Мардикорӣ
Дар тобистон ман дар мадрасаи Бадалбек будам, ошпазӣ ва ҷомашӯйии ҳар кадоми аҳолии он ҷоро, ки худ ба ин гуна корҳо шуғл наменамуданд, мекардам ва бо ин роҳ як ҳаёти аз гӯр берун нигоҳдорандаеро ба худ таъмин менамудам.
Аммо дар миёнаҳои тобистон дар мадраса касоне, ки ба ман кор фармуда ёрмандӣ мерасонданд, намонданд. Дар он ҷо Қорӣ Абдулқайюм монда буд, ки ӯ судхӯр буда, оши худашро худ мепухт.
Мулло Сулаймон ном як деҳнавӣ монда буд, ки ӯ дар он мадраса муаззин буда, маишати худро ба зӯр таъмин мекард ва як каси ҳазорагӣ ҳам буд, ки ӯро махдуми ҳазорагӣ мегуфтанд. Ӯ писари як шайх буда, падараш ба ӯ пули бисёр мефиристод. Аммо ӯ ба мадраса кам меомад ва ҳамеша дар ба дари дӯстони бухороияш мегашт.
Дар ҳамон вақтҳо ман як рӯзро тамоман чизе нахӯрда гузаронидам. Рӯзи дуюм саллаи муллобачагиро партофта ва ба қиёфаи мардикорбачагон даромада, ба Регистони Бухоро, ки бозори мардикор ҳам дар он ҷо буд, рафтам ва дар қатори мардикорони харидорталаб пушт ба девор дода, дар пеши масҷиди ҷомеи Поянда нишастам.
Ба бозори мардикор соҳибкорон омада, гурӯҳҳои мардикоронро аз назар гузаронида, онҳоеро, ки ба чашмашон коркунтар ва пурзӯртар намоянд, савдо карда гирифта мебурданд. Аммо ба тарафи ман, ки ба сабаби гушнагии дирӯза рангканда ва ҳам хурдсол будам, касе нигоҳ ҳам намекард.
Дар ин миён ба бозори мардикор ба сифати харидор махдуми ҳазорагӣ пайдо шуд ва маро дида:
— Барои кӣ мардикор мебарӣ? — гуфта пурсид.
— Ман ин ҷо барои мардикорбарӣ омада нанишастаам! — гӯён ҷавоб додам.
— Магар худат ба мардикорӣ рафтан мехоҳӣ? — гуфта пурсид ӯ бо оҳанги тааҷҷуб ва ба ҷавоби ман мунтазир нашуда илова кард: — ин кор барои муллобача айб аст!
— Барои муллобача магар аз гуруснагӣ мурдан ё гадоӣ кардан айб нест? -ҷавоб додам ман бо пурсиши инкорӣ. Ӯ ба сухани ман ҷавоб гардонда натавонист ва шармгинона гуфт:
— Хуб, ин тавр бошад, ҳамин ҷо ист! Ман ду мардикор мегирам ва туро ҳам қатори онҳо ба иморати як ошнои худам мебарам, хӯҷаин каси хубест, кадри муллоён ва муллобачагонро медонад. Ба ҷойи бегонае нарав, ки туро таҳқир мекунанд. Ҳақорате, ки ба як муллобача расад, ба ҳамаи муллоён ва муллобачагон мерасад.
— Хуб, — гуфтам ман дар ҷавоб. Зотан ба ман харидоре набаромада буд ва набаромад. Ночор то омадани махдуми ҳазорагӣ ӯро нигарон шуда нишастам.
Махдуми ҳазорагӣ баъд аз савдо ва талоши бисёре ду мардикорро, ҳар кадом рӯзе дутангагӣ (30-тинӣ) байъ карда овард (баъд аз вабо одамони корӣ кам монда, нархи мардикор дучанд зиёд шуда буд) ва маро ҳам дар қатори онҳо гирифта, ба иморати дӯсташ, ки дар гузари Лаби Ҳавзи Чӯббоз будааст, бурд.
Дар он ҷо бар рӯйи суффаи ҳавлии дарун як устои гилкор бо ду нафар мардикор дар сари дастархон нишаста ширчой мехӯрданд, мо ҳам дар паҳлуи онҳо ҷой гирифтем. Устои гилкор маро аз назар гузаронида, ба махдуми ҳазорагӣ гуфт:
— Ин бачаро чаро овардед, ба бом лой кашида наметавонад!
— Агар ба бом лой кашида натавонад, аз лаби бом ба пеши шумо бурда додан мегирад ё ин ки аз лойхона бо сатил лой бурда, ба чангча банд карда, ба лойкаш медиҳад. Ҳар касеро, ки ман овардаам, ба қадри қувваташ кор фармудан гиред! — гуфт махдуми ҳазорагӣ бо оҳанги норозиёна ва худаш аз пеши мо ғоиб шуд.
Баъд аз чанд дақиқа махдуми ҳазорагӣ баргашта омада, маро аз пеши устову мардикорон бо имо хезонда, ба раҳрав бурду аз он ҷо бо зина боло бароварда ба болохонае даровард. Дар пешгоҳи он болохона бар рӯйи чор қабат кӯрпача як одами миёнсоли миёнақомати гандумгун, ки чашму абрувони сиёҳе дошт ва худ рангкандаи бемормонанд буд, ёзида мехобид.
Ман салом дода, дар рӯ ба рӯйи он одам нишастам ва махдуми ҳазорагӣ:
— Ана ҳамин аст! — гуфту худаш аз болохона баромада рафт. Он одам баъд аз ба саломи ман ҷавоб гардондан, аз ман пурсид:
— Хат доред?
— Кам-кам менависам, — ҷавоб додам ман.
— Бисёр хуб, ин тавр бошад, шумо имрӯз дар қатори мардикорон кор накунед! Ман ба шумо як кори муносиби худатонро мефармоям, — гуфт хӯҷаин ва аз ҷояш нимхез шуда, аз тоқчаи болохона як дафтарро гирифта пеши ман гузошту илова кард:
— Шумо ин дафтарро кушода, аз як сар хонед, ман шунавам!
Ман дафтарро кушода аз назар гузаронидам, дар вай рӯйхати додугирифти хӯҷаин бетартиб навишта шуда буд; ӯ аз кӣ чӣ ва ба чӣ нарх харидааст, ба кӣ ва ба кадом нарх чӣ фурӯхтааст, аз харидоронаш чӣ қадар пул ва дар чанд дафъа расидааст, дар он ҷо бо ҳам омехта навишта шуда буд. Пулҳои аз насяҳо рӯёндагиаш на бо таърихи рӯзи расидани пул, балки бо унвони «дафъа 5 танга, дафъа 10 танга, дафъа 15 танга» ба номи як кас дар ҷоҳои гуногуни дафтар қайд шуда буд. Рӯйхат чунон бад навишта шуда буд, ки бештарини онҳоро ман хонда наметавонистам ва ҷоҳое, ки тамом хонда наметавонистам ё баъзе ҳарфҳо ва калимаҳоро нотамом мегуфтам, ба ёди хӯҷаини хушҳофизаи ман мерасид ва ӯ он ҷумлаҳоро тамом гуфта медод, ки ба он нақшаҳои хонданошуданӣ баробар меомаданд.
Баъд аз ду-се саҳифа хондан:
— Бас кунед, акнун маълум шуд, ки дафтари маро тамом вайрон кардааст, Кори шумо рӯйхатҳои дар ин дафтар навишташударо ба дафтари дигар хоно карда гузаронидан аст, — гуфт хӯҷаин ва аз тоқча як дафтари дигарро, ки ҳанӯз дар вай чизе навишта нашуда буд, гирифта ба ман доду аз ҳамон тоқча як қалами найинро бо давоти сафолин гирифта ба пеши ман гузошт.
Ман ба дафтари кӯҳна дилгирона нигоҳ карда аз хӯҷаин пурсидам:
— Магар инҳоро махдуми ҳазорагӣ навиштаанд?
— Он кас хат надоранд, — гуфт хӯҷаин ва илова кард: — мактабдори гузар навишта буд. Хонасӯхта корро хароб кардааст. Ҳайфи ошу ноне, ки барои ин кораш ба ӯ хӯрондам.
Ман кор сар кардам, садои «гум-гум» ва «туқ-туқ» омада, хавоси маро парешон мекард ва ба корам халал мерасонид. Аввал он садоҳоро кори устои гилкор гумон кардам. Баъд шунидам, ки садоҳои «гум-гум» ва «туқ-туқ»-и бисёре якбора меомаданд ва кори як устои гилкор ин қадар садо дода наметавонист. Ҳар чӣ бошад, аз куҷо будани он садоҳоро аз хӯҷаин напурсидам ва худро ба ношунавоӣ зада, кӯшиш мекардам, ки он садоҳо ба корам зарар нарасонанд, то ки дафтар вайрон нашавад ва ман ҳам дар қатори «хонасӯхтаҳо» надароям. Аз рӯйхати чизҳои харидафурӯшшуда маълум шуд, ки хӯҷаин чарчинфурӯш будааст, чунки дар байни рӯйхати чизҳо номҳои пошнаҳои кафшу мӯза, мехчаҳои чӯбин ва оҳанин, ширеш, лок, елим, муми сафед ва муми сиёҳ барин чизҳо бисёр дида мешуданд.
Як чизи дигар, ки ба фурӯшанда ё харандаи чизҳои дар боло зикршуда ҳеҷ муносибат надошт, диққати маро ба худ ҷалб кард. Ин калимаи «бунак» буд, ки дар ҷойҳои гуногуни дафтар дар пеши номҳои одамони гуногун дида мешуд ва он одамҳо аз хӯҷаин бунак гирифта будаанд.
Раги кунҷковии ман ба ҳаракат омада, аз хӯҷаин барои чӣ ба одамони бисёре бунак додани ӯро пурсидам.
— Ман ғайр аз дӯкони чарчинфурӯшӣ устохонаи пойафзолдӯзӣ ҳам дорам, — гуфт ӯ, — ин садоҳои «туқ-туқ», ки ҷони мани беморро ба ҳалқам расонда, гӯшамро кар карда истодаанд, аз ҳамон устохонаам меоянд. — Хӯҷаин як нафаси дарози беморона кашида, эзоҳ дод. — Девонабачагоне*, ки ба як устохона рафта
____________
* Коргари устохонаҳои ҳунармандиро дар Бухорои онвақта «девонабача» меномиданд.
кор кунанд, бе бунак кор намекунанд. Мебинед, ки харҷи ман чӣ қадар зиёд аст. Ин бунаки сабилмонда хароҷоти бедаромад аст, — ӯ дар гап задан монда шуда, дақиқае хомӯш монду дам гирифта, боз сухани худро давом дод. — Баъзеҳо ба кори ман ҳасад бурда мегӯянд, ки «фалонӣ ҳам аз дӯкон, ҳам аз устохона — аз ду ҷой фоида гирифта, бойи калон шуда истодааст», аммо намедонанд, ки «шутур калону реши пушташ ҳам мувофиқи худаш калон» аст. Одам ҳар қадар ки корашро васеъ кунад, хароҷоташ ҳам ҳамон қадар зиёд мешавад.
Хӯҷаин хомӯш монда, чашмашро пӯшонда, ба фикр фурӯ рафт. Аҷаб набуд, ки ӯ дар бораи харҷу дахли дӯкон ва устохонаи худ фикр мекарда бошад. Баъд аз чанд дақиқа ба лабҳои ӯ як табассуми дандоннамое пайдо шуду гӯё ки худ ба худ, лекин ба ман шунавонда гуфт:
— Худо рӯзӣ кунад, ки одам ҳеҷ харҷ накарда ва пул банд нанамуда, аз дӯкону устохона фоида кардан гирад, ана дар ҳамон вақт соҳиби давлати бепоён мешавад!
* * *
Ман дар хонаи ин хӯҷаин се рӯз кор кардам. Ошу нонро аз ҳамон ҷо мехӯрдам ва ҳар рӯз бегоҳонӣ, вақте ки корро тамом карда ба ҳуҷраам мерафтагӣ шудам, хӯҷаин ба ман ду танга музди хизмат медод, ки дар се рӯз ба шаш танга (90 тин) соҳиб шудам.
Дар муддати ҳамин се рӯз ман мундариҷоти дафтари кӯҳнаро ба як тартиби муайян (харид дар дигар ҷой, фурӯш дар дигар ҷой ва монанди онҳо) ба дафтари нав гузаронда, ба хӯҷаин рӯйхати ботартиби худро хонда шунавондам. Табъаш чоқ шуда:
— Бар падаратон раҳмат! — гуфт. — Шумо аз саҳро, аз аккахона булбул рӯйидагӣ барин, даҳ ангуштатон даҳ ҳунар шуда омада будед, — ва илова намуд: -ҳозир корамон тамом шуд, биёед, бо шумо барои оянда як шартномаи даҳонакӣ бандем.
— Хуб, марҳамат кунед! — гуфтам ман.
— Вақте ки ман қувват ёфта, ба дӯкон равам, ҳаррӯза хариду фурӯш ва нақду насияҳои худро дар хотир нигоҳ дошта, бегоҳонӣ ба хона бармегардам. Шумо ҳам ҳар бегоҳонӣ ба ин ҷо биёед, доду гирифти ҳамонрӯзаи маро ба дафтар бо тартибе, ки худатон ёфтаед, навишта диҳед. Дар ин кор ҳар рӯз тахминан яксоата вақтатон сарф мешавад. Ба бадали яксоата хизмататон оши шабонаро бо мо хӯрда равед ва музди дигар талаб накунед. Чӣ мегӯед, маъқул аст ё не?
— Хуб, дуруст, — гуфтам ман.
— Ба гумонам, баъд аз се ё чор рӯзи дигар қувват ёфта, ба дӯкон меравам. Кори шумо ҳам ҳамон вақт сар мешавад. Лекин то он вақт ҳам ҳар бегоҳӣ ин ҷо омада, хӯроки шабонаро хӯрда равед.
— Хуб, — гӯён ман аз пеши хӯҷаин баромада рафтам.
Аммо то сар шудани кори нав барои ошхӯрӣ ба хонаи ӯ нарафтам, чунки ман дар кисаи худ шаш танга пул доштам ва барои хӯроки ҳаррӯзаам, ки дута нону як коса нахӯдшӯрбо буд, 10- 15 тин кифоя мекард ва ба муфт хӯрдани оши хӯҷаин эҳтиёҷ надоштам.
Баъд аз панҷ рӯз махдуми ҳазорагӣ хабар дод, ки хӯҷаин қувват ёфта, ба дӯконаш рафтааст.
Ман ҳам аз ҳамон бегоҳӣ ба хонаи ӯ рафта, кори навамро сар кардам.
Устохонаи кафшдӯзӣ
Дар пеши болохонаи хӯҷаини чарчинфурӯш, ки меҳмонхона ба шумор мерафт, як шабгаҳи (рӯйи ҳавлии болоибомии болояш кушода) буд, ки бошандагони он ҷо шабҳои гарми тобистонро дар он ҷо гузаронда ва дар ҳамон ҷо ҳам мехобиданд.
Дар як тарафи ин шабгаҳ як дари яктабақа, ки роғҳояш намад часпонда маҳкам кардагӣ буд, кушода мешуд. Аз он дар ба як болохонаи васеъ даромада мешуд, ки он ба болои бомҳои хонаи нишасти дарунӣ, айвони дарун ва ошхона воқеъ шуда буд. Ин болохона ғайр аз дари даромадаш на дари дигар дошту на дарича ва дар чор ҷойи шифташ чор равзани ҳар тарафаш якоршинӣ ба бом кушода шуда буд, ки ба болои онҳо чорчӯбаҳои секунҷашаклро қафасавор ниҳода, ба атрофи онҳо коғази равғанин часпонда буданд. Ба ин хонаи васеъ, ки дари даромадаш намадпӯш карда шуда буд, рӯшноии хирае аз ҳамон равзанҳо афтода, он ҷоро кӯрмаҳтоб барин нимравшан мекард.
Дар он устохона тахминан чил нафар устою шогирд кор мекарданд, ки ҳар кадомашон ба болои сандаличаи пастаке нишаста ва дар миёни худ аз тарафи пеш пешгири мешигӣ баста буданд. Ҳамаи онҳо бо вуҷуди ҷавон ё миёнсол будан рангканда, пешонаҳошон пурчин ва андӯҳгин буданд.
Онҳо бо ҳам бо овози паст гап мезаданд ва гапҳои ба корҳошон дахлдорро мегуфтанд. Дар миёнаи онҳо як ҷавони тахминан бисту панҷсола буд, ки ҳамеша бо гӯшаи чашмаш усто ва шогирдони он ҷоро аз назараш гузаронда меистод. Ӯ ҳам монанди дигарон рангканда ва чашмонаш ба дарун фурӯ рафта буд. Ӯ ба касе гап намезад, аммо агар бинад, ки ду нафар аз ҳамкоронаш дар байни худ гап зада истодаанд, корашро боздошта, бо нӯги бигиз буни гӯшашро хорида истода ба гапи онҳо бодиққат гӯш медод ва ҳар гоҳ ки онҳо хомӯш монанд, боз кори худро давом мекунонид.
Ин ҷавон аз коркунони дуртар аз худаш ҳам бо ҳамдигар гаи задани онҳоро пай барад, оҳиста аз ҷояш хеста, гӯё ки ягон чизи даркориашро аз пеши дӯзандаҳо меҷуста бошад, ба ҳар ҷо бодиққат нигоҳкунон ба пеши коркунони гап зада истодагӣ мерафт. Онҳо диданд, ки ба болои сарашон он ҷавон рост истодааст, аз гап бозмемонданд.
— Гапҳотонро задан гиретон. Ба ман як қолиби шашқат (масалан) даркор шуд, ҳамонро кофта гаштаам, — мегуфт ва баъд аз қолибҳои дар пещи онҳо будагиро аз назар гузаронидан ба ҷояш бозмегашт ё ба ягон тарафи дигари устохона мерафт.
* * *
Бегоҳонии як рӯзи чоршанбе хӯҷаин ба ман гуфт: — Фардо рӯзи панҷшанбе вақти пешин биёед, ман ҳам аз дӯкон меоям, дар ин ҷо як соат кор дорем: ба девонабачаҳо сӯмикор 163 доданам даркор аст. Ман, ки бо ҳар кадоми инҳо ҳисобӣ карда пул диҳам, шумо даррав ба дафтар менависед. Ҳисоби инҳо чунон чалкаш аст, ки ҳамаашро дар хотир нигоҳ дошта бегоҳонӣ нависондан мумкин нест.
Хӯҷаин як сония хомӯш монда, табассумкунон боз ба гап даромад:
— Ин яксоата кор, албатта, дар қарори байни мову шумо набуд. Ин кор ба гардани шумо сарборӣ (нагрузка) аст. Аммо агар одам аз бозор сад дона харбуза харад, ду дона харбузаро барзиёд «партав» гӯён медиҳанд. Ин кори барзиёд ҳам «партави» корҳои муқаррариатон мешавад.
Ман қабул кардам ва фардо соати дувоздаҳи рӯз ба он ҷо расида рафтам. Хӯҷаин ҳам аз бозор омада, дар ҷойи соярави шабгаҳ кӯрпача паҳн карда нишаста будааст. Дар пеши хӯҷаин як чӯт буда, дафтару қаламу давот ҳам дар он ҷо менамуд.
Ман дар рӯ ба рӯйи хӯҷаин ба рӯйи шолча нишастам. Ӯ дафтару асбоби хатнависиро ба пеши ман тела дода, ба дари устохона нигоҳ карда:
— Раҷабҷон! Девонабачаҳотро гӯй, якта-якта омада ҳисобашонро шунида, сӯмикорашонро гирифта раванд, — гӯён садо дод.
Бо шунидани ин овоз якчанд нафар шогирдони хурдсол тапаррос зада аз устохона баромаданд ва дар рӯ ба рӯйи хӯҷаин рост истода ба ӯ салом доданд.
— Шумоҳо ҳавлии дарунро бо таҳхонаҳо ва ошхона покиза карда рӯбетон, баъд ба миқдоре, ки дар як ҳафта расад, ҳезум шикаста монетон, баъд аз он ба шумоҳо ҷавоб! — гуфт хӯҷаин ба шогирдон.
Шогирдон аз зина тапарросзанон пойин фуромада рафтанд ва аз устохона ҳамон ҷавони биступанҷсолаи дамдузд ва як устои миёнсол баромада омада, бар як лаби шолча — дар рӯ ба рӯйи хӯҷаин нишастанд.
— Усто Мурод, шумо ин ҳафта чанд ҷуфт кафши мардона баровардед? — гуфта хӯҷаин аз устои миёнсол пурсид.
— Панҷ ҷуфт, — гуфт он усто дар ҷавоб.
Хӯҷаин ба ҷавон нигоҳи саволомезе кард ва он ҷавони рамузфаҳм:
— Ҳамаи ин панҷ ҷуфтро ин кас набаровардаанд. Дуруст аст, ки ҳамааш аз дасти ин кас баромад, лекин дастакҳои ҳамаи онҳоро шогирдон бахия карда доданд, — гуфт.
— Раҷабҷон, Худоро ҳозир бин! Ҷони ҷавон дорӣ, дурӯя нагӯй! Ман чармҳои резгии бачагонабобро ба шогирдон дода дӯзондам, ки онҳо дастакдӯзиро ёд гиранд. Чунки бародарат ёд додани чор шогирдро ҳам ба гардани ман сарборӣ карда бор кардаанд.
— Ман чизеро ки дидам, гуфтам. Ман бо бародарам шарикдавлат нестам. Акнун шумо медонеду хӯҷаин! — гуфт Раҷабҷон пешонаашро турш карда.
— Агар шогирдон ба ҳисоби шумо кор кунанд, дар устохонаи ман ва барои ман чӣ кор мекунанд? Шумо, усто Мурод, мӯйсафед шудаед, бисёр ҳам аз таги дунё нагиред. Ин дунё ба кӣ вафо кардааст, ки ба мову шумо вафо кунад, — гуфт хӯҷаин ва ба ман нигоҳ карда, суханашро давом дод:
— Мирзо, шумо аз дафтар номи усто Муродро ёбед!
Ман дафтарро варақ зада, номи усторо ёфтам, ки 500 танга бунак дошт.
— Сӯмикори панҷ ҷуфт кафши мардона дутангагӣ даҳ танга, аз ин маблағ барои хизмати шогирдон ду танга барорем, ҳашт танга мемонад. Баъд аз баровардани ду танга ба фоидаи бунак, шаш танга сӯмикоратон мемонад. Акнун аз ин пул ба ҳисоби тани бунак пул мегардонед?
Усто Мурод сарашро хорида-хорида фикркунон гуфт:
— Хуб, ду танга бароред!
Хӯҷаин ба ман нигоҳ кард:
— Дар таги номи ин кас нависед, ки «усто Мурод дафъа ду танга аз бунак дод ва чор танга сӯмикор гирифт».
Ман «дафъа»-ҳои хӯҷаинро партофта, мазмуни гуфтаҳои ӯро ба тартибе, ки худ медонистам, дар дафтар қайд кардам. Усто Мурод аз дасти хӯҷаин чор тангаро гирифта, он пулро аз як дасташ ба дасти дигараш бозикунон гузаронда, аз ҷояш хест:
— Ин қурумсоқ ба кадом дарди ман даво мешавад? — гӯён худ ба худ ғур-ғур карда ба тарафи зина рафт.
— Ғам нахӯред, усто! Ман зинда бошам, шуморо бепул намемонам. Агар дардатон зӯртар бошад, бунакатон панҷсад нею шашсад. Ман сад тангаи дигарро аз шумо дареғ намедорам, — гуфт хӯҷаин ба ӯ.
— «Боз ҳам завлонаи гардани туро вазнинтар мекунам, боз ҳам барои фоидаи бунак ва тани бунак аз ту бисёртар пул нигоҳ дошта, сӯмикоратонро ба фисмирӣ (ба маблағи ночиз) мефурорам» — гӯед! — гуфт усто Мурод аз зина фуромада истода ва илова кард: — ин пир «гурги борондида аст». Дигар ба «рӯбоҳбозиҳо» фиреб намехӯрад.
Ба паҳлуи Раҷабҷон устои дигаре омада нишаст. Хӯҷаин бо вай ҳам, чунонки бо усто Мурод карда буд, ҳисобӣ кард. Бунаки ин одам дар дафтар шашсад танга буд. Хӯҷаин аз сумикори ӯ барои фоидаи бунак се танга ҷудо кард. Он усто розӣ нашуда гуфт:
— Гуфтушуниди мо дар панҷсад тангаи бунак ҳар ҳафта ду танга нигоҳ доштан буд, ки ин дар як моҳ ҳашт танга мешавад. Вақте ки бунак сад танга зиёд шуд, чаро шумо пули фоидаро як танга зиёд нигоҳ доштед? Дар ин ҳисоб пули фоидаи сад танга дар як моҳ чор танга мешавад, ки ин аз фоидагирии судхӯрон ҳам қариб дучанд зиёда аст. Охир, инсоф кунед, хӯҷаин! Ду тангаро панҷ тақсим карда, панҷякашро ба ҳисоби сад тангаи ҳафтаи гузашта гирифтагиам зиёд кунед-дия.
— Эй мусулмони сода! — гуфт хӯҷаин ба усто, — шумо сад тангаи ҳафтаи гузашта гирифтаатонро гардонда диҳед, ман боз мисли пештара барои панҷсад танга ду танга нигоҳ дошта мегирам. Ин кори ман барои устоҳо як ёрмандист, як хайри бериёст… Кадом кас, ки орзую ҳавасро зиёд карда, бунакашро вазнин кунад, фоидаи бунак ҳам зиёдтар шудан мегирад. Агар дуруст зеҳн монда фаҳмед, ин ҳам ба фоидаи шумост, ки фоидаи бунаки калонро вазнин дида, камтар қарздор мешавед ва орзую ҳавасро камтар мекунед!
— Орзую ҳавас? — гуфт усто тааҷҷубкунон. — Орзую ҳавас ба мо барин берӯзиҳо дар куҷост? Ба сад танга боми хонаамро, ки дар боронгарии баҳорӣ фурӯ рафта буд, аз сари нав дуруст кунондам. Болору васса ва наю бӯрё харидам, ба устои гилкор ва дуредгар музд додам. Дар лойкорӣ дар қатори худам ду мардикор даровардам, ба устою мардикорон ошу нон додам. Магар ин орзую ҳавас аст? Ба духтарам ва модараш ду куртавор гирифта додам, ки ҳар дуяшон ҳам луб-луч шуда монда буданд. Магар ин орзую ҳавас аст? Магар ман мебоист дар зимистон бо зану бачаам дар зери барфу борон менишастам? Магар духтару занро дар пеши ҳамсояҳо монанди худам мебоист бараҳна карда мемондам?..
Хӯҷаин гапи ӯро бурид:
— Кӯтаҳ кунед! Бас аст. Он корҳотон ба ман дахл надорад. Ман ба шумо «хонаатро иморат карда медиҳам, ба зану бачаат либос гирифта медиҳам» гуфта ваъда накардаам. Шумо як гап занед: ба сад тангаи барзиёд гирифтаатон ҳар ҳафта аз сӯмикор як танга гардонда медиҳед ё худи ҳамон сад тангаро гардонда медиҳед. Дигар гап нест, «ҳа» ё «не»!
— Хуб, гардонед, ба шумо шавад! — гуфт усто.
— Пичинги ин гушнапурзӯрро бинед-а, — гуфт хӯҷаин худ ба худ ва ба ман нигоҳ кард:
— Нависед, мирзо, вақт рафт!..
Ҳисобӣ бо коргарон давом кард. Сӯмикори устоҳои дараҷаи дуюм боз ҳам камтар ва бунакҳошон боз ҳам вазнинтар буд, ки бештаринашон ба болои бунак қарзи нав зам кунонда, базӯр ба ду танга соҳиб шуда мерафтанд.
Дар вақти давом карда истодани ҳисобӣ шогирдон кори фармудашударо тамом карда, аз ҳавлии дарун баромада, «хӯҷаин, ҳамаашро кардем» гӯён аз ӯ барои рафтан рухсат пурсиданд.
— Хуб, раветон! — гуфт хӯҷаин дар ҷавоб.
Ман гумон кардам, ки хӯҷаин дар ҳисобии коргарони калонсол саргаранг шуда, ба шогирдон музд доданро аз ёдаш бароварда бошад. Бинобар ин ба ҳоли бачагон раҳмам омада, ба хотири хӯҷаин расондам.
— Магар шогирдон сӯмикорашонро нагирифта мераванд?
— Ба онҳо чӣ сӯмикор медиҳам? — гуфт хӯҷаин пешонаашро турш карда. -Онҳо чӣ кор карданд, ки музд гиранд? Аз рӯйи инсоф онҳо ба ман музд диҳанд, ки дар ду-се сол аз устохонаи ман усто шуда мебароянд. Аммо аз он ҷо, ки онҳо бачагони бепадару модар ва бепарастор мебошанд, ман ба ҳолашон раҳм карда, бепул ба онҳо ҳунар ёд диҳонда истодаам. Агар толеашон тозаду усто бароянд, миёнашонро бандонда тавонанд* ва дар ҳамон сурат «аз гов ғадуд» барин нимаи пуле, ки ман ба усто шудани онҳо харҷ кардаам, мебарояд. Лекин ҳоло ин «лаклаки дар ҳаво» — фоидаи насия. Нақдаш ҳамин аст, ки ҳоло ман барои усто шудани онҳо меҳнати муфт кашида истодаам.
_____________
*Тафсили маросими «миёнбандии» шогирдон дар поён меояд.
Ҳисобӣ давом кард ва ин кори «сарбории яксоатаи ман» то вақти шом кашол ёфт. Ҳамаи коркунон рафтанд. Акнун дар пеши хӯҷаин танҳо Раҷабҷон монда буд. Раҷабҷон сар хам карда бо нохунаш шолчаро хирт-хирт хорида ва бозӣ карда менишаст. Хӯҷаин ба ӯ нигоҳ карда истода пурсид:
— Хуб, додар! Ту чӣ мегӯйӣ? Дар дилат ягон гап доштагӣ барин менамойӣ-ку?
— Худатон медонед! — гуфт Раҷабҷон, бе он ки сарашро аз синааш бардорад ва нохунашро аз шолча чудо кунад.
— Ман чиро медонам? Ман дили туро чӣ медонам? — гуфт хӯҷаин. — Фарз кардем, чизеро пай бурда бошам ҳам, «сухан аз даҳони Луқмон хуш» — гуфтаанд. Худат гӯйӣ, беҳтар мешуд.
— Ман мехоҳам ба лаби ҳавзи Девонбегӣ рафта як давр занам, дар самоворхона нишаста, як чойник чой нӯшам ва бӯйи бади ин устохонаро, ки ҳалқу шушу дилу ҷигарамро монанди мӯрии дӯконҳои оҳангарӣ кардааст, бо насими оби ҳавз камтар бошад ҳам, аз димоғам барорам ва фардо дар рӯзи бекорӣ ба модарам як куртавор харида диҳам, ки кампир луб-луч мондааст, — гуфт Раҷабҷон ва ҳанӯз сари худро рост намекард ва ба тарафи хӯҷаин назар намеандохт.
— Дардат зӯр будааст-ку! — гуфт хӯҷаин ва аз кисааш як танга бароварда, ба тарзе ки ба пеши саг устухон ҳаво диҳанд, ба пеши Раҷабҷон партофт. -Ҳозир ҳаминро гирифта як тамошо кун. Курта бошад, дар ягон вақти дигар ҳисобашро меёбем.
Раҷабҷон он тангаро бо нӯги ангуштонаш ба тарафи хӯҷаин ғелонда фиристода гуфт:
— Шаш моҳ боз шумо ҳисоби куртаи модарамро ёфтан мехоҳед, лекин ҳеҷ намеёбед. Маълум мешавад, ки ҳеҷ ёфта наметавонед. Ҳеҷ набошад, ба ман дар қатори девонабачаҳои дигар ҳақ диҳед!
— «Дар қатори девонабачаҳои дигар ҳақ диҳед?» — такрор кард хӯҷаин сухани Раҷабҷонро ва аз худ илова кард: — охир, баробари девонабачаҳои дигар кор кун, ман ду баробари онҳо ба ту ҳақ диҳам. Ҳар кадоми онҳо ҳамин ҳафта аз чор ҷуфт то шаш ҷуфт кафш бароварданд. Ту бошӣ, ду ҷуфт ҳам бароварда натавонистӣ!
— «Ду ҷуфт ҳам бароварда натавонистӣ?», — гӯён Раҷабҷон сухани охирини хӯҷаинро такрор кард ва якбора сарашро рост гирифта, ангуштонашро аз шолча ҷудо карда, дасти чапашро бар рӯйи зонуи чапаш ниҳод ва дасти росташро ба тарафи хӯҷаин дароз карда, чашмонашро бо чашми ӯ дӯхта давом намуд:
— Шумо дидбонии устохонаро ва аз дунболи девонабачаҳо гапчинӣ карда, ба худатон хабаркашӣ карданро аз гардани ман бардоред, ман яку ним баробари дигарон кор бароварда диҳам. Ман ҳоло бигизи ба танавор халондаамро ба кашидан фурсат наёфта, монанди саги шикорӣ устохонаро як давр зада, бӯй карда мебароям. Агар ман намебудам, аз тарафи шогирдон дӯхта шудани дастакҳои кори усто Муродро ба шумо кӣ хабар медод?..
— «Дидбонӣ мекардааст, хабаркашӣ мекардааст, бо ҳамин ба ман фоида расондааст, ки кисаи маро холӣ карда гирифтанаш даркор будааст», — гуфт хӯҷа-ин худ ба худ бо оҳанги пичинг ва ба Раҷабҷон хитоб карда давом намуд: -охир, ту дидбонӣ карда ба ман чӣ фоида расонда тавонистӣ?! Ҳоло ҳам монанди пештара дӯконҳои кӯҳнадӯзон аз резгиҳои чарми устохонаи ман пуранд, ки ҳамаи онҳо ба воситаи ҳамин устоҳо ва шогирдҳо аз ин ҷо бароварда бурда фурӯхта шудаанд. Аз хабаркашии ту ба ман чӣ фоида расид? Сафар ва Ҳотам, ки ҳар кадомашон аз ман ҳазортангагӣ бунак гирифтаанд, магар бе маслиҳати усто Мурод гурехтаанд мегӯйӣ? Не, онҳо бе маслиҳати ин пирсаги гурезпо як пиёла об наменӯшанд! Аммо ту бар болои онҳо гапчин шуда истода ҳеҷ чизро нафаҳмидӣ ё фаҳмида бошӣ ҳам, бо онҳо шарик шуда ба ман хабар надодӣ!
— Тӯҳмат кунед, ҳамин кам буд, — гуфт оташинона Раҷабҷон, — шумо тӯҳмат карда, ба хӯрдани ҳаққи одамон одат кардаед, — ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда, ба хӯҷаин хитоб кард: — ба ман баробари бегонагон ҳақ медиҳед ё не? Гапи охиринатонро занед!
— Астағфирулло! — гӯён хӯҷаин ба кисаи худ даст зад ва аз он ҷо як тангаи дигар бароварда ба он тангаи пештара ҳамроҳ карда, ба пеши Раҷабҷон партофт.
Раҷабҷон тангаҳоро гирифта аз ҷой хест ва онҳоро ба тарафи хӯҷаин ҳаво доду ҷомаашро аз мехи пеши дари устохона гирифта ба як китфаш овезон карда, ба тарафи зина равон шуд ва:
— Агар баъд аз ин поямро дар ҳамин ҳавлӣ монам, кучук шавам! — гӯён аз зина фуромада рафт. Хӯҷаин сар хам карда ба фикр фуру рафту баъд аз дақиқае сарашро бар-дошта ба ман нигоҳ карда, ба гап даромад:
— Вай боз меояд, ҳеҷ гӯр намеравад ва ҷойи мерафтагӣ ҳам надорад, — гуфта хомӯш монд ва баъд аз сонияе давом намуд: магар шумо намедонед, ӯ додари ман аст, додари сабабӣ бошад ҳам, додар аст. Баъд аз вафоти модарам падарам модари ӯро гирифта буд, ки ин он вақт бачаи дусола буд ва ҳамроҳи модараш ба хонаи мо омада, дар ин ҷо хӯрда, пӯшида калон шуд.
Модараш аз хонаи мо хуб дуздӣ кард. Баъд аз вафоти падарам модараш меросашро пурра гирифта, бо чизҳои дуздиаш аз хонаи мо ба як ҳавличаи вайронае, ки аз падари ин бача монда будааст, кӯчида рафт. Ин бача дар он вақт даҳсола шуда буд. «Моли мурда паси мурда» ва «моли дуздӣ барака надорад» мегӯянд, рост аст. Занак мероси аз падарам гирифтааш ва ҳам чизҳои дуздидаашро дар ду сол хӯрда тамом кард. Ин бача сарбараҳна, побараҳна, гушнаву ташна дар кӯчаҳо мегаштагӣ шуд. Раҳмам омаду ӯро ба устохонаи худ оварда шогирд кардам. Калон шуд, усто шуд, ман ӯро ба болои устоҳо саркор барин карда мондам, ки обрӯ ёбад, ҳар чӣ бошад, додар аст. Аммо ӯ дар вақтҳои охир ба ман чунон муомила мекунад, ки гӯё шарикдавлати ман бошад.
Рӯз тамоман торик шуда буд. Хӯҷаин ба болохона даромада, шамъдон ва гӯгирд бароварда, дар шабгаҳ шамъро даргиронд.
— Хуб, ҳисобамонро кунем, вақт рафт! — гуфт.
Ман дафтари баъд аз ҳисобии устохона пӯшонда мондагиамро дубора кушодам ва бо имлои хӯҷаин ҳисоби хариду фурӯхти онрӯзаи дӯконашро ба дафтар қайд кардан гирифтам.
Бобои пойафзолдӯзон
Хӯҷаин баъд аз тамом шудани ҳисобӣ ба ҳавлии дарунаш фуромада, ошу дастархон баровард.
Мо ба сари таом нишастем. Ҳанӯз хӯрокро хӯрда тамом накарда будем, ки аз раҳрав овози по баромад ва баъд аз он аз зина боло баромада истодани як кас маълум шуд. Хӯҷаин «кӣ бошад?» — гӯён ба сари зина чашм дӯхта истод. Аммо то ба пеши шамъ наздик омадани оянда кӣ будани ӯро надонист, ҳамин ки он одам наздик омад, хӯҷаин:
— Эй, бобо-ку! — гӯён аз сари дастархон ҷаста хест ва ба оянда наздик рафта, ӯро ба бағал кашида вохӯрдӣ кард.
Ҳар ду бо ҳам омада, дар канори дастархон нишастанд, хӯҷаин ӯро ба ошхӯрӣ таклиф кард, аммо ӯ ба таом даст дароз накард.
— Ҳозир аз хона таом хӯрда омадам, — гуфт.
Хӯҷаин ҳам дубора ба тарафи таом нигоҳ накард. Ҳарчанд ҳанӯз сер нашуда бошам ҳам, ман низ дигар ба таом даст дароз накардам ва гуфтугузори ин ду дӯсти наздикро дар зери диққат гирифтам.
— Хуб, гап занед, канӣ! Шеред ё рӯбоҳ? — гӯён хӯҷаин аз он одам пурсид.
— Аз давлати худою пир ин ғулом ҳамеша шер аст! — ҷавоб дод ӯ.
— Ба даст даровардед?
— Ба даст даровардам!
— Овардед ё фурӯхта омадед?
Овардам, чунки харидори дуруст ёфт нашуд.
— Ин боз ҳам нағзтар. Чунки чашмони дигарҳошон ба ҷояш меафтад ва медонанд, ки аз гурехтан ба онҳо фоидае набудааст. Хуб, акнун ҳамаашро гуфта диҳед-чӣ?
— Ба шаҳри Самарқанд фуромадам, — гӯён он одам ба гап даромад, — аз як кӯҳнадӯзе, ки дар кӯчаи шаҳри кӯҳна ба чашмам вохӯрд гузару хонаи бобои пойафзолдӯзонро пурсида гирифта, рост ба он ҷо рафтаму худро шиносондам ва кори кардагии Сафару Ҳотамро ҳикоя кардам. Бобо дар Самарқанд будани онҳоро, дар як устохона кор карда истоданашонро ва то ҳол устокори (соҳиби) он корхона ба онҳо бунак надоданашро гуфта дод… — Он одам дар ин ҷо ҳикояи худро бурида, ба хӯҷаин бо оҳанги шӯхиомез гуфт:
— Ошатонро-ку нахӯрдам, магар як пиёла чойи талхатонро ҳам аз ман дареғ медоред?
— Мебахшед! Бо дидани шумо ман ҳама чизро фаромӯш кардаам, ҳатто одамгариро ҳам! — гуфт хӯҷаин бо оҳанги хиҷолатмандона ва аз ҷояш ҷаста хеста, ба ҳавлии дарунаш даромада, аз он ҷо дар ду дасташ ду чойник чойро гирифта оварду:
— Дар хона ду чойник чойи тайёр будааст, ҳар дуяшро хам якбора овардам, — гӯён ба ҷояш гузашта нишасту ба меҳмон як пиёла чой кашида дода:
— Хуб, баъд чӣ шуд? — гуфта пурсид. Меҳмон чойро нӯшида истода давом намуд:
— Аз гуфтаҳои бобои пойафзолдӯзони Самарканд маълум шуд, ки Сафару Ҳотам он ҷо рафта, ба бобо вохӯрдаанд, «мо аз Бухоро, дар он ҷо аз ягон устохона бунак нагирифтаем. Барои тамошои Самарканд омадем. Агар устохонаи хубе ёфт шавад, дар ин ҷо мемонем. Набошад, баъд аз тамошо кардани шаҳр боз ба шаҳри худ меравем. Лекин то вақте ки ин ҷо бошем, кор карда истоданамон даркор аст, то ки пули чою нонро ёфта истем» — гуфтаанд. Вай онҳоро ба як устохона бурда, ба кор монда хостааст, ки каме хам бошад, аз он устохона ба онҳо бунак гирифта диҳад, то ки «бобоёна» зиёдтар рӯяд. Лекин устокор надодааст. «Инҳо ду моҳ ин ҷо кор кунанд, агар гуреза набошанд ва аз пасашон касе кофта наояд, дар он вақт бунак доданам мумкин» — гуфтааст. Бобо аз болои корашон панҷ танга «бобоёна» гирифта, онҳоро ба он усто ба кор супурдааст.
Бо талаби меҳмон хӯҷаин ба ӯ боз чой кашида дод.
— Мебахшед, ба ҳикояи шумо ғарқа шуда, чой кашида доданамро аз хотир баровардаам, — гуфт хӯҷаин бо оҳанги узромез.
Меҳмон пиёлаи дуюмро холӣ карда, давом намуд:
— Фардои он рӯз ман ҳамроҳи бобо ба устохонае, ки Сафар ва Ҳотам кор мекардаанд, рафтам. Онҳо маро дида, монанди мурғе, ки шағолро дида бошад, шах шуда монданд. Ман миқдори бунаки аз шумо гирифтаи онҳоро бо хароҷоти роҳ ва ҳаққи бобоёнаам ҳисоб карда ба устокор гуфтам: «Агар инҳо ба шумо даркор бошанд, ҳамин маблағро диҳед ва худашонро ба хизмататон нигоҳ доред». Аммо устокор қабул накард ва «ин нарх ба ман гаронӣ мекунад, шумо инҳоро бурда ба ҷое, ки нону намак хӯрдаанд, супоред» — гуфт. Ҳамин тарз шуда ман он гурезаҳои аҳмақро гирифта овардам.
Хӯҷаин ба меҳмон чой кашида дода, ба гап даромад:
— Боракалло! Шумо хизмати калоне кардед. Ман ин некии шуморо ҳеҷ аз хотир намебарорам. Агар ягон девонабача ба кадом гӯшаи музофоти Бухоро гурехта равад, хар чӣ қадар дурдаст бошад ҳам, ба даст даровардани ӯ мумкин ва осон буд. Чунки ин ҷо мамлакати худамон буда, дар сояи давлати ҷаноби олӣ дар ҳар куҷо гапи мову шуморо мешуниданд. Вақте ки ман шунидам, Сафар ва Ҳотам ба Самарқанд гурехта рафтаанд. умедамро тамом канда будам. Чунки он ҷо хоки Русия буда, кордорони ҳукуматии он ҷо ба гапи мову шумо гӯш намеандохтанд. Бинобар ин ман ин комёбиро маҳз аз ғайрат ва кордонии шумо медонам. Саломат бошед! Меҳмон пиёлаи холишударо ба тарафи хӯҷаин дароз карда:
— Ман, ки риши худро дар ин роҳ сафед кардаам, чӣ кор карданамро медонам ва нонеро, ки аз ин роҳ мехӯрам, ҳалол карда мехӯрам, — гуфт бо оҳанги мағрурона ва баъд аз он ба овози худ як навь оҳанги хоксории сохтаро омехта, давом намуд: — лекин «хурӯс дар ҳама ҷо баробар ҷеғ мезанад» мегӯянд, ки тамоман дуруст аст. Дар Самарқанд ҳам ҳамаи девонабачаҳо дар зери дасти бобо, ҳамаи онҳо бо бунак ба устохонаҳо банд, устокорҳо бе маслиҳати бобо ягон касро ба кор намегиранд ва ҳокимони рус ба ин корҳо ҳеҷ дахл намекунанд. Миршаби шаҳр ба бобои он ҷо «дар рисолаатон (қоидаҳои навишташудаи касабаҳо) чӣ чизе. ки навишта шуда бошад, ба ҳамон амал кунед, мо кор надорем» гуфтааст. Ана, агар дар Самарканд хурӯс баробари хурӯси Бухоро ҷеғ намезад, агар дар он ҷо девонабачаҳо дар зери дасти бобо надаромадагӣ мебуданд, ман гарди пойи инҳоро ҳам аз он ҷо оварда наметавонистам.
— Хуб, чӣ қадар хароҷот шуд? — гуфта пурсид хӯҷаин.
— Хароҷоти рафту омад, хароҷоти роҳи гурезагон, хароҷоте, ки дар сайри Самарқанд кардам ва ҳаққи бобоёнаи бобои пойафзолдӯзони Самарқанд — ҳамагӣ панҷсад танга шуд,
— Зарар надорад, — гуфт хӯҷаин, ман он маблағро ба шумо хизмат карда (дода), аз тарафи худам ҳам сад танга бобоёна медиҳам, ки ҳамагӣ шашсад танга мешавад. Рӯзи шанбе, ки гурезаҳоро ин ҷо овардед, дар пеши худи шумо ин маблағро ду тақсим карда, ба бунаки ҳар кадоми онҳо сесадтангагӣ ҳамроҳ мекунем ва қарзи ҳар кадомаш ҳазору сесадтангагӣ мешавад. Дар он вақт дигар гурехтанро ба ёдашон намеоранд ва то мурданашон кор кунанд ҳам, ин қарзро адо карда наметавонанд.
Ин одаме, ки қади дароз, риши мошу биринҷи паҳн, рӯйи сафед, бинии баланди нӯгхам ва саллаи калони сафеди муллоёна дошт, бобои пойафзолдӯзони Бухоро буд. Бобо «то рӯзи шанбе дар паноҳи худо бошед!» — гӯён аз пеши хӯҷаин хест. Ман ҳам аз ҷоям хеста, ба ӯ ҳамроҳ шуда, аз он ҷо баромадам. Ман мехостам дар роҳ аз ӯ дар бораи «девонабачаҳо» ва дар бораи рисолаи онҳо маълумот гирам. Аммо ӯ ба пурсишҳоям ҷавоби дурусте надод. Вақте ки ман ба ӯ болои ҳам савол додан гирифтам:
— Додар, шумо муллобача, дар оянда муллои калоне мешавед, шумо ҳеҷ гоҳ мӯзадӯз ё кафшдӯз намешавед, ки ин гапҳо ба шумо даркор шаванд, — гӯён аз ҷавобдихӣ қатъиян бозистод.
Аз ин ҳаракати у ман ба фаҳмидани қоидаҳои ҳунарпешагони Бухоро ва сабаби «девонабача» номида шудани онҳо боз ҳам ҳаристар шудам. Чунки «инсон ба коре, ки манъ карда шудааст, ҳаристар мешавад» мегӯянд.
Ман дар зери Тоқи Заргарон аз бобо ҷудо шуда, ба тарафи мадрасаи Бадалбек рафтам ва ӯ ба тарафи ҳавлии худаш равон гашт. Ман ба ҳуҷра даромада хобидам. Аммо фикру мулоҳизаи аҳволи девонабачагон ба хоб бурдан роҳ намедод. «Ин чӣ кор аст, ки ҳамаи ҳунармандони як пеша ба як бобо тобеъ бошанд ва ӯ онҳоро ба куҷое, ки хоҳад, барад ва ба кадом устохонае, ки супорад, ҳақ дошта бошад?»
Баъд аз пешини як рӯзи панҷшанбе усто Муроди кафшдӯзро дар лаби ҳавзи Девонбегӣ дидаму аз самоворчӣ як чойник чой пурсида, дар паҳлуи ӯ нишастам ва ба ҳамин саволҳои худ дар бораи пешаварони Бухоро аз ӯ ҷавоб ёфтам, ки инак дар боби алоҳида гуфтаҳои ӯро хулоса карда менависам.
Ҷамъиятҳои пешаварон дар Бухорои амирӣ
Дар Бухорои амирӣ ҳамаи косибон ва пешаварон ҷамъият доштанд: аҳли ҳар пеша ба ҷамъияте, ки ба пешаи худаш дахлдор аст, дохил ҳисоб меёфт. Аммо барои ба ҷамъият дохил шудан ариза додан ё ҳаққи аъзогӣ додан барин шартҳо набуда, модом ки ӯ (масалан) бофанда аст — аъзои ҷамъияти бофандагон, ё кафшдӯз аст — аъзои ҷамъияти пойафзолдӯзон ба шумор мерафт.
Аҳли ҳар пеша бо талқини рӯҳониён яке аз одамони таърихӣ ё афсонавӣ-диниро ба худ «пир» (роҳбар) қарор додаанд. Чунончи, пири бофандаҳо — Имоми Аъзам 164 аст, пири пойафзолдӯзон — Бобои Порадӯзи бухороист, ки дар замони худ кӯҳнадӯзӣ карда будааст, пири машкобон — Аббос (амаки пайғамбар) аст, ки дар воқеаи Карбало ба гурӯҳи Имом Ҳусайн аз дарёи Фурот бо машк об кашонда будааст, пири оҳангарон — Довуд-пайғамбар аст, ки ӯ дар замони худ гӯё зиреҳсозӣ карда будааст, пири саисон Қанбар аст, ки саиси Алӣ (ёри чоруми пайғамбар) будааст ва монанди инҳо.
Рӯҳониён барои пешаварони ҳар пеша қоидаю қонуне .навишта, номи онро «Рисола» мондаанд. Дар рисола дуоҳое навиштаанд, ки пешавар дар сар кардани кор, дар рафти кор мавридҳои муайян ва дар тамомияти кор бояд он дуоҳоро хонад. Муносибати пешаварон бо бобо (ё оқсаққол), бо устодони худ ва бо соҳибкор низ дар он рисолаҳо таъин карда шудааст, Албатта он муносибатҳо ба нафъи бобо, оқсақол, устод ва соҳибкор ва бар зарари пешавар буданд. Кадом пешаваре, ки яке аз қоидаҳои дар рисола навишта шудагиро вайрон кунад, ба бобо (ё ба оқсақол) маблағе бо номи «беқоидагӣ» медод, ки ин ба ҷойи штраф буд.
Бобо ё оқсаққол як қисми он пулҳои аз «беқоидагӣ» ҷамъшударо харҷ карда, ҳар сол чанд бор (ба миқдори пули ҷамъшуда нигоҳ карда) бо номи «арвоҳи пир» зиёфат медод. Он зиёфат дар шакли динӣ ташкил ёфта, бо хатми Қуръон мегузашт. Хӯрандагони он зиёфат ҳам аввал рӯҳониён, дуюм устокорон (соҳибони корхона), устоҳои калон ва вофурӯшон (касоне, ки маҳсулоти он пешаро харида мефурӯхтанд — савдогарон ва ҷаллобон) буда, вазифаи пешаварони оддӣ дар он зиёфат хизмат кардан буд. Агар чизе аз хӯрандагони калон зиёдатӣ кунад, ба қадри расамааш мехӯрданд, вагарна аз он зиёфат хушклаб мерафтанд.
Шогирди ҳар пеша ҳар чӣ ҳунарманд шуда бошад ҳам, то зиёфате ташкил дода миёнашро набандонад, аз мартабаи шогирдӣ ба мартабаи устоӣ гузашта наметавонист. Дар зиёфати «миёнбандӣ» одатан устои бевоситаи он шогирд бо калоншавандагони он пеша — бобо ва оқсақол ҳозир мешуд ва албатта ду-се нафар рӯҳониҳо ҳам пешгоҳи маҷлиси зиёфати миёнбандиро ишғол мекарданд. Шогирд дар охири зиёфат ба устои бевоситаи худ пешкаши калоне мекашид; рӯҳониён, бобо ва агар шогирд шогирди устохона бошад, устокорро ҳам аз пешкаш холӣ намемонд.
Устокор баъд аз гирифтани пешкаш як рӯймолро ба миёни шогирд баста, ба дасти ӯ аз абзолҳои он пеша ягон чизро (агар дуредгар бошад — теша ё арра, гилкор бошад — андова, сартарош бошад — поку ё қайчӣ ва монанди инҳоро) месупурад ва ба ӯ бо шарти мувофиқи рисола рафтор кардан ба сари худ (мустақилан) кор карданро рухсат ва фотиҳа медод.
Рӯҳониҳо Қуръон хонда, ба арвоҳи пири он пеша мебахшиданд ва бо ҳамин зиёфати «миёнбандӣ» тамом мешуд. Дар ҳар ҷамъияти пешаварӣ як бобо (ё оқсақол) буд, ки корҳои он ҷамъиятро бевосита ӯ идора мекард ва инчунин як пойкор буд, ки ӯ дар вақти даркорӣ аҳли он ҷамъиятро хабар дода, дар як ҷо ҷамъ мекард ё дигар корҳои майда-чуйдаи ҷамъиятро бо фармойиши бобо (ё оқсақол) адо менамуд.
Одатан дар ҳар ҷамъият бобо (ё оқсақол) интихоб мешуд. Лекин дар интихоб (ғайр аз ду ҷамъияте, ки хусусияти онҳо дар поён баён карда хоҳад шуд) фақат устоҳои калон, устокорҳо ва вофурӯшон иштирок мекарданд. Дурусттараш, ин «интихобкунандагон» байни худ машварат ва созиш намуда, як касро бобо (ё оқсақол) таъин мекарданд ва пойкорро бошад, худи бобо (ё оқсақол) таъин мекард. Пешаварони оддӣ хоҳ дар маҷлиси «интихоб» ҳозир шуда бошанд, хоҳ не, вазифаашон кӣ «интихоб шудан»-ро шунидан буд.
Калонтарини ин ҷамъиятҳои пешаварӣ ҷамъиятҳои пойафзолдӯзон, машкобон, саисон ва бофандагон буданд. Аз ин ҷамъиятҳои калон ҷамъиятҳои саисон ва машкобон, бо вуҷуди бо рӯҳи динӣ навиштагӣ будани рисолаҳошон як дараҷа манфиати пешаваронро риоя мекарданд ва интихоботи инҳо ҳам ба шакли умумӣ буд.
Чунончи, оқсаққоли машкобони ҳар ҳавзро оммаи машкобони он ҳавз ба тарзи кушода интихоб мекарданд. Машкобони ҳавзҳои хурд, ки шумораашон кам бошад, дар интихоби оқсақол ба машкобони ягон ҳавзи калонтаре, ки ба худашон наздик бошад, ҳамроҳ мешуданд.
Вазифаи асосии оқсаққоли машкобон мудофиа кардани ҳуқуқи машкобон буд нисбат ба обхӯрон. Масалан, як машкоб бо як соҳибҳавлӣ бо музди муайян созиш мекунад, ки ҳар рӯз як машк ё ду машк об кашонда медиҳад. Агар дар байни соҳибҳавлӣ ва машкоб ҷанҷол барояд, масалан, соҳибҳавлӣ ҳаққи машкобро пурра надиҳад, машкоб дигар ба он ҷо об намекашонд ва ин ҳолро ба оқсақол хабар медод. Дар ин маврид ҳарчанд соҳибҳавлӣ пули зиёд диҳад ҳам, ягон машкоби дигар ба ӯ об кашонда намедод. Агар ягон машкоб ба пул фирефта шуда, ба он гуна ҳавлӣ об кашонад, оқсаққол аз ӯ ба номи беқоидагӣ пул меситонид (штраф мегирифт) ва манъ мекард, ки дигар ба он ҷо об накашонад. Агар он машкоб боз қоидаро вайрон карда дуюмбора ба он ҷо об кашонад, оқсақол ӯро аз ҳуқуқи обкашонӣ маҳрум карда, аз қатори машкобон мебаровард, Хулоса то соҳибҳавлӣ машкоби аввалии худро розӣ накунад, машкоби дигаре ба ӯ об намекашонд. Баъд аз созиш кардани соҳибҳавлӣ бо машкоби аввалиаш, ҳаққи ба он ҳавлӣ обкашонӣ дар мартабаи аввал аз они ҳамон машкоби аввалӣ буд. Агар ӯ ба ихтиёри худ ба он ҷо обкашониро нахоҳад, машкоби дигар ҳақ дошт, ки ба он ҷо об кашонад.
Бо ҳамин тартиб мудофиа кардани ҳуқуқи машкобон дар рисолаи онҳо набуд. Лекин зиндагонӣ онҳоро маҷбур карда буд. ки дар мудофиаи ҳуқуқи худ ин қоидаи нонавиштаро байни худ ҷорӣ кунанд. Вазифаи дигари оқсаққол назорат кардан ба тарзи обкашонӣ буд. Машкобро лозим буд, ки машкро ба замин нагузорад ва дар вақти об пур кардан. ки ба рӯйи зинаи ҳавз гузоштани як тарафи машк лозим меояд, машкоб мебоист аввал ҷойи машкгузориро шӯяд ва баъд аз он як тарафи машкро ба он ҷо ниҳода, об пур кунад. Инчунин дӯлчаи чарминро, ки бо вай ба даҳони машк об мерезанд, ба замин гузоштан манъ буд. Машкоб баъд аз об пур кардани машки худ мебоист дӯлчаро ба мех ё дарахт овехта монад. Агар машкоб яке аз ин қоидаҳоро вайрон кунад, оқсақол аз вай ду танга ба номи «беқоидагӣ» (штраф) меситонид ва маблағи бо ин роҳ ҷамъшударо дар зиёфати «арвоҳи пир» сарф мекард. Зиёфати арвоҳи пири машкобон ҳам бо рӯҳи динӣ мегузашт..
Ҷамъияти гилкорон ва дуредгарон хам як дараҷа ҳуқуқи аъзоёни худро мудофиа мекард;: агар байни як усто ва соҳибкор вайрон шуда, усто бинокориро нотамом партофта равад, устои дигар ҳақ надошт, ки он иморатро тамом кунад.
Баъд аз розӣ кардани соҳибкор устои аввалиро, агар он усто дубора дар он ҷо кор карданро нахоҳад, устои дигар метавонист, ки дар он ҷо кор кунад Аммо «арвоҳи пири» ин ҷамъият ҳам бо рӯҳи динӣ мегузашт.
Демократитарини ҷамъиятҳои пешаварон ҷамъияти саисон буд, ки аробакашҳо ҳам ба ҳамин ҷамъият дохил буданд. Бобои ҷамъияти саисон аз байни куҳансолтарин саисоне интихоб мешуд, ки онҳо феълан дар ҳамон касб машғул буда, дар ҷое кор мекарда бошанд. Инчунин дар интихоби бобо умуми саисҳо фаъолона иштирок мекарданд. Саисон хам рисолаи дар рӯҳи динӣ навиштагӣ доштанд, лекин онҳо мундариҷоти он рисоларо ҳеҷ гоҳ ба амал намеоварданд ва зиёфати «арвоҳи пир» ҳам намедоданд. Шогирдони ин пеша «навча» номида мешуданд, ки баъд аз ҳунари саисиро ба даст даровардан, бе маросими «миёнбандӣ» мустақилан кор кардан мегирифтанд.
Пуле, ки дар ин ҷамъият ҷамъ мешуд, аз роҳи беқоидагӣ ва штрафи аъзоён набуда, бо роҳи ба кор даровардани аъзоҳо буд, Дар ҳар корхона (аспхона) саис даркор шавад, ба бобои саисон муроҷиат мекард. Бобо як саис ё чанд саисе, ки даркор бошад, ба он корхона дода, моҳонаи ӯ ва озуқаи ҳаррӯзаи ӯро муайян мекард. Дар вақти ба кор мондани ҳар саис бобо аз соҳибкор ду танга ва аз саис ду танга мегирифт. Лекин ӯ ин пулро барои худаш ва ё ба ҷойи дигаре сарф намекард, балки хар гоҳ ягон саис бекор монад ва ё бо соҳибкор созиш накарда, корро партофта барояд, ба пеши бобо меомад ва бобо ӯро то ба кори нав ҷойгир кунондан мехӯронд, ки он маблағ дар ҳамин кор сарф мешуд.
Агар байни яке аз он саисон ва соҳибкор вайрон шуда, он саис корро партофта барояд, дигарҳошон ҳам корро партофта, аз он ҷо мебаромаданд ва ҳамаашон ба бобохона омада, хӯрда мехобиданд. То вақте ки соҳиби корхона ба воситаи бобо он саисонро розӣ накунад, саиси дигаре дар он ҷо кор намекард. Агар ягон касе, ки касбаш саисӣ набуда, ҳаваскорона ба он корхона рафта кор кунад, саисони дигар ӯро мурдавор мезаданд ва маҷбур мекарданд, ки дигар дар он ҷо кор накунад (ин тартиб ба аспхонаҳое, монанди аспхонаҳои саркардагон, аҳли дарбор ҷорӣ буд, ки онҳо чанд сар асп дошта, саисҳои касбиро аз бобохона мегирифтанд. Аммо касони хусусӣ, ки як асп доштанд, ягон ҳаваскори саисиро ба кор мегирифтанд ва ба онҳо касе дахл намекард).
Аммо ҷамъиятҳои дигари пешаварон тамоман бар зарари пешаварони оддӣ ташкил ёфта буданд. Хусусан бофандагон ва пойафзолдӯзони оддӣ то мурданашон аз чанголи бобо ва устокор раҳоӣ намеёфтанд.
Қоидаи бунак ҳам бештарин дар байни пешаварони ҳамин ду пеша ҷорӣ буд. Чунки бобо ва устокор музди корро ба он дараҷа паст қарор дода буданд, ки маишати пешавари оддӣ бо он музд таъмин намеёфт. Бинобар ин он пешавар маҷбур буд, ки бо номи «бунак» аз устокор қарз кунад. Агар пешавар аз устокор як бор бунак гирад, маблағи бунак дар андак вақт калон шуда мерафт. Чунки музди кори пешавари бо бунак коркунанда аз музди кори пешавари озод камтар мешуд, бинобар ин зуд-зуд ба бунаки нав гирифтан мӯҳтоҷ мешуд ва дар натиҷа бунакаш вазнин шуда, ба дараҷаи адо карданашуданӣ мерасид.
Калимаи «бунак» дар зиндагии пешаварон ба ҷойи «музди пешакии кор» (аванс) кор фармуда мешуд. Аммо калимаи «бунак»-ро махсусан ба маънои «музди пешакии кор» истеъмол кардан барои ин аст, ки ҳамин музди пешакӣ барои устокор буни корро (бехи корро) таъмин мекард. Зеро ҳар устокоре, ки ба коркуни устохонаи худ музди пешакии корро гузаронда тавонад, дар амал кори он пешаварро ба манфиати худ то мурдани ӯ таъмин кардагӣ мешуд. Бинобар ин устокорон, ҳарчанд дар шаҳри ҷудогона зиндагонӣ кунанд ва якдигарро нашиносанд ҳам, коркуни бунакдори якдигарро ба устохонаи худ намегирифтанд ва агар надониста гирифта бошанд, бо маълум шудани бунакдориаш ӯро ба хӯҷаини аввалиаш месупурданд.
Аммо агар устокори дуюм толиб ва устокори якум розӣ бошад, устокори дуюм бунаки пешавари гурезаро бо хароҷоте, ки дар кофта ёфтани ӯ шудааст, ба устокори якум дода, он пешаварро ба ихтиёри худ мегирифт ва табиист, ки дар ин сурат бо замми ҳаққи бобоёна дар табдили устохона бунаки он пешавари гуреза боз зиёдтар ва вазнинтар мегардид.
Баъзан ду устокор бо ризои якдигар, масалан, яке аз онҳо устохонаашро хурд кардан ё бастан хоҳад, ин устокор як пешавар ё якчанд пешаварони бунакдори худро ба он устокори толиб бо гирифтани маблағи бунак аз вай месупурд ва ба сабаби ҳаққи бобоёна, ки бобо дар ин радду бадал мегирифт, бунаки пешавар дар вақти гузаштанаш ба устохонаи дигар вазнинтар мегардид. Хулоса карда гӯем, пешавари бунакдор мисли ҳайвоноти корӣ дар байни ду хӯҷаин хариду фурӯш мешуд ва ҳаққи бобоёна, монанди ҳаққи даллолии бозори ҳайвонот, ба кисаи бобо медаромад.
Ҳамаи ин корҳо дар ҳузури бобо ва бо адо кардани ҳаққи бобоёнаи ӯ ба амал оварда мешуд ва ҳар коре, ки бе ҳузури бобо карда шавад, расмӣ ба шумор на-мерафт. Азбаски бобо ба итоат кунонидани коргари пешавар ба устокор, ба ёфта додани ӯ дар вақти гурехтанаш ва ба рӯёнда додани бунак дар мавриди табдили ҷойи кори он пешавар мутасаддӣ буд, лозим буд, ки ӯ аз ҳар кор хабардор шуда, дар ҳар маврид ҳаққи бобоёна гирифта истад.
Сабаби «девонабача» номида шудани пешавароне, ки дар як устохона бо сӯмикор (бо музд) кор мекарданд, ин буд, ки онҳо аз шиддати тазйиқ ва ба сабаби бераҳмона истисмор шудан, ба бемории асаб гирифтор шуда буданд. Бинобар ин пешаварони бебунак коркунанда дар як устохона аз як ҳафта зиёд кор намекарданд ва ба муқобили истисмори устокор бо нафрат ҷавоб дода, кори ӯро партофта мерафтанду ба устохонаи дигар медаромаданд.
Пешаварони бунакдор ҳам, бо вуҷуди ин ки медонистанд охир ба даст афтода борашон вазнинтар хоҳад шуд, ба шиканҷаи истисмори бераҳмона тоб наоварда мегурехтанд ва чанд рӯз дар гурезагӣ озодона гаштанро ғанимат мешумурданд.
Бинобар ин устокорон, бобоён, вофурӯшон ва умуман касоне, ки аз он пешаҳо бе меҳнат фоида мебурданд, онҳоро бо таҳқир «девонабача» номида буданд. Рафта-рафта худи онҳо ҳам ин номро қабул карда, дар вақтҳои бо устокор ҷанҷол кардан, кори устохонаеро партофта баромадан ва дар мавриди гурехтан «мо девонабача мебошем, мо ҳар коре, ки хоҳем, мекунем, хоҳ аз кор ба мо зарар расад, хоҳ фоида, то даррад — даррад, то дорад — дорад, бало ба паси дунё, ҳамин дам ғанимат аст!» мегуфтанд.
* * *
Ман то тирамоҳ ба кори рӯзе яксоатаи хӯҷаини чарчинфурӯш давом кар-дам. Чун ба мадраса касоне, ки ба ман ошпазӣ ё ҷомашӯйӣ мефармуданд, омадан гирифтанд, ман он корро тарк кардам. Хӯҷаин аввал забонбозӣ карда, бисёр зӯр зад, ки маро дар кори яксоатаи худ давом кунонад, чун ман қабул накардам, пешонаашро турш карда:
— Хуб, равед, беҳбудии коратонро бинед! Инро дониста монед, ки касе аз хонаи касе намак хӯрда, бе ризои он соҳиби хона равад, намак кӯр мекунад, -гуфт.
— Кӯр шудан барои ман беҳтар аз он аст, ки ҳар рӯз рӯйи шумо ва устохонаи шуморо бинам! — гуфтам ман ҳам пешонаи худро турш карда.
Баъд аз он воқеа ҳар гоҳ, ки ман аз раста аз пеши дӯкони ӯ мегузаштам, худро ба нодонӣ зада, рӯяшро мегардонду ба коре машғул мешуд, яъне дар миёнаи мо салому алеки оддӣ ҳам барҳам хӯрда буд.
Таҳсил сар шуд ва дар дарсхонаи мо — дар пеши домулло Икром Абдухалил-махдум ном писари бародари аз худ калони Шарифҷон-махдум ба мо шарик шуд. Азбаски Абдухалил- махдум қозизода ва набераи қозикалон буд, Ҳомид—хоҷа қоригии ҷамоаро ба ӯ супурд. Абдухалил-махдум як ҷавони сурхчарӯй, чашму абруяш сиёҳ, миёнақомати қоқбадан ва дар сол баробари ман буд. Азбаски пештар падари ӯ дар районҳои дур қозӣ буда, ӯ ҳам дар пеши падараш буд, ман дар вақтҳои дар хонаи Шарифҷон-махдум буданам ӯро надида будам. Абдухалил саводи тоҷикии хуб ва хати зебое дошт, адабиётро хуб мефаҳмид ва дӯст медошт. Ӯ бо вуҷуди калонзода буданаш бисёр хоксор буд ва ба муллобачаҳои оддии пойлуч ҳам ҳурматкорона муомила мекард.
Абдухалил-махдум баъди дар ҷамоаи мо қорӣ шуданаш маро ба дарстайёркунӣ таклиф кард. Ман ҳам қабул кардам. Дарстайёркунии ман бо ӯ, монанди дарс тайёр карданам бо Ғафурҷон-махдум, иборатёддиҳии хушк набуда, бо муколамаи ҳақиқӣ, бо гуфтугузори тарафайн маънии дарсро фаҳмида гирифтан буд.
Ҳавлии Абдухалил-махдум дар гузари Ғозиён, дар паси мадрасаи Мулло Муҳаммадшариф ва ҳаммоми Ғозиён буд. Ӯ падар ва ду додар дошт, ки онҳо дар он ҳавлӣ зиндагонӣ мекарданд, худаш хонадор буда, шабҳои таътил дар ҳавлӣ ва шабҳои таҳсил дар ҳуҷра буд. Ҳуҷраи ӯ бар болои дарвозаи мадрасаи Ғозиён буд, ки даричааш ба тарафи ҳавзи Ғозиён кушода мешуд ва дар шароити Бухорои онрӯза он ҳуҷра ҳуҷраи хушҳаво ба шумор мерафт.
Ман ҳар пагоҳ он ҷо мерафтам, бо ӯ дарс тайёр карда, ҳамроҳ ба дарсхона мерафтем. Ӯ дар дарсҳои домуллои кунҷакӣ ҳам бо ман шарик шуда, ба Мулло Абдусалом шогирд шуд.
Абдухалил бар хилофи амакҳояш — Шарифҷон-махдум ва Ғафурҷон-махдум хеле боҳиммат буд. Ӯ бо хӯрок, бо пӯшок ба ман хуб ёрмандӣ мекард. Дар ҳуҷраи ӯ қариб ҳамаи девонҳои шоирони машҳури гузашта ва баёзҳои гуногуни ашъори шоирони замонҳои охир ёфт мешуданд, ки ман аз онҳо бемалол фоида мебурдам.
Афсӯс, ки он ҷавон бемории сил дошт. Ҳарчанд он вақтҳо ин беморӣ дар вай он қадар зоҳир нашуда ва ба қуввати баданаш зарар нарасонда бошад’ ҳам, аз кӯтоҳ-кӯтоҳ сурфа карданаш таҷрибакорон пай мебурданд, ки дар табиати ӯ он беморӣ ҳаст.
Тахаллусинтихобкунӣ
Ман бояд дар ин ҷо дар бораи тахаллусҳои адабии худ якчанд калима нависам: дар солҳои аввале, ки ман дар шаҳри Бухоро будам, мардум (бо истиснои баъзе касон), хусусан муллоҳо, ба ман бо назари бисёр паст менигаристанд ва бо оҳанги таҳқиромез маро «саҳроӣ» меномиданд. Ман ба ҳамин муносибат барои худ калимаи «сифлӣ»-ро, ки «паст» гуфтан аст, тахаллус қарор додам. Аммо сонитар ин тахаллус ба худам маъқул нанамуд. «Мардум маро паст мешумориданд, ин кори онҳост. Аммо худам чаро худро паст шуморам? Фарқи ман аз дигарон дар ин аст, ки ман қашшоқ ва мӯҳтоҷам, онҳо доро ва аз ҳар чиз мустағнӣ» — гуфта фикр мекардам. Чун дар далелҳои рад карданам калимаи «сифлӣ»-ро ба сифати тахаллус ба «қашшоқӣ» ва «мӯҳтоҷӣ»-и худ иқрор кардам, ба назари худам калимаҳои «мӯҳтоҷ» ва «мӯҳтоҷӣ» барои тахаллусам муносибтар намуданд ва баъд аз он дар шеърҳои худ ба ғунҷоиши вазн нигоҳ карда, гоҳ «Мӯҳтоҷ» ва гоҳо «Мӯҳтоҷӣ» тахаллус гузоштам. Рафта-рафта ин калимаҳо ҳам ба сифати тахаллус ба ман маъқул нашуданд ва дар дили худ: «дуруст аст, ки ман мӯҳтоҷам. Аммо чаро ба воситаи шеър мӯҳтоҷии худро ба одамон эълон кунам? Ман ҳарчанд мӯҳтоҷ бошам хам, бояд худро ба мардум чунон нишон диҳам, ки ба чизе мӯҳтоҷ нестам» — гуфтам ва ин тахаллусро ҳам рад кардам.
Ман бо таъсири он зиндагонии сахте, ки дар хурдсолӣ ба сарам афтода буд, асабӣ шуда будам ва аз зиндагӣ бисёр дилтанг мешудам; баъзан дар шабҳои танҳоӣ баъзе шеърҳои марсиямонанди шоирони гузаштаро хонда, барои холӣ кардани дили худ мегиристам. Мардум ба ин хусусияти ман пай бурда, «бачаи қобил аст, аммо қадаре девонагӣ дорад» — мегуфтанд. Ман ҳам ба ин фикри мардум тобеъ шуда, барои худ калимаи «Ҷунунӣ»-ро, ки мансуб ба девонагӣ гуфтан аст, тахаллус қарор додам.
Рафта-рафта ин тахаллус ҳам маъқул нашуд: «охир ман девона нестам» гуфтам дар дили худ, «ман ҳар чизро мефаҳмам ва фарқ мекунам, пас чаро худро ба девонагӣ нисбат диҳам? Мардум маро ба девонагӣ мансуб мекардаанд, кардан гиранд, ин ба ман дахл надорад». Баъд аз ин мулоҳизаҳо ба фикри интихоби тахаллуси маъқуле афтодам. Дар он вақтҳо баъзе муллобачаҳо, хусусан муллобачаҳои бухороӣ ва муллозодаҳо, дар ҳаваси шеъргӯйӣ меафтоданд, ҳатто бесаводи алифбоӣ буданашон ҳам ба ин орзуи онҳо монеъ намешуд. Аммо пеш аз он ки шеър машқ кунанд ва байтеро ба майдон бароранд, барои худ тахаллус меҷустанд ва хар кадом калимаеро интихоб намуда, ба худ тахаллус қарор медоданд, ба якдигар бо он тахаллус хитоб карда завқ мебурданд, маънии тахаллуси якдигарашонро мепурсиданд ва бар болои муносиб ё номуносиб будани он калима барои тахаллус мунозира мекарданд ва ҳар кадом ба ақидаи худ тахаллуси худро афзал мешумурданд. Далели якуми афзалияти тахаллуси онҳо камёб, аҷиб ва аз тарафи шоирони замонӣ ё гузашта ба сифати тахаллус гирифтанашуда будани он калима буд.
Бо ҳамаи ин бештарини тахаллуси онҳо ё такрори тахаллусҳои аз ҷониби шоирони дигар гирифташуда буд ё бемаънӣ ва ё бо маънии номуносиб мебаромад. Ҳатто Мирқодир- махдуми байтал хам, ки ба адабиёт ҳеҷ ҳавас надошт, шеърхониро бад медид ва дар сӯҳбате, ки шеърхонӣ сар шавад, даррав баромада мерафт, аз ин ҷараёни умумии тахаллусковӣ берун намонда буд. Ӯ дар ин гуна сӯҳбатҳо мегуфт: — «Агар ман шоир шавам, тахаллуси худро «Гамбуск» қарор медиҳам. Чунки ин калима ба сифати тахаллус аз тарафи ҳеҷ шоир қабул карда нашудааст».
Аз ин мунозираю мубоҳисаҳо ва аз ин тахаллусковиҳои умумӣ ман ба чунин фикр омадам: «Бояд тахаллусе ёбам, ки пурмаънои муносиб ба тахаллус ва дар айни замон аз тарафи шоирон ба сифати тахаллуси адабӣ гирифтанашуда бошад. Ман бо ин мулоҳиза рӯзҳо ва шабҳо китобҳои луғатро варақ задам ва дар охир калимаи «айн»-ро ёфтам, ки аҳли луғат ба вай чилу ҳашт ва ҳатто зиёдтар аз ин маъно додаанд ва дар қатори маъниҳои машҳури ин калима чашм, чашма, чарми гулӯлагузории камонғӯлакро шумурдаанд, ки он калимаро бо ҳар кадоми ин маъниҳо барои тахаллус гирифта, худро ба вай нисбат додан мумкин аст.
Акнун дар пеши ман ҳамин савол омада буд, ки ин калима ба сифати тахаллус аз тарафи шоирони дигар гирифта шуда бошад ё не? Ман барои ба ин саволи худ ҷавоб ёфтан, аз китобхонаи Абдухалил-махдум тазкираҳои «Оташкада» 165 ва «Давлатшоҳӣ»-ро 166 гирифта, феҳрасти номҳои шоирони дар он китобҳо дарҷшударо аз назар гузаронидам. Аммо дар он феҳрастҳо ин калимаро ба сифати тахаллус надидам. Бо вуҷуди ин барои эҳтиёт аз ягон одами пурдон пурсидани ин масъаларо лозим донистам.
Дар ҳамон вақт рӯзе ба Мулло Холии ӯротеппагӣ, ки зикраш дар боло гузашт 167, вохӯрдам. Ӯ бо ҳамаи пастии шеъраш ба таърих ва тарҷимаи ҳоли шоирон ва олимони гузашта хеле воқиф буд.
Аз ӯ ба сифати тахаллус аз тарафи касе гирифташуда ё нашуда будани ин калимаро пурсидам. Ӯ дар ҷавоб гуфт:
— Ман ин калимаро ба сифати тахаллуси ягон шоир надидаам ва танҳо дар Миср як олим гузаштааст, ки Саҳеҳи Бухориро 168 шарҳ кардааст ва лақаби илмии он одам «Айнӣ» мебошад. Чун дар бораи аз тарафи шоирони маълум ба сифати тахаллус гирифта нашудани ин калима қаноат ҳосил кардам, худро ба калимаи «айн» ба маънои чашм, чашма ва ё ба маънои ҷойи тиргузории камонғӯлак нисбат дода, тахаллуси худро «Айнӣ» қарор додам.
Вақте ки шоирии ман ва тахаллусам ба ҷавонони шоиртароши он замон маълум шуд, онҳо бе он ки аз ман шеър пурсанд ва маънии вайро ҷустуҷӯ кунанд, маънии тахаллусамро мепурсиданд ва ман дар ҷавоб:
— Ин калима 48 маънӣ дорад. Худатон китобҳои луғатро мутолаа карда, маъниҳои ин калимаро омӯзед ва ман ба шарҳ додан вақт надорам, — мегуфтам.
Ин ҷавоби ман нисбат ба он пурсандагон як ҷавоби ҳайратовар буд ва бо тақозои ҷавонӣ худам аз ин ҷавоби худ завқ мебурдам.
Дар ин ҷо ҳаминро қайд карда гузаштанам зарур аст, ки ягон шеъри маро ба тахаллусҳои Сифлӣ, Мӯҳтоҷӣ, Мӯҳтоҷ ва Ҷунунӣ касе надидааст ва ягон ғазали бо он тахаллусҳо навишташудаамро ҳоло худам ҳам дар ёд надорам ва нусхаҳои он шеърҳо бошанд, чунонки дар боло қайд кардам, баъд аз понздаҳ рӯз ё як моҳи ба дунё омаданашон бо танқиди худам ва аз тарафи худам нест карда шудаанд. Ҳатто шоирон ва шоиртарошон барои ман як вақтҳо тахаллус шудани он калимаҳоро нашунида буданд.
Чун дӯстии ман бо Ҳайрат, ки зикраш дар поён меояд, наздик шуд, ман аввалин бор ба ӯ воқеаи тахаллус интихобкунии худро ҳикоя карда, дар он зимн он калимаҳои ба сифати тахаллусам мурда рафтагиро ном бурда будам ва аз он калимаҳо ба сифати тахаллуси ман «Ҷунунӣ» дар хотири ӯ монда будааст, ки дар як қасидаи восӯхтмазмуни худ ёд мекунад.
Ҳайрат дар бемории охири умраш, ки аз ҳаёт умедашро канда буд, як қасида навиштааст ва дар он қасида ба муносибате маро ном бурдан хостааст ва ба тарзе ном бурдан хостааст, ки ба шунавандагони он байт ман маълум нашавам. Бинобар ин маро бо тахаллуси гумшударафтагиам ёд кардааст. Се байти он қасида, ки ба ин матлаб дахл дорад, ба тарзи зерин аст:
… Муддати кин ин қадар муддат намекардӣ кашол,
Гар на аз мо дилкашолон дилкашолӣ доштӣ!
Чун нагирям хун ба ҳоли талхкомон, пеш аз ин
Тарзи шаккархандию ширинмақолӣ доштӣ,
Бо Ҷунунӣ мекушодӣ гоҳ тӯмори итоб,
Гаҳ хитоби ҳарфи ширин бо Камолӣ* доштӣ.
____________
* Камолӣ — тахаллуси як шоирчаи ҳаваскори он замон буд, ки бо мо дӯстӣ дошт.
Хари кирокаш ва беморӣ
Ман дар аввалин соли ба мадрасаи Бадалбек омаданам, дар охирҳои тобистон чандрӯза ба Ғиждувон рафта омада будам (ин воқеаро барои он дар ҷойи худаш ёд накарда будам, ки ба ин ҷойи ёддоштҳоям дахл дошт). Нақшаи сафари худро ба тарзи зерин қарор дода будам: аз Бухоро рӯзи бозори Вобканд хар киро карда, ба Вобканд меравам ва аз он ҷо бо аробаи боркашонони Ғиждувон ба Ғиждувон рафта ва аз он ҷо ба деҳаи худ — Соктаре мегузарам.
Ман мувофиқи ин плани худ як рӯзи якшанбе пагоҳонӣ ба дарвозаи Имоми шаҳри Бухоро, ки кирокашони байни Бухоро — Вобканд дар он ҷо меистоданд, баромадам. Дар он ҷо аз байни харҳои кирокашӣ, ки мастона ҳангоскунон ҳаллос зада истода буданд, як хари сафеди калони тӯқумқолиниеро, ки ба қавли харкорони Бухоро «бузи биничок» буд, маъқул кардам. Ин хар дақиқае ором намеистод, нафас нагузаронида ҳангос мезад, ар-ар мекард, ба ҳар тараф лагад ҳаво медод ва ба қавли Нозими Ҳиравӣ 169:
…Ба шӯхиҳои алвон даст мезад,
Ба ин дандон, ба он арраст мезад.
Гаҳе бо шер месанҷид худро,
Гаҳе чун аждаҳо медид худро…
Ман ин харро беҳтарини харҳо ва давандатарини онҳо гумон карда, ба як тангаю ҳашт пул то Вобканд киро кардам. Ва ҳол он ки кирои харҳои дигар аз шаҳр то Вобканд як танга буд. Ман ҳашт пулро барои он барзиёд харҷ кардам, ки ба Вобканд зудтар расиданам ва аз он ҷо ягон аробакаши ғиждувониро ёфта, Ғиждувон рафтанам даркор буд.
Одати харкорони Бухоро ин буд, ки дар ду манзиле, ки байни онҳо кирокашӣ кунанд, ҳамаашон ду тақсим шуда, ҳар қисме дар яке аз он манзилҳо меистоданд. Ҳар равандае, ки ба яке аз он манзилҳо омада, хари кироӣ талаб кунад, харкорони дар он ҷо будагӣ хоҳ хари худашон рост ояд, хоҳ хари рафиқони дар манзили дигар будаашон, созиш карда дода, пули кироро нақд мегирифтанд ва раванда он харро ба ихтиёри худ то манзили кирокардааш савор шуда мерафт ва дар он ҷо харкорони дигар он харро аз раванда қабул карда мегирифтанд.
Ман он хари ҷавмастро савор шуда, ба роҳ даромадам. Кирокаш ба ҷойи халачӯб ба дасти ман як химча дода, аз ҷойи истодагиаш «ҳай, ҳаромгӯшт, ҳушёр бош!» — гӯён халачӯбашро ба замин сахт зад. Харе, ки бо савор шудани ман ҳаллосзанон хез мезад, бо шунидани овози кирокаш ва садои чӯб монанди паррандаи тезпар ба парвоз даромад. Вай бо ҳамон парвоз аз бозори асп, Галаҷӯй гузашта, ҳеҷ пешпое нахӯрда ва суст нашуда то дуроҳаи Ситорамаҳхоса ва Галаосиё расид ва дар он ҷо, гӯё ки аз замин аз байни тапурхок чизеро меҷуста бошад, якбора аз давиш истода, тумшуқашро ба хоки роҳ халонда, хокро ба ҳар тараф пош дода бӯйидан гирифт. Ман дақиқае сабр кардам, то ки хар лаззати одатиашро аз хоки роҳ барад, дар он вақт ба роҳ андохтани вай осон мешавад. Аммо вай аз хокпошӣ ва бӯйидани он ҳеҷ сер нашуд. Ман дидам, ки вай фикри ба роҳ даромадан надорад, бо химча ба гарданаш задан гирифтам. Аммо хар ба он зарбаҳои ман ҳеҷ парво накарда, кори худро давом додан гирифт. Гӯё ки ба хоҳиши ман бо инодкории харона ҷавоб медода бошад, бо поҳои пасу пешаш хоки роҳро ба ҳар тараф ба пош додан даромад. Дидам, ки вай бо мулоимат роҳ намеравад, бо химчаи худ ба миёнаи ду гӯшаш кашидаву кушода задам.
Хар бо хӯрдани ин зарба бе он ки тумшуқашро аз замин бардорад, дар ҷойи истодагиаш паррик барин як чарх зада, худро ба замин бо як паҳлуяш чунон бо тезӣ партофт, ки ман аз болои вай монанди себе, ки дар рӯзи шамоли сахт аз дарахт канда шавад, ба канори роҳ парида афтодам. Хар баъд аз ду-се бор дар хоки тапур ғел зада, ҳама ҷоро хоктӯфон кардан, поҳояшро дароз карда ба ҳузур хобид. Ман баъд аз қадаре нафасамро рост гирифтан аз ҷо хестам, либосҳои хоколудшудаамро афшонда, химчаро ба даст гирифта, ба сари хар омадам. Аммо ҳарчанд «хих-хих» мегуфтам ва бо химча мезадам, хар парво намекард ва дар сари ҳар чанд гоҳ аз ин паҳлу ба он паҳлу ғелида, бо поҳо ва тумшуқаш хокбозӣ мекард.
Охир аз думи хар дошта, бо тамоми қувватам боло бардоштам, вай тамбалона нолише карда ба зӯр аз ҷо хесту баданашро як афшонда, ба қадре ки метавонист, хокҳои гӯшу ёлашро аз худ дур кард. Ман хокҳои ба тӯқум нишастаро бо химча зада камтар кардам ва тӯқуми яктарафшударо рост карда, айилро аз сари нав кашида, савор шудаму сари харро ба роҳи Галаосиё рост кардам, ки ба Вобканд аз ҳамон роҳ рафта мешуд.
Хар роҳ рафтан намехост, бо задани пай дар пай ва «хих-хих»-и бисёр ба зӯр аз ҷо меҷунбид ва қадамашро гӯё шумурда мепартофта бошад, чида-чида пой мемонд. Бо ҳамаи ин сустгардӣ дар ҳар сари чанд қадам пешпо мехӯрд. Мақсадаш аз ин пешпохӯриҳои қасдӣ маълум буд: вай маро аз пушти худ дур кардан мехост, Аммо ман, ки харсавори бад набудам ва дар харсаворӣ дасти худро шикаста, хеле таҷриба ҳосил карда будам, гӯё ки маро ба болои тӯқум елим карда монда бошанд, дар он пешпохӯриҳои фиребгаронаи хар аз ҷо намеҷунбидам. Лекин хар барои дур кардани ман аз пушт ба он пешпохӯриҳо қаноат намекард ва дар ҳар ҷо, ки тапурхоки хушкро дид, якбора худро ба як паҳлу партофта, ба хок меғелиду ман ҳам мисли аввала аз болои вай парида мерафтам ва дар хезондани вай боз ҳамон ташвиши аввалиро мекашидам. Бо ҳамин ҳол дар муддати чор соат ба Ялангӣ ном мавзеъ расидам. Ва ҳол он ки байни шаҳри Бухоро ва Ялангӣ ба харҳои миёнагашт дусоата роҳ буд.
Дар он гуна роҳравӣ дар он масофаи 16-километрӣ албатта хар монда на-шуда буд. Бо вуҷуди он, гӯё ки вай роҳи дуреро дартоз тай карда бошад, дар он манзил барои дам гирифтан дар пеши як самоворхона омада истоду дигар аз чояш наҷунбид. Ман, ки дар ҳавои гарм дар роҳ чор соатро бо ташвиши харкӯбӣ ва думбардорӣ гузаронида будам, дар худ мондагии аз ҳад зиёд ҳис мекардам. Бинобар ин дар он ҷо харро ба ҳоли худаш гузошта, ба самоворхона даромада, як чойник чой гирифта, ба нӯшидан сар кардам ва дар вақти чойнӯшӣ воқеаи харсавории онрӯзаамро бо чанд байт тасвир намудам. Аз ҳамон байтҳо якчанд мисраъ то имрӯз дар ёдам мондааст, ки ба тарзи намунаи шеърҳои онвақтаам дар ин ҷо қайд мекунам:
…Наҷунбида аз ҷой дам мегирифт,
Чунин дам ба ҳар як қадам мегирифт…
Тапурхок хар ҷо бувад бештар,
Ба хобидан оғоз мекард хар.
Ба хезонданаш мегирифтам зи дум,
Ҳамегуфтамаш: «Ҳайя қум, ҳайя қум!»* .
Баъд аз дамгирии Ялангӣ боз ду соати дигар харбардорӣ карда, ба сари бозори Сари Пули Меҳтарқосим расидам, ки он пул ба болои Зарафшон кашида шуда буд. Аммо хар аз он манзил гузаштан нахост. Ҳарчанд ман вайро бо химча мезадам, вай он зарбаҳоро монанди хору моли баданаш ҳисоб карда, сари худро хеле хам намуда осуда меистод.
— Магар ин хари кирокашон аст? — гӯён одами миёнсоле, ки дар самоворхонаи он ҷо чой нӯшида нишаста буд, аз ман пурсид.
Ман бо сарҷунбонӣ ба пурсиши ӯ ҷавоби тасдиқ додам, чунки аз дилтангӣ ба гап задан ҳавсалаам намонда буд.
— Хари кирокаш бо он химча роҳ намеравад, — гуфт он одам ва илова намуд: — сабр кунед, ман вайро «мулло» карда медиҳам, — гӯён аз ҷояш хеста, аз сари бозор баромада рафт ва баъд аз ду дақиқа як навдаи тари дарахти тутро бурида овард, ки дарозиаш як метр ва ғафсиаш баробари дастаи дасттеша меомад. Ӯ як арғамчин оварда, харро ба сутуни дӯкони самоворхона устувор баст ва ба кафи дасташ туф гуфта, он чӯбро ба даст гирифта, харро навбат ба навбат ба сағрӣ ва гарданаш бо он чӯб задан гирифт.
Хар, чунонки дар кирокашхонаи пеши дарвозаи Имом буд, ҳаллос ва аррос мезад. Аммо он одам «акнун нимча мулло шудӣ. Туро то муллои калон шуданат задан даркор аст» — гӯён аз задан бознамеистод. Охир ба «муллои калон» шудани хар магар қаноат ҳосил намуд, ки заданро бас кард ва бо яккакордаш нӯги он чӯбро монанди нӯги гулмехи оҳанӣ тез карда ба ман дода:
— Акнун савор шуда ба роҳ дароед, — гуфт он кас, — дигар ба задан эҳтиёҷ намеафтад. Сояи ҳамин чӯб барои аз ёд набаровардани сабақи ҳозир гирифтааш басанда аст. Агар раги харигариаш ҷунбида, дар роҳ рафтан боз шона-шона* кунад, бо нӯги тези ҳамин чӯб сари шонаашро як хорида монед, бо ҳамин хобаш парида, ҳушёр мешавад.
_____________
* Ҳайя қум — як ҷумлаи арабист, ки маъниаш «биё, хез!» мебошад. Ман ин ҷумларо аз арабҳое, ки хар сол ба Бухоро барои садакағундорӣ меомаданд, ёд гирифта будам.
* Шона-шона кардан — таъбирест, ки аз ҳаракати харони фиребгар гирифта шудааст. Ҳар гоҳ ба пушти хари фиребгар бор бор кунанд, шонаҳояшро ба хар тараф ҷунбонда борро аз пушти худ ғалтондан мехоҳад. Агар ронандаи хар бехабар монад, меғалтонад. Ин таъбирро тоҷикон маҷозан дар ҳаққи касе кор мефармоянд, ки бо баҳонаю фиреб ягон корро кардан намехоҳад ё таклиферо кабул намекунад. Ҳамсӯҳбати бесаводи ман бошад, ин таъбирро маҷоз дар маҷоз карда, боз дар ҳаққи хар кор фармуда буд.
Ман ба роҳ даромадам. Хар, чунонки дар пеши дарвозаи Имом дар аввали савор шуданам карда буд, ба парвоз даромад. Аммо ин дафъа парвози худро то Вобканд, ки панҷ километр роҳ аст, ҳеҷ суст накард, ҳатто ба «хоридани сари шонааш» ҳам эҳтиёҷ наафтод. Вақте ки ба кирокашхонаи Вобканд наздик расидам, хар рафтори худро боз ҳам тезтар кард.
Дар кирокашхона яке аз харкорон дар миёнаҷойи роҳ истода маро пешвоз гирифт. Ман дар пеши ӯ аз хар фуромада, нӯхтабандашро ба дасти он харкор додам. Ӯ сар то пойи пурарақи харро аз назар гузаронида:
— Кори харро кардаед-ку, мулло! — гуфт.
— Ман харро то сари пул бардошта омадам, вай маро ниҳоят аз он ҷо то ин ҷо бардошта овард. Ҳоло дар вай ҳаққи ман бисёр аст, — гуфтам ман дар ҷавоб.
— «Кӯза ҳар бор аз об дуруст намебарояд!» — гуфт харкори дигар ба ӯ. Зудтар хунук кун, ки ба кирои гашти бозор тайёр шавад.
Ман пагоҳонӣ аз шаҳр баромада, то соати нӯҳ ба Вобканд расиданро тахмин карда будам. Аммо соати ду ба бозори Вобканд даромадам, ки аробакашони Ғиждувон ҳамагӣ рафтаанд. Аҳволамро ҳам бад ҳис мекардам. Аммо дар Вобканд ҷое ва шиносе надоштам, ки дар он ҷо монам. Беқувватии бемории вабо аз сари нав дар баданам пайдо шуд. Ман он ҳолро аз гушнагӣ дониста, нону ангур гирифта хӯрдам. Аммо ба баданам қувват бознагашт. Бо вуҷуди ин ғайр аз пиёда ба роҳи Ғиждувон даромадан чораи дигаре надоштам ва кафшро ба даст гирифта, ба тарафи Ғиждувон раҳсипор гаштам.
Ба Қаторгуҷум ном мавзее расида будам, ки сар то поям, гӯё ки дар зимистон бо оби яхбурча шуста шуда бошад, ба ларзиши сахт даромада ва дандонҳоям ба ҳам хӯрда шақарросзанон садо мебароварданд: маро вараҷаи сахт гирифта буд. Дар ҷое ба хобидан имкон надоштам. Чунки агар хобида мемондам, он рӯз ба Ғиждувон расида наметавонистам. Ночор роҳи худро давом додам. Вақте ки ба деҳаи Регзор расидам, дигар қувваи пой мондан дар ман намонд. Акнун баданам монанди он ки дар танӯри пуроташам андохта бошанд, месӯхт, забонам карахш баста аз даҳонам баромад. Ночор дар он деҳа дар пойи девори як работи баланде, ки сояи борике дар он ҷо буд, худро партофтам. Аз чашмонам гӯё аланга мебаромад.
Дар ҳамин вақт аз дарвозаи работ як ҷавоне баромад, ки нав мӯйлаб сабз карда буд. Қади ин ҷавон пасттар, баданаш пургӯшт ва рӯяш гандумгуни ба сабзӣ моил менамуд. Он ҷавон як дақиқа ба болои сари ман нигоҳ карда истоду баъд бозгашта ба дарвозаи работ даромада рафт. Баъд аз ягон дақиқа боз ду ҷавони дигар аз дарвозаи работ баромада рост ба болои сари ман омаданд. Яке аз ин ҷавонҳо, ки қадаш баробари ман менамуд, рӯяш гандумгун, чашмонаш монанди чашми арабҳо калон ва сиёҳ, абрувонаш сермӯй буда, дар танаш либосҳои озода дошт.
Дигаре аз ин ҷавонҳо нисбат ба рафиқаш қадпасттар, ранги рӯяш сиёҳчатоб, баданаш лоғар, чашмонаш андӯҳгин буда, дар танаш либосҳои фақирона дошт. Лекин ҳеҷ кадоми инҳо ба одамони саҳро монанд набуданд ва аз лаҳҷаю қиёфаташон шаҳрӣ буданашон маълум шуда меистод. Он ҷавони лоғар гап сар карда, ба ман гуфт:
— Ҷӯра, ту аз куҷо мебошӣ?
Ман бо сари худ тарафи Ғиждувонро ишора кардам.
— Аз куҷо меойӣ? — боз пурсид он ҷавон.
Ман бо сари худ тарафи шаҳрро нишон додам.
— Чаро гап намезанӣ?
Ман дар ҷавоб забони карахшбастаи худро аз лабони хушкида варамкардаам бароварда нишон додам.
Он ҷавон дартоз ба работ даромада рафту бозгашта дар ҳолате ки дар дасташ косаи об буд, омада, косаро ба пеши ман дошт.
Ман сарамро аз замин бардошта, ба даҳонам ду-се бор об гирифта, ғарғара карда партофтам ва баъд аз он бақияи обро нӯшида, косаро ба дасти ӯ дода, боз сари худро ба замин партофтам. Ҳарчанд ҳанӯз ҳам тамоми баданам месӯхт, лекин бо таъсири оби сард, ки шояд аз чоҳ кашида оварда бошад, хеле қувват ба баданам бозгашт.
Ин ҷавон маро таклиф кард, ки ба работ даромада, дар сарҳавз, дар сояи дарахтон бихобам.
Қабул накардам ва ба роҳи дур рафта истоданамро сабаб нишон додам.
Ӯ таклифи худро ба оҳанги ҷиддӣ такрор кард:
— Агар бо ин ҳол ба роҳ даройӣ, худро талаф мекунӣ! — гуфт.
Ман боз ҳамон сабаби аввалиро нишон дода, таклифи ӯро рад кардам.
Ин ҷавони лоғар ба он ҷавони чашмкалони хушлибос фармуд, ки ба болои сари ман истад, то ки ман хеста наравам ва худ коса ба даст боз ба работ даромада, баъд аз дақиқае боз аз работ баромада омад. Аммо пеш-пеши ӯ як пирамард, ки хамии қоматаш аз ҳафтод гузашта будани синнашро нишон медод, меомад. Қади ин куҳансол монанди қади ҷавони нав мӯйлаб сабзкарда паст, ришаш ками кӯсанамо, рӯяш сиёҳҷурдаи доғи кунҷидакнок буда, бо вуҷуди хамии қоматаш, аз сафедӣ бисёр будани сиёҳии ришаш сиёҳпир будани ӯро нишон медод. Ҳарчанд ҳаво хеле гарм бошад ҳам, ин пирамард ҷомаи серпахтаи сатин пӯшида, миёнашро аз рӯй бо фӯтаи сафеде чандин бор печонда баста буд ва бар сараш ҳам саллаи сафед печонда, фашашро монанди муллоён ба печи саллааш халонда монда буд.
Ин пирамард ба болои сари ман омада, навозишкорона маро таклиф кард, ки ба работ даромада дар сарҳавз бихобам, агар беҳтар шавам, ба роҳам меравам ва агар беморӣ давом кунад, дар он ҷо то сиҳат ёфтан мехобам.
— Маро монанди падарат ва ин работро ба ҷойи хонаи худат дон, — гуфт он пири хамидақомат. Рости сухан он аст, ки дили ман ба он ҷавонони ношинос пур нашуда, ба работ даромаданро қабул накарда будам. Чун дидам, ки як пирамарди пуршафқат идоракунандаи он работ будааст, таклифи ӯро қабул карда, аз ҷо хестам. Аммо қуввати поймонӣ надоштам. Дарҳол ҷавони лоғарбадан ба паҳлуи ман даромада, дар роҳ рафтан ба ман ёрӣ дод, ман ба работ даромадам.