Дар ин ҷо ашъори пурҳасрати муҳоҷирону мусофирони тоҷик аз паҳнои Интернет ва забони мардум гирд оварда шудааст. Ин зиндаҷудоиҳо танҳо имрӯзӣ нестанд, балки сарнавишти талхи чандинҳазорсолаи ин миллати сарсахт аст. Номард ва нотоҷик аст, касе, ки дар сари ин навиштаҳо боре оби дида нарезад!
Ба рӯйи бистари сахти ғарибӣ сахт шуд ҷонам,
Парида аз сарам хобу хазон шуд умри пазмонам.
Нишаста дар сари болин ба ҳоли хеш мегирям,
Дили кас об мегардад, бубинад оби чашмонам.
Ба ҳар сӯ мекашад аз ҳасрат ин ҳиҷрат хаёламро,
Ҳавасҳо мекунам аз хандаи ширини тифлонам.
Мусофирқисматон — ҳамхобагонам хоб мебинанд,
Вале бар гӯши ман ояд садои ёри пазмонам.
Ба ёди пораи нон аз Ватан рафтам ба мулки кас,
Валекин заҳр менӯшам, ки то пайдо шавад нонам.
Намеҷӯям дигар бахте ба ҷуз ободии Меҳан,
Куҷо роҳе кунам пайдо, куҷо рафтан намедонам!
Вале бо ин ҳама мушкил набурд аз ёди худ Бобо,
Ки ман фарзанди тоҷик ҳастаму аз Тоҷикистонам.
***
Ҳамегирям зи сахтиҳои тақдир,
Муҳоҷирӣ маро кардаст дилгир.
Зи Хатлонам, зи Хуҷандам, зи Помир,
Муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷир.
***
Ватан дуру Ватан дуру Ватан дур,
Ватан, ман аз ту дур маҷбур, маҷбур.
Ватан вайрона аст, дарди дилам зӯр,
Илоҳо, бишканад дасти камонгир,
Муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷир.
***
Ман, охир, ташнаи оби диёрам,
Дар ин мулки ғарибӣ ғуссаборам.
Чу борон ашки ғам аз дида борам,
Илоҳо, пора гардад ҳабсу занҷир,
Муҳоҷирам, муҳоҷирам, муҳоҷир.
***
Умри худ барбод кардам дар талоши зиндагӣ,
Кӯҳи олам бод кардам дар талоши зиндагӣ.
Қоматам хам гашт, чашмам хира, по ларзон бишуд,
Чанд по фӯлод кардам дар талоши зиндагӣ.
Ҳар чӣ кардам, зора кардам, ҳеҷ ӯ розӣ нашуд,
Тарки илм-устод кардам дар талоши зиндагӣ.
Рози дил ногуфта монду дарди дил пинҳон шуд,
Маърака обод кардам дар талоши зиндагӣ.
Чор тараф дар таку тозам кай илоҷи ӯ кунам,
Ҳамчу мурғ фарёд кардам дар талоши зиндагӣ.
Дар даҳан дандон намонд, ки нони беминнат хӯрам,
Нафси худро шод кардам дар талоши зиндагӣ.
Ҳар саҳар мехезаму рӯ сӯйи қибла мекунам,
Саҳви худ пайдо кардам дар талоши зиндагӣ.
Гардани каҷ мунтазири пеши номардон шудам,
Душмани худ шод кардам дар талоши зиндагӣ.
Эй бародар, ҳеҷ гаҳ ғофил зи ёди Ҳақ мабош,
Дарси дил имдод кардам дар талоши зиндагӣ.
Кори Ҳақро пеша гир, дар байни ноаҳлон машин,
Дер боз фарёд кардам дар талоши зиндагӣ.
Хотири хеш ҷамъ дор, ҷавон, осуда бош,
Бо фақирон ёр бош дар талоши зиндагӣ.
***
Ғариб пойи ба занҷир баста дорад,
Ғариб болу пари бишкаста дорад.
Ба ёди гулшану боғу баҳораш,
Ғариб қалби зи ғам дилхаста дорад.
***
Дар кӯйи ғарибӣ додарам мебодам,
Дар рӯзи зарурӣ хоҳарам мебодам.
Рӯзе, ки сарам ба болини марг омад,
Он синаи раҳми модарам мебодам.
***
Ситора далеру мо далерем, оча,
Дар шаҳри мусофирӣ асирем, оча.
Дар шаҳри мусофирӣ асир бисёр аст,
Гӯё, ки ғарибу мунтазирем, оча.
***
Чашмам зи фироқ дам ба дам мегиряд,
Аз фарқи сарам то ба қадам мегиряд.
Мегиряму зор менависам нома,
Аз гиряи зори ман қалам мегиряд.
***
Дар шӯразамин булбули нолон моем,
Дар гиря мисоли абри борон моем.
Чашми ҳама кофиру мусулмон ба Ватан,
Дур аз Ватану ҷудо зи ёрон моем.
***
Мо булбулаконем, чаман гум кардем,
Тоҷикбачагонем ватан гум кардем,
Овораи ҳар диёр, дур аз дару ёр,
Бо шеваи модарӣ сухан гум кардем.
***
Дурам зи Ватану ҳоли табоҳе дорам,
Дар сина дили танги пуроҳе дорам.
Бегона ба рӯям баста дарвозаи меҳр,
Эй дӯст, на пас, на пеш роҳе дорам.
***
Сари кӯҳи баланд осмони ҳафтум,
Ғарибӣ мекашам дар шаҳри мардум.
Ғарибиҳо маро дилгир кардаст,
Фалак дар гарданам занҷир кардаст.
***
Дурем, ҷудоем, ҷудоем дареғ,
Бо мардуми ғайр ошноем дареғ.
Бо мардуми ғайр ошно ночорем,
Дар ҳасрати дидори Шумоем дареғ.
***
Аз дурии дуриҳо ҷигар гашт кабоб,
Аз дидаи интизор мерезад об.
Тақдира бубин, тарҳи ҷудоӣ дорад,
Пайғом ба коғаз асту дидор ба хоб.
***
Дар кӯҳи баланд нуқраи тар гум кардам,
Шоҳини сафеди резапар гум кардам.
Шоҳини сафеди резапар ёфт нашуд,
Фарзанди падар, лахти ҷигар гум кардам.
***
Афсӯс, ки дар дашту биёбон мурдам,
Дур аз Ватану ҷудо зи хешон мурдам.
Як порча хате бикун ба ёру дӯстон,
Дар хат бинавис, ки ман пурармон мурдам.
***
Эй боди сабо, хабар бубар сӯйи Ватан,
Бар ҷамъи бародарону бар модари ман.
Як дам бинишин дар таҳи ин беди чаман,
Моро набувад насиба ҷуз ёди Ватан.
Хабарнома дар бораи хатогӣ
Матни хатогидор, ки барои ислоҳ кардан ба А. Тағоев фиристода мешавад.: