Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 3-1

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиёҳ яксон бод.
Хоҳам он тоҷ, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,
Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!
Хоҳам он зумра, ки имрӯз таҳаккум дорад,
Даст баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод.

Дар шаҳр

Ҳавлии Шарифҷон-махдум

Ҳавлии Шарифҷон-махдум 77 дар гузари Чорхароси шаҳри Бухоро буд, ки дар байни мадрасаи Говкушон ва гузари Ғозиён воқеъ аст.
Дар қисми берунии ин ҳавлӣ як хонаи калони рӯ ба боло (ба шимол) бино ёфта буд. Ин хона ёздаҳболори даҳлезу мадондор буд, ки меҳмонхона ба шумор рафта, ҷойи истиқомати асосии соҳиби ҳавлӣ Шарифҷон-махдум ҳам ҳамин хона буд. Даҳлези ин хона ҷойи нигоҳдории асбоб ва лавозими дастархон буда, мадонаш асосан китобхона ба шумор мерафт.
Дар тарафи шарқии рӯйи ҳавлӣ, дар паҳлуи мадон як хоначаи пешайвондор буд, ки дар вай додари Шарифҷон-махдум — Ғафурҷон зиндагонӣ мекард. Дар тарафи шимоли рӯйи ҳавлӣ як хоначаи пастаки офтобрӯя буд, ки дар вай хизматгорон зиндагӣ мекарданд; дар тарафи ғарбӣ — дар паҳлуи дарвозахона як айвони оддӣ буд, ки дар вай аспонро дар вақти тоза карда зин заданашон ба тарзи намойиш баста мемонданд.
Дар пушти меҳмонхона як рӯйи ҳавлии васеи соботнок буд, ки асосан аспхона ба шумор мерафт ва дар тарафи пешгоҳи ин рӯйи ҳавлӣ як чоҳи обаш шӯри талхнамо буд, ки аз вай барои шустушӯйи аспон ва об задани рӯйи ҳавлӣ фоида мебурданд.
Дар тарафи шарқии ҳавлии берун ҳавлии дарун воқеъ шуда буд, ки дар вай чандин хона буда, дар онҳо модари Шарифҷон-махдум, зан ва бачагонаш ва ҳамширааш, ҳам хизматгорзанон зиндагонӣ мекарданд*. Ман дар аввалҳои соли таҳсили 1891 — 1892 (дар охирҳои моҳи сентябр) ана ба ҳамин ҳавлӣ хизматгор шуда даромадам. Дар ин ҷо, ғайр аз ман, боз се нафар хизматгори мардина буд. Калонтарини инҳо Мирзо Бадеъ ном дошт, ки як одами миёнқаду миёнариши гандумгуни якчашма буда, тахминан 30-сола менамуд. Мирзо Бадеъ соҳиби хату савод буда, хати миёнаи хоное дошт. Ӯ хоҳарзодаи Мирзо Шамсиддини Доитахаллуси 78 шоир буда, дар хурдсолиаш дар хонаи ӯ тарбия ёфтааст.
Мирзо Бадеъ як баёз дошт, ки дар вай баъзе шеърҳои тағоиаш Доӣ ва баъзе шеърҳое, ки дар хонаи Шарифҷон-махдум шунидааст, бо хати худаш навиштагӣ буд. Ҳарчанд ӯ завқи шеърфаҳмӣ надошта бошад ҳам, бо таъсири тарбиягари худ Доӣ ва хӯҷаини худ Шарифҷон-махдум дар шеърҷамъкунӣ ҷиддиёна машғулӣ мекард.
___________
* Дар тобистони соли 1949 ман дидам. ки ҳавлии беруни Шарифҷон-махдум бо ҳамон тарҳи аввалиаш ҳанӯз боқист.

Вазифаи Мирзо Бадеъ дар хонаи Шарифҷон-махдум вакили харҷӣ (завхозӣ) буда, ҳама чизҳои рӯзгор — хӯрокӣ ва пӯшокиро ӯ харида тайёр мекард.
Дуюми ин хизматгорон Мирзо Абдулвоҳид 79 ном дошта, як ҷавони гандумгуни хушкбадан буд, ки аз ман як сол калон буд. Ӯ соҳиби хату савод буда, хатро дар ғояти хубӣ менавишт ва дар вақтҳои фароғаташ аз дарс ва кор ҳамеша хат машк мекард. Чунонки мо дар охири қисми якуми «Ёддоштҳо» дида гузаштем, ӯ ба зиракӣ ва шеърфаҳмии худ аз будаш зиёд баҳо медод ва як дараҷа ба худ мағрур буд 80.
Вазифаи Мирзо Абдулвоҳид дар хонаи Шарифҷон-махдум асосан хизмат кардан дар меҳмонхона буд: ӯ ба махдум ва ба меҳмонони вай чой кашида медод, дастархон паҳн мекард ва меғундошт ва монанди инҳо.
Сеюм — Абдулкарим ном як каси бехатусавод буд, ки бо лақаби Эшонча ба ӯ хитоб мекарданд. Ӯ як ҷавони кӯтоҳқади ғалчаи тахминан 25-сола буд. Ӯ аз деҳаи Розмози райони Вобканд буда, махсусан барои нигоҳубини асп (саисӣ) аз он ҷо ба хонаи Шарифҷон-махдум омадааст ва вазифаи ӯ нигоҳубини аспон буд.
Вазифаи ман асосан ба ҳамин се хизматгори мардина ёрӣ додан буд: меҳмонхона ва рӯйи ҳавлиро мерӯфтам, дар вақти меҳмондорӣ ва умуман барои меҳмонхона чой тайёр мекардам, дар вақти дастархонпаҳнкунӣ ошу нону чой ва дигар чизҳоро ба Мирзо Абдулвоҳид мерасондам, дар вақти аспшӯйӣ ба саис ёрӣ медодам ва баъзан таги пойи аспонро ҳам саис ба ман мерӯбонд. Мирзо Бадеъ аз бозор ҳар чиз ки бихарад, ман бардошта меомадам.
Аз ғайри инҳо, ман дастёри ҳавлии дарун ҳам будам — барои оташдон ҳезум шикаста медодам, пошшобибӣ (модари Шарифҷон) ҳар ҷо равад, дастархони ӯро ман бардошта мерафтам ва бардошта меовардам. Дар вақтҳои барфборӣ бомҳои ин ҳавлии калонро бо саис ман мерӯфтам ва монанди инҳо.

Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ

Шарифҷон-махдум писари дуюми домулло Абдушукури 81 қозикалон аст, ки ӯ аз Бухоро буда, падар ва бародаронаш ба касби шустагарӣ 82 машғулӣ доштаанд ва худи Абдушукур ҳам дар хурдсолиаш чанде дар ин пеша шогирдӣ кардааст.
Шарифҷон-махдум одами баландқомат, сафедрӯй, мешчашм, хурмоириш буда, дар вақте ки ман ба хизмати ӯ даромадам, 27 сол умр дошт.
Шарифҷон-махдум дар хушхатӣ, хушсаводӣ, шеърфаҳмӣ ва маорифдӯстӣ дар байни муллозодагони Бухоро қариб ягона буд. Одатан фарзандони муллоҳои калони Бухоро ба давлат ва шӯҳрати падар мағрур шуда, дар хурдсолӣ бе тарбия мемонданд ва ё ин ки тарбияи бад мегирифтанд ва дар калонсолӣ аз ҳеҷ гуна корҳои аҳмақӣ ва бадахлоқӣ худдорӣ намекарданд ва бо вуҷуди ин ба воситаи номи падар ба мансабҳои калон мерасиданд ва бештаринашон мансаби худро сӯистеъмол мекарданд. Сабаб ҳамин буд; ки мардуми Бухоро дар ҳаққи махдумон латифаҳои ғалатӣ бофтаанд ва шеърҳо гуфтаанд. Яке аз он шеърҳо ин аст:
Аз дусад сарқанд махдум сохтанд,
Нуктадонҳо хӯрда мегуфтанд: «Фач!»
Ё ин ки:
Тарҳи оламро чу меандохтанд,
Аз дусад мағзоба махдум сохтанд.
Дар байни ин гуна махдумони калон донишмандон кам ёфт мешуданд, ки яке аз ҳамон камёбҳо Шарифҷон-махдум буд.
Хонаи Шарифҷон-махдум дар ҳар ҳафта се шаби таътил — сешанбе, чор-шанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт. Ман, ки дар қатори Мирзо Абдулвоҳид вазифаи пешхизматиро адо мекардам, дар он гуна шабҳо ҳамеша дар даруни меҳмонхона буда, аз он гуна сӯҳбатҳои адабӣ озодона истифода мекардам. Ман метавонам гӯям, ки материалҳои ибтидоӣ, лекин муҳими адабии худро аз он ҳавлӣ гирд овардаам. Ман дар он ҳавлӣ бо Мулло Назруллои Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зӯфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин, Мулло Бурҳони Муштоқӣ, Қорӣ Абдулкарими Офарини Дӯзахӣ, Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Мулло Раҳмати сартарош, Азизхоҷаи Азиз ва дигарҳо, ки аксари онҳо шоир ва ё шеършинос буданд, шинос ва ҳолдон шудам.
Ман дар охирҳои қисми дуюми «Ёддоштҳо»-и худ аз ин номбаршудагон Мулло Назруллои Лутфӣ 83, Мулло Раҳмати сартарош 84 ва Мулло Муштоқиро 85 ба хонандагони худ шиносонда будам ва дар ин ҷо дар бораи боқимондаи онҳо, ба тарзи кӯтоҳ ҳам бошад, маълумот дода гузаштан лозим меояд:
1. Абдулмаҷиди Зӯфунун — дар нуҷум 86 аз шогирдони Аҳмад буда, дар шеър ва адабиёт ва дар фанҳои расмии мадрасаҳои Бухоро низ маҳорат дошт. Азбаски ӯ фанҳо ва илмҳои гуногунро медонист, ҳамзамононаш ба ӯ «Зӯфунун» лақаб дода буданд, ки «соҳиби фанҳо» гуфтан аст. Аз назариёт ва амалиёти тибби қадим пурра воқиф буд. Азбаски фикру чашми ӯ дар сӯҳбати Аҳмад- махдум кушода шуда буд, ба замон ва аҳли он ва хусусан ба амир ва дарбориёни ӯ ва ба уламои расмӣ бо назари танқид нигоҳ мекард ва агар шунавандае ёбад, кирдорҳои бади онҳоро бераҳмона кушода мепартофт.
Аммо рафтор ва кирдори шахсии Зӯфунун девонавор буд: ӯ ҳамеша дасташро ба даруни куртааш кашида ва аз гиребонаш бароварда, бо нӯги ангуштонаш биниашро кофта меистод ва баъзан торҳои мӯйлаб ва ришашро бо шиддати тамом канда мепартофт. Дар кӯчаҳо танҳо мегашт, ба касе нигоҳ намекард ва гап намезад, гӯё ки дар бораи чизе ё масъалаи мушкиле фикр мекарда бошад, ба абрувонаш чин оварда ва ба сари синааш чашм дӯхта қадам мепартофт. Дар рӯзҳое, ки бориш набошад, албатта ӯ ба лаби ҳавзи Девонбегӣ 87, ки ягона сайронгоҳи Бухорои амирӣ буд, мерафт ва дар он ҷо бар лаби боми яке аз сартарошхонаҳо, ки аз саҳни хонақоҳи Девонбегӣ як газ баландӣ дошт, биниашро кофта менишаст ва агар ягон каси ба худаш мақбул аз пешаш гузарад, ӯро ҷеғ зада оварда, ба паҳлуи худ мешинонд ва бо ӯ қадаре сӯҳбат мекард. Ҳар гоҳ, ки сӯҳбат дилгираш кард, ба он одам мегуфт:
— Хуб, акнун биравед! Паноҳатон ба худо!
Аммо, хоҳ ошно бошад ва хоҳ бегона, ҳеҷ кас ҷасорат намекард, ки аз ғайри даъвати ӯ пеши ӯ рафта, ба паҳлуяш нишинад. Ранги рӯйи сиёҳчатоби пурриш, абрувони бароқи пурчин ва чашмони барқнигоҳи хашмолуди ӯ бо вазъияти девонагиаш ба дили бинанда як навъ даҳшат ва бим меандохт.
Зӯфунун ба хонаи Шарифҷон-махдум кам меомад ва танҳо рӯзона меомад; агар касе набошад, бо соҳиби хона қадаре сӯҳбат карда менишаст ва агар одами беруна бошаду сӯҳбат мувофиқи табъи ӯ — шикояти дарбориён ё уламо рафта истода бошад ҳам, қадаре иштирок мекард. Агар одами беруна мувофиқи табъаш набошад, баъзан аз даҳлез гашта мерафт ва агар ба хона дарояд ҳам, аз як дақиқа зиёд наменишаст ва ба ҳеҷ кас «хайру хуш» нагуфта баромада мерафт.
Шарифҷон-махдум мегуфт:
— Девонагии Зӯфунун сохта аст, вагарна худи ӯ донишманди бузурги ҳамафаҳм аст. Аммо ӯ барои аз тарафи амир бозхост нашудан худро ба девонагӣ зада мегардад (зикри Қорӣ Абдулмаҷид Зӯфунун дар саҳифаи 305 «Намунаи адабиёти тоҷик», ки аз тарафи нависандаи ин сатрҳо тартиб ёфтааст, қайд шудааст).
2. Яҳёхоҷа ~ бо шакл ва хусусиятҳои дигар рӯйидаи Абдулмаҷиди Зӯфунун буд. Ӯ ҳам худро ба девонагӣ зада мегашт, аммо «девонагии» ӯ фаъолона ва боғайратона буд. Ӯ одамҳои ба худаш номақбулро бо алфози қабеҳ дашном медод. Муллоҳои калони расмӣ ва дарбориёни калон, ҳар гоҳ ӯро дар роҳе ва кӯчае бинанд, ба паскӯчае даромада рафта, худро аз вай пинҳон мекарданд, то ки ҳақоратҳои ӯро нашунаванд.
Яҳёхоҷа одами баландқомат, камгӯшт, сафедрӯй ва миёнариш буда, дар вақтҳое ки ман дар хонаи Шарифҷон-махдум будам, сафедии ришаш аз сиёҳиаш зиёдтар шуда буд ва бо ин нишона умри ӯ наздик ба шаст менамуд.
Яҳёхоҷа аз ҷамоаи хоҷагони мираконии Бухоро буд, ки падар ва бобоҳояш дар мансабҳои калони илмӣ ва хоҷагӣ мансуб шуда гузаштаанд. Назар ба одати анъанавии амирони Бухоро авлоди ин гуна хоҷагонро ҳурмат кардан лозим буд. Бинобар ин аз девонагиҳои ӯ чашм мепӯшиданд ва ӯро ҷавобгар намекарданд. Ӯ бошад, аз ин ҳурмати авлодии худ истифода карда, уламо, амир ва дарбориёни ӯро сахт танқид ва масхара мекард.
Дар ҳамон рӯзҳо аз корҳои Яҳёхоҷа чанд ҳикоя шунида ва чанд воқеаро худ дида будам, ки онҳо характери ӯро тамоман равшан нишон медиҳанд. Ман дар ин ҷо баъзеи онҳоро ёд карда мегузарам:
Дар ҳамон вақтҳо Қорӣ Самеъ ном як муллои калон будааст, ки саллаи калон баста ва тасбеҳи саддонаро аз остинаш бароварда пичир-пичиркунон тасбеҳ гардонда роҳ мегаштааст ва бо ин ҳаракаташ ба мардум нишон додан мехостааст, ки гӯё ӯ ҳамеша бо зикри Худо машғул буда, таркидунёкарда мебошад. Аммо дар ҳақиқат ӯ фиребгартарини фиребгарон ва молимардумхӯртарини ҳаромхӯрон будааст.
Ин гуна рафтор ва кирдори Қорӣ Самеъ аз назари Яҳёхоҷа пӯшида намондааст ва ӯ хостааст, ки ӯро дурустакак танбеҳ диҳад. Яҳёхоҷа ба ҳамин ният ҳуҷҷатҳои сохтаи шаръӣ тайёр карда, Қорӣ Самеъро ба қозихона кашидааст: «ҳавлии нишасти ӯ аз они ман мебошад».
Дар натиҷаи чандинрӯза мурофиа даъвои Яҳёхоҷа дар пеши қозикалон исбот ёфта, ӯ ҳукм кардааст, ки Қорӣ Самеъ 15 ҳазор танга (2250 сӯм), ки бадали ҳавлист, ба Яҳёхоҷа бидиҳад. Яҳёхоҷа талаб кардааст, ки «Қорӣ Самеъ 15 ҳазор тангаро нақд оварда, дар ҳузури қозӣ ба ман супорад, дар он сурат ман ба сулҳнома розӣ мешавам. Вагарна ба қавли ӯ эътимод карда наметавонам ва аз фиреби ӯ худро эмин намепиндорам».
Қорӣ Самеъ маблағи мазкурро нақд карда ба қозихона оварда, дар ҳузури қозӣ ба Яҳёхоҷа супурдааст. Вақте ки қозӣ ба тамом шудани даъво ва таслими пул даъвогар ва ҷавобгарро иқрор кунонда мехостааст хати ибро (сулҳнома)-ро мӯҳр кунад, Яҳёхоҷа қозиро аз мӯҳр кардан боздошта гуфтааст:
— Ман ин маблағро муваққатан ба тарзи амонат ба ҷавобгар баргашта медиҳам, шумо ҳам ҳуҷҷатҳои маро ба ман бозгашта диҳед. Агар ӯ қавл диҳад, ки баъд аз ин дар кӯчаҳо тасбеҳ гардонда мардумро фиреб дода намегардад, аз даъвои ман эмин бошад ва кадом рӯзе, ки ӯ боз ҳаракатҳои фиребгарона кунад, ман даъвои худро такрор ва бадали сулҳро талаб хоҳам кард. Қорӣ Самеъ мувофиқи талаби Яҳёхоҷа қавл дода, аз дасти ӯ маҷҷонан (бе бадали сулҳ) халос шудааст. Баъд аз ин воқеа Қорӣ Самеъ то зинда буд, ба кӯча намебаромад ва агар барояд ҳам, ба қиёфати одамони оддӣ шуда мебаромад ва бо вуҷуди ин аз забони мардум халосӣ намеёфт. Мардум «зикри Худо ва тасбеҳ-ро ба 15 ҳазор танга фурӯхт» — гӯён ӯро масхара мекарданд.
Боре Яҳёхоҷа ба пеши қозикалон — қозӣ Бадриддин 88 даромадааст. Қозӣ ӯро мунофиқона ҳурмат намуда ва таъзимкунон пешвоз гирифта, ба умеди хуш омадан ба ӯ, аз ӯ дар ҳаққи худ «дуои хайр» талаб кардааст, то ки бо ин тамаллуқҳои риёкорона аз забони ӯ эмин монад. Яҳёхоҷа дар ҷавоб монанди дуокунандагон дастони худро ба ҳаво бардошта гуфтааст:
— Илоҳӣ, Худоё, Худовандо, қозӣ Бадриддинро ба ҷойи худ Худо кунӣ! Қозӣ аз ин дуо дар ҳайрат афтода:
— Эй… эй… эй! Қабоҳат шуд — гуфтааст.
— Ҳеҷ ҷойи қабоҳат ҳам несту аҷобат ҳам, — гуфтааст Яҳёхоҷа дар ҷавоб, — ту имрӯзҳо дар .Бухоро аз амир ҳам калонтар мебошӣ, ихтиёри мурдаву зиндаи ҳамаи мардуми мамлакати Бухоро дар дасти туст, ту хоҳӣ касеро месӯзӣ ва хоҳӣ, касеро месозӣ ва ҳеҷ кас ба ту «чуну чаро» гуфта наметавонад. Акнун ғайр аз мартабаи худоӣ мартабае намонд, ки ту орзуи расидан ба он дошта бошӣ.
Мурофаачиён ва мулозимон атрофи Яҳёхоҷа ва қозикалонро иҳота намуда, аз суханони Яҳёхоҷа ба завқ кардан даромадаанд. Қозикалон ба умеди тамом кардани ин тамошо:
— Хуб! Хуб, гуфтаи шумо шавад! — гӯён хостааст, ки гиребони худро аз дасти ин хасми беамон раҳо кунад, аммо ҳарифи шӯхчашми теззабон ба қозикалон амон надода, сухани худро давом кунондааст:
— Худо шудан барои ту фоиданок аст. Зеро ба аҳволи деҳқонони хонавайроншуда, ятимони бепадармондаи моли меросиашон аз тарафи ту забтгардида, ба рӯзи сиёҳи занони бева ва бачагони бепарастор, ки шавҳару падаронашон дар зиндони ту хобидаанд, ту ҷавобгар мебошӣ. Эҳтимол аз ғазаби Худо тарсида, дар айшат халале расад. Агар Худо шавӣ, аз ҳама тараф хотирҷамъ шуда, кордорӣ кардан мегирӣ ва бе ҳеҷ бими бозхост хазина бар болои хазина меандӯзӣ, чунки Худо ҳеҷ гоҳ худро бозхост намекунад.
Яҳёхоҷа бо либоси муллоёнаи оддӣ — бо ҷомаи зеҳборики майданақш ва бо саллаи сафеди хурд мегашт. Аммо рӯзе ба ҳавлии Шарифҷон-махдум дар ҳолате ки ба сараш фӯтаи кабудеро мисли олуфтаҳо занбарӣ карда баста буд ва дар пояш кафши пошнабаланд дошт, омад. Шарифҷон-махдум ин қиёфати аз одат беруни ӯро дида:
— Ин қиёфати қиморбозона ба шумо муборак шавад, — гуфт.
— Дар ҳақиқат ин гуна либоспӯшии ман сазовори табрик аст, — гӯён сухан сар кард ва, — имрӯз аз хона баромадам, ки, — гуфт ӯ, — Абдулкарими чинифурӯш саллаву ҷомаи муллоёна пӯшида, ба дӯконаш рафта истодааст. Ман сабаби тағйири либосашро аз ӯ пурсидам. Ӯ дар ҷавоб гуфт:
— Имрӯз имоми гузарамон баъд аз намози бомдод мардумро ваъз ва насиҳат кард ва дар қатори суханони худ гуфт: «Ҳар кас дар дунё дар либоси кадом табақае, ки зиндагӣ кунад, фардо — рӯзи қиёмат дар қатори ҳамон табақа аз гӯр сар мебардорад ва Худо ба ҳамон табақа ҷоеро, ки насиб карда бошад (хоҳ ҷаннат бошад, хоҳ дӯзах), дар қатори ҳамон табақа ба ҳамон ҷо меравад…». Ман хостам, ки дар либоси уламо дароям, то ки дар рӯзи қиёмат дар қатори ин азизон сар бардошта ва бо ҳамроҳии онҳо ба ҷаннат равам.
Яҳёхоҷа сухани худро давом кунонда гуфт:
— Ман дар дили худ гуфтам, ки «агар барои ба ҷаннат рафтан дар қатори ҳамин уламо будан шарт бошад, ман аз баҳри ҷаннат ҳам гузаштам. Маро, ки тақдир дар дунё дар қатори ҳамин уламо дароварда бадном кард, бас аст; намехоҳам, ки дар рӯзи қиёмат ҳам дар қатори инҳо бошам. Бинобар ин либоси олуфтагӣ ва қиморбозиро пӯшидам, ки дар рӯзи қиёмат дар қатори ҳаминҳо сар бардорам ва агар бо инҳо ба дӯзах мерафта бошам ҳам, аз уламо дур будан барои ман ҷаннати маънавӣ аст».
Баъди ин воқеа Яҳёхоҷа бештар сару по бараҳна мегашт.
Яҳёхоҷа дар рӯзҳои таътил ҳаррӯза, ҳеҷ набошад, рӯздармиён ба ҳавлии Шарифҷон-махдум медаромад. Аз дарвоза ки даромад, «ой шустагар! Чӣ кор карда нишастӣ? Дароям ё не?» — гӯён овоз медод. Шарифҷон-махдум ман ё Мирзо Абдулвоҳидро мефармуд, ки «гӯед, дарояд». Ӯ ба рӯйи суффа меомад, аммо ба меҳмонхона намедаромад ва аз дари рӯйи хона сарашро дарун карда, дар он ҷо будагонро аз назар мегузаронид ва ба ҳар кадомашон ду-се даҳан гап парронда, аз ҳавлӣ баромада мерафт.
Боре Яҳёхоҷа ба ҳавлии Шарифҷон-махдум омад, ки дар хона чанд нафар шоирон нишаста буданд. Ӯ баъди аз назар гузаронидани онҳо ба соҳиби хона хитоб карда гуфт:
— Ту гӯл ҳастӣ, ки ин гӯлҳоро ба атрофат ғундошта менишинӣ, ту гумон мекунӣ, ки инҳо дар хонаи ту ҷамъ шуда мушоара89намуда, аз якдигар чизе меомӯзанд. Аммо дар ҳақиқат ин тавр не. Инҳо барои ошу нони туро хӯрдан ғун мешаванд, вагарна ба хонаи ман чаро намераванд, чунки дар он ҷо ошу нони барзиёд нест.
Шарифҷон-махдум гуфт:
— Хуб, ман бо марҳамати шумо «гӯлӣ»-ро ба гардан гирифтам. Лекин шумо ин бечорагонро, ки ба касе зарарашон нарасидааст, чаро гӯл меномед?
— Ҳарчанд ки, — гуфт Яҳёхоҷа, ҳоло инҳо ба назари кас фарзанди одам барин намоянд ҳам, дар оянда гӯл мешаванд: ҳамин ки хатми дарсро 90 намуданд, дар пайи мансабгирӣ афтода, амиру вазиру қозикалонро мадҳгӯйӣ мекунанд. Кадоми инҳо, ки дар дурӯғгӯйӣ ҳунармандтар бароянд, дар ҷое қозӣ ё раис мешаванд ва дар он сурат на гӯли оддӣ, балки ғули биёбонӣ мегарданд.
— Дар ин гуна гӯлӣ ман ҳам бо эшон шарик мебошам, — гуфт Шарифҷон-махдум ва сухани худро давом дод: — зеро қозӣ ё раис шудани инҳо эҳтимол бошад, ман баъд аз хатми дарс бе шакку шубҳа дар ҷое қозӣ мешавам.
— Ман туро ҳеҷ гоҳ аз қатори гӯлшавандаҳо берун накарда ва берун намекунам, — гуфт
Яҳёхоҷа, — фақат ту, ки аз падарат молу ашёи бисёре мерос гирифтаӣ, аҷаб нест, ки мардумро камтар тороҷ кунӣ. Аммо инҳо, ки ба тозагӣ мансаб мебинанд, бераҳмона тороҷгарӣ карданашон муқаррар аст. Чунки гурги гурусна нисбат ба гурги сер рамаро зиёдтар медарронад.
Рӯзе Яҳёхоҷа ба ҳавлии Шарифҷон-махдум омад, ки дар меҳмонхона Ҷӯрабек Арабов ном яке аз савдогарони калони Бухоро менишаст. Вай сартопойи ин савдогарро аз назар гузаронида, ба ӯ гуфт:
— Хӯҷаин, шумо бо арабзода буданатон фахр карда наметавонед. Зеро Ҳаҷҷоҷи золим 91, ки ба воситаи гумоштаи худ Қутайба ибни Муслим92Мовароуннаҳри моро хун гирёнд, арабзода ва яке аз калонони арабҳо буд; инчунин шумо бо саллаву ҷомаи қиматбаҳотон, бо ҳавлии қасрмонандатон, бо аспҳои қаторатон, бо хурӯсҳои бешуморатон фахр карда наметавонед, бо пулҳое, ки дар банк доред, низ фахр карда наметавонед. Ман мешунавам, ки шумо даҳ сар аспи кӯпкоригӣ нигоҳ дошта, ба чандин нафар чапандозатон ҳам ошу нон медиҳед. 25 адад хурӯси ҷангӣ нигоҳ дошта, барои нигоҳубини онҳо чанд нафар мири шикор ҳам парво мекунед, инчунин ман шунидам, ки шумо ҳавлии аз ин 5 сол пеш имораткардаатонро вайрон карда, сад ҳазор танга (15 ҳазор сӯм) харҷ намуда аз сари нав иморат кардаед. Дониста монед, ки бо инҳо ҳам фахр карда наметавонед. Зеро агар аз куҷо пайдо шудани он ҳама сарват ва дороиро ба назар гиред, ба ҷойи фахр кардан шарм медоред…
Аз таги дасторчаи мисқолие*, ки Ҷӯрабек ба рӯйи каллапӯши кундал** ба сараш баста буд, арақ шорида, зеҳи калони гиребони ҷомаи шоҳиашро тар
____________
* Мисқолӣ — як навъ докаи нозук.
** Кундал — як хел зарбофти аъло.

кардан гирифт ва Яҳёхоҷа як сукут карда, ба ӯ савол дод:
— Хӯҷаин, шумо савод доред?
— Кам-кам хонда ва навишта метавонам, — Ҷӯрабек дар ҳолате ки бо рӯймолчааш арақи рӯяшро пок мекард, ғурунгосзанон базӯр ҷавоб дод.
— Бедилро хондаед? — дубора савол дод Яҳёхоҷа.
— Дар мактаб хонда будам.
— Маънии шеърҳои Бедилро мефаҳмед? — гӯён Яҳёхоҷа савол дод ва ба ҷавоби Ҷӯрабек мунтазир нашуда гуфт:
— Не, намефаҳмед! Агар мурда бошад — марҳум ва агар зинда бошад – малъун домуллои мактабатон ҳам Бедилро намефаҳмид. Аммо Бедил шеърҳои ҳамафаҳм дорад, ки шумо онҳоро надидаед ё дида бошед ҳам, худро нодида мешуморед. Чунки он гуна шеърҳои Бедил ба шумо зарар мекунанд… Яҳёхоҷа сонияе сукут карда, боз давом намуд:
— Бедил дар яке аз шеърҳои оммафаҳмаш гуфтааст:
Кисаи ҳеҷ кас надид пурӣ,
То накард иртикоби кисабурӣ.
Яҳёхоҷа баъд аз хондани ин шеър аз Ҷӯрабек рӯ тофта, ба Шарифҷон-махдум нигоҳ карда гуфт:
— Ман ба раис ва миршаби Бухоро ҳайронам, ки як бечораи пойбараҳнаро бо гуноҳи кисабурӣ дастгир карда, таъзир (дарразанӣ) намуда ҳабс мекунанд. Ва ҳол он ки агар кори кисабури оддӣ барор гирад, панҷ ё даҳ тангаи касеро аз кисааш мегирад. Бисёр мешавад, ки ба дасти он гуна кисабур ба ҷойи танга носкаду меафтад, ки дар бозори тез чор пул намехаранд. Аммо ба он гуна кисабурҳое, ки Бедил дусад сол пеш аз ин ба пешонаи онҳо тамғаи кисабуриро задааст ва аз ин пеша садҳо ҳазор тилло ёфтаанд, кор надоранд. Натанҳо кор надоранд, ҳатто инҳоро ҳурмат ҳам мекунанд.
Яҳёхоҷа қадаре хомӯш монда:
— Дирӯз воқеаи аҷоиберо дидам, — гӯён боз давом намуд, — ба лаби ҳавзи Девонбегӣ рафта будам, пештар аз намози пешин раиси Бухоро омада, ба дари масҷид палос партофта нишаст ва одамони худро барои ёфта омадани «гунаҳгорон» фиристод.
Одамони раис самоворхонаҳои лаби ҳавзро давр зада, касеро дошта оварданд ва ба раис тақдим карданд, ки ӯ «кисабур аст». Раис барои кисабурии ӯ аз одамони холис гувоҳӣ пурсид. Ин хӯҷаинамон (ба Ҷӯрабек ишора карда), ки ба қавли Бедил кисабури калон мебошанд, аз миёнаи гурӯҳи тамошобинон баромада, ба раис рӯ ба рӯ шуда гувоҳӣ доданд, ки он одам кисабур аст ва ин кас кисабурии ӯро ба чашми худ дидаанд.
Раис ин «гувоҳи холис»-ро ҳурматкунон аз ҷояш нимхез шуда, «марҳамат кунед» ба паҳлуяш шинонид ва ба мулозимони худ фармуд, ки он кисабурро бараҳна карда, ба пушташ як кам чил дарра заданд ва баъд аз таъзир раис фармуд, ки он «гунаҳгор»-ро ба раисхона бурда, дар зинхона нигоҳ доранд ва аз ваҷҳи ӯ ба ҷаноби олиаш93арз хоҳад кард.
Яҳёхоҷа сухани худро давом дода гуфт:
— Масъала равшан аст, ба ҷаноби олиаш арз кардани аҳволи он «кисабур» чораи охирини раис аст. Аммо агар он кисабур дороии арзандае дошта бошад, масъала бе арз кардан ба амир ҳал мешавад, он «гунаҳгор» ҳама чизи худро ба раис ва мулозимони ӯ супурда озод шуда меравад ва баъд аз он дузди калон ва роҳзан мешавад ва агар чизе надошта бошад, ба ҷаноби олӣ арз шуда ба зиндон меафтад ва монанди садҳо гунаҳгорони бечиз дар он ҷо то охири умраш пӯсида мехобад.
Яҳёхоҷаро ман аз он пеш ҳеҷ гоҳ он гуна пурғазаб надида будам ва дар вақти гуфтани суханони охирини худ аз чашмонаш оташ меборид ва монанди девонагони ҳақиқӣ аз даҳонаш кафк мепарид ва дар охири сухани худ:
— Туф ба ин кисабурон, ки калонашон ҷаноби олӣ аст! — гуфт ва аз суфаи меҳмонхона фуромада рафт.
Яҳёхоҷа шоириро ба худ касб карда нагирифта буд. Аммо мегуфтанд, ки маҳорати баланди шоирӣ дорад ва табъаш дар шеър, хусусан дар ҳаҷвиёт, бағоят равон аст. Дар ин бора аз ӯ шеърҳо нақл мекарданд, ки дар онҳо калонони замони худро дар рӯ ба рӯяшон ба тарзи бадеҳа ҳаҷв кардааст. Аз он ҷумла Ҷонмирзо, ки риши калоне дошт, боре ба умеди хуш омадан ба Яҳёхоҷа ба ӯ гуфтааст:
— Дар замонҳои пеш шоирони бузург дар ҳаққи вазирони замони худ шеърҳо гуфтаанд, ки аз онҳо ба ёдгор мондааст. Чӣ мешавад, ки ҷаноби шумо ҳам дар ҳаққи ин камина чизе гӯед, то ки сабаби ифтихори ман ва ёдгоре барои пасояндагон шавад.
Яҳёхоҷа бадоҳатан гуфтааст:
Мири қушбегӣ дар оина бубинад риши хеш,
Бо дили хеш бигӯяд: «Ана ришу мана риш!».
Гар бубинад риши пурҷингилаи Қорӣ Самеъ*,
Бо дили реш бигӯяд: «Ана ришу мана риш!»
____________
* Ба Қорӣ Самеъ чӣ муносибат доштани Яҳёхоҷа дар боло гузашт.

Яҳёхоҷа баъд аз гуфтани ин байтҳо ба қушбегӣ гуфтааст:
— Мири қушбегӣ, мебахшед, ки шумо ғайр аз риши калон чизе қобили мадҳ надоред, ки сабаби ифтихоратон шавад. Афсӯс, ки ин ришатон ҳам дар пеши риши Қорӣ Самеъ қадру қимати худро гум кард.
Инчунин яке аз саркардагони калони амир дар як маҷлис барои хушомад аз Яҳёхоҷа шеър талаб кардааст. Яҳёхоҷа дар ҳамон маҷлис ва дар ҳузури одамони бисёр дар ҳаққи он саркарда дар вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ 50 байт шеъри ҳаҷвӣ гуфтааст (азбаски он шеър сар то по беодобона ва бо алфози дашноми кӯчагӣ буд, намунае аз вай овардан муносиб дида нашуд). Яҳёхоҷа аз дӯстони наздики Аҳмад-махдуми Дониш (Аҳмади Калла)94буда, аз ҳамсӯҳбатони доимии ӯ ба шумор мерафт. Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ»95ном асари худ «Ҳоҷибобо» ном калонтарини ҳикояташро, ки романмонанд аст, аз забони Яҳёхоҷа нақл мекунад.
3. Содиқхоҷаи Гулшанӣ — Гулшанӣ аз фозилони он замон буд. Дар вақте ки ман дар хизмати Шарифҷон-махдум будам, тахминан 30-сола менамуд. Ӯ як одами сафедчеҳраи чашму абрусиёҳи кулӯтариши хушқаду баст буд, ки бо забони ҳайкали ӯ одам кам дида мешуд. Ӯ либосҳои на қиматбаҳо, валекин бисёр озода мепӯшид; Ҳикоягӯй, таърихдон ва ширинзабон буд. Ҳарчанд дар вақти гап задан забонаш қадаре мегирифт, ширинии суханҳояш он гирифтагиро боз ҳам ширинтар карда нишон медод.
Ӯ дар бобати забони русиро аз худ кардан, аввалин касе буд аз байни талабаҳои мадрасаҳои Бухоро. Ӯ бо Аҳмад-махдуми Дониш ҳамгузар буда, ҳафтае чанд бор ба сӯҳбати ӯ мерасидааст. Мегуфтанд, ки Аҳмад-махдум ӯро ба омӯхтани забони русӣ ташвиқ кардааст. Ва дар он миён сабабе ёфт шудааст, ки ӯ ба омӯхтани ин забон комёб гардидааст. Он сабаб ба ин тариқа рӯй додааст:
Гулшанӣ тағоие дошт, ки дар мӯҳрканӣ ва заргарӣ бағоят моҳир буда, дар байни мардум бо лақаби Ҳоҷӣ-мӯҳркан машҳур буд. Ӯ дар замони амир Музаффар97 ба гуноҳе тӯҳматзада шуда, маҷбур шудааст, ки аз Бухоро ба Самарқанд гурезад ва дар он ҷо хонаву ҷо карда, ба раиягии давлати Россия даромада зиндагонӣ намояд.
Содиқхоҷаи ҷавон ҳар сол тобистон ба Самарқанд рафта, чанд моҳ дар ҳавлии тағоиаш истиқомат карда меомадааст. Ана дар ҳамон моҳҳо ба вай фурсат ёфт шудааст, ки тавсияи Аҳмад-махдумро ба амал оварда забони русиро омӯзад.
Азбаски Содиқхоҷа на дар мадраса, балки дар ҳавлӣ зиндагӣ мекард ва ҳамсӯҳбатонаш ҳам монанди Шарифҷон-махдум нисбат ба замони худ одамони кушодафикр ба шумор мерафтанд, забони русӣ омӯхтан балоеро, ки ба сари Мулло Туроб 99 оварда буд ба сари ӯ наёвард*. Ҳатто Шарифҷон-махдум забони русӣ омӯхтани ӯро яке аз фазилатҳои вай шумурда, дар тазкираи худ ин хусусияти ӯро бо байти зерин баён намудааст:
…Бад-он поя донад забони Расӣ98 ,
Бад-он поя дониш ту худ кай расӣ!
Содиқхоҷа ба дараҷаи ибтидоӣ ҳам бошад, улуми замониро омӯхта буд ва илми ҷуғрофияро бағоят дӯст медошт. Баъд аз хатми кутуб 100 ӯ ба мансабҳои илмӣ майл накард, қашшоқона, аммо ҳимматбаландона ва озодона зиндагонӣ мекард.
Шарифҷон-махдум ин сифати ӯро дар тазкираи худ бо байти зерин ёд мекунад:
Тиҳидастию базли молам дирам,
Аз ӯ ёд гир, ар надонӣ карам.
Аммо амир Абдулаҳад 101 ин гуна зиндагонии озодонаро ба ӯ раво надида (чунонки ба Шоҳин 102 ва ба Қорӣ Каромати Дилкаш 103 раво надида буд), ба сифати надимӣ 104 ба дарбори худ кашид. Содиқхоҷа ба ном надим (ҳамсӯҳбат) буда, аммо дар ҳақиқат монанди навкарони бесаводи амир маҷбур буд, ки дар тобистон ва зимистон дар районҳо ва вилоятҳои Бухоро бо асп сафар кунад (амир ӯро ба баҳонаи хизмате ҳар рӯз ба ҳар ҷойи душворсафар мефиристод). Содиқхоҷа аз ин сарсаригардиҳои худ фоида бурда, вилоятҳо ва районҳои музофоти Бухороро масоҳат карда ва нақша кашида, ба забони тоҷикӣ ҷуғрофияи муфассале навишта буд 105. Аммо Содиқхоҷа, ки ба зиндагонии дарбории Бухоро, ки разилонатарини зиндагониҳо буд, тоб оварда натавониста, дар соли 1910 вафот намуд.
Содиқхоҷа шеърро равон менавишт, аммо услуб ва ташбеҳҳояш ҳамагӣ кӯҳна ва обшуста буда, аз нуқтаи назари шеършиносии имрӯза ӯро шоири хуб гуфтан мумкин нест. Мегуфтанд, ки Содиқхоҷа дар забони русӣ, аммо бо вазни арӯз, шеърҳо гуфтааст. Аз он гуна шеърҳои ӯ як мисраъ ба хотирам мондааст, ки дар он ҷо нақл мешавад:
«Ни хачу местни вино, дайте мне руски вади»**.
Ин мисраъ бо ҳамаи камбудиҳои забонӣ ва имлоиаш ба хонандагони замони
____________
* Саргузашти Мулло Туроб дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» зикр шудааст.
** Не хочу местного вина, дайте мне русской воды.

мо дар он замон ба забони русӣ чӣ қадар шавқу ҳавас доштани ҷавонони кушодафикрро нишон медиҳад. (Зикри Содиқхоҷаи Гулшанӣ ва намунаи шеърҳояш дар саҳифаҳои 460 — 462 «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷ шудааст).
4. Ҳомидбеки Ҳомид — падари Ҳомидбек дар аввалҳои даври амир Музаффар дар Тошқӯрғон ном мавзеи Афғонистони имрӯза, ки он вақтҳо ба Бухоро тобеъ буд, ҳоким буда, ӯ дар ҳамон ҷо таваллуд ёфтааст ва дар 16-солагии худ бо навкарони падараш дар ҷанги амир Музаффар ва подшоҳи Россия иштирок намудааст. Дар он ҷанг бемазагиҳои амир ва дарбориёни ӯ ва дар муқобили онҳо интизом ва кордониҳои солдатҳои рус аввалин бор чашми ӯро кушодаанд. Ҳомидбек баъд аз он ҷанг дар Бухоро монда, дар ҳолати ба дарбор мансуб буданаш касби камол кардааст ва толеъ ӯро ба ҳамсӯҳбатии Аҳмад-махдуми Дониш расонидааст, ки аз он ҷо ӯ як одами озодафикр шуда расидааст. Ӯ худ мегуфт: «Аҳмад-махдум дар таърихчаи худ 106 ҷанги байни амир Музаффар ва Россияро дар асоси нақлҳои ман таҳрир намудааст». (Нависандаи ин сатрҳо ҳам дар «Таърихи амирони манғит» 107 ном асари худ як қисми воқеаҳои ҷанги мазкурро дар асоси нақлҳои ӯ таҳрир кардааст).
Ҳомидбек як одами баландқомати сафедгуни дарозрӯй буд, ки рӯяш ба рӯйи асп монандӣ дошт, ришаш сиёҳи сурхчатоб буда, торҳои сафедаш кам-кам менамуд ва ба ин аломат дар вақтҳое ки ман дар хизмати Шарифҷон-махдум будам, ӯро 40-сола андак болотар тахмин кардан мумкин буд. Ӯ бағоят суханвар буд, аммо дар вақти гап задан забонашро макида- макида гап мезад, ба дараҷае, ки бинанда гумон мекард магар ӯ лӯндаи қандеро макида истодааст. Дар сӯҳбатҳо бештарин вирди забони ӯ нақли маҷлисҳои Аҳмад-махдум буд. Ӯ шеърро кам менавишт ва аксари навиштаҷоташ дар ҳаҷв ва танқиди дарбориён буд. (Намунаи ин гуна шеърҳои Ҳомидбек дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар саҳифаи 272 нақл шудааст.)
5. Абдулхоҷаи Таҳсин- одами тахминан 30-солаи баландқомати сабзиначеҳраи камриш буда, хеле сабуксӯҳбат буд ва аз давомкунандагони хонаи Шарифҷон-махдум буда, чунонки дар «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфтаам, шеършиносиаш назар ба шеъргӯйиаш баландтар буд.
6. Қорӣ Абдулкарими Офарин (Дӯзахӣ) — дар вақтҳое ки ман дар хонаи Шарифҷон-махдум будам, тахминан 45-сола менамуд. Ӯ одами баландқомати пуррапайкари сабзиначеҳраи ришкалон буд. Офарин хушхат буда, зиндагонии худро бо рӯйнависии китобҳо мегузаронид. Ӯ ба ҳам ҷанг андохтани одамонро мояи дилхушии худ карда буд. Ҳарчанд ин одати ӯро ҳама медонистанд, бо вуҷуди ин бо иғвои ӯ бисёр дӯстон бо ҳам меҷангиданд ва душмани якдигар мешуданд.
Офарин шоириро ба худ касб карда нагирифта буд, аммо барои ҷангондани ду шоир ҳар кадоми онҳоро аз забони дигар ҳаҷв мекард. Чунончи, Шоҳин, ки аз шоирони машҳури он замон буд, бо устоди худ қозӣ Қурбонхони Фитрат 108 бо таъсири шеърҳои сохтаи ӯ ҷангидааст ва дар миёнаи ин ду шоир дар натиҷаи он ранҷиш хеле ҳаҷвиёт ба вуҷуд омадааст, ки ҳар ду ногап шуда аз дунё гузаштаанд.
Офарин яке аз норозиёни вазъияти замони худ буда, аз давомкунандагони маҷлиси Аҳмад- махдуми Дониш буд. Ба сабаби иғвогариҳои ӯ лақаби «Дӯзахӣ»-ро ба ӯ Дониш додааст.
7. Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ — дар Бӯстон ном деҳаи райони Қизилтеппаи ҳозира, ки аз шаҳри Бухоро 40 километр ба тарафи шимоли шарқӣ, дар роҳи Кармина воқеъ аст, таваллуд ёфта буд. Ӯ мактаби ибтидоиро дар деҳаи худ тамом карда, тарбияи илмӣ ва адабии худро дар Бухоро гирифтааст. Ӯ баъд аз хатми дарс аввал ба ҳокимҳо мирзоӣ карда, баъд аз он ба дарбори амир Музаффар ба хизмати муншигӣ (фармоннависй) кашида шудааст ва дар вақти ҷанги амир Музаффар ва подшоҳи Россия ба сифати вақоеънигор дар ҷанг иштирок намудааст. Фикр ва чашми Сомӣ дар ҷанг кушода шуда, ба қатори мухолифҳои дарбори амир гузаштааст. «Тӯҳфаи шоҳӣ» ном асари худро, ки ба таърихи амирони манғит оид аст ва «Дахмаи шоҳон» ном асарашро, ки барои пурра кардани «Дахмаи шоҳон» ном асари Мирзо Содиқи Муншӣ 109 таълиф намудааст, тамоман бо рӯҳи мухолифаткорӣ ва танқиди дарбор навиштааст.
Дар даври Абдулаҳад, ки бемазагиҳои амир ва аҳли дарбор боз ҳам хона, вайронтар гардиданд, забони танқидии Сомӣ низ тунду тезтар гардида, оқибат аз дарбор ронда шуд ва бе маош дар гӯшаи нокомӣ афтод.
Дар вақтҳое ки ман ба хизмати Шарифҷон-махдум даромада будам, умри Сомӣ қариб ба шаст менамуд. Ӯ одами кӯтоҳқомат, миёнагӯшт, сабзиначеҳра буда, риши миёнае дошт, ки сафедиаш аз сиёҳиаш бештар менамуд. Ӯ асарҳои худ ва асарҳои камёби дигарро бо фармуди Шарифҷон-махдум ба вай китобат карда дода, бо музди хизмати ин гуна корҳо фақирона зиндагонӣ мекард. Оилааш калон буда, «қути лоямут», яъне хӯроки ками аз мурдан нигоҳдорандаи онҳоро бо сарфи нури чашми пиронаи худ дар китобат таъмин менамуд. Чашми пиршудаи Сомӣ ба ин гуна меҳнати тоқатфарсо, ки маҷбур буд дар як шабонарӯз 15- 16 соат китобат кунад, тоб наёварда, оқибат кӯр шуд ва 4 — 5 соли охири умрашро бо бисёр сахтӣ гузаронда, охир дар соли 1907, дар синни 72-солагиаш вафот намуд.
Шарифҷон-махдум дар тазкираи худ баъд аз шумурдани фазлу камоли ӯ дар бораи қашшоқиаш мегӯяд:
…Аҷаб ин ки аз хони алвони даҳр
Насибе нашуд мар-варо ғайри заҳр…
Дар ин асру овон худ ӯ зинда аст,
Вале зиндаи бадтар аз мурда аст.
Балое бувад пирию нестӣ,
Балотар аз он мирию нестӣ* …
____________
*Азбаски Сомӣ аз амалдорони собиқ буд, аз рӯйи одат маҷбур буд, ки зоҳири аҳволи худро монанди мирон (амалдорон) карда гардад. Соҳиби тазкира ба ҳамин маънӣ ишора мекунад.

Сомӣ аз дӯстони наздики Аҳмад-махдуми Дониш буда, дар замони зинда будани ӯ, ҳеҷ набошад, ҳафтае як бор ба сӯҳбаташ мерафт. (Зикри Сомӣ, намунаи ашъор ва рӯйхати осораш дар саҳифаҳои 335 — 339 «Намунаи адабиёти тоҷик» қайд шудааст.)
8. Азизхоҷаи Азиз — таваллудгоҳаш мавзеи Кундузи вилояти Балх буда, дар хурдсолӣ ба Бухоро омада, дар ин ҷо касби камол намудааст. Азиз аз шогирдони қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир 110 буда, аз кӯҳна шарикдарсони Шарифҷон-махдум буд. Азиз қоматбаланд, гандумгун, хушбадан ва камриш буда, ҳамеша табассум карда меистод. Ӯ ширинсухан, гармсӯҳбат ва нармгуфтор буда, дар сӯҳбатҳои оддӣ ҳам ҳамеша нозукиҳои забони тоҷикиро бо маҳорат ва ба тарзи табиӣ кор мефармуд. Ба уламои расмӣ ба чӣ чашм назар кардани Азиз аз байти зерин маълум аст, ки дар ҳаққи қозикалони замони худ гуфтааст:
…Гар бубинам чеҳраи қозикалон,
Кӯзаи очор 111 ояд дар назар.
Бадбинии Азиз ба як қозикалон махсус набуда, ӯ ба ҳамаи қозикалонон ва уламои амалдор бо як чашм нигоҳ мекард. Чунончи, дар вафоти қозикалон Бадриддин, ки аз ҷиҳати тангии чашмаш мардум ӯро «кӯр» мегуфтанд ва ба ҷойи ӯ қозикалон шудани қозӣ Бақохон, ки гӯшаш вазнин буда, ӯро «кар» меномиданд. Азиз байти зеринро гуфта буд:
Аз Бухоро кӯр рафту кар ба ҷойи ӯ нишаст,
Дар Бухорои шариф ин Карбалои дигар аст*.
____________
* Шоир дар ин мисраъ калимаи «Карбало»-ро ба ду маънӣ кор мефармояд, ки дар маънии якум ишора ба дашти Карбало 112 буда, дар маънии дуюм «ин кар балои дигар аст» хонда мешавад.
Ана ҳаминҳо буданд гули сари сабади маҷлисҳои Шарифҷон-махдум, ки ман аз сӯҳбати онҳо бӯйи хушеро мешамидам. Дуруст аст, ки инҳо аз ҷиҳати савияи фикрӣ ва ҷаҳонбиниашон аз ҳамзамонони худ кам фарқ мекарданд, аммо ҳар кадоми онҳо норозигӣ доштанд, ки ин хусусияти онҳо ҳам ба ман бе таъсир намонда буд.
Дар маҷлисҳое, ки дар хонаи Шарифҷон-махдум барпо мешуд, чунонки аз бадкирдориҳои роҳбарони ҳукумат ва калонони ҳамон замон шикоят мерафт, инчунин хубиҳои баъзе касони намоён ҳам зикр меёфт, ки ман ғоибона ба он гуна одамҳо муҳаббат пайдо карда будам. Ман ба тариқи мисол дар ин ҷо ёд кардани якчанд нафари ин гуна касонро муносиб мешуморам:
1. Мирзо Ҳаити Саҳбо — дар райони Вобканди Бухоро таваллуд ёфта, ба Бухоро барои хондан омадааст. Аммо пеш аз хатми дарс ба дарбори Абдулаҳад, ки дар он вақтҳо (дар замони амирии падараш) дар Кармина ҳоким буд, кашида шудааст. Абдулаҳад баъд аз амири Бухоро шуданаш низ ӯро дар дарбори худ нигоҳ дошта, ба мансабҳои гуногун мансуб кардааст. Назар ба қавли иштироккунандагони маҷлисҳои Шарифҷон-махдум, Саҳбо ҳамеша камбудиҳои дарбори амирро фош мекардааст, ҳатто баъзан дар ҳузури амир ҳам аз ҳақгӯйӣ бознамеистодааст.
Ин хусусиятҳои Саҳборо Шарифҷон-махдум дар тазкираи худ бо байтҳои зерин акс кунондааст:
… Фазилатшиоре ғаюру далер,
Ба гуфтору кирдор чун наррашер.
Ба неруи бозуи он покдин,
Дар ин аср н-омад ба рӯйи замин.
Ба изҳори ҳақ ошкору ниҳон,
Надорад хазар аз кеҳону меҳон 113
Ба ҳадде, ки дар пеши шаҳ з-ин насақ 114,
Кунад доимо нашр эълони ҳақ…
Ин хислатҳои Саҳбо ба амир бе акси таъсир намонд: дар вақтҳои наздик буданаш ба амир дарбони ҳузури амир буд. Вақте ки амир аз ӯ ранҷид, ӯро ба миробии Шаҳрӯд 115 таъин намуд. Чунки ӯ миробонро ба обфурӯшӣ, ба хиёнат кардан дар ҳаққи деҳқонон айбдор мекард. Аммо миробӣ маоши рӯйрост надошт, бояд вай ҳам барои таъмини маишати худ обфурӯшӣ мекард. Лекин Саҳбо ин кори разилонаро накард ва ду сол ба худ сахтиро раво диду ба деҳқонон холисона хизмат кард.
Амир дид, ки Саҳбо муҳаббати оммаи деҳқононро ба худ ҷалб карда истодааст, ӯро аз вай кор гирифта, ба шаҳр миршаб (сардори политсия) таъин намуд. Аммо миршабӣ мансаби аз миробӣ ҳам бадтар буд. Чунки агар мироб аз деҳқонон пора хӯрда, таъмини маишат намояд, миршаб бояд бо дуздон ва қиморбозон шарик мешуд ва аз ҳамин кори мурдор таъмини маишати худ намуда, ба амир ҳам соле чанд бор пешкаш мефиристод.
Саҳбо дар ин ҳам бо камоли покӣ хизмат кард, тамоми ашёи хонааш ва асбоби зинати занашро фурӯхта, фақирона зиндагӣ намуд, аммо бо дуздон ва қиморбозон шарикӣ накард ва ба амир ҳам пешкаш нафиристод. Дар замони миршабии вай шаҳр ва атрофи он осуда гашта, ҳодисаи дуздӣ ҳеҷ воқеъ нашуд, ба замми ин ӯ аҳолии гузарҳоро ваъзу насиҳат намуда, бо харҷи ихтиёрии онҳо шаҳрро — шаҳреро, ки аз аввали бино шуданаш боз шабона торикистон мешуд, чароғон кард.
Чун амир бо ин кор ҳам аз Саҳбо интиқоми маънавӣ гирифта натавонист, ӯро тамоман аз кор холӣ карда, бо андак маоши амалдорӣ ба хонашинӣ маҷбур кунонид.
Саҳбо дар вақти гӯшанишинии худаш забони танқидиашро боз ҳам дарозтар кард, норозиёни дарбор ба гирди ӯ ғун шуда, бозори шикояти амиру вазирро гарм мекарданд. Ҳукумат ҳам дар озор ва изои ӯ фурсат меҷуст ва ин фурсат ҳам ёфт шуд.
Дар соли 1915 бо супориши гумоштаи сиёсии давлати Россияи подшоҳӣ 116 қушбегӣ ӯро ба ҳузури худ оварда, ба баҳонаи газетахониаш танбеҳ намуд ва аз ӯ дастхат гирифт, ки баъд аз он газета нахонад. Дар аввалҳои револютсияи феврал, бинобар хайрхоҳии ӯ ба револютсия, ҳукумат ӯро дар арки Бухоро маҳбус ва баъд аз чанде ба Қабодиён (райони Шаҳртузи ҳозираи Тоҷикистон) бадарға намуд ва дар воқеаи Колесов 117 дар соли 1918 дар он ҷо мақтул гардонид. (Зикри Саҳбо ва намунаи шеърҳои вай дар саҳифаҳои 392 -396 «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи Москва, соли 1926, қайд шудааст).
2. Шамсиддин-махдуми Шоҳин — аз шоирони машҳури ҳамон замон буда, дар вақтҳое ки ман дар хизмати Шарифҷон-махдум будам, мегуфтанд, ки ӯ 34-сола аст. Шоҳин дар он вақтҳо дар доми надимии амир афтода буд, ки озодона бо касе рафтуой карда наметавонист ва бинобар ин хонаи Шарифҷон-махдум ҳам намеомад. Вагарна мегуфтанд, ки то ба дарбор баста шуданаш ҳафтае як бор ба он маҷлисҳо иштирок мекард. Аммо шеърҳои Шоҳин ҳамеша дар он маҷлисҳо хонда мешуданд ва хар шеъре, ки ӯ гӯяд, дар рӯзи дуюми гуфта шуданаш ба он ҷо меомад. Ҳамсӯҳбатони Шарифҷон-махдум ҳамагӣ ӯро ба некӣ ёд мекарданд ва ба ман шеърҳои Шоҳин аз шеърҳои ҳамаи он шоироне, ки дар он маҷлисҳо медидам, зиёдтар таъсир мекард ва бо иштиёқи тамом орзу доштам, ки он бузургворро, ҳеҷ набошад, ягон бор бинам. Рӯзе дар Регистони 118 Бухоро яке аз хешовандони Шарифҷон-махдум, ки ҳаваскори шеъргӯйӣ буд, ба ман Шоҳинро аз дур нишон дод, Шоҳин ба назари ман як одами миёнақади лоғарбадан, миёнариш ва чашму абрусиёҳ намуд. Афсӯс, ки ӯро аз наздик дида ва суханонашро аз забони худаш шунида натавонистам, баъд аз ду соли ҳамон воқеа ӯ дар рикоби амир — дар Қаршӣ вафот намуд. (Зикри Шоҳин ва намунаи шеърҳои ӯ дар саҳифаҳои 352 — 372 «Намунаи адабиёти тоҷик» қайд шудааст.)
3. Аҳмад-махдуми Дониш (Аҳмади Калла) — як каси ғоибе, ки зикри ӯ дар маҷлисҳо диққати маро ба худ бисёр мекашид, ҳамин Аҳмади Дониш буд. Ҳар кадоми аҳли он маҷлисҳо ин зоти бузургро дар ғайбаш ҳам «шумо-шумо» гуфта ном мебурданд ва дар ҳаққи ӯ бо эҳтиром гап мезаданд. Ва ҳол он ки дар мадрасаи Мири Араб аз муллоҳои бошандаи он ҷо дар ҳаққи ӯ бисёр суханҳои бад мешунидам. Ана ҳамин нукта ҳайрат ва тааҷҷуби маро бисёр меафзуд. Ҳақиқатан ҳам дар як шаҳр, дар як замон, аз як табақа (ҳамаи онҳо, қатъи назар аз савияи фикри як кас) ба ин дараҷа тавсифҳои зидди якдигар шунидан одамро дар ҳайрат меандозад. Як қисми ин табақа Аҳмад-махдумро дар бадӣ шогирди шайтон шуморад, қисми дигараш ӯро дар некӣ ба дараҷаи фаришта мебаровард. Азбаски ман аз рӯйи дарёфти худ аҳли маҷлисҳои Шарифҷон-махдумро одамони дурусткирдор медонистам, аз рӯйи гуфтаҳои онҳо муҳаббатам дар ҳаққи Аҳмад-махдум рӯз то рӯз зиёдтар ва ҳавасам аз фаҳмидани хусусиятҳои аҳволи ӯ соат ба соат афзунтар мегардид. Бинобар ин дар мавридҳои муносиб аз ҳар кадоми онҳо дар бораи Аҳмад-махдум чизҳо мепурсидам.
Назар ба қавли Шарифҷон-махдум, бобоҳои Аҳмад-махдум аз тумани Пирмаст (дар тақсимоти ҳозира як қисми ин тумани собиқ ба райони Ғиждувон, қисми дигараш ба райони Шофирком ва боқимондааш ба райони Вобканд ҳамроҳ гардида, Пирмаст ба сифати номи район барҳам хӯрдааст) аз деҳаи Суғд будаанд, ки онҳо дар он ҷо деҳқонӣ мекардаанд. Падари Аҳмад-махдум дар хурдсолӣ дар мактаби деҳаи худ хонда, баъд аз он ба Бухоро омада, мадрасаро тамом кардааст ва пас аз хатми дарсҳо дар яке аз гузарҳои Бухоро имом шуда ва ба тарзи доимӣ дар шаҳр монда, аз гузари Кӯчаи Сангини Бухоро ба худ ҳавличае таҳия намуда, дар он ҷо хонадор шудааст. Аҳмад-махдум дар гузари Кӯчаи Сангин ана дар ҳамон ҳавлича таваллуд ёфтааст.
Тартиби хондан ва хатми дарс кардани Аҳмад-махдумро Шарифҷон-мах-дум ба тарзи зерин ҳикоя мекард, ки инҳоро навиштаҳои худи Аҳмад-махдум ҳам тасдиқ мекунанд. Падари Аҳмад-махдум ӯро ба мактаби гузараш дода, ният доштааст, ки ба ӯ Қуръонро ҳифз кунонда, қорӣ кунад. Аммо Аҳмади якраҳа ба ин кор сар нафуроварда, ҳар рӯз аз мактаб гурехта, ба Регистон ва лаби ҳавзи Девонбегӣ рафта ба маъракаҳои қиссахонон нишаста, аз он ҷо қиссаҳо ва афсонаҳоро шунида аз худ мекардааст.
Домуллои мактаб ба падари Аҳмад-махдум фаҳмондааст, ки писари вай дар забонаш лакнат 119 дорад, дар вақти гап задан ва хондан забонаш мегирад ва агар ӯ Қуръонро ҳифз кунад, қории бад мешавад.
Бинобар ин аз баҳри ҳифзи Қуръон гузаштан муносиб аст. Падари Аҳмад-махдум ба ин таклиф ночор розӣ шудааст.
Аҳмад-махдум баъд аз хату савод баровардан аз мактаб баромада, ба дарсҳои мадраса давом намудааст ва дар вақтҳои дарсхониаш ба ҳусни хат ва лавҳу ҷадвалкашӣ ҳам машғулӣ карда, дар андак вақт хушхати гузаро, лавҳакаши ҳунарманд шудааст.
Аҳмад-махдум то ба даст даровардани ин ҳунарҳо дар оилаи падараш, ки хеле фақирона будааст, зиндагонӣ карда, баъд аз он ки ба таъмини маишати худ имконият ёфтааст, дар мадрасае аз мадрасаҳои Бухоро ҳуҷрае ёфта, дар он ҷо ба сари худ ва мустақилона рӯз мегузаронидагӣ шудааст. Ӯ дар ин давраи ҳаёташ баёзҳои хушхат навишта ва онҳоро бо лавҳу ҷадвали зебо зинат дода, ба толибонаш фурӯхта, таъмини маишат мекардааст.
Аҳмад-махдум дар яке аз навиштаҷоти худ мегӯяд (мазмунан): — Ман аввалҳо бисёр хасис будам, ҳар чизе, ки аз китобат ва лавҳу ҷадвалкашӣ ба дастам дарояд, андакашро бо сарфакорӣ ба эҳтиёҷҳои зарурии худ харҷ карда, бақияашро захира менамудам ва ба пул ғундоштан бисёр ҳарис будам. Дар он миён ҳодисае рӯй дод, ки ман аз баҳри пулзахиракунӣ гузаштам: дар саҳро амакбачае доштам, ки як ҷавони пурзӯри тануманде буд. Ӯ дар вақти аз саҳро ба шаҳр омада истоданаш, ҳангоме ки аз дарёи Зарафшон мегузаштааст, ғарқ шуда талаф гардид. Ин ҳодиса ба ман бисёр таъсир кард ва ман дар дили худ гуфтам, ки ба ногоҳ нобуд гардидани одам мумкин будааст, дар ин сурат пулҷамъкунӣ чӣ даркорӣ дорад, хуш хӯрда, хуш пӯшида, хуш гузаронидан беҳтар аст. Баъд аз он ҳодиса ман ҳар чизе, ки ба дастам дарояд, дар худи ҳамон рӯз сарф мекардам, худ мехӯрдам ва дӯстонамро зиёфат менамудам.
Ман дар як дафтар бо дастхати худи Аҳмад-махдум дидам, ки ӯ дар он ҷо тарзи ба илми нуҷум (ситорашиносӣ) машғулӣ кардани худро ба тарзи зерин ҳикоят мекунад (мазмунан);
— Ман шавқ доштам, ки ояндаи худро бидонам ва муайян кунам. Бо ҳамин ният ба илми нуҷум шуғл карданро хостам. Аммо устодони ин фан бисёр бахил буданд ва ба осонӣ чизе аз ин фан ёд намедоданд, ман ба устодони ин фан дуру дароз хизмат карда ва мутолааи шахсии худро зам намуда, ин фанро ба даст даровардам. Азбаски бахилии устодон бисёр ба ҷонам мерасонд, дар дили худ муқаррар карда будам, ки агар ман ин илмро ба даст дарорам, ҳар касе, ки ба пеши ман омада омӯхтани ин фанро хоҳиш кунад, бе музду миннат ва ба зудӣ ба он талаба меомӯзам.
Аҳмад-махдум дар он дафтар дар охири ин ёддошти худ мегӯяд: «Баъд аз он ки ман илми нуҷумро ба даст даровардам, мувофиқи аҳди қалбии худ ҳар касе, ки ин илмро омӯхтан хост, ӯро ба шогирдӣ қабул намудам. Аммо афсӯс, ки аксари он гуна талабаҳо ноаҳл баромаданд ва пеш аз он ки аз ин илм чизе ба даст дароранд, фолбин шуда, ҳам худро ва ҳам меҳнати маро нобуд карданд».
Ба асоси асарҳои худи Аҳмади Дониш ва ҳамзамонони ӯ пурра навиштани тарҷимаи ҳоли ӯро ба оянда мавқуф гузошта 120, мехоҳам он чизҳоеро, ки дар бораи аҳвол ва зиндагонии шахсии ӯ дар хонаи Шарифҷон-махдум шунидаам ва онҳо то ҳол дар ҷое навишта нашудаанд, дар ин ҷо қайд карда гузарам.
Дар бораи фаҳмида гирифтани аҳволи хусусӣ ва рӯзгузаронии шахсии Аҳмад-махдум Ҳомидбеки Ҳомид, ки зикраш дар боло дар қатори ҳамсӯҳбатони Шарифҷон-махдум гузашт, ба ман бисёр ёрӣ дод. Ҳомидбек, ки аз бистсолагиаш то он рӯзҳо дар сӯҳбати Аҳмад-махдум давомат карда буд, дар бораи ӯ бисёр чиз медонист ва азбаски Аҳмади Донишро бисёр дӯст медошт, дар бораи вай бисёр бо завқу шавқ гап мезад ва агар дар хусуси Аҳмад-махдум ба ӯ як савол дода шавад, дар ҷавоб ба якдигар вобаста карда, чандин масъалаҳоро кушода мепартофт.
Назар ба қавли Ҳомидбек, баъд аз қозигӣ истеъфо дода, аз дарбори амир канора гирифтани Аҳмад-махдум ба ӯ ба тарзи пенсия китобхонадории мадрасаи Ҷаъфархоҷа дода шуд. (Азбаски дар китобхонаҳои мадрасаҳои Бухоро 121 китобе намонда, ба ин сабаб барои китобхонадор коре ҳам набуд, китобхонадор вақфи аз он роҳ ояндаро ҳақиқатан монанди пенсия ҳисоб мекард.)
Аммо даромади асосии Аҳмад-махдум аз роҳи меҳнати худаш буд. Чунонки дар боло зикр шуд, ӯ бисёр хушхат ва лаввоҳи ҳунарманд буда, даромади ин пеша хароҷоти «валинеъматонаи» ӯро мебардошт. Ӯ на танҳо лаввоҳ ва ҷадвалкаш буд, балки рассоми ҳунарманд ҳам буд, ки расмҳои бисёр зинда мекашид. Ҳомидбек як лавҳаи мазҳакаомези ӯро ба ман нишон дод, ки дар ҳақиқат ба ҳайрат афтодам. Мирзо Анвар ном як кӯкнорӣ чанде дар Бухоро миршаб шуда буд. Дониш расми ӯро ба тарзи зерин кашидааст.
Мирзо Анвар чорзону нишаста ва пинак рафта, дар косае кӯкнорро ғиҷим мекунад ва дар манзараи дуюм дар вақти кӯкнорро ғиҷим карда истодани ӯ касе омада ба вай хабар медиҳад, ки аз кӯча як дузд гузашт. Миршаб бо шунидани ин хабар «вой, мурдам» гӯён пуштнокӣ меафтад ва поҳояш дароз шуда, ба косаи кӯкнор мерасанд, ки вай барғелида мешиканад ва оби кӯкнор бо ғӯзаҳои пачақшудааш бар рӯйи гилем пош мехӯрад.
Аҳмад-махдум дар зери ин расм бо хати худ навишта мондааст: «Агар ин кӯкнорӣ як соли дигар дар Бухоро миршабӣ кунад, шаҳр аз дузд пур мешавад» 122.
Аҳмад-махдум ҳунари рассомии худро дар китобати «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо» барин қиссаҳои ишқии афсонавӣ кор мефармуд. Ман як «Юсуф ва Зулайхо»-ро бо хат, лавҳ, ҷадвал ва расми Аҳмад-махдум дидаам, ки дар ҳамон вақт ба қимати сесад пуд гандум фурӯш шуда буд.
Назар ба қавли Ҳомидбек, Аҳмад-махдум ҳамаи даромадҳояшро, ки аз роҳҳои дар боло баёнёфта меомаданд, харҷ мекард ва ягон чиз аз онҳо захира карда намегузошт. Аҳмад- махдум дар умри худ як бор хонадор шудааст. Дар вақтҳои бо ӯ алоқа пайдо кардани Ҳомидбек як писар ва як духтар дошт; шояд фарзандони дигари вафот кардагӣ ҳам дошта бошад, аммо аз онҳо Ҳомидбек хабаре надошт.
Писари Аҳмад-махдум, ки дар он вақтҳо 40-сола буд, хонадор ва аз падараш ҷудо буда, ӯ ҳам бо роҳи китобат ва лавҳу ҷадвалкашӣ таъмини маишат менамуд. Аммо барои духтараш яке аз шогирдони худро хонадомод карда буд, ки дар айни замон домод вакили харч ва духтар бонуи хона ҳисоб меёфт.
Аз ғайри инҳо, Аҳмад-махдум як ходима дар ҳавлии дарун, Қорӣ Неъмат ном як ҷавони ошпаз дар ҳавлии берун, як боғбон барои нигоҳубини боғча дошт. Инчунин Қорӣ Каромати Дилкаши шоир ва танбӯрӣ, ки дар шеър ва мусиқа шогирди худи Аҳмад-махдум буд, бисёртарини вақташро дар хонаи ӯ мегузаронид. (Зикри Дилкаш ва намунаи шеърҳояш дар саҳифаҳои 301 — 302 «Намунаи адабиёти тоҷик» қайд шудааст.)
Ана ҳаминҳо буданд аъзои доимии оилаи Аҳмад-махдуми Дониш.

Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмад-махдум

Аз рӯйи қавли Ҳомидбек, Аҳмад-махдум ҳар рӯз саҳар аз хоб хеста, баъд аз шустушӯй ба мутолаа ва ё китобат машғул мешуд, баъд аз бомдод ва пеш аз баромадани офтоб чой менӯшид ва як кулчаи равғанизардиро бо ним коса чойи қаймоқӣ хӯрда, боз ба кор менишаст. Нишастагоҳи доимии вай болохонае буд, ки аз он ҷо дарвозаи даромади ҳавлӣ ва паскӯчаи беруни дарвозааш намуда меистод. (Ман ҳавлӣ ва боғчаи Аҳмад-махдумро дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» тасвир кардаам 123.) Ҳар гоҳ, ки дӯстони наздикаш оянд, рост ба пеши ӯ мебаромаданд ва бо ӯ сӯҳбат карда мерафтанд (ба касони нофорам чӣ гуна муомила кардани Аҳмад-махдум дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» бо мисоле, ки худ дида будам, тасвир ёфтааст 124).
Гоҳо мешуд, ки каси бисёре аз дӯстонаш ҷамъ мешуданд ва баъзан инҳо рӯзона тамоман дар хонаи ӯ мемонданд, ки ин ҳол бештарин дар рӯзҳои таътил (чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) воқеъ мешуд. Дар ин гуна вақтҳо меҳмонон бо завқи худ вақт мегузаронданд: баъзеҳо тахтабозӣ 125, баъзеҳо мусиқанавозӣва мусиқашунавӣ мекарданд ва баъзеҳо бо шароби дастии соҳиби хона шеркайф ҳам шуда мегирифтанд.
Аммо соҳибхона, монанди он ки танҳо бошад, ба кори таълиф ё китобат ва ё лавҳу ҷадвалкашии худ машғулӣ мекард. Аҳмад-махдум дар як ҷойи аз навиштаҳои худ ин ҳолро тасдиқ карда мегӯяд (мазмунан): «Ман танҳо монам, бисёр дилтанг мешавам, ба ҳадде, ки коре ва фикре карда наметавонам, аммо вақте ки дӯстон ба хонаи ман ғун шуда, дар сӯҳбат ва бозӣ машғул мешаванд, роҳи тафаккур ва кор ба ман кушода мешавад ва дар ин гуна вақтҳо озодона кор мекунам.
Аҳмад-махдум ҳафтае як шаб дар хонаи худ шабнишинӣ ташкил мекард, ки иштироккунандагони ин гуна шабҳо бо даъвати махсус ҳозир мешуданд. Ин гуна шаб бештарин бо базми мусиқӣ ва рақс мегузашт ва дар вақти дамгирии навозанда ва хонандагон мушоара ва ё латифагӯйӣ сар мешуд. Аммо соҳибхона дар ин гуна шабҳо ҳам дар гӯшае нишаста ба кори худ машғулӣ мекард.
Чизеро, ки дар ин ҷо дар бораи зиндагонии хусусии Аҳмад-махдум аз забони Ҳомидбек нақл ёфт, Шарифҷон-махдум дар тазкираи худ бо байтҳои зерин тасдиқ мекунад:
… Писанд омад ӯро қаландарвашӣ,
Шабу рӯз машъуфи* айшу хушӣ.
Ба ваҷҳе маишат. ба ранге сулук,
Намудӣ, ки рашк омадӣ бар мулук.
Шабу рӯз дар маҷлисаш як тараф,
Муҳайё будӣ ною танбӯру даф
. …Ба тарфе дигар фозилони замон
Яке базлагӯю** яке шеърхон.
Гурӯҳе муқайяд будандӣ мудом,
Ба шатранҷбозию шурби мудом***.
Ҷавонони озодаи нуктадон,
Ба хидматгарӣ баста ҳар як миён…
Дар ин навъ ғавғою ҷӯши хушӣ,
Шиораш набудӣ ба ҷуз хомӯшӣ…
____________
* Машъуф — дӯстдор.
** Базла — суханони ширин ва латиф.
*** Шурби мудом — мастии доимӣ.

«Оби ганда ба хандақ»

Дар замонҳои пеш дар Шарқ одатан мунаҷҷим (ситорашинос)-ро муайянкунандаи пешомад ва толеи одамон ва донандаи ривоҷ ё касоди нархи молҳои тиҷоратӣ мепиндоштанд. Азбаски Аҳмад-махдум дар ситорашиносӣ ном бароварда буд, баъзе касон дар хусуси масъалаҳои мазкур ба вай муроҷиат мекарданд. Дар ин гуна мавридҳо ӯ танҳо он каси ба худаш муроҷиаткардаро аз ҳузураш меронд, ҳатто чунон дилгир мешуд, ки чанд рӯз касеро қабул намекард.
Ҳомидбек дар ин хусус воқеаи зеринро ҳикоя кард:
— Ман рӯзе ба хонаи Аҳмад-махдум рафтам, ки хизматгор маро ба даромадан ба пеши он кас рухсат надод ва «ҳеҷ касро ба пеши ман нагузор гуфтанд» — гуфт. Аммо ман, ки ба он кас густох будам, ба манъи хизматгор гӯш наандохта, ба хона даромадам. Он кас дар гӯшаи пешгоҳи хона ҷомаро ба сар печонда мехобиданд. Ман сурфа кардам. Аммо аз тарафи он кас ҳаракате нашуд ва баъд аз он:
— Тақсир, хайр аст, ба шумо чӣ шуд? — гӯён садо додам.
— Як афғони аҳмақ маро ба дараҷаи девонагӣ расонд. Бирав пайи кори худ ва маро ба ҳоли худ ором гузор! — гуфтанд. Аммо ман дар пурсиш суст наомада гуфтам:
— Ҷавоби афғони аҳмақро ман дода метавонам. Чунки ман дар ҳамсоягии онҳо зойида шудаам ва бо онҳо ба хубӣ ҳолдон мебошам, шумо дилгир нашуда, «ҷавоби аҳмақ сукут» — гӯён ба осойиши худ машғул бошед. Аммо ба ман гӯед, ки он аҳмақ ба шумо чӣ кард?
Аҳмад-махдум бе он ки ҷомаро аз сар кушоянд ва аз ҷо хезанд, ба ман гуфтанд:
— Ба гӯшаи пойин нигоҳ кун, ки дар он ҷо чӣ мебинӣ?
Ман нигаристам, дар он ҷо дар як халтаи сафед як миқдор чойи кабуд, як сарқанди якпудӣ, як пӯстини поча ва дар як коғазпеч 500 танга (75 сӯм) пули нақд буд. Ман ин чизҳоро номбар карда:
— Ҳаминҳо ҳастанд, — гӯён садо додам.
Аҳмад-махдум вазъияти аввалии худро тағйир надода, эзоҳ доданд:
— Ҳамин пагоҳ як афғони хушлибос бо ду хизматгораш ҳамин чизҳоро оварда, дар гӯшаи хона гузошт ва худ бо эҳтироми тамом ба ман салом дода, давида омада ба пеши ман зону зада нишаста, бо ман вохӯрдӣ кард ва дар вақти вохӯрдӣ хост, ки дастонамро бӯсад. Ман бо нафрат аз ӯ даст кашида «бобо, матлабатро гӯй! Аз ман чӣ мехоҳӣ?» — гуфтам. Ӯ бо садои зорикунона ба ман гуфт: — «Ман дар маҳлакае мондаам, ки ҳаёту мамотам ба марҳамати шумо вобаста аст. Шумо ба ман лутф карда гӯед, ки ба Афғонистон равам ё наравам?» Ман ба ӯ ҷавоб додам: «Бобо, ту бародари ман ё фарзанди ман ва ё ин ки ягон каси ба ман дахлдор нестӣ. Ман чӣ кор дорам, ки ту ба Афғонистон меравӣ ё не?» Ӯ саволи худро равшантар карда гуфт: «Шумо меҳрубонӣ карда ба ман фаҳмонед, ки ба Афғонистон рафтанам барои ман хайр аст ё нарафтанам?» Ман ба ӯ гуфтам: «Ман ғайбдон нестам, агар мақсадат рост аст ё дурӯғ ягон фол кушоёндан бошад, бирав, дар кӯчаҳо фолбинҳо бисёранд, фолатро ба онҳо кушоён». Афғон «ба ғайр аз фоли шумо фоли касе рост намебарояд» — гӯён худро ба пойи ман партофт ва «ба ман раҳм кунед» — гуфта хост, ки поҳои маро бӯсад, ман ӯро пас тела додам ва «ин корат барои ман ҳақорат аст, дафъ шав!» — гуфтам. Афғон «агар кушед ҳам, аз пеши соҳиб ҳазрат дур намешавам» — гӯён дар зери пойи ман мегелид. Хизматгорони афғон ва ошпази ман бо боғбон дар пеши дар истода ин ҳолро тамошо мекарданд. Ман ба хизматгорони худ фармудам, ки афғонро кашола карда аз пеши ман бароварда, ба кӯча пеш кунанд. Онҳо омада аз гиребони афғон гирифтанд. Хизматгорони афғон омада хостанд ба хизматгорони ман дарафтанд. Аммо афғон ба онҳо хитоб карда гуфт: — «Зангобаҳо (занқаҳбаҳо), ба навкарони эшони соҳиб даст нарасонед, ки дастатон мехушкад. Мову шумо саги ин даргоҳ мебошем». Хизматгорони ӯ аз хизматгорони ман даст кашиданд ва ӯ ба хизматгорони ман гуфт: — «Азизон, гиребони маро раҳо кунед, ки ман ба амри ҳазрати соҳиб итоат карда, муваққатан ба ихтиёри худ меравам» ва ба ман нигоҳ карда гуфт: «Ман то бегоҳӣ аз пеши ҳазрат дур мешавам ва дар байни асру шом боз меоям. Дар он вақт ё ба ман як ҷавоби сареҳ медиҳед ва ё маро кушта мурдаамро аз ин даргоҳ дур мекунед».
Ҳомидбек гуфт: «Махдум ҳикоятро ба ин ҷо расонда ба ман гуфтанд:
— Акнун ту фикр кун, ки ман ба ин дарди бедаво чӣ кор карда метавонам? Ва ба ғайр аз ҷомаро ба сар гирифта хобидан чӣ чора дорам? Дод аз дасти нодонӣ!
— Чораи корро ман ба осонӣ пайдо мекунам, — гуфтам, — кӣ будани ин афғон ва чӣ будани дарди ӯро ман фаҳмидам ва ҷавоби саволҳояшро ҳам ман медиҳам. Шумо беҳуда худро дилгир карда, ғам нахӯред ва ташвиш накашед! Ва баъд аз ин ман намегузорам, ки ӯ ба шумо рӯ ба рӯ шавад.
Махдум қадаре осуда шуда, ҷомаро аз сар дур карда, ба болишҳо паҳлу дода нишаста, аз ман тафсилот пурсиданд. Ман арз кардам:
— Он афғон вакили тиҷоратии ҳукумати Афғонистон аст дар Бухоро ва бародари бузурги ӯ дар Балх ноибулҳукумат аст. Дар рӯзҳои охир дар ин ҷо овоза шуд, ки ҳукумати Афғонистон он ноибулҳукуматро ҳабс карда, ба гарданаш завлона андохта ба Кобул бурдааст. Аммо рост ё дурӯғ будани ин овоза ҳанӯз ба ин вакили тиҷорат маълум нест. Ӯ мехоҳад, ки ба воситаи фол рост ё дурӯғ будани ин хабарро фаҳмад, агар рост бошад, дигар ба Афғонистон нарафта, ба ҷойи дигар гурезад ва агар дурӯғ бошад, нагурехта ба Афғонистон равад, то ки ба сабаби гурехтани вай бародараш дар ташвиш наафтад ва ба бозхости ҳукумат гирифтор нашавад.
— Хуб, ту ба ин аҳмақ чӣ ҷавоб медиҳӣ? — гӯён махдум аз ман пурсиданд ва ман ҷавоб додам:
— Дирӯз аз Тошқӯрғон яке аз қадрдонҳои падарам ба хонаи ман омад. Хабари наве, ки ӯ овард, ҳабс шуда рафтани ноибулҳукумати Балх буд. Ман ба вакили тиҷорат ин хабарро расонда мегӯям, ки то метавонад, ҳар чӣ зудтар ба даруни Россия ба ягон ҷойи дурдаст гурезад.
— Вақте ки он ҷоҳил омад, ин чизҳояшро ба дасти ӯ супур, ки ин мурдориҳо дар хонаи ман намонанд, — гуфтанд махдум.
— Ин чизҳо на моли шумост ва на моли афғони дузд, — гуфтам ман, — модом ки ман ба саволи ӯ ҷавоб медиҳам, инҳо моли ман мешаванд.
-Магар ту ин чизҳоро бурда ба зану бачагонат мехӯрӣ? — гуфтанд махдум бо оҳанги норозиёна.
— Не — гуфтам ман, аммо инҳоро сарф карда дар ҳамин ҷо зиёфат ташкил мекунем ва бо дӯстон мехӯрем.
— Ман албатта иштирок намекунам! — гуфтанд махдум.
— Ихтиёр доред, — гуфтам. Ҳамон вақт чою қандро ба Қорӣ Неъмат супурдам, ки дар зиёфати ояндаи мо сарф кунад: аз қанд мураббо, нишолло ва ҳалвоитар пазад. Пул ва пӯстинро ба домоди Аҳмад-махдум, ки вакили харҷ буд, супурдам, то ки равған, биринҷ, гӯшт ва дигар даркориҳои зиёфатро муҳайё кунад ва худам рӯйхате тартиб дода, хонандагон, навозандагон, раққосон ва дигар дӯстонро, ки ба иштирок намудан ба ин гуна базму зиёфат сазовор буданд, хабар кунондам. Мо як ҳафта ҳар шаб базму зиёфат ташкил кардем.
Аҳмад-махдум дар гӯшае нишаста ба мутолаа ва китобати худ машғул буданд ва ҳар гоҳ, ки чашмашон афтад ва бинанд, ки мо таомҳоро бо завқи тамом хӯрда истодаем: — «Хӯред, хӯред! Оби ганда ба хандақ, оби ганда ба хандақ» -мегуфтанд.

Саёҳати солонаи Аҳмад-махдум

Аҳмад-махдум соле як бор ба туманҳои Бухоро саёҳат мекард, ки муддати ин сайругашт ба ду моҳ мекашид. Вақти саёҳати ӯ ҳар сол дар моҳи август ва сентябр рост меомад, ки дар он моҳҳо аз рӯйи одат харбузаҳо, ангурҳо ва дар охиртари ин моҳҳо анҷир ва анорҳо ва дигар меваҳои тирамоҳӣ мепазанд, ки саҳро пур аз неъмати алвон мегардад.
Аҳмад-махдум бо ду аробаи каппапӯш ба саёҳат мебаромад, ки дар онҳо асбоби сафар, навозандагон, хонандагон, хизматгорон ва дӯстони наздикаш ҷойгир мешуданд ва худ гоҳо ба асп савор мешуд ва гоҳо дар ароба менишаст. Дар ин гуна саёҳатҳо тамоми хароҷот аз кисаи худи Аҳмад-махдум буд.
Аз шаҳри Бухоро, аз дарвозаи Самарқанд баромада, то деҳаи Суғд, ки бошишгоҳи хешовандони падараш буда, аз шаҳр то он ҷо 32 — 34 километр меояд, дар роҳ дар боғҳои деҳқонон манзил карда, ба як ҳафта мерасид.
Дар Суғд дар ҳавлии амакҳояш, дар хонае, ки барои худаш бино карда буд, понздаҳ рӯз манзил мекард ва аз он ҷо ба деҳаи Котиёни тумани Шофирком, ки дар он ҷо аз хонандагон ва навозандагон дӯстонаш буданд, мерафт ва як ҳафта истода, баъд аз он ба Ғиждувон мегузашт.
Дар Ғиждувон дар ҳавлии Ашӯрбойбача ном касе, дар хонае, ки вайро ҳам худ бино намуда ва бо дасти худ наққошӣ карда буд, қариб як моҳ меистод ва баъд аз он аз Сари Пули Эшон Зарафшонро гузашта, дар Бӯстон, Вағонзе, Азизобод, Хусбудун ва Ғурбун якшабӣ ё душабӣ монда, аз дарвозаи Мазор ба шаҳр даромада, ба ҳавлии худ бармегашт.
Дар ин саёҳатҳо Аҳмад-махдум ба китобат ва таълифот машғул нашуда, фақат рӯзи худро бо сайругашт дар даруни полез ва боғҳо, бо мутолаа ё бо шунидани созу суруд ва гоҳо бо навохтани танбӯр, ки худ ба вай мутахассис буд, мегузаронид.
Барои дуруст тасвир кардани саёҳати ӯ ва бошишгоҳҳои ӯ маълумоти зеринро додан зарур менамояд:
Аз райони Вобканд як роҳи на он қадар калон аз ҷануб ба шимол рост ба деҳаи Деҳнави Абдуллоҷон меравад ва аз маркази райони Ғиждувон аз шарқ ба ғарб як роҳи рост ба Хоҷаориф, ки маркази райони Шофирком мебошад, кашида шудааст. Деҳаи Суғд дар ҷое воқеъ шудааст, ки ҳамин ду роҳ якдигарро бурида мегузаранд.
Дар буришгоҳи ҳамон ду роҳ — дар гӯшаи шарқи ҷанубиаш як кӯли калони ҳамвори беоб воқеъ шудааст, ки вайро Кӯли Ҷӯбор меноманд. Аз шимолтари ин кӯл рӯди Султонобод аз шарқи шимолӣ ба ғарби ҷанубӣ ҷорӣ шуда омада, вақте ки ба гӯшаи шимоли ғарбии кӯл расид, росг ба тарафи ҷануб меравад ва баъд аз ним километр рафтан рост ба тарафи ғарб мегардад.
Деҳаи Суғд дар ҳамин гардишгоҳи рӯд дар тарафи рости он воқеъ шудааст ва ҳавлии бобоҳои Аҳмад-махдум бошад, дар гардишгоҳе, ки рӯд аз ҷануб ба ғарб бармегардад, бино ёфтааст. Хонае, ки Аҳмад-махдум барои худ сохтааст, тамоман дар гӯшаи берунии он ҳавлӣ буда, дарҳояш ба тарафи рӯд кушода мешуданд ва бошандагони он хона аз он дарҳо ба рӯд назар андохта, кӯлро ҳам дида метавонистанд.
Дар пеши ин хона, дар лаби рӯд ва дар зери қаторбедҳои пурсоя суффаи баланде ҳам буд, ки дар вақти гармо бар он суффа нишастан ва ба оби равони рӯд назар дӯхтан ба кас роҳат мебахшид. Дар кӯл бештарин ҳарбуза ва тарбузҳои миёнсолӣ ва тирамоҳӣ кишта мешуданд, ки полезҳои васеи ҳосилашон расида ба нишинандагони он хона ва он суффа боз ҳаловати дигар мебахшиданд.
Аҳмад-махдум 15 рӯзи айёми саёҳати худро ана дар ҳамин хона ва суффа мегузаронид, ки амакбачагонаш ба ӯ хизмат мекарданд ва ҳам ин ҷо бошишгоҳи гузаштагони ӯ буд.
* * *
Рӯди Пирмаст аз шарқи шимолӣ ба ғарби ҷанубӣ ҷорӣ шуда омада, дар қарибии гӯшаи шарқи шимолии қалъаи Ғиждувон оби он рӯд ба ду тақсим мешавад: як қисми он рост ба ҷануб ҷорӣ шуда, аз тарафи шарқии қалъа мегузарад. Дар канори чапи ин қисми рӯд ҳавлии боғчадоре буд аз они Ашӯрбойбача ном касе.
Аҳмад-махдум бо кадом роҳе, ки бошад, бо соҳиби ин ҳавлӣ алоқа пайдо карда, дар лаби рӯд як хонаи пурнақшунигор бино карда буд, ки ду дари он ба тарафи шарқ — ба тарафи боғчаи ҳавлӣ ва ду дари дигараш ба тарафи ғарб — ба тарафи рӯд кушода мешуд. Аҳмад-махдум қариб як моҳи саёҳати худро дар ҳамин хона мегузаронид.
Дар солҳои аввале, ки Аҳмад-махдум ба ин ҷо барои дамгирӣ меомад, ошнои дерини ӯ қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир (зикри ин одам дар қисми якуми «Ёддоштҳо» ва ҳам дар саҳифаҳои 385- 391 «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷ шудааст) 126 дар Ғиждувон қозӣ буд. Қозии мазкур ҳар шаб аз абраҳаи қалъа фуромада, аз яккачӯб рӯдро гузашта, ба пеши Аҳмад- махдум меомад ва ҳар ду сӯҳбатҳои дӯстона мекарданд ва мусиқӣ мешуниданд.
Барои пурра кардани шарҳи аҳволи хусусии Аҳмад-махдум аз ошпази ӯ Қорӣ Неъмат парчаи зеринро нақл намудан муносиб менамояд.
Қорӣ Неъмат дар гузари Хоҷа Аспгардони Бухоро (дар байни лаби ҳавзи Дастархончӣ ва мадрасаи модари хон) ҳавлӣ дошт ва бар болои роҳрави ҳавлиаш як болохонача бино ёфта буд, ки он меҳмонхона ба шумор мерафт.
Назар ба қавли Қорӣ Неъмат, қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир дар вақтҳои қозии Ғиждувон буданаш бо одати муқаррарӣ ҳар сари моҳ ба Бухоро ба рикоби амир меомад. Азбаски рӯйрост бо Аҳмад-махдум сӯҳбат кардани ӯ мумкин набуд, онҳо махфиёна ба ҳамин ҳавлӣ омада, дар ҳамин болохона сӯҳбат мекарданд. Исо-махдуми Исо (зикраш дар қисми аввали «Ёддоштҳо» 127 ва дар саҳифаҳои 414-428 «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷ шудааст) ҳам, ки хонанишин буд, дар он сӯҳбатҳо иштирок менамуд. Як қисми он сӯҳбатҳо бо базми мусиқӣ мегузашт, ки дар он базм Сарир ба навохтани лаълича усул нигоҳ медошт. Аҳмад-махдум танбӯр менавохт ва Исо суруд мехонд.


Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмад-махдум

Маълум аст, ки асарҳои муҳими Аҳмад-махдуми Дониш то ҳол чоп нашуда бошанд ҳам, бештарини онҳо дар китобхонаҳои Душанбе ва Тошканд мавҷуданд, тадқиқотчиён мутолаа кардаанд ва мутолаа карда метавонанд. Аммо баъзе порчаҳои шеъриаш, ки дар замони мо аз одоб берун ба шумор мераванд, дар ҷое навишта нашудаанд. Аммо, азбаски он гуна шеърҳо дар замони Дониш танқиди тунду тез буданд, баъзе аз онҳоро дар ин ҷо нақл намудан муносиб дида шуд:
Дар дарбори Бухоро одат буд, ки маъзулҳои мансабӣ (аз амал афтодагон) дар сафарҳои амир аз дунболи ӯ мерафтанд, ки онҳоро истиқоматчиён ё истиқоматиён меномиданд. Кадом маъзуле, ки аз дунболи амир бе рухсати махсуси ӯ наравад, гунаҳгори азим ба шумор мерафт ва то кушта шудан ҷазо диданаш мумкин буд.
Боре амир Музаффар ба нияти сафари Қаршӣ аз шаҳри Бухоро баромада, дар Четариқ ном мавзее, ки дар домани чӯли Қаршӣ аст, қариб ҳафтод рӯз монд.
Аҳволи истиқоматчиён, ки Ахмад-махдум ҳам аз ҷумлаи онҳо буд, бисёр танг шуд. Дар рӯзҳои зимистон дар зери барфу борон дар даруни як чодири карбосин муддати дароз мондан — худро ба куштан додан буд.
Истиқоматчиён дар як аризаи муштарак сахтии аҳволи худро ба амир навишта, аз вай рухсат пурсиданд, ки ба Бухоро — ба хонаҳошон раванд. Аҳмад-махдум он аризаро хонда гуфт:
— Бо хондани ин ариза ин хонахароб (амир) моро рухсат намедиҳад. Эҳтимол «ин мағруронро хуб ҷазо додам» — гӯён шодӣ кунад ва боз ҳам зиёдтар дар ин дашт монда, моро ба мурдан расонад. Ӯ дар поёни ариза байти зеринро дар бадеҳа (фаврӣ гуфта) навишт:
Туро чӣ ғусса зи ғавғои истиқоматиён,
Ҳуҷуми пашша чӣ орад халал ба хояи фил?!
Амир баъд аз хондани он ариза ҳамаашонро аз рикобаш пеш кард, ки матлаб ҳам ҳамин буд.
Инчунин Аҳмад-махдум бо ду байти зерин табақаи ҳукмрони замони худро шаҳрошӯбона ҳаҷв кардааст:
Аввал ба риши миршабу дарвозабон р…м,
В-он гаҳ ба риши муфтию қозикалон р…м.
Чандон р…м, р…м, ки зи … кӯҳҳо шавад,
Болои он баромада бар риши хон р…м.
Ин байтҳо (агар беодобона буданашонро ба назар нагирем) чунон пурмазмунанд ва шоир табақаи ҳукмронро ба дараҷаҳо тақсим намуда, чунон расво кардааст, ки хонанда аз иқтидори вай дар ҳайрат меафтад. Мо аз қабил шеърҳо ҳамин ду мисолро басанда медонем (зикри Аҳмад-махдум ва намунаи асарҳояш дар саҳифаҳои 287- 301 «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи Москва, соли 1926 қайд шудаанд. Аммо аҳамияти иҷтимоӣ ва адабии асарҳои Аҳмад- махдум ва таъсири онҳо ба кушода шудани фикри насли нави он замон дар қисми чоруми «Ёддоштҳо» хоҳад омад).

Хислатҳои хусусии Шарифҷон-махдум

Шарифҷон-махдум бешубҳа аз ҷумлаи маорифпарварон ва тараққихоҳони замони худ буд.
Шеърро бисёр хуб мефаҳмид ва иқтидори шоириаш паст бошад ҳам, шеър мегуфт. Хусусияти ба назар намоёни Шарифҷон-махдум дар ин ҷо буд, ки ӯ қобилияти ҷавононро зуд муайян карда метавонист ва қобилиятҳои баландро бисёр хуб тақдир мекард ва барои инкишофи қобилияти он гуна ҷавонон бо воситаҳое, ки аз дасташ меомад, ёрӣ медод. Бо вуҷуди калонзодаи замони феодалӣ буданаш ба одамҳо хоксорона муомила мекард ва ба ҳеҷ кас бо назари таҳқир наменигарист. Бо ман, Мирзо Абдулвоҳид ва Мирзо Бадеъ ош мехӯрд.
Хусусан аз ман, ки либосҳои саҳроии дар зери хизмат чиркиншуда ва дарида доштам, ҳеҷ нафрат намекард. Ва ҳол он ки ӯ дар зиндагӣ ва хусусан дар таомхӯрӣ ва нигоҳ доштани чизҳои хӯрданӣ ҳамеша тӯрҳои симини сиёҳ мепӯшонд, ки магасе нанишинад ва агар ба меҳмонхона магасе дарояд, гӯё ки ба он ҷо гурге даромада бошад, «биёетон, магасро бароретон» гӯён фарёд карда моро ҷеғ мезад.
Бо ҳамаи ин хислатҳои хуб, аз баъзе хислатҳои ба худаш номуносиб холӣ ҳам набуд: аз бойҳои шаҳру саҳроҳои Бухоро чандин нафар ошноҳояш буданд, ки баъзе аз онҳо кӯбкоритоз, баъзеашон мурғбоз ва баъзеашон ҳамаи ин гуна бозиҳоро мекардагӣ буданд. Вақте ки онҳо ба пешаш оянд, ҳамеша сухан дар бораи машғулоти онҳо мерафт ва ӯ ҳам мисли он ки як нафари онҳо бошад, дар бораи бозиҳои онҳо завқкунон гап мезад. Баъзан ба тамошоҳои кӯбкорӣ иштирок мекард ва аспи худро медавонд. Дар ширинкорӣ ва шӯхиҳои авомона ҳам гоҳо иштирок мекард ва баъзан дар хонаи худ ҳам ин гуна шӯхиҳоро ташкил мекард.
Хислати бисёр бади Шарифҷон-махдум дар ин буд, ки ӯ хасис буд. Аммо касони беруна ин хислати ӯро пай намебурданд. Чунки дар зиёфатҳо дастурхонаш хеле ботакаллуф ва пур аз чизҳои хӯрданӣ буд. Ман ҳис мекардам, ки ӯ ин гуна дастархондориро фақат барои номи худро ба «валлаъматӣ» (валинеъматӣ) шӯҳрат додан мекунад, ки ин ҳам яке аз одатҳои феодалист.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Бозгашт ба мундариҷаи умумии бахшҳои китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.