Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-2


shashmaqom-2

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Таҳрири охирин 05.05.2024


Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан ё фарокашӣ ба кор баранд.


Қашқарчаи Савти Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Он сияҳ холест, ки бар рухсори ҷонони ман аст,
Ханҷари мижгони ӯ пайваста бар ҷони ман аст.
Носеҳо, беҳуда мегӯйӣ, ки дил бардор аз ӯ,
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст.*
Гуфтам: «Эй нозукбадан, аз ту меояд бӯйи мушк»,
Гуфт: «Кай ин бӯйи мушк? Он гарди домони ман аст».
(Гуфт: «Кай он бӯйи мушк? Аз зулфи печони ман аст». Б. Исҳоқова)
Гуфтам: «Эй нозукбадан, ошиқ макуш, кам ноз кун».
Гуфт: «Ошиқ мекушам, имрӯз даврони ман аст».
Гуфтам: «Эй нозукбадан, дар гарданат мори сияҳ».
(Гуфтам: «Эй ширинсухан, дар гарданат мори сияҳ». Б.Исҳоқова)
Гуфт: «Кай мор аст он, кокул парешони ман аст».
Аҳмади Ҷомӣ зи ишқат сӯхта монанди шамъ,
Гуфт: «Кай шамъ аст он, ин моҳи тобони ман аст».
____________________
* Ин байт аз Ҳилолист.

Ғазали Аҳмади Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Исҳоқ Катаев. Қашқарчаи Савти Ушшоқ.mp3

2. Фарҳод Қорӣ Ҳалимов. Қашқарчаи Савти Ушшоқ.mp3

3. Малоҳат Абдушукурова. Қашқарчаи Савти Ушшоқ.mp3

Қашқарчаи Савти Ушшоқ (2)

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Баски дар дил ҳасрати чашми сиёҳаш доштам, 2б
Оҳуе дидам, туфайли ӯ нигоҳаш доштам. 2б
Дар дили шаб рӯ ба меҳнатхонаи ман дошт ғам,
Шуъла зад оҳам чароғе пеши роҳаш доштам. 2б
Қадри он шабҳо надонистам, ки то маҳ менишаст,
Чашми худ равшан ба рӯйи ҳамчу моҳаш доштам. 2б
Шоми ҳиҷрон бар дили худ раҳм меомад маро,
Гарчи рӯйи худ сиёҳ аз дуди оҳаш доштам. 2б
Умр бигзашту сарам болини осоиш надид,
Солҳо аз зонуи худ такягоҳаш доштам.
Умр бигзашту сарам болини осоиш надид,
Мушфиқӣ, рӯзе, ки бояд чашм пӯшид аз ҷаҳон, 2б
Орзуи дидани шавқи ҷамолаш доштам. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Баски дар дил ҳасрати чашми сиёҳаш доштам,
Оҳуе дидам, туфайли ӯ нигоҳаш доштам.
Дар дили шаб рӯ ба меҳнатхонаи ман дошт ғам,
Шуъла зад оҳам чароғе пеши роҳаш доштам.
Қадри он шабҳо надонистам, ки то маҳ менишаст,
Чашми худ равшан ба рӯйи ҳамчу моҳаш доштам.
Зери девораш хуш он рӯзе, ки чашмам мепарид,
Миннати болои ӯ аз барги коҳаш доштам.
Шоми ҳиҷрон бар дили худ раҳм меомад маро,
Гарчи рӯйи худ сиёҳ аз дуди оҳаш доштам.
Умр бигзашту сарам болини осоиш надид,
Солҳо аз зонуи худ такягоҳаш доштам.
Мушфиқӣ, рӯзе, ки бояд чашм пӯшид аз ҷаҳон,
Орзуи дидани чашми сиёҳаш доштам.

Ғазали Мушфиқӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Тошбой Муҳаббатов. Қашқарчаи Савти Ушшоқ.mp3

Қашқарчаи Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Чоргоҳ

То нафас боқист, гарми барқи ҷавлони туам,
Хок гардам ҳам, ғубори гарди домони туам.
Шонасон гар устухоне аз танам бошад ҳанӯз,
Синачоки ҳасрати зулфи парешони туам.
Чанд майли хонаи оина? Гоҳе метавон,
Рӯй сӯйи хонаи ман ҳам, ки меҳмони туам.
Тирабахтӣ ваҳшатандузи бисоти қурб нест,
Сояам гар, сояи сарви хиромони туам.
Гарчи хондам аз муҳаббат фасл-фаслу боб-боб,
Ҳолиё тифли навомӯзи дабистони туам.
Шуҳра гардидам ба олам з-он ки, Роҷӣ, ҳамчу меҳр,
Меҳрубоно, резачини хони эҳсони туам.

МАТНИ ШЕЪР:
То нафас боқист, гарми барқи ҷавлони туам,
Хок гардам ҳам, ғубори гарди домони туам.
Шонасон гар устухоне аз танам бошад ҳанӯз,
Синачоки ҳасрати зулфи парешони туам.
Чанд майли хонаи оина? Гоҳе метавон,
Рӯй сӯйи хонаи ман ҳам, ки меҳмони туам.
Тирабахтӣ ваҳшатандузи бисоти қурб нест,
Сояам гар, сояи сарви хиромони туам.
Мири даҳрам, то мутеи холи ҳиндуи туам,
Пири дайрам, то муриди чашми фаттони туам.
Гарчи хондам аз муҳаббат фасл-фаслу боб-боб,
Ҳолиё тифли навомӯзи дабистони туам.
Шуҳра гардидам ба олам з-он ки, Роҷӣ, ҳамчу меҳр,
Меҳрубоно, резачини хони эҳсони туам.

Ғазали Роҷӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷумъабой Қӯзиев. Қашқарчаи Савти Чоргоҳ.mp3

Муғулчаи Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Як шаб, охир, домани оҳи саҳар хоҳам гирифт,
Доди худ аз он маҳи бедодгар хоҳам гирифт.
Чашми гирёнро ба тӯфони бало хоҳам супурд,
Нӯки мижгонро ба хуноби ҷигар хоҳам гирифт.
Интиқомамро зи зулфаш мӯ ба мӯ хоҳам кашид,
Орзуямро зи лаълаш сар ба сар хоҳам гирифт.
Ё ба зиндони фироқаш бенишон хоҳам шудан,
Ё гиребони висолаш бехабар хоҳам гирифт.
Ё лабонашро ба лаб ҳамчун шакар хоҳам макид,
Ё миёнашро ба бар ҳамчу камар хоҳам гирифт.
Гар, Фурӯғӣ, моҳи ман бурқаъ зи рӯ хоҳад фиканд,
Ман зи шавқаш айб бар шамсу қамар хоҳам гирифт.

МАТНИ ШЕЪР:
Як шаб охир домани оҳи саҳар хоҳам гирифт,
Доди худро з-ин маҳи бедодгар хоҳам гирифт.
Чашми гирёнро ба тӯфони бало хоҳам супурд,
Нӯки мижгонро ба хуноби ҷигар хоҳам гирифт.
Наъраҳо хоҳам заду дар баҳру бар хоҳам фитод,
Шуълаҳо хоҳам шуду дар хушку тар хоҳам гирифт.
Интиқомамро зи зулфаш мӯ ба мӯ хоҳам кашид,
Орзуямро зи лаълаш сар ба сар хоҳам гирифт.
Ё ба зиндони фироқаш бенишон хоҳам шудан,
Ё гиребони висолаш бехабар хоҳам гирифт.
Ё баҳори умри ман рӯ бар хазон хоҳад ниҳод,
Ё ниҳоли қомати ӯро ба бар хоҳам гирифт.
Ё ба пояш нақди ҷон бе гуфтугӯ хоҳам фишонд,
Ё зи дасташ остин бар чашми тар хоҳам гирифт.
Ё ба ҳоҷат дар бараш дасти талаб хоҳам гушод,
Ё ба ҳуҷҷат аз дараш роҳи сафар хоҳам гирифт.
Ё лабонашро зи лаб ҳамчун шакар хоҳам макид,
Ё миёнашро ба бар ҳамчу камар хоҳам гирифт.
Гар нахоҳад доди ман имрӯз дод он шоҳи ҳусн,
Доманаш фардо ба назди додгар хоҳам гирифт.
Бар сарам қотил агар бори дигар хоҳад гузашт,
Зиндагиро бо дами теғаш зи сар хоҳам гирифт.
Боз агар бар манзараш рӯзе назар хоҳам фиканд,
Коми чандинсоларо аз як назар хоҳам гирифт.
Ё сару пойи маро дар хоку хун хоҳад кашид,
Ё бару дӯши варо дар симу зар хоҳам гирифт.
Гар, Фурӯғӣ, моҳи ман бурқаъ зи рӯ хоҳад фиканд,
Сад ҳазорон айб бар шамсу қамар хоҳам гирифт.

Ғазали Фурӯғӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Исҳоқ Катаев. Муғулчаи Дугоҳ.mp3

2. Малоҳат Абдушукурова. Муғулчаи Дугоҳ.mp3

Муғулчаи Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Рангомези хаёлам, хона рангин кардаам, 2б
Дурдошоми ғамам, паймона рангин кардаам. 2б
Панҷаи шона ниҳам дар панҷаи занҷири зулф,
Даст рангин, панҷа рангин, шона рангин кардаам. 2б
Барниҳад шояд ки по бар дида, баҳри мақдамаш 2б
Базм рангин, фарш рангин, хона рангин кардаам. 2б
То кунад қасди шикоре гоҳ-гоҳе дар чаман,
Боғ рангин, об рангин, дона рангин кардаам.
Баҳри тифли орзу, Махфӣ, зи хуноби ҷигар, 2б
Бар дари ҳар хонае афсона рангин кардам. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Рангомези ҷунунам, хона рангин кардаам,
Дурдошоми ғамам, паймона рангин кардаам.
Панҷаи шона ниҳам дар панҷаи занҷири зулф,
Даст рангин, панҷа рангин, шона рангин кардаам.
Барниҳад шояд ки по бар дида, баҳри мақдамаш
Базм рангин, фарш рангин, хона рангин кардаам.
То кунад қасди шикоре гоҳ-гоҳе дар чаман,
Боғ рангин, об рангин, дона рангин кардаам.
Баҳри тифли орзу, Махфӣ, зи хуноби ҷигар,
Бар дари ҳар хонае афсона рангин кардам.

Ғазали Махфӣ

Муғулчаи Сегоҳ

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Оҳ, аз даври фалак як лаҳза бар комам нашуд, 2б
Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд.
Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам,
Ҳеҷ амре муҷиби таскини оромам нашуд. 2б
Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо,
Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд. 2б
То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед,
Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд.
Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар,
Як тулуи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд.
Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш,
Як илоҷи хушкии савдо зи бодомаш нашуд. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Оҳ, аз даври фалак, як лаҳза бар комам нашуд,
Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд!
Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам,
Ҳеч амре муҷиби таскини оромам нашуд.
Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо,
Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд.
Гарчи нӯшидам басе паймонаҳои заҳри ғам,
Аз майи ишрат вале як ҷуръа дар ҷомам нашуд.
То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед,
Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд.
Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар,
Як тулуи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд.
Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш,
Як илоҷи хушкии савдо зи бодомам нашуд.

Ғазали Туғрал

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷумъабой Қӯзиев. Муғулчаи Сегоҳ.mp3

Муғулчаи Сегоҳ (2)

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Бар рухи зардам зи мижгон ашки гулгун мечакад, 2б
Лолаву гулро чӣ созам, аз дилам хун мечакад.
Меравад хуноби ҳасрат аз шикасти дил маро,
Чун шикасти шиша, к-аз вай бода берун мечакад.
Нохуни Лайлист рангин чун ҳино дар базми ҳусн, 2б
Қатраҳои хуни дил, к-аз лаъли майгун мечакад.
Шаб, ки месӯзам зи меҳнат субҳ аз дуди дилам,
Ашки анҷум аз саводи чашми гардун мечакад.
Дар арақ дидам лаби лаъли ту ҷонам тоза шуд,
Чун зулоли зиндагӣ з-он лаъли майгун мечакад.
Ишқ агар оташ набошад, оҳи ман сӯзон чаро,
В-ар дили ман хун нашуд, хуноб аз ӯ чун мечакад?!
Ишқ агар оташ набошад, оҳи ман сӯзон чаро,
В-ар дили ман хун нашуд, хуноб аз ӯ чун мечакад?!
Мушфиқиро гавҳари сероб аз килки хаёл,
Дар таманнои саҳисарвони мавзун мечакад. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Бар рухи зардам зи мижгон ашки гулгун мечакад,
Лолаву гулро чӣ созам, аз дилам хун мечакад.
Меравад хуноби ҳасрат аз шикасти дил маро,
Чун шикасти шиша к-аз вай бода берун мечакад.
Нохуни Лайлист рангин чун ҳино дар базми ҳусн,
Қатраҳои хуни дил к-аз чашми Маҷнун мечакад.
Шаб, ки месӯзам зи меҳрат субҳ аз дуди дилам,
Ашки анҷум аз саводи чашми гардун мечакад.
Дар арақ дидам лаби лаъли ту ҷонам тоза шуд,
Чун зулоли зиндагӣ з-он лаъли майгун мечакад.
Ишқ агар оташ набошад, оҳи ман сӯзон чарост,
В-ар дили ман хун нашуд, хуноб аз ӯ чун мечакад?!
Мушфиқиро гавҳари сероб аз килки хаёл,
Дар таманнои саҳисарвони мавзун мечакад.

Ғазали Мушфиқӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фарҳод Қорӣ Ҳалимов. Муғулчаи Сегоҳ.mp3

Муғулчаи Сегоҳ (3)

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

ТАРЗИ 1 (ансамбл)
Ҳайф аз он умре, ки сарфи лоларухсоре нашуд, 2б
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд. 2б
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд. 2б
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд. 2б
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ки бо сад печутоб,
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд. 2б
Ёр, агар бо ғайр бинӣ ҳамнишин, эй дил, маранҷ,
Ғунчае нашкуфт дар гулшан, ки бе хоре нашуд.
Ёр, агар бо ғайр бинӣ ҳамнишин, эй дил, маранҷ,
Ғунчае нашкуфт дар гулшан, ки бе хоре нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд. 2б
ТАРЗИ 2
Оҳ аз он умре, ки сарфи лоларухсоре нашуд,
Дод аз он дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи боғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Солҳо хун шуд гиреҳ дар нофи оҳуи Хутан,
Мушки тоторӣ шуд, аммо холи рухсоре нашуд.
Ёр, агар бо муддаӣ шуд ҳамнишин, эй дил, маранҷ,
Ғунчае нашкуфт дар гулшан, ки бе хоре нашуд.
Беҳ нагардад доғи сартопойи барги шохи гул,
Дар назар то ҷилваи товусрафторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.

МАТНИ ШЕЪР:
Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Дар қиёмат сар чӣ сон берун кунад аз ҷайби хок,
Синаи он кас, ки доғи лоларухсоре нашуд.
Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипӯш,
Кӯр беҳ чашме, ки лаззатгири дидоре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ба чандин печутоб,
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.

Ғазали Мушфиқӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ансамбл. Муғулчаи Сегоҳ бо 2 тарона.mp3

Мустазоди Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, аз силсилаи Бухороии Бузрук, Рок

Наргис ба чаман мунтазири чашми сиёҳат,
Бихром ба гулзор,
Гулҳо ҳама тан гӯш ниҳода ба паёмат,
Бинвоз ба гуфтор!
Аз гарди хироми ту, ки шамшоду санавбар
Афрохта қомат,
Бархост бас ошӯб, ки гардам зи хиромат,
Рӯ ҷониби ман ор.
Ҳар ҷо, ки хиромӣ ту аз он пойи ҳиноӣ,
Нақше, ки барафтад,
Гул бишкуфаду сабза дамад, ин чӣ аломат?
Сеҳрест падидор.
Хун гашт дил аз ҳасрати рӯят, чӣ тавон кард
Маҳрум зи рӯят?
Аз субҳи баногӯши туву пардаи шомат,
В-аз лаъли шакарбор.

Мустазоди Исо Махдуми Кӯлобӣ

Наврӯзи Сабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.

Шаккарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро,
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро.
Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймоӣ,
Ба ёд ор муҳибони бодапайморо.
Надонам, аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо.

Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зуҳра ба рақс оварад Масеҳоро.

МАТНИ ШЕЪР:
Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
Шаккарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро,
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро.
Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Надонам аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймоӣ,
Ба ёд ор муҳибони бодапайморо.
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо.
Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зуҳра ба рақс оварад Масеҳоро.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Барно Исҳоқова. Наврӯзи Сабо.mp3

2. Мастона Эргашева. Наврӯзи Сабо.mp3

3. Мирсалим Ашуров. Наврӯзи Сабо.mp3

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.