Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Хотима
Китобе, ки манзури хонандагон гардид, фақат баъзе масъалаҳои ориёиҳо ва тамаддуни ориёиро дар бар мегирад. Ман ин асарро зимни шиносоӣ бо таҳқиқоти дар ин замина навишташуда ва илҳом аз таъриху афкори маънавии ниёгони гузаштаи худ навиштам. Бешубҳа, роҷеъ ба масъалаи тамаддуни ориёӣ дар адабиёти ориёишиносӣ масъалаҳои баҳсовар ва ҳанӯз эътирофи умум қарорнагирифта зиёданд. Дар давоми ду қарн муаррихону фарҳангшиносон ва бостоншиносону қавмшиносон, забоншиносон ва намояндагони дигар соҳаҳои алоҳидаи илм дар кори муайян намудани масъалаҳои мубрами тамаддуни гузаштаи халқу миллатҳои гуногун, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд ва гумон мекунам, ки дар оянда бисёр масъалаҳои печидаву баҳсовари хостгоҳи аслии ориёиҳо, масири ҳаракати онҳо ба Шарқу Ғарб, ташаккули тамаддуни ориёиҳо дар асри навсангӣ (неолит) ва сангу мис (энеолит), инчунин ҷузъиёти интишори тамаддуни ориёӣ ба сарзаминҳои Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо тавассути олимону муҳаққиқон ҳаллу фасли худро пайдо мекунад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯзаи мо, ки тобеияти чандинасраи худро пушти сар карда, истиқлолияти миллии худро ба даст овардааст ва мо имсол 15-умин солгарди ин истиқлолиятро ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегирем, омили аз ҳама муҳим он аст, ки мо бори дигар ба гузаштаи худ назар афканда, суннатҳои беҳтарини ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва афкори фалсафию ҷаҳоншиносии худро, ки дигар халқҳои ҷаҳон аз аҳди қадим сар карда аз он ғизои маънавӣ гирифтаанд, эҳё намоем ва маънавиёти худро дар доираи як қолаби муайяну мушаххаси илмӣ ба роҳ монем.
Дар китоб ман баъди баёни баъзе масъалаҳои марбути тамаддуни ориёӣ давлатҳои қадимаи ниёгони худро мавриди баррасӣ қарор додам. Бо ин кор ман хостам тамоми нозукиҳо ва дастоварду мушкилоти умури давлатдории халқҳои ориёнажоди Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрони бостонро манзури хонандагон намоям. Ба баъзе масъалаҳои давлати Ҳахоманишиён дар китобам «Аз Ориён то Сомониён» таваққуф намуда будам, вале дар ин асар аз аввалин давлатҳои қадимаи ориёӣ то аҳди Сосониёнро ба таври умумӣ мавриди баррасӣ қарор дода, давлати имрӯзаи тоҷиконро давоми мантиқии ҳамон давлатдории суннатии аҳди қадим ва асрҳои миёна бо назардошти пешрафти давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қаламдод намудам.
Шояд овардани фикри Афлотун дар «Қавонин» ном асараш дар ин ҷо хеле бамаврид бошад. Ин ҳакими юнонии аҳди атиқа, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осори таърихию фалсафии ӯ истинод карда, мавриди омӯзиш қарор додааст, тарзи давлатдории Осиёи Миёнаву Эрони бостонро бо сохти давлатдории Юнон, ки аз шаҳр-давлатҳо иборат буд, чунин муқоиса намудааст: «Ду навъи ҳукумат вуҷуд дорад: яке аз он ду ҳукумати фардӣ ва дигаре ҳукумати мардумӣ (демократӣ) аст. Муҳимтарин навъи аввалро эрониён доранд ва беҳтарин навъи дуюмро мо – юнониён доро мебошем. Тақрибан тамоми анвои дигари ҳукумат шохаҳои ин ду аст. Агар мо бихоҳем озодиву дӯстӣ ва хирадмандӣ дар кишвар устувор бошад, ҳар як аз ин дуро то ҳадде дӯст дошта бошем. Иддаои ман ин аст, ки ҳеҷ шахсеро наметавон хуб идора кард, магар он ки ҳукумати он таркибе аз ин ду бошад…»
Аз нукоти боло маълум мешавад, ки ҳукумати фардӣ ё худ истибдодии замони ҳахоманишӣ, ки ҳаёти иҷтимоӣ, эътиқодоти динӣ ва русуму одоти қаламрави империяи бузурги худро озод гузошта буд, тавассути Афлотун баробар ё худ муодили давлатдории Юнони аҳди қадим шинохта шудааст. Шояд баъдтар дар натиҷаи пошхӯрии давлатҳои мутамарказ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои нисбатан хурд истибдоди шоҳони сулолавӣ бештар ва мутлақияти онҳо ба дараҷаи қудсӣ расонда шуда бошад, ки мо ин масъаларо мадди назар дошта, ба ҳукумати фардии мутлақ дар ҳамаи соҳаҳои умури давлатдориамон аз ҳукумати ноҳияву шаҳрҳо сар карда то ба ҳукумати марказӣ роҳ надиҳем.
Ёдам ҳаст, ки чанде пеш дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои Ҷумҳурӣ дар бораи қашшоқии маънавӣ мақолаҳои зиёде чоп мешуданд. Саволе ба миён меояд, ки оё мо бо чунин маданияти пурғановати маънавии гузашта, ки ман бо нигоҳе ба таъриху тамаддуни ориёӣ муште аз хирвори беш аз панҷ ҳазорсолаи онро ба қалам овардам, дар бораи қашшоқии маънавии халқу миллатамон сухан гуфтан ҷоиз аст? Агар мо дар бораи қашшоқии маънавӣ сухан гӯем, бешубҳа, ин аз надонистани маънавиёти гузаштаи мо шаҳодат медиҳад, чун маънавиёти мо тоҷикону эрониён саршор аз ғояҳои илмӣ, адабӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ирфонӣ, ҷаҳоншиносии пурарзише мебошад, ки он бояд ҳарчи зудтар дастраси оммаи васеи мардум, хусусан насли ҷавон гардад ва ба дарку фаҳми онҳо суръат бахшад.
Мо дар гузаштаи начандон дур ба афкори фақат баъзе мутафаккиронамон шиносоӣ пайдо карда будем. Низоми илҳодомези собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо имконият намедод, ки ба ҷуз афкори ахлоқӣ ва иҷтимоӣ масоили вобаста ба дину афкору ҷаҳоншиносиро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Истиқлолияти миллӣ барои мо ҷиҳати сомон бахшидан ба ин кор имрӯз шароити мусоиде фароҳам овардааст. Олимону муҳаққиқони мо бояд тамоми соҳаҳои илму адабу маърифат ва афкори диниву ирфонӣ ва ҷаҳониро омӯхта, таъсиру нуфузи ин маънавиёти пурарзиши моро ҳарчи бештар дастраси ҷаҳониён намоянд.
Мо имрӯз зимни омодагӣ ба ин ҷашн огоҳ шудем, ки олимону ховаршиносони Ғарб ба таҳқиқи масоили мазкур хеле пештар аз мо – ҳомилони бевоситаи тамаддуни ориёӣ даст задаанд, вале гумон мекунам, ки бо истифода аз онҳо худамон ба омӯзиши масъалаҳои фарҳангу тамаддуни хеш бипардозем, онро беҳтару хубтар метавонем дарк намоем ва беҳтар манзури хонандагон кунем.
Дар роҳи муайян намудани ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёӣ ва дигар тамаддунҳои ҳамҷавори он, ки ҳамзамон бо тамаддуни ориёӣ амал мекарданд, мо имрӯз фақат қадаме ба пеш гузоштем. Зимни он мушоҳида намудем, ки ҳанӯз бисёр масъалаҳои умдаи маданияти моддию маънавии тамаддунҳои мазкур ҳанӯз равшан нашудаанд ва нукоти баҳсовари онҳо ба сабаби қадима буданашон ва осори катбӣ надоштанашон ҳаллу фасли худро дар адабиёти ориёишиносӣ наёфтаанд. Дигар масъалаҳои марбут ба забон, аз ҷумла интишори гурӯҳи оилаи забонҳои ҳиндуэронӣ ва ба вуҷуд омадани оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ низ пурра ҳалли худро наёфтаанд.
Дар омӯзиши ин масъала мо бояд бо олимону забоншиносони Эрону Афғонистон, ки бо тоҷикон якҷо ҳомилони тамаддуни ориёӣ мебошанд, ҳамчунин донишмандони мамолики Ғарб ҳамкорӣ намоем, ҳавзаҳои маданию фарҳангии минтақаҳои мазкурро дар ин кор ҷалб кунем ва барномаҳои муштараки фарҳангӣ созмон диҳем. Зеро масъалаҳои тамаддуни ориёӣ он қадар бузургу густурда ҳастанд, ки ба танҳоӣ, бидуни иштироки муҳаққиқони минтақаи марбута амри муҳол аст. Гумон мекунам, ки иқдоми мо барои бузургдошти тамаддуни ориёӣ як фоли нек ҳам барои ба миён гузоштани масъалаи мазкур дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои таҳқиқу баррасии минбаъдаи масъалаҳои тамаддуни миллатамон як амри зарурӣ ва тақозои замон аст.
***
Ба олимони шинохтаи тоҷик Кароматулло Олимов, Юсуфшо Яъқубов, Ҳамдам Мӯминҷонов, Давлат Довутов, Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва Шарофиддин Имомов барои маслиҳатҳои муфидашон ба хотири беҳтар шудани мазмуни китоб миннатдории самимона баён менамоям.
Муаллиф