Мақомҳои берун аз Шашмақом-4


Ma'rufkhuja_Bahodurov

Маъруфхӯҷа Баҳодуров (18.11.1921-1997)

1   2   3   4  

Таҳрири охирин 21.04.2024


Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номидем. Зеро онҳо ҳарчанд аз тарафи шашмақомхонон иҷро шаванд ҳам, дар гурӯҳбандӣ ба Шашмақоми тоҷик дохил намешаванд.

Бештари ин мақомҳо оҳангҳои мардумии бостонианд, ки таърихи чандинҳазорсола доранд ва дар замони худ ба силсилаи «Дувоздаҳмақом» шомил буданд.

Бахши дигар маҳсули оҳангсозӣ ва такмили ҳунармандони саршинохтаи тоҷик Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ (1847-1931), Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ (1852-1936), Худойбердӣ Ҳофизи Исфарагӣ бо лақаби Зебопарӣ (1826-1910), Умар Ҳофизи Исфарагӣ (1884-1935), Ака Шариф Ҷӯраеви Дарвозӣ (1896-1966) ва дигаронанд. Ҳофизони шашмақомхони имрӯза (Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Наимҷон Маҳкамов ва дигарон) низ баъзе оҳангҳои бостониро такмил додаанд.


Ушшоқи Қӯқанд

Суруди классикӣ

Ба хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки ҷуз ҳавои висоли ту нест бар сари ман.
Ба роҳи ишқи ту хокам, тариқи ман ин аст,
Дар ин тариқ набошад касе баробари ман. 2б
Ғами ту дар дили тангам нишаста, мунфаилам,
Ки нест лоиқи ӯ кулбаи муҳаққари ман. 2б
Зи ҷилваи суману сарв дил наёсояд,
Куҷост сарви сиҳиқомату суманбари ман?
Ҳазар кунед, рақибон, зи теғи мижгонам,
Ки дардмандаму хун мечакад зи ханҷари ман.
Ҳилолӣ, аз майи ишрат маро насибе нест,
Магар ба хуни ҷигар пур кунанд соғари ман.

Ғазали Ҳилолӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Озода Ашурова. Ушшоқи Қӯқанд.mp3

Ушшоқи Лоиқ

Суруд ба оҳанги классикӣ

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониам ҷавон монад.
Ту бо он ҳусни оламгир чӣ мехоҳӣ аз ин олам?!
Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту нишон монад.

Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту,
Табиатзода зебоист он ҳусни расои ту.
Кунам барчош ҳар як мисраву ҳар ҳарфи шеърамро
Шаби тӯйи арусият ба қадди дилрабойи ту.

Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар ин шабҳои маҳтобӣ,
Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ.
Намеойӣ, намеҷӯйӣ, вале баъди ҳазорон сол
Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ…
МАТНИ ШЕЪР:
Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад.
Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ?
Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту нишон монад.

Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту,
Худодод асту нотакрор он ҳусни расои ту.
Кунам барчош ҳар як мисрау ҳар ҳарфи шеърамро
Шаби ҷашни арусият ба қадди дилрабойи ту.

Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар шабҳои маҳтобӣ,
Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ.
Намеойӣ, намеҷӯйӣ, вале баъди ҳазорон сол
Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ…

Ғазали Лоиқ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фурқат Мастонов. Ушшоқи Лоиқ.mp3

Ушшоқи Самарқанд

Суруди классикӣ

Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост,
Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.
Карашма – теғу мижа – ханҷару нигаҳ – алмос,
Шаҳодат ар талабӣ, Дашти Карбало ин ҷост.
Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахӯрӣ,
Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост.
Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам,
Хати ту дидаму гуфтам: «Муддао ин ҷост!»
Закоти ҳусн, агар медиҳӣ барои Худо,
Биё, ки Зебуннисо ҳамчу ман гадо ин ҷост.

Ғазалро ба Зебуннисо нисбат медиҳанд

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Исҳоқ Катаев. Ушшоқи Самарқанд.mp3

2. Озода Ашурова. Ушшоқи Самарқанд.mp3

Ушшоқи Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ
(иҷрои Содирхони Ҳофиз)

Ба як карашма зулайховаше дили моро,
Чунон рабуд, ки Юсуф дили Зулайхоро.
Фиғон, ки мурғи дилам сайди тири нодонӣ
Ки болу пар шиканад мурғи ришта бар поро.
Суҷуди хоки раҳаш бурданам таманно буд,
Ба хок мебарам, имрӯз, ин таманноро.
Ба он такаллуми ширин лабе, ки ҷон бахшад,
Ба дам задан натавонад касе Масеҳоро.
Шарори синаи Маҷнун зи оташи Лайлӣ,
Кабоб сохт ҳама оҳувони саҳроро.
Карашмаҳои ғизолони маст мебахшанд,
Фароғат аз ду ҷаҳон ошиқони шайдоро.
Чӣ суд панди касон, чун намебарад зи дилам,
Ҳавои қадди дилорою рӯйи зеборо.
Ҳалоки Ҷомии дилхаста хост он к-орост,
Ба шаклу шева саворони сарвболоро.
Матни шеър:
Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро,
Ки вораҳонд ба пиронасар зи мо моро.
Карашмаҳои ғизолони маст мебахшад
Фароғат аз ду ҷаҳон ошиқони шайдоро.
Шарори синаи Маҷнун зи оташи Лайлӣ
Кабоб сохт ҳама оҳувони саҳроро.
Суҷуди хоки дарат бурданам таманно буд,
Ба хок мебарам имрӯз ин таманноро.
Ба дида сӯйи ту оям, ки аз сари покон
Ба раҳгузори ту ҷо нест бар замин моро.
Чӣ суд панди касон, чун намебарад зи дилам
Ҳавои қадди дилорову рӯйи зеборо?!
Ҳалоки Ҷомии дилхаста хост он, к-орост
Ба шаклу шева саворони сарвболоро.

Матн бештар аз ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ вироста шуда

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Содирхон Ҳофиз. Ушшоқи Содирхон (сабти с. 1905).mp3

2. Ҷӯрабек Набиев. Ушшоқи Содирхон.mp3

3. Сабоҳат Наҷмиддинова. Ушшоқи Содирхон.mp3

Ушшоқи Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ
(иҷрои Маъруфхӯҷа Баҳодуров)

Ба як карашма зулайховаше дили моро,
Чунон рабуд, ки Юсуф дили Зулайхоро.
Фиғон, ки мурғи дилам сайди тифли нодонест,
Ки болу пар шиканад мурғи ришта бар поро.
Суҷуди хоки дараш дар дилам таманно буд,
Ба хок мебарам, имрӯз, ин таманноро.
Намекунам ҳаваси дастбӯсии дигар,
Намениҳам аз ҳадди хештан поро.
Ба рӯйи сабзадомон хӯрам ҷоме,
Ки мулки сабза гирифтаст рӯйи саҳроро.
Ба он такаллуми ширинлабе, ки ҷон бахшад,
Ба дам задан набувад ҳоҷате Масеҳоро.
Садои нолаи Маҷнун барояд аз дили чокаш,
Барӣ чу бар сари хокаш паёми Лайлоро.
Ниёзӣ, ин чӣ хиром асту қомати мавзун,
Ки бурда аз паят ғам дар дилгаҳ моро.

Ғазали Ниёзии Истаравшанӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Маъруфхӯҷа Баҳодуров. Ушшоқи Содирхон.mp3

Ушшоқи Ҳофиз

Суруди классикӣ дар ҳавои «Қарокӯзим»,
интихоби матни тоҷикӣ ва нахустиҷрои Ҷӯрабек Муродов
(бо тавсияи устод Сотим Улуғзода)

Агар зи кӯйи ту бӯе ба ман биёрад бод,
Ба мужда ҷони ҷаҳонро ба бод хоҳам дод.
Агарчи гард барангехтӣ зи ҳастии ман,
Ғуборе аз мани хокӣ ба доманат мафтод!
Ту то ба рӯйи ман, эй нури дида, дар бастӣ,
Дигар ҷаҳон дари шодӣ ба рӯйи ман накушод.
Хаёли рӯйи туам дида мекунад пурхун,
Ҳавои зулфи туам умр медиҳад барбод.
На дар баробари чашмӣ, на ғоиб аз назарӣ,
На ёд мекунӣ аз ман, на меравӣ аз ёд.
Ба ҷойи таъна агар теғ мезанад душман,
Зи дӯст даст надорем, ҳар чӣ бодо бод!
Зи дӯст даст надорем, ҳар чӣ бодо бод!
Зи дасти ишқи ту Ҳофиз намебарад ҷонро,
Ки ҷон зи меҳнати Ширин куҷо барад Фарҳод!
МАТНИ ШЕЪР:
Агар зи кӯйи ту бӯе ба ман расонад бод,
Ба мужда ҷони ҷаҳонро ба бод хоҳам дод.
Агарчи гард барангехтӣ зи ҳастии ман,
Ғуборе зи мани хокӣ ба доманат марасод!
Ту то ба рӯйи ман, эй нури дида, дар бастӣ,
Дигар ҷаҳон дари шодӣ ба рӯйи ман накушод.
Хаёли рӯйи туам дида мекунад пурхун,
Ҳавои зулфи туам умр медиҳад барбод.
На дар баробари чашмӣ, на ғоиб аз назарӣ,
На ёд мекунӣ аз мо, на меравӣ аз ёд.
Ба ҷойи таъна агар теғ мезанад душман,
Зи дӯст даст надорем, ҳар чӣ бодо бод!
Зи дасти ишқи ту Ҳофиз намебарад ҷонро,
Ки ҷон зи меҳнати Ширин намебарад Фарҳод.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Ушшоқи Ҳофиз.mp3

Ушшоқи Ҳоҷӣ

Суруди классикӣ, оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ

Ақлам рабуда ҷилваи чашми сиёҳи кист,
Ин дил ҳазор пора шуд, аз нигоҳи кист?
Дил бурдану нигоҳ накардан боз гуноҳи кист?
Бо теғи ҳаҷр бастану куштан сазои кист?
Бо дарду ғусса мурдану рафтан давои кист?

Равам ба кӯчаю бозор дидан барои ту,
Ман бекасу ғарибаму ҳастам гадои ту,
Ҳар дам ба дида сурма кашам хоки пойи ту,
Гаштам асиру пешаву ҳам бевафои ту,
Қаҳру итоб, ҷабру тазаллум барои кист?

Ҷаллоди бемуруввату гулгунқабои ман,
Бераҳму пуртазаллуму ширинсалои ман.
Эй дил, баро, бигӯ: «Чӣ бошад гуноҳи ман?
Ғайр аз ту нест дилбари соҳиблиқои ман,
Ҳар дам ҷафову ҷабру тазаллум барои кист?»

Мухаммаси ?

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Исҳоқ Катаев. Ушшоқи Ҳоҷӣ.mp3

Ушшоқи Ҷӯрабек

Оҳанги Ҷӯрабек Муродов

Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам,
Гаҳ аз ранги қабо, гоҳе зи бӯйи пираҳан мирам.
Чу соя аз сарам бардошт он сарви равон боре,
Равам бар ёди ӯ дар сояи сарви чаман мирам.
Шаҳиди ишқро ҷуз ман касе мотам намедорад,
Кӣ хоҳад мотами ман доштан, рӯзе, ки ман мирам?!
Чунин, к-аз тешаи ғам синаам садпора шуд, охир
Аз он шириндаҳан бо доғи дарди Кӯҳкан мирам.
Рав, эй ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон хуш зӣ,
Маро бигзор, то танҳо дар ин байтулҳазан мирам.
Яке дам нагсалад, Ҷомӣ, дилам з-он шӯхи ошиқкуш,
Аҷаб гар бар чунин дил ман ба марги хештан мирам.
МАТНИ ШЕЪР:
Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам,
Гаҳ аз ранги қабо, гоҳе зи бӯйи пираҳан мирам.
Чу соя аз сарам бардошт он сарви равон боре,
Равам бар ёди ӯ дар сояи сарви чаман мирам.
Шаҳиди ишқро ҷуз ман касе мотам намедорад,
Кӣ хоҳад мотами ман доштан, рӯзе, ки ман мирам?!
Гар аз пероҳанаш як ришта пайванди кафан бинам,
Занам пероҳани ҷон чоку аз завқи кафан мирам.
Чунин, к-аш тешаи ғам синаам садпора шуд, охир
Аз он шириндаҳан бо доғу дарди Кӯҳкан мирам.
Рав, эй ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон хуш зӣ,
Маро бигзор, то танҳо дар ин байтулҳазан мирам.
Яке дам нагсалад, Ҷомӣ, дилам з-он шӯхи ошиқкуш,
Аҷаб, гар бар чунин дил ман ба марги хештан мирам.

Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

Чоргоҳ

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)

Ҷонро ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй маҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис.
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав, Камол, ки вақти закот нест.
Матни шеър:
Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав, Камол, ки вақти закот нест.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Чоргоҳ.mp3

2. Малоҳат Абдушукурова. Чоргоҳ.mp3.mp3

Чоргоҳи чор

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)

Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Дар қиёмат сар чӣ сон берун кунад аз ҷайби хок,
Синаи он кас, ки доғи лоларухсоре нашуд.
Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипӯш,
Кӯр беҳ чашме, ки лаззатгири дидоре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.
МАТНИ ШЕЪР:
Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Дар қиёмат сар чӣ сон берун кунад аз ҷайби хок,
Синаи он кас, ки доғи лоларухсоре нашуд.
Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипӯш,
Кӯр беҳ чашме, ки лаззатгири дидоре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ба чандин печутоб,
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.

Ғазали Зебуннисо

1   2   3   4  

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.