Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-10


shashmaqom-10

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Таҳрири охирин 05.05.2024


Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан ё фарокашӣ ба кор баранд


Уфари Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

То ниҳод он симтан лаб бар лаби ҷоми шароб,
Кард рашки ӯ дили пурхуни ошиқро кабоб.
Ҳар куҷо машшота бар гесуи он маҳ шона зад,
Риштаи ҷони маро афтод чандин печутоб.
Хандаи лаълаш ба ҳангоми такаллум шуд падид,
З-он даҳони бенишон як нуқта кардам интихоб.
Ошиқонро беқарорӣ мефазояд рӯйи ӯ,
Ҳар куҷо хуршед бошад, зарра дорад изтироб.
Аз хаёли орази ӯ ошиқон ҷон медиҳанд,
Хуш аз он соат, ки аз рӯяш барандозад ниқоб.
Мехӯрам хуни дилу сад нола иншо мекунам,
Бода нӯшад ҳар куҷо он шӯх бо чангу рубоб.
Кардаам сад бор аз лаълаш саволи бӯсае,
Аз лаби ҷонбахши ӯ як бор нашнидам ҷавоб.
Дар таманнои висоли ӯ равон кардам, Амир,
Сӯйи гардун корвонҳои дуои мустаҷоб.

МАТНИ ШЕЪР:
То ниҳод он симтан лаб бар лаби ҷоми шароб,
Кард рашки ӯ дили пурхуни ошиқро кабоб.
Ҳар куҷо машшота бар гесӯи он маҳ шона зад,
Риштаи ҷони маро афтод чандин печутоб.
Хандаи лаълаш ба ҳангоми такаллум шуд падид,
З-он даҳони бенишон як нуқта кардам интихоб.
Ошиқонро беқарорӣ мефизояд рӯйи ӯ,
Ҳар куҷо хуршед бошад, зарра дорад изтироб.
Аз хаёли орази ӯ ошиқон ҷон медиҳанд,
Войи он соат, ки аз рӯяш барандозад ниқоб.
Хок гардидам, тапидам, сурма гаштам, сӯхтам,
Аз тағофул во нашуд он чашми масти нимхоб.
Мехӯрам хуни дилу сад нола иншо мекунам,
Бода нӯшад ҳар куҷо он шӯх бо чангу рубоб.
Кардаам сад бор аз лаълаш саволи бӯсае,
Аз лаби ҷонбахши ӯ як бор нашнидам ҷавоб.
Дар таманнои висоли ў равон кардам, Амир,
Сӯйи гардун корвонҳои дуои мустаҷоб.

Ғазали Амир (Амирӣ)

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Академияи Мақом. Уфари Ушшоқ.mp3

Уфари Чоргоҳ (Уфари Дугоҳ)

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Эй ҷигарҳо доғдори шавқи пайкони шумо,
Чокҳои дил наёми теғи мижгони шумо.
Аз ҳуҷуми ашк бар мижгон гуҳарҳо чидаем,
Дар таманнои нисори лаъли хандони шумо.
Аз шикасти кори мо, ошуфтаҳолон, нусхаест,
Дафтари ошӯб, яъне сунбулистони шумо.
[Як сари мӯ холӣ аз пардози шӯхӣ нест ҳусн,
Сад нигаҳ хобида дар таҳрики мижгони шумо.]
Бо шикасти зулф натвон он қадар пардохтан,
Ранги мо ҳам нисбате дорад ба паймони шумо.
Бедили ошуфтаи мо бӯйи ҷамъият набурд,
То ба кай дар ҳалқаи зулфи парешони шумо.

МАТНИ ШЕЪР:
Эй ҷигарҳо доғдори шавқи пайкони шумо,
Чокҳои дил наёми теғи мижгони шумо.
Шуъла дар ҷайбе, ки чоки ҳасрати дидор нест,
Хок дар чашме, ки натвон дид ҳайрони шумо.
То қиёмат ҷавҳару оина меҷӯшад ба ҳам,
Аз ғуборам пок натвон кард домони шумо.
Бо шикасти зулф то кай лан яқда пардохтан,
Ранги мо ҳам нестӣ дорад ба паймони шумо.
Ишрати ранг аст, ҳар ҷо гул бисоторо шавад,
Муфти ҷоми мо, ки мегардад ба даврони шумо.
Кӯшиши мо пойи хоболудаи домони мост,
Ҷуз шумо сар барнаёвард аз гиребони шумо.
Пеш аз ин натвон ба абруи тағофул сохтан,
Шишаи дил чок шуд дар тоқи нисёни шумо.
Бедили ошуфтаӣ бар рӯйи ҷамъият нигар,
Умрҳо дар ҳалқаи зулфи парешони шумо.

Ғазали Бедил

Хоро ё Насри Хоро (Наврӯзи Хоро)

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Хоро)

Бикшо рухи чу моҳу ривоҷи бутон шикан,
Бозори нози лолаву лоларухон шикан!
Сӯйи чаман хиром, чу бурқаъ фикандаӣ,
Қадру ривоҷи барги гули арғувон шикан!..
Мастона боз кун нигаҳи оҳувонаро,
Тарфи кулаҳ ба сайди дили ошиқон шикан!
Дастури нашъабахшии пири муғон турост,
Имо ба ҷоми бодае з-он абрувон шикан!
Хорои қалби хеш шикан, сӯйи мо гузар,
В-аз абру тири ноз чу тир аз камон шикан!
Ҷамъанд бо ту холу хату зулфи тобдор,
Имло фидои ту, сари зулф аз миён шикан!

Ғазали Имлои Бухороӣ

Ҳусайнии Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Чоргоҳ)

Шароби беғашу соқии хуш ду доми раҳанд,
Ки зиракони ҷаҳон аз камандашон нараҳанд.
Ман арчи ошиқаму ринду масту номасиёҳ,
Ҳазор шукр, ки ёрони шаҳр бегунаҳанд.
Ҷафо на пешаи дарвешӣ асту роҳравӣ,
Биёр бода, ки ин соликон на марди раҳанд.
Мабин ҳақир гадоёни ишқро, к-ин қавм
Шаҳони бекамару хусравони бекулаҳанд.
Ба ҳуш бош, ки ҳангоми боди истиғно,
Ҳазор хирмани тоат ба ним ҷав наниҳанд.
Макун, ки кавкабаи дилбарӣ шикаста шавад,
Чу бандагон бигурезанду чокарон биҷаҳанд.
Ғуломи ҳиммати дурдикашони якрангам,
На он гурӯҳ, ки азрақлибосу дилсияҳанд.
Қадам манеҳ ба харобот, ҷуз ба шарти адаб,
Ки сокинони дараш маҳрамони подшаҳанд.
Ҷаноби ишқ баланд аст, ҳиммате, Ҳофиз,
Ки ошиқон раҳи беҳимматон ба худ надиҳанд.

Ғазали Ҳофиз

Ҳусайнии Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Баёт)

Муҳаббати ту, ки бар дил балои ҷони ман аст,
Балои ҳаҷри ту бар ҷони нотавони ман аст.
Ба ҳар куҷо ки равам, аз ғамат халосӣ нест,
Ки сӯзи ишқи ту дар мағзи устухони ман аст.
Ба кӯраи алами ишқ сӯхтам чандон,
Ҳамеша маскани парвона ошёни ман аст.
Зи гуфтугӯйи рақибон дилам ба танг омад,
Аҷаб, ки дар ҳама ҷо ҳарфи достони ман аст.
Зи бевафоии Ширин ҳалок шуд Фарҳод,
Чӣ зулмҳо, ки туро ҳар замон ба ҷони ман аст.
Зи остонаи ҷонон куҷо равам, Ҷазбӣ,
Ки ишқи лоларухон боиси амони ман аст.

Ғазали Ҷазбӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Домулло Ҳалим Ибодов. Ҳусайнии Наво (нопурра).mp3

Чапандози Ироқи Бухоро

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), Ироқи Бухоро

Ҳар замон моро ба кӯяш завқи дидор оварад,
Булбулонро орзуи гул ба гулзор оварад.
Гул, ки бозорӣ шавад, булбул занад худро ба дом,
Бар умеди он ки сайёдаш ба бозор оварад.
Гар кунам арзи тааммул бар сари бозори ишқ,
Сад ҳазорон ҳамчу Юсуфро харидор оварад…
Ҷомии бечора дур аз кӯйи он номеҳрубон,
То ба кай дар гӯшаи ғам рӯ ба девор оварад.

Ғазали Ҷомӣ

Чапандози Қаландарӣ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 Қаландарии Дугоҳ

Зи рашки кулбаи ман Каъбаву бутхона месӯзад, 2б
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад. 2б
Ту май бо ғайр менӯшию мегардам кабобат ман, 2б
Ту шамъи анҷуман мегардию парвона месӯзад. 2б
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун,
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе, ки афрӯзам,
Ба гулшан булбулу дар анҷуман паймона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе, ки афрӯзам,
Ба гулшан булбулу дар анҷуман паймона месӯзад.
Зи рашки кулбаи ман Каъбаву бутхона месӯзад.

МАТНИ ШЕЪР:
Зи рашки кулбаи ман Каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшию мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардию парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, ай барқи бепарво, мурувват кун,
Ту бар коҳи ман оташ мезанию дона месӯзад,
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтода-ст,
Май аз хум то барояд, шишаву паймона месӯзад?
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфат шона месӯзад?
Намерезад касе бар оташи бетобиам обе,
Ба ҳолам ошно мегиряду бегона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе, ки афрӯзам,
Ба гулшан булбулу дар анҷуман парвона месӯзад.

Ғазали Сайидо

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фарҳод Қорӣ Ҳалимов. Чапандози Қаландарӣ.mp3

Чапандози Наво (Чапандози Савти Наво)

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Наво

Ақлам рабуда ҷилваи чашми сиёҳи кист,
Ин дил ҳазор пора шуд, аз нигоҳи кист?
Дил бурдану нигоҳ накардан боз гуноҳи кист?
Бо теғи ҳаҷр бастану куштан сазои кист?
Бо дарду ғусса мурдану рафтан давои кист?

Тоқат ба дил намондаву мурдан барои ман,
Ҳар дам ба теғи ҳаҷри ту куштан давои ман,
Дар осмон расида таманно нолаҳои ман,
Шояд расад ба нолаву оҳам нигори ман,
Ғамро ба дил намондаву ҷабру ҷафои кист?

Равам ба кӯчаю бозор дидан барои ту,
Ман бекасу ғарибаму ҳастам гадои ту,
Ҳар дам ба дида сурма кашам хоки пойи ту,
Гаштам ҷафопешаву ҳам бевафои ту,
Қаҳру итоб, ҷабру тазаллум барои кист?

Ҷаллоди бемуруввату гулгунқабои ман,
Бераҳму пуртазаллуму ширинсалои ман.
Эй дил, баро, бигӯ: “Чӣ бошад гуноҳи ман?
Ғайр аз ту нест дилбари соҳиблиқои ман,
Ҳар дам ҷафову ҷабру тазаллум барои кист?”

Мухаммаси Ҳаё бар ғазали Мулҳам

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Авром Толмасов. Чапандози Наво.mp3

Чапандози Наво (Чапандози Савти Наво) (2)

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Наво

Чу дар дил орзуи суҳбати ширинкалом омад, 2б
Зи номи ӯ забонро лаззати шаккар ба ком омад,
Ба базми майпарастон духтари раз дар хиром омад,
Аруси бодамаст аз пардаи мино ба ҷом омад,
Тарабро муждаи домодии айши мудом омад. 2б

Ба гашти боғ агар бар ҷониби гулшан назар кардӣ,
Зи ҳасрат дидаи ушшоқро хуни ҷигар кардӣ,
Саводи шоми торики асиронро саҳар кардӣ,
Шабе чун рӯзи равшан доштам, аз ман гузар кардӣ,
Садои хандаи субҳ аз паси девори шом омад.

Ба гулзоре, ки сарви қоматат аз бод мерақсад,
Зи хубии ниҳоли қоматат шамшод мерақсад,
Чу он сайде, ки шуд аз банду ғам озод мерақсад,
Лаби чоки қафас механдаду сайёд мерақсад,
Намедонам, кадомин сайди озоде ба дом омад. 2б

Ҳаё, доим маро бо нуктасанҷон аст дамсозӣ,
Забони хиҷлатам аз ман наёбад ҳарфи ғаммозӣ,
Расид аз суҳбати соҳибдилонам гар сарафрозӣ,
Зи файзи хоксорӣ буд, не аз нуктапардозӣ,
Агар Нозим ба базми аҳли ирфон дӯстком омад. 2б

Мухаммаси Ҳаё бар ғазали Нозим

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фарҳод Қорӣ Ҳалимов. Чапандози Наво.mp3

2. Мирсалим Ашуров. Чапандози Наво.mp3

Чапандози Ушшоқ (Чапандози Савти Ушшоқ)

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

ТАРЗИ Ф. ШАҲОБОВ
Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон, 2б
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб бути таррор мебастам. 2б
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам. 2б
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунон дидӣ
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам. 2б

ТАРЗИ Б. ИСҲОҚОВА
Ба расми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон, 2б
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб бути таррор мебастам. 2б
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам. 2б
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Зи якдигар ҷудо шуд ақди дил, тасбеҳ мекардам,
Магар як раҳ агар дар хидмати зуннор мебастам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунон дидӣ
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон,
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб таби бемор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Ба танҳоӣ гирифтам хӯ чунон дар кунҷи танҳоӣ,
Ки дар бар рӯйи акси сояи девор мебастам.
Зи якдигар ҷудо шуд иқди дил, тасбеҳ мекардам,
Камар як раҳ агар дар хидмати зуннор мекардам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунин дидӣ,
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам.

Ғазали Махфӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фазлиддин Шаҳобов. Чапандози Ушшоқ.mp3

2. Барно Исҳоқова. Чапандози Ушшоқ.mp3

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.