Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо
Давлати Сосониён ва тамаддуни ориёӣ
Таърихи Сосониён мисли таърихи Ҳахоманишиён аз вилояти Форс оғоз меёбад. Дар бораи ташкилшавии ин давлат ва таърихи минбаъдаи он Табарӣ маълумоти муфассал додааст. Маълумоти ӯро сарчашмаҳои дигар – сангнавиштаҳои шоҳони сосонӣ, сиккаҳо адабиёти паҳлавӣ, ахбори муаррихони форсу тоҷик, араб, визонтиёӣ ва арманӣ асосан тасдиқ намуда, онро пурратар гардондаанд.
Мувофиқи ахбори Табарӣ[1] саравлоди ин сулола Сосон ҳокими мулки начандон калон дар наздикии Истахр ва мубади оташкадаи ин шаҳр буд. Дар он замон дар вилояти Форс намояндагони сулолаи Барзангиён ҳукмронӣ мекарданд ва онҳо тобеи Ашкониён (Аршакиён- шоҳони Парфия) буданд. Ба қавли Табарӣ, ҳамсари Сосон аз авлоди Барзангиён буд. Аммо В.Г. Луконин ақида дорад, ки ҳамсари Бобак аз ин авлод буд ва номи ӯ Хваранзем дар катибаи Каъбаи Зардушт сабт гардидааст.[2] Сосонро марди далеру мубориз тасвир кардаанд. Писари ӯ Бобак тақрибан дар с.208 табадуллоти давлатӣ гузаронда, ҳокими вилояти Форс Гочиҳрро сарнагун намуда, ба қатл мерасонад ва ҳокимиятро ба дасти худ мегирад.[3] Ба фикри В.Г.Луконин ҳокимият ба дасти Бобак ба таври осоишта гузошта буд.[4]
Бобак ҳанӯз дар вақти зинда буданаш писари калониаш Шопурро ба тахт шинонд. Ба ғайр аз ахбори Табарӣ дар ин бора мусавварае аз Тахти Ҷамшед ва сиккаҳо шаҳодат медиҳанд. Дар мусаввара саҳнаи тоҷгузории Шопур писари Бобак акс шудааст. Маъмулан дар ин гуна суратҳо тоҷро ба ҳокимони мулкҳои тобеъ шоҳаншоҳи Эрон аз авлоди Ашкониён (Аршакиён) месупорид. Масалан, дар суратҳои аз Шуш ва Барди Нишанд ёфтшуда, шоҳи парфиёнӣ Артабони V ба ҳокими Шуш Хвасак ва ҳокими Илом тоҷ месупорад. Дар сурати воқеъ дар Тахти Ҷамшед тоҷро ба Шопур падараш Бобак супоридааст. В.Г.Луконин дар ин асос ба хулосае омадааст, ки аллакай Бобак худро мустақил эълон карда, ҳокимияти Ашкониёнро эътироф намекард[5].
Вориси тахт шудани Шопур дар сиккаҳо низ инъикос ёфтааст. Дар як тарафи сиккаҳои вилояти Форс сурати Бобак ва дар тарафи дигараш ном ва сурати писари ӯ Шопур сабт гардидаанд. Бобак якчанд писар дошт ва яке аз онҳо Ардашер буд. Ба қавли Табарӣ ҳанӯз ҳокими Форс Гочиҳр ӯро аввал ҷонишини ҳокими шаҳри Доробгирд ва баъд ҳокими ин шаҳр таъин карда буд. Ин санад аз он лиҳоз низ муҳим аст, ки хешу табор шудани сосониёнро бо Барзангиён тасдиқ мекунад.
Ардашер марди далеру мубориз буд. Ӯ дар аввал якчанд шаҳру вилоятҳои ҳамсояро тасхир карда, қаламрави мулки худро васеъ намуд. Аз ҷумла, ӯ шаҳрҳои Ҷубонон, Манушаҳр ва Ларверро ишғол намуд.[6] Аз ин муваффақиятҳои Ардашер бародараш Шопур ба ҳарос афтода, талаб кард, ки ба назди ӯ ҳозир шавад ва изҳори итоат намояд, аммо ҷавоби рад гирифт. Шопур бо сардории дигар бародаронаш бар зидди Ардашер лашкар фиристод. Вале бародарон забон як карда, бар зидди худи Шопур баромаданд ва ӯро банд карда, Ардашерро ба Истахр даъват намуданд. Ӯ тақрибан с.220 ба ин шаҳр омада, ба тахт нишаст. Баъди ин ӯ Абрасом Рӯҳфарро вазир ва Фохир ном марди олиму ҳакимро мубади мубадон таъин кард ва ба дигар тарафдорони худ мансабҳои муносиб дод. Бояд ёдовар шавем, ки барои ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сосониён рӯҳониёни зардуштӣ нақши намоён доштанд ва тавре ки дар боло гуфтем, саравлоди онҳо низ рӯҳонии дини зардуштӣ буд. Маҳз барои ҳамин дар давлати Сосониён рӯҳониёни зардуштӣ мақоми баландро ишғол кардаанд.
Баъди ба тахти Форс нишастани Ардашер дере нагузашта бародарони иттифоқчияш ва ш.Доробгирд бар зидди ӯ исён бардоштанд. Ӯ ба ошӯбгарон ҳамла карда, ҳамаашонро шикаст дод. Пас аз ин Ардашер Кирмон, Хузистон, (Исфаҳон) ва якчанд вилояти гирду атрофи Форсро низ забт намуда, ба итоати худ даровард. Баъди ин ишғолгариҳо мулки ӯ васеъ гашта, иқтидори ҳарбиаш хеле афзуд.
Подшоҳи Парфия Артабони V аз ин дастовардҳои Ардашер ба хавотир афтода, ба ӯ нома навишт ва даъват кард, ки ба ӯ итоат кунад ва ба наздаш ҳозир шавад. Баъди ҷавоби рад гирифтан ӯ лашкар ҷамъ карда, ба ҷанги Ардашер рафт. Муҳориба дар назди дашти Ҳурмузгон ба амал омад. Ба лашкари сосониён писари Ардашер Шопур ва ба лашкари парфиёниҳо вазири Артабони V бо номи Дорбиндод сарварӣ мекарданд. Дар ин задухӯрд лашкари парфиёниҳо шикаст хӯрда, Дорбиндод кушта шуд. Ин ҳодиса тақрибан соли 224 рух дод. Соли 226 ё 227 Ардашер ба тахти Эрон нишаста, унвони шоҳаншоҳиро гирифт.
Бисёр вилоятҳое, ки тобеи Ашкониён (Аршакиён) буданд, аз итоат кардан ба Ардашер сарпечӣ карданд ва ӯ маҷбур шуд бар зидди онҳо лашкар кашад. Дар натиҷаи ин лашкаркашиҳо ӯ Ҳамадон, Озарбойҷон, Армания, Мавсил ва Ктесифонро (Табарӣ ин шаҳрро Тайсафун ва Мадоин номидааст) тасарруф кард. Пас аз ин ба Сиистон ва аз он ҷо ба Хуросон ҳамла намуда, Марв, Балх, Хоразмро ишғол кард. Баъд ӯ мулки Баҳрайнро низ бигирифт.[7] Дар тамоми ин кишварҳо ӯ ҳокимони маҳаллиро сарнагун карда, гумоштагони худро гузошт.
В.Г.Луконин дар асоси сангнавиштаҳои шоҳони сосонӣ дурустии ахбори Табариро зери шубҳа гузошта, чунин мешуморад, ки дар давраи Ардашери I Армания, Иберия (Гурҷистон) ва Адиабена ҳанӯз ба ҳайати давлати Сосониён дохил намешуданд.[8] Дар ҳар сурат Ардашер (с.227-241) аксари кишварҳоеро, ки ба Парфия тобеъ буданд, ба зери даст гирифта, ба давлати худ ҳамроҳ кард.
Рум, ки дар давраи парфиёниҳо рақиби асосии Эрон дар Ғарб буд, дар давраи Сосониён низ дар ҳамин мавқеъ меистод. Аз ин рӯ, бархӯрди Сосониён бо Рум ногузир буд. Соли 230 сарбозони сосонӣ ба Байнаннаҳрайн ва с.231 ба Сурия ва Каппадокия тахтутоз намуда, ғанимати зиёд ба даст дароварданд. Дар ҷангҳои с.238-240 бо Рум лашкари сосониён бо сарварии вориси тахт Шопури II қалъаи мустаҳками Хатраро ишғол намуданд. Дар ҷангҳои ин солҳо бо Рум сосониён бартарӣ доштанд. Румиҳо ба таҳлука афтода, барои ҳамла кардан ба сосониён ҳамаҷониба тайёрӣ диданд. Дар ин бора мо поёнтар нақл хоҳем кард.
Ба қавли Табарӣ «Ардашер чаҳордаҳ сол малик буд». Аз ин ахбор бармеояд, ки ҳукмронии шоҳонро аз рӯзи баргузории маросими расмии ба тахт нишиниашон ҳисоб мекарданд.
Ардашер дар ободонии Эрон низ саҳм гирифтааст. Аз рӯи ахбори Табарӣ ӯ ҳашт шаҳри нав сохт: Ардашер – ҳурра, Ром Ардашер, Будо Ардашер, Ҳурмуз Ардашер, Устобод Ардашер, Рев Ардашер. Номи ду шаҳри боқимондаро Табарӣ зикр накардааст.[9]
Дар навиштаҷоти Каъбаи Зардушт се шаҳри нави Ардашер бунёдкарда Ардашер Хшнум, Вех Ардашер, Ардашер Фарр номбар шуданд.[10] Ин ду ахбор пурра бо якдигар мувофиқ набошанд ҳам, дар маҷмӯъ фаъолияти шаҳрсозии Ардашери I-ро тасдиқ мекунанд.
Тоҷгузорӣ ва ба тахтнишинии шоҳон барои Сосониён маросими муҳими сиёсӣ буд ва дар маъбади оташ, дар ҳузури ашроф ва мубади мубадон дар вазъияти ботантана гузаронда мешуд. Шоҳаншоҳ шудани худро онҳо барои ҳамзамонон ва наслҳои оянда дар сангмусаввараҳои кӯҳӣ ва дар сиккаҳо сабт мекарданд. Ардашери I тоҷгузории худро дар сангмусаввараҳои Нақши Раҷаб, Фирӯзобод ва Нақши Рустам инъикос намудааст. Дар нақши Раҷаб аз чап Ардашер ва дар рӯи ба рӯи ӯ аз рост Аҳуромаздо бо тоҷи шоҳӣ тасвир шудаанд. Худо ба Ардашер тоҷи рамзии ҳокимият — ҳалқаи овезадорро супорида истодааст. Дар пушти Ардашер ашроф аз хонаводаи Каренҳо ва вориси тахт Шопури I ва дар пушти Аҳуромаздо ду зани ашрофзода (эҳтимол модар ва завҷаи калонии шоҳ) тасвир шудаанд. Дар ду нақши дигар низ ҳамин саҳна бо илова баъзе суратҳои нав тасвир шудааст.
Масалан, дар Нақши Рустам дар зери пои аспи Аҳуромаздо Аҳриман хобидааст. Дар синаи аспи Ардашер навиштаҷоти зайл ҷойгир аст: «Ин сурати пайрави Аҳуромаздо, баги (худованд) Ардашер, шоҳи шоҳони Эрон, авлоди худоҳо, писари баги, малик Бобак мебошад».
Ба тахт нишастани худро Ардашер бо баровардани сиккаҳои тиллоӣ ва нуқрагин бо тасвири худ низ эълон кард. Дар рӯи сиккаҳо айнан ҳамон навиштаҷоте ҷойгир аст, ки дар сангмусаввараи Нақши Раҷаб буд. Дар пушти сиккаҳо оташдони муқаддаси зардуштӣ бо оташи фурӯзон тасвир шудааст. Бо ин амал Ардашер мақоми давлатӣ доштани дини зардуштиро таъкид кардааст. Ногуфта намонад, ки баъди Адрашер ҳамаи шоҳони сосонӣ низ аз номи худ сикка баровардаанд.
Дар аввал вақти ҳокими вилояти Форс шуданашон Сосониён кӯшиш мекарданд мустақилияти худро нисбат ба шоҳони Парфия таъкид намоянд. Инро мо дар сурати аз Персепол ёфтшуда ва сиккаҳо мушоҳида менамоем. Аммо баъди тамоми Эрон, Байнаннаҳрайн, Армания ва Озарбойҷонро ба тасарруфи худ даровардан, Сосониён кӯшиш карданд, ки қонунӣ будани ҳокимияти худро ба воситаи хешиашон, аз як тараф, бо шоҳони сулолаи Ҳахоманишиён ва, аз тарафи дигар, бо Ашкониён собит созанд. Ба қавли Табарӣ Ардашер аз авлоди Баҳман ибни Исфандиёри ҳахоманишӣ буд.[11] Аммо муҳаққиқон ин шаҷараро бофта мешуморанд[12]. Ба ин фикр розӣ шудан мумкин аст, зеро ин гуна шаҷараҳои бофта чи дар таърихи қадим ва чи асрҳои миёна хеле зиёд ба чашм мерасанд. Масалан, ҳатто Искандари Мақдуниро писари ғайриникоҳии Дорои I бароварда буданд. Ё мисоли дигар: Маҳмуди Ғазнавии турк, ки ғуломи зархариди Сомониён буд, баъди подшоҳи Ғазна ва Хуросон шуданаш шаҷарае сохта аҷдоди худро ба Сосониён расонд.
Аз тарафи дигар Сосониён кӯшиш карданд, ки бо шоҳони сулолаи пешгузаштаи худ дар Эрон, яъне бо шоҳони Парфия робитаи хешу таборӣ пайдо кунанд ё дар ин бора шаҷара бофта бароранд. Табарӣ ривоятеро овардааст, ки мувофиқи он писари Ардашер Шопур аз канизе таваллуд шуда, ки аз авлоди Ашкониён буд,[13] вале баъзе олимон дурустии ин ахборро зери шубҳа гузошта, онро маҳсули тахаюлоти баъдина мешуморанд.[14]
Дар аҳди қадим ва асрҳои миёна ба ин масъала, яъне мансубияти авлодӣ ва табақавӣ диққати ҷиддӣ медоданд. Зеро дар тасаввуроти одамони он замон ҳокимиятро ба шоҳон худо медод ва танҳо фарзандони шоҳ ҳуқуқ доштанд подшоҳ шаванд. Ва ҳар подшоҳе, ки шоҳзода намебуд, ғосиби ҳокимият шумурда мешуд. Бо назардошти ҳамин афкори ҷамъиятӣ сулолаҳои навбунёд шаҷараҳо сохта ё аз авлоди шоҳони пешина зан гирифта, ҳокимияти худро дар назари мардум қонунӣ мегардониданд.
Барҳам хӯрдан ва аз байн рафтани сулолаҳо дар аксар маврид дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ ва шикаст хӯрдани яке аз ҷонибҳои муқобил ба амал меояд. Аммо то муҳорибаи ҳалкунанда омилҳои зиёде ҳастанд, ки ба натиҷаи он таъсир мерасонанд.
Дар арафаи аз байн рафтан давлати Парфия дар ҳолати вазнин қарор дошт. Яке аз сабабҳои асосии шикасти онро донишмандон дар суст шудани ҳокимияти марказӣ мебинанд. Артабони V бародари худ Валарши V-ро сарнагун карда, ҳокимиятро ба даст гирифт, аммо баъди ин низ Валарши V Селевкия ва Баёнаннаҳрайни поёнро дар даст дошта, аз номи худ дар ин ҷо сикка мебаровард ва амалан ба ҳокимияти марказӣ итоат намекард.[15] Охирин ҷанг бо Рум, ки якчанд сол давом карда, с. 218 бо сулҳномаи тарафайн ба анҷом расид, Парфияро хеле заиф гардонд. Як зарабаи сахт ба давлати Парфия кофӣ буд, ки аз он с. 209 амалан вилояти Форс ҷудо шавад ва он мустақил гардидани ҳокимияти Сосониёнро ифода мекард. Зиёда аз ин, дар байни солҳои 209-224 Ардашери I сосонӣ якчанд вилоятҳои калони ҷануби Эронро, ки дар ҳайати давлати Парфия буданд, ба итоати худ даровард.
Ба ғайр аз Форс дар ин солҳо чандин вилоятҳои дигар низ аз сустии ҳокимияти марказии Парфия истифода бурда, амалан мустақил шуда буданд. Сабабҳои номбаршуда барои барҳам хӯрдани давлати Парфия замина тайёр карданд.
Сосониён дар симои рӯҳониёни зардуштӣ ва қувваҳои миллатгарои Эрон такягоҳи қавии ғоявӣ доштанд. Яъне сиёсати эҳёи фарҳангу давлатдории миллӣ, ки онҳо пеш гирифта, шиори сиёсии худ намуда буданд, дар Эрон ҷонибдорони зиёд дошт. Дуруст аст, ки дар ин ҷода парфиёниҳо низ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Аммо бинобар сабабҳои воқеӣ онҳо имконият надоштанд ин равандро ба анҷоми мантиқӣ ва интиҳоии он расонанд. Дар даврае, ки Сосониён ба сари қудрат омаданд, барои анҷоми ин кор ва тақвияту густариши омили миллӣ дар давлатдорӣ ва маданият шароити мусоид фароҳам шуда буд ва Сосониён ин шароитро барои манфиатҳои сиёсии худ, ки бо ормонҳои миллии мардуми ориёӣ мувофиқ буд, самаранок истифода бурданд.
Ҳамаи сабабҳои номбаршуда ба заиф гардидани Парфия ва нерӯмандшавии Сосониён оварда расонданд. Муҳорибаи дашти Ҳурмузгон зинаи баландтарини ин ҷараёни таърихӣ буд. Ғалабаи Сосониён бар Ашкониён ба бархӯрди ду қувваи сиёсии кӯҳна ва нав нуқтаи таммат гузошт. Интиҳои ҳукмронии Ашкониён оғози ҳукмронии Сосониён гардид. Вале Ашкониён бо вуҷуди хеле суст шудани ҳокимияташон ба осонӣ аз арсаи таърих берун шуданӣ набуданд. Ардашери I баъди ғалабааш дар Ҳурмузгон боз се сол бо Ашкониён барои барқарор кардани ҳокимияташ дар Эрон ва кишварҳои ҳамсоя мубориза бурд.
Ҳамин тавр, Бобак ҳокимияти Сосониёнро дар вилояти Форс барқарор кард. Писари ӯ Ардашер ҳокимияти ин сулоларо дар тамоми Эрон, Байнаннаҳрайн ва Арманистону Озорбойҷон ҷорӣ намуд. Бинобар ин Ардашери I-ро метавонем ба маънои том асосгузори давлати Сосониён шуморем. Як дастоварди муҳими ин шоҳ дар он буд, ки ӯ як қисми мулкҳои мутеъро, ки дар давраи портҳо аз ҷониби сулолаҳои маҳаллӣ идора карда мешуданд, барҳам дода, ҳокимиятро дар ин мулкҳо ба намояндагони сулолаи Сосониён дод. Бо ин восита ӯ давлатро мутамарказ намуд. Шоҳони баъдина ин амалро идома доданд.
Дар мустаҳкам кардани давлати Сосониён саҳми писари Ардашер Шопур (с.241-272) низ хеле калон аст. Ӯ ҳанӯз дар вақти вориси тахт буданаш дар якчанд задухӯрд бо румиҳо ғолиб баромада буд. Баъди ин муваффақиятҳои Сосониён, тавре ки дар боло гуфтем, румиҳо ба ташвиш афтода, барои ҳамла кардан ба Эрон тайёрӣ медиданд.
Соли 242 императори Рум Гордиан бо лашкари калон ба Сурия омад. Дар бораи ин ҷанг сарчашмаҳои румӣ ва сангкатибаи Шопури II дар Бишопур хабар додаанд. Дар сангкатибаи Шопур, аз ҷумла гуфта шудааст: Дар сарҳади Асурестон, дар назди ш.Месиха задухӯрди калон ба амал омад. Қайсар Гордион кушта шуд. Лашкари Рум шикаст хӯрд. Румиҳо Филиппро қайсар карданд. Ва қайсар Филипп ба назди мо омада, сулҳ хост ва ба мо 500 ҳазор динор барои ҷони рафиқонаш (яъне барои озод кардани асирон) дод ва боҷгузори мо шуд. Ва мо Месихаро Пирӯз – Шопур номидем[16].
Тавре ки мебинем, навиштаҷоти Шопури II чунон фаҳмост, ки ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад. Сосониён ин пирӯзии худро дар санг абадӣ гардонданд. Дар назди катиба саҳнаи ғалабаи Шопур ба болои Гордион тасвир шудааст. Дар он сурати қайсари Рум дар зери пойҳои аспи Шопур ҷой дода шудааст.
Ин ҳодиса ба румиҳо таъсири калон расонд ва ба мӯҳлати дароз дар хотираашон боқӣ монд. Барои Сосониён ин аввалин ғалабаи қатъӣ аз болои чунин душмани пурзӯр буд. Баъди ин ғалаба Шопур вилоятҳои Месена, Армания, Гелон, Сакистон, Туркистон ва Ҳиндро то соҳили баҳр, Марв, Абаршаҳр ва баъзе кишварҳои дигарро дар шарқ забт карда, чор писари худ — Шопур, Ҳурмуз, Вараҳран (Баҳром) ва Нарсиро дар ин мулкҳо ҳоким таъин кард.
Солҳои 251-253 румиҳо бо 60 ҳазор сарбоз ба Сосониён ҳамла карданд. Муҳорибаи асосӣ дар назди қалъаи Барбалис ба вуқӯъ пайваст. Дар он Сосониён пурра ғолиб баромаданд. Мувофиқи катибаи «Каъбаи Зардушт» баъди ин муҳориба Сосониён 37 шаҳр ва қалъа, аз ҷумла Селевкия, Антиохия, Дура-Европос дар Сирия ва якчанд шаҳри Каппадокияро ишғол намуданд.
Ғалабаи Сосониён дар назди ш.Барбалис дар сангмусаввараи Нақши Рустам абадӣ гардонда шудааст. Дар он қайсари Рум Валериан дар назди Шопури аспсавор ба зону истода, сулҳ илтиҷо карда истодааст.[17] Тақрибан с.256 байни тарафҳо сулҳ баста шуд. Шарту шароити он маълум нестанд.
Сеюмин муҳорибаи калон байни сосониён ва румиҳо тақрибан дар байни с.258-262 рух дод. Шопур ба шаҳрҳои Кара ва Эдесса ҳамла кард. Аз ин ҳодиса огоҳ шуда, қайсари Рум Валериан бо лашкари 70 ҳазорнафара ба муқобили сосониён баромад. Муҳорибаи ҳалкунанда дар назди ш.Эдесса дар Байнаннаҳрайни Шимолӣ рух дод. Дар он румиҳо пурра мағлуб шуданд. Қайсари Рум Валериан ва аъёну ашрофи ӯ асир афтоданд. Сосониён 36 шаҳру қалъаро дар Сирия, Киликия ва Каппадокия ишғол карда, ғорат намуданд ва ба дами оташ кашиданд. Ин ғалаба бори дигар ба румиҳо қудрати Сосониёнро нишон дод. Румиҳо ҳаргиз ба ингуна мағлубияти сахт дучор нашуда буданд.
Дар бораи ҷангҳои Шопури I Табарӣ низ андак ва мухтасар маълумот додааст. Мувофиқи он Шопур с.252 ба ш.Нисибин ҳамла карда, онро гирифт, баъд ба Шом (Сурия) ҳамла оварда, шаҳрҳои зиёд, аз ҷумла Антиохияро гирифт, баъд бо малики Рум ҷанг карда, ӯро асир кард. Пас аз ин Мавсилро ишғол карда ба Ҳазр, ки дар ҳади Шом буд ва маликаш арабе бо номи Зайзан буд, ҳамла карда, онро ба муҳосира гирифта, баъди чор сол ишғол намуд. Шаҳри Ҷунди Шопурро дар Ахвоз сохт. Сию як сол дар мулк бимонд[18].
Дар натиҷаи ғалабаҳои Шопур дар ҷангҳо қаламрави давлати Сосониён хеле васеъ шуда буд. Мувофиқи катибаи Каъбаи Зардушт дар ин солҳо ба ҳайати Эроншаҳр, яъне давлати Сосониён кишварҳои зерин дохил мешуданд: Форс, Партав, Хузистон, Мешан, Асурестон, Адиабена, Арабистон, Атурпатакан (Озарбойҷон), Армания, Баласакан, Мидия, Гургон, Марв, Ҳирот, Абаршаҳр, Кирмон, Сакистон, Туркестон, Мекрон, Пардон, Ҳинд, Кушоншаҳр то Пешовар ва ба боло то Кеш, Суғд ва то ҳудуди Чоч. Дар катиба Шопур мегӯяд, ки ҳокимони ҳамаи ин кишварҳо ба мо боҷ медоданд ё тобеи мо буданд[19].
Ибораи «тобеъ буданд» маънои онро дорад, ки ин кишварҳо пурра ба ҳайати давлати Сосониён дохил мешуданд ва аксари онҳо аз ҷониби шоҳзодагон ё намояндагони дигари ин сулола идора карда мешуданд. Кишварҳои боҷгузор мустақил буда, танҳо аз лиҳози сиёсӣ ба Сосониён итоат мекарданд. Ба ин гурӯҳ як қатор кишварҳои сарҳадӣ дохил мешуданд, аммо шумора ва номгӯи онҳоро мо дақиқ муайян карда наметавонем. Дар сарчашмаҳои дигар низ дар ин бора маълумоти муфассал вуҷуд надорад. Дар ҳар сурат аён аст, ки аксарияти кишварҳои дар катиба зикршуда ба ҳайати давлати Сосониён дохил мешуданд ва қисми камтараш боҷгузор буданд.
Дар катиба 28 кишвар номбар шудааст, ки масоҳати хеле калонро аз Байнаннаҳрайну Сирия, Кавказу Арабистон то Ҳинду Чоч дар бар мегирифтанд ва аз қудрату тавоноӣ ва вусъати ин давлати ориёӣ шаҳодат медоданд.
Дар давраи ҳукмронии Шопури I шаҳрсозӣ низ хеле густариш ёфта буд. Мувофиқи катибаи Каъбаи Зардушт дар замони ӯ 15 шаҳри шоҳӣ мавҷуд буд, аз ҷумла Гунди Шопур, Навшопур, Шопур-хшнум, Ҳурмуз- Ардашер ва ғайра. Аммо бунёди шаҳри Хурмуз-Ардашерро Табарӣ ба Ардашери I нисбат медиҳад.
Баъди Шопури I дар давраи ҳукмронии Ҳурмуз-Ардашер (с. 272-274), Баҳроми I (с. 274-277), Баҳроми II (с. 277-294) ва Нарсӣ (с. 294-302) вазъияти дохилӣ ва хориҷии Эрон ташвишовар ва ноором буд. Дар дарбори Сосониён дар байни шоҳон, шоҳзодагон ва гурӯҳҳои гуногуни ашрофон муборизаи сахт ҷараён дошт. Шоҳон дар тахт тез-тез иваз мешуданд. Ин боиси он гардид, ки бисёр вилоятҳои канорӣ ба майдони тохтутозҳои ғоратгаронаи давлатҳо ва қабилаҳои ҳамсоя табдил ёфта буданд. Дар дохили кишвар, масалан, дар Хуросон с. 283 шӯриш сар зад. Гарчанде ки Вараҳран (Баҳром)-и II ин шӯришро пахш кард, аммо сар задани он нишонаи сустии ҳокимияти марказӣ буд.
Дар сиёсати хориҷӣ, махсусан дар самти ғарб Сосониён дар ин солҳо ба нокомӣ дучор гардиданд. Дар байни ду давлати пурзӯри он замон – Эрон ва Рум арсаи мубориза Сурия, шимоли Байнаннаҳрайн ва Арманистон буд. Дар давраи Ардашер ва махсусан Шопури I ин кишварҳо дар зери итоати Сосониён буданд. Баъди Шопури I Рум пайваста фурсат меҷуст, ки ба ин минтақаҳои муҳими стратегӣ ҳамла карда, онҳоро ба даст дарорад. Дар давраи ҳукмронии Ҳурмуз-Ардашер румиҳо ба ин минтақаҳо ҳуҷум карданд, аммо ба эрониён муяссар шуд, ки садди роҳи пешравии онҳо шаванд.
Дар давраи ҳукмронии Вараҳрани I (с.274-277) румиҳо аз нав ба ин минтақа ҳуҷум карданд. Қайсари Рум Аврелиан қариб бе мамониат ба пойтахти Сосониён Ктесифон наздик шуд. Аммо бо сабабҳои ба мо номаълум дар лашкари румиҳо исён сар зад ва сарбозон қайсари худро ба қатл расонида, ҳуҷумро қатъ карданд ва ба қафо баргаштанд. Дақиқ маълум нест, ки дар ин кор эрониён даст доштанд ё ин ихтилофи сирф дохилии худи румиҳо буд. Дар ҳар сурат дар натиҷаи ин ҳодисаи ғайричашмдошт Ктесифон аз ҳуҷум эмин монд.
Дар замони ҳукмронии Вараҳрани II (с. 277-294) румиҳо боз ба Эрон ҳуҷум карданд. Соли 282 қайсари Рум Кар шаҳрҳои дар сари роҳ бударо ғорат карда, ба Ктесифон наздик шуд. Вале марги ногаҳонии ӯ сабаби қатъ гаштани ин ҳамла ва қафо баргаштани румиҳо гардид.[20] Ин дафъа низ, румиҳо ба нокомӣ дучор шуданд. Агар вазъияти душвори Сосониёнро дар ин давра ва оқибати ҳуҷуми минбаъдаи румиҳоро дар назар гирем, ин дафъа низ бахти Сосониён баландӣ кард ва онҳо бе ҷанг аз ин муноқиша раҳоӣ ёфтанд.
Нарсӣ писари Шопури I, ки дар давраи зинда будани падараш дар байни шоҳзодагон мартабаи баланд дошт, дар натиҷаи муборизаҳои дохилии сулолавӣ натавонист соҳиби тахт гардад. Оқибат с. 294 вақте ки баъди марги Вараҳрани II дарбориёни бонуфуз бо сардории фармондор Вахунам ва мубади мубадон Картир писари ӯ Вараҳрани III-ро шоҳаншоҳ эълон карданд, Нарсӣ исён бардошт. Ӯ, ки шоҳи Арманистон буд, бо лашкараш ба Ктесифон ҳамла карда, бе ҷанг онро тасарруф намуд ва ба тахти шоҳӣ нишаст. Дере нагузашта ӯ дастаҳои Вахунамро шикаст дода, худи ӯро ба асирӣ гирифт.
Дар давраи ҳукмронии Нарсӣ вазъияти душвори Эрон беҳтар нашуд. Баръакс вазъияти хориҷии он боз ҳам бадтар гардид. Дар аввал ба Нарсӣ муяссар шуд, ки гумоштаи румиҳо Тиридоти IV-ро аз тахт сарнагун намояд. Аммо дере нагузашта, румиҳо бо сарварии бевоситаи қайсар Галерий форсҳоро шикаст доданд. Ин ҳодиса с. 298 рух дод. Баъди ин ҳодиса дар ш. Нисибийин сулҳнома баста шуд, ки мувофиқи он Сосониён як қисм Байнаннаҳрайни шимолӣ, панҷ вилояти болооби Даҷла ва Арманистонро аз даст доданд.[21] Вазъияти дохилии Эрон пас аз Нарсӣ низ беҳтар нашуд. Дар давраи ҳукмронии Ҳурмузи II (с. 302-309) муноқишаҳои дохилии сулолавӣ боз ҳам тезутундтар шуданд. Яке аз писарони ӯ – Озарнарсӣ баъди андаке ҳукмронӣ карданаш кушта шуд. Писари дуюмашро кӯр карданд ва писари сеюмаш маҷбур шуд, ки ба Руми Шарқӣ фирор намояд. Ашрофи бонуфуз писари аз ҳама хурди Ҳурмузи II Шопурро, ки тифли ширмак буд, шоҳаншоҳи Эрон эълон карданд. Ин тифл – Шоҳпури II бо амри тақдир хеле дуру дароз – 70 сол (с. 309-379) ҳукмронӣ кард.
Аз ахбори Табарӣ бармеояд, ки дар солҳои аввали ҳукмронии Шопури II вазъият дар Эрон мисли пештара душвор буд. Аммо баъди ба балоғат расидан ба Шопур муяссар гардид, ки вазъиятро беҳтар намояд ва соли 338 Эрон аз нав пурқувват гашта, барои баргардондани минтақаҳои мувофиқи сулҳномаи Нисибийин аз даст додааш бо Рум ҷангро оғоз намояд.[22]
Дар ин миён дар шимолу шарқ қабилаҳои хионӣ ва сакоӣ ба Эрон ҳуҷум намуданд. Шопури II маҷбур шуд амалиётро дар ғарб муваққатан қатъ карда, ба шарқ лашкар кашад. Ин ҳодиса тақрибан с. 358 рух дода буд. Шопури II ҳуҷуми ин қабилаҳоро баргардонда, бо онҳо шартномаи дустӣ ва ҳамкорӣ баст. Ба ӯ муяссар шуд, ки душманони дирӯзаро ба иттифоқчиёни худ дар мубориза бар зидди Рум табдил диҳад. Мувофиқи ахбори Аммиан Марселин, дар ҷанги Шопур бо қайсари Рум Констанс хиониҳо чун иттифоқчиёни Сосониён иштирок намуданд. Онҳо махсусан дар гирифтани шаҳри Амида саҳми арзанда гузоштанд.[23]
Дар ғарб форсҳо ба ҳуҷум гузашта, с. 359 қаълаи Амида ва с. 360 Сингар ва Байт-Зубдаро ишғол намуданд. Аз ин муваффақиятҳои сосониён румиҳо ба таҳлука афтоданд. Қайсар Юлиан баъди тайёрии ҳамаҷониба с. 363 аз дарёи Фурот гузашта, то ш. Карра расид ва аз он ҷо ба ҷануб гашта, ба тарафи Ктесифон равон шуд. Дар ин ҷо пеши роҳи румиҳоро лашкари калони Сосониён гирифт. Дар бораи ин ҷанг ва оқибатҳои он Аммиан Марселин муфассал нақл кардааст. Лашкари румиҳо хаста шуда, аз озуқаворӣ танқисӣ мекашид ва пайваста ба ҳуҷуми эрониён дучор мешуд ва талафоти калон медод. Юлиан дудила шуда буд ва намедонист чи кор кунад – ҳуҷумро идома диҳад ё онро қатъ карда, қафо гардад. Дар ин миён 20 июни с. 363 дар як задухӯрди начандон калон қайсар Юлиан ярадор шуда, ҳалок гардид.[24] Ба қавли Табарӣ «Тире аз лашкари Шопур бар дили Лилёнус омад ва аз асп биафтод ва бимурд»[25]. Лашкар ба ҷои ӯ Иовианро қайсар интихоб мекунад ва ӯ маҷбур мешавад бо Сосониён сулҳ баста, бо боқимондаи лашкараш қафо баргардад.
Мувофиқи ин шартнома ш. Нисибийин, Армения ва дигар вилоятҳое, ки мувофиқи аҳдномаи с. 298 ба румиҳо гузашта буданд, аз нав ба Сосониён баргардонида шуданд. Ғалаба бар Рум ва дар шарқ бар хиониҳо ва сакоиҳо дастовардҳои муҳими Шопури II дар арсаи сиёсати хориҷӣ буданд.
Шопури II якчанд шаҳр сохта буд, аз ҷумла, Эран Хвара Шопур дар харобаҳои Шуш ва Фирӯз-Шопур 40 км дуртар аз ш. Байт-Зубда. Баъди Шопури II бародараш (ё амакаш) Ардашери II (с. 379-383) ва писаронаш Шопури III (с. 383-388) ва Вараҳрани IV (с. 388-399) ҳукмронӣ карданд. Яке аз ҳодисаҳои муҳиме, ки дар ин давра рух дод, байни Рум ва Эрон тақсим карда шудани кишварҳои Кавказ буд. Мувофиқи шартномае, ки с. 387 байни ин ду давлат баста шуда, Арманистони Ғарбӣ ва Лазика (дар ғарби Гурҷистон) ба Рум ва қисми зиёди Арманистон, Картлия (Гурҷистони Шарқӣ) ва Албания ба Эрон гузаштанд. Дар аввал дар ин кишварҳо ҳокимони маҳаллӣ дар зери васояти Эрон ҳукмронӣ мекарданд. Бо мурури замон сосониён онҳоро бартараф карда, дар ин ҷо намояндагони худро ҳоким таъин намуданд ва ин мулкҳо пурра ба ҳайати давлати онҳо дохил карда шуданд.[26] Ҳамин тавр, мавқеи Сосониён дар Кавказ мустаҳкам шуд.
Дар давраи ҳукмронии Яздигурди I (с. 399-420) дар идораи давлат нуфузи рӯҳониёни зардуштӣ боз ҳам баландтар шуд. Дар робита ба ин масъала бояд ёдовар шуд, ки таъсири онҳо дар корҳои давлатӣ аз ибтидо калон буд. Баъзе шоҳон бо ин муросо карда, бо мубадон ҳамкорӣ мекарданд ва аз обрӯ ва нуфузи онҳо барои таҳкими давлат истифода мебурданд. Аммо ҳолатҳое мешуд, ки нуфузи мубадон аз ҳад гузашта, шоҳон ба бозичаи дасти онҳо табдил меёфтанд. Дар чунин ҳолатҳо шоҳон табир меҷӯстанд то таъсири мубадонро камтар карда, ҳокимияти шоҳро мустаҳкам намоянд. Ҳар шоҳ ин масъаларо ба таври худ ҳал мекард. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ Яздигурди I барои раҳоӣ ёфтан аз таъсири мубадони зардуштӣ аз насрониён пуштибонӣ мекард. Дар шароити Эрони он замон чунин мавқеъро ишғол кардан хавфи зиёд дошт. Аз афташ Яздигурд шахси қавиирода буд ва барои чунин сиёсатро пеш гирифтан асос ва такягоҳ низ дошт.
Дар адабиёти насронӣ ӯро подшоҳи одил номида, таърифу тавсиф кардаанд. Дар адабиёти форсӣ, баръакс, ӯро золиму хилофи дин (ал-асим) номидаанд.[27] Аз ахбори Табарӣ бармеояд, ки ашрофи олимақоми эронӣ аз сиёсати ӯ норизо буданд. Ӯ ба маслиҳатҳои онҳо гӯш надода, худсарона (ё бо маслиҳати мушовирони насрониаш) амал мекард. Бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ 21 сол ҳукмронӣ кард, мубадони зардуштӣ ва ашрофони олимақоми эронӣ дар ин муддат натавонистанд ӯро барканор созанд.
Чӣ тавр ӯ ба ин кор муваффақ шуд, ба мо маълум нест ва сарчашмаҳои хаттӣ низ дар ин бора маълумот надоданд. Дар ҳар сурат ӯ тавонист вазъиятро идора карда, ҳокимияти шоҳиро мустаҳкам созад. Аммо дар охири ҳукмрониаш Яздигурди I сиёсати худро тағйиро дода, ба таъқиби насрониён пардохт. Ба андешаи М.М. Дяконов эҳтимол ӯ эҳсос кард, ки аз ҳад зиёд афзудани нуфузи насрониён ба фоидаи душмани деринаи Эрон Рум-Византия ҳаст. Аз ҷониби дигар, шояд ӯ пай бурд, ки муқовимати мубадони зардушиӣ ва ашрофи баландмартабаи ватанпараст хусусияти хатарнок касб кардааст ва метавонад барои ӯ оқибатҳои нохуш дошта бошад. Ин биму ҳароси ӯ рост баромаданд. Соли 420 дар ҳини сафар дар вилояти Гургон ӯ асроромез ба ҳалокат мерасад. Ба ақидаи Т. Нелдеке, ин корро ашрофи мухолифи ӯ ташкил карданд ва барои рӯпуш намудани ин амал худ ривоятеро бофта бароварданд, ки мувофиқи он аспи зебое аз чашма баромада, бо ду пои қафояш лагаде бар синаи Яздигурд зад ва ӯ ҳалок шуд. Ҳамин тавр, ҳукмронии пурихтилофи ин шоҳи худсар ва қавиирода фоҷиабор ба фарҷом расид.
Бар хилофи хоҳиши атрофиён, ки Хусравро шоҳаншоҳ эълон карда, вориси тахт писари Яздигурди I Шоҳпурро куштанд, писари дуюми ӯ Баҳром (Вараҳран) бо ёрии лашкари аъроб душманони худро мағлуб карда, ба тахти падар нишаст.
Баҳроми V (с.421-439), ки дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бо номи Баҳроми Гӯр маъруф аст, сиёсати дохилии худро ба таври дигар сохт. Ӯ дар идора кардани давлат ба аъёну ашрофи эронӣ ва мубадони зардуштӣ такя намуда, идораи давлатро пурра ба дасти онҳо супорид. Махсусан ба фармондори бузург Меҳр Насрӣ, ки ҳанӯз дар давраи Яздигурди I ин вазифаро иҷро мекард, ваколатҳои хеле васеъ дода шуд. Ӯ чун пайрави босуботи дини зардуштӣ ва созандаи ибодатхонаҳо маъруф буд. Дар асоси сиёсати нав насрониёни Эрон, ки ба таъқиб дучор шуданд, маҷлис ороста, калисои худро мустақил ва ҷудо аз калисои Византия эълон карданд.
Яке аз даствордҳои муҳими Баҳроми Гӯр ғалаба аз болои хиониҳо буд. Дар ин бора Табарӣ, Диноварӣ ва дигар муаррихони форсу–тоҷик ва араб маълумот додаанд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ дар соли ҳафтуми ҳукмронии Баҳроми V, яъне с.427 подшоҳи хиониҳо, ки ӯро Табарӣ ва дигар муаррихони форсу араб иштибоҳан Хоқони турк номидаанд, бо 250 ҳазор саворанизом ба Хуросон тохтутоз карда, кишварро ғорат ва хароб намуд. Хабари ин ҳодиса ба Баҳром расид. Дарбориён ба воҳима афтода, аз шоҳ хоҳиш карданд, ки чора андешад. Ӯ ҳиллаи ҳарбиро истифода бурда, чунин вонамуд кард, ки ба тарафи Озарбойҷон раҳсипор аст. Шоҳи хиониҳо дар ғафлат монд. Баъди ин Баҳроми V босуръат ба ҷониби Хуросон ҳаракат карда, дар Марв ногаҳон ба хиониҳо ҳамла намуда, онҳоро шикаст дод ва хоқонро дастгир карда кушт ва ғанимати зиёд ба даст даровард. Ӯ бо лашкари худ аз рӯди Ҷайҳун гузашт ва дар Мовароуннаҳр бо хиониҳо ҷангида, онҳоро мағлуб намуд. Ҳамаи онҳо ба итоати Баҳром даромаданд ва дар сарҳад миёни хиониҳо ва Эрон маноре бино карданд. Баъди ин Баҳром бародари худ Нарсиро ҳокими Балх таъин кард ва фармуд то сарҳадро посбонӣ кунад[28].
Пас аз ин ғалабаи Баҳроми V қисми зиёди Мовароуннаҳр ба итоати ӯ даромад. Эҳтимол як хабари Фирдавсӣ дар бораи он ки баъди шикаст хӯрдани туркҳо (дурусташ хиониҳо) Чағониён, Хутталон, Балх ва Бухоро боҷгузори Эрон шуданд, ба ҳамин ҳодисаҳо алоқаманд бошад. Табарӣ, Фирдавсӣ ва муаллифони дигари форсу тоҷик ва араб дар ин ҳодисаҳо туркҳоро номбар кардаанд. Аммо Ҷ. Маркварт ва олимони дигар исбот намудаанд, ки ин иштибоҳи маҳз ҳаст ва дар ин ҳодисаҳо хиониҳои эронинажод иштирок карда буданд[29] Аз ахбори Табарӣ (агар онҳо воқеӣ бошанд) бармеояд, ки Баҳроми Гӯр як қатор ноҳияҳои сарҳадии Ҳиндустонро низ ба итоати худ дароварда буд.[30]
Дар робита бо ҳодисаҳои дар ғарби мамлакат рухдода Табарӣ овардааст, ки сипоҳи Эрон бо сарварии фармондори бузург Меҳр Нарсӣ бар зидди Рум ҷангида ғолиб омад. Мутаассифона, ҷузъиёти ин ҷанг маълум нест. Рух додани ин ҷангро бе тафсилот сарчашмаҳои дигар низ тасдиқ мекунанд. Аммо ба натиҷаи он баҳои дигархелтар дода шудааст. Масалан, мувофиқи маълумоти М.М. Дяконов ин ҷанг дар маҷмӯъ ба фоидаи византиягиҳо (румиҳо) анҷом ёфт. Чунки баъди он эрониён ваъда доданд, ки насрониёнро таъқиб наҳоҳанд кард.[31] Эҳтимол тарафҳои муқобил ба мувофиқа омада, ба якдигар гузаштҳои муайян карда бошанд.
Тавре ки муҳаққиқон ишора кардаанд, дар адабиёти форсу тоҷик дар бораи корномаҳои Баҳроми Гӯр, аз ҷумла, саргузаштҳои ишқӣ ва маишии ӯ ривоятҳои хеле зиёд оварда шудааст. Сабаби ин шӯҳрати ӯ дақиқан маълум нест. Ӯ шахси дилкушод буда, шикор ва айшу ишратро дӯст медошт, аммо сиёсатшинос ва сарлашкари хуб низ буд ва дар ин ҷода низ дастовардҳои назаррас дошт. Шояд дар як шахс ҷой гирифтани сифатҳои гуногуни ихтилофомез, аммо дар маҷмӯъ мусбат сабаби шӯҳрати ӯ гардида буданд. Ӯ шахсияти ғайриоддӣ буда, амалҳояш пешгӯинашаванда буданд. Марги ӯ низ асроромез буд. Ривоят мекунанд, ки дар вақти шикор ӯ бо аспаш ба чоҳе фурӯ рафта, нопадид шуд. Шояд ӯ дар вақти шикор ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуда бошад. Ба қавли Табарӣ «Баҳром ба мулк андар сӣ сол бибуд».[32]
Баъди марги Баҳроми Гӯр писараш Яздигурд ба тахт нишаст. Дар давраи ҳукмронии ӯ вазъияти дохилии кишвар мӯътадил буд. Дар сиёсати хориҷӣ ду минтақаи ҳассос — яке дар шарқ дар сарҳади Балху Тахористон ва дигаре дар ғарб дар Арманистон, Кавказ ва Осиён Хурд буд. Дар ғарб вазъият нисбатан ором буд ва дар нуқтаи муҳими ин минтақа Арманистон гумоштаи Сосониён ҳукмронӣ мекард. Аммо дар Арманистон дини давлатӣ эълон шудани насрония Сосониёнро ба ташвиш овард ва онҳо аъёну ашрофи ин мамлакатро даъват карданд, ки дини зардуштиро қабул намоянд. Фишори Сосониён дар робита бо ин масъала боиси дар с.451 сар задани шӯриш шуд. Сосониён шӯришро пахш карданд, аммо дини насрониро дар Арманистон аз байн бурда натавонистанд. Арманистон дар дасти Сосониён боқӣ монд ва Византия, ки бо ҷанг бо гуннҳо машғул буд, ба корҳои Арманистон мудохила карда натавонист.[33]
Табарӣ хабар додааст, ки малики Рум аз хироҷ додан саркашӣ кард ва Яздигурд Нарсиро бо сипоҳ фиристод, вале малики Рум масъаларо бе ҷанг ба воситаи гуфтушунид ҳал кард.[34]
Дар бораи ҷангҳои Яздигурди II дар шарқ таърихнависи арманӣ, шоҳиди воқеаҳои он замон Егише Вардапет хабар додааст. Ӯ навиштааст, ки шоҳи сосониён «ногаҳон ба сарзамини хонҳо (хиониҳо), ки онҳоро кушонӣ низ меномиданд, ҳуҷум карда, ду сол бо онҳо ҷангид, аммо онҳоро тобеъ карда натавонист. Соли 450 Яздигурди II лашкари калон ҷамъ карда, то сарзамини яфталиҳо расид. Шоҳи кушониён аз муҳориба худдорӣ карда, ба гӯшаҳои дурдаст ва дастнораси кишвараш рафт. Яздигурди II сарзамини кушониёнро талаву тороҷ карда, кӯшку шаҳрро хароб кард ва асирони зиёду ғанимати бисёр гирифт. Аз мазмуни ин матн аён аст, ки дар зери номи кушониён яфталиҳо дар назар дошта шудаанд. Ин сарзаминҳо пештар дар дасти кушониён буданд ва барои ҳамин муаллиф онҳоро мисли пештара ба кушониён нисбат додааст. Аммо дар аввали матн сарзамини яфталиҳо номида шудани ин кишвар шоҳиди он аст, ки дар ин ҷо аллакай Яфталиён ҳукмронӣ мекарданд.
Бори сеюм, мувофиқи ахбори Егише, Вардапет, Яздигурди II с. 453-454 хост ба шоҳи кушониён ҳамла намояд. Аммо ӯ аз ин кор бохабар шуда, пештар ҳуҷум кард ва сосониёнро шикаст дода, як қатор вилоятҳои Эронро талаву тороҷ намуд. Фикри Е.Е. Неразик дар бораи он, ки дар ин ҷо дар зери номи кушониён яфталиҳо дар назар дошта шудаанд, дуруст ба назар мерасад.
Ҳамин тавр, дар Шарқ дар симои яфталиён (Эфталиҳо ё худ ҳайтолиён) Сосониён бо рақиби нав ва нерӯманд рӯ ба рӯ мешаванд. Яфталиён низ, чунон ки зикр шуд, мисли хиониҳо, кушониҳо, кидориҳо ва худи сосониён ориёнажад буданд. Онҳо дар нимаи дуюми а. V-VI дар ҳаёти сиёсии сосониён нақши намоён гузаштаанд. Махсусан писари Яздигурди II Фирӯз (с.459-484), ки бо дастгирии яфталиён соҳиби тахт шуда буд, қисми зиёди ҳукмронии худро дар мубориза бо онҳо гузаронд.
Дар ин солҳо дар самти ғарб дар Арманистон ва Кавказ вазъяти Сосониён нисбатан хуб буд. Дар Эрон онҳо мазҳаби настуриро, ки мухолифи калисои расмии насронии Визанития буд, дастгирӣ мекарданд. Дар Кавказ Сосониҳо ҳокимияти худро мустаҳкам намуда, ба ҷои ҳокимони маҳаллӣ форсҳоро ҳоким таъин карданд. Дар вақти хушксолӣ, ки 7 сол давом кард, Фирӯз бо як қатор чораҳои қатъӣ кӯшиш намуд, ки ба мардумони гурусна ёрӣ расонад. Ӯ амборҳои давлатиро кушода, ғалларо ба мардуми гурусна тақсим кард ва бойҳо ва заминдорони калонро низ фармуд, ки ҳамин корро кунанд.
Вазъиятро дар шимолу ғарби кишвар ҳуҷуми қабилаҳои саҳронавард аз шимоли Кавказ мураккаб кард.[35]
Тавре ки дар боло дидем, дар замони Баҳроми V Балх дар дасти Сосониён буд ва дар он ҷо намояндаи онҳо ҳукмронӣ мекард. Эҳтимол баъди дар ҷанги с. 453-454 шикаст хӯрдани Яздигурди II Балх ба дасти яфталиён афтод. Сабаби асосии ҷангҳои Фирӯз бо Яфталиён (Ҳайтолиён), ба эҳтимоли зиёд, сарзамини Балху Тахористон буд, ки Сосониён мехостанд онҳоро пас гардонда гиранд.
Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо Фирӯз се маротиба бо Ҳайтолиён ҷанг кард. Табарӣ танҳо дар бораи ду ҷанги охири Фирӯз хабар додааст. Дар бораи ҷанги якум сарчашмаҳои дигар маълумот додаанд. Дар ҷанги якум, ки ҷузъиёти он маълум нест, Фирӯз асир афтод ва ӯро қайсари Рум (Византия) харида, озод кард. Санаи баргузории ин ҷанг маълум нест. Дафъаи дуюм Фирӯз ба сарзамини ҳайтолиён дохил шуда, шоҳи онро бо лашкараш таъқиб мекунад ва ба биёбон кашида шуда, ба камин меафтад ва боз асири шоҳи ҳайтолиён Хушнавоз мегардад. Табарӣ дар бораи ин ҷанг ривоятеро овардааст, ки қисми зиёди он бештар ба афсона монанд аст. Ин дафъа шоҳи Ҳайтолиён ба ивази маблағи калон — 30 хачир сикка Фирӯзро озод менамояд. Фирӯз писарашро дар назди шоҳи Ҳайтолиён гаравгон гузошта, қасам ёд мекунад, ки дигар сарҳади сарзамини онҳоро вайрон нахоҳад кард. Аз рӯи ахбори Табарӣ ин ҷанг чор сол пеш аз ҷанги охирини Фирӯз бо Ҳайтолиён, яъне с. 480 ба вуқӯъ пайваста буд.
Аз нокомиҳои Фирӯз дар ҷанг бо Ҳайтолиён истифода бурда, ҳокимону ашрофи маҳалии Кавказ — Иберия, Арманистон ва Албания с. 483-484 бар зидди Сосониён шӯриш бардоштанд. Сарвари он шоҳи Иберия Вахтанг Горгасар буд. Шӯришгарон намояндагони Сосониёнро пеш карда, пойтахти Арманистон ш. Двинро ишғол намуданд. Дар якчанд зардухӯрд бо сарбозони сосонӣ исёнгарон ғолиб баромаданд. Аммо дар муҳориба бо қувваҳои асосии сосониён онҳо шикаст хӯрданд. Баъди ин ҳадиса сосониён ҳуқуқ ва имтиёзҳои ашрофи маҳаллиро барқарор карда, ҳокимонро аз ҳисоби онҳо таъин мекарданд.
Ҳуҷуми сеюми Фирӯз бар зидди ҳайтолиён ҳуҷуми охирини ӯ буд ва ба таври фоҷиавӣ ба анҷом расид. Ҳайтолиён аз сершуморӣ ва нерӯмандии лашкари сосониён огоҳ буданд ва медонистанд, ки дар муҳорибаи кушод ба муқобили он тоб оварда наметавонанд. Барои ҳамин ин дафъа ҳам онҳо ҳиллаи ҳарбиро ба кор бурданд. Онҳо хандаки чуқур ва дароз канда болояшро бо чӯбҳои борику тунук хаспӯш карданд. Вақте ки лашкари форсҳо ба хандақ наздик шуд, яфталиҳо вонамуд карданд, ки ба ҳарос афтодаанд ва рӯ ба гурез ниҳоданд. Лашкари сосониён онҳоро таъқиб карда, ба хандақ афтоданд ва қисми зиёдашон ҳамроҳи шоҳашон ҳалок гардиданд.[36] Лашкаргоҳи Фирӯз бо хазинаи шоҳӣ, духтари шоҳ ва тамоми ҳарам ва мубади мубадон ба дасти Ҳайтолиён афтоданд.
Ин шикаст ба эрониён таассуроти сахти манфӣ расонд. Ба қавли як сарчашма эрониён ҳатто дар замонҳои осоишта танҳо аз шунидани номи ҳайтолиён ба ҳарос меафтоданд. Мувофиқи ахбори Табарӣ яке аз ашрофи воломақоми сосониён — Суфрой бо сипоҳи калон барои қасоси Фирӯзро гирифтан ба ҷанги Хушнавоз равон шуд. Аммо кор то ҷанг нарасида, бо гуфтушунид ҳал шуд. Хушнавоз ҳамаи он чизҳоеро, ки аз лашкаргоҳи Фирӯз ғанимат гарифта буд, ба Суфрой баргардонд.[37] Вале Эрон барин давлати абарқудрат маҷбур шуд, ки чандин сол ба Ҳайтолиён боҷ диҳад.
Пас аз марги фоиҷиавии Фирӯз писари (ё аз рӯи баъзе ақидаҳо бародари) ӯ Балош (с.484-488) ва баъди ӯ Қубод (с.488-531) подшоҳӣ карданд. Дар давраи ҳукмронии Қубод шӯрише сар зад, ки ба он Маздак роҳбарӣ мекард. Асоси ғоявии шӯришро таълимоти динӣ- иҷтимоие ташкил мекард, ки дар миёнаи а.III пайдо шуда буд ва пайравони онро зардуштакон меномиданд. Моҳияти таълимоти динии онҳоро муборизаи қувваи некӣ -рушноӣ ва қувваи бадӣ — торикӣ ташкил мекард ва он аз зардуштия сарчашма мегирифт. Таълимоти иҷитимоии онҳо ҷорӣ кардани умумияти моликият, ба роҳ мондани адолат ва барҳам додани нобаробарии иҷтимоӣ буд. Ҳадафи онҳо моликияти бойҳоро ба зӯрӣ кашида гирифтан ва онро дар байни камбағалон баробар тақсим кардан буд. Талаби онҳо аслан маънои бозгашт ба ҷамоаҳои қадимаи авлодиро дошт ва амалан дар ин шакл иҷронашаванда буд. Чун ҷомеаи Эрон хеле пеш рафта, муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва моликияти хусусӣ хеле инкишоф ёфта буданд, шикастани ин сохти иҷтимоӣ аз имкон берун буд. Аммо барои маздакиён, ки аксарияти онҳоро кишоварзон ва дигар табақаҳои камбағал ташкил мекарданд, оқибатҳои дури ин падида чандон муҳим набуд, онҳо дар ҳамон лаҳза баробариро талаб мекарданд ва онро барқароршавии адолати иҷтимоӣ мешумурданд. Дар ин бора муфассалтар дар бахши ба Маздак бахшида баъдтар сухан меронем.
Дар қисмати ғарбии Эрон минтақаи ноором мисли пештара Арманистон ва дар маҷмӯъ Кавказ буд. Сосониён кӯшиш мекарданд ба воситаи чорабиниҳои осоишта ва дипломатӣ мавқеъи худро дар ин минтақа мустаҳкам кунанд. Ба ин мақсад Қубод дар бораи мустақилияти калисои монофизитии Арманистон қарор баровард. Бо ин роҳ ӯ мехост онҳоро ҳам аз насрониёни Византия (диофизитӣ) ва ҳам аз насрониёни Эрон (настуриҳо) ҷудо намояд.
Соли 502 байни Эрон ва Византия ҷанг сар шуд. Сабаби ҷанг барои супоридани боҷи ҳарсола ба Ҳайтолиён ба Эрон қарз надодани Византия буд. Сосониён қалъаи Амидаро гирифта, бомуваффақият пеш мерафтанд, аммо ҳуҷуми қабилаҳои кӯчманчӣ аз Кавказ ба Эрон онҳоро маҷбур сохт, ки бо Вазантия сулҳ бандад. Соли 515 ба Кавказ қабилаҳои савир, ки бо хазарҳо хеш буданд, дохил шуданд. Византиягиҳо кӯшиш мекарданд онҳоро бар зидди Сосониён истифода баранд[38].
Дар давраи ҳукмронии Хусрави I Анушервон (с. 531-579) давлати Сосониён боз нерӯманд гардид. Хусрави I дар соҳаи хироҷ ва артиш ислоҳотҳои муҳим гузаронд. Пеш хироҷ аз замин дар шакли маҳсулот дар хаҷми 1/10 ё 1/3 гирифта мешуд. Акнун хироҷи доимии пулӣ ҷорӣ карда шуд — аз 1 ҷориб (оринҷ-ченаки масоҳат) 1 дирҳам ситонида мешуд. Аз боғҳо низ хироҷ мегирифтанд — аз 1 ҷориб токзор 8 дирҳам, аз 10 дарахти мева — 1 дирҳам ва ғайра.
Хусрави I вазифаи сипаҳбуд — сарфармондеҳи артиши Эронро барҳам дода, кишварро ба чор минтақаи ҳарбӣ — Шимолӣ, Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ тақсим намуд ва дар ҳар минтақа сарлашкар таъин кард, ки бевосита ба шоҳ итоат мекарданд. Ин имконият медод, ки шоҳ аз болои сарлашкарон назорати бевосита бурда, эҳтимолияти сар задани исёни ҳарбиёнро пешгирӣ кунад. Хусрави I дар идораи давлат низ ислоҳот гузаронда, мақоми аввалро ба фармондори бузург (сарвазир) ва боқиманда чор мақоми аввалро ба чор сарлашкари чор минтақа дод. Мубади мубадон, ки пеш дар дарбор баъди шоҳ ҷои дуюмро ишғол мекард, акнун ба мақоми шашум гузашт.
Ҳамаи ин ислоҳотҳо барои пур кардани хазинаи давлат ва таъмини бехтарии он равона шуда буданд. Дар ғарб Хусрави I с. 540 Антиохияро ишғол карда, сокинони онро асир гирифт. Сосониён Гурҷистони ғарбиро низ ишғол карданд. Соли 562 бо Византия сулҳ баста шуд. Соли 570 Сосониён Яманро ишғол карданд.
Соли 591 Баҳроми Чӯбин ошӯб бардошта, Ктесифонро ишғол кард ва худро шоҳ эълон намуд. Дар аввали а. VII арабҳои бодиянишин дар ҷангҳои Византия ва Эрон фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла, дар байни солҳои 604-611 арабҳо ба қаламрави Эрон дохил шуда, лашкари онро шикаст доданд.
Баъди зуҳури ислом ва ташкил шудани Хилофати араб Сосониён дар симои арабҳо рақиби наву хавфнокро пайдо карданд, ки оқибат сабаби барҳам хӯрдани давлати онҳо гардид.
Тавре ки дар бобҳои гузашта гуфтем, халқҳои ориёӣ, аз ҷумла сокинони Эрону Осиёи Миёна, анъанаҳои хеле қадима ва ба дараҷаи кофӣ инкишофёфтаи сиёсию фарҳангӣ доштанд. Сосониён идомадиҳандагони ин анъана дар яке аз марҳилаҳои таърихӣ буданд. Маданияти Сосониён дар заминаи маданияти пешинаи Осиёи Миёнаву Эрони бостон ба вуҷуд омад. Сосониён ин анъанаро идома дода, дар бисёр соҳаҳо онро ба дараҷаи баландтари тараққиёт расонданд. Дар фаъолияти худ онҳо, пеш аз ҳама, ба анъанаҳои миллӣ — ориёӣ такя намуданд. Дар баробари ин онҳо аз дастовардҳои мадании халқҳои дигар низ истифода бурда, онҳоро ба маданияти асили худ мутобиқ сохта, барои такмил ва инкишофи он истифода бурданд.
Дар давлати Сосониён мисли давлатҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Кушониён ҳокими олӣ шоҳаншоҳ буд. баробари ӯ шоҳони дигар вуҷуд доштанд, ки ҳокимони вилоятҳои алоҳида буданд. Масалан, дар катибаи Каъбаи Зардушт Марвшоҳ, Кирмоншоҳ ва Саганшоҳ (шоҳи Сакистон) номбар шудаанд.[39] Унвони шоҳаншоҳ дар сиккаҳо ва сангкатибаҳои сосонӣ сабт гардидааст. Ардашер унвони шоҳаншоҳи Эронро дошт. Шоҳпури I ва шоҳони баъдина унвони шоҳаншоҳи Эрон ва ғайриэрон ё худ Неронро доштанд.[40] Ин унвон ба ҳайати давлати Сосониён дохил шудани кишварҳои ғайриэрониро таъкид ва инъикос мекард.
Шоҳаншоҳ мисли дигарон одами муқаррарӣ набуда, шаҷараи ӯ ба худои зардуштӣ Аҳуромаздо мерасид. Ин нукта дар сангнавиштаҳо ва сиккаҳо сабт гардидааст. Масалан, дар сиккаҳои Ардашер чунин навиштаҷот сабт шуда: «Маздаясн баги Арташтар малкан малка Эрон, ману чатри мин яздан» — «парастандаи худованд Маздо Ардашер шоҳаншоҳи Эрон, аз авлоди худоҳо». Насаби шоҳони сулолавиро ба Худо бурда расондан дар он замон дар мамолики Шарқ маъмул буд ва бузургию абарқудрат ва мутлақияти ӯро дар назди мардум меафзуд.
Ҳокимияти шоҳ мутлақ ва дахлнопазир ба шумор мерафт. Ба анъанаҳои пешина пайравӣ карда, Сосониён дар зеҳни мардум тасаввуротеро ҷо мекарданд, ки мувофиқи он ҳокимиятро ба Сосониён худои бузург Аҳуромаздо додааст. Ин маънои онро дошт, ки ҳокимияти шоҳро ҳеҷ кас набояд ғасб намояд, чун онро ба ӯ худо додааст.
Батахтнишинии шоҳон маросими муҳими сиёсӣ буда, ботантана ва бо иштироки дарбориёни олимақом ва мубади мубадон баргузор мегардид. Ҳар шоҳ ин маросимро дар оташкадае, ки махсус барои ин чорабинӣ сохта мешуд, анҷом медод. Масалан, дар сангкатибаҳо ибораи атури (яъне оташи) Ардашер, Шоҳпур, Нарсӣ ва ғайра зикр шудааст. Дар маъбади оташ баргузор шудани ин маросим рамзӣ буд ва тақдиси ҳокимияти ӯро намоиш медод.
Шоҳаншоҳ баъди ба тахт нишастан дар ҳузури шӯрои ашроф ва мубадон вориси худро эълон мекард ва шӯро бояд онро тасдиқ ё рад менамуд. Ин анъана ба хотири он пайдо шуда буд, ки дар сурати марги ногаҳонии шоҳаншоҳ мамлакат як лаҳза ҳам бе подшоҳ намонад ва аз тарафи дигар, дар байни фарзандони ӯ барои тахт ҷангу ҷидол нашавад. Бовуҷуди ин, тавре ки мо дар боло гуфтем, дар байни ворисони шоҳ қариб ҳамеша барои соҳиби тахт шудан мубориза мерафт ва дар ин муборизаҳо гурӯҳҳои гуногуни дарбориён фаъолона иштирок мекарданд.
Дар дарбор баъди шоҳ вориси тахт мақоми дуюмро ишғол мекард, баъди ӯ малика ва дигар мансабдорони олимақом меистоданд. Мартаба ва ҷои ҳар як мансабдори давлатӣ дақиқ муайян карда шуда буд ва дар ҳамаи маросимҳои расмӣ ва сангмусаввараҳо риоя карда мешуд.
Дастгоҳи марказии идоравӣ аз якчанд муассисаҳои соҳавӣ иборат буд, ки онҳоро девон меномиданд. Девонҳо ба вазоратҳои имрӯза шабоҳат доштанд. Сардори ҳамаи девонҳоро фармондори бузург меномиданд. Ваколатҳои ӯ ба ваколатҳои вазирони давраи исломӣ тақрибан мушобеҳ буд. Қобили зикр аст, ки мансаби вазир дар хилофати араб дар зери таъсири Сосониён пайдо шуда буд. Дар ибтидо дар давлати Сосониён ин унвон вуҷуд надошт ва ба ҷои он унвони ҳазорпат, яъне сардори ҳазор сарбози яккачини шоҳӣ мавҷуд буд. Ин унвон дар Ҳахоманишиёну Ашкониён низ роиҷ буд. Ҳазорпат ҳам вазифаи сарлашкарӣ ва ҳам идоракунии дастгоҳи давлатиро ба ӯҳда дошт. Дар давраи сосониён ин мақомоти идоравӣ такмил ёфта, ҳокимияти идоравии мулкӣ аз ҳарбӣ ҷудо шуд. Фармондори бузург вазифаи сарвазириро иҷро мекард ва тамоми дастгоҳи идоравии давлатӣ ба ӯ итоат менамуд. Ба ин вазифа одатан намояндагони хонаводаҳои бузургу бонуфуз таъин карда мешуданд. Масалан, дар давраи ҳукумронии Яздигурди I ва Баҳроми V ин вазифаро намояндаи хонаводаи олимақом Меҳр Нарсӣ ишғол мекард.
Фармондорони бузург дар идораи давлат нақши намоён доштанд. Баъзан нуфузи онҳо хеле афзуда, амалан тақдири шоҳ ва тахт ба дасти онҳо меафтод. Дар чунин ҳолатҳо ҳар шоҳ ба таври худ амал мекард. Баъзе шоҳон (масалан Баҳроми V) бо чунин ҳолат муросо карда, идораи давлатро қариб пурра ба онҳо месупориданд ва худашон бо маслиҳати онҳо амал мекарданд. Баъзе шоҳони дигар (масалан Яздигурди I) бо чунин вазъият муросо накарда, кӯшиш мекарданд ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, доираи фаъолияти фармондори бузургро маҳдуд намоянд.
Дар ҳар сурат шоҳон, бо вуҷуди ҳокимияти мутлақ доштан, маҷбур буданд, ки ба ин ва ё он гурӯҳи ашрофу дарбориён такя намоянд ва дар симои онҳо пуштибон дошта бошанд. Дар бисёр маврид дарбориён тақдири тахтро ҳал мекарданд ва номзади дилхоҳашонро ба он мешинонданд. Таърихи Сосониён пур аз иғвогариҳо ва табаддулотҳои дарборӣ буд.
Яке аз муассисаҳои муҳими мулкӣ девони дабирони шоҳӣ ё дабирхонаи шоҳӣ буд. Дар сангкатибаҳо, адабиёти паҳлавӣ ва исломӣ сардори ин муассиса — дабирпат ё дапирпат ва дабири дабирон омадааст. Тамоми мукотибаҳои дохилӣ, хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ дар дабирхона тартиб дода мешуданд. Нуфузи дабирон то андозае баланд шуд, ки онҳо табақаи мустақилро ташкил карданд. Дабирон шахсони босавод буда, бештари олимон аз байни онҳо мебаромаданд. Дар дабирхонаи шоҳӣ шумораи зиёди муҳосибон кор мекарданд, ки онҳоро хмаркорон меномиданд. Муҳосибон сардори худро доштанд, ки Эронхмаркор номида мешуд. Онҳо тамоми даромаду баромади пулӣ ва молии хазинаи давлатиро ба ҳисоб гирифта, дар дафтарҳои соҳавӣ ворид мекарданд. Сардори дабирхонаи шоҳӣ ёвари фармондори бузург ба шумор мерафт.[41]
Муассисаи дигари хеле муҳими давлатӣ девони боҷу хироҷ ва молия буд. Сардори онро вастриошансолор ё вастриошанпат меномиданд. Ӯ бояд аз тарзи андозғундорӣ назорат карда, саривақт ва ба ҳаҷми муқарраршуда ҷамъ шудани онро таъмин менамуд. Андозғундорон дар ҳамаи воҳидҳои маъмурӣ — вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва деҳаҳо вуҷуд доштанд. Дар бораи кори девони боҷу хироҷ ва умури молӣ Балозурӣ маълумоти ҷолиб овардааст. Мувофиқи он дар ҳузури шоҳ бо овози баланд миқдори пулу моли ба хазинаи марказӣ воридшударо эълон мекарданд. Сардори ин девон ҳар сол дар бораи даромаду баромади молиёт аз хазинаи давлатӣ ба шоҳ ҳисобот медод. Шоҳ ин ҳисоботро мӯҳр зада, маҳкам мекард ва онро ба бойгонии давлатӣ месупориданд.
Дар сарчашмаҳо сардорони хазинаи шоҳӣ (ганзавара — хазинадор) ва котибони ин хазина номбар шудаанд. Хазина ҷузъи девони боҷу хироҷ ва молиётро ташкил мекард.
Дар бораи тартиби нигоҳдории хазинаи шоҳӣ Табарӣ маълумоти ҷолиб овардааст. Тавре ки мо дар боло гуфтем, баъди ҳалокати фоҷиавии Фирӯз дар ҷанги сеюмаш бо Ҳайтолиён ҷасади ӯ ба дасти онҳо афтод. Бо талаби сарлашкари Сосониён Суфрой шоҳи ҳайтолиён Хушнавоз (Ахшунвар), хазина ва ҷасади Фирӯзро ба эрониён баргардонд. Давоми ин ҳодисаро Табарӣ чунин нақл мекунад. «Чун тани Фирӯз боздоданд, Суфрой гуфт: Бар бозуи Фирӯз таъвизе баста буд ба зар андар гирифта ва он девоннома буд мар хосаи (хазинаи) вайро ҳарчи будаш аз зару ҷомаю гавҳару фаршу сутуру силоҳ, он ки бо хештан дошт, чун лашкар омад. Ва он зикри ганҷҳост ва мо имрӯз ганҷномаи вай надонем, то он девоннома наёбем ва боз нагардем, то он ба мо надиҳӣ. Хушнавоз он девонномаро боз фиристод ва сулҳ кард».[42] Ин нақл ба он шаҳодат медиҳад, ки баҳисобгирӣ ва нигоҳдории амволи давлатӣ хеле бо низом ба роҳ монда шуда буд. Ҳуҷҷатнигории инкишофёфта нишонаи маданияти баланди коргузории он давру замон мебошад.
Дар хазинаи шоҳӣ дар қатори дигар ашёҳои қиматбаҳо ва молиёт сиккаҳои тиллоӣ, нуқрагин ва мисин низ нигоҳ дошта мешуданд. Ҷолиби диққат аст, ки сиккаҳо нигаҳбони махсус доштанд ва ӯро гоҳбад меномиданд. Ин сиккаҳое буданд, ки дар зарробхонаҳои давлатӣ бароварда мешуданд. Онҳоро мувофиқи зарурат ба муомилот мебароварданд. Сиккаҳое, ки аз аҳолӣ ба сифати боҷу хироҷ ҷамъ карда мешуданд низ баъди ҳисобу китоб дар ганҷина (хазина) нигаҳдорӣ мешуданд.
Дастгоҳи идоравии давлати Сосониён серсоҳа ва ба дараҷаи кофӣ мукаммал буд. Тамоми соҳаҳо маъмурон ва хидматчиёни худро доштанд. Дар сарчашмаҳо ба ғайр аз мансабдорони дар боло номбаршуда, боз даҳо мансабдорон зикр гардидаанд, аз ҷумла, датбаран датбар (додвари додварон, яъне додвари олӣ), аҳурпат (охурсолор, яъне сардори аспбонон), нахчирпат (сардори шикор ва шикоргоҳ), мӯҳрдори дарбор (сардори дарбор), сардори ташрифот, дарбон сардор, пуштигбон солор (сардори посбонони шоҳ), сардори анборҳо, сардори бозорҳо, сардори маҳбас ва ғайра.[43] Ҷолиби диққат аст, ки бисёри ин истилоҳҳо дар забони тоҷикӣ то имрӯз боқӣ мондаанд — додвар (довар), охур, нахчир (бузи кӯҳӣ), мӯҳр, пуштигбон (пуштибон) ва ғайра. Ин санадҳо дар баробари даҳҳо маълумоти дигар дар бораи умумияти ориёиҳои Осиёи Миёна ва Эрон шаҳодат медиҳанд.
Ба ҳайати давлати Сосониён як қатор кишварҳо дохил мешуданд. Онҳо воҳидҳои асосии маъмурию ҳудудӣ ба шумор мерафтанд ва сарҳадҳои онҳо таърихан ташаккул ёфта буданд. Ба он Мидия, Форс, Кирмон, Сакистон ва ғайра дохил мешуданд. Дар катибаи Шопур дар Каъбаи Зардушт ин кишварҳо «шаҳр» (хшатра) номида шудаанд.[44] Ин калима дар он замон маънои кишвар, мамлакат ва вилоятро дошт. Сардори онро шаҳрдор ё шаҳрбон (хшатрапан) меномиданд. Шаҳрҳо ба патикусҳо — вилоятҳо тақсим мешуданд, сардори онро патикуспан мегуфтанд.[45] Аммо ба ақидаи М.М.Дяконов патикус воҳиди аз шаҳр калонтари маъмурӣ буд ва тамоми Эрон ба чор патикус — Шимолӣ, Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ тақсим шуда буд.[46] Аммо маълумотҳои дақиқе, ки ин фикрро тасдиқ кунанд дар сарчашмаҳо мавҷуд нестанд.
Шаҳрҳоро дар он замон бо забони паҳлавӣ «шаҳристон» меномиданд. Сардори он унвони «шаҳриг»-ро дошт. Шаҳристонҳо марказҳои маъмурии патикусҳо буданд.
Сарчашмаҳои арабӣ барои замони Сосониён воҳидҳои маъмурии «остон» ва «рустак»-ро номбар кардаанд.[47] Аммо таносуби онҳо бо истилоҳҳои паҳлавӣ маълум нест. Рустак ҷузъи кишвар ва вилоят буд. Масалан, дар а. X ба ҳайати Хатлон рустаки Бик дохил мешуд. Шояд рустак бо патикуси паҳлавӣ ё рустои форсӣ баробар бошад. Мавҷудияти воҳидҳои аз патикус ва рустак хурдтар маълум нест. Хурдтарин воҳиди маъмурӣ деҳ маҳсуб мешуд. Сардори онро деҳиг меномиданд. Дар забони тоҷикӣ (форсӣ) ин мансабдорро деҳхудо ё кадхудои деҳ мегуфтанд.
Тақсимоти дурусти ҳудуди давлат ба воҳидҳои маъмурӣ самаранокии умурӣ идорӣ ва ҷамъоварии андозро таъмин мекард.
Табақаҳои асосии ориёиҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар аҳди қадим, дар давраи пайдоиши Авесто бавуҷуд омада буданд. Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Сосониён, ин табақаҳо ҳамчунон боқӣ ва аз ҷиҳати сохторӣ такмил ёфтанд.
Дар давлати Сосониён чор табақаи асосӣ вуҷуд дошт: рӯҳониён — атраван (мубадон ва муғони зардуштӣ); артишторон (ҳарбиён); дабирон; кишоварзон ва ҳунармандону тоҷирон (востриошан, хутухшан, хвакаран).[48]
Се табақаи аввал олимақом ва имтиёздор буданд. Дар дохил табақаҳо боз ба гурӯҳҳо ва мартабаҳои гуногун тақсим мешуданд. Сардори табақаи якум магупатан магупат (мубадони мубад) буд. Баъди ӯ мақоми дуюмро ҳирбад ишғол мекард. Ӯ масъули гузарондани маросимҳои динӣ буд. Сардори рӯҳониёни вилоятҳоро магупат меномиданд. Рӯҳониёни боқимондаро муғ мегуфтанд. Муғҳо низ вобаста ба мансаб ва вазифаҳояшон ба якчанд гурӯҳ тақсим мешуданд. Рӯҳониёни зардуштӣ дар бораи давлат ва ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа нақши намоён доштанд. Мубадони мубад дар дарбори шоҳ мақоми дуюмро (баъди шоҳ) ишғол мекард. Дар дарбор шӯрои мубадон вуҷуд дошт, ки дар корҳои давлатӣ фаъолона иштирок мекард.
Мақоми баланди мубадон дар ҷомеаи ориёиҳои Эрону Осиёи Миёна то андозае анъанавӣ ва решаҳои қадима дошт. Аз ҷониби дигар сулолаи шоҳони сосонӣ бо табақаи рӯҳониён алоқаи ногусастанӣ доштанд, чунки баромади худи онҳо аз ҳамин табақа буд. Тавре ки дар боло гуфтем, саравлоди онҳо Сосон вазифаи мубади оташкадаи Анаҳито дар Истахрро ба ӯҳда дошт. Дар давраи Хусрави Анушервон байни ӯ ва мубадон ихтилоф ба вуҷуд омад ва ӯ мартабаи онҳоро паст намуд. Бо вуҷуди ин мубадон мақоми баланди худро дар ҷомеа нигоҳ доштанд.
Мартаба ва нуфузи баланди мубадон асоси таърихӣ ва иҷтимоӣ дошт. Дин дар ҷомеаи сосониён ва ҳаёти рӯзмараи мардум таъсири бузургро молик буд. Зиндагии ҳар фарди ҷомеа бо маросимҳои сершумор алоқаманд буд, ки онҳо аз таваллуди тифл то ба тахтнишинии шоҳ бо иштирок ва роҳбарии мубадон гузаронда мешуданд. Мубадон ҳамарӯза бо мардум буданд. Онҳо ифодагари маънавиёти ҷомеа ва нигоҳбони анъанаҳои миллӣ ва суннатӣ ба шумор мерафтанд. Шоҳон ин ҳолатро хуб дарк мекарданд ва саъй менамуданд, ки бо рӯҳониён муносибати хуб дошта бошанд.
Номи табақаи дуюм — артишторон аз замони Авестоӣ боқӣ монда буд. Дар асл ба ин табақа на танҳо ҷанговарон, балки тамоми мансабдорони олӣ аз шоҳ ва фармондори бузург сар карда, то сарлашкарону сарбозони қаторӣ дохил мешуданд. Расман артиштор сардори сипоҳиёни Эрон буд. Дар дохил ин табақа ба чандин гурӯҳ — авлоду хонаводаи шоҳ, ашрофони олимақом (виспурхҳо), бузургон, озодагон тақсим мешуд. Қишри аз ҳама поён ва сершумори ин табақа — озодагон асоси лашкари савораро ташкил мекарданд. Онҳо заминдорони хурду миёна буданд.
Дабирон дар а. IV-V ба табақаи мустақил табдил ёфтанд. Ин ҳодиса дар натиҷаи инкишофи сохтори умури идории давлатӣ, афзудани соҳаҳои гуногуни идорӣ ба вуқӯъ пайваст. Сардори онҳоро дабирпат ё дабирони дабир (дабири дабирон) меномиданд. Ба ин табақа тамоми хидматчиёни девонҳои давлатӣ, олимон, шоирон ва гурӯҳҳои дигари маърифатнок дохил мешуданд. Ин табақа яке аз сарчашмаҳои асосии нерӯи ақлонии ҷомеа ба шумор мерафт.
Табақаи чорумро истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ — кишоварзон, ҳунармандон, савдогарон ва аҳли меҳнати ҷисмонӣ ташкил мекарданд. Ин табақа аз ҳамаи табақаҳои дигар сершумортар буд. Некӯаҳволии аҳолӣ, аз ҷумла се табақаи болоӣ пурра аз фаъолияти ин табақаи чорум вобаста буд. Се табақаи болоӣ аз супоридани андоз озод буданд. Танҳо табақаи чорум андоз месупорид ва даромади давлат асосан аз ҳамин ҳисоб буд.[49]
Табақаҳо аз ҳам ҷудо буданд ва гузаштан аз як табақа ба табақаи дигар манъ буд. Аммо ин қоида асосан ба табақаҳои поёнӣ тааллуқ дошт. Яъне онҳо ҳақ надоштанд ба табақаи болоӣ гузаранд. и болоӣ дар амал метавонистанд ба табақаҳои дигар гузаранд. Таърихи худи Сосониён, ки саравлодашон аз табақаи мубадон буд, инро тасдиқ менамояд. Дар ин бора мисолҳои дигар низ ҳастанд. Аммо ин гуна ҳодисаҳо хеле кам рух медоданд, чунки монеъаҳои зиёд мавҷуд буданд ва қоидаҳои сохти табақотӣ чунин имкониятро то ҳадди нестӣ маҳдуд мекарданд.
Агар ба сохти табақотӣ чун падидаи иҷтимоӣ баҳо диҳем ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки табақаҳо дар ҷараёни инкишофи ҷомеа пайдо шуда, махсусгардонии соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеаро инъикос менамуданд. Аз ин лиҳоз он падидаи мусбат буда, имконияти инкишофу такомули соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро таъмин мекард. Вақте ки як гурӯҳи иҷтимоӣ дар як соҳаи муайян кору фаъолият мекунад, ин имконият медиҳад, ки калонсолон тамоми нозукиҳои касби худро аз бар карда, таҷриба ва малакаи худро ба насли ҷавон омӯзонанд. Аммо инҳисори ин ва ё он соҳа аз ҷониби яке аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ доираи фаъолияти онро маҳдуд карда, имконият намедод, ки нерӯҳои ҷомеа барои инкишофи ин соҳа васеъ истифода бурда шаванд. Яъне сохти табақотӣ дар ибтидо падидаи мусбат буда, ба пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Вале бо гузашти айём ин сохт барои пешравии минбаъдаи ҷомеа то андозае монеъ гашта, ба падидаи манфӣ табдил меёфт.
Артиши доимоамалкунандаи сосониёнро навкарони яккачини шоҳӣ ташкил мекарданд. Дар ибтидо сарлашкари сосониёнро ҳазорпат (сардори ҳазор сипоҳ) меномиданд. Аз ин ҷо олимон ба хулосае омаданд, ки ин артиши шоҳӣ аз ҳазор сарбоз иборат буд.[50] Ба назари мо, ҳазорпат ин номи анъанавии сардори навкарони шоҳӣ буд. Дар амал шумораи навкорони шоҳӣ метавонист якчанд ҳазорро ташкил кунад, чунки барои як давлати бузург доштани ҳамагӣ 1000 сарбоз хеле кам ба назар мерасад.
Сардори артишро дар аввал ҳазорпат ва дар а.IV-VII Эронспаҳпат (яъне сардори сипоҳи Эрон) меномиданд. Ӯ баъди шоҳ, мубади мубадон ва фармондори бузург дар дарбор дар ҷои чорум меистод. Эронспаҳпат танҳо ба подшоҳ итоат мекард.
Асоси артиши сосониёнро, мисли артиши Парфия, саворагони вазниняроқи ҷавшанпӯш ва сабукяроқи тирандоз ташкил мекарданд. Сардори қисми аввалиро аспипат ва қисми дуюмро тирбад меномиданд. Саворагони ҷавшанпӯш бо шамшер, сипар, найза ва саворагони сабукяроқ бо тиру камон ва сипари сабук мусаллаҳ буданд. Қисмҳои савора аз ҳисоби табақаи озодагон ташкил карда мешуданд.
Баъди саворагон қисмҳои пиёдагард меистоданд, онҳоро пойгон ва сардори онҳоро пойгонсолор меномиданд. Дар қисмҳои пиёдагард кишоварзон хизмат мекарданд. Дастаи махсуси сарбозон мавҷуд буд, ки онҳоро ҷонсупорон мегуфтанд. Вазифаи онҳо то охир муҳофизат кардани шоҳ ва байрақи давлатӣ буд.[51] Ба ғайр аз ин дастаи посбонони шахсии шоҳ — «пуштигбонон» мавҷуд буданд. Сардори онҳо пуштигбон солор ном дошт. Пуштигбонон, яъне пуштибонҳо ҳамеша ҳамроҳи шоҳ буданд.
Артиш аз қисмҳои таркиби зерин иборат буд: Ганд — ҷузъи аз ҳама калон, Дирафш ҷузъи нисбатан хурд ва Вишта — ҷузъи аз ҳама хурд.
Ҳар як қисм сардори худро дошт, ки солор номида мешуд: Ганд- солор, Дирафш-солор ва Вишта-солор. Мутаассифона шумораи сарбозони ин қисмҳо ба мо маълум нест. Маълумоте ҳаст, ки мувофиқи он артиши сосониён аз воҳидҳои 10, 100, 1000 ва 10 000 нафара иборат буд. Агар чунин бошад пас вишта аз 10 сарбоз, дирафш 100 сарбоз ва ганд аз 1000 сарбоз иборат буданд.
Сосониён байрақи давлатӣ доштанд, ки бо ҷавоҳирот оро ёфта буд. Дар вақтҳои ҷангу лашкаркашӣ артиш байрақро ҳамроҳаш мегирифт. Мувофиқи ахбори муаррихони исломӣ дар ҷанги назди Қудсия (Қодисия) байрақи ба дасти арабҳо афтод. Онҳо барои ҷавоҳироти парчамро гирифтан байрақро пора-пора карда, байни худ тақсим карданд.
Дар давраи ҳукмронии Хусрави Анушервон ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида шуд. Ин шоҳ мансаби Эронспаҳпатро барҳам дода, қаламрави Эронро ба чор минтақаи ҳарбӣ тақсим кард ва дар ҳар минтақа як сарлашкар (спаҳпат) таъин намуд. Сарлашкарони минтақаҳо бевосита ба шоҳ итоат мекарданд. Ин кор бо мақсади мустаҳкам кардани ҳокимияти шоҳӣ ва маҳдуд кардани ҳокимияти Эрон иҷро шуда буд. Хусрав мефаҳмид, ки дар дасти як мансабдори олӣ ҷамъ шудани ҳокимияти калон барои амнияти тахти шоҳӣ то андозае хавф дорад.
Аз давраи Хусрави I сар карда, ба ҳайати артиши Сосониён дастаҳои сарбозони савораи зархариди яфталӣ ва арманӣ дохил карда шуданд.[52]
Дар вақтҳои ҷанг шоҳ дастаҳои ихтиёриёни савораро аз ҳисоби табақаҳои озодагон ташкил мекард. Ба артиши давлатӣ қисмҳои ҳарбии ҳокимони вилоятҳо ва мулкҳои тобеъ илова мешуданд. Ба лашкар худи шоҳ ё яке аз сарлашкарон сардорӣ мекарданд. Аксаран дар лашкаркашиҳо ба артиш худи шоҳ робарӣ мекард. Ин амал ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам амалӣ дошт. Қувваи ҳарбӣ ҳамеша бояд дар зери итоат ва назорати шоҳ мебуд. акси ҳол душманонаш метавонистанд онро барои сарнагун кардани шоҳ истифода баранд. Аз тарафи дигар, шоҳ бояд худро дар назди артиш ва раъият ҳамчун ҷанговари ҷасур ва сарлашкари моҳир нишон медод. Лашкар кашидан яке аз вазифаҳои бевоситаи шоҳ ба шумор мерафт.
Артиши сосониён қабилияти баланди ҷангӣ дошт. Бо баъзе истисно он дар аксарияти муҳорибаҳо, махсусан бо легионҳои машҳури румиҳо ғолиб омада буд.
Дар баробари амалия назарияи санъати ҷанг низ дар давлати Сосониён хеле инкишоф ёфта буд. Ба ин мавзӯъ рисолаҳои махсус ба мисли «Оинномак» бахшида шудаанд. Дар рисолаи динии «Динкард» низ дар ин бора маълумот оварда шудааст. Дар ин ва дигар рисолаҳои паҳлавӣ дар бораи сафбандии ҷанговарон, усулҳои гуногуни ҷанг ва фатҳи қалъаҳо маълумот дода шудааст.[53]
Тавре ки дар бобҳои гузашта гуфтем, дар Эрони Ғарбӣ ҳанӯз дар давлати Модҳо дини зардуштӣ мақоми давлатӣ дошт. Ҳахоманишиён ва баъди онҳо Портҳо ва Кушониён ин анъанаро идома дода, барои тақвияти ин дин як қатор чорабиниҳо андешиданд. Сосониён низ ин сиёсатро давом дода, дини зардуштиро ба дараҷаи сифатан нав ва баланди тараққиёт расонданд.
Сосониён аз ибтидо ҳамчун пайравони босуботи дини зардуштӣ амал карда, барои тақвияти мақоми давлатии он саъю кӯшиш намуданд. Дар ин бора дар қатори дигар санадҳо сиккаҳо , аз ҷумла, сиккаҳои асосгузори давлати Сосониён Ардашери I шаҳодат медиҳанд. Ӯ дар навиштаҷоти сиккаҳои худ пайрави дини зардуштӣ буданашро таъкид намудааст. Дар аввалин сиккаҳои ин шоҳ чунин навишта шудааст: «парастандаи Маздо, ҳукмрон Ардашер, шоҳи шоҳони Эрон». Ҳамин навиштаҷот дар сангмусаввараҳои барҷастаи шоҳони сосонӣ низ ҷой дода шудааст.[54]
Дар пушти сиккаҳои сосонӣ оташкадаи муқаддаси зардуштӣ тасвир шудааст. Дар сангмусаввараҳо тасвири ба шоҳони сосонӣ супоридани тоҷи шоҳӣ тавассути худованди олии зардуштиён Аҳуромаздо инъикос гардидааст ва саҳнаи тоҷгузорӣ бо иштироки худоҳои зардуштӣ дар сиккаҳо низ тасвир шудааст.
Сосониён хуб мефаҳмиданд, ки барои мустаҳкам кардани давлат дини ягона ва мукаммалу муташаккил зарур аст. Бинобар ин онҳо кӯшиш карданд, ки ба густариши оини зардуштӣ мусоидат намоянд. Дар ин ҷода махсусан хизмати мубади мубадон Картир калон аст.[55] Ӯ дар давраи ҳукмронии се шоҳ — Шоҳпури I (с.240-272), Баҳроми I (с.273-276) ва Баҳроми II (с.276-293) зиндагӣ карда, дар мустаҳкам кардани дини зардуштӣ саҳми арзанда гузаштааст. Се сангкатибаи ин мубад то рӯзгори мо боқӣ мондааст.[56] Маъмулан сангкатибаҳоро аз номи шоҳон менавиштанд. Сангкатиба доштани Картир нишони шӯҳрату мартабаи баланди ӯ мебошад. Аз рӯи катибаҳояш бармеояд, ки ӯ ҳам бар зидди динҳои ғайриэронӣ – насронӣ, буддоӣ ва ҳам равияҳои илҳодомези зардуштия ба мисли монавия мубориза бурда, мақому мартабаи дини зардуштиро баланд бардошт ва то ба дараҷаи дини давлатӣ иртиқо бахшид. Бо фармони Картир оташкадаҳои зиёд дар Эрон ва берун аз он — дар Антиохия, Сирия, Арманистон, Иберия (Гурҷистон) сохта шуданд.
Фаъолияти динии Картир як ҳодисаи оддӣ набуда, маҳсули давру замони бархӯрди ғояҳо, таълимоту динҳо буд. Ин бархӯрдҳо дар а.III бо сабабҳои муайяни сиёсӣ шиддат гирифта буданд. Дар ин аср дини насронӣ натанҳо дар Руми Шарқӣ, балки дар Сурия, Байнаннаҳрайн, Арманистон, Гурҷистон ва худи Эрон паҳн мешуд. Сурия ва дигар минтақаҳои номбаршуда зери тасарруфи Сосониён буданд ва дар он ҷойҳо паҳн шудани дини насронӣ метавонист пояи ҳокимияти онҳоро суст гардонда, нуфузи Рум (Византия)-ро зиёд кунад.
Нуфуз пайдо кардани оини насронӣ дар қаламрави давлати Сосониён мубадони зардуштиро водор месозад, ки барои тақвият додани дини зардуштӣ ва баланд бардоштани мақоми давлатии он чора андешанд ва як қатор тадбирҳоро амалӣ созанд. Шоҳони сосонӣ ин корро ба мубадони зардуштӣ супориданд. Фаъолияти Картир, Ардвиров, Озарподмеҳрсипандон ва дигар мубадони зардуштӣ барои таҳкими ғояҳои оини зардуштӣ, тақвияти усули оинӣ ва аҳкоми динӣ равона шуда буданд. Ба ҷуз сохтани оташкадаҳо дар қаламрави давлати Сосониён, мубориза бо оинҳои илҳодомез ва равияҳои ифротӣ мубадон тавонистанд, ки матни Авесторо тасбиту тадвин кунанд, ба ташрифоту маросимҳои динӣ ҷанбаи расмӣ бахшанд, ташкилоти муназзаму мукаммали диниро созмон диҳанд.
Ман дар бахши дини зардуштӣ ва таҳаввулу инкишофи он ба бисёр масъалаҳои марбут ба адёни тозардуштӣ ва нақши онҳо дар оини зардуштӣ, китоби муқаддаси Авесто ва ғайра таваққуф хоҳам кард. Дар ин ҷо фақат чунин нуктаро қайд карданиам, ки Сосониён дар давоми 425 соли мавҷудияти худ як тамаддуни гуногунсоҳа, инкишофёфта ва хосса офариданд. Ин тамаддун идомаи мантиқии тамаддунҳои қадимаи халқҳои ориёӣ, алалхусус Ҳахоманишиён ва Портиён буд. Тамаддуни Сосониён дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории зич бо тамаддунҳои халқҳои ҳамсоя инкишоф меёфт. Эрониён аз дастовардҳои ҳамсоягони худ эҷодкорона истифода бурда, дастовардҳои фарҳангии худро пешкаши онҳо мегардонданд. Таъсиру нуфузи маданияти Сосониён берун аз Эрону Осиёи Миёна то Хитой, Руссия ва Аврупои Марказӣ густариш ёфта буд. Дар ин кишварҳо зарфҳои нуқрагини мунаққашу мусаввари сосонӣ ёфт шудаанд. Зиёда аз ин, устоҳои аврупоӣ ба сабки ҳунармандонии сосониён пайравӣ карда, ҷому кӯзачаҳои тиллоӣ ва дигар зарфҳои маишӣ сохтаанд ва дар онҳо саҳнаҳо ва тасвирҳои сосонию маҳалли худро омезиш додаанд.
Маданияти халқҳои ориёии Осиёи Миёнаю Эрони бостон баъди истилои юнониён ва омезиш ёфтан бо маданияти эллинистӣ дар давраи сосониён аз нав симои миллӣ пайдо кард. Он минбаъд низ дар тамоми Эрону Осиёи Миёна ривоҷ ёфта, ба тамаддуни аҳди хилофати араб, хусусан дар замони ҳукмронии сулолаҳои эронӣ дар аҳди ислом баръало эҳсос мешавад.
Яке аз соҳаҳои тараққикардаи маданияти ин замон адабиёти паҳлавӣ буд. Бо забони паҳлавӣ (форсии миёна), ки ба забони форсии нав хеле наздик аст, рисолаҳои динӣ, андарзномаҳо, рисолаҳои бадеию таърихӣ, фалсафӣ, ҳуқуқӣ, ҷуғрофӣ, ҳарбӣ ва ғайра иншо гардиданд. Асарҳои динӣ ба таълимот, таърих, расму русуми оини зардуштӣ бахшида шудаанд. Ба ин қатор рисолаҳои «Динкард», «Бундаҳишн», «Ардвирофнома» ва андарзномаҳо дохил мешаванд,[57] ки на танҳо аҳамияти динӣ, балки бадеӣ, таърихӣ, тарбиявӣ низ доштанд. Шарҳи онҳо дар қисмати «Авесто ва бахшҳои он» хоҳад омад.
Тавзеҳот
_______________
[1] Таърихи Табарӣ. ҷ.1. Теҳрон, 2001. – с.481-485.
[2] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.33.
[3] История Ирана. – с.107.
[4] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.34.
[5] Ҳамон ҷо. – с.30.
[6] Таърихи Табарӣ. ҷ. 1. – с.482-483.
[7] Ҳамон ҷо. – с.485.
[8] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.51
[9] Таърихи Табарӣ. – с.485.
[10] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.64.
[11] Таърихи Табари. – с.481.
[12] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.27.
[13] Таърихи Табарӣ. – с. 486-488.
[14] Луконин В. Г. Культура сосанидского Ирана. – с. 33.
[15] Ҳамон ҷо. – с. 34.
[16] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с. 53.
[17] Ҳамон ҷо. – с. 57.
[18] Таърихи Табарӣ. – с.488-490.
[19] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.62.
[20] Луконин В. Г. Культура сосанидского Ирана. – с. 116.
[21] Ниг.: Дьяконов М.М. Очерки истории древнего Ирана. М., 1961. – с. 264; История Ирана. – с. 112.
[22] История Ирана. – с. 112.
[23] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с. 266.
[24] Ҳамон ҷо. -. 266.
[25] Таърихи Табарӣ. – с. 498.
[26] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с. 266.
[27] Таърихи Табарӣ. – с. 502.
[28] Тарихи Табартӣ. – с.512-513
[29] Гафуров Б. Таджики. – с.197.
[30] Тарихи Табарӣ. – с.515-516.
[31] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с.273-274.
[32] Тарихи Табарӣ. – с.517.
[33] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с.274-275.
[34] Таърихи Табарӣ. – с. 518.
[35] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с.276-277.
[36] Гафуров Б. Таджики. – с.199-200.
[37] Таърихи Табарӣ. – с. 527.
[38] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с.306-307.
[39] Дьяконов М.М. Очерки истории древнего Ирана. – с.288.
[40] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.163, 168.
[41] Ҷаводӣ Г. Маъмурият дар Эрони бостон. – с.317.
[42] Таърихи Табарӣ. – с.527-528.
[43] Ҷаводӣ Г. Маъмурият дар Эрони бостон. – с.324.
[44] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. Теҳрон. 2000. – с.128.
[45] Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.92.
[46] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. -с.289.
[47] Ҷаводӣ Г. Маъмурият дар Эрони бостон. – с.326.
[48] Дьяконов М. М. Очерки истории древнего Ирана. – с.290-292.
[49] История Ирана. – с.109
[50] История Ирана. – с.109.
[51] Ҷаводӣ Г. Маъмурият дар Эрони бостон. – с.347.
[52] Дьяконов М.М. Очерки истории древнего Ирана. – с.290.
[53] Дар ин бора муфассал нигаред: К. А. Иностранцев. Сасанидские этюды, т. II (Сасанидская военная теория). СПб., 1909. – с.41-81.
[54] Ниг: Луконин В. Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.163-195.
[55] История Ирана. – с.110.
[56] Луконин В.Г. Культура Сасанидского Ирана. – с.84-89.
[57] Дьяконов М.М. Очерки истории древнего Ирана. – с.324-325.