Таҳрири охирин 21.04.2024
Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номидем. Зеро онҳо ҳарчанд аз тарафи шашмақомхонон иҷро шаванд ҳам, дар гурӯҳбандӣ ба Шашмақоми тоҷик дохил намешаванд.
Бештари ин мақомҳо оҳангҳои мардумии бостонианд, ки таърихи чандинҳазорсола доранд ва дар замони худ ба силсилаи «Дувоздаҳмақом» шомил буданд.
Бахши дигар маҳсули оҳангсозӣ ва такмили ҳунармандони саршинохтаи тоҷик Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ (1847-1931), Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ (1852-1936), Худойбердӣ Ҳофизи Исфарагӣ бо лақаби Зебопарӣ (1826-1910), Умар Ҳофизи Исфарагӣ (1884-1935), Ака Шариф Ҷӯраеви Дарвозӣ (1896-1966) ва дигаронанд. Ҳофизони шашмақомхони имрӯза (Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Наимҷон Маҳкамов ва дигарон) низ баъзе оҳангҳои бостониро такмил додаанд.
Қӯшчинор |
|
Суруди классикӣ |
|
Ба мизроби дигар конуни ишқат соз мекардам, |
|
Ғазали Туғрал |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Мирсалим Ашуров. Қӯшчинор.mp3 |
Муноҷот |
|
Суруди классикӣ |
|
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?! |
|
Ғазали Туғрал |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Ҷӯрабек Муродов. Муноҷот.mp3 |
Орзу дорам |
|
Суруди классикӣ, оҳанги устод Фазлиддин Шаҳобов |
|
Шабе, эй маҳ, ба побӯсат расидан орзу дорам, |
|
Ғазали Қассоби Кошонӣ |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Устод Фазлиддин Шаҳобов. Орзу дорам.mp3 |
Савти Мискин |
|
Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ) |
|
Шудам бемор, баҳри пурсиши ман ёр меояд, |
|
Ғазали Амир |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Ҷӯрабек Муродов. Савти Мискин.mp3 |
Савти Муноҷот |
|
Суруди классикӣ |
|
Соқӣ, баромад абри баҳорон, |
|
Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Ҷӯрабек Муродов. Савти Муноҷот.mp3 |
Сегоҳ |
|
Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ) |
|
Ҷон шуд зи сӯзу ҳаҷр чунон зору беқарор, |
|
Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Ҷӯрабек Муродов. Сегоҳ.mp3 |
Соқиномаи Баёт |
|
Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ) |
|
Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро, |
|
Ғазали Рӯдакӣ |
Танавор (Дарди ман боло гирифт) |
|
Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ). |
|
Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт, |
|
Ғазали Турсунзода |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Ҷумъабой Қӯзиев. Танавор.mp3 |
Танавор (2) |
|
Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ) |
|
Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад, |
|
Ғазали Туғрал |
Танавор (Танавори Лоиқ) |
|
Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ) |
|
Ду чашми шуълавар дорӣ, манам парвонаи чашмат, |
|
Ғазали Лоиқ |
Уфари Муноҷот |
|
Суруди классикӣ |
|
Гул бе рухи ёр хуш набошад, |
|
Ғазали Ҳофиз |
MP3 — фаро кашед ё бишнавед:1. Ҷӯрабек Муродов. Уфари Муноҷот.mp3 |
Салом Абдуҳамид!
Умедворам, ки Шумо тансиҳату осудаед!
Воқеан Шашмақом асарест беҳамто. Гарчанде ҳафтод соли охир илман омухта шавад ҳам, мушкилоту мифтоҳи вай пурраю возеҳ кушода нашуда.
Мехостам донам, ки Шумо аз руйи кадом меъёр «шашмақомият»-ро муқаррар мекунед? Ва чи тавр, масалан, «Сегоҳ» аз вай берун шуд? Ба фикрам, ин корест мушкил.
Сегоҳ бар матни Ҷомӣ, ба ростӣ, ба ақидаи ман аз шашмақомҳо шашмақомтар буд.
Суруде, ки дар тамоми сафарҳоям бо ман буд ва ҳаст.
Салом, домулло. Бисёр шодам, ки беовоз бошад ҳам, бо шумо сухан мекунам.
Ин пурсиши Шумо албатта аз таснифи ман, дурусттараш аз таснифе, ки ман истифода бурдаам, баромадааст.
Дар илми шашмақомшиносии тоҷик 2 равия ё мактаби асосиро мешиносанд:
1. Шашмақоми Бухоро.
2. Шашмақоми фарғонагӣ-исфарагӣ.
Шашмақоми тоҷик бар Шашмақоми Бухоро асос ёфтааст. Шашмақоми Исфара аз таснифи Шашмақоми тоҷик берун монд ва мақомҳояш ҳамчун сурудҳои классикӣ шуҳрат ёфтанд. Аз ҳамин ҷо параллелҳо ба вуҷуд омаданд.
Масалан: Дар Шашмақоми Бухоро мақоми Сегоҳ (Аҷам, Насри Аҷам, Гиря, Муғулчаи Сегоҳ, Насри Сегоҳ, Нимчӯпонӣ, Орази Сегоҳ, Савти Гиря, Сарахбори Сегоҳ, Талқини Сегоҳ, Уфари Гиря, Уфари Муғулчаи Сегоҳ, Уфари Сегоҳ, Хоро, Насри Хоро) ҳаст. Дар Шашмақоми Исфара Сегоҳи як, Сегоҳи ду, Сегоҳи се, Гиряи як, Гиряи ду, Гиряи се ҳаст.
Саломат бощед.
Раҳмат, дустам!
Олӣ!
Воқеан, Шашмақом бузург аст!
Салом ба муаллифону идоракунандагони ин сомона!
ташаккур ба Шумо, ки чунин сомонаеро сохтаед, аммо як камбудӣ вуҷуд дорад. Агар имконият бошад чунин созед, ки ҳамаи сабтҳоро ба як бор фарогир кардан шавад.
Қаблан сипосгузорам бар Шумо!
Бо эҳтиром Фазлиддин.
Ташаккури зиёд барои мехнататон. Дастатон дард набинад.
Саломат бошед!
Қӯшчинори Таҳмина Ниёзова (иҷроиши классикӣ набошад ҳам) дар youtube мавҷуд аст, метавонед илова намоед 🙂 ва ташаккури зиёд ба созандагони ин сомона!
Ростӣ ҳеҷ бовариам намеомад, ки ҳаминхел равзана (сайт) вуҷуд дорад. Ман аз ҳаммаи шумоён бисёре миннатдор ва қарздорам. Агар 322 миллион доллар медоштам 300 миллионашро садақа мекардам, 22 миллиони дигарро ба шумоён тӯҳфа мекардам, вале ҳаммаи ин дар назди хизматҳои шумоён ҳеҷ аст.
Саломат бошед. Барои ман 10 сомони накд хам кифоя. :))
ман омодааам, ба куҷо, чи тавр супорам?
Суратхисоб дар сахифааи «Мо».
«мо» — ?
шуморо нафаҳмидан, агар мумкин бошад муфассалтар мефаҳмондед!?
Ман дар Самарқанд ҳаёт ба сар мебарам.
Бо кадом бонки Ӯзбакистонӣ ҳамкорӣ доред?
узр…!
фаҳмидам!
Аз Ӯзбакистонҳам ба ҳамон рақамҳо фиристем мешавад?
Cалом. Як чахон ташаккур барои созандагони ин сомона. Баъдан мехостам фахмам, ки чаро суруди классикии «Кушчинор»-ро (ба мизроби дигар конун зи ишкат соз мекардам) барои шунидан (МП3) вучуд надорад?? Хохиш мекунам агар илочаш бошад!!
Ташаккур. Хуршедшох! Ин кор дар назар аст.
бале
интизораш ҳастем