Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.3.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо

Давлати Парфия (Портҳо) ва тамаддуни ориёӣ

Вилояти Парфия дар ҷанубу шарқи баҳри Каспий дар ҳавзаи дарёи Таҷен воқеъ буда, дар ғарб он бо вилояти Гиркония (Гургони асрҳои миёна) ва дар шарқ ба Марғиён (Марв) ҳамсарҳад буд. Пойтахташ он ш. Нисо аст, ки харобаҳои он дар масофаи 18 км дуртар аз ш. Ашқобод ҷойгиранд.

Ҳамчун воҳиди алоҳидаи маъмурӣ Парфия ҳанӯз дар асри VIII-VII то м. вуҷуд дошт ва ба ҳайати давлати Мод дохил мешуд. Аҳолии он ориёӣ буданд.

Юнониён ин вилоятро Парфиёна ё Парфия меномиданд. Шакли ориёии номи ин вилоят Парса аз номи яке аз ноҳияҳои боқимонда гирифта шуда, бо номи вилояти Порс (Форс), ки дар ҷанубу ғарбии Эрон ҷойгир аст, якхела ва ҳамнаво мебошад. Мутаассифона, олимони машғули ин мавзӯъ дар бораи сабаби як будани номи ин ду вилоят чизе нагуфтаанд. Маъмулан номҳои ҷуғрофӣ дар баъзе маврид такрор мешаванд ва ин ҳодиса ғайриоддӣ ба назар намерасад. Гузошта аз ин, ҳам порсҳо (форсҳо) ва ҳам парфиён ориёӣ буданд ва яксонии номи маҳалҳои мазкур чандон тааҷҷубовар нест. Аз ҷониби дигар, шояд пайдоиши номи Парса (Парфия) дар ҷанубу ғарби Осиёи Миёна бо масири ҳаракати халқҳои ориёӣ, аз ҷумла, форсҳо аз ин минтақа ба ғарби Эрон алоқаманд бошад. Яъне порсҳо (форсҳо) пеш аз ба Эрони Ғарбӣ рафтан (тақрибан дар ҳудуди асри X-IX то м. ё аз ин ҳам барвақттар) як муддат (шояд тӯлонӣ) дар ин минтақа зиндагӣ карданд ва номи худро ба он доданд. Ин ном дар ин ҷо баъди рафтани порсҳо (форсҳо) низ боқӣ монд ва юнониён онро Парфия ё Парфиёна (аз калимаи Парса ва Порсиён) талаффуз мекарданд. Парфия дар давраи Ҳахоманишиён низ вуҷуд дошт ва дар қатори Суғду Хоразм ба ҳайати хшатрапанаи XVI дохил мешуд. Минбаъд ин вилоят ҷузъи империяи Искандари Мақдунӣ ва давлати Селевкиён шуд.

Дар бораи таърихи давлати Парфия, аз он ҷумла, ташкилшавии он муаррихони қадими Юнону Рум — Помпей Трог Страбон, Юстиниан, Плутарх, Арриан ва дигарон маълумот додаанд.1 Мутаассифона, ахбори онҳо хеле кӯтоҳ, пароканда, норавшан ва дар баъзе маврид хилофи якдигар мебошанд. Дар ин бора ҳамчунин дар сарчашмаҳои яҳудӣ (аз ҷумла Талмуд), шомӣ (суриягӣ), хитоӣ, арманӣ ва ғайра баъзе маълумотҳо омадаанд. Ҳуҷҷатҳои портии аз харобаҳои ш. Нисо ёфтшуда, сиккаҳо ва маводи бостоншиносӣ низ дар омӯзиши ин масъала аҳмияти хосса доранд.

Дар миёнаҳои асри III то м. мавқеи Селевкиён, ки дар ғарби кишварашон ба якчанд мағлубият дучор шуда буданд, хеле суст гардид. Аз вазъияти ба амаломада вилоятҳои шарқӣ истифода бурда, аз ҳайати давлати Селевкиён баромада, худро мустақил эълон карданд. Ба қавли Помпей Трог, аввал шоҳи Парфия Андрагор ва баъд шоҳи Бохтар Диодот аз тобеияти Селевкиён баромаданд[1]. Дар ҳақиқат бостоншиносон ду намуд сиккаҳои нуқрагине пайдо намуданд, ки дар онҳо номи Андрагор навишта шудааст. Маълум аст, ки аз номи худ баровардани сикка аломати муҳими истиқлолияти давлатӣ ба шумор мерафт. Агар Андрагори Помпей Трог ёдкарда ва Андрагори сиккаҳо як шахс бошанд, пас дар давраи ин ҳоким мустақил шудани Парфия собит мегардад. Дар бораи як шахс будани онҳо ва ба Парфия тааллуқ доштани сиккаҳои номбаршуда шубҳаи ҷиддие вуҷуд надорад. Бояд ёдовар шуд, ки якчанд сиккаи Андрагор дар таркиби Хазинаи Амударё ҳузур дорад. Вале сиккашиносон қайд кардаанд, ки дар сиккаҳо номи Андрагор бе унвони «басилевс» («шоҳ») зарб шудааст. Шояд дар ин маврид фақат баровардани сикка бо номи худ ҳамчун аломати истиқлолияти давлатӣ муҳим буд ва Андрагор ба сабаби ҳанӯз қудрат наёфтанаш унвони «шоҳ»-ро дар сикка зарб накарда буд. Ин масъала тадқиқи бештари мутахассисонро тақозо мекунад.

Агар ахбори Арриан дуруст бошад, Андрагор такаббури зиёд дошт, нисбат ба аҳолии маҳаллӣ ва пеш аз ҳама, ба ашрофон сиёсати золимонаро пеш гирифта буд. Ин амалҳои ӯ сабаби сар задании шӯриши халқӣ бар зидди мақдуниҳо гардид. Ба шӯриш пешвоёни қабилаи парнҳо Аршак ва бародари ӯ Тиридат роҳбарӣ мекарданд. Парнҳо дар сарҳади шимолии Парфия зиндагӣ карда, ба иттиҳоди се қабилаи начандон калони дахиҳо дохил мешуданд.

Эҳтимол шӯриш ногаҳонӣ набуда, пешакӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ашрафону аҳолии маҳаллӣ аз ҳукмронии юнониён норозӣ буда, барои аз зулми онҳо халос шудан фурсат муносиб меҷустанд. Чунин фурсат вақте фаро расид, ки Селевки II дар муҳориба бо галлҳо дар Осиёи Хурд шикаст хӯрд. Помпей Трог менависад, ки Аршак баъди шунидани ин хабар ба Парфия зада даромада, Андрагорро ба қатл расонд ва ҳокимиятро ба даст гирифт.

Дар бораи дар кадом сол аз Селевкиён ҷудо шудани Парфия дар байни олимон фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Асосан се сана 256, 250, 247 то м.[2] номбар шуда, вале то имрӯз ҳеҷ кадом аз он тарафи умум эътироф нашудааст. Бо вуҷуди ин бештари олимон санаи 250 ё 247-ро дуруст мешуморанд. Ҳамчунин маълум нест, ки Андрагор баъди чанд соли Парфияро мустақил эълон карданаш аз ҷониби Аршак сарнагун карда шуд. Дар бисёр тадқиқотҳо ин масъала сарфи назар карда шудааст. Муаррихони атиқа низ дар ин бора лаб фурӯ бастаанд. М.Коллеҷ онҳо чунин ба назар мерасад, ки дар байни ин ду ҳодиса вақти зиёд нагузашта буд. Ин ҳодисаро аввал ба соли 247 то м., сипас ба соли 238 то м. нисбат додааст.[3]

Дар ҳар сурат дар натиҷаи шӯриши парфияиҳо ё худ портҳо ва парнҳо ба ҳукмронии 80-солаи юнониҳо ва мақдуниҳо дар ин минтақа хотима дода шуд ва аввалин сулолаи тоҷикӣ-эронӣ ё худ ориёӣ баъд аз истилои Искандари Мақдунӣ ва давраи ҳеллинизм дар Осиёи Миёнаву Эрон ба сари қудрат омад.

Селевкиён солҳои 246-239 то м. барои аз мисриён озод кардани кишварашон ҷанг мекарданд ва аз ин рӯ, имконият надоштанд, ки бар зидди Аршак ягон чора қатъӣ бубинанд. Аз ин истифода бурда, Аршакиён ҳокимияти худро мустаҳкам карда, вилояти ҳамсоя — Гирконияро забт карда ба давлати худ ҳамроҳ намуданд. Ин вилоят нисбат ба Парфия хеле бойтар буд ва акнун Аршакиён метавонистанд боигарии онро барои мустаҳкам кардани артиши худ истифода баранд. Аз ҷониби дигар бо гирифтани ин вилоят роҳ ба самти Эрони Ғарбӣ ва Байнаннаҳрайн кушода шуд.

Аршакиён 473 сол ҳукмронӣ карданд. Аз ин муддат беш аз 100 солашро дар мубориза бо Селевкиён барои ба даст даровардани Эрон гузаронданд. Баъди бастани сулҳ бо Птоломей ва анҷом ёфтани ҷанги чандинсола бо мисриён Селевки II солҳои 238-237 то м. ба шарқ лашкар кашида, ба Парфия ҳамла кард. Рух додани ин ҳодисаро муаррихон ба солҳои дигар (230-227, 227 то м.) низ нисбат додаанд. Мақсади Селевки II барқарор кардани ҳокимияти Селевкиён дар ин минтақа буд. Дар ин вақт дар Парфия бародари Аршак Тиридат ҳукмронӣ мекард. Ӯ бисёр кӯшиш кард, ки ҳамлаи Селевки II-ро гардонад, аммо ба ин муваффақ нашуд. Барои аз пурра торумор шудан нигоҳ доштани лашкари худ, ӯ ба шимоли Парфия ба сарзамини қабилаҳои апасиакҳо қафо нишаст. Вай дар он ҷо қувваи нав ҷамъ карда, лашкари худро мустаҳкам намуд. Ин имконият дод, ки ӯ дар муҳорибаҳои баъдӣ бар Селевки II ғалаба кунад. Дар ҳамин вақт дар Сурия шӯришҳо сар заданд ва Селевки II маҷбур шуд ҷангро бо Парфия қатъ карда, барои фурӯ нишондани шӯришҳо ба он ҷо баргардад. Дар бораи ҳамлаи Селевки II ба Парфия Юстин хабар додааст.[4]

Баъди ин ҳодиса маросими тантанавии ба тахт нишастани Тиридат баргузор шуд. Маросим дар оташкадаи ш. Асаак гузаронда шуд. Дар вақти ҳукмронии Тиридат пойтахт ба ш.Ҳекатомпил, ки дар ҷанубу шарқи баҳри Каспий ҷойгир буд, кӯчонда шуд. Баъди марги Тиридат (соли 211 то м.) Артабони I (солҳои 211-196 то м.) ба тахт нишаст. Дар вақти ҳукмронии ӯ портҳо ҳудуди давлати худро дар самти ғарб васеъ карда, пойтахти Мод ш. Ҳангматанаро ишғол намуданд. Аммо ҳукмронии Артабони I дар ин ҷо дер давом накард. Соли 209 то м. Антиохи III ба шарқ лашкар кашида, Ҳангматанаро ишғол намуд. Артабони I ба пойтахташ қафо нишаст. Антпохи III ҳуҷуми худро идома дода, Гиркония ва ш.Ҳекатомпилро низ ишғол кард. Артабони I маҷбур шуд ҳокимияти олии Селевкиёнро ба расмият шиносад.

Яке аз марҳилаҳои муҳими таърихи Парфия бо номи шоҳ Митридат (Миҳрдод — солҳои 173-138 то м.) алоқаманд мебошад. Помпей Трог ӯро «шахси фавқулодда ҷасур…» номидааст. Маҳз дар давраи ӯ ҳудуди давлати Парфия ба шарқ ва махсусан ба ғарб тавсиа пайдо кард.

Ӯ аввал ба Бохтар ҳуҷум карда, Марвро ишғол намуд. Баъд солҳои 148-147 то м. ба ғарб лашкар кашида, Модро ба тасарруфи худ даровард. Тасхири Мод роҳро ба ҷанубу ғарби Эрон ва Байнаннаҳрайн кушод. Селевкиён, ки пеш аз он дар ҷанг бо птоломейҳо ва дар Осиёи Хурд шикаст хӯрда буданд, хеле сусту заиф шуда, иқтидори бар зидди портҳо баромаданро надоштанд. Як қатор вилоятҳо — Илом, Порс, Харакена аз итоати онҳо баромада буданд.[5] Ин ҳараҷу мараҷ ва парокандагӣ ба фоидаи портҳо буд. Онҳо лашкари калон ҷамъоварӣ намуда, нисбат ба рақибони худ бартарии ҳарбӣ пайдо карданд. На Селевкиён ва на вилоятҳои аз итоати онҳо баромада, қобилияти ба портҳо муқобилият нишон доданро надоштанд.

Баъди Модро ишғол кардан Меҳрдоди I унвони «Подшоҳи Бузург»-ро гирифт. С 141 то м. ӯ ба Байнаннаҳрайн ҳуҷум карда, аввал калонтарин шаҳри ин минтақа Селевкияи соҳили Даҷла, сипас ш.Шушро ишғол кард. Ин ғалабаи муҳими портҳо буд. Онҳо тамоми Эронро аз юнониёну — мақдуниҳо озод карда, як давлати пурқуввату паҳновари ориёиҳоро ташкил карданд. Парфия дар қатори Рум нерумандтарин давлати он давру замон ба шумор мерафт.

Селевкиён бо вуҷуди хеле заиф шуданашон ҳанӯз ҳам умед доштанд, ки вилоятҳои шарқиро баргардонда гиранд. Соли 140 то м. бо дастгирии юнониёни маҳаллӣ шоҳи Селевкиён Деметрий II бар зидди парфиягиҳо ба ҷанг баромад. Ӯ аввал як чанд ғалаба ба даст даровард. Аммо вақте ки Меҳрдоди I қувваҳои асосии артиши худро ба кор андохт, Деметрий II тоб наоварда, шикаст хӯрд ва портҳо ҳокимияти худро аз нав дар тамоми Эрони Ғарбӣ ва Байнаннаҳрайн ҷорӣ намуданд.

Хизмати Меҳрдоди I дар назди портҳо ва умуман халқҳои ориёӣ хеле бузург буд. Ӯ Парфияро аз як вилояти начандон калон ба як давлати паҳновару пурқувват, ки аз сарҳади Бохтар то Байнаннаҳрайнро дар бар мегирифт, табдил дод. Баъди истилои юнониёну мақдуниҳо ин муҳимтарин ғалабаи халқҳои ориёӣ буд. Аршак портҳоро аз асорати юнониён озод кард ва Меҳрдоди I онҳоро ба ҳукмрони як минтақаи калон табдил дод.

Ба назар чунин мерасад, ки Селевкиён дигар қудрати баргардонда гирифтани вилоятҳои шарқии худро надоштанд. Чунки онҳо тамоми вилоятҳои худро аз даст дода, танҳо дар Сурия ҳукмронӣ мекарданд ва бо кашмакашиҳои дарборӣ машғул буданд. Аммо ба ин вазъияти мураккаб ва барои Селевкиён ногувор нигоҳ накарда, Антиохи VII лашкари калон ҷамъ намуда, соли 131 то м. ба Парфия ҳуҷум намуд. Юнониёни ин минтақа ба умеди аз нав барқарор кардани ҳокимияти худ ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд ва ба лашкари ӯ ҳамроҳ шуданд. Подшоҳи Парфия дар ин солҳо Фарҳоди II (Фраати II солҳои 138-128 то м.) буд. Дар се муҳорибаи пай дар пай Антиохи VII ғалаба ба даст овард. Ӯ аввал Бобул, баъд Модро ишғол карда, ба ҳудуди Парфия дохил шуд. Барои зимистонгузаронӣ Антиохи VII сарбозони худро дар вилояти Парфия ҷойгир кард. Портҳо мисли ҳамеша ба тарафи шимол ба назди қабилаҳои саҳронишини ориёӣ қафо нишастанд ва фурсати муносибро барои ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштан интизор буданд. Чунин фурсат ба зудӣ фаро расид. Сарбозони дар вилояти Парфия гузошташуда, аҳолии маҳаллиро зулм ва талаву тороҷ мекарданд. Ин амалҳо норозигии мардумро ба вуҷуд оварда буд. Аз ин истифода бурда, Фарҳоди II ба воситаи гумоштагони худ аҳолиро барои шӯриш бардоштан бар зидди сарбозони Антиохи VII шӯронид.

Шӯриш сар зад ва пойгоҳҳои низомии юнониён муҳосира карда шуд. Антиохи VII бо дастаи худ ба ёрии низомиёни юнонӣ омад. Аммо дар муҳориба ба қувваҳои асосии портҳо шикасти сахт хӯрда, ҳалок шуд.

Лашкари Парфия аз нав Бобулро ишғол намуд. Роҳ ба сӯи Сурия кушода шуда буд. Селевкиён дигар маҷоли муқобилият нишон додан надоштанд. Охирин умеди юнониёни Бобул ва Байнаннаҳрайн, ки мехостанд ба воситаи лашкари Антиохи VII ҳокимияти аз даст рафти худро дар минтақа барқарор кунанд, барбод рафт.

Бо ҳамин ҷанге, ки 129 сол дар байни Селевкиён ва Парфия давом дошт, бо ғалабаи пурраи портҳо ба анҷом расид. Давлати Селевкиён, ки вориси империяи ҷаҳонии Искандари Мақдунӣ дар шарқ буда, тамоми Байнаннаҳрайн, Эрон ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, аз арсаи таърих нопадид шуд. Соли 130 румиҳо охирин мулки Селевкиён Сурияи Шимолиро ишғол карданд. Қисми асосии давлати Селевкиён – Эрон ва Байнаннаҳрайн ба давлати Парфия ҳамроҳ карда шуданд. Боз дар ин минтақа мисли давраи Модҳо ва Ҳахоманишиён ориёиҳо дар симои портҳо ҳукмрон гаштанд.

Фарҳоди II ният дошт ба Сурия ҳамла намояд. Аммо вазъият дар шарқи мамлакат муташанниҷ гардид ва ӯ маҷбур шуд бо лашкараш ба он ҷо раҳсипор шавад. Дар ҳамин солҳо дар Осиёи Марказӣ ҳаракати бузурги қабилаҳои кӯчманчӣ ҷараён дошт. Дар натиҷаи ин ҳодиса мавҷҳои калони кӯчманчиён ба Осиёи Миёна рахт бастанд. Як аз мавҷҳои ин ҳаракат дар шахси тохарҳо (юэҷҳо) давлати Юнонию Бохтариро аз байн бурд. Дар сарҳади шимолии Парфия сакоиҳо пайдо шуданд. Юстин (XII 1, 1-3) нақлеро меорад, ки мувофиқи он Фарҳоди II барои мубориза бар зидди Антиохи VII сакоиҳоро ба ёрӣ даъват мекунад. Аммо онҳо вақте меоянд, ки муҳориба аллакай ба фоидаи портҳо ба анҷом расида буд. Сакоиҳо мувофиқи қарордоди пешакӣ ҳаққи худро талаб мекунанд. Вале портҳо онҳоро дар қасдан дер мондан айбдор карда, ҳақ намедиҳанд. Сакоиҳо ба ғазаб омада, якбора аз иттифоқчӣ ба душман табдил ёфтанд ва сарзаминҳои Парфияро ғорат карданд. Фарҳод барои пешгирӣ кардани ин тороҷгариҳо ба сакоиҳо ҳамла кард. Дар ҳайати лашкари ӯ ҷанговарони зархариди юнонӣ буданд. Юстин онҳоро асирони дар ҷанги Антиохи VII ба дасти Фарҳод афтода медонад. Дар ҳар сурат юнониён вақте аз ғалабаи сакоиҳо пай бурданд, ба тарафи онҳо гузошта, бар зидди портҳо ба ҷанг шурӯъ намуданд.

Дар ин задухӯрд портҳо шикаст хӯрданд ва шоҳи онҳо Фарҳоди II ҳалок гардид. Агар ахбори Иоанни Антиохи дуруст бошад, баъди ин муҳориба дар давоми чандин сол то ба тахт нишастани Меҳрдоди II портҳо маҷбур буданд, ки ба сакоиҳо ҳар сол боҷ (ё товони ҷанг) супоранд. Мувофиқи ахбори Юстин, «скифҳо» (ё худ сакоиҳо) баъди ин муҳориба шаҳру деҳоти Парфияро ғорат карда, ба ҷои зисти худ баргаштанд.[6]

Аз ахбори Юстин чунин бармеояд, ки ин ҳодисаҳо дар ҳудуди Парфия ва ноҳияҳои назди он рух додаанд. Аммо дақиқ маълум нест, ки сакоиҳои дар ин ҳодисаҳо иштироккарда дар он солҳо оё дар ноҳияҳои сарҳадии шимоли Парфия ё ҷануби он зиндагӣ мекарданд? Ҳодисаҳое, ки баъдтар, дар давраи Меҳрдоди II байни ӯ ва сакоиҳо рух доданд аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар ноҳияҳои сарҳадии ҷануби Парфия зиндагӣ кардаанд ва аллакай дар ҳамон солҳо вилояти Дрангианаро ишғол карда буданд ва он минбаъд номи Сакистон (Сиистони асримиёнагӣ)-ро гирифт. Чӣ тавр ба ин вилоят омадани онҳо маълум нест.

Агар дар назар дошта бошем, ки Фарҳоди II онҳоро барои ёрӣ дар ҷанг бар зидди Антиохи VII даъват карда буд, пас онҳо иттифоқчӣ буданд. Аз ин ҷо фарз кардан мумкин аст, ки ин сакоиҳо аз ноҳияҳои шимоли Парфия бо розигии шоҳони он ба ноҳияҳои ҷануб сокин шуданд. Шояд онҳо дар ҷангҳои пеш аз ин бо Селевкиён рухдода, ба парфиягиҳо ёрӣ дода буданд ва ҳамчун подоши хизмат иҷозат гирифта буданд, ки дар ноҳияҳои номбаршудаи ҷануб сокин шаванд.

Баъди марги Фарҳоди II амакаш Артабони II (солҳои 128-123 то м.) ба тахт нишаст. Тохарҳо, ки тақрибан дар солҳои 130-юм Бохтарро ишғол карда буданд, Марв ва Ареяро (Ҳироти асримиёнагӣ), ки дар дасти Парфия буданд, низ ба тасарруфи худ дароварданд. Артабони II кӯшиш кард, ки сакоиҳоро саркӯб карда, вилоятҳои шарқиро аз дасти тохарҳо (юэҷҳо) кашида гирад. Аммо аз ахбори кӯтоҳ ва парокандаи муаррихони қадим чунин бармеояд, ки ӯ пурра ба ин мақсади худ нарасид. Ба қавли Юстин (XL 11, 2, 1), ӯ дар яке аз муҳорибаҳо бо қабилаи тохарҳо аз дасташ ярадор шуд ва дере нагузашта вафот кард. Баъди ӯ писараш Меҳрдоди II (солҳои 123-87 то м.) подшоҳ шуд.[7]

Меҳрдоди II шахси болаёқат ва ҷасур буд. Дар давраи ҳукмронии ӯ давлати Парфия хеле пурзӯру тавоно гашт. Беҳуда нест, ки ҳамзамононаш ба ӯ лақаби «Бузург»-ро дода буданд. Ӯ ҳам дар шарқ ва ҳам дар ғарб мавзеъҳоеро, ки портҳо аз даст дода буданд, аз нав барқарор кард. Дар ғарб вилояти Харакена қувват гирифта, нуфузи худро ба шимоли Байнаннаҳрайн густариш дод ва нияти ишғол кардани онро дошт.

Ба Меҳрдод муяссар шуд, ки Харакенаро ба зери итоати худ дарорад. Ӯ Бобулро аз нав ишғол карда, ш. Дура Европосро низ гирифт. Ба Арманистон ҳуҷум карда, шоҳи он Артаваздро шикаст дод ва писари ӯро гаравгон гирифт.[8] Бо ин амалҳо ӯ нуфуз ва ҳокимияти Парфияро дар ин минтақа пурра барқарор кард.

Дар шарқи кишвар низ ӯ муваффақиятҳои назаррас ба даст даровард. Юстин (XL 11, 1, 5) хабар додаст, ки «ӯ чанд бор бар зидди скифҳо (сакоиҳо) ҷангида ғолиб омад». Дар натиҷаи ин ҷангҳо сакоиҳо дар Арахозия ва Дрангиана (Сакистон — Сиистони минбаъда) қарор гирифта, тохтутозро ба ноҳияҳои Парфия қатъ карданд ва ҳокимияти олии Меҳрдодро эътироф намуданд.

Ба ин шоҳ муяссар гашт, ки вилоятҳои Арея (Ҳирот), Парсу (дар ҷануби Парфия) ва Марвро аз нав ишғол намуда, ба давлати худ ҳамроҳ намояд. Ин дастовардҳо мавқеи Парфияро дар ин минтақа мустаҳкам карданд. Соли 94 то м. шоҳи Арманистон вафот кард. Аз ин вазъият истифода бурда, Меҳрдод II писари Артавазд Тиграни II-ро, ки чун гаравгон дар асорати ӯ буд, ба тахти Арманистон нишонд. Дар натиҷаи чунин амал нуфузи Парфия дар Қафқоз ва Осиёи Хурд баланд шуд.[9]

Дар омади сухан бояд гӯям, ки номи шоҳи Арманистон Артавазд номи ориёӣ аст. Яъне ин сулола ориёӣ буд. Тавре ки дар бобҳои гузашта гуфта гузаштем, Арманистон ҳанӯз дар давраи модҳо ба ҳайати давлати онҳо бо номи шоҳии Урарту дохил мешуд ва дар он ҷо сулолаҳои ориёии модӣ ва баъди онҳо ориёии ҳахоманишӣ ҳукмронӣ мекарданд. Тавре ки поёнтар хоҳем дид, ҳукмронии ориёиҳо дар симои шаҳзодаҳои портӣ дар ин кишвар боз чандин садсолаҳо идома пайдо кард.

Мақому мартабаи баланди Меҳрдоди II дар унвони ӯ низ инъикос ёфт буд. Дар байни шоҳони Парфия ӯ якумин шуда, дар пайравӣ ба Ҳахоманишиён унвони «шоҳаншоҳ» («шоҳи шоҳон»)-ро гирифт ва бо ин унвон сикка зарб кард.

Аз соли 92 то м. дар таърихи Парфия марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин марҳила бо вусъат пайдо кардани нуфузи Рум ба Шарқ алоқаманд мебошад. Дар соли зикршуда бори нахуст Рум бо Парфия рӯ ба рӯ шуд. Сафорати портҳо дар соҳили Фурот сарлашкари машҳури румӣ Сулла гуфтушунид намуд. Натиҷаҳои ин гуфтушунид маълум нестанд, аммо аз рафти ҳодисаҳои баъдина ба хулосае омадан мумкин аст, ки Рум мехост пеши роҳи иттифоқ бастани шоҳи Понту Арманистонро бо Парфия гирад. Эҳтимол натиҷаи ҳамин гуфтушунид буд, ки Меҳрдоди II ба шоҳони Понт ва Арманистон дар муборизаашон бар зидди Рум дар Осиёи Хурд ёрӣ нарасонд. Шояд дар ин гуфтушунид дар бораи сарҳади байни ин ду давлат муқаррар намудани Фурот низ сухан рафта бошад.

Баъди марги Меҳрдоди II вазъияти дохилии Парфия ноустувор гардид. Дар дарбор мубориза барои тоҷу тахти шоҳӣ дар байни гурӯҳҳои гуногун хеле тезутунд шуд. Дар як муддати начандон дароз шоҳон Готарзи I, Синатрук, Ороди I якдигарро иваз карданд. Дар давраи ҳукмронии онҳо ягон ҳодисаи муҳими сиёсӣ рух надода буд. Дар ҳар сурат дар ин бора ягон маълумот нест.

Рум ҳаракати истилогаронаи худро ба шарқ фаъолона идома медод. Он ҳанӯз соли 130 то м. шимоли Сурияро гирифта буд ва дар ин ҷо охирин намояндагони сулолаи Селевкиён то соли 64 то м. аз номи императори Рум ҳукмронӣ мекарданд. Румиҳо ба Осиёи Хурд зада даромада, ба забти он машғул буданд. Рафти ҳодисаҳо аз он шаҳодат медод, ки румиҳо нияти дар он тарафи Фурот ором истоданро надоранд. Мақсади интиҳоии онҳо забт кардани Осиё ва такрор кардаи роҳи забткориҳои Искандари Мақдунӣ буд. Аммо онҳо барои амалӣ кардани ин нақшаи худ шитоб надоштанд ва фурсати муносибро интизор буданд.

Парфиягиҳо низ намехостанд бо Рум барин империяи пурқувват бархӯрд дошта бошанд. Соли 65 то м. бори нахуст дар соҳили Фурот байни Рум ва Парфия муҳорибаи мусаллаҳона рух доданд, ки дар онҳо бартарӣ дар тарафи румиҳо буд.[10] Дар ин миён баъзе муноқишаҳои дигари сиёсӣ низ байни тарафҳо рух доданд, аммо онҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шуданд.

Вазъияти дохилии Парфия дар ин солҳо чандон устувор набуд. Дар натиҷаи муборизаҳои дохилисулолавӣ Фарҳоди III кушта шуд. Баъди кашмакашиҳо дар байни ду писари ӯ, яке аз онҳо — Ороди II (солҳои 57-38 то м.) ҳокимиятро ба даст гирифт. Соли 54 то м. Рум лашкари калонеро барои ҳамла кардан ба Парфия ба Байнаннаҳрайн овард, аммо бо сабабҳои номаълум ҳуҷумро мавқуф гузошта, зимистонро дар Сурия гузаронд. Шоҳи Парфия Ороди II низ барои ҷанг бо лашкари Рум тайёрӣ дид.

Лашкари асосии портҳо бо сардории Ороди II ба Арманистон дохил шуданд. Дар Байнаннаҳрайн лашкари начандон калон бо сарварии Сурон (Сурен) гузошта шуд. Ба ақидаи муҳаққиқон, Ороди II гумон дошт, ки Красс ба воситаи Арманистон ба ақиби Байнаннаҳрайн баромада, баъд ба маркази он ва Эрон ҳуҷум мекунад. Ин роҳ хеле дур, вале ба ақидаи муҳаққиқон, бехавфтар буд ва имконият намедод, ки саворагони парфиягӣ амалиёти самаранок гузаронанд.[11] Аммо ин фикр чандон боварибахш ба назар намерасад. Чун лашкари Красс дар Сурия ва дастаҳои ҷудогонааш дар шаҳрҳои шимолии Байнаннаҳрайн ҷойгузин шуда буданд. Барои роҳи тӯлонӣ ва душворро тай карда, аввал ба шимолу шарқ рафта, баъд ба ҷануб баргашта ба Байнаннаҳрайн даромадан ягон зарурат надошт. Аз ин рӯ, ба Арманистон рафтани қувваҳои асосии лашкари Парфия бояд ягон сабаби дигар дошта бошад. Эҳтимол ин кор бо мақсади ба иштибоҳ андохтани душман анҷом дода шуда, қувваҳои асосиро дар Байнаннаҳрайн гузошта буданд ва шояд ҳам Ород аз хавфи ҳуҷуми Арманистон ба ин ҷо бо лашкар омада буд. Дар ҳар сурат ин масъала тадқиқоти иловагиро тақозо мекунад.

Красс роҳи кӯтоҳро ба воситаи саҳроҳои Байнаннаҳрайн интихоб кард. Муҳорибаи асосӣ дар байни ду лашкар 6 май соли 53 то м. дар наздикии ш. Кара дар шимоли Байнаннаҳрайн ба вуқӯъ пайваст. Саворони тирандози лашкари Сурон румиҳоро иҳота намуда, тирборон карданд. Бинобар дар як ҷо тӯда шудани румиҳо онҳо талафоти калон доданд. Баъди ин писари Красс, ки номаш Публий Красс буд, бо 6 ҳазор ҷанговари савора ва пиёдагард ба ҳуҷум гузашт. Портҳо ба қафо гашта, вонамуд карданд, ки гурехта истодаанд. Ин усули дӯстдоштаи қабилаҳои кӯчманчӣ буд. Баъди дар биёбон сарсону саргардон ва хаста шудани душман, онҳо ногаҳон аз чор тараф ба ҳуҷум мегузаштанд. Ин дафъа низ онҳо ҳамин усули ҳарбро истифода бурда, лашкари ро иҳота ва торумор карданд. Аз 6 ҳазор ҷанговари румӣ дар ин муҳориба 5,5 ҳазор он кушта шуданд. Баъди ин портҳо ба қувваҳои асосии румиҳо бо сардории и калонӣ ҳамла карда, онҳоро низ торумор карданд. 4 ҳазор ярадорро дар майдони ҷанг гузошта, дар қалъаи шаҳри Кара пинҳон шуд.

Аммо бинобар набудани ғизо румиҳо зуд шаҳрро тарк карданд. Аз 40 ҳазор ҷанговари Рум, ки дар ин муҳорибаи хунин иштирок карда буданд, фақат 10 ҳазор ба Сурия баргаштанд, 20 ҳазор кушта ва 10 ҳазор асир гирифта шуд.[12]

Ин муҳориба аҳамияти калони таърихӣ дошт. Торумор шудани лашкари то ин вақт мағлубнашавандаи румиҳо ба обрӯйи ин давлати бузург зарбаи марговар зада, садди пешравии он ба Шарқ шуд. Он ҳамчунин мувозинаи қувваҳоро дар қисмати шарқии Баҳри Миёназамин ба вуҷуд овард, ки 276 сол бе тағйироти ҷиддӣ давом кард ва бақои беш аз дуасраи давлати Парфияро дар сарҳадҳои пешинааш таъмин намуд. Румиҳо орзуи такрор кардани роҳи лашкаркашии Искандари Мақдуниро ба қаъри Осиё аз сар дур карданд.

Онҳо ҳадди амалиёти худро бо Шарқи Наздик ва Осиёи Хурд маҳдуд намуданд. Ин мағлубияти гӯшношунид дар зеҳни румиҳо чунон таассуроти манфӣ гузошт, ки онро то охири мавҷудияти империя фаромӯш карда натавонистанд.

Баъди чунин ғалабаи муҳим обрӯ ва мавқеи портҳо дар шарқу ғарб боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

То муҳорибаи назди Карра байни Рум ва Парфия алоқаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ қариб, ки вуҷуд надоштанд. Рум, ки давраи нашъунамои худро аз сар мегузаронд, дар бораи ҳамсояи шарқии худ тасаввуроти дуруст надошт ва онро чандон писанд намекард. Ин нописандӣ ҳангоми вохӯрӣ дар сафорати Парфия бо сарлашкари румӣ Сулла соли 92 то м. зоҳир шуда буд ва муаррихони қадим ба ин нуқта ишора кардаанд. Портҳо низ дар бораи ҳамсояи тавонои ғарбии худ тасаввуроти дуруст надоштанд ва интизори чӣ тавр сурат гирифтани ҳодисаҳои минбаъда буданд.

Баъди муҳорибаи барои румиҳо фоҷиабори назди Карра дар муносибатҳои ин ду давлати абарқудрати замон тағйироти калон ба амал омад. Румиҳо бо чашми сар диданд ва бо ҷисми худ қудрати ҷангии ориёиҳоро дар симои портҳо эҳсос карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки бо рақиби тавоное сару кор доранд. Портҳо бо вуҷуди ғалабаи муҳим ҷангро идома надоданд ва душмани даргурезро таъқиб накарданд ва ба сарзаминҳои дар зери тасарруфи Рум буда дохил нашуданд. Ин хатои ҳарбии онҳо буд ё сабабҳои воқеӣ дошт, ба мо маълум нест. Муҳаққиқон ба ин савол посухи мусбат надодаанд. Ба назар чунин мерасад, ки Парфия сиёсати то андозае мудофиавиро пеш гирифта, вазифаи асосиро дар ҳимоя кардани қаламрави давлати худ аз ҳуҷуми Рум медид. Румиҳо бошанд баъди аз зарбаи Карра ба худ омадан пайваста орзу мекарданд ба қаламрави давлати Парфия дохил шуда, ҳудуди империяи худро дар Шарқ вусъат диҳанд.

Баъди 11 соли ҳодисаи ёдшуда портҳо сиёсати ғарбии худро фаъол намуда, дар ҷанги дохилии Рум ҷумҳуриятхоҳонро дастгирӣ карда, дар муҳорибаи назди Филипп дар Македония (соли 42 то м.) пуштибони онҳо шуданд. Маҳз ба туфайли ғалаба дар ин муҳориба Октавиан Август чанде пас императори Рум шуд.[13] Дар баробари алоқаҳои дипломатӣ муноқишаҳои мусаллаҳона низ дар байни ин ду давлат зуд-зуд рух медоданд. Саҳнаи ин муноқишаҳо асосан дар Шарқи Наздик ва Осиёи Хурд буд.

Соли 40 то м. портҳо бо мақсади аз Шарқи Наздик ва Осиёи Хурд рондани румиҳо ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо Фаластин, қисми зиёди Сурия ва Осиёи Хурдро ишғол карданд. Сокинони ин минтақаҳо, ки аз ҷабру зулми сарбозони румӣ азият мекашиданд, омадани портҳоро ба хушнудӣ пазируфтанд. Аммо портҳо натавонистанд мавқеи худро дар ин кишварҳо таҳким бахшанд. Даъвогарони тахти Рум ба муборизаҳои дохилӣ хотима дода, бо ҳам иттифоқ бастанд ва Антоний сарлашкар Вентидияро бо лашкар ба Осиёи Хурд фиристод. Дар чандин муҳориба бо ӯ портҳо шикаст хӯрданд ва маҷбур шуданд, ки Осиёи Хурдро тарк кунанд. Ба зудӣ румиҳо Сурияро низ ишғол карданд. Дар муҳорибаи хунини назди Гандара дар соли 38 то м. портҳо шикасти сахт хӯрданд.[14]

Соли ин солҳо дар Парфия дар байни ду гурӯҳ дарбориён ва ашрофон — румигароён ва ватанхоҳон мубориза мерафт. Ғалабаи румиҳо дар Гандара ба фоидаи румигароён буд. соли 37 то м. Фарҳоди IV падари худ Ороди II-ро ба қатл расонда, тахту тоҷро ба даст даровард. Аз рӯи маълумоти муаррихони қадим, Фарҳоди IV шахси хеле золим буд. Бо вуҷуди ин дар давраи ҳукмронии ӯ Парфия мавқеи мустаҳкам дошт. Ӯ дар ҷанг бо румиҳо низ муваффақияти калон ба даст даровард.

Антоний аз ғалабаи назди Гандара рӯҳбаланд шуда, соли 36 то м. бо лашкари 100 ҳазорнафара ба Парфия ҳуҷум кард. Ӯ бо лашкараш дар бандари Зевгма дар шимоли Сурия фуруд омада, ба воситаи ҷануби Арманистон ба Мод, ба пойтахти Атропатена (Озарбойҷони асримиёнагӣ) ш. Фрааспа ҳуҷум карда, онро муҳосира намуд. Дар ин миён портҳо ба дастаи румиҳо, ки манҷаниқ ва дигар яроқҳои вазнини деворшиканро мебурданд, ҳамла карда, онҳоро торумор намуданд. Бо вуҷуди муҳосираи тӯлонӣ гирифтани ш.Фрааспа ба румиҳо муяссар нашуд ва онҳо маҷбур шуданд муҳосираро қатъ карда, қафо нишинанд. Дар вақти муҳосира ва махсусан қафонишинӣ саворагони портӣ пайваста ба румиҳо ҳуҷумҳои ногаҳонӣ карда, ҷанговарони онҳоро нобуд месохтанд.

аз гуруснагӣ ва вазнинии роҳҳои душворгузари кӯҳӣ азият кашида, бо мушкилӣ ба Сурия баргаштанд. Онҳо дар ин муҳориба бештар аз 40 ҳазор сарбози худро талаф доданд.[15] Баъди муҳорибаи назди Карра ин дуюмин шикасти шадиди румиҳо буд. Портҳо бори дигар ҷасорат ва маҳорати ҷангии худро намоиш доданд.

Баъди император шудани Октавиан Август дар муносибатҳои байни Рум ва Парфия тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Рум аз сиёсати ишғолгарона дар Шарқ даст кашида, роҳи мусолиҳа ва гуфтушунидро пеш гирифт. Сабаби ин сиёсат ба шикаст рӯ ба рӯ шудани Рум дар ҷангҳо бо Парфия буд. Рум дигар қуввати бо Парфия ҷангиданро надошт. Бинобар ин соли 20 то м. байни ин ду давлати абарқудрат сулҳнома имзо карда шуд. Ҳамчун изҳори хайрхоҳӣ Фарҳоди IV ба Рум нишонаи ҷанговарони он — уқобҳои нуқрагин ва асирони ҳарбиро баргардонд.

Фарҳоди IV ин сиёсати Румро бо хушнудӣ пазируфт. Ӯ канизаки румӣ Мусаро, ки Август ба ӯ туҳфа карда буд, ба занӣ гирифт. Ҳамчунин ӯ чор писарашро бо аҳли хонаводаашон ба Рум фиристод. Румипараст шудани Фарҳоди IV ҷанбаи сиёсӣ дошт. Рум давлати тавоно буд ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои нигоҳ доштани тоҷу тахт ӯ метавонист ба он такя кунад. Баъд сулҳ Фарҳоди IV боз 18 сол ҳукмронӣ кард ва дар ин муддат байни Рум ва Парфия ягон ихтилоф ё муноқишаи ҷиддии мусаллаҳона рух надод.[16]

Ҳодисаҳои баъди ин рухдода нишон доданд, ки сиёсати румигаройии Фарҳоди IV мухолифони зиёд дошт, вале мавриди эътирофи рӯйирост набуд. Ворисони ӯ Фарҳоди V (солҳои 2 то м.- 4м.), Ороди III (солҳои 4 -7) ва махсусан Ванони I (cолҳои 8-12) низ сиёсати румигаройиро идома доданд. Ванони I, ки дар Рум зиндагӣ мекард, бо мадади императори он ба сари тахт омад. Дар ин солҳо мубориза байни гурӯҳҳои ватанпараст ва румигаро рӯз то рӯз авҷ мегирифт. Пай дар пай кушта шудани шоҳони румипараст ҳокӣ аз он буд, ки қисми зиёди ашрофон ва махсусан мардумони ориёӣ сиёсати бегонапарастии онҳоро дастгирӣ намекарданд.

Оқибат неруҳои миҳанпараст дар атрофи ҳокими Мод Артабон, ки домоди Фарҳоди IV буд, муттаҳид шуда, Ванони I-ро аз тахт сарнагун карданд. Ҳамин тавр, Артабони III (12-38) подшоҳи Парфия шуд. Ӯ ва тарафдоронаш ба бозичаи дасти румиҳо табдил ёфтани Парфия зид буданд. Дар мубориза бар зидди Рум ва тарафдорони он Артабани III ба сокинони Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна такя мекард. Ӯ тарафдори инкишофи маданият ва анъанаҳои миллии ориёӣ буд. Ба ӯ то андозае муяссар шуд, ки давлатро мутамарказ карда, мухторияти шаҳрҳои юнонишини Бобул ва Байнаннаҳрайнро маҳдуд намояд. Рум чандин бор кӯшиш кард гумоштагони худро ба тахти Парфия шинонад, аммо муваффақ нашуд. Соли 35 румиҳо ба Парфия ҳамла карда Ктесифон (Тайсафун)-ро ишғол карданд.

Артабони III пойтахти худро ба Гиркония кӯчонда, муборизаро бар зидди румиҳо идома дод. Бо дастгирии қувваҳои ватанхоҳ ва сокинони Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна ӯ румиҳо ва даъвогари тахт, дастнигари онҳо Тиридати III-ро аз Ктесифон ронд ва пойтахтро боз ба ин шаҳр овард.[17]

Дар давраи ҳукмронии ӯ вазъият нисбатан муътадил ва барои инкишоф мусоид буд. Баъди марги Артабони III ба сари ҳокимият Готарзи II (38-51) омад. Ӯ низ мисли Артабон аз оилаи Аршакиён набуда, хешованди наздики онҳо буд. Готарзи II аз Гиркония буд. Баъди ба тахт нишастани ӯ бародараш Вардон ошӯб бардошта, ӯро ба шарқи кишвар бадарға ва худаш дар Ктесифон қарор гирифт. ин вақт дар Парфия амалан дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад. ғарб Вардон ва дар шарқ Готарзи II ҳукмронӣ мекарданд. Қароргоҳи Готарзи II дар ватанаш Гиркония буд. ин давра ш.Селевкияи соҳили Даҷла шӯриш бардошта аз итоат ба шоҳони Парфия даст кашида буд, муборизаро қатъ карда, ба Вардон таслим шуд. муборизаи байни бародарон оқибат Готарзи II ғолиб омад. Вардон тақрибан соли 47 дар вақти шикор аз ҷониби суиқасдчиён кушта шуд. Баъди ин ҳодиса гурӯҳи ашрофон набераи Фарҳоди IV Меҳрдодро аз Рум даъват карданд, то тахти подшоҳиро соҳиб шавад, аммо ӯ дар мубориза бо Готарзи II шикаст хӯрд.

Баъди Готарзи II ба сари ҳокимият Вологези I (Билоши I) (51-80) омад. Бо кӯшиши ӯ ҳокимияти Парфия дар Арманистон барқарор карда шуд. Тақрибан соли 54 ӯ бародараш Тиридатро ба тахти ин кишвар нишонд. Бародари дигараш Пакорро шоҳи Мод таъин намуд. Румиҳо, ки даъвои Арманистон доштанд, аз ин кори Вологези I норозӣ шуда, ба ин кишвар ҳамла намуданд. Аммо кӯшишҳои онҳо натиҷаи барояшон дилхоҳ надоданд ва оқибат байни тарафҳо сулҳ баста шуд. Мувофиқи он тахти Арманистон дар дасти Тиридат монд, вале маросими тоҷгузорӣ ботантана дар Рум гузаронда шуд. Ҷолиби диққат аст, ки авлодони Тиридат, яъне ориёиҳо то соли 428 дар Арманистон ҳукмронӣ карданд.[18]

Дар давраи Вологези I инкишофи фарҳангу анъанаҳои миллии ориёӣ авҷ гирифт. сиккаҳо ба ҷои навиштаҷоти юнонӣ навиштаҷоти портӣ пайдо шуданд. Оҳангҳои миллӣ дар дигар осори маданияту санъат низ ба назар мерасанд. давраи ҳукмронии Вологези I дар соҳаи маданияти маънавӣ баъзе корҳо ба сомон расиданд. Аз ҷумла матни расмии китоби муқаддаси зардуштиён Авесто тадвин шуд. Ба ақидаи баъзе олимон, ки ба маълумоти сиккаҳо такя мекунанд,[19] гӯё дар давраи ҳукмронии Вологези I Гиркония ва Марв аз ҳайати давлати Парфия баромадаанд. Аммо ин фарзия, нисбати Гиркония ба воқеият рост намеояд. Зеро Гиркония ва вилояти Парфия ватану такягоҳи муҳими Аршакиён буданд. Гузашта аз ин ашрофони Гиркония (Готарзи II ва Вардон) ҳатто соҳиби тахти шоҳӣ шуданд. Пеш аз ин Артабони III муваққатан пойтахтро аз Тайсафун ба ҳамин вилоят оварда буд. мубориза бо Рум ва таҳкими ҳокимият дар ғарби Эрон, Бобул ва Байнаннаҳрайн маҳз ҳамин вилоятҳои шарқӣ такягоҳи асосии шоҳони Парфия буданд. Аз ҷониби дигар Гиркония, ки дар таркиби давлати Парфия мақоми хос дошт, ба ҷудо шудан манфиатдор набуд.

Гиркония аз ҳама ҷиҳат барои Аршакиён аҳамияти бузург дошт ва ҷудо шудани он аз давлати Парфия ғайриимкон буд. Дар ҳар сурат Аршакиён, ки иқтидори азим дошта, бо Рум барин империяи тавоно рақобат мекарданд, ҳамаи имкониятро доштанд, ки ба ин кор роҳ надиҳанд. Албатта Гиркония аз рӯи аҳамияташ ҳамчун ватани дуюми Аршакиён метавонист имтиёз ва мухторияти муайян дошта бошад. Вале аз ҳайати давлати Парфия баромаданаш ғайривоқеӣ ба назар мерасид. Бисёр нуктаҳои норавшани ин масъала бояд тавассути муҳаққиқон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гиранд.

Шоҳони минбаъдаи Парфия асосан ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба кашмакашиҳои дохилӣ ва мубориза бо Рум машғул буданд. Рум аз вазъияти нобасомони дарбории Парфия истифода бурда, дар асри II борҳо (солҳои 114-116, 163, 195, 216) ба Байнаннаҳрайн ва Арманистон ҳуҷум карда, онҳоро ғорат кард. Аммо ҳар дафъа портҳо онҳоро зада аз ин минтақаҳо дур меандохтанд. Дафъаи охирин дар муҳорибаи назди ш.Нисибийин дар шимоли Байнаннаҳрайн (217) портҳо румиҳоро сахт шикаст дода, шумораи зиёди сарбозонашонро ба асирӣ гирифтанд. Рум маҷбур шуд 200 миллион сестерсий (сиккаҳои биринҷӣ) товони ҷанг дода, асиронашро озод кунад.[20]

Дар ҳамин солҳо Ардашери Бобакон ҳокимияти худро дар Форс мустаҳкам карда, якчанд ноҳияҳои гирду атрофро забт намуда, баъд ба Парфия ҳуҷум кард ва шоҳи он Атрабони V-ро шикаст дода, ба ҳастии давлати Парфия ё худ Портҳо дар саҳнаи таърих хотима бахшид. Сарзамини онҳо ба тасарруфи Сосониён даромад.

Дар аввали ин боб ёдовар шуда будем, ки Парфия (Портҳо) ҳамчун воҳиди мустақили маъмурию ҳудудӣ аз давраҳои қадим вуҷуд дошт ва ба ҳайати он Парфия, Порс, Мод, Илом, Бобул, Байнаннаҳрайн, Фаластин, Марву Ҳирот ва қисмате аз Осиёи Хурд дохил шуданд. Табиист, ки дар сарзамини Парфия анъанаҳои давлатдорӣ ба дараҷаи муайяни инкишоф расида буданд ва хусусиятҳои худро доштанд. Асоси онро анъанаҳои моду ҳахоманишӣ ё худ анъанаҳои халқҳои ориёӣ ташкил медоданд. Ин анъанаҳо моҳиятан дар давраи ҳукмронии юнониёну — мақдуниҳо низ бо баъзе дигаргуниҳо ва унсурҳои юнонимаобӣ амал мекарданд. Моҳиятан сохтори давлатии Эрону Осиёи Миёна дар давраи ҳукмронии юнониён мисли давраи ҳахоманишиён боқӣ мемонад. Портҳо низ ин сохторро нигоҳ дошта, ба он баъзе унсурҳои идоравиеро, ки хоси қабилаи парнҳо буданд, илова карданд. Аз ин рӯ, сохтори сиёсии Парфия дар се поя қарор дошт: моду ҳахоманишӣ, юнонӣ, парнию портӣ.

Подшоҳ таҷассумгари ҳокимияти олӣ буд. Ҳуқуқи подшоҳ шудан ба авлоди Аршакиён тааллуқ дошт. Дар он замон як қонуни нонавиштаи муносибати «ғолибу мағлуб» амал мекард. Мувофиқи он ҳар касе, ки ҳокимиятро гирифта давлатро ташкил кард, ӯ ва авлодонаш ба ин ҳокимият ҳаққи табиӣ доштанд ва ҳокимият моликияти маҳсуб мешуд. Ин қонуни нонавишта баъзан истисно низ дорад. Масалан, Артабони III, Готарзи II, Вардон аз авлоди Аршак набуда, хешовандони авлодони ӯ буданд.

Ҳокимияти шоҳӣ мутлақ ва ҳукмаш тағйирнопазир ва раво буд. Аммо амалан ӯ давлатро танҳо идора намекард. Дар назди шоҳи Парфия ду шӯрои машваратӣ — шӯроӣ авлодӣ ва шӯрои мубадон амал мекард. Шӯрои авлодӣ ба анъанаҳои қабилаҳои парн тааллуқ дошт. Ба ин шӯро хешовандони наздики шоҳ дохил мешуданд ва дар он масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла, интихоби ворисони тахт, тақсимоти мансабҳои дарборию маъмурӣ муҳокима ва ҳаллу фасл карда мешуданд. Мартабаи шӯрои мубадон нисбат ба шӯрои авлодӣ нисбатан пасттар буд.

Мисли давраи ҳахоманишиён дар давлати Парфия низ баъди шоҳ ҳазорпат аз ҳама мартабаи баланд дошт. Ӯ сардори навкарони хоси шоҳ буд.

Давлати Парфия аз хшатрапанаҳо (сатрапияҳо) ва вилоятҳои тобеи он иборат буд. Масоҳати хшатрапанаҳо нисбат ба давраи Ҳахоманишиён ва Селевкиён хурдтар буд. Мувофиқи ахбори Плиний ва Исидори Хараксӣ Парфия 18 хшатрапанаро дар бар мегирифт, ки 11 ададашон болоӣ ва 7 ададашон поёнӣ номида мешуданд. Ба болоӣ хшатрапанаҳои вилоятҳои шарқии мамлакат — Парфия, Гиркония, Марв, Ҳирот ва ғайра дохил мешуданд. Хшатрапанаҳои поёнӣ шомили вилоятҳои ғарбӣ — Бобул, Байнаннаҳрайн, Мод ва ғайра буданд. Дар як ҳуҷҷати портӣ аз ш.Нисо (Нисай) хшатрапани Парфия Козефат номбар шудааст.[21]

Хшатрапанаҳо ба воҳидҳои хурдтари маъмурӣ — гепархия, статма ва диз тақсим мешуданд. Сардори дизро «дизпат» мегуфтанд. Ба ин воҳиди маъмурӣ як деҳаи истеҳкомдор ё худ қалъадор ва дигар деҳаҳои беистеҳкоми атрофии он дохил мешуданд. Калимаи диз (диж) ба маънои қалъа дар забони тоҷикӣ (форсӣ) бетағйир то имрӯз боқӣ мондааст. Ин истилоҳи муҳими маъмурӣ буда, дар қатори бисёр санадҳои дигар дар бораи ягонагии таърихии тоҷикону портҳо шаҳодат медиҳад.[22] Статма якчанд дизро дар бар мегирифт. Ин воҳидҳои маъмурӣ дар қадим пайдо шуда буданд, аммо дар давраи ҳукмронии Селевкиён ба худ номи юнонӣ гирифтанд.

Ба ҳайати давлати Парфия якчанд вилоятҳои тобеъ дохил мешуданд. Фарқи онҳо аз хшатрапанаҳо дар он буд, ки онҳо аз ҷониби намояндагони сулолаҳои маҳаллӣ идора карда мешуданд. Хшатрапанҳоро бошад шоҳ таъин мекард ва онҳо маъмурони шоҳ маҳсуб мешуданд. Вилоятҳои тобеъ ба хазинаи марказӣ андоз месупориданд ва ҳангоми ҷанг барои артиши шоҳ дастаҳои ҷанговарони худро мефиристоданд ва пурра ба шоҳ итоат мекарданд. Дар масъалаҳои дохилӣ онҳо мустақил буданд. Ба қатори вилоятҳои тобеъ Порс (Форс), Илом, Атрапатена ва боз панҷ вилояти дигар дохил мешуданд. Бояд ёдовар шавем, ки дар китоби «Таърихи Эрон»[23] иштибоҳан ба қатори вилоятҳои тобеъ Гиркония, Марғинон ва Сакистон дохил шудаанд.

Дар феҳристи Плини ва Исидори Харакси ин вилоятҳо дар қатори 11 хшатрапанаҳои болоӣ номбар шудаанд.

Дар ҳуҷҷатҳои Нисо унвони «марзбон» дучор мешавад. Ин унвон дар давраи Сосониён низ вуҷуд дошт ва маънояш нигаҳбони марз ё худ сарҳад мебошад. Мартабаи он аз хшатрапана баландтар буд. Аммо доираи фаъолияташ чандон равшан нест. Фақат фарз кардан мумкин аст, ки ба марзбон якчанд хшатрапанаҳои сарҳадӣ итоат мекарданд. Эҳтимол дар минтақаҳои гуногуни сарҳадӣ марзбонҳо таъин карда мешуданд.

Дар сохтори идоравии Парфия шаҳрҳои юнонинишин ва маҳаллии мухтори Байнаннаҳрайн — Селевкияи соҳили Даҷла, Дура — Европос, Палмира ва ғайра мақоми хос доштанд. Аз рӯи маълумоти Исидори Харакси дар қисмати ғарбии Парфия 20 шаҳр (полис)-и мухтор вуҷуд дошт.[24] Ин шаҳрҳо худидорашаванда ё худ мухтор буда, мақомоти идоравии худро доштанд, ки он дар маҷлиси умумии шаҳрвандон интихоб карда мешуданд ва ба ин маҷлис дар бораи фаъолияташон ҳисобот медоданд. Ин тарзи идоравӣ хоси юнониён буда, дар Осиё баъди истилои Искандари Мақдунӣ дар давраи Селевкиён ба вуҷуд омад. Шаҳрҳои мухтори юнонинишин қонунҳои худро доштанд ва дар асоси онҳо амал мекарданд.

Мухторияти ин шаҳрҳо бо ҳокимияти мутлақи шоҳӣ чандон созгор набуд. Аммо шоҳони Парфия ба хотири нигоҳ доштани анъанаҳои собиқ ва ба тарафи худ ҷалб кардани аҳолии ин шаҳрҳо мухторият ва озодиҳои онҳоро нигоҳ доштанд. Шаҳрҳои мухтор ба хазинаи давлат андозҳои калон месупориданд. Вале дар ҷараёни мубориза аввал бо Селевкиён ва баъд бо Рум шаҳрҳои юнонинишин ҳамеша бар хилофи шоҳони Парфия амал мекарданд. Ин мавқеи онҳо шоҳони Парфияро водор кард, ки батадриҷ мухторияти онҳоро маҳдуд кунанд. Аз дохил низ дар сохти идоравии ин шаҳрҳо тағйирот ба вуҷуд омаданд. Ба шӯрои шаҳр асосан ашрофон ва сарватмандон, аз ҷумла портҳо интихоб мешуданд ва шаҳрро ба манфиати худ идора мекарданд. Дар ҳар сурат шаҳрҳои мухтор дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Парфия нақши муҳим бозиданд. Онҳо пуле буданд, ки Осиёро бо Аврупо пайваст карда, барои муколамаи фарҳангӣ ва омезиши тамаддунҳо мусоидат мекарданд.

Шаҳрҳои Бобул ва Байнаннаҳрайн шӯрои ҷамъиятӣ доштанд. Аммо онҳо сохтори идоравии мисли шаҳрҳои юнонинишин надоштанд ва ба шоҳ тобеъ буда, тавассути гумоштагони ӯ идора карда мешуданд. Гурӯҳи сеюми шаҳрҳо дар Эрону Осиёи Миёна ҷойгир буданд. Ин шаҳрҳо мутобиқи анъанаҳои осиёӣ ҳеҷ гуна мухторият ва мақомоти интихоботии идоравӣ надоштанд. Онҳо аз ҷониби раисоне, ки мақомоти давлатӣ таъин мекарданд, идора карда мешуданд.

Дар бораи сохтори боҷситонии давлати Парфия маълумоти кофӣ вуҷуд надорад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ ду намуд андоз аз замин — узбари ва патибаж номбар шудаанд.[25] Андози якум ба фоидаи ҳокимони маҳаллӣ — хшатрапанҳо, сардорони гепархияҳо статмаҳо, дизпатҳо ва андози дуюм барои хазинаи шоҳ ҷамъ карда мешуданд. Андоз аз савдо ва дигар амалиётҳои молӣ низ вуҷуд доштанд. Чуноне ки дида мешавад, номи ҳарду намуди андоз портӣ мебошанд. Маънои номи якум равшан нест. Қисми дуюми калимаи «патибаж», чуноне ки қаблан гуфтем, то имрӯз дар забони тоҷикӣ (форсӣ) бетағйир дар шакли «боҷ» ба маънои андоз боқӣ мондааст. Калимаи «пат» дар забонҳои форсии қадим, паҳлавӣ ва суғдӣ ба маънои сардор, калон, асосӣ (ҳазорпат, дизпат ва ғайра) маъмул буд. Шояд қисми аввали калимаи «патибаж» низ аз ҳамин калима буда, ба маънои «боҷи калон ё асосӣ» омада бошад. Дар ҳалли ин масъала сухани охиринро бояд забоншиносон иброз намоянд.

Мувофиқи маълумоти бостоншиносӣ, дар Парфия шумораи зиёди шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дизу деҳаҳо мавҷуд буданд. Машғулияти асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва чорводории муқимӣ буд. Бештар кишти обӣ инкишоф ёфта буд. Ғалладона, ангур, пахта, кунҷит ва растаниҳои дигарро парвариш мекарданд. Дар шаҳрҳо ҳунармандӣ тараққӣ карда буд. Матои аз нахи зағир таҳияшудаи борсип, қолинҳои портӣ, асбобҳои оҳании Марғинон дар Бобул ва кишварҳои дигари ғарбӣ хеле машҳур буданд.

Дар бораи сохти иҷтимоии Парфия низ маълумот ночиз аст. Аз рӯи хусусият ва дараҷаи инкишофи ин соҳа Парфияро ба минтақаи шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо кардан мумкин аст. минтақаи ғарбӣ дар Бобул ва Байнаннаҳрайн муносибатҳои иҷтимоӣ тараққӣ карда буданд. ин ҷо ба табақаҳо ва синфҳо тақсимшавии аҳолӣ дар давраҳои хеле қадим рух дода буд.

Дар Эрон ва Осиёи Миёна низ ин ҳодиса дар аҳди қадим, аниқтараш дар аввалҳои ҳазораи якуми то мелод ба вуқӯъ пайваста буд ва он то андозае дар Авесто инъикос ёфтааст. сарчашмаҳои хаттии замони Портӣ «озодагон» ё «саворагон» номбар шудаанд. Озодагон табақаи аз ҳама баланди ҷомеаро ташкил мекарданд. Ба он дарбориён, ашрофу аъён, сарлашкарон дохил мешуданд. Саворагон ишора ба ҷанговарони савора буда, аз таркиби табақаи озодагон мебаромаданд. Помпей Трог табақаи «вобастагон»-ро номбар кардааст. Маънои ин истилоҳ баръакси маънои истилоҳи озодагон аст ва ба ақидаи муаллифони китоби «Таърихи Эрон» тамоми аҳолии боқимонда ба ин табақа дохил мешуданд. Онҳо соҳиби моликият ва ҳаққу ҳуқуқ буда, шахсан озод ба шумор мерафтанд, ва вобастагии онҳо шояд ба давлат андоз супоридани онҳоро ифода мекард. Зеро ба ин табақа пеш аз ҳама кишоварзон ва ҳунармандон ё худ истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дохил мешуданд.[26]

Бино ба маълумоти ҳуҷҷатҳои Нисо, баробари ин ду табақаи асосӣ — ҳукмронон ва истеҳсолкунандагон гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ низ вуҷуд доштанд, ки табақаи алоҳидаро ташкил намедоданд. Ба ин гурӯҳ маъмурон ва мансабдорони хурди давлатӣ ва дигар шахсони дур аз истеҳсолот дохил мешуданд. Як гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоиро савдогарон ташкил мекарданд.[27] Табақаи рӯҳониён низ вуҷуд дошт. Дар ҳуҷҷатҳои портиёни Нисо муғон (мубадони зардуштӣ) ва мубад Спосак номбар шудаанд. Дар назди шоҳ шӯрои мубадони зардуштӣ амал мекардааст.

Парфия артиши калони доимамалкунанда надошт. Дар давраҳои осоишта дастаи навкарони шоҳӣ хидмат мекарданд, ки шумораашон чандон зиёд набуд. Дар вақтҳои ҷанг хшатрапанҳо ва шоҳони тобеъ бо дастаҳои ҳарбии худ омада, ба подшоҳ хизмат мекарданд. Вазифаи сарлашкар мансаби меросии хонаводаи бонуфузи Сурон (Сурен) буд. Сарбозони зархариди юнониро портҳо баъди дар ҷанги соли 130 то м. хиёнат карда, ба тарафи сакоиҳо гузаштанашон, дигар истифода намебурданд.[28] Асоси артишро саворагони сабукяроқ ва вазниняроқи ҷавшанпӯш ташкил мекарданд. Аввалиҳоро аз ҳисоби заминдорони хурду миёна ва дуюмиҳоро аз ҳисоби табақаи воломақоми озодагон интихоб мекарданд. Саворагон мутаносибан бо камонҳои сабук ва дигар яроқ мусаллаҳ буданд. Пиёдагардонро дар шароити кӯҳистон ва барои хизмат дар пойгоҳҳои низомӣ истифода мебурданд.[29]

Дастоварди муҳими ҳарбии портҳо саворагони вазниняроқи ҷавшанпӯш буданд. Ҳам савор ва ҳам аспи ӯ дар тан ҷавшан доштанд. Ҳамаи муҳаққиқон парнҳоро қабилаи кӯчманчӣ мешуморанд. Аммо саворагони вазниняроқ ба кӯчманчиён хос нестанд. Барои кӯчманчиён саворагони сабукяроқ хосанд ва онҳо қисми муҳими артиши Парфияро ташкил мекарданд.

Артиши портҳо қобилияти баланди ҷангӣ дошт ва дар чандин муҳорибаҳои муҳим онро намойиш дод. Махсусан дар муҳорибаи назди ш.Карра соли 53 то м. артиши Парфия ғалабаи барҷаста ба даст даровард. Саворагони сабукяроқ ва вазниняроқ дар ин муҳориба моҳирона амал карда, румиҳо ва ҳамватанонашонро моту мабҳут карданд. Саворагони сабукяроқ баъди бонги дуҳул якбора аз чор тараф пиёдагардони найзабардори румиҳоро аз камонҳо тирборон карданд. Пиёдагардони румӣ, ки дар як ҷой ҷамъ шуда буданд, талафоти калон доданд. Баъди ин саворагони вазниняроқ ба ҳуҷум гузашта, сафи пиёдагардони румиро шикастанд. Румиҳо аз банги дуҳул, ҷилову садои ҷавшанҳои саворагони портҳо ба даҳшат афтоданд. Портҳо дар муҳорибаҳо усули дӯстдоштаи саҳронишинон — қафонишинии бардурӯғ ва ҳуҷуми ногаҳониро хеле моҳирона истифода мебурданд.[30] Дар ҷанг ва муҳосираи ш.Фрааспаи Атропатена (соли 36 то м.) низ портҳо ба румиҳо санъати ҷангии худро намоиш доданд.

Артиши портҳо сершумор набуд, аммо серҳаракат ва қобилияти баланди ҷангӣ дошт. Дар ҳар сурат ин артиш юнониёну мақдуниҳоро аз Эрон ва Бобулу Байнаннаҳрайн ронда, қариб 300 сол нагузошт, ки легионҳои номдори Рум аз Фурот гузашта вориди Эрон шаванд.

Портҳо дар инкишофи санъати ҳарбии ориёиҳо ва халқҳои ҳамсоя саҳми босазо гузаштанд. Истифодаи мутаносиб ва бонавбату пайдарҳами саворагони бодпойи сабукяроқ ва саворагони вазниняроқи саропо ҷавшанпӯш дастоварди муҳими онҳо ва дигар халқҳои ориёӣ буд.

Дар бораи забони портӣ мо пеш аз ҳама дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки бостоншиносон ҳини ҳафриёти қасри Нисои Куҳна ёфтанд, маълумот пайдо кардем. ин ҷо зиёда аз 200 ҳуҷҷат ёфт шуд, ки ба асри I то м. тааллуқ доранд.[31] Онҳо бо ранги сиёҳ дар сафолпораҳо навишта шудаанд. онҳо санадҳои марбут ба воридот ва содироти шароб ба анборҳои давлатӣ сабт шудааст. Онҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ буда, дар бораи тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, сохти иҷтимоӣ, ономастика (номшиносӣ) ва дигар соҳаҳо маълумоти қиматбаҳоро манзури хонандагон намудаанд. Алифбои забони портӣ дар асоси алифбои оромӣ сохта шуда буд. Забони оромӣ ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён дар тамоми Эрон ва Осиёи Миёна чун забони расмии коргузорӣ интишор ёфта буд. Минбаъд халқҳои ориёӣ, аз ҷумла портҳо, суғдҳо, хоразмиҳо ва дигарон дар заминаи он алифбоҳои худро сохтанд.

Дуюмин сарчашмаи маълумот дар бораи забони портӣ сангкатибаҳои солҳои аввали ҳукмронии Сосониён мебошанд, ки бо ду (портӣ ва сосонӣ) ё се забон (портӣ, сосонӣ ва юнонӣ) навишта шудаанд. Онҳо ба шоҳони сосонӣ Ардашери I ва Шопури I ва Шопури I ва Нарсе тааллуқ доранд. Ҷолиби диққат аст, ки забонҳои портӣ ва сосонӣ дар ин навиштаҳо чунон ба ҳам монанданд, ки олимон дар аввал онҳоро ду тарзи навишти як забон гумон кардаанд. Танҳо баъдтар онҳо дарк карданд, ки яке аз ин забонҳо портӣ мебошад. Ин катибаҳо баъди ҳукмронии портҳо сабт шудаанд, ва дар бораи маъруфу маъмул будани ин забон баъди аз сари қудрат рафтани Портҳо шаҳодат медиҳанд.[32]

Дар миёнаҳои асри I мелодӣ дар сиккаҳои портӣ ба ҷойи навиштаҷоти юнонӣ навиштаҷоти портӣ пайдо мешаванд, ки падидаи муҳими фарҳангӣ дар кори зинда кардани анъанаҳои миллии ориёӣ баъди истилои фарҳангии юнониён буд.

Дар бораи забони портӣ навиштаҷоти монавӣ, ки дар Туркистони Шарқӣ ёфт ва бо ҳамин забон навишта шудаанд, маълумоти ҷолиб медиҳанд. Дар асоси ҳуҷҷатҳои Нисо (Насай) ва катибаҳои ду-се забонаи солҳои аввали ҳукмронии Сосониён бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки забони портӣ дар Парфия мақоми давлатӣ дошт. Дар баробари он дар шаҳрҳои юнонинишини ғарби мамлакат забони юнонӣ низ истифода мешуд.

Дар мавриди забони портӣ як нуктаро мехоҳам дар ин ҷо кунам. Тибқи иттилое, ки ман дорам чандин сол боз дар байни забоншиносон дар бораи дар кадом макон пайдо шудани забони тоҷикӣ (форсӣ)-и нав — дар вилояти Форс ё Осиёи Миёна баҳс меравад. Дар ин робита муҳаққиқон хеле бамаврид унсурҳои муштараки забони тоҷикию бо забони портиро таъкид кардаанд. Забоншиносон бояд ин масъалаҳоро таҳқиқу баррасӣ намуда, натиҷаи онро манзури оммаи васеи халқу миллати азизамон гардонанд.

Дар бораи дини Парфия Авесто, муаррихони қадим, ҳуҷҷатҳои Нисо, сиккаҳо ва сарчашмаҳои дигар маълумот медиҳанд. Омӯзишу таҳлили ин сарчашмаҳо ба муҳаққиқон имконият дод, ки доир ба ин масъала хулосаҳои муайяни худро иброз намоянд. Аз ҷумла Б. Ғафуров доир ба ин масъала маълумоти муҳим овардааст. Ӯ таъкид кардааст, ки аз 200 номҳои шахсии дар ҳуҷҷатҳои Нисо ҳузур дошта, қисми зиёдаш ба дини зардуштия тааллуқ дорад.[33] Ба ин илова кардан мумкин аст, ки номҳои як қисм шоҳони Парфия бо худоҳои Авестоӣ алоқаманд мебошанд. Масалан, Митридат — Меҳрдод аз номи Митра – Меҳр — худои аҳду паймон ва офтоб; Артабон – аз номи Арта — худои ростӣ. Артабон ба ин маънӣ нигоҳбони ростӣ ё шахсе, ки ӯро худованд Арта нигоҳбонӣ мекунад; Ород (Ороз) — аз номи худои олии зардуштӣ Ормузд — Ҳурмузд — Аҳуромаздо; Атравазд, Тиридат ва ғайра.

Аз рӯи маълумоти Б. Ғафуров дар ҳуҷҷатҳои Нисо мубад Спосак — нигоҳбони оташи муқаддас номида шудааст. Дар ин ҳуҷҷатҳо дигар муғон (мубадони зардуштӣ) ва маъбадҳо, аз ҷумла, маъбади Нанайа (Анаҳито) низ зикр шудаанд. Дар Парфия тақвими зардуштӣ истифода бурда мешуд. Дар асоси ин ва дигар санадҳо муаллифи зикршуда дини замони Портҳоро зардуштия медонад. Муаллифони китоби «Таърихи Эрон» ва дигар сарчашмаҳои диниву тадқиқотӣ доир ба дин роҷеъ ба фармони Волегези I дар бораи дар асоси нусхаҳои пароканда ва гуногуни Авесто тасбиту тадвин (кодификатсия)-и Авесто иттилоъ додаанд.[34] Мо ба ин масъала баъдан таваққуф хоҳем кард.

Юстин тарзи гӯрондани портҳоро тавсиф кардааст, ки он мувофиқи оини зардуштӣ сурат мегирифт. Дар сарзаминҳои ғайриориёии давлати Парфия ба мисли Бобул ва Байнаннаҳрайн динҳои маҳаллӣ ва дар шаҳрҳои юнонинишин оинҳои юнонӣ амал мекарданд. Портҳо сиёсати Ҳахоманишиён ба динро идома дода, ба дину эътиқодоти халқҳои дигари қаламравашон эҳтиром мегузоштанд.

Бо дарки аҳамияти ғоявию сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии дину оин шоҳони Парфия дар таҳким ва густариши дини зардуштия, ки дини миллии халқҳои ориёӣ буд, саҳми босазо гузошта, мақоми давлатии онро, ки ҳанӯз дар давлатҳои Мод ва Ҳахоманишиён касб карда буд, барқарор карданд ва тақвият доданд. Дар баробари ин онҳо бо назардошти ҳуқуқи табиии инсонҳо ва халқҳо барои озодии виҷдону эътиқодот амал карда, нисбат ба динҳои халқҳои ғайриориёӣ сиёсати хайрхоҳонаро пеш мебурданд.

Дар бораи савдо дар давлати Парфия сарчашмаҳои хаттӣ маълумоти ночиз ва пароканда додаанд. онҳо асосан роҳҳои тиҷоратӣ ва номгӯйи молҳои савдои байналхалқӣ зикр шудаанд. ин бора бозёфтҳои бостоншиносӣ ва сиккаҳо низ маълумоти муайян медиҳанд. Маълум аст, ки аз ҳудуди Парфия шоҳроҳи тиҷорат мегузашт, ки он мамлакатҳои Шарқи Дурро бо Шарқи Наздик ва баҳри Миёназамин мепайваст. Онро роҳи абрешим низ меномиданд. Ин роҳ ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён ҳамчун роҳи иртиботи байни сатрапҳо амал мекард. Яке аз чунин роҳҳо аз Бобул сар шуда, ба воситаи Ҳангматана (Ҳамадон), Марв, Бохтар ба Ҳиндустон ва Хитой мерафт.

Дар давраи портҳо дар баъзе нуқтаҳои роҳҳои иртиботӣ тағйирот ба вуҷуд омад. Бобул аҳамияти пешинаи худро ҳамчун маркази савдо аз даст дода дар канор монд ва ин роҳ аз пойтахти Парфия Ктесифон (Тайсафун) сар шуда, ба самти шарқ ва ғарб мерафт. Дар самти шарқ шоҳроҳи тиҷорат аз Ҳангматана (Ҳамадон), Роғ, Гекатомпил (Саддарвоза) гузашта, то Марв меомад. Аз Марв як шохаи ин роҳ ба воситаи Арейя, Дрангиана (Сакистон) ва Қандаҳор ба Ҳиндустон мерафт. Шохаи дигари он аз Марв то Бохтар ва аз он ҷо ба воситаи Багром то Ҳиндустон мерасид. Роҳи дигар аз Бохтар ба воситаи Помир ба Хитой мерафт.

Аз Ктесифон шоҳроҳи тиҷорат ба самти ғарб аз шаҳрҳои Селевкияи соҳили Даҷла ва Дура — Европос гузашта, ба баҳри Миёназамин мебаромад. Шохаи дигараш аз Дура — Европос то Зевгма ва аз тариқи Антиохия ва баҳри Миёназамин мерафт. Як роҳи дигар аз Ктесифон ба воситаи ҷануби Эрон, Кармания ва Арахозия то Ҳиндустон мерасид. Роҳи баҳрӣ низ вуҷуд дошт. Он аз халиҷи Форс, аз ш.Харакс сар шуда, ба воситаи баҳри Араб то Ҳиндустон мерафт.[35]

Қисми зиёди шоҳроҳи тиҷорат аз Сакистон то Марв ва аз он ҷо то Ктесифон, Селевкия ва Дура — Европос пурра дар зери назорати Парфия буд. Портҳо дар савдои байни Хитой ва Шарқи Наздику Ғарб вазифаи миёнаравро бозӣ мекарданд. Аз маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ чунин бармеояд, ки онҳо абрешимро аз тоҷирони Хитой харида, худашон ба мамолики Ғарб мебурданд. Дар ин бора солномаҳои хитоӣ хабар додаанд. Аз ҷумла дар солномаи Хан — шу гуфта шудааст: «(Императорони Рум) ҳамеша мехостанд ба Хитой сафорат фиристонанд, аммо Анши (яъне портҳо) мехостанд ба онҳо абрешими хитоӣ фурӯшанд ва барои ҳамин сафоратҳои онҳоро роҳ намедоданд. Ин ҳолат то соли 116 давом кард. Дар ин сол подшоҳи Та-цин (Рум) Ан-Тун (Марк Аврелий Антонин) сафорати худро фиристод. Аз ҳамин вақт алоқаҳои бевосита бо ин мамлакат сар шурӯъ шуданд».[36]

Аз миёнаравӣ дар савдои Шарқу Ғарб Парфия даромади калон мегирифт. Савдои дохилии байнишаҳрӣ низ инкишоф ёфта буд. Дар ин бора, алалхусус, сиккаҳои боқимонда аз он давру замон шаҳодат медиҳанд. Дар ш.Шуш сиккаҳои дар Селевкия ва Харакс зарбшуда, ёфт шудаанд, ки ҳокӣ инкишоф ёфтани савдову тиҷорат дар байни ин шаҳрҳо мебошад. Дар Кавказ сиккаҳои Парфия ба миқдори зиёд ёфт шудаанд, ки ин низ аз тиҷорати байни Парфия ва ин минтақа дарак медиҳад. Дар як ҳуҷҷати Палмирӣ молҳои воридотии зер номбар карда шудаанд: ғуломон, меваҳои хушк, растаниҳои хушбӯй, равғани зайтун, пӯст, намак, ҳайкалчаҳои биринҷӣ ва ғайра. Портҳо аз Хитой абрешим, ҳан, растаниҳои хушбӯй ва дигар молҳои рӯзгор меоварданд.

Иртиботи тиҷоратии ҷазираҳои Юнон бо Шуш, Селевкия ва дигар шаҳрҳои Парфия низ вуҷуд доштааст. Бостоншиносон пораҳои зарфҳоеро бо муҳри ин ҷазираҳо дар ҳудуди Парфия пайдо кардаанд.[37] Дар давлати Парфия савдои дохилӣ ва байналхалқӣ ба дараҷаи кофӣ инкишоф ёфта буд. Портҳо манфиати тиҷоратро дарк намуда, барои инкишофи он шароити мусоид фароҳам меоварданд.

Шаҳрҳо дар ҳаёти давлати Парфия нақши намоён доштанд. Бисёрии ин шаҳрҳо аз қадим вуҷуд доштанд, аммо дар давраи портҳо онҳо тавсиа пайдо карданд. Ба он шаҳрҳои Марв, Ҳангматана (Ҳамадон), Бобул ва ғайра дохил мешуданд. Баъзе шаҳрҳои қадим ба мисли Бобул аҳамияти пештараи худро чун марказҳои муҳими маъмурию маданӣ ва тиҷоратӣ аз даст дода буданд ва ҷойи онҳоро шаҳрҳои навбунёд гирифтанд.

Аввалин пойтахти Аршакиён шаҳри Нисо буд. Шояд шакли дурусти талаффузи ин ном Нисай бошад. Чунки дар Авесто ин ном дар шакли Nisya омадааст. Ба ғайр аз ин дар вулусволии Дарвози Афғонистон деҳаи калоне бо номи Нсай (Насай) вуҷуд дорад. Нисо дар қисмати марказии ватани бобоии Аршакиён вилояти Парфия воқеъ гардида буд. Харобаҳои он 18 км дуртар аз ш. Ашқободи Туркманистон ҷойгиранд. Бостоншиносони собиқ шӯравӣ дар давоми чандин сол ин харобаҳоро ҳафриёт карда, тарҳ ва сохти меъмории онро муайян намудаанд.

Димнаи Нисо аз ду қисм-Нисои Куҳна ва Нисои Нав иборат аст. Нисои Куҳна Арки хоси подшоҳони Парфия буд. Дар ин Арк ё Қалъа дарбори шоҳ, хазинаи давлатӣ, толорҳои бузург, ибодатгоҳ, истиқоматгоҳҳои сарбозон, биноҳои хоҷагӣ, амборҳои шароб ҷойгир шуда буданд. Қалъа девори 9 метраи мудофиавӣ ва бурҷи боҳашамати паҳноияш 35 метра дошт. Дар маркази қалъа толори боҳашамате ҷойгир аст, ки масоҳаташ 400 м кв мебошад. Маркази толор чор сутуни бузург дорад. Қад-қади деворҳо нимсутунҳо ва дар байни онҳо ҳайкалҳои калон ҷойгиранд. Боми толор чоркунҷа буда, дар марказаш равзана дошт. Бояд ёдовар шавем, ки ин намуди бом хоси ориёиҳои муқимнишин буда, нишонаҳои он дар Бадахшони Тоҷикистон то имрӯз боқӣ мондааст.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳои портии аз ин қалъа ёфтшуда он Меҳрдодкирт ном доштааст. Аз ҳашаматаш маълум аст, ки он ё толори ташрифотии подшоҳӣ ё маъбади бузурги оташ будааст. Хазинаи подшоҳӣ низ дар ҳамин қалъа ҷойгир буда, масоҳаташ 60х60 м буд. Дар қалъа ашёҳои гуногуне пайдо намуданд, ки ҷолибтарини онҳо ҷомҳои мунаққашу мусаввари шохмонанд мебошанд. Дар онҳо саҳнаҳои гуногуни юнонӣ ва портӣ тасвир шудаанд.[38]

Дар Нисои нав бостоншиносон танҳо маъбад ва мақбараҳоро кушодаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум шуд, ки ш.Нисо хеле бузургу пуршукӯҳ будааст. Толори боҳашамати шоҳӣ бинандаро моту маҳбут карда, қудрату тавоноии Аршакиёнро намойиш медиҳад.

Дар сарзамини аҷдодиашон портҳо якчанд шаҳри нав сохтанд. Яке аз онҳо ш. Дара буд. Ба қавли муаррихони қадим, Аршаки II (?-211 то м.) онро ҳамчун пойтахт сохта буд, аммо бинобар номувофиқ будани мавқеи ҷойгиршавиаш пойтахт аз он ҷо ба ш.Гекатомпил кӯчонда шуд. Муаррихони қадим онро пойтахти асосии Парфия номидаанд. Дар бораи он дигар ягон хел маълумот нест ва бостоншиносон низ ҳанӯз харобаҳои онро пайдо накардаанд. Гекатомпил дар наздикии баҳри Каспий, дар ҷанубу шарқи он ҷойгир буд. Аз шаҳр шоҳроҳи тиҷоратӣ мегузашт. Дар ҷануби вилояти Парфия шаҳри Асаак ҷойгир буд. Ин шаҳр низ барои Аршакиён аҳамияти хос дошт. Ба қавли Исидори Ҳараксӣ тоҷгузории асосгузори давлати Парфия Аршак дар ҳамин шаҳр, дар маъбади Оташ баргузор шуда буд.

Дар сеяки охири асри I то м. пойтахти Парфия ба ғарб кӯчид. Дар Бобул дар соҳили чапи Даҷла деҳае буд бо номи Ктесифон. Меҳрдод барои аз болои шаҳри Селевкия, ки дар он тарафи дарё ҷойгир буд, назорат кардан дар ин деҳа сарбозони портро ҷо кард. Ба қавли Аммиан Марцелин, Пакор писари Ороди II (57-38 то м.) ин деҳаро обод карда, ба пойтахти давлати Парфия табдил дод.[39]

Билоши I дар назди Селевкияи соҳили Даҷла шаҳре бо номи Вологезия сохт. Ӯ ин шаҳрро пойтахти давлати Парфия кард ва мақсад дошт дар муқобили Селевкия онро ба маркази калони тиҷоратӣ табдил диҳад. Аммо ин орзуи ӯ амалӣ нашуд. Баъди марги ин шоҳ марказ боз ба Ктесифон кӯчид ва Валогезия ба як шаҳри қаторӣ табдид ёфт.

Аз ҳама шаҳри калони Парфия пойтахти он Ктесифон буд. Он қароргоҳи подшоҳон ва муҳимтарин маркази мадании замони худ маҳсуб мешуд. Баъди Ктесифон аз лиҳози шумораи аҳолӣ ва дараҷаи инкишоф дар ҷои дуюм шаҳри Селевкия меистод. Ин шаҳри юнонинишин мухтор ва муҳимтарин маркази савдо ба шумор мерафт.

Пойтахти Парфия чандин бор иваз шуда, аз канори шарқии он ба канори ғарбӣ кӯчид. Шоҳони Парфия мисли шоҳони ҳахоманишӣ бо навбат дар якчанд шаҳрҳои калону бонуфузи худ – Ктесифон (пойтахти асосии онҳо) Ҳангматана, Роғ ва Гекатомпил зиндагӣ мекарданд. Шаҳри Роғ, ки яке аз шаҳрҳои қадими Эрони Шарқӣ буд ва дар Авесто ёд шудааст, дар давраи портҳо ба маркази муҳими маъмурӣ ва тиҷоратӣ табдил ёфт.

Шаҳрҳо маркази инкишофи маданият ва санъат буданд. Санъатшиносон мафҳуми санъати Парфияро васеъ истифода мебаранд. Ба қавли онҳо дар ин давра дар тамоми қаламрави ин давлат новобаста аз мансубияти нажодии аҳолии минтақаҳо санъати ягонаи портӣ ба вуҷуд омада буд. Ин санъат дар заминаи тавъам бо якдигар пайваст шудани анъанаҳои ориёӣ, бобулӣ, ошурӣ ва юнонӣ ташаккул ёфт. Ҳатто дар шаҳрҳои суриягии Палмира ва Дура-Европос санъати Парфия паҳн шуда буд. Дар мусаввара ва деворнигораҳои қасру маъбадҳои ин шаҳрҳо сабки санъати портӣ баръало эҳсос карда мешавад. Ҷомҳои нафиси шохмонанди аз устухони фил сохта шудаи Нисо мусаввараҳои юнонӣ (саҳнаҳои асотирӣ) ва ҳахоманишӣ (ҳайвони афсонавӣ – симурғ) доранд. Онҳо намунаҳои барҷастаи санъати тасвирии юнонию ориёӣ мебошанд.

Дар таърихи халқҳои ҳинду ориёӣ портҳо мақоми хос доранд. Онҳо аввалин шуда ҳокимияти юнониёнро сарнагун карданд ва озодиро ба даст дароварданд. Онҳо барои истиқлоли дигар халқҳои ориёӣ мусоидат намуда, тадриҷан Осиёи Миёна ва тамоми Эронро озод ва дар атрофи худ муттаҳид намуданд.

Дар давраи ҳукмронии юнониён маданияти ҳеллинистӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик ба таври васеъ паҳн шуда буд. Ин падида махсусан дар санъати тасвирӣ, меъморӣ баръало мушоҳида мешуд. Гарчанде ки дар осори маданият ва санъат унсурҳои маҳаллии ориёӣ низ ҳузур доштанд, аммо онҳо моҳиятан осори санъату маданияти юнонимаоб буданд. Портҳо унсурҳои маданияти ориёиро батадриҷ ва пайгирона аз нав зинда карда, маданияти хосе ба вуҷуд оварданд, ки дар он унсури эронӣ нақши муайянкунанда дошт. Онҳо батадриҷ ба ҷойи забони юнонӣ забони портиро, ки яке аз шохаҳои забони ҳиндуориёӣ буд, ба мақоми забони давлатӣ бароварданд.

Дар соҳаи низомӣ низ онҳо муваффақияти калон ба даст оварданд. Саворагони вазниняроқи саропо якҷоя бо аспҳояшон ҷавшанпӯш навоварии муҳим дар соҳаи санъати ҳарб буд. Дар натиҷаи иқдомҳои шоҳи портӣ румиҳо натавонистанд, ки вориди сарзамини Эрон шаванд. Кореро ки Ҳахоманишиён барин империяи неруманд дар нисбати юнониёну мақдуниҳо карда натавонист, шоҳони Парфия дар нисбати Рум анҷом доранд.

Парфия барои аз таъсири маданияти юнонӣ халос шудани ориёиҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Ин ҳадаф, ки заминаи онро портҳо гузошта буданд, дар давраи Сосониён ҷомаи амал пӯшид.

Тавзеҳот

_______________

[1] Колледж М. Парфяне. М., 2004. – с.11-15.

[2] История таджикского народа. т. I. – с. 291.

[3] Колледж М. Парфяне. – с. 19.

[4] Ниг: История Ирана. – с.90; История таджикского народа. т. I. – с.297-299.

[5] История Ирана, 1977. – с. 90-91.

[6] Гафуров Б. Таджики. – с.128-129.

[7] Ҳамон ҷо – с.129.

[8] Колледж М. Парфяне. – с.26.

[9] История таджикского народа, т.I, 1963. – с.362.

[10] Гафуров Б. Таджики. – с.139.

[11] История Таджикского народа. т. I. – с.363.

[12] История Ирана. – с.94; Гафуров Б. Таджики. – с.139-140; История таджикского народа. т.I. – с.363.

[13] История таджикского народа. т.I. – с.364.

[14] История Ирана. – с.95.

[15] Колледж. М. Парфяне. – с.28-30.

[16] Таърихи халқи тоҷик. – с.131.

[17] История таджикского народа. – с.365.

[18] Колледж М. Парфяне. – с.44-45.

[19] История таджикского народа. т. I. – с. 365-366.

[20] Таърихи халқи тоҷик. – с.133.

[21] Ҷаводӣ, Ғ. Маъмурият дар Ирони бостон. Теҳрон, 2001. – с.259.

[22] Дяконов И. М., Лившиц В. А. Документы из Нисы I в. до н.э. М., 1960. – с.22-23.

[23] История Ирана. – с.101.

[24] Ҷаводӣ Ғ. Маъмурият дар Эрони бостон. – с.263.

[25] История Ирана. – с.101-102.

[26] История Ирана. – с.99.

[27] Гафуров Б. Таджики. – с.119.

[28] Колледж М. Парфяне. – с.58-60.

[29] История Ирана, 1977. – с.99.

[30] Гафуров Б. Таджики. – с.140.

[31] Дьяконов И. М., Лившиц В. А. Документы аз Нисы I в до. н.э. М., 1960.

[32] Таърихи халқи тоҷик. — с.133. Гафуров Б. Таджики. — с.120-121.

[33] Гафуров Б. Таджики. – с.122.

[34] История Ирана. – с.103.

[35] История Ирана. – с.97-98.

[36] Колледж М. Парфяне. – с.74.

[37] Ҳамон ҷо.

[38] Ниг: Гафуров Б. Таджики. – с.121-122.

[39] Колледж. М. Парфяне. – с.61.

← Ба пас, ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.