Чор дарвеш. Баёни саргузашти дарвеши аввал

Баёни саргузашти дарвеши аввал

Азизон, дӯстон, меҳрофаринон,
Муҳаббатмашрабон, меҳнатқаринон!
Сарам савдоии зулфи сиёҳе,
Дилам шайдоии ваҳшинигоҳе.
Зи тири ғамзаи ҳусни ҷигарсӯз
Ба хуни хеш меғалтам шабу рӯз.
Дилам аз дурият як лахти хун аст,
Чи гӯям, к-аз фироқаш ҳол чун аст?!

Дарвешон, ин камина, ки ҳоло бо либоси ҷанда дар хизмати шумо забондарозӣ мекунад, аз шаҳри Яман мебошам. Падаре доштам, ки ӯро Хоҷа Аҳмад мегуфтанд. Вай савдогари калон буд, моли зиёд дошт, савдогарони бисёре бо пули ӯ сафар мекарданд. Вай ду фарзанд дошт. Яке бандаи шумо ва дигар духтаре, ки падарам ӯро дар ҳаёти худ ба шавҳар дода буд..

Вақте ки синни ман ба чордаҳсолагӣ расид, падарам бемор шуду баъд аз як ҳафтаи дар бистари беморӣ хоб кардан аз дунё чашм пӯшид. Хешон, ҳамсоягон ва ҳамкорон гирд омаданд ва корсозии падарамро ба тариқи шояду бояд баҷо оварданд. Ман то ҳафта ба азодорӣ машғул будам. Баъд аз он ки ёрон ҳар як ба манзили худ рафтанд, мурдани падарам маълум шуд; дар кунҷи хона танҳо ва ғарибона нишастам ва дар ба рӯйи ошнову бегона бастам. Се рӯзи дигар ҳам бо сӯз ба сар бурдам.

Дарвешон! Риндони бесарупо ва шайтонони инс(одам)-намо дар ҳар шаҳр ҳастанд ва ҳар шаб аз луқмаи таоми яке шикам сер мекунанд ва ҳар рӯз бо кӯҳналибоси дигаре фахр менамоянд. Инак чанд нафар аз онҳо чун шунида буданд, ки хоҷа мурда ва хоҷазодаи падармурда ҷоҳил аст, дар рӯзи чорум ба дари хонаи ман омаданд ва рухсати даромадан хостанд. ки маро дида таъзият диҳанд. Ман рухсат додам, ки дароянд. Онҳо баъд аз даромадан ва адои расми таъзият, забон ба насиҳат кушуданд ва гуфтанд:

— Ҳар ки омад ба ҷаҳон оқибаташ бояд рафт.
Абадуддаҳр намондаст касе дар олам.

Гиряву нола бефоида аст. Падари ҳар кӣ мемурад, илоҳӣ, ту зинда бошӣ. Акнун арвоҳи гузаштагонро бо дуову фотиҳа ва ҳадяву садақа шод бояд кард… .

Дарвешон! Сухан мухтасар, ман онҳоро дӯсти ҷонӣ гумон кардам ва ҳушу гӯшамро ба суханони онҳо додам. То ки бо афсуну афсона фирефтанду маро ба шӯхию бозӣ моил карданд. Баъд аз он то се сол пайваста ба айшу нӯш машғул шудам… ва мол нобуд мекардам. То он ки тамоми моли падарамро сарфи ёрони дурӯ ва рафиқони хушомадгӯ кардам… корам ба ҷое расид, ки аз либос ба ғайр аз кӯҳнакулоҳе ва жандақабое дар бар намонд ва қути лоямут 1 ҳам набуд. Шайх Саъдӣ дар ин бора дуруст гуфтааст:

Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад.
Зуд бошад, к-аш ба шаб равған набинад дар чароғ…

__________________________

1 Қути лоямут хӯроки андак, ки фақат барои намурда мондан кофӣ аст.

Чӣ кор карданамро надониста се шабонарӯз гурусна ва ташна, бо лаби хушку дидаи гар дар кунҷи масҷиди харобе нишастам ва рӯйи берун омадан надоштам. Рӯзи чорум сипоҳи гуруснагӣ ба мулки баданам ҳуҷуми сахт намуд ва лашкари сабру тоқатро шикаст дод. Аз он масҷид баромадам ва ба худ мегуфтам, ки ба куҷо равам ва ба ки илтиҷо барам. Ногоҳ хоҳарам ба хотирам расид…

Дарвешон! Аз ман қабеҳтаре бояд набошад. Чаро ки дар айёми собиқ борҳо хоҳарам ба талаби ман кас фиристод, ки ӯро рафта бинам, аммо ман аз канори маъшуқа дур шуда наметавонистам ва нарафта будам. Ҳоло дар чунин вақт равонаи хонаи хоҳар шудам. Хоҳарам саросема берун давида маро ба он ҳол дид ва гиряву зорӣ карда, мӯю рӯйканӣ намуда, маро дар бар кашид, рӯямро бибӯсид, ба хона дароварда таому шароб хӯронида, либоси тоза пӯшонид. Ман чанд шабонарӯз дар он ҷо будам. Шабе он оқила гуфт:

— Бародар! Мардон ҳамеша дар хона нишаста наметавонанд ва инро ҳам медонам, ки ту баъд аз ин дар ин шаҳр наметавонӣ будан ва албатта сафар карданат даркор аст. Якчанд рӯз ба шаҳрҳои дигар бирав ва гарму сарди рӯзгор бичаш ва сахтиву сустиро бидон, баъди аз сафар омаданат ба ягон шуғле машғул шав. Чаро ки эътибори туҷҷор дар сафар аст. Чун сафар карда бошӣ, туро марди кор ва сармоядор ва соҳиби эътибор ангоранд (гумон кунанд) ва ҳоло ҳарзагарду зоеърӯзгор шуморанд. Ман сукут ихтиёр кардам. Хоҳарам аз ҷо бархоста як халтаи панҷҳазортуманӣ оварда ба ман дод ва гуфт:

— Бародар, агар мехостам метавонистам беш аз ин ҳам ба ту дод, аммо андеша мекунам, ки агар нигаҳ дорӣ ҳамин қадар сармоя бас аст ва агар дар пайи зоеъ кардани мол бошӣ, чиҳил ҳазор тумон ҳам ба ҷое намерасад. Бародар! Шунидам, ки дар ин рӯзҳо ҷамъе аз савдогарҳо ба тарафи Шом сафар карданӣ ҳастанд. Ту ҳам ба ин зар матое харида ба як одами мӯътабар дода, санад бигир, то ки дар Шом ба ту супорад. Худат чанд рӯз дар ин ҷо бимон, то ки ҳамдигарро бинем. Баъд аз он ба умри дароз равона шав ва басуръат бирав!

Ман сухани хоҳарамро қабул карда, рӯзи дигар ба харидани матоъ ва супурдани он кӯшидам. То як ҳафта ба ин кор машғул будам. Баъд аз рафтани корвон, якчанд рӯз дар хонаи хоҳарам мондам. Дар ин байн хоҳарам аспу харҷӣ, тӯшаи роҳ ва либос низ тайёр кард. Баъд якдигарро видоъ намуда ба Шом равона шудам. Дар роҳ чизе надидам, ки муносиби ба дӯстон гуфтан бошад. Баъд аз чанд муддат, дар вақти фурӯрафти офтоб буд. ки ба як манзил дуртар аз Шом расидам…

Аз машаққати сафар тоқатам тоқ гардида буд, ки дар он ҷо манзил накардам ва худи ҳамон шаб ба шаҳр даромаданӣ шудам. Бо ҳамин хаёл асп рондам, вақте ки ба таи дарвозаи шаҳр расидам, дидам дар нимшабӣ дарвозаи шаҳр баста ва пойи омадшуди мардум аз кӯчаҳо гусиста, аммо дунё аз нури моҳ чун рӯз равшан буд. Ман дар канори хандақ аз асп ба зер омада ба сайри бурҷу бораи қалъа машғул шудам. Ногоҳ шахсеро дидам, ки ба яке аз бурҷҳои он ҳисор баромадааст ва аз боло сандуқеро поён мефиристонад. Ҳамин ки сандуқ ба лаби хандақ расид, он мард ресмонро ҳам партофту худаш ба даруни қалъа фуромада ғоиб гашт. Ман ба худ гуфтам, ки албатта ин бояд ягон дузд бошад, ки имшаб хонаи бое, ё ки ҳуҷраи савдогареро зада ин сандуқро овардааст. Ҳоло, шояд барои овардани моли боқӣ монда рафта бошад. Бо ин хаёл сабр кардам ва дар он ҷо нигарон истодам, лекин он шахс дигар барнагашт. Ман ба худ гуфтам, ки шояд ин луқмаро ба ман Худо расонда бошад ва аз шарофати ин сандуқ бори дигар молдор ва мӯътабар шавам.

Инак ба тамаи молу зар ба эҳтиёти тамом аз тахтапули дарвоза гузаштам ва ба ҷониби сандуқ рафтам. Ба назди сандуқ расида онро бардоштам ва бо сад тарсу ваҳм худро ба харобае расонидам. Дар он ҷо сандуқро кушодам ва нигоҳ кардам:

Дидам сарве ба хоку хун оғушта,
Ё товусе, валек бисмил гашта.
Аз дидани он чунон шудам саргашта,
К-аз каф додам ҳамон замон сарришта.

Дарвешон! Кош, ҳаргиз намедидам. Нозанине бо рӯйи чун моҳ ва мӯе чун мушк сиёҳ, қад ба сони сарв хиромон, ҷони ҷаҳон ва ҷаҳони ҷон. Аммо тани нозанинаш ба захми ханҷари ҷафо маҷрӯҳ гашта ва мӯҳои мушкнобаш аз зулфони пурпечутобаш ба хун оғушта, рухсораи арғувониаш заъфаронӣ гардида, аз ғояти заъф чашм аз сайри гулистони ҷаҳон пӯшида. Ба ҳолате, ки гумон бурдам, шарбати марг нӯшида! Дарвешон! Ман моили рӯй ва мӯйи он зебонигор шудам; дар чунон ҳолате ки ҷойи воҳима ва ҳангоми гурез буд… ман маҳви ҷамоли бо камоли он баландахтари шараф ва иқбол шуда, ҳайрон будам, ки оё аз куҷо ва чаро ин заҳмат ва ранҷ ба ӯ расида ва кадом золими сангдил ба ӯ ин зулмро кардааст. Вақте ки ба ҳоли ӯ мегиристам ва ба рӯяш менигаристам, ногоҳ он ҳушрабо ба ҳуш омада, овози гиряи ман ба гӯшаш расид ва бо нолаи ҳазин гуфт:

— Эй ёри номувофиқ ва дилозор, эй золими бераҳм ва ситамгор! Магар ин подоши меҳрубонӣ ва ҳаққи намак аст?!. Чаро ҳамаи некиҳои маро фаромӯш кардӣ ва чароғи умри маро хомӯш кардӣ?..

Дарвешон! Вақте ки ман овози ӯро шунидам, ба якбора бедилу девона шудам ва гавҳари ашк бо нӯги мижгон суфтам ва аз самими дил гуфтам:

— Балогардонат шавам, чашмам кӯр бод, то туро бад-ин ҳол набинам ва дастам бурида бод, агар ҷуз хори раҳат начинам.

Чун он нозанини моҳҷабин овози мани ғариби ҳазинро шунид, гуфт:

— Эй мард, ту кистӣ ва нолон барои чистӣ?

Гуфтам:

— Фидоят шавам! Ғарибу бе касу бехонумонам, заифу мубталою нотавонам! Эй нозанин, банда мардеам яманӣ. Ту ҳам гӯй, ки сарви кадом чаманӣ ва шамъи кадом анҷуманӣ? Ин зулм ба ту аз куҷо расид?

Он нозанин як оҳи пурсуд аз ҷигар кашид ва гуфт:

Дарди дил бо ту нагӯям, тарсам,
Ки ба дарди дили ман дармонӣ!

— Эй ҷавонмард, чӣ шавад, ки маро ба гӯшаи хок супорӣ ва нодида ангорӣ ва ба ҳеч кас дар ҳеч ҷое ин ҳодисаро нагӯйӣ ва нақши ин сурати ғарибро аз сафҳаи хотир бишӯйӣ. Худо ба ту ҷазои хайр диҳад!

Вай ин суханҳоро гуфту аз ҳуш рафт. Ман аз парешонии хотир ба кори худ дармондам ва намедонистам чӣ кунам. Гоҳ ақлам роҳи гурез менамуд ва гоҳ ишқ бар суботқадамиам мефармуд… дар охири кор ба худ гуфтам, ки ӯро ба шаҳр ба- рам ва дар муолиҷааш кӯшам, шояд сиҳат ёбад. Бо ин фикр мунтазири рӯз шудам. То ки шаб ба саҳар расид ва дарвоза боз шуд. Ман бо ҳазор машаққат он сандуқро пушти асп гузошта ба шаҳр даромадам. Дар кӯчаю бозор гашта-гашта, ниҳоят ба корвонсарое расидам. Дарҳол як ҳуҷра гирифта, сандуқро ба дарун даровардам, аспро ба саройбон супорида, камтар пул додам, ки онро парвариш кунад. Баъд аз он ба ҳуҷра даромада он нозанинро аз сандуқ берун баровардам ва ба рӯйи бистар хобонидам. Баъд, худам ба кӯча баромада, ба талаби ҷарроҳ афтодам. То он ки ба дӯкони ҷарроҳе расида салом додам. Марди ҷарроҳ аз ман пурсид:

— Фарзанд, хизмат чист?

Гуфтам:

— Беморе дорам аз зӯрии дард берун баромада наметавонад. Агар ба диданаш биёӣ ва табобат кунӣ, музди зиёде мегирӣ ва савоб меёбӣ.

Он мард бо ман ба ҳуҷра омада, духтаракро дад. Аз дидани он ҳайрон шуда монду баъд кашидаву кушода ба рӯям чунон як торсакӣ зад, ки лаззати онро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Ман хаёл кардам, ки ин мард он парирӯро мешиносад. Бинобар он даст аз ҷон шустам ва мунтазири сад гуна ҷазо ва расвоӣ шуда нишастам. Баъд аз он, он мард гуфт, ки:

— Эй золими сангдил, чаро ба ин саромади хубон ин зулмро раво дидӣ?

Ман дасти ӯро бӯсида нолидам ва гуфтам:

— Эй мард, ба ҳаққи худо, ки ин захмҳоро ман назадаам. Он чи бар ман гузашт, ба касе насиб нашавад. Ин бечора хоҳари ман аст ва аҳли байти мо аз хоки Яман аст. Мо ба сӯйи Байтулмуқаддас мерафтем. Дишаб дуздон бародаронамро куштанд. Ман худамро ба канора кашидам. Вақте ки дуздон баъд аз ғорат аз пайи кори худ рафтанд, ман ба ҷое, ки корвон истода буд, омада қатлгоҳе дидам, ҳама ёрон маҷрӯҳ ва берӯҳ шудаанд. Дар он байн овози нолаеро шунида, ба он сӯ рафтам ва ин хоҳарамро дидам, ки дар миёни кушташудагон афтода ва нимҷоне дорад. Вақте ки сарашро ба канор гирифтам, чашм кушода маро шинохт ва гуфт ки: «- Эй бародар, зуд бархоста ба ман ёрӣ расон, ки фурсат нест». Ман ҳам як сандуқи холиро ёфта, ӯро ба он хобонида, ба асп бор кардам ва ба ин шаҳр расидам ва умедворам, ки ин хоҳарам ба ёдгории азизон зинда бимонад.

Табиб инро шунида осудатар шуд. Боз ман гуфтам:

— Эй падар! Агар бо ёрии ту ин бечора сиҳат ёбад, ҳар чӣ хоҳӣ, ба ту медиҳам.

Он мард чун ваъдаи баста (сарбаста) шунид, гуфт:

— Эй писар, ҳар кас даст ба захми ин занад, ба хуни ӯ шарик мешавад.

Баъд аз он хеста рафт. Ман ба кори худ ҳайрон мондам ва фурсате ба ҳоли зори он нигор нигаристам ва аз дасту пояш бӯсидам…

Хостам, ки боз ба назди ҷарроҳ рафта зорӣ кунам, шояд раҳм кунад. Вақте ки аз сарой берун баромадам, ҳамон савдогареро, ки матоамро ба вай супурда будам, дидам. Хеле шод шудам. Он мард аз аҳволи ман ва ҷойи истиқоматам пурсид. Бо вай ҳолпурсӣ карда, матоъро ба дари ҳуҷра фуровардем. Баъд коғазҳои тафсил (рӯйхат)-ро бардошта ба назди ҷарроҳ рафтам ва гуфтам:

— Ана ин тафсили (рӯйхати) матои хариди ямании ман аст. Инро бигир ва зуд ба ҳуҷра биё, ки дарвақттар ба он бечора ёрӣ расонӣ.

Он мард ба корвонсарой омада, матоъро дид ва хотираш ҷамъ гардид. Баъд аз он оби гарм талаб карда, тамоми аъзои ӯро шуст ва захмҳои ӯро баст ва марҳам гузошт, баъд аз он гуфт:

— Эй фарзанд, ман рӯзе ду бор ба тоза кардани марҳам меоям. Ту бояд аз вай хабардор бошӣ, ки ҳаракатҳои беҷо накунад, то ки бахяҳои захм наканад. Ва соат ба соат ба гулӯяш арақи бедмушк чакон.

…Ман баъд аз ин ба болини он нозанин нишастам ва камари ҳиммат бар миён бастам ва хобу осойиш ба худ ҳаром кардам. Марди ҷарроҳ рӯзе ду бор омада, марҳам тоза мекард ва аз ҳоли бемор ҷӯё мешуд. Баъд аз даҳ рӯз табиб хотирҷамъ шуд ва ба сиҳат ёфтани бемор боварӣ ҳосил намуд. Дилам якборагӣ гирифтори он зебонигор ва ишқам аз яке ҳазор гардид, то ба ҳадде расид, ки ҳар дам қасд мекардам маҷнунвор ҷома чок занам ва сар дар биёбон ниҳам. Боз маломати он дилнавоз домангир буд. Он маҳҷабини зӯҳраталъат ҳоли маро дида, ҳар замон аз рӯйи шафқат ба ман дилдорӣ медод ва аз гиря манъам мефармуд.

Баъд аз чил рӯз тамоми ҷароҳатҳои бадани он нозанин сиҳат ёфт. Ҷарроҳ он моҳро рухсати ҳаммом дод. Ин хабарро шунида он духтар хурсанд шуд ва он шабро ба истироҳат гузаронида. рӯзи дигар ба ман гуфт:

— Эй фалонӣ. дилам хӯроки лазиз мехоҳад.

Дарвешон, ман ба чунон ҳолате афтодам, ки гуфта наметавонам! Чаро ки дар ин муддат орзу мекардам, як бор он нигор шарбати обе биталабад. Аммо муяссар намешуд. Ва он рӯз, ки ӯро хоҳиши таом шуд, ман ҳозир карда наметавонистам. Зеро ки он чӣ доштам, ҳама сарф шуда буд. Аз хиҷолат сар ба зер афкандам. Он нигор аз ҳолатам фаҳмид, ки пулам намондааст, бо меҳрубонӣ ба ман нигариста, гуфт:

— Эй азиз, аз набудани харҷӣ хафа нашав! Хез ва коғазу қалам биёр.

Мани шармсор ва парешонхотир берун баромада коғазу қалам ёфта овардам. Парирӯ ба ман дилдорӣ дода, ба коғаз якчанд калима навишт, баъд онро ба ман дода, гуфт:

— Дар сари чорсӯйи шаҳр дӯкони ҷавоҳирфурӯшӣ ҳаст, дар он ҷо як марди мӯсафед ва соҳибнасабро мебинӣ. Ин мактубро ба вай супурда, ҳар чӣ диҳад, гирифта биёр.

Азбаски ман аз нодорамӣ дар хиҷил будам ва фикрам ба дигар ҷоҳо банд буд, он коғазпораро нахондам. Вақте ки ба назди он мард расидам ва хатро супурдам, дидам, ки он кас коғазро бӯсида ба дида молид, баъд аз дӯкон давида фуромада дасти маро гирифт ва ба сӯйи хонаи худ равон гардид. Дар роҳ нисбат ба ин хоксори дилфигор меҳрубонии бисёре мекард. Вақте ки ба ҳавлӣ даромадем, маро дар мехмонхона гузошта худаш ба хилват рафт ва баъд аз андак муддат берун баромада, аз паси худ як ғуломеро овард. Он ғулом дар дасташ як табақи сарпӯшдор ва ба дастурхони заррин печидагӣ дошт. Он мард маро ба ғулом нишон дода, гуфт:

— Ҳар ҷо ки ин ҷавон гӯяд, рафта, инро супурда, биё.

Ман аз дидани ин ҳолат бисёр бедимоғ шудам. Бо худ мегуфтам: хок бар сарат, ки аз бадбахте корат ба ҷое расид, ки барои як табақ таом ариза додӣ… Дар роҳ низ ғаму ғуссаам ҳамин буд.

Аз хасмии рӯзгор зеру забарам.
Хоҳӣ, чӣ кунӣ, фалак, аз ин бештарам?
Ё фарши замин зи зери поям барчин,
Ё чатри фалак бибар зи болои сарам!

Чун ба корвонсарой расидем, ба ғулом гуфтам, ки дастархонро ба дари ҳуҷра монда баргардад. Баъд худам аз қаҳр дастурхонро бардошта дидам, ки хеле вазнин аст. Тааҷҷуб кардам, ки гаронии ин аз чӣ бошад. Вақте ки ба ҳуҷра дароварда, дар назди он нозанин гузоштам, ӯ узрхоҳӣ карда, гуфт:

— Бикушо то бубинам он кайдӣ (лаънатӣ) чӣ фиристодааст? Ман аз дашноми ӯ он мардро боз ҳам ҳайронтар шудам.

Дастурхонро боз кардам, табақи лангарии сарпӯши нуқрагиндоре дидам, вақте ки сарпӯшро гирифтам, аз ҳар тарафи он табақ тилло рехтан гирифт. Он тиллоҳоро дида, боз як чизи дигар маро ҳайрон кард, ки оё ин сарви равон аз кадом хонадон аст, ки ба як коғазпорчаи бемӯҳр ва беэътибори ӯ он мард ин қадар зар дод. Аҷабтар он ки он мард аҳволи духтарро ҳам напурсид ва ба ғайр аз узрхоҳӣ бо ман дигар сухане накард… Ман дар ин хаёлҳо будам, ки он барно аз рӯйи лутф ба ман гуфт:

— Фалонӣ, аз бепулӣ ҳеч фикре накун. Ман медонам, ки ту сармояи савдои худро ба роҳи ман сарф кардӣ ва ин кору некии туро то абад фаромӯш карда наметавонам. То зиндаам, туро бандаам.

Ман ба пояш афтодам ва гуфтам:

— Ё раб, осеби замон бод зи аҳволат дур,
Ки маро сояи лутфи ту ҳамин аст зарур.

Духтари нозанин ба ман таом фармуд. Давида рафта таом овардам. Нозанин таом хӯрда шуда, баъд ба ман гуфт:

— Эй фалонӣ, агар дар даъвии муҳаббат содиқ бошӣ, аз гуфтаи ман набаро.

Гуфтам:

— Ҳар чӣ гӯйӣ, ҳар чӣ фармойӣ, сар напечам.

Гуфт:

— Агар ин тавр аст, ҳозир ба бозор рафта, барои худ ду даст либоси нағз харида биёр.

Ман андак дар андеша шудам, вай ранҷидагӣ барин шуда, гуфт:

— Аз гуфтаву ваъдаат ҳамин қадар зуд мегардӣ. Агар ин тавр бошад, баъд аз ин муомилаи мову ту чӣ мешавад?

Дигар, ба ғайр аз иҷрои амраш чорае намонда буд. Ба бозор рафта ду даст либос харидам ва ба хизматаш овардам. Баъзе, ки андак камбаҳо буд, нахарид ва написандид. Ман чанд маротиба ба бозор рафта он чизҳоро муовиза мекардам. То ки ҳамаи либосам хотирхоҳи он нозанин гардид. Баъд аз он мувофиқи гуфтаи вай ба ҳаммом рафтам ва тағйири либос намудам. Чун ба ҳуҷра даромадам, бағал боз карда маро дарбар кашид ва дар паҳлуи худ нишонид. Ман аз ниҳояти шавқ ва ғояти завқ мегиристам ва ӯ бо остини марҳамат аз рӯям ашкро пок мекард. Дарвешон! Лаззате, ки аз зиндагӣ бурдам, он дам буд. Он қадар меҳрубонӣ нисбат ба ин бедилу дин намуд, ки мехостам ҷон фидояш кунам ва ҳам сари худро фарши хоки пояш кунам.

Баъд аз он гуфт:

— Фалонӣ, акнун ту бояд ба қаҳвахона равӣ ва бо меъморон сӯҳбат кунӣ ва аз онҳо дараки ҳавлии фурӯширо фаҳмӣ. Вақте ки ҳавлиро дида писанд кунӣ, сурати вайро навишта оварда ба ман нишон медиҳӣ, то ки ман ҳам ба назар бисанҷам ва дар бораи нархаш ба ту маслиҳат диҳам, мабодо ки туро фиреб надиҳанд.

Ман аз дилу ҷон итоати фармони он нозанин намуда, як моҳи тамом қаҳвахонагардӣ кардам. То он ки хонаи хуб ва босафо ёфт шуд. Нозанин нақшаи онро маъқул донист ва ба ҳазор тумон харидам. Баъд аз он гуфт, ки:

— Акнун барои ман чодаре биёр!..

Чодар харида овардам. Он сарвқади хуршедрӯ даруни чодарро ба нури шамъи қомати худ мисли ҳуҷлаи фонус музайян ва мунаввар сохт ва фармуд, ки ба соҳиби сарой чанд динор бидиҳам. Ман ба фармудаи ӯ амал намуда, асбоби дарвешонаро, ки доштам, бардошта ба хонаи навхаридамон рафтем. Нозанин ҳавлиро дида, тамоми хонаҳои онро сайр карда баромад ва ба ӯ маъқул шуд. Баъд палосеро, ки доштам, ба як хона паҳн кард ва гуфт:

— Акнун ба ман ҳам либос лозим аст. Аз ин фалокат ба ҷон расидам.

Ман аз ин сухан хурсанд шуда, бо шавқ ба сӯйи бозор давиданӣ шудам. Вале ӯ табассум намуда, гуфт:

— Ҳеҷ медонӣ, ки либоси тайёр ва муносиби мо дар куҷост?

Ман бозгашта ба фармони ӯ мунтазир шудам.

— Дар майдони сарои шоҳӣ як дӯкони калони либосфурӯшӣ ҳаст. Дар он ҷо ҷавоне ҳаст либосҳои шоҳона мефурӯшад, дар вай доимо либосҳои муносиб ёфт мешавад. Агар он ҷо равӣ, гумон дорам, ки ҳар чӣ хоҳӣ, ёфта метавонӣ.

Баъд аз ин гап хурсанд ва шодон ба сӯйи Қайсария равон шудам. Чун ба он ҷо расидам, дар миёни раста дӯконеро дидам, ба сақфу девори он тилло ва лоҷувард ба кор бурда буданд Дар он дӯкон ҳар хел матоъ ва либосҳои заррин, атлас ва кимхоб дарё-дарё бар сариҳам рехта буд. Соҳиби он дӯкон ҷавони бистудусола, бо рӯйи чун офтоб нишаста, ғуломони зарринкамар дар хизматаш камар баста истода буданд.

Ман пеш рафта салом додам, ҷавон чунон бо латофат ва назокат ҷавоб гардонид, ки наздик буд об шавам, ба атроф нигоҳ карда дар пойи дӯкон сандалии оростае дидам, бар болои он нишастам ва аз ҳайрат дам фурӯ бастам. Он ҷавон аз рӯйи лутф ва меҳрубонӣ ва меҳмонпарварӣ ба сухан даромада бо ман ба навъе сухан мекард, ки гӯё пеш аз ин мо бо ҳам ёру ошно бошем.

Ҷавон баъд аз хушгӯйӣ ва дилҷӯйӣ, гуфт:

— Агар хизмате бошад, фармоед.

Гуфтам:

— Бале, сарпӯшидае дорам, барояш либосе мехоҳам.

Ҷавон дарҳол ишорае кард. Ғуломони ҳушёр ва чобук давида буқчаҳои бисёре пеш кашида боз карданд, ба ман аз ҳар ҷинс матоъ ва либосҳои хуб ва аълоро нишон доданд. Ман аз онҳо ҳар кадомро, ки ба назарам беҳтар ва хубтар намуд, ҷудо кардам. Ғуломҳо зуд буқчае оварданд ва либосҳоро дар он гузошта бастанд ва дар назди ман гузоштанд. Ин муомила ва ҳаракатҳо боз ҳам маро шефтатар кард.

Ҷавон ба ман нигоҳ карда, пурсид:

— Бародар, боз хизмате дошта бошӣ, бифармо!

Дуояш карда аз нархи чизҳо пурсидам. Сӣ тумон будааст, маро шарм омад, ки дар он боб кӯшиш кунам, тиллои сурхро шумурда додам ва ба ғуломҳо хам хизматона додам. Он ҷавон чун ин тавр харидориро дид, ба ман бо чашми дигар нигарист ва пурсад:

— Бародар, мардуми кадом шаҳр ҳастӣ?

Гуфтам:

— Таваллудам аз хоки Яман аст.

Ӯ гуфт:

— Бародар, орзу дорам, ки шабе ба хизмати ту бошам.

Ман узр хоста, гуфтам:

— Бисёр муташаккир ва миннатдорам, агар саломатӣ бошад, боз меоям. Ҳоло азбаски рафиқи сарпӯшидае дорам ва ӯ ба ҷое баромада наметавонад ва худам ҳам ҳанӯз дар ин шаҳр ғарибам, танҳо гузоштани рафиқаам ноинсофӣ мешавад. Боз албатта вомехӯрем…

— Бародар, бисёр баҳона ва узрхоҳӣ накун. Ман мехоҳам имшаб маро аз хок бардорӣ ва қадам бар чашмам гузорӣ.

Ва қасам медод, то он ки шарт кардам, ки аз хона баргардам.

Чун ба дари хона расидам, даст бар дар задам. Он дилбари нозанинам дарро кушод ва буқчаи либосҳоро аз дасти ман даррабуд ва ҳамаро писандид ва аз аҳвол ва муомилаҳо пурсид. Ман ҳам тамоми меҳрубонӣ ва лутфи ҷавон ва ба меҳмонӣ талабидан ва бо баҳонаи дурӯғ халос шуда омадани худро гуфта додам.

Ӯ гуфт:

— Эй фалонӣ, агар ризои дили маро хоҳӣ, бояд ки биравӣ ва хилофи ваъда накунӣ.

Гуфтам:

— Ба ман, ба ғайр аз сӯҳбат ва хизмати ту дигар чизе даркор нест.

Гуфт:

— Агар хоҳӣ, ки ман аз ту розӣ бошам. бояд биравӣ ва хилофи ваъда накунӣ. Ту аз танҳоии ман андеша макун, боке нест.

Бо ҳамин тариқ, то қариби фурӯрафти офтоб он нозанин маро ташвиқ ва тарғиб мекард, аммо дили ман ӯро танҳо гузоштанӣ набуд. То он ки, агар наравӣ, меранҷам, гуфта, қасам хӯрд. Дарвешон, дар мазҳаби ошиқон ризои маъшуқ фарз аст. Ман ҳам бо дили дардолуд ба дӯкони он ҷавон равон гардидам. Вақте ба он макон расидам, дари дӯкон баста шуда ва он ҷавон дар болои курсӣ, дар интизори ман нишаста буд. Чун назараш ба ман афтод, бо чеҳраи хуш ба сухан даромада аз ҷо бархост ва бо ман ба сӯйи ҳавлиаш равон шуд.

Чун ба ҳавлиаш даромадам, боғе дидам ирамосо, иморате олибино, фарши шоҳона густурда, асбоби айшу тараб омода карда, дар лаби ҳавз нишастгоҳ дуруст карда, нуқлу мурғу май ва мазаи бисёр муҳайё карда буданд. Дар пешгоҳ тахте гузошта, бар рӯйи он кӯрпачаҳои бахмали париқудор паҳн карда буданд.

Он ҷавон зуд либосҳои рӯяшро кашида, маро ҳам ба кашидан таклиф кард ва мо ҳар ду гузашта аз болои тахт нишастем. Ҷавон қадаҳ пур карда нӯшид ва ба таклифи тамом ба ман нӯшонид. Ҳамин ки се ҷомӣ нӯшидем, димоғҳо саршор гашт, чор нафар муғанниёни навосоз ва мутрибони хушовози зариф ва мақбули хотир, ҳар як созе дар даст ба маҷлис даромаданд ва дар атрофи бисот нишастанд. Он ҷавон аз ҷо бархоста, ба онҳо якчанд ҷом май нӯшонид ва саршорашон гардонид. Он чор нафар ҳофизони хушхон, ки лаҳни хуши онҳо об аз ҷараён ва тайр аз таярон 1 бозмедошт ва дар ҳар таркиб дувоздаҳ мақом ва бисту чор шӯъба ва чилу ҳашт гӯшаро ба мавқеъ мехонданд ва дар фунуни созандагӣ, ки ба нолаи вай занги кудурат аз дили ҳозирон мезудуданд, ба оҳанги навои ҷонфизойи мусиқор 2 ҳуш аз вуҷуди Ушшоқ ва Ҳиҷозу Ироқ 3 мерабуданд, ба шӯълаи овоз оташкории даф намуда, сози дувоздаҳум рост карда, дар мақоми

_________________________________

1 Тайр аз таярон — мурғ аз парвоз.
2 Мусиқор — номи асбоби қадимии мусиқӣ.
3 Ушшоқ ва Ҳиҷозу Ироқ — дар ин ҷо ҳам ба маънои номи мақомҳои «Шашмақом».

Рост ин ғазал бархонданд:

Хуштар зи айшу сӯҳбати боғу баҳор чист,
Соқӣ, биёр май. сабаби интизор чист?
Зоҳид шароби кавсару Ҳофиз пиёла хост,
То дар миёна хостаи кирдигор чист?

Дарвешон! Аз бисёрии дилдории он ёри дилнавоз ва кайфияти бода ва нағмаи созу шӯълаи навози он мутрибон оҳиста-оҳиста аз даст рафта маст шудан гирифтам ва аз фикри он паризод, ки сармояи айш ва зиндагонии ман буд, берун рафтам. Дар аснои айшу сӯҳбат он ҷавонро гирён дидам. Меҳрубонона даст ба гарданаш даровардам, ба қурбону садқа ашк аз рухсораи гулнораш пок кардам ва ҷабакашро бародарона бӯсидам ва аз сабаби гиряаш пурсидам.

Дарвешон!

Бе ҳузури май нахезад шарми хубон аз миён.
Нашъаи майро ҳарифон хуб пайдо кардаанд…

Он ҷавон баъд аз қадаре фикр кардан сар бардошта, гуфт:

— Хуб, аз бародарон асрори дил пинҳон доштан аломати нифоқ аст.

Ҷавон ин бигуфту аз маҷлис берун рафт. Вақте ки бозгашт, аз дунболаш нозанине даромад, ки тамоми маҷлис аз нури ҷамолаш мунаввар гашт. Бо ишораи он ҷавон, духтари нозанин ишораро (?) ба даст гирифта, як пиёла май кашиду ба ман дод. Нӯшидам. Он ҷавон худаш газакро пеш овард, ман гирифтаму аз дасташ бӯсидам. Ҳамин тариқ, мо май нӯшида сӯҳбат мекардем. Ниҳоят он ҷавон гуфт:

— Эй ҷону ҷаҳон! Чӣ шавад ки барои хотири бародарам як чанг навозӣ.

Духтар қабул кард, зуд ба ӯ чанг оварда доданд. Он Зӯҳраи осмони накуӣ дар назди чанг нишаста чунон навохт, ҳама об шуданд. Баъд аз овози форам ва дилнишини худ ҳамин байтҳоро хонд:

Агарчи бода фараҳбахшу ҷом гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр май, ки, мӯҳтасиб, тез аст.
Суроҳиею ҳарифе гарат ба чанг афтад,
Ба айш, кӯш ки айём фитнаангез аст.

Аҳли маҷлис аз нағмаи соз ва шӯълаи овози он дилнавоз ба хурӯш омаданд ва ман якбора аз даст ва аз по афтодам. Он ҷавон чун маро маст дид, аз ҷо бархоста, дастамро гирифта, бурда бар рӯйи кати хотамбандӣ, ки рахти хоби муносибе дар вай паҳн карда шуда буд, хобонид. Вақте ки саҳар ба ҳуш омадам, дидам, ки он ҷавон бо он нозаниндухтар, дар пойи кат нишастаанд ва дар наздашон маю ҷому хону маза. Дар он ҳол хоб кардани худро тарки адаб шумурда аз ҷо бархостам ва дар назди онҳо нишастам. Онҳо ба ман меҳрубонии зиёде намуданд Он дилором зуд як қадаҳ май пеш овард, ман ҳам билотакаллуф бардоштам ва баъд ба сӯҳбат машғул шудем. Вақте ки рӯз равшан шуд, димоғҳои мо чоқ буд, сар аз по намешинохтем. Сухан мухтасар, он рӯз, он шаб ва рӯзи дигар ва шаби дигар мудом маст ва лояъқил будем…

Шаби чорум хоб аз дидаам парид ва ба хотирам дилбарам омад ва ҳушам рафт. Охир, вай дар хона танҳо монда буд. Ман худамро маломат мекардам ва аз паҳлу ба паҳлу меғелидам. Саҳар он ду боз ба пойи кати ман омада нишастанд ва ҳарчанд хостанд, ки ман ҳам бархезам ва бо онҳо ба сӯҳбат нишинам, барнахостам. Ниҳоят онҳо аз ман ноумед шуда, бархоста рафтанд.

Ман он ҳолро ғанимат шумурда, аз ҷо бархоста, сару тани худро шустам ва либосамро пӯшида, ба хона равон шудам. Дар роҳ худро таъна ва маломат менамудам, ки бо як ҳаракати ношоиста ҳамин қадар умед ва орзуро барбод додӣ. Чун ба дари хона расидам, дарвозаро кӯфтам, он нозанин зуд дарро кушод, маро парешонхотир дида табассум намуд. Ман ба пояш афтодам ва забон ба узрхоҳӣ кушодам.

Ӯ гуфт:

— Эй ҷоҳил, ин изтироб чист? Маълум аст, ки ба хонаи мардум рафтан ба дасти худ аст ва берун омадан ба ризои соҳиби хона…

Бо ин хел суханон маро тасаллӣ дода, чунон изҳори хушнудӣ кард, ки дилам роҳат ёфт ва аз хиҷолат баромадам. Баъд аз он аз ман тарзи меҳмондорӣ ва аҳволи он хонаро пурсид. Ман ҳамаи воқеаҳои шудагиро як ба як гуфта додам.

Баъд аз он, шамъи шабистони нуктадонӣ ба шакарфишонӣ даромада, гуфт:

— Фалонӣ, ҳеҷ медонӣ, ки риндони қоидадон, нони мардон дар шиками мардон қарз медонанд

Ман аз хиҷолат сар ба зер афганда бо худ гуфтам: «ҳоло бо киноя сарзаниш мекунад ва мегӯяд: «Модоме ки дар ивази меҳмонии ӯ меҳмонӣ кардан наметавонистӣ, чаро дар чунин меҳмонӣ мондӣ?» ва ба ӯ гуфтам:

— Эй меҳрубон, хиҷолати ман кифоят аст, чӣ эҳтиёҷ ба киноят аст?

Ӯ гуфт:

— Фалонӣ, сухани маро киноя мапиндор ва таъна машумор, балки матлаби ман он аст, ки ту ҳам чашм напӯшӣ (саратро ба дарун кашида нашин) ва ба муқобили зиёфати ӯ зиёфате бидеҳ!

Ман гиря карда, ба ӯ гуфтам:

— Дар хонаи мо, ки ба ғайр аз чордевор ва сақфу дар чизи дигар нест, ман чӣ тавр меҳмон хабар кунам?

Ӯ хандид ва гуфт:

— Аз ин ваҷҳ ғам мадор… бархез, рафта ҷавонро ба меҳмонӣ хабар карда биёр.

Дидам, ки намешавад, ба дил гуфтам, ки барои хотири нозанин аз хона мебароям ва ба пеши он ҷавон рафта, аз ҷиҳати аз хонааш ба ӯ нафаҳмонда ва берухсат баромада омаданам узр металабам ва ба ӯ гуфтам:

— Ҳар чӣ фармойӣ, гардан ниҳам.

Ӯ гуфт:

— Мабодо, ки аз шармандагӣ тарсида, ӯро хабар накарда биёйӣ. Аммо ман дар интизор ҳастам.

Дарвешон! Ҳарчанд фикр кардам, пай ба маънии суханҳои он нозанин набурдам. Боре аз хона берун омадам ва дар дил гуфтам: «ба пеши ӯ меравам ва барои амал кардан ба фармони ин нозанин ӯро ба меҳмонӣ таклиф мекунам. Аммо ба навъе, ки ӯ қабул накунад…»

Вақте ки ба дӯкони он ҷавон расидам, аз ҷо бархосту ба ман меҳрубонӣ кард ва ба боло бурда дар паҳлуи худ нишонид, аз аҳволам пурсид. Ман низ узри беадабии худ хостам ва аз ҷиҳати берухсат аз хонаи ӯ рафтанам бахшойиш пурсидам ва бо ӯ ба сӯҳбат нишастам. Он ҷавон шарбат ба ман дод, нӯшидам, хеле маъқул шуд.

Ӯ гуфт.

— Ин шарбат барои дафъи хумор фоиданок аст.

Чун он шарбат ба ман гуворо намуд, боз талаб кардам ва нӯшидам. Вақте ки се-чор пиёла нӯшидам, димоғам чоқ шуда маст гаштам ва дар ҳамон ҳолат он ҷавонро ба хона таклиф кардам. Он ҷавон бе он ки узр гӯяд ё баҳонае ҷӯяд. таклифи маро қабул кард. Баъд то бегоҳӣ дар ҳамон ҷо нишаста, сӯҳбат кардем ва баъд аз дӯконро бастан ба сӯйи хона равон шудем. Аз зиёдатии мастӣ даст ба гардани ҳамдигар андохта будем. Вақте ки ба қарибии ҳавлӣ расидем, ман андаке ҳушёр шудам, аҳволи хона ва бесомониям ба хотирам расид, кайф аз сарам парид ва поям аз рафтор монд… он ҷавон ба гумони он, ки маро кайф мебарад, ман ба фикри он, ки чӣ кор карда аз дасти ӯ хатое шавам, калавида мерафтам ва аз дасти ӯ гурехтан мехостам. Охир ба ҷое расидем, ки дигар ҷойи гурез ҳам набуд. Ноилоҷ чашм кушода ба роҳ даромадам ва хиёбони дари хонаи худро дидам, ки кӯча об пошида рӯфта шудагӣ, дар дами дар одами бисёре дар тараддуд… ман гумон кардам, ки аз мастӣ роҳро гум кардаам. Вале диққат карда бинам, ҳамон кӯча ва ҳамон ҳавлӣ. Он мардум омадани моро дида ҳама бо тавозӯъ даст ба пеш гирифтанд ва ба мо роҳ доданд ва як қисмашон аз паси мо хизматгорвор меомаданд. Вақте ки ба даҳани дарвоза расидем, ду ғуломбачаи озодалибос ба мо шароб ва газак доштанд. Ман чунон маст будам, ки парвои шаробам набуд. Аммо он ҷавон гирифта нӯшид. Баъд ба хона даромадем… Ҳавливу хона аз шӯълаи шамъу чароғу қандил монанди рӯз равшан ва музайян буд. Дар шохаҳои дарахтон қафасҳои булбулу қумрӣ овезон ва он паррандагон аз шӯълаи шамъ ва атру райҳон ба завқ даромада ғулғула ва шӯр барпо карда буданд. Ба даруни хона даромада дилам, ки фаршу палосҳои бисёр аъло паҳн карда шуда, дастурхонҳои атлас ва заррин кашида ва асбобу ишрат, ҳар хел неъмат ва хӯрданӣ ва май ва ҷомҳои булӯрин, нуқрагин ҷо ба ҷо монда буданд. Дар шамъдонҳо шамъҳои кофурӣ месӯхт. Навозандагони хушсимо ва хушнавоз ба ҷойи худ нишаста соқиёни маъқул ба по истода, пешхизматони хушлибос аз ҳама ҷо бохабар ва ҳушёр… Он ҷавон ба ин тавр маҷлиси бодабдаба ва тумтароқ даромада ҳайрон шуд ва аз тартиби зиёфати худ хиҷолат мекашид. Аммо ҳайронии ман аз вай зиёдтар буд. Чаро ки дар вақти аз хона берун рафтани ман асаре аз ин чизҳо набуд. Ба ҳар ҳол он ҷавонро нишонидам ва худ ба ҷустуҷӯйи дилбарам — он баҳри мақсуд — ба ҳар тараф мешитофтам. Ва ӯро дар ҷойи худ наёфтам. Бо худ мегуфтам, ки ин нуқуши ғариб дар олами хоб ва ё дар нашъаи шароб ба назарам ҷилвагар аст… аз шарбатхонаҳо, аз ошхонаҳои серодам ва сертараддуд гузашта ба танӯрхона расидам ва дидам, ки он нозанин дар назди танӯри гарм истода фармон медиҳад ва кабоби танӯрӣ мепазонад. Ӯро дида пеш давидам, дасташро бӯсидам ва шарҳи ин ҳолро пурсидам. Аммо вай ба ман фарёд карда гуфт, ки:

— Расми одоб ва меҳмондорӣ ин нест, ки меҳмонро танҳо монда худ ба ҳар тараф гардӣ.

Гуфтам:

— Фидои сару пойи ту шавам, аз надидани ҷамоли ту ва дидани ин нақшу нигорҳои аҷиб девонавор ақламро гум кардам…

Вай хандид ва гуфт:

— Вақти гап не, зуд рафта аз ҳоли меҳмон хабар гир, нагузор, ки малоли хотире ӯро рӯ диҳад. Ва ту гумон накун, ки соҳиби ин ҳама ғулом ва хизматгор нестӣ. Албатта чун хоҷа ба онҳо ҳукм фармо ва барои роҳати хотири меҳмон албатта маъшуқаи ӯро ҳам кас монда биёр! Зеро ки «бода бе маъшуқ хӯрдан хуни ишрат хӯрдан аст».

Дарвешон! Аз ин суханҳо хотирҷамъ шуда, ба маҷлис рафтам ва хурраму хандон ба айш нишастам, соқиён, ҳофизон ва навозандагонро ба гарм кардани ишрат амр фармудам.

Ранги соқӣ зи бода гул-гул шуд.
Қул-қули шиша савти булбул шуд.

— Ман бародари туам, хонаи ман хонаи туст. Беҳтар буд, ки он нозаниндилбар, маъшуқаи ту ҳам дар ин маҷлис мешуд.

Ҷавон розӣ шуда, ба маъшуқааш кас фиристод ва ӯро ҳозир кард. Баъд аз он ба айшу нӯш машғул шудем; то шабонарӯз чунон сӯҳбат кардем ва чунон хурсандӣ намудем, ки ҳеч кас тасаввур карда наметавонад…

Дар шаби чорум аз худ рафта маст шудам. Вақте ки ҳушёр шуда чашм кушодам, офтоб баланд шуда буд. Ба ҳар тараф нигоҳ карда аз он мардум ва он ҳама асбоб асаре наёфтам. Саросема ба ҳар тараф давидам, ҳеч касро наёфтам. Фақат дар кунҷи хона гилемеро дидам печонида монда буданд. Онро кушода он ҷавонро бо маъшуқааш сарбурида, ба хоку хун оғушта ва дар он гилем печида дидам. Он ҳолатро дида аз хавф қариб буд, ки беҳуш шавам. Намедонистам, ки чӣ кунам ва чӣ сон худро аз ғарқоби бало берун кашам. Дарвешон! Бадтар аз ҳама ин буд, ки ман ошиқ ва шайдо будам. Аз он шабе, ки ба Шом расидам, то ба он рӯз чандин ҳодисаҳоро дида будам, ки ҳамааш муаммо буд ва ҳал кардани он барои ман мушкил буд. Ман дар ҳамин фикру хаёл будам, ки касе ба ҳавлӣ даромада омад. Ман гумон кардам, ки аз хизматгорони он ҷавон аст, ки барои хабаргирӣ омадааст ва зуд хеста ӯро бардошта ба замин задам ва дидам, ки яке аз ғуломон буд, ки дар ин чанд рӯзу шаб хизмат мекард ва гуфтам:

— Он зебонигор куҷост, ки дилам аз дурии ӯ фигор аст; ту куҷо будӣ ва барои чӣ омадӣ?

Ӯ гуфт:

— Ту, чаро маро азоб медиҳӣ ва ҳол он ки он нозанин маро ба талаби ту фиристод ва туро ба хизмати ӯ мебарам.

Ман бо шунидани муждаи васл он ҳодисаро фаромӯш кардам ва бо завқи тамом аз пайи ғулом равон шудам. Баъд аз хеле роҳ гаштан ба майдони васее расидем, ки дар як тарафи он девори баланде буд ва дарвозаи иморати бузурге менамуд. Дар рӯ ба рӯйи дарвоза масҷиди васеъ бино ёфта ва аз пеши масҷид наҳри калоне ҷорӣ буд. Дар лаби наҳр дарахтон рӯйида, соя афганда буданд. Ғулом маро дар сояи дарахте гузошта худаш ба дарун рафт ва баъд аз андак фурсат бо хоҷасарое берун шуда, бар дари хона истод ва маро ба ӯ нишон дод. Баъд худаш ба назди ман омада, гуфт:

— Фалонӣ, ту имрӯз дар кунҷи ҳамин масҷид ба сар бар, шабона ба назди дарвоза биё, то хоҷасарой туро ба назди малика раҳнамун гардад.

Дарвешон! Ман бо чашми хунафшон ва хотири парешон ба кунҷи масҷид хазидам ва рӯй аз халқ пӯшидам ва рӯзро ба шаб расонадам, посе аз шаб гузашт. Баъд берун баромада ба дарвоза наздик шудам ва ин байтро хондам:

Касеро дар шаби ҳиҷрон ба худ ҳамдам намебинам.
Ба марги хеш розӣ гаштаму он ҳам намебинам
Магар гӯям дар ин олам ба Маҷнун шарҳи дарди худ.
В-агарна, ҳеч ҳамдарде дар ин олам намебинам.

Ногоҳ дарвоза боз шуд ва хоҷасарой маро ба дарун даровард. Он ҷо боғи васее дидам, ки бо ҳар гуна дарахтон ороста ва анвои гулу райҳон растааст. Аз миёни он наҳри азиме ҷорӣ буд ва дар лаби он наҳр қолинчаи абрешимӣ партофта ва дар шамъдони тиллокорӣ шамъи кофурӣ даргиронда буданд. Хоҷасарой маро дар он ҷо нишонад ва худаш рафт. Ман дар интизори он нозанин нишаста будам, ки ногоҳ аз як тараф он моҳи тамом, ба сад эъзору эҳтиром намудор шуд ва аз диданаш як ишқам ҳазор шуд…

Чашмеву ҳазор ноз бо ӯ,
Сад гуна карашмааш дар абру.

Дар бараш либоси хеле гаронбаҳо, нимтоҷи пурзинатро дар гӯшаи сарбанд гузошта, хиромон ва доманкашон даррасид. Ба ман бо меҳрубонӣ назар карда, аз аҳволам пурсид. Мани бечораи мадҳуш ёрои нафас задан надоштам. Ӯ баъд аз дилҷӯйиҳои бисёр ва меҳрубонии бешумор гуфт:

— Маро бубахш, ки барои ман озори бисёр кашидӣ ва аз даме ки маро дидӣ, ба фароғат соате нагузаронида моли тиҷоратии худро дар роҳи ман сарф кардӣ. Акнун, ана, ин андак харҷиро аз мо гирифта, узри моро қабул намо ва гоҳе ёд бикун.

Хоҷасарой бо ишораи малика ба назди ман ду халта зари тилло оварда монд. Баъд аз он малика ба хоҷасарой гуфт, ки:

— Фалон модиёнро ҳам ба ӯ диҳед, ки ҳамин шаб савор шуда аз шаҳр берун равад.

Инро гуфта вай аз ҷо бархост. Ман дидам, ки ҳозир аз даст меравад, даст дароз карда, дар аснои роҳ доманашро гирифтам ва гуфтам:

— Эй сарви хушхиром, ки хуш меравӣ ба ноз,
Ушшоқро ба нози ту ҳар лаҳза сад ниёз.

Ду калима васият ҳам аз ғамзадаи дилшуда гӯш кун.

Вай табассум карда истод ва гуфт:

— Бифармо, то чӣ васият дорӣ?

Гуфтам:

— Эй мояи ноз, ба умри дароз, дар ёд дорӣ, ки дар он шаб гуфта будӣ ки «эй ҷавони ғариб, маро бо зарбае ҳалок кун ва ба хок супор!» Вале ман беадабӣ намудам, сухани туро гӯш накардам. Акнун ту ба гуфтаи ман амал намуда маро ҳамон тавр кун!

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас, фарқ миёни мову ту чист, бигӯ!

Ӯ гуфт

— Чӣ кор кунам?

Гуфтам:

— Яке аз ин ду корро кун: ё дар қатори хизматгоронат ҷо бидеҳ, ё бифармо, ки яке аз ин ғуломонат маро бо зарбае аз ғаму ғусса ҳалок кунад ва дар гузаргоҳи ту гӯр кунад.

Ё фикри дили фигор мебояд кард,
Ё куштанам ихтиёр мебояд кард.
Алқисса, аз ин умр надорам ҳавас,
Як кор аз ин ду кор мебояд кард.

Чун инро шунид, табассум намуд ва гуфт:

— Фалонӣ, худро озор мадеҳ, ки ин аз ақл дур аст ва аз ин кор оқилро нуфур аст…

Гуфтам:

— Ин тавр бошад, ба ман баён кун, ки сабаби ин ҳамаи воқеаҳои аҷиб, ки ман дидам, чӣ буд?

Ӯ гуфт:

— Ин ҳам мумкин нест:

Пардаи хеш даридан на зи ақл асту шуур.
Шамъ дар пардаи фонус диҳад беҳтар нур.

Малика инро гуфт ва равон шуд. Ҳарчанд сухане гуфтан хостам, хоҷасарой ва канизон нагузоштанд. Малика аз назар ғоиб шуд ва маро аз дар берун бароварданд ва тиллоҳоро ба ман доданд. Лекин ман қабул накардам. Онҳо дарро бастанд ва рафтанд ва ман бо дили кабоб ва чашми пуроб ба масҷид рафтам, дар он ҷо дар хилвате макон сохтам ва ба ҳеч кас напардохтам. Рӯзҳо ба кунҷе менишастам, лаб аз нолаву фиғон мебастам. Шаб то рӯз намехуфтам ва мегуфтам:

Дидӣ. ки фалак бо мани мискин чӣ ҷафо кард,
К-аз коми дилам боз ба ноком ҷудо кард…

Гоҳ мегуфтам:

Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт.
Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеч ғам надошт.

То шаш моҳ аҳволам ҳамин буд. Баъд бемор шудам… то чил рӯз бемориам кашол ёфта, рӯз то рӯз аҳволам бадтар мешуд. То ба дараҷае расид, ки се рӯз бехуд хоб кардам. Мардумоне, ки ба масҷид меомаданд, ба ҷавонии ман афсӯс мехӯрданд.

Аз қазо дар рӯзи охир хоҷасарой, ки аз воқеаи он шаб хабардор буд, ба масҷид меояд, ҷамъияти мардумро дида, ӯ ҳам бар сари ман омада, аҳволамро мебинад, маро мешиносад. Ба аҳволи ман раҳмаш омада гирякунон рафта, ин ҳоли маро ба малика мефаҳмонад. Ӯ ба хоҷасарой мефармояд, ки рафта ба болини ӯ нишин, агар то бегоҳ бимирад, шабона дароварда дар зери фалон дарахт гӯр кун. Агар ҳаёташ боқӣ монад, шабона, аз ҳама пинҳонӣ ба ҳарам дарор, то ки худ муолиҷа кунам…

Вақте ки чашм кушодам, дар сари болинам он нозанинро дидам, ки ба ҳалқам шарбат мечаконад. Ман боз гашта ҷон гирифтам. Табиби доно маро муолиҷа карда, дар муддати бист рӯз ба ҳол овард. Ҳар рӯз нозанин дилбарам ба сарам меомад ва ба ман меҳрубонӣ мекард. Ман ҳам ҳар рӯз ҷони тозае мегирифтам.

Дарди ошиқро давое беҳтар аз маъшуқ нест,
Шарбати бемории Фарҳод Ширин кардаанд…

Шабе дар аснои сӯҳбат гуфт:

— Фалонӣ, матлаб чист ва чӣ муддао дорӣ?

Гуфтам:

— Фидоят гардам.

Дарде, ки дилам нуҳуфта дорад,
Пайванд ба бахти хуфта дорад.
Чун турраи дӯст нахли оҳам
Сад ғунчаи ношукуфта дорад…

Ӯ гуфт:

— Хуб! Ҳаққи ту бар ман бисёр аст. Ман ҳам баъд аз ин ризои туро меҷӯям ва тариқи салоҳи ту мепӯям.

Эй ҷавон, бидон ки ман духтари шоҳи Шомам. Падарам ба ғайри ман фарзанде надошт, бинобар он маро бисёр дӯст медошт. Ман аз рӯзе, ки худро шинохтаам, ба ишрату сӯҳбат пардохтаам, бе бодаву ҷом ва айши мудом насохтаам ва ҳамеша дар сӯҳбати гулъизорон будам. Як рӯз расида мондани моҳи рамазонро донистам. Дар вақти рӯза нӯшидани майро тарк кардан лозим шуд. Аммо ман азбаски ба шароб одат доштам, бе майнӯшӣ тоқатам тоқ шуд, дилам метапид ва дасту поям меларзид. Аҳволам бисёр бад гардид. Ман як хоҷасаройи пире доштам, ки кӯкнор мехӯрд. Он пир ҳоли маро дида, раҳмаш омад ва гуфт:

Агар малика андаке кӯкнор хӯранд, ба ҳол меоянд.

Ман ҳатто номи кӯкнорро ҳам нашунида будам, бинобар он фикр нокарда ба тайёр карданаш амр кардам.

Хоҷасарой ба талаби кӯкнор рафта, бо як калбачаи 8-9-сола бозгашт. Калбача либосҳои даридагӣ ва ифлос дошт. Азбаски ба куртааш кӯкнор рехта буд, ранги онро шинохтан мумкин намешуд… надонистам, ки матлаби хоҷасарой аз овардани ӯ чӣ буд… ман бо дидани он хамирмояи накбат беҳузур шудам ва ба хоҷасарой итоб кардам. Хоҷасарой табассум карда, гуфт:

— Саломат бошед! Ба халқи Худо бо чашми ҳақорат назар кардан хуб нест…

— Эй фалонӣ, магар тақдир ҳамин буд, ки гуфтаҳои хоҷасарой ба ман асар кард. Боре қадаҳ оварданд ва хоҷасарой соқӣ шуда кӯкнор кашида, ба духтарон нӯшонид. Бо таклифҳои онҳо ман хам андак нӯшидам. баъд аз андак фурсат кӯкнор кайф дода дафъи хумор кард ва аз дарди сар наҷот ёфтам. Дар ин дам канизон дар беруни хона бо калбача ҳазлу бозӣ карда, ӯро озор додаанд, ки вай фарёд кард.

Гуфтам:

— Ин беадаб кист? Чаро фарёд мекунад?

Хоҷасарой гуфт:

— Ин ҳамон калбачаи масхарабоз аст!

Гуфтам:

— Бо ин хурдсолӣ ӯ масхарабозиро чӣ медонад?

Хоҷасарой гуфт:

— Умрат дароз бод! Ин ҳаромзода ҳар рӯз дар кӯкнорхона надим ва сӯҳбаторойи ёрони мо аст.

Гуфтам:

— Ӯро гирифта биёр! Бинам, ки чӣ гуна аст?

Хоҷасарой ӯро кашида даровард ва бо вай суханони ҳазломез гуфтан гирифт. Ӯ ҳам бо забони бачагона ва ширин ба хоҷасарой суханҳои талх ва бад мегуфт ва масхарагӣ мекард. Ман бисёр хандидам ва ниҳоят фармудам, ки кӯзаи кӯкнори ӯро пур аз танга карда бидиҳанд ва муқаррар кардам, ки ӯ ҳар рӯз кӯкнор биёрад. Вай ҳар рӯз кӯкнор меовард ва бо хоҷасарой ва доя шӯхиҳо карда, моро механдонд ва кӯзаи ӯро пури зар карда медоданд. Чун айёми рӯза гузашт, ман боз ба шаробхӯрӣ сар кардам, аммо дил ба ҷониби кӯкнор ҳам мекашид ва мехостам бо калбача ҳам сӯҳбат хунам ва муқаррар доштам, ки мисли пештара кӯкнорро овардан гирад.

То шаш моҳи дигар кори мо ҳамин буд. Калбача доимо дар сӯҳбат буд. Гоҳо ба ӯ ҳам шароб медодем. Аммо либоси кӯҳна ва кулоҳи намадин вай ҳеч дигар нашуд. Ман гумон кардам, ки тангаеро, ки ба вай медиҳам, ба баҳои кӯкнор меравад ва ба ӯ чизе намемонад, ки ба худ либос бихарад ва фармудам, ки баъд аз ин кӯзаи ӯро пури тилло карда диҳанд. То шаш моҳи дигар ҳам ҳол ҳамон буд ва либосҳои ӯ дигар нашуданд.

Рӯзе ба ӯ гуфтам:

— Чаро либоси худро дигар намекунӣ? Ва он ҳама танга ва тиллоҳоро, ки вакилони ман ба ту доданд, чӣ кардӣ?

Ӯ ба гиря даромада. гуфт:

— Ман як сағири бекас ҳастам. Устодам маро ба иҷора гирифтааст, соле як тилло ва нони ҳаррӯзаамро медиҳад. Ман ҳар чӣ кор хунам, моли ӯст ва бурда ба ӯ месупорам.

Маро аз бемурувватии он номард (устоди вай) бад омад, ки ба воситаи ҳамин тифл сармояи калон ба даст оварда буд. Он ҳамон марди сарроф аст, ки ту аз вай як табақ зар оварда будӣ. Ман ба калбача гуфтам, ки:

— Худат кӯкнор тайёр карда метавонӣ ва дар назди мо мемонӣ?

Ӯ аз дилу ҷон қабул кард. Баъд аз ин ба вай асбоби кӯкнортайёркунӣ муҳайё карда доданд ва худи ӯро тоза карда, либосҳои олиҷанобона пӯшониданд, сарашро даво карда, дуруст карданд. Ӯ аз он касофат халос шуд. Як ҷавони хушрӯ ва ширинзабон гашт. Оҳиста-оҳиста вай калон шуда, як ҷавони тару тозаи хушқомат гашт ва мо аз сӯҳбаташ тоби ҷудоӣ надоштем. Рафта-рафта кор ба ҷое расид, ки шавқи диданаш ба дидаам ҷо гирифт ва султони муҳаббаташ ба дилам маъво гирифт. Даме агар намедидам, дилам метапид, рангам мепарид, ба ҳолате, ки ҳамсӯҳбатонам ба ишқи ман пай бурданд.

Аз париданҳои рангу аз тапиданҳои дил
Ошиқи бечора ҳар ҷо ҳаст, расво мешавад.

…То се сол бо ҳамин тариқ ба ишқ мебохтам ва ба ҳар тариқ ба ҳаҷру васл месохтам. Баъд аз се сол доя чунон маслиҳат дод, ки дигар ӯ дар пеши назари мардум ба ҳарам надарояд, ки боиси маломат мешавад. Мулоқотро аз мардум пинҳонӣ кардан лозим. Бинобар он ба ҳамин қарор доданд, ки барои вай ягон хизмате бидиҳанд ва дар қатори хизматгорони мӯътамади даргоҳ бошад, Аз рӯйи ин қарор фармудем, ки барои ӯ ба ду ҳазор туман матоъ харида, дар чорсӯ дӯкони бузурге тартиб доданд ва барои хотири мо аз ҳар ҷиҳат ӯро риоя мекарданд

Баъд аз ин барои ӯ аз ҳамсоягии харам як ҳавлӣ харида доданд. Хизматгор ва канизон бахшидам. Аз дигарон пинҳонӣ ба ҳавлии ӯ аз боғчаи (?) нақб канондам ва ҳар шаб ӯро аз он нақб ҷеғ зада оварда, то субҳ сӯҳбат мекардам ва мафтуни ӯ будам. Як шаб он марҳами ҷонро дарҳам ва парешон дидам ва аз сабаби он пурсидам.

Гуфт:

— Дар канори шаҳр боғе ба фурӯш монда шудааст, ки дар ин вилоят боғе бо ин хубию сафо ва лутфу ҳаво нест ва бо ин ки ба се ҳазор туман меарзад, ба ҳазор туман мефурӯшанд ва ман зар надорам.

Бо он ки медонистам, эҳтиёҷ ба зар надорад, ризои ӯ ҷуста дилдориаш намудам ва қимати боғро адо фармудам. Чун боғро харидам, шабе бо ҳамроҳии ӯ боғро сайр карда дидам, ки ҳақиқатан ҷойи фараҳафзо ва макони айш будааст. Бо ҳамин боз чанд гоҳ хурсанд будам… муддате бар ин ҳол гузашт ва боз як шаб ӯро хафа дидам. Сабабашро пурсидам, гуфт:

— Як канизаки Румияро мефурӯшанд. хеле хушовоз ва чангро хуб менавозад. Инчунин одоб ва расми зиндагиро ҳам хуб медонад. Агар рухсат диҳӣ, барои ту, маликаам, ӯро бихарам.

Чун донистам, ки ӯ мехоҳад, нархашро пурсидам. Дусад туман гуфт, дарҳол додам ва канизакро ба худаш бахшидам. Чун канизакро ба хонааш овард, шабе рафта ба сӯҳбат нишастем. Алҳақ аз ҳар ҷиҳат қобил ва аз ҳама сӯ комил буд. Хилъат ва зевараш бахшидам. Баъд аз ин чанд гоҳ бо хурсандӣ гузашт. Шабе хоҷасарой ба талаби он ҷавон рафт ва боз омада гуфт, ки бемор шудааст. Тоқат карда натавониста худ рафтам. Дилам, ки сар ба зонуи каниз гузошта ва ба рӯйи ӯ маҳв буд. Нигоҳи ӯро дида фаҳмидам, ки дилаш ба ӯ моил шудааст. Ҳарчанд ки рашкам гирифт ва баданам ларзад, боз худдорӣ намудам. Онҳо маро дида парешон шуданд ва ҳар кадом ба кунҷе рафта нишастанд. Ман аҳамият надода ҳолпурсӣ намудам. Аммо вай нолида, ба худ мепечид… хулоса, баъд аз ин он ҷавон ба худ наомад. Шабҳои дароз ман дар таби фироқ месӯхтам. Як шаби дигар ҳам кас мондам, омада гуфтанд, ки дар хонааш нест. Ин хабарро шунидаму оташи рашк синаамро сӯхт. Худро ба хоб андохтам. Вақте ки мардум ҳама ба хоб рафтанд, аз ҷо бархоста, як каниздухтарро ба канор кашидам ва аҳволи писаракро аз ӯ пурсидам:

Гуфт:

— Ба он каниз майли тамом дорад ва имшаб ба боғ рафтааст. ки бе ташвиш сӯҳбат кунад.

Ин хабарро шунида олам ба назарам торик гашт Аз ҷо бархоста яккаву танҳо ба боғ рафтам. Чун он ҷо расидам, дарвозаи онро баста дидам. Ба машаққати тамом аз девор ба боғ фуромадам. Он шаб 14-уми моҳ буд ва моҳ ба болои сар омада буд ва дар моҳтобӣ шитофтам ва ҳар ду муштоқро дар як пераҳан ёфтам: чун ширу шакар ба ҳам омехта, даст ба гардани ҳамдигар андохта, дар бӯсу каноранд. Ин ҳолро дида корам шуд ва дар зери гулбуне нишастам, забонам аз гуфтор ва поям аз рафтор фурӯ монд Вақте ки онҳо аз бӯсу канор фориғ шуданд, ба майгусорӣ нишастанд. Иттифоқо каниз ба ман рӯ ба рӯ нишаста буд ва он ҷавон бо пушташ менишаст. Ман беихтиёр ин шеърро хондам:

Чӣ кардаам, ки фалак бевасила доғи ман аст,
Аҷал дуаспа шабу рӯз дар суроғи ман аст?
Сиёҳбахтӣ аз ин бештар намебошад,
Ки маҷлиси дигаре равшан аз чароғи ман аст?

Каниз овози маро шинохта қадаҳи майро ба дур андохт ва даст ба тарафи он ҷавон афшонда, гуфт…

— Чаро беҳуда ҳам маро ва ҳам худро озор медиҳӣ?

Писар маро дида, гуфт:

— Малика! Худо туро нигаҳ дорад. Магар ту ба мо асп ва ё шутуре фурӯхтӣ? Ё маро харида гирифтӣ? Мо тарки хонумон кардем, аммо ту моро тарк намекунӣ.

Гуфтам:

— Рост аст, инҳо чист? Чӣ шавад, ки ман ҳам ба сӯҳбати шумо ҳамроҳ гардам.

Ӯ гуфт:

— То ман худамро накушам. ту аз ман даст намекашӣ.

Канизаки фитнаангез бо хандаи таънаомез оташи ӯро тез мекард. То он ки писар аз миёни либосаш ханҷари обдореро, ки худи ман ба ӯ харида дода будам, ба даст гирифта ва хост, ки бар худ занад. Ман пеш давида, ба дасташ часпидам ва ба пояш афтода, гуфтам, ки:

— Қурбонат шавам, маро куш, ки куштанӣ манам

Ӯ ҳам аз қаҳр ханҷарро ба пушт, ба паҳлу ва дасту бозуи ман задан гирифт. То ки ман бехуд гашта надонистам, ки дигар чӣ шуд. Вақте ки ба ҳуш омада чашм кушодам, худро дар сандуқ ва туро ба болои сар дидам. Ба гумони ман ҳамин тавр мерасад, ки он ҷавон сандуқро ба хандақ партофтанӣ будааст. Лекин иттифоқо сандуқ ба хушкӣ афтода ва ту онро бардоштаӣ ва сабаби ҳаёти ман шудӣ. Сабаб он буд, ки ман ба ивази хуни худ он чашмдаридаро бо он гесубурида ба қасос расонидам. Он кас ки ман ӯро аз он ҳолати пурнагбат халос карда, ба он дараҷаи аъло расонидам, бо ман ҳамин тавр кард…

Дарвешон! Ман ба ғайрат ва мардонагии он дилбар таҳсину офарин гуфта пурсидам, ки:

— Дар он нимрӯзӣ он қадар асбоб ва хизматгорро чӣ тавр пайдо кардӣ?

Гуфт: — Аз саркори падарам.

Гуфтам: — Дар рӯзҳое, ки аз хона ғоиб будӣ, падар ва модарат дар ташвиш наафтоданд ва ба онҳо чӣ баҳона пеш овардӣ?

Ӯ гуфт:

— Фалонӣ, подшоҳони Шом одат доранд, ки шаш моҳ дар пойтахт истода, шаш моҳ вилоятҳоро мегарданд. Иттифоқо муддати ғоиб шудани ман дар вақти ба сафар будани падарам рост омада буд. Модарам аз рӯйи дурандешӣ ва боақлӣ ҳеч овоза накарда, махфиёна дар ҷустуҷӯйи ман будааст. Вақте ки ту ба талаби он ҷавон рафтӣ, ман чодар ба сар гирифта ба хона рафтам. Модарамро дидам, ӯ аз аҳволам пурсид. Гуфтам:

— Ба ҳаққи худо, ки ба ихтиёри худам ғоиб нашуда будам. Вале ба ҳар ҳол ман сиҳат ва саломат ва номусам дар ҷояш аст.

Модарам аз ин хабар хурсанд шуд. Баъд ман ба дасту пойи ӯ афтода зорӣ кардам ва боз се рӯз мӯҳлат ва баъзе чизу чораҳо ва мулозимҳо пурсидам. Азбаски модарам маро дӯст медошт, ба ҳама рухсат дод. Ман ҳам бо одамони хосам зуд чизу чораҳоро ба он ҳавлӣ кашондам ва қасосамро аз он нобакорон гирифтам… ана ҳикояи ман ҳамин аст, акнун ту розӣ шудӣ?

Дарвешон! Ман ба ӯ гуфтам:

— Э паризод! Маро бо ҳамин хушнуд кардӣ, ки ба дилсӯхтагон ҳамдардӣ, аз ҳоли дилам бохабарӣ.

Ин сухани маро шунида, баъди фикри бисёр гуфт:

— Мо ки додем дилу дида ба тӯфони бало.
К-ӯ, биё, сели ғаму хона зи бунёд бибар!

Ҳоло ба ғайр аз ризои туро ба даст овардан дигар илоҷе надорам. Вале ризои туро ба даст овардан, дар ин шаҳр намешавад. Тарки ватан кардан лозим аст. Хуб, мунтазири вақт бош…

Аз ин сухан, хотири парешони ман осудатар шуд. Чанд рӯзи дигар дар посбонхонаи хоҷасарой будам. Як шаб, баъд аз хоб кардани ҳама, он нозанин либосҳои мардона пӯшида ва мусаллаҳ шуда омад ва гуфт:

— Зуд хез ки вақт аз даст меравад.

Ман ҳам аз ҷо ҷастам ва аз паси ӯ равон шудам. Вай ба аспхонаи хос даромада ду сар аспи модиёни давандро баровард ва ба ман дод ва худаш ба ҳарам бозгашт. Баъд аз қадаре ду хӯрҷин пур аз зару мол ва хӯрданӣ ва ду даст силоҳ бароварда ба аспҳо бор кард. Ман ҳам мусаллаҳ шудам ва ҳар ду савор шуда аз шаҳр баромадем. Шабу рӯз роҳ мегаштем. Рӯзонаҳо дар канори обшорҳо нишаста роҳат мекардем, хӯрок мехӯрдем. Баъд аз як моҳ асп рондан мо шабе роҳро гум кардем ва то чоштгоҳ бероҳа дар биёбон асп рондем. Ҳаво бисёр гарм буд. То ин ки аз пеши рӯямон як наҳри бузурге омада баромад. Ҳеч ҷой гузаргоҳе набуд, ки аз об гузарем. Дар канор танҳо як дарахти солхӯрда буд, ки ман дилбарамро дар сояи он монда худам ба ҷустуҷӯйи гузаргоҳ ба боло ва пойини наҳр асп рондам. Гашта омада аз он дилбар асаре наёфтам. Ман дар дил гуфтам, ки шояд аз паси мо таъқиб карда омада ӯро дар ин ҷо дида, боз ба Шом гирифта бурда бошанд. Бинобар он тағйири либос карда ба Шом рафтам.

Вале дар он ҷо ҳам бӯйи умеде ба димоғам нарасид. Ва ҳамчунин ба талаби он моҳрухсор ба Димишқ ва дигар шаҳрҳо гардиш кардам. Вале аз ҳеҷ ҷо асар наёфтам. Баъд, қарор додам. ки худро ҳалок хунам. Бо ин мақсад ба домани кӯҳе расидам, худро ба камараш кашидам, ба қасди он ки худро ба зери кӯҳ андозам ва аз он марги ба ном зиндагӣ халосӣ ёбам ва дар фироқи ҷонон ҷон дарбозам.

Дар қуллаи кӯҳ марди зоҳидеро дидам, ки бар лаби чашма ва пойи дарахте нишаста машғули ибодат. Чун маро дид, аз парешонии аҳволам пурсид. Ман ин ҳикояро ба ӯ нақл кардам ва аз иродаи худ низ ӯро хабар додам. Он мард лаб ба ханда кушода, гуфт:

— Хотир ҷамъ дор, ки гумшудаат мавҷуд аст ва ӯро сиҳат саломат хоҳӣ дид, ба висолаш хоҳӣ расид. Дар Қустантания дар роҳ ба ту се нафар дарвеш рафиқ хоҳанд шуд. Ҳар кадоми онҳо соҳиби матлаби азиманд. Занни ғолиб он ки подшоҳи он вилоят низ матлабе дорад. Шумо дар рӯзи аввал, ки ба он шаҳр медароед, ба назди шоҳ меравед Баъд аз ба матлаб расидани шоҳ, шумо ҳам ба мақсад мерасед.

Чун муждаи дидор ва ваъдаи висоли дилдор аз он мард шунидам, аз рӯйи шавқ равона ба ин сӯ гардидам. Имрӯз ба хизмати шумо расидам ва як ҳукми он мард рост баромад. Бинам то рӯзи дигар чӣ мерасад. Акнун ҳар кадоми аз шуморо ки димоғ вафо кунад ва табъ тақозо мекунад, аз саргузашти худ бигӯяд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.