Мақомҳои берун аз Шашмақом-3


Sodirkhon_Hofiz

Содирхон Ҳофиз Бобошарифов (1847-1931)

1   2   3   4  

Таҳрири охирин 21.04.2024


Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номидем. Зеро онҳо ҳарчанд аз тарафи шашмақомхонон иҷро шаванд ҳам, дар гурӯҳбандӣ ба Шашмақоми тоҷик дохил намешаванд.

Бештари ин мақомҳо оҳангҳои мардумии бостонианд, ки таърихи чандинҳазорсола доранд ва дар замони худ ба силсилаи «Дувоздаҳмақом» шомил буданд.

Бахши дигар маҳсули оҳангсозӣ ва такмили ҳунармандони саршинохтаи тоҷик Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ (1847-1931), Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ (1852-1936), Худойбердӣ Ҳофизи Исфарагӣ бо лақаби Зебопарӣ (1826-1910), Умар Ҳофизи Исфарагӣ (1884-1935), Ака Шариф Ҷӯраеви Дарвозӣ (1896-1966) ва дигаронанд. Ҳофизони шашмақомхони имрӯза (Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Наимҷон Маҳкамов ва дигарон) низ баъзе оҳангҳои бостониро такмил додаанд.


Уфари Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ

Эй дилбари тундфеъли бедод,
Аз феъли бади ту доду фарёд!
Дар васли ту ҳаст хотирам шод,
«Аз ёри куҳан намекунӣ ёд,
Ин пешаи нав муборакат бод».

Эй сарви суманбари қабопӯш,
Кардӣ ту мани ҳазин фаромӯш,
Бо ғайр пиёла мекунӣ нӯш,
«Фарёди касе намекунӣ гӯш,
Пеши кӣ кунем аз ту фарёд?»

То бар сари роҳи ту нишастем,
Аз неку бади ҷаҳон бирастем,
Аз ҷоми муҳаббати ту мастем,
«Бо давлати бандагит ҳастем,
Аз хоҷагии ду олам озод».

Тураъпӯши раҳи шумост, Ҷомӣ,
(Ё ки «Фарроши раҳи Худост Ҷомӣ»)
Ҳам мунису раҳнамост, Ҷомӣ,
«Мурғи чамани вафост, Ҷомӣ»,
Сарҳалқаи авлиёст, Ҷомӣ,
«Дар доми ғаму бало бияфтод».
МАТНИ ҒАЗАЛ:
Аз ёри куҳан намекунӣ ёд,
Ин пешаи нав муборакат бод!
Фарёди касе намекунӣ гӯш,
Пеши кӣ кунем аз ту фарёд?
Бо давлати бандагӣ-т ҳастем,
Аз хоҷагии ду олам озод.
Шояд, ки туро фаришта хонанд,
К-ин лутф надорад одамизод.
Он сӯхта ёфт лаззати ишқ,
К-аз васл нишон надиду ҷон дод.
Аз шаккари ҷонфазойи Ширин,
Парвез наёфт завқи Фарҳод.
Мурғи чамани вафост, Ҷомӣ
Дар доми ғаму бало чӣ афтод?

Мухаммас бар ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мирсалим Ашуров. Уфари Содирхон.mp3

Уфари Тулқун
(Уфари Тулқуни Бухоро)

Суруди классикӣ

Чанд бо аҳли тараб даст дар оғӯш кунӣ,
Хуни ман резиву май бо дигарон нӯш кунӣ.
Дӯш гуфтӣ, ки ба теғи ситамат хоҳам кушт,
Мешавам кушта чу рад он сухане гӯш кунӣ.
Ҳама касро бигузорӣ ба сухан дар маҷлис,
Ман чу пайдо шавам, аз баҳри чӣ хомӯш кунӣ?
Нашнавӣ чун ғами ҷону дили худ шарҳ диҳам,
Ҳар чӣ гӯяд дигаре, аз дилу ҷон гӯш кунӣ.
Сирри ин васл нагӯйӣ, ки зи ёрони қадим,
Ки зи ёрон бари ӯ зуд фаромӯш кунӣ.
Фонӣ, он пираҳани зиндагиат дар бар бод,
То ба ҷон хидмати он сарви қабопӯш кунӣ.

?Ғазали Фонӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Уфари Тулқун.mp3

Уфари Ушшоқи Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ

Биё, эй нозанин, бикшо ниқоб аз рӯйи зебоят,
Ки бинам лаҳзае рухсораи поки мусаффоят.
Басо махмурам, эй гулчеҳраи даврон, бикун шодам,
Бидеҳ як ҷуръаи ҷомам аз он лаъли шакархоят.
Дилам кони ҳавас аз холи ҳиндуи лабат дорад,
Ду бӯсе з-он тараҳҳум кун бад-ин маҳҷури шайдоят.
Саводи наргиси шӯхи ту аз ҷон дӯсттар дорам,
Даме биншин, ки то ман бингарам бар чашми шаҳлоят.
Насими накҳати мушкини гесуи ту меҷӯям,
Шабе тавқи гулӯям соз з-он зулфи сумансоят.
Чаро ёди асири Комилат, эй маҳ, намесозӣ,
Намедонӣ, ки ман хуниндилам, охир, зи савдоят.

Ғазали Комили Ҳисорӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Маъруфхӯҷа Баҳодуров. Уфари Ушшоқи Содирхон.mp3

Видео дар ин мавзуъ:
Маъруфхӯҷа Баҳодуров. Уфари Ушшоқи Содирхон. Ғазали Комили Ҳисорӣ

Ушшоқ

Суруди классикӣ

Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо,
Чунон ки хотири Маҷнун зи турраи Лайло.
Чу гулшакар диҳиям, дарди дил шавад таскин,
Чу туршрӯй шавӣ, вораҳонӣ аз сафро.
Ба ғунчаи ту шакарханда нашъаи бода,
Ба сунбули ту дури гӯш муҳраи афъо.
Бибурда наргиси ту оби ҷодуи Бобил,
Кушода ғунчаи ту боби муъҷизи Мӯсо!

Ғазали Рӯдакӣ

Ушшоқи Душанбе

Суруди классикӣ, такмили Ҷӯрабек Муродов

Сафои руҳ дорад рӯйи гулҳои шафақтобаш,
Нидои кӯҳ дорад нолаи дарёи Варзобаш.
Барои ошиқон месӯзаду дил зинда медорад
Чароғони фурӯзонаш ва ё чашмони бехобаш.
Ҷавониҳои халқи ман дар ин шаҳр асту мебинам
Зи гулгашту хиёбону чанористони шодобаш.
Пушаймонхӯрдае бошӣ ва ё дилмурдае бошӣ,
Биёбӣ орзуи нав, агар хӯрдӣ майи нобаш.
Душанбе шаҳри беҳамтост, зеро гоҳвори мост,
Ки қадри ишқ медонанд дилҷӯёни ноёбаш.
Душанбе – шаҳри ободон, Душанбе – шаҳри озодон.
Ба рағми пирӣ мешӯрад ҷавонию табу тобаш.
МАТНИ ШЕЪР:
Сафои руҳ дорад рӯйи гулҳои шафақтобаш,
Нидои кӯҳ дорад нолаи дарёи Варзобаш.
Барои ошиқон месӯзаду дил зинда медорад
Чароғони фурӯзонаш ва ё чашмони бехобаш.
Ҷавониҳои халқи ман дар ин шаҳр асту мебинам
Зи гулгашту хиёбону чанористони шодобаш.
Пушаймонхӯрдае бошӣ ва ё дилмурдае бошӣ,
Зи ғам хӯрдан биосоӣ, агар хӯрдӣ майи нобаш.
Душанбе шаҳри беҳамтост, зеро гоҳвори мост,
Ки қадри ишқ медонанд дилҷӯёни ноёбаш.
Душанбе – шаҳри ободон, Душанбе – шаҳри озодон.
Ба рағми пирӣ мешӯрад ҷавонию табу тобаш.

Ғазали Лоиқ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Ушшоқи Душанбе.mp3

Ушшоқи Истаравшан

Суруди классикӣ, такмили Наимҷон Маҳкамов

Истаравшан гулшани доимбаҳорон буду ҳаст,
Ҷаннати рӯйи замин дар Тоҷикистон буду ҳаст.
Боди серунаш навозад ҳамчу сози зиндагӣ,
Дар фазояш моҳу хуршеди дурахшон буду ҳаст.
Мардумонаш ҳамчу Рустамбек далеру бовафо,
Дар дифоаш сарсупурда қаҳрамонон буду ҳаст.
Ҳар кӣ дид Кӯкгунбазашро дидаҳайрон гаштааст,
Ҳазрати Шоҳаш қадамгоҳи азизон буду ҳаст.
Ёди Дилшодаш кунам, хуни ҷигар кам мешавад,
Шукр гӯям ворисонашро фаровон, буду ҳаст.
Мерасад овози Рухшона зи Рум ҳар лаҳзае,
Истаравшанро ба ҷон ӯ гашта пазмон буду ҳаст.
Накҳатулло дар ғазал гардида машҳури ҷаҳон,
Шеърҳояш дар назар чун ашки сӯзон буду ҳаст.
Бо Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳар гаҳ намоям ифтихор,
Лутфию Ноил, Суҳайлии ғазалхон буду ҳаст.
Истаравшан, гар бигӯям, сар ба гардун мерасад,
Ҷони ман қурбони ӯ, ин аҳду паймон буду ҳаст.

Ғазали Н. Назирӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Наимҷон Маҳкамов. Ушшоқи Истаравшан.mp3

Ушшоқи Исфара

Суруд бо оҳанги классикӣ

Дар боғҳои хуррами ҷаннатнишони Исфара,
Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара.
Ширинтар аз шаҳду шакар бахшад ба кас ҷони дигар
Шаҳди навои дилкаши хунёгарони Исфара.
Дармони ҷони одаманд ё балки ҷони одаманд
Озодагони Исфара, дилдодагони Исфара.
Гар аҳли дил бошӣ, биё, гар аҳли ҷон бошӣ, биё,
Боз аст баҳри дӯстон дасторхони Исфара.
Оби зулолаш медамад ҷон бар тани хоки қадим,
Сабз аст бахти Исфара, сабз аст ҷони Исфара.
Ҷорист то марзи абад бо нағмаҳои Борбад
Рӯди равони Исфара, руҳи равони Исфара.

Ғазали Лоиқ

Ушшоқи Калон

Суруди классикӣ

Қади ман аст ба олам фиканда ғавғоро,
Ҷамоли ман ба ҷаҳон рехт шӯру савдоро,
Куҷо бувад масалам дилбарони раъноро?!
Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро,
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро.

Манам он симинтану симсои маҳвашам,
Чу хом нуқра танам як зарра нест ғашам,
Зи ҷоми ҳусн ишваи шароб кашам,
Агар ба наргиси шаҳлои хеш сурма кашам,
Зи ақл бурун ба ҷаҳон зори Лайлоро.

Агар ба маҷлиси ушшоқ майли ханда кунам,
Ба бодахӯрии май айши мустадом кунам,
Ба ними ғамза тавонам, ки ҳар киро банда кунам,
Ба як карашма тавонам, ки мурда зинда кунам,
Хабар кунед зи эъҷози ман Масеҳоро.

Гулам, ба гулшани маҳбуб з-он ҳаменозам,
Маҳам, ба бурҷи латофат, ба ҳусн мумтозам,
Ба осмони латофат баландпарвозам,
Агарчи кабки хиромам, валек шаҳбозам,
Ба пойи ман нарасад даст ҳеҷ анқоро.

Ба хотири ҳама маҳбуб, балки ҷононам,
Ба ҷисми мардуми ушшоқ қуввати ҷонам,
Салоҳи ман зи салоҳи дил ин чӣ медонам,
Ки Тоҷудавла нишон шуд, зи хубрӯёнам.
Сабо, зи накҳати ман мужда деҳ шаҳаншоро.
МАТНИ ШЕЪР:
Қади ман аст ба олам фиканда ғавғоро,
Куҷо бувад масале дилбарони раъноро.
Ҷамоли ман ба ҷаҳон рехт шӯру савдоро,
Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро,
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро.

Манам, ки рашки басе дилбарони моҳвашам,
Мисоли нуқраи хомам, ки нест ҳеч ғашам,
Зи ҷоми ҳусн ба ҳар ишвае шароб кашам,
Агар ба наргиси шаҳлои хеш сурма кашам,
Сияҳ кунам ба ҷаҳон рӯзгори Лайлоро.

Агар ба маҷлиси ушшоқ майли ханда кунам
Ва ё ки майли суханҳои дилбаранда кунам,
Зи лутфи худ ҳамаро мустадом банда кунам,
Ба ними ғамза тавонам, ки мурда зинда кунам,
Хабар кунед зи эъҷози ман Масеҳоро.

Гулам ба гулшани маҳбуб, з-он ҳаменозам,
Маҳам ба бурҷи латофат, ба ҳусн мумтозам,
Ба осмони малоҳат баландпарвозам,
Агарчи кабкхиромам, валек шаҳбозам,
Ба пойи ман нарасад даст ҳеч анқоро.

Ба хотири ҳама маҳбуб, балки ҷононам,
Ба ҷисми мардуми ушшоқ қуввати ҷонам,
Сипоҳиям, зи сарои дил ин, ки медонам,
Чу Тоҷудавла нишон шуд, ки хубрӯёнам,
Сабо, зи толеи ман мужда деҳ шаҳаншоро.

Мухаммаси Тоҷуддавла

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ушшоқи Калон.mp3

Ушшоқи Калон (2)

Суруди классикӣ

Агар ба зулфи ту машшота печутоб диҳад,
Сазад, ки шона ба офоқ мушки ноб диҳад.
Умеди васли ту мумкин бувад, наметарсам,
Ба теғи ҳаҷр маро ҳар қадар азоб диҳад.
Яқин ки ҳусну ҷамолат зи меҳру моҳ накуст,
Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
Гирифтам аз лаби ту бӯсае ба ҳукми хаёл,
Закотро ба фақир соҳиби нисоб диҳад.
Нигоҳи наргиси мастат зи Васлӣ ҳуш рабуд,
Ба ҳар кӣ вонигарам, наргисат шароб диҳад.
МАТНИ ШЕЪР:
Агар ба зулфи ту машшота печутоб диҳад,
Сазад, ки шона ба офоқ мушки ноб диҳад.
Умеди васли ту, мумкин бувад, наметарсам,
Ба теғи ҳаҷр маро ҳар қадар азоб диҳад.
Яқин, ки ҳусну ҷамолат зи меҳру моҳ накуст,
Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
Маҳи ҷабини ту оромгоҳи нури сафост,
Сафои нур ба хуршеду моҳтоб диҳад.
Ба пирӣ гар зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Карашмаи ту кард ишқро ба дил бедор,
Ба чашми наргису бодом бӯйи хоб диҳад.
Гирифтам аз лаби ту бӯсае, ба ҳукми хаёл
Закотро ба фақир соҳиби нисоб диҳад.
Агар ба ваъз баройӣ ба вақти субҳи видоъ,
Бурида бод забоне, туро ҷавоб диҳад.
Нигоҳи наргиси мастат зи Васлӣ ҳуш рабуд,
Ба ҳар кӣ вонигарӣ, наргисат шароб диҳад.

Ғазали Саидаҳмади Васлӣ

Ушшоқи Қадим

Суруди классикӣ, такмили Олим Бобоев

Маро мебиниву ҳар дам зи ёдат мекунӣ дардам,
Туро мебинаму майлам зиёдат мешавад ҳар дам.
Зи сомонам намепурсӣ, намедонам чӣ сир дорӣ,
Бар дармонам намекӯшӣ, намедонӣ магар дардам?
На роҳ аст ин ки бигзорӣ маро дар хоку бигрезӣ,
Гузорам ору бозам пурс, то хоки раҳат гардам.
Надорам дастат аз доман ба ҷуз дар хоку он дам ҳам,
Чу бар хокам равон гардӣ, бигирад доманат гардам.
МАТНИ ШЕЪР:
Маро мебиниву ҳар дам зиёдат мекунӣ дардам,
Туро мебинаму майлам зиёдат мешавад ҳар дам.
Зи сомонам намепурсӣ, намедонам чӣ сир дорӣ,
Ба дармонам намекӯшӣ, намедонӣ магар дардам?
На роҳ аст ин, ки бигзорӣ маро бар хоку бигрезӣ,
Гузорам ору бозам пурс, то хоки раҳат гардам.
Надорам дастат аз доман, ба ҷуз дар хоку он дам ҳам,
Чу бар хокам равон гардӣ, бигирад доманат гардам.
Фурӯ рафт аз ғами ишқат дамам, дам медиҳӣ то кай?
Димор аз ман баровардӣ намегӯйӣ баровардам.
Шабе дилро ба торикӣ зи зулфат боз меҷустам,
Рухат медидаму ҷоми ҳилолӣ боз мехӯрдам.
Кашидам дар барат ногоҳу шуд дар тоб гесуят,
Ниҳодам бар лабат лаброву ҷону дил фидо кардам.
Ту хуш мебош бо Ҳофиз бирав, гӯ, хасм ҷон медеҳ,
Чу гармӣ аз ту мебинам чӣ бок аз хасми дамсардам.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Олим Бобоев. Ушшоқи Қадим.mp3

1   2   3   4  

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 2

  1. Дуруду сипос!Ман аз шумо хоҳиш дорам,ки суруди Ушшоқи Душанбе (Суруди классикӣ,оҳангӣ Ҷӯрабек Муродов,ғазалӣ Лоиқ Шералӣ)аммо дар инҷо хато оварда шудааст,оҳанги классикӣ нее суруди классикӣ хоҳиш мандам ислоҳ кунед,бахшиш агар аз рӯи одоб набошад!

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.