Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.5.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо

Ҳайтолиён ва тамаддуни ориёӣ

Тавре ки дар боби гузашта гуфтем, дар давраи ҳукмронии Шопури I (с. 240-272) ва Шопури II (с. 309-379) Сосониён як қатор вилоятҳои ғарбии давлати Кушониёнро забт карда, ба давлати худ ҳамроҳ намуданд. Дар натиҷаи ин ва дигар ҳодисаҳои дар нимаи дуюми а. IV-V рух дода, давлати бузурги Кушониён амалан барҳам хӯрда, ба мулкҳои сершумори на чандон калони мустақил ва ниммустақил тақсим мешавад.

Яке аз охирин шоҳони кушониёни бузург Цидоло (Кидара) буд. Мувофиқи ахбори солномаи хитоӣ Бэйши, ӯ дар зери фишори қабилаҳои хун пойтахти худро аз Ланши ба Боло кӯчонда, дар шимоли Ҳиндустон панҷ вилоятро забт карда, аз номи худ дар он ҷо сиккаҳои тиллоӣ ва нуқрагин бароварад.[1′] Санаи ин ҳодиса дақиқ маълум нест ва муҳаққиқон онро ба замонҳои гуногун – миёнаи а. IV ё нимаи аввали а. V нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин солҳо ба саҳнаи таърихии Осиёи Миёна қабилаҳои нав – хиониҳо баромаданд. Табарӣ дар бораи ҷанги Баҳроми V (с. 420-439) бо хоқони турк (подшоҳи хиониҳо) дар ҳудуди Мовароуннаҳр хабар додааст. Дар аввали а. IV – нимаи аввали а. V дар Осиёи Миёна, аз чумла Бохтар хиониҳо ҳукмронӣ мекарданд. Аммо дар бораи чӣ гуна сохтори сиёсӣ ташкил кардани ин қабилаҳо дар минтақаҳои ишғол кардаашон ягон хел маълумот нест. Эҳтимол онҳо ин минтақаҳоро ишғол карда, иттиҳодияи ҳарбӣ-сиёсиро дар зери васояти худ ташкил карданд, ки аз вилоятҳои зиёди расман мутеъ ва аммо амалан мустақил иборат буд. Яъне хиониҳо давлати мутамарказ ташкил накарда буданд.

Хиониҳоро дар арсаи таърих ҳайтолиён иваз карданд. Муаррихони қадим кушониён, хиониҳо ва ҳайтолиёнро бисёр вақт бо ҳам омехта кардаанд ва баъзан бо ҳам хеш будани ҳайтолиёну кушониён ва ё хиониҳою кушониёнро таъкид кардаанд. Дар ин асос аксари олимон ба хулосае омадаанд, ки хиониҳо ва ҳайтолиён мисли кушониён ба гурӯҳи қабилаҳои сакоӣ-масагетии Осиёи Миёна дохил мешуданд ва онҳо, кушониён, хиониҳо ва ҳайтолиён ба ҳам хеш буданд. Бори нахуст ҳайтолиён (яфталиён, эфталитҳо) с. 450 номбар шудаанд. Муаррихи қадими арманӣ Егише Вардапет навиштааст: «Яздигурд лашкари калон ҷамъ карда, ҳаракат намуд ва ба сарзамини яфталиён (ҳайтолиён) расид. Шоҳи кушониён аз задухӯрд худдорӣ кард. Ӯ бо лашкараш ба қисматҳои дур ва дастнораси биёбон гурехт». Ин ахбор барои муайян кардани ватани ҳайтолиён низ аҳамияти калон дорад. Гап дар сари он аст, ки доир ба ин масъала ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки мо поёнтар дар бораи онҳо сухан хоҳем гуфт. Дар ахбори Егише Вардапет номбар шудани шоҳи кушониён гувоҳи он аст, ки ин ҳодиса дар шарқи Эрон дар Бохтар (Тохаристон) рух дода буд. Чунки сосониён мулки кушониён гуфта, пеш аз ҳама Бохтарро дар назар доштанд. Аз ин бармеояд, ки сарзамини ҳайтолиён маҳз дар ҳамин минтақа, аниқтараш дар Бохтари Шарқӣ воқеъ шуда буд. К.В.Тревер аз ахбори Егише Вардапет ба чунин хулоса омадааст, ки дар он вақт ҳайтолиён ҳанӯз мустақил набуда, тобеи кушониён буданд. Аммо Б.Ғафуров ин ақидаро рад намуда, дуруст фармудаанд, ки дар ин солҳо Бохтар аллакай дар дасти ҳайтолиён буд. Сосониён ба анъанаҳои пеш такя карда, шоҳи ҳайтолиёнро шоҳи кушонӣ номидаанд. Онҳо ҳанӯз аз ҳамдигар фарқ доштани ҳайтолиён ва кушониёнро дуруст дарк намекарданд. Чунки то ин вақт онҳо дар ин минтақа бо кушониён сару кор доштанд. Ин санад аз ҷониби дигар дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки ҳайтолиён аз дохили давлати кушониён баромада буданд ва барои ҳамин дар ибтидо сосониён ба мисли пештара онҳоро кушонӣ гумон мекарданд. Дар ин ҷанг баъди қафонишинии шоҳи кушониён (шоҳи ҳайтолиён) Яздигурди II шаҳру қалъаҳои зиёди кушониёнро ишғол карда, ғанимати бисёр ба Эрон баргашт.

Егише Вардапет хабар додааст, ки с. 453-454 Яздигурди II боз ба шоҳи кушониён ҳамла кард, аммо сахт шикаст хӯрд. Муҳаққиқон дар робита ба ин задухӯрд дуруст фармудаанд, ки он байни сосониён ва ҳайтолиён сурат гирифта буд. Ҳайтолиён баъди ғалаба дар ин муҳориба ба хоки Эрон дохил шуда, қисматҳои шарқии онро талаву тороҷ намуданд.

Соли 456 ҳайтолиён, мувофиқи ахбори солномаи хитоӣ Бэйши, ба Хитой сафорат фиристоданд. Соли 457 аз рӯи ахбори Табарӣ шоҳи ҳайтолиён Хушнавоз (Ахшунвар), ки вилоятҳои Ғарчистон, Тахористон, Балх, Бадахшон ва ғайраро дар дасташ дошт, ба Фирӯз лашкар дод, то ӯ рафта тахтро аз дасти бародараш кашида гирад.[1]

Аз рӯи ахбори овардашуда, мо дақиқ гуфта метавонем, ки давлати Ҳайтолиён дар с. 450 аллакай вуҷуд дошт. Асоси ин давлатро вилоятҳои навакак номбаршудаи Бохтар ташкил мекарданд. Дар нимаи дуюми а.V шоҳи сосониён Фирӯз, ки бо ёрии ҳайтолиён соҳиби тахт шуда буд, се бор ба сарзамини онҳо ҳуҷум кард ва ҳар се бор шикаст хӯрд. Ҳайтолиён боз ба вилоятҳои шарқии Эрон дохил шуда, онҳоро талаву тороҷ намуданд. Эрон ба мӯҳлати дуру дароз боҷгузори ҳайтолиён гардид. Сабаби ин ҷангҳо дар он буд, ки ҳанӯз дар а. III сосониён қисматҳои шарқии Бохтарро аз дасти кушониён кашида гирифта буданд. Аз ахбори дар боло овардашудаи Табарӣ маълум мешавад, ки с. 457 ҳайтолиён аллакай Бохтари Ғарбиро аз Сосониён баргардонда гирифта буданд. Мақсади ҳамлаҳои Фирӯз бар зидди ҳайтолиён ба аз нав ишғол кардани ин минтақа ва беҳатар гардондани сарҳадҳои шарқии Эрон аз ҳуҷуми оніо буд.

Ҳанӯз пеш аз сар шудани ҷангҳо бо Фирӯз ҳайтолиён ба ҷануб лашкар кашида с. 460 дар Ҳиндустони Шимолӣ вилояти Гандхараро ишғол намуданд.[2]

Баъди шикаст додани сосониён ва мустаҳкам кардани мавқеи худ дар сарҳад бо Эрон, ҳайтолиён забткориҳои худро дар Ҳиндустон идома доданд. Шоҳи ҳайтолиён Тораман (с. 490-515) Синд, Раҷастон ва водии Ҷамна-Гангро тасарруф намуд. Ҳайтолиён дар самти шимолӣ-шарқӣ низ ба муваффақиятҳои калон ноил шуданд. Дар байни солҳои 470-509 онҳо Турфон, Урумчи, Хутан, Кошғар ва дигар вилоятҳои Туркистони Шарқиро забт намуданд.[3] Ҳайтолиён дар ин солҳо то андозае пурқувват шуда буданд, ки с. 522 яке аз ҳокимони вилояте дар Хара-Хото бар зидди Хитой шӯриш бардошта, ба назди ҳайтолиён гурехт ва аз онҳо ёрӣ хост. Ӯ се хоҳари худро ба шоҳи ҳайтолиён ба занӣ дод.

Дар байни с. 467-470 ва 480 ҳайтолиён Суғдро ишғол намуданд. Дар сарчашмаҳои хитоӣ ва мусулмонӣ кишварҳое, ки ба ҳайати давлати ҳайтолиён дохил мешуданд, номбар карда шудаанд. Солномаи Ляншу хабар додааст, ки вилоятҳои Тошқурғон, Кашмир, Қарашаҳр, Куча, Қошғар, Хутан тобеи ҳайтолиён буданд. Дар ин бора Табарӣ, Диноварӣ, Мирхонд ва дигар муаррихони тоҷику форс ва араб маълумоти муфассалтар додаанд. Мувофиқи ахбори онҳо, ба ҳайати давлати ҳайтолиён Тохаристон, Чағониён, Кобулистон, Зобулистон, Синд, Буст, Аррухаҷ ва ҳамчунин Самарқанд, Бухоро, Кеш, Насаф, Фарғона ва Чоч дохил мешуданд.

Ҳамин тавр, то аввали а. VI давлати ҳайтолиён хеле васеъ шуда, тамоми Бохтар, Шимоли Ҳиндустон, Осиёи Миёна ва Туркситони Шарқиро дар бар мегирифт. Сосониён барин давлати пурзӯри он замон, ки империяи Румро чандин маротиба шикаст дода буд, маҷбур шуд ба ҳайтолиён боҷ месупорид.

Мувофиқи солномаи хитоӣ Тан пойтахти ҳайтолиён дар ш. Ланши воқеъ гардида буд. Аммо солномаи Бэйши ш.Бодиёнро пойтахти онҳо номидааст. Дар куҷо ҷойгир будани ш.Ланши маълум нест. Шаҳри Бодиёнро аксари олимон дар қисми ғарбии вилояти Бадахшон ҷой медиҳанд,[4] ки ин ба ҳақиқат наздик аст, чунки ин ду ном бо ҳам хеле монанд мебошанд. Эҳтимол дар ибтидо пойтахти ҳайтолиён ш.Бодиён (Бадахшон) буд ва баъди густариш ёфтани давлаташон онҳо пойтахтро ба ш.Ланши (Балх?) кӯчониданд. Шояд баъди ин ҳам Бадахшон ҳамчун пойтахти дуюм ба шумор мерафт.

Яке аз масъалаҳои мураккаби таърихи ҳайтолиён ин муайян кардани мансубияти миллии онҳо мебошад. Дар ин бора муаррихони қадим маълумоти гуногун ва дар бисёр маврид бо ҳам зид додаанд. Олимони муосир низ доир ба ин масъала фикрҳои мухталиф баён кардаанд.

Яке аз масъалаҳои баҳснок ин робитаи байни хиониҳо, ҳайтолиён ва кушониён мебошад. Дар бораи хиониҳо маълумот хеле кам аст. Аммиан Марселлин хабар медиҳад, ки дар шарқ ба давлати Сосониён «хиониҳо ва евсенҳо» таҳдид мекарданд ва Шопури II маҷбур шуд бо лашкар ба он ҷо равад. Дар ҷои дигар ин муаррих хабар додааст, ки с. 359 хиониҳо бо сардории шоҳашон Грумбат ҳамчун иттифоқчиёни сосониён дар ҳамла ба шаҳри Амидаи Сирия иштирок карданд. Егише Вардапет хабар додааст, ки Яздигурд ногаҳон ба сарзамини «хонҳо, ки кушонӣ низ номида мешаванд» ҳуҷум кард. Албатта дар асоси ин маълумот муайян кардани макони пайдоиши хиониҳо ва мансубияти миллии онҳо кори хеле душвор аст. Аммо дар асоси ба забонҳои шарқии эронӣ тааллуқ доштани номи шоҳи онҳо Грумбат ва баръакси гуннҳо сурати зебо доштани онҳо ва баъзе маълумоти дигар олимон ба хулосае омадаанд, ки хиониҳо халқи ориёии маҳаллии Осиёи Миёна буда, ба гурӯҳи қабилаҳои сакоию масагетӣ, ки кушониён низ ба онҳо тааллуқ доштанд, дохил мешуданд.

Ба ақидаи аксари олимон, онҳо аз ҷанубу шарқи баҳри Каспий ҳаракат карда, Суғд ва Бохтарро ишғол намуданд.[5] Дар ҳар сурат хиониҳо, ки бори аввал номашон дар миёнаи а. IV пайдо мешавад, халқи маҳаллии Осиёи Миёна буда, бо эҳтимоли зиёд ориёинажод буданд. Дар бораи ба қавми ғайриориёӣ тааллуқ доштани онҳо ягон хел маълумот нест. Мо хиониҳоро барои он номбар кардем, ки мувофиқи ахбори сарчашмаҳо дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, Бохтар пеш аз ҳайтолиён онҳо ҳукмронӣ кардаанд. Ба ғайр аз ин муаррихони қадим дар бисёр маврид хиониҳо ва ҳайтолиёнро як халқ шумурдаанд. Дар тавсифи як ҳодиса баъзеяшон ҳамчун иштирокчии асосӣ хиониҳоро ва баъзеи дигарашон ҳайтолиёнро номбар кардаанд. Дар ин асос баъзе олимон пешниҳод кардаанд, ки ин ду халқро аз ҳам амалан ҷудо карда намешавад ва барои ифодаи онҳо бояд ибораи хиониҳо-ҳайтолиён истифода бурда шавад.[6] Аммо бо вуҷуди ҷолиб ва моҳиятан дуруст будан, ин пешниҳод бо ахбори сарчашмаҳои хаттӣ, ки баъди соли 450 бештар дар ҳодисаҳои Осиёи Миёна ҳайтолиёнро номбар мекунанд ва онҳо дар ин ҷо давлати паҳновари худро ташкил карда буданд, чандон мувофиқ нест.

Сарчашмаҳои мусулмонӣ дар ин давра ҳамчун ҳукмрони ин минтақа танҳо ҳайтолиёнро номбар кардаанд. Бо назардошти ин ҳолат ба андешаи мо беҳтар он аст, ки аз миёнаи а. IV то миёнаи а. V мо номи хиониҳоро истифода барем, чунки дар ин муддат маҳз онҳо дар Осиёи Миёна қувваи пешбаранда ва асосии ҳарбӣ-сиёсӣ буданд. Аз миёнаи а. V ва то солҳои 60-уми а. VI қувваи пешбаранда ҳайтолиён мешаванд ва онҳо давлати бузургеро ташкил мекунанд. Аз ин рӯ, барои ин мӯҳлати таърихӣ беҳтараш этноними ҳайтолиёнро (яфтолиёнро) истифода барем. Ин гуна истифодабарии номҳои этникии хиноиҳо ва ҳайтолиён воқеияти таърихиро дурусттар инъикос менамояд. Дар зимн, албатта, мо умумияти нажодии ин ду халқи ориёиро бояд ҳамеша дар назар дошта бошем.

Прокопий Кесарийский ҳайтолиёнро аз тоифаи гуннҳо номидааст, аммо таъкид кардааст, ки онҳо аз гуннҳои боқимонда фарқ доранд, бо онҳо ҳамсарҳад нестанд, бар хилофи онҳо сафедпӯст ва зебоандом буда, муқимнишинанд, подшоҳ ва давлату қонун доранд. Дар асоси ин ахбор тахмин кардан мумкин аст, ки ҳайтолиён қавми муқимнишин ва ориёнажоди Осиёи Миёна (Бохтар) буданд.

Солномаҳои хитоӣ дар бораи мансубияти миллии ҳайтолиён маълумоти мухталиф дода, онҳоро ҷузъи кушониён (юэҷҳо), қабилаи туркӣ, турфонӣ (чеши), авлоди Канка номидаанд. К.Еноки ахбори солномаҳои хитоиро ҳамаҷониба таҳлил карда, ба хулосае омадааст, ки муаллифони онҳо дар бораи ҳайтолиён маълумоти дақиқ надоштанд. Ин нуктаро яке аз солноманависони қадими хитоӣ низ таъкид кардааст. Олимони аврупоӣ низ дар масъалаи мансубияти миллии ҳайтолиён ақидаҳои мухталиф пешниҳод кардаанд. Баъзе олимон (Ҷ.Клапорт, Ҷ.Маркварт ва ғ.) онҳоро турк ва ҳатто муғул номидаанд.[7] Аммо барои чунин хулоса баровардан далели боэътимод мавҷуд нест. Ҳузури калимаҳои туркии хоқон, тегин ва баъзе аломатҳои дигари туркӣ-муғулӣ дар сиккаҳои ҳайтолиён, агар онҳо дар ҳақиқат ба замони ҳайтолиён тааллуқ дошта бошанд, сабабҳои дигар доранд ва дар ин бора мо поёнтар сухан хоҳем гуфт. Аз ҷониби дигар ин аломатҳо барои ҳайтолиён ҷузъӣ буданд, на асосӣ ва муайянкунанда. Р.Гиршман, К.Еноки ва бисёр олимони дигар ҳайтолиёнро халқи ориёинажоду ориёизабон мешуморанд. Дар вақтҳои охир ориёизабон будани ҳайтолиёнро бештари олимон қабул доранд.

Барои муайян кардани мансубияти миллии ҳайтолиён сиккаҳо сарчашмаи муҳим мебошанд. Дар сиккаҳо сурати шоҳони ҳайтолӣ мавҷуданд ва ин имконият медиҳад, ки мо мансубияти нажодии онҳоро муайян кунем. Аммо ахбори сиккаҳо масоҳатан маҳдуд аст, чунки онҳоро асосан дар Шимоли Ҳиндустон, ҷануби Афғонистон ва баъзе ноҳияҳои дигари ҳамҷавор ёфтаанд. Ҳатто дар Тахористон, ки бешубҳа маркази давлати ҳайтолиён буд, ин сиккаҳо ба миқдори хеле кам ёфт шудаанд. Яъне дар асоси сиккаҳо мо наметавонем дар бораи тамоми қаламрави давлати ҳайтолиён, алалхусус дар бораи маркази онҳо – Тахористон хулоса барорем. Дар ин кишвар ва дигар вилоятхои тобеи ҳатолиён сиккаҳои сосонӣ ва тақлидии сосонӣ бароварда мешуданд ва дар муомилот буданд. Дар онҳо на сурати шоҳони ҳайтолӣ, балки сурати шоҳони сосонӣ тасвир шудаанд. Бо вуҷуди камбудиҳои номбар шуда, аз рӯи сиккаҳо мо метавонем дар бораи сурат ва шаклу шамоили шоҳони ҳайтолӣ тасавурроти муайян пайдо намоем. Дар аксарияти кулли сиккаҳо шоҳони ҳайтолӣ шакли ориёӣ-аврупоӣ доранд. Аммо дар баъзе сиккаҳо, махсусан дар онҳое, ки симои шоҳ на аз бар, балки аз пеш тасвир шудааст, чеҳраи шоҳ бо нишонаҳои туркӣ- муғулӣ инъикос шудааст.[8]

Ба ибораи дигар, дар симои ин шоҳон омезиши туркӣ-муғулӣ эҳсос карда мешавад. Ин ҳодиса метавонист дар натиҷаи никоҳҳои сулолавӣ байни шоҳони ҳайтолӣ ва пешвоёни қабоили туркӣ-муғулӣ, ки дар канораҳои шимолу шарқии давлати ҳайтолиён ё берун аз он дар вилоятҳои ҳамҷавор зиндагӣ мекарданд, рух дихад. Сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи ба шоҳи ҳайтолиён се хоҳари худро ба занӣ додани пешвои яке аз қабилаҳои жуан жуан с. 522 хабар додаанд. Ин гуна никоҳҳои сиёсӣ-сулолавӣ метавонистанд пеш аз ин ва баъди он низ ба вуҷуд оянд. Аз ҷониби дигар ин гуна сиккаҳо метавонистанд ба давраи баъди ҳайтолиён низ тааллуқ дошта бошанд.

Навиштаҷоти сиккаҳои ҳайтолӣ бо забони ориёӣ (бохтарӣ) иҷро карда шудаанд.[9] Ҳуҷҷатҳои ҳайтолиён, ки дар Туркистони Шарқӣ ёфт шудаанд, бо забони Шарқии Эронӣ навишта шудаанд. Муаллифи солномаи Бэйми возеҳу равшан гуфтааст, ки забони ҳайтолиён аз забони туркӣ ва муғулӣ комилан фарқ мекунад. Баъзе олимон идао доранд, ки ҳайтолиён ин забонро аз аҳолии маҳаллии ориёӣ қабул кардаанд, яъне ин забони модарии онҳо набуд. Аммо барои тасдиқи ин фикр онҳо ягон далели мушахас пешниҳод накардаанд. Фарзияи онҳо пурра қиёсӣ аст ва сазовори қабул кардан нест.

Ба ақидаи С.П.Толстов, А. Стейн ва Ғ. Алтҳайм, аксари номҳои ҳайтолӣ туркӣ мебошанд.[10] Ба ин ақида розӣ шудан душвор аст. Масалан, номи ду шоҳи ҳайтолиён – Ахшунвар ва Готифар пурра ва бешубҳа ориёӣ мебошанд. Номҳои шоҳони дигари ҳайтолиён Тораман, Михиракула низ, бо эҳтимоли зиёд, ориёианд. Ин номҳо ориёнажод будани ҳайтолиёнро равшану возеҳ собит месозанд.

Ба фикри Ф. Андреас, номи шоҳи хиониҳо Грумбатро дар асоси забонҳои эронӣ ҳамчун «Пуштибонаш Баҳром» маънидод кардан мумкин аст.[11] Дар масъалаи ватани хайтолиён низ ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ин ақидаҳо дар ҷилди якуми «Таърихи халқи тоҷик» бо забони русӣ ва китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров муфассал таҳлил ва баррасӣ шудаанд. Аз байни онҳо се ақидаи асосиро ҷудо кардан мумкин аст, ки мувофиқи онҳо ватани ҳайтолиён дар минтақаҳои зерин ҷойгир буд: Шарқи баҳри Каспий (С.П. Толстов ва дигарон); Туркистони Шарқӣ (Р.Гиршман); Бадахшон (К.Еноки).

Тарафдорони ҳар се ақида барои исботи фикрашон далелҳои гуногун пешниҳод кардаанд. Ба назари мо, далелҳои мавҷуда ва маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ба фоидаи фикри сеюм, яъне дар Бадахшон будани ватани ҳайтолиён шаҳодат медиҳанд.

Тавре ки зикр шуд, Егише Вардапет дар бораи бар зидди шоҳи кушониён ҳамла кардани Яздигурд ва ба сарзамини ҳайтолиён расидани ӯ хабар додааст. Номбар шудани шоҳи кушонӣ шоҳиди боэътимодест, ки ин ҳодисаҳо дар шарқи Эрон, дар Бохтар рух додаанд ва сарзамини ҳайтолиён дар шарқтар, дар Бадахшон ҷойгир буд. Ин фарзияро солномаи Бэйши тасдиқ мекунад. Мувофиқи он пойтахти ҳайтолиён дар Бодиён (Бадахшон) воқеъ гардида буд.

Ахбори Табарӣ низ ин фарзияро то андозае тасдиқ менамояд. Ба қавлӣ ӯ, асоси давлати ҳайтолиёнро дар ибтидои ташкилшавиаш Ғарчистон, Тахористон, Балх ва Бадахшон ташкил мекарданд. Ба ин маълумот як санади ба назари мо, хеле муҳим ва ҷолибро илова кардан лозим аст. Дар Бадахшони Афғонистон то имрӯз ноҳияи калоне бо номи Яфтал вуҷуд дорад ва сокинони онро мардуми атроф яфталӣ мегӯянд. Шубҳае нест, ки ин ном аз ҳамон давраҳои қадим боқӣ мондааст. Дар Бадахшони Тоҷикистон калимаи «яфтал» ҳамчун номи шахсӣ низ дучор мешавад. Ин аснод фарзияи ватани ҳайтолиён будани Бадахшонро тақвият медиҳанд.

Дар робита бо мансубияти миллии ҳайтолиён олимон дуруст таъкид кардаанд, ки ба ҳайати иттиҳодияи онҳо халқхо ва қабилаҳои гуногун дохил мешуданд. Ба андешаи мо як сабаби маълумоти мухталиф додани муаррихони қадим дар бораи ҳайтолиён дар ҳамин аст. Худи ҳайтолиён бо эҳтимоли зиёд ориёнажод ва аз Бадахшон буданд. Баъди Осиёи Миёна, Туркистони Шарқӣ ва Ҳиндустони Шимолиро ишғол кардани онҳо ба ҳайати давлаташон халқу қабилаҳои гуногун дохил шуданд. Аксарияти кулли ин халқҳо мисли худи ҳайтолиён ориёнажод ва ориёизабон буданд. Дар байни онҳо ориёиҳои кӯчманчӣ низ буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки ба ин иттиҳодия дар қисматҳои шимолу шарқи Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ баъзе қабилаҳои туркӣ ва муғулӣ низ дохил шуда буданд. Аз сабаби он ки ин қабилаҳо низ ҳамчун ҷузъи давлати Ҳайтолиён дониста мешуданд, муаррихони қадим ва, пеш аз ҳама, хитоӣ дар барои ҳайтолиён маълумоти мухталиф дода, баъзан онҳоро турку муғул номидаанд.

Дар бораи сохти иҷтимоию иқтисодӣ ва маданияти ҳайтолиён маълумот хеле кам аст. Аз сарчашмаҳои хаттии қадим дар бораи тарзи зиндагонии ҳайтолиён Прокопий Кесарӣ маълумоти нисбатан муфассал додааст. Ӯ навиштааст: «Гарчанде ки яфталиён аз тоифаи гуннҳоянд ва чунин номида мешаванд, аммо онҳо бо он гуннҳое, ки мо онҳоро медонем, омехта намешаванд ва алоқа надоранд, чунки бо онҳо ҳамсарҳад нестанд ва аз онҳо дур зиндагӣ мекунанд…, онҳо мисли дигар халқҳо кӯчманчӣ нестанд ва аз қадим дар сарзамини серҳосил зиндагӣ мекунанд… Аз байни гуннҳо танҳо онҳо бадани сафед доранд ва безеб нестанд ва мисли онҳо ваҳшиёна зиндагӣ намекунанд, онҳо як подшоҳ ва давлати қонунӣ доранд ва дар муносибат байни якдигар ва ҳамсояҳо адолатро на камтар аз румиҳо ва форсҳо риоя мекунанд.[12] Аз ин ахбор бармеояд, ки ҳайтолиён халқи муқиминишин буда, давлат ва қонун доштанд. Ба ибораи дигар гӯем, онҳо халқи мутамаддин буданд. Муаррихи дигари қадим Менандр онҳоро «қабилаи шаҳрнишин» номидааст. Ин ахбор бо ақидаи аз Бадахшон будани ҳайтолиён то андозае мувофиқ аст. Бадахшон яке аз минтақаҳои муқимнишини Бохтар буда, аз қадим шаҳру деҳаҳои зиёд дошт. Танҳо сарчашмаҳои хитоӣ ҳайтолиёнро кӯчманчӣ номиданд. Аммо онҳо таъкид кардаанд, ки дар гузашта онҳо шаҳру деҳкадаҳои истеҳкомдори зиёдро забт карда, онҳоро идора мекарданд. Шояд дар байни ҳайтолиён қабилаҳои кӯчманчӣ низ буданд ё сарчашмҳои хитоӣ саҳван қабилаҳои кӯчманчии ба ҳайати ин давлат дохил кардашударо ҳайтолӣ гӯён тавсир кардаанд.

Давлати Ҳайтолиён ба маънои томаш мутамарказ ва дорои дастгоҳи ягонаи идоравӣ набуд. Маълумоти мавҷуда дар барои он шаҳодат медиҳанд, ки танҳо дар Тохаристон, Ҳиндустони Шимолӣ ва эҳтимол баъзе вилоятҳои дигар сулолаҳои маҳаллӣ бо намояндагони сулолаи ҳайтолиён иваз карда шуданд. Дар Самарқанд, Бухоро ва дигар вилоятҳои ба ҳайати давлати Ҳайтолиён дохил кардашуда сулолаҳои маҳаллӣ боқӣ монданд. Ҳамаи қариб 40 вилоятҳои ба Ҳайтолиён тобеъбуда, ба онҳо хироҷ месупориданд, ҳокимияти сиёсии онҳоро эътироф мекарданд ва эҳтимол дар ҳолатҳои ҷанг дастаҳои худро ба ёрии шоҳи ҳайтолиён мефиристоданд.

Ҳайтолиён лашкари тавоно доштанд, дар он саворагон мақоми асосиро ишғол мекарданд. Яроқи асосиашон гурз ва шамшер буд, баъзе қабилаҳояшон камонварони моҳир буданд.[13]

Сохти иҷтимоияшон ба дараҷаи кофӣ инкишоф ёфта буд, ҷомеа ба бойҳо ва камбағалҳо тақсим мешуд. Бойҳо либосҳои қиматбаҳои зарбоф ва симдор мепӯшиданд. Аз рӯи ахбори солномаи Бэйши, дар болои қабри бойҳо сағонаҳои сангин месохтанд ва камбағалонро дар замин гӯр канда, дафн мекарданд. Сохтани сағонаҳои сангӣ ва дар дохили онҳо гузоштани ҷасади фавтидагон дар деҳаҳои баландкӯҳи Дарвозу Мастчоҳ то имрӯз боқӣ мондааст. Эҳтимол сағонаҳои сангин, ки бостоншиносон дар ноҳияи Ашти Тоҷикистон ёфтанд ва муғхона номида мешаванд, бо тарзи гӯрондани ҳайтолиён алоқамандӣ дошта бошанд. Солномаи Ляншу хабар медиҳад, ки Ҳайтолиёнро дар тобут гӯр мекарданд. Ин одат дар байни сарматҳо низ вуҷуд дошт.[14]

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои хаттӣ ҳайтолиён фариштаҳои оташ ва мазҳари он — Офтобро мепарастиданд.[15] Оташпарастӣ дар байни халқҳои ориёӣ аз қадим паҳн шуда буд ва бо дини зардуштӣ алоқамандӣ дошт. Дар пушти сиккаҳои Ҳайтолиён оташдони муқаддаси зардуштӣ ва мубадон тасвир шудаанд. Ин тасвир аз сиккаҳои сосонӣ, ки Ҳайтолиён ба онҳо пайравӣ мекарданд, ба сиккаҳои онҳо гузаштааст. Бо вуҷуди ин агар ин санадро якҷоя бо сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи оташпараст будани ҳайтолиён ба назар гирем, пас мисли дигар халқҳои ориёии Осиёи Миёна, аз ҷумла, Бохтару Суғд пайрави дини заруштӣ будани онҳо аз эҳтимол дур нест.

Оташпарастӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла, сакоӣ-масагетӣ низ ба таври васеъ роиҷ буд. Дар Авесто эзиди Меҳр (Митро-Офтоб) мавҷуд аст ва ба он суруди махсус бахшида шудааст. Дар робита бо дини ҳайтолиён бояд қайд кард, ки дар аксари сарзаминҳои ба ҳайати давлати онҳо дохилшуда, яъне Осиёи Миёна, аз ҷумла Бохтар, аз давраҳои хеле қадим то давраи ҳайтолиён дини зардуштӣ ҳукмрон буд.

То миёнаҳои а. VI ваъзияти ҳориҷии давлати Ҳайтолиён мӯътадил буд. Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эрон онҳо таъсири калон доштанд. Шоҳаншоҳи Эрон Қубод (с. 488-531) бо ёрии ҳайтолиён соҳиби тахт шуд. Ҳайтолиён дар муҳосираи Эдесса ҳамчун иттифоқчиёни сосониён иштирок карданд. Қубод мунтазам ба Ҳайтолиён боҷ месупорид. Дар давраи аввали ҳукмронии Хусрави I низ Эрон мисли пештара ба Ҳайтолиён боҷ меспорид. Аммо Эрон тадриҷан пурзӯр шуда, тақрибан с. 545 супоридани боҷи ҳарсоларо ба ҳайтолиён бас кард.[16] Ин маънои онро дошт, ки Эрон аз пуштибонии ҳайтолиён даст кашида, нисбати онҳо сиёсати душманонаро пеш гирифтанӣ аст. Хусрави I барои аз Ҳайтолиён қасоси шикастҳои пешинаро гирифтан фурсати муносибро меҷуст. Дере нагузашта чунин фурсат фаро расид. Дар шимоли Осиёи Миёна ба Ҳайтолиён душмани нав-Хоқони турк таҳдид мекард. Дар солҳои 550-ум туркҳо дар шимолтари Чоч якчанд вилоятро ишғол намуданд. Шоҳи ҳайтолиён ба таҳлука афтода, хост, ки ба туркҳо ҳуҷум кунад, аммо яке аз надимонаш бо номи Катулф ба ӯ маслиҳат дод, ки агар душманро дар ин ҷо мунтазир шавад, беҳтар аст.

Сосониён аз вазъяти ба амаломада ба манфиати худ истифода бурданд. Онҳо бо Хоқони турк шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории сиёсиву ҳарбӣ бастанд. Мувофиқи ин шартнома Хусрави I бояд духтари Хоқони туркро ба занӣ мегирифт. Ин шартнома рӯирост бар зидди Ҳайтолиён равона шуда буд. Онҳо дар байни ду оташ монданд.

Дар бораи идомаи ин моҷарои турку ҳайтол сарчашмаҳои аҳди ислом, аз ҷумла Фирдавсӣ, маълумот додаанд. Задухӯрд байни онҳо ногузир буд ва ҳарду ҷониб ба он тайёрӣ медиданд. Дере нагузашта ин ҳодиса, ки онро ҳамаи се ҷониби иштирокчӣ мунтазир буданд, рух дод.

Хоқони турк барои мустаҳкам кардани дӯстӣ бо шоҳи Эрон сафорате ороста, бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо ба Хусрави I Анушервон фиристод. Сафорат бояд аз сарзамини ҳайтолиён (Осиёи Миёна) гузашта, ба Эрон мерафт. Ба қавли Фирдавсӣ:

Гузар мардро сӯи Ҳайтол буд.
Ҳама роҳ пуртиру кӯпол буд.
Зи Суғд андарун то ба Ҷайҳун сипоҳ
Кашида рада пеши ҳайтолшоҳ

Шоҳи ҳайтолиён аз ин кор огоҳ шуда, ба изтироб афтод:

Агар шоҳи Эрону Хоқони Чин
Бисозанду аз дил кунанд офарин
Ҳарос аст аз ин дӯстӣ баҳри мо
Ба ду рӯй вайрон шавад шаҳри мо[17]

Бо фармони Готифар сафирони Хоқони туркро дастгир карда, ба қатл мерасонанд. Танҳо як нафари онҳо ҷон ба саломат бурда, хабарро ба Хоқон мерасонад. Хоқон ба хашм омада, бо лашкари азим ба Чоч зада медарояд ва онро талаву тороҷ карда, мардумони зиёдеро ба ҳалокат мерасонад. Готифар аз ин кор огоҳ шуда:

Зи Балху Шукнону Омую Зам,
Силоҳу сипаҳ хост, ганҷу дирам
Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андаровард гирд.

Ҳайтолиён дар Бухоро лашкари сершумореро ҷамъ оварданд.

Бухоро пур аз гурзу кӯпол буд,
Ки лашкаргаҳи шоҳи Ҳайтол буд.[18]

Дар ин миён туркҳо вилоятҳои сари роҳро забт карда, то Маймурғи вилояти Самарқанд расиданд. Муҳорибаи асосӣ дар сарҳади воҳаи Бухоро ба амал омад. Он ҳашт рӯз давом кард ва яке аз тӯлонитарин ва хунинтарин муҳорибаи қадим буд. Дар ин муҳориба ҳайтолиён мардонавор ҷангиданд, аммо ғалаба насиби туркон шуд. Боқимондаи лашкари ҳайтолиён ба ҷануб фирор карданд ва ҳокими Чағониён Фағонишро, ки ҳайтолӣ буд, подшоҳи нави худ интихоб намуданд. Эҳтимол дар ҷанги назди Бухоро Готифар ҳалок гардида бошад. Фағониш барои нигоҳ доштани ҳокимияти Ҳайтолиён ба Хусрави I изҳори итоат кард. Мувофиқи Шоҳнома Хусрави I баъди ба ӯ расидани хабари шикаст хӯрдани ҳайтолиён лашкар ҷамъ карда, ба Тахористон ҳамла намуд ва онро ишғол кард.[19] Аз рӯи маълумоти Табарӣ ва Диноварӣ ин ҳодиса пеш аз муҳорибаи Бухоро ба вуқӯъ пайваста буд. Шояд маълумоти Фирдавсӣ, ки аз ин ҳодиса огоҳии бештар дошт, дурустар бошад. Як қатор вилоятҳои ҷануб то Синд ҳокимияти Сосониёнро эътироф карданд. Ҳамин тавр, давлати паҳновари ҳайтолиён аз саҳнаи таърих нопадид шуд. Сарзаминҳои он дар байни сосониён ва туркон тақсим карда шуданд. Сарзаминҳои соҳили рости Амударё (яъне Осиёи Миёна) ба итоати туркҳо ва сарзаминҳои соҳили чапи Амударё (Тахористон) ба сосониён гузаштанд.

Дар сарчашмаҳо санаи рух додани ин муҳориба зикр нашудааст. Муҳаққиқ Э. Шаван дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои гуногун ба хулосае омадааст, ки муҳориба дар байни солҳо 563-567 ба вуқӯъ пайваста[20] ва ба фикри А.М. Манделштам муҳориба с. 563 рух додааст.[21]

Аз ахбори Фирдавсӣ дар барои шоҳи нави Ҳайтолиён интихоб шудани Фағониш ва баъзе маълумоти сарчашмаҳои дигар бармеояд, ки давлати Ҳайтолиён қисман баъди муҳорибаи Бухоро низ боқӣ монд. Аз ҷумла, Менандр навиштааст, ки туркҳо ҳайтолиёнро маҷбур карданд, ки ба онҳо хироҷ супоранд. Дар ин сарчашма хамчунин гуфта шудааст, ки с.581 бар зидди туркҳо Хутан, Форс ва ҳайтолиён шӯриш бардоштанд.

То кадом вақт боқӣ мондани ин подшоҳии Ҳайтолиён, ки дар байни қаламрави туркҳо ва сосониён ҷойгир буд, маълум нест. Ҳамчунин дақиқ маълум нест, ки ба ҳайати он ба ғайр аз Чағониён боз кадом вилоятҳои ҷанубу шарқии Осиёи Миёна дохил мешуданд. Эҳтимолан ба ин шоҳии сарҳадии ҳайтолиён метавонистанд Хутталон, Вашгирд ва Бадахшон низ дохил шаванд, аммо барои тасдиқи ин фарзия мо дар даст далелҳои мушаххас надорем.

Давлати Ҳайтолиён каме бештар аз 100 сол (с.450/55-563) арзи вуҷуд дошт. Як хизмати таърихии онҳо дар он буд, ки баъди барҳам хӯрдани давлати Кушониён ва дар даврони парокандагии сиёсӣ ҳайтолиён аз нав Бохтар (Тохаристон) ва қисматҳои дигари Осиёи Миёнаро дар ҳайати як давлат муттаҳид карданд. Ин имконият дод, ки алоқаҳои анъанавии байни бохтариён ва суғдиён дар тамоми соҳаҳо идома ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар гарданд. Ҳузури ҳайтолиён дар Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ то як муддат роҳи турконро ба ин минтақа баста буд. Дар давраи Ҳайтолиён ҷангҳои дохилӣ камтар шуда, барои рушду такомули иқтисодиёту маданият шароити нисбатан муносиб фарҳам шуда буд.

Тавзеҳот

_______________

[1′] История таджикского народа. т. I . 1963. – с. 405.

[1] Ниг.: Ғафуров Б. Таджики. – с. 198; История таджикского народа. – с. 407.

[2] Marshall J. Taxila. Oxford, 1951, vol. I, p. 75.

[3] Enoki K. The Origin of the White Huns or Hephthalites. // EW, VI, 1955. — p. 235.

[4] Массон В. М., Ромадин В. А. История Афганистан. Т. I. – с. 205.

[5] Гафуров Б. Таджики. – с. 195-196.

[6] Ghirshman R. Les Chionites-Hephtalites. // MDAFA, t. XIII. Le Caire, 1948.

[7] Ниг.: История Таджикского народа. т. I., 1963. – с. 415.

[8] Дар бораи сиккаҳои ҳайтолиён муфассал ниг.: Goble R. Dokumente zur Geschichte dcr Iranishen Hunen in Baktrien und Indien. Wiesbaden. 1967.

[9] Гафуров Б. Таджики. – с. 200.

[10] История Таджикского народа, 1963. – с. 418.

[11] Ниг: Ghirs R. Les Chionites-Hephtalites. Le Caire, 1948 (VDAFA, t XIII, p.117.).

[12] Ғафуров Б. Таджики. – с. 205.

[13] Alteheim F. Geschichte der Hunnen, Bd. II, 1960. — s. 269.

[14] Ниг: История таджикского народа, т.I., 1963. – с.417.

[15] Дар бораи дини ҳайтолиён ниг: Specht E. etudes sur l’ Asie Centrale d’apres les historiens chinois. || JA, 1883, p/338/ Enoki K. On the nationality of the Ephthalites.//MDTB, №18. Tokyo, 1959. – с. 45-49.

[16] Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. – с.207-208.

[17] Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷ. 8. Душанбе, 1990. – с. 220.

[18] Ҳамон ҷо. – с. 221-222.

[19] Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷ. 8. – с.225-242.

[20] Chavanes E. Dokuments sur les Ton- Kien (Turcs) occidentaux. St. Petersbourgs 1903.

[21] История таджикского народа, т.II, 1964. – с.43.

← Ба пас, ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.