Доши шиннипазӣ
Работ калон ва сарҳавздор буд. Чор бех дарахти гуҷуми чинӣ, ки аз чор гӯшаи ҳавз қад кашида бо якдигар шохпеч шуда буданд, рӯйи обу суффаҳои сарҳавзро бо сояҳои ғафси худ пӯшонда буданд.
Пирамард бар як тарафи сояи сарҳавз кӯрпача ва болиш монда, барои ман ҷой тайёр кард ва ҷавони лоғар маро бурда, бар рӯйи он кӯрпача хобонид. Пирамард як кӯрпаи болопӯшии серпахтаро оварда, ба болои ман пӯшонид. Ман аз гармии ҳаво ва тафси бадан шикоят карда, напӯшовдани болоямро аз ӯ илтимос кардам.
— Ба гармии кӯрпа як соат сабр кардан даркор аст, писарам,- гуфт пирамард бо оҳанги навозишкоронаи падарона.
Ман шарм доштам, ки дигар шикоят кунам. Аммо аз ҳад зиёд беором будам. Ба тафси бадан ва дарди устухонҳоям тоқат наоварда, сония ба сония аз паҳлу ба паҳлу мегардидам.
Пирамард:
— Мақсудҷон! — гӯён садо кард.
— Лаббай! — гӯён ҷавони нав мӯйлаб сабз кардагӣ, ки аввалин бор дар кӯча ба сари ман рафта буд, омад.
— Ту, писарам, ба дег як-ду қошуқ равған андохта доғ кун ва дар вай ду сар пиёзро пора карда бирён кун, баъд аз сурх шудани пиёз ду-се коса об андохта, дар вай чор дона қаланфур ҳамроҳ карда ҷӯшон, ки як пиёбаи (пиёзобаи) тунд шавад. Ба бемор дар ҳамин вақт аз ин беҳтар даво ҳам нест ва аз ин хубтар хӯрок ҳам нест. Дар ин ҳавои гарм барои худамон ҳам таоми хубе мешавад.
Мӯйсафед ба ҷавони чашмкалоне, ки он ҷо, дар паҳлуи ҷавони лоғар нишаста буд:
— Ту, писарам Тоҳирҷон, чойҷӯшро дар оташи дош овехта, ҷӯшонда чой тайёр кун! — гуфту худ намедонам ба куҷо буд, ғоиб шуда рафт.
Ҷавони чашмкалоне, ки аз тарафи пирамард Тоҳирҷон номида шуда буд, барои чойҷӯшонӣ рафт ва дар пеши ман танҳо ҷавони лоғари сиёҳҷурда монд. Ҳар вақт ки бо ҷунбиш ва поякзаниҳои ман як тарафи кӯрпа аз болоям дур мешуд, он ҷавон оҳистаяк мепӯшонд ва боз ба ҷойи худ ором менишаст.
Дар андак фурсат Тоҳирҷон чой дам карда оварда, бо пиёла ба пеши ҷавони лоғар монду худаш аз суффа фуромада рафт. Ҷавони лоғар чойро гардонда, аввалин пиёларо пурчой карда, ба пеши ман монд; ман, ки боз бисёр ташна монда будам, сар бардошта, ба ҷӯшон будани чой нигоҳ накарда, кам-кам нӯшидан гирифтам ва пиёларо холӣ карда, ба тарафи ҷавон тела дода монда, худ боз хобидам. Ҷавон пиёлаи дуюмро пурчой карда, ба пеши ман гузошт. Ин дафъа то қадаре сард шудани чой сабр кардам ва ба ҳамин тариқа се пиёла чойи пурро нӯшидам. Чойи гарм дар аввали нӯшиданам монанди оби сард якбора ташнагии маро нашикаста бошад ҳам, баъд аз чанд дақиқа осудагие, ки ин ба ман дод, аз осудагии бо оби сарднӯшӣ пайдошуда зиёдтар ва бардавомтар буд,
Дар ин вақт пирамард пайдо шуда аз панҷаи дарахти гуҷум дастархонеро гирифта оварда ба пеши ман паҳн кард. Ҷавони лоғар аз як сандуқи чӯбини даричадор, ки дар буни он дарахт истода буд, ду нони калони тунуки гармқоқ оварда, бар рӯйи дастархон ниҳод. Тоҳирҷон ва Мақсудҷон ҳар кадом дукосагӣ — чор коса пиёбаро оварда, бар рӯйи дастархон гузоштанд. Тоҳирҷон дар паҳлуи ҷавони лоғар, дар канори дастархон нишаст ва Мақсудҷон боз рафт. Мӯйсафед дар як коса пиёба нони гармқоқро шикаста андохта, бо як қошуқи найнӣ (қошуқи чӯбини задудӣ) дар пеши ман ва ду косаи дигарро як-як дар пеши ҷавони лоғар ва Тоҳирҷон гузошта, косаи чорумро ба пеши худ гирифт. Мақсудҷон як коса пиёбаро оварда, дар канори дастархон, дар наздикии пирамард нишаст.
Ҳар кас косаи худро бо нони гармқоқ пур карда, ба хӯрдан даромад. Ман ҳанӯз хӯрокхӯриро сар накарда будам. Аммо аз ҳаво кашидани хӯрандагон ба даҳони худ баъд аз ҳар луқма ва аз ҷунбиши бетартиб ва бетоқатонаи лабу забони онҳо пай бурдам, ки пиёба бисёр тунд шудааст ва ман ба хӯрдани он ҷасорат намекардам.
Мӯйсафед ин фикри маро пай бурда гуфт:
— Мо пиёбаро ба ин дараҷа тунд карда хӯрдан одат надорем. Инро фақат барои ту тайёр кунондам ва худамон ҳам «дар қатори шолӣ курмак об хӯрдагӣ» барин хӯрда истодаем. Ту, ҳарчанд тунд бошад ҳам, чашматро пӯшонда ин косаро холӣ кун ва баъд аз понздаҳ дақиқа мебинӣ, ки сиҳат ёфтаӣ!
Ман сухани мӯйсафедро нашикаста, ба хӯрдан сар кардам ва баъд аз ҳар луқма дар худ сабукие ҳис менамудам. Ҳанӯз косаро ним накарда, аз сару рӯям ва аз тамоми баданам арақ шоридан гирифт. То ба охир расидани хӯрок либосҳоям тамоман бо арақ тар шуданд.
Мӯйсафед маслиҳат дод, ки бихобам ва ба кӯрпа печам. Аммо ман қабул накардам:
— Ҳоло тамоман дуруст шудам ва қувват пайдо кардам. Ба хобидан дилам тангӣ мекунад. Агар рухсат диҳед, меравам, — гуфтам.
— Ҳозир рухсат нест, — гуфт ӯ, — ҳозир ба роҳ баромадан барои ту хатарнок аст. Агар ба маслиҳати ман даройӣ, имшаб ин ҷо бихобу фардо ҳар ҷо ки хоҳӣ, рав. Агар ин маслиҳатро қабул накунӣ, ягон соат ин ҷо монда дам гирифтан ва арақҳои баданатро шамол надода хушкондан даркор аст. Беҳтар аст, ки ба зери кӯрпа даромада бихобӣ.
Ман боз таклифи хобиданро қабул накардам:
— Дилам тангӣ мекунад, — гуфтам такроран.
— Хуб, ин тавр бошад, ором бинишин, — гуфт пирамард ва худ рафта ба хонае, ки ба тарафи ғарби сарҳавз буд, даромада, аз он ҷо як кампал оварда ба тани ман печонду такрор кард:
— Хуб, акнун ором бинишин!
Ҷавонон дастархону косаҳоро ғундошта бурданд ва мӯйсафед ҳам ба тарафи шарқи сарҳавз, ки он ҷо ҳам ҳавз барин чуқур буд, фуромада рафт ва баъд аз ду дақиқа овози ӯ шунида шуд:
— Махдум, меҳмонатонро ба лаби суффа биёред! Дар он ҷо дар танҳоӣ дили вай тангӣ мекунад. Дар ин ҷо корҳои моро дида сокӯл* шуда нишинад.
_____________
*Сокӯл шудан — барои рафъи дилтангӣ худро ба коре ё чизе андармон кардан аст.
Ҷавони лоғар омада, ба канори шарқи сарҳавз, ки дар айни замон канори он чуқурии ҳавзмонанд буд, кӯрпачае паҳн карда, маро таклиф намуд, ки ба он ҷо рафта нишинам. Ман кампалро ба тани пурарақи худ печонда, он ҷо рафта нишастам.
Дар чуқурии ҳавзмонанд пайваста ба девораи суффаи ҳавз як охури калони хиштипухтагӣ буд, ки дарунаш бо гаҷ сафед кардагӣ менамуд. Чуқурии ин охур тахминан яку ним метр, баландиаш ҳам яку ним метр, дарозиаш дуним метр ва бараш ду метр меомад. Дар зери он охур як сӯрохи обгурез буда, ба даҳани сӯрох аз берун як новачаи чӯбин шинондагӣ буд. Дар зери он новача як ёми 170 сафолин, ки тахминан даҳ сатил об мебурд, гузошта шуда буд (он охур охури ангурзеркунӣ буд, ки «испор» ва дар баъзе ҷоҳо «чорхишт» меноманд).
Дар канори ҷанубии чуқурӣ пайваста ба девораи он як оташдони плитамонанди дарози гаҷкорӣ буд, ки бари вай яку ним метр ва дарозиаш ду метр меомад. Ҷойи оташмонии ин оташдон аз тарафи пеш, аз тарафи шимолаш буда, мӯрӣ ва дудкашаш аз тарафи пушт ва пайваста ба канори ҷанубии чуқурӣ буд. Ин дудкаш аз хишти пухта сохтагӣ буда, баландиаш ду метр меомад.
Бар рӯйи оташдон пайваста ба мӯрӣ як деги калони чӯянии оддӣ, ки панҷ сатил обро ғунҷоиш медод, шинондагӣ буд ва дар поёни ин дег бо фосилаи чорангуштӣ се ҷуфт дегчаҳои даҳанпаҳн шинондагӣ буданд, ки ҷуфти дуюм аз якум ва ҷуфти сеюм аз дуюм хурдтар шуда мерафт.
Дар паҳлуи ғарбии оташдон, дар фосилае, ки дар байни оташдон ва канори ғарбии чуқурӣ воқеъ шуда буд, се адад ёми пуршарбат то пеши охур ҷой гирифта буданд. Дар наздикии оташдон ва дар канори шарқии он ду хуми мисини пур аз шиннӣ буданд.
Мӯйсафед ба миёни худ як пешгир баста, обгардончаи нӯлдореро ба даст гирифта, ба сари он хумҳои мисин рафт. Ҷавони лоғар, ки аз тарафи пирамард «махдум» хитоб карда шуда буд, хикеро гирифта ба паҳлуи мӯйсафед рост истода, даҳони вайро яла карда дошт. Мӯйсафед бо обгардонча аз хуми мисин шиннӣ гирифта, ба даҳони хик рехтан гирифт. Ҳар хик ки пур мешуд, мӯйсафед даҳони вайро баста бардошта бурда, ба девораи чуқурӣ такя кунонда рост мегузошт ва махдум хики холиеро меовард, ки боз ба вай мӯйсафед шиннӣ рехтан мегирифт.
Мақсудҷон ва Тоҳирҷон бо панҷшохаҳо дастаҳои хори тарро оварда, дар даруни охур андохта, ҳамвор карданд ва баъд аз он бо занбар аз канори ҷанубии сарҳавз, ки дар он ҷо чоши ангур буд, ангур кашонда оварда, ба даруни охур аз рӯйи хор рехтан гирифтанд. То ба хикҳо бардошта шудани ду хум шиннӣ охур ҳам аз ангур пур шуд.
Баъд аз он Тоҳирҷон ва Мақсудҷон ҷомаҳои дарози худро аз тан кашида, барҳои куртаҳои худро ба даруни лозимиҳошон тиққонданд, эзорпочаҳошонро то болои зону барзада, бо ресмончае баста монданд ва баъд аз он поҳои худро то ба зону покиза шуста, ба даруни охур даромада, ангурҳоро бо қуввати тамом бо поҳои худ зер кардан гирифтанд. Шираи ангур, ки ба сабаби зер кардан ҷудо мешуд, аз байни хорҳои тар софӣ шуда, дар таги охур гузашта, аз он ҷо ба сӯрохи обгурези вай рафта, ба воситаи новача ба ём рехтан гирифт.
Пирамард баъд аз фориғ шуданаш аз кори шиннибардорӣ бо обгардони калон аз ёмҳои пур шарбат кашонда, ба дегҳои бар оташдон шинондашуда рехтан гирифт. Махдум бо панҷшоха аз хорҳои хушк, ки дар канори шимолии чуқурӣ ғарам карда мондагӣ буданд, даста-даста оварда, дар пеши оташдон ғун кард ва баъд аз он бо оташкови оҳанини сарпанҷадор як даст хорро ба даруни оташдон дароварда, оташ даргиронд ва пеш-пеш дастаҳои хорро бо оташков ба даруни оташдон тела медод ва аз гарам бо панҷшоха боз дастаҳои хорро кашонда, дар пеши оташдон ғун мекард.
Пирамард баъд аз пур кардани дегҳо як ҷуволи шолро ба даҳонаш аз ду тараф ду чӯб баста, ба ду арғамчини ғафсе, ки аз як шохи ғафси гуҷум бар болои чуқурӣ овезон истода буд, аз он ду чӯб овехта, дар зери ҷувол як ёми сафолин гузошта ва лойи тагшини ёми аз шарбат холишударо бо обгардон гирифта ба даруни он ҷувол рехт, ки шарбати аз ҷувол софӣ шуда гузаранда ба даруни ёмча чакидан гирифт.
Мӯйсафед ба сари оташдон рафта, аз як дегча ба деги дигар бо обгардонча шарбат гузаронида меистод ва бо белчаи кафгирмонанди сафед кардашуда даруни дегчаҳоро мекофт. Ҳар вақт монда шавад, ба лаби суффачае, ки дар паҳлуи оташдон, дар пеши девораи чуқурӣ сохта шуда буд, нишаста дам мегирифт, чой менӯшид ва баъд аз он боз ба атрофи дегҳои шиннипазӣ давр мезад — шарбат мегардонд ва дег мекофт.
Вақте ки шарбати як ҷуфт дегчаи аз ҳама охирин ва аз ҳама хурдтар ғафс шуда, дар вақти ҷӯшиш бар рӯйи худ ҳубобчаҳои чашмимурғӣ пайдо кардан гирифт, мӯйсафед шарбати он дегро, ки акнун шиннӣ шуда буд, бо обгардонча ба ёми мисин гардонд; ба он як ҷуфт дегча аз ҷуфти болои вай будагӣ ва ба ин ҷуфт аз ҷуфти саргаҳ будагӣ шарбатҳои нимпазро гузаронида, ба ҷуфти саргаҳ аз деги калон шарбат рехт ва аз ём бо обгардони калон шарбат оварда, деги калонро пур кард. Ба ҳамин тариқа шиннипазии пирамард давом кардан гирифт.
Вақте ки бо шарбати аз охур рехтаистода ёми зери нова пур шуд, мӯйсафед шарбати он ёмро бо обгардони калон ба ёме, ки лойи тагнишинаш покиза гирифта шуда буд, гузаронида рехт ва аз охур ба ёми холишудаи зери нова боз шарбат рехтан гирифт.
Шиннипазӣ то бегоҳонӣ давом кард. Ман, ки ба тамошои шиннӣ ғарқ шуда, аз он ҷо рафтанро аз ёд бароварда будам, дар бегоҳирӯзӣ ба роҳи дур пиёда баромаданро муносиб надидам ва худро ба нофаҳмӣ зада, бақияи кори он корхонаро дар зери диққати худ гирифтам.
Мақсудҷон ва Тоҳирҷон ангурзеркуниро тамом карда, аз охур баромаданду дубора пойҳошонро шуста, кафшҳо ва либосҳошонро пӯшиданд.
Мақсудҷон кулӯхҳои танбӯсӣ (тамузӣ) — яъне кулӯхҳои офтоби тобистон хӯрдаи хуб хушкидаро оварда, ба даруни ёмҳое, ки аз шарбати нав аз ангур ҷудошуда пур буданд, рехт ва бо Тоҳирҷон ҳар ду дар дастҳошон ду чӯби думетриро, ки ғафсиашон баробари каланддаста меомад, гирифта, он шарбатҳоро қаллоқ задан гирифтанд, ба ҳадде, ки кулӯхҳо ба шарбат ҳал шуда, ранги сафеди сабзтоби вайро ба ранги лойоби баҳорӣ гардонданд.
Вақте ки Мақсудҷон ва Тоҳирҷон аз қаллоқзанӣ фориғ шуданд, пирамард ба Мақсудҷон фармуд, ки шӯрбо пазад, чой ҷӯшонад ва ба Тоҳирҷон фармуд, ки ба ҷойи махдум дар оташдони шиннипазӣ ҳезум монад, ки ӯ шиннии кӯзагиро пухта гирад ва ба махдум гуфт:
— Махдум, шумо монда шудед. Акнун ба пеши меҳмонатон баромада нишаста, дам гиред ва ӯро нагузоред, ки ба роҳ барояд .Чунки бисёр бевақт шуд ва дар рӯзи равшан ба Ғиждувон расида наметавонад. Махдум омада, дар пеши ман нишаст. Мӯйсафед дар чуқурӣ истода ба ӯ садо дод:
— Аз даруни нондон кома гирифта, бо меҳмон хӯрда нишинетон!
Акнун арақи баданам хушкида буд. Ман кампалро аз китфам партофта, дуртар аз сарҳавз — ба тарафи бог рафта, қадаре гашт карда, дасту рӯйи бо чанги роҳ олушудашудаамро дар ҷӯйчаи даруни боғ шуста омадам.
Махдум бар рӯйи суффаи сарҳавз, дар пеши ҷойи нишасти ман дастархон паҳн карда, бар рӯйи вай як нимкоса комаро бо як нони мулоим (гармқоқ карданашуда) гузошта будааст.
Мақсудҷон ду чойник чой дам карда оварда, якашро бо як пиёла дар пеши мо ва дигарашро бурда, бар рӯйи суффачаи дамгирии пирамард монда, худ ба сари деги шӯрбопазиаш рафт. Ману махдум бо чойи гарму нони нарм кома хӯрдем (кома мураббои пӯчоқитарбузӣ буд, ки ба ҷойи шакар бо шиннӣ пухта буданд ва ҳар мураббое, ки бо шиннӣ пазанд, кома номида мешавад).
Мӯйсафед ба пухтани шиннии кӯзагӣ сар кард: ӯ шарбати софи аз ҷувол гузаштаро бо як ёми шарбати софи дигар, ки вай аз лойи шарбатҳои кулӯхзада ба воситаи аз ҷувол гузаронидан тоза карда монда шуда будааст (дар ин бора махдум ба ман маълумот дод), дегҳои шиннипазиро пур кард ва Тоҳирҷон оташ мондан гирифт. Мӯйсафед ин шарбатро ба дараҷае ҷӯшонд, ки ҳубобҳои дар вақти ҷӯшиш бар рӯйи шиннӣ пайдошуда ба дараҷаи калонии чашми шутур расиданд. Ранги ин шиннӣ ҳам аз ранги шиннии аввалӣ фарқ дошт: шиннии аввалӣ сиёҳчатоб буд, ин шиннӣ ранги тиллоӣ пайдо кард.
Мӯйсафед ин шинниро ба ёмҳои мисин бардошта монда, баъд аз сард шуданаш ба кӯзаҳои сафоли обнорасида, ки гарданҳошон аз шикамҳошон дарозтар буданд, андохт ва даҳони кӯзаҳои аз шиннӣ пуршударо бо хамираи гаҷ баста маҳкам кард.
Мақсудҷон ва Тоҳирҷон баъд аз хӯрдани шӯрбо ба воситаи панҷшохаҳо хорҳои даруни охурро бо тагасҳо, донаҳо ва пӯстҳои ангур бардошта ба занбар андохта бурда, ба канорае, ки аз ҷойи нишасти боғ дуртар буд, рехтанд ва охурро покиза шуста, бар рӯйи вай бӯрё пӯшонда, барои кори фардо тайёр карда монданд.
Ман он шаб дар он сарҳавз хобида, фардо пагоҳонӣ баъд аз таҳтӯл ба роҳи худ рафтам.
Шиносоиям бо Ҳайрат
Дар соли охирине, ки дар мадрасаи Бадалбек будам (соли 1896), бо тахаллуси «Айнӣ» шеър гуфтанамро баъзе дӯстони ба ман бисёр наздик фаҳмида буданд. Ман дар он солҳо барои худ баёзе тартиб дода, дар ҳошияи он ҷумлаи «санаи ифтитоҳ (сар шудан) 1895 — 1312»-ро бо хати худ навишта монда будам. Дар он баёз шеърҳои классикҳо ва шоирони замониро асосан бо хати худ менавиштам ва баъзе хушнависони қадрдон вохӯранд, баъзе шеърҳоро бо тарзи ёдгорӣ ба онҳо нависонда мегирифтам. Аз ин ҷумла чанд шеъри Ҷомиро ба Мирсолеҳ, ки шарикдарси бародарам ва ҳомии ман дар мадрасаи Олимҷон буд, нависонда гирифта будам. Аввалин бор шоирии маро ӯ ҳис кард ва хоҳиш кард, ки шеърамро бинад. Ман шармидам, ки аз чунин одами инсонпарвари нарммуомилаи қадрдон сирри худро пинҳон дорам ва ба ӯ шеъри худро нишон додам. Ӯ бо баъзе танқидҳо ва маслиҳатҳои ҷузъӣ шеъри маро тавсиф кард. Аммо ман ба тавсифи ӯ ғарра нашудам ва ҳамеша дар пайи он будам, ки касеро ёбам, то ба ман ба ин кор маслиҳат ва ёрӣ диҳад.
Дар баҳори соли 1895 Шарифҷон-махдум хатми дарс карда, ба он муносибат тӯйи калоне ташкил дода буд ва ман ҳам дар он тӯй барои хизмат кардан ба меҳмонон ба сифати хизматгори собиқи соҳиби тӯй даъват шуда будам ва ба ҳамин муносибат алоқаам бо ӯ дубора барпо шуда, баъзе рӯзҳои таътил ба саломи ӯ мерафтам ва агар дӯстони шоири ӯ дар пешаш бошанд, дар сӯҳбаташон сомеъ (шунаванда) шуда, ба қадри қувваю имкон фоида мебурдам.
Аз ин алоқаи дуюм фоида бурдан хостам ва рӯзе як шеъри худро ба ӯ нишон дода, маслиҳат пурсидам. Дар ҳузури ӯ ғайр аз Мирзо Абдулвоҳид касе набуд. Ӯ шеъри маро бо ҳеҷ танқид таърифи муболиғадор кард ва дар паси он таъриф ба ман фармуд, ки барои падари марҳумаш — домулло Абдушукури қозикалон таърихи вафот навишта диҳам. Ва ҳол он ки падари ӯ дар соли 1306 (1889) — шаш сол пештар аз он рӯз вафот ёфта буд. Баъд аз шаш сол, вай ҳам ба ман барин як ҷавони ҳаваскор таърихи вафоти як олими калонро фармудан, ғайр аз имтиҳон чизи дигаре набуд. Ман ҳис кардам, ки аз они худи ман будани он шеърро ӯ бовар накард ва бинобар ин ба ман он таърихро фармуд, то ки ҳақиқати ҳоли маро фаҳмида гирад.
Ман як ҳафта меҳнат карда, таърихи мазкурро навиштам. Он порча шаш байт (12 мисраъ) буда, аз ҷиҳати шеърият паст, пур аз ибораю ҷумлаҳои мадрасагӣ ва аз ҷиҳати моддаи таърих беҳунарона буд. Бо вуҷуди ин Шарифҷон-махдум маъқул ёфт ва ҳеҷ танқид ҳам накард. Бо ҳамин зимнан ба шоир будани ман қаноат ҳосил намуд.
* * *
Дар зимистони соли 1895 — 1896 дар мадрасаи Бадалбек баъзе муллобача-гони ҳамсояҳуҷраам, ки дарсашон аз ман пасттар буд, ба пеши ман даромада, баъзе чизҳои дарсиашонро мепурсиданд. Аз ин ҷумла Мулло Эшонқул ном як муллобачаи шаҳрисломӣ* ба ман ҳамсояҳуҷра буда, бештар ба ҳуҷраи ман
___________
*Шаҳрислом — деҳаест дар тарафи ғарбии шаҳри Бухоро.
медаромад ва дарсашро мепурсид. Ӯ чандин бор аз ёд шеър навиштани маро дида пай бурд, ки шеър мегӯям ва ба ман гуфт:
— Ман порсол дар мадрасаи Муҳаммадалӣ-ҳоҷӣ истиқомат мекардам ва дар ҳамсоягии ман махдуми Ҳайрат ном як муллобачаи бухороии хушфаҳм буд. Ба ҳуҷраи вай бисёр даромада, дарси худро мепурсидам. Вай ҳам монанди шумо аз даруни худ ғазал бароварда менавишт.
— Ӯ ҳоло ҳам туро мешиносад? — ман пурсидам.
— Чаро нашиносад? Ман бо у қадрдон шуда мондаам, ӯро домуллои худ барин медонам. Баъзан рӯзҳои таътил ба ҳуҷрааш рафта, ҳолпурсӣ карда меоям.
— Ин тавр бошад, ягон рӯзи таътил ӯро ба ҳуҷраи ман гирифта биёр! — гуфтам ман ба ӯ. Эшонқул дар рӯзи аввалини таътили ҳамон ҳафта махдуми Ҳайратро пеши ман гирифта овард. Ҳайрат як ҷавони қадаш аз ман пасттари гарданкӯтоҳ, лоғарбадани сиёҳчеҳра, чашмаш сиёҳ буда, лекин, чунонки мегӯянд, «роғ-роғ» мерафт, яъне ба ҳар чиз бо ҳайрат ва хомӯшона нигоҳ карда меистод. Тахаллуси «Ҳайрат» чунон ба шахси ӯ муносиб афтода буд, ки ман бо дидани вай ва мулоҳизаи маънии тахаллусаш дар ин муносибати пурраи тахаллус бо шахси шоир дар ҳайрат афтодам.
Дар вақти мулоқоту пурсупос ба чеҳра ва чашмони ӯ диққат кардам ва ба назарам чунон менамуд, ки гӯё аз ин пеш ӯро дида бошам, аммо ба зудӣ ба хотирам намерасид. Дар вақти гуфтугузор, намедонам аз кадом ҳаракати ӯ бошад, нохост ба ёдам омад, ки ин ҳамон ҷавони лоғарбадани «махдум» хитобёфта буд, ки ман ӯро ду сол аз он мулоқот дар деҳаи Регзор, дар шиннипазхона дида будам ва ӯ он вақт дар ҳолати бемории сахтам ба ман бисёр ғамхӯриҳо карда буд. Агар онвақта дилсӯзиҳои одампарваронаи ӯ намебуд ва пирамарди қоматхамидаи пуршафқатро ба сари ман оварда, маро ба работ намедаровард, ҳамон рӯз дар роҳ, дар хоки хорӣ талаф шуда рафтанам мумкин буд.
Бо вуҷуди шинохтанам, аз роҳи эҳтиёт тахмини худро ба ӯ нақл намуда, ҳамон ҷавони меҳрубон будан ё набудани ӯро аз худаш пурсидам.
— Ман дар аввали ба ҳуҷраатон даромадан шуморо шинохта будам, ки ҳамон ҷавони бемори якраҳа мебошед. Лекин шумо маро, магар дертар шинохтед? — гуфт ӯ дар ҷавоб.
Ман аз ҳама пештар кӣ будан ва чӣ будани он пирамарди меҳрубону он ҷавононро ва ба худаш чӣ алоқа доштани онҳоро пурсидам.
Назар ба ҷавоби ӯ маълум шуд, ки онҳо ба ӯ ҳамгузар ва мӯйсафеди пирамард қадрдони падараш буда, Мулло Давлат ном доштааст. Касби ӯ ҳалвогарӣ буда, ҳар сол вақти ангурпазӣ ба деҳаи Регзор рафта, аз он ҷо ангури як-ду боғро харида, шиннӣ пухта, ба шаҳр мекашондааст ва аз он шинниҳо бо дасти худ ҳалвоҳои гуногун пухта мефурӯхтааст.
Мақсудҷон ном ҷавон писари калони ӯ буда, саводи оддӣ доштааст. Аммо Тоҳирҷон — писари хурди ӯ бо Ҳайрат ҳамсол ва ҳаммактаб, хушсавод, шеърфаҳм будааст ва бо ҳамин муносибатҳо бо ӯ ҷӯра ва дӯсти наздик шудааст. Азбаски падараш ӯро бисёр дӯст медоштааст, ба шеърхонӣ ва барои машғул шудани ӯ ба мусиқа рухсат дода будааст. Ҳоло ӯ аз асбобҳои мусиқа дуторро машқ карда, хеле ҳавоҳои Шашмақомро ҳам аз худ карда будааст.
Ҳамон соле, ки ман бо онҳо дар деҳаи Регзор вохӯрдам, ба соли вабо рост меомад. Ҳайратро ҳам ҳамон сол вабо зада, чанде бистарӣ шуда хобида будааст ва баъд аз саломат ёфтанаш, Мулло Давлат ӯро ба муносибати қадрдони падараш ва ҷӯраи наздики писари худаш будан, барои дурусттар қувват гирондан дар вақти ангурпазӣ ҳамроҳи фарзандони худ ба деҳаи Регзор бурдааст ва ӯ дар он ҷо ангур, шиннӣ ва кома хӯрда, дурустакак бақувват шуда омадааст.
* * *
Сӯҳбати мову Ҳайрат дар аввали мулоқот монанди дӯстони дерина шуд ва ӯ аз ман шеъри худамро пурсид. Ман ҳам ибо накарда ба ӯ як шеъри худро, ки ҳамон сол ба муносибати сайри гули сурх* ва ба сабаби нарафта монданам ба он сайр бо тахаллуси «Айнӣ» навишта будам, нишон додам. Ин ҳамон шеър буд, ки дар вақти эҷод карданам ба Шарифҷон-махдум нишон дода будам ва ӯ вайро бе тасҳеҳ таҳсин намуд, ҳатто дар бораи аз они худи ман будани он шеър шубҳа карда буд.
____________
* Сайри гули сурх — сайре буд. ки хар сол дар сари мазори Баҳоваддини Нақшбанд 171, ки аз шаҳр дар масофати даҳ километр дар тарафи шарқ воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел, май, дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд.
Ҳайрат он шеърро баъд аз хонда шунавондани ман ба дасти худ гирифта, дубора бо мулоҳизаҳои дуру дароз хомӯшона мутолаа карда, баъд ба ман бо овози баланд хонда, камбудиҳояшро нишон дода, дубора кор карда баромаданамро маслиҳат дод.
Ман он шеърро ҳамон вақт бо роҳбарии Ҳайрат дуруст карда будам ва дар ин ҷо барои ёдоварии он дӯсти меҳрубонам нақл карданро муносиб дидам:
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.
Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,
Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам.
Меҳнати гетӣ ба талхӣ кай рабудӣ ҷони ман,
Бӯсае гар аз лаби исодаме 172 медоштам.
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф, чун аҳли олам, дирхаме медоштам?
Ин қадар дар изтироб афтодаам аз фикри худ,
Мешуд оромам, агар аз худ раме медоштам.
Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бо ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам!
Ҳайрат ҳам дар он мулоқоти аввалин якчанд ғазали худро аз ёд хонда ба ман шунавонид ва ба муносибатҳое, ки дар рафти сӯҳбат мебаромаданд, қасидаҳои чилбайтии устодони гузаштаро бе ҳеҷ даккахӯрӣ ва мулоҳиза аз ёд хонда медод. Аз ин хислаташ маълум мешуд, ки ӯ қувваи ҳофизаи фавқулоддае дорад.
Ӯ дар он сӯҳбат аз қоидаҳои арӯз, аз сифатҳои шеърӣ ва дигар нозукиҳои адабиёт ботафсил ва осонфаҳм карда гап мезад ва аз шеърҳои устодони гузашта ба ҳар қавли худ ба тарзи мисол шоҳид ва намуна меовард.
Ман дар ҳамон мулоқоти аввалин ба қобилият ва маълумоти фавқулоддаи ӯ пай бурдам ва назар ба ақидаи худам, он касе, ки ман барои роҳбарии худ дар шеър аз байни шоирон ва шеършиносони калонсоли он замон меҷустам, ҳамин хурдсоли хурдҷусса буд. Ӯ бо ман ҳамсол ва ҳамдарс буд. Бо ҳамаи ин ман ӯро аз ҳамон рӯз сар карда, устоди худ қарор додам ва дар дили худ гуфтам:
«Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем.
Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем».
Ман дар он сӯҳбат аз шеърҳои худи Ҳайрат, ки дар ҳамон вақт хонда буд, як ғазалро гирифта мондам. Аммо ӯ бо ҳамаи он қувват ва иқтидоре ки дошт, намехост, ки мардум ӯро ба сифати шоир шиносанд. Бинобар ин аз ман илтимос кард, ки он шеърашро ба касе, хусусан ба шоирон нишон надиҳам ва шоир будани ӯро ба касе нафаҳмонам.
Лекин ман нахостам, он гавҳари ноёб дар қаъри баҳри амиқи гумномӣ пинҳон монад. Хостам, ки гурӯҳи пешрави адабиётдӯстони он замон, ки ҳар кадом худро бемислумонанди ҷаҳон мешумурданд, аз ин яктои замон ва нодири даврон хабардор гарданд ва ба ӯ баҳои сазоворе диҳанд. Бинобар ин он ғазалеро, ки аз ӯ нигоҳ дошта будам, бар хилофи тавсияи ӯ, ба Шарифҷон-махдум нишон додам.
Он ғазал ин буд:
МУНОЗИРА
Эй сарв. бе ибо ба чаман сар кашидаӣ!
Моно, ки сарви қомати ӯро надидаӣ!
Ороми сарви ман бувад аз ҷӯйбори чашм,
Эй сарв, агар ту бар лаби ҷӯ орамидаӣ!
Ӯ сарви дилбар асту равон асту дар хиром,
Ту сарви бебарию ба кунҷе хазидаӣ!
Ӯ реша дар дил асту зи дил об мехӯрад,
Ту реша дар гил астию аз гил дамидаӣ!
Ӯ нозпарвар асту бувад шох-шох лутф.
Ту, боғпарвар, аз ду-се шохи буридаӣ!
Ҳайрат, зиёда мӯътақиди сарви нози ӯ
Гаштӣ, магар мунозираи мо шунидаӣ!
Ин ғазал ба болои ин ки равон, сода, ҳамафаҳм, ҳамаи калимаҳояш дилчасп буда, бо камоли маҳорат баргузида шуда ва дар ҷойи худ монанди нигинакориҳои нодиракорона шинам шудаанд, як эълони мубориза буд бар зидди ташбеҳҳои ғайритабиии обшустаи шоирони гузашта, ки то он замон аз тарафи тақлидчиёни онон такрор меёфтанд. Маълум аст, ки шоирон ҳар ҷо ки қомати ёр ояд, албатта ба сарв, шамшод ва тӯбии афсонавӣ, ҳатто ба аръар, ки як дарахти қадбаланди бисёр баднамост, монанд мекарданд. Ҳайрат дар мунозираи худ аз он дарахтон сарвро, ки беҳтарини онҳо ҳисоб меёфт, гирифта, маҳалли баҳси худ қарор дода буд ва бо санъати шеърия дар пеши қади ёр ҳеҷ гуна зебоӣ надоштани вайро бо муваффақияти тамом исбот карда буд.
Шарифҷон-махдум ҳам ба хубиҳои он шеър пай бурд, валекин дар бораи аз табъи як ҷавони хурдсол сар задани он гуна шеъри латиф шубҳаи худро пӯшида надошт:
— Ман гумон намекунам, ки як ҷавони хурдсоли замони мо ин гуна шеъри баланд гуфта тавонад, — гуфт. Бо ҳамаи ин ба ман таъин кард, ки ӯро ба хонаи вай барам, то ки як имтиҳон карда бинад ва таъкид кард, ки шубҳаи дар бораи шеъри ӯ кардаашро ба худи шоири ҷавон нафаҳмонам.
Мирзо Абдулвоҳид, ки дар он сӯҳбат буд, қатъиян инкор кард, ки ин шеър аз они як ҷавони аз худаш як сол хурдтар бошад ва гуфт:
— Бе ҳеҷ имтиҳон боварӣ дорам, ки ин шеър аз они он ҷавони ношинос нест, балки вай инро аз шеърҳои ягон шоири номаълуми гузашта дуздида, ба номи худ бастааст..
Ман дар он вақт фаҳмидам, ки Ҳайрат чаро шоирӣ ва шеъри худро аз одамон, хусусан аз шоирон ва шеършиносони он замон пинҳон медоштааст.
Ҳар чӣ бошад хам, ба Ҳайрат фаҳмондам, ки шеъри ӯро ба Шарифҷон-махдум нишон додам ва ба ҳавлии ӯ кай рафтанӣ буданашро пурсидам.
Ҳайрат аз ин кори ман наранҷид, балки изҳори хушнудӣ кард:
— Бо Шарифҷон-махдум, ки фозили машҳури замони мо буда, ҳавлии ӯ мактаби адабиёти ҳамин давра аст, алоқа бастан ва шинос шудан бад нест, — гуфт. — Ман бо вай шинос будани шуморо намедонистам, вагарна худам таклиф мекардам, ки бо он кас маро шинос кунед.
Ҳайрат дар бораи кай рафтан ихтиёрро ба ман монд. Ман ӯро дар яке аз рӯзҳои таътили ҳамон ҳафта ба хонаи Шарифҷон-махдум бурдам.
Дар вақте ки мо ба хонаи Шарифҷон-махдум даромадем, дар он ҷо аз шоирон Лутфӣ ва Абдуллохоҷаи Таҳсин ҳузур доштанд ва Мирзо Абдулвоҳид дар чойкашӣ хизмат мекард. Шарифҷон-махдум бо ишорат аз ман Ҳайрат будани ҳамроҳи маро фаҳмида гирифт ва ба ҳамсӯҳбатонаш шиносонд. Аммо бо дидани қиёфаи хурдтараки назарногири Ҳайрат нобоварии ӯ дар ҳаққи вай боз ҳам зиёдтар шуд. Бо вуҷуди ин шеъри дар боло навишташударо ба вай нисбат дода, ба ҳамсӯҳбатони худ хонда шунавонид. Ман мушоҳида кардам, ки бо шунидани он шеър дар чеҳраи ҳамаашон осори нобоварӣ пайдо шуд.
Сӯҳбат дароз кашид, аммо Ҳайрат чизе нагуфт ва фақат мешунид. Зотан ӯ камгап буд. Хусусан дар ин ҷо, ки хонаи яке аз калонзодагони шаҳр ва сӯҳбати шоирони машҳур буд, ба гап ҳамроҳ шуданро муносиб надид.
Дар охири сӯҳбат, ки мо барои рафтан рухсат пурсидем, Шарифҷон-махдум як ғазали нӯҳбайтии ба тақлиди Бедил навишташударо, ки ба падараш мансуб буд, ба Ҳайрат дода, мухаммас карда додани он ғазалро фармуд.
Мо барои рафтан ба кӯча баромадем. «Ин озмойиш аст» — гуфт Ҳайрат. Ва дар рӯзи дуюм он ғазалро мухаммас карда оварда, ба ман супурд, ки ба Шарифҷон-махдум расонам.
Шарифҷон-махдум баъд аз дидани он мухаммас ба қувваи шеърии Ҳайрат қоил шуд ва ӯро яке аз нодирони даврон шумурд.
Ман дар ин ҷо се банди он мухаммасро ба тарзи намуна нишон доданро муносиб дидам:
Рафики ваҳшатам, аз донишу улфат ба фарсангам,
Хираддасту гиребонам, ба ному нанг дар ҷангам,
Мапурс, эй дӯст, аз таҳқиқи холи ҳайратоҳангам,
«Ба тақлиди ҷунун з-он душмани номусу фарҳангам*
Ки шояд он парирӯ аз сари шӯхӣ занад сангам».
Биё, эй ҷон, ки ҷон бар лаб расид аз баҳри ташрифат!
Саропо гаштаам шавқу умед аз баҳри ташрифат!
Ба чашми хунфишон бурдам навид аз баҳри ташрифат!
«Мусаффо манзаре кардам сафед аз баҳри ташрифат!
Биё, биншин ба чашмам. гар малулӣ аз дили тангам!»
Давидам ҳар тараф чун бод дар кӯйи ҳавас умре,
Шудам нолон раҳи беҳосилӣ паймуда бас умре,
Мабодо ҳарзагарди яъс чун ман ҳеч кас умре,
«Зи бас бематлабӣ з-ин гуна афғон чун ҷарас умре
Нашуд равшан, чӣ мегӯям, надонам дар чӣ оҳангам?»
____________
* Байти дар нохунак гирифташудаи хар банд аз они падари Шарифҷон-махдум буда, се мисраи болои онҳо аз они Ҳайрат мебошанд.
Услуби мисраъҳое, ки Ҳайрат дар ин мухаммас ҳамроҳ кардааст, зидди услуби худи ӯст. Ӯ шеърро бисёр сода ва бе тумтароқ менавишт. Аммо аз он ҷо, ки шеъри мухаммас кардашуданӣ бо услуби Бедил навишта шуда буд, ӯ маҷбур шудааст, ки дар мухаммас услуби ҳамон шеърро пеш гирад. Камоли маҳорати Ҳайрат дар ин аст, ки ба тақлид комёб шудааст.
Зеро ба услуби ғайри услуби худ чиз навиштан басе душвор аст.
Бо таъсири ин сӯҳбат (сӯҳбате, ки Ҳайрат дар ғайби худ аз Шарифҷон-махдум таҳсини баланд шунид) Мирзо Абдулвоҳид, ки то он вақт фақат ба машқи наср — ба иншонависии мукотибот машғулӣ мекард, ба шоир шудан ҳам кӯшиш намуд. Ӯ шеърҳо навишт ва ба худ калимаи «Мунзим»-ро тахаллус қарор дод. Аммо аз он ҷо, ки ӯ як дараҷа ба худ мағрур буд ва дар корҳои адабӣ бо касе машварат намекард, дар қабули тахаллус хам бо ягон каси арабидон машварат накардааст ва азбаски худаш дар арабӣ камқувват буд, хатои ин калимаро пай набурдааст. Вагарна дар арабӣ «мунзим» ба маънои нозим ва назмнавис намеояд. Ҳатто ин шакл ба сифати шохаҳои назм ва интизом дар арабӣ наомадааст. Бо вуҷуди ин ӯ ин калимаро ба маънои назмкунанда қабул кардааст. Сониҳо ин хатои худро фаҳмида бошад ҳам, ба сабаби шӯҳрат ёфтани он тахаллус тағйир доданаш мумкин нашуд.
* * *
Ба ҳамин тариқа, Ҳайрат бо ман ва дӯстони ман дӯст шуда, ба воситаи мо бо ҳамаи арбоби адабиёти он замон шиносоӣ ва алоқа пайдо кард. Бо Абдухалил-махдум, Мирзо Абдулвоҳид ва Ҳомидхоҷа дӯсти наздик гардид ва ҳамаи онҳо ӯро ҳурмат мекардагӣ шуданд. Ҳайрат ҳамеша бо ман ба хонаи Шарифҷон-махдум мерафт ва мушоараи шоирони дар он ҷо ғуншавандаро тамошо мекард, аммо худаш ба он мушоараҳо иштирок наменамуд.
Ҷойи истиқомати Ҳайрат пештар дар мадрасаи Муҳаммадалӣ-ҳоҷӣ буд, ки вай дар наздикии Қӯшмадраса воқеъ шудааст. Он ҷо аз маркази шаҳр дур буда, рафту омади Ҳайрат аз он ҷо ба маркази шаҳр — Чорсӯ, ки дар айни замон маркази арбоби адабиёт ҳам буд, дурӣ кард. Бинобар ин ӯ дар тобистони ҳамон сол дар мадрасачаи Сӯзангарон, ки дар маркази шаҳр воқеъ шудааст, кӯчида омад.
Тарҷимаи ҳоли Ҳайрат
Номи Ҳайрат Муҳаммадсиддиқ буда, ӯ дар гузари Арӯсони Бухоро, ки дар забони омма ба номи гузари Урусон машҳур шудааст, дар оилаи муаззини он гузар дар соли 1878 таваллуд ёфтааст. Ӯ бо додараш, ки аз худаш ду сол хурд буд, дар ҳаштсолагӣ аз падар ва дар дувоздаҳсолагиаш аз модар ятим мондааст.
Ба Ҳайрат аз падару модар як ҳавличаи беберуни якхонанок ва як ҳуҷра аз мадрасаи Сӯзангарон мерос монд. Ӯ бо даромади аз вақф ояндаи он ҳуҷраҳо, ки бисёр ночиз буд, зиндагӣ намуда, додарашро ҳам парвариш кард.
Ҳайрат, ки соҳиби истеъдоди баланд буд, дар мактаби гузари худ хонда хушсавод ва хушхат шуда баромад ва дар дарсҳои мадраса, бо вуҷуди аҳамият надоданаш, ҳама вақт аз шарикдарсонаш пеш буда, хар дарсро бо як дидан ва ё шунидан аз худ мекард. Бинобар ин ба интихоби устод ҳам он қадар аҳамият надода, ба аввалин мударрисе, ки ба ӯ вохӯрдааст, фақат барои расмият шогирд шудааст ва бештарини дарсҳоро бо мутолааи худ аз худ кардааст. Аз устодони расмӣ домуллои кунҷакиаш Мулло Абдукарими Балхӣ ва домуллои дарсхонагиаш Мулло Ҳомиди Араб буд, ки ҳеҷ кадоми онҳо шӯҳрати илмӣ надоштаанд ва бо адабиёт ҳеҷ алоқаманд набуданд (Ҳайрат, ҳарчанд бо ман ҳамдарс бошад ҳам, мо дар пеши ягон мударрис бо ҳам шарикдарс нашудаем). Бо вуҷуди ин ӯ дар сарфу наҳви забони араб ва дар мантиқ маҳорати тамом пайдо карда буд.
Ҳайрат баъд аз понздаҳсола шудан, монанди муллобачагони дигар аз ҳавлӣ ба мадраса кӯчида, аввалин бор дар мадрасаи Муҳаммадалӣ-ҳоҷӣ, ки ба ҳавлиаш наздик буд, истиқомат кардааст ва баъд аз он, чунонки дар боби боло қайд шуд, ба мадрасаи Сӯзангарон, ба ҳуҷраи меросии худ кӯчид.
Дар он вақтҳо додари Ҳайрат кӯрсавод буд. Вай, бинобар хоҳиши аҳли гузар, ба сабаби қадрдонии падараш, муаззини гузари худашон таъин шуда буд. Бинобар ин аз бародараш ҷудо шуда, мустақилона зиндагонӣ сар кард. Бо ҳамин сабаб ду ҳуҷраи меросӣ дар байни ду бародар тақсим шуда, ҳуҷраи мадрасаи Муҳаммадалӣ-ҳоҷӣ ба додараш ва ҳуҷраи мадрасаи Сӯзангарон ба худаш расид, ҳавлӣ дар миёнаи ҳар дуяшон муштарак монд ва додараш ба сабаби дар гузар муаззин шуданаш, аз мадраса ба гузар — ба ҳавлӣ кӯчид.
Ҳайрат бо вақфи ҳамон ҳуҷра, ки дар мадрасаи Сӯзангарон буд ва дар як сол дусад танга (30 сӯм) даромад дошт, бо сахтӣ зиндагонӣ мекард, китобҳои дарсӣ ва адабиаш ҳамагӣ амонат ва ориятӣ буда, ба харида гирифтани китобе иқтидор надошт.
Ҳайрат дар вақти мактабхониаш ба шеъргӯйӣ сар карда, чунонки дар боби боло қайд шуд, дар муддати ду ё се сол маҳорати адабӣ пайдо кард. Ӯ дар хурдсолиаш аз Ҳоҷӣ Ҳомидҷон ном ҳамгузараш, ки марди доро, китоббоз буд ва дар хонаи ӯ ҳар гуна китобҳои дастхат ва чопаи оид ба илму адабиёт ёфт мешуданд, ба орият китоб гирифта, мутолаа мекард ва ҳар китобро, ки аз мутолаа гузаронад, ба соҳибаш бурда дода, дигарашро меовард. Азбаски ӯ қувваи ҳофизаи баланд дошт, бо як мутолаа мазмуни мундариҷоти он китоб дар ёдаш мемонд ва шеърҳои дилчасп, ҳарчанд дароз бошанд ҳам, айнан ба хотираш нақш баста мемонданд. Дар рафтуомад бо дӯстони серкитоб ҳам ӯ даррав як китоби аз он пеш надидаашро ёфта гирифта, дар гӯшае нишаста, ба мутолаа машғул мешуд ва дар поёни мутолаа, агар аҳли сӯҳбат пурсанд, мазмуни мундариҷоти он китобро гуфта, шеърҳояшро аз ёд хонда медод.
Ӯ дар пеши як дӯсти худаш, ки забони русиро медонист, чанд рӯзе машғулӣ карда, ин забонро ба қадри ифодаи маром ва хати русиро ба қадри адреснависӣ омӯхта буд.
Дар солҳои 1898 тангии моддӣ ба ӯ таъсири бад кард ва лоғарии баданаш боз ҳам зиёдтар шуд. Бинобар ин ба Ашӯрбек ном даллоли пӯсти қарокӯлӣ мирзо (котиб) шуд, ки ҳар тобистон дар мавсими пӯсти қарокӯлӣ — аз моҳи март то моҳҳои август — ба ӯ хизмат мекард, ба бозори пӯст ҳамроҳи ӯ мерафт, ҳар хариду фурӯши пӯстро, ки бо даллолии Ашӯрбек ба амал меомад, рӯйхат мекард ва шабҳо дар хонаи ӯ нишаста дафтари ӯро менавишт. Хӯҷаин дар бадали ин хизмат ба ӯ хар мох 20 танга (се сӯм) музди хизмат медод.
Ин музди хизмат, ки панҷ моҳи тобистон понздаҳ сум мешуд, аҳволи моддии Ҳайратро беҳтар накард ва ӯ рӯз то рӯз лоғартар мешуд; дар соли 1900 осори бемории сил дар вай зоҳир шуда, ба кӯтоҳ-кӯтоҳ сурфа кардан гирифтор гашт.
Он вақтҳо табибони маҳаллӣ барои бемории сил фақат ду даво доштанд, ки якумаш шароб, дуюмаш саёҳат буд. Он табибон бемории силро аз дилтангӣ ва аз андӯҳгинӣ дониста, ин ду чизро, ки назар ба ақидаи онҳо «вақтхушкунандаи одам» буд, давои ягона медонистанд. Писари Ашӯрбек — Раҳматуллобек, ки бо Ҳайрат ба муносибати хизматаш дӯст шуда буд, баъд аз пай бурданаш ба бемории ӯ, ба вай ҳамин давоҳоро татбиқ кардан хостааст. Ҳарчанд мақсади табибон аз шароб шароби табиӣ — майи дастии ангурӣ бошад ҳам, ӯ ба вай ба сифати даво арақ нӯшондааст.
Ин «даво» аҳволи ӯро бадтар ва бемориашро вазнинтар кард. Баъд аз он Раҳматуллобек ба ӯ давои дуюм — саёҳатро татбиқ кардан хоста, тобистони соли 1900, баъд аз мавсими бозори пӯст, дар моҳҳои август, ӯро ҳамроҳи худ ба саёҳати Фарғона бурда овард. Албатта, ин даво ҳам таъсир накард ва бемории ӯ дар зимистони соли 1900 — 1901 боз ҳам вазнинтар шуд. Бо вуҷуди ин ӯ дар зимистон ба дарс ва сӯҳбатҳои адабӣ ва дар тобистон дар хизмати бозори пӯст давом намуд.
Дар зимистони соли 1901 ӯ аз ҳар гуна ҳаракати барзиёд — аз дарсравӣ ва мулоқоти дӯстон бозмонда, дар ҳуҷрааш хобид. Мадрасаи Сӯзангарон хурдтарин ва бадтарини мадрасаҳои Бухоро буда, атрофашро раставу бозору саройҳои тиҷоратӣ ва ҳавлиҳои дуошёна чунон иҳота карда гирифта буданд, ки ҳамон шамоли бадбӯйи шаҳри Бухоро ҳам дар даруни вай намевазид. Ҳуҷраи Ҳайрат бошад, ду метри мураббаъ буда, поёнҳучра, сернам ва якдара буд.
Ман зиндагонии Ҳайратро дар он ҳолат дар чунин ҳуҷра, дар шароите, ки ғайр аз чою нон чизи хӯрдании дуруст надошт, барои ӯ ҳалокатовар дониста, дар андешаи дуру дароз афтодам. Аммо аз тарафи худ ҳеҷ имкон надоштам, ки ба ӯ ёрие расонам. Бинобар он ин масъаларо дар пеши Абдухалил-махдум, Аҳмадҷон-махдум 173 ва Мирзо Абдулвоҳид, ки баъд аз қозӣ шуда рафтани Шарифҷон-махдум дар мадрасаи Мулло Муҳаммадшариф мустақилона зиндагонӣ мекард ва ҳамаи инҳо монанди ман ба Ҳайрат дӯсти наздик шуда буданд, мондам.
Аз ин миёна Абдухалил-махдум ҳиммати калоне кард. Ӯ ҳамон вақтҳо дар ҳуҷрааш як пуд равғани дунба, се пуд биринҷ ва нимча (як кило) чой дошт. Азбаски хонадор буд, дар ҳуҷра кам ош мехӯрд ва ҳуҷрааш болоҳуҷраи хушҳаво ва дар рӯ ба рӯйи ҳавзи Ғозиён буд. Ӯ ҳуҷраро бо ҳамаи озуқааш ба ману Ҳайрат супурдан хост. Мирзо Абдулвоҳид гоҳо дар ҳуҷрааш палави равғани кӯкнордонагӣ, ки ба сурфа фоида дорад, пухта доданӣ шуд ва Аҳмадҷон- махдум, ки ҳавлидор буд, гоҳо дар ҳавлиаш тушбера ва угро барин ошҳои хамирӣ пухта оварданро ваъда дод, то ки пайваста палавхӯрӣ ба дили бемор назанад ва худам гӯшти ҳаррӯзаи оши палавро, ки нимча буд, бо ду нони бозорӣ мутасаддӣ шудам.
Ба ҳамин тариқа мо Ҳайратро аз ҳуҷраи худаш ба ҳуҷраи Абдухалил-махдум кӯчонда овардем. Азбаски Абдухалил-махдум ҳам бемории силӣ дошт ва ҳам монанди соҳиби ҳуҷра ба пеши бемор омаданро муносиб намедид, ба пеши мо ҳеҷ намеомадагӣ шуд. Ман доимӣ ба хизмати бемор мондам ва дигар дӯстон ҳам ҳар вақт хабаргирон меистоданд, ҳатто Мирқодир- махдум хам гоҳо омада, бо суханҳои девонаворонааш беморро хандонда менишаст.
Бо таъсири таомҳои хуб бояд бошад, бемор баъд аз ду моҳ дар ҳуҷраи Абдухалил-махдум истодан хеле қувват пайдо кард, ҳатто дар ҳаваси базмгардӣ афтода, баъзе шаб бо ман ва дӯстони дигар ба базмҳои дойрахабар ҳам мерафтагӣ шуд.
Бо сар шудани ҳавои гарми тобистон боз аҳволи ӯ хеле бад шуд. Тоҳирҷон, ки ҳар ҳафта як бор-ду бор омада ӯро дида, аҳволпурсӣ карда мерафт, вазнинии аҳволи ӯро дида, ба ҳавлиаш кӯчонданро муносиб дид, чунки дар он вақтҳо бемор тамоман барҷомонда гардида, берун баромада наметавонистагӣ шуда буд.
Ин машваратро худи Ҳайрат ва дигарон ҳам қабул карданд. Дар аввалҳои моҳи июни соли 1902 ӯро ба ҳавлиаш дар гузари Арӯсон, ки дар вай додараш муҷаррадона (бе зан) зиндагонӣ мекард, кӯчондем.
Ҳар кадоми мо ҳар рӯз як бор озуқа ё таоми тайёр ва ё ин ки ягон ширинӣ бурда, ӯро ҳолпурсӣ карда меомадем. Бемордори доимӣ додараш буд. Аммо ман ва Аҳмадҷон-махдум ҳар шаб бо навбат дар пеши бемор мехобидем. Чунки аломати охири рӯзҳои зиндагиро гузаронида истодани ӯ ба ҳар кадомамон маълум буд.
Ҳайрат дар нимаҳои моҳи июл, дар шабе, ки Аҳмадҷон-махдум дар пеши ӯ навбатдор буд, вафот кард. Пагоҳонӣ, ки ман ҷомашӯйӣ сар карда будам ва мехостам ин корро барвақттар тамом карда, ба хабаргирии бемор равам, касе аз гузари ӯ омада, вафоташро хабар дод. Ҳарчанд аз ҳаёти ӯ умедамро канда бошам ҳам, ин хабар ба ман ногаҳонӣ барин расид. Дар ҳамон вақт як куртаи аз об баровардаам дар дастам буд, ки мехостам ба тор паҳн кунам. Аммо бо шунидани ин хабар ҳамон тавр курта дар даст дақиқае дар ҳайрат афтода мондам, гӯё ки шах шуда будам.
Баъд аз дақиқае ҳавоси худро ғундошта, ҷомашӯиҳои дар об таркардаамро ҳамон тарз бо тағора ба ҳуҷра дароварда монда, ба тарафи ҳавлии Ҳайрат нигоҳ карда давидам ва ба хонаи ӯ расидам. Ман, ки дар вафоти падару модарам нагириста будам, бар сари мурдаи ӯ овоз андохта, бо навҳа гиристаам ва ҳамаи дӯстон ба гиря даромаданд. Ҷасади ӯро дар беруни дарвозаи Талипоч, дар роҳи Чорбакр, дар гӯрхонаи падару бобоҳояш гӯронидем.
Баъд аз маросими дафн ман рост ба ҳуҷраи худ омадам ва бо таъсири ин мотами тоқатфарсо чанд рӯз натавонистам, ки ба кӯча бароям ва дӯстонро зиёрат кунам.
Шоирон ва адабиётдӯстони ҷавони он замон ба ҷойи ин ки ба хонаи Ҳайрат раванд, ба ҳуҷраи ман омада, ба муносибати вафоти дӯсти азизам таъзия баён мекарданд ва марсияҳо навишта оварда медоданд.
Мероси адабии Ҳайрат
Ҳайрат одат надошт, ки шеърҳои худро ба дафтаре навишта монад. Баъзе шеърҳояш бо дастхати худаш ва бо хати худам ва Мирзо Абдулвоҳид дар баёзи ман буда, порчаҳои дигараш дар хонааш дар дасти додараш монда буд. Мо хостем, ки ҳар чӣ аз вай монда бошад, ҷамъ карда, ба дафтаре нависем. Аммо додараш аввал ба додани он шеърҳо розӣ нашуд ва баъд аз он розӣ шуд, ки ҳар рӯз як ғазал ё ду ғазал диҳад, баъд аз он ки мо вайро рӯйнавис карда гирифта, нусхаи аслиро ба вай бурда диҳем, ғазали дигарро диҳад.
Ғайр аз тобеъ шудан ба фикри ӯ чораи дигаре надоштем — ҳар рӯз ман ё Аҳмадҷон-махдум ба ҳавлии вай, ки аз ҷойи истиқомати мо қариб ду километр меомад, рафта, аз ӯ як ғазал ё ду ғазал меовардем. Мирзо Абдулвоҳид он ғазал ё ғазалҳоро бо хати зебои худ навишта мегирифт. Ҳамин тарз карда, мо порчаҳои дар дасти додари шоир мондаро навишта гирифтем ва чизҳоеро, ки дар дасти ман буданд, низ Мирзо Абдулвоҳид навишта гирифт. Ғазал, қасида, достон, қитъа ва рубоӣ — ҳамагӣ 2000 байт (4000 мисраъ) шуд.
Мирзо Абдулвоҳид бо хати худ аз маҷмӯаи шеърҳои Ҳайрат ду нусха тайёр карда, якеро ба ман доду дигареро барои худаш нигоҳ дошт.
Баъд аз вафоти Ҳайрат шӯҳрати ӯ назар ба замони зиндагиаш зиёдтар шуд. Дар вақти ҳаёташ ӯро танҳо дӯстонаш дӯст дошта мадҳ мекарда бошанд, баъд аз вафоташ ҳар касе, ки ба адабиёт андак алоқаманд бошад, маддоҳи ӯ шуд. Аз ин рағбати умумии ба Ҳайрат пайдошуда амир Абдулаҳад ҳам, ки худро шоир метарошид, берун намонд. Ӯ ба қозикалон Бадриддин фармуд, ки шеърҳои Ҳайратро ёфта, ба ӯ расонад. Қозикалон маро ҷеғ зада бурда, талаб намуд, ки шеърҳои Ҳайратро ба ӯ супорам. Ман мункир шудам. «Дар дасти ман шеъри Ҳайрат нест, ҳар чӣ аз ӯ мондааст, дар дасти додараш буд, ӯ ба ман надод» гуфтам. Ва ҳол он ки додари Ҳайрат бо ҳамон беморие, ки аз бародараш гирифта буд, баъд аз ду моҳ вафот карда буд.
Ман аз бими он ки мабодо ҳуҷраамро одамони қозикалон кофтуков карда, он нусхаро аз дастам гиранд, вайро бурда дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳид бо нусхаи ӯ — ҳар дуяшро дар шифти як мадони торик овехта мондем. Аммо дар соли 1918, ба муносибати воқеаи Колесов, вақте ки хонаи Мирзо Абдулвоҳид тороҷ шуд, ҳар ду нусха ҳам талаф гардиданд 174. Ҳоло якчанд ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ ва як достон, ки Ҳайрат бо илтимоси ман дар саёҳати Фарғона навишта буд, дар дасти ман мебошанд ва намунаи онҳо дар саҳифаҳои 261- 271 «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷ шудааст.
Дар ин ҷо ман мехоҳам, ки тадқиқотчиёни ҷавонро аз як масъала хабардор карда монам: вақте ки қозикалон бо фармойиши амир дар пайи ёфтани шеърҳои Ҳайрат афтод ва чизе ба даст дароварда натавонист, аз чор тараф шоирчаҳо ва шоиртарошон барои хушомад ба хизмати қозикалон миён баста, бисёр шеърҳои пастро бо тахаллуси «Ҳайрат» ба ӯ бурда доданд. Бинобар ин тадқиқотчиёнро лозим аст, ки ҳар шеъри дар охир тахаллуси «Ҳайрат» доштаро бе ҳеҷ тадқиқ «аз они Ҳайрат» гуфта қабул нафармоянд, балки ҳар шеърро аввал ба шеърҳое, ки дар бораи моли Ҳайрат будани онҳо шакке нест, андоза карда бинанд ва баъд аз он ба як қарор оянд.
Ман дар ин ҷо як мусаддаси Ҳайратро, ки дар охири умраш навиштааст ва метавон гуфт, ки он хулосаи шарҳи аҳволи пурмалоли ӯ мебошад, ба тарзи намуна қайд мекунам:
МУСАДДАС
Чӣ музтарам, ки зи ғам лаҳзае фароғ надорам,
Набошадам ба дил аз гӯшае. ки доғ надорам,
Ба роҳи матлаби айшу хушӣ суроғ надорам.
Ба каф зи даври шароби тараб аёғ надорам,
«Чунон фасурдадимоғам, ки майли боғ надорам,
Ба ҳадди он ки гуле бӯ кунам, димоғ надорам.»*
* * *
Ба даҳр он қадар аз вазъи рӯзгор ғаминам,
Ки тири дарду ситамро зи хар канор каминам,
Фурӯ гирифта ҳуҷуми алам ясору яминам.
Узори шоҳиди мақсад ба ҳеч бор набинам,
Агар ба рӯзи парешониам низору ҳазинам,
Агар шаби ғами ҳиҷрониям чароғ надорам.
***
Маро, ки соғари айш аз кафи мурод нагун шуд,
Вале ба маҳфил минои дил ба гардиши хун шуд,
Зи ғусса рӯз ба рӯзам чу барфузуду фузун шуд,
Набуд агарчи дили зор хун, тамом кунун шуд,
Ҳавою шавқи сару дил ба хок рафту бурун шуд,
Кунун сарею ҳавое, дилею доғ надорам.
***
Чӣ мекунӣ ба ҳавас ҷустуҷӯйи пурсиши ҳолам?
Чӣ меравӣ рахи дарди сари ҷавобу саволам?**
Чунон гудохтаҳол аз фалак ба наҳсу вуболам,
Тане зи ғусса низорам, қаде зи дард ҳилолам,
Димоғ сӯхт ба ҳаҷрам, дил об шуд зи малолам,
Аз он ба саъйи нишоте дилу димоғ надорам.
* * *
Ба зулми чархи ҷафоҷӯ, зи ҷаври даври ситамгар
Ба ранҷу дард чу Ҳайрат шикастаболаму музтар,
Дилам зи ҳодиса дар қайди кулфат аст мукаддар,
Ғамам чу қофия дар банди меҳнат аст мукаррар*** ,
Зи бахти тира чу мурғи шикастаболаму бепар,
Ки ошёни талаб ҷуз ба пари зоғ надорам.
____________
*Ин ду мисраъ аз они Ҳасрати Ҳисорӣ аст, ки Ҳайрат мазмунашро мувофиқи холи худ ёфта, тазмин карда буд.
**Шоир дар ин ду мисраъ аз беморпурсии мунофиқонаи баъзе касон, ки дар вақти бемориаш барои ӯ малоловар буд, шикоят мекунад.
***Шоир зимнан дар ин мисраъ бо калимаҳои «қофия», «банд» ва «мукаррар» дар бораи такрор шудани қофияҳо дар бандҳои ин мусаддас узр гуфтан мехоҳад.
Ман дар ин ҷо барои нишон додани ин ки шеършиносони расмии холис ва бетарафи он замон дар ҳаққи Ҳайрат чӣ ақида доштанд, порчаеро аз тазкираи Садри Зиё, ки баъд аз вафоти Ҳайрат дар бораи ӯ аз тарафи муаллифи китоби мазкур навишта шудааст, ба тарзи мисол овардан мехоҳам (ба тариқаи интихоб):
Ҷавони хирадманди некуниҳод,
Чун ӯ модари даҳр ҳаргиз назод…
Бинои суханрост рукни тамом,
Яке содиқулқавл Сиддиқ ном.
Ба ҳайрат фурӯ рафта халқе аз ӯ,
Варо Ҳайрат омад лақаб баҳри ӯ…
Суханҳои ӯ баски шуд дилпазир,
Ситойиш кунад ҳар касе ногузир…
Каманди хаёлаш чунон буд расо,
Ки сайди маонӣ намешуд раҳо…
Ба тарзи наве нуктапардоз шуд,
Чу булбул навосанҷи ин соз шуд…
Бад-он сон, ки дар бадви*рушду тамиз
Намондаш зи фазлу ҳунар ҳеҷ чиз,
Ки маншури идроки ӯ барнахонд,
Надониста як чиз аз вай намонд…
Забардасти майдони донишварӣ,
Вале буд аз уҷбу** нахват*** барӣ****;
Ҳамеша ба Айнию Мунзим ба ҳам
Будандӣ ба шодию бо ҳам***** ба ҳам…
Чу Ҳайрат гузар кард аз рӯзгор,
Зи ҳаҷраш рафиқон гиристанд зор;
Дар ин боб Айнӣ ба сад печутоб,
Чу моҳӣ, ки маҳҷур монад зи об,
Ба таърихи фавташ ғамину ҳазин
Ду-се байт гуфта чу дурри самин******.
____________
*Бадв — ибтидо.
**Уҷб – худбинӣ.
***Нахват — калонгарӣ.
**** Барӣ — пок.
*****Ҳам — дар ин ҷо ба маънои гам,
******Самин — пурқимат.
(Ҷузъиёти гузориши аҳволи Ҳайрат дар ояндаи «Ёддоштҳо» ба ҳар муносибат ёдоварӣ карда хоҳад шуд).
«Микробҳои одамшакл»
Баъд аз вабои охирине, ки дар соли 1893 дар Бухоро рӯй дода буд, ҳарчанд дигар вабои умумӣ ва бемории гузарандаи хавфнок пайдо нашуда бошад ҳам, шаҳр ва атрофи наздики он дар тобистонҳо ҳеҷ гоҳ аз бемориҳои бисёррӯйдиҳанда ва аз муромуриҳои барзиёд холӣ набуданд.
Ин ҳол аз назари диққати олимони тиббии рус пинҳон намонд ва дар тобистони соли 1895 як комиссияи махсус аз Петербург омад, ки дар ҳайати вай донишмандони микробшинос ва мутахассисони бузурги илми тибби замонӣ даромада буданд. Ин комиссия аввал шаҳр ва атрофи онро гардиш карда, ҳама ҷоро дид, кушишхонаҳо, кӯлҳо, обрезҳо, обгурезҳо, ҳавзҳо, рӯд ва ҷӯйҳо, инчунин ошхонаҳои бозорӣ — нахӯдпазиҳо, моҳипазиҳо, каллапазиҳо, кабобпазиҳо, ҳам зарфҳо ва корҳои касонеро, ки таомҳои гарми тайёрро дар лагану лаълиҳо гирифта, дар сари роҳҳои умумӣ нишаста мефурӯхтанд, аз назар гузаронид.
Комиссия ба ҳукумати амир муроҷиат намуда, барои бартараф кардани беморӣ ва муромурии мардуми шаҳр барҳам додан ва аз сари нав ташкил кардани ҳар кору ҳар чизеро, ки ба покизагӣ ва нигоҳдории тандурустӣ зид бошад, талаб намуд. Чунончи, тоза кардани рӯд, ҷӯйҳо, ҳавзҳо ва обрезу обгурезҳо, хушконидани кӯлҳо, кофтани заҳкашҳо, аз шаҳр баровардани кушишхонаҳои ҳайвонот, тоза кардани ошхонаҳо, манъ кардани таомфурӯшиҳои сарироҳӣ ва дигарҳоро ба пеши ҳукумати амир вазифаи аввалин ва ногузир карда монд.
Одати ҳукумати амир ин буд, ки барои иҷрои ҳар кори наве, ки аз тарафи русҳо таклиф шавад ва барои ба амал овардани он кор хароҷоту ташвиши бисёр лозим бошад, рухсати уламои мутаассиби худро лозим мешумурд. Табиист, ки онҳо ба ҳар чизи нав муқобил буданд ва рухсат намедоданд, ки ба амал барояд.
Дар мавриди шаҳртозакунӣ ҳам ҳукумат ризо ва фатвои уламоро лозим шумурд. Комиссия ин ҷавобро шунида, хост, ки худаш уламои Бухороро бо далелҳои фаннӣ қаноат ҳосил кунонад, ки ин аҳволи шаҳр боиси бемории ҳалокатовар аст. Бинобар ин дар беморхонаи шаҳр як лаборатория ташкил карда, обҳои рӯд, ҷӯй, ҳавз, кӯл, таомҳои ошхонаҳо, хунҳои кушишхона ва монанди инҳоро оварда таҳлил кард ва аз ҳукумат илтимос намуд, ки як гурӯҳ олимони донишманди шаҳрро фиристонад, то ки ба воситаи микроскоп ҷондорҳои беморӣ пайдокунандаро бо чашми худ дида, ба тоза кардани шаҳр рухсат диҳанд. Комиссия дар ҳайати донишмандони бухороӣ будани Аҳмад-махдуми Дониш, Қорӣ Абдулмаҷиди Зӯфунун 175 ва домулло Икромчаро 176, ки овозаи дониши онҳо ба гӯши олимони рус хам расида буд, лозим донист.
Ҳукумати Бухоро ин таклифи комиссияро қабул кард. Аммо ба ҳайати донишмандони бухороӣ Абдураҳмон-махдуми Рафтор 177, Қиём-махдум 178 ва Ҷунбул-махдумро 179, ки дар таассуби ҷоҳилона, дар нодонӣ ва дар мунозираҳо ба нофаҳмида фарёд кардан ном бароварда буданд, инчунин як каси «Буқрот»-лақабро 180, ки девонавор худро ҳаким ва файласуф мешумурд (мардум ӯро масхара дошта, лақаби «Буқротӣ»-ро ба ӯ муносиб дида буданд), ба ҳайати комиссия ҳамроҳ кард.
Ахмад-махдуми Дониш аз ҷиҳати бемори барҷомонда буданаш ба кори комиссия иштирок карда натавонист. Зӯфунун бо домулло Икромча дар муқобили чор нафар ҷоҳили гузаро, ки онҳо барои ҷоҳилона фарёд кардан ва бетартибӣ баровардан аз ҳукумат таълимоти махсус доштанд, монданд.
Донишмандони рус лабораторияро ба кор дароварда, микробҳои дар об, дар ош ва дар дигар чизҳо будагиро бо микроскоп ба ҳайати комиссияи Бухоро нишон дода истода зарари ҳар кадом микроб ва чӣ гуна бемориҳо ба вуҷуд овардани онҳоро шарҳ додан гирифтанд. Домулло Икромча ва Зӯфунун гуфтаҳои комиссияи русҳоро тасдиқ карда ва аз тарафи худ ҳам барои қувват додани фикри комиссия баъзе чизҳо мегуфтанд.
Чун Абдураҳмон-махдуми Рафтор, Қиём-махдум, Ҷунбул-махдум ва Буқрот диданд, ки домулло Икромча ва Зӯфунун фикри комиссияро маъқул шумурда истодаанд, ҳар чорашон якбора фарёд бароварданд:
— Мо қабул намекунем, мо тарсида дини Худро намефурӯшем, Худоро Халлоқи ягона, беморидиҳанда ва шифобахшанда медонем. Мо бо ин «лӯттибозиҳо», ки чизҳои мавҳумро ҷондор карда нишон дода истодаанд, бовар намекунем ва фиреб намехӯрем!..
Аъзои ҳайати комиссияи донишмандони рус аз ин фарёдҳо, ки дар забони тоҷикӣ мерафтанд, чизе нафаҳмида, ба воситаи тарҷумон ҳам аз онҳо чизе фаҳмида натавониста, таҳлилотро хобонда ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда монданд…
Якбора он чор нафар аз ҷоҳошон бархоста, кафшҳошонро аз по кашида ба дастҳо гирифта, ясавули уламоро*, ки асо ба даст дар он ҷо рост истода буд, задан гирифтанд ва уро айбдор мекарданд, ки чаро онҳоро дар ин гуна маҷлиси кофиркунанда овардааст.
____________
*Як маъмури оддии ҳукумат буд, ки дар хар ҷо уламо дар сурати расмӣ ғун шаванд, ӯ дар он ҷо ҳозир мешуд ва ба маҷлисҳои расмӣ уламоро даъват мекард. Ии маъмурро ясавули уламо ва кӯтоҳ карда «оламиён» меномиданд.
Дар ин вақт дар беруни беморхона муллоҳо ва муллобачаҳои бисёре, ки аз тарафи намояндагони махфии ҳукумати Бухоро барои балво бардоштан тӯронида фиристода шуда буданд, бе он ки чӣ гуфтан ва чӣ хостанашон маълум шавад, фарёд мекарданд. Аммо маъмурони махсуси ҳукумат ба онҳо роҳ намедоданд, ки ба беморхона дароянд.
Ҳайати комиссияи донишмандони рус диданд, ки як шӯриши бемаънӣ бархоста, ранги балвои умумиро гирифта истодааст, кори худро хобонда, ба ҳайати комиссияи Бухоро ба рафтан рухсат дод. Аммо он чор нафар аз бино намебаромаданд ва ба раиси комиссияи Петербург фарёд карда мегуфтанд:
— Эй, тӯра! Ё аз забонат хат деҳ, ки дигар ба корҳои динии мо дахл намекунӣ, ё ки моро дар ин ҷо кушта парто!
Охир ду маъмури ҳукумати Бухоро омада, он чор нафарро ба баромада рафтан таклиф карданд ва онҳо ҳам, мувофиқи мақоле, ки мегӯянд: «Забони мурғонро мурғон медонанд», ба таклифи маъмурон зуд амал карда, бечуну чаро аз беморхона баромада рафтанд.
* * *
Ҳайати комиссияи донишмандони рус албатта пай бурданд, ки ин кори сохтаи худи ҳукумати Бухорост, бинобар ин ба гумоштаи сиёсии давлати Россия муроҷиат намуда, пешгирӣ кардани ин гуна бетартибиҳоро аз вай пурсиданд.
Дар натиҷаи муроҷиати гумоштаи сиёсии давлати Россия ҳукумати Бухоро ҳамаи он бетартибиҳоро ба гардани ҳамон чор нафар монда, онҳоро чанд рӯзе аз шаҳр баровард ва бо ҳамин гӯё пеши бетартибиҳоро «гирифт». Аммо аз миёна бисёр вақт нагузашта, боз он чор нафарро ба шаҳр даъват карда, ба ҳар кадомашон аз ҷойи аввалиашон калонтар ва сердаромадтар мударрисиҳо дод.
Тоза кардани шаҳр ва барҳам додани ифлосиҳо, ба баҳонаи қабул накардани уламо ва сабаб шуданаш ба балво, ба амал оварда нашуд. Танҳо дар беруни шаҳр ва дар ҷанубии Намозгоҳ иморати чӯбине сохта, кушишхонаҳои ҳайвонотро ба он бино бароварданд, ки ин кор ба ҳукумат зарар надошт, балки фоида дошт. Чунки ҳукумат аз ҳар ҳайвони кушташаванда як миқдори муайян пул мегирифт, ки он маблағ дар соли аввал харҷашро таъмин карда, дар солҳои дигар як даромади бехароҷот дода меистод.
* * *
Аз шаҳр бароварда шудани кушишхонаҳоро баъзе одамони содадил аломати ба дасти ҳукумати подшоҳии Россия гузаштани корҳои ҳукуматдории Бухоро мешумурданд ва як мулло, ки орзуи қозӣ шудан дошт, ба беруни шаҳр кӯчонда шудани кушишхонаҳоро шунида, мегуфт: «Давлати рус фурсат медод, ки ман ду-се сол қозӣ шуда, зиндагии ояндаамро таъмин мекардам, баъд аз он Бухороро ба Русия ҳамроҳ мекард, майлаш буд. Акнун ман то охири умрам бараҳнаву гурусна хоҳам монд. Афсӯс!»
Чун воқеаи балвои «микробҳо» ва ҷанҷоли аз шаҳр баровардани кушишхонаҳо дар шаҳр овоза шуд, Ҳайрат гуфт:
— Микробҳои ҳақиқӣ ҳамин уламои ҷоҳил ва ҳамин ҳукуматдорони тороҷгар мебошанд. Агар донишмандони рус барои барҳам додани микробҳо ба аҳолии Бухоро ёрӣ доданро хоҳанд, бояд аввал барои барҳам. додани ҳамин микробҳои одамшакл ёрӣ диҳанд, ки инҳо дар байни мардум бемориҳои рӯҳиро паҳн мекунанд. Дар он вақт барҳам додани микробҳои паҳнкунандаи бемориҳои ҷисмонӣ осон мешавад.
Донишманди нобино
Чунонки дар боло қайд шуд, додарам Сироҷиддин дар ҳавлии Қозиҷон-махдум дастёр шуда даромада буд. Баъд аз он ки Қозиҷон-махдум ба як район қозӣ шуда, аз шаҳр рафт, додари маро Дониёлхоҷа ном бародари калони ӯ ба дастёрии худ гирифт.
Дониёлхоҷа як одами ҳафтодсола буд, умри худро дар қозигиҳои музофотҳои Бухоро гузаронида, дар вақтҳои охир ба сабаби пирӣ аз он кор истеъфо дода, гӯшанишин шуда буд. Ӯ Саъдихон ном як писари калон дошт, ки вай дар он вақтҳо ҳанӯз талаба буд.
Азбаски Дониёлхоҷа ва писараш монанди бародар ва бародарзодагонашон хоксор ва нарммуомила буданд, дастёрии онҳо ба додарам душворӣ намекард ва дарсашро ҳам худи пиракӣ ва писараш дуруст карда медоданд.
Аз ғайри ин ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар хонаи ӯ дӯстонаш ҷамъ шуда, сӯҳбатҳои илмӣ ва дилкушоӣ мекарданд, ки ин ҳам ба як дастёр сабаби сокӯл шудан мегардид. Назар ба нақли додарам, дар рӯзҳои ҷумъа дар он ҷо Мӯсохоҷа ном як кӯри модарзод меомадааст ва муллоҳои дар он ҷо ҷамъшуда бо ӯ мунозираҳои илмӣ мекардаанд, ки дар натиҷа ӯ ба ҳама ғолиб меомадааст.
Ман ин воқеаро шунида, дар ҳайрат афтодам. «Чӣ гуна як кӯри модарзод ҳамон қадар донишманд мешудааст, ки ба ҳама ғолиб меомадаст?» — гӯён фикр мекардам ва бо шунидан ба ин воқеа бовар кардан душвор буд. Бинобар ин як рӯзи ҷумъа, дар вақте ки мунозираи биноён бо нобинои модарзод сар мешуд, ба он ҷо рафтам.
Дар пешгоҳи маҷлис соҳибхона Дониёлхоҷа менишаст ва дар паҳлуи ӯ нобинои донишманд ҷой гирифта буд. Нобино тахминан чилсола менамуд. Ришаш сиёҳ ва риндона бо қайчӣ кӯтоҳ карда шуда буд, рӯяш пурраи сафедчаи сурхтоб ва чашмони бемижгони пӯшида ва хушкидарафтааш дар он рӯйи сурхчатоб ба ду ҷойи баддаррон рафтаи порчаи ҳарири гулобӣ монанд буд, ки он ҷоҳоро ба тарзи руфӯ дӯхта монда бошанд. Абруҳояш сиёҳи сермӯй буданд, либоси ин нобино фақирона, лекин бисёр озодона ва бечирку ғубор буд, саллааш докаи сафед, аммо монанди саллаҳои муллоҳо калон ва вайрон басташуда набуда, хурд ва бо тартиби хубе печондагӣ буд.
Дар дигар тарафҳои хона ҳашт нафар мулло буданд, ки ман аксари онҳоро аз он пеш надида будам. Аммо ҳамаашон миёнсол ва хушлибос буданд.
Мунозира сар шуд: яке аз муллоҳо як масъалаи мантиқро аз нобино пурсид. Нобино табассумкунон ва ҷоҳои чашмони хушкидаашро тез-тез ҷунбонда, рӯйи худро ба ҳаво карда, чашмони кӯрашро, чунонки ягон чизро дидан мехоста бошад, ба шифти хона дӯхта ба гап даромад ва баъд аз бо забони тоҷикӣ хуб шарҳ додани он масъала, монанди ҳуҷҷати гуфтаҳои худ, як саҳифа барин иборати арабиро аз як китоби мӯътабари мантиқ нақл карда аз ёд хонд ва он ибораҳои арабиро ба тоҷикӣ тарҷима карда дод. Баъд аз он, дар ҳолате ки ҳанӯз ба шифт «чашм дӯхта» меистод, ба пурсанда хитоб кард:
— Ҳолӣ шуд (фаҳмидед) ё боз гап занам?
— Ҳолӣ шуд! — гӯён ҷавоб дод он мулло.
Дигаре аз муллоён аз ҳикмати табиӣ гап кушода, дар бораи он масъала фикри Абӯалӣ Синоро аз нобино пурсид. Нобино аввал аз «Донишнома»-и Абӯалӣ Сино ҷумлаҳоеро, ки ба он масъала дахлдор буданд, дар забони тоҷикӣ аз ёд хонда дод, баъд аз он аз асарҳои арабии он муаллиф ҳам порчаҳо хонда, тарҷима кард ва дар охири суханаш мисли пештара ба пурсанда «ҳолӣ шуд?» гӯён савол дода, баъд аз гирифтани ҷавоби тасдиқӣ ором ёфт ва ба пурсишҳои дигар мунтазир шуда истод.
Яке аз муллоҳо, ки аз нобино ҷавонтар буд, ба ӯ гуфт:
— Ака Эшон, ба дониши шумо ҳеҷ ҷойи гап нест, фақат афсӯс, ки як чизро, ки донистани он ба чашми бино вобаста аст, намедонед!
— Он чӣ чиз будааст? — гуфт нобино бо оҳанги тааҷҷуб, дар ҳолате ки ҳанӯз ба шифт «чашм дӯхта» истода табассуми дандоннамо мекард.
— Он чиз фарқи рангҳост. Албатта, касе ки чашм надошта бошад, рангҳоро аз якдигарашон фарқ карда наметавонад, — гуфт он мулло.
Нобино сари худро табассумкунон пуштнокӣ хам карда ва дастонашро ба болои рӯяш баланд бардошта, бо ду сарангушти дасти росташ ангушти хурди дасти чапашро дошта, ҷунбонда истода гуфт.
— Ана ҳамин ранги сафед аст, худи ранги барф барин. Агар ба ин нигоҳ карда истед, чашматонро мебарад.
Баъд аз он нобино ангушти чоруми дасти чапашро дошта ҷунбонда истода, боз ба гап даромад:
— Ана ин ранги сиёҳ аст. Агар ба ин бисёртар нигоҳ карда истед, чашматон хира мешавад. Агар дар хонае як ҳафта набаромада истед, ки деворҳо ва дарҳои вайро тамоман бо пардаҳои сиёҳи ғафс печонда гирифта бошанд, баъд аз он ҷо ба рӯшноӣ баромаданатон дарҳол чизеро намебинед, ҳатто дар аввали баромаданатон чашматонро ба тарафи рӯшноӣ кушода натавониста, аз ман бадтар кӯр мешавед. Чунки ман кӯр бошам ҳам, дилам тангӣ намекунад. Аммо шумо дилтанг шуда ба мурданатон розӣ мешавед.
Ба ҳамин тариқа нобино ба ҳар кадоми рангҳо нисбат ба бинанда хусусиятҳо баён карда, фарқи онҳоро аз якдигарашон шарҳ дод.
Касе аз муллоён (шояд ёд карда омада бошад) чанд ҷумлаи арабиро аз «Шифо» ном асари Абӯалӣ Сино хонда, тарҷима ва шарҳи вайро аз нобино пурсид.
Нобино дар вақте ки он мулло он ҷумлаҳоро мехонд, монанди ҳамешагӣ сарашро пуштнокӣ хам карда, чашмҳои кӯрашро ба шифт нигаронда, дасти росташро аз сараш боло бардошта ва панҷаҳояшро кушода, ба чапу рост ҷунбондан гирифт, ки ин аломати «нодуруст хондӣ» гуфтани ӯ буд. Баъд аз он ки мулло ҷумлаҳои пурсиданиашро хонда тамом кард, нобино гуфт:
— Шумо, бародар, ғалат хондед! Хатои якуматон дар ин буд, ки қавли Шайхурраис (Абӯалӣ Сино)-ро вайрон карда нақл намудед — аз байни ҷумлаҳо калимаҳои ҷудогонаро партофта хондед, ки бо ин кори шумо қавли ҳакими бузург бемаънӣ шуда монд; хатои дуюми шумо дар кор фармудани қоидаҳои забони араб буд, дар фалон калима забар 181 хондан даркор буд, зер хондед, дар фалон калима, ки пеш аз хондан даркор буд, забар хондед! — гӯён нобино хатоҳои сарфӣ ва наҳвии хонандаро ягон-ягон нишон дода, бинобар кадом далел хато будани онҳоро бо овардани ҳуҷҷатҳо аз китобҳои сарфу наҳви забони араб исбот намуда, сухани худро давом дод: — Ин фақир дар кӯчаҳои китоби «Шифо»-и Шайхурраис тапуркулӯх 182 бозӣ кардааст. Агар шумо дар пеши ман даҳан кушоед, кулӯхҳое, ки дар вақти бозӣ аз дасту пойи ман мепаранд, ба даҳанатон даромада, кому забонатонро ба гап задан роҳ намедиҳанд. Ҳушёр бошед!
Нобино хомӯш монд. Он мулло сурх шуд, аз сару рӯяш арақи хиҷолат чакидан гирифт.
Нобино боз ба гап даромад:
— Ана, ана, сурх шудед! — гӯён ба он мулло хитоб кард ва баъд аз он ба муллое, ки фарқи рангҳоро пурсида буд, муроҷиат карда гуфт:
— Додар, дидед, ман чӣ гуна сурх шудани ранги рӯйи рафиқатонро дида тавонистам! Астағфирулло, хато гуфтам, ранги ин кас сурхи баланд ва пушти гули сурх барин нашуд, балки ранги гули гулобӣ барин сурхча шуд.
Мунозира давом кард. Аммо касе нобиноро банд карда натавонист. Хоҳ дар илми маонӣ ва баён 183 бошад, хоҳ дар фиқҳ 184 ва хоҳ дар дигар, ки он вақт дар миёнаи олимони забардасти Бухоро машҳур буд, ӯ дониши худро нотарсона изҳор мекард ва аз китобҳои оид ба он илм аз ёд саҳифаҳо хонда, муддаои худро исбот менамуд.
Дар охири мунозира соҳибхона аҳли маҷлисро зиёфат кард. Баъд аз он меҳмонони мунозирагар ягон-ягон рафтан гирифтанд. Вақте ки нобино рафтан хоста, аз хона баромад, ман ҳам аз дунболаш баромадам ва ӯро дар пеши дарвозаи ҳавлӣ нигоҳ дошта, бо ӯ ду ба ду дар куҷо сӯҳбат карда тавонистанамро пурсидам.
— Ман, — гуфт ӯ, — ҳар рӯз баъд аз пешин дар гузари Ҳаммоми Чӯбин, дар самоворхона менишинам. Агар лозим донед, кадом рӯз ки он ҷо биёед, маро меёбед!
* * *
Кӯчаи гузари Хоҷаӯбониҳо аз Шимол ба Ҷануб меравад. Ҳар гоҳ, ки гузари мазкур тамом шавад, кӯча аз Шарқ ба Ғарб бармегардад. Гузари Ҳаммоми Чӯбин дар ҳамин гардишгоҳи кӯча воқеъ шудааст. Дар ҳамон гардишгоҳ, дар тарафи ҷануби кӯчаи ба ғарб раванда як ҳавз, масҷид ва самоворхона буд, ки ман нобиноро аз ҳамон самоворхона ёфтам.
Баъд аз вохӯрдӣ карданам бо ӯ хостам дар куҷо аз вай ваъдаи мулоқот гирифтанамро ба ёдаш расонда, худро шиносонам. Аммо вақте ки ман бо ҳамин мақсад гап сар кардам, ӯ дасташро ҷунбонда, маро ба хомӯш истодан фармуда, гуфт:
— Ман аз садои поятон дониста будам, ки шумо ҳамон ҷавони кунҷков мебошед. мақсадатонро гуфтан гиред!
Ман аз ӯ бо вуҷуди нобиноиаш бо кадом роҳ ба даст дароварда тавонистани ин ҳама илму донишро пурсидам.
— Ман аз хоҷагони ҷӯборӣ мебошам, ки номам Мӯсохоҷа аст, — гӯён ӯ ба гап даромад, — як қисми хоҷагони ҷӯборӣ заминдор, амалдор ва сарватдор бошанд ҳам, қисми дигарашон қашшоқ мебошанд. Аҳволи қашшоқони хоҷагони ҷӯборӣ аз аҳволи қашшоқони оммаи мардум бадтар аст. Чунки қашшоқони оммаи мардум ба ягон касбу кор машғул мешаванд ва ҳеҷ набошад, бо ҳаммолӣ ва муздурӣ, бо сахтӣ бошад ҳам, рӯз мегузаронанд. Аммо ба хоҷагони ҷӯборӣ кор кардан, пешавар шудан, хусусан мардикорӣ кардан айб аст, ор аст. Аз рӯйи одатҳои анъанавӣ ин гуна корҳо ба шарафи хоҷагии онҳо зарар мерасонанд.
Ҳамсӯҳбати ман аз чойники бо рӯймолча печонда мондагиаш як пиёла чой кашида нӯшид, охирин пиёлаи чойро кашида, ба ман дод ва чойникро бо чиқиррос занондани сарпӯшаш, ки аломати чойи тоза пурсидан аст, ба лабтари кат тела доду ба сухани худ давом кард:
— Падари ман аз ҳамин қабил хоҷагони «бепули бадҳаво», «муфлиси мутакаббир»* ва «тунди халахӯр» буд. Ӯ ба коре даст назада, мероси аз падараш мондаро пеш-пеш фурӯхта хӯрда будааст, ки дар дасташ танҳо як ҳавлии вайрона монда буд. Дар он миён мани нобино таваллуд ёфтам, ки ин барои вай «болои мурда сад чӯб» шудааст. Зеро дар рӯйи дунё бе ҳеҷ сарват гузошта рафтани як фарзанди нобино барои як падар, хусусан ки он нобино фарзанди ягонаи ӯ бошад, як азоби тоқатфарсост, Падарам дар ғами оянда солҳо азоб кашида гашта, охир монанди дигар падарони фарзандонашон нобино маро ба қорихона дод, ки дар он ҷо Қуръон ҳифз кунам ва дар оянда бо чалпакхӯрии сари мазорҳо ва бо қуръонфурӯшӣ зиндагӣ намоям.
____________
* Муфлиси мутакаббир — қашшоқи калонгир.
Нобино чойи тозаро гардонд (ӯ дар ҳолате ки рӯяш ба ҳаво буд, чойро чунон моҳирона ва эҳтиёткорона мегардонд, ки ягон чакра ба беруни чойник намечакид. Ва ҳол он ки ман то ҳол ба беруни чойник нарехта, начаконида, чой гардонда наметавонам). Баъд аз он як қулт барин чой барои худ кашида нӯшиду пиёларо нимпур карда ба ман дод ва рӯймолчаашро чорқат карда ба болои чойник пӯшонда, боз ба гап даромад.
— Ман дар он вақт шашсола будам. Дар муддати ду сол Қуръонро бо таҷвид (мувофиқи қоидаҳои лаҳҷа ва талаффузи араб) ёд кардам. Дар он вақт падарам вафот намуд, модарам маро ба «чалпакхӯрӣ» монд. Мани ҳаштсола ҳар бегоҳи ҷумъаву душанбе ба сари мазорҳо мерафтам Дар он сари мазорҳо нобиноҳои дигар ва ҳатто биноҳои Қуръонхон ҳам нишастанд. Заноне, ки шавҳарашон ё фарзандонашон ё ягон хеши наздики дигарашон ба тозагӣ мурда бошад, табақ-табақ чалпак ва лаълӣ-лаълӣ нону кулча бардошта меомаданд, нобино ва биноён баробар ба Қуръонхонӣ сар мекарданд ва мани хурдсол ҳам ба онҳо ҳамроҳӣ менамудам. «Занон раҳмдил мешаванд» — мегӯянд. Хусусан дар сари мазор ва ба болои қабри наздиконашон дили онҳо боз ҳам нармтар мешавад; онҳо дар вақти тақсим кардани чалпаку нон ба мани ҳаштсола раҳмашон омада, назар ба калонсолон ҳиссаи маро зиёдтар мекарданд. Биноёни кӯрботин, ки ғайри Қуръонфурӯшӣ бо ягон роҳи дигар ҳам ризқу рӯзии худашонро ёфтанашон мумкин буд, ин ҳолро дида, якбора фарёд мекарданд, ки чаро занон ноинсофӣ карда, ба як бачаи ноболиғ нисбат ба одамони сисолаву чилсола зиёда «ҳақ» дода истодаанд. Нобиноёни калонсол ҳам бо фарёди биноён аз ин тақсимоти «ноинсофона» хабардор шуда, ба фарёди онҳо боз ҳам бо овозҳои баландтари кӯрона ҳамроҳӣ менамуданд. Сари мазоре, ки як дақиқа пештар бо навҳаҳои дилобкунандаи занон монанди як суруди маҳзунона ба дили кас андӯҳи форамеро илқо мекард, бо фарёди ваҳшиёнаи Қуръонфурӯшон ба бозори калова бадал мешуд, ки гӯё дар он ҷо кисабуреро дошта бошанд. Аммо занон онҳоро «шумо сангдил, шумо бача зойида калон накардаед, шумо қадри бачаи хурдсолро намедонед ва ба вай раҳм намекунед!» — гӯён таъна зада хомӯш мекарданд. Нобино аз чойники чояш дамхӯрда як пиёла кашида мазакунон нӯшиду ба ман ҳам як пиёла кашида дода, давом намуд:
— Ман то дувоздаҳсола шуданам бо чалпаку нонҳои сари мазор шиками худ ва модарамро ба хубӣ сер кардам. Азбаски хушовоз будам ва Қуръонхонии ман ба гӯши шунавандагон монанди сурудхонӣ таъсир мекард, ба хурдсолиам нигоҳ накарда, маро ба хатми Қуръонҳои хонагӣ ҳам хабар мекардагӣ шуданд. Дар ҳар хатми Қуръон аз ғайри нону чалпак ба ман як танга-ду танга пули нақд ҳам медоданд. Мо бо он пулҳо либосамонро ҳам, ки чандин сол боз бо ямоқ мепӯшидем, нав карда гирифтем. Модарам «зиндагониамон аз вақти будани падарат беҳтар шуд» гӯён изҳори хурсандӣ мекард. Аммо рӯзҳои хурсандонаи ӯ бисёр дер накашид — дар вақти ба сездаҳсолагӣ қадам монданам ӯ вафот карда, маро танҳо гузошт. Ман баъд аз гӯронидани он марҳума ба фикри кори худ афтодам: «Як умрро бо Қуръонфурӯшӣ ва бо чангу ҷидоли болои тақсимоти чалпаку нонҳои сари мазорҳо гузаронидан зиндагонӣ нест» мегуфтам дар дили худ. Пас ба фикри он афтодам, ки илме ҳосил карда, бономусона зиндагӣ кунам. Ба дили ман ин фикрро зиндагонии Муҳаммад Тоҳирхоҷаи Зарир 185, ки шаш сол аз ин пеш вафот намудааст, илқо кард. (Зикри Зарир ва намунаи шеърҳояш дар саҳифаҳои 396 — 399 «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи Москва, соли 1926, қайд шудааст.)
— Муҳаммад Тоҳирхоҷа ҳам аз хешовандони мо — хоҷаи ҷӯборӣ буда, ӯ ҳам монанди ман кӯри модарзод буд, ки ба ҳамин сабаб тахаллуси худро Зарир (кӯри модарзод) мондааст. Ӯ бо вуҷуди ин яке аз олимони бузурги замон ва шоири забардаст шуд. Дуруст аст, ки Зарир заминдор ва сердаромад буд. Лекин ӯ даромади худро монанди дигар хоҷагони ҷӯборӣ дар роҳҳои беҳуда сарф нанамуда, дар роҳи таҳсили камол сарф кард, ҳатто якчанд талабагони пуристеъдодро, аз ҷумла Шамсиддин-махдуми Шоҳинро бо харҷи худ тарбия карда, ба воя расонид.
Гӯяндаи нобино чойникро даст-даст карда дид, ки сард шудааст. Аз он чойи сардшуда як пиёларо пур карда, бо ду ҳӯрт нӯшиду ба самоворчӣ чойи гарм фармуда, суханашро давом дод:
— Ман дар дили худ фикр кардам: «Монанди Зарир сарватманд набошам ҳам, метавонам ба ҷойи модари марҳумаам як муллобачаи хушфаҳмро сер карда, ба воситаи ӯ таҳсили камол намоям. Қуръонфурӯшии муваққатие, ки сабаби илм ҳосил кардани ман шавад, беҳтар аз он Қуръонфурӯшиест, ки то охири умрам сабаби зиндагонии ман гардад». Ман даррав ин фикри худро ба амал овардам, як муллобачаро ёфта, бо вай қарор додем, ки ӯ ҳар рӯз ду соат бо ман машғулӣ мекунад ва ман хӯроку пӯшоки ӯро медиҳам. Бо ин муллобача аввал сарфи арабиро ба воситаи китобҳои тоҷикӣ омӯхтам, дар ин зимн ӯ ҳар рӯз аз Ҳофиз ду-се ғазал хонда, ба ман мефаҳмонд. Ман дар як сол сарфи забони арабро аз худ карда, саводи шеърфаҳмии худро ҳам баланд кардам. Дар соли дигар сарфу наҳви арабиро ба воситаи китобҳои арабӣ, инчунин шеърҳои Саъдӣ ва Ҷомӣ барин шоирони машҳурро ба воситаи девонашон омӯхтам ва баъд аз он ба дарсҳои ақоид, мантиқу ҳикмат гузаштам. Дар он вақт устоди худро ҳам аз муллоҳои калонтари хушфаҳми қашшоқ интихоб кардам. Дар ин зимн ба дарсхонаҳои муллоҳои машҳур рафта, дар қафои ҷамоа нишаста, сомеъ (шунаванда) ҳам шудам. Усули мунозираи онҳоро омӯхтам ва рафта-рафта худам ҳам ба он мунозираҳо иштирок кардам.
Дар ин вақт самоворчӣ чойи тоза дам карда оварда монд. Нобино аз он чой аввал нӯшида, баъд аз он ба ман дод ва чойникро пӯшонда монда, ба ман таъкид кард, ки ҳар гоҳ хоҳам, чой кашида нӯшам. «Худам, ки ба чой он қадар толиб нестам, ба гап задан гарм шуда рафта, чойкаширо фаромӯш мекунам ва чой сард шуда, нобуд шуда меравад» — гуфт ӯ ва сухани худро давом кунонид:
— Магар шумо медонед, ки усули мунозираи муллоҳои Бухоро чист? — гӯён ӯ савол дод ва худаш ба ҷавоб додан даромад: — Пеш аз ҳама, пеш аз исбот кардани муддаои худ бо далелҳои мувофиқи мантиқ, тарафи мунозираро бо суханони тези пуристеҳзо тарсонда гирифтан аст ва агар ин усулро бо истилоҳи мантиқ, ки дар мунозираи илмӣ нодуруст шумурда шудааст, таъбир намоем, «мукобара» (бар якдигар калоникунӣ) ва «муғолата» (якдигарро дар ғалатандозӣ) мебошад. Дуруст аст, ки ман дар мунозираҳо пеш аз ҳама ба мукобара ва муғолата намедароям ва аз ҳама пештар даъвои худро бо далелҳои мантиқӣ исбот мекунам. Лекин медонам, ки ин муллоҳоро танҳо бо роҳи мантиқ ва бо роҳи илмӣ хомӯш кардан мумкин нест, дар охири кор суханони обдори ба ҷон расонанда зада, ҳарифро ба хомӯш мондан маҷбур мекунам. «Давои қурут — оби гарм» -гуфтаанд, ки бесабаб нест.
Нобино бо вуҷуди ин ки «ман он қадар ба чой толиб нестам» — гуфта буд, пиёларо аз чойи дамхӯрда пур карда, лаззаткунон нӯшид ва «чой кафшери гап аст» — суханони парокандаро бо ҳам пайванд медиҳад, бинобар ин Қурбонхони шоир 186
«Касе, ки чойи кабуд аз лаби пиёла нанӯшад,
Ба ҳеҷ ваҷҳ димоғаш ба назму наср накӯшад»
— гуфтааст; агар одам чой нанӯшад, назму наср он тараф истад, саргузашти худро ҳам фаромӯш мекунад; ҳоло гапи ман дар куҷо буд? — ҳа, бар болои аз дарсхонаҳо фоида бурданам ва усули мунозираи онҳоро омӯхтанам буд, — гӯён нобино сухани худро аз ҷое, ки бурида шуда буд, сар кард. — Дарсҳои мадрасаҳои Бухороро, ки талабаҳо дар 18-19 сол хонда тамом мекунанд, ман дар шаш сол хондам, назар ба талабаҳои дигар зиёдтар чизҳо омӯхтам ва баъд аз он дар мутолааи хонагӣ нишастам. Дар мутолааи хонагии ман ҳам ҳамеша як муллои хушсаводи арабидон бо хонда шунавондани китобҳои арабӣ ва тоҷикӣ ёрӣ медод.
Ба ин кор ҳам чор сол сарф кардам. Дуруст аст, ки ман монанди Зарир шоир нашудам, лекин шеърро хоҳ тоҷикӣ бошад, хоҳ арабӣ, хуб мефаҳмидагӣ шудам. Ман бештар ба мантиқ, ҳикмат ва фалсафа дода шудам. Дар ин илмҳо манбаи асосии ман таълифоти Абӯалӣ Сино шуд, ки онҳоро аз худ кардам ва бештарин ҷойи онҳо чун Қуръон ба ман ёд шуда монд. Зотан ман бо як бор ё ду бор шунидан ҳар чизи илмиро, ҳарчанд дароз бошад ҳам, азбар карда метавонистам. Ман, ки дар хурдсолиам Қуръон барин як китоби калонро, бо вуҷуди маъниашро нафаҳмидан, дар ду сол ёд карда будам, баъди бо чизёдкунӣ варзиш ёфта ба воя расидани қувваи ҳофизаам, ёд кардани чизҳое, ки маъниҳошонро мефаҳмидам, душворӣ намекард.
Ҳамсӯҳбати ман хомӯш монда, боз ба чойнӯшӣ сар кард. Ман аз ӯ ҳоло ба чӣ кор машғул буданашро пурсидам. Ӯ гуфт:
— Қозӣ Дониёлхоҷа, ки аз тарафи модар ба ман хешигарӣ дорад ва худаш одами хуби донишдӯст аст, аҳволи маро ба қозикалон фаҳмонда, дар як мадрасаи бедарсхона маро мударрис кунонид, ки аз он мадраса соле ҳазор танга даромад дорам. Азбаски ҳавлии падариам дар Ҷӯбор ва аз маркази шаҳр дур буд, вайро фурӯхта, аз ҳамсоягии Дониёлхоҷа, аз гузари Собунгарон як ҳавлича харидам, ки дар он ҷо рӯзе чор-панҷ соат дарсгӯйӣ мекунам ва аз талабаҳо ҳам соле қариб ҳазор танга даромад мешавад, бо ҳамин рӯзам ба хубӣ мегузарад. Бинобар ин баъд аз мударрис шуданам Қуръонфурӯширо, ки бисёр бад медидам, тарк кардам.
Ман аз ӯ хонадор будан ё набуданашро пурсидам.
— Хонадор шуданро нахостам, — гуфт ӯ дар ҷавоб ва эзоҳ дод: — тарсидам, ки агар аз хонадории ман ягон фарзанди монанди худам нобино рӯяд, ҳам барои худам, ҳам барои модараш ва ҳам барои худи он бачаи бегуноҳ ташвиши барзиёд мешавад. Бинобар ин ба гузаронидани умри худ дар танҳоӣ дил бастам. — Нобино дар ин ҷойи сухани худ бо як сукути андӯҳгинона як сония аз гуфтор бозистода, боз давом намуд: — Дуруст аст, ки танҳоӣ душвор аст, аммо чӣ бояд кард? Бинобар ин ҳар рӯз баъд аз пешин аз дарсгӯйӣ фориғ шуда, ба ҳамин самоворхона, ки ба ҳавлиам наздик аст, омада чой нӯшида менишинам.
— Ин тавр бошад, ба пухтупаз ва шустушӯйи шумо кӣ ёрӣ медиҳад? — гӯён боз пурсидам бо оҳанги дилсӯзонае, ки аз шунидани танҳоии ӯ ба ман пайдо шуда буд.
— Ин осон аст, — гуфт ӯ. — Аз шогирдони худам як муллобачаи қашшоқро таъин кардам, ки ҳар рӯз баъд аз фароғи дарсаш ба хонаи ман омада, ошамро мепазад ва баъд аз ош ҳавлию хонаро рӯбучин мекунад, ҳафтае як рӯз ҷомашӯйиамро ҳам карда медиҳад. Ман хӯрок ва пӯшоки ӯро пурра медиҳам. Баъзан барои китобхариаш ҳам ду-се танга дода, ёрмандӣ мекунам. Ман дар охири сӯҳбат барои вақти пурқимати ӯро гирифтанам ба ӯ узр гуфтам.
— Ҳеҷ узр даркор нест, — гуфт ӯ, — кошки ҳар рӯз монанди шумо касе вохӯрда, маро ба гап меандохт, ки гузашта рафтани рӯзи танҳоиро надониста мемондам. Мо хушҳолона аз якдигар ҷудо шудем.