӯйи қавли Мулло Амон, ӯ ба мақсади онҳоро аз роҳи Бухоро гардондан ба пешвозашон баромада дар Хонработ ном манзил, ки дар домани Чӯли Малик ва дамгаҳи ободонӣ воқеъ шудааст, ба онҳо вохӯрдааст ва муборакномаеро, ки амир ба онҳо ба номи қушбегӣ дода будааст, хонда дидааст. Дар муборакнома навишта шуда будааст, ки (мазмунан); «Ба доди ин додхоҳон бирасед ва супориши муфассалро чапар (қосиди савора) мебарад». Мулло Амон ба онҳо фаҳмондааст, ки «чапар фармони нест кардани шумоёнро аз шумо пештар ба қушбегӣ мерасонад. Агар ба шумоён зиндагӣ даркор бошад, ба вилояти худ баргардед ва ҳар коре, ки аз дастатон ояд, дар он ҷо кунед».
Аммо онҳо ба ин суханон гӯш надодаанд: «Амир ва одамони ӯ моро навозиш карданд, фиреб намедиҳанд»- гуфтаанд.
Дар ин вақт аз тарафи Бухоро одамони қушбегӣ бо аробаҳои каппадор расида омадаанд ва ҷомаҳои бисёре ҳам оварда, намадҳои сиёҳро аз тани додхоҳон кашида гирифта, ба ҳар кадоми онҳо як ҷома пӯшонда ба аробаҳо ҳаштнафарӣ, даҳнафарӣ савор карда, ба тарафи Бухоро гусел кардан гирифтаанд ва ба ҳар аробакаш як дарвозаи шаҳрро таъин кардаанд, ки аз он ба шаҳр дарояд ва ба ду ароба пасу дунбол аз як дарвоза ба шаҳр даромаданро манъ кардаанд.
Одамони қушбегӣ Мулло Амонро дар миёнаи додхоҳон дида, дар шубҳа афтодаанд ва гумон кардаанд, ки шояд ӯ ин мардумро ба шӯр андохта бошад. Бинобар ин аз ин хусус додхоҳонро пурсуков кардаанд.
Онҳо дар ҷавоб таъкид кардаанд, ки ин одамро намешиносанд ва аз ин пеш надидаанд. Аммо ба сабаби он ки ба ҷойи намади сиёҳ ҷомаҳои подшоҳиро пӯшида ба амир ва одамони ӯ дилашон пур ва бовариашон боз ҳам зиёд шуда будааст, ба гурехтан ташвиқ кардани Мулло Амонро ҳам пинҳон надошта ба онҳо гуфтаанд.
Мулло Амон ин ҳолро пай бурда, аз байни додхоҳон баромада худро ба каноре кашидааст ва баъд аз торик шудани шаб бо роҳи дигар — бо роҳе, ки бо вай аз Хонработ ба шаҳр рафтани одамони қушбегӣ эҳтимол надоштааст, роҳи шаҳрро пеш гирифтааст.
* * *
Назар ба қавли Мулло Амон, азбаски ҳар ароба аз дарвозаи дигаре ба шаҳр даромадааст, аҳолии шаҳр аз омадани ин одамони нав бехабар мондаанд. Одамони қушбегӣ аз ҳар аробае, ки ба Регистон расида омадааст, додхоҳонро бо ҳурмат ва навозиш фуроварда ба арк бароварда, дар яке аз ҳавличаҳои одамҳабскунӣ дароварда, ба «иззату ҳурмати» онҳо хотима дода, ҷомаҳои подшоҳиро аз тани онҳо кашида гирифта, ба гарданҳошон ҷел, ба поҳошон ишкел зада, дар зери шиканҷаҳои тоқатнопазир кашидан гирифтаанд.
Шабона баъд аз ҷамъ шудани ҳамаи додхоҳон дар ҳавличаҳо аз байни онҳо ҷавонтар ва ҷасуртарашонро ҷудо карда, панҷ-панҷ, даҳ-даҳ ба зиндон ва обхонаҳо фиристода, пеш-пеш кушта, мурдаҳошонро нест кардан гирифтаанд. Якчанд нафар пиру мафлукро, ки ба мурдан наздик расида будаанд, ба зиндони Чорҷӯй ва ба бадарғагоҳи Қабоклӣ ва Уч-Ӯчоқ, ки дар ҳудуди Бухоро — Хева воқеъ аст, бадарға карда фиристодаанд.
Баъд аз он фармони амир «каллаҷунбонон ва иғвогарон»-ро ёфта пеш-пеш дастгир карда, ба зиндони Бухоро фиристодан дар Чироқчӣ сар шудааст…
* * *
Мулло Амон баъд аз ба мо расондани ин хабарҳо зуд аз пеши мо хеста рафт. Мо, ки монанди бештарини аҳолии Бухоро аз номаълум ва бенатиҷа пасанда шуда рафтани хабари пурғулғулаи «намадисиёҳпӯшон» дар ҳайрат ва тааҷҷуб будем’, бо шунидани ин маълумоти пухта аз ӯ бисёр миннатдор шудем. Афсӯс, ки ин охирин сӯҳбат ва мулоқоти мо шуд бо ӯ. Баъд аз ин чандин соли дигар Мулло Амон дар Бухоро саломат буд ва бо ҳамон равиши мардумгурезиаш зиндагонӣ менамуд. Ӯ баъд аз мардумгурез шуданаш бе маҷбурияти фавқулоддае бо ҳеҷ кас мулоқот ва рафтуой намекард, чунонки дар боло нишон дода шуд, ба пеши мо ҳам бе рӯй додани ягон ҳодисаи фавқулодда намеомад. Магар дар он чандинсола зиндагонии охирии ӯ дар Бухоро ягон воқеаи фавқулоддае ба ӯ рӯй надод, ки барои хабардор кардани мо ё барои холӣ кардани дили худ пеши мо дигар наёмад ва дар роҳу раста ҳам ба ӯ ба тарзи тасодуфӣ бошад ҳам, вонахӯрдем. Аммо ҳаминро медонистем, ки ӯ дар шаҳри Бухоро ҳаст ва дар мадрасаи Турсунҷон дар ҳамон бошишгоҳи пештарааш зиндагонӣ мекунад ва сиҳату саломатиаш побарҷост.
Аммо як вақт (ҳоло муайян гуфта наметавонам, ки баъд аз чанд соли мулоқоти охиринамон буд) овоза шуд, ки «Мулло Амон гум шудааст ва аз мурдаву зинда буданаш асаре нест». Мо ин овозаро тафтиш кардем: назар ба қавли ҳамсояҳуҷрагонаш, ӯ «саҳро — Розмоз меравам»- гӯён аз ҳуҷрааш баромада рафтааст ва дигар баргашта наёмадааст. Баъд аз чандин рӯз додаронаш барои дидани ӯ омадаанд. Аз қавли онҳо маълум шудааст, ки ӯ ба деҳаи Розмоз нарафта будааст. Додаронаш тамоми як сол шаҳр ва саҳроҳои атрофи Бухоро ва туманҳоро ҷустуҷӯ ва кофтуков карда бошанд ҳам, аз ӯ асаре наёфтаанд.
Баъзеҳо гумон мекарданд, ки шояд ӯ девона шуда, худро дар об ё чоҳе андохта ҳалок карда бошад; баъзеҳо тахмин мекарданд, ки аҷаб нест ӯро душманонаш кушта нест карда бошанд.
Дар ҳар ҳол ҳеҷ кас равшан гуфта наметавонист, ки ӯ чӣ шудааст.
Ман дар ин ҷо баъд аз панҷоҳу панҷ сол гузаштан аз мулоқоти охиринамон ӯро ёд намуда, барои адои ҳуқуқи дӯстӣ зинда кардани номашро вазифаи қадршиносӣ шумурдам.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.