Ғайбатхона
Калонони гузари Лаби Ҳавзи Арбоб мадрасачаи он ҷоро «ғайбатхона» меномиданд, бинобар ин фарзандони худро ба омадурафт кардан ба он ҷо роҳ наме- доданд. Аз бойбачагони он гузар ба он ҷо гоҳо Ғуломҷон меомад, ки вай ҳам аз падари сахтгир ва амаки сахт диндораш ин ҷо омаданашро пинҳон мекард.
Фарзандони дигари калоншавандагони он гузар, ки падарҳошон онҳоро аз рафтуойи ин «ғайбатхона» манъ карда буданд, дар шабҳои дарози зимистон аз дилтангӣ дар самоворхонаи гузар ғун мешуданд. Самоворхонаи гузар набуд ва қобили нишастан ҳам набуд, балки як хонаи сиёҳи дудолуди ифлос буд, ки вазифаи соҳиби он танҳо обиҷӯшфурӯшӣ буд, на чойи тайёр. Ин самоворхона аз раҳрави тангу торики ҳавлии соҳибаш як дари даромад дошт, ки дари даромади он раҳрав ҳам ба як паскӯчаи танги торики болояш пӯшида кушода мешуд. Ғайр аз ин, самоворхона аз тарафи лаби рӯд, ки вай ҳам як пиёдагарди камравуой буд, як даричаи пастаки танг дошт, ки обиҷӯшхарандагон чойникҳошонро аз ҳамон дарича дода обиҷӯш гирифта мебурданд. Ба ҳамин тариқа, ин самоворхона барои кардани ҳар гуна корҳои махфӣ қобил буд ва соҳиби самоворхона кӯкнорӣ буда, аввалин кори ӯ ҷавононро кӯкнорнӯшӣ одат кунондан буд; кори дигараш ин буд, ки дар дӯконаш ғуншудагонро ба қиморбозӣ ва қартабозӣ ташвиқ карда, дар вақти бозии онҳо худ чӯтал мегирифт.
Хулоса, калонон ва диндорони гузар фарзандонашонро аз рафтуомад ба ин «ғайбатхона» манъ карда, бешуурона бо дасти худ «нури дидаҳо»-шонро ба лойдони қиморбозӣ, қартабозӣ ва кӯкнорнӯшӣ тела медоданд.
«Ғайбатхона» ном ниҳода шудани мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб як дараҷа дуруст ҳам буд, зеро бошандагон ва ояндагони он ҷо дар қатори машғулиятҳое, ки дар боло қайд карда шуд (байтбаракбозӣ, ҳа-бозӣ, суруд ва мусиқӣ ва монанди инҳо), як қисми муҳими вақтҳошонро ба «ғайбат» сарф менамуданд. Фақат бештарини «ғайбатҳо»-и онҳо ғайбатҳои шахсӣ набуда, шикоятҳои иҷтимоӣ буд, чунончи, аз миршаб, аз қозӣ ва раис ва аз амиру аҳли дарбори ӯ ва умуман аз ҳокимони шаҳру саҳро ва аз кирдорҳои бади ба омма зарарноки бойҳо ва эшону муллоҳо шикоят мекарданд.
Дар он вақтҳо дар шаҳри Бухоро Абдураҳимбек ном миршаб буд, ки ба қавли одамони солхӯрдаи шаҳри Бухоро аз ӯ бадтар миршабро надида буд, балки ӯ бадтарини миршабҳо буд. Умуман маъмурони амир (қозиҳо, раисҳо, ҳокимҳо ва дигарҳо) аз хазина моҳона намегирифтанд ва бо ягон роҳе, ки аз замони пеш одат шуда омадааст, маишати худро таъмин карда, ба амир ҳам пешкаш мекарданд. Дуруст аст, ки он маъмурон ҳам бисёр пора ва ришва мехӯрданд ва бар сари аҳолӣ ҷанҷолҳо хезонда, хонаҳошонро хароб менамуданд, бо боён ва судхӯрон як шуда мардумро толону тороҷ мекарданд, бо баҳонаи андозгирӣ халқро ҳатто ба фурӯхтани духтар ва писарҳошон водор менамуданд; дар ин миён онҳо манбаи даромади рӯйрости одатӣ ҳам доштанд.
Аммо миршабҳо ягон даромади рӯйрост надоштанд, вазифаи аввалини онҳо дуздонро дастгир кардан буд, лекин бо дуздон шарик шуда, мардумро тороҷ мекарданд; вазифаи дигарашон қиморбозиро манъ кардан буд, аммо дар қаровулхонаҳои худ қиморхона кушода, номи онро «пойтуғ» монда буданд, ки аз нима зиёди бурдубойи қиморбозон бо номи чӯтал ба кисаи онҳо медаромад ва монанди инҳо.
Аммо Абдураҳимбек, ки аз понздаҳ сол зиёдатар дар Бухоро миршаб шуда буд, барои тороҷ кардани мардум ҳар рӯз усулҳои нав ба нав мебаровард. Масалан, ӯ шабона одамони худро фармуда, ба дарвозаи одамони бономус мурдорӣ мемолид ва фардои он шаб соҳиби ҳавлиро бурда ба ҳабс мекашид ва мегуфт:
— Агар ту, ё занат, ё духтарат одамони пок мебудетон, ҳеҷ гоҳ ба дарвозаи ту мурдорӣ намемолиданд. Пас туро ба ҷаноби олӣ арз карда, ба зиндон фиристодан лозим аст.
Он бечора, агар бо фурӯхтани ҳавлиаш ҳам бошад, ба миршаб пул дода, зудтар худро халос мекард.
Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар ҳамин маврид рубоии зеринро гуфта буд:
РУБОӢ
Эмин ҳамаро Ҳақ аз асас* гардонад
В-аз бӯйи бади ӯ, ки нафас гардонад;
Гар …ҳ набувад асас, чаро ин миқдор
Дарвозаи халқро наҷас** гардонад?
Абдураҳимбеки миршаб як одами кӯтоҳқомати фарбеҳ буд, ки гардану шикаму ронаш қариб ҳамвор ва баробар буданд, бинобар ин мардум ӯро «ғӯладинг» мегуфтанд ва дар пеши одамонаш ва ҷосусонаш ӯро ба ин «унвон» ном бурда дашном медоданд.
Писари ӯ, ки Давронбек ном дошт, аз худаш ҳам бадтар, сахтдилтар ва золимтар буд. Ӯ шабу рӯз маст шуда, бо ҷилавдорони себанд (калтак)-дораш савора мегашт ва одамони бечораи ба сабабе ба дасташ афтодаро ба баҳонае ва гоҳо бе ҳеҷ баҳона мефармуд, ки одамонаш даст гирифта истода калтаккорӣ мекарданд ва худаш бар болои асп истода ба сари онҳо бо тозиёна мезад ва дашномҳои қабеҳ медод ва дар ҳолате, ки худаш маст буд, он гуна одамро баъд аз «чӯбкорӣ» кардан «маст ба даст афтод»- гӯён ба ихтиёри падараш мефиристод ва падараш он бечораро ҳабс намуда, шиканҷа карда пул мегирифт. Агар пул нарӯяд ва ё он одам пули доданӣ надошта бошад, «дузд» гӯён ба зиндон мефиристод ё ба сарбозии амир медод, ки ин кор ҳам аз хобидан дар зиндон бадтар буд.
Ҳайрат кори ин падару писарро дар рубоии зерин тасвир карда буд:
РУБОӢ
Фарёду фиғони ман зи дасти писарат!
Вожуниам аз қадди фарасти писарат!
Эй шаҳна***, ба манъи мо зи май кӯшӣ чанд,
Нокарда назар ба чашми масти писарат?!
Дар «ғайбатхона» дар ҳаққи миршаби «ғӯладинг» боре як қитъаи ҳаҷвия навишта шуд, ки эҷодкунандаи он (бо таъбири имрӯза) коллектив буд. Дар эҷод кардани коллективонаи он ҳаҷвия Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ 210, Мирзо Иброҳими Субҳӣ ва ман иштирок карда будем. Аммо дар шаби дигар он шеърро Ҳайрат тасҳеҳ намуда буд.
Он қитъаи ҳаҷвия ин аст:
Ғӯладинго! Бар сари зин менишинӣ хуквор,
Ин аҷаб: гургони одамхор дар фармони туст.
Хукро фармондеҳи гургон надида ҳеҷ кас,
Ин «шараф» бо хислати гургонаат шоёни туст!
____________
*Асас — миршаб.
** Наҷас — мурдорӣ.
*** Шаҳна — миршаб.
Хоҳ бошӣ хук, хоҳӣ гург, моро шуд яқин:
Хукбони гургтабъе зишт пуштибони туст*.
Дуздковӣ чанд? Эй сардастаи дуздон, бишарм!
Ин ҳама толон, ки мебинем, аз дуздони туст!
Баъд аз ин як хонаи обод натвон ёфтан,
Давр агар даври тую «даврон» агар «даврони» туст!**
Он ду рубоии дар боло қайдшуда ва ин қитъаи ҳаҷвия аз «ғайбатхона» берун рафта, дар миёнаи «ғайбатдӯстон» паҳн шуда буд, фақат рубоиҳо бо нусхабардорӣ даст ба дасти якдигар гузашта паҳн шаванд, ин қитъа даҳан ба даҳан паҳн мешуд, чунки муаллифони қитъа ҳам, иштироккунандагони асосии «ғайбатхона» ҳам, ғайбатдӯстон ҳам, ба сабаби зикр ёфтани «авсофи амир» дар вай, навишта нигоҳ доштан ва бардошта гаштани онро хавфнок медонистанд.
«Раияи Русия»
Дар ҳамон солҳо дар миёнаи ҷавонон як ҷавони ҷасоратманде пайдо шуд, ки падараш дар замони худаш аз муллоёни машҳури Бухоро будааст, ба ҳамин муносибат ӯро ҳар кас «махдум» мегуфт.
Ин ҷавон бо олуфтагони Бухоро ҷӯра ва ошно буда, бо онҳо рафтуомад дошт. Ба қавли олуфтаҳои Бухоро «даҳони он ҷавон бефаровез» ва ба қавли оммаи бухороиён ӯ «пӯртакигӯй» буд, яъне чизеро, ки ҳақ донад ва ё суханҳои танқидиро аз ҳар кас ки бошад ва ба ҳар кас ки бошад, бе ибо мегуфт.
Ин ҷавон аз иштироккунандагони доимии «ғайбатхона» набуда, гоҳ-гоҳ меомад ва дар ҳар омаданаш ягон кори аҷиберо, ки худ карда бошад ё ягон воқеаи ҳавасангезеро аз ҷое шунида бошад, ба иштироккунандагони «ғайбатхона» мегуфт ва зуд баромада мерафт. Агар сухани гуфтаниаш кӯтоҳ бошад, омада ҳатто бар рӯйи ҳуҷра нагузашта, кафшашро накашида бар лаби пойгаҳ нишаста мегуфт ва хеста мерафт.
Ӯ бо хислати «даҳонбефаровезӣ» ё «пӯртакигӯйӣ»-аш ба миршаб ҳам гап парронда мегашт.
Ҳар қадар ки бадкирдории миршаб зиёд мешуд, ҳамон қадар ҳам нисбат ба ӯ пӯртакигӯйии махдум авҷ мегирифт.
Ӯ дар вақтҳои ҳамин гуна авҷ гирифтани пӯртакигӯйиҳояш шабе ба «ғайбатхона» омада, бар рӯйи ҳуҷра гузашта нишаст ва:
— Ман раияи давлати Русия шудам, — гӯён гап сар кард.
Пеш аз он ки ман ҳикояи «раияи давлати Русия» шудани махдумро нақл кунам, бояд чӣ аҳамият доштани раияи давлати Россияро дар пеши ҳукуматдорони Бухоро ба тарзи муқаддимача гуфта гузарам:
Мувофиқи созишномае, ки дар байни ҳукумати Россия ва амир баста шуда буд, ҳукуматдорони Бухоро ҳақ надоштанд, ки раияи Россияро бо гуноҳе ва айбе дастгир намоянд. Агар ҳукуматдорони Бухоро ягон раияи давлати Россияро бар болои ҷинояти калоне бинанд, дар ҳамон вақт ҳам ба ӯ чизе нагуфта, ин
__________
* Хукбони гургтабъе зишт — иборат аз амир аст.
** Калимаи «даврон» дар ин ҷо хам ба маънои муқаррариаш ва хам ба сифати номи писари миршаб буданаш гирифта шудааст. (Ин Даврон ҳамон Давронбек аст, ки дар соли 1918 ба муносибати воқеаи Колесов бо фармони амир Олим ба Қубодиён (Шаҳритузи имрӯза) омада, шоир ва маорифпарвари машҳур Мирзо Саҳборо кушт ва дар куштани ӯ аввалин шамшерро худ зад).
ҳолро ба қушбегӣ хабар медоданд ва ӯ ба гумоштаи сиёсии давлати Россия, ки дар Когон менишаст, менавишт.
Гумоштаи сиёсӣ, агар он раияи ҷинояткори худро аз нуқтаи назари худ (на аз ҷиҳати ҷинояташ) сазовори ҷазо донад, ба ӯ ҷазо дода, ба қушбегӣ хабар медод, вагарна ба қушбегӣ «мактубатон расид ва мазмунаш ба маълумот гирифта шуд»- гӯён мактуби ҷавобии кӯтоҳе мефиристод ва бо ҳамин масъала тамом мешуд.
Бинобар ин баъзе касон, бо вуҷуди бухороӣ буданашон, барои нигаҳдорӣ кардани худ аз ҳуҷуми ҳукуматдорони амир раияи Россия мешуданд ва баъзе бухороиён ҳам буданд, ки барои бе бозхост ва хотирҷамъона давом кунондани бадкирдориҳои худ ба раиягии давлати Россия медаромаданд.
Мо, ки ин ҳолро медонистем, ба раияи давлати Россия шудани махдум тааҷҷуб накардем, чунки он гуна одами «даҳонбефаровез» ва нисбат ба ҳокимон, хусусан нисбат ба миршаб, пӯртакигӯй бе раияи давлати Россия шудан аз дасти амалдорони амир ҷон ба саломат бурда наметавонист.
Аммо, вақте ки ҳикояи махдумро шунидем, раияи давлати Россия шудани ӯ тамоман чизи дигар шуда баромад: назар ба қавли ӯ, вақте ки вай ҳуҷуми худро ба миршаб, ба писараш — Даврон ва ба одамони наздикаш бо суханони нешдори нештармонанди худ зиёд кардан хостааст, барои ҳимоят худро раияи давлати Россия нишон доданро ҳам муқаррар намудааст. Баъд аз он ки чунин ҳомии пурзӯре ба худ муҳайё кардааст, дар чанд ҷо чандин бор қитъаи ҳаҷвияи дар боло қайдшударо ба одамони наздики миршаб шунавонда хондааст.
Азбаски муллоҳои калон ва фарзандони онҳо монанди хоҷагони ҷӯйборӣ ва мираконӣ дар пеши амир ва дарбориёнаш ҳурмати махсус доштанд, одамони миршаб ҷуръат накардаанд, ки ба ӯ чизе гӯянд ё дастгир кунанд, фақат онҳо ҳам дар қатори дигарон, ки бо шунидани он байтҳо завқкунон механдиданд, захрхандае карда мондаанд, лекин ба миршаб мазмуни он байтҳоро бо оҳанги хониши махдум ва хандаи мардум хабар додаанд.
Миршаб дар ҷавоби ин хабари одамонаш, ҳарчанд ба дастгир кардани махдум фармон надода бошад ҳам, ба онҳо:
— Ҳар кор вақту соат дорад, ҳар гоҳ ки ҳамон вақту соат расид, ӯ ҷазои сазоворашро хоҳад дид. Ҳурмати муллозодагӣ ҳам як ҳудуд дорад, — гуфтааст.
Одамони миршаб аз ин суханони ӯ равшан фаҳмидаанд, ки ӯ нияти дастгир кардани махдумро дорад, аммо фурсати муносиб мековад, бинобар ин онҳо хам барои ба вуҷуд овардани он гуна фурсат тайёр шуда гаштаанд.
Дар он рӯзҳо айёми сайри Наврӯзӣ, ки дар пеши Ширбадан ном чорбоғи подшоҳӣ, дар беруни шаҳр, дар деҳаи Ширбадан ташкил меёфт, расидааст. Дар рӯзҳои он сайр одатан миршаб рӯзона дар даруни Қавола ном дарвозаи шаҳр менишаст, ки равандагони сайр аз он дарвоза даро-баро мекарданд.
Дар даруни дарвоза дар вақти баромадан аз шаҳр дар дасти чап айвон ва дар пешгоҳи айвон як ҳуҷрача буд. Миршаб гоҳо дар айвон ва гоҳо дар даруни он ҳуҷрача менишаст ва одамонаш дар ду тарафи кӯча аз айвон андак дуртар монанди сайёдон камин гирифта меистоданд, Онҳо агар касеро бинанд, ки рӯяш сурхтар аст ва аз ҷумлаи одамони «соҳибҳурмат» ҳам нест, «маст» гӯён ӯро дастгир карда ба миршабхона мефиристоданд; ё ду каси «беҳурмат»-ро бинанд, ки бо ҳам баландтар гуфтугӯ карда хандида рафта истодаанд, «инҳо бо ҳам ҷангида тартибро вайрон карда истодаанд»- гӯён дастгир мекарданд; инчунин ягон писари бараҳнарӯеро бинанд, ки бе ҳомии пурзӯре ба сайр рафта истодааст, «ин барои бадгаштӣ рафта истодааст, ӯро тарбият кардан лозим аст» гӯён ба дом мекашиданд. Агар миршаб дар айвони дарвозахона нишаста бошад, барои «ҳурмати» ӯ саворагонро пиёда мекарданд, ки ба миршаб таъзимкунон салом дода аз дарвоза баромада, баъд аз он савории худро савор шаванд. Ана дар ҳамин гуна як рӯз махдум бо як рафиқи худ аз бозори алаф фойтун савор шуда, рафтагори сайр гардида ба дарвозаи Қавола мерасад. Ҳарчанд миршаб дар даруни ҳуҷра буда, дар он вақт барои ҳурмати ӯ ҳеҷ касро аз саворӣ фуровардан лозим набошад ҳам, одамони ӯ ба мақсади ҷанҷол бароварда он фурсати муносиби дастгиркуниро муҳайё кардан, пеши роҳи фойтунро гирифта, махдум ва рафиқи ӯро маҷбур мекунанд, ки барои ҳурмати миршаб аз фойтун фуромада аз дарвоза бароянд.
Дар миёна ҷанҷол мехезад ва махдум ҳам бе ибо нисбат ба миршаб ва одамони ӯ носазо гуфтан мегирад. Ғалоғуларо шунида, Даврон, ки дар даруни ҳуҷра, дар пеши падараш нишаста будааст, ба айвон баромада, ба ҷанҷол ҳамроҳ шуда ба махдум гуфтааст:
— Шумо, доим ба падари марҳуматон ғарра шуда, ба ҳукуматдорон беҳурматӣ мекунед.
Ҳурмати ҳукуматдоронро дар қатори фуқароҳо (раияҳо) ба ҷо оред! Вагарна ба шумо он гуна муомила кардан лозим меояд, ки дар ин гуна мавридҳо ба дигар фуқароён карда мешавад.
— Бегиҷон! — мегӯяд махдум бо оҳанги истеҳзокорона. — Ҳоло шумо ба он гуна муомила кардан хурдӣ мекунед. Кадом вақт, ки монанди падаратон «ғӯладинг» шудед, дар он вақт мумкин аст, ки ин тарз гап занед ва он гуна муомила кунед.
Махдум баъд аз он ба пушти фойтунчӣ нихта карда:
— Ҳай кун! — мегӯяд.
Даврон ҳам ба одамонаш ишорат мекунад, ки роҳ диҳанд, то ки ӯ аз дарвоза баромада равад. Баъди гузашта рафтани махдум Даврон ба пеши падараш даромадааст. Падараш ба ӯ гуфтааст:
— Ман ҳама суханҳои бадбӯйи он шӯрапушт (хулиган)-ро шунидам. Ту он суханҳоро шунида истода чаро роҳ додӣ, ки ӯ баромада равад, чаро нафармудӣ, ки дастгираш карда ба миршабхона баранд? Ту бо ин нармдилӣ ва саҳлкориат ҳақ надорӣ, ки амалдори ҷаноби олӣ шавӣ ва аз ин роҳ нон хӯрӣ.
— Фойтунчӣ раияи Русия буд, — гуфтааст Даврон, — ман тарсидам, ки агар махдумро дастгир кунонам ва фойтунчӣ рафта ба кӯнсулхона 211 шикоят кунад ва гӯяд, ки «миршаб ва одамони ӯ маро ба кирокашӣ кардан роҳ намедиҳанд, одамони маро дар нимаи роҳ аз фойтунам фуроварда мегиранд ва маро аз пули киро маҳрум мекунанд», барои мо хуб намешавад. Махдумро бошад, дар ягон мавриди дигар дастгир кардан мумкин аст. Ҳоло вай аз Бухоро гурехта намеравад.
— Ин фикрат дуруст, — гуфтааст миршаб аз шасти аввалиаш фуромада, — ба раиягони давлати Русия эҳтиёткорона муомила кардан даркор аст. Аммо барои дастгир кардани он шӯрапушт мавриди дигарро нигарон шуда истодан лозим нест. Мавриди дигарро нигарон шуда истодан ба шунидани дашномҳои аз ин ҳам қабеҳтар мунтазир шуда истодан аст, одамонро гӯй, пеши ман дароянд.
Даврон одамони дар кӯча камин гирифта нишастаи падарашро ҷеғ зада даровардааст. Миршаб ба онҳо гуфтааст:
— Шумоён чор нафар-чор нафар дар бозори алаф навбатдор шуда истетон. Ҳар гоҳ ки он шӯрапушт аз сайр баргашта омада дар кирокашхонаи бозори алаф аз фойтун фурояд, дарҳол дастгир карда, ба миршабхона баретон. Касеро ҳам, ки ба ӯ ҳамроҳ бошад, бо ӯ гиретон. Чунки одами рост ва дуруст бо одами бад дӯст ва ҳамроҳ намешавад. Ҷӯраи ӯ ҳам бояд мисли худаш шӯрапушт бошад. Миршаб баъд аз ин фармон писараш Давронро дар ҷойи худ дар пеши дарвоза гузошта, худ аспашро савор шуда ба миршабхона рафтааст.
* * *
Вақте ки Махдум бо рафиқи пагоҳонии худ аз сайргоҳ бо фойтун баргашта омада, дар бозори алаф, ки дар ҷануби мадрасаи Девонбегӣ, наздик ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ буд, фуромадааст, одамони миршаб ӯро дастгир карда, ба миршабхона бурдаанд.
Махдум дар вақти нақли саргузашти худ гуфт:
— Ман метавонистам, ки ба одамони миршаб итоат накунам, лекин барои дурусттар танбеҳ додани миршаб ва расво кардани ӯ бо рафиқи худ пеш-пеши онҳо даромада, мардонавор (на бандивор) ба миршабхона рафтам.
Вақте ки одамони миршаб Махдумро бо рафиқаш дар рӯ ба рӯйи миршаб шинондаанд, ӯ онҳоро бо дашномҳои кӯчагӣ, бо алфозҳои қабеҳе, ки дар овони бачагӣ ва миршабии худ омӯхта будааст, ҳақорат додааст.
Махдум ҳамаи ин суханҳои бадбӯйи ӯро бесаброна шунида оромона хомӯш истодааст. Аммо вақте ки миршаб ба одамони худ:
— Баред, ин шӯрапуштонро дар зинхона андозед, ба гарданашон ҷел ва ба поҳошон ишкел занед, ман аз ваҷҳи инҳо ба ҷаноби олӣ ариза навишта, баъд аз рухсати олиро гирифтанам, ба зиндон мефиристонамашон, ки дар он ҷо пӯсида бимиранд! — гуфтааст. Махдум аз бағали худ ду коғазро бароварда, ба миршаб нишон дода истода:
— Мо раияи давлати алияи Русия мебошем, ана ин коғазҳо поспурти мост. На шумо ва на амиратон ҳад надоретон ва ҳақ надоретон, ки моро дастгир кунетон. Аммо барои он беҳурматие, ки одамонатон ба мо дар вақти дастгир кардан ва овардани мо карданд ва барои ин дашномҳое, ки шумо моро додед, дар пеши суди Русия ягон-ягон ҷавоб хоҳед дод.
Миршаб бо шунидани ин суханҳо рангаш канда, чун барги бед ларзида, бо оҳанги узрхоҳӣ ва тавба забонаш гирифта-гирифта гуфтааст:
— Махдумҷон! Аз саратон гардам, ҳар беодобие, ки аз ман гузашта бошад, бахшед! Одамонамро ба сабаби ба шумо беҳурматӣ карданашон зада ба зиндон мефиристонам. Ман ба падари марҳуматон шогирд мебошам, аз рӯйи қавли пайғамбар ва ҳазрати Алӣ, шогирд ба устод ғулом мебошад, ман ба падаратон ғуломи бе дирам (бе пул) харида ва ба шумо, ки фарзанди азизи он кас ҳастед, ғуломи хоназоди ҳалқабагӯш мебошам.
Миршаб дар вақти гуфтани ин суханони охиринаш аз ҷойи нармии гӯши худ бо ангуштони дасташ дошта, якрӯя шуда гӯшашро ба тарафи Махдум рост карда давом намудааст:
— Махдумҷон, шумо ҳақ доред, ки ана ҳамин тарз аз гӯши ин ғуломи хоназодатон дошта, ба хонаатон бурда кор фармоед ё ба бозор бурда фурӯшед. Ман нодонӣ карда, ба гапи одамон даромада, шуморо насиҳат кардан хоста будам, аммо нияти худам ба сабаби нодонии худам ба бадӣ гашт. Ман аз шумо мепурсам, ки ба хотири арвоҳи падаратон ин нодони ҳеҷмадонро бубахшед.
Миршаб ҳамин ки аз сухан бозистодааст, Махдум ба гап даромада гуфтааст:
— Дурӯғ мегӯйӣ ту, беимони бевиҷдони беинсофи тарсончак! Ту падари маро ҳам, пайғамбару Алиро ҳам ба як пули сиёҳ намегирӣ. Магар ба падари ман шогирд буданат баъд аз дидани поспурти давлати Русия ба ёдат омад? Ту ҳеҷ касро намешиносӣ ва ба ҳеҷ кас ҳурмат он сӯ истад, раҳм ҳам намекунӣ. Аммо ту, беимон, аз ҳукумати Русия тарсида, ин гапҳои дурӯғро гуфта истодаӣ. Ту дар пеши амир ва ҳукумати Русия хар ва бар сари одамон хук ва гург мебошӣ…
Миршаб дидааст, ки ба суханони нешдори Махдум тоб оварда наметавонад, аз ҷояш хеста, аз дари дигари хона баромада ба ҳавлии дарунаш гурехта даромада рафтааст ва аз он ҷо ду ҷомаи шоҳии ҳисориро бо маҳрамаш фиристодааст, ки ба Махдум ва рафиқаш пӯшонда, онҳоро гусел кунанд.
Аммо Махдум ҷомаҳоро ба замин партофта, ба болои онҳо туф карда, бо пояш молиш дода, миршаб ва одамони ӯро дашномдеҳон аз миршабхона бо рафиқаш баромада рафтааст. Баъд аз он ки Махдум саргузашт ва моҷарои бо миршаб кардаашро нақл карда тамом намуд, ман аз вай пурсидам:
— Шумо кай раияи Русия шуда будед, ки мо то ҳол нашунида будем? Поспуртатонро бароред, бинем, ки поспурти давлати Русия чӣ навъ мешудааст?
— Ман аз вақте ки ба миршаб муқобил баромадам, барои ҳимояти худ раияи Русия шуданро хостам. Аммо барои осон кардани кор ба кӯнсулхона ариза надода, аз атторӣ ду поспуртро барои худам ва рафиқам харидам, — гӯён Махдум ду коғазро аз бағалаш бароварда ба мо нишон дод.
Мо он коғазҳоро аз назар гузаронидем, ки ҳар дуи онҳо ҳам коғазҳои собунпечонӣ будаанд. Дар он вақтҳо собунҳои хушбӯйи қиматбаҳоро дар заводҳои собунпазӣ барои хубтар ҷалб кардани назари харидорон дар коғазҳои сафеди ғафси пурнақшу нигор печонда ба бозор мефиристоданд. Азбаски он завод аз тарафи давлат мукофотонида шуда будааст, ба он коғазҳо фармони дар бораи мукофот содиршударо бо хати ҷалии русӣ чоп карда, бар болои он фармон герб (тамға)-и давлатро хам нақш карда будаанд.
Миршаб, ки хати арабиро ба зӯр мешинохт ва ҳарфҳои русиро ҳеҷ намедонист, паспорти давлати Россия будани он коғазҳои пурнақшу нигорро бовар кардааст, одамони ӯ бошанд, тамоман бесавод буданд, ки ҳарфи русӣ он тараф истад, ҳарфи арабиро ҳам, ки он вақтҳо дар Бухоро дар амал буд, намешинохтанд.
«Дуздии» Ҳоҷӣ-Махдум*
Махдум як дараҷа одами беэҳтиёт буда, бо хоҳиши хислати даҳонбефаровезӣ ва пӯртакигӯиаш ҳар суханро дар ҳар куҷо беибо ва ҷасурона мегуфт. Ӯ бо хоҳиши ин хислати худ воқеаи дар байни миршаб ва худаш гузаштаро дар ҳар ҷо ҳикоя карда, одамонро хандонда гашт. Кам-кам сохтакорона худро раияи Россия нишон доданаш ба гӯши миршаб мерасад ва ӯ аҳмақона фиреб хӯрдани худро мефаҳмад. Миршаб, ки дар асл дар ҳаққи Махдум кинаи сахт дошт, ба болои вай ҳақоратҳои аз ӯ дар рӯзи дастгир кардан шунидааш зам шуда ва фиреб хӯрданаш ба болои он кинаҳо сарборӣ гардида, сахт ба, ғазаб меояд ва дар пайи бераҳмона ниқор гирифтан меафтад,
Махдум, ки ин аҳволро шунид, донист, ки ин дафъа дастгир шавад, аз дасти он золим раҳоӣ нахоҳад ёфт, бинобар ин бо маслиҳати дӯстонаш аз Бухоро тамоман гурехта меравад ва чанд сол дар Арабистон ва Ҳиндустон сарсариёна ва бо ҳоли табоҳ қашшоқона мегардад.
Дар ин миён Ҷонмирзо қушбегӣ, ки бо таъбири мамлакатҳои мутамаддин сарвазир ҳисоб меёфт, вафот карда, дар ҷойи ӯ Остонақул девонбегӣ қушбегӣ шуд. Дар хориҷа гуреза гаштани Махдум хам дер кашида, воқеаҳое, ки дар байни ӯ ва миршаб воқеъ шуда буданд, кӯҳна гардида, қариб аз хотирҳо баромаданд. Бинобар ин хешовандони Махдум ба ӯ хат навишта маълум кардаанд, ки бо мурдани қушбегии пештара ва ба рӯйи кор омадани қушбегии нав дар Бухоро «адолат» ҷорӣ шуд, акнун на миршаб, на одамони ӯ ва на Ҳукуматдорони дигар ба аҳолӣ зӯру зулм карда наметавонанд, чунки қушбегии нав «адолатпарвар» буда, роҳ намедиҳад, ки аз маъмурони ҳукумат ба аҳолӣ бедод расад…
Соҳибони мактуб ба ҳамин тариқа хати ташвиқотии батафсиле навишта, аз ӯ талаб кардаанд, ки акнун ба ватанаш баргардад, ба ӯ ҳеҷ зарар ва заҳмате нахоҳад расид.
Махдум, ки дар хориҷа аз бебизоатӣ дар азоб буд, бо гирифтани ин мактуб зуд баргашта омад ва дар Бухоро бо унвони «Ҳоҷӣ-махдум» зиёфатхӯрӣ карда гашт. Бо омадани Махдум ба Бухоро кинаҳои кӯҳнаи дар дил доштаи миршаб тоза шуда ба ҳаракат омада бошанд ҳам, дарҳол ба Ҳоҷӣ-махдум ҳуҷум карданро муносиб намедид, чунки ӯро дӯстони кӯҳнааш ва умуман оммаи мардум ба сифати «Махдуми пӯртакигӯй» (ҳақгӯй) буданаш дӯст медошта бошанд, муллоҳои калон ва умуман калоншавандагони Бухоро бо сифати муллозода ва хусусан Ҳоҷӣ-махдум шуда омаданаш ҳурмат мекарданд. Бинобар ин ба ӯ бе ягон сабаби аз тарафи калонон қабулшаванда даст расондан душвор буд. Махдум ҳам «ҳурмати ҳоҷигӣ»-и худро нигоҳ дошта, ба кӯчаҳо бисёр намебаромад, ба базмҳо намерафт, бо олуфтагон ҳам рафтуойи сабукона намекард. Ба ҳамин ҳол тахминан ду ё сё моҳ зиндагонӣ карда буд, ки боз ба ӯ бо одамони миршаб ва миршаб рӯ ба рӯ шудан ва ҷангу ҷидол кардан лозим омад.
____________
* Ин воқеа аз ин ҷойи «Ёддоштҳо» якчанд сол дертар воқеъ шуда бошад хам, ба сабаби ба миршаб ва ба воқеаи дар боби боло навишташуда алоқаи пурра доштанаш барои нигоҳ доштани робитаи ҳикояҳо дар ин ҷо қайд карданаш муносиб дида шуд.
Ин воқеа чунин рӯй дод, ки яке аз мӯйсафедони гузаре, ки Махдум ҳам дар он ҷо менишаст, тӯй ва базм кардааст. Махдум ба муносибати ҳамгузаригӣ ба тӯйи у рафта бошад ҳам, дар қатори ҷавонони гузар дар базм иштирок карданро ба «Ҳоҷӣ-махдум» муносиб надида, ба базм нарафтааст.
Шабона дар базмхона ҷавонони гузар, меҳмонони беруна ва «дойрахабарон» ғун шудаанд. Дар айни гармии базм чор нафар одамони миршаб, ки шаҳрро гардиш карда гашта будаанд, ба базмхона омада даромадаанд ва соҳиби тӯйро маҷбур кардаанд, ки ба онҳо пули шароб диҳад ва яке аз онҳо ба ҳамон пул аз дӯкони Лазари арманӣ, ки ба раиягони Бухоро шароб фурӯхтанаш мумкин набуд, арақ харида оварда, нӯшидаанд.
Одамони миршаб баъд аз он ки маст шудаанд, бетартибӣ сар карда, ба ҷавонони гузар ва ба меҳмонон гаппарронӣ намуда ҷангҷӯйӣ кардан гирифтаанд.
Соҳиби тӯй пай бурдааст, ки одамони миршаб мехоҳанд як ошӯб хезонда, чанде аз ҷавонони гузар ва меҳмононро дастгир карда ба миршабхона бурда, пули бисёре рӯёнанд, аз касе пул нарӯяд, ба сарбозии амир ё ба зиндон фиристонанд.
Соҳиби тӯй, ки як одами бечораи кафшдӯз буда, додаш ба ҷое намерасид ва медонист, ки ҳамгузариаш Махдум пеш аз ҳаҷ рафтанаш ба миршаб ғалаба карда ӯро беобрӯй карда буд ва ҳоло ки аз ҳаҷ Ҳоҷӣ-махдум шуда омада, обрӯяш зиёда гардидааст, давон пеши ӯ рафта, аз ӯ ёрмандӣ пурсидааст:
— Агар ёрӣ надиҳед, тӯямро вайрон карда, каси бисёреро ба ҳабс мегиранд, аҷаб нест, ки мани мӯйсафедро ҳам ва писарамро ҳам, ки домод шуданӣ аст, ба ҳабс гиранд. Дар он вақт ба болои беобрӯйӣ ҳавлиамро фурӯшам ҳам, харҷи миршабхонаро адо карда наметавонам, — гуфтааст.
Бо шунидани ин суханҳо ғайрати Махдум ба ҷӯш омада, ҷомаи «ҳоҷимахдумӣ»-ашро пӯшида, ҳамроҳи соҳиби тӯй ба ҳавлии ӯ рафта дидааст, ки ҳақиқатан одамони миршаб таблҳо, таблкӯбҳо ва себандҳошонро* дар гӯшае гузошта, худҳошон мастӣ ва бетартибӣ карда нишастаанд.
Махдум фикр кардааст, ки онҳоро бо суханони нарм ё бо ҷанги забонӣ аз он ҷо бароварда фиристодан мумкин нест, бинобар ин яке аз себандҳои онҳоро ба даст гирифта, бе ҳеҷ муқаддима ва гап задан бо қуввaте, ки доштааст, ба сари онҳо задан гирифтааст.
Одамони миршаб бо таъсири зарбаҳои ҷонкоҳ қадаре ҳушёр шуда фикр кардаанд, ки агар ба зарба бо зарба ҷавоб дода истодагарӣ кунанд, аҷаб нест, ки ҳамаи аҳолии гузар ва меҳмонон ба онҳо ҳуҷум оварда талаф намоянд, бинобар ин салоҳи кори худро дар гурехтан дида, таблҳо, таблкӯбҳо, себандҳо ва шишаҳои нимхӯрдаи арақро ба ҷояшон гузошта, худ бо сарҳои кафида ва рӯҳои хуншоршуда аз ҳавлӣ баромада бадар кандаанд.
____________
* Себанд аз чӯби заранги кӯҳӣ сохта мешуд, ки дарозиаш се газ. ғафсиаш баробари каланддаста меомад ва дар се ҷояш се банди биринҷӣ мегузарониданд. Ин силоҳ махсуси шабгардони Бухоро буд.
Махдум баъд аз гурехта рафтани одамони миршаб таблҳо, таблкӯбҳо, се-бандҳо ва шишаҳои арақро ба сифати ҳуҷҷати бетартибии онҳо ба ҷавонони гузар бардоронда бурда, дар ҳавлии худ дар зери айвон гузошта, ҷавононро гусел карда, худ ба хонааш даромада хобидааст.
Одамони миршаб якчанд бӯғча моли дуздиро шабона аз болои боми ҳавлии Махдум гузаронда, бар рӯйи ҳавлӣ фуроварда, дар таги айвон. дар пеши асбоби шабгардии худҳошон (таблҳою таблкӯбҳою себандҳо) гузошта, шишаҳои арақро, ки ягона ҳуҷҷати бетартибии худҳошон буд, гирифта бурдаанд ва дар вақти саҳар гурӯҳи калони одамони миршаб, ғайр аз онҳое, ки шаб дар базм маҷрӯҳ шуда будаанд, бо одамони қушбегӣ омада, ҳавлии Махдумро иҳота карда гирифтаанд ва баъд аз рӯз сафед шудан як қисми онҳо аз бом ба ҳавлӣ фуромада, «чизҳои дуздӣ»-ро ба даст дароварда ва Ҳоҷӣ-махдумро хам аз хоб бедор карда, дастгир намудаанд.
Гӯё он шаб Ҳоҷӣ-махдум бо дастаи дуздон аз як ҷо он молҳоро тороҷ карда оварда истода будааст, ки ба чанд нафар одамони миршаб рост омадааст. Онҳо, ки «барои муҳофизати шаҳр аз дуздон кӯчаҳоро гардиш карда гашта будаанд», дар дасти ҳамроҳони Ҳоҷӣ-махдум бӯғчаҳои молро дида, дар шубҳа афтода, барои «адои вазифаи худ» хостаанд онҳоро нигоҳ дошта пурсуков кунанд, аммо Махдум ба фармони онҳо итоат накарда, ба дастаи худ фармудааст, ки одамони .миршабро зада беяроқ кунанд.
Азбаски дуздон бисёру одамони миршаб кам будаанд, то сарҳошон кафидан истодагарӣ карда муқобилат намуда бошанд ҳам, дар охир маҷбур шудаанд, ки таблҳо, таблкӯбҳо ва себандҳоро партофта гурезанд. Бо вуҷуди ин аз паскӯча ва тангкӯчаҳо аз паси дуздон пойида рафта дидаанд, ки онҳо молҳои дуздиро бо асбоби шабгардҳо дар ҳавлии Ҳоҷӣ-махдум пинҳон карда, худ пароканда шуда рафтаанд. Махдум бошад, дар хонаи худ даромада хобидааст. Гӯё воқеа ин будааст, ки ба миршаб хабар додаанд ва миршаб барои дастгир кардани Ҳоҷӣ-махдум ва молҳои дуздӣ фармон дода будааст.
Одамони миршаб ин ҳикояти сохта ва бофтаи худро, ки дар сохтани он иштирок кардани миршаб бешубҳа аст, қасдан дар пеши ҳавлии Ҳоҷӣ-махдум бо шарҳ ва иловаҳои дигар ба мардум мегуфтанд, то ки ӯро дурусттар беобрӯй кунанд.
Чанд нафар одамони миршаб чизҳои дуздӣ ва асбоби шабгардонро бардошта ба паҳлуи Ҳоҷӣ- махдум гузоштанд ва дигаронашон пасу пеш ва росту чапи «дузд»-ро иҳота карда гирифтанд, то ки ӯ нагурезад ва бо ҳамин тантанаи намойишмонанд ба тарафи Регистон раҳсипор гардиданд. Хурду калон ва пиру ҷавони гузари Ҳоҷӣ-махдум ва ҳамсоягузарҳо, ки чӣ будани ҳақиқати воқеаро медонистанд, аз дунболи «намойишчиён» равона гардиданд, то ки агар мавридаш шавад, ҳақиқати ҳолро ба ҳокимон гуфта изҳори хақ намоянд.
Ҳоҷӣ-махдумро ба Регистон бурда, ба болои арк бароварданд, аммо аҳолии аз дунбол рафтаро ғайр аз мӯйсафеди кафшдӯз, ки соҳиби тӯй ва базм буд, роҳ надоданд. Шояд роҳ додани он мӯйсафед барои он бошад, ки роҳе ёфта ӯро ҳам ба пойи Ҳоҷӣ-махдум печонанд, то ки аз вай ҳам бо дилхоҳи худ ниқор гиранд.
Одамони миршаб ва қушбегӣ Ҳоҷӣ-махдумро болои арк бароварда, ба маҳкамаи қушбегӣ дароварда аз беруни хона дар пеши он даре, ки қушбегӣ дар пеши он дар аз дарун менишаст, шинонданд. Миршаб ҳам дар даруни хона дар рӯ ба рӯйи қушбегӣ менишаст. Қушбегӣ аз одамони худ ва одамони миршаб сурати ҳолро пурсид. Ясавулбошии миршаб воқеаро ба тарзе, ки дар боло зикр ёфт, баён кард. Миршаб суханони одами худро, гӯё бар сари он воқеа шоҳид бошад, бо сарҷунбонӣ ва бо «ана ҳамин тавр» гуфтан тасдиқ кардан гирифт.
Баъд аз нақл ёфтани воқеа аз тарафи одами миршаб, қушбегӣ аз Ҳоҷӣ-мах-дум:
— Шумо чӣ мегӯед? — гуфта пурсид.
Ҳоҷӣ-махдум аз ҷайби худ мактуберо бароварда истода гуфт:
— Ман аз бетартибиҳои Бухоро, хусусан аз зулму ситами миршаб ва одамони ӯ, ки ба аҳолӣ ва аз ин ҷумла бар худам мерафт, саргурез шуда, ба Арабистон рафта будам, дар он ҷо баъд аз ҳаҷ карданам дар Мадинаи мунаввара бо осудагӣ зиндагӣ мекардам. Аммо имсол ба ман аз Бухоро дар бораи вафоти Ҷонмирзо қушбегӣ ва ба мансаби вазорат нишастани ҷаноби шумо ин мактуб рафт, — гӯён Ҳоҷӣ-махдум мактуби аз ҷайбаш баровардаро ба қушбегӣ дод ва давом намуд:
— Чун ман дар ин мактуб хондам, ки бо адолатпарварии шумо аз Бухоро арақнӯшиҳо, бетартибиҳо ва бадкирдориҳои одамони миршаб барҳам дода шудааст, боз ба ватанам омадам Аммо имшаб воқеае рӯй дод, ки бар хилофи он чизҳоест, ки дар ин мактуб навишта шудааст; — гӯён Ҳоҷӣ-махдум воқеаи он шаб дар ҳавлии мӯйсафеди кафшдӯз рӯйдодаро тамоман бо ростӣ гуфта дод.
Қушбегӣ он мактубро бо диққат хонда баромад, мундариҷаи он мактуб, ки сар то по оид ба таърифу тавсифи ӯ (қушбегӣ) буд, ба вай бисёр хуш омад. Чунки нависандагони он мактуб барои он ки Ҳоҷӣ-махдумро ба омадан ба Бухоро ташвиқ кунанд, шаҳрро ба сабаби «адолати» ин вазир монанди ҷаннати афсонавӣ «обод ва осуда» карда нишон дода буданд. Дар як ҷойи мактуб ибораҳои зерин навишта шуда буд: «…Ин вазири беназир бадкирдориҳои миршаб ва одамони ӯро тамоман барҳам дод ва онҳоро чунон сарпаст кард, ки ба касе чашм ало намуда нигоҳ карда наметавонанд».
Мактуб бо як қувваи баланди боваркунонандагӣ навишта шуда буд, ки қушбегӣ ҳам ба корҳои накардаи худ қариб буд бовар кунад, ҳатто ӯ дар дили худ гузаронид, ки: «Аҷаб нест, ки корҳои адолатпарваронаро карда бошаму аз серкорӣ фаромӯш намуда бошам.
Дар ҳар ҳол ин шарафи муфтро дар номи худ нигоҳ доштан даркор аст». Бинобар ин ба миршаб нигоҳ карда:
— Ҳайф ба шумо тӯқсабо (амали миршаб), — гуфт, — шумо ба ҷойи он ки фармонҳои ҷаноби олӣ ва супоришҳои маро ба амал оварда, аз шаҳр бетартибиҳоро барҳам диҳед ва дар навбати аввал одамони худатонро саришта кунед, шумо онҳоро монанди галаи гургони ваҳшӣ ба сари аҳолӣ сар дода мондед. Шумо дарҳол… номи онҳо чӣ буд?
Қушбегӣ аз сухан бозистода лаҳзае хомӯш монд, баъд аз он худ ба худ суханони охиринашро бар забон ронда боз қадаре хомӯш истод. Шояд номҳои даркориро фикр карда ба ёд оварда натавониста бошад, ки ба Ҳоҷӣ-махдум нигоҳ карда пурсид:
— Номи он гургони ваҳшӣ, ки имшаб он ҳама бетартибиҳоро кардаанд, чист? — Калонашон Кали Қурбон ва се каси дигар нафарони он! — гуфт Махдум дар ҷавоби қушбегӣ.
— «Кали Қурбон», — гуфт қушбегӣ худ ба худ ин номро аз забони Ҳоҷӣ-махдум гирифта ва баъд аз он ба миршаб нигоҳ карда сухани худро давом дод: — Шумо, тӯқсабо, дарҳол Кали Қурбонро бо ҳамроҳони дишабааш дастгир карда ба зиндон фиристонед, то одамонатонро ба тартиб наандозед, ба пеши ман наоед ва ба ман рӯ ба рӯ нашавед!
Миршаб чунон саросема шуда буд, ки чӣ кор карданашро намедонист, ӯ ин гапҳоеро, ки аз қушбегӣ шунида истода буд, гумон мекард, ки хоб дида истодааст, чунки ин гуна муомилаи қушбегӣ ба худаш фавқулодда буд…
Қушбегӣ фармони худро ба тарзи кӯтоҳ такрор кард:
— Зуд хезед, аз пеши ман дур шавед!
Қушбегӣ ба Ҳоҷӣ-махдум, ки ба воситаи ин мактуб «номи неки» ӯро то Арабистон ва Ҳиндустон паҳн кардааст, илтифоти махсус кардан хоста, аз вай пурсид:
— Шумо, Ҳоҷӣ-махдум, дар Арабистон бояд забони арабро ҳам омӯхта бошед?
— Каме омӯхтаам.
— Ин тавр бошад, марҳамат карда ба пеши мо дароед. Мо як меҳмони араб дорем, ки забони ӯро намедонем, шумо тарҷумонӣ кунед, ки бо вай қадаре сӯҳбат кунем. Ҳоҷӣ-махдум ба хона — ба пеши қушбегӣ даромад. Қушбегӣ ӯро дар наздиктари худ шинонда, ба пешаш дастархон фармуд.
Ҳоҷӣ-махдум, то омадани араб, дар сари дастархон боз чизи бисёреро аз кирдорҳои бади миршаб ва одамони ӯ ба қушбегӣ нақл кард. Қушбегӣ худро чунон нишон медод, ки гӯё ин аҳволро дар умри худ нахустин бор шунида истодааст ва сохтакорона афсӯс мехӯрд…
* * *
Ин ғалабаи Ҳоҷӣ-махдум ба миршаб ғалабаи бисёр намоён буд. Дафъаи аввал — пеш аз гурезагиаш, агар ба вай сохтакорона ғалаба карда бошад, ин дафъа рӯйрост ва бо ростгӯйӣ ғалаба карда буд, ки ин пойдор буд. Бинобар ин ӯ хост, ки аз ин ғалабааш фоида бурда, миршабро дар пеши мардум расво кунад ва ба ҳамин мақсад дар кӯчаҳо мегашт, ки ӯро дар ягон ҷойи серодам рост орад.
Ин ростойӣ бисёр дер накашид: рӯзе дар вақте ки Ҳоҷӣ-махдум аз тарафи Чорсӯ омада ба таҳти тоқи Хоҷа Муҳаммади Паррон мефуромад, миршаб ҳам аз тарафи растаи Сӯзангарон ва бозори корд, дар ҳолате ки худ савора буда, дар ҷилаваш қариб панҷоҳ нафар пиёда медавид, намоён шуд. Пеш-пеши ин пиёдагон ясавулбошии миршаб табарзини ӯро, ки дар шакли моҳи панҷрӯза буда, мисли моҳ медурахшид ва дастааш нуқраи саводкорӣ 212 буд, баробари сари синаи худ дошта ва ба аҳолӣ намойиш дода меомад. Таҳти тоқи Хоҷа Муҳаммади Паррон ҷое буд, ки дар он ҷо ҳафт кӯча ба ҳам пайваста, ҳар кадоми онҳо бо равоқе ба зери он тоқ медаромаданд. Дар тарафи шимол ва ҷануби ин тоқ боз ду тоқи хурд ба ҳамин тоқи калон пайванд ёфта буд, ки дар тоқи шимолӣ бозори китоб ва дар тоқи ҷанубӣ бозори телпак ташкил ёфта буд ва дар сари ҳар кӯчае, ки ба ин тоқи калон мепайвастанд, низ монанди бозори кӯрпа, бозори ресмон (арғамчин), бозори чӯбкаду, бозори кафшу масҳӣ ва растаи саррофон барин бозорҳои серхаридуфурӯш воқеъ шуда буданд.
Хонанда аз ҳамин тасвири мухтасар хоҳад фаҳмид, ки тоқи Хоҷа Муҳаммади Паррон бо оянда ва равандагони ҳафт кӯча ва бо харидорон ва фурӯшгорони чандин бозор чӣ қадар одами бисёрро дар худ ғун мекунад.
Ҳоҷӣ-махдум дар миёнаҷойи ана ҳамин тоқи серодам истода, расида омадани миршабро нигарон шуд. Ҳамин ки миршаб ба наздикии ӯ расида омад, ӯ бо овози баланди тантанадори ғолибона ба ӯ гуфт:
Ғӯладинго! Бар сари зин менишинӣ хуквор,
Ин аҷаб: гургони одамхор дар фармони туст.
Хукро фармондеҳи гургон надида ҳеҷ кас,
Ин «шараф» бо хислати гургонаат шоёни туст!
Ҳоҷӣ-махдум баъд аз хондани ду байти дар боло қайдшуда дигарбора ба миршаб хитоб карда гуфт:
— Ӯй ғӯладинг! Боз натонистй! Агар боз «ҳунаре» дошта бошӣ, кор фармо, ки ман низ ба ҷавоб додан ва барои туро боз ҳам расвотар кардан тайёр мебошам!
Бо сар кардани Ҳоҷӣ-махдум ба байтхонӣ оянда ва равандагон аз роҳ бозистодан гирифтанд ва бозориёни атрофи тоқ низ давон-тозон ба зери тоқи калон омада ғун мешуданд ва аз анбӯҳи мардум гузаргоҳ банд шуда буд.
Мардум дар вақти байтхонии Ҳоҷӣ-махдум чӣ будани воқеаро хуб нафаҳмида бошанд ҳам, аз хитоби охирини ӯ равшан фаҳмиданд, ки нишонаи ин тирҳои ҷонкоҳ миршаб аст ва якбора бо овози баланд ба қаҳқосзанон хандидан даромаданд.
Аммо баъзе бозориён нахандида ва аз оқибати ин кор тарсида ҳампаҳлуёни хандони худро нихта карда:
— Дам шин, эҳтиёт кун! Дасти ин золим ба гиребони Ҳоҷӣ-махдум нарасад ҳам, ин ҷо ғун шуда истодагонро аз ёд нахоҳад баровард ва аз мову ту бераҳмона ниқор хоҳад гирифт… — мегуфтанд.
Баъд аз ин ҳодиса дигар бор миршаб ба Ҳоҷӣ-махдум рӯ ба рӯ наёмад, ӯ ҳар гоҳ, ки савора ба кӯча мебаромад, як одами худро пештар мефиристод, ки он давру пешро аз назар гузаронда рафтан гирад, агар дар он ҷо Ҳоҷӣ-махдумро бинад, бо ишорате хабар диҳад, то ки ӯ аспашро ба ягон кӯчаи дигар гардонда равад.
Миршаб дар кӯчаҳои калони камодам ҳам, агар медид, ки Махдум аз дур намоён аст, аспашро ба ягон паскӯча мегардонд ва агар паскӯчаи муносибе ба назараш нанамояд, аспашро пас гардонда бо роҳи омадагиаш мерафт.
Албатта, хонандагон мунтазири онанд, ки бифаҳманд, миршаб баъд аз фармони қатъии қушбегӣ ба одамони худ чӣ муомила кард ва онҳоро чӣ гуна ҷазо дод?
Бо афсӯс хабар додан лозим аст, ки миршаб дар ин бора ҳеҷ коре накард, дар роҳи иҷро кардани фармони қушбегӣ ба Кали Қурбон ва ҳамроҳонаш фармуд, ки чанд рӯз дар шаҳр ба назари мардум нанамоянд, ё дар ҷое рӯй пинҳон карда нишинанд, ё ин ки ба саёҳати саҳро раванд, баъд аз ягон моҳ ин ҳодиса аз хотири қушбегӣ фаромӯш хоҳад шуд.
Миршаб баъд аз як рӯзи он ҳодиса бо баҳонае пеши қушбегӣ омад, то ки бинад қушбегӣ ҳанӯз аз ӯ дар ғазаб аст ё аз ғазабаш фуромадааст? Аммо қушбегӣ аз ӯ дар бораи иҷрои фармони худ чизе напурсид ва ҳол он ки ӯ ба миршаб дирӯз баъд аз фармон доданаш ба ҳабси Кали Қурбон ва ҳамроҳонаш гуфта буд, ки: «то одамонатонро ба тартиб наандозед, пеши ман наоед ва ба ман рӯ ба рӯ нашавед!». Ӯ дар муддати бисту чор соат ё аз «серкорӣ» ин фармон ва ин суханони худро фаромӯш карда буд, ё ин ки такрор кардани он фармон ва он суханонро, ки ба тартиби ҳукуматдорони амир халал мерасонид, лозим надид.
Натиҷаи ба назар намоёни ғалабаи Ҳоҷӣ-махдум ба миршаб ҳамин шуд, ки ғайр аз воқеаи таҳти тоқи Хоҷа Муҳаммади Паррон, дигар миршаб то мурданаш ба назари ӯ нанамуд ва одамонаш дар гузари Ҳоҷӣ-махдум ва дар ҳамсоягузарҳои ӯ дигар бетартибӣ накарданд. Аммо дигар кирдорҳои бади миршаб ва одамонаш монанди пештара давом кардан гирифтанд.
«Набераи Файзӣ-Авлиё»
Аз тумани Вобканд, аз деҳаи Розмоз Мулло Амон ном касе буд, ки ӯ дар хурдсолиаш ба Бухоро барои хондан омада, таҳсили илм карда, дар ин ҷо монда буд. Дар вақтҳое ки ман бо ӯ шиносо шудам, чилупанҷсола буд. Бо вуҷуди ин ӯ безану фарзанд ва бехонаву ҷой буда, дар мадрасаи Турсунҷон дар як ҳуҷраи ориятӣ (аз они каси дигар) истиқомат мекард.
Ӯ қоматбаланд, тануманд, гандумгун, сиёҳчашму абру ва сиёҳриш буда, дар зоҳири аҳволаш ҳеҷ аломати беморӣ дида намешуд, аммо аз баъзе ҳаракатҳояш, аз гуфтор ва кирдораш баъзе касон аломати девонагӣ ҳис карда, ӯро «девонанамо» мегуфтанд.
Лекин, ба фаҳми ман, девонагии ӯ ҳам монанди «девонагии» Яҳёхоҷа ва Абдулмаҷиди Зӯфунун, ки зикрашон дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» дар саҳифаҳои 7 ва 9 гузашт, сохта буд 213. Аммо дар ҳақиқат ӯро одами матин, солимақл, пурдон ва одамшинос гуфтан мумкин буд. Ӯ аз баъзе ҷиҳат — аз ҷиҳати ба калонони он замон ба назари танқид нигоҳ кардан, ба Яҳёхоҷа ва ба Зӯфунун монандӣ дошта бошад ҳам, аз бисёр ҷиҳатҳо аз онҳо фарқ дошт. Масалан, Яҳёхоҷа дар ҳар куҷо ва ҳар вақт калононро, хоҳ ғоибона бошад, хоҳ дар пешашон, дашном дода, кирдорҳои бади онҳоро фош карда мегашт. Мулло Амон бошад, камгап буд ва дар ҳар ҷо ҳар касро ҳақорат дода намегашт. Аммо агар гап аз бадкирдориҳои арбоби замона барояд, аломатҳои исён ва шӯриш нишон дода, «аз дашном ва ҳақорат ҳеҷ чиз ҳосил намешавад, инҳоро тавбаи гургӣ додан, яъне нест кардан лозим аст»- мегуфт.
Ӯ бо ҳамин хислати худ аз Абдулмаҷиди Зӯфунун ҳам фарқи куллӣ дошт, ки Зӯфунун бо вуҷуди аз арбоби замона сахт норозӣ ва аз онҳо нафрат доштанаш дар изҳори фикри худ пассив ва эҳтиёткор буд.
Мулло Амон аз илмҳои мадраса бештарин ба мантиқ ва ҳикмат машғулӣ мекард, илмҳои диниро — Қуръон, ҳадис ва фиқҳро «инҳо илм нестанд, инҳоро ҳар кас метавонад омӯзад, чунки ҳамагӣ дар китоб навишта шудааст. Илм он аст, ки ақл дар вай кор кунад ва майдони фикрдавонӣ кушода бошад. Дар илмҳои динӣ бошад, дар чор тарафат деворҳои баланд ва сахт кашида мондаанд. Агар аз он деворҳо берун баромадан хоҳӣ, туро ин бетамизон дарҳол «кофир» мегӯянд» мегуфт.
Ӯ дар сабаби ба илми мантиқ ва ҳикмат шавқ пайдо карданаш мегуфт, ки: «ман дар хурдсолиам дар саҳро дар бораи Абӯалӣ ибни Сино бисёр ҳикояҳои афсонавӣ ва воқеиро шунидам. Ман дар он вақтҳо дар Вобканд дар сари мазори Мири Хурду Мири Калон истиқомат намуда, дар пеши муллоҳои он ҷо дарс мехондам ва дар дили худ қарор дода будам, ки ҳар вақт барои хондан ба мадрасаҳои шаҳри Бухоро равам, роҳи Абӯалиро хоҳам пеш гирифт. Ман он вақтҳо чунин мепиндошт ам, ки дар шаҳри Бухоро пайравони Абӯалӣ Сино ҳастанд».
Ӯ сухани худро давом дода гуфт: «Падари марҳумам, ки маро барои дур накардан аз худ рухсат намедод, ки барои таҳсил ба шаҳр равам, вафот намуд. Ман ҳам озод шуда, ба шаҳр омадам ва дар ин ҷо пурсуков кардам, ки пайравони Абӯалӣ Синоро ёбам. Ба ман Мулло Ҳомиди Арабро нишон доданд, ки «танҳо ҳамин дӯстдори ҳикмат ва фалсафа аст ва ӯро метавон пайрави Абӯалӣ Сино гуфт, ман ба он кас шогирд шудам. Он кас аз илми мантиқ қадаре маълумот дошт, аммо аз ҳикмат ва фалсафа, ки мақсади аслии ман буд, чизе гуфта натавонист. Кам-кам пай бурдам, ки ҳаким ва файласуф будани домуллои ман танҳо дар ин аст, ки худро ба ҳакимӣ ва файласуфӣ шӯҳрат додан мехоҳад, бинобар ин ба улуми динӣ ва амалиёти динӣ он қадар аҳамият намедиҳад, то ки муллобачагон ӯро «ҳаким ва файласуф» гӯянд.
Ӯ қадаре ором истода, боз давом кард: «Медонӣ, дар дунё бештарини одамон аз пайи шӯҳрат мегарданд, қиморбозон, вартишбозон, мурғбозон ва харкорон ҳам дар олами худ дар ҷустуҷӯйи шӯҳрат мебошанд. Уламои динӣ ҳам, бо вуҷуди надонистанашон улуми диниро, худро бо унвони «олими динӣ» шӯҳрат додаанд, ки ин шӯҳрат дар байни галабесаводон хеле ба осонӣ ба даст даромадааст. «Ҳазрати устоди ман» хам монанди ҳамин уламои динӣ, дар ҳолате, ки аз ҳикмат ва фалсафа бӯе набурдааст, ба осонӣ худро ба ҳакимӣ ва файласуфӣ шӯҳрат дода тавонистааст. Дар ҳар ҳол, агар аз нуқтаи назари шӯҳратпарастӣ нигоҳ кунем, домуллои ман нисбат ба уламои динӣ роҳи дурусттар ёфтааст, зеро уламои динӣ он қадар бисёранд, ки агар сагро занӣ, ба болои онҳо меафтад, аммо дар Бухорои имрӯза касе, ки дар ҳикмат ва фалсафа шӯҳрат ёфтааст, танҳо устоди ман аст, ки ин шӯҳрати азим аст».
Мулло Амон дар охири сухани худ гуфт, ки : «Чун ман аз ёфтани пайравони Бӯалӣ ва донандаи ҳикмат ва фалсафаи ӯ маъюс ва ноумед шудам, дар пайи мутолаа афтодам, аммо афсӯс, ки на китобҳои Абӯалӣ Синоро ёфтам ва на он китобҳоеро, ки дар онҳо гуфтаҳои Абӯалӣ ба тафсил нақл ёфта бошад. Ночор ба мутолааи ҳамон китобҳое маҷбур шудам, ки дар онҳо баъзан мусаннифи ки-тоб «қола-ш-Шайхурраис» («гуфтааст Абӯалӣ Сино») гӯён ҷумлаеро аз он ҳаким ё барои қувват додан ба сухани худ, ё барои рад кардани сухани ӯ (бештарин барои қувват додан ба суханони худ) нақл мекунад. Ин китобҳо ҳамон китобҳоанд, ки дар дарсхонаҳои Бухоро якчанд сатр аз аввали онҳо, яъне хутба ва дебочаи онҳоро мехонанд. Ман бошам, дарунтари онҳоро сайр карда гаштам. Дар натиҷа на олими динӣ шудам, на ҳакиму файласуф шудам, балки дар дунё як «бекорхӯҷа» шуда мондам, ки маро «овораи ду дунё» гуфтан мумкин аст».
— Аҳмади Калларо* донишманди бузург мегӯянд, магар шумо бо ӯ алоқа набастед? — ман аз Мулло Амон пурсидам.
— Алоқа бастам, рафтуой кардам, ҳоло ҳам баъзан ба ҳузури ӯ рафта меоям. Ҳақиқатан ҳам ӯ бузургтарини донишмандони замони мост. Лекин ман дар дунё «нодони саргардон» бошам, ӯ донишмандест, ки сари каловаи худро гум карда-аст, — гуфт Мулло Амон дар ҷавоби ман ва дар роҳи тафсил додани ин сухани худ давом намуд: — Ӯ дар хурдсолӣ бисёр илму фазлро аз худ кардааст. Баъд аз он дар дарбори амир афтодааст, разолатҳо ва бетартибиҳои он ҷоро дида дилтанг шудааст. Баъд аз он бо ҳайати сафорати амир Русияро дида омада, хостааст, ки дари хонаи амирро ҳам ба тартиб андозад. Албатта, ин хаёли хом буд. Зеро ба тартиб андохтан ва аз мурдориҳо тоза кардани хархона ва говхонаҳо мумкин аст, чунки бошандагони он ҷоҳо ба одам итоат мекунанд, аммо ба тартиб андохтани як гала говон ва харон, ки худро ҳокими мутлақ ва соҳиби мурдаву зиндаи одамон медонанд ва тоза кардани бошишгоҳи онҳо чӣ гуна мумкин мешавад?
Мулло Амон давом карда гуфт:
— Чун Аҳмад-махдум дар дарбори амир ягон кори ба мардум фоиданок карда натавонист, дилтангии ӯ ба дилгирӣ анҷомида, аз он ҷо худро канора кашида хонанишин шуд. Аммо хонанишинии ӯ монанди баъзе девонагон, ки гӯё тарки дунё карда гӯшагир мешаванд, мардумгурезона набуда, хонаи ӯ доимо аз дӯстонаш пур мебошад. Ӯ бо онҳо гарм меҷӯшад, хандону шукуфон сӯҳбат мекунад. Аммо касе, ки диққат кунад, мефаҳмад, ки дили ӯ монанди лолаи шукуфта пурдоғ ва ҷигараш аз неши замона сӯрох-сӯрох аст. Ин ҳолати дарунии ӯ аз навиштаҳояш ба ҳар хонанда ва шунаванда зоҳир мегардад.
— Мазмуни навиштаҳояш чист ва шумо онҳоро хонда дидаед? — ман пурсидам.
— Ӯ бештарин вақти худро ба навиштан сарф мекунад, мазмуни навиштаҳояш шикоят аз замон ва аз амиру вазир аст. Ӯ касеро, ки қобили шунидани навиштаҳои худ донад, хонда мешунавонад ё коғазпорчаҳои навиштаашро медиҳад, ки хонда бинад. Ба ман ҳам гоҳ-гоҳ варақҳои парешонашро медиҳад, ки хонда мебароям…
Мулло Амон аз сухан бозистода, қадаре ба фикр фурӯ рафт ва баъд аз он ба сухан даромада гуфт:
— Лекин аз он навиштаҳои ӯ фоидае нест: Дуруст аст, ки агар дар мамлакати мо ҳам монанди мамлакатҳои дигар чопхона мебуд ва дар вай китобҳои нав ва аз ин ҷумла навиштаҳои Аҳмад- махдум ҳам чоп шуда мебаромаданд ва ба хонандаи бисёре дастрас мешуданд, аҷаб набуд, ки бо хондани он навиштаҳо чашми бисёр зулмдидагон ва аз зулм нафраткунандагон кушода мешуд ва ҳама якҷоя сар бардошта, ин гургони одамхорро тавбаи гургӣ медоданд. Аммо аз ин чӣ фоида, ки нависӣ, нависӣ, нависию он навиштаҳоро панҷ кас, даҳ кас, ниҳоят
____________
* Дар Бухорои онрӯза Аҳмади Донишро бо унвони «Дониш» қариб ҳеҷ ёд намекарданд, бештарин «Аҳмади Калла» мегуфтанд ва баъзан «Ахмад-махдум».
понздаҳ кас аз дӯстони наздикат хонда бинанд ва он коғазпорчаҳо дар гӯшае афтода монда, дар охир хӯроки мушон шаванд…
Мулло Амон лаҳзае хомӯш монда, боз давом кард:
— Чизе, ки маро ба ояндаи хубе умедвор мекунад, дигаргуншавандагии олам аст, ки ман инро дар китобҳои ҳикмат хонда бовар кардаам, дар қатори ин дигаргуншавиҳо аҷаб нест, ки тартиби мамлакати мо ҳам, ки айни бетартибист, дигаргун шуда, чопхонаҳо кушода шавад ва мумкин аст, ки баъзе навиштаҳои Аҳмад-махдум саломат монда, чоп шуда, дастраси омма гардад ё дар китобхонаҳо гузошта шавад, ки одамон хонда баҳра баранд. Лекин дар ҳамон вақт ҳам фоидаи ин навиштаҳо аз ин зиёд намешавад, ки хонандагон онҳоро хонда мефаҳманд, ки дар ҳамон замонҳои тираву торик ҳам одамони хирадманди бофазлу дониш будаанд, ки ин чизҳоро навишта аз худ ба ёдгорӣ гузоштаанд.
Ман Мулло Амонро ба муносибати ҳамсоятуман буданаш донам ҳам, аввалҳо бо вай шахсан шиносо набудам. Рӯзе дар гулзори гулфурӯшони беруни дарвозаи Мазор тасодуфан бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда, шиносо гардидам. Ӯ ба назари ман аз одамоне, ки то он вақт дида будам, хеле дигар намуд. Баъд аз он мулоқот борҳо бо вай ҳамсӯҳбат шудам. Бештарин сӯҳбати мо дар гулзори мазкур воқеъ мешуд. Зеро ман одати вайро фаҳмида гирифта будам, ки дар ҳавоҳои нағз гашти рӯзҳо аз шаҳр баромада, ба он гулзор рафта, чойе нӯшида, ҳавои тоза хӯрда меомад. Ман ҳам ҳар гоҳ бо ӯ сӯҳбат кардан хоҳам, дар ҳамон вақт ба он ҷо мерафтам.
Кам-кам мо бо ҳам ҳолдон шудем ва гоҳо бо хоҳиши ӯ дуртар аз шаҳр рафта, дар киштзорҳои деҳқонон гардиш карда, ба шаҳр бармегаштем.
Ман хостам ӯро дар сӯҳбатҳое, ки дар мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб ташкил меёфтанд, иштирок кунонам, бинобар ин барои ҳавасманд кардани ӯ он сӯҳбатҳоро хеле дилчасп ва иштироккунандагони он маҷлисҳоро ҷавонони боақлу тамиз карда нишон додам.
Ӯ ҳам гоҳо ба он ҷо мерафт. Аммо дар он ҷо чизе намегуфт ва ба коре иштирок намекард ва монанди ҳайкали беҷон дар гӯшае менишаст ва ҳар гоҳ ки дилгир шавад, хеста мерафт. Бо вуҷуди ин пояшро аз ин ҷо намеканд — ҳафтае як ё ду бор омада меистод.
Баъд аз он ки Мулло Амон ба мадрасача борҳо омада рафт ва аҳолии он ҷо бо вай унсу улфат гирифтанд, яке аз онҳо аз ӯ пурсид:
— Шумо гоҳо дар маҷлисҳои камбағалонаи мо иштирок мекунед, ки мо аз ин ҷиҳат аз шумо миннатдор мебошем. Аммо аз он ҷо, ки шумо дар ин сӯҳбатҳо ҳеҷ гап намезанед, мо аз худ дар шубҳа мемонем ва дар дили мо мегузарад, ки шояд барои синни шумо аз мо бисёр калон ва мо хурдсол будан бо мо гап заданро ба худ муносиб намедида бошед, ё ин ки тарзи сӯҳбатҳои мо ба шумо мақбул набошад ва бинобар ин аз гап задан худдорӣ мекарда бошед?
— Ман, агар худро калонсол ва шумоёнро хурдсол дониста аз шумоён ибо мекардам, ба маҷлиси шумо намеомадам. Аммо аз он ҷо, ки ман шумоёнро беҳтарини ҷавонони ҳозираи Бухоро донистам, бо вуҷуди сӯҳбатҳотон барои ман дилгиркунанда будан, поямро аз ин ҷо намеканам, чунки аз худҳотон дил канда наметавонам.
Аз охири сухани Мулло Амон ҳамаи аҳли маҷлис дар тааҷҷуб афтоданд ва яке аз онҳо ин тааҷҷуби умумирр ба забон оварда гуфт:
— Аҷаб аст, ки худи мо дилчасп бошему сӯҳбатамон дилгиркунанда бошад?
— Сабаби дилчасп будани шумоён, чунонки ҳозир гуфта гузаштам, беҳтарини ҷавонони ҳозираи Бухоро буданатон аст. Ман, ки фарзандони ватани худро дӯст медорам, беҳтарини онҳоро сахттар дӯст медорам, ки дил канад наметавонам. Аммо дилгиркунанда будани сӯҳбатҳои шумоёнро, агар ба шунидан рағбат дошта бошетон, ба исбот кардан тайёр мебошам.
Садои «мешунавем, мешунавем, марҳамат кунед!» аз ҳар тараф баланд шуд.
Мулло Амон сухан сар кард:
— Яке аз машғулиятҳои шумоён дар ин ҷо мусиқа аст. Мусиқа умуман хуб аст. Хусусан дӯстони созандаи шумо танбӯрро хуб менавозанд. Садои нохуни Ҳоҷӣ Абдураҳмон ва Раҳматхоҷа бисёр обдор аст. Аммо ба ман маъқул нест. Чунки садои танбӯр, хусусан аз расидани нохуни ягон ҳунарманд ба тор барояд, дили шунавандаро об карда мегирёнад, ман бошам, гиря карданро бад мебинам. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки ман аз хурдсолӣ дар саҳро бо шунидани овози дойра тарбия ёфтаам. Дар деҳаи мо, ки Розмоз аст, дар тумани мо, ки Вобканд аст, дар тумани Ғиждувон, ки ба мо наздик аст, чунон дойрадастони забардаст ҳастанд, ки аз хурӯшидани дойраи худ шунавандаро ба осмон мебароранд ва дар дили ӯ аз дарду аламу ғаму андӯҳ гарде намегузоранд. Хоҷа Ҳофиз беҳуда нагуфтааст, ки:
Шунидам, ки гар ғам расонад газанд,
Хурӯшидани даф бувад судманд.
Мулло Амон қадаре хомӯш истода, боз ба сухани худ давом кард:
— Хусусан имрӯзҳо, ки бо таъсири аҳволи замон хеле ғамгин шудаам, мехоҳам, ки бо садои пурҷӯшу хурӯши дойра ҷӯшону хурӯшон ба кӯча бароям ва рустамвор наъракашон ба дари арки амир равам ва бо ғурриши шерона гӯям:
— Ӯй гургони одамхор! Аз шумо умеди одамгарӣ кардан ва одам шудани шуморо чашм доштан ғалат аст! Шуморо тавбаи гургона додан (яъне нест кардан) лозим аст.
— Машғулияти дигари шумоён байтбарак, зарбулмасал, мақол ва «ҳа-бо-зист», ки ин дар мақоми худ хеле дилчасп ва фоиданок аст, забонро бой ва тоза мекунад. Аммо дар аҳволи ҳозираи мо, ғайр аз барои шабгузаронии одамони бекор, ба чизе кор намеояд. Агар фоидаи ин бозиҳоро бо таъбири деҳқонон ифода кунем, «аз бекорӣ кадукорӣ» мешавад, — гуфт Мулло Амон ва баъд аз он ки чашмони худро ба чашмони аҳли маҷлис як-як дӯхта диққати ҳамаро ба тарафи худ кашид ва ҳамаро ба шунидани суханони худ тайёр дид, давом намуд: -Худатон фикр карда бинед: дар аҳволи ҳозираи мо, дар аҳволе, ки дар мактаб ва мадрасаҳои мо дарси забон нест ва дар мамлакати мо чопхона ва рӯзнома нест, аз бой шудан ва тоза шудани забони панҷ-шаш кас ва, агар бисёр бошад, аз забондон шудани даҳ нафари шумо ба худатон ва ба мардум чӣ фоида? Аммо агар дар мактаб ва мадрасаҳои мо дарси забон мебуд ва шумо чизҳоеро, ки дар ин ҷо омӯхтаед, ба шогирдон ёд медодед, ё чопхона ва рӯзнома мебуд, ки шумо натиҷа ва хулосаҳои ҳаррӯзаи ин сӯҳбатҳои хуби худро чоп карда бароварда ба омма пешкаш мекардед, дар он вақт ин машғулияти шуморо пурфоида гуфтан мумкин буд. Ҳоло чӣ? Ҳоло ин кор, чунонки навакак гуфтам, «аз бекорӣ кадукорист».
Мулло Амон қадаре хомӯш истода, нафаси худро рост гирифта ва таъсири суханони худро санҷида дид, ки ҳамагӣ ҳама тан гӯш гардида ба шунидани суханони ӯ тайёранд, боз давом намуд:
— Машғулияти бисёр калони шумо, ки ба аҳволи ҳозираи мо вобастагии сахт дорад, шикваю шикояти шумоён аст аз аҳволи замон. Аммо, агар диққат карда бошед, на ба худҳотон ва на ба мардум ҳеҷ фоида надоштани ин коратонро худ мефаҳмед. Чунонки ба нолаву зории бевазанони шавҳармурда ва фарзанд ба зиндонафтода ҳеҷ кас парвое надорад, аз ин кори шумо ҳам абруи ҳеҷ бадкирдор хам намехӯрад. Оре, агар насиҳати Бедилро, чунонки ҳозир яке аз шумоён дар байтбарак хонд, ки гуфтааст:
Бо сахтдилон шиори худ сахтӣ кун!
Бардор ба оҳан оҳани тафтаро!
ба амал оварда, гургони одамхорро тавбаи гургона дода метавонистед, дар он вақт ба мардум фоидаи калон мерасондед. Афсӯс, ки ҳозир ин кор аз дасти шумо намеояд.
Зоҳиран, ин сухани Мулло Амон ба аҳли маҷлис маъқул шуд, ки ҳама сар ҷунбонда гуфтаҳои ӯро тасдиқ карданд ва яке аз иштироккунандагони он маҷлис: «чунон Ҳоҷӣ-махдум ба миршаб кард»- гӯён ба тарзи мисол воқеаҳои дар ду боби боло гузаштаро ба ёди аҳли маҷлис ва Мулло Амон расонид.
Мулло Амон бо шунидани суханони ӯ табассуми истеҳзокоронае карда ва сарашро бо ишорати инкор дутарафа ҷунбонда истода ба гап даромад:
— Кори Ҳоҷӣ-махдум, ки шумо онро «корнома» номидед, ба як пули пучак намеарзад. Ҳар корро аз нуқтаи назари фоидаи оммавиаш санҷида дидан даркор аст. Натиҷаи кори Ҳоҷӣ- махдум бошад, ғалабаи шахсии ӯст ба миршаб ва натиҷаи амалии ин кор ҳамин шуд, ки одамони миршаб дар гузари ӯ ва дар ҳамсоягузарҳои ӯ бетартибӣ намекунанд, аммо дар дигар гузарҳо бадкирдориҳои худро давом кунонда истодаанд ва инчунин миршаб, ки аз шармандагӣ тарсида дар кӯчаҳо аз Ҳоҷӣ-махдум мегурезад, корҳои золимона ва хунхоронаи худро бе ҳеҷ тарсу мулоҳиза монанди пештара бешармона ба амал оварда истодааст. Пас, аз он кори Ҳоҷӣ-махдум ба омма чӣ фоида расид? Ин кор ба он монанд аст, ки касе ба гург гӯяд: «Ба худам ва ба аҳли хонаводаам даст нарасон! Дигар ҳамаро дарронда хунашонро хӯрӣ, майлат».
Мулло Амон қадаре хомӯш монда, боз давом намуд:
— Агар қушбегӣ дар натиҷаи ғалабаи Ҳоҷӣ-махдум миршабро аз кор мегирифт ҳам, омма фоида надошт, чунки ба ҷойи ӯ ягон каси аз вай ҳам золимтар меомад. Зеро одати ҳукумати Бухоро ҳамин аст, ки агар норозигии мардум аз ҳокиме ва амалдоре боло гирад, ӯро аз кор гирифта, ба ҷойи вай аз вай бадтарашро мегузорад, то ки мардуми норозӣ «рахмат бод ба кафандузди аввал» гӯянд ва аз тарси он ки боз бадтараш наояд, дигар аз ҳокимон ва амалдорон шикоят ва норозигӣ накунанд. Агар фарз кунем, ки Ҳоҷӣ-махдум миршабро мекушт ҳам, боз фоида надошт, — гӯён Мулло Амон сухани худро давом дод, — чунончи, Муҳаммадшариф девонбегиро, ки барои мусодира намудани молу мулки касе ба хонаи он кас рафта буд, соҳиби хона ба ҷойи калиди сандуқ таппончаро аз ҷайб бароварда, аз сари дили ӯ зада ҷо ба ҷо кушт. Натиҷа чӣ шуд? Натиҷа ҳамин шуд, ки кушандаро дастгир карда, аз ду пойи ӯ бо арғамчин баста як нӯги арғамчинро ба дасти саворе доданд, ки аз тақими худ гузаронда ба қоши зин баст ва ба ҳамин ҳол дар кӯчаҳои шаҳр дар пеши назари ах>олӣ асп давонид. Ин ҳол на танҳо то мурдани он кас, балки то парча-парча аз ҳам ҷудо шуда, дар зери пою бари ҷомаҳои мардум пош хӯрдани гӯшту пӯсту устухонҳои он одам давом намуд. Дар ҳамон вақт ҳам аз бақияи гӯшту пӯсту устухонҳои он кас даст накашиданд, балки бароварда дар як кӯли беруни шаҳр партофтанд, ки сагон хӯрда тамом карданд. Одамоне, ки ин ваҳшониятро диданд, дигар ҷуръаташон намонд, ки бо он гургони одамхор нигоҳ кунанд ва мусодара ҳам давом кардан гирифт… .
Мулло Амон бо таъсири ин ҳикояе, ки худ карда буд, фурсате андӯҳгинона сар хам карда хомӯш монд ва баъд аз он сар бардошта боз ба гап даромад:
— Маро набераи Файзӣ-авлиё* мегӯянд. Ин нисбатро ба ман барои он додаанд, ки ман аз деҳаи Розмоз мебошам ва Файзӣ-авлиё ҳам аз ҳамон деҳа буд. Бо вуҷуди ин ки ӯ дузди машҳур аст, ман аз ин нисбат ор намекунам, чунки ӯ мақсади хуб дошт. Агар ӯ дар дунё ягон кори намоёне мекард, ки аз вай ба мардум фоидае мерасид, ман аз ин нисбат ҳатто фахр ҳам мекардам. Аммо афсӯс, ки ӯ кори фоиданоке карда натавонист: пулҳои аз андоз ҷамъшудаи амирро дуздида ва хонаи бойҳоро зада, ба фақирон тақсим карда додани ӯ кор набуд. Бо он кор амир на танҳо андозҳои деҳқононро сабук накард, балки зиёдтар кард, то ки пули ба тороҷ рафтаро даҳчанд карда аз деҳқонон рӯёнад; бо он кирдори ӯ бойҳои ғоратдида на танҳо аз ҳаннотӣ ва судхӯрӣ бознаистоданд, балки ин кирдорҳои бади худро боз ҳам зиёдтар ривоҷ доданд, то ки ҷойи молҳои дар пинҳонӣ ба дуздӣ рафтаи худро бо тороҷи рӯйрост чанд-чанд карда пур кунанд; фақирон бошанд, бо он панҷу даҳе, ки Файзӣ-авлиё аз тақсими молҳои дуздидаи худ ба онҳо медод, аз эҳтиёҷ набаромаданд. Натиҷаи амалии он корҳои Файзӣ- авлиё ҳамин шуд, ки худ ба дасти ҷаллодон афтода, аз манори калони Бухоро партофта шуд.
Мулло Амон дар охири сухани худ гуфт:
— Бинобар ин ман ба шикоятҳои хонагӣ, ки онро «заифнолӣ» гуфтан муносибтар аст, ба ҳаракатҳои ба танҳоӣ, ба қаҳрамониҳои ҷудогона муқобил мебошад.
____________
* Файзӣ-авлиё як дузди машҳури розмозӣ буд, ки пулҳои аз андоз ҷамъшудаи амирро ва хонаҳои бойҳоро зада, ба фақирон тақсим карда медод. Амир Музаффар ӯро дастгир карда аз манори Бухоро партофта кушта буд.
Ман мегӯям, ки агар мумкин бошад, бо хурӯҷи оммавӣ ин гургони одам-хорро тавбаи гургӣ додан лозим аст.
Ман бояд иқрор кунам, ки маънии ин суханҳои Мулло Амонро он вақтҳо дуруст намефаҳмидам ва мақсади он марҳумро баъд аз Револютсияи Октябр фаҳмидам; инро ҳам фаҳмидам, ки ӯ ба ояндаи хубе умедвории қавие доштааст, инчунин ӯ барои нест кардани гургони одамхор (ҳокимони золим) хурӯҷи оммавӣ (яъне револютсия)-ро лозим медонистааст. Аммо ӯ дар кадом шароит, бо киҳо ва чӣ гуна ба вуқӯъ омадан ва ба вуқӯъ овардани он хурӯҷи оммавиро намедонистааст ва донистанаш ҳам мумкин набуд. Ҳатто ӯ мепиндоштааст, ки агар чопхона ва матбуот бошад ва мардум ба тарзи оммавӣ чизҳои навиштаи Аҳмад-махдум ва монанди онҳоро хонда чашмонашон кушода шавад, «хурӯҷи оммавӣ (яъне револютсия) карда гургони одамхорро тавбаи гургона додана-шон (яъне нест карданашон) мумкин аст». Албатта, ин хаёли ӯ хаёли хом буд.
Ман, чунонки маънии суханҳои Мулло Амонро баъд аз Револютсияи Октябр фаҳмидам, хаёли хом будани ин фикрҳои ӯро ҳам баъд аз револютсияи мазкур донистам.
Ҷанги муллоён бо аробакаш
Дар Бухорои амирӣ, дар сари мазори Баҳоваддини Нақшбанд, ҳар сол дар моҳи савр — аз 22 апрел то 22 май — чор ҳафта ва ҳар ҳафта як шабу ду рӯз -сешанбеву чоршанбе барои мардон ва як шабу ду рӯз — панҷшанбеву ҷумъа барои занон сайр барпо мешуд. Ин сайрро бинобар ташкил ёфтанаш дар вақти шукуфтани гули сурх «Гули сурх» меномиданд.
Ба ин сайр аҳолии деҳот бо савории худ оянд ҳам, аҳолии шаҳр бо савории кироя мерафтанд.
Бинобар ин дар ин мавсим кирокашӣ дар байни шаҳри Бухоро ва мазори Баҳоваддин ривоҷ мегирифт. Кирокашҳои ин роҳ ду қисм буда, ба харкорҳо ва аробакашҳо тақсим меёфтанд.
Харкорҳо бо созиши байни худҳошон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳе дар сари бозори Мазор ва гурӯҳи дигар дар кирокашхонаи «Мазор» ном дарвозаи шаҳр меистоданд ва ҳар гурӯҳ харҳои дар ихтиёри худашон бударо, хоҳ аз они худашон. бошад ва хоҳ аз они гурӯҳи дигар, ба равандагон киро карда дода, пули кироро пешакӣ мегирифтанд ва гурӯҳи дигаре, ки дар тарафи дигар меистоданд, он харҳоро аз равандагон қабул карда гирифта, ба равандагони дигар киро карда пас мегардонданд.
Дар аробаҳои кироии раванданишин, ки каппанок (болопӯшида) буда, онҳоро дар Бухоро қӯқандӣ ва дар Фарғонаву Тошканд соябонароба меномиданд, аз равандагони бебор дар масофаҳои наздик аз даҳ то дувоздаҳ нафар ҷойгир мешуданд.
Аробакашони ин гуна аробаҳо дар мавсими сайри «Гули сурх» бо нархи муайян ба қадри ғунҷоиши аробаҳошон ва қуввати аспҳошон одам гирифта, одатан пештар аз расидан ба кирокашхона дар роҳ рафтан бозистода, пули кирояшонро аз равандагон ғундошта мегирифтанд, то ки бо расидан ба манзили охирӣ баъзе равандагон аз бисёрии одамон дар кирокашхона фоида бурда, пули кироро надода аз ароба фуромада нараванд.
Дар рӯзҳои сайри «Гули сурх» дар як рӯзи чоршанбе панҷ нафар мулло, аз муллоҳои калон набошанд ҳам, аз муллоёни «машҳури Бухоро», дар бозгашти сайр аз мазори Баҳоваддин баромада ба кирокашхонаи он ҷо омадаанд ва бе муайян кардани нархи киро бар аробае, ки каппааш нақшин ва аспаш фарбеҳ, бо пӯпакҳо ва шавшӯлакҳо зинат дода шуда будааст, баромада дар пеши ҷойи нишасти ароба нишастаанд.
Вақте ки аробакаш пули кироро муайян кардан хостааст, онҳо гуфтаанд:
— Аз дигар равандагон чизе ки гирӣ, мо ҳам баробари онҳо медиҳем.
— Нархи ҷойи пеши ароба аз пасаш фарқ мекунад, шумоён бояд яку ним баробари касоне, ки дар паси ароба мешинанд, ҳақ диҳетон, — гуфтааст аробакаш,
— Мо ҳам аз дигар одамон фарқ дорем. Моро баробари дигар равандагон надонистанат, аз авомҳо фарқ кунонданат даркор аст, — гуфтааст яке аз он муллоён. — Мебинӣ, ки мо муллоёни дуогӯй мебошем, панҷ вақт намозро тарк намекунем, дар паси ҳар намоз дар ҳаққи аҳли мӯъмину мусулмон дуо мекунем. Ба мазори ҳазрати Баҳоваддини Нақшбанд ҳам мо монанди дигарон на барои сайру саёҳат, балки ба нияти зиёрат омадаем. Дар ин сурат, агар ту моро баробари дигарон ҳисоб кунӣ, ин корат дар ҳаққи мо ҳақорат мешавад.
Аробакаш чору ночор розӣ шудааст, ки бо вуҷуди дар пеши ароба нишастанашон аз онҳо баробари равандагони дар паси ароба нишинанда пули киро гирад ва фарқи нархи ҷойи пеши аробаро нисбат ба пасаш ба хотири муллоиашон ба онҳо бахшад.
Аробакаш панҷ нафар дигар равандагонро ба қарори ҳар кас як танга гирифта, боз нигарони равандагони дигар будааст, ки муллоҳо аз вай талаб кардаанд, ки зудтар ба роҳ дарояд.
— Аспи ман зӯр ва фарбеҳ аст, — гуфтааст аробакаш, — ҳар дафъа ман дувоздаҳ нафар мегирифтам, агар ин дафъа бо даҳ нафар равам, ғайр аз он чизе, ки аз ваҷҳи фарқи ароба ба шумоён бахшидам, боз ду тангаи дигар зарар мешавад.
— Барои ду танга азоб додани моро раво набин, — гуфтааст яке аз муллоён, — агар боз ду нафар гирӣ, ҷой танг шуда, мо маҷбур мешавем, ки дузону нишинем. Дар он вақт то ба шаҳр расидан, поҳои мо озор ёфта аз кор мебароянд. Гап ба болои ду танга бошад, агар дуои моро гирӣ, «худо аз хизонаи ғайбаш ду тангаатро чор танга карда мерасонад».
Аробакаш дидааст, ки бо ин «тунди халахӯр»-ҳои* якраҳа баҳсу ҷавоб карда нишастан бефоида аст, барои ин «салмаҳои сақат»-ро** зудтар ба манзил расонда аз дасташон раҳоӣ ёфтан ночор ба роҳ даромада, аспашро чолокона рондааст.
Дар ҳақиқат ҳам, аспи аробакаш фарбеҳ, пурзӯр, чобукрафтор ва пурғайрат будааст, ки аз ҳамаи аспон, харон ва аробагон пеш гузашта, чангу хоки аз пойи равандагон хезандаро ба саворагони худ нарасонда, ба Ҷӯгихона ном ҷой, ки наздик ба шаҳри Бухорост, расидааст.
Аробакаш дар он ҷо аспи худро аз рафтор боздошта, аз аробасаворони худ бо одати муқаррарӣ пули кироро талаб кардааст. Он панҷ нафаре, ки аз одамони оддӣ буда, дар паси ароба нишаста буданд, бо аввалин талаби аробакаш, мувофиқи созиши дар кирокашхона кардаашон, ҳар кадомашон яктангагӣ бароварда ба аробакаш додаанд.
____________
* Тунди халахӯр — ин ҷумла дар асл дар ҳаққи харе кор фармуда шудааст, ки агар чӯбро бинад, ҳаллос мезанад, лекин баъд аз савор шуда ба роҳ даромадан, ҳарчанд хала кунанд хам, роҳ намеравад. Маҷозан дар ҳаққи одаме гуфта мешавад, ки агар гап занед, оташин мешавад, ҳаргиз гапро намебардорад, аммо бо сад бор гуфтан хам, вазифаи худро иҷро намекунад. (Аз маҷозҳои халқии Бухоро).
** Салмаи сақат — дар асл бори дар роҳ афтодамондаи бефоидаест, ки барои бардошта бурдан ба гардани касе маҷбуран бор кардаанд. Маҷозан одами бефоидаест, ки ба касе часпида гирифта маунати худро ба ӯ бор кардааст ва аз ӯ халос шудан душвор аст. (Аз маҷозҳои халқии Бухоро).
Аммо муллоён бо пичир-пичири бисёр ҳар кадом аз кисаи куртаашон пули сиёҳ бароварда, якта-якта шумурда, сиюдупулӣ, яъне нимтангагӣ дар як ҷо ҷамъ карда ҳамагӣ дуним танга ба аробакаш додаанд.
Аробакаш, ки барои гирифтани пули киро бар болои зини асп якрӯя нишаста рӯйи худро ба тарафи муллоён гардонда будааст, пур аз пули сиёҳ будани ду чанголи муллои дар пеш нишастаро дида, тоқияи худро дароз карда ба вай андохта додани пулро пурсидааст. Мулло пулро ба тоқия андохта додааст, аробакаш гирифта, пулро кам тахмин карда пурсидааст:
— Ин чанд пул аст, тақсирам?
— 160 пули сиёҳ аст, ба дуним тангаи нуқраи сараи зарби Бухорои* шариф баробар меояд, — мулло ҷавоб додааст.
— Ин пули кирои чанд кас? — аробакаш боз пурсидааст.
— Барои панҷ кас!
— Магар аз рӯйи қавлу қарорамон пули кирои панҷ кас панҷ танга намешавад?
— «Алқавлу билалъамали ло йӯътабару» гуфтаанд дар китобҳо, — гуфтааст мулло.
— Ман ин гапатонро нафаҳмидам, тақсир. Тоҷикӣ карда гӯед-чӣ, — ароба-каш гуфтааст.
— Яъне, масалан, ки «қавли беамал, яъне масалан, ки гуфтори бекирдор эътибор надорад»- гуфтаанд дар китоб, — мулло гуфтаи худро шарҳ додааст.
— Ман аз ин гапҳо ҳеҷ чиз намефаҳмам, ман дар пеши шумоён дарс нахонда истодаам, ки аз китоб гап занетон. Зудтар пули кироро пурра диҳетон, ки вақт рафт. Беҳуда маро аз бечорагиам — аз кирокашиам намононетон, тақсирҳо!
— Ҳамааш ҳамин, — гуфтааст муллои дигар, — кам бошад, ками моро ба ҷойи пур бин. Мо дар ҳаққи ту ва дар ҳаққи зану фарзандонат дуо мекунем.
— Барои зану фарзандони ман аз дуо пештар нон даркор аст, вақтро нагузаронда ҳаққи маро диҳетон!
— Эй!.. Чӣ гуфта истодааст ин чапан? Магар ба дуо шаккокӣ мекунад ин худобехабар? — гуфтааст як муллои дигар ба ҳамроҳони худ ва ба аробакаш нигоҳ карда сухани худро давом додааст: — Гирӣ ҳам ҳамин, нагирӣ ҳам ҳамин, мо пули дигари ба ту медодагӣ надорем.
— Хуб, нагирам — намегирам, — гуфтааст аробакаш, пулро бо тоқияи худ ба тарафи муллоён дароз карда истода, — агар ман ба пул ва ё ба дуои шумоҳо барин «зоти шарифҳо» нигоҳ карда меистодам, кайҳо аз гушнагӣ мемурдам. Хизмати то ба ҳамин ҷо ба шумоён кардаамро ба арвоҳи падару модарам бахшидам. Ин пулҳотонро гирифта бурда ҳалвопечак харида хӯретон. Зуд аробаро холӣ кунетон, ки ман ба кори бечорагиам равам.
— Чиҳо мегӯяд ин худоношинос? — гуфтааст як мулло ба ҳамроҳонаш ва ба аробакаш нигоҳ карда: — Ту дубора ба дуо ва ба Худо шаккокӣ кардӣ. Моро ҳам ҳақорат карда истодаӣ. Мо аз ароба намефуроем ва туро бо аробаи худат ба пеши ҷаноби шариатпаноҳӣ — қозикалон бурда, даъвои ҳақорат мекунем. Зудтар аробаатро ҳай кун!
Аробакаш, ки то ҳол худдорӣ карда истода будааст, ин тӯҳмат ва беҳаёии муллоёнро дида, якбора шӯрида пули сиёҳи дар тоқияаш бударо ба роҳ ба болои реги Ҷӯгихона пош дода фиристода, ба муллоён:
— Ҳозир аз аробаам фуроетон, набошад, худам шумоёнро монанди ана ҳамон пулҳотон ба роҳ ҳаво медиҳам, — гуфтааст.
— Дар кофир будани ин аробакаш ҳеҷ шакку шубҳа намонд, — гуфтааст яке аз муллоён ба ҳамроҳони худ, — дар ҳамин ҷо дасту пойи ӯро баста, зада-зада кашола карда ба қозихона бурдан даркор аст, — гӯён ба тарафи он панҷ нафар аробасавори дигар нигоҳ карда: — Бачаҳо, шумоён дар ин кор ба мо ёрӣ диҳетон ва ба қозихона ҳамроҳи мо рафта гувоҳ шуда, чиҳо гуфтани ин кофирро ба шариатпаноҳӣ гӯетон, то ки шумоён ҳам ба савоб дохил шаветон! — гуфтааст.
Аммо он равандагон ба ин ҷанҷоли хавфнок ҳамроҳ ва гувоҳ шуданро нахоста, аз паси ароба фуромада ба паскӯчаи Ҷӯгихона даромада ғоиб шуда рафтаанд. Аробакаш бошад, қамчинашро ба миёнаш халонда, пояшро ба ариш (шоту) гузошта рост хеста:
— Касеро, ки дасту пойи маро бандад, модараш ҳанӯз назойидааст, — гӯён аз болои ариш ба даруни ароба рафта, муллоёнро ягон-ягон бардошта ба роҳ ҳаво додааст ва аспи худро бо аробаи холишуда ронда рост ба тарафи кирокашхона рафтааст.
* * *
Ҳоҷӣ-махдум, ки ҳар гуна хабарҳои аҷибу ғарибро ба мо мерасонд, ин воқеаро ҳам дар ҳамон рӯзи воқеъшудааш ба мо омада гуфт. Ӯ аввал ин хабарро тасодуфан аз яке он панҷ нафар равандагон, ки шоҳид шуданро нахоста аз ароба фуромада будаанд, шунидааст. Чун он кас аз аробакашхонаи Файзобод будани он аробакашро хабар додааст, Ҳоҷӣ-махдум, ки ҳангоматалаб ва кунҷков буд, ба он ҷо рафта, ҳамон аробакашро ёфта шахсан аз худи ӯ пурсида гирифтааст. Азбаски аробакаш Ҷунбул-махдум будани яке аз он муллоҳоро гуфтааст, Ҳоҷӣ-махдум ба мадрасаи Девонбегӣ ба ҳуҷраи Ҷунбул рафта, аз ӯ ҳам ин хабарро шунидааст, ки ҳар се нақл баробар баромада, ба ростии ин дигар ҳеҷ шубҳа намондааст.
Ҳоҷӣ-махдум аз Ҷунбул киҳо будани он чор нафар муллои дигарро ҳам фаҳмида гирифтааст, ки мо дар ин ҷо онҳоро ягон-ягон номбар мекунем. Пеш аз баён кардани шахсияти он муллоҳо, дар ин ҷо қайд кардан даркор аст, ки ҳар кадоми онҳоро хонандагони «Ёддоштҳо»-и мо аз ин пеш дар қисми III дидаанд; се нафари онҳо — Ҷунбул-махдум, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-махдум буданд 214, ки зикри онҳо дар қисми мазкури «Ёддоштҳо» дар боби «Микробҳои одамшакл» (нашри тоҷикӣ, соли 1950), гузаштааст, чоруми инҳо Қорӣ Самеъ 215 будааст, ки зикри вай дар зимни зикри Яҳёхоҷа дар китоби мазкур дар саҳифаҳои 10-11 қайд ёфтааст, панҷум Мухторхоҷа будааст, вай ҳам дар китоби мазкур дар боби «Наҷибуттарафайн» баён ёфтааст.
Чун дар воқеаи аробакаш кори инҳо бо ваҳшонияти чашмнадида ва фоҷиаи гӯшношунида анҷом ёфт, лозим аст, ки мо хонандагони азизи худро бо инҳо дурусттар шиносо кунем:
Ҷунбул-махдум як одами тахминан сию панҷсола буда, қомати баланд ва бадани борики лоғар дошт, ки ба пояи ҷувории сафед сахт монанд буд, ӯ бо рӯйи борики дарозрӯяи маллатобаш ба шағол монандии қавӣ дошт, абруи бемӯй ва чашми танги бемижгонаш низ аз қиёфаи шағолӣ хабар медод. Чизе, ки башараи ӯро аз шағол фарқ мекунонд, ҳамин буд, ки рӯяш бо пешона ва биниаш пур аз доғи нағзак буда, ба бинанда як ҳисси нафрат бедор мекард, риши тунуке, ки аз манаҳи борикаш баромада буд, пашми гурбаи маллаи худмурдаро ба ёди кас меовард.
Касби асосии Ҷунбул судхӯрӣ буда, пулҳои худро ба аллофони бозори орд ва ба ҳуҷрадорони мадрасаи Девонбегӣ, ки худ низ яке аз ҳуҷрадорони он ҷо буд, бо фоида ба қарз медод. Ҷунбул ҳарчанд аз ҷумлаи хатми дарскардагони мадрасаҳои Бухоро бошад ҳам, саводи дуруст надошт, бо вуҷуди масъалаҳои диниро дуруст надонистан, диндортароши сахт буда, худро ҳамин тарз нишон медод, ки агар вай набошад, дини ислом вайрон шуда меравад.
Абдураҳмони Рафтор як одами қоматпасти фарбеҳ буда, ба қавли аҳолии Бухоро «ғӯладинг» номидан мумкин буд. Аммо ӯ дар роҳ рафтан ҳар кадом аъзои баданашро ҷудогона-ҷудогона ҷунбонда қадам мепартофт, ки дар вақти рафтораш ӯро маст гумон кардан мумкин буд.
Аҳолии Бухоро дар роҳ рафтан ҷилвагарона қадам партофтани ӯро ба назар гирифта, ба номи ӯ калимаи «рафтор»-ро ҳамроҳ карда буданд.
Абдураҳмони Рафтор яке аз муллоёни диндори сарватманд буда, аз мадрасаи Кӯкалтош чанд дар ҳуҷра ва аз растаҳо чанд дар дӯкон дошт, ки аз вақфҳои ҳуҷраҳояш ва аз иҷораҳои дӯконҳояш даромади калонро соҳиб буд. Бо ҳамаи ин аз судхӯрӣ ва ҳуҷраҷаллобӣ ҳам сарват бар болои сарват зам мекард.
Ӯ дар ҳамон вақтҳо тахминан чилсола буда, дар мадрасае мударрис буд, лекин ба ҷойи ба он мадраса рафта дарс гуфтан, дар мадрасаи Кӯкалтош дар миёнсарой нишаста гапфурӯшӣ мекард. Суханони ӯ бештар ба даъвои диндорӣ ва изҳори таассуби динӣ оид буд.
Қиём-махдум аз шариқдарсони Абдураҳмони Рафтор буда, аз ӯ қоматбаландтар ва дар даъвои диндорӣ ва изҳори таассуби динӣ аз ӯ монданӣ надошт. Дар мунозираҳои мазҳакамонанди муллоён ӯ ҳам монанди Абдураҳмони Рафтор иштирок карда, нофаҳмида фарёд мекашид.
Қиём-махдум ҳам монанди Абдураҳмони Рафтор аз мадрасаи Кӯкалтош чанд дар ҳуҷраро ба даст дароварда гирифта буд, ки харидуфурӯши ҳуҷраҳои ин мадраса, иҷораи вақфҳояш ва тақсими пули вақф бе савобдиди ин ду шарики ба хам наздик анҷом намеёфт.
Мо дар ин ҷо дар тавсифи Қорӣ Самеъ намеистем, чунки кирдор, рафтор ва қиёфаи ин одами динфурӯш дар зимни зикри Яҳёхоҷа дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» гузаштааст.
Мо бояд дар ин ҷо дар хусуси Мухторхоҷа чанд калима гуфта гузарем: ин одам, чунонки дар қисми III дар боби «Наҷибуттарафайн» қайд ёфт, куҳансол ва аз кӯҳна мударрисони Бухоро буда, дар мадрасаи Кӯкалтош чанд дар ҳуҷра дошт. Ин одам миёнақад, миёнагӯшт, ришкалон, сабзиначеҳра буда, монанди арабҳо чашмони калони сиёҳ дошт, ришаш калон буда, бо вуҷуди синнаш болотар аз шаст будан, дар ришаш торҳои сафед кам менамуд ва ба ҳамин муносибат ӯро мардум «сиёҳпир» мегуфтанд.
Ӯ дар зоҳир одами бечора менамуд, он қадар даъвои диндорӣ ва изҳори таассуби динӣ ҳам намекард, хоксориаш ба дараҷае буд, ки нисбат ба худаш, ки падар аст, худро асилзодатар, донишмандтар ва ба ҳурмат сазовортар шумурдани писарашро ҳам бо табассуме шунида чизе намегуфт ва ҳама ҳайрон буданд, ки ин одами нарммуомила чаро бо аробакаш ин қадар муноқиша кардааст.
Аз рӯйи хабаре, ки Ҳоҷӣ-махдум аз Ҷунбул-махдум овард, муллоёне, ки бо аробакаш ҷангидаанд, қарор додаанд, ки ӯро ба қозихона кашида, «кофир» шу-дани ӯро «исбот» карда, ба қатли ӯ ҳукм бароранд.
Дар ин ҷо боз як ҷойи воқеаро равшантар карда гузаштан лозим аст: дар шароити амирӣ, дар шароите, ки муллоён ҳокими мутлақ ва такягоҳи ҳукумати амирӣ, ба шариат мувофиқкардадиҳандаи ҳар гуна зулму бедод ва фиску фасоди амир буданд, аҷиб нест, ки баъзеҳо ба панҷ нафар муллоёни машҳур муқобил баромада, онҳоро беобрӯй кардани як аробакашро аз ақл дур пиндоранд.
Аммо агар хонандагон аз қисми Ш-и «Ёддоштҳо» (ҳамон китоб, ҳамон нашр) дар боби «Ҷамъиятҳои пешаварон дар Бухорои амирӣ» (саҳ. 234 — 247) ҷамъияти саисон ва аробакашонро, ки дар саҳифаҳои 241 — 242 зикр ёфтааст, хонда бароянд, ҳар гуна шубҳаашон бартараф мешавад 216. Чунки дар он боб дар ҷамъияти худ нисбат ба пешаварони дигар хеле озодона тарбия ёфтани саисон ва аробакашон баён карда шудааст. Ба болои ин аробакашони аробакашхонаи Файзобод дар ҷасорат, дар гапнабардорӣ, дар озодгардӣ ва ҷангарагӣ шӯҳрат доштанд. Чӣ гуна пурҷасорат ва озодгард будани аробакашони файзободиро воқеаи зерин ба хубӣ исбот мекунад:
Раиси собиқи Президиуми Совети Олии Ӯзбекистон Юлдош Охунбобоеви марҳум пеш аз Револютсияи Октябр як вақтҳо дар як бойи андиҷонӣ, ки дар байни Фарғона ва Қачқар савдогарӣ доштааст, аробакашӣ кардааст. Рӯзе дар байни хӯҷаин ва Охунбобоев дар адои ҳаққи хизмат низоъ баромадааст. Хӯҷаин хостааст аз обрӯйи худ дар пеши амалдорони подшоҳии Россия фоида бурда, ба гардани аробакаши худ ягон айби сиёсӣ бор карда, ӯро дар Сибир бадарға кунонад.
Охунбобоев аз ин ҳаракати хӯҷаини худ хабардор шуда, гурехта ба Бухоро рафтааст ва дар он ҷо дар байни аробакашони файзободӣ ҷойгир шуда, чандин сол аробакашӣ карда гаштааст.
Ва ҳол он ки мувофиқи созиши дар байни амир ва ҳукумати подшоҳӣ басташуда амир маҷбур буд раиягони Россияро дастгир карда, ба гумоштаи сиёсии давлати мазкур супорад ва агар он гуреза айби сиёсӣ дошта бошад, аз раиягони Бухоро касонеро ҳам, ки он гурезаро дар хонаи худ ҷой додаанд, ҷазои сахт диҳад.
Аробакашони файзободӣ аз он гуна ҷазоҳо натарсида, Охунбобоеви мазкурро чандин сол дар байни худ гирифта бо ӯ рафиқона кор карда гаштаанд.
(Ин воқеаро дар соли 1935, вақте ки ман дар хонаи Охунбобоеви марҳум меҳмон шуда будам, ӯ шахсан ба ман ҳикоя карда буд. Атобой Саидов ном файзободӣ, ки аз кӯҳна олуфтагони он ҷост, ҳоло навадсола буда, дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ин ҳикояи Охунбобоеви марҳумро тасдиқ кард ва аз ҳамон вақт боз бо марҳум ошно будани худро гуфт).
Интизорӣ ба сангсор карда шудани аробакаш
Дар рӯзи дуюми ҷанги муллоён бо аробакаш дар шаҳр овоза шуд, ки «муллоён ривояти уламоро дар бораи кофир шудани аробакаш тайёр кардаанд, сабаби кофир шудани ӯ ин будааст, ки уламо, пайғамбар, Худо, дин ва шариатро дашном додааст. Ӯро дастгир карда мекуштаанд ё сангсор мекардаанд».
Баъзеҳо ин ҳама суханҳоро кӯтоҳ карда, «як аробакаш «сабби набӣ» кардааст, муллоён ӯро сангсор мекардаанд»- мегуфтанд. Маънии «сабби набӣ» ба оммаи ахолии Бухоро маълум буд. Дар асл луғати «сабб» ба маънои дашном додан ва безорӣ ҷустан бошад ҳам, ин калима дар Бухоро ба «набӣ» изофа карда шуда, ба маънои «дашном додан ва безорӣ ҷустан аз Худо ва Расул» кор фармуда мешуд.
Дар рӯзи сеюм овоза шуд, ки «қозикалон аробакашро ба ҳабс гирифта, бо ривояти уламо ба амир ариза навиштааст ва мунтазири фармони олӣ будааст. Ҳар гоҳ, ки ҳукми амир содир шавад, дар Регистон ё Хоҷа Нуробод — дар майдони бозори хар ё дар беруни шаҳр — дар майдони машқи сарбоз ӯро сангсор мекардаанд». Бо ин овоза мардуми ҳангоматалаби бекор ҳар рӯз пагоҳонӣ дар Регистон ҷамъ мешуданд, то ки «сангсоркунӣ»-ро тамошо кунанд. Чун дар Регистон аз ин кор асаре намедиданд, ба бозори хар медавиданд ва дар он ҷо ҳам, ки аз тамошо аломате наёфтанд, ба беруни шаҳр — ба майдони машқи сарбоз мешитофтанд. Баъд аз он ки дар он ҷо ҳам аз тамошо ноумед мешуданд, ба хонаҳои худ бармегаштанд.
Дар пайи ин тамошо ин қадар бо шавқу ҳавас давидани мардум бесабаб набуд, чунки онҳо ҷазои 75 чӯб задан ва гӯсфандвор одам куштани амирро борҳо дида бошанд ҳам, сангсоркуниро ҳеҷ надида буданд ва ҳатто аз падару бобоҳошон ҳам нашунида буданд, бинобар ин дидани ин кори нодир бисёр муҳим менамуд.
Мардум тарзу тариқаи сангсор карданро ҳам намедонистанд, бинобар ин чӣ тарз ва чӣ гуна иҷро шудани онро аз якдигар мепурсиданд. Дар ҷамъомадгоҳи тамошоталабон дар ҷавоби ин савол ихтиёри сухан ба дасти касе меафтод, ки чӣ навъ ба амал овардани ин корро аз муллоён шунида бошад. Агар дар миёни гурӯҳи воқеаталабон касе ёфт шавад. ки вай дар ин бора чизе аз муллоёни даъвогар — аз он панҷ нафаре, ки мо номашонро дар боби гузашта қайд кардем, шунида бошад, дигар касе ба сухани каси дигар гӯш намедод. Зеро сухани он панҷ нафар муллое, ки аробакашро сангсор кунондан мехостанд, аз ҳар гуна суханони кӯчагӣ пухтатар ва касе, ки чизеро бевосита аз онҳо шунида нақл мекард, қавли ӯ мӯътабартар ба шумор мерафт.
Муллоёни даъвогар ҳам ҷӯяндагони хабари сангсоркунӣ ва тариқаи иҷрои онро бисёр дар интизорӣ намегузоштанд, хусусан Ҷунбул-махдум кӯча ба кӯча гашта бар сари дӯкони ошною бегона нишаста, воқеаи гузаштаро баён карда, мазмуни ривоятро шарҳ намуда, ҳамаи корро ба худ нисбат медод ва худро ташаббускори иҷрои ин ҳукми шариат нишон медод. Назар ба қавли ӯ (дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамин тавр бошад), агар ӯ дар вақти кофир шудани аробакаш ҳозир намебудааст, он кори бади аробакаш монанди «об ба хошок» номаълум шуда мерафтааст, чунки ба сабаби «охир шудани замон» на танҳо авомҳо, ҳатто муллоҳо ҳам беҳамият шуда рафта будаанд. Чун ӯ бо ҳамияти исломӣ, ки «Худо дар табиати ӯ сиришта будааст», ба ғайрат омадааст, он чор нафар ҳамроҳони дигараш ҳам аз дунболи ӯ рафта ин корро ба шариат ороста кардаанд.
Ҷунбул-махдум дар вақти баён кардани воқеа ҳеҷ гоҳ масъалаи пули киро ва низоеро, ки бар болои ин масъала дар байни худҳошон ва аробакаш бархоста буд, ба забон намегирифт ва воқеаро чунон нишон медод, ки гӯё онҳо дар аробаи ин аробакаш нишаста аз мазор омада истода будаанд, аробакаш дар Ҷӯгихона бо равандагони дигар, ки дар ҳамон ароба нишаста будаанд, ба болои пули киро ҷанҷол кардаанд, аробакаш дар вақти ҷанҷол «калимаҳои куфр»-ро бар забон рондааст. Вақте ки муллоён ӯро насиҳат кардаанд, аробакаш худи онҳоро ҳам дашном дода, «калимаҳои куфр»-ро такрор ва таъкид кардааст. Он равандагоне, ки бо аробакаш ҷанҷол карда буданд, баъд аз муллоён ба миён даромадан аз оқибати кор ё аз аробакаши хунхор тарсида, аз ароба фуромада гурехта рафта будаанд, «афсӯс, ки муллоҳо кӣ будани онҳоро ва куҷоӣ буданашонро намедонистаанд», вагарна онҳоро ҳам ба шоҳидӣ кашида, кори аробакашро душвортар ва ба ҷазои сахт гирифтор кардани ӯро осонтар мекардаанд. Баъд аз он ки одамони «номаълум» гурехта рафтаанд, лозим омадааст, ки худи ҳамин панҷ нафар ҳам даъвогар шаванд ва ҳам гувоҳ, бинобар ин ба шариат ороста кардани ин кор хеле душвор шудааст. Лекин ҳар қадар ташвиш кашида бошанд ҳам, айни роҳат будааст, чунки «дар роҳи дин одам чӣ қадар ки бисёр азоб кашад, ҳамон қадар бисёртар савоб меёфтааст»;
Дар рӯзҳои ба маҳкама кашида шудани аробакаши сангсоршуданӣ миёнсаройи мадрасаи Кӯкалтош ҷамъомадгоҳи муллоёни воқеаталаб шуда буд. Ин миёнсарой, ки дар вақтҳои оддӣ ғайбатхонаи табақаи болонишини муллоён буда, нишинандагони он ҷо аз тарафи шоир Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат «санодиди Қурайш»* (бузургони қабилаи Қурайш) унвон ёфта буданд, дар он рӯзҳо (агар ин таъбири то имрӯз дар забон ва адабиёт дохилнашударо хонандагон раво бинанд) шакли «фатвохонаи ҳарбии динӣ»-ро ба худ гирифта буд.
Дар равоқи калони дар миёнаи миёнсарой воқеъшудаи ин «фатвохона» Мухторхоҷа ва Қорӣ Самеъ, ки аз ҷиҳати пириашон қуввати кӯчагардӣ надоштанд, менишастанд, дар паҳлуи рости онҳо Абдураҳмони Рафтор ва дар тарафи чапашон Қиём-махдум ҷой мегирифтанд. Инҳо ҷавонтар ва қуввати кӯчагардӣ дошта бошанд ҳам, кӯча ба кӯча гашта, монанди Ҷунбул-махдум шӯҳрат ёфтанро
____________
*Дар аввалҳои исломият бузургони Қурайш ном қабилаи араб дар хонаи Каъба нишаста тақдири одамҳоро хал мекарданд, дар бораи куштан, бадарға кардан ё зинда гӯронидани одамони ҷудогона қарор медоданд. Инҳо дар таърихи араб «санодиди Қурайш» номида шудаанд. Ҳайрат болонишинони миёнсаройи мадрасаи Кӯкалтошро ба ҳамин бузургони қабилаи Қурайш монанд карда, ба онҳо ҳам «санодиди Қурайш» унвон дода буд.
ба шаъну шавкати худ муносиб надида, дар ҳамин ҷо нишаста, ба ҷӯяндагони воқеаи аробакаш ва тақдири ӯ ҷавоб доданро боиси шӯҳрати азим медонистанд. Дар равоқчаҳое, ки дар паҳлуҳои равоқи калон ва дар рӯ ба рӯйи он воқеъ шуда буданд, воқеаҷӯён ва фатвоталабон нишаста, аз калонон воқеаи аробакаш ва тақдири ояндаи ӯро мепурсиданд.
Болонишинон тарзи вуқӯи воқеаро, чунонки Ҷунбул-махдум дар кӯчаҳо мегуфт, баён карда, ташаббуси худро дар бораи дастгир карда ҳабс кунондани ӯ, мазмуни ривоятеро, ки аз муфтиҳо гирифтаанд, бо шарҳ ва тафсил ҳикоя мекарданд ва дар вақти нақли ин чизҳо ҳар кадом кӯшиш мекарданд, ки худро ташаббускори асосии ин кор карда нишон диҳанд. Бинобар ин ҳар кадом сухани они дигарро бурида, ба тарзе тасҳеҳ ва илова мекард, ки ташаббуси асосӣ ба худаш оид шавад.
Дар бораи тақдири аробакаш бо иттифоқ ва ҳама бо як овоз:
— Ӯ сангсор карда мешавад, — мегуфтанд.
Аз рӯйи қавли онҳо, тариқаи ба амал овардани ҷазои сангсоркунӣ ин будааст, ки гунаҳгорро дар майдоне то миёнаш дар замин мегӯронидаанд ва мусулмононе, ки дар он майдон ҷамъ мешудаанд, санг ҳаво дода, бар сару рӯю синаву пушти гунаҳгор задан мегирифтанд. Агар гунаҳгор дар ин миёна мурда монад ҳам, то тамоман дар зери сангҳо гӯр шудани ӯ сангпаррониро давом медодаанд. Дар ҳар ҳол аввалин сангҳоро муллоёни даъвогар парронда, савоби аввалинро онҳо мегирифтаанд, лекин тамошобинони сангпаррон ҳам аз савоб холӣ намемондаанд.
Гурӯҳи калони тамошоталабон, ки ҳар пагоҳ дар Регистон, дар бозори хар ва дар майдони машқи сарбоз ба умеди дидани сангсоркунӣ ҷамъ мешуданд, бо шунидани тарз ва тариқаи сангсоркунӣ аз одамони «мӯътабар», ки онҳо аз қавли муллоёни дар боло ном бурдашуда нақл мекарданд, дар байни худ ба гуфтугузор меафтоданд. Яке аз онҳо мегуфт:
— Ин тавр бошад, бояд дар рӯзи сангсоркунӣ дар майдон чанд ароба санг ҳам оварда резанд, то ки одамон он сангҳоро гирифта ба тарафи гунаҳгор паррондан гиранд.
— Ту аҷаб гапҳо мезанӣ! Дар дунё савоби муфт дар куҷост? Бояд ҳар савоб-талаб аз кӯчаҳо доман-доман санг чида оварда парронад, то ки савоб ёбад, -мегуфт касе, ки тариқаи сангсоркуниро бевосита аз забони Ҷунбул-махдум шунида омада буд.
— Ман на санг чида меорам, на санг ҳаво медиҳам, — мегуфт яке аз тамошоталабон, — кӣ медонад, ки он аробакаш гунаҳгор аст ё не? «Савоб мегирам» гуфта ба ноҳақ куштани як одам шарик шудан чӣ даркор аст?
— Муллоён кофир шудани ӯро дида бошанд, муфтиҳо «сангсорбоб» гуфта фатво дода бошанд, боз чаро кушта шудани ӯ ноҳақ мешудааст? — мегуфт тамошоталаби дигаре.
— Аз муллоён «куштани он аробакаш ноҳақ» мегуфтагиҳо ҳам ҳастанд, — гуфт касе, ки санг парронданро намехост.
— Кадом мулло будааст он? — гуфт касе, ки тариқаи сангсоркуниро аз муллоён шунида омада, ба савоб будани сангпарронӣ бовар дошт. — То ҳол ман ягон муллоро надидаам, ки ин корро «ноҳақ» гӯяд.
— Мулло Амони розмозӣ чӣ? — гуфт касе, ки сангпаррониро намехост. — Ӯ аз муллоёни пешқадами кӯҳнахатм аст. Дирӯз дар бозори қаймоқи Бозори нав ба касе ноҳақ будани ин корро мегуфт, ки ман бо гӯши худ шунидам.
— Қавли Мулло Амон ҳеҷ эътибор надорад, — гуфт касе, ки савоб будани сангпаррониро аз муллоёни даъвогар шунида буд, — ӯро муллоёни дигар «набераи Файзӣ-авлиё» мегӯянд, ки вай дузд буд…
— «Бузро аз пойи худаш меовезанд, гӯсфандро ҳам аз пойи худаш»- гуфтаанд одамони таҷрибакор, — гуфт як одами замонашиноси замонасозикунанда гапи он ду нафарро, ки бо ҳам баҳсу ҷавоб мекарданд, бурида. — Агар муллоён ин корро ноҳақ карда истода бошанд, «гӯри худашону аъмоли худашон», ба ману ту чӣ? — гӯён махсусан ба касе, ки ноҳақ будани ин корро аз Мулло Амон нақл мекард, нигоҳ карда илова намуд: — Агар муллоён бо ноҳақкорӣ ин балоро ба сари аробакаш оварда бошанд, метавонанд, ки туро ҳам бо ин гапҳоят «тарафгири аробакаш будааст» — гӯён ба ягон бало гирифтор кунанд. Касе, ки ин корро ноҳақ донад, метавонад, ки санг напарронад, лекин аз ноҳақ будани ин кор гап назадан беҳтар аст, чунки «девор муш дорад, муш гӯш дорад» — гуфтаанд одамони пурдида. Дар дунё одамони хабаркаш бисёранд, эҳтиёт кардан лозим аст…
Ба ҳамин тариқа, гурӯҳҳои тамошоталабон ҳар рӯз пагоҳонӣ дар майдонҳое, ки сангсор карда шудани аробакаш дар он майдонҳо тахмин карда мешуд, ғун шуда, оид ба ин «тамошои аз ин пеш диданашуда» дар байни худ гуфтугузор ва баҳсу ҷавобҳо карда рӯзҳои бисёреро гузарониданд, аммо он «тамошо» ба вуқӯъ намеомад ва кай шуданашро ҳам касе муайян карда наметавонист.
Тамошоталабон рафта-рафта аз дидани ин тамошо умедашонро кандан гирифтанд ва дар майдонҳо ғун шудани онҳо ҳам рӯз то рӯз камтар мешуд ва гурӯҳҳо ҳар рӯз аз рӯзи гузашта хурдтар мегардиданд. Акнун суханони одамони «мӯътабар», ки аз забони муллоёни даъвогар «албатта аробакаш сангсор хоҳад шуд, ду рӯз пеш нашавад, ду рӯз баъд ин кор албатта шуданист»- мегуфтанд, ба тамошоталабони ноумедшуда таъсир намекарданд ва дубора онҳоро умедвор карда наметавонистанд.
Дар байни тамошоталабон, ки як гурӯҳи бисёр хурд шуда монда буданд, ҳоло ҳам дар хусуси ин кор гуфтугузор мешуд, аммо ин гуфтугузорҳо на дар бораи он мерафтанд, ки амалиёти сангсоркунӣ кай ва ба чӣ тариқа ба вуқӯъ меояд, балки ҳамаи суханҳо оид ба ин буд, ки ин кор чаро ба вуқӯъ наомада монд ва сабаби нашудани ин чист?
Дар ин хусус баъзеҳо мегуфтанд, ки: «ҷаноби олӣ нахостаанд ба гапи ду-се мулло даромада як одамро, ки ба зоти олӣ ва ба давлат зарар нарасондааст, кушанд».
Баъзе дигарҳо мегуфтанд, ки: «сухани Мулло Амон дуруст будааст, ин корро муллоёни даъвогар ноҳақ ҷунбонда будаанд. Қозикалон нодурустии ин корро медонистааст, аз шӯри муллоён тарсида, дар ин бора ба амир ариза фиристода бошад ҳам, боз як аризаи махфӣ фиристода, нодуруст будани ин корро ба ӯ маълум карда илтимос намудааст, ки дар ин бора фармони олӣ содир нашавад, ки ба ҳақиқат мувофиқ намешавад».
Баъзе касон ҳам буданд, ки ба нашуда мондани ин кор тамоман як сабаби дигар нишон медоданд: онҳо мегуфтанд, ки: «амир ҳеҷ корашро бе рухсати ҳукумати Русия карда наметавонад. Консули рус «ин корро накунед ва ба гапи муллоҳо даромада аробакашро накушед!» — гуфтааст. Бинобар ин амир ҳам аризаеро, ки қозикалон бо ривояти уламо дар бораи сангсор кардани аробакаш фиристодааст, беҷавоб мондааст».
Сиёсатдонҳои Бухоро ҳам ҳамин фикри охириро қувват медоданд. Назар ба қавли онҳо, вақти подшоҳ шудани амир Абдулаҳад ҳукумати Россия ба воситаи генерал-губернатори Туркистон ва вакили сиёсии дар Когон будаи худ ба ӯ тавсия карда будааст, ки рӯйрост бисёр одамкушӣ накунанд. Агар касе касеро кушта бошад, ё ба зоти олӣ беҳурматӣ карда бошад, ё ба давлати олӣ зарар расонда бошад, дар куштани он қотил ва гунаҳгори сиёсӣ ихтиёр доранд. Аммо бисёр эҳтиёт кунанд, ки мувофиқи шариат шавад. Вагарна хориҷиҳо ҷаноби олиро ваҳшӣ гуфта тӯҳмат мекунанд, ба ҳукумати ҳазрати императори аъзам ҳам за-бон мерасонанд, «дар мамлакате, ки дар зери ҳимояти худаш мебошад, чаро ба ин ваҳшоният роҳ медиҳад?»- мегӯянд.
Сиёсатчиён ба ин қавли худ дар мақоми далел мегуфтанд, ки: «бинобар ин дар замони Абдулаҳад рӯйрост куштани одам камтар шуд. Албатта, онҳое, ки дар зери шиканҷа ва чӯби мириғазабҳо, ё дар зиндонҳо, ё ин ки дар зери дасти ҳокимони вилоят кушта мешаванд, дар қатори рӯйрост одамкушӣ намедароянд, чунки онҳоро на русҳо пурсуков карда мегарданд ва на хориҷиҳо». Ва ҳол он ки дар замони амир Музаффар рӯзе набуд, ки дар бозори ресмони Регистон одам накушанд ё дар бозори хар одамонро ба дор наовезанд. Дар он вақтҳо дар ҳар куштан на як нафар-ду нафар, балки то даҳ нафарро якбора ва якҷоя мекуштанд. ё ин ки дар бозори хар қатор карда, чунонки гӯсфандҳоро ба қанора мекашида бошанд, ба дор меовехтанд. Дар замони амир Музаффар ҳатто дар рӯзҳои сайри Ширбадан, дар пеши назари тамошокунандагони сайр, аз сад нафар зиёд одамро якбора кушта буданд.
Дар ин рӯзҳо муллоёни даъвогар бисёр дар ташвиш афтода буданд. Онҳо, ҳарчанд ба касоне, ки ба худашон муроҷиат карда аз ваҷҳи кори аробакаш пурсуков менамуданд, «албатта аробакаш сангсор хоҳад шуд, ҷаноби олӣ ҳеҷ мумкин нест, ки талаби муллоён ва ривояти уламоро рад кунанд» гӯён ҷавоби қатъӣ диҳанд ҳам, худашон аз дер мондани ин кор дар шубҳа афтода буданд, ки шубҳа дили онҳоро монанди реши кирмкардаи шутур ба хориши тоқатнопазир гирифтор карда буд. Аммо инҳо монанди шутури хоришдор худҳошонро ба ҳар дару девор молида, барои таскин додани озори худ кӯшиш карда наметавонистанд. Чунки дар он вақт «ба санг бархӯрдани тири одамкушиашон» ба ҳар кас маълум шуда, сабаби шикастани шаънашон мешуд. Ин корро бошад, «бузургвории муллоии онҳо» бардошта наметавонист.
Дару деворе, ки онҳо барои тасаллӣ ёфтан ва таскин додани дили хоришдори пурозорашон худро ба он зада метавонистанд, танҳо ҳавлии қозикалон буд. Онҳо дар рӯзҳои пурташвиши худ дар ҳар шабу рӯз якчанд бор ба он ҷо рафта, дар хонаи хилват ба қозикалон фарёд мекашиданд:
— На ин ки ҷаноби олӣ талаби мо барин дуогӯёни самимиро барои як аробакаши бенамоз, ки дар охир кофир шудааст, рад кунанд? Охир рад шудани талаби мо магар ба беобрӯ шудани мо сабаб намешавад, ки ин дар ҳақиқат беобрӯйии тамоми уламост? На ин ки ҷаноби олӣ подшоҳи ислом шуда истода ривояти уламоро рад кунанд ва ҳол он ки мо мешунавем ҳокимони Самарқанд ва Тошканд, бо вуҷуди рус буданашон, ривояти уламои исломро рад намекардаанд? Магар рад кардани ривояти уламои ислом ба рад кардани шариат оид намешавад? Натиҷаи рад кардани шариатро мо ба забон гирифта наметавонем, худатон гӯед, ки чӣ мешавад? Шумо, ки дар маҳкамаи шаръӣ нишастаед, бояд ин маъниҳоро кушоду равшан ба ҷаноби олӣ арз кунед.
— Ҳанӯз ки талаби шумоёнро ҷаноби олӣ рад накардаанд, сабр карданатон лозим аст, — мегуфт қозикалон. — Агар рад мекарданд, албатта ба ман менавиштанд. Ман гумон мекунам, ки дар ҳамин наздикиҳо хабари хуш мерасад.
Қозикалон сабаби дер мондани ҷавоби аризаи худро донад ҳам, барои «сирри давлатӣ» будани он сабаб рӯйрост ба муллоёни «даҳонбефаровез» гуфта наметавонист. Дар охир, ки бисёр танг шуд, сабаби ҳақиқиро равшан карда нагӯяд ҳам, бо ишорат ва пӯшонда гуфт:
— Ҷаноби олӣ ҳар корро хуб фикр карда, ҳар тарафашро дуруст санҷида, баъд аз он фармон медиҳанд, то ки баъд аз баромадани фармон сабаби ҳар гуна гуфтугӯҳо нашавад. Хирадмандии соҳибдавлати мо дар ҳамин аст. Шумоён ҳам бисёр сабукӣ накарда, чанд рӯзи дигар сабр кунетон, ки охираш хайр мешавад. Ба мақоли «дер ояд — дуруст ояд» амал намоетон.
Муллоён бо ин ишоратҳо қадаре тасаллӣ ёфта, аз пеши қозикалон баромаданд. Дар ҳақиқат ҳам, чизе ки қозикалон «башорат дода буд», дуруст баромад ва дере нагузашта дар шаҳр як хабар овоза шуд. Ин хабар расман аз тарафи қозикалон эълон нашуда бошад ҳам, онро касе овоза карда мегашт, ки ӯро ба сабаби пешакӣ хабар доданаш корҳои ҳукуматиро «Ҷабраил» мегуфтанд. Ба хабари ин кас сад фоиз набошад ҳам, панҷоҳ фоиз бовар кардан мумкин буд.