Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби аввал.
Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо
Ориёиҳо дар Осиёи Марказӣ
Мо дар бахши таърихи омӯзиши нахустватани ориёиҳо фикру ақидаҳои олимони ориёшиносро овардем. Аз сарчашмаҳои таърихӣ, хаттӣ, забонӣ ва бостоншиносӣ бармеояд, ки ориёиҳо ҳадди ақал дар охири ҳазораи 3-2 то м. аз Балкан то баҳри Байкал, аз ҳавзаҳои рӯдҳои Дон, Волга, Урал ва Об то Ҳиндустони Марказӣ ва аз сарҳадоти Муғулистон ва Тибет то баҳри Миёназамин зиндагонӣ доштанд. Онҳо дар Осиёи Ғарбӣ дар асрҳои XVI-XIV давлати Митониҳо, асрҳои IX-VI давлати Модҳо, асрҳои VI-III аввалини империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳоро ташкил намуда, ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузаштаанд. Ориёиҳои кишоварз дар Осиёи Марказӣ ташкилкунандаи аввалин давлати марказонидаи бузурги ориёиҳо — Давлати Каёниён мебошанд, ки ҳудуди калони Осиёи Марказиро дар бар дошт. Дар сарзамини Украина ва Русия аввалин ташкилкунандаи давлатҳо ва тамаддунҳо ориёиҳо, кимериҳо ва скифҳо буданд. Фарҳангҳои нисбатан пешрафтаи сакоии Аркаими ҷануби Сибир, ҳавзаи васеи Синтзяну Гонури бостон ҳамчунин «роҳи ялим» ва «роҳи ғарбии маридмоналӣ» эҷоди мардумони ориёӣ мебошад.
Тақрибан ҳамаи олимон эътироф доранд, ки номи этникии ориёиҳо дар асри биринҷӣ маълуму машҳур шуд ва тамаддуни хоси ориёӣ шакли том гирифт. Бад-ин ҷиҳат мо устухонбандии ин фасли китоби худро дар асоси маводи ҳамин давра, яъне марҳилаи соҳибдавлату тамаддун шудани ориёиҳои Осиёи Марказӣ (дар ҳазораи 2 то м.) баст додем ва, аз ин рӯ, дар бораи тамаддунҳои то асри биринҷӣ, ки оид ба эҷодгарони онҳо ҳанӯз баҳсҳои илмӣ идома доранд, мо танҳо баъзе нуктаҳоро ёдоварӣ менамоем.
Олимон дар асоси муқоиса ва таҳлили маводи аз зери хок беруномада ва забони асарҳои баъдӣ хислатҳои этникии одамони имрӯзаро аз давраи нави сангӣ (неолит), ки ҳазораҳои 7-6 то м. – ро дар бар мегирад, ҷудо менамоянд. Зеро асри неолит асри пайдо ва равнақ ёфтани хоҷагии истеҳсолӣ ва тавлиди мавод мебошад.
Ихтирои тиру камон дар асри миёнаи санг (мезолит) ба инсоният имконият дод, ки ҳайвонҳои ваҳширо ром намуда, парвариши чорвои хонагиро ба роҳ монанд. Пайдо шудани чорводорӣ одамонро водор ба сохтани хонаву оғил кард ва аз ҳама муҳимаш инсон зиндагии муқимиро оғоз намуд. Зиндагии муқимӣ ба пайдо шудани деҳа ва саноати кишоварзӣ сабаб шуд. Дар Осиёи Миёна аввалин зироаткорон дар поёноби рӯди Таҷан дар қисмати ҷанубии Туркманистони кунунӣ пайдо шуданд. Олимон чунин меҳисобанд, ки зироаткорон аз самти ғарб аз ноҳияҳои Хуросон дар ҳазораи 6 то м. ба ин ҷо омадаанд. Ҷайтун номи бошишгоҳ дар назди Ашқобод (Ашкобод) мебошад. Ҷайтуниён дар ибтидо ба кишти гандум, ҷав, парвариши чорвои хурд аз қабили бузу гӯспанд машғул буданд. Маданияти Ҷайтун давоми маданияти асри санги миёна (мезолит) мебошад. Ёдгориҳои маданияти Ҷайтун дар доманакӯҳҳои Копедоғ (Кабудтоғ) боқӣ мондаанд. Дар ноҳияҳои Бомӣ, Калот ва Гиёсартеппа деҳаҳои хурди онҳо таҳқиқ шудаанд. Хонаҳои зист дар он аз як ҳуҷраи баробарпаҳлу иборат буда, аз похсаю коҳгил сохта шудаанд. Хонаҳо ҷойи зиндагӣ, хӯрду хоб ва оташдону анбор доштанд. Онҳо барои оилаҳои хурд сохта шудаанд. Дар деҳаҳои Ҷайтун то 180 нафар одамон зиндагӣ менамуданд. Ҷайтуниён барои парвариши зироат аз обҳои барфу борон истифода менамуданд. Олоту асбобҳояшон ҳама аз чахмоқсанг буданд. Дар ҷомеаи онҳо ҳанӯз давраи модаршоҳӣ ҳукмфармо буд. Калидчаҳои занҳои урён зиёд ёфт шудаанд, ки рамзи модархудо, бузургии зан ва модарро ифода менамуданд. Аз устухон ҳар гуна олот, аз гил коса, хурма ва хумҳо сохтаанд. Косаҳо бо ранги сурх нақшҳои мавҷӣ доранд, ки ифодаи ҳаракати об мебошанд. Ҷайтуниён мурдаҳои худро дар қабр дар ҳолати дингак хобонда, ба болояшон ранги сурх пошида мегӯрониданд.[1]
Асри биринҷӣ ба дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти инсонҳои қадим, аз ҷумла ниёгони ориёии мо овард.
Дар солҳои 70-ум ва 80-уми асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ёдгориҳои зиёди асри биринҷӣ кашф ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Бостоншиносон зимни омӯзиши кашфиётҳои мазкур фикру мулоҳизаҳои гуногунро марбут ба ҳаёти одамони он давру замон иброз доштаанд. В.М. Массон ва В.И. Сарианиди маводи ин давраро таҳлил намуда, ба хулосаҳои илмии боэътимод омаданд.
Дар замони неолит ва асри биринҷӣ водии Суғд аз ҷониби кишоварзон азхуд шуда буд, аммо бошишгоҳҳои он давра ҳама зери хок монда, хароб шудаанд ва то имрӯз дастраси бостоншиносон нагардидаанд. Бостоншиносон дар наздики Панҷакент дар Болооби рӯди Суғд, дар қисмати шарқии канали Варағсар деҳаи одамони давраи сангу мис (энеолит) ва асри биринҷиро дар Саразм кашф карданд. Калимаи «саразм» маънои сари заминро дорад. Дар ҳақиқат дар ин ҷо рӯди Суғд (Зарафшон) аз тангии кӯҳҳои Буттамон баромада, ба сӯйи водии Суғд ҷорӣ мешавад. Бошишгоҳи Саразм қариб 100 га заминро дар бар мегирифт ва давоми маданияти мезолит ва неолити ин диёр маҳсуб мешуд. Муаллифи ҳафриёти Саразм олими тоҷик, марҳум А. Исҳоқов чунин ақида дорад, ки аҳолии Саразм аз ноҳияҳои Марви авастоӣ (Намозгоҳу Олтинтеппа) ба ин ҷо омадааст.[2]
Осори дар Саразм ёфтшуда, бо тамоми марказҳои мадании он давра Намозгоҳу Олтинтеппа, Мундигаку Шаҳри Сӯхта, Миргару Пирак, Хараппа, Ҳисору Туронтеппа робитаи бевосита дорад. Саразм дар ҳазораи 4 то м. пайдо шуда, тақрибан ду ҳазор сол арзи вуҷуд доштааст. Дар ин муддат он аз як бошишгоҳи маъмули чорводорӣ ба шаҳраки калони кишоварзону ҳунармандон ва тоҷирон табдил ёфтааст. Муҳаққиқони Саразм тахмин мекунанд, ки дар ибтидои ҳазораи 2 то м. дар шаҳрак 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ менамудааст.
Хонаҳои Саразм аз хишти хоми андозаи 50х25х10 см. сохта шуда, аз даруну берун бо лой андова шудаанд. Дар Саразм биноҳои истиқоматӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ ва динӣ тадқиқ шудаанд. Ҷойгиршавии биноҳои Саразм ишора ба он менамоянд, ки ба табақаҳои иҷтимоӣ тақсим шудани онҳо шурӯъ шуда буд. Масалан, биноҳои истиқоматӣ аксаран дар самти шимолу ғарбӣ, маъмурӣ дар бахши ҷанубу шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дӯконҳои ҳунармандӣ дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои асосӣ воқеъ будаанд. Нақшаи биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ фарқ доштанд.
Биноҳои истиқоматӣ дар атрофи ҳавлӣ воқеъ буданд, ки ин анъанаи хонасозӣ имрӯз ҳам дар тоҷикон идома дорад. Ҳамаи хонаҳо дорои ҳуҷраҳои хоб, анборхона ва ошхона мебошанд. Хонаҳои истиқоматиро аз якдигар тангкӯчаҳо ҷудо мекарданд. Биноҳои маъмурӣ аз толорҳои калони даҳлездор иборат буда, рӯйи таҳкурсии хиштин қарор доштанд.
Дар Саразм якчанд биноҳои хиштин кашф шуданд, ки онҳоро маъбад номидан мумкин аст. Ибодатгоҳҳо меҳроби мудаввар ё чоркунҷаи баробарпаҳлу доранд. Дар маркази меҳроб жарфие мавҷуд аст, ки дар он оташ нигоҳ дошта мешуд. Маъбад ба бузургдошти оташ бахшида шуда буд.
Дар Саразм хумдони зарфпазии дуқабата кашф шудааст, ки дар он зарфҳои гуногуни сафолӣ пухта мешуданд. Вуҷуди хумдони мазкур далели мавҷуд будани кулолгарии касбӣ мебошад. Дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла коркарди мис, сангҳои қиматбаҳою оройишӣ, заргарӣ равнақ ёфта будааст. Саразмиён ба тамоми марказҳои аҳолинишини Шарқи Наздику Миёна алоқаҳои тиҷоратӣ ва маданӣ барқарор карда буданд.
Дар ҳазораи 3 то м. бахше аз мардум ба кишоварзӣ, киштукори заминҳои обӣ ва лалмӣ, чорводории айлоқӣ машғул буданд. Тамаддуни Саразм тамаддуни шаҳрии он замон буд.
Дар Саразм қабри кадбонуи онро кашф намуданд, ки хеле зиндагии давлатмандона дошт. Дар қабр марҷонаҳои тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо, садаф ва ғайра ёфт шуданд, ки аз мақоми зан дар ҷомеаи саразмиён далолат менамоянд.
Тақдиси оташ ва гови тур шаҳодати нисбатан возеҳӣ оини саразмиён мебошад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар давраи мазкур саразмиён оташро бузург дошта, онро парастиш мекардаанд ва дини оташпарастиро асос гузошта будаанд. [3]
Саразм дар ибтидои ҳазораи 2 то м. ба монанди дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ гирифтори хушксолӣ шуда, мардуми он ба доманкӯҳҳо ва маҳалҳои ба об наздик кӯч бастаанд.
Дар замони неолит дар доманакӯҳи Копедоғи Туркманистон имрӯза дар ҳазораи 6-5 то м. тамаддуни кишоварзӣ равнақ пайдо кард. Тамаддуни кишоварзии асри мису санг давоми маданияти асри нави сангии Ҷайтун дар сатҳи нисбатан баланди тараққиёти ҷомеа буд, асри биринҷӣ бошад, асри сифатан нави тараққиёти инсоният маҳсуб мешуд.
Тамаддуни асри биринҷӣ дар ёдгории Намозгоҳ хуб омӯхта шудааст.[4] Қишрҳои мадании Намозгоҳ IV ба солҳои 2900-2300 пеш аз мелод тааллуқ доранд, ки давраи якуми асри биринҷро дар бар мегиранд. Хусусиятҳои асосии ин давраро В.М. Массон дар маданияти ибтидои асри биринҷии ёдгори Намозгоҳ IV чунин шарҳ додааст: зарфҳои бисёрранга бо нақшҳои ҳандасӣ, ки дар ибтидо дастсоз будаанд, дар ин давра тавассути чархи кулолӣ сохта шудаанд; дар ин давра гудохтани мис ва сохтани олоти мисин аз таркиботи мису маргимуш равнақ пайдо кард. Дастаи сӯзанакҳои сохташуда аз он оройиши мураккаб доранд. Миҷмарҳое пайдо мешаванд, ки аз оҳаксанги мармармонанд бо пояи баланд сохта шудаанд,[5] ёдгориҳои ин давра бештар дар пастхамиҳои кӯҳи Копедоғ ҷойгиранд, ки ба қисматҳои шарқию ғарбӣ тақсим мешаванд. Маводи Намозгоҳтеппа ва Оқтеппаи Ашкобод нишон медиҳанд, ки дар ғарб баробари зарфҳои нақшдори дар сабки Қаротеппа пайдошуда, зарфҳои хокистарранг боқӣ мондаанд. Дар ёдгориҳои шарқӣ кулолон сохтани зарфҳои намуди геоксуриро (Олтинтеппа ва Хавузтеппа) идома додаанд. Зарфҳои хокистарранг хело нодиранд, ки дар натиҷаи савдои беруна ба ин ҷо ворид шудаанд.[6]
Кишоварзӣ ва чорводорӣ дар асоси анъанаи пешини худ равнақ кардааст. Модели аробаи чорчарха, ки ба шутур баста мешуд, ҳокӣ аз он аст, ки ин намуди нақлиёт дар он давру замон маъмул будааст. Дар охири ин давра ҳамаи зарфҳои сафолӣ дар чархи кулолӣ сохта мешуданд. Дар маъдангудозӣ миси маргимушдор бо омехтаи сурб истифода мешуд.
Тадқиқоти Олтинтеппа нишон медиҳад, ки хонаҳои истиқоматӣ аз ду то чор ҳуҷра иборат буданд. Хонаҳо бо ҳам наздик дар атрофи майдони кушод сохта шудаанд. Гирдогирди деҳа бо девори ғафс иҳота мешуд. Дар байни девори ҳимоявӣ ва хонаҳо сағонаҳои коллективӣ ҷой доранд, ки нақшаи онҳо ба монанди замони энеолит мудаввар набуда, шакли чоркунҷаро ба худ гирифтаанд. Дар хонаҳои истиқоматӣ ибодатгоҳ бо меҳроби дорои нақши салибӣ ва ҳайкалчаҳои занон во мехӯранд.
Дар ин давра бинои боҳашамати бузург пайдо мешаванд. Дари даромади деҳа 15 метр паҳноӣ ва девори атрофии он 6 м. ғафсӣ дошт. Тараққиёти маданӣ ва коркарди технологии филизот бо истифода аз биринҷӣ бошандагони ин диёрро ба асри миёнаи биринҷ ворид кардааст. Тамаддуни хоси ин давра дар қабатҳои V Намозгоҳ, Олтинтеппа ба хубӣ мушоҳида мешавад. Асри биринҷии миёна нимаи дуюми ҳазораи 3 ва 2 то м.-ро фаро мегирад. Хусусияти хоси ин давра пайдоиш ва равнақи шаҳрҳо дар хумдонҳои дуқабата пухтани зарфҳои зарифу нозук мебошад.
Дар байни асбобҳои рӯзгор кордҳои пушташон ғафс, найза, пайкон, сӯзанаку олоти оройишӣ, ки дастаашон баъзан бо муҷассамаи ҳайвонҳо оро дода шудаанд, зиёд шуданд. Муҳрҳои дорои нақши ҳандасӣ ва расми ҳайвонҳои афсонавию асотирӣ дар ҳамин давра пайдо мешаванд.
Ҳайкалҳои занон, ки қаблан мӯйҳои ҷингилаи дар пеш овезон доштанд, акнун мувофиқи мӯди нав муйҳоро дар тӯрхалтаҳо ҷамъ мекарданд. Ҳайкалчаҳои занона пайдо шудаанд. Китфҳо ва дигар ҷойҳои ҳайкалчаҳо хаткашӣ шудаанд, ки шояд маъною мазмуне доштанд. Дар ин давра Намозгоҳтеппа ва Олтинтеппа марказҳои маданӣ, динӣ маъмурӣ ва истеҳсолии ноҳия ҳисоб мешуданд.
Ёдгории Олтинтеппа нисбат ба Намозгоҳтеппа хубтар омӯхта шудааст, вай аз ҷиҳати сохтор ба маҳаллаҳо тақсим шуда буд. Дар ҳар маҳалла мардумони вобаста ба касбашон зиндагӣ менамуданд. Дар қисмати шимолии шаҳр дар масоҳати 2-га замин ҳунармандон мезистанд. Дар маҳаллаи онҳо миқдори зиёди хумдонҳои дуқабатаи зарфпазӣ тадқиқ шудаанд. Мавҷудияти ҳумдонҳои зиёд ҳокӣ аз он аст, ки бо олоти сафолии рӯзгор на танҳо бошандагони Олтинтеппа, балки деҳаҳои атрофу акнофи низ таъмин мегардиданд. Инкишофи санъати кулолгарӣ ҳунармандони зиёдро дар шаҳр ҷамъ намуда буд.
Биноҳои истиқоматӣ аз ҳуҷраҳои бисёр иборат буданд, ки онҳоро аз якдигар кӯчаҳо бо паҳноии 1 то 2 м. ҷудо менамуданд. Хонаҳои давлатмандон мутобиқи нақша сохта шуда, намуди хонаҳои дарунию берунии онҳо аз ҳам фарқ доштанд.[7]
Дар ин давра маъбади бузурги сезинаӣ то баландии 12 м. ва паҳноии 21 м. сохта шуданд. Баъдан бинои маъбадҳо навсозӣ шуда, паҳноиашон то 55 м. дар болои асоси 3 м. баландӣ дошта бунёд меёбад. Ба ақидаи В. М. Массон, ин хонаи мубади бузург аст. Маъбад аз утоқҳои зиёди зиёратӣ, хоҷагӣ ва гӯрхона иборат буд. Бахши гӯрхонаи он ба монанди пешдолон сохта шуда, ҳуҷраҳои гуногун таъинот дошт. Меҳроби оташ дар болои асос сохта шудааст. Мақбара, ки шояд дар он саравлод ё сарвари дин хуфта бошад, дар баландӣ ҷой дорад. Дар муқаддасгоҳ дар назди меҳроб зарфҳо ва ҳар гуна ашёҳои дар маросимҳо истифодашаванда, аз ҷумла санги мудаввари сӯрохдор, миҷмари баландпоя, ашёи зинатӣ, сари гург ва сари гови аз тилло сохта шуда ёфта шуданд.[8]
Олтинтеппа ҳамчун маркази табақаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ ва маъмурии ноҳия ба шумор мерафт. Дар бораи маркази савдо будани Олтинтеппа маълумот ночиз аст. Маъдан ва фирӯза аз хориҷа оварда мешуд. Девори даромадгоҳ ҷабҳаи ҳимоявӣ надошт. Набудани девори ҳимоявӣ бо бурҷҳои тирандозӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо аз таҳдиди беруна эмин буданд.
Кишоварзӣ ва чорводорӣ даромади асосии бошандагони Олтинтеппаро ташкил менамуд. Дар ҳамаи хонаҳо танӯр ва ҷармасанг вуҷуд доштанд. Дар ҳамин давра сагҳо ҳамчун посбонони вафодор дар Осиёи Миёна пайдо шуданд.
Яке аз муваффақиятҳои техникии асри биринҷии миёна бо сифати баланд дар чархи кулолии тезгард сохтани зарфҳои гуногун мебошад. Нақшу нигори дар зарфҳои пешин аз байн рафта, наққошии тоза ҷойи онро мегирад. Кулолон ба нозукӣ, зарофат, гуногуншаклӣ ва таъиноти зарфҳои сафолӣ диққати махсус медоданд. Истеҳсоли асбобҳои бурранда, кордҳои дудама, якдама, доспоркол, ханҷар, пайконҳои сепарра, табар, найза, дос ва ғайра афзуданд.
Аз биринҷ ва нуқраву тилло сохтани ашёи оройишии занонаву мардона зиёд шуданд. Дар ин давра муҳрҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Дар миёни онҳо муҳрҳои аз нуқра сохта низ вуҷуд доштаанд. Муҳрҳо бештар нақши ҳандасӣ ва салибӣ доштанд. Дар баъзе аз онҳо расми таккаи кӯҳӣ, паланг, уқоб, аждаҳои сесараи палангбадан акс шудаанд. Аждаҳои сесар як сараш уқоб ва дутои дигараш мор мебошад.
Яке аз хусусиятҳои ин давра афзудани ҳайкалчаҳои занон, тағйири тарзи сохти онҳо бо назардошти идеали зебоӣ, мавзунии занона ва тасвири симои ҳақиқии зан мебошанд. Дар бадани занҳо бо қалами нӯгтез расмҳои растанӣ, ситора ва дигар аломатҳо кашида шудаанд, ки ба хатҳои тасвирӣ монанданд.[9] Аз тарафи дигар, В. М. Массон тахмин менамояд, ки худозани Олтинтеппа нақшҳои гуногуни худоҳои ибтидоиро мебозид: расми растанӣ дар шиками худозан — бонии наботот, нақши мавҷ — худои об, нақши ситора — худои осмонро ифода менамуд.[10]
Дар асри биринҷии миёна дар ҷомеаи Олтинтеппа дигаргуниҳои боризи иҷтимоӣ пайдо шуданд. Аҳолии Олтинтеппа тибқи маълумоти бостоншиносон ба се табақа тақсим шуда буданд. Хонаҳои табақаи аввал калон ва бисёрҳуҷра буд, нақшаи муайян надошт ва аз кӯчаҳои тангу тор онҳоро аз ҳам ҷудо месохт. Дар қабрҳо устухони ҳайвоноти хонагӣ каманд. Дар онҳо танҳо зарфҳои гилин вомехӯранд, ки нишони қамбағалона зиндагонӣ доштани онҳо мебошад.
Табақаи дуюм дар хонаҳои 3-4 ҳуҷра зиндагонӣ мекарданд ва ҳар хона ҳавлӣ ва ошхонаи худро дошт. Дар ин ҷо низ хонаҳо ва кӯчаҳо нақшаи муназзам надоранд, аммо соҳибони хонаҳои ин табақа нисбат ба табақаи якум зиндагонии хубтар доштанд. Дар қабрҳои онҳо асбобҳои зинатии гуногун бо сангҳои лоҷувард, фирӯза, ақиқ вомехӯранд. Дар қабр ва маҳаллаи онҳо устухонҳои чорвои хонагӣ зиёданд.
Табақаи сеюм одамони давлатманд буданд. Хонаҳои онҳо тибқи нақша сохта шудаанд. Бозёфтҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки дар қабр гӯшт мегузоштанд. Дар қабрҳои занон зеваролоти гуногун аз қабили дастпона, гӯшвора, шаддаи гардан, симу зари оройишӣ, миёнбанду либосҳо вомехӯранд. Дар баъзе гӯрҳо муҳр низ пайдо шудаанд. Аз ҳаҷми дегҳои хӯрокпазӣ маълум мешавад, ки оилаҳои калон набуданд. Барои кӯфтани зироатҳои донагӣ дар ҳар хона ҷармасанг ва сангҳои дастгоҳҳои бофандагӣ мавҷуданд.[11]
Олтинтеппа дар ҳазораи 3 то м. марҳалаи ташаккули иттиҳоди қабилаҳоро аз сар мегузаронид, ки тадриҷан шаҳрҳо ба вуҷуд меомаданд. Дар ҳар маҳалла маъбад амал мекард, ки бахши маъмурии шаҳр маҳсуб мешуд. Ғайр аз маъбадҳои маҳаллӣ боз маъбади бузурги шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вуҷуд доштанд, ки барои тамоми шаҳриён ва рустоиҳо хизмат менамуданд. Муҷтамеи меъмории он дар болои теппаи замони энеолит сохта шуда, аз он хонаи истиқоматии мубадон, мақбара ва утоқҳои гуногуни хоҷагӣ иборат буд. Маъбад ду ҳавлӣ дошт ва яке аз онҳо хиштфарш шудааст, ки шояд ҷойи гузаронидани анҷуманҳо бошад, дигаре меҳроб дошт, ки барои гузаронидани маросими динӣ истифода мешуд. Маркази меъмориро бинои сезинадор ташкил мекунад, ки намои он 21 м. дарозӣ дорад. Баландии бино 8-10 м. буд. Дар паҳлуи он дар пояи 3 метраи хиштин хазинаи калон сохта шудааст, ки намои шарқии он 55 м. дарозӣ дошт. Намо бо нимсутунҳои зинадор оро дода шудааст. Ин сабки маъбадсозӣ дар Байнаннаҳрайн маълум буд ва шояд дар зери таъсири он офарида шудааст.
Дар байни муҳрҳои аз Марғуш ва Бохтар ёфтшуда акси говеро мебинем, ки ба он унсурони аҳриманӣ: мор ва аждаҳо ҳуҷум оварда, онро ба ҳалокат мерасонанд. Дар ин бахш фикру мулоҳизаҳои гуногун вуҷуд доранд.[12] Баъзе муҳаққиқон муҳрҳои акси говдорро дур аз асотири ориёиҳои шарҳ додаанд. Ба ақидаи мо кушодани мазмуну мундариҷаи бозёфтҳои қадими таърихи Осиёи Миёнаро пеш аз ҳама дар оини меҳрпарастӣ, ки гов дар он нақши асосӣ дорад ва ҳамин мазмун дар шакли такмилёфта дар Авесто низ омадааст, ҷустуҷӯ намуд. Ба ҳар ҳол муҳрҳо бо акси говмард, уштур, асп, ҳаома нишони ориёӣ будани бошандагони Олтинтеппа мебошад.
Дар ҳазораи дуюми асри биринҷӣ ҳодисаҳое рух доданд, ки зимни он Намозгоҳ ва Олтинтеппа барин марказҳои тамаддун рӯ ба харобӣ ниҳода, дар резишгоҳи рӯди Мурғоб бошишгоҳ ва марказҳои нави аҳолинишин пайдо шуданд. Чунин марказҳои нави аҳолинишин дар соҳилҳои чапу рости рӯди Балхоб, Самангонрӯд, Чаганрӯд, Шерободу Омӯ дар Бохтар арзи вуҷуд намуданд.
Тадқиқоти баамаломада дар Олтинтеппа нишон дод, ки аҳолӣ дар натиҷаи дигаргуниҳои иқлимӣ тадриҷан онро тарк намудааст. Ба ақидаи В.М. Масон, ҳодисаи тарк намудани воҳаи Намозгоҳ ва Олтинтеппа нарасидани об мебошад. Дар натиҷаи хушксолиҳои зиёд оби рӯдҳои барои обёрии киштзорҳои Намозгоҳу Олтинтеппа кам шуданд ва мардум оҳиста-оҳиста ҷойҳои зисти бисёрҳазорсолаи худро тарк карданд. Онҳо чизу чораи худро гирифта ба соҳилҳои рӯдҳои Таҷану Мурғоб кӯч бастанд ва ҳаёти минбаъдаи худро дар он ҷо идома доданд.[13]
Рустои Марғуш аз шаш деҳа иборат аст. Деҳаҳо аз якдигар дар масофаи 3-4 км. ҷойгир шуданд. Маркази навободшуда харобаи Кулӯлаи 1 буд. Хонаҳои Кулӯлаи 1 шакли нави хоҷагӣ ва манзилсозӣ мебошад. Хонаҳо бо нақши муайян ба монанди хонаҳои ашрофони Олтинтеппа сохта шудаанд. Хонаи калон нақши чоркунҷаи баробарпаҳлу дошта, майдони 800 метри мураббаъро ишғол мекунанд. Хонаҳо қад-қади девори ҳавлӣ сохта шуда, дар миёнаҷо майдони калон доранд. Дар манзилгоҳи намуди нав, қалъаҳо пайдо шудаанд, ки гирдашон девори ҳимоявии бурҷнок доранд ва масоҳати 127-128 м. -ро ишғол намудаанд. Бо фикри В. М. Масон, ин қалъаҳо ҳангоми хавфу хатар нақши паноҳгоҳро мебозиданд. Дар ин давра хатари ҳуҷуми ғоратгарони беруна пайдо шуда буд.[14]
Дар нимаи дуюми ҳазораи 2 то м. дар резишгоҳи Мурғоб иттиҳоди деҳаҳои кишоварзӣ пайдо шудааст, ки маркази маъмурии онҳо дар харобаи Тоиб I буд ва масоҳати он 5 гектарро ташкил мекард. Тоиб маҳаллаи кулолон ва мисгарон дошт. И. Максимов аз харобаи Тоиб чор муҳр ёфтааст, ки маркази маъмурӣ будани онро тасдиқ менамоянд. Тоибро шаҳрчаи марказии маҳал номидан мумкин аст. Дар байни ёдгориҳои ҳазораи 2 то м. харобаи Гонур аз ҳама калон мебошад, ки масоҳати 28 гектар заминро фаро гирифтааст. Гонур қалъаи баробарпаҳлу дорад ва шояд он маркази шаҳр-давлат буд.
Дар Гонур муҳрҳои тахтачагине пайдо шудаанд, ки дар яке аз онҳо ҳуҷуми буққа ба сӯйи ду мор ва дар дигаре муборизаи одам бо морон акс ёфтаанд. Ба ақидаи В.М. Массон, одам Гилгамеш аст ва ин тасвир аз Байнаннаҳрайн ба ин ҷо омада аст.[15]
Дар ҳазораи 2 то м. на танҳо резишгоҳи рӯди Мурғоб аз ҷониби кишоварзон аз худ карда шуд, балки дар ҳамин давру замон дар миёнаҷойи рӯди Ому шаҳру маҳаллаи кишоварзон ба монанди Сафолтеппа, Ҷарқутан ва Дашлӣ пайдо мешаванд ва тамаддуни якрангаи кишоварзиро равнақ медиҳанд. Кишоварзони Бохтар дар ҳавзаи шохобҳои начандон калони Ому деҳаҳо сохта аз оби онҳо барои кишоварзӣ истифода мебурданд. Ду навъ гандум, ҷав, арзан мекориданд, дар ҷуфту кор аз уштури дукӯҳона ва хар истифода мекарданд. Ангурпарвариро равнақ дода будаанд. Дар деҳаҳои шаҳршуда ба монанди Сафолтеппа мезистанд. Мувофиқи ақидаи В.М. Масон, аз нимаи дуюми ҳазораи 2 то м. як умумияти фарҳангӣ натанҳо дар ноҳияҳои ҷануби Осиёи Миёна, балки ноҳияҳои ҳамсоя низ пайдо шуданд, ки он бо номи «Тамаддуни археологии Маргушу Бохтарӣ» маълум аст. Он тамаддунҳои Шаҳдоди Эрони марказӣ ва Мергари дар шимолу ғарбии Балуҷистон бударо бо ҳам мепайваст, ки онро сароғози тамаддуни бохтарӣ меноманд.
Дар ин тамаддун таъсири маданияти Шумер бо навсозиҳои маҳаллӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳазораи 2 то м. омезиши тамаддунҳои ноҳияҳои зикршуда бештар эҳсос мешавад ва онро дар санъати зарфсозӣ, муҳррезӣ (гелиптика) ва сохтани зарфҳо бо нақши барҷаста (торевтика) мушоҳида менамоем. Ин замони омезиши фарҳангҳо ва таъсири мутақобилаи онҳо будааст, ки дар муҳрҳои ҳазораи 2 то м. ба хубӣ инъикос шудааст. Муҳрҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Муҳрҳои гурӯҳи якум, ки тахтачамонанди шуъбадор бо дастаҳои сӯрохдоранд, мувофиқи нақшу расми ҳайвонҳои аксёфта онҳо давоми маданияти Олтинтеппа мебошанд. Дар ин муҳрҳо нақшҳо барҷастатару намоёнтаранд. Муҳрҳои гурӯҳи дуюм наванд ва лавҳҳои тилисмӣ бо шакли салибии бисёрзинаро доранд, ки анъанаи маҳаллӣ мебошад, аммо дар мазмуни онҳо таъсири фарҳангҳо ва ҳунарҳои Байнаннаҳрайну Илом ва Ҳараппа мушоҳида мешавад. Муҳрҳои гурӯҳи сеюм намуди устувонаӣ (силиндрӣ) дошта, нақшу мазмунашон мураккаб аст. Сабки ин намуд муҳрҳо ба сабки Байнаннаҳрайну Илом монандӣ дорад. Муҳрҳои қадимтарини махрутӣ аз Шаҳдод ва қабатҳои поён Шаҳри Сӯхта ёфт шудаанд. Ҳамаи намудҳои муҳрҳои зикршуда, дар ёдгориҳои Бохтар мавҷуданд.[16] Дар муҳрҳо бештар ривояти муборизаи некӣ бо бадӣ тасвир шудааст.
Барои беҳтар донистани дараҷаи маданияти Бохтар, ки яке аз барҷастатарин намунаҳои тамаддуни ориёии ниёгони мо мебошад, ба ёдгориҳои таърихие, ки бостоншиносон кашф кардаанд, ошно шудан зарур аст. Зеро Бохтар, ки қисми зиёди қаламрави кунунии Эрони шарқӣ, Афғонистон ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, дар ташаккули тамаддуни ориёӣ саҳми бузург дошт.
Ман ҳангоми сафарҳоям дар дохили Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳуриамон, ё ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва ҳини чандин бор ба Афғонистон барои музокираҳо бо Иттиҳоди мухолифин рафтанам ба мавқеъҳое, ки ба назар харобазор менамоянд, теппаҳои хурде, ки хоку регтӯдаҳои оддӣ мебошанд, назар карда, фикр мекардам, ки чӣ қадар асрори қарнҳои гузашта, ғаму андуҳ ва задухӯрдҳои аҷдоди моро барои ҳифзи ин сарзамин аз истилогарон дар худ ниҳон кардааст.
Дар ҳавзаи шохобҳои миёнаи рӯди Ому, дар соҳили рости он дар пастхамиҳои рӯдҳои Шеробод, Шӯрча ва Бандиҳон бостоншиносон зиёда аз 20 ёдгории ибтидои пайдоиши шаҳрро тадқиқ намуданд, ки ба тамаддуни ҳазораи 2 то м. — асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Дар миёни онҳо ёдгории Сафолтеппа хуб омӯхта шудааст.
Сафолтеппа масоҳати 4 гектар заминро фаро мегирад. Корҳои ҳаффорӣ мунтазам дар қалъаи Сафолтеппа гузаронида шуд. Масоҳати қалъа 82 ба 82 м. аст. Он се девори мудофиавии дарун ба дарун дорад. Ғафсии деворҳо 170 см мебошанд. Биноҳои истиқоматӣ дар дохили девори сеюм ҷой доранд. Байни деворҳоро роҳравҳо ташкил мекунанд. Роҳравҳо дар масофаҳои гуногун бо девор ҷудо карда шудаанд, ки миқдорашон 8-то мебошанд. Роҳравҳо аз деворҳои ҳимоявӣ дари даромад доштанд. Қалъаи Сафолтеппа мувофиқи нақшаи пешакӣ сохта шуда, аз таҷриба ва дониши баланди сохтмонию меъмории ҳазораи 2 то м. шаҳодат медиҳад.
Хонаҳои даруни қалъа ба маҳаллаҳо тақсим шуда, бо кӯчаҳо аз якдигар ҷудо шудаанд. Майдони марказӣ сохта нашудааст. Шаҳрак ба ҳашт маҳалла тақсим мешавад, ки ҳар кадом аз онҳо як бахши маъмуриро ташкил менамуд. Маҳалла аз як оилаи калони патриархалӣ иборат буд. Ба ақидаи муҳаққиқони Сафолтеппа, бинои бузурге, ки он аз хонаҳои истиқоматӣ фарқ кунад ё маркази маъмурӣ ва ё хонаи шахсӣ олимақоме бошад, вуҷуд надорад. Ин бар он далолат мекунад, ки Сафолтеппа ҳанӯз ба шаҳр табдил наёфта буд, вале раванди тағйироти иҷтимоӣ дар он ба хубӣ эҳсос мешуд. Аз чунин вазъи иҷтимоии бошандагони Сафолтеппа қабрҳои тадқиқшудаи онҳо шаҳодат медиҳанд. Ин қабрҳо дар харобаи Сафолтеппа баъди онро тарк кардани одамон канда шудаанд ва намуди ширдонро (катакомба) доранд. Ҳодисаи дар хум ва тобути чӯбин гӯронидан низ мушоҳида шудааст. Дар тобутҳои чӯбин одамони сарватманд гӯронида шуда, ҳамроҳашон анҷомашон низ гузошта шудааст.
Дар қабрҳои кӯдакон ашёе вуҷуд надорад. Миқдори чизҳо дар гӯри одамони ба балоғатнарасида нисбат ба калонсолон камтар аст. Аз 17 қабри тадқиқшудае, ки 11-тои он ба мардон ва 6-тоаш ба занон мансуб аст, ашё дар қабрҳои кӯдакону наврасон кам ва дар гӯри одамони калонсол зиёданд, ки аз зарфҳои гуногун, ашёҳои биринҷии зинатӣ ва олоти истеҳсолот иборат мебошанд. Ашёҳои зинатии тиллоӣ ва нуқраӣ кам пайдо шуданд, шояд истеҳсоли онҳо ҳанӯз дуруст ба роҳ монда нашуда будааст.
Якхела будани қабрҳо нишондиҳандаи он аст, ки барои одамони давлатманд ҷойи махсус ҷудо намекардаанд. Бостоншиносон зимни тадқиқи қабрҳо онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо намуда, ба гурӯҳи аввал ба афроди оддии ҷомеа, ба гурӯҳи дуюм афроди мутавассити ҷомеа ва ба гурӯҳи сеюм кадхудо ва сарватмандони ҷомеаро мансуб донистаанд.
Ҷарқӯтан давоми тараққиёти тамаддуни кишоварзӣ ва ҳунармандии Сафолтеппа мебошад. Масоҳати Ҷарқӯтан зиёда аз 100 гектар заминро дар бар мегирад. Қасри шаҳр 4 гектарро ташкил менамояд, бинои маъбад 60 ба 44,5 м. аст. Боқимондаи масоҳатро хонаҳои истиқоматӣ ва маъмурию хоҷагӣ ташкил менамоянд. Қабристон берун аз шаҳр дар теппаҳо воқеъ буда, масоҳати 20 гектар заминро фаро мегирад. Зиёда аз 730 гӯрҳои гуногунзамони бошандагони Ҷарқӯтан омӯхта шудаанд. Тадқиқоти хонаҳои шаҳр нишон дод, ки онҳо хеле калон ва бисёрҳуҷра буда, рӯйи таҳкурсии хиштини аз 1 то 2 м. сохта шудаанд.
Бостоншиносон ба натиҷае расидаанд, ки ҷараёни ташаккулёбии шаҳр дар замони Ҷарқӯтан, яъне нимаи дуюми ҳазораи 2 то м. ба охир нарасида будааст. Бошандагони тамаддуни Сафолтеппа ва Ҷарқӯтан аз води Мурғоб омада, давомдиҳандаи маданияти Олтинтеппа буданд.[17]
Аз мутолиаи асарҳои бостоншиносоне, ки дар қисматҳои гуногуни Бохтар ҳафриёт гузаронидаанд, ба хулосае омадам, ки дар ин давра унсурҳои шаҳрсозӣ хеле равшан аст. Зеро иморатҳои бузурги оташи муқаддас, қалъаи баланду паҳн, муҳрҳои зиёд аз раванди босуръати ташаккули идораи маъмурӣ ва созмони давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Маъбадҳо, ҳуҷраҳо, меҳробҳо, чортоқҳо, деворҳои давродавр чӣ асрори бузурги зиндагии гузаштагони моро дар хеш нигоҳ медоранд. Онро насли имрӯзаи олимони бостоншинос, таърихшиносон, этнографҳо бояд амиқтар таҳлил намоянд, аз зери анборҳои хоки шаҳрҳову биёбонҳо гарди ёдгориҳои ниҳонмондаро тоза карда, аз ҷилои он симои пурҳикмат ва зиндагонии боматонати аҷдоди моро ҷилвагар намоянд. Ба насли ҷавон бояд таълим диҳем, ки ҳар сафолпора ё ашёи қадимае, ки ба назарашон мерасад, розу ниёз ва ифтихори гузаштагони моро дар худ ниҳон дорад. Онро бояд дида, фаҳмида ва ба қадри он расида тавонем.
Дар ҳазораи 2 то м., ки оини маздоии куҳан тадриҷан нуфузи амиқ пайдо мекард, тайёр кардани нӯшоба аз гиёҳи ҳаома ва тайёр кардани нӯшобаи масткунанда низ аз расму одатҳои маъмул шуда будааст. Бозёфтҳои Ҷарқӯтан ба он далолат мекунанд, ки технологияи махсуси шарбати нишотовари ҳаома вуҷуд доштааст, ки аз зарфҳои махсус ба хумҳо ҷорӣ мешуд ва мавҷуд будани зарфҳои мурғобимонанд, кӯзаҳо, косаҳо аз рушди эстетикии асбоби рӯзгор ва тарзи маишати шаҳрнишинон шаҳодат медиҳад.
Маъбади оташи зардуштӣ гӯё ҳамеша фурӯзон будааст. Яке аз маъбадҳои қадима дар Самангон ҷойгир аст, ки бостоншиносон тахмин мекунанд, шояд дар сохтмони он пайғамбари ориёӣ бевосита ширкат карда бошад.
Тарзи таҳияи нӯшобаи муқаддаси «ҳаома» махсус буда, аз афшурдан то оташ афрӯхтан, ҳезум ниҳодан, об додан ва омехтани он бо шир дуо ва ниёишҳои хосса хонда мешудааст.
Маъбадҳо хеле зебо, бо муҷассамаҳои гуногун, санъати махсуси меъморӣ сохта мешуд. Бесабаб нест, ки баъд аз истилои арабҳо ва пирӯзии ислом дар кишварҳои Ориёно маъбадҳо ба масҷид табдил дода шуданд. Гузаштагони мо амали хайр ва оқилонаеро дар ин маврид анҷом дода будаанд ва то тавонистаанд биноҳои зебои маъбадҳои хешро ба ин роҳ ҳифз намоянд.
Дар ин бора сухан ронда, ҳаракати пролеткулти солҳои 20-30-уми асри гузашта ба ёдам омад. Дар он давра таҳти шиори ҷорӣ кардани «маданияти пролетарӣ» бисёр биноҳои зебо ва бузурги масҷидҳо ва мадрасаҳо хароб карда шуда буданд.
Масъудӣ дар бораи харобаи оташкадаи Истахр, ки дар замони ӯ ба номи Масҷиди Сулаймон маълум буд, чунин гуфтааст: «Ман ин масҷидро дидам, тақрибан дар як фарсахии шаҳри Истахр воқеъ аст. Бинои зебо ва хеле бошукӯҳ аст. Дар он ҷо сутунҳо аз санги яклухт қатор бо истифодаи муҷассамаҳои ҳайратбахш дидам, ки бо фарози он ашколи аҷибтар аз асп ва соири ҳайвоноти ғароиб насб буд, ки ҳам аз шакл ва ҳам аз лиҳози азамат шахсро ба ҳайрат меафганданд. Дар гирди бино хандақи васеъ ва ҳисоре аз сангҳои бузург сохтаанд».
Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки сарсутун, марза ва деворҳои бинои маъбади оташ, бо ҳайкалу расмҳои барҷастаи ҳайвонҳои барои оини Маздаясно муқаддас аз қабили асп, барзагов, таккаи кӯҳӣ ва наруғумҳо оройиш доштанд. Аммо дар бораи нақшаи маъбади оташ ва аз чанд утоқ иборат будани онҳо маълумоте надодааст.
Муҳаммад Муин дар ин бора нигоштааст, ки нақши оташкадаҳо яксон будаанд: дар Язд маъбади оташи замони қадим боқӣ мондааст, ки вай аз чортоқи чордара ва гирди вайро роҳрав бо девори чордара иҳота мекунад. Роҳрави хурд дари пӯшидан дорад.[18] Дар Ҷарқӯтан тамоми зарфҳо дар чархи кулолии тезгард бо сифати баланд сохта мешуданд. Сифати истеҳсоли зарфҳоро гурӯҳи калони кулолони касбӣ назорат мекарданд.
Баробари кулолӣ сохтани олот ва ашёи биринҷӣ хеле равнақ ёфта буд. Силоҳҳо, асбобҳои истеҳсолӣ ва ашёи зебу зиннат бо санъати баланд сохта шудаанд, ки далели инкишофи соҳаҳои гуногуни маъдангудозӣ ва офаридани асбобҳои мухталифу рангоранг мебошанд. Асбобҳоро дар ҳазораи 2 то м. устоҳои касбӣ тайёр кардаанд. Дар ин давра заргарӣ ва аз тиллову нуқра ва сангҳои қиматбаҳову нодир сохтани ашёи оройишии занона хеле афзудааст. Ҳунармандони заргар гурӯҳҳои худро доштанд. Зарфҳои биринҷии сурмадон, мӯҳр, асо, табарзин ва ғайра нишон медиҳанд, ки устоҳои онҳо дар сохтани яроқу олот ва офаридаҳои ҳунарию зинатӣ маҳорати хуб доштаанд. Расмҳои гов, буз, мор ва ғайра ба дараҷаи баланди ба воқеият наздик офарида шудаанд. Сатҳи баланди косибӣ ва афзойиши истеҳсоли ашё гувоҳӣ медиҳад, ки ҳунармандон ашёи худро ба муомилот мебароварданд ва бар ин асос тиҷорат рушд ёфта буд.
Бофандагӣ, чармгарӣ, сохтани зарфҳои чӯбин ва ғайра аз касбҳои гуногуни он замон ба ҳисоб мерафт. Ҳунармандон маҳаллаҳои худро доштанд. Аломатҳои болои зарфҳои Сафолтеппа нишони пайдо шудани хатҳои шаклӣ ва аломатӣ мебошад.
Ҷарқӯтан аз ҷиҳати сохтор ба қалъа, шаҳристон ва гӯристон тақсим мешавад. Диж ва маъбад девори ҳимоявӣ доранд, аммо шаҳристон девори ҳимоявӣ надорад. Набудани девори ҳимоявӣ дар атрофии шаҳристон ду сабаб доштааст. Якум, шояд ҳеҷ таҳдиде аз берун эҳсос намешуд ва аз ин рӯ, ҳоҷат ба сохтани девори ҳимоявӣ набудааст. Дуюм, давлати пуриқтидоре вуҷуд дошт, ки ҳимояи шаҳру деҳоти мамлакатро таъмин мекард ва аз ҳамин сабаб дар атрофи шаҳристони Ҷарқӯтан девори ҳимоявӣ насохтаанд, зеро ки чунин девор хароҷоти зиёдро талаб менамуд.
Ноҳияҳое, ки ба он Сафолтеппа ва Ҷарқӯтан ворид буданд Ориёнам ном доштанд. Ин ном бо каме тағйирот дар шакли Айртам то ба рӯзгори мо омада расидааст ва Ориёнам бахше аз Ориёна — Вейҷ будааст.
Ҳангоме ки дар бораи ёдгориҳои Бохтари қадим сухан меронем, ёдгориҳои Балх ва атрофи онро бояд зикр намоем. Ин шаҳр, ки дар соҳили чапи дарёи Ому (ҳудуди 20 километри Ғарби шаҳри кунунии Мазори Шарифи Афғонистон воқеъ аст, солҳои файзбору ободонӣ, рӯзгори шоҳони номдори аҳди қадим ва хунрезиҳо, даҳшатҳо, кушторҳову сӯхторҳоро аз ҷониби аҷнабиён дар ҳар ваҷаби хоки худ ба ёдгор дорад.
Ба ёдам беихтиёр истилои муғул меояд: соли 1220 муғулҳо аз Ому убур намуда, тамоми мардуми Балх ва атрофи онро кушта, хонаҳояшонро сӯзонда, валангор карда, бойигариашонро бо худ бурда буданд. Дар замини шаҳр ҷав корида шуд ва осори зинда амалан боқӣ намонд, зеро ин таҷовузкорони ваҳшисират «омаданду куштанду канданду гирифтанду бурданду рафтанд». Баъд аз он Балх дигар ба худ наомад. Харобаҳои қалъаҳои беруну дохилии шаҳр ба қотилони хуношом ва истилогарони даррандахӯ гӯё ҳамеша нафрат мехонанд. Чингиз, Темурланг, Гитлер кайҳо аз олам гузаштаанд, вале харобаҳо ва теппаҳои ба ном калламанораҳо ҳанӯз боқӣ ҳастанд! Оре, мо аз фоҷиаҳо сабақ гирифта, якҷо бо инсонияти мутамаддин вазифадорем, ки тамаддунро аз ҷаҳолат ва харобкориҳо эмин нигоҳ дорем. Ин мазмунро ман дар суханрониам дар Сессияи 33-юми ба ҷашни 60-солагии ЮНЕСКО бахшидашуда 9-уми октябри соли 2005 бори дигар таъкид намудам.
Дар воқеъ, аз диёри Балх шоирону олимони бузурге ба мисли Унсурӣ, Робиа, Шаҳид, Шақиқи Балхӣ (ки марқади мубораки ӯ дар шаҳраки Себистони ноҳияи Данғара воқеъ аст) ва Ҷалолуддини Балхӣ, ҳамчунин хонадони Бармакиён ва Сомониёни бузург бархоста буданд. Ин шаҳр аз гаҳвораҳои тамаддуни ориёӣ буд.
Ба таърихи бостон бармегардем. Дар шимоли шаҳраки Оқча, шаҳраки қолинбофони машҳур, ки начандон дур аз Балх буд, дар мавзеи Даштлӣ зиёда аз 40 ёдгории замони ҳазораи 2 то м. кашф ва тадқиқ шудаанд. Дар қадим бошандагони Даштлӣ аз Балхоб барои зироаткорӣ истифода менамуданд.
Барои мавзӯи мо ёдгориҳои замони Зардушт, давлати Каёниён ва офаридаҳои ҳазораи 2 ва I то м. хело ҷолиб ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, назаре ба он андохтан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Дар ноҳияи Дашлӣ ду намуд ёдгориҳои асри биринҷӣ тадқиқ шудаанд. Ба гурӯҳи якум деҳаҳое дохиланд, ки атрофашон девори ҳимоявӣ надоранд ва аз офатҳои табиӣ то имрӯз зарари ҷиддӣ дидаанд. Ба гурӯҳи дуюм деҳа ва истеҳкомҳое дохил мешаванд, ки баъзеяшон аз диж ва деҳистон иборат буданд. Дар кӯшк сарвари шаҳрак ва дар деҳистон бошандагони он мезистанд.
Қалъаи он ба масоҳати 99 ба 85 м. буд. Атрофаш бо девори ҳимоявӣ бо ғафсии 3-4 м. бо бурҷҳои тирандозӣ иҳота шудааст. Девори ҳимоявӣ дар чаҳор гӯшааш бурҷи мудаввари тирандозӣ дошт. Девори шимолӣ дорои дарвоза буд, ки онро ду бурҷ муҳофизат менамуд.
Биноҳои истиқоматӣ дар дохили девори ҳимоявӣ сохта шудаанд. Хонаҳо оташдон доранд, ки дудбарои он дар даруни девор буда, дудаш ба болои бом мебаромад. Хонаҳои Даштлӣ аз рӯйи сохт ба хонаҳои Сафолтеппа монанд мебошанд.[19]
Ёдгории дигар, ки Даштлӣ – 3 номгузорӣ шудааст, аз теппаи баланди харобаи бинои асосии шаҳр иборат будааст. Вай нақши мудаввар дошта, дар маркази шаҳр ҷойгир ва бо ду девори ҳимоявӣ иҳота шудааст. Девори ҳимоявии берун 9 бурҷ дорад. Хонаҳои байни девори якум ва дуюм дар масофаҳои гуногун сохта шуда, дари даромад надоранд.
Ҳуҷраҳои асосӣ дар дохили девори дуюм ҷой доранд, ки таъиноти гуногунро ба дӯш доштанд. Ҳуҷраҳои 2 ва 3 дар бинои мудаввар нақши асосиро мебозиданд, зеро онҳо дорои меҳроби оташ мебошанд.
Дар ин ҷой қасри бузурги шоҳӣ мавҷуд будааст. Дар қаср утоқҳои гуногун ҳафриёт шудаанд, ки дар гузашта онҳо вазифаи истиқоматӣ, посбонӣ, ҳимоявӣ, хоҷагиро иҷро менамуданд. Системаи ҳимоявии шаҳр хеле мураккаб ва барои душман фиребанда буд. Ҷо ба ҷой гузоштани биноҳо, оройиши онҳо, бурҷакҳои ҳимоявӣ аз санъати баланди сохтмончиёни он шаҳодат медиҳанд. Дар қаср, бешубҳа, шахсони олирутбаи ноҳияи Бохтар мезистанд.
Ба фикри муаллифи ҳафриёт В. И. Сарианиди, ин қаср бо маъбадаш нақши марказӣ ва динии ноҳияро мебозид ва дар онҳо диндорон мезистанд. Гумон мекунам, ки диндорон дар маъбад ва хонаҳои атрофи он кор ва зиндагӣ мекарданд. Дар қаср кай (шоҳ), наздиконаш, дастаи ҳарбӣ ва сохтори идоравии давлат ҷой дошт. Шояд он яке аз марказҳои салтанат шоҳони овозадори Каёниён бошад.
В. И. Сарианиди ақида дорад, ки қасру маъбад дар асоси анъанаҳои меъмории бошандагони Байнаннаҳрайн ва Мундигак (Афғонистон) сохта шудаанд. Ба ақидаи ӯ, бошандагони Бохтари шимолии асри биринҷӣ аз ҷануби Афғонистон, аз Балуҷистон ва Эрони марказӣ ба ин ҷо нақли макон кардаанд.[20] Агар ин тавр бошад, саволе ба миён меояд, ки бошандагони давраи неолити ин ноҳияҳо, ки худи В. И. Сарианиди дар ибтидо дар бораи онҳо сухан мегӯяд, куҷо рафтанд? Бешубҳа, робитаҳои байниқабилавии ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Эрони қадим доимӣ буданд ва иртиботи маданӣ сабаби дар асри биринҷӣ пайдо шудани маданияти Даштлӣ гардиданд. Дар офаридани он нақши мардуми маҳаллӣ ва омезиши он бо тамаддуни тозаро низ набояд фаромӯш кард.
Кошифи ин ёдгорӣ В. И. Сарианиди дуруст мешуморад, ки маъбад ибодатгоҳи мардумони ноҳияи Даштлӣ буда, қасри паҳлуияш бинои маъмурӣ ба ҳисоб мерафт. Ин маҳал шояд ишора ба яке аз марказҳои давлати Каёниёни Бохтар мекард. Ба ҳар ҳол, дар ин ҷо санъати кулолгарӣ, сафолсозӣ, ҳунармандӣ ва косибӣ инкишоф ёфт. Хумдонҳо одатан дар гӯшаи шаҳр сохта шудаанд ва маҳаллаи кулолон дар назди онҳо воқеъ будааст.
Заргарон аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо ҳар гуна ашёи зинатӣ меофаранд. Тараққиёти ҳунармандӣ боиси инкишофи савдо гардид. Аслиҳасозӣ низ ба мушоҳида мерасад. Силоҳҳо аз мис ба монанди душоха, тирҳои пайкон, табарҳои ҷангӣ ва вуҷуди дастаҳои ҳарбӣ далолат мекунанд.
Даштлӣ маркази маъмурӣ-динии ноҳия буд ва деҳаҳои атроф ба вай итоат менамуданд. Азбаски ин мавзеъ аз шаҳри Балх на он қадар дур аст, ҷой дорад, онро метавон яке аз аввалин марказҳои Бохтар донист.
Бозёфтҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки бошандагони Намозгоҳ, Олтинтеппа, Даштлӣ, Сафолтеппа, Ҷарқӯтан ва ҳатто Саразм бо мардумони Шаҳри Сӯхта, Ҳисор, Мундигак бо ҳамдигар робитаи маданӣ доштаанд. Бошандагони теппаи Ҳисор, Шоҳтеппа, дар навбати худ ба тамаддуни иломӣ, мундигакӣ, Ҳараппа ва Моҳенҷодару алоқа доштанд, ки дар он ҷойҳо хат ривоҷ дошт.
Метавон ба хулосаи асосӣ омад, ки асри биринҷии ҳазораи 2 то м. давраи ташаккулёбии тамаддуну давлатдорӣ ва дину маънавияти ориёӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Нуктаи муҳим ва қобили зикри хос он аст, ки ориёиҳои Ориёно (Осиёи Марказии баъдӣ) равобит ва пайвандҳои худро бо ориёиҳои минтақаҳои дигар, бахусус ноҳияҳои ҳаммарз ҳифз намуданд ва густариш доданд. Таҳқиқоти давомдори илмӣ, бахусус кашфиёти навини бостоншиносӣ собит месозанд, ки дар ҳазораҳои 3-2 то м. дар саҳроҳои ҷанубии Русия қабилаҳои ориёӣ сукунат доштанд ва маданияти пешрафтаро эҷод намуданд. Онҳо паҳнкунандаи улави гардуна ва аспсаворӣ, равнақдиҳандаи чорводорӣ ва азбаркунандаи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои мису қалъагӣ буданд. Онҳо кишоварзиро низ дар ин сарзаминҳо равнақ доданд, барои обёрии зироат аз оби рӯдхонаҳо истифода намуданд. Истеҳсоли асбобҳои аз маъдани биринҷӣ таҳияшуда аз қабили табар, отанги ҷуфт, дос, ханҷар, найза, даҳонаи лаҷоми асп ва ғайраро ба роҳ монданд.
Дар бораи маданияти ориёии давраи мазкур сухан ронда, бояд таъкид кунам, ки бостоншиносон, махсусан дар минтақаҳои Урал, Қрим, Курск, Воронеж, Ҷануби Сибир ва ғайра ҳафриёт гузаронда, бозёфтҳои ҷолибе кашф кардаанд. Аз қабрҳои пайдошуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки соҳилҳои Волга, Днепр бо маданияти Қафқози шимолӣ пайванди наздик дошта, дар осори моддиашон соҳиби молу мулк ва ашёҳои пурқимат будани мардуми он ҷойҳо тасдиқ шудааст. Зироаткорӣ, косибӣ, чӯпонӣ, галадорӣ аз машғулиятҳои доимии мардуми соҳиби ин маданият мебошад.
Қабрҳои катакомбӣ, ки тавассути бостоншиносон тадқиқ шудаанд, ба он далолат мекунанд, ки аҳолии ин минтақаҳо бештар ба парвариши гов ва асп машғул будаанд. Бояд зикр кард, ки пайдо шудани маданияти Катакомба яке аз масъалаҳои мураккаб ва тақрибан ҳалношудаи илмӣ мебошад, ки дар он осори бисёре аз маданияти «Древнеямни» боқӣ мондааст. Вақте онҳо аз шимоли Кавказ омада, бо бошандагони маданияти «Древнеями» омезиш ёфтанд, тадриҷан аз онҳо як маданияти наву умумӣ бо номи Катакомба пайдо шуд. Дар ин бора маводҳои аз Донетск бадастомада, ки қадимтарин дар Европаи Шарқӣ мебошанд, шаҳодат медиҳанд. Сохти гӯрхона, чироғдонҳо, нақши ресмон, ҷомҳои тагҳамвор, гӯрондан ба паҳлу ва дингак хусусияти хоси маданияти катакомбӣ мебошад.
Қабрҳои катакомбӣ ба қабрҳои соҳили дарёи Эгей монанданд. Соҳибони қабрҳои катакомбӣ симои аврупоӣ дошта, аз рӯйи нишонаҳои нажодӣ ба ориёиҳо мансуб будаанд. Онҳо дар сафари шарқии худ таҷрибаи коркарди маъдани биринҷиро аз ноҳияҳои шимоли Қафқоз ёд гирифта буданд. Баъдан ин таҷриба дар коркарди маъданҳои ноҳияи Урал ба онҳо ёрии калон расонидааст.
Як гурӯҳи ёдгориҳои асри биринҷӣ дар вилояти Челябинск дар ҷануби Урал бо номи «Аркаим — Синтоштӣ» («Мамлакати шаҳрҳо») кашф шуданд. Маҷмӯаи Аркаим Синтоштиро шаҳрҳои мудаввар, чоркунҷаву нимсекунҷа, қабристон ва деҳаҳои назди онҳо ташкил менамояд ва ба асрҳои XX-XVI то м. нисбат доранд. Ҳоло зиёда аз 20 шаҳрчаҳои бо ду девори ҳимоявӣ ва хандақи гирдогирддошта ба қайд гирифта ва асосан таҳқиқ шудаанд.
Дар қабрҳои Аркаим гӯрҳои якнафара, дунафара (зану мард як паҳлу рӯ ба рӯйи якдигар) хобидаанд. Сағонаҳои оилавӣ низ вомехӯрад. Дар қабрҳо ҳамроҳи мурда шасти моҳигирӣ, дос, теша, найза, табар, осорҳои маъдангудозӣ гузошта шудаанд. Муаллифони тадқиқоти шаҳраки Аркаим ва Қӯрғони бузурги Синтошӣ чунин ақида доранд, ки нақшаи Аркаим ва мақбараи бузурги он дар асоси навиштаи Ведаҳо сохта шудаанд.
Давраи дуюми маданияти Аркаим — Синтоштӣ дар ёдгориҳои шимолии Қазоқистон, Ҷануби Урал ва мавзеъҳои атрофи он мушоҳида мешавад, ки ба асарҳои XVII-XV то м. нисбат доранд. Ин ёдгориҳо дар Новониколаев, Петровка-2 кашф шудаанд. Бошишгоҳҳо нақши чоркунҷаи ростпаҳлу дошта, дар наздашон қабристон ҷой дорад. Дар қӯрғонҳо мурда дар марказ ҳамроҳи ҷасаду силоҳ, аробаи ҳарбӣ бо аспон гӯронида шудаанд. Мурда бо паҳлу дингак хобидааст. Ин қабрҳо сағона буданд. Фарш ва деворҳои қабр андова шудаанд. Маданияти Петров бо Синтоштӣ алоқаманд мебошанд. Олатҳо аз биринҷӣ сохта шудаанд. Бошандагони онҳо ба чорводорӣ ва камобеш кишоварзӣ машғул буданд. Гов, асп бузу гӯсфанд парвариш менамуданд. Зарфҳо аз асбобҳои банкамонанд ва хурмаҳои пурнақш иборат буданд. Таҳлили мавод нишон медиҳанд, ки дар маданияти Петров ва Синтоштӣ таъсири маданияти Осиёи Миёна вуҷуд дорад.
Дар ҳудуди саҳроҳои Қазоқистон ва Сибири Ҷанубӣ дар асри биринҷӣ маданияти умумии Андроновӣ ташаккул ёфт, ки асрҳои XV-XIII то м.-ро дар бар мегирад. Маданияти андроновӣ дар сарзамини хеле васеъ амал мекард. Маданияти андроновҳо якчанд маданиятҳои ба ҳам монандро дар худ таҷассум менамуд. Он дар асрҳои зикршуда хеле равнақ ёфта, сарзамини васеи саҳроҳои Сибир, Қазоқистон ва Шимоли Осиёи Миёнаро фаро мегирифт. Мутахассиси шинохтаи таърихи Андроновҳо Е.Е. Кузмина дар асоси таҳлили маводи 250 қабристон ва 170 деҳаи собитшуда таснифи намудҳои қабрҳо, сохти зоҳирӣ, сохт, тарзи гӯронидан, чизҳои дар гӯр гузошташуда, аз ҷумла зарфҳоро тартиб додааст.
Дар ноҳияҳои назди Урал маданияти омехтаи срубу андроновӣ ташаккул ёфт. Дар натиҷаи ҳаракати мардум аз ноҳияҳои назди Урал ба навоҳии назди Арал маданияти Тозабоғоб ба вуҷуд омад. Дар ҳамаи ҳудуди Қазоқистони имрӯза омезиши мутақобилаи маданиятҳои мардуми феодорӣ ва алакулӣ ба амал омада, умумияти андроновиро ба вуҷуд овард. Давраи сеюми ин маданият асрҳои XII-IX то м.-ро фаро гирифта буд. Дар ин давра намуди чорводории айлоқӣ, аспсаворӣ, кашфи оҳан ва ғайра пайдо шуда, ҳаракати мардумро ба сӯи ҷануб ҷоннок намуд. Бояд таъкидан зикр кард, ки ин ҳаракат дуру дароз ва тӯлонӣ буд. Дар чоряки ҳазораи 2 то м. қабилаҳои чорводор бо кишоварзони ҷануби Осиёи Миёна дучор омаданд. Ба ин бозёфтҳои зиёди зарфҳои саҳронавардон дар қабатҳои Намозгоҳ VI (XVI-XII то м.) дар бошишгоҳҳои Анаов далолат менамоянд. Дар асоси бозёфтҳои моддӣ, аз ҷумла сафолпораҳо мо масири ҳаракати саҳронавардҳоро аз шимол ба ҷануб ва шарқу ғарб бо хубӣ мушоҳида карда метавонем. Осори ин масири муҳоҷирати онҳо то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Муҳаққиқон сабабҳои ҳаракати саҳронавардон ба ҷануб ва ғарбу шарқро зиёд шудани чорвои хонагӣ ва зарурати дар мавсимҳои сол иваз намудани чарогоҳ ва дар ҳамин асос дар охири асри биринҷӣ пайдо шудани чорводории кӯчӣ, аспсаворӣ, ихтирои зину лаҷом ва силоҳи ҳуҷуми саворагон (шамшер, шашпар, жӯбин ва тиру камон), ба табақаҳои бою камбағал ҷудо шудани аҳолӣ, бунёди қӯрғонҳои бузург барои сарварони авлод, маҳдуд намудани фаъолияти қабилаҳои андроновӣ ва тағйирҳои иқлимӣ медонанд.
Муҳаққиқи намоёни рус Кузмина Е.Е. воқеан ҳам заҳмат кашида, аз натиҷаи кашфиётҳои бостоншиносӣ ба хулосаҳои дуруст ва муҳим омадааст. Ӯ дар асоси таҳлили ретростпективӣ (маҷмӯи хусусиятҳои осори моддӣ, манзилӣ, динӣ, хаттӣ) ба чунин хулоса омадааст, ки аҳолии асри биринҷии Қазоқистон, Осиёи Миёна, Афғонистон ориёиҳо буданд.[21] Тоҷикони шимол ва ориёиҳои қадими Осиёи Миёна, саҳроҳои Аврупову Осиё (сакоиҳо) аз лиҳози антропологӣ ба гурӯҳи рӯйкалонони паҳнустухони аврупоӣ мансубанд. Хулосаҳое, ки дар боло зикр шуданд, хусусияти асосии сакоиҳои андроновӣ мебошанд.
Агар манзилгоҳҳои саҳронавардонро бо бошишгоҳҳои Украина ва Осиёи Наздик муқоиса намоем аз давраи неолит сар карда дар он ҷо хонаҳои рӯйизаминӣ сохта шудаанд. Хонаҳо аз гилу хишт қомат афрохтаанд. Хонаҳои гилину хиштин дар Ҷайтун, Ҷануби Осиёи Миёна (Бохтар) вуҷуд доштанд. Ин намуди манзилгоҳҳо дар мардуми саҳронавард набудаанд ва ин маънои онро дорад, ки фикри В.В. Иванов ба Т.В. Гамкрелидзе дар бораи аз Осиёи Наздик ба воситаи Осиёи Миёна ба саҳроҳои Сибир рафтани ориёиҳо чандон асоснок нест: манзилгоҳи Осиёи Ғарбӣ, Эрон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон аз похса ва хишт сохта шуда, бо оташдони даруни девор аз манзилгоҳҳои нимзеризаминӣ бо оташдони дар миёни хона будаи чорводорон фарқ мекунад.
Намуди дигари манзилгоҳҳои андроновҳо хонаҳои болои аробаҳои чорчархаи хоси скифҳо мебошанд, ки аз вуҷуди онҳо Геродот маълумот додааст. Дар Ведаҳо қасрҳои осмонии худоён аз ҳамин гуна хонаҳои болои аробаҳо иборат мебошанд.
Дар давраи истиқлолият масъалаи эҳёи суннатҳои арзишманди миллӣ ба миён омад. Ҳангоми сафарам ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон бо мардуми касбу кори гуногун, аз ҷумла косибон вохӯрда, аз истеъдоди нотакрори миллатамон ба ваҷд меоям. Атласбофони Хуҷанд, кордгарон ва кандакорони Истаравшан, наққошон ва дуредгарони Исфара, гулдӯзону сӯзанидӯзони Кӯлоб, ҷӯроббофони Бадахшон, алочабофони Қаротоғу Ҳисор, заргарони Файзобод, боғдорони Рашт бо ҳунари худ шӯҳрати зиёд касб кардаанд.
Ин касбу ҳунарҳо дирӯз пайдо нашудаанд. Онҳоро гузаштагони мо аз насл ба насл, аз аср ба аср, аз ҳазорсола ба ҳазорсолаҳои дигар ба мерос гузошта, ҳар насл онро сайқал дода, шуҳрату овозаи ҳунари худро баландтар бардоштааст.
Ба гулҳо ва шаклҳои гуногуни тасвирҳо аз ҷумла аломати салибӣ, ки дар камарбандҳо, рӯймолҳои дастидӯз дар нақшунигорҳо мавҷуданд, зеҳн монда мебинам, ки осоре аз гузаштагони дури ориёии моро доранд. Дар шаҳрҳои водиҳо, деҳоти кӯҳистон осори ҳунарии имрӯз вуҷуд дошта, давоми гузаштаи пурифтихори мо ҳастанд.
Зарфҳои гилӣ, асбобу ашёи биринҷӣ, осори коркарди маъдан аз санъати рехтагарӣ ва қолабсозӣ дар маданияти давраи андроновӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳафриёт ва хулосаҳои Кузмина Е.Е., ба назарам, дар ин бора арзишманд ҳастанд. [22]
Бо вуҷуди он ақидаи Е. Е. Кузминаро оид ба зарфҳои андроновӣ, ки онҳоро гӯё занҳо месохтаанд ва зарфҳои дар чархи кулолӣ сохта хоси ориёиҳо набудаанд,[23] чандон дуруст намешуморам. Зеро ки зарфҳои дастӣ имрӯз низ дар баъзе деҳҳои кӯҳистон сохта мешаванд ва соҳибонашон на саҳронавардон, балки тоҷикони бумии кишоварз мебошанд.[24]
Либоси мардуми чорводори саҳроҳои андроновҳо аз қабристонҳои ҳазораи 2-1 то м., хабари Геродот ва косаю табақҳои таҳиянамудаи юнониҳо барои скифҳо, гулдони Чертомлик, шона ва аз дигар бозёфтҳо ба хубӣ мушоҳида мешаванд. Либоси занҳо куртаи дароз, мӯза ва каллапӯши махсус ва либоси мардона аз камзӯл, шалвор, мӯза ва каллапӯши хос иборат буд. Либосҳо аз зағир ва пӯсту пашм тайёр карда мешуданд. Либоси пешкушоди ориёиҳоро хантҳо қабул карданд.
Костюм, курта, ҷома, камзӯл, шалвор ва каллапӯши ориёиҳои чорводорро туркон, қандизро ҳамчун либоси савора гурҷиҳо ва русҳо қабул кардаанд. Мӯйи дароз танҳо занҳои ориёӣ доштанд ва ин суннат ба дигар халқҳои ғайриориёии Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон интиқол ёфтааст. Шутури дукӯҳона низ моли ориёиҳо ва бохтариҳо буда, онро дигар халқҳои Осиё аз онҳо қабул кардаанд. Гардунаи дучархаи аспиро ориёиҳои саҳронавард ихтироъ намуда, дар шарқу ғарб паҳн намудаанд. Хитойиҳо аспу аробаро аз ҳамсояи ориёиҳои худ гирифтаанд.[25]
Бо мурури тараққиёт ва бархӯрди қабилаҳову қавмҳои маскунию саҳронавард, роҳу воситаҳо ва техникаи ҷангӣ низ такмил ёфт. Дар асрҳои XVI-XII то м. аз саҳроҳои Евроосиё сар карда то Дунай, Юнон, Осиёи Наздик, Миср ва баъдан Чин дастаи гардунаҳои дучархасавор интишор ёфтанд. Дастаи дучархасаворон дар шимолии Байнаннаҳрайн ҳукумати сиёсиро ба даст гирифта, давлати Митониҳоро ташкил намуданд.
Олимони таърихшинос қайд карданд, ки ҷорикунанда ва асосгузори дучархаҳои ҷангӣ Куртивази ориёӣ буд. Дар ҳамон давра вожаҳои Твишратха – «дорандаи гардунаи тезгард», Вриддхаша — «дорандаи аспони бузург», Абиратташ — «ба сӯйи гардуна нигоҳкунанда» ва ғайра унвону лақабҳои ашрофон маъмул гардид, ки аз шӯҳрати аспу гардуна гувоҳӣ медиҳанд. Вожаи ориёии rа+frstar — «дар гардуна истода», шахси ҳарбии гардунасаворро ифода мекард. Дар ҳамин вақт Кикулини ориёӣ дар бораи тарбия ва аспсаворӣ ба забонҳои хеттӣ, ошурӣ ва ғайра китоб навишта, ки ҳамаи истилоҳоти он ориёӣ мебошанд. Ҳақ ба ҷониби Кузмина Е.Е. аст, ки ориёиҳоро паҳнкунандаи санъати ҷангии гардуна ва савори аспу найза ва тирандозӣ медонад.[26]
Хоҷагии асосии саҳронавардон чорводорӣ буд. Дар Ригведа буққа образи Индра, асп образи худои оташ (Агнӣ), буз худои Пушанро ифода менамуд.[27] Вожаҳои буққа, модагов, говядина решаи ҳиндуаврупоӣ доранд. Вожаҳои ҷӯшидани шир, равған, панир дар забони ҳиндуориёӣ, финоугорӣ, юнонию славянӣ як мебошанд.[28]
Дар урфияти ориёиҳо мақоми ҳайвонотро аз рӯйи қурбонӣ намудани онҳо муайян менамуданд. Масалан, барои худоён ва бузургони худ аввал асп, баъд гов ва сонӣ гӯсфандро қурбонӣ менамуданд. Ин маънои онро дорад, ки аввал бузургдошти асп, баъд буққа ва сипас гӯсфанд буд. Дар Авесто ва Ригведа худоён посбону нигаҳбон ва бонии чарогоҳҳо ва галаю рама мебошанд. Галаю рамаро сарчашмаи давлатмандӣ меҳисобиданд.
Одамони маданияти неолитии Калтаманор дар гирду атрофии дарёи Хоразм (Арал) масоҳати калонро ишғол менамуданд. Бошандагони маданияти Ҳисор дар доманакӯҳҳо зиндагонӣ менамудаанд, вале калтаманориҳо танҳо дар даштҳо иқомат кардаанд. Олатҳои калтаманориҳо ва манзилгоҳҳояшон аз ҳисориён фарқ доштанд. Ҳисориён аз зарфҳои кулолӣ истифода накардаанд, онҳо шояд косаю табақи чӯбину чармин доштанд. Зарфҳои гилини калтаманорӣ даҳонкушод ва поёнашон тухмшакл буд. Баъзе кӯзаҳо бо чӯбча бо нақши мавҷӣ оро дода шудаанд.
Манзилгоҳҳои калтаманориҳо дар ёдгори Ҷамбосқалъа хуб омӯхта шудаанд. Хонаҳо заминӣ ва нимзеризаминӣ мебошанд. Онҳо нақши мудаввари бо ҳам монанд доштанд ва бо чӯбҳо ва чанорҳо пӯшонида мешуданд ва бо пӯсту қамиш аз борону барф рӯпӯш мегардиданд. Олот ва аслиҳа, тиру камон, пайкон, найза, теғҳо ҳама аз чахмоқсанг буданд. Онҳо ба чорводорӣ, моҳигирӣ ва шикор машғул мешуданд.[29]
Солҳои наздик дар назди Самарқанд бошишгоҳи Саргазон I-II пайдо намудаанд, ки дар он омезиши маданияти Ҳисор ва Калтаманор мушоҳида мешавад. Олоти сангии саргазониҳо ба ҳисориён ва зарфҳо ба зарфҳои калтаманориҳо монанд мебошанд. Ин гувоҳи он аст, ки мардуми ин маҳалҳо аз як мабдаъ ҳастанд.
Пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, дар маркази водии файзбори Ҳисор воқеъ шудааст. Душанбе ҳамчун пойтахти давлати ҳамноми тоҷикон соли 1924 таъсис ёфт ва дар асоси чанд деҳаи бузург шаҳри зебои муосир қомат афрохт. Ҳафриёти бостоншиносон дар солҳои охир собит карданд, ки мавзеи ҳозираи Душанбе таърихи қадима ва қалъаҳои хеле кӯҳна доштааст.
Дар замони неолит дар доманкӯҳҳои Осиёи Миёна одамони дорои маданияти ба худ хос зиндагӣ кардаанд. Аввалин бошишгоҳи одамони ин давра аз тарафи бостоншиноси машҳури шӯравӣ академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиёни Ҳисор кашф шудааст.[30] Осори моддии мардумони маданияти Ҳисор дар бисьёр ноҳияҳои Осиёи Миёна пайдо шудаанд, аммо аз ҳама хубтар ҳаёти онҳо дар бошишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҷониби В. А. Ранов дар водии Ҳисор, махсусан Тутқавули Норак, Сойи Сайёд, Дараи Шӯр, Кангурт, Булёни Поёни ноҳияи Данғара ва Кӯлоб омӯхта шудаанд.[31]
Дар деҳаи Тутқавул, ки баъди сохта шудани нерӯгоҳи Норак зери об монд, бошишгоҳи калони одамони ин давра тадқиқ шудааст, ки аз он садҳо олоти сангӣ ва чахмоқсангҳо пайдо шуданд. Тутқавулиён дар хонаҳои калони каппамонанди ба Калтаманорҳо шабеҳ мезистанд. Онҳо ба чорводорӣ моҳигирӣ ва шикорчигӣ машғул будаанд.
Дар Тутқавул қабри як одами калон ва ду кӯдакро кашф намуданд, ки онҳо халқавор якпаҳлу хобида буданд. Бо гуфтаи симошинос Т.П. Кияткина, онҳо симои аврупоӣ доштанд. Яке аз хусусиятҳои мардумони маданияти Ҳисор он буд, ки аз гил зарф намесохтанд. Онҳо шояд дигар хел зарфҳо доштанд. Аммо зарфсозиро медонстанд, дар бошишгоҳи Булёни Поёни Данғара дар фарши хона чуқуриҳои бо гаҷ андовашуда ёфт шуданд, ки дар онҳо ғалладона нигоҳ дошта мешуд. Дар хонаҳо чуқураки оташдон вуҷуд дорад, ки шояд барои сандалӣ кофта шуда, барои гарм шудан хизмат мекардааст.
Далелҳои зикршуда исбот мекунанд, ки мардумони маданияти Ҳисор ориёӣ будаанд ва бо ориёиҳои аз берун омада шиносоию дӯстӣ доштанд ва бештар бо чорводорӣ машғул буданд. Ҳисориён дар истеҳсолот бештар аз олоти сангӣ истифода кардаанд.
Бошишгоҳҳои асри биринҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ ё худ Бохтари шимолӣ кам омӯхта шудаанд. Бостоншиносон бештар ба омӯзиши қабристонҳои ин давра диққат додаанд. Дар водиҳои Вахшу Кӯлоб ҳанӯз деҳаҳо ё шаҳракҳои асри биринҷӣ ёфт нашудаанд. Шояд онҳо дар водиҳо буда, вале дар натиҷаи аз бар намудани заминҳо ва ба пахтазор табдил додани онҳо нобуд шуда бошанд. Як деҳаи асри биринҷӣ дар ноҳияи Кангуртут хуб омӯхта шудааст. Азбаски бошандагони Кангуртут дар доманкӯҳ зиндагӣ доштанд, бисёр хонаҳои онҳо хароб шудаанд ва нақшаи комили онҳо боқӣ намондааст. Кангуртутиён барои хонаҳои худ ҷариро бурида, онро ҳамвор намуда, як бахши деворҳои хонаро ба ҷарии бурида зич сохтаанд. Баъзе хонаҳо тарафи ҷариро девор намуда майдонча сохта, дар болои он хонаҳо бунёд кардаанд. Хонаҳои похсадевор аз ду то се ҳуҷра доштанд. Дар хонаҳо танӯр барои нонпазӣ ва дар хонаҳои нишаст сандалӣ ва ҷойи хӯрду хоб вуҷуд дошт.
Хонаҳои Кангуртутиён ба монанди хонаҳои имрӯзаи тоҷикон мебошанд. Дар бунёди хонаҳо санг ва деворҳои болои он аз похса сохта шудаанд. Бомҳоро бо чӯб мепӯшонданд. Барои пӯшишро нигоҳ доштан аз сутунҳо истифода кардаанд. Мардумони доманкӯҳҳои Тоҷикистон ҳама чунин хонаҳо доштанд. Хонаҳои ҳар оила алоҳида буда, барои нигоҳ доштани молу гов аз оғил ва ҳавлии кушод истифода мекарданд. Ба гуфтаи Н. Виноградова ва Е.Е. Кузмина тарзи зиндагонии Кангуртутиёну Кӯлобиён бо андроновҳои чорводор бештар монанд буд.[32]
Кангуртутиён ба кишти арзан, ҷав, гандум ва дигар зироатҳои лалмӣ машғул буданд. Дар қисмати боғдорӣ ангур, себ, нок ва харбузаю тарбуз низ парвариш менамуданд. Ин меваҳо барои онҳо муқаддас буданд. Касби асосии Кангуртутиён чорводорӣ буд ва онҳо дорои рамаю галаи бузу гӯсфанд, гову аспон буданд. Дар Кангуртут кӯраи зарфпазии дуқабата ёфт шудааст, ки дар он ҳама гуна зарфҳоро мепухтанд. Зарфҳои аз қабристони Кангуртут ёфтшуда, бештар дар чархи кулолӣ бо санъати баланд сохта шудаанд. Умуман, дар ин давра дар минтақаи Кӯлоб кулолони касбӣ кору амал менамуданд. Албатта, зарфҳои дастисози ба маданияти андроновҳо тааллуқдошта низ вомехӯранд, аммо бештари бозёфтҳои коса, табақ, хурма, кӯзаҳои об дар чархи кулолӣ сохта шудаанд ва маҳсули ҳунармандони касбӣ ва шаҳрӣ мебошанд. Тоҷикистони Ҷанубӣ дар ҳазораҳои 2- то м. аз ҷониби мардумони кишоварзи бумӣ ва чорводори айлоқӣ азхуд шуда буд. Яъне мардумони кӯҳистони Бохтар ҳамқадами тамаддуни замони худ буданд.
Омӯзиши қабристони Кангуртут, Баракикурут ба он далолат мекунад, ки бошандагони он дар охири ҳазораи 2 то м. ба дини зардуштӣ гаравидаанд. Яъне қабрҳо ёдбудӣ буданд. Ҷасади одамони мурдаро дар Баракикурут дар дахма мегузоштанд ва гӯшти онҳо аз ҷониби лошахӯрҳо пок карда мешуд ва боқимондаи устухонҳои тозаро дар қабр мегузоштанд. Ин урфу одат дар нимаи дуюми ҳазораи 2 то м. ва аввали ҳазораи I то м. дар минтақаи Кӯлоб паҳн шуда буд.
Бошишгоҳҳои асри биринҷ дар Тошгузар, Даҳана ва Тутқавули ноҳияи Данғара, Ғелоту, Луликутал ва Каримбердии Кӯлоб тадқиқ шудаанд. Ҳаёти одамони бошишгоҳҳои зикршуда ба монанди Кангуртиён буд. Мардуми Хатлони бахши Бохтар дар ҳазораи 2 то м. аз ориёиҳо иборат буд. Онҳо дар даштҳо ва доманкӯҳҳо зиндагонӣ менамуданд буданд[33]1 ва дар пешрафти тамаддуни ориёӣ ҳиссаи муносиб гузоштаанд.
Тавзеҳот
_______________
[1] Массон В. М. Поселение Джайтун. Проблема становления производяшей экономики. // МИА, 180.М., 1971.
[2] Муфассалан ниг.: Исаков А. Саразм. Душанбе, 1991. – с.100.
[3] Исаков А. Саразм. – с.126.
[4] Массон В. М. Первые цивилизации. М., 1989. – с.143.
[5] Массон В. М. Первые цивилизации. – с.158.
[6] Ҳамон ҷо. – с.151.
[7] Массон В. М. Первые цивилизации. – с. 168-169.
[8] Ҳамон ҷо. – с. 170-171.
[9] Массон В. М. Сарианиди В. И. Среднеазиатская терракота эпохи бронзы. М., 1973. – с.38-40;
[10] Массон В. М. Первые цивилизации. – с. 168.
[11] Ҳамон ҷо. – с. 167.
[12] Сарианиди В.И. Древнебактерийский пантеон // Информационный бюллетень ЮНЕСКО, вып.10. рис.51.
[13] Массон В. М. Первые цивилизации. – с. 172-173.
[14] Сарианиди В.И. Древности сраны Маргуша. Ашхабад, 1990. – с.14-15.
[15] Массон В. М. Первые цивилизации. – с. 174.
[16] Ҳамон ҷо. – с. 174.
[17] А. Аскаров., Ю. Ф. Буряков и др. Теоретические и методические проблемы исследования в археологии. Ташкент, 1988. – с. 17-35.
[18] Муин М. Маздаясно ва таъсири он дар адабиёти порсӣ. Теҳрон, 1326. – с. 193-198.
[19] Сарианиди В. И. Древние земледельцы Афганистана М., 1977. – с. 23-27.
[20] Ҳамон ҷо. – с. 40-41.
[21] Культурная и этническая атрибуция пастушеских племен Казахстана и Средней Азии эпохи бронза // ВДИ. № 2. 1988. – с.55.
[22] Кузьмина Е. Е. Откуда пришли индоарии. М., 1994. – с. 107-137.
[23] Ҳамон ҷо. – с. 107-137.
[24] Ҳамон ҷо. – с. 152-155.
[25] Кузьмина Е. Е. Откуда пришли индоарии. – с. 159-167.
[26] Ҳамон ҷо. – с. 211-214.
[27] Ҳамон ҷо. – с. 47.
[28] Абаев В. И. Историко-этимологический словарь осетинского языка. т. III, М. 1979. – с.155-156., Гамкрелидзе Т.В., В.В.Иванов, Индоевропейский язык и индоевропейцы. – с. 563-573.
[29] Толстов С. П. Древний Хорезм. М., 1948.
[30] Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. МИА, 66, М-Л, 1958. – с. 14-19.
[31] Ранов В. А. Гиссарская культура: распространение, хронология, экономика. // Культура первобытной эпохи Таджикистана. Душанбе, 1982.
[32] Виноградова Н., Кузьмина Е. Е. Контакты степных и земледельческих племен Средней Азии в эпоху бронзы. Восточный Туркестан и Средняя Азия в системе культур древнего и средневекового Востока. М. 1986;
[33] Виноградова Н. М. Юго-Западный Таджикистан в эпоху поздней Бронзы. М.1904; Яъқубов Ю. Довутов Д., Филимонова Т. Археологические раскопки в г. Кулябе и на прилегающих территориях в 2001-2003гг. – АРТ, вып.30, Душанбе, 2005.